МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

КУРСИ ОМӮЗИШӢ ТАҲТИ УНВОНИ "САРВАРИРО МЕОМУЗЕМ"

       Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Қаҳвахонаи “Чатр”- и маҳаллаи Фирдавсӣ даври сеюми курси омӯзишӣ таҳти унвони “Сарвариро меомӯзем” бо ҷалби бонувони соҳибтаҷриба ва лаёқатмандони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ  доир гардид.      

      Дар  он  Зуҳурова Заррина – мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Шарипова Лайло – иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ибрагимова Анзурат – Раиси маҳаллаи «Фирдавсӣ”  иштирок намуданд.   Шарипова Лайло сухани ифтитоҳӣ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.   Сипас,  Зуҳурова Заррина  зимни баромади худ қайд намуданд, ки ҳадаф аз баргузории курси омӯзишии мазкур таҷрибаи бонувони фаъол, тарбия ва ба камол расонидани ҷавондухтарон дар руҳияи ватандўстӣ, илму ҳунаромӯзӣ, огоҳ намудани онҳо аз санадҳои меъёри ҳуқуқии марбут ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ба ин восита омода намудани онҳо барои вазифаҳои роҳбарӣ мебошад. Мавсуф қайд намуд, ки имрӯз занон дар масъалаҳои пуртазоди ҷомеаи ҷаҳонӣ, зиракии ҳамешагӣ, фаъоливу дурандешагӣ, меҳанпарасту ҳифзи арзишҳои миллӣ ва идеологияи ягонаи миллӣ ҷойи махсусро зам намудаанд.  Дар ин миён Раиси маҳаллаи Фирдавсӣ Ибрагимова Анзурат баромад намуда, нисбати нақши зан дар ҷомеа суханронӣ намуд.


Вакти нашр: 2019-11-01 14:48:11    Хонданд: 59    Муфассал...

КОНФЕРЕНСИЯИ III ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТИИ КИИ “ВОРИСОНИ СИНО” ДОИР ГАРДИД

       Бо иштироки Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲизбиХалқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, Бобохонзода Исмат – Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Ворисони Сино” Конференсияи III ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Ворисони Сино” баргузор гардид.

    Нахуст, ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Ворисони Сино” оид ба фаъолияти кумита дар дувуним соли охир шунида шуд.
Ҳамчунин, раис, муовин, котиб ва аъзоёни кумитаи иҷроияи ибтидоӣ интихоб гардиданд.

    Сипас,  Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз санаи 27-уми сентябри соли 2019 баргузор гардида буд, андешаронӣ кард. Дар идома мавсуф роҷеъ ба фаъолияти кории натиҷабахши Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Ворисони Сино”, дастовардҳои даврони истиқлолият, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ба истифода додани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” ва ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани маъракаҳои муҳими сиёсӣ ибрози андеша намуд. Бо қарори Конференсия вакилон аз Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Ворисони Сино” ҷиҳати иштирок дар Конференсияи XXIX ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур интихоб гардиданд.
Дар интиҳо аъзоёни фаъоли Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Ворисони Сино” бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ гардида, ба як қатор аъзоёни нав, ки дар асоси аризаи шахсиашон иродаи сиёсиашонро муайян намуда, ба узви ҲХДТ пайвастаанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.  


Вакти нашр: 2019-11-01 14:57:33    Хонданд: 52    Муфассал...

Конференсияи II ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои КИИ «Хирадмандон»

      Конференсияи II ҳисоботӣ – интихоботии ташкилотҳои Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» баргузор гардид, ки дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Дилбар Абдураҳимова ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода иштирок намуданд.

    Аз рўйи масъалаи якуми кори Конференсия ҳисоботи Кумитаи иҷро­ияи ибтидоии «Хирадмандон» дар дуюним сол шунида шуд. Зикр гардид, ки айни ҳол КИИ 365 нафар аъзо дорад, ки аз он 130 нафараш занон мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ 870 нафар корманди фаъол ба сафи ҲХДТ пазируфта шуд.

    Дар музокира вакил аз ташкилоти ибтидоии «Рушди устувор» Зайналобуддин Кобулиев, вакил аз ташкилоти ибтидоии «Меросдор» Ҷўрабек Назрӣ ва вакил аз ташкилоти ибтидоии «Зилзиласанҷ» Пулод Аминзода баромад карда, ҳисоботи кумитаро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобиданд.

    Аз рўйи масъалаи дуюм раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода суханронӣ кард. Дар ин миён, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Дилбар Абдураҳимова оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳта­рам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ (27.09.2019) ба фаъо­лони ҳизб баромад карда, дар маҷмўъ, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон»-ро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобид.

   Дар фарҷом ба фаъолони ҳизб Ифтихорнома, Сипоснома ва шаҳо­датномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 


Вакти нашр: 2019-11-01 16:10:41    Хонданд: 49    Муфассал...

КОНФЕРЕНСИЯИ XXIX ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

      Конференсияи XXIX ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Исмоили Сомонӣ бо иштироки  Бобоҷониён Рано Маҳмудзода -  муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳакимҷон Шарифзода – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо,  Раҳмонзода  Зоир  Файзалӣ - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Самӣ Шариф Ҳамид-раиси ноҳияи  Исмоили Сомонӣ,  Расулзода Насимҷон-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Исмоили Сомонӣ ва вакилони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи  Исмоили Сомонӣ  доир гардид.

      Қабл аз баргузории Конференсия намоиши дастовардҳои кумитаву ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбии ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуд, ки меҳмонону вакилони Конференсия аз он дидан намуданд.

      Тибқи рӯзномаи Конференсия,  нахуст ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Исмоили Сомонии  шаҳри Душанбе «Оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия аз моҳи июли соли 2017 то моҳи октябри соли 2019 ва вазифаҳои минбаъдаи он оид ба татбиқи барномаҳои ҲХДТ дар ноҳия» аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи   Исмоили Сомонӣ  Расулзода Насимҷон ироа гардид. Сипас, ҳисоботи Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи  Исмоили Сомонии  шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти молиявии  он дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд. Вакилон, аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи Конференсия, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи   Исмоили Сомонии  шаҳри Душанберо дар ҳайати  37  нафар интихоб намуданд.

      Ҳамзамон, аз ҷониби вакилони Конференсияи XXIX ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҳизбӣ, доир ба интихоби аъзои нави Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи   Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ҳайати 3 нафар, қарори дахлдор қабул гардид. Дар ин миён ба Конференсияи   XVIII ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, аз ҷониби вакилони Конференсия,   102  нафар вакил барои иштирок пешбарӣ гардиданд.
     Дар фарҷоми Конференсия, як қатор аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи барномаҳои ҳизб саҳми назаррас гузоштаанд, бо Ифтихорнома, Сипосномаи   мақомоти болоии ҳизбӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон, баъд аз баргузории  Конференсия,  Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Исмоили Сомонии  шаҳри Душанбе аз рӯи як масъала, оид ба интихоби аъзои нави Раёсати Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи   Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  доир гардид. Аз рӯи масъалаи мазкур, аъзои Кумитаи иҷроия 13 нафарро   ба ҳайси аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи   Исмоили Сомонӣ интихоб намуданд.

 

 

 

 


Вакти нашр: 2019-11-01 16:18:44    Хонданд: 104    Муфассал...

КОНФЕРЕНСИЯИ XXIX ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

        Бо иштироки   Хонов Абдураҳмон Умарович -   роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  Раҳмонзода  Зоир  Файзалӣ - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе,  Билол Иброҳим-раиси ноҳияи   Шоҳмансур,   Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи   Шоҳмансур. Марҳабо Ҷабборӣ-собиқадори ҲХДТ ва вакилони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия Конференсияи XXIX ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи   Шоҳмансур доир гардид.

        Қабл аз баргузории Конференсия намоиши дастовардҳои кумитаву ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбии ноҳия ба маърази тамошо гузошта шуд, ки меҳмонону вакилони Конференсия аз он дидан намуданд.

       Мутобиқи рӯзномаи Конференсия, нахуст ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи   Шоҳмансур шаҳри Душанбе «Оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия аз моҳи июли соли 2017 то моҳи октябри соли 2019 ва вазифаҳои минбаъдаи он оид ба татбиқи барномаҳои ҲХДТ дар ноҳия» аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи    Шоҳмансур  Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад  ироа гардид. Сипас, ҳисоботи Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури  шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти молиявии  он дар давраи ҳисоботӣ шунида шуд. Вакилон, аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи Конференсия, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи    Шоҳмансури  шаҳри Душанберо дар ҳайати  43  нафар интихоб намуданд.

      Ҳамзамон, аз ҷониби вакилони Конференсияи XXIX ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҳизбӣ, доир ба интихоби аъзои нави Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар ҳайати 3 нафар, қарори дахлдор қабул гардид. Дар ин миён ба Конференсияи   XVIII ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, аз ҷониби вакилони Конференсия,   101  нафар вакил барои иштирок пешбарӣ гардиданд.
     Дар фарҷоми Конференсия, як қатор аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи барномаҳои ҳизб саҳми назаррас гузоштаанд, бо Ифтихорнома, Сипосномаи   мақомоти болоии ҳизбӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон, баъд аз баргузории  Конференсия,  Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи   Шоҳмансури  шаҳри Душанбе аз рӯи як масъала, оид ба интихоби аъзои нави Раёсати Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи    Шоҳмансури шаҳри Душанбе  доир гардид. Аз рӯи масъалаи мазкур, аъзои Кумитаи иҷроия 13 нафарро   ба ҳайси аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи    Шоҳмансур интихоб намуданд.

 

 

 


Вакти нашр: 2019-11-04 09:51:41    Хонданд: 85    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ДАР КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “МАОРИФЧИЁН”

    Бо иштироки мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Камолов Т.Ш., раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён” Носирзода М.Н. ва раисони ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён” бахшида ба “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” соати сиёсӣ доир гардид.
       Камолов Т.Ш. зимни баромади хеш зикр намуд, ки Конститусия ҳуҷҷати муҳим, кафолати зиндагии осудаву хуррам ва озодро барои халқ таъмин менамояд. Кафолати меҳнати озодона низ дар пешрафти мамлакат барои ҳар як шаҳрванд тавассути Конститутсия муайян гардидааст. Ҳамзамон,   доир ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки бо иқдоми инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст, суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки қонуни мазкур ба зиёда аз 20 ҳазор шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, татбиқ мегардад.  


Вакти нашр: 2019-11-04 15:13:22    Хонданд: 12    Муфассал...

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҲКИМИ АРЗИШҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

       Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқу миллати соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил, ҳамзамон, санади муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Истиқлолият ва Конститутсия мафҳумҳои тавъам буда, якдигарро комил меcозанд, зеро давлати соҳибистиқлол бе Конститутсия вуҷуд дошта наметавонад.
      Зарурати таърихии қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз он иборат мебошад, ки аввалин бор дар тамоми давраи мавҷудияти халқамон истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва волоияти қонунро дар худ сабт ва мустаҳкам кардааст. Ин санади олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона эълон намуд. Он бузургтарин дастоварди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии миллати сарбаланди тоҷик дар марҳилаи ҳозираи инкишофи ҷамъият мебошад. Муҳимтар аз ҳама дар Конститутсия давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон эълон шудааст.
Агар ба заминаҳои таҳия ва қабули Конститутсия дар замони Истиқлолияти давлатӣ назар афканем, ҳамоно нақши Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вазъияти бисёр ҳассосу печидаи мамлакат дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, барҷастатар мешавад. Зеро маҳз ҳамин анҷумани саодатофар барои таҳияи лоиҳа ва қабули Конститутсия бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат заминаи устувор гузошт. Дар моддаи 84 Конститутсия омадааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

     Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд… ”. Яъне фаъолияти ҳокимияти судӣ дар асоси Конститутсия ба роҳ монда шуда, мустақиман қонуният будани адолатро ҳифз менамояд. Аз ин рӯ, дар назди кормандони мақомоти судӣ вазифаи басо муҳим ва пурмасъулият истодааст, ки ҳамеша волоияти қонунро авлотар дониста, дар баровардани ҳар як қарор одилона рафтор намоем ва адолатро устувор созем. Ҳар як қарори мо ҷомеаи шаҳрвандиро метавонад бовар намояд, ки қонун дар давлатдории имрӯз болотар аз ҳар гуна манофеи шахсиву гурӯҳӣ меистад.

Зафар САИДШОЗОДА


Вакти нашр: 2019-11-04 15:24:07    Хонданд: 16    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ВЕНТА РИВА ”

  Дар ташкилоти ибтидоии “Вента Рива” бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои  шаҳри   Душанбе  Гулов Х.Қ. ва раиси ташкилоти ибтидої   Бегов А. бахшида ба “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” соати сиёсӣ  доир гардид.

 Масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино  ҳамагонро бо таҷлили ин ҷашни тақдирсоз - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон   табрику шодбош гуфта,  дар доираи қабул, тағйиру иловаҳо ва нуқтаҳои муҳимӣ   Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон суханронӣ намуда, онро санади тақдирсоз ё худ шаҳодатномаи миллат баён кард. Мавсуф  ќайд   намуд,   ки  Конститутсия  ҳуҷҷати сарнавишту тақдирсоз буда, дар худ марҳилаи нави таърихӣ ва роҳҳои мушаххаси инкишофи минбаъдаро дар бар мегирад, ки бо ин шаҳодатнома метавон баҳри ҳифзи давлату миллат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон расидагӣ намуда, онҳоро ҳамешагӣ ҳифз кард.


Вакти нашр: 2019-11-04 15:30:56    Хонданд: 11    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БАЛЕҶАВОН ”

  Бо иштироки мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Фозилзода Ш.М., раиси ташкилоти ибтидоии “Балеҷавон” Мирзошарифов А. бахшида ба “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ташкилоти ибтидоии “Балељавон” соати сиёсӣ баргузор гардид.

  Фозилзода Ш. зимни баромад таъкид намуд, ки маҳз бо шарофати ин санади тақдирсоз Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои асосиро инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў ташкил медиҳанд. Конститутсия қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуќии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад.

Ҳамзамон,  оид ба шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки бо иқдоми инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидааст, суханронӣ намуд.  


Вакти нашр: 2019-11-04 15:38:21    Хонданд: 21    Муфассал...

АЙБҶӮЁНИ ДАР ҶАҲОЛАТМОНДА

       Имрӯз инсоният дар рӯ ба рӯи як қатор муаммоҳои ҷаҳонӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо кори ҳамаи давлатҳои ҷаҳон мебошад. Ин муаммоҳои амнияти аҳолии кураи Замин, болоравии экстремизм ва терроризм, ҷинояткориҳои трансмиллӣ, афзудани таъсири давлатҳои абарқудрат ба мамлакатҳои хурду вобаста, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ ва ғизо, ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҳар гуна бемориҳои сирояткунанда, танзими проблемаҳои демографии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва ғайра мебошанд.

     Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».
Дар замони мо шахсон, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

      Яке аз чунин ташкилоти экстремистию террористӣ, ки доимо дар фикри халалдор кардани вазъи ороми Тоҷиикистон аст, ин ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст. Агар ин ҳалқабаргӯшону хизматгорони хоҷагони хориҷӣ ва давлатҳои «дӯсту бародар» пешравиҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро набинанд, пас онҳо кӯри маънавиянд. Магар ин инсонҳо, ки ҳатто онҳоро инсон ҳам номидан мумкин нест, дар хотир надоранд, ки бо ёрии хоҷагони хориҷии худ дар ибтидои солҳои навади асри гузашта ба сари мардум ва давлат чӣ бадбахтиҳо оварда буданд? Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ва азму талошҳои мардуми Тоҷикистон дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат пойбарҷо гардид ва шуруъ аз соли 1997 мо рушд карда истодаем. То ин замон Тоҷикистон дар бумбасти коммуникатсионӣ қарор дошт, нерӯи барқ намерасид ва аз ҳама муҳим норасогии хӯрокворӣ дида мешуд. Лекин бо талошҳои ҳукумат ва шахсан Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чор тарафи олам роҳ кушод. Роҳҳои оддӣ ҳам не, балки шоҳроҳҳое, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯянд. Роҳҳо ба самти Афғонистон, Чин ва Қирғизистон дар шароити бисёр мураккаби иқтисодӣ сохта шуданд ва ҷумҳуриамон аз бумбасти коммуникатсионӣ баромад. Дигар мушкилии ҷиддии мо, яъне нарасидани қувваи барқ низ ҳалли оқилонаи худро ёфт. Тоҷикистон ягона давлате дар Осиёи Марказӣ аст, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ нерӯгоҳҳи бузурги обию барқӣ бино кард. Аз ҷумла, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва Роғун тарҳҳои беназиранд. Мо имрӯз натанҳо худро бо нерӯи барқ таъмин мекунем, ҳамчунин онро ба давлатҳои ҳамсоя низ содирот мекунем. Дар бораи серию пурӣ ва зиёд будани маҳсулоти хӯрокворӣ ҳатто сухан гуфтан ҳам зарур нест. Чун ҳама шоҳиди пурии бозорҳо ва серии мардум ҳастем.

     Агар ин ҳолат пешравӣ набошад, пас пешравӣ чӣ аст? Магар шумо хоинони миллат махсусан, роҳбаратон Муҳиддин Кабирӣ ин пешравиҳоро намебинед? Оё шумо қобилияти мустақилона ва холисона таҳлил кардани вазъи иҷтимоиву иқтисодии давлатро надоред? Ҷавоби ин саволҳо аллакай маълум аст. Шумо ҳама пешравиҳоро мебинед ва аз бахиливу ба ҷуз санг партофтан ба тарафи мо аз хориҷ дигар коре надоред. Мо хуб медонем, ки аз кам шудани шумораи пайравону ҳаммаслаконатон ва тавба кардану ба Ватан баргаштани онҳо шумо дар ҳаросед. Аз ин сабаб ҳама фурсатро истифода карда, худро ба ҳар дар мезанед ва суханҳои беасосу бемантиқ ва дуруғро шабу руз тариқи интернет мегуед. Аммо шуморо ҳеҷ кас гӯш намекунад ва ба ҳарфҳои шумо бовар ҳам намекунанд. Шумо мисли шамъе ҳастед, ки ҳангоми сӯхта тамом шудан дар охир як рӯшноии баланд медиҳад. Мо низ умедворем, ки ин суханрониҳои бодабдаба, вале пучу бемаънии шумо, охирин баромадҳои шумо дар озодӣ аст. Чунки ҳар як ҷинояткор ҷазои худро мегирад ва шумо низ истисно нестед.


Н.Файзуллоева – узви фаъоли ҲХДТ

 

 


Вакти нашр: 2019-11-04 15:43:13    Хонданд: 15    Муфассал...

КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН ЯКЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ДАР ДУНЁ

        Бо иштироки Убайдулло Қурбонзода-муовини раис, роҳбари Дастгоҳи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати таҷлили ҷашни 25-умин солгарди  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Дониш” соати сиёсӣ  доир гардид.

      Ҳакимҷон Абдуназаров, раиси ташкилоти номбурда зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки Конститутсия як силсила ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, манзил, озодии эътиқод, озодии интихоби маҳали зист ва дигар ҳуқуқу озодиҳоро муқаррар намуда, ҳифзи судии онҳоро кафолат додааст, ки ин ҳам ифодакунандаи моҳияти демократӣ ва иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

     Убайдулло Қурбонзода  сухан карда,  таъкид намуд, ки ҳанӯз соли 1994 тариқи Конститусияи роҳу сохтори давлатдории тоҷикон муайян ва давлати навини тоҷикон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Дар Конститутсияи Тоҷикистон ҷои асосиро инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў ташкил медиҳанд.   Мавсуф ҳамзамон дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бора авф” ва иқдоми хайру наҷибу инсондӯстонаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ибрози андеша намуд.


Вакти нашр: 2019-11-04 15:48:13    Хонданд: 20    Муфассал...

ТАБРИКОТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Ҳамасола дар мамлакат 6-уми ноябр ҳамчун Рўзи Конститутсияи Ҷумҳури Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Конститутсия барои ҳар давлату кишвар шакли олии падидаи ҳуқуқӣ ба шумор рафта, дар давраҳои гуногун баҳри таъмини гузариши ҳаёти ҷамъиятӣ аз як марҳила ба марҳилаи  дигари нави инкишоф қабул мешавад.

         Мардуми Тоҷикистон миёни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ яке аз аввалинҳо шуда, 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлатии худро қабул кард. Эҳтиром гузоштан ба Конститутсия ва риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, яке аз муҳимтарин омилҳои амнияту осоиштагӣ ва устувори давлат маҳсуб меёбад. Хусусан дар замоне, ки вазъи ҷаҳон номусоид аст, пойбанди қонун будан аз ҳар вақти дигар дида манфиатноктар аст. Қабули Конститутсия барои кишвари тозаистиқлол роҳи пойдории қонуну риояи ҳуқуқи инсонро боз кард.

      Бо таваҷҷўҳ ба татбиқи ин омили арзишманди миллӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе 25-умин солгарди Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли сокинони пойтахти азизамон шаҳри Душанбе самимона табрику шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо иқболу хушбахтӣ ва файзу баракатро таманно менамояд.

       Бигзор, Конститутсия ҳамчун чароғи раҳнамо ва муайянкунадаи самти роҳи созандаю бунёкоронаи давалату миллат абадан пойдор бимонад.

 КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе


Вакти нашр: 2019-11-05 15:10:49    Хонданд: 12    Муфассал...

ДАРСИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ХОНАИ МЕҲР"

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Хонаи Меҳр" ҷиҳати таҷлили 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон бо иштироки  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шамсов С., раиси ташкилоти ибтидоии "Хонаи Меҳр" - Зарипова Муҳаббат,  муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ   Ғафоров  Муҳриддин,  мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  Ҷурахонзода  Ҷумахон дарси сиёсӣ доир   гардид.

        Дар он ҳадаф, моҳият, мақсад ва асоси нуктаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оммафаҳм ба масъулин аз ҷониби  баромадкунандагон фаҳмонида шуд. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ин санади воқеан таърихиву муқаддас танзимкунандаи тамоми муносибатҳои  муҳимӣ   ҷомеа ба ҳисоб меравад ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои халқу миллати тоҷик арзёбӣ  мешавад.


Вакти нашр: 2019-11-05 15:19:29    Хонданд: 8    Муфассал...

КОНСТИТУТСИЯ-КАФОЛАТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН

       Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҳаёт" соати сиёсӣ таҳти унвони "Конститутсия-кафолати ҳуқуқ ва озодиҳои инсон" бо иштироки Давлатзода Гулҷаҳон - Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҳаёт", Дустзода Авзалшоҳ - роҳбари дастгоҳ, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Байзоева Раҳбар - муовини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  доир карда шуд.

      Баромадкунандагон оид ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрониӣ карда, қайд намуданд, ки ин ҳуҷҷати таърихӣ истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро бо воситаҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт. Албатта бояд тазаккур дод, ки рушду равнақ ва таъмини падидаҳои гуногуни демократиро кафолат дод.
Ҳамчунин дар идома гуфта шуд, ки дар дебочаи Конститутсия қайд шудааст: "Мо, халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дустии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем», баҳри амалӣ гардидани ин гуфтаҳо ҳамеша кушиш ба харҷ дода онро асоси фаъолияти кории худ ва омӯзиши ҳамешагии насли наврасу ҷавон қарор медиҳем.


Вакти нашр: 2019-11-05 15:28:01    Хонданд: 32    Муфассал...

ЗАМОНЕ, КИ КАСЕ ЗИМОМИ ДАВЛАТДОРИРО БАР ДӮШ ГИРИФТАН НАМЕХОСТ...

      Истиқлолияти давлатӣ муҳимтарин дастоварди мардуми шарафманди Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ҳарчанд дар аввали соҳибихтиёрӣ шаҳрвандон шаҳди озодиро ҳанӯз начашида мубталои найранги аҷнабиён гаштанд ва ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронданд.
Оқибати ҷанги шаҳрвандӣ ба ҷуз аз ғоратгарӣ дигар ҳосиле наовард. Дар он лаҳзаҳои ҳассосу мураккаби сиёсӣ касе зимоми давлатдориро ба даст гирифтан намехост. Замоне, ки сохтори давлатдорӣ пурра шикаста, ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид гардид ва буҳрони сиёсиву иқтисодӣ давлатро фаро гирифт, ин масъулияти душвору сангин ва ҷиддиро ҷавонмарди асил, ватанпарвар Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт. Барои аз байн нарафтани давлати соҳибистиқлоли навин ба бахти миллати тоҷик шахсияте сари қудрат омад, ки бунёди сиришташ аз некию самимият, адолату садоқат, ҷасорату шуҷоат ва худшиносию ватандӯстӣ буд. Бо гузашти замон вақт нишон дод, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи дуруст буд. Бо талошҳои Пешвои миллат кишвари маҳбубамон Тоҷикистон рӯ ба рушди ҳамаҷониба ниҳод, дар ҳама соҳаҳо пешравии куллӣ ба вуҷуд омад, хусусан, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар ба пешравиҳои камназир даст ёфта, имрӯз баҳри ҳимояи марзу буми кишвар бо неруи бузург омодаанд. Дастоварди аз ҳама муҳим дар зарфи 28 соли Истиқлолияти давлатӣ дар мадди аввал хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу субот дар кишвар мебошад, ки бо талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Дар баробари дигар дастовардҳои шоён сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз комёбиҳои асосии мо мебошад, ки тӯли чандин солҳо мардуми шарафманди тоҷик онро интизорӣ мекашиданд. Пас аз соҳибистиқлолӣ кишвари моро зиёда аз 150 давлати дунё эътироф кард ва ба расмият шинохт. Яъне, дар васфи истиқлолият ва дастовардҳои он сухан зиёд асту имкони баёнаш дар як матлаб маҳдуд. Вале зикри як ҷумла кофист, ки нақши Истиқлолияти давлатиро дар ҳаёти мардум ва мамлакати азизамон дар маҷмӯъ бозгӯ созем: соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ имкон фароҳам овард, ки мо ба тамоми орзуву армони деринаамон расем, соҳаҳои гуногуни ҳаёти мо маҳз дар ҳамин давра рушду таҳким ёфта, Тоҷикистон – Ватани азизи мо ба як кишвари пешрафта табдил ёфт.

А. Зуҳуриддин, ҳуқуқшинос
 

 


Вакти нашр: 2019-11-05 15:32:56    Хонданд: 22    Муфассал...

ШАРОИТИ ПУРТАЗЗОДИ ҶАҲОН БЕДОРИИ СИЁСӢ МЕХОҲАД

        Истиқлолияти давлатӣ шарафу номуси миллати озодихоҳ, рамзи саодат, соҳибихтиёрии миллӣ, пойдориву бақои миллат аст. Маҳз ҳамин озодӣ аст, ки мардуми азизи мо дар фазои орому созандагӣ бистуҳаштумин солгарди Истиқлолияти давлатии худро таҷлил намуд.

       Мо шоҳиди он ҳастем, ки яке аз марҳилаҳои таърихӣ ва сарнавиштсози миллати сарбаланди тоҷик ин дар айни даргириҳои хунини солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ баргузории Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз оғози гардиши куллӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон гашта, низоми давлатдориро барои миллат заминаи асосӣ гузошт. Интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин қарори Иҷлосияи мазкур буд, ки аҳамияти бузурги онро воқеаҳои баъдина тасдиқ карданд. Дар Муроҷиатномаи Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 декабри соли 1992 ба мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин зикр гардида буд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азиаткашидаам боварӣ дорам».
      29 октябри соли 1993 бори нахуст аз минбари Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳонро оид ба нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин, таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои ҷаҳон ошно намуд. Ин воқеаи таърихӣ сарманшаи муаррифии миллати тоҷик ва давлатдории навини он ба ҷомеаи ҷаҳон ҳисобида мешавад, ки ба тадриҷ робитаҳои кишвари мо қариб бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ ба роҳ монда шуданд. Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба тамоми мамолики ҷаҳон равуои озодона дошта, кишвари мо дар муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ сиёсати “дарҳои кушода” - ро пеш гирифтааст, ки муҳаррики асосӣ дар густариши сиёсати хориҷӣ мебошад. Бо меҳнатҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯву нуфузи байналмилалии Тоҷикистон боло рафта, мақоми он аз ҷониби анҷумани кишварҳои олам, ҳамчун давлати соҳибтамаддун ва сулҳофарин шинохта шуд.
Бо кӯшишу талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳ дар мамлакат таъмин гардид ва он имкон дод, ки пояҳои давлату давлатдории миллии Тоҷикистон мустаҳкам гардида, буҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ паси сар шавад. Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои тамаддуни бузург ва фарҳанги беназири қадима эътироф гардид. Иқтисод ва сиёсати миллӣ дар кӯтоҳтарин фурсат ба эътидол омада, Тоҷикистон дар ҳама бахшҳо роҳи нави тараққиётро пеш гирифт.

     Дар замони соҳибистиқлолӣ бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо дар соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, коммуникатсия, роҳсозӣ, барқ ва кишоварзӣ ба пешравиҳои бузург ноил гардида, ба ҷои роҳҳои кӯҳнаю фарсуда роҳҳои нави ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, ки ҷумҳуриро ба давлатҳои Чину Афғонистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон пайваст менамоянд, сохта ба истифода дода шуданд. Таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ мардум дар фазои озоду созанда умр ба сар мебаранд. Дар шароити пуртазоди имрӯза ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри неъмати озодиву истиқлолият бирасем ва барои боз ҳам ободтару зеботар намудани Ватани азизамон дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат талош варзем.

Шамс АЗИЗӢ

 

 


Вакти нашр: 2019-11-05 15:39:37    Хонданд: 25    Муфассал...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар форуми соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария

Муҳтарам соҳибкорону сармоягузорон,
Хонумҳо ва ҷанобон!

06.11.2019, Швейтсария 

      Бо камоли эҳтиром ҳар яки шуморо хайрамақдам гуфта, барои иштирокатон дар чорабинии имрӯза изҳори сипос менамоям. Ҳамзамон сипоси ин ҷонибро ба созмондиҳандагони нишасти имрӯза барои фароҳам овардани шароити муносиби корӣ иброз медорам. Ин ҳамоишро мо боз як фурсати муносиб барои муаррифии бештару хубтари имкониятҳои воқеии ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвар медонем. Чанде қабл вохӯрии мо бо Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ҷаноби Олӣ Ули Маурер анҷом ёфт. Ман дар ҳузури Ҷаноби Олӣ изҳор намудам ва бори дигар таъкид менамоям, ки густариши равобити ҳамаҷониба бо Конфедератсияи Швейтсария дар сиёсати хориҷии мо ҷойгоҳи хосса дорад ва Тоҷикистон онро яке аз кишварҳои дӯст, шарики муҳим ва боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ медонад. Аз замони барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар робитаҳои гуногунҷанбаи ҷонибҳо густариш ёфта, мазмуну мундариҷаи навро касб карда истодаанд. Яке аз муҳимтарин соҳаҳои равобити Тоҷикистон ва Швейтсария ин ҳамкорӣ баҳри рушд мебошад. Дар ин самт лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои тандурустӣ, иқтисод, захираҳои обу энергетика, ҳамзамон дар самти рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон тариқи ниҳодҳои дахлдори Конфедератсияи Швейтсария маблағгузорӣ мешаванд. Ҷониби Тоҷикистон аз сатҳи татбиқи онҳо изҳори қаноатмандӣ менамояд.

       Ҳамзамон мо барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар ҷодаи бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ҳавасмандӣ зоҳир менамоем. Дар ин соҳаҳо лоиҳаҳои сатҳашон милливу минтақавӣ омода шудаанд, ки татбиқи муштаракашон бар нафъи ҳар ду ҷониб хоҳад буд. Бо ин мақсад тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқи ҳамкориҳо, фаъолсозии муколамаи сиёсӣ, гузаронидани бизнес-форумҳо ва ҳар гуна намоишгоҳҳо, амиқсозии робитаҳои башарӣ амри зарурӣ арзёбӣ мегардад. Айни ҳол Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи Швейтсария барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди татбиқ қарор доранд, ки ҳадафҳои асосияшон ҷиҳати таъмини рушди босуботи Тоҷикистон ба ҳам тавъам мебошанд. Мо итминони комил дорем, ки дар доираи татбиқи ин ду санад метавонем ҳамкории барои ҷонибҳо судмандро густариш диҳем. Аз пешниҳоди ҷониби Швейтсария оид ба таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мегирем. Мақомоти марбутаи Тоҷикистон омода ҳастанд дар ин самт бо сохторҳои дахлдори Швейтсария ҳамкорӣ намоянд. Дар баробари ин мо ба афзоиш додани ҳаҷми тиҷорати миёни ду кишвар афзалият медиҳем.

      Ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар нуҳ моҳи соли равон каме зиёд аз 130 миллион долларро ташкил дод. Дар кишвари мо зиёда аз 25 ширкати швейтсариягӣ ё ширкатҳои муштарак бо кумаки сармоягузории Швейтсария дар соҳаҳои мухталифи иқтисод фаъолият мекунанд. Ҳамкориҳои самарабахши ширкати швейтсариягии “Глинкор” бо ширкати алюминии тоҷик “ТАЛКО” намунаи умедбахши ҳузури ҷониби Швейтсария дар иқтисоди кишвари мо мебошад. Дар давоми 12 соли ахир ҳаҷми умумии гардиши тиҷорат миёни ин ду ширкат ба зиёда аз 4,7 миллиард доллари амрикоӣ расид. Тибқи шартномаҳои мутақобила, дар назар аст, ки дар давоми панҷ соли оянда ба маблағи 1,3 миллиард доллари амрикоӣ интиқоли мутақобилаи молу маҳсулот сурат гирад, ки худ далели возеҳи муносибатҳои стратегии ин ду ширкат мебошад. Тайи даҳ соли охир аз ҷониби сармоягузорони Швейтсария ба иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамагӣ 167 миллион доллар сармоя ворид гардидааст.

     Аз ин маблағ 96 миллионаш сармоягузории мустақим ва 71 миллионаш қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалбгардидаро ташкил медиҳанд. Дар робита бо ин қайд карданиам, ки аз соли 2007 то соли ҷорӣ ҳаҷми умумии сармоягузориҳо ба иқтисоди кишвари мо маблағи 9,5 миллиард долларро ташкил дод ва ҳиссаи сармояи ҷониби Швейтсария ҳамагӣ 1,9 фоизро ташкил медиҳад. Албатта, ин нишондиҳандаҳо, бо дарназардошти тамоми имкону захираҳои мавҷудаи кишварҳоямон, моро қонеъ карда наметавонанд. Итминон дорам, ки — бо истифода аз зарфиятҳои фарохи дар ин ҷода мавҷуда — фаъолияти сармоягузорӣ ва тиҷоратии соҳибкорони Швейтсария дар Тоҷикистон ба таври назаррас густариш хоҳад ёфт. Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ пайваста чораҳои зарурӣ меандешад.

       Дар ин замина қонунгузории мамлакат дар соҳаи тиҷорату иқтисод ба меъёрҳои байналмилалӣ созгор гардонида шуда, дар он кафолатҳои ҳуқуқии ҳимояи сармоягузорон таъмин гардидаанд. Танҳо дар се соли ахир бо мақсади мутобиқ гардонидани иқтисоди кишвар ба талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо зиёда аз 100 санади меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла зиёда аз 40 қонунҳои нав қабул гардида, ба санадҳои меъёрии ҷорӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд. Дар маҷмӯъ барои соҳибкорон беш аз 100 ва барои истеҳсолкунандагони мол 50 сабукиҳо ва имтиёзҳо пешбинӣ карда шудааст. Ҷониби Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳидро “Дар бораи эътироф ва иҷрои қарорҳои арбитражи хориҷӣ”, инчунин Конвенсияи Гаагаро “Дар бораи апостил” ба тасвиб расонид. Мавриди иҷро қарор гирифтани ин санадҳо тартиби ба қайд гирифтани фаъолияти соҳибкоронро сода гардонида, ҳифзи ҳуқуқии онҳоро тақвият мебахшад. Ҷорӣ намудани низоми равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ бошад, муҳлати гузаронидани чунин амалиётро хеле кам кард. Дар заминаи ислоҳоти номбаршуда Тоҷикистон дар солҳои охир мавқеи байналмилалии хешро аз лиҳози бақайдгирии бизнес, андозбандӣ, дастрасӣ ба қарзҳо ва тиҷорати байналмилалӣ то андозае боло бурд. Чунончи, дар рейтинги “Пешбурди Бизнес”-и Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистон чор маротиба, аз ҷумла барои соли 2020 ба рӯйхати кишварҳои пешсафи ислоҳотгар шомил гардид. Дар баробари ин, тибқи таҳлилҳои омории Ташкилоти ҷаҳонии сайёҳӣ, Тоҷикистон ба қатори даҳ кишвари ҷолиб барои сайёҳон шомил гардид. Ин ва дигар нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки мавқеи байналмилалии Тоҷикистон аз нигоҳи дастгирии сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ тадриҷан баланд гардида истодааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба чанде аз соҳаҳои мушаххас, ки ҷониби Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар онҳо бо ширкатҳои Швейтсария манфиатдор ҳаст, ҷалб намоям. Самтҳои афзалиятноки сиёсати сармоягузории Тоҷикистон ва соҳаҳои ояндадори иқтисоди он бо дарназардошти хусусиятҳои ҷуғрофӣ, захираҳои мавҷудаи табиӣ ва дигар хусусиятҳои худии он муайян гардидаанд. Маълум аст, ки зербинои асосии рушди устувори иқтисод энергетика мебошад. Тоҷикистон, бо вуҷуди надоштани захираҳои зиёди нафту газ, дорои сарвати азими истифоданашудаи гидроэнергетикӣ аст. Мо ният дорем ин сарвати худро ба нафъи кишвар ва давлатҳои дигар истифода намоем ва дар ин ҷода омодаи ҳамкории созандаву мутақобилан судманд бо ҳамаи ҷонибҳои хоҳишманд ҳастем. Бо ин мақсад Ҳукумати кишвар ҷиҳати бунёди неругоҳҳои нави барқи обӣ ва таҷдиди иқтидорҳои гидроэнергетикии мавҷуда, мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ, тадбирҳои амалӣ меандешад. То имрӯз баҳри таъмини доимии аҳолӣ ва истеҳсолкунандагон бо “энергияи сабз” беш аз 1300 мегаватт иқтидорҳои иловагӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи бузурги барқи обии “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт босуръат идома доранд ва соли ҷорӣ агрегати дуюми он мавриди истифода қарор дода шуд. Дар кишвари мо бо мақсади беҳтар намудани шароити инфрасохторӣ низ тадбирҳои лозима андешида мешаванд. То имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор километр роҳҳои мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар мавриди истифода қарор дода шудаанд. Ҳадаф аз татбиқи ин лоиҳаҳо тавсеаи имконоти транзитии минтақа, аз ҷумла тавассути қаламрави Афғонистон дар самти бандарҳои Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Иштироки ҷониби Швейтсария дар амалӣ гардондани лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон аз нигоҳи ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақа мусоидати фаъол хоҳад кард ва мо умед дорем, ки шумо, ҳозирини муҳтарам, онҳоро дар мадди назар хоҳед дошт. Бахши истеҳсолоти саноатӣ метавонад самти дигари ояндадори ҳамкориҳои мо бошад. Саноатикунонии босуръат яке аз ҳадафҳои муҳимми Ҳукумати Тоҷикистон қабул гардид ва барои татбиқи он фазои муфид фароҳам оварда шуда истодааст. Самтҳои афзалиятноки рушди саноати Тоҷикистон — пеш аз ҳама — саноати кӯҳӣ, сабук ва хӯрокворӣ, аз ҷумла коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, нахи пахта, пилла ва умуман, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ашёи хом ба ҳисоб мераванд. Дар кишвари мо ҳамчунин имкониятҳои хуб барои рушди саноати мошинсозӣ, кимиёвӣ, металлургия ва дигар соҳаҳои афзалиятноки истеҳсолӣ мавҷуданд. Мо омодаем, ки дар дар ҳама самтҳои зикргардида бо сармоягузорони Швейтсария ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти гуногуни саноатии рақобатпазир ва содироти он ба бозорҳои бурунмарзӣ ҳамкорӣ намоем. Дар ҳудуди кишвари мо панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис ёфта, инфрасохтори зарурии онҳо бунёд гардида истодааст ва мо аз ҳузури соҳибкорону сармоягузорони кишвари шумо дар онҳо истиқбол менамоем. Тоҷикистон сарватҳои ғании табиӣ, аз ҷумла захираҳои об ва маъданҳои минераливу ғайриминералӣ, иқлими мусоид ва қувваи кории кофӣ дорад. Барои мавриди истифода қарор додани ин имкониятҳо сармоя ва технологияҳои муосир лозиманд. Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои молия ва бонкдорӣ ҳавасманд аст ва соҳибкорону сармоягузорони Шветсария метавонанд фаъолияти худро дар ин арсаҳо низ ба роҳ монанд. Яке аз соҳаҳои афзалиятноки кишвар, ки барои рушди он солҳои охир як қатор имтиёзҳо ҷорӣ гардиданд, соҳаи сайёҳӣ мебошад. Тоҷикистон, ки 93 фоизи ҳудуди он кӯҳсор аст ва табиати нотакрор дорад, барои ташаккули намудҳои гуногуни сайёҳӣ, бахусус кӯҳнавардӣ, ва экологӣ имкониятҳои зиёд дорад.

       Дар баробари ин мавҷудияти намудҳои гуногуни гиёҳҳои шифобахш дар кӯҳҳои Тоҷикистон барои рушди соҳаи дорусозӣ аз аҳамият холӣ нест. Тавсеаи чорчӯбаи ҳамкориҳо дар ин соҳаҳо, бешубҳа, боз як омили муассири рушди самарабахши робитаҳои гуногунҷанбаи кишварҳоямон хоҳад гашт. Пешниҳод менамоям, ки Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Швейтсария таъсис дода шуда, дар соли оянда дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини он баргузор карда шавад. Фаъолияти мунтазами Шӯрои мазкур ба истифодаи имконоти пешбурди соҳибкориву сармоягузории ҳар ду кишвар, такмили заминаҳои ҳуқуқии он, омӯзиши таҷрибаи ҳамкорӣ ва ҳалли дигар масоили алоқаманд мусоидат хоҳад кард.

        Ҳозирини гиромӣ,

     Иқтисоди Тоҷикистон бозорест, ки ҳанӯз пурра аз худ нашудааст ва имконоти фароху фаровони вусъат бахшидан ба фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузориро доро мебошад. Дар ин замина аз Шумо даъват ба амал меорам, ки ҷиҳати ворид шудан ба иқтисоди рӯ ба тараққии мо қадамҳои дилпурона гузошта, дар рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии кишварҳоямон саҳмгузор бошед. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати “дарҳои боз” аст ва мо аз ҳама гуна иқдомоту пешниҳодоти нек ва созандаи шарикони байналмилалиамон, ки Конфедератсияи Швейтсария дар қатори муҳимтарини онҳо қарор дорад, ба хушӣ истиқбол менамоем. Ба ҳамаи шумо саломативу саодати зиндагӣ, дар фаъолияти пурмасъули кориатон комёбиҳо ва дастовардҳои навин орзу менамоям.

Саломат бошед!

Бознашр аз АМИД Ховар


Вакти нашр: 2019-11-07 11:26:48    Хонданд: 29    Муфассал...

АМАЛИ НОҶАВОНМАРДОНАИ ХОИНОН

ВОКУНИШ. Имрўзҳо Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар фазои озоду умедбахши сиёсӣ дар рушду нумўъ қарор дорад. Ин ҳам бошад аз заҳмат ва кўшишҳои  ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

 Мутаассифона, ҳодисаи нангинеро, ки  рўзи 06-ноябри соли ҷорӣ аз тарафи гурўҳи 20 нафараи силоҳбадаст ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ба вуқўъ омад, ҳамчун амали хиёнаткоронаи афродони хатарнок ба ҷомеи шаҳрвандӣ арзёбӣ менамоем. Ин  гуна кирдор мувофиқи Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун амали террористӣ ва экстремистӣ ба дараҷаҳои ҷиноятҳои махсусан вазнин эътироф карда шудааст. Тамоми мардуми ҷаҳон бояд эътироф намоянд, ки терроризм ва экстремизм ҳолати ташкилшуда ва муҳайёшудаи қувваҳои ғайриқонунӣ маҳсуб меёбанд. Дар ин замина бояд дарк кунем, ки хоинон дар ягон давра, бахусус террористон ва экстремистон ҳеҷ гоҳ бахшида намешаванд.

         Ин амали ноҷавонмардонаи террористонро мо маҳкум намуда, ба онҳо нафрату лаънат мехонем. Ҳамзамон, ба аҳли хонадони он ду нафар ҷавонмарди содиқи миллати тоҷик, ки барои оромии марзу буми кишвар  ҷони худро аз даст додаанд, изҳори тасаллият намуда, ба хешу табор ва наздиконашон сабри ҷамил хоҳонем.

 Курбонова Қ.-узви фаъоли ҲХДТ

 


Вакти нашр: 2019-11-08 08:48:04    Хонданд: 22    Муфассал...

ҲИФЗИ ҶОН ВОҶИБ АСТУ ҲИФЗИ ВАТАН АЗ ОН ВОҶИБТАР

(Изҳороти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар робита ба ҳамлаи мусаллаҳонаи гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ”)

Мо, ҷамъи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шабехуни гурӯҳи мусаллаҳи 20-нафараи террористии ба ном “Давлати исломӣ”-ро, ки шаби 6-уми ноябри соли 2019 ба дидбонгоҳи сарҳадии 4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод»  сурат гирифт ва дар натиҷа  як сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва  як корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳалок шуд, шадидан маҳкум менамоем.

Ин ҳамлаи  разилона ва хоинона дар арафаи ҷашнгирии 25-умин солгарди қабули Конститутсияи кишвар ва татбиқи авфи тиллоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ханҷар ба дили душманони миллат зад.

Бояд гуфт, ки халқи Тоҷикистон аз санҷиши иғвоҳои вазнин гузашта, ба имрӯзи фирӯз расидааст ва ягон амал ва қувва мавқеи устувори сулҳҷӯёна, ваҳдатпазирона ва инсонпарваронаи давлату ҳамватанони моро дигар карда наметавонад, зеро мо ба ояндаи неку   ормонҳои олии миллиамон бовар дорем ва барои он талош хоҳем кард.

  Онҳое, ки ин амали зиштро содир намуданд, аз ҷазои боадолатона гурехта наметавонанд. Зеро мардуми кишвар ҳамеша ба садоқати кормандони сохторҳои низомӣ беш аз пештара боварии бештар доранд. Аз ин рӯ, мо низ ба кордонию пухтакории сохторҳои дахлдор эътимод ва боварии комил дорем.

 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе тамоми фаъолонро даъват мекунад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос мавқеи оштинопазиронаи худро нисбат ба ҳама гуна падидаҳои зиддиҷамъиятии шадидан характери экстремистию террористидошта намоиш диҳанд ва ба ҳама гуна буҳтону иғво зарбаи марговар зада, аз ҳар вақтаи дигар бештар дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ояндаи дурахшони халқамон муттаҳид шаванд, зеро ҷавоби саривақтӣ додан ба ин гуна гурӯҳҳои разилона қарзи ватандории ҳар як соҳибватан ва ҳар як фарди бедордил аст! Ё ба гуфтаи бузурге “Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи ватан аз он воҷибтар”.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 


Вакти нашр: 2019-11-08 08:58:54    Хонданд: 41    Муфассал...

Конференсияи XVIII ҳисоботӣ – интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Мутобиқи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати дувуним сол конференсияҳои ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ноҳияҳо ва шаҳру вилоятҳо гузаронида мешавад. Дар конференсия асосан масъалаҳои фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар давраи ҳисоботӣ аз сари нав интихоби  аъзои Кумитаи иҷроия, Комиссияи тафтишотӣ ва интихоби сармуҳаррирони нашрияҳои ҳизбӣ, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

 Вобаста ба ин, 12 – уми ноябри соли равон дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи XVIII ҳисоботӣ – интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир гардид.  Дар кори он   Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, аъзои КИ ҲХДТ дар ш. Душанбе, Хонов Абдураҳмон Умарович – Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сафарзода Бахтовар - Раиси Фраксияи ҲХДТ дар МНМОҶТ, Мавсума Муинӣ - Муовини Раиси шаҳри Душанбе, аъзои КИ ҲХДТ дар ш. Душанбе, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ –Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Тағойзода Сумангул Саид - Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Субҳонзода Икром Субҳон - Раиси Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар ш. Душанбе, Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилион аз ташкилотҳои ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. 

  Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25 – умин солгарди Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бори нахуст ҳизбиёни пойтахт дар оғоз ва анҷоми кори конференсия Суруди миллиро тариқи зинда хонданд.

  Дар Конференсия масъалаҳои ҳисоботи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб аз моҳи июли соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019  ва корҳои ташкиливу омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», ҳисоботи Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба фаъолияти молиявии сохторҳои ҳизбии пойтахт аз моҳи июли соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, интихоби аъзои Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, интихоби сармуҳаррири нашрияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе “Мароми пойтахт” ва  интихоби вакилон ба Анҷумани XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз рўйи масъалаи якуми рўзномаи Конференсия Раҳмонзода Зоир Файзалӣ –раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб аз моҳи июли соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019  ва корҳои ташкиливу омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ҳисобот дода қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ 146 ташкилоти ибтидоии ҳизбии нав таъсис дода шуда, 7506 нафар дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба сафи ҳизб қабул гардидааст. Айни ҳол, шумораи умумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба 873 адад расида, 68384 нафар аъзои ҳизбро муттаҳид сохтааст. Аз ин шумора  32282 нафарро занон ва 28829 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд.

  Илова бар ин, дар давраи ҳисоботӣ 1674 нафар шаҳрвандон ба кумитаҳои иҷроияи шаҳриву ноҳиявӣ муроҷиат карданд, ки ҷиҳати ҳалли саривақтии дархости онҳо аз ҷониби масъулин чораҳои зарурӣ андешида шуд.

 Бояд қайд кард, ки гурўхи таблиғотии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳо ва олимону коршиносон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб, дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал, “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, риояи одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии  ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ  миёни сокинони шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ва аъзои ҳизб дар кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ 6768  мулоқоту вохўрӣ ва соатҳои сиёсӣ доир карданд.

Дар ин давра масъулини сохторҳои ҳизбии пойтахт бо истифода аз қувваи фаъолони ҳизб ва ҷалби аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар самти корҳои ободонию созандагӣ беш аз 290 ҳашари дастаҷамъона бо шинонидани зиёда аз 4000 бех ниҳолҳои сояафкан, гулҳои ороишиву мавсимӣ ва аксияҳои тозагии Соҳил 2018-2019 ташкил карданд.

Дар самти татбиқи сиёсати ҷавонон, варзиш, занон ва таҳкими оила бошад беш аз 3477 чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, аксияҳо,                     фестивал – озмунҳо,  семинару конфронсҳо ва мизҳои мудаввар доир карда шуданд.Инчунин,  сохторҳои шаҳрии ҲХДТ бо ҷалби шахсони эҳсонкору саховатманд ба 4663 оилаи ниёзманду бепарастор кумакҳои моддиву молиявӣ расониданд. Дар ин асно Раҳмонзода Абдуҷаббор, Хонов Абдураҳмон, Мавсума Муинӣ, Одиназода Рамазон ва Шарифзода Хушвахт оид ба дастовардҳои сохторҳои ҳизбии пойтахт дар давраи ҳисоботӣ суханронӣ намуда, ҳисоботи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро дар ин давра қаноатбахш ҳисобида, барои тақвияти корҳои минбаъда  пешниҳодҳои мушаххас намуданд.

 Дар  ҷамъбаст бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рўи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид.


Вакти нашр: 2019-11-13 15:59:27    Хонданд: 18    Муфассал...

ОБ ИТОГАХ ОФИЦИАЛЬНОГО ВИЗИТА ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН В СТРАНЫ ЕВРОСОЮЗА

          Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон с 4 ноября по 12 ноября с.г. находится с официальными визитами в ряде стран Европейского содружества, куда приглашен президентом Франции и правительством Конфедерации Швейцарии. Визит Главы РТ и представительной таджикской делегации широко освещается ведущими информационными агентствами мира. Как и планировалось ранее, в ходе двусторонних встреч были обсуждены проблемы экономики, финансов и бизнеса, социальные вопросы, культурные и гуманитарные задачи. Также большое внимание уделено проблемы безопасности в регионе и мире. Как Таджикистан, так и принимающие Стороны крайне заинтересованы в настоящем официальном визите Президента РТ Эмомали Рахмона и таджикской делегации, который поднял на новый уровень существующие межгосударственные отношения, вывел политические, экономические и культурные связи на новый виток взаимовыгодного сотрудничества. За годы Независимости Республика Таджикистан достигла значимых результатов в различных сферах жизнедеятельности, в том числе на пути интеграции в мировое сообщество, демократизации и неукоснительного соблюдения прав и свобод человека. И этот успех признан большинством европейских стран. Визит Главы Таджикистана в страны ЕС - бесспорное тому доказательство. Руководителя государства и таджикскую делегацию встречали на самом высоком уровне, с большими почестями, в теплой дружественной обстановке. Посещение Президента Республики Таджикистан Эмомали Рахмона стран Евросоюза началось с официального визита в Швейцарскую Конфедерацию. Здесь почетных таджикских гостей ожидал теплый радушный прием в Федеральном дворце, являющемся визитной карточкой города Берн. Состоялась встреча Глав двух государств. Также Эмомали Рахмон провел встречи с представителями деловой и бизнес среды. Таджикистан и Швейцария - надежные экономические партнеры. Товарооборот между странами неуклонно растет. За девять месяцев текущего года он превысил $130 миллионов. За последние десять лет швейцарские инвесторы вложили в экономику Таджикистана более $160 миллионов, и Президент республики считает, что у стран есть возможности более перспективного сотрудничества.

      Так, на переговорах с президентом международной компании "Glencore International AG.", тесно сотрудничающей с "ТАЛКО" в РТ в производстве алюминия, речь шла о развитии промышленности, что весьма актуально для Таджикистана, взявшего курс на индустриализацию страны. Алюминиевые компании двух государств за последние 12 лет произвели торговые операции более чем на $4,7 миллиарда. Эти объемы будут увеличены, начнется новый этап совместной разработки месторождений на территории РТ.
В ходе встречи состоялся обмен мнениями по вопросам торгово-экономического сотрудничества и инвестиций со стороны Швейцарии, в частности компании "Glencore International AG." в различных сферах, в том числе в реализации проектов по конечной переработке в месторождениях золота, серебра, сурьмы и цинка. Кроме того, на переговорах Сторон обсуждено укрепление отношений в сферах экономики, торговли, инвестиций и туризма. Примечательно, что Таджикистан, как и Швейцария, является туристической страной, и нынешнее десятилетие объявлено этапом развития туризма, чему сегодня уделяется огромное внимание. Обе страны сходны по своим природным условиям. Швейцария славится надежными банками и развитой банковской сферой. Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Цюрихе обсудил перспективы сотрудничества в банковской сфере с главой Национального банка Швейцарии. В частности, речь шла о совершенствовании работы кредитных учреждений Таджикистана и подготовке специалистов, обсуждена реализация проектов в транспортной, коммуникационной и энергетической сферах при поддержке швейцарских инвесторов. Было отмечено, что финансовые и инвестиционные институты Швейцарии имеют возможность активно участвовать в реализации данных проектов, создании новых производственных цехов, обеспечении плодотворной деятельности существующих промышленных предприятий, производстве строительных материалов, создании предприятий по переработке хлопка, шерсти, коконов, овощей и фруктов. В ходе выступления глава РТ Эмомали Рахмон представил финансовый потенциал Таджикистана и пригласил европейских коллег лично убедиться в перспективах совместной работы.

      В ходе бизнес-форума по итогам встреч Стороны подписали 3 документа о сотрудничестве: Меморандум между Швейцарской торговой палатой и Торгово-промышленной палатой Таджикистана о сотрудничестве; Меморандум между Швейцарским национальным маркетинговым агентством и Комитетом по развитию туризма при Правительстве Таджикистана о сотрудничестве в области туризма; Меморандум между Швейцарской Конфедерацией Glencore и компанией ТАЛКО Республики Таджикистан о взаимном товарообороте на сумму $1,3 миллиардов. Также Таджикистан и Швейцария подписали меморандумы, которые регулируют снижение риска природных бедствий и управление водными ресурсами, которыми богат Таджикистан. Президент Таджикистана, помимо подписанных меморандумов о сотрудничестве, предложил создать таджикско-швейцарский деловой совет. Ожидается, что его первое заседание пройдет в Душанбе уже в следующем году.

        7 ноября в швейцарском г.Цюрих Президент РТ Эмомали Рахмон по просьбе руководства "Радио Свободная Европа/Радио Свобода" принял его президента Джейми Флайя. На встрече Глава государства подчеркнул, что Правительство РТ придает серьезное значение вопросам свободы печати и обеспечению свободы слова в стране, прилагает усилия по созданию свободной и рабочей атмосферы для деятельности местных и зарубежных средств массовой информации. Президентом РТ Эмомали Рахмоном было подчеркнуто, что слухи о прекращении деятельности "Радио Свобода" недостоверны, и сегодня в Таджикистане зарегистрированы 18 его сотрудников, которые беспрепятственно осуществляют свою деятельность, в то время, когда в некоторых постсоветских странах деятельность "Радио Свобода" полностью запрещена. Однако было подчеркнуто, что в последнее время "Радио Свобода" все больше занимается распространением информации относительно террористических партий и движений, деятельность которых запрещена Верховным Судом РТ.
На данной встрече Эмомали Рахмон подчеркнул, что подобные нарушения закона какими-либо средствами массовой информации недопустимы, независимо от их принадлежности. Деятельность всех видов СМИ должна строго регулироваться на основе законов Таджикистана, в частности Закона РТ "О периодической печати и других средствах массовой информации".

      Глава государства Эмомали Рахмон потребовал от руководства "Радио Свободная Европа/Радио Свобода" в рамках своей деятельности на территории Таджикистана при освещении политической и социально-экономической жизни страны объективно готовить материалы с учетом мнения гражданского общества. В РТ функционирует более 250 местных и зарубежных СМИ, в том числе газеты, журналы, радио, телевидение и информационные агентства. Встреча глав Таджикистана и Франции Эмомали Рахмона и Эмманюэля Макрона началась 8 ноября с.г. в торжественной обстановке под звуки государственных гимнов. Местом встречи выбран исторический Елисейский дворец, где проходят мероприятия самого высокого ранга. На переговорах президенты Таджикистана и Франции обсудили вопросы стратегического сотрудничества в сфере энергетики, транспорта, гражданской авиации, здравоохранения, инженерно-консультационной деятельности, туризма, сельского хозяйства, а также пищевой и металлургической промышленности, что очень важно для РТ, избравшей курс на индустриализацию экономики. Франция поставит Таджикистану вертолеты, оборудование для ТАЛКО, построит торговый центр.

        Здесь также были обсуждены гуманитарные вопросы и проблемы культуры. Стороны сошлись в едином мнении относительно вопросов экологии и изменения климата. Особое внимание уделено государственной безопасности Таджикистана и Франции, ведь обе страны знают об этом не понаслышке, потому что их народы неоднократно подвергались террористическим атакам. Причем, в Таджикистане 6 ноября с.г. осуществлено нападение на погранзаставу с дальнейшей целью - осуществить террористические акты в республике. Эта попытка была предотвращена таджикскими пограничниками, к сожалению, с боевыми людскими потерями. Поэтому противостояние любым проявлением экстремизма и терроризма жизненно важно как для РТ, так и для ФР. О терроризме и экстремизме Э.Рахмон и Э.Макрон беседовали детально, обменявшись мнениями об этой глобальной угрозе. Так, глава РТ подчеркнул, что Таджикистан, поддерживая конструктивные инициативы международного сообщества по установлению мира в Афганистане, стремится укреплять сотрудничество со всеми заинтересованными сторонами, поскольку обеспечение безопасности в ИРА является важным фактором национальной стабильности стран всего региона. В ходе двусторонней беседы поступило предложение создать платформу для укрепления диалога между Францией и республиками Центральной Азии на уровне министров иностранных дел. На встрече также обсуждены вопросы сотрудничества в рамках авторитетных организаций и объединений, в том числе Европейского союза. Э.Рахмон отметил весомый вклад французских компаний в развитие экономики Таджикистана, реализацию инфраструктурных и энергетических, промышленных, сельскохозяйственных, сервисных проектов, а также различных социальных и частных секторов, в том числе в сфере здравоохранения.

       По итогам встречи президентов Таджикистана и Франции подписано 5 документов о сотрудничестве: Двустороннее соглашение о воздушном сообщении; Декларация о сотрудничестве в сфере туризма; Декларация о сотрудничестве между Министерством иностранных дел Таджикистана и Министерством иностранных дел Франции на ближайшие пять лет; Декларация о сотрудничестве между Академией наук Таджикистана и МИД Франции и Французским институтом центральноазиатских исследований (IFEAC); Меморандум о сотрудничестве в области образования между Национальным университетом Таджикистана и Парижским университетом в Сорбонне. Всего в рамках официального визита Э.Рахмона во Францию было подписано 11 новых документов о взаимном сотрудничестве. В заключение диалога Э.Рахмон пригласил Э.Макрона посетить Таджикистан с ответным визитом, что французским президентом было принято с благодарностью.

      8 ноября с.г. Глава РТ встретился в Париже с Генеральным директором ЮНЕСКО госпожой Одри Азуле, с которой обсудил ряд важных вопросов охраны и почитания ценного исторического и культурного наследия таджикской нации, включения в Список всемирного наследия ЮНЕСКО перечня исторических местностей Таджикистана, расположенных на Шелковом пути. Таджикистан планирует в 2020 году отпраздновать 5500-летие древнего города Саразм, включенного в 2010 году в Список общечеловеческого культурного наследия ЮНЕСКО.

      12 ноября с.г. Эмомали Рахмон примет участие в парижском Мирном форуме. На фоне успешного официального визита Президента Республики Таджикистан и таджикской делегации в страны Евросоюза, его плодотворных итогов, многочисленных подписанных документов и достигнутых соглашений, весьма негативно, неадекватно и непристойно выглядят так называемые диссиденты. Под руководством запрещенной в РТ террористическо-экстремистской организации Партия исламского возрождения, ныне, из-за стыда за совершенные преступления ПИВТ, позиционирующей себя под видом НАТ, были предприняты весьма жалкие попытки проявить негативную реакцию по поводу официального визита Президента РТ в страны Евросоюза. Они безуспешно пытались привлечь к себе внимание прохожих, потому что их уже давно никто не воспринимает всерьез. Так как Таджикистан имеет безусловный авторитет, огромную поддержу здравомыслящего мирового сообщества, что доказано официальным визитом Главы государства в европейские страны и его положительными итогами. Подтверждено тем достойным приемом и почетом, с каким европейские Лидеры встречают Президента Таджикистана. Этот визит можно назвать довольно успешным, в частности показавшим заслуженное место РТ на мировой политической арене.

       Анализ визита показывает, что Таджикистан привлекателен для Запада как надежный экономический партнер, страна, которая развивается по пути демократии, отстаивая свой суверенитет, безопасность и светский образ жизни. Имея практически полторы тысячи километров государственной границы с Афганистаном, Республика Таджикистан проявляет надежность и способность обеспечивать собственную безопасность, безопасность не только центрально-азиатского региона, но и Европы. И довольно убедительно РТ борется с терроризмом.

     Юрий Макеев,
эксперт аналитического клуба

 "Европейское сообщество"

 


Вакти нашр: 2019-11-14 11:51:13    Хонданд: 9    Муфассал...

ПРЕЗИДЕНТ - САРДАФТАРИ ДАВРОНИ НАВИН

Эъто ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раванди инкишофи ҷамъият инсонро ҳамеша ба ҳаводису воқеаҳои мухталифе рў ба рў месозад, ки дар як марҳила рушди хеле босуръат дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ дар рўзгори мардуми ин ва ё кишвар ба назар расад, дар марҳилаи дигар таназзулу нобаробарӣ ва нофаҳмию ихтилофоти зиёде фарогири фазои он мамолик мегардад. Яъне тазод ва муборизаҳои гуногун барои ба даст овардани манфиатҳои моддию маънавӣ ҳамеша дунболагири ҳаёти инсон аст. Бинобар ин, дар ҳама ҳо-латҳои манфию мусбати ҳаёти инсон нақши шахсият бараъло намоён мегардад. Ба таъбири дигар, раванди таърихии инкишофи ҷамъият барои пешбурди худ шахсиятҳои муътабарро вориди саҳнаи таърихи инсоният мегардонад, ки онҳо бо ақлу заковат, донишу маърифат, муносибату муошарат, ҷасорату матонат ва муборизаҳои ғаюронаи худ эҷодгар ва ё бунёдгари раванди нав дар ин ё он кишвари олам мегарданд. Таърихи инсоният аз дер боз чунин афроди бунёдгузору созандаро ёд дорад ва онҳо бо иқдомҳои накўи хеш зинатафзои давраҳои гуногуни таърихи мамоли¬ки худ гардидаанд.
Албатта, ин равиш раванди баръакси худро низ дорад. Яъне муносибату рафтори баъзе аз пазируфташудагони аҳли ҷомеа бо мурури замон коста гардида, боиси хароб гардидани муносибатҳои ҷамъиятӣ, низоъҳои дохилӣ ва низоми сиёсии ҳамон кишвар мегардад. Дар сурати идора нашудани ин омилҳо низоми сиёсии кишвар ба буҳронҳои шадид рў ба рў мегардад ва дар натиҷа таба-дуллоти мухталиф ва парокандагӣ дар ҳамон низоми сиёсӣ сар мезанад, ки мисоли рўшани инро мо дар пош хўрдани давлати Шўравӣ дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта мушоҳида карда метавонем.
Пароканда гардидани чунин давлати неруманд ҳодисаи тадриҷии таърихӣ буд, яъне он яку якбора аз байн нарафт, балки дар натиҷаи коста гардидани низоми сиёсӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, манфиатхоҳии бештари ҷумҳуриҳои сернуфузи таркиби он, ба ҷамоҳире, ки ҳудуди ҷуғрофиашон маҳдудтар ва аҳолиашон камнуфустар, таваҷҷуҳи камтар зоҳир кардан ва монанди инҳо боиси аз харитаи ҷаҳон зудуда гардидани номи СССР гардид.
Баъд аз ин ҳодисаи таърихӣ низоми сиёсии ҷаҳон низ дигар гардид ва ҳамаи он кишварҳои манфиатҷў ба ҷумҳуриҳои аз Шўравӣ ҷудошуда барои ба даст овардани ғаразҳои сиёсии худ тамоми имкониятҳои худро роҳандозӣ карда, барои ба ҳадафҳои худ ноил гардидан, ҳатто, мардуми онро ба коми ҷанг кашиданд. Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон яке аз он кишварҳое буд, ки аз на-доштани роҳбарони миллатдўсту ватанпарвар сарзамини биҳиштосои он макони чуғдон ва кафторҳои хунхор қарор гирифт. Миллате, ки дар масири таъри¬хиаш бар сари халқею кишваре ханҷар накашида буд, гирифтори дасисаю фиреби манфиатхоҳону ҷоҳталабон гардид ва ғарқи гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Кишваре, ки асрҳо боз бо абар¬мардони илму адабаш инсониятро тарбия менамуд, дар назди ин ҳодисаи нангин нотавону бечора буд. Дар ин замон дигар касе монеи ихтилофоти дохилӣ шуда наметавонист. Роҳбарияти бозмондаи замони Шўравӣ сару калобаи худро гум карда буд ва дар назди ин мушкилот нотавону бечора ба назар мерасид. Бо вуҷуди рўз ба рўз авҷ гирифтани оташи ҷанг ҷоҳталабию мансабталошиҳо боз ҳам бештар мегар¬дид ва кор то ба ҷое расид, ки яке аз минтақаҳои кишвар муд¬датҳо дар муҳосираи иқтисодӣ монд... Вале ҳамоно тақсими вазифаю мансабҳо идома дошт. Як гурўҳ «пешвоёни замон» барои ором кардани вазъи сиёсии кишвар яке аз роҳбарони собиқи Шўравиро дубора сари мансаб оварданд ва бовар доштанд, ки ў бо доштани таҷрибаи сиёсиаш вазъиятро ором месозад, вале, ин иқдом баръакс, боиси авҷ ги-рифтани вазъият ва муташанниҷ гардидани низоми сиёсии кишвар гардид. Эшон низ зери фишори силоҳбадастон аризаи истеъфояшро имзо карда, худро аз вазъият барканор кашид. Беҳокимиятии кул кишварро фаро гирифт. Ҷанги хонумонсўз боз ҳам бештар аланга мегирифт, молу мулк ва дороии кишвар ва мардуми он ғорат мегардид. Саркардаҳои ҷанг дар минтақаҳои кишвар худро ҳоким эълон карда, мардумро талаву тороҷ мекарданд. Ниҳоят, марду¬ми ҷафодида барои дифои ҷони худ ва барои нангу номуси фар-зандони худро нигаҳ доштан фирорӣ гардиданд ва ба кишвари ҳамсоя -Афғонистон, ки зиёда аз чил сол дар он ҷангу хунрезӣ идома дошт, панаҳ бурданд ва дар таърих бо номи «муҳоҷирони иҷборӣ» сабт гардиданд.
Вазъи даҳшатбори замон барои фурў нишонданаш интизори шахси ҷасуру далер ва сиришта аз меҳру сафо буд. Ва бо баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми тақдирсоз равзанаи умед ба фардои нек фаро расид, ки онро метавон равзанаи умед ба бозшавии таърихи навини даврони нави халқи тоҷик номид. Намояндагони маҷлиси олӣ баъд аз суханронии яке аз ҷавонтарин намояндаи мардумӣ – Эмомалӣ Раҳмон ва таҳлили вазъи сиёсии кишвар дарк карданд, ки танҳо ў бо ақлу заковат ва нерую тавоноияш барои садди роҳи хунрезӣ шудан метавонад мусоидат намояд ва ба Истиқлоли давлатии Тоҷикистон истеҳком бахшад.
Даврони навини таърихи истиқлолияти Тоҷикистон сардафтар ва ҳомии худро дар шахси фарзанди ҷонфидояш дар симои Эмомалӣ Раҳмон кашф кард, ки раванди минбаъдаи инкишофи он бо номи ў сахт марбут гардид ва оянда низ идома хоҳад ёфт...
Барқарор кардани сулҳу ваҳдати миллӣ барои сарвари ҷавон бузургтарин ҳадафи сиёсӣ маҳсуб мешуд. Бинобар ин, Эмомалӣ Раҳмон аз низоми идораи президентӣ ба хотири якпорчагии Ватан ва ба ҳам овардани мардум даст кашид. Сарвари ҷавон хеле хуб дарк карда буд, ки яке аз омилҳои парокандагии миллати тоҷик ва низоъҳои сиёсӣ дар солҳои ав¬вали истиқлоли кишвар ин интихоботи президент ба шумор мерафт, ки ин боиси пайдо гар-дидани як гурўҳи худхоҳу ҷоҳталаб дар дохили кишвар гардида буд. Дар ҳамин замина, бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон то оромтар гардидани вазъи си¬ёсии кишвари тозаистиқлоли мо низоми парлумонии идораи давлат роҳандозӣ гардид.
Баъд аз интихоб гардиданаш ба вазифаи Раиси Шўрои олӣ аз минбари баланди ин ниҳод ў дар назди намояндагони мар¬дум суханронӣ карда, савганд ёд кард, ки тамоми ҳастиашро барои ором кардани вазъи сиёсии кишвар равона мекунад, Ватанро аз парокандагӣ раҳо карда, сулҳу субот ва ваҳдату якпорчагиро дар ҳудуди мамлакат таъмин менамояд ва то баргардонидани охирин муҳоҷири иҷборӣ худро орому осуда ҳис намекунад. Дар чунин даврон барои миллати тоҷик аз сулҳу субот ва ваҳдату баҳамоӣ чизи дига¬ри муҳиме вуҷуд надошт. Мардуми саргардон аз ҳаводиси сиёсӣ омода буд, ки дар канори сарвари ҷавон, ки ҷони худро барои амнияту суботи мардуми кишвар ва якпорчагии сарзамини аҷдодӣ дар кафи даст гирифтааст, тамоми мушкилотро чун гуруснагиву маризӣ, дарду ғам, фироқи ҷи¬гарбандону пайвандон, аз даст рафтани хонумон ва монанди инҳо таҳаммул кунад ва барои амалӣ гардидани иқдом ва ниятҳои неку инсонпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлуи ў бошанд. Маҳз бо чунин хислатҳои нек ва суханони хирадмандонааш Эмомалӣ Раҳмон дили мардумро тасхир кард ва дар қалби ҳар як фарди равшанзамир, ватанхоҳу миллатпарвар ошёни меҳру муҳаббат бунёд намуд. Ғояҳои инсонгароёна ва дар аҳду қавл устувору дар савганд пойдори Эмомалӣ Раҳмон дар тўли таърихи даврони навин бо¬иси он гардид, ки миллати тоҷик ўро минҳайси Пешвои миллат чун бунёдгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бипазирад. Ин иқдом ифтихори бузурги миллати тоҷик дар роҳи арҷу эҳтиром гузоштан ба корнамоиҳои фарзандони барўмандаш дар тўли таърих мебошад...
Низоми идораи президентӣ дар ҷаҳони муосир ба ҳайси яке аз низомҳои хеле муҳими сиёсии идораи давлатӣ пазируфта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ тибқи Конститутсия чунин низоми идоракуниро пазируфт. Таҷрибаҳои тайкардаи ин низом дар кишвари мо далели он аст, ки идораи низоми сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии кишвар тавассути идораи президентӣ бештар манфиатовар буда, барои ҳифзи тамоми ар¬зишҳои таърихии миллати тоҷик мусоидат менамояд. Албатта, нигоҳ доштани низоми идораи президентӣ, пеш аз ҳама, ба дониш, тавоноӣ, ҳувияти миллию ҳифзи муқаддасоти миллӣ, таҷрибаи сиёсӣ барин унсурҳои муҳими раҳбарӣ алоқамандии зич дорад.
Мардуми тоҷик дар тўли солҳои давлатсозии худ дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи унсурҳои зикршударо мушоҳида кард ва ҳангоми интихобот аксари кулли мардум ба ҷонибдории ў ҳамчун кафили оромию осудагӣ ва ободию шукуфоии кишвар овоз дод. Интихоби мардуми тоҷик ба ҷонибдории ин шахсияти барўманд ва сиёсатмадори аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда барои обрўю эътибори миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат кард. Эмомалӣ Раҳмон низ ба ҳайси раҳбари меҳанпарвару миллатдўст тамоми неру ва таҷрибаи андўхтаи сиёсии худро ба он равона кардааст, ки миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон зиндагии шоистае дошта бошанд.
Тамоми ҷаҳду талош ва кўшишу заҳматҳои Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тўли солҳои соҳибистиқлолии кишвар боиси он гардид, ки дар низоми сиёсии ҷаҳон як кишвари ободу осуда ва сулҳхоҳу адолатпарвар, демократию дунявӣ ва дорои низоми амнияти босуботу ором бунёд ёбад. Рушду инкишофи рўзафзуни иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рў ба беҳбудӣ овардани зиндагию рўзгори пурнишоти мардум маҳз тавассути сиёсати оқилонаю инсонпарваронаи фарзанди фарзона ва баргузидаи миллати тоҷик, Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадааст. Дар ин росто, метавон ин шахсияти бузурги сиёсиву таърихиро сардафтари дав¬рони навини Тоҷикистони азиз номид.

Муҳаммаддовуд САЛОМИЁН,
доктори илмҳои филологӣ,
Ҳақназар КАРИМЗОДА,
номзади илмҳои филологӣ


Вакти нашр: 2019-11-14 14:59:07    Хонданд: 14    Муфассал...

АҚЛИ СОЛИМ МУҚОБИЛИ ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОК

         Падидаи номатлубе, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин хатари паҳн гардидани терроризм мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ ва нопоки худ расидан аксаран ҳаракату равияҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони дигарро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан ва амалӣ намуда,  ба ниятҳои ғаразноки худ истифода баранд. Бо ягон кор, аз ҷумла кори илмӣ банд будан яке аз роҳҳои асосии тарбияи ҷавонон ба роҳи росту донишомўзи ва созандагию ватандўстӣ мебошад. 

«Имрўзҳо миллионҳо одамон дар гўшаҳои гуногуни дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо рў ба рў шудаанд ва терроризму экстремизм ҳамчун зуҳуроти ин падидаҳои харобиовар боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва ахлоқӣ гардидаанд», - баён дошт Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил”, ки 17 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Мо шоҳиди онем, ки ки бо ҷараён гирифтани вазъи ноором дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо, кишварҳои дигари ҷаҳон терроризм ва экстремизм ба хатарҳои ҷаҳонӣ табдил гардидаанд ва оқибатҳои мусибатомези онро дар мисоли Ироқ, Сурия, Яман, Либия, хуб мушоҳида мекунем.

Нишонаи дигари ин падидаи номатлуб зуҳур намудани гуруҳи ба ном «Давлати исломӣ» буд, ки бо амалҳои даҳшатнок, ғайриинсонӣ ва ғайриисломии худ номи дини исломро бадном намуда, дар натиҷаи кирдорҳои разилона ва амалҳои террористӣ дар ҷаҳон ҳазорҳо нафарро қурбон намуд, ки  аксарияташон кўдакони ноболиғ мебошанд.

Ҳануз соли 2014 намояндагони уламои бузурги исломӣ аз 126 кишвари ҷаҳон бо имзои фатвои муштарак ва фиристодани мактуби якҷоя ба роҳбарони гуруҳи “Давлати исломӣ” эълон намуданд, ки амалҳои ин гурўҳ пурра зидди таълимоти исломӣ буда, ин гуруҳ ҳаргиз ҳақ надорад, ки худро гуруҳи исломӣ номад ва имрўз шоҳиди онем, ки қувваи солим ба сари ин адўи аср зарбаҳои марговар зада, онро ба ҳолати нестӣ расонида истодаанд.

Дар ҷангҳои Сурияву Ироқ садҳо ҷавонони тоҷик бо роҳҳои фанду фиреб ва ваъдаи анҷом намудани “ҷиҳод” дар роҳи ислом ба сафи гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” шомил шуда, ҷони худро қурбон намуданд ва фарзандонашон ятиму хору залил як муддат дар бошишгоҳҳои Сурия ва Ироқ нигоҳ дошта шуданд. Бо дастгирӣ ва талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 84 нафар кўдакони ноболиғи аз волидайн маҳрум гардида ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамояд ки «Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».

Cозмону ҳаракат ва гуруҳҳо, аз қабили "Ал-Қоида", "Ҷундуллоҳ", "Ҳаракати Исломии Ўзбекистон", "Ҷиҳоди ислом", "Ҳаракати Толибон", "Ансоруллоҳ", "Ҳизб-ут-Таҳрир",”ҲНИ” , “Гуруҳи 24” ва амсоли инҳо, ки аз ҷониби як қатор давлатҳо ҳамчун ташкилотҳои террористӣӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, бо густурда намудани фаъолияти худ ва анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона мехоҳанд нуфузу эътибори худро боло баранд.

Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош менамояд аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди терроризм" (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)" (соли 2006) ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.

Имрўз танҳо муборизаи дастаҷамъона ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад.

Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад.

Барои решакан намудани ин падидаҳои номатлуб ва гирифтани пеши роҳи гаравидани ҷавонон ба он қувваи солими ҷомеа, аз ҷумла насли клонсол вазифадор аст, ки ҳеҷ гоҳ ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳад ва роҳнишондеҳи ҷавонон ба донишомўзиву созандагӣ бошад.

Имрўзҳо садҳо нафар ҷавонписарону духтарони донишманду боистеъдод дар муассисаҳои олии кишвар таҳсил доранд ва шумораи зиёд дар соҳаҳои  гуногуни кишвар  кору фаъолият менамоянд.  Дар ин замина мутахассисони ҷавони соҳаи тиб дар рўҳияи баланди ватандўстиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият тарбия ёфта, барои пешравӣ ва баланд бардоштани иқтидори илми тибби тоҷик кору пайкор доранд. Аз эҳтимол дур нест, ки сабаби асосии ҷой надоштани амалҳои номатлуб дар байни мутахассисони соҳаи тиб пайваста бо илм ва табобат банд будани онҳо бошад.

Ҳамзамон, дар шуъбаи аспирантураи Академияи илмҳои тибби ВТ ва ҲИА ҶТ зиёда аз 48 нафар аспирант аз 14 муассисаи илмӣ таҳсил доранд, ки ба онҳо олимону омўзгорони варзида  таълиму тарбия дода, даъват ба миён меоранд, ки баҳри ободии Ватан, гулгулшукуфии кишвар мубориза баранд ва иштирокчии фаъоли  корҳои ободонию созандагӣ бошанд.  Роҳбарияти Академия дар навбати ҳар сари вақт бо онҳо вохўриҳо баргузор намуда, доир ба сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар, татбиқ намудани барномаҳои стратегии кишвар дар самти тандурустӣ, баланд бардоштани савияи дониш ва истифодаи технологияи муосир суҳбатҳо доир менамояд.

Кам нестанд кадрҳои ҷавоне, ки  корҳои  илмӣ- тадқиқотиро  анҷом  медиҳанд ва  рисолаҳои илмии  худро  дифоъ  намуда, дар пешравии илм саҳм мегузоранд. Онҳо  кўшиш  менамоянд,  ки  дар  раванди  баланд   бардоштани  тафаккури илмиву  техникӣ,  ҳисси  худшиносиву  худогоҳӣ  ва  эҳтиром  гузоштан  ба  арзишҳои  миллӣ нақши  калидӣ  дошта   бошанд. Ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмадгардонии онҳо дар Академияи илмҳои тиб ҳамасола озмуни «Олими ҷавони сол» гузаронида мешавад, ки се нафари беҳтарин бо мукофотпулӣ ва ҷоизаи таъсисдода сарфароз мегарданд. Маҳз донишомўзӣ ва донишмандии ҷавонони метавонад дар муқобили ҳамагуна зуҳуроти номатлуб истодагарӣ кунад.      

Набояд фаромўш кард, ки ҷавонон қўвваи бузург ва давомдиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа мебошанд. Аз ин рў, гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм нисбат ба бартараф намудани оқибатҳои ин зуҳурот муҳим мебошад. Дар ин масир метавон корҳоеро пешниҳод намуд, ки барои кам гардидани зуҳуроти радикалӣ дар муҳити ҷавонон мусоидат намоянд, ки таҳкими донишҳои ҳуқуқӣ дар тарбия ва таълими ҷавонон аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Ҷомеаи солими кишварро мебояд бар зидди ин хатари чаҳонӣ муборизаи беамон барад, ки ҷавонон дар баробари он қувваи асосии пойдории  сулҳу оромӣ ва  мустаҳқамии  ватан он мебошанд.

Алиҷон  Ғоибзода, узви фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-11-14 15:25:30    Хонданд: 10    Муфассал...

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ

         Мутобиқи супоришҳои протоколии Маҷлиси назоратии назди Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе    Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино бахшида ба    28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 24 – умин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарону сарбозон   вохӯрӣ  доир карда шуд.

        Дар  он Файзуллозода З.Ф. – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Сайидмуминзода Аббос – муовини Раиси ноҳияи Сино, Бобобекова Меҳринисо – шоири халқии Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва Собириён  Маҳмаднаим – муовини Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

       Баромадкунандагон  зимни баромади хеш қайд намуданд, ки дар тўли солҳои  соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба як мамлакати ободу осуда ва пешрафта табдил ёфта истодааст.   Бояд гуфт, ки Истиқлолият як ҳарфи ифтихорӣ нест, балки он тақозо менамояд, ки пояҳои устувори давлатдорӣ гузошта шуда, ба ҳама гуна мушкилоту имтиҳони зиндагиву рўзгори мустақилона тоб оварда, рушди иқтисоди замонавӣ таъмин карда шавад ва арзишҳои давлати демократӣ ҳифзу афзун гардонда шавад.


Вакти нашр: 2019-11-15 10:01:04    Хонданд: 24    Муфассал...

НАМОИШИ ТАОМҲОИ МИЛЛӢ ВА ҲУНАРИ ДАСТАРХОНДОРИИ ДУ МИЛЛАТ-ТОҶИКУ БЕЛОРУС ДАР ДДТТ

      14 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мутобиқи иҷрои супориши протоколии машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.07.2019, №1к/16-5 дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи савдою иқтисодии кооператсияи матлуботи Белоруссия намоиши хӯрокҳои миллӣ, маҳсулоти нонию қаннодӣ, ҳунари дастархондорӣ ва қабули меҳмонон  доир гардид.

       Дар чорабинии мазкур Абдуҷаббор Раҳмонзода - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Нуриддин Саид - Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаҳои Сафоратхонаи Белоруссия дар Тоҷикистон, Фақеров Ҳамдуллохон - Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Раиси КИИ «Тоҷири аҷам»,  Дилбар Абдураҳимова-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Азизхӯҷа Азизов - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ширкат намуданд. Дар намоиш маҳсулотҳои нонӣ ва таомҳои миллии ду миллати ба ҳам дӯсту бародар-тоҷику белорус ба маъраз гузошта шуда буд. Инчунин аз дастархондорию меҳмондорӣ, хизматрасонӣ дар ошхона, ки ҳозирин аз он таассуроти зиёд гирифтанд ва баҳои баланд доданд, намоиш дода шуд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ   барномаи фарҳангии дастаи ҳунарии  КИИ “Тоҷири Аҷам”-донишгоҳи мазкур, ки аз созу навои дилошӯб ва ҷолиб иборат буд, хотири ҳозиринро болида намуд.  


Вакти нашр: 2019-11-15 10:33:53    Хонданд: 8    Муфассал...

КАБИРИИ АФСУНГАР

       Кабирӣ мусибатеро ки ту ба сари мардум овардӣ ва овардан мехоҳӣ назир надорад. Ҳамчун як хоини Ватан барои фурӯхтани манфиати давлату миллат тамоми тадбриҳоро андешидаӣ, ба  тамоми ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғаразнок лоиҳа навиставу грантҳоро ба хотири сиёҳ кардани рӯзи миллат ва пур кардани ҷайби хеш гирфтаӣ. Ту дигар роҳ ҳам надорӣ. Зеро дар қайди хоҷагонат банд шудаӣ. Ё сарат бояд биравад ва ё он ки амну суботро бояд аз ин Ватани обод бибарӣ. Дар доираи ин лоиҳаҳои хоинона олимону донишмандонро ба қатл расондаву ҷавонони тоҷикро ба Сурияву Ироқ фиристондаӣ. Азбаски мактабҳои иғвоангеизиву террористиро хатм намудаӣ ҳунари афсунгариву равоншиносиро бисёр хуб ба кор мебарӣ то ҷавонони дар сиёсат напухтаро сӯи худ ҷалб намоӣ. Давлат ободу мардум серанд, туро ҳиси нотавонбинонаат боло гирифтааст, то андозае, ки аз хобу хӯр мондаи. Ҳолати рӯҳиат бисёр вазбин арзёбӣ мешавад. То ҳадде, ки ба қавли мардум туро бардоштааст. Рангу рӯи чун мурдаат ба ин гувоҳ аст. Мардуми тоҷик шаттаи ту барин хоинро як бор хӯрд. Ба Қозидавлат Қоимдодов чӣ кор дорӣ, гиребони худатро бӯ кун бӯи ғализаш ба ҳафт мулк мерасад. Дастонат ба хун оғуштааст, ба хуни мардуми бегуноҳи тоҷик. Имрӯз дар доираи ин лоиҳаҳои хоинонаат ва қарзҳои аз хоҷагонат гирифта бояд баромад кунӣ, сиёҳро сафед ва сафедро сиёҳ гӯӣ. ДОИШ гуноҳи худро бар дӯш гирифта бошад ҳам ту бояд онро баракс гӯӣ.  Дар бораи “кӣ ҷавоб мегӯяд” бисёр бо сари баланд ва беибо ҳарф мезанӣ. Ту кай ҷавоб мегӯи назди миллат, назди пайвандону наздикони олимону донишмандон назди онҳое, ки фирефтаи дурӯғу фитнаҳои ту шуда ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агар ба хориҷ ба хотири манфиати давлату миллат рафта бошад, ту ба хотири манфиати хеш дар хориҷ будиву ба ҷанозаи падарат наомадӣ, чаро аз ин рафтори ғайриинсонии худ намеандешӣ. Чаро бо алфози эрониҳо ҳарф мезаниву аз манфиати миллӣ бо овози баланд гап мезанӣ. Чароҳо хеле зиёданд...

Холиқзода Мунаввар, аъзои ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-11-15 10:50:05    Хонданд: 7    Муфассал...

ҶОВИДОН БОД ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Забоншинос”  Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони "Ҷовидон бод Пешвои миллат" бахшида ба 27 –умин солгарди   Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” миёни ҷавонон  доир гардид.

     Дар кори он    Нуров М.А. – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Салимзода К. – намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Мардихудо – роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” – и назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоев М. – муовини Ректор оид ба таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Бобоалиева З. - муовини Ректор оид ба тарбияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Киромиддинов З. – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкада, олимони ҷавон ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.       

          Баромадкунандагон зимни баромади хеш ќайд карданд, ки беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Точикистон ворид шуд.

 


Вакти нашр: 2019-11-15 11:31:03    Хонданд: 44    Муфассал...

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲОМИИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

       Дар ҷодаи тарҳрезӣ ва муайянсозии сиёсати ҳуқуқии кишвари соҳибихтиёрамон Конститутсия мавқеи намоён ва нақши барҷаста дорад, зеро он аз як ҷониб дар муқаррароти хеш азму ирода, орзуву ормон ва ғояву маромномаи ҳамватанони моро ифодагар ва таҷассумкунанда бошад, аз ҷониби дигар заминасоз ва ҳидоятгари тараққиёту такомули ҷомеаи шукуфон ба шумор меравад, ки тӯли 25 сол ин рисолати ҳаётӣ ва таъйиноти пуршарафро ба унвони санади муқаддас ва арзиши сарнавиштсозу неъмати гаронбаҳо басо пурсамару натиҷабахш ба иҷро расонда истодааст.
Ҳарфи инъикоскунандаи ҳақиқати таърихӣ ва сухани бозгӯи воқеияти ҳол ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори асосӣ ва иқдомгари аслии таҳия ва қабули нахустин Конститутсияи давлати озоду соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошанд, ки ин рӯйдод падидаи беназири таърихи давлатдорӣ, ҳастӣ ва мавҷудияти миллати сарбаланди тоҷик мебошад. Аз он нигоҳ, ки маҳз қатъият, истодагарӣ, ҷасорати фардӣ ва сарвариву роҳнамоии оянданигаронаи Пешвои муаззами миллат буд, ки бо вуҷуди сангинии вазъияти он замон Конститутсияи мамлакатамон таҳия шуда, ба таври фарогир мавриди муҳокимаи омма қарор гирифт ва ниҳоят тариқи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Президенти кишвари мустақиламон масъулияти ҳомии хирадсолори Конститутсия, кафили Истиқлолияти давлатӣ ва пойдориву бардавомии миллат буданро ба таври шоиста анҷом дода истодаанд, ки аз шарофати чунин дарки масъулияти баланд комёбӣ пайи комёбӣ насиби мо – соҳибватанон гардида, музаффариятҳои зиёди даврони озодиву соҳибихтиёриамон торафт афзуда истодааст.
Шинохт ва эътирофи моҳияти демократии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи муътабари байналмилалӣ шаҳодатгари он аст, ки миллати тоҷик давлатсозии мустақилро озодонаву огоҳона бо такя ба ҳарфу ҳиҷои қонун ва меъёрҳои пазируфташудаи низоми ҳуқуқии ҷаҳонӣ амалӣ намуда, саодату бақо ва татбиқи ҳадафҳои созандаашро пойбанди меъёру арзишҳои бахтномаи миллӣ, муҳимтарин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ ва санади волои ормонҳои хеш медонад.
Эҳтиром гузоштан ба арзиши Конститутсия аз фазилати баланди инсонӣ дарак дода, нишонаи равшани садоқатмандӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҳисси баланди соҳибдавлативу ифтихори ватандорӣ ба шумор рафта, фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии фард дар он зоҳир мегардад.

      Бо муҳим шумурдани ин нукта Пешвои миллат ба кулли мо - ҳамватанон чунин таъкид менамоянд: «Вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастанд, арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем». Муқаддасоти миллӣ, мақому ҷойгоҳ ёфтани Конститутсия, соҳиби Конститутсияи давлати озоду мустақил будан танҳо боиси сарфарозӣ набуда, ҳисси сарбаландиест, ки дар пай масъулият низ дорад. Соҳибдавлативу соҳибватании мо аз файзи истиқлол ва асосноксозии ҳуқуқии Конститутсия сарчашма гирифта, ба шарофати мактаби сарварии сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такомул пайдо намуда, роҳи тараққиёти устувор ва тавсеаи доманадор ба самти ободкориҳои бештар танҳо бо қувват бахшидани тамоюлҳои муттаҳидиву ҳамбастагӣ миллати моро боз ҳам пирӯзманду комёб нигоҳ хоҳад дошт.

Суҳроб РУШАНЗОДА

 

 

 

 

 

 

 

 


Вакти нашр: 2019-11-15 11:46:02    Хонданд: 12    Муфассал...

АЗ СУЛҲ ТО САОДАТУ ПЕШРАФТ

      Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки 27 сол муқаддам бо кӯшиши вакилон - мардони бофарҳангу сарсупурда, ходимони сиёсӣ ва арбобони давлату миллат дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Қадамҳои аввалини сулҳу субот дар ҳамин иҷлосия гузошта шуданд.
        Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи оғози ҳамин иҷлосияи тақдирсози миллат ибтидо мегирад. 15 апрели соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту иловаҳо ворид гардиданд. Мувофиқи ин тағйирот ҳамасола 16 ноябр - ин рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Қонуни мазкур бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таъмини сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва рушду нумӯи самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа қабул гардидааст.
        Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронеанд, ки қадам ба қадам бо мардум инкишоф ёфтаанд ва аз ғаму шодии миллати худ огоҳанд. Ҳамон гуна, ки аҳли як хонадон фарзандони худро, ки дар пеши чашмашон аз як навҷавони навқад ба як марди рашид табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифоту сиришти ӯ ошноӣ доранд, Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғӯши Ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии халқ сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтаанд. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд. Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон як мансаб ё як унвон нест, балки он як ҷойгоҳ аст, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар пешгоҳи Ватану миллат ва дар шоҳидии тамоми мардум ба он сазовор гардидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 иброз дошта буданд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».  Воқеан ҳам, Сарвари давлати мо ба ҳар яке аз гуфтаҳои хеш амал намуд. Давлатро аз вартаи ҳалокат берун овард. Тамоми ғайрату неруи хешро баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистон истифода намуд. Дар бораи корнамоиҳои бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр навиштаанду боз ҳам менависанд. Муҳимтар аз ҳама Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо сулҳ оварданд, давлатро ба сӯйи пешрафту тараққиёт роҳнамо гардиданд ва ба савганди хеш, ки гуфта буданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам…» устувору содиқ монданд. Имрӯз мо шукрона аз он менамоем, ки дар фазои ободу осудаи кишвари азизамон – Тоҷикистон озодона фаъолият менамоем. Яке аз хидматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Президент худ имрӯз пушту паноҳи забони давлатӣ аст, онро чун рукни асосии бинои ҳастии миллат ва давлат, чун муқаддасот ва нигаҳбони ҳувияти миллӣ арҷгузорӣ, ғамхорӣ ва парасторӣ менамояд. Бузургдошти забони модарӣ, сарнавишти таърихӣ ва мақоми он дар бақои давлатдории миллӣ дар назариёти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти бисёр муҳим дорад. Сарвари давлат ҳамеша таъкид медоранд, ки забон дар баробари таъриху фарҳанг ва маънавиёт яке аз омилҳои бунёдиест, ки ҳувияти миллиро ташаккул медиҳад, симои миллатро муайян мекунад, мақоми онро дар таърих ва дар тамоми ҷаҳон муайян менамояд. Хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободию пешрафти сарзамини аҷдодӣ ва маҳбубияту маъруфияти Тоҷикистон ва тоҷикон басо бузургу бебаҳоянд. Давлат ва миллати тоҷик имрӯз бо номи ин абармарди дунёи сиёсат ифтихорманд аст ва сари болою рӯйи сурхи мардум натиҷаи талошу заҳматҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пойбарҷойии Тоҷикистон мебошад. Поянда бод Рӯзи Президент ва заҳматҳои бунёдкорию созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Мо - ҷавонони кишвар пайрави ин марди бузург, шахсияти шинохта ва роҳнамои миллат ҳастем. Рӯзи Президент ба ҳама тоҷикони дунё муборак!

Рухсора ТАҒОЕВА, аъзои ҲХДТ

 


Вакти нашр: 2019-11-15 11:52:19    Хонданд: 16    Муфассал...

НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСИРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

Мутобиқи   нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб оид ба сазовор таҷлил намудани Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 – умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Форуми Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масири давлатдории навини тоҷикон”- ро дар толори Кохи Суруш   доир намуд.

       Дар он Ҳабибзода Зоир - мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва корҳои махсуси   КИМ ҲХДТ, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ-Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Самӣ Шариф Ҳамид-Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Расулзода Насимҷон-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Авзалов Ғайбулло Саидович - Раиси Шурои собиқадорони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ректорони донишгоҳу донишкадаҳои таҳсилоти олии ҳудуди ноҳия, раисони кумитаву  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

       Нахуст, пеш аз оғози Форум иштирокчиёну меҳмонон аз намоиши китоб дидан намуданд. 

     Сипас, Расулзода Насимҷон-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  сухани ифтитоҳӣ  намуда, қайд  кард, ки мақсад аз баргузории Форум тарғиби муқаддастарин рӯзҳои таърихӣ, гиромидошти заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили 25 солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Раҳмонзода Зоир Файзалӣ зимни баромади хеш қайд намуд, ки      таърихи навини давлатдории Тоҷикон аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Ва ин таърихи миллат ва халқи кишвар бо ному фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.

Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам рўйдоди таърихӣ маҳсуб меёбад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сўйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аввалин қадамҳои устувор гузошта шуд.

Вале набояд фаромуш сохт, ки яке аз аҳамияти таърихии дигари ин Иҷлосия ин пеш аз ҳама дар кишвар барқароркунии Ҳукумати конститутсионӣ ва интихоб шудани шахсияти арзандае бо номи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат, буд, ки пешрафту шукуфоии минбаъдаи кишвари азизамонро бо номи ў вобаста медонанд.

       Ҳамин тариқ, бо натиҷагирӣ аз комёбиҳои арзишманд имрӯзҳо ҲХДТ таҳти роҳбарии Раиси муаззамаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мактаби бузургеро мемонад, ки омӯзиш ва аз барнамоии он метавонад ҳар яки моро ба пешравиҳои намоён комгору муваффақ гардонад.

        Дар ин миён Зоир Ҳабибзода ҳозиринро бо ҷашнҳои дар пешистода табрику шодбош намуда, таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  маънои дарки аҳамияти бузурги ин ниҳоди давлатӣ дар рушду инкишофи давлатдории муосир иброз намуд.

       Авзалов  Ғайбулло ҳамчун иштирокчии Иҷлосияи  таърихии XVI  Шўрои Олӣ бо далелҳои мушахас  аз корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сулҳу суббот ва ваҳдату якдилӣ сухан кард.

       Бояд зикр намуд, ки дар кори Форум филм таҳти унвони “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар масири давлатдории навини тоҷикон” намоиш дода шуд. Ҳамзамон, ҳунармандону бастакорони мардумии Тоҷикистон бо сурудҳои ватандӯстонаю ватанпарастона ба хотири гиромидошти рӯзҳои таърихӣ ва болидахотирии иштирокчиён ҳунарнамоӣ намуданд.

 

 


Вакти нашр: 2019-11-18 15:04:48    Хонданд: 24    Муфассал...

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - САРДАФТАР ВА МЕЪМОРИ ТАЪРИХИ НАВИНИ ТОҶИКИСТОН

Боиси ифтихор ва сарбаландии кулли мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки ҳамасола 16-уми ноябр дар саросари кишвар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Бояд қайд кард, ки маҳз иродаи мардум ва меҳру садоқат ба хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мардуми кишвар аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатиро дар ҳифзу тараққии давлатдории миллӣ дарк намуда, ин рӯзро ба унвони қадрдонию сипос бо тамоми он арзишҳои баланди давлатию миллӣ ва шаҳрвандие ҷашн мегиранд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Таърих нишон медиҳад, ки ҳама гуна ҷомеа ниёз ба роҳбари хирадманду оқил ва доною тавоно дорад. Дар оилае, ки сарвари он инсони оқилу ҳушманд аст, фарзандон инсондӯсту меҳнатқарину боодоб тарбия мешаванд. Ҳамчунин, дар кишваре, ки бар садри худ роҳбари доною хирадманду дурандеш дорад, дар он кишвар адолати ҳақиқӣ барқарор мешавад ва пойдор мемонад. Таърих гувоҳ аст, ки дар оғози ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии бародаркуш фаро гирифт ва озмоишҳои азим мисли қатъ гардидани робитаҳои хоҷагӣ байни корхонаҳо, аз даст додани бозорҳои анъанавии фурӯш, камбудии ҷиддии захираҳои молиявӣ, муқовимати сиёсию ҷанги шаҳрвандӣ, набудани волоияти қонун ва муборизаи қувваҳои гуногуни сиёсӣ вазъи сиёсию иқтисодии мамлакатро мураккаб ва гузаронидани ислоҳоти иқтисодиро имконнопазир намуда, ба иқтисодиёт зарари азим расонид, ки бештар аз 10 млрд. доллари амрикоӣ баҳогузорӣ мешавад. Дар ин давра рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 67,4% коҳиш ёфта, вазъи зиндагиро мураккаб сохт.


      Дар печидатарину ҳассостарин лаҳзае аз таърихи давлатдории тоҷик ба майдони сиёсат ворид шудани Эмомалӣ Раҳмон барои миллати мо ҳадяи тақдир ва муваффақияти хосест. Зеро ба шарофати хиради азалӣ, зиракии сиёсӣ, иродаи матин, вижагиҳои ахлоқӣ ва истеъдодҳои фардии ӯ Тоҷикистон аз хатари пора шудану ба нобудӣ расидан раҳо гашт ва дар кӯтоҳтарин муддати таърихӣ тамоми вижагиҳои давлати мустақил ва устувортарин низоми сиёсиро соҳиб гардид. Дар тӯли 28 соли истиқлолият як силсила мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи навин бартараф гардида, таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуд. Корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ба самтҳои асосӣ ва стратегии сиёсати давлатӣ табдил дода шуданд.


         Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои иқтисодии хешро дар арсаи байналмилалӣ дар асоси меъёрҳои ҳамшарикӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд татбиқ менамояд. Талошҳои пайгиронаи Президенти кишвар дар ин раванд пайваста ба густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардидаанд, ки ин дар давраи истиқлолияти давлатӣ эътибори Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври бесобиқа баланд бардошт. Имрӯз Тоҷикистон на танҳо дар ҳалли масъалаҳои дохилӣ, балки бо пешниҳодҳои ҷолиб ва таҷрибаи кории Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳгузор мебошад. Аз ҷумла иқдомҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфташудаи Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳалталаби обӣ қабул гардидани қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид, инчунин омӯзиши сулҳу ваҳдати Тоҷикистон ва истифодаи ин таҷриба дар кишварҳои ҷангзада ва пешниҳоду ҳушдори ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба терроризм ва экстремизм лозим ба ёдовариянд.


        Бо мақсади фароҳам овардани замина ҷиҳати рушди устувори иқтисодӣ дар кишвар бо ташаббус ва дастгирии Президенти кишвар “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди миллӣ барои то соли 2020” қабул гардид. Татбиқи босамари ҳуҷҷатҳои стратегӣ, барқарорсозии иқтисодиёт ва ноил шудан ба сатҳи устувории макроиқтисодӣ имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ аз 72,4 фоизи соли 2003 то ба 29,5 фоиз дар соли 2018 коҳиш ёбад. Дар натиҷаи ислоҳот ва дигаргунсозиҳо тамоюли рушди иқтисодӣ дар солҳои охир таъмин гардид, ки он ба муътадил шудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусоидат намуд. Амалигардонии барномаҳои қабулгардида имкон дод, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзоиш ёбад.


       Таҷлили ин ҷашн ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикри миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Чунки сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Пешвои миллат қалби ҳар шаҳрванди кишварамонро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд.


Ректори ДДМИТ Хайрзода Ш.Қ.

 


Вакти нашр: 2019-11-19 11:06:45    Хонданд: 1    Муфассал...

Чашми каҷу дили сиёҳи хоинон

(Мулоҳизаҳо атрофи сафари Пешвои миллат ба Иттиҳоди Аврупо)
         Дар чанд соли соҳибистиқлолӣ мо тавонистем, ки ба бисёр муваффақиятҳо ноил гардем, аз ҷумла дар сиёсати хориҷӣ ҳам давлати Тоҷикистон ба пешрафтҳои намоёне сазовор гардид. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил эътироф шудааст ва дар як силсила созмонҳои байналмилалӣ аъзо мебошад, ки барои устувории мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад. Ҳоло бо бисёре аз кишварҳои ҷаҳон давлати Тоҷикитон равобити дипломатӣ дошта, дар аксарияти давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон сафоратхона ва намояндагиҳои Тоҷикистон кушода шудаанд, ки далел аз сиёсати муваффақи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Чанд лаҳза пеш АМИТ "Ховар" хабарро аз оғози сафари расмии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои аврупоӣ нашр кард. Барои мардуми Тоҷикистон ин сафар ҳамчун саҳифаи навбатии муваффақи сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Лекин баъзе гуруҳҳои хоин ва ватанфурӯш, ки дар хориҷи кишвар фаъолияти тахрибкорона мебаранд, аз ин сафар алббата шод нестанд. Чунки сухану туҳматҳои зиёд, ки солҳои зиёд нисбати давлату ҳукумати Тоҷикистон ироа мекарданд, беасос ва дуруғ баромаданд. Аммо як тӯда авбошону нотавонбинон ҳамин муваффақиятҳои сиёсати хориҷии Пешвои муаззами миллатро, ки бар нафъи давлату миллат мебошанд, нодида гирифта, барои ҳарчӣ зиёдтар паст намудани мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш мекунад. Онҳо бо фармони хоҷагони хориҷияшон, ки аслан бар зидди миллат ва давлати Тоҷикистон равона карда шудааст, барнома омода намуда, ҳар рӯз ахбори бардурӯғ ва иғвобарангезро пахш мекунанд. Солиёни дароз ин кӯрнамакон ва кафангадоён, бахусус намояндагони ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллии Тоҷикистон иддао мекарданд, ки давлатҳои аврупоӣ намехоҳанд бо Тоҷикистон равобит дошта бошанд. Гуё, ки роҳбари давлати моро дар Аврупо ягон давлати ин минтақа қабул намекарда бошад. Лек ин ҳама дуруғи маҳз аст. Зеро соли 2011 ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи “Пешвои асри ХХI” тақдим карда шуд, ки ин ҷоизаи Иттиҳоди Аврупо аст. Ин сафар ҳамаи суханҳои дуруғу туҳматҳои беасоси душманони миллатро ба хок яксон хоҳад кард.
         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал нест, ки ба ин ё он кишвар сафар менамоянд. Ҳар як сафару мулоқот ва ташрифашон ба ин ё он мамолики дунё дар шинохти Тоҷикистони соҳибистиқол ва муаррифии он хидмати бузургро анҷом медиҳад ва самараи хуб ҳам дода истодааст. Ин аст, ки имрӯз кишвари ҷавони моро беш аз 150 давлати дунё мешиносад ва дар ин замина, ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ ва ғайраҳо ба роҳ монда шудааст.
          Дар тӯли фаъолияти бесамари худ наҳзатиёну паймониён ватанфурӯшиву хиёнаткорӣ ва амалҳои пасипардагии экстремистиву террористии худро боз ҳам ба мардум равшантар нишон дода, ҷинояткор будани худро бори дигар исбот намуданд. Мақсади бадхоҳиву сангпартоиҳои ин гуруҳи нотавонбин тайи солҳо ва рӯзҳои охир бешубҳа аён гардида истодааст, ки ҳадафи онҳо ба даст овардани ҳокимият аст, на чизи дигар, ки инро хурду калони кишвар ба хубӣ медонанд.
Сафари Президенти Тоҷикистон барои ТЭТ ҲНИ, Паймони миллӣ ва дигар созмонҳо фурсати қулай мегардад, ки аз хоҷагонашон маблағҳо талаб карда, ҳар гуна амалҳоро анҷом диҳанд. Бинобар сабаби ба охир расидани сол, онҳо бояд ба хоҷагони хориҷиашон ҳисобот диҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба Аврупо рафтанд. Мо боварии комил дорем, ки роҳбарияти давлатҳои Аврупо ва доираҳои тиҷоратии кишварҳои Аврупо ба ин гуна эътироз ва раҳпаймоиҳои хоинони миллати тоҷик аҳамият намедиҳанд. Чунки саг аккос мекунад, лекин корвон меравад.
Муваффақият ва пешрафт дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар чанд соли охир равшантар ба назар мерасад ва маҳз дар ҳамин чанд сол Тоҷикистон тавонист дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати баландтареро касб кунад. Мо шаҳрвандон аз сиёсати кунунии давлати худ дар ҳамаи самтҳо чӣ дохил ва хориҷ хушҳол буда, барои рушду густариши муносибатҳо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ тарафдорем. Сарҷамъии миллат ва дастовардҳои беназири мо чашми ҳасудонро кур мекунад. Ин сафар барои мардуми Тоҷикистон шодиву сурур ва барои хоинон мотам аст!

К. Шарифзода, аъзои фаъоли ҲХДТ аз  КИИ “Молия ва иқтисод


Вакти нашр: 2019-11-19 11:42:44    Хонданд: 2    Муфассал...



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс