МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

КОНФЕРЕНСИЯИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

Бо иштироки муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ А.А., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Раҳмонзода З.Ф., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф., раиси Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Сино - 4 Асозода М. ва вакилони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Конференсияи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир гардид.

 

       Дар он мутобиқи рўзномаи конференсия масъалаи  пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

      Нахуст Файзуллозода Заррина  маҷлисро оѓоз намуда, суханро ба муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ А.А. супорид. Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  сараввал  номзадро муаррифӣ намуда, махсусан қайд кард, ки маъракаҳои сиёсии дар пешистода ҳамаи моро водор месозад, ки дар ин рўзҳои бисёр ҳам барои миллат тақдирсоз, бо ҳисси баланди ватандорӣ дар ин маъракаҳо фаъолона иштирок намоем ва ба тарафдории номзадони арзанда овоз дода, бо ин роҳ дар интихоби вакили арзанда ва бо ин васила дар ободу зебо ва пешрафт намудани кишвари азизамон саҳми  босазои худро гузорем.

 

      Дар ин миён тавассути овоздиҳии пинҳонӣ вакилони Конференсия номзадии  Рустам  Шоҳмуродро  ҷонибдорӣ намуда,ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.

 

       Пас аз қабули қарорҳои дахлдор, ба кори Конференсия бо нигоҳ доштани ваколати вакилон танаффус эълон карда шуд.

 

 

  


Вакти нашр: 2020-01-06 13:53:42    Хонданд: 446    Муфассал...

КОНФЕРЕНСИЯИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

  

  

  4 январи соли равон Конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри  Душанбе бо иштироки Латифзода Асрор Қурбон - муовини Раиси ҲХДТ, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Эшонқулов Аъзамқул - раиси ҳавзавии интихоботии якмандатии Фирдавсӣ 1, Азизов Азизхӯҷа - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Файзуллозода Заррина - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино доир гардид.

 

     Дар он мутобиқи рўзнома масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фирдавсӣ 1 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Азизов А. конференсияро ҳ
усни оғоз бахшида, суханро ба Асрор Латифзода дод. Мавсуф номи номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  эълон намуда, шарҳи ҳол ва фаъолияти кории номзад аз ҲХДТ Эмомалӣ Насриддинзода Сайфиддинро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.  Асрор Латифзода изҳор дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шахсони соҳибэътибору соҳибэҳтироми ҷомеаро ба ҳайси вакилӣ пешбарӣ менамояд. Ҳизби пешсаф ва аксарият дорои неруи баланди зеҳнию маърифатӣ буда, мекӯшад аз ин ҳисоб дар мақомоти қонунгузор мавқеъ ва нуфузи ҳизбро баланд ва дар рушду пешрафти давлату мамлакат нақшу саҳми боризи хешро гузорад.   Сипас, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Насриддинзода Э. С. номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии Фирдавсӣ 1 аз ҷониби вакилони конференсия интихоб гардид.

 

 

 

  


Вакти нашр: 2020-01-06 14:19:02    Хонданд: 348    Муфассал...

КОНФЕРЕНСИЯИ ЯКҶОЯИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯҲОИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ВА СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

       Дар толори Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” Конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе доир гардид.
      Дар кори  он  Латифзода Асрор
Қурбон – муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ –Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Расулзода Насимҷон –Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ,   Шарипов Комилҷон Раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии 2, вакилони Конференсия ва инчунин намояндагони васоити ахбори оммаи давлативу  ҳизбӣ иштирок намуданд.

 

      Мутобиқи рўзномаи кори конференсия масъалаи пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи 2-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

        Расулзода Насимҷон вакилонро ба идомаи кори Конференсия ошно намуда, шарҳи ҳол ва фаъолияти кории номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Меликова Парвина Иноятуллоевнаро  Латифзода Асрор Қурбон  муаррифӣ намуда, изҳор дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шахсони ботаҷрибаи ҷомеаро ба ҳайси вакил пешбарӣ менамояд. Ҳизби пешсаф дорои неруи баланди зеҳнию маърифатӣ буда, мекӯшад то аз ҳисоби фаъолзанон ва кормандони соҳаи маориф дар мақомоти олии қонунгузори кишвар теъдоди чунин бонувони донишмандро зиёд намуд.

 

     Ҳамзамон, роҷеъ ба Барномаи ҲХДТ, нақшу саҳми ҳизби бонуфузи мамлакат дар пойдории сулҳу суботи сиёсӣ, рушду пешрафти мамлакат, ва ҳадафи Барномаи навбатии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, ки ба нафъи Тоҷикистони маҳбуб ва некуаҳволии мардуми кишвар нигаронида шудааст, ибрози андеша карда шуд.

 

     Сипас, тариқи овоздиҳии пинҳонӣ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии  Исмоили Сомонӣ 2 бо гирифтани  аксари овозҳои  вакилони Конференсия  пешбарӣ гардид.

 

      Пас аз қабули қарорҳои дахлдор, ба кори Конференсия бо нигоҳ доштани ваколати вакилон танаффус эълон карда шуд.

 

 

  


Вакти нашр: 2020-01-08 13:38:17    Хонданд: 612    Муфассал...

КОНФЕРЕНСИЯИ ЯКҶОЯИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯҲОИ ШОҲМАНСУР ВА ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 

         Конференсияи якҷояи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсӣ дар   Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. 

 

        Дар кори он  Фаттоҳзода Саидмурод Самад -  аъзои Раёсати КИМ ҲХДТ дар Ситоди марказии пешазинтихоботии ҲХДТ,  Раҳмонзода  Зоир Файзалӣ – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе,  Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Азизов Азизхўча – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Ҳакимов Фаридун - Раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии 3, вакилони Конференсия  ва  намояндагони  васоити  ахбори оммаи давлатву ҳизбӣ иштирок намуданд.

 

    Гулаҳмадзода Зулфиқор ба кори Конференсия  ҳусни оғоз бахшида,     шарҳи ҳол ва фаъолияти кории номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Обидов Фозил Саидовичро  Фаттоҳзода Саидмурод Самад ба ҳозирин муаррифӣ намуда,   қайд  намуд,  ки   мардуми шарифи кишварамон зери таасуроти неку фараҳбахши Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоят ва нишондодҳои дар Паём ироа гардида, кору фаъолият карда истодаанд. Илова ба ин аъзо ва ҷонибдорони ҳизбамон ҷиҳати иҷроиши саривақтии қарорҳои Анҷумани 13 ҲХДТ кору фаъолияти созанда карда истодаанд.

 

      Дар ин миён вакилон аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ суханронӣ намуда, номзадии Обидов Фозил Саидовичро ҷиҳати пешбарӣ гардидан ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дастгирӣ карданд.   

 

      Ҳамин тавр тариқи овоздиҳии пинҳонӣ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии   Шоҳмансур 3 бо гирифтани  аксари овозҳои  вакилони Конференсия  пешбарӣ гардид.

 

 

 

 

  


Вакти нашр: 2020-01-08 13:58:33    Хонданд: 446    Муфассал...

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ОИЛА”

 

Дар ташкилоти ибтидоии “Оила”  бо иштироки  масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  мизи мудаввар доир гардид.

 

      Дар он Ашурова Дилрабо-мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур зимни баромади хеш қайд кард, ки занону духтарон дар ҷомеаи имрўза нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳанд. Дар соҳаи кишоварзӣ низ саҳми занону духтарон бисёр арзишманд мебошад.  

 

 

  


Вакти нашр: 2020-01-10 13:36:53    Хонданд: 228    Муфассал...

ПАЁМ- ИФОДАГАРИ РУШДИ НЕРӮИ ИНСОНӢ

 

      Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нақлиёти махсус” ҷиҳати фаҳмондадиҳӣ ва шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ  доир гардид.

 

      Нуров М.А. – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино зимни баромади хеш зикр кард, ки соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи хафт фоиз таъмин гардида, маҷмўи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт. Дар ин давра ҳачми умумии даромади буҷет қариб ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард.

  


Вакти нашр: 2020-01-10 13:50:00    Хонданд: 216    Муфассал...

ҚУТБНАМОИ РУШДИ МАМЛАКАТ

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо назардошти муайян кардани самтҳои муҳими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳалли саривақтии мас­ъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳо ва таъкиди афзалиятҳои навин барои давраи миёнамуҳлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мегардад ва ё аз ҷониби дигар ироа гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ин мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди устувори миллӣ дар давоми як соли дигар мебошад.

 

Зикр намудан бамаврид аст, ки бо вуҷуди таъсири манфии равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва минтақа Ҳукумати мамлакат давоми як даҳсолаи охир аз тамоми сарчашмаҳои мавҷуда ба таври самаранок истифода карда, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти каммуникатсионӣ ва саноатикунии босуръати кишвар тадбирҳои муҳиму муайянеро ба иҷро расонид.

 

Зикр гардид, ки соли сипаришуда дар таърихи навини кишвар бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарору хотирмон сабт мегардад. Тавре маълум гардид, дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷети кишвар қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд. Тайи солҳои зикршуда бошад, даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард. Бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 фоиз зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафтааст.

 

Воқеан ҳам, дар ин замина, мову шумо набояд фаромўш созем, ки давоми бисту ҳашт соли давлатсозии миллӣ кишвари мо таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо шарофати заҳматҳои софдилонаи халқамон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Танҳо аз ибтидои солҳои 2000-ум Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаҳои нави рушд ворид шуда, пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогири ҳамаи бахшҳои муҳим ба таври воқеӣ ташаккул ёфтанд.

 

Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ рушди соҳибкории хурду миёна ва дар маҷмўъ, бахши хусусӣ дар ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ нақши муассир дорад. Дар ин замина, Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, заминаи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи самтҳои фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликия­ташон муҳиму арзишнок баҳогузорӣ карда, ҷорӣ гардидани чанде аз моратория ва сабукиҳои Ҳукумати мамлакатро давоми чанд соли охир боиси пешрафти махсуси бахши хусусӣ унвон намуд. Аз ҷумла, ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукӣ ҷорӣ карда шуданд.

 

Танҳо солҳои 2016-2018 маб­лағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин саҳми Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ мебошад. Илова бар ин, дар заминаи ислоҳоти татбиқнамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир шумораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор шаш баробар кам шудааст.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускору пешоҳанг таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои норасоии об мавқеи устувору мондагор дорад. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирии ташаббуси чаҳоруми Тоҷикистон дар кишварҳое, ки норасоии об дар онҳо зиёд аст, як силсила барномаҳоро амалӣ карда истодааст. Дар ин росто дар доираи «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» доир ба таъмин кардани аҳолии кишвар бо оби босифати ошомиданӣ як силсила корҳо ба анҷом расонида шуд.

 

Дар Паёми нав­батӣ бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18-сола, инчунин дигар гурўҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ дошта, ба онҳо дар асоси Қонун «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақаи иҷтимоӣ таъйин шудааст, пешниҳод гардид, ки аз 1-уми сентяб­ри соли 2020 нафақаи онҳо 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» муқаррар гардидааст, баробар карда шавад.

 

Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ супориш доданд, ки музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷўён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ то 10 фоиз зиёд карда шавад.

 

Бояд зикр намуд, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе давоми чанд соли охир мизбони як қатор чорабиниҳои сатҳи олӣ ва ба маркази баррасии масъалаҳои глобаливу минтақавӣ табдил ёфтааст. Ин нуктаро низ Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ бо баргузории Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он тақвияти тоза бахшида, ҷараёни раванди сифатноки корҳои муҳими бунёдкориву созандагиро, дар заминаи чунин чорабиниҳои байналмилалӣ боиси ибрат ва намунаи ҳамагон номид.

 

Рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии мо ба ҳисоб рафта, дар зарфи соли якуми эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омўзиши ҳунарҳои мардумӣ бомаром идома дорад. Вобаста ба ин Пешвои миллат дар соли 2020 ва солҳои минбаъда шароити инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳамаи мавзеъҳои сайёҳӣро боз ҳам зарур шуморида, бо мақсади ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон, пешниҳод намуданд, ки ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода шуда, муҳлати он то 60 рўз дароз карда шавад. Илова бар ин, бо мақсади соддагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, раводиди бисёркаратаи сесола дода шавад.

 

Мусаллам аст, ки соҳаи илму маориф дар сиёсати кунунии мамлакат дар сархати аввали иҷтимоӣ боқӣ мемонад, зеро дар марҳалаи навин пешрафти ин соҳа дар таҳкими пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ дорад. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат пешниҳод намуд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омўзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 ҳамчун «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд.

 

Ҳамзамон, зикр гардид, ки ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омўхтани забонҳои хориҷӣ кўшиш намуда, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа дода, баҳри баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд. Вобаста ба ин, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки минбаъд ҳар сол озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ..»-ро аз рўйи се самт: якум- миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм - таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм - дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд.

 

Ҳамчунин, Пешвои муаззами миллат ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омўзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намоянд. Илова бар ин, таъкид гардид, ки мо бояд ба таҷдиди инфрасохтор, таҳкими пояҳои моддиву техникӣ ба раванди ташаккули эҷодиёти халқ, истифодаи самарабахши неруи фарҳангӣ ва маънавии миллат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Дар робита ба ин, пешниҳод гардид, ки таҳти сарпарастии Президенти мамлакат озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ҳар сол баргузор карда шавад.

 

Вобаста ба ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандўстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва дар ин рўҳия тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сох­тору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад. Бо назардошти аҳамияти ин масъала Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки дар давоми даҳ соли оянда дар ҳар як деҳа ва маҳалҳои аҳолиашон аз 100 хоҷагӣ зиёд як муассисаи томактабӣ, як толор ва як майдони варзишӣ бунёд карда, ба оммавӣ шудани варзиш ва солимгардонии аҳолӣ мусоидат намоянд.

 

Аз назари мазмун ва муҳтавои умумӣ, Паёми имсолаи Пешвои миллатро метавон ба як қатор бахшҳои муҳиму асосӣ тақсимбандӣ намуд, ки ҳар яке аз онҳо барои рушди устувору таъмини зиндагии сазовори мардум аз ҷумла, таҳлили равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва тафсири ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир, натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии кишвар, масъалаҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ, дастовард ва дурнамои сиёсати иҷтимоии кишвар, масъалаҳои таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити ҷаҳони муосир, воридшавии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд ва вазифаҳо барои оянда, дастуру ҳидоятҳои созанда ба корҳои ободониву созандагӣ ва ба ин васила муаррифии кишвар ҳамчун миллати бофарҳангу соҳибтамаддун, инчунин, омодагиҳо ба маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода - интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аҳамияти муайянкунанда дорад.

 

Дар баробари ин, Президент мамлакат ҳангоми дахл ба мас­ъалаҳои мавҷуда, ҳамчунин ба мавзўоти ҷавонон, қонун, ҷомеа ва ҳуқуқ, мубориза ба муқобили маводи мухаддир, коррупсия, қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, Қувваҳои мусаллаҳ, сарҳад, қазияи Афғонистон ва муносибатҳои байналмилалӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, татбиқу иҷрои онҳоро дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир аз ҳар як шаҳрванди диёр муҳиму аввалиндараҷа арзёбӣ намуд.

 

Воқеан ҳам, Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бори дигар дидгоҳи мардумсолорӣ ва сиёсати инсонмеҳварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ифода намуда, бо итминони комил метавон илова намуд, ки ташкилотҳои ҳизбии пойтахт низ дар нақшаи чорабиниҳои худ барои соли 2020 шарҳу тавзеҳи Паё­ми навбатии Пешвои муаззами миллатро ба таври васеъ ба роҳ монда, истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги умумиллиамон - 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мардуми шарафманду сарбаланди моро ба сўйи арзишмандтарин хостаҳои миллию зиндагии шоиста раҳнамун месозад.

 

Зоир РАҲМОНЗОДА,

 

н. и. и., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

 

дар шаҳри Душанбе

  


Вакти нашр: 2020-01-10 16:32:35    Хонданд: 255    Муфассал...

ПАЁМ - БАРНОМАИ АМАЛ

 

Дар ташкилоти ибтидоии “Дандонпизишки кӯдакона” бо иштироки   Вализода Муҳаммад – мудири шуъбаи таблиѓот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати сиёсї доир гардид.

 

       Дар он қайд карда шуд, ки  ҳамасола  дар   остонаи  соли нави мелодї Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Ироа шудани Паём аз тарафи Роҳбари давлати Тоҷикистон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян гаштани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакати мо, дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик аст. 

 

      Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ Ҳукумати кишвар диққати махсус дода, тайи як сол садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббиро бунёд ва мавриди истифода қарор доданд.  Махсусан, дар деҳоти кишвар сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд. Маблағгузории соҳа низ афзоиш дода шуд.

  


Вакти нашр: 2020-01-15 11:02:46    Хонданд: 383    Муфассал...

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР: САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТ ЗАРФИЯТИ СОДИРОТИИ КИШВАРРО ТАҚВИЯТ МЕДИҲАД

 

        Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ташкилоти ибтидоии  “Талко менеҷмент”  вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҷамъомад  доир гардид. 

 

        Дар Изатуллои Ҳабибзод – муовин, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баромад намуда,  қайд кард, ки дар Паёми соли гузашта саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар эълон гашта буд, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад. Аз ҷумла истеҳсоли нерӯи барқ ба зиёда аз 20 миллиард киловатт расид. Бо дастгирӣ ва созандагии мардуми шарифи кишвар ду агрегати Неругоҳи барқи обии "Роғун" ба истифода дода шуд. Инчунин, Пешвои муаззами миллат ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд барои корҳои ободонии то имрӯз амаликардаашон дар самти созандагию бунёдкории кишвари азизамон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

 

 

  


Вакти нашр: 2020-01-15 11:12:16    Хонданд: 423    Муфассал...

ПАЁМ – РАҲНАМОИ ҶАВОНОН

        Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №82 - ноҳияи Сино бо иштироки Нуров Маҳмадназар-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва гуруҳи таблиғотӣ аз ҳисоби ҷавонон дар назди Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии  Паёми   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ  доир гардид.

      Дар  он қайд карда шуд, ки ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсолон, нерўи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад. Имрўз дар кишвар 10 ҳазор иншооти варзиш фаъолият дошта, тайи солҳои 2011-2018 қариб 2200 иншооти соҳаи варзиш бунёд ва 1059 иншоот таъмиру таҷдид гардидааст.

  


Вакти нашр: 2020-01-15 14:05:20    Хонданд: 219    Муфассал...

ПАЁМ – ДУРНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

 

Паёми   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ ва ба халқи шарифи Тоҷикистон ироа мегардад, раҳнамову раҳбари мо, роҳкушову қутбнамои мо гаштааст. Бо матраҳ намудани масъалаҳои гуногунҷанбаи соҳаҳои кишвар Президенти мамлакат соли тақвимиро натиҷагирӣ карда, дурнамои давлату Ҳукуматро ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Паём чун барномаи мукаммали кории тамоми сохторҳои давлатӣ, умуман мардуми Тоҷикистон буда, дар он дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат зикр мегардад ва тамоми ниҳодҳо онро сармашқи кори худ қарор медиҳанд.

 

Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26.12.2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, аз Паёмҳои солҳои қаблӣ бо якчанд хусусияти худ фарқ мекард. Яке аз ин хусусиятҳо, аз нигоҳи мо, он буд, ки Пешвои миллат бо овардани мисолу намунаҳои 7 соли охир, пеш аз ҳама аз амалишавӣ ва татбиқи барномаи президентии худ (2013) изҳори қаноатмандӣ намуданд. Вале ба мардуми шарифи Тоҷикистон дар ин росто ҳеҷ гуна ҳисоботу гузориш лозим нест, зеро бо чашми сар дида истодаанд, ки Тоҷикистон дар зарфи 7 сол чи ки, ҳар рӯзаш аз дирӯзаш фарқ дорад ва бешак ба кишвари рӯбатараққӣ мубаддал гашта истодааст.

 

Дигар хусияти фарқкунандда он буд, ки аз Паёми имсола оҳанги қаноатмандӣ, миннатпазирӣ, самимияти хоса хуб ҳис гардида, дар баробари баррасии масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодии мамлакат оид ба рушди соҳаҳои мустақил, бартараф намудани мушкилиҳову камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳо дода шуда, бо изҳори қаноатмандӣ, ризоият, миннатпазирӣ, самимияти хоса Президенти кишвар бо суханони нек дар се маврид ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, хусусан соҳибкорони бонангу номуси миллат, ки дар пешрафту гулгулшукуфоии кишвар ва татбиқи ҳадафу вазифаҳои давлат саҳми арзанда доранд, изҳори миннатдорӣ намуд: «Бо истифода аз фурсат, ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд барои корҳои ободонии то имрӯз амаликардаашон бори дигар изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям». Ин муносибати самимона дуҷониба аст: мардум ба Пешвои муаззами худ ва Президент ба мардуми шарифи Тоҷикистон.

 

Дигар нуктае, ки Президенти кишвар дар Паёми имсола таваҷҷуҳи бештар зоҳир карданд, беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум буд. Воқеан ҳам, Тоҷикистон ва мардуми он ба орзуву ҳавас ва ормонҳои садсолаҳо дар дил ниҳонбудаи хеш расиданд – Истиқлолият ба даст оварданд. Мутаассифона, дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар пеш будааст: Ватани азизи мо дар хоку хун оғушта буд, мардум бо сад умед хитоб мекарданд, ки боз дар лаби халқи тоҷик ханда ҳувайдо мегашта бошад, оё дар ин кишвари мотамзада боз шодиву нишот ва базму тараб мешуда бошад?! Ин ормони мардумро шоири хушкалом, шодравон Ашӯр Сафар тасвири бадеӣ бахшидааст:

 

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,

 

Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад.

 

Муҷиби шукрҳост, ки ба бахти мо мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зиндагонии мо тулӯъ кард: бо масоҳати бисёр азими пиндору назар, бо маърифати вусъатманде, ки фарогири қарнҳову замонҳост. Мардуми тоҷик ба ҳама он умеду орзу, мақсаду ормонҳои дили худ таҳти роҳбарии ин марди шуҷоъ ва диловар расиданд, соҳиби арзишҳои миллӣ, Ватани ободу зебо гардиданд ва ханда ба лаб дарфазои сулҳу субот базму тараб менамоян. Ва ҳамакнун месазад, ки ибораи «Фотеҳи қуллаи ормонҳои миллат»-ро барои хизматҳои шоёни ин абармарди сиёсат дар самти давлатсозии миллӣ таъбир кард. Дар навбати худ, ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки дастовардҳои дар даврони соҳибистиқлолӣ бадастомада, хусусан сулҳу ваҳдатро ҳифзу гиромӣ дорад ва дар пайравӣ ба Пешвои муаззами худ пайи ободкории Ватани аҷдодии хеш бошад. Ин аст, ки Пешвои муътабари миллат дар ҳар як суханронии худ масъалаи сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдати миллиро дар мадди аввал гузошта, пайваста таъкид менамоянд, ки ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як сокини кишвар мебошад.

 

Пешвои муаззами миллат дар сиёсати худ маорифро, ки яке аз рукнҳои меҳварии давлатдории миллӣ ва яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад, дар ҷои аввал гузоштаанд. Ин аст, ки муносибати хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба соҳаи маориф аз Паёмҳои эшон, ки дар ҷамъбасти ҳар сол ба Маҷлиси Олӣ ва ба халқи шарифи Тоҷикистон ироа мегардад, метавон мушоҳида кард.

 

Паёми имсола, ки бештар ба соҳаи маориф ва маънавиёту иҷтимоиёти аҳолии кишвар бахшида шуда буд, дар назди аҳли маориф вазифа гузошт, то ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар дода,  ҷиҳати тақвият бахшидани қобилияти эҷодии наврасону ҷавонон, дар замири онҳо бедор кардани меҳри китобдӯстӣ ва мутолиаи асарҳои бадеиву илмӣ чораҳои амалию зарурӣ андешанд: «…Назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».

 

Ба андешаи мо таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бесабаб нест ва ҳатман самараи неке ба бор хоҳад овард, зеро бо гузашти вақт исбот шудааст, ки ҳар як ташаббус ва ибтикори дурандешонаи эшон тасмими оқилона будааст.  Дар ин самт Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар соли 1997 роҳандозӣ гардид ва даҳҳо ҳазор духтарону писаронро соҳиби касбу ҳунар намуд, далели шоеъ буда метавонад.

 

Бо эҳтимом ва ибтикороти дурандешонаи навбатии Президент солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шуд: «Пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад». Воқеан ҳам, ба андешаи мо, ин се илм дар Тоҷикистони кунунӣ то ҷое, ки дил мехоҳад, рушд накардаанд ва ин ташаббуси Пешвои миллат ба рушди ин соҳаҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

 

Яке аз масъалаҳои мубрами соҳаи маориф, ки дар Паём мавриди зикри хоса қарор гирифт, ин баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён ва ҳамзамон тарбияи онҳо буд, ки бо якдигар пайванди ногусастанӣ доранд. Таъкид гардид, ки «Роҳбарону масъулони соҳаро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, барои амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд». Дар воқеъ, Консепсияи мазкур санади муҳиму меъёрии асосии самти тарбия буда, муқарраркунандаи тарбияи маънавию ахлоқӣ, ғоявӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, ватанпрастӣ , маърифатӣ, ҳуқуқӣ, гуманистӣ, зебоипарстӣ, экологӣ ва ғайра мебошад.

 

Маврид ба зикр аст, ки рушди соҳаи маорифро бе китоб ва нашри маводи таълимии босифат наметавон тасаввур кард. Дар ин самт маҳз бо ташаббус ва дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни таҳриккунандаи «Фурӯғи субҳи доноӣ…», ки дар соли 2019 эълон ва аз ҷониби тамоми қишри ҷомеа истиқболи самимӣ пайдо намуд, қадами муҳим буд. Ин озмун мавқеи китобу мутолиа, аз бар намудани осори манзуму мансурро дар ҷомеа баланд бардошт ва бори дигар собит кард, ки халқи тоҷик халқи китобдор ва китобхон мебошад. Ин озмун, ки бо Амри Президенти кишвар дар соли 2019 баргузор гардид, аз ҷониби Президент дар Паёми навинашон таҳлили ҳамаҷониба ёфта, оид ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта маслиҳату дастурҳои мушаххас низ дода шуд ва баргузории он ҳамасола ба нақша гирифта шуд: «Вобаста ба ин, ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...”-ро баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад. Яъне Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки минбаъд ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...”-ро аз рӯи се самт: якум-миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм - таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм - дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд».

 

Лозим ба зикр аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолият тамоми соҳаҳо рӯ ба тараққӣ, рушд ва таҷдид овардаанд. Аммо баъзе аз бахш ва самтҳое, ҳастанд, ки то имрӯз таконеро интизор ҳастанд, махсусан соҳаи китобдорӣ ва фаъолияти китобхонаҳо, ба вижа дар маҳал таҳавулотро талаб менамоянд. Президенти кишвар ба ин масъала бо эълон намудани озмуни ҳамасолаи «Фурӯғи субҳи доноӣ...» қадами аввал ниҳод, ки итминони комил дорем дар фурсатҳои камтарин масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта ҳалли худро хоҳанд ёфт, зеро дастур дода шуд, ки «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».

 

Таъбири «бузургонро бузургон зинда медоранд»-ро метавон дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нек мушоҳида кард. Зеро маҳз бо таваҷҷуҳи хосаи ӯ мо оид ба ҳуввияти миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, муқаддасот ва Ватани азизамон Тоҷикистон огоҳии комил пайдо намудаем. Дар тамоми Паёмҳо, суханронӣ ва вохӯриҳои худ Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки ба фарҳанги миллӣ арҷ гузошта, дар шароити ҷаҳонишавӣ нагузорем, ки унсурҳои бегона ба мо таъсир гузорад. Роҳи асосиро дар ин росто Пешвои миллат рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш медонанд. Бо ҳамин мақсад дастур доданд, ки шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”-ро чун армуғон аз гузаштаи пурифтихори миллат ба ҳар як хонавода туҳфа намоянд: «Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем. Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд». Ин иқдом кори хайр ва аз тасмимҳои дигари оқилонаи ин марди фозил ба ҳисоб рафта, дар масири сиёсату давлатдорӣ собиқа надорад.

 

Хушбахтона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи шаҳрвандӣ ва љаҳонї буда, ҳамзамон оид ба самтҳои ҷудогонаи сиёсати кишвар муносибати махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, дар самти тозагии забони тоҷикӣ, таҳқиқи таърихи забон, шахсиятҳои таърихию адабӣ, марҳилаҳои рушди кишвар ва ғайра пажӯҳишҳои арзишманде низ анҷом додаанд, ки намунаи барҷастаи он китоби “Забон-ҳастии миллат” буда метавонад. Дар пайғоми навинашон низ Президенти кишвар бори дигар оид ба мақоми забони тоҷикӣ ва моҳияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ёдрас шуданд: “Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем. Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем”. Таъкид доштанд, ки тамоюли густариши “омӯзиши забонҳои хориҷиро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардонидани ҷомеа” бояд тақвият бахшид.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар ироаи Паёми худ, ба масъалаи нақши занон дар ҷомеа низ изҳори андеша намуда, зикр карданд, ки айни замон, шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоизро ташкил медиҳад ва ба тамоми ниҳодҳо дастур доданд, ки  ҷиҳати амалӣ гардондани Фармони Президент доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои роҳбарӣ ҷалб намоянд.

 

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар низоми сиёсии давлатдорӣ ҳуҷҷати расмӣ ва роҳнамоест дар раванди рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон, ки тамоми ниҳодҳо дар амалӣ намудани дастуру супориш ва ҳидоятҳои дар он зикршуда муаззаф буда, баҳри рӯ ба тараққӣ ниҳодани Тоҷикистони азиз саҳми бориз мегузоранд.

 

Бобоалиева З. П. , Зокирзода М. –  аъзои фаъоли ҲХДТ

 

 

  


Вакти нашр: 2020-01-21 11:22:42    Хонданд: 232    Муфассал...

БАРРАСИИ ПАЁМ АЗ ҶОНИБИ ЗАНОНУ БОНУВОН

 

      21-уми январи соли ҷорӣ дар дар Коллеҷи кӯҳии ба номи Соро Юсупова бо иштироки Заррина Зуҳурова-мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Сафарзода Зуҳра-мудири шуъбаи таблиѓот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Ҷамила Ғаффорова-мудири шуъбаи кор бо занони ДДТТ, Шаҳло Сироҷова-директори Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе, Зуҳро Кузибоева-мудири шуъбаи кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва дигар мудирони шуъбаҳои кор бо занони муассисаҳои олӣ, коллеҷу литсейҳои ҳудуди ноҳия  ҷиҳати  шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  вохўрӣ  доир гардид.

 

      Заррина Зуҳурова дар мавриди нуктаҳои асосии Паём ибрози андеша намуда, ҳамзамон оид ба нақши зан дар ҷомеа, дастгирии ва таваҷҷуҳ ба занон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Сарвари давлат, истифодаи мақсадноки интернет, вазъи ногувори сиёсии ҷаҳон, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи фарҳанги миллӣ ибрози андеша намуд. Дигар иштирокчиён низ роҷеъ ба Паём, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар самти маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, бунёди роҳҳо, энергетика ибрози андеша намуда, ҷиҳати ҳифзи фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ба ҳушёрию бедории сиёсӣ даъват намуданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафта, нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар, аз ҷумла фавти кӯдакони синни то панҷсола 3,2 баробар кам шуд. Аҳолии Тоҷикистон аз панҷуним миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расид, ки ин нишонаи беҳтар гардидани некуаҳволӣ ва сатҳи зиндагии мардум аст.

  


Вакти нашр: 2020-01-21 15:22:29    Хонданд: 369    Муфассал...

НОМЗАДИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ПЕШБАРӢ ГАРДИД

 

22-юми январ дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Конференсияи ХХIХ ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир шуд, ки дар он номзадии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҳавзаи интихоботии №25 ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ гардид.

 

Дар он раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Холиқов, раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи И. Сомонӣ Хоҷӣ Қаюмов, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи И. Сомонӣ Насимҷон Расулзода ва вакилон аз кумитаю ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.

 

Вакилони конференсия масъалаҳои пешбарии номзадҳо ба вакилии маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрӣ ва ноҳиявиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

 Дар ин миён, тариқи овоздиҳии кушода номзадҳои арзанда ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешбарӣ гардиданд.

 

Дар охир Зоир Раҳмонзода иброз дошт, ки номзадҳои ҳизби моро зарур аст, дар асоси Барномаи пешазинтихоботии ҳизб бояд барномаҳои номзад ба вакилии маҷлисҳои маҳаллиро мутобиқ ба шароит, имконият ва хусусиятҳои маҳалҳои Тоҷикистон таҳия ва омода карда, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзанд.

 

 Ҳамзамон, 22-юми январи соли 2020 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 Конференсияи ХХХ ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.

 

Дар он раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Холиқов, раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Асҳобиддини Шералӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода ва вакилон аз кумитаю ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.

 

Дар конференсия ду масъала - пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ гардид.

 

Ҳамин тавр, тариқи овоздиҳии кушода номзадҳои арзанда ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур пешбарӣ гардиданд.

 

Дар охир Зоир Раҳмонзода номзадҳои пешбаришударо ба вакилии маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ таҳният гуфта, ба онҳо барои пирӯзӣ дар маъракаи интихобот комёбӣ орзу кард.

 

 

  


Вакти нашр: 2020-01-22 19:30:47    Хонданд: 487    Муфассал...

КОНФЕРЕНСИЯИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯҲОИ СИНО ВА ФИРДАВСӢ

 

23-юми январ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101-и ноҳияи Сино Конференсияи ташкилотҳои Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Сино доир шуд.

 

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Холиқов, раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино Одилова З.Т. раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Сино Файзуллозода Заррина ва вакилон аз кумитаю ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.

 

Вакилони конференсия масъалаҳои пешбарии номзадҳо ба вакилии маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрӣ ва ноҳиявиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

 Дар ин миён, тариқи овоздиҳии кушода номзадҳои арзанда ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино пешбарӣ гардиданд.

 

Дар охир Зоир Раҳмонзода иброз дошт, ки номзадҳои ҳизби моро зарур аст, дар асоси Барномаи пешазинтихоботии ҳизб бояд барномаҳои номзад ба вакилии маҷлисҳои маҳаллиро мутобиқ ба шароит, имконият ва хусусиятҳои маҳалҳои Тоҷикистон таҳия ва омода карда, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзанд.

 

 

 

Ҳамзамон, 23-юми январи соли 2020 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Конференсияи ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи  Фирдавсӣ баргузор гардид.

 

Дар он раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, раиси Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Абдулло Холиқов, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Азизов Азизхўча, раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ Шарифов З., ва вакилон аз кумитаю ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.

 

Дар конференсия ду масъала - пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи  Фирдавсӣ баррасӣ гардид.

 

Ҳамин тавр, тариқи овоздиҳии кушода номзадҳои арзанда ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи  Фирдавсӣ пешбарӣ гардиданд.

 

Дар охир Зоир Раҳмонзода номзадҳои пешбаришударо ба вакилии маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ таҳният гуфта, ба онҳо барои пирўзӣ дар маъракаи интихобот комёбӣ орзу ва муваффақият таманно намуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

  


Вакти нашр: 2020-01-23 18:16:12    Хонданд: 392    Муфассал...

МАСЪУЛИЯТИ ПУРШАРАФ МУБОРАК!

 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба аъзоёни фаъоли Кумитаи шаҳрии ҳизб Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ – Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Салимзода Амонулло Файзулло - Вазири кишоварзии Ҷум