МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

ТАССАЛИЯТ

  Аз шунидани даргузашти шодравон Анвар Расулович Ҷалилов  ҳизбиёни шаҳри Душанбе бисёр ғамгин гаштанд. Шодравон яке аз фаъолони намоёни ҲХДТ дар вилояти Суғд буда, тамоми умри хешро барои пешрафту корҳои ҳизбӣ сарф намудааст.

 

Ҳамин буд, ки баъди ба сини нафаќаи меҳнатӣ баромадан ҳам, Анвар Расулович раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб дар вилояти Суғд интихоб гардиданд. Фаъолияти Шӯрои мазкур бо роҳбарии Анвар Расулович намунаи беҳтарин дар кишвар эътироф гардида, самаранокии собиқадорони ҳизб дар рушду пешрафти ҳаёти сиёсиву иҷтимоии вилоят аён гардид.

 

Ҳамчун фарзанди фарзона бовафову содиқ кору пайкори ибратбахш ва номи неки Ў дар дилу дида абадӣ мемонад.

 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз даргузашти Анвар Расулович Ҷалилов сахт андўхгин буда, ба наздикон ва аҳли оилаашон изҳори тассалият менамояд.

 

Руҳашон шоду манзили охираташон обод бод!

 

 

 

                                                              КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе                                                   

  


Вакти нашр: 2020-04-02 08:34:08    Хонданд: 142    Муфассал...

ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

      Маҷлиси ҳизбӣ бо иштироки Раиси ташкилоти ибтидоӣ   номзади илмҳои тиб Моҳинав Шарипова ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Хайём Амонов ва фаъолони соҳаи тиб дар ташкилоти ибтидоии "Насли солим"   доир гардид.

 

       Моҳинав Шарипова дар доираи хусусиятҳои сироятии вирусҳо, чи тавр ба организми инсон роҳ ёфтанаш, дар муддати чанд рӯз муайян гардидани бемор, хосияти генетикӣ пайдо кардани вирусҳо, гузариш аз насл ба насл суханронӣ намуд. Мавсуф қайд намуд, ки пешгирӣ аз касалиҳои сироятӣ ва вирусҳо маҳз аз ҳар як инсони комилу солимфикр вобастагӣ дорад.

 

     Дар идома Хайём Амонов оид ба ҳамақида, ҳаммарому ояндабинии аъзои ҲХДТ суханронӣ намуд. Таъкид кард, ки моро мебояд дастаҷамъона бо кормандони соҳаи тиб корҳои фаҳмондадиҳиро бо сокинони маҳал ҷиҳати пешгирии ҳамагуна вирусҳои сироятӣ ва эмин нигоҳ доштани солимии ҷомеа кушишҳои бемисл намоем.
Дар фар
ҷом ҷиҳати корҳои саривақтӣ дар маҳал мубодилаи афкор сурат гирифт.

  


Вакти нашр: 2020-04-02 14:55:41    Хонданд: 217    Муфассал...

КӮМАКИ АМАЛӢ – МЕТОДӢ

      Бо иштироки Амонов Хайём – мудири шуъбаи таблиѓот ва иттилооти  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  мутобиқи талаботҳои санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ ва оинномавӣ дуруст ба роҳ мондани ҳолати ҳуҷҷатнигорӣ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омор” дидан намуд. Дар ин миён ба ташкилоти ибтидоӣ нисбат ба баъзе аз камбудиҳои ҷойдошта кӯмаки амалӣ методӣ расонида шуд.

  


Вакти нашр: 2020-04-02 16:57:18    Хонданд: 140    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ДОНИШВАР”

      Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Донишвармаҷлиси умумӣ доир гардид.

 

    Дар маҷлиси ҳизбӣ зикр шуд, ки бинобар сабаби тағйироти кадрии роҳбарияти Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова-и Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар ташкилоти ибтидоии зикргардида раиси ташкилоти ибтидоӣ тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ аз нав интихоб карда мешавад. Бо дастгирии аксари аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Одиназода Латофат аъзои раёсат ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Донишвар” интихоб гардид.
 

  


Вакти нашр: 2020-04-03 14:48:33    Хонданд: 163    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ДУРАХШАНДАГОН”

      Дар ташкилоти ибтидоии “Дурахшандагон” маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид. Дар маҷлис Исматулло Шодиев директори Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ, Хайём Амонов мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок доштанд.

 

       Хайём Амонов  аз ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ёдовар шуда, иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Маҳз истиқлолияти комили сиёсии мамлакат буд, ки мардуми сарбаланди тоҷик ба дастовардҳои зиёде дар ҳамаи соҳаҳо комёб гардиданд.

 

     Мавсуф зикр кард, ки ҲХДТ бо мақсади дастрасии мардум ба хизматрасонии соҳаҳои гуногуни сифатнок, такмили низоми идоракунии соҳаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаҳои номбурдаро иқдомоти зарурӣ медонад. Дар ин миён бо ҷонибдории ҳамаи аъзои ҳизби ташкилоти мазкур Шодиев Исматулло Раҳматуллоевич раиси ташкилоти ибтидоии “Дурахшандагон” ва Наврӯзҷони Маҳмасаид котиби ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуданд.
     Шодиев Исматулло раиси тозаинтихоби ташкилот дар назди аъзои
ҳизб суханронӣ намуда, бо боварии зиёд иброз дошт, ки бо меҳнати софдилона ва дастгирии аъзоёни ҳизби ташкилот барои амалӣ шудани ҳадафҳои олии ҲХДТ, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарбият намудани ҷавонон дар роҳи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ саҳми муҳим мегузорад.  

  


Вакти нашр: 2020-04-03 14:57:52    Хонданд: 183    Муфассал...

МУЛОҚОТИ РӮ БА РӮ БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОН

 

    Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  ҷиҳати  иҷрои дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб оиди пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавирус бо истиқоматкунандагони маҳаллаи Қарамиршикор” вохӯрии рӯ ба рӯ доир гардид.

 

     Дар вохӯрӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Абдураҳимова Д,Ҳ., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф. ва кормандони масъули ҳизбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуда, бо истиқоматкунандагон оид ба вусъат бахшидани корҳои ободонӣ дар маҳалла бахшида ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирӣ аз пайдоиш ва густариши бемориҳои сироятӣ, махсусан бемории сироятии коронавируси навъи COVID-19 корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

 

 

  


Вакти нашр: 2020-04-06 14:58:48    Хонданд: 120    Муфассал...

ВОХЎРӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ ЗЕБУНИССО

      Ҷиҳати  иҷрои дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб оиди пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавирус дар маҳаллаи Зебуниссо бо иштироки Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Амробекова Руқия - мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва дигар аъзои гурӯҳи корӣ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раиси маҳалла ва муассисаҳои дахлдор бо сокинону истиқоматкунандагон аз рӯйи усули хона ба хона вохӯрӣ намуда,   сўҳбату мулоќот доир карда шуд.

      Ҳамзамон ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, равнақ додани корҳои созандагию ободонӣ, рангу бор намудани хонаҳои истиқоматӣ, гузаронидани таъмири ҷорӣ, дар ҳолати хуби эстетикию меъморӣ нигоҳ доштани онҳо, беҳдошти ваъзи санитарӣ эпидемиологӣ, зиддисухторӣ, экологӣ, таъмири роҳҳои маҳаллӣ ва асфалтпуш намудани онҳо, дастгирии ниёзмандону ятимон, ҳимояти манфиатҳои миллӣ ва дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат суханронӣ карда шуд.

  


Вакти нашр: 2020-04-06 15:02:59    Хонданд: 226    Муфассал...

ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

     Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавирус бо иштироки Азизов Азизхӯҷа – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ,  Заррина Зуҳурова - мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  бо сокинони кӯчаи Қаҳҳоров   корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид.

      Зикр гардид, ки тозагии макону манзил, сару либос, ҷисму тан гарави саломатист. Бемории босуръат паҳнгардидаи коронавирус ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор медиҳад, ки ҳар яке аз амалҳои хеш, бахусус аз муносибат бо табиат ва атроф андеша намояд. Имрӯз шарти асосӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ дар ҷои аввал риояи қоидаҳои санитарӣ мебошад.


Вакти нашр: 2020-04-06 15:15:11    Хонданд: 121    Муфассал...

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ТОҶИКСИРК”

      Мутобиқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус дар ташкилоти ибтидоии “Тоҷиксирк” бо иштироки Сафарзода З.-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид. Раҷабов А. - раиси ташкилоти ибтидоӣ изҳор дошт, ки ҳанӯз як моҳ қабл онҳо ҷиҳати пешгирии ин вабо дар муассиса тадбирҳои заруриро андешида буданд. Аз даромадгоҳи муассиса варақаҳо ҷиҳати пешгирии ин беморӣ овезон карда шуда, маводҳои безараргардонӣ дар даромадгоҳ барои кормандон ва онҳое, ки вориди муассиса мегарданд, фароҳам гардидааст.  Ҳамзамон дар мавриди усулҳои гуногуни пешгирии ин беморӣ маълумот дода шуд.


Вакти нашр: 2020-04-06 15:26:44    Хонданд: 121    Муфассал...

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

           7-уми апрели соли равон дар  Муассисаи давлатии  «Душанбе-Плаза» Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир  гардид.

           Дар он Абдуҷаббор Азизӣ – муовини якуми Раиси ҲХДТ,  аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, кормандони сохторҳои ҳизбӣ ва  намояндагони  васоити ахбори ҳизбӣ иштирок намуданд.

      Мутобиқи рӯзномаи маҷлис масъалаҳо оид ба «Озод намудани Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе,  бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан», «Интихоби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе» ва «Дар бораи  ворид намудани таѓйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроия ва Раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе»  мавриди  баррасӣ  қарор  дода  шуданд.

          Нахуст, Абдуҷаббор Азизӣ оид ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис  сухан карда,  фаъолияти  Раҳмонзода Зоир Файзалиро хуб арзёбӣ намуд. Дар ин замина, раиси навтаъини Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Мирзозода Иброҳим Холмуродро мутобиқи маълумотномаи   фаъолияташ,  ба ҳозирин муаррифӣ карда, ӯро барои ба ин вазифаи  пурмасъул  интихоб  гардиданаш табрику шодбош гуфта, дар идомаи корҳои минбаъда барору комёбиҳо орзу намуд.  

       Баъд аз муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Абдуҷаббор Азизӣ оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ ва уҳдадориҳои Оинномаву Барномаи ҲХДТ муфассалтар ибрози андеша карда, афзуд, ки тамоми қарорҳои қабулгардидаи Анҷумани  XIII ҲХДТ ва конференсияҳои ҳизбиро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд.   Мавсуф ҳамчунин қайд намуд, ки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии пойтахт дар баргузории интихоботи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, онро дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ баргузор намуданд. Ҳамзамон илова намуд, ки мо ҳизбиён бояд дар самти омодагиҳо ба маъракаи муҳими дигари  сиёсии дарпешистода ҳамаҷониба омода бошем.

        Ҳамин тариқ дар фарҷом аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

       

 

 


Вакти нашр: 2020-04-08 13:22:14    Хонданд: 140    Муфассал...

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР ТАШКИЛОТИ “САНЪАТКОРОНИ ҶАВОН”

    Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ  мутобиқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар ташкилоти ибтидоии “Санъаткорони ҷавон” корҳои фаҳмондадиҳӣ  доир карда шуд.   Дар он таъкид гардид, ки имрӯз ба риояи қоидаҳои санитарӣ беш аз ҳар вақта дида таваҷҷуҳ додан ва дар ин самт корро пӯрзур намудан зарур аст. Раиси ташкилоти ибтидоӣ изҳор дошт, ки ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ имрӯз ба хонандагон тавсияи бо ниқоб гаштан, шустани дастон, масофаи байниҳамдигариро риоя намудан дода шудааст ва он риоя мегардад. Ҳамарӯза барои тозагии фарши муасисса ва дару девор аз маводҳои шустушӯӣ истифода карда мешавад.

  


Вакти нашр: 2020-04-08 13:51:45    Хонданд: 121    Муфассал...

ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ШАРТ ВА ЗАРУР АСТ

 

      Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ тибқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи  шаҳрии ҳизб   ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар ташкилотҳои ибтидоии “Хӯроки умумӣ ва “Раҳнамо” корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ мондаанд.  Зимни баромад оид ба риояи қоидаҳои санитарӣ дар хонаву коргоҳ, тозагии манзили зист, муассисаву ташкилотҳо ва омилҳои сироят нашудан ба бемориҳои сироятӣ сухан карда шуд. Ҳамзамон зикр гардид, ки ҳар шаҳрванд бояд ҷиҳати тозагии муҳити зист саҳми босазои хешро гузорад ва дар ин масъала бетарафӣ зоҳир накунад.


  


Вакти нашр: 2020-04-08 13:56:45    Хонданд: 130    Муфассал...

“ТОЗАГИИ МЕҲАН” ТАЪСИС ЁФТ

       Дар Корхонаи воҳидии давлатии “Манзилхизматрасон”-2 бо иштироки Гулмуродов Султон–директори корхонаи мазкур, Абдуллоева Латофат – мутахассиси  шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  маљлиси ҳизбӣ доир гардид  

 

       Гулмуродов Султон вохӯриро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Ҳамчунин тибқи рӯзномаи маҷлис  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, номи ташкилот “Тозагии меҳан” номгузорӣ карда шуд. Бо ҷонибдории ҳамаи аъзои ҳизб Гулмуродов Султон Раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуд.  Ҳамин тариқ барои пеш бурдани корҳои таблиғотӣ - сиёсӣ бо дастгирии аъзоёни ҳизб   Қувватова Н–котиби раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуд.

 

      Абдуллоева Латофат оид ба мақсад ва ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ  сухан  кард. Раиси тозаинтихоби ташкилоти ибтидоӣ Гулмуродов Султон дар назди аъзоёни ҳизб бо ҳисси баланди масъулият аз ҷонибдорӣ ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастгирӣ намудани сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат суханронӣ намуда, ҳамагонро бовар кунонид, ки бо дасти дили гарм баҳри боз ҳам пешрафти корҳои сиёсӣ – таблиғотии ҲХДТ содиқона хизмат мекунад. 

 

 

  


Вакти нашр: 2020-04-09 12:58:29    Хонданд: 141    Муфассал...

БА РАСОНАҲОИ БОЭЪТИМОД БОВАР КУНЕД!

Мутобиқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ   Аксияи “Худ ва дигаронро ҳифз намо!” дар маҳаллаи Нодира дар ҳамдастӣ бо Нахшов Фазлиддин Файзиддинович вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ  ҷиҳати пешгирӣ аз вируси COVID-19 (коронавирус) бо усули кӯча ба кӯча  доир карда шуд. Зимни рӯ ба рӯ шудан бо сокинон гуфта шуд, ки то 6 апрели соли 2020 ягон нафар дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сироятёбии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва ба ҳар гуна расонаҳои иттилоотӣ бовар накунанд. Дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ ба онҳо зиёда аз 400 маводҳои зиддивирусӣ: ниқоб, маҳлулҳои антисептикӣ ва варақаҳои таблиғотӣ, ки дар онҳо муҳимтарин роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус бо аломатҳои шартӣ инъикос гардидааст, аз ҷониби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” тақсим карда шуд.

  


Вакти нашр: 2020-04-09 14:32:18    Хонданд: 138    Муфассал...

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ САЗОВОР ТАЪСИС ЁФТ

Дар Муассисаи таҳсилоти хусусии Гимназияи “Сазовор” бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Гулов Х.Қ. ва директори Муассисаи таҳсилоти хусусии Гимназияи “Сазовор” Азимов Х.Ҳ.  маҷлиси ҳизбӣ   доир гардид.

 

         Гулов Ҳ.Қ.  аз ҳадафҳои созандаи  ҲХДТ ҳарф зада, зикр кард, ки бо роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина барномаҳои мушаххас  барои расидан  ба ҳадафҳои  стратегӣ  роҳандозӣ  шуда истодааст. 

 

      Сипас,  бо пешниҳод ва дастгирии аъзоёни тозаинтихоби ҳизб ташкилоти  ибтидоии  ҳизбӣ  таъсис дода шуда,  “Сазовор”  номгузорӣ карда шуд.    Азимов Х.Ҳ. - раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Раҳматова Л.      котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шуданд.  

 

       Дар фарҷом ба 11 нафар,  ки дар асоси ариза ба сафи ҲХДТ пайваста буданд,  шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

  


Вакти нашр: 2020-04-09 14:48:43    Хонданд: 199    Муфассал...

АЗ КОРОНАВИРУС НАТАРСЕД, ВАЛЕ ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Коронавирус. Ин ном ба ҳама ошност ва дар хона, кӯча, бозор, донишгоҳу коргоҳҳо мавзӯи он баррасӣ мешавад. Аксар расонаҳои иттилоотӣ низ барои ин мавзӯъ гӯшаҳои махсус кушодаанд, ки шаҳодати дар маърази таваҷҷуҳи аксари аудитория қарор доштани он аст. Мавзӯи коронавирус баъди он авҷ гирифт, ки ҳукумати Чин моҳи декаб­ри соли 2019 ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) дар бораи хуруҷи бемории илтиҳоби шуши номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар дод, ки он ба дигар минтақаҳо паҳн шуда, бар асари гирифторшавӣ шаҳрвандон ҷони худро аз даст дода истодаанд.

 

Баъд аз чанде нишонаҳои ин беморӣ дар кишварҳои дигар низ ба чашм расид ва харитаи беморӣ ҳар лаҳза васеътар мегашт. Инро дида СУТ расман 30-юми январи соли равон «ҳолати фавқулода» эълон намуда, коронавирусро пандемия (беморие, ки хусусияти оммавӣ дошта, қисми зиёди аҳолиро гирифтор месозад) эълон кард. Ҳарчанд ин вирус ҳанӯз дар миё­наҳои асри гузашта пайдо шуда буд ва худи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ соли 2003 эълон карда буд, ки коронавирус як вируси муқаррарӣ буда, хатарноктар нест.

 

Имрӯз, мутаассифона, (ба ҳолати 8-уми апрели соли 2020), дар 205 давлат коронавирус ба қайд гирифта шуда, беш аз 1,4 млн. нафар ба он мубтало гаштаанду аз ин теъдод беш аз 83 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд ва хушбахтона, аз ҳисоби умумии гирифторон 308 ҳазор нафар шифо ёфта, ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштаанд.

 

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (400 549 нафар), Испания (146 690), Италия (135 586), Германия (107 663), Франсия (109 69), Чин (81 802), Эрон (67 286), Британияи Кабир (55 242), Туркия (34 109) ва Швейтсария (22 488) дохил мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

 

Ин аст, ки дар кураи Замин, ба истиснои чанд давлат карантин (чораҷӯии маъмурию тиббӣ-беҳдоштӣ барои пешгирии паҳншавии касалиҳои сироятӣ ва барҳам додани манбаи он) эълон шуда, тамоми давлатҳо барои пешгирии он аз ҳама имконот истифода намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар як қатор кишварҳо аллакай ваксинияҳо омода карда шудаанд ва дар ҳоли озмоиш қарор доранд. Дар бораи ин вируси “сарсон” ҳаминро ҳам метавон гуфт, ки коронавирус, ки номи илмияш COVID-19 аст, ба ин хотир чунин ном гирифтааст, ки тибқи маълумоти эпидемиологӣ, ин беморӣ зери микроскоп мисли офтоб мавҷҳо дорад. Ба гуфтаи вирусшиносон, он аз ҷумлаи зернамуди нави вирусҳое мебошад, ки дар марҳилаи имрӯза зиёда аз 30 намудашро маълум кардаанд. Ин гуна вирусҳо ба организмҳои зиндаи гуногун (одам, ҳайвонот, паррандагону хазандагон) сироят ёфта метавонанд. Аҷоиботи ин зернамуди нав дар он аст, ки дар баъзе ҳолат ҳиссачаҳои ирсии як намуд ба ҳиссачаҳои ирсии намуди дигар гузашта, зернамуди навро пайдо мекунад. Аз ин ҷост, ки органзми инсон бо сабаби надоштани масуният наметавонад худро аз ин зернамуди нав ҳимоя намояд. Дар ин ҳолат беморӣ вазнин шуда, ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад.

 

Бояд гуфт, боиси хушнудист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон то ба имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва дар ин самт барои чораҷӯйӣ ва пешгирӣ аз сирояти коронавирус бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуд. Ин мавзӯъ бошад таҳти назорати бевосита ва махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

 

Зимни ҷаласаи Ҳукумат, ки 28-уми феврали соли ҷорӣ доир шуд, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан қайд намуданд, ки “албатта, ҳамаи ин тадбирҳо ба иқтисодиёти мо таъсири манфӣ мерасонанд, аммо барои мо, тавре борҳо гуфтаам, боигарии асосии давлат - саломатии аҳолии мост”.

 

Дар як мусоҳиба ҳам роҳбари Намояндагии доимии Дафтари минтақавии аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон Галина Перфилева мавҷуд набудани коронавирусро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кард ва илова намуд: «Айни замон, беш аз 700 cанҷиш гузаронида шуд, ки натиҷаҳояшон мусбат баромаданд. Бо мақсади расман итминон доштан, ки мо ба ин санҷишҳо эътимод дошта метавонем, маводҳоро барои тасдиқи ин ҳолатҳои манфӣ ба Москва ва Лондон фиристоданд. Аз санҷишҳои такрории ин натиҷаҳо тасдиқ гардид, ки дар Тоҷикистон санҷиш босифат гузаронида шудааст».

 

Дар пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе низ тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавирус пурзӯр карда шудаанд. Комиссияи зиддиэпидемиявии шаҳри Душанбе муваззаф гаштааст, ки дар самти таъмини бехатарии санитарию эпидемиологии аҳолӣ, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ тадбирҳои амалӣ андешида, ҳамчунин дар тамоми ташкилоту муассисаҳои ҳудуди пойтахт, новобаста аз шакли моликият, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва безараргардонӣ (дезинфексия) ба роҳ монад.

 

Дар ин радиф, тавре раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дод, тамоми марказҳои савдо, бозорҳо ва дигар маконҳои ҷамъиятӣ низ бо маҳлулҳои безараргардонӣ коркард гардиданд. Ҳамаи нақлиёти мусофиркашонӣ, аз ҷумла нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксиҳои шаҳри Душанбе ҳар саҳар, пеш аз оғози фаъолият безарар мегарданд ва дар таътили баҳорӣ будани хонандагон дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва томактабии шаҳр корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд. Партовҳо сари вақт бароварда ва партовгоҳҳо бо маҳлулҳои безараргардонӣ тамиз гардонида мешаванд.

 

Вале аз тарафи шаҳрвандони кишвар ва сокинони пойтахт риоя нагардидани оддитарин қоидаҳои эҳтиётӣ ҷойи нигаронист. Саломатии мо дар дасти худи мост ва ҳар нафар бояд ба тавсияҳои пешниҳодгардида, ки ҳамарӯза тариқи ВАО нишон дода мешаванд, риоя намоянд. Қоидаҳои муҳим барои муҳофизат кардани худ ин аз ҷумла шустани дастҳо бо собун ва маҳлулҳои махсус, даст нарасонидан ба даҳону гӯшу бинӣ ва пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ мебошад. Барои эҳтиёт, тавсия мешавад, ки беҳтар аст як муддат аз салом бо даст худдорӣ кард. Расонаҳо низ саҳми калон дар тарғиб ва ташвиқи роҳҳои дурус­ти эҳтиёт карданро доранд ва ҳар расонае, ки дар фикри миллат аст, набояд хабарҳои воҳимаангезу даҳшатафканро паҳн намояд, ки ин хилофи меъёрҳои ахлоқӣ дар журналистика мебошад. Барои мисол, Радиои Озодӣ хабареро бо такя ба манбаи ба худашон маълум чунон пахш кард, ки мардумро ба тарс овард. Хушбахтона, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хабару овозаҳои сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар робита ба марги як марди 60-сола дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа мекарданд, фавран иттилоъ дода, ҳодисаи рухдодаро дурусттар шарҳ дод. Манбаъ илова менамояд, ки айни замон озмоишгоҳҳои мамлакат барои муайян намудани сирояти коронавирус ва нишонаҳои он пурра омода мебошанд. Ҳоло дар озмоишгоҳҳои ҷумҳурӣ 25 ҳазор тест ҷиҳати муайян намудани коронавирус мавҷуд мебошанд, ки то имрӯз қариб 3 ҳазор нафар шаҳрванд аз ташхиси тестии коронавирус гузаронида шуда, ҷавоби ҳамаи онҳо мусбат баромадааст.

 

Ҳамин тавр, "дар ин лаҳзаҳои ҳассос Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба гирифтор шудани шаҳрвандон ба сирояти коронавирус бовар нанамоянд. Бо мақсади дастрасӣ доштани аҳолӣ ба маълумоти расмӣ вобаста ба масъалаҳои коронавирус дар назди вазорат таҳти рақами 511 телефони боварӣ таъсис дода шудааст. Ҳамзамон, аз расонаҳои хабарии мамлакат даъват ба амал оварда мешавад, ки вобаста ба масъалаҳои коронавирус танҳо ба маълумоти расмии мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бовар ва бо такя ба он матолиб ба нашр расонанд. Чунки дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ метавонанд сабаби ба таҳлука андохтани мардум бигарданд", - омадааст дар идомаи баёнияи Вазорати тандурустӣ.

 

 Неъмат САЛИМЗОДА,

 

“Мароми пойтахт”

 

 

  


Вакти нашр: 2020-04-09 15:14:23    Хонданд: 239    Муфассал...

“ТАБАССУМИ ОФТОБАК” ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ ШУД

     Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф. ва директори Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Табассуми офтобак” Ҷураева А.М. дар Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Табассуми офтобак” маҷлиси  ҳизбӣ доир гардид.

 

      Мутобиқи қарори маҷлис ташкилоти ибтидоӣ  таъсис дода шуда, “Табассуми офтобак” номгузорӣ гардид. Ҷураева А.М. ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Маматаминова Ҳ.   котиби ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд.

 

      Дар фарҷом ба 17 нафар,  ки дар асоси ариза ба сафи ҲХДТ пайваста буданд,  шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

  


Вакти нашр: 2020-04-10 09:05:36    Хонданд: 133    Муфассал...

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

Ҷиҳати  иҷрои дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб оиди пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавирус аксияи таблиғотӣ дар бозори Меҳргон бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва фаъолҷавонони намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан"     гузаронида шуд. 

 

   Дар он маводҳои пешгирикунандаи тавсеявӣ аз вируси сирояткунандаи "корона" аз қабили буклетҳо, варақаҳои иттилоотии безараргардонии пешакӣ, риояи гигиенаи ҳарруза ва оммафаҳм намудани нишонаҳои пайдоиш, пешгирӣ, худҳифзнамоӣ аз ҷониби масъулини ҳизбӣ расонида шуд.
 

 

 

  


Вакти нашр: 2020-04-13 10:07:46    Хонданд: 131    Муфассал...

ПЕШГИРӢ БЕҲ АЗ ТАБОБАТ

   Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Жасмин" бо иштироки Фарангис Абдуллоевамутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ мутобиқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавирус ва ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ  бо кормандон вохўрӣ доир  шуд. Зимни вохӯрӣ котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Жасмин” дармоншинос Мавлуда Ҳасанова  баромад намуда, зикр намуд, ки нисбати пешгирӣ аз ин вабои аср пеш аз ҳама ба гигиенияи шахсӣ риоя намоянд ва ба ҳар гуна хабарҳои беасос бовар накунанд. Мавсуф қайд кард, ки тамоми чораҳои заруриро андешида дар ҳолати омодабош қарор доранд. Бо ин мақсад ҳанӯз 16 марти соли равон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Комиссияи зиддиэпидемиявии шаҳри Душанбе таъсис дода шуда буд, ки раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои зертобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аъзои Комиссияи мазкур мебошанд.

  


Вакти нашр: 2020-04-13 13:07:51    Хонданд: 111    Муфассал...

САҲМИ ВАКИЛ ДАР ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

      Мутобиқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндаи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Мирзо Хуршед Файзуллозода ба сокинони маҳаллаи Равшангарон ва омўзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49 бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ниқоб тақсим намуд.
      Мавриди зикр аст, ки вакил тӯли фаъолияти вакилии хеш бо сокинони ин маҳалла робитаи зич дошта, аз камбудиву норасоиҳои онҳо огоҳ аст ва дар бартараф намудани онҳо саҳми босазои хешро мегузорад. Ҳамзамон ҷиҳати татбиқи пешниҳоду дархостҳои онҳо мусоидат менамояд.

  


Вакти нашр: 2020-04-13 14:29:57    Хонданд: 114    Муфассал...

ИДОМАИ ВОХӮРИҲО БО ТАБАҚАИ ПЕШБАРИ ҶОМЕА

Мутобиқи барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо иштироки  Раҳмонов Ҷасур - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Олга Владимировна Кравченко - муовини Ректор оид ба тарбия, Абдуллоева Латофат - мутахассиси шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия ҷиҳати хубтару беҳтар ба роҳ мондани сатҳи кор бо ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ,  хештаншиносӣ ва худогоҳӣ, пешгирии бемориҳои сироятї вохӯрӣ   доир карда  шуд.

 

      Раҳмонов Ҷасур зимни баромади худ зикр намуд, ки хушбахтона, то имрӯз вируси тоҷдор дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, вале ин маънои онро надорад, ки мо бепарво бошем.  Дар ин асно   шаҳрвандон барои ҳифзи миллат бояд масъулият эҳсос кунанд, қоидаҳои бехатариро риоя   намоянд ва дар байни шаҳрвандон тарғибот баранд. Зеро саломатии ҳар яки мо саломатии миллату давлат аст.

  


Вакти нашр: 2020-04-13 15:07:42    Хонданд: 115    Муфассал...

ХИЗМАТ БА ВАТАН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ

      Дар асоси барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо мақсади ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ миёни наврасону ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботиро ба роҳ монданд. Пирхонов Б. мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия оид ба ин рисолати муққаддас, ва ҷодаи нангу номус изҳори андеша намуда, таъкид кард, ки хизмат неруву ирода ва ҷисми инсонро, бахсусус ҷавонмардро обутоб дода, барои ҳаёт омода месозад 

  


Вакти нашр: 2020-04-13 15:49:01    Хонданд: 115    Муфассал...

ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНОВИРУС COVID 19

   Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Рахмонов Ҷасур - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати пешгири намудан аз бемории короновирус бо фаъолони ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе сӯҳбату мулоқот доир карда шуд.

    Раҳмонов Ҷасур қайд намуд, ки имрузхо бахри пешгирӣ аз бемории коронавирус COVID 19 дар бештари мамлакатхои рӯи дунё тамоми чорахо андешида шуда истодаанд ва рӯз то рӯз ин бемори сафҳои сироятёфтагони худро бештар карда истодааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 18 кишвар холо ин бемори ба қайд гирифта нашудааст. Бинобарин аз ҳамин лаҳзаҳои кимматбаҳо самаранок истифода бурда, ҳар яки мо сараввал ба тозагии худ нигоҳ карда, баъдан гирду атроф ва маҳалли зисти худро тозаву озода нигоҳ дорем. 


Вакти нашр: 2020-04-14 14:37:38    Хонданд: 103    Муфассал...

ПЕШГИРӢ АЗ ПАЙДОИШ ВА ГУСТАРИШИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

      Дар маҳаллаи Саноат-и ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки Билол Иброҳим-Раиси ноҳияи Шоҳмансур, Изатуллои Ҳабибзод - муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, намояндагони шуъбаи маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва занон ҷиҳати пешгирии хавфҳои таъсири бемории сироятии COVID-19 - “Короновирус” ва равнақ бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ, пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бобати созандагию бунёдкорӣ, таъмир ва рангу бори хонаву манзилҳои истиқоматӣ, таъмири ҷории иншооти хизматрасонӣ, роҳҳои маҳаллӣ, ҷалби хонандагону ҷавонон ба китобхонӣ ва сафарбарии онҳо ба озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ… ва амсоли ин мавзӯҳои мубрами рӯз кӯча ба кӯча,  хона ба хона вохӯрӣ бо сонинон доир   карданд.

 

    Масъулин оид ба тарбияи ахлоқии фарзандон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани онҳо, татбиқи қонунҳои миллӣ аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сухан карданд. Ҳамзамон қайд гардид, ки ба ҳеҷ ваҷҳ зиёдаравию хурофот роҳ надиҳанд зеро амали мазкур ба ҷуз зиён ба буҷаи оила ва ҳолати равонии шахс дигар суде нахоҳад дошт.

 

     Дар фаромади  сӯҳбат сокинон изҳори миннатдорӣ баён намуда, ба саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.


  


Вакти нашр: 2020-04-14 14:44:52    Хонданд: 116    Муфассал...

СОЛИМИИ ХУДРО ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!

    Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мутобиқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавируси навъи COVID 19 бо иштироки кормандон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар минтақаҳои 53 ва 54  Аксия доир намуданд.

 

    Зимни баргузории Аксия кормандони ҳизбӣ ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз усули рӯ ба рӯ, хона ба хона истифода намуда,   варақаҳои иттилоотиро оиди пешгирӣ аз паҳншавии ин навъи вирус расониданд.

  


Вакти нашр: 2020-04-14 18:05:33    Хонданд: 143    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «ДАРМОНБАХШ»

 

      11-уми апрели соли равон дар ташкилоти ибтидоии "Дармонбахш" мутобиқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Амонов Хайём – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Рабиев Абдусалом - котиби ташкилоти ибтидоӣ, Фаршеди Ибодулло – масъули корҳои ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоӣ бо кормандон оид ба корҳои аввалияи тиббию санитарӣ ва пешгирӣ аз вирусҳои сирояткунанда  маҷлиси ҳизбӣ доир гардид. 

 

     Хайём Амонов дар доираи санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ аз қабили низомномаҳои ҳизбӣ, талаботҳои Оинномавию Барномавии ҲХДТ, Одобномаи корманди ҳизбӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ривоҷи мафкураи давлатию ҷаҳонбинии илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи илму дониш, интизом, садоқат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ, касбият, салоҳиятнокӣ, инчунин татбиқи технологияҳои замонавӣ барои рушду нумӯи кишвар пайваста талош меварзад. Ҳамчунин мавсуф қайд намуд, ки қоидаҳои аввалияи тиббию санитарӣ, истифодаи самараноки ниқобҳои тиббии ватанӣ, маводҳои антисептикӣ, дастпӯшҳои химиявӣ аз ифлосиро мунтазам истифода намоянд. Дар хона ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риояи ҳатмии шарту талаботи тозагиро кормандони ин муассиса хуб таблиғ намоянд.  Ҳамин тавр дар идомаи маҷлис 10 нафар кормандон, ки  мавқеи сиёсии худро муайян намуда, аризаи худро барои аъзогӣ ба ҲХДТ пешниҳод намуданд. Дар фарҷоми ҷаласа миёни кормандон ва масъулини ҳизбӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

  


Вакти нашр: 2020-04-15 10:21:56    Хонданд: 105    Муфассал...

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “КАФИЛ”

 Дар ташкилоти ибтидоии “Кафил” бо иштироки  мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Дӯстзода Афзалшоҳ  вохӯрӣ оид ба пешгирии вируси сирояткунандаи корона доир карда шуд. 
       Афзалшоҳ Дӯстзода – мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қайд кард, ки айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Аз ҷумла, тамоми беморхонаҳои ҷумҳурӣ дар ҳолати омодабош қарор дошта, барои пешгирӣ ва ба табобат фаро гирифтани беморон омодаанд. Аммо  ҳар яки мо  бояд дастҷамъона саъйю талош варзем, то пеши роҳи воридшавӣ ва паҳншавии ин бемориро  гирем. Табиби ҳар як инсон пеш аз ҳама худи ӯст, бо риоя кардани оддитарин қоидаву тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мо метавонем, ҳаёти худ ва наздиконамонро аз хатари гирифторӣ ба ин беморӣ, эмин нигоҳ дорем. Зикр гардид, ки набояд ба хабару овоза ва ҳангомаҳои бардурӯғ бовар созем.  Танҳо бо риояи қоидаҳои гигиенӣ ва тавсияҳои табибон мо метавонем, бо сарбаландӣ ин мушкили ҷаҳониро паси сар намоем.


Вакти нашр: 2020-04-16 14:14:02    Хонданд: 98    Муфассал...

Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлати озмун эълон менамояд

Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ

Сармутахассиси  раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ

-1 ҷой, маоши мансабӣ - 1200  сомонӣ

Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот

Сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот

-1 ҷой, маоши мансабӣ - 1200  сомонӣ

Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус

Мутахассиси пешбари раёсати кадрҳо ва корҳои махсус

- 2 ҷой, маоши мансабӣ - 978 сомонӣ.

Талабот ба довталабон

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

-ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ бо шакли дар замимаи 1 пешбинигардида; 

-варақаи баҳисобгирии кадрҳо;

-маълумотнома (объективка), хаттӣ ва электронӣ

-тарҷумаи (шарҳи) ҳол;

-4 дона расми 3х4;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ бо тасдиқи хадамоти кадрӣ;

-рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;

-маълумотнома аз ВКД (оид ба доғи судӣ надоштан);  

-тавсиянома;

-нусхаи санҷиши изи панҷаҳои даст (дактилоскопӣ);

-нусхаи рақами суғуртаи иҷтимоии давлатӣ (РИС/СИН)

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Талаботҳои тахассусӣ барои ишғолкунандагони мансабҳои 

холии маъмурии хизмати давлатӣ 

  1.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси гуманитарӣ ё ихтисоси ба  мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);

-малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).

2.Талаботи тахассусӣ барои мансаби мутахассисони пешбари раёсати кадрҳо ва корҳои махсус - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқушиносӣ ё гуманитарӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);

-малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).

3.Талаботи тахассусӣ барои мансаби сармутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ҳуқушиносӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

-малакаи озодона ҳарф задан ва навиштан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забонҳои хориҷӣ афзалият дорад);

-малакаи кор  бо компютер, аз ҷумла барномаҳои Microsoft Office (Word, Power point, Excel).

        Нишонии қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад-13А, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  то 7 майи соли 2020 (ҳар рӯз аз соати 1400 то 1700) дар раёсати кадрҳо ва корҳои махсус  - ҳуҷраи 400, 412, сомона: www.maorif.tj, суроғаи электронӣ: mort@maorif.tj  ва kadr@maorif.tj, телефон: 227-67-07, 221.37.65,  факс: 221.70.25 

Озмун рӯзи 13 майи соли 2020, соати 10:00  баргузор мегардад.


Вакти нашр: 2020-04-16 14:50:03    Хонданд: 353    Муфассал...

АКСИЯ: СОЛИМИИ МИЛЛАТ МАРОМИ МОСТ

Бахши намояндагии ТҶҶ Созандагони Ватан дар ноҳияи Шоҳмансур бо ҷалби ҷавонони фаъоли ноҳия аксияи таблиғотиро зери унвони Солимии миллат  мароми  мост»  бо сокинону меҳмонони пойтахт доир намуданд.

 

      Дар он доир ба интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19), пешгирии дигар намуди бемориҳои сироятӣ, ташаккул ва тарғиби ҳаёти солим, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ва маҳлулҳои антисептӣ   суҳбату мулоќот анҷом дода шуд.

 

 

  


Вакти нашр: 2020-04-16 16:25:27    Хонданд: 105    Муфассал...

ИДОМАИ ВОХӮРИҲОИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИДИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

   Бо иштироки Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар Муассисаи истифодабарии манзили 4 оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бемориҳои сироятӣ махсусан “Коронавирус” бо сокинон суњбату мулоқот доир карда шуд.

      Ҳангоми вохӯрӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, махсусан СОVID-19  “Коронавирус”,  беҳдошти  ҳолати  санитарию гигиенӣ, риояи  талаботҳои  санитарию  эпидемиологӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ, тозагию ободонӣ, рангу  бор  намудани  хонаву  кӯчаҳо,  таъмири  роҳҳои  кӯчаву маҳаллаҳо,  дар  сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, баланд бардоштани иродаи сиёсии мардум ва дастгирии сиёсати созандаву мардумсолории давлату Ҳукумати мамлакат сухан карда шуд.

  


Вакти нашр: 2020-04-16 16:31:53    Хонданд: 160    Муфассал...

ТУ ШАҲРЕ ДАР ДИЛУ ҶОНӢ, ДУШАНБЕ

 

Ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маъмулан ва ё одатан мукаллафияти собитшудаи молу амволи таърихро танҳо ҳакаме доварӣ карда метавонад, ки ҳукму қарораш одилонаву холисона ва бузургу беназир бошад. Ва ё аз дидгоҳи хирадмеҳварӣ мухотабашро агар каме оромтар бигӯем, ҳамсони ҳикмати «бузургӣ на ба синну солхӯрдагӣ, балки дар заковати гирою зарфияти қавӣ» доштан мебошад.

 

Албатта, пайроҳаи паймудаи се соли охири давлатсозии миллиамонро бо таваҷчуҳ ба навсозиҳои навини маркази тоҷикони олам -шаҳри Душанбе, ки имрӯз шаклу намояшро ба сурати хеле диданиву ҷолиб ҷилвагар намудааст, метавон бо сароҳат изофа намуд, ки арзишҳои таърихиамон ин масири созандагиро на ба сифати як арқоми маъмулӣ, балки ҳамчун як фасли мукаммали ифтихори бунёдкории сифатноки навин сабт хоҳанд намуд. Зеро натоиҷи чунин меъёру ҳадро ҳанӯз аз замони ҳастии башарият то ба имрӯз, на мову шумо, балки танҳо довари одилонаи замон «ВАҚТ» муайяну баҳогузорӣ карда метавонад. Шурӯъ аз масоили куҳнатарини нақлиёти ҷамъиятии сокинон то беҳбудсозии гулгашту боғҳои муосир, бунёди хонаҳои бо