МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

ПАЁМ ПАЙҒОМИ ПУРИФТИХОР БА НАСЛҲОИ ИМРӮЗА ВА ФАРДО

         Мутобиқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе, №2 аз 06.01.2020.  ва нақша – чорбиниҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи   Фирдавсӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми   Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Гулистон»  вохўрӣ доир гардид.  
       Дар он  Абдураҳмон Хонов – роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Бойалӣ Ҳусейнов, номзади илмҳои равоншиносӣ, аъзои Шӯрои собиқадорони ноҳияи Фирдавсӣ, устоди ДДТТ  иштирок ва суханронӣ намуданд.
       Абдураҳмон Хонов зимни баромади хеш қайд намуд,  ки Паём фарогири тамоми самтҳои муҳиму афзалиятноки кишвар буда, рушди дурнамои ин самтҳоро  муайян намудааст.  Мавсуф  роҷеъ ба расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бумбасти коммуникатсионӣ баромадани мамлакат, дастовардҳо дар соҳаи илму маориф, боло рафтани дарозумрӣ,  паст гардидани сатҳи камбизоатӣ ибрози андеша намуда, дар мавриди ҷойҳои намоёнро ишғол намудани Тоҷикистон дар раддабандиҳои созмонҳои байналмилалӣ  сухан кард.   
       Ҳусейнов Бойалӣ изҳор дошт, ки Паёми имсола махсус буда, бештар дар атрофи барномаи пешазинтихоботӣ, ки 7 солро дар бар мегирифт, сухан  рафт.  Ҳама  самтҳо бо далелу асосҳои муътамаду мушахас таҳлилу баррасӣ гардида, барои рушди минбаъдаи самтҳои муҳиму афзалиятнок дастуру супоришҳо дода шуд. Ин Паём боз аз он ҷиҳат ҷолиб буд, ки Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон  супориш доданд,  ки  ҳар  деҳоте, ки то 100 ҳазор аҳолӣ дорад, бояд бунгоҳи тиббӣ, мактаб, варзишгоҳ ва дигар иншоотҳои ҳайётан муҳим сохта ба истифода дода шавад.   Роҷеъ ба таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиии миллӣ, ватандӯстӣ, илму маърифат, ахлоқи ҳамида, пешгирӣ аз омилҳои номатлуб-терроризму экстремизм, истифодаи бемавқеи интернет ибрози андеша намуд.  Ҳамзамон ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани маъракаҳои пешазинтихоботӣ даъват намуданд. 
 
Вакти нашр: 2020-02-01 09:41:40    Хонданд: 176    Муфассал...

ВОХЎРӢ БО ГУРЎҲҲОИ ТАБЛИҒОТИВУ ТАШВИҚОТӢ

        Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино бо аъзои гурўҳҳои таблиғотии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумњҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ вохўрӣ доир гардид. 
       Дар фаъолияти ҳизбӣ таблиғот яке аз бахшҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода, бояд ақида, ҷаҳонбинӣ, дониш, муносибат ва бархурди шахс ба муҳит, ба ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, дин ва ҳизбҳо ба назар  гирифта  шаванд.  Яъне  кор  бурдан  дар байни омма, фаҳмонидан ва ҳимояи  мавқеи  сиёсӣ ҳам дар масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва ҳам беруна,  таҳкими  мавқеъ  ва  нуфузи ҳизби сиёсӣ зарур аст. 

Вакти нашр: 2020-02-01 09:44:35    Хонданд: 165    Муфассал...

Вакти нашр: 2020-02-01 09:47:49    Хонданд: 189    Муфассал...

ПАЁМ ПАЙҒОМИ ПУРИФТИХОР БА НАСЛҲОИ ИМРӮЗА ВА ФАРДО

         Мутобиқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе, №2 аз 06.01.2020.  ва нақша – чорбиниҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи   Фирдавсӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми   Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Гулистон»  вохўрӣ доир гардид.  
       Дар он  Абдураҳмон Хонов – роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Бойалӣ Ҳусейнов, номзади илмҳои равоншиносӣ, аъзои Шӯрои собиқадорони ноҳияи Фирдавсӣ, устоди ДДТТ  иштирок ва суханронӣ намуданд.
       Абдураҳмон Хонов зимни баромади хеш қайд намуд,  ки Паём фарогири тамоми самтҳои муҳиму афзалиятноки кишвар буда, рушди дурнамои ин самтҳоро  муайян намудааст.  Мавсуф  роҷеъ ба расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бумбасти коммуникатсионӣ баромадани мамлакат, дастовардҳо дар соҳаи илму маориф, боло рафтани дарозумрӣ,  паст гардидани сатҳи камбизоатӣ ибрози андеша намуда, дар мавриди ҷойҳои намоёнро ишғол намудани Тоҷикистон дар раддабандиҳои созмонҳои байналмилалӣ  сухан кард.   
       Ҳусейнов Бойалӣ изҳор дошт, ки Паёми имсола махсус буда, бештар дар атрофи барномаи пешазинтихоботӣ, ки 7 солро дар бар мегирифт, сухан  рафт.  Ҳама  самтҳо бо далелу асосҳои муътамаду мушахас таҳлилу баррасӣ гардида, барои рушди минбаъдаи самтҳои муҳиму афзалиятнок дастуру супоришҳо дода шуд. Ин Паём боз аз он ҷиҳат ҷолиб буд, ки Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон  супориш доданд,  ки  ҳар  деҳоте, ки то 100 ҳазор аҳолӣ дорад, бояд бунгоҳи тиббӣ, мактаб, варзишгоҳ ва дигар иншоотҳои ҳайётан муҳим сохта ба истифода дода шавад.   Роҷеъ ба таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиии миллӣ, ватандӯстӣ, илму маърифат, ахлоқи ҳамида, пешгирӣ аз омилҳои номатлуб-терроризму экстремизм, истифодаи бемавқеи интернет ибрози андеша намуд.  Ҳамзамон ҷиҳати дар сатҳи баланд доир гардидани маъракаҳои пешазинтихоботӣ даъват намуданд. 
 
Вакти нашр: 2020-02-01 09:49:44    Хонданд: 228    Муфассал...

ИҚДОМИ ХАЙРИЯВӢ ДАР АРАФАИ МАЪРАКАҲОИ СИЁСӢ

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино мутобиқи барқияи электоронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирӣ ва расонидани кӯмакҳои яквақтаина ба оилаҳои ниёзманду бесаробон, аёдати беморону солмандон, ятимону маъюбон аз тарафи номзадҳо ба вакилии маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Исматзода М.М., Бобозода С.А. ба як қатор оилаҳои ниёзманди  минтақаҳои 15 ва 82 кӯмаки яквақтаинаи маводҳои хӯрокворӣ расонида шуд.

Вакти нашр: 2020-02-03 09:31:10    Хонданд: 160    Муфассал...

ҒАМХОРӢ ДАР ҲАҚҚИ ЯТИМОНУ МАЪЮБОН, ШАХСОНИ БЕСАРОБОНМОНДАВУ ЭҲТИЁҶМАНД, НАФАҚАХЎРОНУ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ

        Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманди ноҳия дар ҳамдасти бо номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Манучеҳри Хурсандзод дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи чорабиниҳои ҷашнии бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бобати тақвият бахшидани ибтикороти хайрхоҳонаву пурсавоб ба 7-оилаи ниёзманд ва маъюби маҳаллаи Ховарон кӯмакҳои яквақтаи моддӣ аз қабили орд, равған, картошка, пиёз, шакар, макарон ва дигар анвои шириниҳо расонида шуд.
        Зимни сӯҳбат бо оилаҳои ниёзаманд Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аз дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи Роҳбари давлат ба ин қишри ҷомеа ёдовар шуда, зикр доштанд, ки бо шарофати ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи оилаҳои ниёзманд зери ғамхорӣ қарор дода мешаванд ва давра ба давра кӯмакҳои озуқаворӣ ва моддӣ расонида хоҳад шуд.

         Гуфта шуд, ки сокинонро мебояд, ки ҷавобан ба ғамхориҳо ва дастгириҳои Роҳбари давлат баҳри пойдории сулҳу субот ва таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ кӯшиш намоянд.
Сокинон аз иқдоми хайрхоҳона изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
 
Вакти нашр: 2020-02-03 09:52:19    Хонданд: 322    Муфассал...

АЁДАТИ БЕМОРОНУ СОЛМАНДОН

Дар партави сиёсати хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ мутобиқи барқияи электоронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе   бо мақсади дастгирӣ ва расонидани кӯмакҳои яквақтаина ба оилаҳои ниёзманду бесаробон, аёдати беморону солмандон, ятимону маъюбон аз тарафи номзадҳо ба вакилии маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ  ба як қатор оилаҳои ниёзманд кӯмаки яквақтаинаи маводҳои хӯрокворӣ расонида шуд.

Вакти нашр: 2020-02-03 10:34:38    Хонданд: 221    Муфассал...

ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ

         Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор рафта, рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини зардуштӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

       Вожаи Сада марбут ба рақами сад аст. Аз он даврони куҳан панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз, ки ба ҷашни Наврӯз мемонд, ҷашни Садаро созмон медоданд. Ангезаҳои ривоятӣ ва достонии ин ҷашн низ монанди ҷашнҳои дигар мансуб ва марбут ба оташ аст. Баъзе сарчашмаҳо Садаро ба фаъолияти Ардашери Бобакон ва баъзе таърихнигорон мансуб ба Каюмарс, ки дар ислом ӯро ҳазрати Одам маънидод намудаанд, мутааллиқ медонанд. Тибқи ин ривоят, гӯё чун адади фарзандони Каюмарс ба сад мерасад, ҷашни бузург барпо мекунанд ва оташи фаровон афрӯхта, дар атрофи он ҷашни бузург созмон медиҳанд ва онро Сада меноманд.

      Манучеҳрии Домғонӣ дар яке аз қасидаҳояш аз Исфандиёру Каюмарс ёдгор мондани ҷашни Садаро ишора намудааст:

Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад,

Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад.

       Дар баъзе ривоятҳои устуравӣ пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Фаридун ва даврони салтанати ӯ нисбат медиҳанд. Заҳҳок, ки шоҳи золим ва мардумозор буд, ҳар рӯз ду нафар шахсони бегуноҳро ба шаҳодат мерасонд, аз мағзи сари онҳо барои морони китфи ӯ ғизо таҳия мекарданд. Армоил — вазири Беварасп, яъне Заҳҳок, ҳар дафъа як нафари он бегуноҳонро беосеб нигоҳ дошта, ба ивази он гӯсфандеро кушта, аз мағзи сари он барои морони Заҳҳок маъҷун таҳия мекард ва шахсони наҷотдодаашро дар куҳи Дамованд пинҳон менамуд.  Замоне, ки Фаридун Заҳҳокро мағлуб намуд, хост Армоилро низ ҷазо диҳад. Армоил шоҳро аз ин кори некаш иттилоъ дод. Ҷиҳати рост будани баёноти Армоил бо хоҳиши ӯ ашхоси аз марг наҷотёфта шабҳангом ҳар кадоме дар куҳи Дамованд оташ афрӯхтанд, ки адади оташҳо ба сад расид. Ҳамин тавр, бо сабаби аз марг наҷот ёфтани сад нафар одамони бегуноҳ, ҷашне баргузор намудани шоҳ Фаридун ва номи ин ҷашнро Сада гузоштан ва ба расмият даромадани ин ҷашнро сарчашмаҳои адабиву таърихӣ иттилоъ медиҳанд.

Шоири қасидасарои қарни XI Унсурӣ шаби ҷашни Садаро мисли куҳи Тӯр равшан тасвир намудааст:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Аз Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

Замин ин шаб гӯё Куҳи Тӯр аст,

К—аз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст.

     Тибқи иттилои Ибни Мискавайҳ, дар даврони бостон, хосатан дар аҳди Сомониён, барои бошукуҳу шаҳомат баргузор намудани ҷашни Сада дар талу теппа ва ҷойҳои баланди шаҳрҳо ҳезуми бисёреро ҷамъ карда, онро бо тасмаҳои оҳанин мебастаанд. Дар болои ҳезум ва маводи сӯхт парандаҳои гуногунро аз пояшон баста мемондаанд. Чормағзро кофта, дарунашро бо пахтаи нафтолуд пур мекардаанд ва бо сими борик ба пойҳову гардани парандагон овезон мекардаанд. Баробари фаро расидани вақту соати ҷашни Сада оташро дар як вақт ҳам дар базмгоҳ ва ҳам дар талу теппа фурӯзон мекардаанд. Чормағзҳоро даргиронда, парандаҳоро раҳо менамудаанд. Шаби тор равшан гардида ва аз ин мардумон хеле шоду масрур мешудаанд.

     Яке аз махсусият ва вижагии ҷашни Сада дастаҷамъии мардум ё ба таври ҳашар омодагӣ дидан ба пешвози ҷашни Сада мебошад. Дар гузашта барои ҷашн ҳезум ва анвои дигари лозимаро дастаҷамъона анҷом медоданд. Ин кор фаризаи динӣ ва савоб маҳсуб мешуд. Ҳар кас аз рӯи тавоноӣ ҳезуму чӯб гирд меовард. Касоне, ки ба мисли амирону амирзодагон ва сарватмандон, агар худашон ҳезум гирд оварда натавонанд, ба дигарон пул медоданд, то эшон ин корро ба анҷом расонанд. Ин амалро барои он иҷро мекарданд, ки зудтар оташи Садаро афрӯхта, қувваҳои аҳриманиро заифу нобуд созанд ва ҷашнро бо як шодмонии тамом таҷлил намоянд. Ба ақидаи мардум, дар ин ҳангом сармо дар зимистон ба авҷи худ мерасад. Аз ин пас ҳаво рӯ ба эътидол меорад. Тибқи гуфтаи Абӯрайҳони Берунӣ, мардум Садаро ба муносибати «аз дӯзах ба рӯи олам баромадани зимистон» ҷашн мегирифтанд ва оташ афрӯхта, моддаҳои хушбӯй бухор мекарданд, ки аз сармои зимистон ба инсонҳо зиёне нарасад.

     Абӯрайҳони Берунӣ дар ҷои дигар иттилоъ медиҳад: «Ва аммо чунон аст, ки аз он (ҷашни Сада) то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб», яъне бист рӯз аз моҳи Баҳман ва сӣ рӯз аз моҳи Исфанд (баробари аввали феврал то 20-уми март) ва панҷоҳ шабонарӯз якҷоя панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз ба сад баробар аст. Оид ба ин муддати фарорасии ҷашнҳои Садаву Наврӯз шоири қасидасаро Манучеҳрии Дамғонӣ чунин гуфтааст:

Ва нек биёмадаст ба панҷоҳ рӯз пеш

Ҷашни Сада талояи Наврӯзу навбаҳор.

       Тавре ки ишора рафт, бегумон сабаби аслии пайдоиши ҷашни Сада падид омадан ва кашфи Оташ аст. Бояд тазаккур дод, ки тибқи ривояти Ҳушанг, шоҳи сулолаи Пешдодиён мори сиёҳ рамзи Аҳриману зиштист, ки маргу нобудӣ меофарад. Оташи аҳурамаздоӣ ҳамин ки медурахшад, маргу бадиро ба дур меронад ва инсонҳоро аз касифию бадбахтӣ раҳоӣ мебахшад.

      Баъзе аз олимони хориҷӣ, ки дар соҳаи таърихи дин ва фарҳанги мардуми мо пажуҳиш бурдаанд, аз ҷумла Тумос Ҳоид, бар он ақида аст, ки бидуни ҷанбаҳои достониву ривоятӣ пайдоиши ҷашни Сада тавзия ва ҷанбаи нуҷумӣ дорад ва шаби Садаро баландтарин шаби зимистон медонанд. Аз ин айём ба тадриҷ шабҳо коҳиш ёфта, кӯтоҳтар мегарданд ва рӯзҳо тӯлонитар мешаванд. Мардумони эронитабор ҳоло ҳам дар баъзе маҳалҳо ҷашни Садаро бо роҳу равиши дигар ҷашн мегиранд. Ин ҷашни ориёӣ дар байни тоҷикони Осиёи Марказӣ бештар ба корҳои кишоварзӣ ва хосатан боғдориву ғаллакорӣ иртибот дорад. Ба андешаи Е. Бертелс, И. Брагинский, Н. Кисляков, М. Андреев, М. Раҳимов, А. Неъматӣ, Д. Раҳимов ва муаллифони ин сатрҳо, ҷашни Сада на танҳо ҷанбаи ривоятиву достонӣ, балки нуҷумиву гоҳшуморӣ низ дорад. Ба қавли Муҳаммад Дабири Сиёқӣ, “Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст”. Ин оташро фурӯзон дорем ва ин ҷашнро бояд арҷ бигузорем.

Дилшод УМАРОВ, Насим ҚОДИРОВ-аъзои фаъоли ҲХДТ

Вакти нашр: 2020-02-03 14:10:58    Хонданд: 208    Муфассал...

ПАЁМ - МУҲИМТАРИН БАРНОМАИ СОЗАНДА

Яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд дар ҷамъбасти ҳар сол ба Маҷлиси Олии мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ ироа намудани Паём аз ҷониби Сарвари давлат мебошад. Пешниҳод гардидани Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо дар ҳақиқат тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. 
Паёми Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд. 
       Имр
ӯз тамоми ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар зери таъсири беандоза ҷаззобу роҳнамоикунандаи Паём қарор дошта, раванду равиш ва амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошад. Паём ҳуҷҷати асосии стратегии тамоми ҷабҳаҳои ҷомеаро дар бар гирифта, вазифаҳо ва амалиётҳои дарпешистодаро равону ба пуррагӣ матраҳ сохта, ҳолати кунунӣ ва фардоро бо назардошти раванди амал ва ба вуқӯъ пайвастшавии буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба аҳолии кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ расонид. Аз ин рӯ, Паёми хешро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои Тоҷикистон дар соли сипаригардида оғоз намуда, махсусан қайд карданд, ки «татбиқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд».  

      Яке аз самтҳои муҳиме, ки дар Паём мавриди таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат қарор гирифт, масъалаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои соли 2020 ва дурнамои он мебошад. Масъалаи аввалине, ки дар самти иқтисодӣ баррасӣ гардид, таҳлили суръати воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2019 мебошад. Вобаста ба ин масъала зикр гардид, ки «соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт». 

      Масъалаи саҳми бахши хусусӣ, баланд гардидани нишондодҳо ва таъсири он дар самти маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ яке аз дастовардҳои солҳои охир дар бахши иқтисоди кишвар махсус арзёбӣ гардид. Вобаста ба ин масъала чунин зикр гардид, ки «саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 фоиз буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд». Ин нишондиҳанда гувоҳи он аст, ки Пешвои миллат ба рушди соҳибкории хусусӣ диққати доимӣ медиҳанд ва ҳаматарафа дастгирии онҳоро таъкид менамоянд. Бобати ин унсури такондиҳандаи иқтисодиёти миллӣ, яъне фаъолияти соҳибкорӣ Пешвои миллат дар Паём қайд намуданд, ки ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд. 
Тан
ҳо солҳои 2016-2018 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин саҳми Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ мебошад. Илова бар ин, дар заминаи ислоҳоти татбиқнамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир шумораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор шаш баробар кам шудааст. Агар соли 2016 шумораи чунин санҷишҳо қариб 300 ҳазорро ташкил дода бошад, соли ҷорӣ ҳамагӣ 48 ҳазорро ташкил намудааст, ки ин ҳама гувоҳ аз иҷрои вазифаи ҳавасмандии давлат дар назди субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. 

       Дар партави даъвату ҳидояти Паём тамоми сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла вазорату кумитаҳо, идораҳо, соҳаҳои мухталифи иқтисодӣҷтимоии ҷумҳурӣ, соҳибкорон ва тамоми фарди ҷумҳурӣ нақшаву вазифаҳои навбатӣ ва ояндаи худро мутобиқ ба ҳадафҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷии кишвар амалӣ менамоянд.  Бояд зикр намуд, ки дар баробари таҳлилу баррасӣ ва дурнамои масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҳамзамон паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар, аз ҷумла тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг, ҷавонон, занону модарон, худшиносии миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ, масъалаҳои вобаста ба таҳдидҳои замони муосир ва дигар мавзӯъҳои сарнавиштсози ҷомеаи Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд, ки шарҳу тавзеҳи онҳо паҳлуи дигари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро талаб менамоянд. 
Бинобар ин, мо бевосита ба та
ҳлили самти иқтисодӣҷтимоии Паёми Пешвои миллат, ки инъикоскунандаи рушди бонизоми иқтисодиёти кишвар мебошад, таваҷҷуҳ намуда, муҳимияти онро баён намудем. 

Н. Шомадова,  Б. Давлатов-аъзои фаъоли ҲХДТ

Вакти нашр: 2020-02-03 14:37:17    Хонданд: 205    Муфассал...

МАФКУРАИ ҶАВОНОНРО ҲИФЗ МЕКУНЕМ!

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки аксари муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва сиёсӣ характери умумиҷаҳонӣ касб намоянд. Зеро ҷаҳонишавӣ дар худ имкониятҳои бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддиро ба ҳаёти башарият омезиш додааст.  Ҳоло яке аз масъалаҳои мубрами рӯз - ин ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар Ватани азизамон Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Давлати тозабунёди мо дар меҳвари сулҳу осоиштагӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон, ибрати ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини амнияти босуботи миллӣ гаштааст. 

      Муттаасифона, ҳодисаҳои нангинеро, ки солҳои сипаригашта ва имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳид гашт, аз ҷумла воқеъаҳои даҳшатбори аввали моҳи сентябри соли 2016 дар Тоҷикистон ва ҳодисаи кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара дар соли 2018, ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар соли 2019 ҳамчун амалҳои хиёнаткоронаи афроди хатарнок ба ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсубёфта мебошанд. Ин фаъолиятҳо мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун амалҳои террористӣ ва экстримистӣ ба ҳисоб рафта, ба дараҷаи ҷиноятҳои махсусан вазнин эътироф карда шудаанд. 

      Дар ин замина, на танҳо Тоҷикистон балки тамоми мардуми ҷаҳон бояд эътироф намоянд, ки терроризм ва экстримизм ҳолати ташкилшуда ва муҳаёшудаи қувваҳои ғайриқонунӣ маҳсуб меёбанд. Боиси таассуф аст, ки дар он баъзе давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ даст дошта, барои ташкил ва мавқеи зуҳуроти ин амалҳои нангин заминагузор мебошанд. Бо таассуф бояд гуфт, ки шароитҳо барои чунин кирдорҳои нангин аз тарафи қувваҳои бадхоҳи манфиатҷӯй ташкил карда мешаванд. Дар робита ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин баён намудаанд: «Мубориза бо терроризм ва экстримизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.» 

       Дар замони мавҷудияти мавҷгириҳои моҳвораӣ ба фазои иттилоотӣ баҳои яксону қатъӣ додан хеле мушкил аст. Ҳамчунин торафт ба рӯзгори мо ворид шудани интернет ва дастрасии бештари мардум ба он, рушди технологияҳҳоиои иттилоотиву иртиботӣ дар ин раванд набояд мадди назар шавад. Ҳамин аст, ки интернет дар замони мо, бахусус сомонаҳои иҷтимоӣ таъсири бештаре дар фазои иттилоотӣ ва афкори умум (бахусус ҷавонон) доранд. Масалан, ҷалби аксари аъзои созмонҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла ДИИШ ва ТЭТ ҲНИ тавассути сомона иҷтимоӣ сурат мегирад.  Густариш додани амалҳои терористию экстримистӣ дар минтақаҳои мухталифи олам ҳамагонро ҳушдор месозад, то аз бетарафию хомӯшӣ канора ҷуста, мавқеи инсонгароёнаи худро муайян созем.  Гурӯҳҳои экстремистӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки сиёсии худ ба амалҳои бешарафона даст зада, аз қатли кӯдакон ва занони бепаноҳ рӯй намегардонанд. Дар зери шиорҳои «Ҷиҳоди ғазоват» мехоҳанд «бемории бедавояшон»-ро ба кишварҳои дуру наздик таҳмил созанд. Бо ин кирдори носолимашон дунёро дар гирдоби тарсу даҳшатҳои тасаввурнопазир мехоҳанд нигаҳ доранд ва бо ин васила мавқеи сиёсии худро мустаҳкам намуда, соҳиби иқтидори иқтисодӣ гарданд. 

      Рафтори разилонаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша барои бархе аз ҷавонони тоҷик, ки бо гумроҳӣ ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгарову ситезаҷӯ, ба хусус дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳи ба ном исломии Ироқу Сурия шомил шудаанд, бояд сабақи зиндагӣ гардад. Ҷавонони раҳгумзадаву тираақл бояд дарк намоянд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ, аз касодии неруву зеҳни онҳо истифода намуда истодаанд. Мушкилоте, ки имруз пеши мо истодааст, боиси нигарони ва ташвиш буда, инчунин моро масъул месозад дуруст андеша намуда, роҳҳои халосӣ аз ин вартаи нокомӣ ва ҳалу фасли онро бо идрокона ёбем.  Имрӯзҳо чунин тамоюле ба назар мерасад, ки натанҳо баъзе ҷавонон аз кишварҳои рӯ ба инкишоф, балки шаҳрвандон аз давлатҳои тараққикарда ҳам ба гурӯҳҳои экстремистӣ мепайванданд. Дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳеҷ кадом аъмоли террористӣ новобаста аз шаклу мавқеъ ва ҳадафҳояш ба таври қотеъ наметавонад қобили қабули шаҳрвандон гардад. Ҷавонони кишвар бояд воқиф бошанд, ки симои аслии ДИИШ ва ТЭТ ҲНИ ба исломи асил ва суннатҳои он иртиботе надорад. Ҳамагон бояд огоҳ бошем, ки идеологияи онҳо террористию ифротгаро буда, хилофи дини мубини ислом аст.  Имрӯз ин масъала ба мушкили доғи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Моро лозим аст, ки бо ҷавонон бештар кор кунем, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим, варзиш, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва илмомӯзӣ ташвиқ намоем, то ин тамоюли номатлуб идома наёбад. 

Мирзоев Некрӯз

Вакти нашр: 2020-02-04 13:22:50    Хонданд: 188    Муфассал...

ОМӮЗИШИ МОҲИЯТ ВА САМТҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

          Бо иштироки  масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Роҳи умед” вобаста ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид. Дар он баромадкунандагон  зимни баромади хеш ќайд намуданд, ки пешгирии гароиш ба фарҳанги бегона, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистӣ ва маҳкум намудани ин падидаи номатлуб дар Паёми Сарвари давлат таъкид  шуд.   

          Аз ҷумла зикр  гардид, ки амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳу равшан нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.
Ҳамзамон, оид ба саноатикунонии босуръати мамлакат сухан рафта, зикр гардид, ки саноаткунонии босуръати кишвар барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замима мегузорад.

Вакти нашр: 2020-02-04 13:47:12    Хонданд: 349    Муфассал...

ЗАБОН ДОНӢ – ҶАҲОН ДОНӢ

        Забон воситаи муоширати байни одамон буда, барои баён намудани фикр хизмат мекунад. Донистани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботҳои рӯзмарраи ҳаёти бохабар гардад. Маълум аст, ки забон аз бузургтарин омилҳоест, ки на танҳо бартарияти инсонро аз дигар махлуқоти олам фарқ мекунонад, балки бузургӣ, ифтихор ва бобарории ҳар як миллату халқиятро муаррифӣ менамояд. Дар дунё на ҳар як миллат соҳибзабон аст, ё ин ки забони миллиашон ҳамчун забони давлатӣ эътироф гаштааст. Забони давлатӣ — забонест, ки бо он коргузории давлат иҷро мегардад ва ҳамаи санадҳо бояд бо ин забон навишта ё тарҷума шаванд. Масалан, дар Тоҷикистон забони давлатӣ забони тоҷикӣ мебошад. Шукрона аз он мекунем, ки имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун  забони давлатӣ эътироф шудааст ва мо озодона метавонем дар мамлакати худ бо забони тоҷикӣ изҳори ақида намоем. Забон инъикосгари симои пурҷиллои миллат аст ва мо онро бояд ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз намоем.  Донистани забони гайр донистани воқеияти хаёти миллати дигар ва кулли дигаргуниҳои олам аст. Барои омухтани забони дигар мо бояд, пеш аз хама забони модарии хешро ба хубй донем. Озодона ҳамаи сохахои хаёти худро омухта аз худ намоем. Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон оид ба манзалати забони модарӣ чунин гуфта: «Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард». Аз ин рӯ бисёр мебояд ҷаҳд намуд, ки забони миллати хешро ба пуррагӣ аз худ кард. Дар қатори омӯхтани забони миллати хеш омӯхтани забонҳои дигар низ бе манфиат нахоҳад буд. Дар мавриди донистани забони гайр кас метавонад бе ягон душворӣ бо ин ё он забон гуфтугу намояд. Аз дарду доғ ва бурду бохти ин миллат чизе омӯзад. Аз таърихи двлатдории он миллат пурра бохабар гашта, фарҳангу маданияти онҳоро ба пуррагӣ омӯзад. Ё худ ҳангоми мусофират ё сафар ба монеаву душвориҳо рӯ ба рӯ нагардад. зеро аз уҳдаи мубодилаи тафаккур ба хуби баромада метавонад.
     Таъкид
ҳои пайдарпайи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки рӯ ба омӯзиши забонҳои хориҷи оварда, махсусан ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем.
Имрӯз
ҳо хушбахтона дар давлати мо дар донишгоҳҳои олӣ, мактабҳои миёнаву муассисаҳои илмии кишвар забонҳои гуногуни чаҳонӣ омӯхта мешавад. Аз қабили забонҳои русӣ, немисӣ, англисӣ, хитоӣ, ҳиндӣ, кореягӣ, узбекӣ, урдугӣ, арабӣ ва туркӣ. Ба давлатҳои хориҷа рафта, таҳсили илм мекунанд, соҳибмаьлумот мегарданд. Ин албатта, ба пешравии миллат ва рушди давлат таконе аст. Бузургон гуфтаанд: “Забон донӣҷаҳон донӣ”. Аз нуқтаи назари тиббӣ низ омӯхтани забонҳои хориҷӣ ҳам зеҳнро тезу бурро ва ҳам хотираро мустаҳкам мекунад. Дар айни замон Ҳукумати кишвар барои мо ҷавонон ва кулли сокинони Тоҷикистон тамоми шароитҳоро баҳри дуруст ва пурра омӯхтани забонҳои хориҷӣ муҳайё намудааст. Луғат, қомус, фарҳангҳои дузабона, фитаҳо ва дигар ҷанбаҳои ҷаҳонӣ чоп ва дастраси мардум аст. Квотаҳо барои дар хориҷӣ кишвар таҳсил намуданро ҷудо кардаанд. Лоиҳаҳо ҷиҳати васеъ кардани ҷаҳонбинӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон аз қабили барномаҳои Erasmus Plus, Global UGRAD, OneBeat, Susi, EFW, FSJ, AU pair, DAAD, Flex, Tech Girl, Фулбрайл, Лидерство женщин, Откритый Мир ва ғ. ҳастанд. Забономӯз метавонад аз курсҳои кӯтоҳмуддат, барномаҳои омӯзишӣ тавассути телефонҳои мобилӣ ва онлайн дарсҳо забон омӯзад.

     Хулоса, забон донистан  бузургӣ, сарбаландӣ ва мояи ифтихор аст, ки дар ҳама гуна лаҳзаҳои ҳаёт ёвару мададгору дилбардор аст. Сарбаланду боифтихор аст, фарде, ки донандаи чандин забон бошад.

Мутахассиси бахши таҳлилӣ 
ва омодасозии мутахассисон Шодиева Ҷамила

Вакти нашр: 2020-02-04 15:32:35    Хонданд: 183    Муфассал...

ВОХӮРӢ БО ФАЪОЛОНИ НАМОЯНДАГИИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки Мирзоев Носирҷон-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Нуров М.А. мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и  Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия бо гурӯҳи фаъолон аз ҳисоби намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80   вохӯрӣ доир гардид.

       Масъулин  дар  вохўрӣ  зимни баромади хеш ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани интихобот, корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба ҷавонон ва роҳбарони  гурӯҳҳо  корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дастуру супоришҳо доданд.

Вакти нашр: 2020-02-05 17:58:21    Хонданд: 228    Муфассал...

СУЛҲУ ВАҲДАТ ОМИЛИ АСОСИИ РУШДУ ПЕШРАФТ

       Мутобиқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Хизматрасон” соати сиёсӣ доир гардид.

         Дар он таъкид гардид, ки Сарвари давлат соли 2019 – ро боз як соли бобарор барои кишвар номида, ҳафт соли охир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар нишаст оид ба рушди самтҳои маориф, тандурустӣ, соҳаи иҷтимоӣ, сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва ғайра ибрози назар гардид. Наҷиб Азимов, раиси ташкилоти мазкур изҳор дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ қувваю неруҳое ҳастанд, ки амнияту суботи давлатҳоро мехоҳанд аз миён баранд. Аз ин рӯ бедории сиёсиро набояд аз даст дод. Сулҳу субот, амният беҳтарин гаронарзиштарин  неъмат буда, муҷиби рушду пешрафт аст.

Вакти нашр: 2020-02-06 08:31:45    Хонданд: 329    Муфассал...

АФЗОИШИ АҲОЛӢ ВА ДАРОЗУМРӢ БОЗГӮИ НЕКУАҲВОЛӢ ВА ДАСТОВАРД АСТ

       Дар ташкилоти ибтидоии «Сиҳатии омма» бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия тибқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе ва нақша – чорабинии  Кумитаи иҷроияи  ҳизбии ноҳия  ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъомад  доир гардид.

      Сафарзода Зуҳра-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар мавриди дастовардҳои соҳаи тандурустӣ, маориф, сайёҳӣ, энергетика ва ғайра ибрози андеша  намуда, таъкид кард, ки сатҳи камбизоатӣ ба 27,5, сатҳи муҳоҷирати меҳнати аз 1 миллиону 100 ҳазор ба  486  ҳазор  коҳиш ёфта, дарозумрӣ то ба 75 сол расида, фавт 2 баробар, фавти кӯдакони то 5 сола ба 3,5 баробар паст рафт.  Афзоиши аҳолӣ аз 5,5 то ба 9,5 миллион расид, ки ҳамаи ин нишона ва бозгӯи некуаҳволӣ ва дастовард аст.

Вакти нашр: 2020-02-06 11:56:07    Хонданд: 185    Муфассал...

НАҚШИ ПАЁМ ДАР ҲАЁТИ МАМЛАКАТ БУЗУРГ АСТ

Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ мутобиқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе ва нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Шаҳрсоз” вохўрӣ баргузор гардид.

Убайдулло Қурбонзода, муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ оид ба паҳлӯҳои гуногуни Паём ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки ин ҳуҷҷат ва ин рӯйдоди муҳими сиёсии кишвар дар ҳаёти мамлакат, рушду пешрафти он нақши муҳим дорад. Ҳар сол дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат Тоҷикистон як зинаи муайяни пешрафтро тай намуда, дорои дастоварде дар ин ё он самти афзалиятнок мегардад. Мавсуф роҷеъ ба рушди маориф, тандурустӣ, энергетика ва ғайра ибрози андеша намуд. Ҳамзамон, дар мавриди маъракаҳои сиёсии дарпешистода сухан кард.

Инчунин, Ҳусниддин Саидмуминзода ва Шодимурод Давлатов-муовинони Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дар самти сохтмон, риояи санъати меъмории миллӣ дар бунёди иншоотҳо, сифати иншооту масолеҳи сохтмонӣ ибрози андеша намуда, дар мавриди биноҳои бунёдшаванда низ афкори хешро баён доштанд.

Вакти нашр: 2020-02-06 14:12:49    Хонданд: 542    Муфассал...

ИНТИХОБОТ - 2020 ПАДИДАЕ, КИ ҶОМЕАРО БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ МЕРАСОНАД

      Дар замони муосир интихобот яке аз меъёрҳои асосие мебошад, ки тавассути он иштироки шаҳрвандон дар ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешавад. Мусаллам аст, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон соли 2020 соли хеле муҳиму арзишнок маҳсуб гардида, раванди баргузории маъракаҳои қарибулвуқўъ, мову шуморо барои гузариш ба як давраи сифатноки нави ҷомеа ворид менамояд.

      Дар тамоми давлатҳое, ки эъмори ҷомеаи демократиро пеш гирифтаанд, ҳуқуқи ба таври озод интихоб намудан ва интихоб шудан яке аз ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандони мамлакат ба шумор меравад. Тавре дар моддаи 27-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд”. Таҳлили таҷрибаҳои сиёсии давлатҳои ҷаҳон имкон медиҳад, ки навъҳои гуногуни интихобот аз ҳамдигар фарқ карда шаванд. Аз ин рў, дар ҷаҳони муосир чунин навъҳои интихоботро муайян намудаанд, ки онҳо аз ҳамдигар бо баъзе хусусиятҳои худ тафовути ҷиддӣ доранд: интихоботи президентӣ, интихоботи парлумонӣ, интихобот дар мақомоти худидораи маҳаллӣ, интихобот дар мушовараи қонунгузории субъэктҳои федератсия (масалан дар штатҳо, автаномияҳо, ҳудудҳои мухталифи маъмурӣ) ва интихобот дар муассисаҳо. Барои он ки низоми интихоботӣ ба таври самаранок амал намояд, он бояд бо меъёрҳои ҳуқуқӣ ва стандартҳои байналхалқие, ки аз ҷониби СММ ва як қатор ташкилотҳои байналхалқӣ қабул гардидааст, мувофиқат намояд.

      Масалан дар моддаи 21-уми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар гуфта шудааст, ки «Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад, ки бевосита ва ё ба воситаи намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, дар идораи корҳои кишвари худ ширкат намояд. Ҳар як инсон дар кишвари худ ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар дорад. Иродаи халқ бояд асоси ҳокимияти ҳукумат бошад, ин ирода бояд ба воситаи интихоботи давра ба давра ва бидуни сохтакорӣ…бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ ё тавассути шаклҳои дигари он, ки овоздиҳии озодонаро таъмин менамоянд, ба амал бароварда мешавад». Дар ин замина ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати нави интихоботи вакилони халқ 1-ум ва 27-марти соли равон доир гардида, ҳар шаҳрванди диёр мутобиқи орои худ метавонад мавқеашро муайян намояд. Бояд гуфт, ки интихобот яке аз меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ ба шумор рафта, дар он ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон таъмин карда мешавад.

      Ба ифодаи дигар, интихобот ҳалли мас­ъалаҳои дар ҷомеа бавуҷудомадаро ба таври осоишта ва бо усулҳои сиёсӣ бояд таъмин карда тавонад.

 Баргузор гардидани чунин чорабиниҳои афзалиятноки муайянкунанда, албатта, барои ҳар як шаҳванди диёр, махсусан он ҷавононе, ки бори аввал дар ин маъракаҳои сиёсӣ иштирок ва қисме аз онҳо ба сифати вакил пешбарӣ мегарданд, боиси таъкид ва зикри махсус мебошад. Зеро мутобиқи маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми аъзами вакилони пешбаринамуда ба Маҷлиси намояндагон ва вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҷавонони донишманди касбу кори гуногун ташкил медиҳанд, ки бо итминону сарфарозӣ метавон афзуд, ки чунин неруи тавонманд дар рушду пешрафи кишварамон нақши муассир гузоранд.  Бо тавзеҳи нуктаи мавриди назар ёдовар шудан бамаврид, ки таваҷҷуҳу эътимод ба неруи ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳиму асосие ба шумор меравад, ки Пешвои муаззами миллат ҳанўз аз давраи аввали соҳибистиқлолии кишвар ба он аҳамияти махсус зоҳир намуда, онро дар сархати пешбурди фаъолият қарор додааст. Албатта, имрўзҳо шаҳру навоҳии мамлакат, махсусан пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе бо насби шиору овеза ва лавҳаҳои таблиѓотӣ ба раванди баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд ва бо эътимоду сарфарозӣ метавон илова намуд, ки ҳар як шаҳрванди диёр метавонад дар асоси ҳуқуқи конститутсионии худ аз ин имконият ба таври самаранок истифода намояд.

       Воқеан ҳам, дар асоси Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳое қабул гардидаанд, ки раванди баргузории интихоботро ба таври муфассал дар худ фаро гирифтаанд. Аз ҷумла, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва дигар асноду қарорҳои танзимкунанда, ки барои таъмини ҳуқуқи озодиҳои шаҳрвандон равона шудаанд.  Дар маҷмўъ, интихобот василаи муҳиму арзишманди рушди ҷомеа ва кишвар буда, иштирок дар он иҷрои қарзи шаҳрвандӣ аст. Аз ин лиҳоз, тамоми сокинони кишвар, махсусан сокинони пойтахтро зарур аст, ки бо иштироки фаъолона дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ масъулияти шаҳрвандии худро иҷро намоянд ва дар рушди минбаъдаи давлату давлатдории миллиамон саҳмгузор бошанд.

Каримзода Ҳ. И., рўзноманигор

Вакти нашр: 2020-02-06 14:21:31    Хонданд: 208    Муфассал...

Вакти нашр: 2020-02-06 14:27:26    Хонданд: 156    Муфассал...

НЕРУИ ҶАВОНОН БОЯД СОЗАНДА БОШАД

Бо   ибтикори   Кумитаи   иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ тибқи барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе ва нақша-чорабинихои Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Презденти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии Ҳунаромӯз ҷамъомад доир гардид.

      Исматулло Расулов - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар мавриди нуктаҳои асосии Паём ибрози андеша намуда, роҷеъ ба самти ҷавонон, боварии Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат нисбати онҳо, бедорию ҳушёрии сиёсӣ, вазъи ногувори сиёсии ҷаҳон ибрози андеша намуд. Назархоҷа Наҷмуддинов, муовини директори муассисаи мазкур  роҷеъ ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, рушди соҳаи маориф, самти ҷавонон ва ғайра ибрози  сухан кард.
 
Вакти нашр: 2020-02-06 15:52:37    Хонданд: 360    Муфассал...

АКСИЯИ «ТОЗАГИИ СОҲИЛ»

        Субҳи имрӯз мутобиқи  нақша - чорабинии Ситоди пешазинтихоботии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо  кумитаҳои  иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои пойтахт бо иштироки кормандони масъули ҳизбии пойтахт ва  доираи  васеъи аъзои ҳизб аз кумитаву ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбӣ  баҳри тақвияти корҳои созандагию ободкорӣ бахшида ба  маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистода ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028   аксияи «Тозагии соҳил»-2020 доир карда шуд.   

       Мақсад аз баргузории аксияи мазкур  ин тозаю озода нигоҳ доштани соҳили дарёҳо, тоза кардани каналу ҷӯйбор аз партовҳо ва ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист,  дастгирӣ намудан аз иқдому  корҳои  созандагию ободонии роҳбарияти шаҳри Душанбе ва  баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ инчунин ба ин васила саҳмгузорӣ  дар тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони истиқлолият, одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе мебошад.

      Ҳамин тавр нимаи дуюми  рӯз  бо мақсади беҳдошти фазои экологӣ ва сарсабзию ободонии кишвари азизи соҳибистиқлоламон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор карда шуд, ки дар он  кормандони ҳизбӣ    ба хотири зебою озода кардани муҳити атроф дарахтони мевадиҳанда,  ороишӣ ва ҳамешасабзу сояафкан, шинонида  дар гулгулшукуфоии пойтахти  азизамон  шаҳри Душанбе   саҳми арзандаи хешро гузоштанд.

Вакти нашр: 2020-02-08 13:25:21    Хонданд: 352    Муфассал...

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

        Вохӯрии номзадҳо  ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ 1, Маҷлиси  вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 28  бо интихобкунандагон доир   гардид.

         Дар вохӯрӣ  Насриддинзода Эмомалӣ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ 1, номзадҳо аз ҳавзаи интихоботии шаҳрӣ 56 Каримова Мунира, Ёров Абдуҷаббор (худпешбар), номзадҳо аз ҳавзаҳои интихоботии №№3,4 ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ Ғуломзода Ҳабибулло ва Рустамов Фитрат,  Азизхӯҷа Азизов-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Сафаров Зариф- раиси Комиссияи интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ, Салимзода Ҷунайдулло ва Зуҳурова Заррина - аъзои Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ширкат намуданд.   Нахуст, шахсони боэътимод  номзадҳоро аз ҲХДТ муаррифӣ намуда, сипас номзадҳо барномаи пешазинтихоботии худро ба интихобкунандагон  шинос  намуданд.

      Зариф Сафаров баромада намуда, изҳор дошт, ки интихобот дар Тоҷикистон тантанаи арзишҳои демократӣ ва дунявият маҳсуб ёфта, ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд, ки аз ҳуқуқҳои конститутсионии хеш дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ-интихобот истифода намоянд, зеро ин амали мо шаҳрвандон ба хотири на танҳо шаффофияти ин маъракаи сиёсӣ, балки ба хотири ояндаи неку дурахшони худи мо ва насли мо мебошад.  

Вакти нашр: 2020-02-10 15:05:46    Хонданд: 327    Муфассал...

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Вохӯрии номзадҳо  ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ №1, Маҷлиси  вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28  бо интихобкунандагон доир   гардид.

         Дар вохӯрӣ  Насриддинзода Эмомалӣ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ 1, номзадҳо аз ҳавзаи интихоботии шаҳрӣ 56 Каримова Мунира, Ёров Абдуҷаббор (худпешбар), номзадҳо аз ҳавзаҳои интихоботии №№3,4 ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ Ғуломзода Ҳабибулло ва Рустамов Фитрат