МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

Ҷавонон бояд осебпазир набошанд!

        Масъалаи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳу созмонҳои ифротгаро яке аз омилҳои асосии ҷомеаи башарӣ, аз ҷумла ҷомеаи муосири Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Таъсири ғояҳои террористию экстремистӣ, ки то ҳол дар ҷаҳон бо роҳу воситаҳои гуногун ҷавононро ба коми худ афкандаанд, боиси хатару нооромиҳои гӯшношунид гардида, ба ваҳдату амнияти кишварҳои соҳибистиқлол ҳамарӯза таҳдид менамоянд.

        Бояд қайд намуд, ки кӯшиши тамоми ҷомеаи мо дар заминаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгирӣ ва мубориза бар зидди чунин гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ сарчашма мегирад. Ҳамзамон, дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлатамон таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизми динию мазҳабӣ имрӯз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани мардумони бешумори кишварҳои олам гардидааст. Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

       Ба ин маънӣ, масъалаи терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ дар ҷомеаи имрӯза ба яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи башарӣ ба шумор меравад. Дар кишвари мо низ барои пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба чунин созмонҳои ифротӣ тамоми тадбирҳо андешида мешаванд. Дар ин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои камолоти ҳамаҷонибаи ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси шаҳрвандиву ватандӯстӣ, фазилатҳои неки инсониву соҳибилмӣ ва худогоҳу ватандӯст шудани онҳо шароити мусоидро фароҳам овардааст. Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон таъмини тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандиву инсонии онҳоро кафолат медиҳанд.

       Хусусан, таҳияи якқатор санадҳои меъёрии хусусӣ дар ин самт ҳамчун дастурамал ва роҳнамои ҳар як фарди солимфикри ҷомеа мавриди истифода қарор дода шудааст. Аз гуфтаҳои Сарвари давлат бармеояд, ки ҳодисаҳои охири баъзе аз кишварҳои шарқи наздик ҷомеаи моро ба изтироб оварда, метавонад ба сулҳу субот ва амнияти кишварамон хатар эҷод намояд. Чунки амалҳои ифротгароёна сабабгори нооромӣ ва таназзули миллат аз фарҳангу забон ва арзишҳои сиёсӣ чун истиқлолият, тамомияти арзӣ ва ваҳдати миллии давлатҳо мегардад. Қайд намудан ба маврид аст, ки яке аз омилҳои гароиши ҷавонон ба ин равияҳои манфӣ доштани сатҳи пасти маърифати диниву дунявӣ, қадрдонӣ накардани арзишҳои сиёсӣ-истиқлолият, ваҳдат, ҳифзи якпорчагии марзу бум ва дигар арзишҳои инсонӣ ба шумор меравад.

      Табиист, ки миёни баъзе аз ҷавонон чунин амалҳои зишти инсоние, ки хусусияти террористиву экстремистӣ дорад, ҳамчун амали осони ба ҳадаф расиданашон қабул гардидааст. Ҳаракату ҷараёнҳои экстримистӣ, ки фаъолияти онҳо дар мамлакат мамнӯъ мебошад, ин фурсатҳоро истифода бурда, аз хориҷи кишвар зери ниқобҳои гуногун то ба имрӯз хоҳони ноором кардани вазъи осудаи Тоҷикистони азиз мебошанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар чашми ҳасодати худро нисбати ин сарзамини биҳиштосо кушода буданд. Имрӯз низ ин гурӯҳҳои аҳриманхӯ баҳри ноил гаштан ба ҳадафҳои нопоки худ пайваста кӯшиш мекунанд, то ҷавонони камтаҷрибаи динӣ ва камбизоати бекорро ба доми худ афкананд. Бештари таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ин равияҳои номатлуб ҷавонони гумроҳшуда ғарқи гирдоби онҳо мегарданд, ки аз илму фарҳанги динию дунявӣ бехабаранд ва аз ҳувияти миллию ватансолорӣ фарсахҳо дуранд.

       Дар чунин шароити ҳассос чӣ кор бояд кард, то неруи муқтадири ҷавононро ба самти созандагӣ ва муттаҳидӣ равона намоем? Маълум аст, ки пешравии кишвар на танҳо аз натиҷаҳои бузурги иқтисодӣ вобастагӣ дорад, балки дар заминаи пояҳои фарҳангиву маънавии миллат метавонад рушд намояд. Вобаста ба ин, масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ахлоқӣ, фарҳангӣ ва хештаншиносӣ яке аз масоили муҳим дар кишвар ба шумор меравад.

      Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маҳз мустаҳкам намудани меъёрҳои ватандӯстӣ миёни ҷавонон яке аз усулҳои самарабахши нигоҳдории суботи ҷомеаамон ба шумор меравад, зеро меъёрҳои ватандӯстию созандагӣ бунёди сохтори иҷтимоии кишвар буда, асосҳои маънавии он аз ахлоқ ва шуури сиёсии ҷавонон сарчашма мегирад. Айни замон дар ҷомеа зарурати таҳкими фаъолияти муштараки созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар самти тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ахлоқи ҳамида ба миён омадааст.

       Хатару паёмадҳои чунин фазои таҳдидкунанда дар олам кишвари моро водор менамояд, ки миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро беш аз пеш ҷоннок намояд. Рӯз то рӯз вусъат ёфтани домани амалҳои харобовари ин равияҳои ифротию террористӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон моро водор менамояд, ки пайваста барои решакан кардани буттаҳои бадбӯйи ин равияҳо даст ба дасти ҳам гузорем. Бо вуҷуди он, ки ҳалли ин масъала, бевосита аз фаъолияти мунтаззами мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятиву динӣ сарчашма мегирад. Ҳар як фарди кишварро зарур аст, ки саҳми худро дар ин кор дареғ надорад, зеро амнияти кишвар дар умум амнияти ҳар як фарди он аст.

        Аммо, мутаассифона, дар ҷаҳони муосир омилҳои хатарноку фаромиллие вуҷуд доранд, ки дар сурати адами муборизаи босуботу муташаккилона зидди онҳо, метавонанд ҷавононро ҳамчун қувваи бузург аз шоҳроҳи созандагиву бунёдкорӣ берун кашида, онҳоро ба қувваҳои зиёнкору бадхоҳи кишвари азизамон бипайванданд. Имрӯз чунин омилҳои хатарнок на танҳо ба амнияти Тоҷикистон балки ба амнияти миллии тамоми давлатҳои соҳибистиқлол таҳдид менамояд. Бинобар ин, бартараф кардани онҳо ҳамкории тарафайну фаъолонаи ҳамаи кишварҳои соҳибистиқлоли ҷаҳонро дар шароити нав тақозо менамояд.

Абдуллоҳ Шарифӣ-аъзои фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-09-02 09:22:30    Хонданд: 17    Муфассал...

Вохўри бо сокинони маҳаллаи «Роҳи нав»

       Дар маҳаллаи   «Роҳи нав»-и  ноҳияи  Сино  дар асоси нақшаи мулоқоту вохӯриҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ аз 08.01.2019 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29.01.2019 №42 бо сокинон   вохӯрӣ доир гардид.

       Дар он Қурбонмамадова Қ.Н.-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе,  Рухшона Юнусова мудири шуъбаи  кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино иштирок ва суханронӣ намуданд.

Баромадкунандагон зимни баромади хеш роҷеъ ба дастовардҳои даврони истиқлолият, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ, амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, тарғибу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе ибрози назар намуданд.


Вакти нашр: 2019-09-02 09:29:20    Хонданд: 28    Муфассал...

РОҲБАР БОЯД ХИЗМАТГОРИ ХАЛҚ БОШАД

        Мутобиқи супоришҳои протоколии Маҷлиси назоратии назди Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Фирдавсӣ бо дарназардошти маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода Курси омӯзиширо таҳти унвони “Сарвариро меомӯзем” бо ҷалби бонувони соҳибтаҷриба, олимони барҷаста ва лаёқатмандони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия доир намуд.

       Дар он Сайфулло Сафаров - ходими шинохтаи сиёсӣ, собиқадори ҲХДТ, Заррина Зуҳурова - мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе  иштирок ва суханронӣ намуданд. Сайфулло  Сафаров  зимни баромади хеш оиди роҳбарӣ, қадру манзалат, нақши роҳбар дар ҷомеа, сифатҳои хосаи мансуб ба шахси роҳбар ибрози назар намуд.  Ҳамзамон, изҳор дошт, ки роҳбар сухани нишонрас, ҳадафманду судманд барои ҷомеа бояд дошта бошад.

       Заррина Зуҳурова низ оиди баъзе паҳлӯҳои муҳими кори роҳбарӣ ибрози андеша намуд. Бахусус нақши занони роҳбарро дар сохтори ҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор дода, гуфт, ки занон мавқеи хосаро дар ин сохтори сиёсӣ соҳибанд ва дар ҳалли бисёр мушкилиҳо дар баробари мардон саҳмгузоранд.


Вакти нашр: 2019-09-02 09:38:08    Хонданд: 29    Муфассал...

ДАСТОВАРДҲОИ ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ДАР ТАЪРИХ БЕСОБИҚААНД

Дар маҳаллаи  Яккачинори ноҳияи Фирдавсӣ дар асоси нақшаи мулоқоту вохӯриҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ аз 08.01.2019 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29.01.2019, №42 ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни сокинони ноҳия дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ, махсусан шаҳраку маҳаллаҳо оид ба таблиғу ташвиқи дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, одоби шаҳрнишинӣ, фарҳанги миллӣ ва пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона суҳбату вохӯрӣ доир гардид.

      Дар вохўрӣ Сайфулло Сафаров, ходими сиёсӣ, собиқадори фаъоли ҲХДТ ва Заррина Зуҳурова, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи шаҳрии њизб иштирок ва суханронӣ намуданд.

      Баромадкунандагон роҷеъ ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ки дар таърихи миллат собиқа надорад ибрози назар намуд. Мавсуф дар мавриди дастёбӣ ба ҳадафҳои стратегӣ, ба истиқлолияти энергетикӣ расидан, аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат, амнияти озуқаворӣ андешаҳояшро изҳор дошта, гуфт, ки бо вуҷуди аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистон тавонист дар муддати кӯтоҳ ҳам истиқлолияти энергетикиро ба даст орад ҳам миёни давлатҳои ИДМ, ки чунин вазъи сиёсӣ надоштанд, беҳтарин роҳҳоро бунёд ва ҷойи намоёнро аз ин лиҳоз соҳиб гардад. Мавсуф оид ба маърифати баланди шаҳрнишинӣ, ҳифзи фарҳанги миллӣ, одоби оиладорӣ низ изҳори андеша намуд. Мавсуф таъкид кард, ки сокинони маҳалла пайваста аз як гиребон сар бароварда дар тозагию ободии маҳали хеш ҳиссагузор бошанд. Маърифату одоби баланди шаҳрдориро ба фарзандон омӯзанд ва талқин намоянд. Муҳаббат ба фарҳанги миллиро, ки муқаддасоти миллат аст, дар ниҳоди фарзандон бедор намоянд.


Вакти нашр: 2019-09-02 09:48:18    Хонданд: 31    Муфассал...

Семинари омўзишӣ ба ҳизбиёни пойтахт

         Бо мақсади иҷрои дастури Раиси муаззами ҳизбамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси имсолаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе семинарҳои омўзиширо бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони  кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе роҳандозӣ менамояд.     

           Аз ҷумла, имрўз, 03-юми сентябри соли 2019 семинари мазкурро Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур  доир намуд.

         Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода,  роҳбари  Дастгоҳи  КИМ  ҲХДТ Абдураҳмон Хонов, раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода ва мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Маҳмадулло Наимов, мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Саъдизода, устоди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Соҳибов Муҳаммад  иштирок намуданд.   

Зоир Раҳмонзода семинари омўзиширо  ифтитоҳ бахшида, сараввал ҳамаи иштирокчиёнро бо фарорасии Ҷашни 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани  чархаи дуюми НБО-“Роғун”  самимона табрику шодбош намуда, ба ширкаткунандагон дар раванди баргузории он муваффақиятҳо таманно намуд.

Бояд қайд кард, ки мақсад аз баргузории чунин семинарҳо, ин баланд бардоштани савияи донишу малака ва ташаккули ҷаҳонбинии сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мебошад.

Дар ин миён, мутобиқи барномаи семинар  устодону коршиносон оид ба мавзўъҳои  муҳими рўз маърўзаҳо намуданд.

Дар охири семинари омўзишӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

    

 


Вакти нашр: 2019-09-03 14:50:41    Хонданд: 38    Муфассал...

Вохӯрӣ бо сокинони маҳаллаи «Гулобод»

          Вобаста ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Қарори Раиси шаҳри Душанбе ва нақша –чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо иштироки  Амробекова Руқия - мудири шуъбаи  ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе,  Изатулло Ҳабибзод-муовини раис, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур   бо истиқоматкунандагони маҳаллаи «Гулобод»  вохўрӣ доир гардид.

        Масъулин нахуст истиқоматкунандагонро бо фарорасии Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош намуда, сипас роҷеъ ба дастовардҳои даврони истиқлолият, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ, тарғибу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе, амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ,   ибрози назар намуданд.


Вакти нашр: 2019-09-03 17:00:24    Хонданд: 14    Муфассал...

ИСТИҚЛОЛИЯТ. ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН

         Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тамаддунофари тоҷик нодиртарин дастоварди сиёсиву сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳилаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ мебошад. Баъд аз садсолаҳо бори дигар миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳёи суннатҳои аҷдодии давлатдориро ба даст оварда, Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр ва ташаббускори сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.

      Бояд гуфт, ки истиқлолият дар баробари дигар равандҳои ҷомеа, ҳамеша ниёз ба ваҳдати миллӣ ва амнияти дохилию хориҷӣ дорад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд: «Мову шумо дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳалаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла хатари нестшавии давлат ва пароканда гардидани миллатро бартараф кардем ва ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ шудем. Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Мову шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардондани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ накунем ва фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем».
      Дарвоқеъ, халқи тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии азалии худ тавонист оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурӯ нишонда, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ устувор гардонад. Дастовардҳои назарраси кишвар дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ шаҳодати равшани он аст, ки миллати тоҷик бо ҳиммати баланди созандагиву фарҳангпарварӣ ва инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ҳама гуна мушкилотро паси сар намуда, ҳамеша ба сӯйи пешрафт ва ба хотири ободиву тараққиёт кӯшиш менамояд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Моҳи марти соли гузашта татбиқи ташаббуси чоруми Тоҷикистон доир ба ҳалли яке аз мушкилоти ҷиддитарини башарият, яъне об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Яъне, ибтикори кишвари мо дар давоми даҳ соли минбаъда дар миқёси сайёра амалӣ мешавад.
        Аз ин лиҳоз, моро мебояд, ки бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, фазои озоду осоишта, шароитҳои мусоиди муҳайёкардаи Ҳукумати кишвар, ғамхориҳои хирадмандонаи Сарвари давлат дар пешрафту рушди ояндаи босаодати Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.

Азимҷон ҲАСАНЗОДА

 

 


Вакти нашр: 2019-09-04 11:40:13    Хонданд: 9    Муфассал...

Истиқлолият неъмати бебаҳои миллат

          Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Роҳнамоии довталаб" дарси сиёсӣ таҳти унвони "Истиқлолият неъмати бебаҳои миллат" бо иштироки Маҳмадалӣ Раҳмонов - муовини Раиси ташкилоти ибтидоӣ, Хайём Амонов - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид.

Нахуст, Маҳмадалӣ Раҳмонов сухани ифтитоҳї намуда, аз моҳият, мақсад ва дастовардҳои даврони истиқлолият ёдовар гашт.  Дар идома қайд карда шуд, ки кишваре, ки соҳибистиқлол аст, роҳу равиши хосаи давлатдорӣ ва мақому мавқеи муносибро дар арсаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд пайдо кунад ва набзи давлату миллати худро ба набзи сайёра ҳамсафар созад. Дар ин ҷода Тоҷикистон бо ташаббусу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар солҳои аввали мустақилият дар арсаи байналмилалӣ обрӯву манзалати миллати тоҷикро байни миллату халқиятҳои ҷаҳон боз ҳам дучанд созад ва комёбиву дастовардҳои олимону донишмандони миллатро муаррифӣ намояд.

Сипас,  Хайём Амонов дар доираи дастовардҳои истиқлолият дар ҷодаи илму маориф ва алалхусус Маркази милли тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки яке аз дастовардҳои бемисл дар ҳаёти вусъатбори кишвар ба ҳисоб меравад суханронӣ намуд. Аз љумла  қайд намуд, ки истиқлолият яке аз пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик буда,  дар қарни асри XX-ум ба даст ома д ва  истиқлолият вожаи муқаддас аст, ки миллати мо аз баракати он тавонист суннатҳои деринаи хешро эҳё дода, ривоҷ диҳад, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми Тоҷикистон армуғон овард.


Вакти нашр: 2019-09-04 14:47:45    Хонданд: 35    Муфассал...

Истиқлолият - озодӣ ва ободии мо

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Авасто" мутобиқи супоришҳои протоколии Маҷлиси назоратии назди Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Исмоили Сомонї бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати сиёсӣ  доир гардид.

     Масъулин зимни баромади хеш қайд кард, ки истиқлолият вожаи воқеан муқаддас аст, ки миллати мо аз баракати он тавонист суннатҳои деринаи хешро эҳё намояд ва ривоҷ диҳад. Мо солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҷашн мегирем, ки ин санаи муборак ва муқаддас дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст, ки ҳеҷ гоҳ зудуда намегардад.


Вакти нашр: 2019-09-04 14:53:24    Хонданд: 26    Муфассал...

ШУКРИ ИСТИҚЛОЛ МЕГӮЕМ МО

        Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Фирдавсӣ дар асоси нақшаи мулоқоту вохӯриҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ аз 08.01.2019 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29.01.2019, №42 ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни сокинони ноҳия  дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ, махсусан шаҳраку маҳаллаҳо оид ба таблиғу ташвиқи дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, одоби шаҳрнишинӣ, фарҳанги миллӣ ва пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона суҳбату вохӯрӣ доир гардид.

        Сайфулло Сафаров, узви фаъоли ҲХДТ  роҷеъ ба марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолӣ, вазъи ногувору тезутунди сиёсии он солҳо, бунёди сохтори давлатдорӣ, бахусус Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, нақши он дар эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёду дунявӣ, нақши беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар   ин марҳилаи таърихӣ ва то ҳанӯз ибрози назар намуд.  Мавсуф таъкид кард, ки ҲХДТ ҳизбе буд, ки аз дарун реша дошт ва манфиатҳои милливу давлатиро дар пай дошт.

       Заррина Зуҳурова, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе роҷеъ ба таълиму тарбияи насли наврас, дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо, маърифати  шаҳрнишиниву  пешгирии  ҷудошавии оилаҳои ҷавон ибрози андеша намуд.


Вакти нашр: 2019-09-04 14:57:45    Хонданд: 33    Муфассал...

ИСТИҚЛОЛИЯТ - ҶАВҲАРИ ПУРИФТИХОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодату асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.

                                                                                                                                                               Эмомалӣ Раҳмон

  Гузашти марҳилаҳои гуногуни таърихи тамаддуни олам дар масири бунёду эҳёи давлатдориву давлат­созӣ собит намудааст, ки танҳо миллат ё қавме ба таври доимиву мудом дорои обрӯ ва манзалати хос­са мегардад, ки таҳдоби номаи тақдирашро танҳо бо дастони хеш эҷод ва иншо карда бошад. Сареҳияти фаротари комил, шарафу номус, боварию садоқат, ибтикору ташаббус ва авлавияти манфиатҳои муҳи­ми миллату Ватан моро дар ин марҳилаи мураккаби таърихӣ, бо азхуднамоии арзишҳои деринаи худ минҳайси як кишвари воҳиди мустақилу бостон соҳиби мақому мартабаи хос гардонида, 9-уми сен­тябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Ин санаи муҳиму арзишманд дар таъри­хи давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, баробари эълон гардидани он ба рушду инкишофи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ заминаҳои мусоиду устувор гузошта шуд.

Дар ин муддат вақт ҳамчун довари бузургу беназир ба раванди марҳилаҳои гуногуни ҷомеасозӣ дар ҳама давру за­мон баҳои холисона дода, собит наму­дааст, ки маҳз шахсиятҳои бузург қоди­ранд инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимову фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи мардум умед ба зин­дагии шоиста ва ояндаи дурахшонро ба­рафрӯзанд. Андеша ва садоқати азалии фарзонафарзанди миллати тоҷик, дар симои шахсияти абармарди олами си­ёсии ҷаҳон тавонист дар ҳассостарин лаҳзаҳои душвори таърихӣ ин миллату давлатро аз маҳву парокандагӣ наҷот диҳад.

Албатта, асноду далел ва воқеияти рӯзгори аслӣ дар ин самт муайян намуд, ки кишвари кӯчаки мо барои расидан ба истиқлолияти комили сартосарӣ якчанд монеаҳои душвору сангинро паси сар намуд. Бо таваҷҷуҳ ба нуктаҳои арзиш­манди таърихӣ ва ибтикороти Меъмори сулҳаш зикр намудан ба маврид аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар ин муноқи­шаҳои бесару нӯги дохилӣ бори дигар ҷаҳониёнро бовар кунонид, ки тоҷикон дорои фарҳангу хиради баланди азалӣ, ҳамеша ҷонибдори сулҳу ваҳдати пой­дор буданд, ҳастанд ва мебошанд...

Табиист, ки дар миёни ҷашнҳои миллии мо Рӯзи Истиқлолияти дав­латӣ мақом ва ҷойгоҳи махсусро касб намудаву сол аз сол қимати таърихи­аш рӯ ба афзоиш дорад. Зеро ин санаи нодири таърихӣ дар саҳифаҳои соҳибистиқлолии миллиамон, яке аз рӯй­додҳои муҳиму нодири таърихи навини кишварамон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, ёдовар шудан ба маврид аст, ки табиатан заминаи соҳибихтиёрии сар­тосарӣ ба дӯши кишвари тозаистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккабу масъули­ятнок гузошт. Шикасти гузинаҳои идо­ракунӣ, набуди манбаҳои иқтисодӣ ва фаъолияти ноустувори қонуни асосии кишвар, эҳтимолияти ҳар лаҳзаву ҳар маврид рӯ ба нестӣ бурдани миллати моро таҳдид мекард. Вале дар ин асно хидматҳои қиёснопазире, ки дар зами­наи набуди камтарин имкониятҳои молӣ барои таъсису ҳастии як миллати му­стақилу воҳид, аз ҷониби Пешвояш рӯйи даст гирифта шуд, баҳояшро таърихи як садсолаи охири башар қариб, ки ёд надораду ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмон каси дигаре ҳам накардааст….

Сабақи ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор ва афзалиятҳои дав­латдории навини миллӣ, бо таваҷҷуҳ аз таҷлили ҷашнҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар шурӯъ аз 1100-солагии давлатдории Сомониён то бузургдошти Соли тамаддуни ори­ёию 3000-солагии Ҳисори бостон, боиси омӯзишу қадршиносии ҳар яки мо буда, сархати роҳи устувори ояндабинӣ ва ар­зишҳои неки давлатдории миллиамонро муайяну бозкушоӣ намуд. Муҳимтар аз ҳама, роҳандозии чунин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва бузургдошти шахсиятҳои содиқи таъ­рихиву сиёсӣ ва илмиву адабӣ имкон медиҳад, ки бори дигар мардуми сар­баланди тоҷик решаҳои худро аз гуза­штаҳои дури дур дарёфт карда, пайван­ди азалӣ доштани хешро ба онҳо эҳсос намуда, устувор гардонанд.

Мусаллам аст, ки азнавсозӣ ва эҳёи Тоҷикистони навин аз макони мут­таҳидсозандаи тоҷикони ҷаҳон пойтах­ти кишвари азизамон-шаҳри Душанбе оғоз шудаву, дар як муддати хеле ками таърихӣ ва махсусан ду соли охир, бо бунёди маҷмӯи васеи иншооти гуногуни иҷтимоиву хизматрасонӣ ва эҳёи боғу гулгаштҳои муосир симои худро боз ҳам зеботару дилоротар гардонид.

Албатта, ҷойи ҳеҷ шакку шубҳаи ди­гаре нест, ки бо дарки воқеияти ҷомеи муосир, ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардуми тоҷик давоми 28 соли соҳибистиқлолии кишвар ба куллӣ тағйир ёфта, масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ бо эҷоди ташаккули давлатдории миллӣ тадриҷан ҳалли худро пайдо намуданд. Новобаста аз вазъи ноороми кишвар ва заъфи имкониятҳои мавҷуда, дар кишвари мо, таҳти дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои созандагиву бунёдкориҳо вусъа­ти тоза гирифта, тавассути заҳматҳои содиқонаву софдилонаи мардуми ва­тандӯсту ватанпарвар, ба як кишвари рӯ ба инкишофу тараққӣ мубаддал гар­дидааст.

Дар ин масир, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикору ташаббус ва рафъи муш­килоти масоили умдаи сайёра таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаву абар­марди раҳнамунсозаш мақому манзала­ти муносиберо пайдо намуд. Воқеияти аслии дигаре, ки тавассути истиқлоли­яти давлатӣ барои рушду тавсеаи он имкониятҳои мусоидро фароҳам сохт, ин мустаҳкаму устувор намудани пояҳои фарҳанги миллӣ бо иҷрои арзишҳои неки анъанаҳои ниёгонамон мебошад.

Асри ХХI, ки давраи тараққиёти бо­суръати тафаккури илмиву техникӣ ва бозёфтҳои тозаи ақли инсонӣ мебошад, ба неруи офарандаву созанда, ҷӯяндаву навовари миллати тоҷик ва ҷавонони бо нангу номуси он аз ҳар вақти дигар бештар ниёз дорад. Маҳз мардуми соҳибфарҳанг ва ҷавонони соҳибмаъ­рифату боистеъдод метавонанд хази­наи илму фарҳанги миллати хешро ғанӣ гардонида, ҳамчун ҳалқаи мустаҳкам дар занҷири маърифати наслҳо хизмат намоянд. Бо таваҷҷуҳ ба амалисозии омилҳои зикргардида ва дар шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ мо бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонону наврасон тақвият бах­шида, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори асри нав эмин нигоҳ дорем. Зеро маҳз тавассути соҳибистиқлолии Ватан рушди иқтисоди миллии мо ба марҳилаҳои сифатан нав расида, ба дурнамои устувори бахшҳои муҳими хоҷагии халқ заминаҳои мусоиду усту­ворро фароҳам овард.

Аз ҷумла, дар ин муддат рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, сатҳи камбизоатӣ аз 87 дарсади соли 1999 то ба 29,5 дарсад дар соли 2018 коҳиш ёфт, ки чунин натиҷаҳо бо­иси зикри махсус мебошад.

Ҳамзамон, таъкиди ин нукта бамав­рид аст, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон- шаҳри Душанбе давоми соли равон шоҳиди баргузории якчанд ҳамои­шу конфронси сатҳи баланди ҷаҳонӣ, аз ҷумла Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Конфрон­си сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамко­рии байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷи­ноятҳои муташаккил» ва нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2019» буд, ки ҳар кадоме аз онҳо мазмуну муҳтаво ва аҳаммияти глобалӣ барои минтақа ва ҷаҳон доранд. Табиист, ки бозтоби Саммит ва чорабиниҳои зикргардида бо муаррифии манзараҳои зебои Ва­тан, дар заминаи солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мақому манзалати кишвари моро дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам афзунтару бештар хоҳад намуд.

Мусаллам аст, ки имрӯзҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷкистон таҳти дастуру ҳи­доятҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Пре­зиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳта­рам Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар сартосари шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъати тозаро касб намуда, татбиқи сифатноки онҳо бо маром идома дорад.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки дасто­вардҳои давлату давлатдории тоҷикон тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар қобили мулоҳиза ва зикри махсус мебо­шанд. Аз ин рӯ, бояд ҳар фарди бонангу номуси миллат бо дарки сабақи ибра­томӯзи таърих аз ҳодисоти гузаштаи халқамон шукронаи сулҳу суботи сар­замини аҷдодиямонро ба ҷой орад, ба қадри ин неъмати бебаҳои умумимиллӣ - Истиқлолияти давлатӣ бирасад ва ба­рои ободии Тоҷикистони азиз саҳми со­фдилонаву содиқонаи худро бигузорад.

Зоир РАҲМОНЗОДА,

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе


Вакти нашр: 2019-09-05 11:09:42    Хонданд: 23    Муфассал...

ИСТИҚЛОЛИЯТ – ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ ҶОМЕЪА

  Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ соати сиёсӣ таҳти унвони: “Истиқлолият – омили муҳими рушди ҷомеъа” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур – Изатуллои Ҳабибзод, Бурҳонзода М. ва Мирханов О. баргузор гардид.

         Ҷамъомадро раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” – Абдураҳимзода Бобохон Исмат оғоз намуда, доир ба дастовардҳои соҳаи тандурустӣ дар даврони соҳибихтиёрии Тоҷикистон баёни андеша намуд.

Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур Муовини раис – роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Деморатии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Изатуллои Ҳабибзод баромад намуд. Зимни баромади худ ӯ оид ба аҳамияти таърихиву миллии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, дастовардҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти чамъиятии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози ақида намуда, ҳозиринро бо Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба онҳо дар фаъолияти касбӣ ва ҷамъиятиву сиёсиашон бурдбориҳои беназирро таманно намуд.

Инчунин, узви фаъоли ҳизб Расулов Амин дар соати сиёсӣ баромад намуда, мухтасар оид ба фаъолияти аъзои ҳизб дар гурӯҳҳои кории таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ, саҳми аъзои ҳизб дар тадбиқи амалии барномаҳои ҳизбӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву сиёсии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ибрози андеша намуд ва Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияро аз номи Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” бовар кунонид, ки минбаъд низ онҳо ин масъулиятро боз ҳам қавитар мегардонанд.


Вакти нашр: 2019-09-05 14:55:06    Хонданд: 22    Муфассал...

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ

 

         Мутобиқи супоришҳои протоколии Маҷлиси назоратии назди Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе    Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино бахшида ба    28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 24 – умин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо афсарону сарбозон   вохӯрӣ  доир карда шуд.

        Дар  он Файзуллозода З.Ф. – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Сайидмуминзода Аббос – муовини Раиси ноҳияи Сино, Бобобекова Меҳринисо – шоири халқии Ҷумуҳурии Тоҷикистон ва Собириён  Маҳмаднаим – муовини Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

       Баромадкунандагон  зимни баромади хеш қайд намуданд, ки дар тўли солҳои  соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба як мамлакати ободу осуда ва пешрафта табдил ёфта истодааст.   Бояд гуфт, ки Истиқлолият як ҳарфи ифтихорӣ нест, балки он тақозо менамояд, ки пояҳои устувори давлатдорӣ гузошта шуда, ба ҳама гуна мушкилоту имтиҳони зиндагиву рўзгори мустақилона тоб оварда, рушди иқтисоди замонавӣ таъмин карда шавад ва арзишҳои давлати демократӣ ҳифзу афзун гардонда шавад.


Вакти нашр: 2019-09-05 14:59:14    Хонданд: 17    Муфассал...

ҲАМНИШИНЕ БЕҲ АЗ КИТОБ МАХОҲ

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи китоб ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Библиомарафон” таҳти унвони “Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ” баргузор гардид.

         Дар чорабинии мазкур 36 нафар ғолибону иштирокчиёни фаъол аз тамоми минтақаҳои ҷумҳури иштирок намуданд, ки онҳо бо тӯҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Кумитаи тадорукот қадршиносї гардиданд. Ба ғолибон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур низ тӯҳфаҳои хотиравии худро супорид.


Вакти нашр: 2019-09-05 15:05:26    Хонданд: 12    Муфассал...

Вохўрӣ бо сокинони маҳаллаи «Қарамишкор»

Дар асоси нақшаи мулоқоту вохӯриҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ аз 08.01.2019 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29.01.2019, №42  ва баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо иштироки Наботов Ш.С. - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроии ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Юнусов Х.А. - муовини сардори Раёсати энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Олимова Х. - устоди донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода бо  сокинони маҳаллаи “Қарамишкор”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вохӯрӣ  доир гардид.

       Баромадкунандагон роҷеъ ба дастовардҳои даврони истиқлолият, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ, тарғибу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ,  ифтитоњи чархаи дуюми НБО-«Роѓун» ибрози назар намуданд.


Вакти нашр: 2019-09-06 14:11:19    Хонданд: 13    Муфассал...

Аксияи «Ҳифзи Ватан-вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд»

         Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни  ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро  адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва дар доираи дастуру  супоришҳои  Раиси  шаҳри  Душанбе  аз 15.07.2019 оид ба тақвияти  ҳисси  ватандўстии  ҷавонон  ва  ихтиёран  ҷалб  намудани онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки аъзои фаъоли намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии  ҷавонон  «Созандагони Ватан» дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои пойтахт дар кўчаву хиёбонҳои пойтахт аксияи таблиѓотии «Ҳифзи Ватан-вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд»-ро роҳандозӣ намуданд.

        Мақсад аз баргузор кардани аксияи мазкур бедор намудани ҳисси ҷавонмардӣ дар байни ҷавонон, ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ,  ҳифзи марзу бум,  арзишҳои миллӣ ва пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.


Вакти нашр: 2019-09-06 14:16:04    Хонданд: 15    Муфассал...

ИСТҚИЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН

Ҷавонони Тоҷикистони муосир, хусусан онҳое, ки зодагони даврони соҳибистиқлолии Ватан ҳастанд, аз зумраи хушбахттарин инсонҳо ба шумор мераванд, ки дар замони фазои беғубор, сулҳу пойдор, истиқлолияти комил, ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмию якдилӣ ва созандагию бунёдкорӣ бо ғамхорӣ ва пуштибонии бевоситаи ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умр ба сар мебаранд.

      Дар ин росто, қабл аз ҳама мо ҷавонон бояд дарк кунем, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати мо дар масири даҳ асри охир мебошад. Тоҷикистон маҳз бо шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ, 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти худро ба даст овард. Даврае, ки Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд, давлатҳои узви он ба ҳар тараф барои ҷустуҷӯйи роҳи хеш рафтанд ва ҳамагон зери фишорҳои геополитикӣ монданд.

      Раванди истиқлолият ва давлатсозӣ кори осон набуд. Дар таърих чунин ҳодисаҳову падидаҳо зиёд нестанд. Садҳо халқу миллатҳо ин орзуву амалро бо худ бурданд ва аз баъзеи онҳо нишоне ҳам намондааст. Як қатор давлатҳои бонуфузи замон раванди истиқлолиятхоҳиро бо муборизаҳои шадид аз сар гузаронидаанд, Тоҷикистон низ яке аз ин давлатҳо мебошад. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ миллати сулҳҷуву сулҳдӯсти мо пас аз фосилаи тулонии таърихӣ мусъулияти пешбурди давлату давлатдории худро бар душ гирифт. Фазои сиёсию мафкуравии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ хеле гуногун ва инъикоскунандаи манфиатҳои гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ буд, ки ҳар кадом ба сари қудрат омадан мехостанд.

      Манфиатҷӯӣ ва манфиатхоҳии ин гурӯҳҳои сиёсӣ боиси хисороти бузурги ҷонию моддӣ ва маънавӣ, ҳамзамон  заиф гардидани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ гардид, ки дар натиҷа дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд. Ҷанги шаҳрвандии хонумонсӯз кишварро ба як харобазор табдил дода, кишвар пурра фалаҷ гашта буд. Ба сухани мардуми хонабардӯш касе гӯш намекард, онҳоро ҳисси ноумедиву нокомӣ ва дилшикастагию ҳасрат фаро гирифта буд. Ҳазорон хонаҳои ободу зебо валангор ва несту нобуд гардида, мардум бе хонаву дар монданд. Кӯдакону наврасон аз мактабу дарс дур гардида, интизори як пора нон буданд ва аз гуруснагӣ таббассум ва бозии кӯдаконаро ҳатто ба хотир оварда наметавонистанд. Ҷавонон бошанд, ба ҷои касбу ихтисос  аз худ кардан сипар ва қурбони майдони ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ шуданд. Ҷавонони ин давра дар ҳасрати умри ҷавонии худ ва шириниҳои он – ишқу муҳаббат ва суруру шодмонӣ буданд. Ба ҷои он, ки дар пайи омӯзиши илму ҳунар онҳо яроқ дар даст дар фаною паҳнои раҳгумзадагии майдони ҷанг монда буданд. Падарон дар ҷӯстуҷӯи пораи нон, ба хотири наҷоти фарзандон аз марги гуруснагӣ ва ташвиши дифоъ аз оила ва ҷони худ буданд. Модарон ашки сард дар чашм гоҳо шоҳиди ба ҳалокат расидани фарзандони ҷавони худ дар майдони ҷанг, гоҳи дигар шоҳиди марги тифлон за гуруснагӣ мешуданд. Хулоса давлати тоҷикон қариб ру ба нести мерафт.

Бо розигии Офаридгор ба сари ҳокимият абармарди солору мушфиқу ғамхор ва дар асл ҷавон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омад.

Истиқлолу озодӣ, доштани роҳбари оқилу доно ва адолатпарвар орзуву омоли деринаи миллати куҳанбунёди тоҷик буд, ҳаст ва мемонад. Маҳз бо шарофату талошу муборизаҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон зиндагии осоишта фаро расид, маҳз дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари олӣ дар сарзамини мо сулҳи пойдор барқарор шуд, маҳз ба туфайли ҳаракатҳои пайвастаи халқ ва роҳбари хирдманди он, Тоҷикистон Ватани сулҳ ва кишвари соҳибихтиёри демократӣ гардид. Сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ беҳтарин неъмат дар ҷодаи созандагист, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин сиёсатро пеш гирифтанд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикан, таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Имрӯз аз замони расман эълон шудани Истиқлолияти давлатии мо 28 сол мегузарад. Дар ин муҳлати бисёр муҳим пояҳои устувори давлатдории муосири тоҷикон гузошта шуданд. Бо душворӣ бошад ҳам, имрӯз дастовардҳои азими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикон дар тӯли ин солҳо бо шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Пешвои миллат ба даст омадааст. Ба тавсиб расидани силсила фармонҳои тақдирсози роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурсамар ба фаъолият шурӯъ намудани Парлумони касбӣ ва қабули қонунҳои нави миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии ҷавонон, эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон», таҳия ва амали гардидани Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, Стратегияи миллии рушд ва ҳадафҳои рушди ҳазорсола, силсилабарномаҳои соҳавии умамидавлатӣ, пойдор шудани муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳо, кӯмаки ҳамаҷонибаи Пешвои миллат ва саривақт андешидани татбирҳои судманд барои амалӣ гардидани ҳадафҳои пешбинишуда заминаи мусоид гузошта, ваҳдати миллиро мустаҳкам кардаанд.

       Хушбахтона дар ин давраи соҳибистиқлолӣ, барои ҷавонон дар кишвар тамоми шароити мусоид барои таълиму тарбия, касбу илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, воқиф будан аз технологияи муосир муҳайё мебошад. Истиқлолияти давлатӣ дарвозаи орзуҳои ҷавононро боз намуд, ки имрӯз ҷавонон метавонанд, аз ин шароитҳои фароҳам овардашуда бо хурсандӣ ва тинчиву оромӣ самаранок истифода баранд.

        Имрӯз мебинем, ки Сарвари давлат ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани пешниҳодҳои онҳо имконият фароҳам меоранд. Бо дастгирии Пешвои муаззами миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва ҳавасмандгардонии онҳо стипендияҳои Президентӣ барои хонандагону донишҷӯёни болаёқати кишвар, Квотаи президентӣ барои таҳсили онҳо, грантҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин ташкил ва афзуда истодааст.

Бояд гуфт, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи падаронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Умуман ҷавонони тоҷик дар асл, насли хушбахту саодатманд мебошанд, чунки онҳо аз лаҳзаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то ба имрӯз аз ғамхорӣ, меҳру муҳаббати беандоза ва дастгириҳои беназри Пешвои ҷавонпарвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар ҳастанд.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои муаззами миллат нисбати насли ояндасоз ғамхорӣ, дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи доимӣ доранд ва пайваста таъкид месозанд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд!» Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Пешвои миллат руҳу тавони тоза гирифта, ба Модар — Ватан хизмати содиқона намуда, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд.

Дар ҷавоби чунин иқдомҳои арзишманд ҷавонони саодатманди моро мебояд, арзишҳои таърихии сабақи истиқлолиятро ҳаматарафа аз худ намуда, аз равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир пайваста огоҳ бошанд ва таърихи гузаштаву ҳозираи халқи хешро моҳиятан дуруст аз худ намоянд.

        

 

Фозилзода Шуҳратҷони Мақсуд - мутахассиси шуъбаи кор бо

ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино

 

 

 

 

 

 


Вакти нашр: 2019-09-06 16:41:35    Хонданд: 10    Муфассал...

Вохўрӣ бо сокинони маҳаллаи «Шафақ»

        Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар асоси нақшаи мулоқоту вохӯриҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ аз 08.01.2019 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29.01.2019, №42 бо сокинони маҳаллаи «Шафақ» вохўрӣ доир карда шуд.

       Масъулин  иштирокчиёнро бо 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош намуда, сипас роҷеъ ба дастовардҳои даврони истиқлолият, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ, тарғибу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе, амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ ва ба истифода додани чархаи дуюми НБО-«Роғун» ибрози назар намуданд.


Вакти нашр: 2019-09-06 16:46:41    Хонданд: 19    Муфассал...

ВОХӮРӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

         Бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти   Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Сино   Наботов Ш.С., муовини аввали Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа  ва  сармуҳандиси шабакаҳои барқии марказӣ - Маҳмудзода М. дар ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқии марказӣ” бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрӣ доир карда шуд.  

       Баромадкунандагон иштирокчиёнро бо фарорасии 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош намуда, сипас зимни баромади хеш қайд намуданд, ки дар тўли солҳои Истиқлолият сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ, ифтихори миллӣ, маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон ба маротиб боло рафт. Тоҷикистон аз рўзҳои нахустини истиқлолият бунёди давлати демократию  ҳуқуқбунёд  ва  дунявиро ҳадафи асосии худ қарор дода, дар арсаи байналхалқӣ низ мавқеъ ва ҷойгоҳи сазовор пайдо намуд. Ҳамзамон, оид ба ифтитоҳи агрегати дуюми НБО “Роғун”  суханронӣ намуданд.


Вакти нашр: 2019-09-06 16:51:44    Хонданд: 21    Муфассал...

Шанбегии дастаҷамъонаи ҳизбиёни пойтахт

         Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо иштироки доираи васеъи аъзои ҳизб аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияҳои пойтахт баҳри тақвият бахшидани корҳои созандагию ободкорӣ  дар доираи сазовор таҷлил намудани ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди баҳрабардории умум қарор додани чархаи дуюми НБО - «Роғун» шанбегии дастаҷамъонаро доир намуд.

        Ҳизбиён бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва бо кўмаки сохторҳои соҳавии пойтахт бештари гулгашту хиёбонҳои Душанберо тозаву озода карда, дар баробари иҷрои корҳои мавҷуда, раванди тадбирҳои фаҳмондадиҳиро низ вусъат бахшиданд.


Вакти нашр: 2019-09-07 11:24:37    Хонданд: 23    Муфассал...

Бирав аз таҷрибаи рўзгор баҳра бигир....

Тоҷикон дар таърихи тамаддуни дунё мавқеи хоса доранд. Миллати тоҷикро бо бузургонаш Фирдавсӣ, Умари Хайём, Абурайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва дигар нобиғагонаш мешиносанд.

Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест!

Ин хитобаи сода, вале дар айни замон ҷиддии бузургони илму адаби мо аз қаъри асрҳо ба гуш мерасад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину оини худ мудом воқиф бошем. Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад ва ба таъбири имрузиён, «манқурт» мешавад. Яъне инсон таърихи гузаштаи худро фаро нагирад, табиист, ки аз зоти худ, роҳи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ монда, чун махлуқе одамсурат, вале бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад. Ин бадбахтии бузург аст. Агар ин фоҷиа давлат, миллат ва қавмеро фаро гирад, чӣ мешавад?

Таърих гувоҳ аст, ки аз рӯи чунин беэҳтиётӣ ва воқиф набудан аз гузаштаи хеш қисме аз давлату миллатҳои абарқудрат пора-пора шуда, аз забон ва расму оини хеш маҳрум гардидаанд. Дар аҳди бостон чунин мисолҳо фаровонанд. Сарнавишти миллати тоҷик дар тӯли асрҳо баробари дигар мардуми эронинажод басо печида ва пуршебу фароз аст. Тоҷик бо кору пайкор барои ноил шудан ба озодӣ, бо созандагӣ ва бунёдкорӣ, бо ақлу заковати фарзандони нобиғааш дар арсаи илму адабу сиёсат, бо расидан ба даврони эҳёи давлатдорӣ ва чашидани заҳри шикаст, бо талошҳо баҳри худшиносӣ ва огоҳии миллат таърихи худро ғаниву рангин сохтааст.

  Аммо пушида нест, ки солҳои тӯлонӣ мо аз омӯзиши мероси таърихии халқи худ як андоза дур мондем. Дар мактабу донишгоҳҳо ба фарзандони мо ба ҷойи таърихи халқи тоҷик бештар таърихи халқҳои дигарро меомӯзонданд. Ва ин муносибати носолим рахнае гузошт дар таърихомeзӣ ва таърихдонии мардуми мо. Шояд як сабаби аз асли хеш каме дур мондан ва паст рафтани маънавият, коҳидани ахлоқи ҷомеаи мо аз ҳамин иборат буд.

Бо шиносоӣ ба таърихи миллати тоҷик кас гоҳе аз ҳунари волои давлатдории гузаштагонамон меболад, баъзан аз шикасти ҳукумат, ҷоҳталабӣ, ҷангу ҷидол ва ҷаҳолату хунрезии бародарон ба хотири тахту тоҷ ва шуҳрату нафс, ки теша ба решаи давлат задааст, тохтутози ваҳшиёнаи аҷнабиён, саросар нобуд шудани мардумони бегуноҳ ва харобу валангор гаштани марказҳои фарҳангҳо дил реш мегардаду ба андеша водор месозад.Миллате, ки як замон соҳиби тамаддуни олӣ буд, имруз аз коҳидани маънавияти ҷомеа меноладу азоб мекашад?!

         Бале, аз дасти чунин фарзандони носипос, ки аз таъриху тамаддун ва фарҳанги ҳазорсолаи хеш бехабаранд, имкон дорад номи чунин як халқе бо ин бузургӣ дар паҳнои таърихи навини башар доғдор гардад. Хитоб ба ин кӯрдилон аст, ки шумо бо ин амали хеш теша ба решаи миллат мезанед!.

 

     Пушида нест, ки баъди инқилоб мардуми мо ба таври сунъӣ аз омухтани таърихи чандинҳазорсолаи худ бенасиб гашт ва маънавияту ахлоқаш аз нарасидани ин ғизо коҳид.

С.А.Таибов,   З. Турсунова- узви фаъоли ҲХДТ

 

 


Вакти нашр: 2019-09-10 16:24:43    Хонданд: 11    Муфассал...

Семинари омӯзишӣ бо ҳизбиёни пойтахт

Бо мақсади иҷрои дастури Раиси муаззами ҳизбамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси имсолаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе семинарҳои омўзиширо бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони  кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе роҳандозӣ менамояд.     

           Аз ҷумла, имрўз, 11-уми сентябри соли 2019 семинари мазкурро Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино  доир намуд.

         Дар он  Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода - муовини Раиси ҲХДТ, Зоир Раҳмонзода - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Наимов Маҳмадулло Раҳимович - мудири шуъбаи таблиѓот ва таҳлили Дастгоҳи КИМ ҲХДТ,  Илҳомҷон Ҳамидиён  Иномзода - мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Ҷаҳонгир  Саъдизода - мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва  ҳуқуқшиноси муқоисавии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон, Соҳибов Муҳаммад  - устоди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон     иштирок намуданд.   

        Зоир Раҳмонзода  семинари омўзиширо  ифтитоҳ бахшида,  сараввал ҳамаи иштирокчиёнро бо Ҷашни бузурги миллии 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди  истифода  қарор  гирифтани Агрегати 2-юми НБО “Роѓун”, ки ду рўз пеш мавриди истифода қарор дода шуд, табрику шодбош  гуфта,  ба ширкаткунандагон дар раванди баргузории он муваффақиятҳо таманно намуд.

          Сипас, Бобоҷониён Ранохон  оид ба ҳадафу баргузории семинари мазкур суханронӣ намуда, қайд кард,  ки мақсад аз баргузории чунин семинарҳо, ин баланд бардоштани  савияи донишу малака ва ташаккули ҷаҳонбинии сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мебошад.

          Дар ин миён, мутобиқи барномаи семинар  устодону коршиносон оид ба мавзўъҳои  муҳими рўз маърўзаҳо намуданд.

         Дар охири семинари омўзишӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

    

 

 


Вакти нашр: 2019-09-11 17:38:44    Хонданд: 32    Муфассал...

ДАСТОВАРДҲО ВА НАТИҶАҲОИ ТАҲҚИҚОТИИ СОҲАИ СТОМАТОЛОГИЯ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Дар давраи истиқлолият Тоҷикистон як марҳилаи мушкили инкишофро  гузашт. Ҷанги шаҳрвандӣ, гуруснагӣ, вайрониву харобӣ, бо талафи ҳаётҳо, талафоти молию моралиро гузаронд, ки таъсираш ба тамоми аҳолии ҷумҳурӣ расид.

Дар аввали ҷанги шаҳрвандӣ тенденсияи хориҷи мутахассисони баландихтисосу кадрҳои илмӣ ба назар мерасид. Бо сабаби маблағгузории нокифоя тамоми кори нақшавии профилактикӣ байни кўдакону наврасон дар мактабу муассисаҳои томактабӣ барҳам хўрд.

Бо иқдому талоши президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар чунин ҳолати мушкил байни тарафҳои муқобил сулҳу ҳамдигарфаҳмиро ба даст овард, марҳила-ба-марҳила хоҷагии қишлоқ, иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, аз он ҷумла тандурустӣ, ки ба он сарвари давлат аҳамияти махсус медоданд, барқарор шуданд. 

Дар соҳаи стоматология мустаҳкамкунии базаи моддию техникии сохторҳои мавҷуда ва ташкили муассисаҳои нави хусусиву давлатии стоматологӣ сар шуд. Дар ин ҷода таъсиси Пажўҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рўй, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 699 аз 30 декабри  соли 2010 дар заминаи Дармонгоҳи стоматологии шаҳрии №3, баъдан Дармонгоҳи стоматологии ҷумҳуриявӣ, Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии «Стоматология» (с. 1993) ва ҳамчун Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-клиникии стоматология (с. 1999) – яке аз дастовардҳои муҳими соҳаи тандурустии замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Хадамоти стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рўй яке аз соҳаҳои босуръат рушдкунандаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Фаъолияти он пеш аз ҳама ба таъмини хизматрасонии устувори стоматологӣ ба аҳолии кишвар равона карда шудааст. Асосгузор ва нахустин директори Пажўҳишгоҳ олими намоёни соҳаи стоматология, Арбоби шоистаи илму техника Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои тиб, профессор Умар Тоирович Тоиров мебошад. Саҳми ў дар рушди ин муассисаи илмию клиникӣ хеле арзанда аст. Аз мохи январи соли 2014 то ҳол роҳбарии МД “Пажўҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рўй”-и Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон номзади илми тиб Қосимов Махмадулло Махмадиевич ба зимма дорад.

Нерўи илмии Пажўҳишгоҳро мутахассисони варзидаи соҳаи стоматология – докторон ва номзадҳои илми тиб, устодони муассисаҳои олии таълимии соҳавӣ ташкил медиҳанд. Айни замон дар Пажўҳишгоҳ дар самти татбиқи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ 2 доктори илмҳои тиб ва 15 нафар номзадҳои илми тиб фаъолият мекунанд. Айни ҳол дар Пажўҳишгоҳ 4 нафар аспирантон, аз онҳо 2 нафарашон бо низоми докторантура PhD ва 2 нафар тариқи маъмулӣ таҳсил менамоянд.

Ҳамзамон Пажўҳишгоҳ дорои иқтидори бузурги клиникӣ мебошад: 54 нафар табибон, аз ҷумла 20 нафар табибони дараҷаи олӣ, 4 нафар табибони дараҷаи якум, 5 нафар табибони дараҷаи дуввум.

22 феврали соли 2019 Муассисаи давлатии “Пажўҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рўй” аз аккредитатсияи давлатӣ гузашт ва шаҳодатнома гирифт.

Яке аз дастовардҳои муассиса ин ба роҳ мондани усули ортопедии барқарор кардани дандонҳои набаромада тариқи ҷарроҳӣ кушодашуда онҳо ба қатори дандонҳо бароварда мешавад. Кормандони Пажўҳишгоҳ усули якҷояи истифодаи биокомпозитҳо ва маводи устухон ивазкунандаи синтетикӣ, истифода бурдани плазмаи хуни бо тромбоситҳо ғанигардондашуда барои иваз намудани ковокиҳои устухонӣ дар стоматологияи ҷарроҳӣ, инчунин истифодабарии пластинаҳои барқарокунандаи титан ва эндопротезҳо дар табобати нуқсонҳои ҷоғи поён ва ғайра  ба роҳ монданд.

Бо ҳамкорӣ бо Пажўҳишгоҳи илми-тадқиқотии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рўй (Москва), Маркази илмию амалии ёрии тиббӣ ба кўдакони дорои нуқсони модарзоди минтақаи ҷоғу рўй ва бемориҳои модарзоди системаи асаб (Москва), инчунин бо олимони маркази ҷарроҳии сару ҷоғу рўйи Университети ба номи Гёте (Франкфурти лаби Майн) коркарду мукаммалсозии усулҳои табобати ҷарроҳии бармаҳали беморони дорои нуқсони модарзоди рўй ва ком гузаронида мешавад. Як қатор усулҳои нави ҷарроҳӣ пешниҳод шуданд, ки бо патентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя шудаанд (патентҳои хурди ММПИ  №TJ 220 – усули тармими роғҳои фарохи ком, №TJ 354 – усули тармими ком ва №TJ 369 – усули тармими коррексионии лаб).

Дар Пажўҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рўй дар муддати солҳои зиёд бомуваффақият муолиҷаи беморон бо анкилози буғуми чаккаву ҷоғи поён бо истифодаи эндопротезҳои титании системаи «Конмет» гузаронида мешавад. То солҳои на он қадар дур ин беморон ба хориҷи кишвар равона мешуданд, ё ин ки умуман муолиҷаи ин патологияи яке аз мушкилтарини минтақаи ҷоғу рўй гузаронида намешуд. Дар ҳамкорӣ бо Пажўҳишгоҳи илми-тадқиқотии стоматологияи Москва, дар пажўҳишгоҳи мо усулҳои тармими контурии деформатсияҳои рўй бо истифодаи имплантатҳо аз силикон ворид карда шуданд. Дар 10 соли охир дар пажўҳишгоҳ имплантологияи денталӣ ва муолиҷаи аномалияҳои ҷоғу дандонҳо бо истифодаи эйҷуайз-техника васеъ ба роҳ монда шуданд

Дар Пажўҳишгоҳ 1 мавзўи илмӣ-тадқиқотӣ доир ба омўзиши «Таҳияи усулҳои инноватсионии пешгирӣ ва ташхиси бемориҳои ковокии даҳон» бо роҳи гузаронидани таҳлили биохимиявии хун барои дар таркиби он муайян намудани миқдори калтсий, фосфор ва витаминҳо, инчунин натиҷаи табобати оризаҳои кариес тавассути эндо-экспресс иҷро шуда истодааст.

Дар давраи истиқлолият 12 нафар кормандони илмии Пажўҳишгоҳ рисолаҳои илмии худро дифо намуда, сафовори унвони номзади илмҳои тиб гардиданд. Дараҷанокии кормандони Пажўҳишгоҳ 44,8%-ро ташкил менамояд. Айни ҳол 4 нафар олимони Пажўҳишгоҳ корҳои илмӣ-тадқиқотии худро ба анҷом расонида истодаанд, ки 1 нафар унвонҷўйи рисолаи докторӣ ва 3 нафар унвонҷўйи рисолаи номзадӣ маҳсуб мешаванд, аз онҳо 2 нафарашон бо низоми докторантура (PhD) таҳсил менамоянд.

Дар ин давра (солҳои 1991-2019) мутахассисони Пажўҳишгоҳ  соҳиби 70 гувоҳномаи ратсионализаторӣ ва 20 патент шуданд, аз он ҷумла: 1) Якҷоя истифодабарии маводи биосинтетикӣ ва плазмавӣ бо тромботсидҳои ғанигардонидашудаи хун; 2) Бартарафкунии пайвастагии ороантралӣ; 3) Боло бардории таги ҷавфи ҷоғи боло; 4) Зиёдкунии баландии шохаи алвеолярии ҷоғи боло дар якҷоягӣ бо баландбардории таги ҷавфи болои ҷоғӣ; 5) Сохтор барои сохтани сўрохӣ дар даромадгоҳи поёни бинӣ; 6) Сохтор барои ҷойивазкунии нуқсон ва шаклвайронии ҷоғи поён; 7) Тарзи табобати консервативии неврит ва нимфалаҷи асаби рўй пас аз бурида гирифтани ғадуди луобии назди гӯш бо сабаби омосҳо ва ҷараёнҳои омосмонанд; 8) Конструксия барои ҷойивазкунии нуқсонҳо ва шаклвайронии ҷоғи поён, ки дар ҳудуди қатори дандонҳо ҷойгир шудааст ва ғайра.

Бо ибтикори олимони Пажўҳишгоҳ 22 декабри соли 2018 Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Вазъ ва дурнамои рушди соҳаи  стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рўй» барпо карда шуд, дар кори он зиёда аз 100 нафар олимон, устодони макотиби олии тиббӣ ва  табибони стоматолог – мутахассисони соҳаҳои мухталифи стоматологияи амалӣ корҳои илмӣ-тадқиқотии худро баррасӣ намуданд.

Кормандони Пажўҳишгоҳ дар татбиқи хуҷҷатҳои стратегии соҳаи тандурустӣ фаъолона иштирок намуданд, аз он ҷумла: “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020”; “Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 дар мавзўи «Истифодаи усули эндоэкспресс дар эндодонтияи амалӣ», инчунин “Стандартҳо барои аккредитатсияи муассисаҳои соҳаи стоматологӣ ва сертификатсияи мутахассисони бахши стоматология барои мувофиқа ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази аккредитатсияи муассисаҳои тиббӣ пешниҳод гардидааст.

Пажўҳишгоҳ дар самти тақвияти ҳамкорӣ ва робитаҳои байналмилалии илмӣ фаъолияти худро бо Донишгоҳи ба номи И.В.Гёте дар Франкфурти лаби Майна (Олмон), Донишгоҳи улумпизишкӣ ва хадамоти беҳдоштии дармонии Шаҳидбиҳиштии Теҳрон (Эрон), Донишгоҳи давлатии тиббии Қазон (Россия), муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии соҳаи стоматологияи ҷумҳуриҳои Қирғизистону Узбекистон ба роҳ мондааст.

Дар доираи ҳамкориҳои байналмиллалӣ 1 нафар бо мақсади иштирок дар 34-умин Конфронси байналмилалӣ дар мавзўи «Омўзиш дар сатҳи системаи аккредитатсияи муассисаҳои стоматологӣ», ки дар шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор гардид, иштирок намуд. Инчунин 3 нафар кормандони Пажўҳишгоҳ барои баланд бардоштани савияи дониши худ оид ба имплантологияи ва ҷарроҳии ҷоғу рўй ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафарбар карда шуданд.

Соли 2018 аз ҷониби кормандони Пажўҳишгоҳ таҳқиқоти васеъ оид ба омўзиш ва таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ дар соҳаи стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рўй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Таҳқиқот дар асоси маълумоти омории Пажўҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рўй  дар давраи 5 соли охир (с.2013-2018) гузаронида шудааст.

Дар давраи истиқлолият нахустин маротиба дар ҶТ анҷуманҳои I, II ва III-юми стоматологҳои Тоҷикистон гузаронида шуданд, ки дар он зиёда аз 600 вакилон ва иштироккунандагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони шинохтаи хориҷии дуру наздик ширкат варзиданд. Якҷоя бо анҷуманҳо намоишгоҳи махсусгардонидашудаи ашёву таҷҳизоти стоматологӣ гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 27 фирмаҳои хориҷии дуру наздик иштирок намуданд.

Олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибҳо ба хориҷи кишвар барои иштирок дар анҷуману конфронсҳо ва мубодилаи таҷриба баромаданд (Руссия, Қазоқистон, Кореяи ҷанубӣ, Олмон, Итолиё, Чин ва диг.).

 Ҳамин тариқ, МД “Пажўҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу руй” дар тўли солҳои истиқлолият фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва клиникиро аз рўйи мақсад ва мароми худ иҷро намуда истода,  стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рўйи Тоҷикистон дар ин муддати кўтоҳ мушкилиҳои зиёдеро бартараф намуда, дар замони ҳозира яке аз соҳаҳои тез тараққикунандаи тиб баҳисоб меравад.

Қосимов М.М., Юсупов З.Я., Аҳророва З.К.-аъзои фаъоли ҲХДТ

 

 


Вакти нашр: 2019-09-12 09:37:48    Хонданд: 5    Муфассал...

Вохўрӣ бо коргарзанони ташкилоти ибтидоии “Нассоҷии Тоҷик”

         Бо  иштироки масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар ташкилоти ибтидоии «Нассоҷии тоҷик» бо коргарзанон вохўрӣ доир карда шуд.   

         Дар он масъулин зимни баромади хеш роҷеъ ба дастовардҳои даврони истиқлолият, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ, тарғибу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе,  пешгирии  ҷавонон  аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ  ибрози назар намуданд.


Вакти нашр: 2019-09-12 09:49:37    Хонданд: 5    Муфассал...

Вохӯрии ҳизбиён бо донишҷӯён

Дар асоси нақшаи мулоқоту вохӯриҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ аз 08-01-2019 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29-01-2019  №42 бо иштироки масъулини Кумитаи иҷрояии ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар хобгоњои №6 ва 7  бо донишҷӯёни Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон  ба номи С. Айнӣ вохўрї доир гардид. Дар вохӯрӣ Дустзода А.-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноњияи Исмоили Сомонї ва Ғафорӣ Нуъмонҷон Раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Омӯзгор" иштирок ва суханронӣ намуданд.
        Баромадкунандагон оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, одоби шаҳрнишинӣ,  густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт, амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ ибрози андеша намуданд.   


Вакти нашр: 2019-09-12 09:55:26    Хонданд: 9    Муфассал...

Мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ кори дастҷамъона

Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Омӯзиши ин масъала дар корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ шудааст ва масъалаи мазкур тақозо мекунад, ки ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шавад. Сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи он муайян гарданд. Сарвари давлат замоне аз даҳшат ва таҳдиди терроризм ба ҳаёти аҳли башар ҳушдор дод, ки ҳаводиси 11 сентябри соли 2001 дар Амрико ҷаҳонро ба ларза наоварда, баъзе кишварҳои Ховари миёна ба хоку хун оғӯшта нагашта, воқеаҳои хунини Париж рух надода буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба хатари сӯиистифодаи дини мубини ислом аз ҷониби гурӯҳу ҷараёнҳои мухталиф ишора карда, таъкид дошт, ки таълимоти исломӣ аз барномаҳои ҷараёнҳои ифротӣ фарсахҳо дур аст.

Президенти кишвар дар яке аз мулоқотҳояш бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат чунин изҳор намуд: «Мо бояд дини мубини Исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем. Терроризм ва экстремизм ба ягон дин, алалхусус ба дини мубини Ислом ҳеҷ рабте надорад».

Бешак, дини мубини Ислом ҳар гуна хушунат ва ифротгароиро, сарфи назар аз он ки ифроти сӯиистифодашуда аз дин бошад ё ғайри динӣ, маҳкум менамояд. Бояд хуб дарк кунем, ки терроризм ба маънии ба даҳшат овардани аҳолии осоишта, афроди ғайринизомӣ, кӯдакон, занон, пиронсолон, ибодаткунандагон, новобаста аз он ки аз кадом тоифаанд, ягон вобастагие ба Ислом надорад.

Мутаассифона, тайи солҳои охир гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҷомеаи тоҷикистониро низ хеле ба ташвиш овардааст. Ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳи террористӣ аз надоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва динӣ, нодуруст истифода намудани шабакаҳои иттилоотӣ, бахусус интернет, нодида гирифтани самараи истиқлолият, сулҳу субот ва оромӣ дар мамлакат, бепарвоӣ ва бетарафии бархе аз аъзои ҷомеа, алалхусус ҷавонон истифода намуда, дар байни онҳо тарғиботу ташвиқот анҷом дода мехоҳанд, ки мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ созанд. Ба пешгирии чунин ниятҳои нопоки ифротгароён танҳо дар муттаҳидӣ, якдигарфаҳмӣ ва сулҳу салоҳ метавон комёб шуд.

 Шавкат Латифзода


Вакти нашр: 2019-09-12 10:01:57    Хонданд: 9    Муфассал...

Зўри мушт аз ваҳдати ангушт меояд ба даст…

(Бардошт аз ҷараёни ифтитоҳи чархаи дуюми НБО «Роғун»)

 

Дар масири давлат­дориву давлатсозӣ табиатан рўйдод ва навго­ниҳое моли таърих меша­ванд, ки бунёд ва мавҷуди­яташон барои нигоҳдошти арзишҳои таърихии ҳар қавму миллат нақши мон­дагор мегузорад. Оини давлатдории мо дар масири таърих собит намудааст, ки тоҷикон сахтиҳои хороши­кану борҳо эҳё шуданро аз сар гузаронида, дунболи ҳар шикасту ноумедиҳо, эҳёша­вию камолоти афзунтареро соҳиб гардидаанд. Албат­та, расидан ба Истиқлоли давлатӣ, кишвари моро дар шароити марҳилаҳои ҷоме­аи муосир аз нав эҳё наму­да, роҳу сарнавишти мин­баъдаи тоҷиконро муайяну мушаххас намуд.

Воқеан ҳам, рўзи 9-уми сентябри соли 2019 дар таърихи навини давлатдории миллиамон бо ҳарфҳои заррин ҳаккоки хоҳад шуд. Зеро дар ин рўз ба амалисозии яке аз муҳимтарин ҳа­дафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати кишвар, яъне расидан ба истиқлолияти энергетикӣ асоси воқеӣ гузошта шуда, бо ҳузури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами мил­лат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чархаи дую­ми бузургтарин иншооти аср - Неругоҳи барқии обии «Роғун» мавриди баҳрабар­дории умум қарор дода шуд.

Боздид аз ин корзори нангу номус оддитарин шаҳрванди диёрро водор ба он месозад, ки дар бунёди ин тарҳи миллӣ бо ҳар василаву иқтидор заррае ҳам бошад саҳмгузор шавад. Бароба­ри вуруд ба ин мазрааи Нур нафареро наметавон пайдо намуд, ки саргарми коре набошаду масъулиятеро ба иҷро нарасонад…

Дар муқаддимаи матлаб нуктаи ка­лидӣ бо таваҷҷуҳ ба тафаккури созандаи асосгузораш дар заминаи имрўзу фардои кишвар ин аст, ки «Неругоҳи барқи обии «Роғун» самара, яъне фар­занди истиқлолу озодии Ватани маҳбуби мо буда, ба кор оғоз кардани агрегати дуюми он дар рўзи таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ туҳфаи олӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад».

Ё ин ки Пешвои муаззами миллат зимни суханронии табрикотии худ дар ин Кохи Нур ёдовар шуданд, ки «Ин ин­шооти ҳаётан муҳим мутобиқ ба тала­боти меъёрҳои байналмилалии сифату бехатарӣ ва бо истифода аз технологи­яҳои навтарин бунёд шуда истодааст ва дар ояндаи наздик на танҳо хонадони сокинони Тоҷикистонро нурафшон ме­кунад, балки ба кишварҳои минтақа низ хизмат хоҳад кард».

Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷойгиршавиаш дар муқоиса ба дигар кишварҳои Оси­ёи Миёна аз лиҳози захираҳои обӣ ва манбаҳои энергетикӣ мавқеи намоён дорад. Дар ин замина, далели воқеии дигари Пешвои муаззами миллат ин буд, ки «Имрўз боиси ифтихори ҳамаи мову шумо аст, ки қисмати бештари сохтмончиёнро ҷавонони бонангу ори кишвар ташкил дода, аз технологияи муосири ҷаҳонӣ баҳравар мебошанд».

Ҳамчунин, бояд гуфт, ки рушди соҳаи энергетика ба тараққиёти муназзами иқтисодии Тоҷикистон, хусусан, дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар нақши калидӣ мебозад. Муҳимтар аз ҳама Сарвари мамлакат «Роғун»-ро ба­рои мардуми шарафманди Тоҷикистон майдони нангу номус ва ҷабҳаи заҳмати ҷавонмардона унвон карда, афзуданд, ки «Мо бо заҳмати содиқонаи мардуми сарбаланди тоҷик ва корномаи баҳо­дуронаи фарзандони бонангу номуси миллат дар ояндаи наздиктарин ҳамаи ниятҳои нек ва нақшаҳои созандаамон­ро амалӣ мегардонем».

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки корҳои сохтмону васлкунӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо ҷалби 67 таш­килоту муассисаҳо, пудратчиёни ном­дори ватаниву хориҷӣ ва бо иштироки беш аз 22 ҳазор нафар мутахассисону коргарон, ки анқариб 90 дарсади онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил ме­диҳанд, бо истифодаи 3600 мошину ме­ханизмҳо ба иҷро расонида мешаванд.

Воқеан ҳам, «Роғун»-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёту мамо­ти мардуми Тоҷикистон номида буданд, ки ин, албатта, бесабаб нест. Азми қатъӣ ва иродаи матини фарзандони ватандўст ва бонангу номусе, ки ҳоло дар ин корзори ватандорӣ мушоҳида мегардад, моро ба ояндаи ободи Тоҷи­кистон неруи тоза мебахшад.

Дар охир бо итминону сарфарозӣ метавон гуфт, ки НБО «Роғун» имрў­зу оянда мояи ифтихору тарҳи ноди­ри миллӣ ва сарчашмаи ватандўстиву ватанпарастии мардуми тоҷик хоҳад буд.

Зоир РАҲМОНЗОДА,

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ 

дар шаҳри Душанбе

“Мароми пойтахт”,

11. 09. 2019, №34 (575)


Вакти нашр: 2019-09-12 11:49:31    Хонданд: 15    Муфассал...

Семинари омӯзишӣ бо ҳизбиёни пойтахт

Бо мақсади иҷрои дастури Раиси муаззами ҳизбамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси имсолаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе семинарҳои омўзиширо бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони  кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе роҳандозӣ менамояд.     

           Аз ҷумла, имрўз, 11-уми сентябри соли 2019 семинари мазкурро Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино  доир намуд.

         Дар он  Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода - муовини Раиси ҲХДТ, Зоир Раҳмонзода - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Наимов Маҳмадулло Раҳимович - мудири шуъбаи таблиѓот ва таҳлили Дастгоҳи КИМ ҲХДТ,  Илҳомҷон Ҳамидиён  Иномзода - мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Ҷаҳонгир  Саъдизода - мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва  ҳуқуқшиноси муқоисавии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи  миллии  Тоҷикистон, Соҳибов Муҳаммад  - устоди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон     иштирок намуданд.   

        Зоир Раҳмонзода  семинари омўзиширо  ифтитоҳ бахшида,  сараввал ҳамаи иштирокчиёнро бо Ҷашни бузурги миллии 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди  истифода  қарор  гирифтани Агрегати 2-юми НБО “Роѓун”, ки ду рўз пеш мавриди истифода қарор дода шуд, табрику шодбош  гуфта,  ба ширкаткунандагон дар раванди баргузории он муваффақиятҳо таманно намуд.

          Сипас, Бобоҷониён Ранохон  оид ба ҳадафу баргузории семинари мазкур суханронӣ намуда, қайд кард,  ки мақсад аз баргузории чунин семинарҳо, ин баланд бардоштани  савияи донишу малака ва ташаккули ҷаҳонбинии сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мебошад.

          Дар ин миён, мутобиқи барномаи семинар  устодону коршиносон оид ба мавзўъҳои  муҳими рўз маърўзаҳо намуданд.

         Дар охири семинари омўзишӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

    

 

 


Вакти нашр: 2019-09-11 17:38:44    Хонданд: 2    Муфассал...

БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ГАРДИДАНД

          Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ  дар асоси Низомномаи тасдиќгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  бахшида ба  28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳои  њудуди ноњия озмуни шаҳрии “Ташкилоти беҳтарини маҳалла”-ро доир намуд

        Ҳайати ҳакамон ба тарзи ҳуҷҷатгузорӣ, ороиши утоқҳои ҳизбӣ, кор бо сокинони маҳалла ва дигар шартҳои озмун таваҷҷуҳ намуда, баҳои воқеии хешро ба фаъолияти раисони ташкилотҳои ибтидоии маҳалла доданд. Ҳамин тариқ, сазовори ҷойи аввал ташкилоти ибтидоии “Равшангарон”, ҷойи дуюм ташкилоти ибтидоии “Маърифат” ва ду ҷойи сеюм ташкилотњои ибтидоии “Қаротегин” ва “Крупская” дониста шуданд.  

 


Вакти нашр: 2019-09-13 09:39:27    Хонданд: 5    Муфассал...

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ТАШКИЛОТИ ҲИЗБИИ МАҲАЛЛАИ БЕҲТАРИН

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон озмуни “Ташкилоти ҳизбии маҳаллаи беҳтарин”-ро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанберо баргузор намуд.

Озмуни мазкур дар асоси супориши Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизб дар заминаи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ “Оид ба гузаронидани озмунҳои шаҳрии “Маҳаллаи беҳтарин” ва “Кӯчаи беҳтарин”” бо дарназардошти наздик омадани маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, ҷиҳати боз ҳам устувор гардонидани мавқеъи Ҳизб дар шаҳраку маҳаллаҳо, тақвият бахшидан ба фаъолияти ҳизбӣ дар маҳалли зист ва ҷалби ҳарчи бештари сокинони шаҳраку маҳаллаҳо, хусусан ҷавонону занон ба ҷонибдории ҲХДТ бо иштироки Мирзоев Н.М. - муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва 5 нафар ҳайати ҳакамон доир гардид.

Аз рӯи шартҳои озмун, ҷойи аввалро ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ободкорон” бо гирифтани 130 хол, ҷойи дуюмро ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хуҷандӣ” бо 110 хол ва ҷойи сеюмро ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Панҷрӯд” ва “Қарамиршикор” бо гирифтани 100 хол сазовор гардиданд.

Тибқи Низомномаи баргузории озмун ташкилотҳои ғолиб ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.

 


Вакти нашр: 2019-09-13 14:12:10    Хонданд: 9    Муфассал...

Озмуни " Ташкилоти беҳтарини маҳалла" ҷамъбаст гардид

Дар асоси  Низомномаи тасдиқнамудаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия озмуни «Ташкилоти беҳтарини маҳалла»-ро доир намуд.

        Бо пешниҳоди ҳайати ҳакамон сазовори ҷойи якум ташкилоти ибтидоии   «Фирдавсӣ”, ҷойи дуюм ташкилоти ибтидоии “Шафтолузор” ва ҷойҳои сеюмро ташкилотҳои ибтидоии “Телман” ва “Куҳдоман”  дониста  шудаанд.  


Вакти нашр: 2019-09-13 14:22:24    Хонданд: 9    Муфассал...

ВОХӮРИИ ВАКИЛОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

      Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №74-и ноҳияи  Фирдавсӣ вохӯрии вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Шарифӣ, Насиба Содиқова, Гулбаҳор Ашурзода, Эмомалӣ Насриддинзода ва Шарифҷон Раҳимзода бо интихобкунандагон   доир карда шуд.  

       Вакилон зимни баромади хеш роҷеъ ба истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки баъзе  миллату  халқиятҳо бо вуҷуди ба даст овардани истиқлолият онро нигоҳ дошта натавонистанд. Истиқлолият як ҳарфи ифтихорӣ нест, балки он тақозо менамояд, ки пояҳои устувори давлатдорӣ гузошта шуда, ба ҳама гуна мушкилоту имтиҳони зиндагиву рўзгори мустақилона тоб оварда, рушди иқтисоди замонавӣ таъмин карда шавад ва арзишҳои давлати демократӣ ҳифзу афзун гардонида шавад. Моҳияти истиқлолият ин аст, ки қадру қимати ҳар кадом шаҳрванд ба талаботи меъёрҳои демократӣ мутобиқ гардонида шуда, зиндагии шоистаи сокинони мамлакат таъмин гардад.     


Вакти нашр: 2019-09-13 14:30:05    Хонданд: 13    Муфассал...

Хониши сиёсии “Бонувон дар сиёсат” бо иштироки вакилони мардумӣ

Дар толори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Гулаҳмадзода Зулфиқор – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Абдуалимов Баҳром, Содиқзода С – вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Зуҳурова З.- мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қурбонова Ш.- раиси Шӯрои собиқадорони  ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо ҷалби бонувони соҳибтаҷриба, олимони барҷаста ва лаёқатмандони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия хониши сиёсии “Бонувон дар сиёсат” доир гардид.

        Гулаҳмадзода Зулфиқор дар ҳузури шунавандагони дарси хониши сиёсӣ баромад карда зикр намуд, ки мақсад аз баргузории чунин дарсҳо баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ ва маҳорати суханварӣ, таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлат барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳамзамон татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» роҳандозӣ карда шудааст.
Дар идомаи хониши сиёсӣ меҳмонон баромад карда, дар бораи таъсири сухани зан модар дар тарбияи насли наврас, дар корхонаву идора ва идоракунии давлатӣ, оид ба риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ баромади пурмуҳтаво карданд.

       Дар идомаи хониши сиёсӣ бонувон оид ба баромадҳои ироагардида фикру мулоҳиза ва саволу пешниҳодот намуданд.


Вакти нашр: 2019-09-16 16:04:44    Хонданд: 11    Муфассал...



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс