МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

НАМОЯНДАИ ЗАБОНИ БОСТОНӢ БУДАН ИФТИХОРУ ШАРАФ АСТ

      30 сентябри соли равон дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Тоҷири Аҷам” бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ чорабинии фарҳангӣ-фароѓатї доир гардид.   Раиси КИИ “Тоҷири Аҷам” Фақеров Ҳамидуллохон ба сухани ифтитоҳӣ баромада,  иштирокчиёнро бо Рўзи забон табрику шодбош намуд.  Сипас, оид ба  дастовардҳои донишҷӯён  дар давоми сол ибрози андеша намуда,  таъкид кард, ки меросбарони ин забону фарҳанги бостонӣ насли ҷавон буда ба онҳо умеди зиёд аст. Нангу номус ва ғурури баланди миллии ҷавонон дар ҳифзу таҳкими забону фарҳанг нақши бориз мебозад. Аз ин рӯ, насли ҷавонро ғуруру номус ва эҳсоси худшиносии баланд лозим аст.

        Дар ин миён Шарифзода Зебогул донишҷӯи курси чоруми ин донишгоњ  дар  мавриди  нақши забон дар рушди фарҳангу адабиёт сухан кард.

     Дар қисмати фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯён шеър,  суруд ва рақсҳои ҷолибу диданӣ иҷро гардид.


Вакти нашр: 2019-10-01 13:43:46    Хонданд: 10    Муфассал...

«Забони миллат - ҳастии миллат»

Таҳти ҳамин унвон 2-юми октябри соли 2019 бо ибтикори факултети филологияи тоҷики ДМТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи забони давлатӣ семинари илмӣ дар толори фарҳангии ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода баргузор гардид.

Дар он мудири шуъбаи луғат ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода, декани факултети филологияи тоҷик Сироҷиддини Эмомалӣ, сармуҳаррири нашрияи «Мароми пойтахт» Ҳақназар Каримзода, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Қурбонгул Қурбонмамадова ва устодону донишҷўёни донишгоҳи мазкур иштирок доштанд.

Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз бахшид.

Гардонандаи маҳфил, мудири кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ Ҳамрохон Дўстов иброз дошт, ки дар таърихи ҷаҳон забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарин ба шумор меравад. Муҳимтарин рукни фарҳанги миллии тоҷикон - забони тоҷикӣ буда, баҳри бақои миллӣ, тавсеаи ҳисси миллӣ ва худшиносии миллӣ муҳим мебошад. Таваҷҷуҳ ва эҳтиром ба забони тоҷикӣ ва гиромидошти он барои инсони бархурдор аз ҳувияти миллӣ меҳвари худшиносии ў қарор мегирад.

Сайфиддин Назарзода зимни ироаи маърўзаи худ дар мавзўи «Фарҳанги забони тоҷикӣ ва рушди фарҳангнигории тоҷик дар асри XX» гуфт, ки фарҳанги забони тоҷикӣ марҳилаҳои гуногуни таърихиро аз сар гузаронида, бо шарофати соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон дубора зинда гашту имрўз китоби рўйимизии ҳар яки мо гардид, ки мо аз он ба таври васеъ истифода мебарем.

Забони модарии мо инъикоскунандаи илму фарҳанги мо буда, яке аз қадимтарин ва ширинтарин забонҳои ҷаҳон мебошад. Забон ба халқ тааллуқ дорад ва соҳиби забон низ халқ аст. Шоирон ва олимони тавоно чун Рўдакӣ, Фирдавсӣ,  Берунӣ, Ибни Сино, Носири Хисрав, Умари Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Аҳмади Дониш, Айнӣ, Турсунзода ва садҳо адибони дигар бо ин забон осори ҷовидонӣ офаридаанд, ки имрўз бо шарофати он забони модарии мо  бою ғанӣ мегардад, - иброз дошт дар навбати худ Қурбонгул Қурбонмамадова.

Ҳақназар Каримзода оид ба таърихи пайдоиши забон ва марҳилаҳои тайнамудаи он сухан гуфта, таъкид намуд, ки мо бояд забони ноби тоҷикиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва барои пойдор ва устувор мондани он кўшишу талошҳои ҳамешагӣ дошта бошем.

Зикр гадид, ки яке аз муқаддасоте, ки муаррифгари миллат асту моро бо ҷаҳониён мепайвандад, ин забони миллати мо мебошад.

Гуфта шуд, ки забони тоҷикӣ новобаста ба ҳама он ҳодисаҳои ба сараш омада, ҳамеша рисолати таърихии худро дар назди халқу Ватан иҷро намудааст. Баъди садсолаҳо Истиқлол барои рушду такомули забони тоҷикӣ заминаи мусоидро фароҳам овард, ки самараи онро мо имрўз баръало мушоҳида мекунем.

Ҳамин тариқ, қироати шеърҳо дар васфи забони тоҷикӣ аз тарафи  донишҷўён анҷомбахши семинари илмӣ гардид.


Вакти нашр: 2019-10-02 17:55:23    Хонданд: 28    Муфассал...

Вохўрӣ бо донишҷўёни Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон

Дар Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар асоси нақшаи мулоқоту вохӯриҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ аз 08.01.2019 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29.01.2019 №42 бо  омўзгорон ва донишҷўён вохўрӣ  доир гардид.

Дар он Қурбонмамадова Қ.Н.-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Мањмадназар Нуров- мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино иштирок ва суханронӣ намуданд.

       Баромадкунандагон зимни баромади хеш њозиринро бо Рўзи забони давлатӣ самимона табрику шодбош намуда, сипас роҷеъ ба дастовардҳои даврони истиқлолият, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ, амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, тарғибу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе ибрози назар намуданд.

 


Вакти нашр: 2019-10-03 16:54:11    Хонданд: 23    Муфассал...

Вохўрӣ бо сокинони маҳаллаи Дўстӣ

     Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Фирдавсӣ дар асоси нақшаи мулоқоту вохӯриҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ аз 08.01.2019 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29.01.2019 №42 бо сокинони маҳаллаи  Дӯстӣ суҳбату вохӯрӣ доир гардид.

      Бойалӣ Ҳусейнов, аъзои фаъоли ҲХДТ, устоди ДДТТ роҷеъ ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ҳарф зада, изҳор дошт, ки Тоҷикистон аз як давлати ҷангзада ба як давлати рушдкардаистода табдил ёфт. Давоми 28 сол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо аз бӯҳронҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ баромада, ба марҳилаи нави рушд ворид гардидем. Сатҳи камбизоатӣ аз 85 дарсад то 27 дарсад коҳиш ёфт. Бунёди нақбу пулҳо ва бунёди ҳазорҳо километр роҳҳо имрӯз мардумро ба ҳам наздик кард, омаду рафти шаҳрвандонро ба пойтахти кишвар осон намуд. Садҳо муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва олӣ барои донишандӯзиву ҳунару касбомӯзии ҷавонон имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Мавсуф дар бораи хизматҳои шоёну беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ин миллату сарзамин, маърифати шаҳрнишинӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ  ибрози андеша намуд.
     Заррина Зуҳурова, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе роҷеъ ба ҳифзи фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшносии миллӣ, забону ҳунаромӯзии занону бонувон  сухан кард.


Вакти нашр: 2019-10-03 17:03:00    Хонданд: 26    Муфассал...

Забон рукни асоситарини давлатдорист

Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ аст. Бинобар ин дар таҳким бахшидани сохторҳои идораи давлатӣ ба рушди забони расмӣ ва умумии давлат бояд аҳамияти зиёде дода шавад. Забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон баъд аз қабули қонуни забон дар соли 1989 ба ҳайси забони давлатӣ амал мекунад. Махсусан баъд аз ба истиқлол расидани Тоҷикистони азиз барои инкишофи забони тоҷикӣ шароити мусоиде фароҳам гардид ва забони давлатӣ дар Тоҷикистон барои рушду нумӯ ва инкишоф имкониятҳои хеле васеъ пайдо кардааст. Пеш аз ҳама шароити мусоиди сиёсӣ имкон додааст, ки забони тоҷикӣ дар риштаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бедуни маҳдудиятҳо мавриди истифода қарор гирад. Масалан, имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар сохторҳои ҳарбӣ, бонкдорӣ ва ҳисобдорӣ истифода шуда истодааст, ки дар даврони шӯравӣ ғайриқобили тасаввур буд. Инчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати забонии худро тавре ба роҳ мондааст, ки омӯзиши забонҳои англисӣ, русӣ ва ғайра бояд ба воситаи забони давлатӣ сурат гирад. Ин нуҚта дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо таъкид шудааст.
Тавре маълум аст асосҳои забони адабии муосири тоҷик дар солҳои сиюм тарҳрезӣ шуда буд. Давлати шӯравӣ алорағми идомаи ҷангҳои дохилӣ, ки дар Тоҷикистон тақрибан дар нимаи аввали солҳои сиюм анҷом ёфт, барои меъёрсозӣ ва ба як мизони муайяни илмӣ даровардани забони тоҷикӣ саъю кушишҳои зиёде мекард ва барои татбиқи он ҳама чораҳоро медид. То анҷумани аввали забоншиносони Тоҷикистон, ки моҳи августи соли 1930 дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) доир гардид, дар ҳавзаҳои гуногуни тоҷикзабон (Тошканд, Самарқанд ва ғайра) якчанд маҷлису машваратҳо доир гардид, ки дар онҳо масъалаҳои гузариш ба алифбои лотинӣ, таъйини принсипҳои истилоҳсозии забони тоҷикӣ муайян кардани меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ масъалаи асосӣ буд. Бояд қайд кард, ки ин иқдомҳо бо ширкати васеи донишмандони рус, шоирон ва нависандагони тоҷик, намояндагони барҷастаи давлатию сиёсӣ, хулоса бо иштироки аксарияти равшанфикрон ва зиёиён доир гардида нахустин кӯшишҳои созмонёфта ва муназзам барои тартибу танзими меъёрҳои забони адабӣ буданд.

       Мо ба ихтилофи назарҳо ва муборизаҳои оштинопазири ҷараёнҳои гуногун дар муайян кардани меъёрҳои забони адабӣ дахл накарда фақат ҳаминро гуфтанӣ ҳастем, ки ба таври умум сиёсати умумии забонӣ дар муайян кардани ин принсипҳо асосан аз қонунӣ кардани истилоҳоти русӣ ва интернатсионалӣ ба забон ва ба забони гуфтугӯӣ ва лаҳҷа наздик кардани забони адабӣ иборат буд. Ва бояд гуфт, ки дар татбиқи ин сиёсат аз ҳеҷ гуна воситаҳо мухолифон рӯй намегардонданд. Оҳиста – оҳиста дар нимаи дуввуми солҳои сиюм бо нашри «Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» (соли 1936) ва «Дар бораи баъзе масъалаҳои забони тоҷикӣ» (соли 1939) сиёсати русикунонии забон ва истилоҳоти он ва оммиёна кардани забони адабӣ пурра ба пирӯзӣ расид ва тадбирҳои баъдӣ оид ба табдили алифбо ва махсусан русикунонии истилоҳот барои тағйири сарфиву наҳвӣ (грамматикӣ) ва фонетикии забон роҳи васеъ кушод.

      Яке аз масъалаҳои мураккаби дигар, ки ба рушди забони тоҷикӣ алоқаи ногусастанӣ дорад, ин фазои иттилоотӣ мебошад. Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, дар Тоҷикистон фазои иттилоотӣ ба забони тоҷикӣ пурқувват шуда истодааст. Матбуот, радиову телевизион ва фазои иттилоотии компютерӣ, ки се унсури асосии иттилоотӣ мебошанд, бештар аз ҷанбаи забони русӣ ба забони точикӣ гузариш карда истодаанд. Имрӯз дар саросари ҷаҳон иттилооти компютерӣ ва технологияи компютерӣ аҳамияти бештар пайдо карда дар бисёр ҳолат иттилооте, ки ба воситаи компиютерҳо гирифта мешавад, аз дигар расонаҳои дида бартарӣ ва афзалият дорад, ва забони тоҷикӣ то имрӯз дар ин бахш ҷои худро пайдо кардааст. Бояд тазаккур дод, ки бо паҳн шудани технологияи компиютерӣ ва пайванд шудани тамоми манотиқи Тоҷикистон ба як маркази умумии компиютерӣ барои рушди забони тоҷикӣ саҳифаи нав кӯшода истодааст.

      Тавре, ки Президенти кишвар, Асосгузори cулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд «Забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст». Бинобар ин таҳкими давлат ва давлатдории миллӣ бидуни инкишофу густариши забони тоҷикӣ номумкин аст. Мо ҳама хуб медонем, ки забони давлатӣ ғамхории давлатӣ мехоҳад ва ҷои шукру қадрдонӣ ҳаст, ки сарвари давлати мо имрӯз ҳомии забон аст. Фаромӯш накунем, ки дар ҳамин солҳои истиқлол муносибати душманона ва бадқасдона нисбат ба забони давлатӣ ва ба дараҷаи давлатӣ баровардани забонҳои бегона вуҷуд дошт ва кӯшишҳои собитқадамона ва дурандешонаи Президенти кишвар буд, ки пеши роҳи ин дассисаву иғвогариҳо гирифта шуд.
 

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Вакти нашр: 2019-10-03 17:40:50    Хонданд: 11    Муфассал...

Ташкилоти ибтидоии “Бонкдор” таъсис ёфт

Дар Филиали Бонки Эсхата-и ноҳияи Шоҳмансур маҷлиси ҳизбӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур доир гардид.

       Муовини директори Филиали Бонки Эсхата дар ноҳияи Шоҳмансур – Ниёзов Алишер сухани ифтитоҳӣ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Сипас масъулини ҳизбӣ оид ба ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сухан карда, ба шахсоне, ки дар асоси аризаи шахсиашон иродаи сиёсиашонро муайян намуда ба сафи ҲХДТ пайвастаанд дар ҳолати тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

      Бо дастгирии аъзоёни ҳизб ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода шуда, «Бонкдор» номгузорӣ карда шуд. Ниёзов Алишер - раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Қиёмиддинова Парвина - котиби ташкилоти ҳизбӣ  интихоб гардиданд.


Вакти нашр: 2019-10-04 09:46:42    Хонданд: 10    Муфассал...

ВОХӮРӢ БО ГИРАНДАГОНИ ИДРОРПУЛӢ

        Раиси Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад бо  донишҷӯёни фаъол ва ғолибони озмуну олимпиадаҳои фаннӣ,  гирандагони идрорпулии ҳизбии ноҳия вохўрӣ доир  намуд.

        Гулаҳмадзода З.А. ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгор табрику шодбош намуд ва дар идомаи сухан оид  ба баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ,  ифтихор  доштан  аз давлатдории  навини  худ, роҳ надодан ба хурофотпарастӣ, эҳтироми насли калонсол, хониши хубу  аъло,  саҳмгузорӣ дар корҳои ҷамъиятӣ ва аз худ намудани донишу технологияи  муосири нав  таъкид карданд.

      Ҳамзамон,  қайд кард,  ки бо ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон ба зинаҳои роҳбарӣ таъин гардида, аҳлона кору фаъолияти созанда карда истодаанд. Дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат соҳаи маориф ба тадриҷ рушд карда, шароити  арзанда муҳайё карда шудааст. Дар вохӯрии мазкур дар доираи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ..." маҳфил  доир карда шуд, ки дар он ҳайати кормандон ва гирандагони идрорпулии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур шеърҳо дар васфи Ватан, Истиқлолият, забони давлатӣ ва ғайра қироат намуданд.
 


Вакти нашр: 2019-10-04 13:42:32    Хонданд: 19    Муфассал...

«Паймони миллӣ»-паймони зидди миллӣ ва радикалист

Ҷаҳонишавӣ, ки  яке аз  равандҳои муосири ҷаҳони  имрўза ба шумор меравад, дар асоси  он  ташкилшавии низомҳои нави иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ба амал  омадааст, ки аз доираи  давлатҳои алоҳида  берун  баромадаанд. Ин раванд ба инкишофи нобаробарии  иқтисодиёти кишварҳо, аз байн рафтан ва заиф гардидани мақоми арзишҳои  фарҳангӣ, динӣ  ва миллӣ меоварад. Аз ин рў, барои давлатҳо, ки дар маҷмўъ гирдоварандаи (муттаҳидкунандаи) арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ мебошанд,  зарурият пеш омад, ки  барои  пойдорӣ ва бақои худ саъйу талош кунанд, то  дар гирдоби  ҳалокатбори  ин  раванди ҷаҳонӣ намонанд.

Яке аз падидаҳое, ки ба ҷомеаҳои пасошўравӣ, аз он ҷумла ҷомеаи Тоҷикистон таҳдид мекунад ин рушди радикализм дар миёни ҷавонон мебошад. Мафҳуми радикализм ҳамчун истилоҳ дар  доираҳои  асарҳои  илмӣ ва мақолаҳои матбуоти даврӣ  ба таври гуногун инъикос мегардад, зеро ин мафҳум дар асоси фаҳмиши ҷаҳонбинӣ  ба таври гуногун арзёбӣ  шудааст. Аз ҷумла, зери ин мафҳум таҳаммулнопазирӣ, эътироф накардани ҳақиқат ва қонуниятҳои иҷтимоӣ, таассубгароӣ, падидае, ки аз қонуниятҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ ба куллӣ фарқ мекунад, фаҳмида мешавад. Албатта, падидаи радикализм дар ҷомеаи мо  падидаи навзуҳур аст ва он асосан дар ҷомеаҳое зуҳур мекунад, ки  ин ҷомеаҳо давраи гузаришро аз сар мегузаронанд.

Вожаи радикализм аз забони лотинӣ «radix» гирифта шуда, ба маънои «реша», «бех» далолат мекунад. Радикализм ҳамчун истилоҳ  идеяҳо ва ҳаракатҳои  иҷтимоӣ-сиёсӣ аст, ки барои дигаргун сохтан,  сарнагун сохтани (аз беху бун, реша) институтҳои сиёсӣ ва иҷтимоии  ҷомеа сафарбар шудааст. Яъне дигаргуниҳои  фаврӣ ва  қатъӣ ворид намудан,  ҳатто агар лозим шавад бо тариқи зўрӣ. Ин мафҳум ҳамчун истилоҳи илми сиёсӣ ҳанўз  дар асри 18 аввалин бор дар Англия истифода гардид, ки он вобаста ба Ислоҳоти интихоботӣ дар соли 1832 буд.

Баъдтар дар ақидаҳои Ҷ. Локк, Ж.Ж. Руссо ва  У. Годвин ҳамчун истилоҳ истифода гардид. Мафҳуми радикализмро  дар муносибат  бо ҷомеашиноси англис Ҷереми Бентам (1748- 1832 гг.) – асосгузори фалсафаи утилитаризми англис ва яке аз назарияпардозони либерализми сиёсӣ истифода  мекарданд, ки пайравони ўро «файласуфони радикал» мегуфтанд.

Дар асри 19 бошад  радикализм ҳамчун ҳаракати сиёсӣ, фалсафӣ, динӣ, ислоҳотӣ ва фарҳангӣ  рушд намуд.  Дар асри 20  радикализм  ҳамчун  пояи асосии  идеологии якқатор қувваҳои сиёсии чап ва рост қабул шуда буд. Бо ироа намудани ақидаҳои худ радикализм мақсадҳои худро доро мебошанд, ки он  иборат аст аз муносибати номатлуб бо режими сиёсии мавҷудбуда ва роҳҳои баромад аз ин вазъият танҳо бо роҳи барҳам додани сохти мавҷуда.

Ҳамин тариқ, радикализм ҳамчун як қувваи шайтонӣ  дар баробари вориди  майдонҳои сиёсӣ ва динӣ шудан, ҳадафҳои худро мегузорад. Радикализм  ҳаракатест, ки бо сохти мавҷуда ҳама вақт дар мубориза аст, кўшиш мекунад, ки авзоъро дар ҷомеа ноором созад. Мисоли равшани инро мо имрўзҳо дар фаъолияти як тоифа гурўҳҳои ифротию террористӣ, ки раисии онро хоини давлату миллат  Муҳиддин Кабирӣ бар ўҳда дорад бараъло мушоҳида дорем. Ин гурўҳҳои бадсиришт бисоти худро кунҷи хонаи аврупоиҳо партофта, ба суи миллату давлати хеш баҳри ноил шудани хоҷагонашон ба ҳадафу ормонҳои хеш ҳаргуна иттиҳомоти подарҳаворо раво донистаанд.  

     Ин бадзодҳо имрўз таҳти номи ҳаргуна паймонҳои зидди миллии худ, ки миёни чанд нафар аз дўстону ошноҳои худ ва саркардаҳои гурўҳҳои террористию экстремистӣ ба монанди ТЭТ ҲНИ, гурўҳи 24 ва ғ. ба ҳар роҳу васила ба суи ин миллат, ки як маротиба дар солҳои 90-ум зиёда аз 100 ҳазор шаҳрвандони маъсуми онро қурбон карда буданд, имрўз низ аз зери бағали гарми хоҷагонашон  санг зада истодаанд.

Дар равандҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ин гурўҳҳои шайтонсифат чунин фаъолиятҳоро иҷро менамоянд:

- иттилоърасонии ҷомеа бо хабарҳои дурўғу подарҳавои худ барои нобасомон кардани вазъи орому осудаи кишвар. «Обро лой куну моҳи гир»;

- Таблиғу ташвиқи бўҳронҳои иҷтимоӣ, ба ин васила бедор намудани норозигии мардум, ва фишор овардан нисбати сохти сиёсии мавҷуда. «Яъне аз мурча фил сохтан»;

- Вонамуд намудани майли норозигӣ ба меъёрҳои мавҷуда  ва кўшиши навоварӣ ва дигаргунӣ даровардан.

Аслан инҳо як тўда ба монанди ҳашаротҳои зараррасоне ҳастанд, ки мехоҳанд чаману бустони сарсабзу хуррами Тоҷикистонро, ки бо заҳмату талошҳои ин халқи наҷиб таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тўли 28 сол бунёд ёфтааст, бо нешҳои заҳролуди хеш ба хазонистон табдил диҳанд. Аммо инҳо ҷуз хобҳои кўдакона чизе беш нест.

Инҳо зархаридоне ҳастанд, ки ба хотири манфиати шахсиашон манфиатҳои ҷамъият ва давлату миллатро зери по мегузоранд. Бубинед, ҳатто номуси мардонагии худро инҳо фурўхтаанд. То имрўз бо истифода аз номи ислом ва гўё ҳизби исломӣ мардумро фиреб намуда, чандин падару модарро бе фарзанд ва чандин фарзандонро бе падару модар намуданд. Бо истифода аз номи поки ислом аз хоҷагони хеш низ маблағҳои ҳангуфтеро ба даст оварда истодаанд. Аммо имрўз, чун Тоҷикистон он ниқобро аз чеҳраашон баркашид ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои нопокашон огаҳ гардиданд, дарҳол (думро каҷ карданд)  тағйири мавқеъ карданд. Яъне ҳизби шайтониашонро барҳам дода, як паймони зидди миллии нав таъсис доданд. Имрўзҳо дар нишастҳои конфронси САҲА, ки дар шаҳри Варшава чун ҳарсола баргузор гардид, бо ниқоби нави худ ин гурўҳи зиддиинсонӣ зери роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадҷони Нурӣ, Муҳаммадиқболи Садридин, Темур Варқӣ ва ғ. бар зидди миллати тоҷик баромад намуда истодаанд ва ба ин васила аз ҳомиён ва бунёдгузорони ташкилотҳои ҳамхўи худ, яъне террористию экстремистӣ миллионҳо доллар ба даст меоранд.

Баъд аз мушоҳидаи нишастҳо, барои ҳар як фарди зираку воқеъбин маълум мегардад, ки тақрибан хазинаи шайтонии ин қорунҳо ба завол расидааст. Зеро онҳо дигар сухани мегуфтанӣ надоранд, агар ба баромади Бешараф Гадоев назар андозем мебинем, ки модератори нишаст (гардонанда) тақрибан 4 ё 5 маротиба ин Гадои ғарбро аз суханронияш боз дошта, мегўяд то дар доираи мавзўи муайяншуда суҳбат намояд. Ҳамчунин, мавриди ҳуҷум қарор гирифтани шахсиятҳо, на ин ки воқеиятҳо, ба монанди Мулло Абдурраҳим, Камол Самиев, далели ин гуфтаҳост.

Хулоса, Паймони зидди миллӣ мисли бародари мурдагии  худ ТЭТ ҲНИ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳо дар хизмати давлатҳои абарқудрат ҳамчун абзори амалисозии манфиатҳои фаромиллӣ ва фароминтақавии онҳост. Аз ин лиҳоз, ин паймон аз рўи табиати худ хусусияти миллӣ надошта, сирф хусусияти экстремистию террористӣ дорад, ки имрўз чунин ташкилотҳо ба яке аз василаҳои харобсозии ҷаҳон табдил ёфтаанд, ки мисоли инро дар чандин кишварҳои олам аллакай мушоҳида намудаем.

Самадов Д., коршиноси

масоили сиёсӣ, аъзои фаъоли ҲХДТ

 

 


Вакти нашр: 2019-10-04 13:54:14    Хонданд: 11    Муфассал...

РОҒУН-ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ

Агар ба таърихи гузаштаи мардуми тоҷик назар андозем, маълум мегардад, ки мардуми тамаддунофари мо аз қадим то имрӯз пайи ободиву зиндагии шоиста гом гузошта, бо накӯкориву иродатмандӣ ном баровардааст. Агар ба 70-соли даврони Шӯравӣ назар андозем, мебинем ки як давлати абарқудрат барои беҳбуди зиндагии мардуми мо корҳои зиёдеро сомон надодааст. Аммо дар даврони истиқлолияти давлатӣ мардуми ба ору номуси Тоҷикистон ба як қатор музаффариятҳо ноил гардидаанд. Сохтани роҳҳо, ки умеди аввалини мардуми тоҷик буд, кандани нақбҳо, ки ҷануб ва шимоли кишварро ба ҳам пайваст аз аввалин ҳадафҳои роҳбарияти олии кишварамон ба ҳисоб мерафт. Имрӯз пиру барнои миллат шукргузорӣ аз сиёсати тамаддунофари Пешвои миллат мекунад, ки моро аз зулумот ба нур роҳнамоӣ намуданд. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар хонадони мардуми тоҷик гурӯҳҳое силоҳбадаст ба кӯчабоғҳои Душанбе ҷамъ омада, мардумро ба гурӯҳҳову қисмҳо ҷудо намуданд. Мақсадашон на ободӣ, балки бо роҳи зӯрӣ ба сари қудрат расидану давлатро ба қисматҳо ҷудо намудан буд. Шукрона, ки ба орзӯҳои бадашон нарасиданд. Чунки зимоми давлатро ҷавони бо нангу номуси тоҷикидошта ба даст бигрифт. Ба сари қудрат омадани Пешвои муаззами миллат ба дили мардум, ба хонадони ҳар тоҷикистонӣ умеди зиндагиро бахшид. Аз рӯзи аввал то ба имрӯз ҳадафи асосӣ ва ягонаи Пешвои миллат , фарзанди фарзонаву оқил Эмомалӣ Раҳмон дар хидмати мардум қарор гирифтан аст. Хушбахтона Тоҷикистон бо роҳбари муаззами худ имрӯз дар миқёси олам ҳамчун давлати пешраванда шинохта шудааст.

         Яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ буд, ки мо сарбаландона ба он расидем. Ба кор шурӯъ кардани аввалин агрегати НБО-Роғун  аз он шаҳодат дод, ки ояндаи миллату давлати мо пур аз хурсандиву шодист. Роғун умеду ормонҳои мардуми тоҷикро дар арсаи ҷаҳон бароварда месозад. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо сиёсати созандаву самимонаи Пешвои миллат мардуми шарафманди тоҷик қадам ба қадам ба сӯйи амалӣ сохтани ормонҳои миллии худ гом мебардоранд. Роғун – кохи нур, умеди 10- солаҳои мардуми тоҷик аст. Боиси хушнудист, ки имсол дар арафаи таҷлили 28-солагии Истиклолияти давлатӣ чархаи дуюми Роғун бо иштироки Пешвои миллат ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ, хабарнигорони дохиливу хориҷӣ ба кор дароварда шуд. Пешвои муаззами миллат бори дигар дар тамоми ҷаҳон исбот намуданд, ки мардуми тоҷик метавонад бузургтарин сохтмонҳои сатҳи ҷаҳониро бунёд намояд. Дар сархати ВАО-и  ҷаҳон қарор гирифтани кушодашавии агрегати 2-юми Роғун шаҳодати гуфтаи болост. Мо аз он шукргузор ҳастем, ки  сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда баҳри осоиштагии мардуми сарбаланди тоҷик хидмат менамоем.

Розиқова Моҳира мутахассиси шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

 


Вакти нашр: 2019-10-04 14:13:45    Хонданд: 11    Муфассал...

Ҷамъбасти озмуни «Иншои беҳтарин»

        Субҳи имрўз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  шаҳри Душанбе дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100-и ноҳияи Шоҳмансур даври ҷамъбастии озмуни «Иншои беҳтарин» миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  пойтахт,    бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар се мавзӯъ: "Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Забон-поя ва шиносномаи миллат»   ва "НБО - Роғун ва нақши он дар рушди кишвар" баргузор гардид.

      Мақсад аз баргузор намудани озмуни мазкур  ин  баланд  бардоштани  савияи донишу малакаи хонандагон, дарёфти соҳибистеъдоди ҷавон ва ба ин васила  таќвият бахшидани ҳисси ватандӯстии онҳо мебошад.

      Тибқи хулосаи ҳайати комиссия беҳтаринҳо муайян гардида, бо тўҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ҳавасманд гардонида мешаванд.


Вакти нашр: 2019-10-04 14:40:37    Хонданд: 11    Муфассал...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум ба рӯйхати 500 мусулмони бонуфузтарини олам (The Muslim 500) шомил шуданд. Рӯйхати навбатии The Muslim 500-2019-ро Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломӣ мустақар дар шаҳри Уммони Урдун тартиб додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Муаллифони раддабандӣ Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намуда, навиштаанд, ки ӯ аз соли 1994 Президенти Тоҷикистон буда, тавофи Каъба намуда, насабашро аз Раҳмонов ба Раҳмон табдил додааст. Дар рӯйхати The Muslim 500 раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ шомил аст. Ба панҷоҳгонаи беҳтарин Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз, Подшоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни ал-Ҳусейн, сарварони Туркманистон ва Чеченистон — Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ва Рамзон Қодиров, муфтии Ӯзбекистон Усмон Алимов ҳам шомиланд.

Инчунин ба чемпиони кунунии UFC Ҳабиб Нурмагомедов ва мусиқинавоз, овозхон ва оҳангсози машҳури муқими Британия Самӣ Юсуф муяссар шуд, ки ба ин рӯйхат шомил шаванд.  Дар ин рӯйхат яке аз олимони пешсафи ислом дар замони мо, коршиноси соҳаи фиқҳи исломӣ, иқтисод, илми ҳадис ва тасаввуф Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ пешсаф аст.

Пас аз ӯ фаъоли мазҳабӣ ва роҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ қарор дорад. То имрӯз ӯ тавонистааст, ки дар бораи мавзӯъҳои мухталиф доир ба ислом корҳои зиёдеро анҷом диҳад ва муаллифи беш аз шаст китоб мебошад. Мавриди зикр аст, ки раддабандии The Muslim 500 тайи нуҳ сол боз ҳамасола аз ҷониби Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Уммон бо дастгирии Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонону масеҳиёни Ҷорҷтаун тартиб дода мешавад.

 Бознашр аз  /АМИТ «Ховар»/.


Вакти нашр: 2019-10-04 17:47:31    Хонданд: 12    Муфассал...

Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои ИДМ барои саёҳати тирамоҳӣ шомил гардид

Пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои саёҳати тирамоҳӣ шомил гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба портали сайёҳии «ТурСтат», ки рейтинги беҳтарин шаҳрҳо барои сайёҳати тирамоҳӣ пешниҳод кардааст, хабар медиҳад. Тибқи рейтинги мазкур, ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳо барои саёҳати тирамоҳӣ инчунин Минск, Остона, Ереван, Алмаато, Боку, Тошканд, Кишинёв, Бишкек ва Ашқобод шомил гардидаанд.

Мутахассисон ин рейтингро дар асоси маъруфияти шаҳрҳо дар байни сайёҳон таҳия намуданд. Сайёҳони рус кадом шаҳрҳоеро, ки барои саёҳат зиёдтар ба нақша гиранд, ҳамон қадар ин шаҳрҳо дар рӯйхати мазкур дар мақоми болотар ҷой мегиранд. Ҳамин тариқ, байни сайёҳон давлатҳои барои сайёҳӣ машҳури ИДМ — Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон ва Озарбойҷон мебошанд. Тибқи иттилои «TourStat», сайёҳони мустақил дар тирамоҳ ба шаҳрҳои ИДМ ба муддати кӯтоҳ — аз ду то се рӯз барои истироҳат меоянд. Аммо русҳо тавассути ин ширкат бо истифода аз саёҳатҳои ҳарҳафтаинаи сайёҳӣ аз тамошои зебоиҳои шаҳрҳои ИДМ лаззат бурданро афзалтар медонанд.

 Асосан дар кишварҳои ИДМ сайёҳон барои хӯрок ва истиқомат аз 40 то 100 доллар сарф мекунанд.

Бознашр аз  /АМИТ «Ховар»/.


Вакти нашр: 2019-10-04 17:52:32    Хонданд: 14    Муфассал...

УСТОД - ОМЎЗГОР - ОМЎЗАНДАИ ИЛМУ ДОНИШ, ФАРҲАНГУ АДАБ ВА РОҲНАМО ДАР КОРУ ЗИНДАГӢ!

Ҳамасола  дар  кишвар  кормандони соҳаи маориф ва аҳли ҷомеа ба хотири арҷгузорӣ ва гиромидошт аз хизматҳои арзишманди устод-омўзгор ҳафтаи аввали моҳи октябрро, ҳамчун Иди касбии Рўзи омўзгорон таҷлил менамоянд.

Дар робита ба ин, имрўз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияҳои пойтахт бо мақсади  қадршиносӣ аз заҳмату ранҷи устод – омўзгор, ба камол расонидани насли инсон бахшида ба таҷлили Рӯзи омўзгорон  аксияи табрикотиро таҳти унвони “Устод-омўзгор - омўзандаи  илму дониш, фарҳангу адаб ва роҳнамо дар кори зиндагӣ” дар муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу литсейҳо баргузор намуданд.

Дар доираи ин аксияи аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” устодону омўзгоронро ба муносибати Рўзи иди касбиашон табрику шодбош гуфта, барояшон дар татбиқи яке аз самтҳои Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳадафи аслии он рушди соҳаи илму маориф  нигаронида шудааст, ба онҳо рўҳи қавию азми матин, фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш, хони ободу осуда ва комёбиҳои беназири зиндагиву кориро таманно намуданд.

Омўзгорони пойтахт аз иқдоми роҳандозӣ намудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе изҳори хушнудӣ намуда миннатдории худро баён доштанд.


Вакти нашр: 2019-10-05 14:04:36    Хонданд: 14    Муфассал...

МАКТАБИ ХОНИШИ СИЁСИИ “БОНУВОН ДАР СИЁСАТ” ДАР КОХИ НАВРӮЗ

      Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади шиносоӣ бо таъриху фарҳанг ва тарғиби маконҳои таърихии кишвар дарси хониши сиёсӣ бо дархосту пешниҳоди шунавандагон дар “Кохи Наврӯз”  доир гардид.

     Дар толори бақайдгирӣ шунавандагони дарс чамъ омада, аз кандакориҳо ва меъмори сатҳи баланд шинос гардиданд. Дар толори сангин баъд аз тамошо ва шиносоиву бархурдор шудан аз шукуҳу шаҳомати қаср сӯҳбати бонувон бо роҳбалади “Кохи Наврӯз” оид ба ифтитоҳи сохтмон, кандакорӣ ва аз сангҳои рангин омода намудани манзараҳо аз осори гузаштагон доир гардид. Шунавандагони дарси хониши сиёсӣ бо роҳбалад оид ба манзараҳои бо санг сохташуда, толори сангин, толори пешвози меҳмонони хориҷӣ ва толори кандакорӣ саволу ҷавоб карданд.


Вакти нашр: 2019-10-07 15:21:00    Хонданд: 7    Муфассал...

Кӯмаки амалӣ-методӣ дар ташкилоти ибтидоии “Шуғл”

      Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ташкилоти ибтидоии “Шуғл” ҷиҳати танзими фаъолияти расмӣ-коргузорӣ, кӯмаки амалӣ-методӣ расонида шуд. Гуруҳи корӣ тавассути саволномаи пешакӣ омодагардида, аз рафти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ва ҳуҷҷатгузории ҳизбии он дидан намуда, барои беҳбуд бахшидани корҳои ҳизбӣ ва зиёд гардонидани сафи аъзоёни ҳизб тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд. Бояд қайд кард, ки ташкилоти ибтидоии “Шуғл” дар пешбурди кори ҳизбӣ саҳмгузор буда, барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат нақши назаррас дорад.


Вакти нашр: 2019-10-07 15:51:25    Хонданд: 5    Муфассал...

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МЕҲВАРИ ДУШАНБЕ” ТАЪСИС ЁФТ

       Бо иштироки  Убайдулло Қурбонзода, муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар ҶДММ “Меҳвари Душанбе” маҷлиси њизбӣ доир карда шуд.

      Убайдулло Қурбонзода дар бораи ғояву сиёсати созандаву бунёдкорона ва барномаи ҲХДТ ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки маҳз дар доираи ин сиёсат ва ҳадафҳои созанда дар мамлакат бисёр самтҳо рушду тавсеа ёфт. Нақши аъзои ҳизб дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, таблиғу ташвиқи ғояҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳову муқаддасоти миллӣ низ беназир аст.  Сипас, ба чанде аз кормандони ба тозагӣ ба сафи ҳизб шомилгардида шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим гардида, тариқи овоздиҳии аъзои ҳизб номи ташкилот “Меҳвари Душанбе”  номгузорӣ карда шуд. Раиси ташкилоти ҳизбӣ Ғаниев Комилҷон ва муовини раиси ташкилоти њизбӣ Муминҷонов Соҳибҷон интихоб гардиданд.


Вакти нашр: 2019-10-08 08:15:54    Хонданд: 13    Муфассал...

ДУРӮҒПАРОКАНИИ ИФРОТИҲО Ё АЗ АНҶУМАНҲОИ ВАСВАСАВӢ ТО ҲУВИЯТСИТЕЗИИ НАҲЗАТИҲО

      Як гурӯҳ ҷинояткорони ифротӣ, муздурони беҳувият, хоинони ватанфурӯш аз ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИ ва “Гурӯҳи - 24” бо ёрии сарпарастону хоҷагони зиддитоҷикияшон дар кишварҳои мухталифи ғарбӣ паноҳандагӣ ва лонаи истироҳат ёфтаанд. Онҳо барои ноором намудани авзои дохилии Тоҷикистон ва бадном кардани сиёсати одилонаи Ҳукумат аз ҳама гуна усули муқовимат ва методу фишангҳои сиёсӣ барои расидан ба мақсадҳои шум, ноҷавонмардона, ғаразолуди худ талош доранд. Ҳаёти мардуми тоҷик ва муқаддасоти дини мубини ислом назди ин гурӯҳҳои ифротӣ, ки яксолагии таъсиси ташкилоти ҷаълии террористии як паймони шикаста ва барбодрафтаро дар шаҳри Варшава ҷашн гирифтанд, ягон арзиш надорад. Саркардагони ин бадхоҳон ва даҳҳо ифротии дигар дар солгарди ташкилоти террористии худ мақсад ва ҳадафи аслиашонро фош намуда, изҳор доштанд, ки мо барои мансабу курсӣ ва барои бадастовардани қудрати сиёсӣ мубориза бурда истодаем. Аз ягон намуди мубориза ва хунрезӣ даст намекашем. Ин гумгаштагон зери унвони фейк, яъне бо номгузории “Паймони миллӣ” кишварҳои аврупоиро фиреби сиёсӣ намуда, мақсадашон тиҷорат ва дарёфти грантҳои хориҷӣ ва лонаи роҳат дар Аврупо аст.
М. Садриддин сухангӯ ва миссионери салафимаслаки ТТЭ ҲНИ ва Фирӯзи Муъмин дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ақоиди ботил ва идеологияи муҳлику тавтиапардоз ва зидди фарҳанги тоҷикиро рангу тобиши “динӣ” дода, барои фиреби чашми мардум, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, раванди ҷанги иттилоотӣ ва шустушӯи мағзиро, тақвият бахшидаанд.

       Агар ба фаъолияти эмиссарии М. Садриддин аз ибтидо чашм бидӯзем, дармеёбем, ки мавсуф дар ибтидо аз муболлиғони ғояҳои ифротии салафия ва афкору ақидаи ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” буда ва дар ин ҷода даҳҳо ҷавони тоҷикро ба эмиссарҳои Абубакри Бағдодӣ дар ивази беномусии худ фурӯхтааст. Ӯ бо сармоягузории бевоситаи “Давлати исломӣ” ва ҷабҳаи размандаи “Аннусра”- и террористони Сурия ба Туркия, Афғонистон ва шаҳри Москва сафар намуда, бо хадамоти террористӣ ва саркардаҳои ҳаракатҳои ифротӣ байъат ва машварат намуда, барои анҷом додани амалҳои зиддибашарӣ бо лордҳои хориҷӣ ҳамнишину ҳамтабақ аст.
Таҳлил ва ковишҳои тахассусӣ нишон медиҳанд, ки дигар шарафи инсонӣ, имон ва нангу номуси миллӣ дар пайкараву тафаккури ифротии ин муздурони беҳувият боқӣ намондааст. М. Садриддин ва ҳамҷинсони хоину бемуруввати он дар сангари душманӣ алайҳи миллат ва давлати худ қарор гирифта, чун репраққосаҳои бешарму ҳаё барои бадном кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зердолонҳои САҲА ҳузур пайдо намуда, ин саҳнаро барои паҳн намудани маълумоти бардурӯғу беасос ва буҳтон нисбат ба Тоҷикистон истифода мебаранд.

      А. Бобоев як ифротии дигар аз ҷумлаи дурӯягоне мебошад, ки худро раиси “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ” ҳисобида, тавассути ин ниҳоди террористии ҲНИ пайваста маводи бемантиқ ва аз воқеият дур ба табъ мерасонад. Албатта, шеваҳои аблаҳона ва ихтилофангези гумроҳшудагони ТТЭ ҲНИ дар арсаи байналмилалӣ зуҳуроти тоза ва нав нест. Бобоев Абдусаттор дар асоси барномаи тарроҳинамудаи ТТЭ ҲНИ дар шонздаҳуми июни соли 2016 дар шаҳри Варшава - пойтахти Лаҳистон ҳамоиши сиёсиеро бо номи “ Ёдбуди шуҳадои зиндон” баргузор намуда буд. А. Бобоев тавассути ин ниҳоди зидди Тоҷикистонии худ аз хоҷагонаш пулҳои муфт ба даст оварда, дар майхонаву раққосахонаҳои репӣ бо айшу ишрат рӯз мегузаронад.
       Аъзои ТТЭ ҲНИ ҳаргиз дар фикри ягон зиндонӣ ва маҳбус нестанд, балки онҳо бо гузарондани чунин ҳамоиш ва конфронсҳои ҷаълӣ талош доранд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бадном карда, ҳамзамон, чеҳраи сиёҳ ва террористии ҲНИ ва саркардагони ҷинояткори онро ҳамчун омили мусбат ва хайрхоҳ муаррифӣ намоянд. Тавассути ин аъмоли манфурашон инҳо аз бархӯрдор шудан ва истифодаи маблағҳои ташкилотҳои байналмилалӣ манфиат мебаранд. Инҷо саволе пайдо мешавад, ки чаро А. Бобоев ва ҳаммаслакону ҳамҷинсони ӯ дар ҳоли фаъолиятҳои қаблиашон, умуман, дар бораи зиндонӣ фикре ҳам намекарданд ва ба ёдашон низ ҳеҷ як нафаре ба ҷуз айшу ишрат намеомад? Имрӯз бошад, барои манфиатҳои шахсӣ, пайдо намудани лонаи роҳат дар кишварҳои хориҷ, даст ба эҷоди тафриқаву низоъ дар байни миллат задаанд. Ӯ фаромӯш кардааст, ки мардуми тоҷик дигар бозичаи дасти ин авбошони сиёсӣ ва мансабхоҳу мансабталош намегарданд.
Тавре ҳамагон огоҳанд, садҳо тан аз размандагони ТТЭ ҲНИ дар рафти амалиётҳои террористии худашон қурбон гашта, садҳо тани дигар аз дасту по маҳрум гашта буданд. Аммо раҳбарону масъулини наҳзат, ба монанди М. Кабирӣ, Ш. Алимов, М. Садриддин ва А. Бобоев, ягон маротиба ба онҳо кумак нарасонданд, балки хазинаҳои молию пулии ТТЭ ҲНИ-ро ғорат карда, ба яғмо бурданд ва дар хориҷ аз кишвар барои аҳли байти худ марказҳои тафреҳӣ ва хонаву маишатгоҳҳо хариданд. Ягон саркардаи ТТЭ ҲНИ дар фикри ислом ва ҳаёти мусалмонҳои Тоҷикистони азиз нестанд.

     Ҳоло мардуми шарифи тоҷик ин ҳама найрангҳоро медонанд ва симои аслии душманони хешро мешиносанд. Аз ин рӯ, талошҳои бесуботсозии ҷомеа, оростани анҷуманҳои васвасасозе, ки пушти лоиҳаҳои он манфиатҳои молии хоинони миллат меистанд, ба амну осоиши кишвари рӯ ба тараққиёти мо ҳеҷ таъсире нахоҳанд гузошт.

 

Фирӯз НОСИРОВ, коршиноси масоили сиёсӣ


 

 


Вакти нашр: 2019-10-08 09:02:12    Хонданд: 17    Муфассал...

«Паймони миллӣ» хиёнат ба миллат аст!

      Агар ба таърихи 27 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ назар афканем, манзараи пур аз шебу фарози ватандории мо тоҷикон, ки барои наслҳои оянда як сабақи пурарзиши таърихист, пеши чашм меояд. Аз санаи аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон доштани соҳибистиқлолии давлатии миллати тоҷик, авҷгирии баъдинаи мубоҳисаҳои доманадору муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии мамлакат, оғозу бар души мардуми кишвар бор гардидани ҷанги шаҳрвандии харобовар, сипас оғози музокирот, барқароршавии сулҳ ва муваффақ гаштан ба ризоияти миллӣ то рӯзҳои мо, мушкилотҳои зиёде рафъ шуда, ҷомеаи имрӯзаи тоҷик дар фазои сулҳу ваҳдат озодона умр ба сар бурда истодааст. Таҳкурсии сиёсию қонунии дигаргуниҳои азими минбаъда дар кишвар маҳз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ таҳрезӣ шуданд. Аз ин рӯ он Иҷлосия оғози саҳифаи нави пешравии гуногунҷабҳаи ҷомеаи Тоҷикистон ва ташкилёбии фаъолияти амалии мақомоти олии қонунбарори мамлакат - Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон гардид. Ба замми ҳама заҳматҳои кашидашуда аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар дохили кишвар хоинҳо ва микробҳои зархариди миллӣ дар пайи тағйир додани режими сиёсии давлат ва ноором сохтани вазъ дар кишвар пайваста бо хоҷаҳои хориҷии худ кор ва ташвиқот мебурданд. Дар воқеъ яке аз қисматҳои асосии нақшаи хоинҳои зархариди миллат ин пеш аз ҳама руи рост ғорат кардани аҳолӣ ва афзоиш додани сатҳи фасодкорӣ буд. Воқеан дар бисёри ҳолатҳо мардум шоҳиди ғоратҳои руирости лошахурҳои дар ниқоби ислом буд, ки аз фурсати нооромиҳои кишвар истифода бурда, ҳадафи асосиашон ғорати аҳолӣ буд. Беҳуда вақтро довар нагуфтаанд, чунки хоинони бадабахти миллат дар ниқоби ислом тамоми корҳои ғайриахлоқиро пешаи асосии худ қарор дода, бояд бо ҳар роҳ ба хоҷаҳои хориҷии худ исбот менамуданд, ки ба онҳо ва пули додаи онҳо содиқанд. Барои исботи амаҳои палидонаи худ чандин маротиба бо роҳи гумроҳ кардани баъзе аз ҷавонон кӯшиши анҷом додани табаддулоти давлатиро карданд, ки мақсади ин табаддулотҳо порча-порча кардани давлат ва миллат, куштор, зино ва ғорат буд. Инсоне, ки зархарид аст ин гуна инсон пеш аз ҳама номуси худро мефурушанд. Ба ин гуна ашхос дигар арзишҳои миллӣ , ватан ва миллат дигар аҳамияте надорад, танҳо онҳо як шиори итоат ба хоҷаҳои хориҷии худро доранд. Воқеан зери пардаи наҳзат бадхоҳон ва бадбахтони миллат ба корҳои сиёҳ машғул буда, бештар ба падидаҳои нангину нафратовар даст мезананд ва то ҳол дар ҳаракати исбот намудани содиқии худ дар назди хоҷаҳои худ мебошанд. Имрӯз чун оина аён аст, ки бо замми чораҳои қатъии андешидаи ҳукумати кишвар гирифтани пеши роҳи ҳодисаҳои нангин ин гурӯҳи ҷиноятпеша аз амалҳои нанговари худ даст накашида, бо қавли худ Паймони миллӣ ташкил намуданд. Паймон шаҳодат аз он медиҳад, ки Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш то ҳол ба хоҷаҳои худ содиқ буда, ин навбат ба таври ошкоро исбот намуданд, ки то ҳол намояндагони Ҳизби мамнуи экстремистиву террористии наҳзат ба паймони додаи худ ва пулҳои ҳароми гирифтаашон содиқ аст. Бояд ҳар як шахси соҳибхирад донад, ки чаро Кабирӣ ба қавли худ ва ҳамаслаконаш ин навбат Паймон таъсис дод. Паймони ин хоини беномус ба миқдори як донаи арзан манофеи миллӣ надорад, ин бадбахт танҳо хоҳиши табдил додани давлатро ба як кишвар ҷангзада дорад ба монанди Сурия, Ироқ, Либия ва монандӣ инҳо. Ин гуна ашхоси беномус ба Модар, хоҳар бародар фарзанд ва миллати худ раҳм надоранд, чунки номуси худро ба таври қонунӣ ба хоҷаҳои хориҷӣ фурухта, Паймони як умра бастаанд. Ин Паймон ягон зарра паймони миллӣ нест ин Паймонӣ Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ба хоҷаҳои хориҷист. Марг, нафрат ба ин гуна Паймони терористӣ ва экстремистӣ.
       Агар ба таърих дақиқтар назар афканем, дар ин дунёи гузарон чизе абадӣ нест. Сиёсатмадорон низ меоянду мераванд, вале ҳар кадом ба қадри ҳиммати худ ба рафти воқеаҳо ва рӯйдодҳо чӣ дар кишвари худ ва чӣ берун аз он таъсир мерасонанд ва бо аъмоли неку ва тақдирсоз номи худро дар саҳифаҳои таърих ҷовидонӣ месозанд. Чунин накшро дар таърихи давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ҷавонмардона бозид. Ин абармарди дунёи сиёсат чун Авраам Линколн, ки дар замони худ барои нигоҳ доштани ягонагии ҷомеаи амрикоӣ талошҳо варзида буд, тавонист дар вазъияти бисёр мураккабу печидаи сиёсӣ сулҳро барқарор намояду суннатҳои давлатдорӣ ва тамомияти арзии Точикистонро таъмин созад ва моро месазад, ки то доштани қувват дар бадан дар зери чунин сиёсати озод, созанда ва тақдирсоз ба сар барем ва нагузоем, ки чунин ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти терористию экстремистидошта вазъияти давлати моро халалдор созанд.

Машғулов Саидхуҷа,

аъзои фаъоли ҲХДТ

дар ноҳияи Сино

 

 


Вакти нашр: 2019-10-08 16:33:48    Хонданд: 16    Муфассал...

ТААССУРОТ АЗ СУХАНРОНИҲОИ МУҲТАРАМ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РӮЗИ ЗАБОН

Дар санаи чаҳоруми октябри соли равон дар маҷмааи бузурги фарҳангии Кохи “Борбад” бахшида ба 30- солагии Рӯзи забон вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар баргузор гардид. Вохӯрии мазкур шахсан барои ман басо хотирмон  буд ва боварї дорам, ки  иштирокдорони ин вохӯрӣ таассуроти бузурге аз он гирифтанд. Агар дар асрҳои гуногуни таъриху тамаддуни тоҷикон абармардоне монанди Исмоили Сомонӣ, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Асадии Тӯсӣ, устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров пуштибонӣ аз забони тоҷикӣ карда бошанд, дар асри ХXI муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин чеҳрае дар ҷаҳон аст, ки дар мавзӯи пуштибонӣ аз забони тоҷикӣ назире ба худ надорад.

     Исмоили Сомонӣ миёни намояндагони хонадони худ аввалин нафарест, ки дар дарбори Сомониён забони тоҷикиро дар ҷойи забони арабӣ гузошта, бар он рутбаи олии дарӣ-дарбориро лоиқ донист. Ба туфайли хидмати Исмоил шеваи мовароуннаҳрии забони порсӣ, яъне забоне, ки тоҷикон бо он сухан меронанд, дар тамоми ҳудуди истиқомати форсизабонони он рӯз – Эрону Хуросон ва Варорӯд ба ҳайси забони илму адаб шоеъ гардид ва тамоми форсигӯён бо шеваи тоҷикӣ, яъне тоҷикона ба эҷоди ашъор ва навиштани китобҳои насрӣ пардохтанд. Устод Рӯдакӣ аввалин шоири порсигӯст, ки бо шеваи тоҷикӣ нахустдевони худро дар таърихи шеъру адаби порсии дарӣ ба вуҷуд овард ва тавассути суханони тозаву асили тоҷикии худ забони порсии дариро ба насҷу тартиб даровард. Хидмати устод Рӯдакӣ аст, ки имрӯз тамоми форсизабонони дунё ба шеваи тоҷикона шеър эҷод менамоянд. Бинобар ин, устод Рӯдакӣ, барҳақ, падари забон ва адаби порсии дарист, зеро ҷамеи шеъру адаби зиёда ҳазорсолаи бо забони порсии дарӣ эҷодшуда ба шева, забон, сабк ва услуби устод аст! Ҳаким Фирдавсӣ, он чи устод Рӯдакӣ оғоз кард, чи дар гузиниш ва истифодаи вожаҳои ноб ва чи дар сабку услуби баёни тоҷикона, онро ба нуқтаи ғояти худ баровард ва мақоми осмонӣ дод. Ширинии забони порсии дарӣ, яъне шеваи тоҷикӣ, ҳамчунин, вуҷуди ҳазорон вожаҳои ноби таърихӣ,   яъне ба мақоми бас воло сарфароз гардидани он - ҳама ба туфайли хидмати Фирдавсӣ аст! Агар Фирдавсӣ шеваи тоҷикиро бар осмон савқ намедод, Муҳаммад Албухорӣ ҳеҷ вақт чунин гуфта наметавонист: “Забони аҳли биҳишт арабӣ ва порсии дарист”. Хидмати бузурги Фирдавсӣ иборат аз он аст, ки таърихномаи миллати тоҷик ва ҷамеи Эрони Бостонро бо шеваи ноби тоҷикӣ (на шеваҳои дигари забонҳои эронӣ!) рӯйи сафҳаи назм овард.     Ин ҳаққи ӯст, ки гуфта: “Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ”.   Тафаккури вай ба ҳадде пештоз ва убурулмобаъд, яъне сипарикунандаи замонҳои баъд аз худаш буд, ки он чиро, ки мо имрӯз бар зиддаш мубориза мебурдем, вай дар асри Х ба муқобилаш муборизаи беамон мебурд. Гурӯҳе аз зиёиёни аъроби мутаасибу нажодпараст дар асри вай бар зидди дигар милали мусулмон бо эҳсосоти худхоҳиву нажодманишона бархоста, онҳоро бефарҳангу безабон мехонданд. Онҳо миллатҳои ғайриараб, аз ҷумла тоҷиконро бо таҳқир аҷамӣ, яъне гунг мехонданд. Вожаи Аҷам, ки Фирдавсӣ бар он ҳусни маънӣ бахшид, аслан, маънияш сарзамини гуногон, яъне безабонон аст. Асадӣ дар қасоиди маъруфи худ бар зидди мафкураи ғайириинсон ин гурӯҳи мутаассиб бархоста, исбот кард, ки ҳамаи забонҳо баробаранд! Ӯ исбот намуд, ки ончунон, ки дар забони порсии дарӣ вожагони зиёди арабӣ дида мешаванд, дар забони арабӣ ҳам вожаҳои ҳангуфти порсӣ мавриди истифода қарор доранд. Ҳатто, ӯ як-як собит сохт, ки дар Қуръони карим ба иродати Худо чандин вожаи порсӣ чида шуда ва, ҳатто, сурае низ бо забони порсӣ мавҷуд аст! Устод Садриддин Айнӣ дар пуртаҳлукатарин сарнавишти миллати тоҷик бар ҳимояи забони тоҷикӣ бархоста, дар ҳангомаи муқовимати сахти пантуркистон дифоъ аз марзу буми тоҷикон кард ва дар марҳалаҳои тағйироти алифбоҳо барои аз нестӣ наҷот додани забони адабии тоҷикӣ ҳама осори назмиву насрии худро бо алифбоҳои навбунёд бинавишт ва забони тоҷикиро бо ҳуруфоти навтаъсис комилан мутобиқ сохт! Бобоҷон Ғафуров дар таърихи тоҷикон ба ҳайси Фирдавсии навини миллат ливои ҳувият барафрошт ва таърихи пайдоиши миллатро аз аввал то даврони худ ба силки наср кашид. Бобоҷон Ғафуровро тамоми порсизабонони дунё эътироф кард, зеро “Тоҷикон”- и вай дар арзиши илмиву фарҳангӣ, вазни хештаншиносӣ ва наҷоти тамаддуни порсиён камтар аз таърихномаҳои Байҳақӣ ва Табарӣ нест! Пешвои муҳтарами тоҷикон дар  охири асри ХХ ва асри XXI сиёсати худро дар хатти тоҷикӣ, хатти фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ ва хатти дифои бемонанду бесобиқа аз забони тоҷикӣ равона сохт. Ҳар сол дар Рӯзи забон мо шоҳидем, ки ин марди фидоии миллат то чи ҳад нисбат ба ҳимоят ва бузургдошти забони тоҷикӣ кӯшишу эҳтимом менамоянд. Дар вохӯрии имсола низ ғамхории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забони тоҷикӣ ба нуқтаи авҷи худ эҳсос гардид. Суханронии он кас дар мавриди имлои нави забони тоҷикӣ, баргардонишу нашри кутуби луғат ва эҳёи луғатнигории обоии тоҷикӣ қобили тавсиф аст. Ҳар кас, ки дар қалб меҳри миллат, модар ва забон дорад, ҳатман таҳтушшуои суханони ғамхоронаи Пешвои азизамон қарор гирифта, ба василаи он суханон эҳсосоти хештаншиносияш ба таҳрик медарояд. Агар дар асри Х Исмоили Сомонӣ гуфта буд “То ман ҳастам, бораи Бухоро ман бувам!”, имрӯз тамоми тоҷикони дунё (бале дунё, на танҳо тоҷикони Тоҷикистони азизи мо!) мутмаин бошанд, ки “То Эмомалӣ Раҳмон бувад, бораи забони шевои тоҷикӣ Ӯ бувад!”

 

Бораи шаҳди дарӣ аст Эмоми мо,

Пораи қалби дарӣ аст Эмоми мо.

 

Саидҷаъфаров Озод Шоҳвалиевич,                                                                             аъзои фаъоли ҲХДТ ноҳияи Сино

 


Вакти нашр: 2019-10-09 09:17:55    Хонданд: 13    Муфассал...

МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “САДОҚАТ”

       Дар ташкилоти ибтидоии “Садоқат” ба ифтихори 60 - умин солгарди таъсиёбии телевизиони тоҷик бо ҳайати кормандону аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

       Вализода Муҳаммад - намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҳайати рӯзноманигоронро ба ин муносибат аз номи Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур таҳният намуда, иброз дошт, ки телевизион як рукни муҳиму дастгоҳи идеологии давлат маҳсуб мегардад. Дар тарғиби дастовардҳои истиқлолият, тарғиби арзишҳои миллӣ, ҳидояти насли ҷавон дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ телевизион нақши арзишманд дорад. Аз дастоварди истиқлоляти давлатӣ шумораи шабакаҳои телевизионӣ ба маротиб афзуда, сифати барномаҳо, сабт ва пахши онҳо низ хеле хуб гардида, барномаҳои мустақим, рӯ ба рӯ бо бинанда, тарбиявӣ ва фарҳангию сиёсӣ низ бою рангин гардидааст.

        Дар интиҳо ба cобиқадорону фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.


Вакти нашр: 2019-10-09 10:07:21    Хонданд: 14    Муфассал...

Бонувон дар сиёсат

  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Истеъдод" миёни бонувони фаъоли кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия курси омӯзишӣ таҳти унвони "Сарвариро меомӯзем"  доир гардид. Дар  он мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурова, раиси собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Умринисо Казакова, мутахассиси шуъбаи кор бо  занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шарипова Лайло иштирок ва суханронӣ намуданд.

          Нахуст Шарипова Л.-ба курси омӯзишӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар доираи баргузории курс ва иштироки занони болаёқату фаъолро дар сиёсат бобарор арзёбӣ намуданд. Заррина Зуҳурова-нисбати дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба занон ва масъалаҳои марбут ба ҳаёти имрӯзаи бонувони мамлакат баланд унвон карда, нақши онҳоро дар тарбияи қадрҳои баландихтисос, хештаншинос, худогоҳ ва ватандӯст асосӣ шумориданд. Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа ҳамеша таъкид менамоянд. Ба андешаи Сарвари давлат: «Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд».

       Казакова У.-дар баромади хеш қайд намуданд, ки хушбахтона, яке аз санадҳои нодир ва тақдирсоз оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа нақши калидӣ бозид, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад.Фармони мазкур таъмини иштироки фаъолонаи занонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан ва солим гардонии генофонди миллӣ ва баланд бардоштани нақши занро дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат муқаррар намуд.
Чорабинӣ бо натиҷагирӣ аз суханрониҳои иштирокчиён ҷиҳати ҳаллу баррасии муаммоҳои ҷойдошта дар самти баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоӣ ва сиёсии занон ва таҳлилу баррасии иҷрои барномаҳои давлатӣ дар ин самт ҷамъбаст гардид.

 


Вакти нашр: 2019-10-10 09:25:29    Хонданд: 17    Муфассал...

АВВАЛИН ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВИИ ЗАНОН

9-уми октябри соли 2019 дар Китобхонаи мил­лии Тоҷикистон зери сарпарастии сафири Созмо­ни байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» Раҳмон Озода Эмомалӣ аввалин Форуми ҷумҳуриявии занон дар таърихи Тоҷикистон таҳти унвони «Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон – омили рушди суботи

ҷомеа» доир гардид.

Форуми мазкур, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳуку­мати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва шарикони рушд роҳандозӣ шуд, бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва вар­зиш Аҳтам Абдуллозода ба кори худ оѓоз кард.

Дар он сардори раёсати илму маъ­рифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Абдухолиқ­зода, муовини Раиси Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии ҶТ Хайринисо Юсуфӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода, раи­сони кумитаҳои кор бо занон ва оила, рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Иди­гул Қосимзода, Нўъмон Абдуѓаффорзо­да, роҳбари барномаҳои СММ Пратибҳа Мехта, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, инчунин намояндаго­ни як қатор вазорату идораҳои давлатӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Маърўзачиён асосан ба масоили мар­бут ба занон, аз ҷумла гаравиши занону бонувон ба омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, фаъолияти онҳо дар идоракунии дав­латӣ, нақши эшон дар илм ва инноват­сия, рушди соҳаи сайёҳӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дахл намуда, фикру мулоҳи­заҳои ҷолиб манзур карданд.

Нотиқон ҳадаф аз баргузории Форуми ҷумҳуриявии занону бонувонро ин татбиқи амалии дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба занону бонувон маъ­нидод карданд.

Гуфта шуд, ки тўли 28 соли соҳибистиқлолӣ дар заминаи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои занону бонувони кишвар имконоти мусоид фароҳам оварда, мавқеи Зан – Модар дар ҷомеа бо қабули қарору қо­нунҳои мушаххас баланд бардошта шуд.

Дар қисми дуюми Форум, ки аз ҳафт бахш иборат буд, коршиносони соҳа масъалаҳои вобаста ба занон ва муш­килоти ҳаёти онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бояд гуфт, ки дар қисми дуюми Фо­рум дар баробари намояндагони дигар сохторҳои давлатӣ муовини раиси Куми­таи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Дилбар Абдураҳимова баромад намуда, атрофи пешгирии шомилшавии занону ҷавондухтарон ба гурўҳҳои ифротӣ ибро­зи андеша кард.

Ҳамин тариқ, қабули қатъномаи Фо­руми ҷумҳуриявии занон дар соли 2019 анҷомбахши кори он гардид.


Вакти нашр: 2019-10-10 10:15:22    Хонданд: 33    Муфассал...

ВАҚТЕ ҚАВЛ БО АМАЛ ЯК АСТ...

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ҳар қадар солҳо сипарӣ шаванд, ҳамон қадар аҳамияти сулҳу ваҳдати миллӣ барои халқу давлати Тоҷикистон равшантар мешавад. Ҳадафҳои созандагӣ, ҷаҳду талошҳои пайгирона, ормонҳои волои истиқлолият ва сулҳу ваҳдат ҳидоятгари мо ба сӯи ояндаи нек ва зиндагии осоиштаву осудаҳолона мебошанд. Мо бояд масъалаи сарҷамъиву иттиҳоди миллат, ваҳдати миллӣ, инчунин аҳамият ва зарурати ҳифзи ин неъматҳои ниҳоят муқаддаси халқамонро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур насозем. Таърихи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки кору пайкори Пешвои миллат бо каломи оташину созандаи ӯ пайванди ногусастанӣ доранд. Тавъам будани гуфтору амал аз волотарин сифатҳои сарварист. Пешвои миллат бо эҳсоси бузурги ватандӯстӣ ва меҳру муҳаббати бепоён ба халқу диёр гуфта буданд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам». Дар он лаҳзаҳои ҳассоси сарнавиштсоз, дар он рӯзҳои мудҳише, ки оқибати рӯзгор ва давлатдории тоҷикон норӯшан буд, на ҳар сарвар ба изҳори чунин савганди бузург ҷуръат мекард. Табиист, ки дар он рӯзҳо бисёр сарварони дигар аз ҷуръати ин ҷавонмарди акнун пой ба остонаи мақоми роҳбарии давлат гузошта ангушти ҳайрат газиданд. Пас аз анҷоми Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст гуфтушунидҳо, ҷалби сиёсатдонҳо, зиёиёни пешқадам, адибон ва мардуми бофарҳанги ватандӯст ба сари мизҳои музокироти сулҳу оштӣ, ба Ватан баргардондани гурезагон, даъват ва бовар кунондани ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ниятҳои неку созандаи давлату миллати шарафманди тоҷикон оғоз ёфт ва ниҳоят, 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ниятҳо ва ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат саршори маъниҳои сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, дӯстию рафоқат, таъмини якпорчагии Тоҷикистони азиз мебошанд. «Ҳамаи моро зарур аст, ки, - гаштаю баргашта таъкид мекунанд Пешвои миллат, - баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ, тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон, нуфуз пайдо кунанд».
      Муҳимтар аз ҳама, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин маъниҳоро ҳамчун мураббӣ ва раҳнамои маънавии миллат тавассути суханрониҳои ҳикматомӯзу раҳнамунсози худ ба мардум омӯзонд, дар шуури хурду калон ҷойгузин намуд, ҳисси миллиро дар зеҳни мардум бедор кард ва ҳоло ҳеҷ қуввае наметавонад меҳру муҳаббат ва садоқати дар дилу ҷони мардум решадавондаро нисбат ба Ватан, дастовардҳои истиқлолият, арзишҳои миллӣ ва билохира, эътиқоду эътимоди нисбат ба шахсияти Сарвари хирадманди давлат доштаи халқро аз ниҳоди онҳо берун созад. Оре, мардум ҳамеша беҳтарин маъниҳои зиндагиро аз хирадмандон – раҳбару раҳнамои худ меомӯзад. Ҳар як гуфтор, рафтор ва пиндори неки Пешвои миллат сабақи бузурги ҳаётист барои намояндагони наслҳои он солҳои мудҳиш ва намояндагони даврони имрӯзи гулгулшукуфони Тоҷикистони маҳбуб. Халқи таърихан ва табиатан сулҳдӯсту фарҳангпарвари мо ба донишу фарҳанги аз суннату оинҳои гузаштагонамон ба мерос гирифтаи худ, ки таҷассумгари орзую ормонҳои миллӣ буда, аз андешаҳои миллӣ – дӯстию рафоқат, сулҳу осоиш, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарчашма мегиранд, торафт таҳким мебахшад.
     Имрӯз ҳамагон ба хубӣ дарк менамоянд, ки неъмате волотар аз истиқлолияту озодӣ, давлати миллӣ ва таъмини якпорчагии Ватани маҳбуб нахоҳад буд. Созандагию бунёдкорӣ ҳадафҳои аслии насли имрӯзу ояндаро ташкил медиҳанд. Маҳз сулҳу субот имкон фароҳам овардаанд, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат баробар рушд намоянд, барномаву нақшаҳои нав ба нави тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар мунтазам татбиқ гарданд. Имрӯз дар ҷомеа ва ҳар хонавода фарҳанги сулҳ ва ваҳдати бадастомада, ки арзишҳои муқаддаси миллӣ маҳсуб меёбанд, хеле хуб қадр ва ҳифз карда мешаванд. Зеро пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва баланд шудани обрӯю нуфузи байналмилалии тоҷикон бар ҳамин арзишҳо асос ёфтаанд.

А.ШАРИФОВ, аъзои ҲХДТ
 

 


Вакти нашр: 2019-10-10 15:05:23    Хонданд: 5    Муфассал...

ВОХӮРИИ СУДМАНД ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲОИ ҶАВОН

       Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати дар амал  татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки 27 сентябри соли 2019 баргузор гардид, ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳоро “Оид ба пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон” таҳия ва тасдиқ намуд.

      Дар асоси нақшаи мазкур,  дар толори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон  бо иштироки Юнусова Р.С.-мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Қодирова Б.-ноиби ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Шарифзода С.-судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Раҳмон Г.- мудири бахши САҲШ-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Латипова Г.-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо донишҷӯдухтарони Донишгоҳи мазкур вохӯрӣ доир гардид.

      Баромадкунандагон  зимни баромади хеш қайд карданд, ки вакте, мо оила мегуем, зери ин мафҳум мухимтарин ячейкаи ҷамъияту давлатро мебинем. Ин аст, ки интихоби дуруст дар бунёди оила омили мухими мустаҳкамии ҷамъият ва ободии давлат аст. Аз ин рў пеш аз барпо намудани оила ҳар шаҳрванд бояд паҳлуҳои гуногунҷабхаи ҳаёти оилавиро мавриди омузиш қарор дода, урфу одатҳои миллї, ҳурмату эҳтироми тарафҳо, муносибати хуби зану шавҳарї ва маънои зиндагиро хуб дарк карда тавонад. Эҳтиёткор будану ҳамқадами ҳаётро ҳамаҷониба омухтан барои онҳое, ки бори нахуст ба зиндагї қадам мегузоранд гумон мекунем, ки талаботи аввалиндараҷа аст.  

 


Вакти нашр: 2019-10-10 15:14:09    Хонданд: 30    Муфассал...

ҲИЗБЕ, КИ ҲАДАФҲОЯШ НАҶИБУ ОЛИЯНД

Мутобиқи супориши протоколии маҷлиси назоратии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар ташкилоти ибтидоии “Ирфон” соати сиёсӣ  доир  гардид.

       Убайдулло Қурбонзода, муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ роҷеъ ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ибрози назар намуда,  қайд кард, ки дар ин давра даҳҳо неругоҳҳои хурду бузург, бахусус, иншооти аср НБО - “Роғун”, ҳазорҳо киломметр роҳҳо, садҳо муассисаҳои таълимӣ бунёд гардиданд. Ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ имрӯз идома дошта, ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат ҳадафу иқдомҳои наҷиб амалӣ гардида истодаанд. Мавсуф, ҳамзамон роҷеъ ба нақши ҲХДТ дар таҳкими сулҳу субот ва рушду пешрафти мамлакат ибрози андеша намуд.


Вакти нашр: 2019-10-11 11:08:11    Хонданд: 3    Муфассал...

ХОИНОНИ ШИКАСТАВУ РЕХТА

Ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТЭТ ҲНИ) ҳизби тундгарову сузанда буда, сабаби ҷангу хунрезӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буда, гунаҳгори асосии фалаҷ гардидани низоми сиёсию иқтисодии кишвар дар солҳои навадуми асри гузашта мебошад. Ин ташкилот аз оғози фаъолияташ зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Амалҳои роҳбарият ва фаъолони ин ҳизб ҳамагӣ ҷиноятҳое буданд, ки бар зарари миллати тоҷик равона гардидаанд. Куштори шумораи зиёди зиёиён ва озодандешоне, ки ба онҳо аз ҷониби саркардагон ва тарафдорони ТЭТ ҲНИ тамғаи кофир зада шуда буд, далели гуфтаҳои болост. Ҳадафи асосии ин ҳизб на бар пояи демократия ва адолати иҷтимоӣ, балки бар пояи хушунату бадбинӣ ва бартариҷӯии динию мазҳабӣ устувор аст.
Бозӣ кардан бо эҳсосоти диниву мазҳабии мардум усули асосии фаъолияти таърибкоронаи ин ҳизб буд. Онҳо мехостанд бо роҳи моҷароҳои мазҳабиву динӣ асос ва пояҳои давлатдории навини тоҷиконро хароб карда, Тоҷикистонро ба мустамликаи нав табдил диҳанд. Вазъи давлатҳои Сурияву Ироқро таҳлил карда, ба хулосае омадан мумкин аст, ки бояд дар масъалаи мазҳаб ҳеҷ гоҳ бегонапарастӣ накунем. Он низоми мазҳабие, ки дар сарзамини мо садсолаҳо амал мекунад, бояд ҳифз карда шавад. Низомеро, ки дар Тоҷикистон аст ва дар он суннимазҳабон ва шиамазҳабон дар ваҳдати комил умр ба сар мебаранд, бояд чун гавҳараки чаши нигоҳ дорем. Имрӯзҳо мо шоҳид ҳастем, баъзе ҳизбу ҳаракатҳои ифротию терористӣ бо дастгирии давлатҳои дигар мехостанд ва ҳоло ҳам кӯшиш карда истодаанд, ки унсурҳои мазҳаби бегонаро ба давлати мо ворид кунанд ва сенарияи Сурияро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунанд. Хушбахтона зери роҳбарии хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат ва корҳои шабонарӯзии мақомотҳои қудратии кишвар ба душманони давлати мо муяссар намегардад, ки дар Тоҷикистони азизи мо ҷанги мазҳабиро роҳандозӣ кунанд. Давлату ҳукумат ҳамаи чораҳои имконпазирро андешида истодаанд. Аммо ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд дар раванди мубориза бо бегонапарстӣ фаъол бошанду саҳми худро дар таъмини амнияти миллӣ гузоранд.

      Намунаи олии ваҳдати мазҳабӣ дар кишвари мо бо ибтикори Пешвои миллат соли 2009 эълон гаштани соли Имоми Аъзам мебошад, ки ҳанӯз бояд ҳадафҳои гузоштаи ин сол садсолаҳои дигар барои мо тоҷикистониён дарси ибрат бошад. Аммо чунин оромӣ ва пешравиҳои моро на ҳама қувваҳо қудрати дидан доранд. Душманони давлати тоҷикон махсусан Ҳизби наҳзат, ки сирф экстремистию террористӣ аст, бо ҳар роҳ мехост ва ҳоло ҳам мехоҳад ба сари мардуми тоҷик мазҳаби бегонаро бор карда, ваҳдату якдилии миллати тоҷикро аз байн барад. Худи наҳзатиҳо алалхусус роҳбарияти олии он ҳамагӣ бар ивази маблағгузориҳо ва кумакҳои роҳбарияти баъзе давлатҳои «дӯст» мазҳаби дигарро қабул карданд ва ба хоҷагони худ ваъда додаанд, ки ин мазҳабро ба сари мардуми тоҷик бор мекунанд. Лекин мо-мардуми оддӣ ба душманон муроҷиат карда, гуфтанием, ки шумо ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопоки худ намерасед. Зеро мо қадри ин тинҷиву оромӣ ва суботу пешравиҳоро медонем ва намегузорем, ки ягон қувваи аҳриманӣ ниятҳои ифлоси худро дар ватани мо амалӣ кунад.


Зулфия Мирзоева
Нигора Файзуллоева
аъзои фаъоли ҲХДТ ноҳияи Сино

 

 


Вакти нашр: 2019-10-11 13:41:52    Хонданд: 4    Муфассал...

Маҷлиси ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии «Қомуснигор»

        Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ   дар ташкилоти ибтидоии “Қомуснигор” маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.

        Нахуст,  Фаридун Маҳмадуллоев, раиси ташкилоти ибтидоӣ роҷеъ ба фаъолияти  нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии мазкур иттилоъ дода,  таъкид намуд, ки ҲХДТ ҳизбест, ки аз оғоз то имрӯз аз манфиатҳои миллӣ ҳимоя намуда, дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ нақши муассир ва хоса дорад. Мо аъзоён,  заҳматҳои  шабонарӯзии  Ҳукумати  мамлакат ва Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро  баҳри  ин давлату  миллат қадр мекунем ва мекӯшем дар фаъолияти ҳамарӯза дар татбиқи ҳадафҳои созандаву бунёдкорона ва барномаи бисёрҷанбаву судманд чун як аъзои ҳизб ва чун як шаҳрванд саҳм гузорем.

        Убайдулло Қурбонзода, муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ роҷеъ ба дастовардҳои соҳибистиқлолӣ  ҳарф  зада,  таъкид намуд, ки дар ин давраи кӯтоҳ   Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардид, ки дар таърих бесобиқа аст.  Мавсуф,  дар мавриди татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат, ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, фарҳанги миллӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ ибрози андеша намуд.


Вакти нашр: 2019-10-11 14:46:57    Хонданд: 8    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИИ ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ ҲАРАКАТИ ОЛИМПӢ”

      Бо иштироки Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ташкилоти ибтидоии «Ҳаракати олимпӣ» маљлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид.

     Абдуллозода Маҳмадшоҳ-раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳаракати олимпӣ” вобаста ба фаъолияти  ташкилот ҳисобот дода, зикр кард, ки ҳар сол  дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои гуногуни бозиҳои олимпӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ сафарбар гардида, шарафи варзиши Тоҷикистонро боло мебардоранд. Иқдоми бамавриди соҳа ин аст, ки баъди бозгашт аз мусобиқоти байналмилаливу байнидавлатӣ варзишгарон дар фурудгоҳи байналмилалӣ  бо шукуҳи хоса истиқбол   мегарданд.

      Сипас,  аъзоёни ташкилот дар музокира ба сухан баромада, ҳисоботро қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Бо овоздиҳии кушод ва ҷонибдории аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ раис ва муовини ӯ интихоб гардиданд.
      Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ягона ҳизби сиёсиест, ки дар давраи Истиқлолияти давлатӣ сиёсати идеологии солими миллиро тарғиб ва татбиқ  мекунад. Ин нуктаро дар баромади худ Гуҳмадзода Зулфиқор Аҳмад хуб арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки як варзишгар барои ба ҳадаф расидан тамоми имконот ва қудрати дар дастдоштаро истифода мебарад, яъне садоқат ба Ватан, миллат ва Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти  кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар аъзои ҳизб тақозо мегардад ва барои якпорчагии давлату миллат талош бояд кард.

 


Вакти нашр: 2019-10-14 14:54:11    Хонданд: 7    Муфассал...

Кӯмаки амалӣ-методӣ дар ташкилоти ибтидоии “Наврасон”

Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур  дар   ташкилоти ибтидоии “Наврасон” ҷиҳати танзими фаъолияти расмӣ-коргузорӣ, кӯмаки амалӣ-методӣ расонида шуд. Гуруҳи корӣ тавассути саволномаи пешакӣ омодагардида, аз рафти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ва ҳуҷҷатгузории ҳизбии он дидан намуда, барои беҳбуд бахшидани корҳои ҳизбӣ ва зиёд гардонидани сафи аъзоёни ҳизб тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд. Бояд қайд кард, ки ташкилоти ибтидоии “Наврасон” дар пешбурди кори ҳизбӣ саҳмгузор буда, барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат ва таълиму тарбияи насли наврас нақши назаррас дорад.

 


Вакти нашр: 2019-10-14 15:01:22    Хонданд: 1    Муфассал...

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «НОҚИЛИ ТАЛКО»

Дар ташкилоти ибтидоии “Ноқили ТАЛКО” бо иштироки мутахассиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - Розиқ Нурзод, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ - Исматзода М., ва аъзои ҳизб маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоӣ  доир гардид.

      Дар он сараввал ҳисоботи муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Ноқили ТАЛКО” оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ шунида шуд.
 Сипас,  Нурзод Р. оид ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, ки санаи аз 27 сентябри соли 2019 баргузор гардид, суханронӣ намуд.

       Ҳамзамон, дар асоси талаботҳои Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои гузошташуда дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ қарорҳои дахлдор қабул гардид.


Вакти нашр: 2019-10-14 15:58:15    Хонданд: 2    Муфассал...

ДАЪВОИ ОЗОДӢ ВА ТИҶОРАТИИ ҲУҚУҚИ БАШАР

      Рӯзҳои 16 - 26 сентябр дар Варшава - пойтахти Лаҳистон нишасти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо оид ба вазъи ҳуқуқи башар баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифони он (дурусттараш ҷинояткорони фирорӣ) ширкат варзиданд. Пас аз кӯшиши табаддулоти соли 2015, ин чорумин нишастест, ки ба майдони баҳси намояндагони Ҳукумат ва мухолифон табдил мешавад. Онҳое, ки хешро мухолифин эълон карданд, аксаран, нафаронеанд, ки ба ҷиноятҳои сахт ва зиддиинсонӣ даст зада, аъзои ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ мебошанд ва барои худро аз қабзаи ҷиноят орӣ нишон додан ва пайдо намудани сармоягузорӣ, дастрасӣ ва тамдид намудани мақоми паноҳандагии сиёсӣ ҳамасола нишастҳои САҲА - ро мавриди баҳс ва пархош қарор медиҳанд.

      Мусаллам аст, ки ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ аз бунёд зидди озодии инсон буда, дар замони фаъолияти хеш ҳазорон ҷиноётеро муртакиб шудааст, ки бар алайҳи ҳуқуқу озодиҳои инсонанд. Инҳо чанд рӯ доранд ва ба мисли буқаламун дар ҳар шароит ранги хешро иваз мекунанд. Муддате, ки дар дохили кишвар буданд, хешро дифогари арзишҳо ва ормонҳои исломӣ вонамуд месохтанд, ҳарчанд пас аз касби истиқлол ва аз байн рафтани идеологияи шӯравӣ озодиҳои динию мазҳабӣ дар кишвар ба тарзи густурда ба роҳ монда шуда, дар ин муддат ҳазорон масҷид ва маконҳои ибодат ба вуҷуд омада, мардум ҳамасола маросиму маносики динию мазҳабии хешро озодона анҷом медоданд ва айни ҳол низ озодона анҷом медиҳанд. Вале барои ин гурӯҳи шайёд ва тоҷир озодиҳои мазҳабӣ ба як шиор табдил ёфта, тавассути он худро мудофеи аслии дину мазҳаб на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа эълон намуда, аз кишварҳо ва созмонҳои исломӣ маблағҳои ҳангуфт даромад мекарданд. Он замон, дар дохили кишвар аз ин роҳ ҳазорон бозору дукон ва ширкатҳои хешро фаъол намуда буданд. Зиёдшавии сармоя хоҳиши онҳоро боз ҳам боло бурда, кор то ба ҳадде расид, ки барои ба даст овардани қудрати сиёсӣ ба тариқи зӯрӣ ва аслиҳа даст ба чунин ҷиноят заданд.
Пас аз шикасти кӯшиши табаддулоти сентябрии соли 2015 ва ошкор шудани аъмоли ҷиноятии ин гурӯҳ, иддае аз онҳо боздошт ва иддаи дигар фирорӣ гашт. Гурӯҳи фирорӣ чун ба идеологияи худашон содиқ набуданд ва хуб медонистанд, ки кишварҳои низоми динӣ ба онҳо паноҳгоҳ нахоҳанд дод, рӯ ҷониби Аврупо оварданд. Бо расидан ба Аврупо ба таъмири косметикии зоҳири худ гузаштанд. Ором - ором ҷелаку дастор ва шалвору риши охундии хешро канор гузошта, худро ба шароити Аврупо мутобиқ намуданд. Акнун барои онҳо ҳуқуқи башар ва озодиҳои инсон ба шиор табдил ёфта, роҳҳои ба бизнес табдил додани онро андеша намуданд. Ҳамин аст, ки дар чор соли охир барои гул задани аврупоиҳо, махсусан дар соли 2018 гурӯҳҳои наҳзатиро ба қисмҳо тақсим карда, гӯё созмонеро бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» таъсис доданд. Яъне сарварони наҳзатӣ дар Аврупо ба натиҷае расиданд, ки дигар дар дукони Аврупо исломи сиёсӣ чандон харидоре надорад ва пас аз воқеаҳои 11 сентябри 2001 дар Амрико, ки терроризми динӣ дар шакли бисёр хашин зуҳур кард, аврупоиён ва, умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ як андоза тарс ва нобоварӣ доранд. Ҳамин буд, ки ин гурӯҳ 180 дараҷа тағйири зоҳирӣ намуда, гӯиши хешро аз арзишу озодиҳои динӣ ба арзишу озодиҳои инсонӣ кашонданд. Яъне, акнун барои нафароне, ки ҳамеша дар зарфи фаъолияти хеш аз табъизи динӣ, ҷинсӣ кор гирифта буданд, ҳуқуқу озодиҳои инсон тӯтивор ба гӯиши ҳамасола табдил ёфт. Касоне, ки дирӯз дар навиштаҳояшон дигарандешу бовармандони дигар дину мазҳабҳоро мавриди таҳқир қарор медоданд, акнун аз озодиҳои динӣ ҳарф мезаданд ва худро мутамаддину мудофеи ҳуқуқи башар ба ҷилва дармеоварданд. Ҳамон собиқ аъзои наҳзат ва ҳаводорони онҳо бо номҳои болохонадор аз қабили «анҷумани озодандешон», «анҷумани муҳоҷирон», «ислоҳот ва рушд» ва амсоли ин номгузорӣ карданд. Сарони наҳзатӣ гумон мекунанд аз чунин номгузорӣ гӯё воқеияти онҳо тағйир меёбад ва ҳама мардуми ҷаҳон қабул меварзанд, ки афкору андешаи ин гурӯҳ дигар шуда ва ба сатҳи мутамаддину ҳуқуқи башар расида бошад. Акнун тайи ин чанд соли ахир онҳо ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба шиори хеш табдил дода, пушти дари САҲА - ро ба охурчаи хеш табдил додаанд. Ҳамин аст, ки чор соли ахир шайёдони тоҷири ҳуқуқи башар давоми як сол нақша мекашанд ва тарроҳӣ мекунанд, ки дар саҳнаи САҲА кӣ ва чӣ гуна нақшро ба иҷро дароварад.

      Нишасти соли ҷорӣ ҳам давоми ҳамон мазҳакаҳои наҳзатӣ буд. Ин бор низ роҳбари фирории ташкилоти террористии наҳзатӣ ва ҳампаймононаш нишасти САҲА - ро ба мазҳака табдил доданд, ба ҷуз аз доду вой, бечоранолӣ ва таҳқиру ҳақорат чизи дигаре дар ин нишаст вуҷуд надошт. Дар бахши аввал, ки барои гуфтушуниди тарафҳо имкони баҳс фароҳам буд, пайравони наҳзат аз доираи одоби баҳс берун шуда, онро ба майдони пархош табдил доданд. Шояд гумон мекунанд, ки доду вой гуфтан ва пархошгарӣ кардан натиҷаи пирӯзӣ бошад. Дарвоқеъ пархошгарӣ яке аз хусусиятҳои меҳварии ин гурӯҳ аст, ки он аз тарзи андешаву тафаккур ва идеологияву ҷаҳонбинии онҳо маншаъ мегирад. Дар ин нишаст роҳбари фирории ташкилоти террористии наҳзатӣ кӯшиш намудааст, баъзе аз чеҳраҳоеро ба хотири собит намудани «дигар шудани ширкатдорон» ҳамроҳ намояд. Вале ин «дигарҳо» низ ҳамонҳоеанд, ки гумроҳона бо папулизми сарони наҳзатӣ дода шудаанд ва дар хаёлашон худро инсонҳои бартари сайёра ва озодибахши башарият тасаввур мекунанд. Лекин, рӯзе ба ин натиҷа хоҳанд расид, ки онҳоро ба ҳайси васила истифода намудаанд. Ин шеваро наҳзатиҳо борҳо такрор карда, махсусан дар даҳаи навади садаи гузашта даҳҳо донишмандону шахсони варзидаро суиистифода ва беобрӯ кардаанд.

      Ҳамаи баромадҳои наҳзатӣ пур аз дурӯғу тавтеа бечоранолӣ ва судҷӯӣ буд. Дар баромадҳои Насрулло Раҳмонов, ки бобати озодии матбуот ҳарф зад, аз баста шудани расонаҳое аз қабили «Озодагон» ва «Тоҷнюс» - у дигарон ёд кард ва даъво пеш овард, ки гӯё онҳо бо таъсир ва фишору таъзйиқи Ҳукумат ва ниҳодҳои амниятӣ баста шуда бошанд. Мусаллам аст, ки то замони фаъолият дар дохили кишвар, вобаста аз пулу даромадҳои хеш ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ чандин оҷонсӣ ва нашрияву рӯзномаҳоро ба воситаву бевосита сарпарастӣ мекард. Ва далели ин гуфтаҳо метавонанд, матолиби нашркардаи он замони ин расонаҳо дар тамҷид ва таърифи ин ҳизб бошад. Ва табиист, ки пас аз мамнӯъ шудани фаъолияти ҳизби мазкур дар кишвар онҳо дигар имкони молиявии фаъолият надоштанд. Ҳамин буд, ки аз фаъолият бозмонданд ва имрӯз ба ҷуз аз ин расонаҳо дигар расонаҳо фаъоланд. Ин оҷонсиҳо ва хабаргузориҳои басташуда дар шакли дигар ва номи дигар хориҷ аз кишвар фаъолият доранд. Ҳамин тавр, ин масъаларо Азиза Шерова ва Темури Варқӣ низ пайгирӣ карданд ва ҳамон як маром озору гилояро гӯё дар набуди фазои бози иттилоотӣ ба оҳу нола кашиданд. Агар ба умқи нолаҳои онҳо гӯш диҳӣ, фақат як сир ниҳон аст, имрӯз дар дохил расонаи озод нест ва бояд барои расонаҳои берунӣ пулу сармоя ба даст оваранд, то фазои дурӯғпардозии хешро тақвият бахшанд ва аз тарафи дигар пул кор кунанд. Ҳамчунин, оҳу нолае, ки гӯё ниҳодҳои давлатӣ шахсиятҳо ва хабарҳои фейкӣ ё маҷозиро дуруст карда бошанд. Вале боре ба худ суоле намекунанд, ки ин ҳама номҳои гумноми бешахсият, ки аз тарафи онҳо дуруст шуда, шабонарӯзӣ бори таҳқиру маломатро бар сари дигарон меборанд, мутааллиқи кианд ва барои онҳо кӣ бояд посух бигӯяд?

      Яке аз амалҳои хандахариши наҳзатӣ ин тӯтивор халалрасонии Ҳумайрои Бахтиёр ба дигарон буд ва аз ҷониби дигар надонистани ном ва унвону вазифаи ҳампаймонони худ, ки ба онҳо «господин молодой человек, сейчас очередь просит» гуфта муроҷиат менамуд.
Масъалаи дигаре, ки чун ҳамешагӣ сари забони ҳайати наҳзатӣ буд, ин ҷой доштани шиканҷа дар зиндонҳои Тоҷикистон унвон шуда буд. Ин мавзӯъро низ солиёнест наҳзатиён ба шиор табдил додаанд ва боре аз зиндонҳои ғайриқонунии худ, ки солҳои 1990 - 2000 дар минтақаҳои зери нуфузи хеш сохта буданд ва инсонҳоро бо бераҳмонатарин усулҳо: аз қабили ба дор кашидан, сангсор кардан, зинда ба зинда дар даҳон муми гарм рехтан, дар даруни бочка ва систернаҳо зиндонӣ намудан ба қатл расонда буданд, аз ёд бурдаанд. Имрӯз аз «шиканҷа» дар зиндонҳои Тоҷикистон тавтеа сохта, доду бедодро роҳандозӣ мекунанд. Ростӣ ин гуна амалкард сахт тааҷҷуббарангез ва хандадор аст, касоне ки мазҳари андешаи онҳоро арзишҳои асримиёнагии мазҳабӣ ташкил медиҳад ва даъвояшон бунёди кишвари шариатмеҳвар аст, ки то имрӯз чунин навъи кишварҳо бадтарин шеваҳои нигоҳдории зиндониёнро доранд, аз он ёд намекунанд ва низоми зиндонҳои Тоҷикистонро ба чолиш мекашанд. Ҳарчанд аз тарафи Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини зиндонии ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ, баёноте ирсол шуда буд, ки ӯро то санаи 11 сентябри соли 2019 касе шиканҷа накардааст, вале яке аз ҳаммаслакони роҳбари фирории ташкилоти террористии наҳзатӣ Мирзораҳим Кузов боз даъвою ғавғои хешро роҳандозӣ карда, пофишорӣ мекунад, ки гӯё ин навъи баёнот ҷаълӣ ва ҳеҷ асосе надошта бошад. Кузов намеандешад, ки ҳазорон нафарро дар солҳои 90 - ум ба хотири ҳарфе, ё ҳиҷое, ё пӯшише маҳкум карда, ба қатл расонданд. Саҳнаи дигари сохтаи наҳзатиён он буд, ки писари Ҳайитро ба ҳайси баромадкунанда ба сухан оварданд. Дар ин саҳна аз шеваҳои ҳамешагии таъсири равонӣ расондан, ки солиёнест роҳбари ташкилоти террористии наҳзати исломӣ ва ҳампаймоёнаш аз он истифода мебаранд, бечоранолӣ ва мазлумнишондиҳӣ истифода шуд. Ростӣ ин ҷавони таҷрибанодидаро сӯиистифода намуданд ва мехостанд аз он барои таъсиррасонӣ ва ҷалби таваҷҷуҳ истифода намоянд.

     Зиндагӣ аҷаб таззодҳое дорад. Роҳбари ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар сентябри соли 2015 тарҳи кудаторо роҳандозӣ намуда, худ ба хориҷи кишвар фирор намуд ва дигар аъзои риёсат, аз ҷумла Ҳайитро ба кунҷи зиндон бурд. Ҳарфҳои ин писар фаҳмиданӣ ва қобили қабуланд, зеро ҳар фарзанд падари хешро дӯст медорад ва падараш барояш беҳтарин падари дунёст, вале бояд ин ҷавон ва аҳлу пайвандонаш ин суолро аввалтар ба роҳбари фирории ташкилоти террористии наҳзатӣ диҳанд, ки ту чӣ рӯзеро бар сари хонаводаи мо овардӣ?! Ва имрӯз падари ман дар зиндон асту аз зиндонӣ будани ӯ низ барои худат дукони тиҷорат дуруст мекунӣ. Аз тарафи дигар набояд бигзорад, ки худ низ ба мисли падар қурбонии бозиҳо ба хотири тиҷорати ин тоҷир гардад. Гумони ғолиб он аст, ки гоҳҳо саркардаи ин ҳизб ба хотире, ки пайвандони онҳоеро, ки ба зиндон афканд аз ӯ суол накунанд, ки падар ё саробони хонадони моро ба чи рӯз афкандӣ ин гуна бозиҳоро ба хотири гурез аз масъулият дуруст мекунад.
Хулласи калом роҳбари фирории ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ бо пайравонаш дар Варшава боз саҳнасозӣ, боз ҳамгомаҷӯӣ, боз доду бедод, боз даъво аз ҳуқуқи башар, боз даъво аз озодии матбуот, боз даъво аз кам кардани шиканҷа ва амсоли ин мекунанд. Ғолибан дар ҳамаи ин амалкардҳо, бозиҳо, саҳнасозиҳо як ҳадаф пинҳон аст: дарёфти сарпараст ё сармоягузор барои идомаи иқомати пурзарқ дар Аврупо ва маъшуқабозиву истироҳат дар ҳутелҳои (меҳмонхонаҳои) аврупоӣ. Чунин ба назар мерасад, ки роҳбари фирории ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ тоҷирест, ки ҳуқуқи башарро ҷузъе аз бизнеси худ қарор додааст. Ҳамаи ин баромадҳо ва даъвою бечоранолиҳои наҳзатиро метавон ба як ҷумла ҷамъбаст намуд: «Даъвои озодӣ ва тиҷорати ҳуқуқи башар».

Эҳсони ИЛҲОМ, таҳлилгари масоили сиёсӣ

 


Вакти нашр: 2019-10-14 16:12:52    Хонданд: 4    Муфассал...



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс