МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

ДАСТИ ДУОИ МОДАР

Санаи 5-уми марти соли равон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур чорабинии идона таҳти унвони “Дасти дуои Модар” баргузор гардид.
Дар он Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, собиқадори меҳнат Низорамоҳ Зарипова, раиси Шўрои собиқадорони ҲХДТ Руқия Қурбонова собиқадори ҳизбу меҳнат Марҳабо Ҷабборӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид, Шарофзода Гавҳар, Парвина Меликова, раиси Шўрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Казакова Умринисо Санговна, ва инчунин як қатор фаъолзанон ширкат варзиданд.
Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ зимни суханони табрикотии хеш, аз баланд гардидани мақоми занон дар ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар корҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву илмӣ ёдовар шуда афзуд, ки чунин иқдомҳои ҳамешагӣ боиси ифтихор ва масъулиятноктар гардидани мо-занон мегардад.
-Таҷлил гардидани “Рӯзи Модар” дар оғози фасли зебои баҳор ба ин санаи мубораку муқаддас таровату зиннати хоса мебахшад. Бо бовари метавон гуфт, ки дар баробари ҳамаи ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувони пойтахти азизамон –шаҳри Душанбе эҳсоси масъулияти хештаншиносиро дучанд эњсос карда, чун ҳамешагӣ дар атрофи сиёсати созандаи Сарвари кишварамон аз ҳарвақтаи дигар бештару пештар муттаҳид мегарданд,-гуфт раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода.
Ҳамчунин дар чорабинӣ ба шунавандагони мактаби хониши сиёсии “Бонувон дар сиёсат”, ки он фаъолияташро аз аввали соли 2020 оғоз намуда буд, Сертификат супорида шуд.
Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба бонувон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, бахши фарҳангии чорабинии мазкур бо њузури ҳунармандони шинохтаи кишвар анҷоми ин чорабинии идонаро рангитарутару хотирмон намуд.


Вакти нашр: 2020-03-07 10:08:15    Хонданд: 361    Муфассал...

Модар фариштаи рўи замин

Имрўз бахшида ба Рӯзи Модар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии фарҳангии идонаро баргузор намуд, ки дар он сармуҳаррири нашрияи «Мароми пойтахт» Ҳақназар Каримзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Азизхўҷа Азизов, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурова ва фаъолзанони ноҳия иштирок доштанд.
Сарраввал, Азизов Азизхўҷа баромад намуда тамоми занону модаронро ба рўзи идашон шодбош гуфта, ба онҳо барору комёбиҳо таманно намуда, тўҳфаҳои идонаро тақдим кард.
Дар ин замина, Ҳақназар Каримзода суханронӣ намуда оид ба манзалату эҳтироми Зан-Модар сухан гуфта иброз дошт, ки зиндагии ҳар фарди ҷомеа аз меҳру муҳаббат ва сидқу вафодории Зан – Модар маъво мегирад. Зан чароғи мунаввари хонадон, ҳидоятгари ахлоқи нек ва дастгиру наҷотбахши ҳамешагии мост.
Дар фарҷом аҳли санъат бо сурудҳои волои хеш хотири модаронро шод гардониданд.


Вакти нашр: 2020-03-07 11:12:04    Хонданд: 154    Муфассал...

РУШДИ ФАНҲОИ ДАҚИҚ - ДУРНАМОИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

(Дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”)

Гузашти марҳилаҳои гуногуни олами башарият, дар ҳама давру замон собит намудааст, ки мояибузургдошти ҳар инсон, пеш аз ҳама, илму дониш, хираду маънавиёт ва заковати гиро мебошад. Маҳз илму маънавиёт ва фазилату тавонмандии асил аст, ки инсонро ба мартабаву ҷойгоҳи махсус расонида, амалкарди он метавонад ҳар яки моро ҷаҳоншумулу шуҳратёр гардонад. Тавзеҳи нуктаи мавриди назар ин аст, ки агар ба давраҳои омӯзиши масири паймудаи рӯзгордории инсоният дар муддати чанд садсолаи охир, дар риштаҳои илмию пажуҳишӣ ба таври воқеӣ назар афканем, пайдост, ки фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва илмҳои марбут ба ин равия миёни миллати тоҷик мавқеъ ва ҷойгоҳи махсуси худро доро буданд. Аз ҷумла, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳон Берунӣ, Закариёи Розӣ, Муҳаммади ал-Хоразмӣ ва Умари Хайём барин садҳо фарзонафарзандони миллати тоҷик, ҳамчун меъмори илмҳои дақиқу табиатшиносӣ эътироф шуда, бо осори гаронбаҳои нодири таҳқиқотиашон умри миллати моро ҳаёти ҷовидонӣ бахшиданд. Болотар аз ҳама, агар ба умқи таърих назар афканем, муайян мегардад, ки бештари олимони Ғарб беҳтарин дастоварди илмҳои дақиқро аз олами Шарқ гирифтаву дар ҳаёт татбиқ кардаанд. Вале дар ин радиф ифодаи мантиқии дигареро набояд фаромӯш созем, ки мегӯянд «агар бихоҳӣ ояндаро, ба гузашта назар намо»,…

Дар ин самт ҳеҷ ҷойи шакку шубҳаи дигаре нест, ки мутахассисону коршиносони соҳа яке аз бартариҳои асосии пешрафту комёбиҳои арзишманди риштаҳои илмию истеҳсолии солҳои 60-уми қарни гузаштаро дар мутобиқсозии самараноки илм бо истеҳсолот ва иҷрои мақсадноки корҳои пажуҳишӣ унвон менамоянд.

Бо дахли паҳлуи дигари ин масоили умдаи ҷомеа агар аз дидгоҳи таърих каме жарфтар назар афканем, маълумамон мегардад, ки мавҷи татбиқи роҳкориҳои илм бо истеҳсолот муҳаррики асосии манбаҳои иқтисодиро дар бар гирифта, боиси афзун шудани садҳо корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ ва тавлиди бештари барномаҳои дигари иқтисодӣ низ гардидааст. Вале суоли матраҳи дигар ин аст, ки чаро дар шароити қариб се даҳсолаи соҳибихтиёрии кишвар раванди мутобиқсозии илм бо истеҳсолот ба таври зарурӣ рушд накарда натиҷаҳои дилхоҳ ба бор наовард. Масалан, дар ин радиф як нуктаи аслии дигаре, ки дар китоби «Фалсафаи илм» зикр мегардад, чунин аст, ки илм ва иқтисодиёт ду ҷанбаи ба ҳам вобаста мебошанд: а) таъсири илм ба инкишофи иқтисодиёт, б) таъсири иқтисодиёт ба инкишофи илм. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар он кишварҳое, ки ба истифодабарии технологияҳои олӣ дар истеҳсолот тамоюл доранд, сиёсати махсуси илмӣ таҳия мегардад, ки низоми афзалиятҳои илмии давлатиро ҳам дар соҳаи равияву лоиҳаҳои илмӣ ва ҳам дар соҳаи шаклҳои илмӣ-ташкилӣ дар бар мегирад. Асоси афзалиятҳои илмиро он равияҳои илмие фаро мегиранд, ки онҳо барои кишвар аз нигоҳи таҳияи технологияҳои инкишофи суботи иқтисодӣ ва таҳкими иқтидорҳои мудофиавии мамлакат манфиати аввалиндараҷа доранд.

Ногуфта намонад, ки аслан чунин мавзӯоти умдае, ки сари татбиқу иҷроиши он каме таҳлилу гуфтугӯямон сурат мегирад, ғайриихтиёр ва ё ба таври воқеӣ номи чанде аз ниҳоду мақомоти дахлдори соҳа зикр мегарданд, ки инро хоҳишмандам на ба сифати эрод, балки ҳамчун пешниҳод қабул намоед. Табиист, ки мутобиқи муқаррароти мавҷуда, дар кишварамон татбиқкунии сиёсати давлатии илм ва амалисозии он дар истеҳсолот ба зиммаи Академияи илмҳо ва Вазорати маориф ва илму чанде аз сохтору ниҳоди дахлдори дигар вогузор шудааст. Албатта, ба ҳамагон маълум аст, ки масири паймудаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи даврони соҳибистиқлолӣ то ҷое ба як қатор комёбиҳои намоёни илмӣ ноил гардида бошад ҳам, вале аз фаъолияти ноустувору камранги он, Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаашон изҳори нигаронӣ карда, анҷоми натиҷаҳои илмии кишварро начандон қонеъкунанда арзёбӣ намуданд.

Мутобиқи маълумоти дастрасшуда, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2019-ро бо чунин нишондод, ки бо шакли фишурда манзур мегардад, ҷамъбаст намудааст. Соли 2019 аз тарафи олимони Академияи илмҳои ҶТ 27 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 патенти АвроОсиё барои ихтироот, 7 қарори мусбат оид ба додани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироот, 5 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 5 шаҳодатнома оид ба сабти давлатии захираи иттилоотӣ ба даст оварда, дар истеҳсолот 25 коркард ва таклифу тавсияи олимон пешниҳод гардидааст.

Дар робита ба ин, паҳлуи аслии масоили дигари мавзӯъ ин аст, ки бо назардошти марҳилаҳои нави иқтисоди бозоргонӣ бояд, ки раванди пешбурди корҳои илмию татқиқотӣ низ дар заминаи ба иҷро расонидани пружаҳои нави тавлидкунандаи молу колои дархури рақобатпазири миллӣ ташаккулу бозбинӣ карда шаванд. Зеро, дар замони мураккаби ҷаҳони муосир омилҳои аслие, ки мову шуморо ба муроду мақсуди ниҳоӣ ва муҳимтар аз ҳама барои расидан ба ҳадафи чоруми умумимиллиамон - саноатикунонии босуръати кишвар ҳар чӣ зудтар ноил мегардонад, маҳз татбиқи судовари лоиҳаҳои муассири илмию иқтисодӣ ва тарҳи мавзӯоти муштараки ҳамгироӣ мебошад.

Мусаллам аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи миллиро дар пешбурди давлатдориву давлатсозии тоҷикон яке аз бахшҳои муҳиму афзалиятноки ҷомеа унвон намуда, ояндабинӣ ва рушди доимии онро дар мадди аввал қарор додаанд. Тарҳи иҷрои маҷмӯи васеи иншооту биноҳои навини мактабу маориф, амалисозии барномаҳои зиёди давлатӣ ва мутобиқсозии низоми соҳаву таҷдиди сохтори он ба талаботи замони муосир аз шумули дастовардҳои арзишманде мебошанд, ки васфу сифоташон дар шароити марҳилаи рушди навини давлатдорӣ, шоёни зикр ва амалисозии онҳо боиси дастгирию иродатмандии ҳар як шаҳрванди диёрамон мебошад.

Ҳамчунин, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълом доштани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ки дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олӣ манзур гардида буд, бори дигар фитрати олию дарки баланди ояндабинии Сарвари мамлакатро бо назардошти раванди мураккаби ҷаҳони муосир нишон дода, амалисозии чунин иқдомоту ибтикороти навин, аз оддитарин шаҳрванди диёр то сохтору мақомоти дахлдори соҳа масъулияти баландро тақозо менамояд. Муҳимтар аз ҳама, афзалияти фаротар бояд сари мухотаби аслии ин иқдом, ки бо чунин уҳдадориҳо баён мешавад, равона карда шавад: “Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд”. Зеро бо таваҷҷуҳ ба амалисозии ин иқдоми арзишнок агар эҳсоси масъулиятамонро каме ҷиддитар насозему бистсолаи навини рушди фанҳои дақиқро мисли солҳои қаблии дар соҳаҳои гуногун эълондоштаамон, бо чанде аз конфронсу ҳамоиш ва мулоқоту вохӯриҳои қолабӣ истиқболу иҷро намоем, шояд дар татбиқу амалишавии хостаҳоямон начандон комгору муваффақ шавем… Аз ин рӯ, дар робита бо масоили матраҳшуда таъкиди нуктаи аслии дигари мавзӯъ хело бамаврид аст, ки аввалин заминаҳои устувори фаротар дар ин самт, ҳанӯз соли 2010 бо ибтикору иқдомомоти Пешвои муаззами миллат гирифта шуда, дар асоси як фармони вижа, соли 2010 ҳамчун Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон карда шуд. Ҳарчанд талошу кӯшиш ва татбиқи уҳдадориҳои мавҷуда, дар ин сол аз ҷониби мақомоти дахлдори соҳа то ҷое рӯйи даст гирифта шудаву корҳои зиёде низ дар ин самт ба иҷро расида бошанд ҳам, вале натиҷаи таҳлилу мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки тадбирҳои ниҳоӣ начандон мувофиқи мақсад мебошанд. Нуктаи аслии дигаре, ки бо вазоҳат зикрашро таъкид мекунему аз роҳандозиаш истиқбол мекунем, ин нашри саривақтии эълони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” дар робита ба пешниҳодҳо дар ҳошияи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф мебошад, ки мутобиқи муқаррароташ дар баробари фикру назариёти олимону коршиносон, ҳамчунин дар он ҳама шаҳрвандон низ метавонанд пешниҳоду афкори худро манзур намоянд.

Бо таваҷҷуҳ ба омилҳои зикргардида ва натиҷагирӣ аз масоили мавриди назар, дар татбиқи эъломи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф иҷрои марҳилавию самарабахши чанде аз пешниҳоду омилҳои таъсиргузорро муҳиму аввалиндараҷа мешуморем:

- афзун намудани таҳқиқоти мавзӯоти илмӣ дар самти риштаҳои иқтисодӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ;

- қабули барномаҳои судовару миёнамуҳлати соҳа;

- омӯзиши шаклу усулҳои нави муосир дар муассисаҳои томактабӣ;

- ба такмили ихтисос фаро гирифтани қисми бештари омӯзгорону устодони фанҳои дақиқ дар ҳама зинаҳои таҳсилот;

- тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ мондани мониторинги доимӣ ҷиҳати роҳандозӣ намудани афкори ҷомеа;

- доир намудани озмунҳои соҳавӣ баҳри дарёфти беҳтарин лоиҳаҳо дар риштаҳои истеҳсолӣ;

- ҷорӣ намудани шаклҳои нави ҳавасмандгардонии омӯзгорони табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ,

- зиёд намудани миқдори соатҳои таълимии мактабҳои миёнаи умумӣ, дар синфхонаҳои махсуси фаннӣ;

- доир намудани машғулиятҳои амалии «Илм ва истеҳсолот».

Дар маҷмӯъ, метавон хулоса кард, ки ин ҳама пешниҳодҳо аз шумори он тадбирҳои асосие мебошанд, ки иҷроиши саривақтии онҳо дар шароити марҳилаи нави рушди ҷомеа ҳар яки моро метавонад комгору муваффақ гардонад.

Каримзода Ҳақназар ИЗАТУЛЛО,

номзади илмҳои филологӣ


Вакти нашр: 2020-03-10 16:16:10    Хонданд: 396    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ШАҲРИИ ҲИЗБ

Имрӯз дар Муассисаи давлатии Душанбе - Плаза Маҷлиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб доир гардид.

Дар он Хайринисо Юсуфӣ – муовини Раиси ҲХДТ, Мавсума Муинӣ – муовини Раиси шаҳри Душанбе, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои пойтахт, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, аъзои ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, кормандони масъули сохторҳои ҳизбӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Мутобиқи рӯзномаи маҷлис гузориши Раҳмонзода Зоир Файзалӣ “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Ситоди пешазинтихоботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар давраи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” шунида шуд. Мавсуф қайд намуд, ки Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб омодагии худро ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ доир гардидани маъракаи муҳими сиёсии интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба роҳ монда, як қатор корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва семинару курсҳои омӯзиширо дар якҷоягӣ бо сохторҳои ҳизбии пойтахт баргузор намуд. Ҳамчунин, дар анҷоми гузориши худ Раиси Кумита аз масъулин даъват ба амал овард, ки омодагиро дар самти маъракаи сиёсии дар пешистода ҷиддитар ба роҳ монанд.

Дар музокира Ҳакимзода Шарифҷон – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Мавсума Муинӣ – муовини Раиси шаҳри Душанбе, аъзои Ситод ва аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, Абдухалил Ғафурзода – ректори Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ситод ва аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, Салимзода Ҷунайдулло – муовини сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, фаъолияти Ситоди пешазинтихоботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанберо дар давраи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин, Хайринисо Юсуфӣ - муовини Раиси ҲХДТ фаъолияти Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанберо қаноатбахш арзёбӣ намуда, илова намуд, ки ҲХДТ суботи сиёсӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озоди мардум медонад, аз ин рӯ шуруъ аз ҳамин ҳоло ҳар яки мо, бо таваҷҷуҳ ба маъракаи муҳими сиёсии дигари дарпешистода яъне омодагиҳоро тақвияти тоза бахшида, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ доир намудани он талошу кӯшиши бештар намоем.

Дар фарҷом аз рӯи масъалаи муҳокимашаванда қарори дахлдор қабул гардида, ба як қатор фаъолони ҳизб, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолияти хубу пурсамар нишон доданд, бо Сипосономаи ҲХДТ ва Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.

 

 

 

 

 


Вакти нашр: 2020-03-11 18:59:52    Хонданд: 449    Муфассал...

ЧОРАБИНИИ НАВРЎЗӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «БОСТОНШИНОС»

      Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бостоншинос” бахшида ба таҷлили иди Наврӯзи байналмиллалӣ чорабинӣ таҳти унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз”    доир  гардид.

 

      Дар он Абдувалӣ Шарифзода - Раиси ташкилоти ибтидоии “Бостоншинос”, Ҷурахонзода Ҷумъахон - муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ  иштирок доштанд. Бояд тазаккур дод, ки аз Наврӯзи соли 2019 то Наврӯзи соли 2020 ба фонди Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6480 адад намунаҳои гуногуни мероси таърихӣ фарҳангӣ ворид гардидаанд, ки аз ин миқдор 4168 адади он тавассути комиссияи фондии Осорхонаи миллии Тоҷикистон  харидорӣ шуда, 1889 ададаш аз ҷониби шахсиятҳо ва мақомотҳо ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардидаанд.  Дар намоиш беш аз 4000 ёдгориҳои таърихию фарҳангие, ки дар давоми як сол ба фонди Осорхона ворид гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Инчунин ба 26 нафар шахсоне, ки бо аризаи худ ба сафи ҳизб пайвастанд,  шаҳодатнома супорида шуд.

  


Вакти нашр: 2020-03-18 14:39:23    Хонданд: 263    Муфассал...

СУМАНАК РАМЗИ БАҲОР АСТ

 

      Инак дар Тоҷикистони азизи мо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил мегардад. Модарони тоҷик аллакай дар хонадони хеш ба омода намудани сабзаи суманак оғоз намудаанд. Зеро яке аз рамзҳои наврӯзӣ- ин омода намудани суманак мебошад ва дар урфият мегӯянд, ки агар соли навро бо ханда ва хурсандию шодмонӣ пешвоз гирӣ, ҳамон сол пурра бо хуррамию нишот зиндагӣ хоҳӣ кард.
Суманак як навъ хӯриши наврӯзист, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Ду ҳафта қабл аз ҷашни Наврӯз мардум дар хонаҳои дар табақҳо гандумҳоро шуста, месабзонанд ва рӯзи ид ба идгоҳ меоранд. Он ҷо ҳамроҳ бо занҳои дигар дар деги калоне суманак мепазанд.
Суманак намоду нишони
ҳаёт ва маданияти рӯзгордории тоҷикон аст. Ҳамаи хӯрокиҳое, ки барои Наврӯз таҳия мешаванд, маъмулан аз гандум ё ҷав омода мегарданд. Суманак беҳтарин намунаи онҳо мебошад.
Имр
ӯз дар саросари ҷаҳони дорои фарҳанги ориёӣ, ки халқҳои эронитабор зиндагӣ мекунанд, суманак тайёр карда мешавад ва онро ба навъи хӯрокҳои муқаддасу манфиатбахш дохил намудаанд.
Тавре дар су
ҳбат бо мо корманди калони шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мумина Шовалиева иброз дошт, дар даврони Сосониён 25 рӯз пеш аз Наврӯз дар майдони Кох 12 сутун аз хишти хом барпо мекарданд ва дар фарози он сутунҳо бо тараннум 12 навъ донагӣ, чун, гандум, ҷав, лӯбиё, нахӯд, кунҷид, мош ва ғайра мекоштанд.

 

       «То рӯзи меҳр, ки чаҳордаҳуми фарвардинмоҳ буд, он донагиро ҷамъ намекарданд ва чунин мешумориданд, ки кадом донае болотару хубтар рӯяд, маҳсулоти ҳамон донагӣ дар ҳамон сол фаровон хоҳад шуд. Мондани сабзаи суманак ва пухтани суманак ба фикри ман аз ҳамон расму русум сарчашма гирифтааст»,- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Суманак як навъ
ғизои маъруфи гиёҳии наврӯзист, ки аз оби ҷавонаи гандуми сабзонидашуда ва сабзаи он таҳия карда мешавад. Суманакро ғизои «мардофарин» низ медонанд, зеро он нишону намоди тамаддуни зироаткорӣ, рамзи зиндагии муқиминишинӣ, ба даст овардани маҳсулоти хӯшаӣ ва аломати қудрату нерумандист. Ҳамон тавре ки шир ашрафи лабаниёт (моеъот), биринҷ ашрафи донаҳо шинохта шуда, ширбиринҷ хӯроки малакутӣ ба шумор меравад, гандум ашрафи зироати хӯшадор (ғалладона) маҳсуб мешавад. Хӯрдани суманак ба шахс нерую тавоноӣ мебахшад ва аз лиҳози тиббӣ низ аз чанд ҷиҳат муфиду судманд мебошад.
     Мумина Шовалиева тарзи омода намудани суманакро чунин баён намуд: гандумро се р
ӯз дар оби ҷӯй ё оби борон тар карда, мемонданд. Баъде ки гандум неш мебаровард, онро гирифта, дар табақи ҳамвор мегузоштанд ва рӯяшро бо докаи тоза мепӯшонданд. Рӯзе, ки борон меборид, ба берун мебароварданд ва пас аз борон оби зиёдатиашро полонида, боз бурда ба хона мегузоштанд. Рӯзи муайяни суманакпазӣ 3-4 нафар занҳои ҳамсоя бо машварат дар хонаи яке аз ҳамсоягон ҷамъ мешуданд. Маъмулан онҳо бегоҳӣ ҷамъ мешуданд ва суфраеро боз карда, сабзаҳоро гузошта, мебуриданд. Онҳоро дар ғурра андохта, майда намуда, бо об се бор аз дока мегузаронидаанд. Сипас ба дег равған андохта, оби аз сабзаи гандум омодагаштаро илова мекунанд. Баъд занҳо ба таги дег оташ меафрӯхтанд, бонавбат дегро бо кафча ё кафгир мекофтанд. Дар дег ҳафт адад сангча меандохтанд, ки рамзи бобаракат шуданро ифода мекард. Ҳамчунин ба он ҳафт чормағз низ ҳамроҳ мекарданд, то ба суманак ранги қаҳвагӣ ва равғанӣ бахшад. Онҳо дар назди оташ нишаста, барои хобашон набурдан афсонагӯӣ, чистонёбӣ ва сурудхонӣ мекарданд.

 

Ҳангоми кофтани дег таронаи «Суманак дар дег, мо кафча занем»-ро месароянд. Нақароти суруди маъруфи суманакпазӣ, ки ҳангоми пухтани ин ғизои рамзии Наврӯз бо доиранавозӣ ба тариқи умумӣ хонда мешавад, чунин аст:

 

Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,

 

Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

 

 

 

     Субҳ, вақте ки суманак тайёр мешуд, мардумро даъват мекарданд, рақсу бозӣ мекарданд, духтарон ҳойпарӣ ва бачаҳо гӯштингирӣ менамуданд. Пас аз сабза чаҳорумин «ҳафтсин» суманак мебошад, ки номи он дар маҳалҳои гуногун ба таври мухталиф суманак, суман, симан, суману, сумбулак ва ғайра омадааст. Ҳар кадбону вазифаи худ медонист, ки бо наздик шудани ҷашни Наврӯз бо нияти пухтану сари суфраи наврӯзӣ гузоштани суманак гандум сабзонад. Ин суннати дерини ниёгонамон, ки рамзи файзу баракати баҳор ва серҳосилӣ ба кори деҳқонон низ ба шумор меравад, то ба рӯзгори мо омада расидааст. Худи маросими пухтани суманак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як ҷамъомади идона табдил ёфтааст. Корманди калони шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ Мумина Шовалиева иброз дошт, ки дар Тоҷикистон чор навъ суманак омода мекунанд:
Аввал суманаке, ки даста
ҷамъона омода мешавад, махсусан дар рӯзи Наврӯз. Суманаки дегчагӣ, ки онро бештар меҷӯшонанд ва ба монанди ҳалво омода мекунанд. Пасон онро дар лаълӣ гирифта, баъде, ки мисли ҳалво сахт шуд, реза мекунанд. Он бештар дар ноҳияи Шаҳритус ва баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон омода мешавад.
Суманаки нон
ӣ, ки ба оби омодагаштаи сабза орд ҳамроҳ намуда, кулча омода мекунанд. Онро асосан дар танӯр, ба болои лаълиҳои оҳанин гузошта, дар болои лахчаи оташ мепазанд.
Суманаки хурмаг
ӣ, ки бештар дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Нуробод ва ноҳияҳои кӯҳистон омода мегардад. Шираи суманакро дар хурма андохта, онро дар таги хокистари оташ тӯли як шабонарӯз нигоҳ медоранд. (Хурма гуфта, як навъ зарфи сафолиро меноманд).
Анъанаи пухтани суманак, гандумк
ӯча ё кӯча, гандумбоҷ дар Помир, бичакҳои алафин ё самбӯса бо пудина ва ҷағ-ҷағ, ғӯлингоб аз қадим ба мо мерос мондааст,- афзуд ҳамсуҳбати мо. Мардумшиносон бар он назаранд, ки тоҷикони Бухоро ғайр аз шираи гандум ба суманак қиёми қанд (ё ширинӣ) низ ҳамроҳ мекунанд. Дар ин ҳолат суманак ширин мешавад ва онро муддати дароз нигоҳ доштан имконпазир мегардад. Тарзи дигари тайёр кардани суманак низ мавҷуд аст: ба хамир ба ҷои об шираи гандум ҳамроҳ карда, дар таги хокистари оташдон ё дар тобасанг мепазанд.
      Имр
ӯз муайян карда шудааст, ки дар таркиби суманак витаминҳои Е (ба унвони антиоксидони қавӣ ва беасаркунандаи радикалҳои озод дар бадан) ва навъҳои гуногуни витамини В мавҷуданд, ки масрафи он зимни бо каллория таъмин намудан барои ҳифзи ҷавонӣ ва саломатӣ низ тавсия мешавад. Он ҳамчунин барои таскини асабҳо, тақвияти неруи биноӣ ва пешгирӣ аз хасташавӣ мусоидат мекунад.

 

     Ҳамчунин олимон дар таркиби майсаи гандум 18 аминокислота, витаминҳо (В1, В2, В3, В5, В6, РР, Е, F), микроэлементҳо ва моддаҳои минералӣ (фосфор, калий, магний, сулфур, калсий, хлор, натрий, манган, руҳ, молибден ва ғайра)-ро пайдо кардаанд, ки барои организм ниҳоят зарур мебошанд. Дар таркиби майсаи гандум ҳамчунин витамини С, клетчатка, гемотселлюлоза ва пектинҳо вуҷуд доранд, ки коҳиши онҳо дар организм сабаби ихтилоли фаъолияти аъзои гувориш (ҳозима) мегардад.
     Бинобар ин, суманак барои муоли
ҷаи дисбактериоз, атеросклероз ва бемории санги талхадон аҳамияти калон доранд. Истеъмоли суманак барои рафъи фарбеҳӣ ва пешгирии диабети қанд низ муҳим аст. Дар сурати мунтазам истифода намудани суманак иммунитет тақвият ёфта, организм ба таъсироти бемориҳо тобовар мегардад, мубодилаи моддаҳо ба низом омада, фаъолияти дилу рагҳо, силсилаи устухон, асаб, аъзои таносул ва ғадуди сипаршакл беҳтар мешавад. Он ба бемориҳои экзема ва реши меъда шифо мебахшад, босираро қавӣ ва сабзиши мӯйро барқарор менамояд, хунро тоза карда, ба ҳосил шудани гемоглобин кумак мерасонад, авитаминоз, камхунӣ ва пирии бармаҳалро пешгирӣ мекунад.
      «Де
ҳқонон бо омадани Наврӯз кишту корро сар мекарданд, ки имрӯз низ ин расм боқӣ мондааст. 20 рӯз қабл аз кишту кор деҳқонон дар тағораҳои калон якчанд навъи донагиро мекоштанд ва аз сабзидани онҳо дар рӯзи Наврӯз маълум мегардид, ки хосилнокии кадом донагӣ хуб мешавад. Барои саршавии кори кишт якчанд деҳқони куҳансоли деҳаро сари замин ҷамъ оварда, ба шохҳои говҳо орд мепошиданд ё умоч кулчаи калонеро, ки тақрибан 7 кило вазн дошт, ба шохҳои гов меандохтанд ва аз Бобои деҳқон дуо гирифта, корро сар мекарданд»,-баён дошт корманди калони шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш.

 

      Яке аз оинҳои дигари Наврӯз он аст, ки аз давраҳои қадим то имрӯз мардуми тоҷик пеш аз ин ид анъанаи «хонаҳалолкунӣ» ё «хонабарорӣ» мегузаронид. Чанд рӯз пеш аз Наврӯз сокинон ҷиҳози хонаашонро бароварда, хонаро тоза мекунанд ва чизҳои кӯҳнаю шикастаро мепартоянд. Ҳамзамон омода намудани дастурхони идона бо ҳафтшин ва ҳафтсин низ то рӯзгори мо омада расидааст.

 

Аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҷод»

 

Начало формы

 

Конец формы

 

 

  


Вакти нашр: 2020-03-18 14:55:57    Хонданд: 220    Муфассал...

НАВРӮЗ ШУДУ ЛОЛАИ ХУШРАНГ БАРОМАД...

      «Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст» Эмомалӣ Раҳмон

 

Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад,
Булбул ба тамошои дафу чанг баромад,
Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз,
Мур
ғи дили ман аз қафаси танг баромад.

 

      Оре, Наврӯз оғози сол, рамзи шукуфоӣ, ҷашни бузурги эҳёи табиат ва шукуҳу шаҳомати анъанаҳои миллии ниёгонамон мебошад. Наврӯз ҷашни пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, равнақу шукуфоӣ бар карахтиву беҳаракатӣ, рӯзи фархундатарин ва муборактарини сол аст.
Наврӯз як ҷашни ориёӣ ва миллист, ки бар асоси вазъи табиии минтақа ва иқлими кишвари мо ва бар пояи эътиқодҳову боварҳои нек ва ҷаҳонбинии ҳаётдӯстонаи фалсафии мардумони эронитабор бунёд ёфтааст. Наврўз бунёди донишиву нуҷумии устувор дорад ва ба ин фазилатҳояш шоёни ҳама гуна арҷгузориҳо мебошад. Мардуми ориёитабор  расм доштанд, ки дар ин ҷашни муқаддас гузаштагонашонро  ёд  меоварданд ва худро руҳан дар паҳлӯи онҳо қарор медоданд, аз зиндагии онҳо, ки бо пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори  нек  ба сар бурдаанд, ёдовар мешуданд ва ин таълимоти бузурги  саршор  аз  ақлу  хирадро  меомӯхтанд ва барои пасояндагон дар авроқҳои сангину чармин ба мерос ёдгор мегузоштанд. Аксарияти сарчашмаҳои  бостонӣ пайдоиши Наврӯзро ба фаъолияти шоҳи чаҳоруми пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Аз ҷумла, Ҳаким Фирдавсӣ дар яке аз достонҳои «Шоҳнома», ки «Андар подшоҳии Ҷамшед» унвон дорад, овардааст, ки Ҷамшедшоҳ баъд аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони салтанаташ, хосса солҳои охири он, бо ёрии фарри Каёнӣ (шаҳомат ва ҳашамати подшоҳони Каёнӣ) ва мувофиқ бо шукўҳи подшоҳии хеш тахте бисохт ва онро, ки гӯё аз зару сим бунёд ёфта буд, бо дурру гуҳар биёрост ва ҳаргоҳ, ки мехост, девони бузургҳайкал тахтро бар дӯш гирифта аз замин ба осмон мебурданд ва Ҷамшед ба рӯи тахт ҳамчун хуршед ба само медурахшид.

 

   Аз тасвири Фирдавсӣ бармеояд, ки баъди сохтани тахти ҳайратангез дар Истахри Форс, ки ҳоло бо номи «Тахти Ҷамшед» шуҳрат дорад, овозаашро шунида, бузургон ва мардумон ба сўи ин тахтгоҳ мешитобанд.
      Намояндагони халқу миллатҳои гуногун бо Ҷамшедшоҳ армуғонҳои гаронбаҳо  зару  сим  ва  дурру  гуҳар оварда, бар пои ў нисор менамоянд. Шуҳрат, шукуҳу қудрат ва дороиву сарвати Ҷамшед хеле иртиқо ёфта, пуровоза мегардад. Чунин воқеаи бузург дар тахти Ҷамшед дар Истахр дар рӯзе анҷом пазируфт, ки он рӯз аз рӯзҳои дигари сол тафовут дошт. Он рӯзи Ҳурмузд, рӯзи аввали моҳи Фарвардин, оғози фасли баҳор ва соли нав буд. Дар он рўзи хуҷаста мардумони олам осудаву болидарӯҳ буданд, Ҷамшедшоҳи эронзамин, ки гетӣ аз корҳои неки ӯ ободу мардумон осуда гардида буданд, шоду пирӯзмандона бар тахт  нишаст ва ҷашн ороста  меҳмонону бузургонро бар атрофи тахт ҷой дод ва бипазируфт. Ромишгарон ба ромиш ва машшоқон ба навохтани руд машғул буданд, майгусорӣ менамуданд ва шодиву дилхушиҳо  ҳадду  канор  надошт. Он рӯзро Наврӯз ном ниҳоданд. Ҳамин тавр, ин ҷашни хуҷаставу фаррух, ки ҳар сол мо онро ҷашн мегирем,  дар  кишвари  мо аз он хусравон - Каюмарсу Ҷамшед ва шоҳону бузургони дигари ориёӣ ёдгор мондааст.
      Ҷашни Наврӯз ҳанӯз солиёни зиёде пеш аз Зардушт баргузор мегардидааст, аммо дар сарчашмаҳои бостонӣ қариб ҳамаи ривоятҳову устураҳо Ҷамшедро асосгузори Наврӯз донистаанд. Масъудӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Абӯрайҳони Берунӣ ва дигарон дар бораи пайдоиши Наврӯз вобаста бо барпо гардидани аввалин шаҳри эрониён Истахр маълумот дода аз ҷониби Каюмарс, Ҷамшед ва шоҳони баъдина идома ёфтани сохтмони ин шаҳрро зикр намуданд. Ҳамзаи Исфаҳонӣ дар китоби «Мулук-ул-арз ва-л-анбиё», ки таълифаш 350 ҳ.қ. сурат гирифтааст, дар бораи подшоҳии Ҳушанги пешдодӣ ва ба тахти Истахр нишастанаш, гуфтааст: «вай аввалин касе буд, ки ба подшоҳӣ бархост ва дар Истахр бар тахт нишаст. Ва аз ин рў Истахрро сарзамини шоҳ хонанд». Инчунин ин муаллиф дар сарчашмаи ёдшуда дар асоси ақидаҳои куҳани эрониён дар бораи оғози таърихи мардумони эронитабор мегӯяд, ки дар дар оғози офариниши ҷаҳон хуршед, моҳ, ситорагон ва замин дар рўзи аввали моҳи фарвардин, ки рӯзи Наврӯз аст, ба ҳаракат даромадаанд ва аз гардиши онҳо рӯзу шаб падид омадааст. Мардум аз нав ба ҳолати эътидол мерасанд, баракату фаровонӣ бар онҳо бармегардад, аз бадбахтӣ раҳоӣ меёбанд. Ҷамшед низ ба назди мардум боз меояд. Дар чунин рӯзи фархунда мисли офтоб намудор мешавад ва нур аз ӯ метобад. Мардум аз тулӯи ду хуршед дар ин рӯз хушнуд гардида, ҳар дарахте, ки хушкида буд, сабзид. Нисбат ба ин ҳолат мардум мегуфтанд, ки «Рӯзи нав» омад.

 

     Мардум бо хушнудӣ дар даштҳо ҷав месабзониданд. Ин расм дар байни мардумон ҳанӯз пойдор аст, ки то ҳол дар арафаи Наврӯз гандум месабзонанд ва аз он суманак омода мекунанд. Мо имрӯз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ Наврӯзро ҳамчун ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик бо самимият ва шаҳомати хосса таҷлил мекунем ва руҳи озодаи онро дар вуҷуди худ дубора эҳсос менамем. Бо ибтикор ва дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид. Аз ин рў, Наврўзи даврони Истиқлол бар шукуҳу ҷалоли худ боз як нерӯи хосе зам намуд, ки Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии руҳияи замони нав созгор карда, имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст. Тавре мехонем:
 

 

Омад баҳору сайри гулистон ғанимат аст,
Базми висолу ғунчаи хандон ғанимат аст.

 

                             Бо қомати хамида равон сўи бӯстон,
                             Наззораи бунафшаву райҳон ғанимат аст.
 

 

      Воқеан ҳам Наврӯз аз бузургтарин идҳои халқи мо ва ҷаҳониён буда моро ба шодмониҳои заминию кайҳонӣ мерасонад ва инсон дар ин гузаргоҳи зиндагӣ аз ин суннати волои ниёгони худ баракат ва шарофату саодат меёбад.

 

     Назар Баҳрулло, аъзои фаъоли ташкилоти

 

 ибтидоии ҳизбии “Китобдор”

 

 

  


Вакти нашр: 2020-03-19 16:21:46    Хонданд: 157    Муфассал...

НАВРӮЗИ ҶАМШЕДӢ – МЕҲВАРИ ТАФАККУР ВА БИНИШИ МИЛЛӢ

      Дар таърихи фарҳанги форсу тоҷик Наврӯз ба сифати ҷашни муҳимтарини аҷдодӣ ва миллӣ шинохта шуда, дар байни ҷашну маросими мутааддади милию мардумӣ ва динӣ-мазҳабӣ ҷойгоҳи вижа дорад. Фаротар аз ин, он бузургтарин ҷашни фарҳангии ҷаҳонист, ки на танҳо ба  як қавм, як миллат, як нажод мунҳасир мешавад, балки бо қолабу шеваҳои гуногун дар зиндагии маросимии ақвоми мухталифи башарӣ ва дар маҷмӯъ, инсоният мақоми устувор пайдо кардааст. Дар дунё, аз қадим то имрӯз ҷашну маросимҳои  зиёде мавриди таҷлил қарор гирифта ва мегиранд, ки хусусиёти қавмӣ, қабилавӣ, этникӣ ва динӣ дошта, бо ин ё он васила дар доираи фарҳанги  қавмӣ ва динӣ маҳдуд мешаванд. Вале Наврӯз аз ин қоида мустасност, чунки он аз дониш, хирад, фарҳанг ва меҳр сарчашма гирифта, бо ин ҷавҳарҳои   шарифи инсонӣ азалан ва абадан пайванд аст ва он чӣ ки бо хирад ва меҳр иртибот дорад, ҳеҷ гоҳ кӯҳнашавиро намепазирад, дар масири  таърих ҳамвора бо инсон ҳамқадам ва ҳамқисмат мешавад, пайваста дар маҷрои  таҷдиду таҳаввул қарор мегирад.

 

    Ҳар қавму милали ҷаҳон дар тӯли таърихи инсонӣ бо донишу биниши илмӣ-фарҳангӣ миёни мардуми дигар маъруфият касб мекунад. Мусаллам аст, ки дар танзими зиндагии мардуми ҷаҳонӣ нақши ҷашну маросим хеле муассир буда, қавму миллиятҳои гуногун тавассути ин тарзи фаъолият ва биниш ба саҳнаи фарҳангӣ ворид мегарданд. Дар саҳнаи зиндагии фарҳангӣ мардуми форсу тоҷик бо Наврӯз -- ҷашни хеле бостонӣ ва фарҳангӣ ворид гардида, ба ҷаҳониён пайѓоми хираду дониш, фахзилатмандию инсонпарварӣ, меҳрварзию мардумсолорӣ додааст.

 

     Чун сухан аз боби биниш – тарзи дарку фаҳми ҷаҳону ҳастии инсонӣ дармеояд, қабл аз ҳама, мафҳуми огоҳию хирад пеши назар ҷилвагар мегардад. Ин огоҳию хирад аст, ки инсониятро аз кӯҳнашавию фарсудагии равонию фикрӣ эмин дошта, ба сӯйи таҷдиду навоварӣ раҳнамун месозад. Наврӯз бо огоҳию хирад ва навию навоварӣ алоқаманд буда, метавон онро  ҷашни хирадмаоб талаққӣ кард. Дигар ин ки Наврӯз бо номи шаҳриёри фарзонаи нимустуравӣ ва нимавоқеии мардуми ирониасл Ҷамшед сахт пайваст аст. Ба сухани дигар, Ҷамшед симои марказӣ дар ташкили аввалин ҷашни Наврӯз мебошад.

 

         Ҷамшед, ба қавли муҳаққиқон, нахустин инсон ва аввалин шаҳриёри донишманди ҷаҳони ориёист, ки мушкилоти зиндагиро дар мизони ақлу хирад баркашида, дар ҳалли масоили муҳим аз донишу биниши воқеӣ мадад ҷустааст. Ин шаҳриёри дерин танҳо бо хираду фарҳанг дигаргун кардани ҷомеаи инсониро имконпазир дониста, ба хотири саодатманд сохтани мардум ва аз ҷаҳлу залолат наҷот додани инсоният аз усули биниши илмӣ кор гирифтааст. Ҷамшед – оварандаи Наврӯз бо истифода аз усули корагари илму хирад дар замин сохтани биҳиштро ба нақша мегирад ва рӯзи ба итмом расонидани  сохтмони биҳишти рӯйи заминро Наврӯз меномад.

 

      Дар ҳазораи Ҷамшед, ки Наврӯз бо он даврон тавъам аст, дарду газанд, хорию забунӣ, ҷаҳлу ҷалолат, сардию хунукӣ, беморию марг ва бадбахтию беадолатӣ аз авроқи зиндагии инсонӣ барканда шуданд ва ин нуктаро дар китоби динии «Минӯи хирад» таври зайл мехонем: «Аз Ҷамшеди хубрамма писари Вивангаҳон ин судҳо буд, ки шашсад сол барои ҳамаи офарандагони Урмузд бемаргӣ фароҳам овард ва ононро орӣ аз дарду пирӣ ва офат кард».  Дар китоби «Вандидод» (фаргарди дувум, бахши якум, банди 5), ки ба зиндагиномаи Ҷам ихтисос ёфтааст, Ҷамшед  дар посух ба пурсиши Аҳуромаздо муфтахирона мегӯяд: «Ман ҷаҳони туро фарохӣ бахшам. Ман ҷаҳони туро биболонам ва ба нигаҳдории (ҷаҳониён) солору нигаҳбони он бошам. Ба шаҳриёрии ман на боди сард бошад, на (боди) гарм, на беморию на марг».

 

     Ҷамшед бо силоҳи илму хирад муҷаҳҳаз буда, тавассути ин силоҳи асосӣ муборизаро бо мушкилоти рӯзафзуни оламу ҳастӣ оѓоз менамояд ва дар пайи муборизоти шадид бо хатарату фаҷоеъ аз аслиҳаи тавонои тафаккур ва биниши илмӣ корбаст мекунад. Қудрату неруи илмию эҷодии Ҷамшедро ҳатто Аҳурамаздо – Худои тавонои ойини зардуштӣ эътироф карда, ба паёмбар Зардушт хитобан гӯшзад кардааст: «Ҷамшед сахт зирак буд ва барои ҳамин ҳам рисолати пайѓамбариро қабул накард ва гуфт, ки ман аз уҳдаи корҳои заминӣ бармеоям».

 

     Дар оѓози давраи салтанати Ҷамшед мушкилоту хатароти зиёде мардумро думболагир шуданд ва шаҳриёри хирадманд ва мутафаккир баҳри рафъи ҳаводис ва мушкилоти ҷойдошта аз бинишу тафаккури мантиқӣ истифода бурд. Тибқи таъкидоти  устурашиносон, дар айёми ҳукмронии Ҷамшед яхбандӣ ва сардӣ то 33 дараҷа расида, зиндагии мардумӣ табоҳу вайрон мегардад ва шаҳриёр бо истифода аз ақлу тафаккури созанда мардумро аз ин ҳолати ногувор наҷот мебахшад. Ҷашни Наврӯз, ки реша дар поён гирифтани яхбандон ё «зимистони девофарида» (дар фаргарди нахусти «Вандидод» аз мушаххасоти он ёд шудааст) дар даврони Ҷамшед дорад. Бо поён ёфтани яхбандон ва дар ҳақиқат, даврони «варнишинӣ» - и иҷборӣ, ориёиҳо фарҷоми зимистонро ҷашн гирифтанд. Сипас, бар асари дастёбӣ ба дониши ахтаршиносӣ ва натиҷатан, илми гоҳшуморӣ, Наврӯзи ҷамшедӣ дар рӯзи поёни зимистон ва ё оѓози баҳор қарор гирифт.

 

    Ба қавли донишмандон, дар даврони Ҷамшед  ва айёми наврӯзӣ мардум ба шукуфоии фикрӣ, эҷодӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва рифоҳи молӣ мерасанд: хонаҳои бошукӯҳ барпо мекунанд, гармобаҳо месозанд, ҷавоҳирот дуруст карда, атр ба кор мебаранд ва саранҷом дар нозу неъмат ѓарқ мешаванд). Ҷомеаи давраи Ҷамшед зарфи сесад сол чунон дар рифоҳу осоиш ѓарқ мешавад, ки ранҷу дард, зулму бадӣ, заъфу нотавонӣ  ва пирию бемориро  аз ёд мебарорад ва дар фазои ромишу тараб умр ба сар мебарад. Фирдавсӣ аз он давраи пуршукӯҳ таври зайл ёдовар  шудааст:

 

                         Чунин сол сесад ҳамерафт кор,

 

                         Надиданд марг андар он рӯзгор.

 

                         Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ,

 

                         Миён баста девон ба сони раҳӣ.

 

                         Ба фармон-ш мардум ниҳода ду гӯш,

 

                         Зи ромиш ҷаҳон буд пуровозу  нӯш.

 

    Наврӯзи Ҷамшедӣ ҷашни тантанаи меҳр, хирад, адолат, озодӣ, накӯӣ ва билохира бинишсозӣ буд. Тибқи маълумоти маъхазҳо, Ҷамшед рӯзҳои моҳро бахш карда, 5 рӯзи нахустро барои бузургон, 5 рӯзи дувумро Наврӯзи подшоҳ қарор дод, ки дар он ҳадяҳо медод ва инъомҳо мегирифт, 5 рӯзи севумро барои коргузорони шоҳ ниҳод, 5 рӯзи чорумро барои вижагони шоҳ гузошт, 5 рӯзи панҷумро барои  сипоҳиён ниҳод ва 5 рӯзи шашумро барои раъоё гузошт, ки маҷмӯан, 30 рӯзро ташкил медод ва муддати моҳ Наврӯз таҷлил мешуд. Ба  таъбири дигар, Ҷамшед тӯли як моҳ бо тамоми ниҳодҳои иҷтимоӣ Наврӯзро таҷлил мекард.

 

      Дар фарҳанги бостонии форсу тоҷик умри ҷаҳон 12 ҳазор сол муқаррар шуда, ки 8 ҳазори он ба таърихи инсонӣ марбут аст ва  бо ҳазораи Ҷамшед оѓоз меёбад. Ҳазораи Ҷамшед ҳазораи хирад ва фарҳанг аст. Маҳз ҳамин ҳазора ҳазораи Наврӯз, яъне ҳазораи таҷдиди фикрӣ, навандешӣ, навсозӣ, навофаринӣ ва рӯшангарӣ  будааст. Ҷамшед бо замин ва зиндагии воқеӣ пайвастагӣ дошта, дар ин ҷаҳон комравоӣ ва инсонвор зистанро тарѓиб кардааст. Fояи дунявият, ки ҷомеаи мутамаддини урупоӣ аз он сахт истиқбол мекунад, дар таърихи илму фарҳанги мо решаҳои амиқ дорад. Ин Ҷамшед буд, ки ба бунёди ҷомеаи озоди мардумсолорӣ (демократӣ) ва дунявӣ камар баста, асос ва хишти нахустини чунин ҷомеаро дар таърихи фарҳанги миллӣ гузошт. Ӯ бо воқеъбинӣ, андешамандӣ ва дунёпарастии худ, ки ҳамагӣ ба биниши илмӣ гироиш доранд, дар олами андешаи миллӣ соҳибмақом гардидааст. Файласуфи муосири тоҷик Комил Бекзода, ки дар атрофи ин шахсияти нимустуравӣ ва ниматаърихӣ пажӯҳишу ковишҳои зиёде анҷом додааст, мавзӯи мазкурро пайгирӣ намуда, ба ин натиҷа расидааст: «Ҷамшед ҳамчун як шахси таърихӣ, дар маснади фарҳанги эронӣ ва ҳиндӣ қарор дорад. Дар ҳарду фарҳанг ба ҷиҳатҳои дунявӣ, воқеъбинӣ ва ѓайридинии Ҷамшед таъкид шудааст. Дар ҳамин асос метавон ба ин натиҷа расид, ки асосгузори назари миллӣ ва озодандешии мардумони форсу тоҷик маҳз ҳамин Ҷам писари Вивангаҳон будааст».

 

         Дар фарҳанги ҷамшедӣ ҳар кӯшише, ки  бо хирадварзӣ робита дошта, бар раѓми ҷаҳлу залолат равона шуда буд, сутуда шуда, он пирӯзиро Наврӯз мегуфтанд ва ҳамагон бо шодию сурур таҷлил мекарданд. Дар мушкилтарин вазъият, ки ҷаҳолат бар адолат чангол задан мехост, Ҷамшед падид меомад ва торикӣ (ҷаҳолат)-ро бо рӯшноӣ (хирад) рафъ мекард. Фарҳангшиноси асримиёнагии  форсу тоҷик Абӯрайҳони Берунӣ нақлеро меоварад, ки тибқи он Иблиси лаин баракатро аз мардум зоил мекунад, мардумро ба қашшоқӣ ва гуруснагӣ мувоҷеҳ сохта, бад-ин тартиб дунёро нобуд кардан мехоҳад. Ҷамшед бо амри Худованд ба манзили Иблису пайравони ӯ меравад, зулму залолатро барҳам зада, баракату фаровониро меорад, мардум ин рӯзро Наврӯз мегӯянд ва ҷашн мегиранд. Доду додгарӣ дар фарҳанги сиёсии ақвоми иронитабор аз Ҷамшед шурӯъ мешавад ва аҷобат дар ин аст, ки додгарӣ ба замони зуҳури Наврӯз иртибот гирифтааст. Ин аст, ки муаррихи маъруфи асримиёнагӣ Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ Наврӯзро сароѓози додгарии Ҷамшед донистааст. Наврӯз чун бо хирад ва тафаккури созанда бастагӣ дорад, бегумон, ормону орзуи инсонсозиро дар худ ѓунҷонидааст. Меҳвари ормони мардуми ҳушманди форсу тоҷикро аз бомдоди фарҳанги миллӣ инсонсолорӣ ва мардумпарастӣ ташкил медод. Ободии иҷтимоӣ ва рифоҳи зиндагӣ танҳо дар сурате даст медиҳад, ки инсон ҷустуҷӯгар, ҳушёру зирак, меҳрварзу хирадпарвар бошад. Дар ин росто, ҷашни Наврӯз ҷашни растахези табиат, таҷдиди зиндагӣ, ҳаракат, ҷунбиш, такопӯ ва кор аст.

 

     Ҷашнҳои миллии мо (Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада), ки Наврӯз муҳимтарини онҳост, барои танзими барномаҳои зиндагии инсонӣ офарида шудаанд. Ин аст, ки дар маркази таваҷҷуҳи ҷашнҳои миллӣ, минҷумла Наврӯз зиндагӣ, шинохти мақоми инсон, сохтмони зиндагии шоиста ва арзанда барои инсоният меистад. Устураҳои куҳан аз соҳиби «фар» будани Ҷамшед дарак додаанд. «Фар» маънои дониш, биниш, рӯшноӣ, шукӯҳ ва қудратро дорад. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома аз тахти бо фар сохтаи шаҳриёр ёдовар шуда, аз бузургии шахсияти сиёсию фарҳангии Ҷамшед ва ҷомеаи бо хирад сохтаи ӯ сухан дар миён меорад. «Фар» истилоҳи фалсафиест, ки ҳам дар асотири пешин ва ҳам дар «Шоҳнома» меъёри зиндагии инсониро ташкил дода, пешрафти ҷаҳони зоҳирию ботинии инсонро ба он марбут медонанд. Ба забони имрӯз, «фар» донишу биниш ва тафаккури созандаи инсон аст, ки ба василаи он зиндагии инсонӣ мураттабу  мукаммал мегардад. Тибқи ахбори сарчашмаҳо, дар давраи салтанати Ҷамшед дарду газанд, хорию забунӣ, ҷаҳлу ҷалолат, сардию хунукӣ, беморию марг ва бадбахтию беадолатӣ аслан вуҷуд надоштанд ва ин нукта дар кутуби пешини динӣ-мазҳабӣ низ таъкид шудааст.

 

      Ҳазораи Ҷамшед ҳазораи хирадварзию навандешӣ маҳсуб мешавад. Наврӯз, ки дар худ гармию меҳрварзиро таҷассум мекунад, аз оѓоз дар муқобили сардию сармо, дарду бало, ҷабру ҷафо ва ҷаҳлу хато қарор дошт. Таъкид кардан бамаврид аст, ки зимистон ва сардӣ дар фарҳанги ориёӣ рамзи торикӣ, ҷаҳолат ва бадбахтӣ буда, тибқи ривоёт, Ҷамшед барои раҳоии мардум аз сармою сардии шадид диже месозад ва бад-ин минвол, инсониятро дар гамию нармӣ нигоҳ медорад.

 

     Ҳамин тариқ, Ҷамшед шахсиятест, ки пеш аз ҳама, бо меҳру хирад мусаллат аст ва инсонест сиришта аз ҳувияту асолат. Ин хасисаи ҷавҳарӣ аз Ҷамшед ба дигар шоҳону шаҳриёрон мунтақил мегардад ва дар маҷмӯъ, ҷаҳони фарҳанги сиёсӣ ва биниши миллии хиттаи Хуросону Иронро дар ҷуѓрофиёи ҷаҳонӣ мушаххас мекунад. Маълум аст, ки ҳар ҷомеае, ки бо хирад ва тафаккури ҷадид мусаллат аст, кори хайр барои худ ва барои дигарон анҷом дода метавонад ва ҷомеаи муосири тоҷик, бо доштани савобиқи амиқи илмию фарҳангӣ дар раванди бозсозии тафаккур ва навсозии биниши миллӣ метавонад саҳми муносиб гузорад. Гузашта аз ин, хамираи Наврӯзи Аҷам бо хирад ва биниши воқеӣ сиришта шудааст ва бо қидмату навпардозӣ насл ба насл, давра ба давра ва марҳила ба марҳила то замони мо расида, ба ин тарз ба оянда мунтақил гардида, дар азнавсозии тафаккур, биниш ва ҳувияти миллӣ нақши муассир  хоҳад гузошт.

 

                                    

 

Нозим НУРЗОДА,

 

 муҳаққиқ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

  


Вакти нашр: 2020-03-19 17:05:58    Хонданд: 125    Муфассал...

НАВРЎЗ ҶАВҲАРИ ҶОВИДОНАИ ТАМАДДУНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Хонаи меҳр" чорабинии идона бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ   доир гардид.
Дар он
 
Муҳаббат Зарипова - Раиси ташкилоти ибтидоӣ, Лайло Шарипова - мудири шуъбаи кор бо занони   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва намояндагони сохторҳои пойтахт ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд.

 

     Фурқати Эгам чорабиниро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин ва бошандагони марказ муаррифӣ  кард. Мавсуф ќайд намуд, ки Наврўз ба ҳама шодиву хурсандиҳояш шоиставу арзанда аст, зеро бузургони мо фармудаанд, ки «Ҳар кас талаби Наврўз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад».

 

     Дар идома Лайло Шарипова дар доираи ҷашни шукуфтанҳо ва баҳамоиву хурсандиҳои мардуми сайёра-Наврӯзи байналмилалӣ суханронӣ намуда, Наврўзро ҳамчун оғози сол, рамзи шукуфоӣ, ҷашни бузурги эҳёи табиат ва шукўҳу шаҳомати анъанаҳои миллии ниёгонамон арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки Наврўз ҷашни пирўзии рўшноӣ бар торикӣ, равнақу шукуфоӣ бар карахтиву беҳаракатӣ, рўзи фархундатарин ва муборактарини сол аст.  Дар фарљом бо иштироки ҳунармандони варзидаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сурудани сурудҳои дилангез ва оҳангҳои дилнишин ба чорабинии идона ҳусни дигар ва хотири иштирокчиёнро болида намуданд.

  


Вакти нашр: 2020-03-20 13:33:11    Хонданд: 248    Муфассал...

БАРХЕЗ, КИ БА ДАРИ ТУ НАВРЎЗ ОМАД

     19 марти соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Геолог” ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Аз ҷониби устодону донишҷӯён хони наврӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ манзур карда шуд. Зери навои созу навои дилошӯб фасли сол “Баҳор” ва “Бобои деҳқон” ба саҳни ҳавлӣ баромада, ҳозиринро бо ҷашни Наврӯз муборакбод гуфта, орзуҳои нек менамуданд.
Маҳмадалӣ Бахтиёр, раиси ташкилоти номбурда ҳозиринро бо ҷашни ниёгон табрик намуда, роҷеъ ба таърихи Наврӯз, оину суннатҳои неки он, эҳёи он дар замони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуд.
      Дар фарљоми озмун барои дастархони беҳтарин, таоми беҳтарин, либоси беҳтарини миллӣ, қироати беҳтарини шеър, баҳори беҳтарин ба ғолибон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

  


Вакти нашр: 2020-03-20 13:39:50    Хонданд: 152    Муфассал...

ҶАШНЕ, КИ АЗ ШУКУФОӢ МУЖДА МЕРАСОНАД

Наврўз оғози сол, рамзи шукуфоӣ, ҷашни бузурги эҳёи табиат ва шукўҳу шаҳомати анъанаҳои миллии ниёгонамон мебошад. Наврўз ҷашни пирўзии рўшноӣ бар торикӣ, равнақу шукуфоӣ бар карахтиву беҳаракатӣ, рўзи фархундатарин ва муборактарини сол аст.
Аксарияти сарчашмаҳои бостонӣ пайдоиши Наврўзро ба фаъолияти шоҳи чаҳоруми пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Аз ҷумла, Ҳаким Фирдавсӣ дар яке аз дос­тонҳои «Шоҳнома», ки «Андар подшоҳии Ҷамшед» унвон дорад, овардааст, ки Ҷамшедшоҳ баъд аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони салтанаташ, хосса солҳои охири он, бо ёрии фарри Каёнӣ (шаҳомат ва ҳашамати подшоҳони Каёнӣ) ва мувофиқ бо шукўҳи подшоҳии хеш тахте бисохт ва онро, ки гўё аз зару сим бунёд ёфта буд, бо дурру гуҳар биёрост ва ҳар гоҳ, ки мехост, девони бузургҳайкал тахтро бар дўш гирифта, аз замин ба осмон мебурданд ва Ҷамшед ба рўйи тахт ҳамчун хуршед ба само медурахшид.
Аз тасвири Фирдавсӣ бармеояд, ки баъди сохтани тахти ҳайратангез дар
Истахри Форс, ки ҳоло бо номи «Тахти Ҷамшед» шуҳрат дорад, овозаашро шунида, бузургон ва мардумон ба сўйи ин тахтгоҳ мешитобанд.
Намояндагони халқу миллатҳои гуногун бо Ҷамшедшоҳ армуғонҳои гаронбаҳо, зару сим ва дурру гуҳар оварда, бар пойи ў нисор менамоянд. Шуҳрат, шукўҳу қудрат ва дороиву сарвати Ҷамшед хеле иртиқо ёфта, пуровоза мегардад. Чунин воқеаи бузург дар тахти Ҷамшед дар Истахр рўзе анҷом пазируфт, ки он рўз аз рўзҳои дигари сол тафовут дошт. Он рўзи Ҳурмузд, рўзи аввали моҳи Фарвардин, оғози фасли баҳор ва соли нав буд. Дар он рўзи хуҷаста мардумони олам осудаву болидарўҳ буданд, Ҷамшедшоҳи эронзамин, ки гетӣ аз корҳои неки ў ободу мардумон осуда гардида буданд, шоду пирўзмандона бар тахт нишаст ва ҷашн ороста меҳмонону бузургонро бар атрофи тахт ҷой дод ва бипазируфт. Ромишгарон ба ромиш ва машшоқон ба навохтани руд машғул буданд, майгусорӣ менамуданд ва шодиву дилхушиҳо ҳадду канор надошт. Он рўзро Наврўз ном ниҳоданд. Ҳамин тавр, ин ҷашни хуҷаставу фаррух, ки ҳар сол мо онро ҷашн мегирем, дар кишвари мо аз он хусравон-Каюмарсу Ҷамшед ва шоҳону бузургони дигари ориёӣ ёдгор мондааст.
Ҷашни Наврўз ҳанўз солиёни зиёде пеш аз Зардушт баргузор мегардидааст, аммо дар сарчашмаҳои бостонӣ қариб ҳамаи ривоятҳову устураҳо Ҷамшедро асосгузори Наврўз донистаанд. Масъудӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Абўрайҳони Берунӣ ва дигарон дар бораи пайдоиши Наврўз вобаста бо барпо гардидани аввалин шаҳри эрониён Истахр маълумот дода, аз ҷониби Каюмарс, Ҷамшед ва шоҳони баъдина идома ёфтани сохтмони ин шаҳрро зикр намуданд.
Мо имрўз ба шарофати истиқлоли давлатӣ Наврўзро ҳамчун ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик бо самимият ва шаҳомати хосса таҷлил мекунем ва рўҳи озодаи онро дар вуҷуди худ дубора эҳсос менамем. Зеро бо ибтикор ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврўз ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид. Аз ин рў, Наврўзи даврони Истиқлол бар шукўҳу ҷалоли худ боз як неруи хосе зам намуд, ки Наврўз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии рўҳияи замони нав созгор карда, имрўз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст.
Назар БАҲРУЛЛО,
корманди Китобхонаи миллии
Тоҷикистон 


Вакти нашр: 2020-03-20 13:51:20    Хонданд: 120    Муфассал...

НАВРӮЗИ АҶАМ ЗИНДА КУНАД, ХОКИ КУҲАНРО...

      Халқи тоҷик ба ояндагони худ мероси гаронбаҳои моддӣ ва оинҳои қадимаи миллӣ, аз қабили ҳайкалсозӣ, қолинбофӣ, чӯбкорӣ, санъати тасвирӣ, ихтирооти хату қоғаз, заргарӣ, кулолгарӣ ва дигар бахшҳои фаъолияти мардумиро боқӣ гузоштааст. Инҳо дастовардҳои қадимаи тоҷикӣ ба шумор мераванд, ки танҳо номгӯяшон чандин китоб мешавад. Мутаассифона, ҳамаи он то ба мо омада нарасидааст. Дар арсаи таърих бис­ёр ҷашнвораҳо пайдо шуда, чандон умр надидаанд. Аммо боз суннатҳое низ ҳастанд, ки тӯли садсолаҳо тавонистанд чун рамзи миллат, ҳастии халқ ва фарҳанги хоси инсоният арзи ҳастӣ намоянд. Яке аз бошукӯҳтарин ва арзишмандтарин мероси фарҳангии миллати тоҷик, ки аз қарни тӯлонии таърих то ба имрӯз мавқеву манзалат ва шаҳомати худро аз даст надода, ҳамчун муаррифи халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ хизмат кардааст, ҷашни байналмилалии Наварӯз аст.

 

Халқи тоҷик фасли зебои баҳорро бесаброна интизор мешавад, то Наврӯзи хуҷастапайро бо аҳли хонадон ҷашн гирад ва дарду ғамро аз дилҳо дур карда, шодию нишот ва дӯстиву рафоқат­ро барқарор созад. Наврӯз, ба қавли аксари таърихнигорон, чун Страбон, Истахрӣ, Берунӣ, Хайём, Наршахӣ, С. Айнӣ ва дигарон, иди миллии қавми эронитабор буда, тақрибан 6000 сол пеш бо инкишофи деҳқонӣ пайдо шудааст. Ин санаи бузург ҳар сол 21-22-юми март ботантана таҷлил мешавад ва дар ин рӯзи басо хуҷаста баробаршавии шабу рӯз ба назар мерасад, ки дар ин рӯзҳо баҳори воқеӣ ҳукмрон мешавад. Мавсими ҷадиди кишоварзӣ, замони интизорӣ ва умедвориҳои деҳқон оғоз мегардад.

 

      Дар рӯзгори мардуми ориёӣ маросими зиёде бо анъанаҳои гуногун ҷашн гирифта мешуд, лекин Наврӯз нисбат ба дигар идҳо бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардид. Дар бораи пайдоиши Наврӯз дар адабиёти таърихӣ нақлу ривоятҳои зиёде мавҷуданд. Ҳаким Умари Хайём- шоир ва олими бузург дар асараш "Наврӯзнома" ривоятҳои зиёде марбут ба пайдоиши Нав­рӯз овардааст: "Чун Каю­марс аввалин подшоҳи мулки Аҷам бар тахт нишаст, хост, ки айёми солу моҳро муайян намояд ва он рӯз даври офтобиро ба дақиқаи Ҳамал бидид ва солро ба 12 моҳ ва ҳар якеро ба 30- рӯзӣ ҷудо карду рӯзи аввалро Наврӯз ном ниҳод ".

 

     Наврӯз дар замони Ҳахоманишиниҳо, Ашкониҳо, Сосониён ботантана таҷлил мегардид ва дар замони императори Сосониён иди соли нав эълон гашта, ҷашнгириаш шаш рӯз идома ёфт. Ин ҷашни бошукӯҳ аз қадим бо урфу одат ва суннатҳои гуногун баргузор мегардад, ки яке аз суннатҳои Нав­рӯз ин "ҳафтшин" ва "ҳафтсин" мебошад, ки орогари дастархони наварӯзӣ аст ва ҳар яке аз ин суннатҳо рамзи махсуси худро дорост. Инчунин, ҷашни Наврӯз таомҳои хоссаи худро дорад ва яке аз онҳо, ки рамзи наврӯзаш медонанд, ин суманак аст.

 

       Суманак таоми ширин ва хуштаъм буда, бо номҳои суманак, сумалак, суману дар давлатҳои гуногун шинохта шудааст ва танҳо дар фасли баҳор пухта шуда, рӯйи хони наврӯзӣ гузоша мешавад. Мардум аввалан коми худро бо ин хӯроки лазиз ширин мекунанд, то ки зиндагӣ ва рӯзгорашон ҳамеша ширин  бошад ва баъдан, бо рақсу бозӣ ва шӯхиҳои наврӯзӣ идро таҷлил мекунанд.

 

      Таърихшиносон ҳадс мезананд, ки дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Миёна ҷашни Наврӯз бо хусусиятҳои рангоранги хоси худ таҷлил мешавад. Рӯзҳои ид ҳар гуна бозиҳои миллӣ барпо мегардад. Қариб дар ҳама манотиқи Тоҷикистон расми "Ҷуфтбаророн", яъне кишту кори соли нав шурӯъ мешавад, ки инҳо ҳам яке аз суннатҳои муҳими Наврӯзи хуҷаста ба ҳисоб мераванд ва маҳз дар фарорасии идҳои баҳорӣ баргузор мегарданд.

 

     Дар осори мусиқии гузаштаи мо низ мақомҳои Наврӯзӣ, аз қабили "Боди Наврӯзӣ", "Наврӯзи бузург", "Наврӯзи Қайқубод", "Наврӯзи Маздак", "Сози Наврӯзӣ", "Роҳати Хусравонӣ", "Наврӯзи Аҷам" ва ғайраҳо аз ҷониби мусиқидонону навозандагон эҷод гардидаанд, ки имрӯз қисме аз онҳо дар мусиқии классикии мо "Шашмақом" пойбарҷост.

 

      Дар замони истиқлолият, ки Тоҷикистон ба бисёр дастовард ва пешравиҳои бузург ноил гардидааст, Наврӯз ҳам мавқеъ ва шукӯҳу шаҳомати худро аз нав пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои умумимиллӣ табдил ёфт. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонишавии иди Нав­рӯз саҳми арзандае гузошта, аз бисёр минбарҳои ҷаҳонӣ баромад намуда, ин мероси аҷдодии тоҷиконро ба ҳама халқиятҳои олам муаррифӣ намудаанд. Аз ҷумла 27-уми марти соли 2010 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои байналмилалии наврӯзи шаҳри Теҳрон иштирок карда, чунин иброз намудаанд: «Ҳар халқияту миллату қавмро оинест, ки аз дигарон фарқ мекунад. Ҳар миллатеро суннатест, ки бо он ҳастӣ дорад. Наврӯз ҷашн, оин, аньана ё русумест, ки аз ниёгон ба мо расидааст».

 

     Ҳамин тавр, аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид 19-уми феврали соли 2010 ҷашни байналмилалӣ эълон гашт. Баъдан аз тарафи ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддӣ ворид шуд, ки ин аз бузургии ҷашни Наврӯз ва тамаддуни миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад. Имрӯзҳо иди бузурги тоҷикон қариб дар тамоми дунё бо як шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.

 

      Дар маҷмӯъ, Наврӯз пайвандгари халқҳою фарҳангҳост ва ҳар сол инсонҳоро бо ҳамдигар наздиктар мегардонад ва барои пойдории сулҳу истиқлол ва аз байн бурдани низоъҳою бегонагиҳо дар ҷаҳон мусоидат мекунад.

 

Умедҷони КАРИМХОН,

 

"Мароми пойтахт"

  


Вакти нашр: 2020-03-20 14:02:22    Хонданд: 170    Муфассал...

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “ДОНИШ” БАРГУЗОР ГАШТ

      Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”  бо иштироки муовини раис, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Изатуллои Ҳабибзод ва Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон професор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.

 

      Нахуст якчанд нафар аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Дониш" бинобар сабаби ба дигар вазифаҳо берун аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Дониш" гузаштан аз аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Дониш" бозхонд карда шуданд. Сипас аз ҳисоби аъзои фаъоли ҳизб аъзои нави Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Дониш" интихоб карда шуд.
 Њамчунин
бинобар сабаби ба кори дигар гузаштани раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Дониш" академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Дониш" номзадии Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт-Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешбарӣ гардид. Аз ҷониби аъзои ҳизб номзадии Хушвахтзода