МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

ТАВСИЯҲОИ СУДМАНД ВОБАСТА БА БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19

 03.08.2020 Дар доираи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва густариши бемориҳои сироятӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  мулоқоту вохўриҳо дар бозори Маршали ноҳияи Шоҳмансур доир намуданд.  

      Ҳангоми баргузории мулоқоту вохӯриҳои мазкур гурӯҳҳои таблиғотӣ асосан оид ба ҳолатҳои пешгирӣ аз бемории сироятии           Covid-19 фаҳмонида, қайд намуданд, ки роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, риояи фосилаи байниҳамдигар ва қоидаҳои  беҳдоштӣ  мебошад.

         Дар ин радиф, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки  қоидаҳои  беҳдоштиро  риоя карда, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собуни моеъгӣ ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ҷиддӣ муносибат намоянд.


Вакти нашр: 2020-08-03 16:41:17    Хонданд: 105    Муфассал...

ТАВСИЯҲОИ СУДМАНД ВОБАСТА БА БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19

Шоми 03.08.2020 дар доираи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва густариши бемориҳои сироятӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  мулоқоту вохўриҳо дар кучаву хиёбонҳои ноҳияи Шоҳмансур доир намуданд.  

      Ҳангоми баргузории мулоқоту вохӯриҳои мазкур гурӯҳҳои таблиғотӣ асосан оид ба ҳолатҳои пешгирӣ аз бемории сироятии           Covid-19 фаҳмонида, қайд намуданд, ки роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, риояи фосилаи байниҳамдигар ва қоидаҳои  беҳдоштӣ  мебошад.

         Дар ин радиф, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки  қоидаҳои  беҳдоштиро  риоя карда, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собуни моеъгӣ ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ҷиддӣ муносибат намоянд.


Вакти нашр: 2020-08-04 11:26:04    Хонданд: 95    Муфассал...

ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТИИ COVID-19

Шоми 03.08.2020 дар доираи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва густариши бемориҳои сироятӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мулоқоту вохўриҳои рӯ ба рӯро дар боғи Мироненкои  ноҳияи Сино доир намуданд.

Ҳангоми баргузории мулоқоту вохӯриҳои мазкур гурӯҳҳои таблиғотӣ асосан оид ба ҳолатҳои пешгирӣ аз бемории сироятии Covid-19 фаҳмонида, қайд намуданд, ки роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, риояи фосилаи байниҳамдигар ва қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад.

Дар ин радиф, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя карда, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собуни моеъгӣ ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ҷиддӣ муносибат намоянд.


Вакти нашр: 2020-08-04 11:31:28    Хонданд: 103    Муфассал...

Ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 04.08.2020. /АМИТ «Ховар»/.  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии мамлакат.

Тибқи рўзномаи ҷаласа аъзои Шўро 11 масъала, аз ҷумла 4 қонуни мукаммал: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ»-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби аъзои Шўрои Маҷлиси миллӣ як қатор масъалаҳо, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда таҳия шудаанд, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, онҳо барои баррасӣ ба иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум пешниҳод гардиданд.

Худи ҳамин рўз, тибқи дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баррасии масъалаҳои дар ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишаванда, ки баргузории он 6 августи соли 2020 дар назар аст, идома дода шуд.

Аъзои Шўро бо тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои қарорҳои Шўроро вобаста ба тартиби кор, инъикоси ҷараён ва рўзномаи ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин доир ба масъалаҳои тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъйини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдори Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ба рўзномаи ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум пешниҳод карда шуданд.


Вакти нашр: 2020-08-05 08:17:21    Хонданд: 93    Муфассал...

Ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 04.08.2020. /АМИТ «Ховар»/.  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии мамлакат.

Тибқи рўзномаи ҷаласа аъзои Шўро 11 масъала, аз ҷумла 4 қонуни мукаммал: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ»-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби аъзои Шўрои Маҷлиси миллӣ як қатор масъалаҳо, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда таҳия шудаанд, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, онҳо барои баррасӣ ба иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум пешниҳод гардиданд.

Худи ҳамин рўз, тибқи дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баррасии масъалаҳои дар ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишаванда, ки баргузории он 6 августи соли 2020 дар назар аст, идома дода шуд.

Аъзои Шўро бо тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои қарорҳои Шўроро вобаста ба тартиби кор, инъикоси ҷараён ва рўзномаи ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин доир ба масъалаҳои тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъйини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдори Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ба рўзномаи ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум пешниҳод карда шуданд.


Вакти нашр: 2020-08-05 08:17:21    Хонданд: 92    Муфассал...

ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТИИ COVID-19

Дар доираи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва густариши бемориҳои сироятӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мулоқоту вохўриҳои рӯ ба рӯро дар бозорчаи 33 ва кӯчаву хиёбонҳои ноҳияи Сино доир намуданд.

Ҳангоми баргузории мулоқоту вохӯриҳои мазкур гурӯҳҳои таблиғотӣ асосан оид ба ҳолатҳои пешгирӣ аз бемории сироятии Covid-19 фаҳмонида, қайд намуданд, ки роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, риояи фосилаи байниҳамдигар ва қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад.

Дар ин радиф, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя карда, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собуни моеъгӣ ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ҷиддӣ муносибат намоянд.


Вакти нашр: 2020-08-05 08:36:26    Хонданд: 90    Муфассал...

ТАВСИЯҲОИ СУДМАНД ВОБАСТА БА БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19

 Дар доираи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва густариши бемориҳои сироятӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  мулоқоту вохўриҳои рӯ ба рӯро дар кучаву хиёбонҳои нохияи Фирдавсӣ доир намуданд.  

      Ҳангоми   баргузории  мулоқоту вохӯриҳои мазкур гурӯҳҳои таблиғотӣ асосан оид ба ҳолатҳои пешгирӣ аз бемории сироятии           Covid-19 фаҳмонида, қайд намуданд, ки роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, риояи фосилаи байниҳамдигар ва қоидаҳои  беҳдоштӣ  мебошад.

         Дар ин радиф, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки  қоидаҳои  беҳдоштиро  риоя карда, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собуни моеъгӣ ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ҷиддӣ муносибат намоянд.

Дар  рафти вохўриҳо, ба сокиноне, ки бениқоби муҳофизатӣ гашту гузор мекарданд, ниқобҳои муҳофизатии ройгон тақсим карда шуд.


Вакти нашр: 2020-08-05 08:39:26    Хонданд: 97    Муфассал...

Дар Душанбе иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 05.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ Наврӯз Қурбонзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод

Аъзои Маҷлиси миллӣ дар оғоз қарорҳои дахлдорро оид ба интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия иборат аз 10 масъала қабул карда, бо тартиби муқарраргардида ба баррасии масъалаҳо шурӯъ намуданд.

Дар ҷараёни иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллӣ раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Дилшод Раҳмон, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Маҳмадшоҳ Гулзода ва оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Шарифҷон Ҷумъазода маърӯза карда, хулосаҳои кумитаҳои дахлдорро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз намуданд.

Дар иҷлосияи мазкур аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ 4 қонуни мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» ва «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» ҳамаҷониба муҳокима гардида, ҷонибдорӣ карда шуданд.

Инчунин масъалаҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳо, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», ки бо мақсади мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда таҳия шудаанд, мавриди баррасии аъзои Маҷлиси миллӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ ёфтанд.

Бо ҳамин иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ анҷом бахшид.

 


Вакти нашр: 2020-08-05 13:16:16    Хонданд: 107    Муфассал...

ТАВCИЯҲОИ СУДМАНД ВОБАСТА БА БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19

 05.08.2020 дар доираи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва густариши бемориҳои сироятӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  мулоқоту вохўриҳо дар гулгашти Кӯйибишеви ноҳияи Шоҳмансур доир намуданд.  

      Ҳангоми баргузории мулоқоту вохӯриҳои мазкур гурӯҳҳои таблиғотӣ асосан оид ба ҳолатҳои пешгирӣ аз бемории сироятии           Covid-19 фаҳмонида, қайд намуданд, ки роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, риояи фосилаи байниҳамдигар ва қоидаҳои  беҳдоштӣ  мебошад.

         Дар ин радиф, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки  қоидаҳои  беҳдоштиро  риоя карда, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собуни моеъгӣ ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ҷиддӣ муносибат намоянд.

Дар рафти вохўриҳо, ба сокиноне, ки бениқоби муҳофизатӣ гашту гузор мекарданд, ниқобҳои муҳофизатии ройгон тақсим карда шуд.


Вакти нашр: 2020-08-05 14:12:42    Хонданд: 91    Муфассал...

ТАВСИЯҲОИ СУДМАНД ВОБАСТА БА БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19

05.08.2020 Дар доираи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва густариши бемориҳои сироятӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  мулоқоту вохўриҳои рӯ ба рӯро дар боғи Дустии халқҳои нохияи Фирдавсӣ доир намуданд.  

      Ҳангоми   баргузории  мулоқоту вохӯриҳои мазкур гурӯҳҳои таблиғотӣ асосан оид ба ҳолатҳои пешгирӣ аз бемории сироятии           Covid-19 фаҳмонида, қайд намуданд, ки роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, риояи фосилаи байниҳамдигар ва қоидаҳои  беҳдоштӣ  мебошад.

         Дар ин радиф, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки  қоидаҳои  беҳдоштиро  риоя карда, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собуни моеъгӣ ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ҷиддӣ муносибат намоянд.

Дар  рафти вохўриҳо, ба сокиноне, ки бениқоби муҳофизатӣ гашту гузор мекарданд, ниқобҳои муҳофизатии ройгон тақсим карда шуд.

 


Вакти нашр: 2020-08-06 09:33:08    Хонданд: 109    Муфассал...

ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТИИ COVID-19

 Шоми 05.08.2020 дар доираи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва густариши бемориҳои сироятӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  мулоқоту вохўриҳо дар кӯчаву хиёбонҳои ноҳияи Шоҳмансур доир намуданд.  

      Ҳангоми баргузории мулоқоту вохӯриҳои мазкур гурӯҳҳои таблиғотӣ асосан оид ба ҳолатҳои пешгирӣ аз бемории сироятии           Covid-19 фаҳмонида, қайд намуданд, ки роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, риояи фосилаи байниҳамдигар ва қоидаҳои  беҳдоштӣ  мебошад.

         Дар ин радиф, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки  қоидаҳои  беҳдоштиро  риоя карда, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собуни моеъгӣ ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ҷиддӣ муносибат намоянд.

Дар рафти вохўриҳо, ба сокиноне, ки бениқоби муҳофизатӣ гашту гузор мекарданд, ниқобҳои муҳофизатии ройгон тақсим карда шуд.


Вакти нашр: 2020-08-06 10:33:56    Хонданд: 98    Муфассал...

ТАВСИЯҲОИ СУДМАНД ВОБАСТА БА БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19

ТАВСИЯҲОИ СУДМАНД ВОБАСТА БА БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19

 06.08.2020 дар доираи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва густариши бемориҳои сироятӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  мулоқоту вохўриҳо дар боғи Куруши Кабири ноҳияи Шоҳмансур доир намуданд.  

      Ҳангоми баргузории мулоқоту вохӯриҳои мазкур гурӯҳҳои таблиғотӣ асосан оид ба ҳолатҳои пешгирӣ аз бемории сироятии       Covid-19 фаҳмонида, қайд намуданд, ки роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, риояи фосилаи байниҳамдигар ва қоидаҳои  беҳдоштӣ  мебошад.

         Дар ин радиф, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки  қоидаҳои  беҳдоштиро  риоя карда, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собуни моеъгӣ ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ҷиддӣ муносибат намоянд.

Дар рафти вохўриҳо, ба сокиноне, ки бениқоби муҳофизатӣ гашту гузор мекарданд, ниқобҳои муҳофизатии ройгон тақсим карда шуд.


Вакти нашр: 2020-08-06 11:21:09    Хонданд: 107    Муфассал...

Рӯзи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд

ДУШАНБЕ, 06.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи якшанбе, 11 октябри соли 2020 таъин карда шавад. Чунин омадааст дар қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз зимни ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум қабул гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» гузориш медиҳад, ҷаласа таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ доир шуд.

Ба рӯзномаи ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, масъалаҳои зерин: 1) Тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дар бораи аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Олимзода Н.Х.»; «Дар бораи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Абдуллозода Ҷ.А.», 2) Дар бораи таъини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд.

  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  

 


Вакти нашр: 2020-08-06 14:03:02    Хонданд: 124    Муфассал...

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

6 август дар шаҳри Душанбе Маҷлиси кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар маҷлис натиҷаи фаъолияти Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва кумитаҳои иҷроия дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳафт моҳи соли 2020 ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни суханронӣ Раиси муаззами ҳизб таъкид намуданд, ки мо дар шароити хеле мураккаби ҷомеаи ҷаҳон, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир ба низоми устувори кишварҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст, қарор дорем. Вазъи ҷаҳони имрӯза бо дарназардошти таъсири паҳншавии пандемияи коронавирус, ҷой доштани мушкилоти геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ байни кишварҳо, ноустувории бозорҳои молиявӣ ва молу ашё ва паст шудани фаълолнокии иқтисодӣ, афзоиши сатҳи бекорӣ, инчунин, тағйирёбии иқлим мураккаб гардида, ба буҳрони бесобиқаи иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ оварда истодааст.
Раиси муаззами ҳизб таъкид намуданд, ки нақши ҲХДТ дар муддати беш аз 25 соли фаъолияташ дар се самт – фурӯ нишондани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ба даст овардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, қадамҳои устувор гузоштан ба марҳалаи созандагиву бунёдкорӣ ва дар ин замина беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа назаррас буд. Мо дар асоси барномаи ҳизб сиёсати бунёдкоронаи худро идома бахшида, ба масъалаҳои таҳкими амнияту оромии фазои сиёсӣ, рушди пайгиронаи иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун ва фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум бояд минбаъд низ аҳаммияти махсус диҳем.
Ба таъкиди Раиси ҳизб, пайваста дар байни мардум будан яке аз вазифаҳои муҳим ва калидии ҳизб дар шароити имрӯза мебошад. Мо бояд аз мушкилоту ниёзҳои мардум ҳамеша огоҳ бошем, ба ҳалли саривақтии онҳо мусоидат намоед, ташаббусҳои созандаи мардумро дастгирӣ ва манфиатҳои онҳоро ҳимоя намоем.
Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомшуда Раиси ҳизб зикр намуданд, ки ҳамаи нишондиҳандаҳои барномаи номзад ба мансаби Президенти кишвар барои 7 сол, ки дар соли 2013 пешбинӣ шуда буд, дар маҷмӯъ, иҷро гардиданд.
Масъалаи дигаре, ки Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи хоса карданд, баргузории маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Махсусан зикр шуд, ки овози мардум ба номзади ҳизбе дода мешавад, ки ормонҳои миллӣ ва мушкилоти мавҷудаи ҷомеаро ҳаллу фасл карда тавонад, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон, марзу буми он, амнияти саросарӣ ва ғояҳои давлатдорӣ истодагарӣ намояд.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид гардид, ки дар раванди маъракаҳои пешазинтихоботӣ ба ягон ҳизб, аз ҷумла ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон берун аз муқаррароти қонун имтиёз дода намешавад.
Ҳамзамон, ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина, густариш бахшидани корҳои созандагӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ, ифтихор аз истиқлолу озодӣ ва тарғиби ғояҳои давлати миллӣ саҳми шоистаи худро гузоранд.
Баъд аз суханронии Раиси муаззами ҳизб аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла Азиззода Умеда – раиси ташкилоти ибтидоӣ, директори Маркази забономӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд; Собирзода Ато – муовини раиси ташкилоти ибтидоии «Истиқлол», муовини якуми директори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»; Саидхонова Холисамоҳ - раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Рӯшон; Сатториён Матлуба – раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Суғд; Иброҳимзода Амир – аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе; Маликшоева Шобегим – муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ, сардори шуъбаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуманонзода Ёқубҷон – сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози» баромад намуданд.
Аз рӯйи масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул карда шуд.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис, бо назардошти пешниҳоди аъзои КИМ ҲХДТ қарор шуд, ки Анҷумани XIV ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 3-юми сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.
Дар ҷамъбасти кори маҷлис Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди давлати тозаистиқлоли мо саҳми муносиб ва арзанда дорад ва барои тақвияти минбаъдаи фаъолияти он ба мо зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи самтҳои муҳимтарини барномаҳои стратегии давлату Ҳукумат, низоми қонунгузорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, тавсеа бахшидани ғояҳои ватандӯстӣ ва эҳсоси гарми худшиносиву худогоҳӣ ҳиссаи худро гузорем.

Душанбе. 06.08.2020


Вакти нашр: 2020-08-08 10:54:47    Хонданд: 139    Муфассал...

ХУРРАМГАРДОНИИ ДУШАНБЕШАҲР - РИСОЛАТИ МО ҲИЗБИЁН!

 Имрӯз  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ ва аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳраку маҳалла, назди хонаҳои баландошёна, майдончаҳои варзишӣ ва боғу гулгаштҳо ҷиҳати таҷлили сазовори Ҷашни умумимиллии 29 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари дастаҷамъонаро доир намуданд. 
Дар ҳашар, кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ба таври самаранок истифода карда, атрофи  хонаву кўчаҳо, роҳраву майдончаҳои варзишӣ ва боғу гулгаштҳоро тозаю озода  намуданд.
Ҳамин аст, ки симои пойтахти кишварамон рӯз аз рӯз дигаргун шуда, ҳар лаҳзаву ҳар соат ҳусну таровати тозаеро дар худ пайдо менамояд. 
Ёдовар мешавем, ки чунин ҳашарҳои дастаҷамъӣ дар доираи таҷлили Ҷашни  29 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ идома дода мешавад. 

 


Вакти нашр: 2020-08-08 12:40:43    Хонданд: 102    Муфассал...

ВАРЗИШ ҚОСИДИ СУЛҲ, МУАРРИФГАРИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

8- уми августи соли ҷорӣ дар асосӣ нақша чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар толори Федератсияи миллии «Таэкван-до ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии варзиширо ба ифтихори Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон 10 август миёни варзишгарон ва ҷавонон доир намуд. Бояд ёдовар шуд, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он маҳз ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим равона гардидааст.

Дар чорабинии мазкур Ҳомидзода Насим-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Яҳёев Мирсаид-Раиси Федередсияи миллии тейквандо ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шарипова Лайло-мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раҳмонов Ҷасур-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия ва варзишгарон иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии варзишӣ миёни ҷавонон ин тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушд ва инкишофи тарбияи ҷисмонӣ маҳсуб меёбад.

Мавриди зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқоташон бо варзишгарон бо ҳисси ифтихормандӣ иброз намуда буданд, ки «Варзиш қосиди сулҳ, муаррифгари давлату миллат ва пайвандгари риштаҳои дӯстии ҷавонони кишвар бо ҷаҳон мебошад».

Ин суханҳои волои Пешвои муаззами миллат ҷавонон ва варзишгаронро водор менамояд, ки пайваста ҳомии муҳофизи обрӯю эътибори Тоҷикистони азизамон бошанд, Ватани худро дар сатҳи байналмилалӣ бо барафрохтани Парчами миллӣ ва нерӯмандию иродаи қавӣ ҳамчун сарзамини биҳиштосо ва созандаву тобанда муаррифӣ намоянд.

Дар интиҳо аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки дар хориҷи мамлакат шарафи кишварро баланд бардоштаанд бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

 


Вакти нашр: 2020-08-10 08:41:40    Хонданд: 98    Муфассал...

ТАВСИЯҲОИ СУДМАНД ВОБАСТА БА БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19

Дар доираи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва густариши бемориҳои сироятӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе мулоқоту вохўриҳои рӯ ба рӯро дар боғи «Мироненко»-и ноҳияи Сино доир намуданд.
Ҳангоми баргузории мулоқоту вохӯриҳои мазкур гурӯҳҳои таблиғотӣ асосан оид ба ҳолатҳои пешгирӣ аз бемории сироятии Covid-19 фаҳмонида, қайд намуданд, ки роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, риояи фосилаи байниҳамдигар ва қоидаҳои беҳдоштӣ мебошад.
Дар ин радиф, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя карда, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собуни моеъгӣ ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ҷиддӣ муносибат намоянд.

 


Вакти нашр: 2020-08-12 08:37:56    Хонданд: 101    Муфассал...

МАҶЛИСИ УМУМӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ЁҚУТ"

Дар ташкилоти ибтидоии “Ёқут-2000” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва Қодирзода Абдуҳалим-раиси ташкилоти ибтидоии “Ёқут” маҷлиси умумӣ доир гардид.
Дар кори маҷлиси умумӣ роҷеъ ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, дастгирии сиёсати давлат, рафти обна ба нашрияҳои ҳизбӣ, рафти муқоисакунии аъзои ҳизб, таҳкими давлатдории миллӣ, интихоби вакил ба Конференсияи ХХХI ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ сухан рафт.
Сипас Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим зимни баромади худ иброз дошт, ки ҲХДТ дар таҳкими давлатдори мииллӣ, тарғиби идеологияи солими миллӣ ва муттаҳидии кишвар саҳми назаррас дорад.
Дар идома аз сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд. Гуфта шуд, ки тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарғиби идеологияи солими миллӣ, пешгирии гароиш ба фарҳанги бегона, масъулияти ҳизбӣ ва шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ҳаст, ки манфиатҳои миллиро ҳифз, Истилолияти давлатиро таҳким, ягонагии давлат ва миллатро ҳимоя ва низоми дунявияти идоракунии давлатро дастгирӣ намояд.
Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур зимни баромади хеш афзуд, ки ташкилоти ибтидоии “Ёқут” ба масъалаи таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд.
Баромадкунандагон аз фаъолияти хубу назарраси ташкилоти ибтидоии «Ёқут» изҳори қаноатмандӣ баён намуда, барои идомаи фаъолияти назарраси сиёсӣ бурдбориҳо таманно намуданд.
Дар фаромад ба якчанд нафар кормандони ҶСК «Ёқут-2000» шаҳодатномаҳои узви ҲХДТ ва ба як қатор фаъолон Сипосномаи ҲХДТ, Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур тақдим карда шуд.


Вакти нашр: 2020-08-12 15:26:35    Хонданд: 114    Муфассал...

КОНФЕРЕНСИЯИ ХIХ ҒАЙРИНАВБАТИИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 21 АВГУСТ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Нимаи аввали имрӯз, 12-уми августи соли 2020 дар Муассисаи давлатии “Душанбе-плаза” Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои гузориши Комиссияи доимоамалкунандаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб оид ба таҳлил ва омӯзиши афкори омма, даъвати Конференсияи ХIХ ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар маҷлиси мазкур раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Иброҳим Мирзозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб, раисони як қатор кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва намояндагони Васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Мутобиқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис гузориши узви Комиссияи доимоамалкунандаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб оид ба таҳлил ва омӯзиши афкори омма Абдухалил Ғафурзода шунида шуд.

Дар музокира узви Кумита, раиси ташкилоти ибтидоии “Омӯзгор” Нуъмонҷон Ғаффорзода вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис мулоҳизаҳои ҷолиб манзур намуд.

Сипас, Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо қарори худ Конференсияи ХIХ ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо 21-уми августи соли 2020 даъват намуда, меъёри намояндагӣ дар онро аз 357 нафар аъзои ҳизб 1 нафар муқаррар кард.

Ҳамин тариқ, Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои далдор қабул намуд. 

 


Вакти нашр: 2020-08-12 16:08:13    Хонданд: 111    Муфассал...

МАҶЛИСИ УМУМӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҶАВОНОН”

Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии "Ҷавонон” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода И.Х., Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф., Раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷавонон” Раҳмонзода А.Қ. ва аъзои ҳизб Маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоӣ доир гардид.

Дар фарҷоми Маҷлиси умумӣ ба як қатор кормандони ҷавони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамакнун ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.


Вакти нашр: 2020-08-13 18:49:41    Хонданд: 106    Муфассал...

ТАВСИЯҲОИ СУДМАНД ВОБАСТА БА БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19

13.08.2020 Дар доираи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва густариши бемориҳои сироятӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  мулоқоту вохўриҳои рӯ ба рӯро дар назт Сикри давлатии нохияи Фирдавсӣ доир намуданд.  

      Ҳангоми   баргузории  мулоқоту вохӯриҳои мазкур гурӯҳҳои таблиғотӣ асосан оид ба ҳолатҳои пешгирӣ аз бемории сироятии       Covid-19 фаҳмонида, қайд намуданд, ки роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, риояи фосилаи байниҳамдигар ва қоидаҳои  беҳдоштӣ  мебошад.

         Дар ин радиф, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки  қоидаҳои  беҳдоштиро  риоя карда, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собуни моеъгӣ ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ҷиддӣ муносибат намоянд.


Вакти нашр: 2020-08-14 11:41:23    Хонданд: 106    Муфассал...

ҶАМШЕД ИСМОИЛОВ АЗ ДИДА БА ДИЛҲО РАФТ

Айёми рӯзгору пайроҳаи зиндагӣ инсонеро, ки ҷавҳари азалиаш олудаи фазилату хиради гиро ва кору пайкораш намунаи дигарон аст, аз ёдҳо ба ҳеҷ сурат фаромӯш  нашуда, ба таври ҳамешагӣ дар хотираҳо боқӣ хоҳад монд. Васфи чунин меъёрҳои одамият ва шинохти инсонгароӣ ба нафаре тавъам аст, ки солиёни зиёд дар ҷодаи санъати касбии миллӣ тавассути суруду таронаҳои баландмазмун мақому манзалатӣ хосса пайдо намудааст.

Хабари марги нобаҳангоми Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҷамшед Исмоилов дар синни 64-солагӣ, ҳамаи дӯстону наздикон ва пайвандону ҳаватанонро ѓамгину рӯҳафтода намуд. Дар воқеъ, мавсуф ҳунарманд ва ситораи дурахшоне буд, ки ёди некаш аз дидаҳо ба дилҳо рафт.

Ҷамшед Исмоилов 30-юми августи соли 1956 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст.  Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1973 ба Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода дар шаҳри Душанбе дохил шудааст. Исмоилов ҳамчунин соҳиби маълумоти дуюм — филолог буд, ки ин ихтисосро дар ДПТ гирифтааст. Ӯ дар кумитаҳои комсомолии шаҳрҳои Кӯлоб ва Душанбе кор кардааст. Дар оғози солҳои 90-ум муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон буд.

Номбурда то охири умр узви фаъоли ҲХДТ буда, дар аксар чорабиниҳои ҳизбӣ ҳузури намоён ва ҳамкориҳои пайваста дошт.

         Ёди ин шахси наҷиб дар қалби дӯстону наздикон, ҳамкорону фарзандон ҳамчун як шахси меҳрубону ҳалим ва  падари мушфиқу ғамхор абадӣ боқӣ хоҳад монд.  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба дӯстону наздикон ва аҳли хонадони марҳум ҳамдардии амиқ баён карда, ба онҳо аз даргоҳи Яздони пок сабри ҷамилро хоҳонем.

Равонат шоду хонаи охиратат обод бод!

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе


Вакти нашр: 2020-08-17 10:45:10    Хонданд: 111    Муфассал...

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102 барои 2400 нафар хонанда дар ду баст дар ноҳияи Шоҳмансур ва иштирок дар “Дарси сулҳ”

17.08.2020 09:09, шаҳри Душанбе

17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-ро барои 2400 нафар хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Баъди бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Пешвои миллат бо шароити таълимгоҳ шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон сӯҳбати самимӣ доир карданд.

Мавриди зикр аст, ки санги асос барои бунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-и ноҳияи Шоҳмансур ҳанӯз 19 июни соли 2017 аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузошта шуда буд.

Иншооти мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд шуд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-и ноҳияи Шоҳмансур тибқи лоиҳа дар масоҳати 0,68 га бунёд шуда, аз 4 бинои ҷудогона иборат мебошад. Мактаб 4-ошёна буда, 51 синфхона, аз ҷумла 38 синфхонаи таълимӣ, 2 синфхонаи лабораторӣ, 1 синфхонаи компютерӣ бо 70 адад компютер ва 10 адад принтер, 5 синфхонаи фаннии физика, кимиё, ҷуғрофия, алгебра ва омодагии дифои ҳарбӣ, синфхонаҳои таълими меҳнат барои духтарону писарон, синфхонаҳои лингафонӣ, мусиқӣ, расмкашӣ, озмоишгоҳ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, ошхона барои 180 ҷой ва китобхона, толори хониши китоб бо 70 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ бо 10 адад компютери ба интернет пайваст ва дорои 10 ҳазор китобҳои бадеию таълимӣ иборат мебошад.

Мактаби наву замонавӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ роҳбари Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Тоҷикгидромонтаж” Ҳурматулло Зайдов тариқи эҳсонкорӣ сохта шудааст.

Дар таълимгоҳ муосиртарин шароит барои илмомӯзӣ фароҳам гардида, синфхонаҳои алоҳида барои фанҳои биология, химия, омодагии дифои ҳарбӣ ва геометрия ташкил карда шудааст. Ҳамчунин дар мактаб утоқҳои алоҳидаи озмоишгоҳ бунёд ёфта, барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун асбобу аёниятҳои дарсӣ таъмин гардидааст.

Ҳамчунин дар мактаб ҳуҷраҳои алоҳидаи корӣ барои созмони хонандагон ва падару модарон мавҷуд аст. Волидон дар ҳуҷраи махсус, ки монитор насб гардидааст, метавонанд бе ворид сохтани халал ба ҷараёни дарс иштироки фарзандонро дар машғулиятҳо назорат намоянд. Бояд гуфт, ки ҳамкории мактаб бо оила дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” хуб ба роҳ монда шудааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102 ба ҳунаромӯзии толибилмон таваҷҷуҳи хоса дода шуда, утоқҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона, ки бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст, кушода шудааст. Дар ин ҷо толибилмон дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯхтани сару либос ва тарзи омода намудани ҳар гуна таомро меомӯзанд. Ҳамчунин барои дӯстдорони санъати тасвирӣ синфхонаи алоҳидаи дарсӣ, ки дар он нозукиҳои рассомӣ омӯзонида мешавад, ташкил гардидааст.

Барои аз бар намудани технологияи муосир синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо муосиртарин дастгоҳҳои корӣ таъмин гардидааст.

Бо мақсади ҳифзи солимии омӯзгорону толибилмон, дар иншооти мазкур ҳуҷраи равоншинос ва нуқтаи алоҳидаи тиббӣ бунёд ёфта, он бо ҷиҳози зарурии кумаки аввалияи тиббӣ таъмин шудааст.

Дар баробари корҳои сохтмонӣ дар гирду атрофи иншоот гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, дар роҳравҳо нишастгоҳҳо гузошта шудааст.

Ба хотири оммавӣ гардонидани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар муассисаи таълимӣ толори барҳавову муосири варзишӣ бунёд ёфтааст, ки барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва тарбияи бадан пешбинӣ гардидааст.

Баъди бунёди мактаб дар ин ҷо 40 нафар омӯзгорон бо кор таъмин шуданд.

Мавриди зикр аст, ки фарзандони сокинони 7 маҳаллаи ноҳияи Шоҳмансур аз сабаби набудани мактаб таҳсилро дар дигар муассисаҳои таълимӣ идома медоданд. Акнун баъди аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд шудани ин даргоҳи маърифат мушкилоти сокинон ҳал гардид.

Аснои шиносоӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдомҳои соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ арзёбӣ карданд.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ба донишандӯзӣ фаро гирифтани насли ояндасози кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.

Пас аз ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори барҳавои мактаб бо аҳли маорифи пойтахт мулоқот намуда, хонандагону омӯзгоронро ба муносибати оғози соли нави хониш ва ифтитоҳи иншооти муосири илмомӯзӣ табрику таҳният гуфтанд.

Маросими ба истифода додани мактаби нав ва мулоқот бо аҳли маорифи пойтахт дар Рӯзи дониш бо иштироки Пешвои миллат мустақиман тариқи ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизионӣ пахш гардид.

Зимни суханронӣ дар Рӯзи аввали соли хониши 2020-2021 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири пандемияи короновирус, тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии паҳншавии ин бемории нави сироятӣ, иқдомҳои созандаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар оид ба рушди соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таъмини ҷойҳои нишаст барои хонандагон ва вазифаҳои оянда дар назди маорифчиён ҷиҳати беҳдошти сатҳу сифати таълиму тарбия ва ҷалби хонандагон ба донишомӯзӣ андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои замонавии таълим, дар кишвар бунёди даҳҳо муассисаи таълимӣ бо назардошти талаботи замон идома доранд ва то таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми бештари онҳо мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Соли нави таҳсил тибқи анъана бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки насли наврас ва ҷавонони имрӯзаи кишвар бояд аз гузашта сабақ омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар мамлакат талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевоситаи хешро гузоранд.

Бинобар ин Пешвои миллат устодону омӯзгоронро вазифадор намуданд, ки якҷо бо падару модарон насли наврасро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду соҳибистиқлоламон омода созанд.

Дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди нерӯи инсонӣ робитаи мустақим дорад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки мо солҳои 2020 - 2040-ро солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карда, тамоми сохторҳои илму маориф ва умуман, муассисаҳои иҷтимоиро вазифадор намудем, ки бо мақсади бунёди ояндаи дурахшон ба таълими илмҳои табииву риёзӣ зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва мафкураи техникии насли наврасро қавӣ гардонанд.

Ба андешаи Сарвари давлат шарти асосии амалӣ кардани ин ҳадаф беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва самаранок истифода намудани соатҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Мавриди зикри хос аст, ки дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат ва татбиқи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар то ба имрӯз садҳо муассисаи нави таълимӣ бунёд гардида, таъмир ва ба шароити муосир мутобиқ гардонидани муассисаҳои таълимии мавҷуда бомаром идома дорад.

Дар замони истиқлоли давлатӣ шаклҳои нави муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ гардида, дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон 9 мактаби Президентӣ бо фарогирии қариб 8 ҳазор хонанда, 75 гимназия барои зиёда аз 53 ҳазор толибилм ва 71 литсей барои 36 ҳазор шогирд таъсис дода шуд.

Айни ҳол шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар мамлакат ба 75 ва шумораи шогирдони онҳо қариб ба 90 ҳазор нафар расидааст, ки аз онҳо 32 муассиса дар замони истиқлол ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Дар ин давра муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 40 расидаанд, ки ҳоло дар онҳо беш аз 227 ҳазор нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, шумораи хатмкунандагони замони истиқлол беш аз 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Инчунин, зиёда аз 35 ҳазор нафар ҷавонони мо дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи дунё таҳсил карда истодаанд.

Ҳоло пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ рӯз ба рӯз пурқувват шуда, технологияҳои муосир ба низоми таҳсилот пурра ворид гардидаанд. Ҳамаи ин иқдомот, дар маҷмӯъ, ба сатҳу сифати таълим таъсири мусбат расонида истодааст.

Муассисаи таҳсилоти умумии рақами 102 дар шаҳри Душанбе, ки имрӯз ифтитоҳ гардид, аз ҷумлаи иқдомоти навбатии роҳбарияти пойтахти мамлакат арзёбӣ карда шуд.

Ин муассиса бо тарҳи муосиру бисёр зебо ва санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, дар он тамоми имкониятҳои зарурӣ ва шароити беҳтарини таълим фароҳам оварда шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба соҳибкори ватанӣ Зайдов Ҳурматулло - роҳбари Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “Тоҷикгидромонтаж” барои ташаббуси ибратбахш изҳори сипос карда, ба сохтмончиён баҳри бунёди биноҳои хуштарҳу замонавӣ, ки ба омӯзгорону хонандагони пойтахт пешниҳод сохтанд, баҳои баланд доданд.

Имрӯзҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии истиқлоли давлатӣ сохтмони иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, пеш аз ҳама, дар деҳоти дурдаст босуръат идома дорад.

Аз 1332 мактабу муассисаҳои томактабии ба нақша гирифташуда то моҳи августи соли 2020-ум 367 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 30 кӯдакистон сохта, ба истифода супорида шудааст, ки аз ин шумора 135 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 21 кӯдакистон аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланду ватандӯсти кишвар бунёд гардидааст.

Дар кишвар танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ 5 муассисаи томактабӣ ва 37 муассисаи таҳсилоти умумӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва онҳое, ки ташаббусҳои роҳбарияти давлату Ҳукуматро дастгирӣ карда, барои фарзандон, яъне насли ояндасоз иншооти замонавии таълимӣ бунёд мекунанд, изҳори сипос карданд.

Зимни суханронии пурмуҳтаво Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин доир ба паҳлуҳои гуногуни соҳаи илму маориф, тарбияи кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаи таҳсилоти олӣ, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилоти касбӣ, мутобиқ кардани мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ, ба талаботи замон мутобиқ кардани сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ, беҳдошти ҳолати тамоми муассисаҳои таълимӣ дар саросари кишвар, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷет андешаронӣ карда, барои ҳалли мушкилот дар ин самт ба Ҳукумати кишвар, масъулини вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар омӯзгорону хонандагон, наврасону ҷавонон, донишҷӯён ва тамоми сокинони мамлакатро бо Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ ва барору комёбӣ орзу карданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ омӯзгорон, хонандагон ва донишҷӯён баромад карда, ба Президент ва Ҳукумати кишвар барои тамоми ташаббусҳову иқдомоти созанда ҷиҳати рушди соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои наву замонавии таълимӣ, ҷудо кардани квотаҳо барои духтарону писарони лаёқатманди ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ва таъмини шароити созгори илму ҳунаромӯзӣ изҳори сипос карданд.

 


Вакти нашр: 2020-08-17 13:41:27    Хонданд: 100    Муфассал...

146 НАФАР ВАКИЛ БА АНҶУМАНИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ҲХДТ ПЕШБАРӢ ГАРДИДАНД

Нимаи дуюми имрӯз, 21-уми августи соли 2020 Конференсияи XIX ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқадори ҲХДТ Шукурҷон Зуҳуров, раиси Комиссияи доимии назди Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, роҳбарони як қатор сохтору идораҳои дахлдор ҳамчун вакил аз Кумитаю ташкилотҳои ибтидоии шаҳри Душанбе, раисони шӯроҳои собиқадорони ҳизби ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва намояндагони нашрияҳои ҳизбӣ ҳузур доштанд.

 Дар Конференсия ду масъала: ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани Қарори Маҷлиси КИМ ҲХДТ, аз 6-уми августи  соли 2020 оид ба вазифаҳои навбатии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳилаи омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби вакилон ба Анҷумани XIV ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди баррасии вакилон қарор гирифтанд. 

Мутобиқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис маърўзаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода дар бораи ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани  Қарори Маҷлиси КИМ ҲХДТ, аз 6-уми  августи  соли 2020 оид ба вазифаҳои навбатии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳилаи омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Зикр гардид, ки гузашти давраҳои гуногуни таърихӣ дар шинохти саҳфаҳои давлатдориву давлатсозӣ собит намудааст, ки низом ва ё неруи сиёсие дар фурсати хеле ками вақт бозтоб ва ё қобили эътибор мешаванд, ки ҳастию тамомияти рисолаташон баҳри хостаҳои миллату ҷомеа равона мегарданд.

Ба андешаи И. Мирзозода аз марҳилаҳои тайкардаи ҲХДТ метавон натиҷагирӣ намуд, ки баробари рўйи кор омадани ин неруи тозаи сиёсии ҷомеа, равиши масъулияту низоми интихобот ва шохаҳои давлатдории мо тадриҷан азнавсозӣ гардида, арзишҳои волои миллиамон эҳё гардиданд.   

- Мусаллам аст, ки дар раванди баргузории интихобот ҳар як ҳизби сиёсӣ кўшишу талош бар он менамояд, ки дар ҷомеа ҳарчи зиёдтар раъйи бештаррро ба даст оварда, тадбиқи ғояҳои худро ба таври самаранок амалӣ намояд. Албатта, ин марҳилаи навбатӣ бо назардошти вазъи ҷаҳони имрўза, махсусан барои ҲХДТ давраи муҳиму тақдирсоз ва иҷрои ормону хостаҳои халқ ба ҳисоб меравад, аз ин рў мо бояд минбаъд дар асоси барномаи ҳизбиамон сиёсати бунёдкоронаи худро идома бахшида, ба масъалаҳои таҳкими амнияту оромии сиёсӣ, рушди пайгиронаи иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоистаи мардум таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем,- иброз дошт раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода.

Дар музокира вакилон аз ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино Икром Субҳонзода ва Муҳибулло Зубайдуллозода фикру мулоҳизаҳои худро манзур карданд.

Дар ин миён, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода атрофи фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ дар арафаи омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши интихобот дар рушди ҷомеаи демократӣ ва роҳҳои ҷалби интихобкунандагон барои ширкати фаъолона дар ин маросими сиёсӣ суханронӣ намуда, изҳори умедворӣ кард, ки аъзои ҳизб, махсусан аъзои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ саҳми назарраси худро мегузоранд.

Сипас, вакилони Конференсия аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис 146 нафар вакилро ба Анҷумани XIV ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.

Ҳамин тариқ, бо қабули қарорҳои дахлдор аз рўйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда, Конференсияи XIX ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба кори худ анҷом бахшид.


Вакти нашр: 2020-08-21 19:54:32    Хонданд: 141    Муфассал...

ҲХДТ - мудом бо халқ ва дар хизмати халқ аст!

             Бо иқдоми ташкилоти ибтидоии “Ёқут-2000”-и  назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар доираи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри саҳмгузорӣ дар роҳи мубориза бар зидди пандемияи COVID-19 ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба миқдори 1800 адад либоҳои муҳофизатии тиббии бисёркарата (скафандра), 200 адад либосҳои муҳофизатии тиббии яккарата (скафандра), 20 ҳазор ниқоб, 300 матрас ва болишт барои рахти хоб тақдим намуданд.

      Аснои супоридани маводҳои зикргардида, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Салимзода Хушвахт Салим, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва Қодирзода Абдуҳалим-раиси ташкилоти ибтидоии “Ёқут” бо ҳайати кормандону табибони Маҷмааи тандурустии “Иситиқлол” вохӯрӣ намуда, роҷеъ ба дастгирии сиёсати инсонпарварона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.

       Роҳбарияти ташкилоти ибтидоии "Ёқут" тасмим доранд, ки рӯзҳои наздик боз ба ҳамшираҳои шафқат ва фаррошони беморхонаҳо низ хилъат ва либосҳои махсус тақдим намоянд.


Вакти нашр: 2020-08-24 08:07:07    Хонданд: 92    Муфассал...

АЗ ҚАТЛИ ОМИ САФАВӢ ТО ХИЁНАТИ КАБИРӢ

Бояд қайд кард, ки ҳар як амали бад аз сари бад бармеояд, терроризм низ маҳсули ҳамин навъи бо ном сари инсонист. Имрӯз дар дунё бисёр ташкилотҳои террористию ифротгароӣ амал мекунанд, ки хатари бузург барои ҷаҳониён доранд.

Яке аз ин ташкилотҳои манфуру зиддиинсонӣ ин ташкилоти террористию ифротӣ ва фурӯхташуда собиқ ҲНИ (минбаъд ТТЭ ҲНИ) мебошад, ки қариб бист сол дар дохил муборизаи носолим мебурд.  Имрӯз бошад, аз берун бар зидди миллати тоҷик ва давлати тоҷикон сангпартоӣ карда истодааст. Чунончи дар боло қайд намудем, терроризм ҳам таърихи деринаро дорост ва дар ҳар давру замон бо шаклҳои гуногун тарҳрезӣ ва амалӣ гардидааст, аммо ба ин шакле, ки ТТЭ ҲНИ-ро ба таҳрик андохтанд, назирашро таърих ёд надорад, лекин ин ҳам бе таърих буда наметавонад. Чӣ гуна таърих назирашро ёд надорад? Ҳамон гуна ки роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва “хоҷагони хориҷиаш” дар дигар фикру ақида (яъне шиамазҳаб), буданд ва ҳастанд, аммо шахсоне, ки дар ин ҳизби бо ном исломӣ (яъне ТТЭ ҲНИ-и террористию хиёнаткор) фаҳмидаву нофаҳмида буданд, дар дигар мазҳаб (яъне мазҳаби таҳамулгаро) буданд. ТТЭ ҲНИ аз калимаи поки ислом истифода бурда, ин макри худро рӯйпӯш мекарду баъзе аз шаҳрвандони кишвари моро ба ин макри шайтонии худ гирифтор намуда буд. Дар ҳоле ки худ ва “хоҷагонашон” бар зидди ин миллату давлат ва дину мазҳаби таҳаммулгаро буданд. Баъди ошкор шудани ин нияти аҳриманӣ ва ҳадафи зидиинсониашон зуд рӯсиёҳи дӯсту шармандаи “хоҷаашон” шуданд.

Ва чӣ гуна ТТЭ ҲНИ бе таърих буда наметавонад? Ҳамон гунае ки ба ҳамагон маълум аст, ислом дини покӣ ва растагорию пешрафт мебошад ва чаро ташкилотҳои террористию ифротгароӣ аз номи поки ислом истифода мебаранд, дар ҳоле ки ягон қоидаи онро риоя намекунанд: якум, барои ҷамъ намудани одамон дар атрофи худ; дуюм ин ки мақсади асосиашон бадном намудани ислом ва мусалмонон аст ва ниҳоят, аз байн бурдани ин дини муқаддас мебошад, ки ин хаёли хом аст ва ҳеҷ гоҳ амалӣ намешавад. Чунки ислом ягона динест, ки ба тамоми давраҳои таърихӣ созгор мебошад ва ҳеҷ гуна таассубу хурофот ва ифротгароиро намепазирад, баръакс, ҳамавақт тарафдори пешрафту тараққиёт ва инсондӯстию инсонгароӣ буду ҳаст ва боқӣ мемонад.          

Таҳрифкорию тахрибкорӣ ва террору қатлу куштору ифротгароӣ  барои “хоҷагони хориҷии” ТТЭ ҲНИ таърихи дерина дорад ва бо ин роҳ барои худ мазҳабе низ сохтанд, ки онро ягон дини ҷаҳонӣ қабул надорад. Ва ҷавоб ба гуфтаи боло, ки чӣ гуна  ТТЭ ҲНИ бе таърих буда наметавонад, ин аст, ки “таърихи ақидавӣ”-и “хоҷагони хориҷӣ”-и ТТЭ ҲНИ-ро дар назар дорем, ки дар тӯли таърих амалҳои террористию ифротгароии зиёдеро анҷом додаанд. Яке аз чунин амалҳои террористию ифротии асримиёнагӣ ин қатли оми Исмоили Сафавӣ дар Қаршӣ буд, ки бар асоси таассуби ғалати мазҳабӣ ё “террори ақидавӣ” рух дода буд, ки дар натиҷаи ин амали таҷовузкоронаи ифротию террористӣ дар қатори дигар шаҳидони қатлиомшуда фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, шоир, муаррих ва мутриби моҳиру номдор Камолиддин Биноӣ низ буд.

Амалиёти террористӣ ва хиёнат ба ватан, ки рӯзи чоруми сентябри соли 2015 аз ҷониби Абдуҳалим Назарзода ва ҳаммаслаконаш бо сардории ҲНИ ва “хоҷагонашон” анҷом дода шуд, идомаи мантиқии ана ҳамин бемантиқони хиёнаткори бедину диёнат ва рӯсиёҳи дунёву охират, махсусан “хоҷагонашон”, мебошад.

Хитобаи “Террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”, пурра дар симои манфуронаву ботини ғурмагасонаи ТТЭ ҲНИ-ю Кабирӣ дида мешавад. Агар инҳо Ватану миллаташонро дӯст медоштанд, ба он хиёнат намекарданд! Ва агар дину мазҳабашонро қабул медоштанд, хилофи гуфтаҳои он амал намекарданд!

Хитобаи дигаре, ки “Муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро намепазирад” барои давлатҳое мебошад, ки аз як тараф, терроризм ва ифротгароиро маҳкум мекунанд, аз ҷониби дигар, дастгирӣ, ки ин, баръакс, ба шиддат ёфтани амалҳои террористӣ дар сайёра сабаб гаштааст. Чунин мавқеъгирӣ дар мисоли Афғонистону Ироқу Сурия, Фаластину Ливия ва ғайра минтақаҳои доғи сайёра дида мешавад, ки он на ба хотири озодию истиқлол аст баръакс ба хотири ҳадафҳои муғризонаи сиёсиву геополитикии чунин “духурагон” мебошад.

Ва билохира, чунин мавқеъгирӣ нисбати  ташкилоти террористию ифротгаро ТТЭ ҲНИ ҳам аз ҷониби як қатор кишварҳо ва махсусан “хоҷагонаш” дида мешавад, ки далели гуфтаҳои болост. Акнун Кабирӣ, ки роҳбари ин “ташкилотчаи бадбӯй” мебошад то абад дар назди халқу Ватан “хиҷолати таърихӣ” мекашад. Чунки хиёнат ба Ватану миллат ва дину оинро ягон шахс намепазираду намебахшад.

Имрӯзҳо ба ҳамагон маълум аст, ки хоҷагони хориҷии ТТЭ ҲНИ киҳо ҳастанд ва онҳо низ барои ин амали ноҷавонмардонаашон дар назди таърихи башаррият “хиҷолати таърихӣ” мекашанд. Гарчанде баъд аз ҳодисаи 4-уми сентябри соли 2015 пурра маълум шуд, ки ҳадафу мақсадашон чист ва хоҷагонашон киҳо ҳастанд, аммо бо гузашти сонияҳо мудохилаю тахрибкорӣ ва хоинии ин бадтинатон равшантар мегардад.

 “Аз қатли оми Сафавӣ то хиёнати Кабирӣ”! Чаро чунин номгӯзорӣ шудааст? Дар китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, дар бахши “Таърихи сиёсии Осиёи Миёна дар асрҳои миёна” оид ба қатли оми ноҷавонмардонаи Исмоили Сафавӣ маълумоти саҳеҳ дода шудааст, ки он ҳам бар асоси таассуби ғалати мазҳабӣ, аниқтараш “равияи ифротӣ” рух додани он ҳодисаро равшан таъкид месозад. Ба гуфти таърихшиносон, дар ин ҳодисаи даҳшатбор 15 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ва ҳар дуи ин террорҳо, ки яке қатли ом дигаре “хиёнат ба Ватан” ном баровардаанд, гарчанде шаклан дигар бошанд ҳам, аз рӯйи тахрибкорӣ ва ақида ба ҳам монанд мебошанд ва идеяи навиштани ин мақолаву чунин номгузорӣ намудани он ҳам аз ҳамин ҷо пайдо шуд.  Дар тӯли таърих террору таҳрифу тахрибкориҳои зиёде ба ҳамин монанд рух додаанд, ки ҳоло ҳам барои аксарият норӯшан мондаанд.

Ҳамин тавр, ҳар фарди кишварро мебояд ба рӯҳи поки шаҳидоне, ки дар тӯли таърих барои номус, озодӣ, ободӣ ва пойдории ин давлату миллат аз дасти чунин диверсистону хоинон ҷони худро аз даст додаанд, дуои хайр намоянд. Ин ваҳдату истиқлолият ва бедории миллию тоҷикии худро на аз истиқлолият то ба истиқлолият, балки то абад бибарем ва устувортар шавем.                                                                                                                   

Саидҷон ҲАЛИМЗОДА

 

 


Вакти нашр: 2020-08-28 08:52:05    Хонданд: 89    Муфассал...

ТАВСИЯҲОИ СУДМАНД ВОБАСТА БА БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19

Дар доираи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба корҳои созандагӣ, тозагию ободонӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва густариши бемориҳои сироятӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе  мулоқоту вохўриҳо дар кӯчаву хиёбонҳои ноҳияи Шоҳмансур доир намуданд.  

      Ҳангоми баргузории мулоқоту вохӯриҳои мазкур гурӯҳҳои таблиғотӣ асосан оид ба ҳолатҳои пешгирӣ аз бемории сироятии        Covid-19 фаҳмонида, қайд намуданд, ки роҳи ягонаи пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, риояи фосилаи байниҳамдигар ва қоидаҳои  беҳдоштӣ  мебошад.

         Дар ин радиф, аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки  қоидаҳои  беҳдоштиро  риоя карда, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ, шустани дастон бо собуни моеъгӣ ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ҷиддӣ муносибат намоянд.


Вакти нашр: 2020-08-28 09:12:02    Хонданд: 74    Муфассал...

МАСИРИ СОЗАНДАГИҲО

Равиши зиндагӣ ва марҳилаҳои созандагии даврони соҳиб­истиқлолии кишвар дар самти беҳбудии ҷараёни корҳои бунёдкорӣ мусоидат намуда, анҷоми муваффақонаи онҳо дар тақвияти ташаббусҳои навини сокинон заминаҳои мустаҳкаму устувор гузошт. Ҳарчанд афзалиятҳои иқтисодии кишвар дар ин давра хеле камтару маҳдудтар ба назар мерасид, вале раванди корҳои созандагии навин тадриҷан шаклу равиши тоза гирифта, ин ҷараён ба эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ, садоқати дӯст доштани Ватан ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ табдил ёфт.

Ҳамин масъулияту ифтихори миллии мардуми диёр буд, ки шаҳри Душанбе ҳамчун оинаи миллатнамои кишвар ва даргаҳи тамоми тоҷикони олам дар як фурсати хеле ками вақт ба сифати як шаҳри рӯ ба инкишоф табдил дода шуд. Тадбиқи босамари барномаҳои амалкунандаи ҳукумати мамлакат давоми ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишварро ба ҳисоби миёна дар сатҳи меъёри муқарраршуда таъмин намуда, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард сомонӣ афзоиш дода шуд.

Тадбиқи бомароми нақшаҳои мавҷуда ва бунёду азнавсозии инфрасохтори муассисаҳои хизматрасонӣ боиси рушди суръатноки маҳсулоти сифатнок ва шинохти мақоми волои пойтахти азизамон гардида, рӯз аз рӯз ин маҷро раванди тозаро касб менамояд. Аз ҷумла, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти таъйиноти гуногуни маишию хизматрасонӣ, таъмиру сохтмони чорсӯҳои нақлиётӣ ва қомат афрохтани биноҳои боҳашамати истиқоматӣ далели возеҳи ҷараёни навини чунин шукуфоии пойтахти азизамон давоми ду соли охир мебошад.

Дар ин замина, шинонидани намунаҳои нодири гулу буттаҳои ороишиву накҳатбор бо тарҳи муосири миллӣ бештари кӯчаву роҳрав ва гулгашту боғҳои навбунёди пойтахти азизамонро зебу зинати хосса бахшида, боиси ҷалби маҷмӯи васеи сайёҳону меҳмонон ва хориҷиёни зиёд гардид. Тасмими муфиду иқдоми тарабафзо агар аз як ҷиҳат дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ рӯйи даст гирифта шуда бошад, аз сӯйи дигар, амалинамоии ин ҳама навгониҳои назаррабо баҳри боз ҳам шукуфонтар гардонидани пойтахти азизамон –шаҳри Душанбе иқдоми хубест.

Албатта, пайроҳаи паймудаи се даҳаи давлатсозии миллиамонро бо таваҷҷуҳ ба навсозиҳои навини маркази тоҷикони олам, ки имрӯзҳо шаклу намояшро ба сурати хеле диданиву ҷолиб ҷилвагар намудааст, аз назар гузаронида, метавон изофа намуд, ки арзишҳои таърихиамон ин масири созандагиро на ба сифати як арқоми маъмулӣ, балки ҳамчун як фасли мукаммали ифтихор аз бунёдкориҳои сифатноки навин сабт хоҳанд намуд. Рушду инкишофи соҳаҳои иҷтимоии кишвар яке аз масъалаҳои муҳиму афзалиятноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, тадбиқи бомароми онҳо дар мадди назари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Гузашти давраҳои пурифтихори таърихи тоҷик аз давраҳои дури дур то ба имрӯз собит намудааст, ки миллати сарбаланди тоҷик дар баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот ба қадри илму дониш ва арзишҳои маънавии ҳаёти инсон арҷ мегузорад. Албатта, дар шароити кунунии ҷаҳони муосир илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат ба ҳисоб рафта, ба раванди тақвияти рушди неруи инсонӣ робитаи мустақим дорад.

Дар шароити марҳалаҳои кунунӣ таваҷҷуҳ ба соҳаҳои бехдошти ҳифзи саломатӣ яке аз масъалаҳои дархури замон ба шумул рафта, раванди тадбиқи самараноки он метавонад дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ нақши муассир гузорад. Аз ҷумла, давоми як даҳаи охир ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат диққати махсус зоҳир гардида, тайи як соли охир бошад, садҳо беморхонаҳои замонавию марказҳои саломатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Илова бар ин, дар самти оммавигардонии тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш фаро гирифтани шаҳрвандони пойтахтамон баҳрабардории беш аз 230 майдончаи варзишӣ ва 71 боғу гулгашти замонавӣ рушду инкишофи соҳаҳои мазкурро ба таври бесобиқа таъмин намуда, пешрафти ин соҳаи афзалиятнокро ба марҳилаҳои сифатан нав расонид.

Воқеан ҳам, ҷомеаи имрӯзаи кишвар ба таври воқеӣ дарк намудаанд, ки ҳадафи аслии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ин баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми диёр аст. Албатта, таҷлили муваффақонаи ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистони азизамонро аз ҳама лиҳоз боз ҳам ободу зебо гардонида, нуфузу эътиборашро ба сифати як кишвари воҳиди рӯ ба инкишоф қавитару устувортар хоҳад намуд.

Каримзода Ҳақназар Изатулло,

номзади илмҳои филологӣ


Вакти нашр: 2020-08-28 09:18:45    Хонданд: 79    Муфассал...

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ДОНИШҶӮЁН

         Рӯзи 27 августи соли 2020 бо иштироки Маҳмадзода Назокат - мудири шуъбаи кор бо занон, Ҳомидзода Насимҷон - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Эланзарова Қиматбӣ - муовини директори Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. ва Одинаев Ҳоҷӣ, Ахунова Муқаддас бо донишҷӯёни Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ вохӯрӣ доир гардид.

         Дар мулоқот масъулин вобаста ба иҷрои қонунҳои миллӣ, пешгирии наврасону ҷавонон аз ҷинояткорӣ, бемориҳои сироятӣ, тақлиди фарҳанги либоспӯшӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, никоҳи               хешутаборӣ, таблиғи эҳсоси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватану миллат, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби онҳо ба курсҳои омӯзишӣ, риояи "Маромномаи сокини пойтахт" ва самаранок истифода намудани майдончаҳои варзишии сохташуда суханронӣ намуданд.

       Дар интиҳо миёни донишҷӯён ва баромадкунандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.

  


Вакти нашр: 2020-08-28 11:07:44    Хонданд: 92    Муфассал...



Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс