МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

САЙЁҲАТИ КӮҲНАВАРДӢ ВА СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ТАҲТИ УНВОНИ “САҲМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ САЙЁҲӢ”

Бо дарназардошти эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  аз ҷониби Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои банди 43, “Нақшаи чорабиниҳо оид ба фаъолияти сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои нимсолаи якуми соли 2019” дар толори маҷлисгоҳи истироҳатгоҳи “Гули майда”-и ноҳияи Варзоб сайёҳати кӯҳнавардӣ ва семинари омӯзиширо таҳти унвони “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди сайёҳӣ” бо иштироки кормандони ҳизбии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ва аъзои фаъоли ҳизб аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии худуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Кори семинари омӯзишро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф. ифтитоҳ намуда дар он  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Раҳмонзода З.Ф., муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ш.Ш., аъзои Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Асозода М., шоирони ширинкалом Меҳринисо Бобобекова ва Маҳмадалӣ Аҷамӣ доир ба масъалаҳои рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби бештари сайёҳони дохилӣ ба сайёҳати кӯнавардӣ маърӯзаҳо намуданд.


Вакти нашр: 2019-08-02 15:39:23    Хонданд: 451    Муфассал...

АКСИЯ: МАКТАБ ДАРГОҲИ МАЪРИФАТ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати иҷрои Қарори Кумитаи Иҷрои Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 2.07.2019 оид ба таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ ва омодагӣ ба соли нави таҳсил ва супориши протоколии маҷлиси назоратии назди Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 16.07.2019, таҳти унвони “Мактаб даргоҳи маърифат” ба корҳои созандагиву ободонӣ ва рангу бор намудани муассисаи таҳсилоти умумии асосии №22-и ноҳияи Фирдавсӣ баромада, чаҳор синфхонаи таълимӣ ва ду роҳравро рангу бор намуда, барои қабули мактаббачагон дар соли нави хониши 2019-2020 омода намуданд.

Инчунин Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ҳизб то ин мудат як қатор корҳои созандагиву бунёдкориро баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни пуршукуҳи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, дар оянда низ чунин корҳои созандагиро баҳри бозҳам мустаҳкам гардонидани мавқеъ ва нуфузи ҲХДТ дар ҷомеъа афзун хоҳад намуд.


Вакти нашр: 2019-08-05 09:57:17    Хонданд: 501    Муфассал...

ИДОМАИ АКСИЯИ "МАКТАБ-ДАРГОҲИ МАЪРИФАТ"

Дар доираи иҷрои Қарори Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ба фарорасии соли нави таҳсил ва иҷрои банди №5, супориши протоколии Маҷлиси назоратии назди Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 16 июли соли 2019, №1-4, субҳи имрӯз кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59-и ноҳияи Сино аксия таҳти унвони "Мактаб - даргоҳи маърифат"-ро баргузор намуданд.
Дар аксияи имрӯза, кормандони ҳизбии ноҳияи Сино, ҷиҳати омода намудани ин боргоҳи илму маъриат ба соли нави таҳсили 2019-2020 лавозимоти зарурии таъмирро ба муассиса дастрас намуда, роҳрави дохилии муассисаро рангубор намуданд.


Вакти нашр: 2019-08-05 15:20:00    Хонданд: 447    Муфассал...

Омодагиҳо ба пешвози Рӯзи истиқлолияти давлатӣ

Субҳи 5-уми августи соли равон дарси сиёси таҳти унвони "Истиқлолият сармояи беназири миллат" бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Хайём Амонов, Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҳаёт" - Давлатзода Гулҷаҳон Қобил ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ баргузор гардид.

Дар рафти суханрониӣ Давлатзода Гулҷаҳон Қобил дар доираи дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, ҳифз намудани арзишҳои миллӣ, ҳушёру зирак будан дар фазои пуртазоди муосир, ҳифзи идеологияи миллӣ аз ҷангҳои иттилотии ҷомеа ҷаҳон маълумотҳои муфид дод. Ҳамчқнин қайд намуд, ки маҳз Истиқлолияти давлатӣ имкон дод,ки миллати мо дар фазои худмухторӣ ва озодии комил роҳи рушти тараққиётро барои фардо муайян намояд.

Дар идома Хайём Амонов оид ба таърихи ҲХДТ ва дурнамоии барномаҳои пурсамари ҳизби пешоҳанги ҷомеа сухан намуда, қайд кард, ки моро зарур аст беш аз ҳар вақта сатҳи корбариро дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ хубтару назаррас ба роҳ монем. Ҳамчунин дар доираи маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва омодагиҳои он маслаҳатҳои муфид дода шуд.

 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Вакти нашр: 2019-08-05 16:20:01    Хонданд: 515    Муфассал...

БЕМОРИИ САРАТОНИ ШАДИДИ ХУН

Саратонҳои шадид аввалин шуда, аз ҷониби табибони рус ва немис Альтгаузен А.Я, В. Кусне,[1] саҳ 208-221., ташхис карда шудаанд. Маҷрои лейкоз, ин пайдо шудани хунравии фаровон, пайдошавии дар бораи зуд авҷ гирифтану бо давомнокии аз 2- ҳафта зиёдтар  гузариши захми некрозӣ дар пардаҳои луобии ковокиҳои даҳон, интоксикасияи вазнин, ҳарорати баланди бадан ва андак васеъ шудани ҷигару испурҷ мушоҳида мегардад.

Марҳилаи ҳозираи инкишофи саратони  шадиди хун бо тадқиқотҳои зиёд ва истифода бурдани дастовардҳои фармакологӣ, эпидимиологӣ, генетикӣ, вирусологӣ, ситологӣ, иммунологӣ, биохимиявӣ дар сатҳи ҳуҷайра ва молекула муайян карда мешаванд.

Афкори вуҷуддошта нисбати он, ки гуё беморони саратон зиёд шуда истодаанд, бо тадқиқотҳои илмӣ исбот мешудааст. Кам шудани адади беморони ба саратон дучоршуда, аз такмил ёфтани воситаҳои ташхис ва дароз шудани давомнокии ҳаёти беморон, маълум мегардад.    Г.Р. Колоколова [2] ,  438с.

Як қатор  омилҳое вуҷуд доранд, ки одатан ба инкишофи саратони шадид мусоидат мекунанд:

1. Хромасомаҳои ғайримуқаррар.

2. Шуозанй (шуохўрй)

3. Таъсири заҳролудшави (токсинӣ), дар натиҷаи ифлос шудани муҳити атроф ва истифодаи зиёди доруҳои табобатй.

4. Доруҳои собиқи хунофарӣ (миелодисплазия, камхунии рефрактерӣ, гемоглобинурияи пароксизималии шабона).

Лейкозҳои умуми дар сохтори беморони гемобластоз ҷои асосиро ишғол намуда, тахминан 1/3 ҳиссаи миқдори онҳоро ташкил мекунанд.Ғуломова Ш.Ҳ., [3] ,  423с.

Саратони шадид - ин бемории гурўҳи гемобластозҳо, варами ҳабиси бофтаҳои хунравӣ, ки аз мағзи устухон, ба восилаи устухон, ба восилаи мабдаи (субстрати)  патоморфологӣ, ки ҳуҷайраҳои лейкозӣ мебошанд, содир шуда ба вайроншавии яке аз шохаҳои хунофар оварда мерасонад.

Равандҳои гиперплазии варами бофтаҳо асоси зоҳиршавии (сиптоматика)-и лейкози шадид мебошад (ҳуҷайраҳои бластӣ, фарматсияи мағзи устухон, васеъшавии гиреҳҳои лимфатикӣ, пайдошавии инфилтратҳои варамӣ ва нишонаҳои дараҷаи хунофарии муқаррарии камхунӣ, гранулоситҳо, тромбоситопения). Г.Р. Колоколова [2] ,  438-451с.

Нишонаҳои клиникӣ аз чор аломати асосӣ ба вуҷуд меояд.

1. Гиперпластикӣ

2. Геморрагӣ

3. Камхунӣ

4. Интоксикасионӣ

Аломати гиперпластикӣ бо тариқи мўътадилу бедард, васеъ шудани гиреҳҳои лимфатикӣ, милкҳои дандон зоҳир мешаванд. Инфилтратҳои лейкозии пўст дар намуди сурх-кабудранги тасмаҳои папулошакл дар ғафсии дерма ҷой дошта, чун зоҳиршавии аломати гиперпластикӣ муоина карда мешавад.

Гарчанде харитаи батафсили клиникии лейкози шадид хеле васеъ кашида шуда бошад, ҳам ба ҳар ҳол тасвири хоси патологӣ ва аломатҳои клиникии махсус барои ин вуҷуд надорад. Бинобар ин, ҳатто чунин зоҳиршавии ба худ хоси бемориҳои гемотологӣ, амсоли аломати геморрагӣ, камхунӣ, васеъ шудани гиреҳҳои лимфатикии ҷигар ва испурч ба табиб имконият медиҳад, ки лейкози шадидро фақат гумонбар шаваду беморро фавран ба муоинаи хун фиристад. Афзалият доштани ҳуҷайраҳои бластй барои ошкор кардани мавҷудияти тобишҳои лейкемй имконият медиҳад, ки ташхиси лейкози шадид тахмин карда шавад. Дар мисол дар лейкоформулаи хуни бемор Саидов Усмон соли таваллудаш 1963, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки миқдори нейтрофилҳо бо тадриҷ меафзояд. Лейкоситози хун ба 143,2 х 10/9 мебошад. Дар хуни бемор миқдори ҳуҷайраҳои бласти зиёд мешавад.

     Лейкоформулаи хуни бемор Саидов Усмон  соли таваллудаш 1963.

Гарчанде, ки намоёншавии камхунй бо тромбоситопения ва гиперлейкоситоз авҷ нагирифта бошад ҳам, ба ин нигоҳ накарда, дар чунин ҳолатҳо, ҳарчӣ бошад, барои тасдиқ кардани ташхис, дақиқ намудани варианти беморӣ ва интихоби роҳи оқилонатари тадқиқи табобати муайяни пунктатӣ мағзи устухон гузаронда мешавад.            

 Лейкоформулаи хуни бемор Розиқова  Латофат соли таваллуд 1976. 

Ҳангоми мушоҳида шудани тағийроти норавшан дар таҳлили хун (тамоюл ба анемия ва тромбоситопения, лимфоситози мутлақ, хурд ё калоншавии лейкоситҳо, махсусан агар ин майлкуниҳо  ҳангоми тадқиқотҳои динамикӣ афзоиш ёфтан гирифтан), бояд ки пунксия ба амал оварда шавад. Ташхиси лейкози шадид, ҳамон вақте тасдиқ мешавад, ки дар мағзи устухон (30-40%) ҳуҷайраҳои бластӣ вуҷуд дошта бошад (Воробьёв А.И., Бриллиан М.Д..) Инчунин вайроншавии таносули мўътадили ҳуҷайраҳо дар миелограмма  ва хурд шудан ё вуҷуд надоштани мегокариоситҳо хосанд.

Дар ҳолатҳое, ки муоинаи пунктати мағзи устухон имконият намедиҳад, ки ташхиси дақиқ монда шавад, бояд муоинаи гистологй мағзи устухон бо мағзи қабулшудаи трепанобиопсия, гузаронида шавад. Дарёфт кардани информатсияи диффузӣ ё манбаҳои калони бластӣ ҳангоми вайрон шудани таносуби муқаррари шохаҳои хунофарй ба танг омадани ташхиси лейкози шадидро тасдиқ мекунад.

Ҳамин тариқ таҳқиқотҳои гузаронидаи соҳаи тиб исбот намуд, ки бемории омоси хун, чӣ дар шакли  шадид ва чӣ дар шакли музмин  дар  байни  тамоми сину солҳои шаҳрвандон аз кўдакон  сар  карда  то калонсолон паҳн шудааст. Дар байни кўдакон асосан лейкози шадиди лимфобластӣ дида мешавад. Дар  байни калонсолон  бошад, асосан миело-лейкози музмин паҳн шудааст. Ҳангоми таҳлили хуни канори  вобаста  ба  маҳорати касбии табиби таҳлилгар аз 30 то 50%  ташхиси дуруст гузошта мешаванд. И.Т.Тодоров [5] ,  435с.

Дар 50%-и беморон бошад,   барои  ташхиси пурраи бемори  функсияи мағзи сурхи устухон лозим аст. Ин таҳлил дар  95% озмоишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида намешавад. Бинобар ин аксарияти одамоне , ки ба  лейкози шадид дучор ҳастанд,  то  ташхиси пурра ёфтан аксарияти онҳо мефавтанд.

Бо ҳамин мақсад пешниҳод менамоям, ки шаҳрвандони кишвар ҳар шаш моҳ аз ташхиси тиббӣ, алалхусус ташхиси умумии хун гузаранд. Чун тамоми бемориҳо аз нагузаштани ташхис ва беаҳмияти ба саломатии худ хурӯҷ меёбад. Пас мо пайравони абуалӣ ибни Синоро мебояд дар доираи талаботҳои соҳаи тиб саривақт ба Марказҳову муассисаҳои ташхисӣ-табобатӣ муроҷиат намуда, саломатии худ ва ҷомеаро ҳифз намоем.

 

 

Шарипова Лайло – мутахассиси шуъбаи

кор бо бонувони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ад абиёт

 


Вакти нашр: 2019-08-05 16:59:19    Хонданд: 384    Муфассал...

МАКТАБ - ДАРГОҲИ МАЪРИФАТ

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аксияро таҳти унвони “Мактаб- даргоҳи маърифат” ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 7 – уми феврали соли 2019 оид ба таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва дар доираи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе ба фарорасии соли нави хониш  санаи 3-юми августи соли ҷорӣ дар Муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир намуд.

Дар доираи аксияи мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ корҳои созандагиву ободонӣ,  таъмиру рангуборнамоӣ доир гардид, ки ошёнаи якуми муассиса ба пуррагӣ таъмир карда шуд ва барои қабули хонандагон барои соли хониши 2019-2020 омода гардид.   


Вакти нашр: 2019-08-05 16:36:51    Хонданд: 431    Муфассал...

ҲХДТ - ҲИЗБИ ТАБИАТАН ХАЛҚӢ ВА ДЕМОКРАТӢ

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар ташкилоти ибтидоии “Биносоз” бо аъзоёни ҳизб соати сиёсӣ баргузор намуданд.
Убайдулло Қурбонов, муовини раис – роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ зимнм баромади хеш аз ҳаёт ва фаъолияти ҲХДТ ба аъзоёни ҳизб маълумот дода, қайд намуд, ки имсол аз таъсисёбии ҲХДТ бисту панҷсол пур мешавад. Дар тули ин мудат ҳизб тавонист мавқеъ ва нуфузи худро бо анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар миёни ҷомеъа баланд бардошта ба дастовардҳои назаррас дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ ба монанди интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ шарафёб гардад.

Инчунин дар мавриди таъсири ҷаҳонишавӣ ба фарҳанги миллӣ, ба амалу рафтори ҷавонон, пешгирии таъсири ин ҷараён, ҳифзи фарҳанги милливу забони давлатӣ, оид ба масъалаи терроризму экстремизим ҳарф зад.
 


Вакти нашр: 2019-08-05 17:30:30    Хонданд: 480    Муфассал...

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ПАЙРАВОНИ СИНО» ТАЪСИС ЁФТ

 Дар ҶДММ «Шифобахш ва Сино» мачлиси муассисони ҲХДТ доир гардид.

   Дар маҷлис Дустзода Авзалшо  - Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Салоҳиддин Қосимов - Директори ҶДММ «Шифобахш ва Сино», Лайло Шарипова - мутахассиси шуъбаи кор бо бонувони Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

        Тибқи рӯзномаи маҷлис дар муассисаи мазкур ба шахсоне, ки мавкеъи сиёсии худро муайян намуда ба сафи ҲХДТ пайвастанд дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Хамзамон тибки талаботи Оинномаи хизб тарики овоздиҳӣ ва розигии аъзоёни ҳизб ташкилоти ибтидоии нави ҳизбӣ бо номи «Пайравони Сино» номгузорӣ гардида, таъсис дода шуд.  Бо ҷонибдории ҳамаи аъзоёни ҳизбии ташкилоти мазкур Салохиддин Қосимов - Раиси ташкилои ибтидоии ҳизби интихоб карда шуд.

Дустзода Авзалшо  дар доираи талаботҳову ҳадафҳои Барномавию Оинномавии ҲХДТ, масири давлатдории навини тоҷикон ва дигар талаботҳои ҳизбӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки аъзои хизб будан масъулияти балади зеракиву хушёриро талаб менамояд.

Дар фарчом  миёни масъулини ҲХДТ ва аъзоёни ҳизб оиди мақом ва накши ҲХДТ дар мубодилаи афкор сурат гирифт.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Вакти нашр: 2019-08-06 13:51:27    Хонданд: 411    Муфассал...

Мақоми зан дар ҷомеа ва таҳкими арзишҳои миллӣ

Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ,   нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад.

                                                          Эмомалӣ Раҳмон

Қабули як силсила фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, консепсияҳо, нақшаву барномаҳои давлатӣ дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардону занон ва оид ба масъалаҳои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки баҳри таҳкими мақоми зан дар ҷомеа  беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ ва фаъолияти онҳо дар раванди идоракунии давлат такони ҷиддӣ бахшиданд. 

         Фармони Президенти ҶумҳурииТоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 таҳти №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» дар таъмини иштироки воқеии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат нақши муҳим бозид. Сиёсат оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари мардон ва занон қисми таркибии сиёсати давлатии мамлакат мебошад, ки он дар барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хуб дарҷ ёфтааст.[3]

           Ҳадафи дигари Ҳукумати ҷумҳурӣ аз қабули санадҳои зикршуда пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани  мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва  фароҳам  овардани  шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад.

Сарвари маҳбуби кишвар ба заковати азалӣ ва неруи созандаи занони фарзонаю оқилаи тоҷик ҳамеша такя менамояд, зеро онҳо дар ба ҷо овардани рисолати аслии худ таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандўсту худшинос саҳми босазо мегузоранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ масъалаи таъмини баробарҳуқуқии мардону занонро дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор дода, баҳри амалӣ намудани он тайи 27 соли соҳибистиқлолӣ зина ба зина чораҳои мушаххасро амалӣ менамояд.

            Дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон доим дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Ҳамин сиёсати дастгирии занон аст, ки имрўз дар парлумони кишвар 13 нафар зан, яъне 20% ва дар Маҷлиси миллӣ 23% занон намояндагӣ доранд. Дар мақомоти судӣ 21% ва дар мақомоти иҷроияи давлатӣ дар маҳалҳо 25% занон фаъолият менамоянд.

          Натиҷаи дастгирӣ ва эътимод ба донишу маҳорати занон буд, ки танҳо дар 27 соли Истиқлолияти кишвар шумораи вазирзанон 7 нафар шуданд, ки аз шумораи вазирзанони 70 соли Шўравӣ болотар аст. Қисми зиёди кормандони соҳаи маориф, яъне 52 ҳазор нафари омўзгорон аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд. Боиси хушнудист, ки имрўз дар ҷодаи илм беш аз 1000 нафар занони донишманд ва бомаърифати тоҷик пурмаҳсул заҳмат мекашанд. Бояд гуфт, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ масъалаҳои ҷалб кардани занон ба идораҳои давлатӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои онҳо, андешидани тадбирҳо доир ба беҳтар кардани саломатии модару кўдак ва масоили дигар тадриҷан ҳаллу фасл мегардад.

           Имрўз танҳо дар сафи  Ҳизби  Халқи Демократии Тоҷикистон, ки ба он Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисӣ мекунанд, ифтихори узвиятро зиёда аз 200 ҳазор нафар занон касб намудаанд. Дар саросари ҷумҳурӣ, дар шаҳру навоҳии мамлакат даҳҳо нафар занон масъулияти роҳбарии комиҷроияҳои ҳизбиро бар дўш доранд.  Дар мақомоти ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявии идоракунии давлатӣ ҳоло беш аз 8 ҳазор занону духтарон фаъолият мекунанд, ки 500 нафарашон вазифаҳои роҳбариро ба уҳда доранд. [2. 67 ]

            Бо вуҷуди ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нишондодҳоро нокифоя шумурда, зимни суханрониашон дар Паёми имсола таъкид доштанд, ки бояд барои боз ҳам афзун намудани шумораи занону духтарони соҳибмаърифату донишманд ва дар ҷомеа фаъол тадбирҳои иловагӣ бояд амалӣ карда шаванд.  

           Новобаста аз мартаба ва мансаби ишѓолкарда, ҳар як роҳбар, ки ба ў мансаби муайян ва вобаста ба он ваколатҳои мушаххас бовар карда шудаанд, бояд пеш аз ҳама, ба ин мақом лоиқ буданро ба натиҷаи фаъолияти хуби худ собит созад.  Зан-роҳбар бояд хоксор, хушмуомила ва дорои рафтори намунавӣ буда, ба вазифааш содиқ бошад  ва аз уҳдаи идоракунии ҳайати кормандон барояд.  Дигаронро гўш карда тавонад, дар байни мардум бошад ва дар ҳалли муаммоҳои онҳо дасти мадад дароз карда, ҳамеша кўшиш намояд, то дар рафтору муносибат барои дигарон намунаи ибрат бошад.

              Дар таърихи навини Тоҷикистон занон дар фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, мақоми олии қонунбарор, мақомоти интизомӣ, маорифу тандурустӣ ва ѓайра нақши шоиста доранд. Онҳо дар таҳия, қабул ва татбиқи қонунҳои ба талаби замон мутобиқ фаъолона ширкат меварзанд.  Солҳои охир дар заминаи фаъолнокии сиёсӣ шумораи зиёди бонувон номзадии хешро ба вакилии парламенти мамлакат ва зинаҳои дигари мақомоти интихобӣ пешниҳод намуда, ба пирўзӣ ноил гашта истодаанд.

             Хушбахтона, давлати мо, Сарвари мо, барои саводнокии духтарони чӣ деҳоту, чӣ шаҳр ҳама шароитҳоро муҳайё кардааст ва зани тоҷик имрӯз имкон дорад, ки дар ҳама ҷабҳаҳо худро ҳамчун роҳбар нишон диҳад.  Хушбахтии зани тоҷик дар он аст, ки озодиашро давлат таъмин кардааст ва ҳар як зан бояд қабл аз ҳама ба илм, савод, маърифат ва хиради азалии хеш такя кунад. 

            Баланд бардоштани маърифати занон масъалаест, ки аҳамиятихоси иҷтимоӣ дошта, омили зарурии таҳкими арзишҳои муҳими миллӣ ба шумор меравад. Зан-Модар, дар раванди иҷрои рисолати офарандагию тарбиятгарии худ, масъулияти махсуси муҳими дигарро низ иҷро менамояд. Яъне тавассути таълиму тарбия ба сифати занҷири пайвасткунанда, ҳамчунин интиқолдиҳандаи арзишҳои миллӣ ба насли дигар амал намуда, дар пойдор нигоҳ доштану дар вуҷуди фарзандон тарбия кардани ҳисси эҳтиром ба он арзишҳо нақши муҳим мебозад. Иҷроиин рисолат махсусан дар замони муосир, дар марҳилае, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ бо суръати баланд идома доранд, аҳамияти хосса касб мекунад.

Ҳар як халқу миллат анъанаи худро дорад, ки аз он даст кашидан ё анъанаҳои халқи дигарро аз они худ кардан мумкин нест. Ноуҳдабароёна ва беандеша истифода бурдани анъанаҳои мардуми дигар ба нобудшавии анъанаҳои хеш бурда мерасонад. Зан бояд мувофиқи табъ дар куҷо чӣ гуна либос пӯшиданашро донад. Либоси расмӣ дигар асту либоси базмӣ дигар. Либос бояд соддаву шинаму хоксорона бошад. Солиёни дароз мо баҳри анъанаҳои миллӣ, забони миллию мероси ниёгон талош намудему вақте ба ин ганҷинаи бебаҳо соҳиб шудем, бепарвоӣ мекунем. Дар замони мо тарзи либоспӯшӣ ҳам гуногун гаштаасту аз дигар кишварҳо ба мамлакатамон ворид мешаванд. Тарзи либоспӯши иддае аз занону бонувони тоҷик, хусусан ба либосҳои занони кишварҳои хориҷӣ тақлид намудан дар ҷомеаи мадании Тоҷикистон баҳс ва сарусадоҳои зиёд ба миён овардааст. Хусусан ба фарҳанги либоспӯшии занону бонувони кишварҳои хориҷӣ тақлид кардан хоси зани тоҷик набояд бошад ва хусусан дар ҳамин марҳилаҳои наве, ки мо давлати миллӣ бунёд кардаистодаем.  Аслан бигирем симои зани тоҷикро либоси миллӣ боз ҳам зеботар мегардонад. Барои чӣ вақте чунин пироҳанҳои зебову шинами тоҷикӣ дорем, боз ба фарҳанги либоспӯшии занони дигар кишварҳо тақлиди кӯр-кӯрона менамоем? Чаро он ҳуввияти миллиеро, кимо дар фарҳанги либоспушӣ дорем, аз даст медиҳем? Ҳар як миллатро аз либоси миллиаш мешиносанд ва эътироф мекунанд, зеро либос низ ҷузъи фарҳанги миллист. Либоспӯшии тоҷикон аз қадим аз дигар халқҳо фарқ дошта, он як ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пешниҳод намудааст. Дастурамали мазкур хусусияти тавсиявӣ дошта, бо мақсади батанзим даровардани тарзи либоспӯшии миллӣ роҳандозӣ шудааст ва роҳи хурофоту бегонапапарастиро мегирад, воситаи муҳими тарғиби либосҳои муосири миллӣ ва муаррифии миллату кишвар мегардад. Занон тӯлли таърихи ҳазорсола ҳунарҳои мардумиро на танҳо нигоҳ доштанд, балки дар ҳар давру замон ба онҳо нишонае ё дигаргуниеро ворид намуда, онро сайқал додаанд. Агар бо диққат ба ҳунарҳои дастархондӯзӣ, зардеворӣ (ё сардеворӣ), дастпок, болишт, кӯрпача, рӯймолдӯзӣ, ҷомадӯзӣ, ресандагӣ, бофандагӣ, шерозбофӣ, атласбофӣ, қолинбофӣ назар афканем, мебинем, ки баъзе нақшҳое, ки 80-90 сол қабл занон дар ҳунарашон истифода намудаанд, аз нақшҳои имрӯза тавофути зиёд доранд.

Умуман, баъди соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷуҳ ба ҳунарҳои мардумӣ зиёд гардид. Яке аз ҳунарҳои дигари занон, маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар дубора эҳё гардид, чакандӯзӣ мебошад. Хусусан баъди таҷлили Иди чакан ин ҳунар дубора зинда гардид ва ба либоси идона табдил ёфт. Бо мақсади муаррифии ин намунаи барҷастаи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик Вазорати фарҳанги Тоҷикистон чаканро барои ворид намудан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримодии Бунёди маориф, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) пешниҳод намуд ва қабул ҳам гардид.

          Мо бояд иқдоми пеш гирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба аз нав зинда сохтани пероҳани миллии тоҷикона дастгирӣ намуда, ҳама ҷониба баҳри тарғиб намудани либоси шинами тоҷикӣ миёни ҷавонон ҷидду ҷаҳд намоем.  Зан бояд дар ҳамагиру дори зиндагӣ обутоб ёфта бошаду назокату латофати занонаро бо шуҷоату далерии мардона мубаддал созад.Боварию эътимоди мо бар он аст, ки нақшу мақоми зан-модар минбаъд низ дар ташаккули ҷомеа, пешрафту шукуфоии Ватани азизамон дар тарбияи инсони солиму комил муассир ва бориз мегардад.

Қобили зикр аст, ки бонувони тоҷик дар амри татбиқи иқдомҳои умумиҷумҳуриявӣ нақши созгори худро мегузоранд. Зимнан, гурдофаридҳои тоҷик дар бунёди иншооти тақдирсози аср-неругоҳи барқи обии Роғун, бунёди корхонаҳои саноатӣ, нақбу роҳҳо ва пулҳо, иншооти таъиноти варзишию фарҳангӣ диловарона заҳмат кашида, ҷиҳати ободию осудагии мардум ва дар оянда низ баҳри гул гулшукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд. 

 

 

Аҳмадзода Зулфия Кабир

муовини Ректори Донишкадаи идоракунии

давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 


Вакти нашр: 2019-08-06 16:35:39    Хонданд: 438    Муфассал...

ВОХӮРИ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ ГУЛБУТТА

06 августи соли ҷорӣ тибқи нақшаи мулоқоту вохӯриҳои муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ вобаста ба иҷрои барқияи Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 08.01.2019 ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29.01.2019, №42 оид ба тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони истиқлолият, одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе, бо иштироки Дилбар Абдураҳимова – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Убайдулло Қурбонов – муовини раис – роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Фирдавсӣ бо сокинони он мулоқоту вохӯри баргузор карда шуд.

Дилбар Абдураҳимова зимни баромади хеш қайд намуд, ки дар шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ пошхурии оилаҳо ба 979 адад расидааст, ки ин яке аз мушкилоти доғи рӯз ба шумор рафта, яке аз сабабҳои пошхурии оилаҳои ҷавон ин надоштани касбу ҳунар ва беаҳамиятии волидайн нисбати тарбияи дурусти онҳо мебошад. Инчунин масуф дар мавриди дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, ободкориҳои шаҳри Душанбе, одоби шаҳрнишинӣ, пушидани сарулибосӣ миллӣ суханрони намуд.
Убайдулло Қурбонов, дар мавриди сарсупурдагиву, заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз баҳри сулҳу суботи сиёсӣ, рушду пешрафти мамлакат ибрози назар намуд. Мавсуф таъкид кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ бедориву ҳушёрии сиёсиро мехоҳад. Имрӯз тавассути воситаҳои электронӣ ҷаҳон вориди давлатҳо, ва кишварҳо вориди ҷаҳон мегарданд,. Ҳар як шаҳрванд, ватандорро мебояд дар ин раванд аз манфиатҳои милии хеш, бахусус забону фарҳанги бисёр олии хеш ҳимоя намояд.


Вакти нашр: 2019-08-07 11:58:21    Хонданд: 416    Муфассал...

НАСЛИ ХУШИҚБОЛИ ИСТИҚЛОЛ

         Дар доираи татбиқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар ҳамкории муштарак бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо пиёда кардани сиёсати эҳсонкоронаи Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истироҳатгоҳи омӯзишӣ ва фароғатии “Файзи истиқлол” барои кӯдакону наврасоне, ки ба омӯзиш ва фароғат ҷалб карда шуданд, таҳти унвони “Роҳ ба сӯйи мактаб” барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор карда шуд.
Дар баргузории барномаи фарҳангӣ ҳунармандони Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон ва гуруҳи эҷодии “Шакарханд” иштирок намуда, иштирокдоронро болидахотир намуданд.
       Дар рафти барнома саволу ҷавоб, қироати шеърҳо дар васфи модар-Ватан ва бозиҳои зеҳнию интеллектуалӣ доир карда шуда, иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳо, сипосномаҳо ва мураббиён низ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.


Вакти нашр: 2019-08-08 08:55:08    Хонданд: 280    Муфассал...

ИСТИҚЛОЛИЯТ - САРЧАШМАИ ХУШБАХТӢ

Имрӯз бо мақсади баланд бардоштани дониши сиёсии аъзои ҳизб ва огоҳ гардидани онҳо аз вазъияту воқеаҳои сиёсию фарҳангӣ, ободиву созандагӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, сазовор таҷлил намудани ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва корҳои созандагиву обододкорӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Экспертиза” – Рабиев Н., ва аъзоёни ҳизб аз ташкилоти ибтидии "Экспертиза" соати сиёсӣ баргузор гардид.


Вакти нашр: 2019-08-08 14:20:59    Хонданд: 94    Муфассал...

Вохӯрии ҳизбиён бо сокинони маҳаллаи Куҳдоман ҷиҳати омодагиҳо ба Истиқлолияти давлатӣ

Вохӯрии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе бо сокинони маҳаллаи Куҳдомани ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар саҳни муассисаи тахсилоти миёнаи умумии И:61 баргузор гардид. 
Дар вохӯрии мазкур Расулзода Насимҷон - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Сайдалӣ Шамсов- мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе, Анзурат Сироҷова - Раиси маҳалла ва сокинон иштирок намуданд.
Расулзода Насимҷон сокинони таҳҷоии маҳалларо бо омад омади иди Қурбон ва омодагиҳои сармояи бемисли миллат-Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва муборакбод намуд. Ҳамчунин дар бобати дастовардҳои истиқлолият, ҳифзи арзишҳои миллию умумибашарӣ, нигоҳ доштани маърифати волои тоҷикона, талқин намудани фарҳанги либоспӯшии миллӣ байни занону духтарон, тарбият намудани ҷавонон дар роҳи меҳанпарастӣ, мустаҳкам намудани маърифати оиладорӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни навхонадорон ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ намуд.
Дар идома баҳри саривақт расонидани камбудиҳои


Вакти нашр: 2019-08-08 16:23:54    Хонданд: 93    Муфассал...

ИНТИХОБИ РАИСИ НАВИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ГЕОЛОГ"

8-уми августи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Геолог"-и Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.

Дар маҷлиси ҳизбӣ Оймуҳаммадзода Илҳомҷон – Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дустзода Афзалшо – Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Меҳрварзи Одинаи Абдураҳимзода – мутахассиси шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроия ва аъзоёни фаъоли ҲХДТ иштирок намуданд.

Оймуҳаммадзода Илҳомҷон – Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлисро ифтиттоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ кард.

Сипас Дустзода Афзалшо – Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамаи ҳозирини гиромиро аз номи Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ-Расулзода Насимҷон бо омад омади Иди Қурбон ва ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, дар кору фаъолияти кормандони соҳаи ҳаётан муҳимӣ кишвар барору комёбӣ таманно кард. Ҳамчунин таъкид намуд, ки баҳри пойдорӣ ва ташаккули соҳаи геология аз устодони пуртаҷриба ва олимони соҳа умеди зиёд дорем. Боварии комил дорем, ки геологияи тоҷик бо корҳои беназири баанҷомрасонидаву ба нақшагирифтаи худ ва стратегияи пешбурди соҳаи тадқиқоти геологӣ метавонад зери Роҳбарии Оймуҳаммадзода Илҳомҷон рушди дучандро касб намояд.

Дар идома Меҳрварзи Одинаи Абдураҳимзода суханронӣ карда, қайд кард, ки тибқи талаботҳои Оинномаи ҲХДТ аз сабаби ба дигар кор гузаштани собиқ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ зарурат пеш омад, ки раиси ташкилоти ибтидоиро интихоб намоем. Ва бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои аъзоёни ҲХДТ дар ташкилот, муҳтарам Оймуҳаммадзода Илҳомҷонро ба вазифаи Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Геолог" пешниҳод намуданд ва бо тариқи овоздиҳии якдилонаи аъзоёни ҳизб Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Геолог" интихоб гардид. Ҳамчунин нишони сарисинагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Раиси тозаинтихоб ҳадя карда шуд.

Раиси тозаинтихоб дар назди аъзои ҳизб суханронӣ намуда, бо боварии зиёд иброз дошт, ки бо меҳнати софдилона ва дастгирии аъзои ҳизби ташкилот барои амалишудани ҳадафҳоии олии ҲХДТ, давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарбият намудани ҷавонон дар роҳи арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ саҳм хоҳем гузошт.
 

Дар фарҷоми маҷлис дар доираи ҳадафҳои соҳаи куҳкорӣ, тадқиқотҳои геологӣ, канданиҳои фоиданок ва дигар масъалаҳои соҳа Оймуҳаммадзода Илҳомҷон -Раиси тозаинтихоби ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Геолог" маълумотҳои муфид дод.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар
ноҳияи Исмоили Сомонӣ

 


Вакти нашр: 2019-08-09 11:20:36    Хонданд: 100    Муфассал...

ИҚДОМИ ХАЙРИЯВӢ БАХШИДА БА ИДИ ҚУРБОН

Бо пайравӣ аз сиёсати эҳсонкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ибтидоии “Барқи тоҷик” ва ташкилоти ибтидоии “Дарё” бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф. ба 35 нафар маъюбон, инчунин як қатор оилаҳои ниёзманди шаҳракҳои 92, 103, маҳаллаҳои “Меҳантобод”, “Зарафшон 1” ва “Зарафшон 2”  кӯмаҳои хайриявӣ бахшида ба “Иди Қурбон” расонида шуд.

Дар иқдоми хайриявӣ ба маъюбон ва оилаҳои ниёзманд маводҳои хӯрока аз қабили орд, равған, тухм ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал тақдим карда шуд. Бояд хотиррасон намуд, ки иқдоми хайриявии мазкур то “Рӯзи иди Қурбон” дар шаҳраку маҳллаҳои ноҳия идома дода мешавад.


Вакти нашр: 2019-08-09 11:21:51    Хонданд: 88    Муфассал...

ДАСТИ ҲАМА ГИРУ ХОКИ ПОЙИ ҲАМА БОШ...

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамбастагӣ бо вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №15 ноҳияи Шоҳмансур Азизиён Сами Солӣ дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди Қурбон бо сокинони маҳаллаҳои Роҳи оҳан, Афзалӣ ва Саноат вохӯрӣ доир намуданд. Дар вохӯрӣ Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва шахси боэътимоди вакил Негматова Мавҷигул иштирок ва суханронӣ намуданд. Зулфиқор Гулаҳмадзода доир ба сиёсати созандаи давлату Ҳукумат ва дастгириҳои мунтазами Президенти кишвар нисбат ба аҳолии кишвар суханронӣ намуда, афзуд, ки вусъатдодани корҳои созандагию бунёдкорӣ, амалҳои ҳасана, расони кӯмак ба ниёзмандон ва дастгирии маъюбону барҷомондагон дар мадди аввали роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад.

Ҳамзамон ба муносибати Иди сади Қурбон ба беш аз 40 нафар оилаҳои ниёзманди маҳаллаҳои Роҳи оҳан, Афзалӣ ва Саноат кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расониданд.

 


Вакти нашр: 2019-08-10 11:34:26    Хонданд: 80    Муфассал...

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «СОМОН ТАКСИ» ТАЪСИС ЁФТ

 Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе - Файзуллозода З.Ф., мовини раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Мирзоев Н.М., дар ҶДММ “Сомон такси сайр” ташкилоти ибтидоии ҳизбии ”Сомон такси” таъсис ёфт ёфт.

Дар кори маҷлиси муассисон аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроияи дар вазъияти тантанавӣ ба 8-нафар кормандони ҷамъияти мазкур шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Маҷлиси муассисон аз рӯи 3 масъала қарорҳои дахлдорро қабул намуданд. Аз ҷумла аз рӯи масъалаи якум ташкилоти ибтидоӣ “Сомон такси” номгузорӣ карда шуд.  Ҳамзамон дар кори маҷлис директори ҶДММ “Сомон такси сайр” Каримзода Манучеҳр ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Саидов Саидаҳмад ба ҳайси котиби ташкилоти ибтидоии «Сомон такси» интихоб гардиданд.


Вакти нашр: 2019-08-13 15:47:44    Хонданд: 94    Муфассал...

Кибертерроризм ва хусусиятҳои пайдоиши он

Зарурияти дарки омўзиши падида ва равандҳои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа доимо аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони соҳа мавриди омўзиш ва таҳлил қарор мегирад. Ин падидаҳо дар ҳаёти воқеии одамон дигаргуниҳои ҷиддиро ворид менамоянд. Мавзуи интихобнамудаи мо кибертерроризм ва хусисятҳои пайдоиши он буда, то андозае ин равандро ҳамчун падидаи муосири ифротӣ мавриди омўзиш қарор додем.

Кибертерроризм чист? Муайян намудани мафҳуми "терроризми компютерӣ" кори хеле душвор аст, зеро фарқ кардани он аз ҷанги иттилоотӣ ва ҷинояти иттилоотӣ сарҳади аниқ надорад. Мушкилоти дигар дар он аст, ки дар он бояд хусусиятҳои ин шакли терроризм мушаххас таъкид карда шавад. Худи мафҳуми «кибертерроризм» бо якҷоякунии ду калима: «кибер» («киберфазо») ва «терроризм» - таҳдид  ташаккул ёфтааст. Дар адабиёти сиёсӣ мафҳумҳои «фазои маҷозӣ», «ҷаҳони виртуалӣ» маъмултар маъмуланд, ки фазои иттилоотии компютерӣ, ки дар он намудҳои алоҳидаи объектҳо ё намояндагии рамзии иттилоот мавҷуданд - маконе, ки дар он барномаҳои компютерӣ кор ва ҳаракат мекунанд. Дар асоси консепсияи терроризм ва омезиши он бо фазои маҷозӣ, таърифи зеринро метавон ба даст овард. Кибертерроризм як амали маҷмӯест, ки дар ҳамлаи барқасдона ва асосноки сиёсӣ ба иттилооте, ки тавассути системаи компютерӣ ва глобалӣ коркард шудааст, ба ҳаёт ё саломатии инсон ва вайрон кардани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, муноқишаи ҳарбӣ хатар эҷод мекунад. Яке аз роҳҳои мубориза бо кибертерроризм ин ҳамлаи сиёсии иттилоотӣ  мебошад. Он аз назорати мустақими ҷомеа бо тарсу ҳароси пешгирикунанда иборат аст. Ин дар таҳдиди зӯроварӣ, нигоҳ доштани ҳисси доимии тарс барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни сиёсӣ ё дигар, маҷбур кардани амалҳои муайян. Мо аллакай мушоҳида кардаем, ки шабакаи ҷаҳонӣ босуръат рушд меёбад ва динамикаи ҷинояти компютерӣ ин гуна аст. Имруз падидаи мазкур дар дигар кишварҳо дар ҳоли авч қарор гирифтаст. Дар ИМА проблемаи кибертерроризм яке аз ҷойҳои аввалро ишғол мекунад. Бисёре аз коршиносони Амрикову Аврупо чунин савол медиҳанд: оё ҳамлаҳои миқёси ҳамоҳангшуда метавонанд анҷом ёбанд, агар хадамоти иктишофии идоракунии пурраи алоқаи электронӣ пешбинӣ шудааст. Аммо ҳамааш ба ҳеҷ нафъ наовард. Сарфи назар аз "ҷудошавӣ", террористон метавонанд фаъолиятҳои худро ҳамоҳанг созанд ва амалиёти террористиро бомуваффақият анҷом диҳанд. Ин метавонад якчанд шарҳ дошта бошад: террористон воситаҳои телекоммуникатсияро барои ҳамкорӣ истифода карда, террористон бо истифода аз усулҳои махсус паёмҳои худро пинҳон мекунанд. Террористон фаъолияти худро бо дигар ҷиноятҳои тавассути Интернет содиршуда дастгирӣ мекунанд, масалан, дастрасӣ ба базаи кортҳои махсус ва ё шаклҳои гуногуни қаллобии фоидаро содир мекунанд. Технологияҳои иттилоотӣ инчунин амалиётҳои мухталифи террористҳо ва гурӯҳҳои ҷиноятии трансмиллиро аз маблағгузорӣ то ташкили ҳуҷҷатҳои зарурӣ осон мекунанд. Бо кӯмаки технологияҳои компютерӣ, гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор метавонанд ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи қалбакӣ ва ҳуҷҷатҳоро тасдиқ кунанд, ки ҳама гуна фаъолиятро пуштибонӣ мешавад. Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ аз ҷониби ҷинояткорон ва террористон ҳамзамон бо афзоиши истифодаи қонунии онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ рух медиҳад. Имконияти зуд ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар ташкилотҳои террористӣ ва ҷиноӣ инчунин аз он вобаста аст, ки ташкилотҳои муосири ҷиноятпеша дар шакли шабакаҳое мавҷуданд, ки дар онҳо механизмҳои гуногуни таъсиррасон ҷой доранд. Барои бартараф намудани ин омилҳо  мутахассисони хуби техникӣ лозим аст.Зуҳури кибертерроризм ва фарқияти он аз терроризм, террористҳо, фаъолиятҳои террористӣ - ин мафҳумҳо қариб ҳар рӯз дар ВАО пайдо мешаванд ва ба мардум тарсу ҳарос меорад. Терроризм хилофи муқаррароти асосии Эъломияи Умумии Ҳуқуқи Инсон дар соли 1948 ва Конвенсияи Аврупо оид ба Ҳуқуқи Инсон дар соли 1950 мебошад. Аммо, олимон то ҳол дар бораи моҳияти назариявии ин зуҳурот баҳс мекунанд. Мушкилоти дарки назариявии терроризм аслан аз пайдоиши ин зуҳурот дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ мебошад.

Таърихи кибертерроризм

1983 - дар ИМА аввалин гурӯҳи ҳакерҳо бо номи «гурӯҳи 414» боздошт шуд;

1993 - дар Лондон ба як қатор хонаҳои брокерӣ, бонкҳо ва ширкатҳо дархост ворид карда шуд, ки 10-12 миллион фунт пардохт кунанд.

1996 - намояндагони созмони террористии Тайгерҳои Либерияи Тамил-Илам ҳамлаи шабакавӣ алайҳи намояндагиҳои дипломатии Шри Ланка гузарониданд;

Сентябри 1997 - дар натиҷаи як хакери ношинос, интиқоли маълумоти тиббӣ байни истгоҳи заминии NASA ва киштии кайҳонии Атлантис қатъ карда шуд;

Январи 1999 - аввалин вирус дар Интернет бо номи «Happy-99» пайдо шуд;

1 майи соли 2000 - вируси компютерии "Ман туро дӯст медорам" аз атрофи Манила оғоз ёфт;

Августи 1999 - як маъракаи васеи ҳамлаҳои компютерӣ дар Хитой ва Тайван бар зидди ҳамдигар оғоз ёфт. Кибер террористҳо ба порталҳои мақомоти давлатӣ, ширкатҳои молиявӣ, рӯзномаҳо, донишгоҳҳо ҳамла карданд;

11 сентябри 2001 - амали террористӣ алайҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом дода шуд;

2004 - захираҳои электронии ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ мавриди ҳамлаи оммавӣ қарор гирифтанд - даҳҳо компютер ба вирус мубтало шуданд, алахусус, Вазорати Мудофиаи Кореяи Ҷанубӣ;

дар солҳои 2005-2006 зиёда аз 2 миллион ҳамлаи компютерӣ ба захираҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ ба қайд гирифта шуд, аз ҷумла зиёда аз 300 ҳазор ҳамла ба сайти интернетии Президенти Федератсияи Русия;

6 феврали соли 2007 - ҳамлаи густарда ба тамоми Рунет.

Кибертерроризм асри XXI

Ҷолибияти истифодаи киберфазо барои террористони муосир аз он иборат аст, ки барои содир кардани амали кибертеррористӣ хароҷоти калони молиявӣ лозим нестанд - танҳо компютери шахсии ба Интернет пайвастшуда ва инчунин барномаҳои махсус ва вирусҳо лозиманд. Терроризм дар шабакаи глобалии компютерӣ босуръат рушд мекунад: вебсайтҳо ногаҳон пайдо мешаванд, аксар вақт формат ва суроѓаи онҳоро иваз мекунанд.  Агар соли 1998 тақрибан аз нисфи сӣ гурӯҳи террористии аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба рӯйхати "ташкилотҳои террористии хориҷӣ" дохилшуда вебсайти худро дошта бошад, имрӯз қариб ҳамаи гурӯҳҳои террористӣ дар Интернет мавҷуданд. Дар байни онҳо: террористҳои Перу аз созмонҳои Sendero Luminoso ва Tupac Amaru, ҷангҷӯёни Ҷунбиши Толибони Афғонистон, миллатгарои гурҷӣ аз гурӯҳи “Гурӯҳи озоди Гурҷистон”, ҷунбиши муқовимати Тамил ва бисёр дигар сохторҳои террористие, ки дар созмонҳои мухталиф фаъолият мекунанд, ки асоси идеявй доранд фаъолият мебаранд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ гурўҳҳои ифротии Ал-Қоида, Ҳизбуллоҳ, Ҳамос, Созмони Абу Нидал, Палангони Сиёҳ (бо ҳамроҳии Толибони Афѓонистон), ки на танҳо киберфазоро барои паҳн кардани назарашон истифода мебаранд, балки ҳамчун силоҳ барои ҳамла ба иншооти инфрасохтории миллӣ, ҳамла ба сайтҳо ва серверҳои хориҷӣ истифода бурда мешаваданд, махкум менамояд. Ҳадафи асоси ин ташкилоту ҳаракатҳо таъсир расонидан ба афкори ҷомеаи байналмилалӣ аст.

Меҳрварзи Одинаи Абдураҳимзода – мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Вакти нашр: 2019-08-13 16:34:40    Хонданд: 89    Муфассал...

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамрози халқ

        Дар асоси нақшаи мулоқоту вохӯриҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ аз 08.01.2019 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29.01.2019, №42 бо иштироки Шамсов Сайдалӣ-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Дустзода А.-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҷурахонзода Ҷ.-муриди шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия  дар Бозори Варзоб бо харидорону фурушандагон вохўрӣ доир шуд.

        Баромадкунандагон зимни баромади хеш қайд намуданд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ чун дигар давлатҳои пешрафта, бо азму талошҳои шабонарӯзии инсони некбахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори хешро ба сӯи ояндаи неку дурахшон якҷо бо ҷавонони дорои истеъдодҳои нотакрор ва ояндасоз гузошта истодааст. Ҳамзамон, оид ба амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, тарғибу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе ибрози назар намуданд.

 

 


Вакти нашр: 2019-08-14 10:20:57    Хонданд: 98    Муфассал...

МАКТАБИ ИДОРАКУНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки ном, фаъолият ва зиндагиномаи онҳо бо таърих ва сарнавишти давлатдории он халқу миллатҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Дар таърихи давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат аз зумраи раҳбаронест, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрўзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири кишвари соҳибихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст.

Инъикоси симои шахсе, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих  ба ҳошия афтодаро эҳё намуда, ҳамчун миллати соҳибдавлат дубора ба арсаи сиёсати ҷахонӣ ворид сохта, халқи гирифтори нобудиро наҷот додааст; инъикоси симои инсоне, ки миллатро дар кўтоҳтарин замон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳонидааст; тасвири корнамоии фарзанди фарзонаи миллат, ки ба истиқболи душманони дирўза оғўш боз намуда, ҷинояткоронро авф карда, гурезаҳоро ба Ватан баргардонида, ба миллати мотамзада  Ваҳдат, Сулҳу субот, Амният армуғон оварда, тамоми дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон вогузор намуда, пояи давлатдориро аз сифр, низоми молияро аз хазинаи холии ба ғоратрафта барпо  намуда, артиши миллиро дар ҷойи холӣ созмон дода, ҳуқуқро дар асоси ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуда, оби ҷонбахши озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо намуда, садои  тоҷикро ҳамчун сарвари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонида, мардуми парешонро пиромуни ҳадафҳои ҳаётии миллӣ муттаҳид карда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт намуда бошад, кори саҳлу осон нест. Зеро инъикоси симо ва корномаи шахсе, ки халқи бедавлатро соҳиби давлат карда, ба халқи ноумед умед оварда, ба ҷойи кинаву адоват ваҳдату дўстиро ҳокими сарзамин намудааст, аз ҳар шахси эҷодкор дидгоҳи васеи назариву амалиро тақозо дорад.

Роҷеъ ба он, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои давлати муосири тоҷикон нақши бунёдгузорро дорад, хизматҳои наҷоткорона ва созандаи ў дар соҳаи сиёсати давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, ташаккули иқтисодиёти миллӣ, роҳандозӣ намудани низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат ва дигар ҷанбаҳо барои гўши шунавою чашми бино ба далелу бурҳони иловагӣ ниёз надорад.

Ташкили низоми дурусти идоракунии давлатӣ, таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии низоми идоракунӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳомию пуштибони шаҳрвандон, таҳияи низоми адолати судӣ, бунёди як механизми мукаммали низоми идоракунии давлат, ки тавонад халқро аз балои омада халос намояд, лозим буд.. Аз панҷ гурўҳи асноди меъёрии ҳуқуқие, ки Шўрои Олӣ қабул кард[1], ду гурўҳи аввал ба барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, гурўҳи сеюм барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, гурўҳи чорум барои ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва гурўҳи панҷум ба самти муносибатҳои байналмилалӣ бахшида шуда буданд.

Эмомалӣ Раҳмон  дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 вобаста ба вазъияти баамаломада иҷрои чунин корҳоро дар мадди аввал матраҳ менамояд:

« - ҳарчӣ зудтар дар тамоми гўшаю канори Тоҷикистон ҳокимият ва мақомоти идоракуниро барқарор карда, кори пурмасъулияти онҳоро таъмин кунем;

- дар маҳалҳо сохтори мақомоти амалкунандаи муҳофизати ҳуқуқро барқарор карда, ба онҳо барои иҷрои вазифаҳои муқаддаси худ шароит фароҳам оварем…»[2].

Муҳимтарин далелҳои бунёди низоми идора ва ҳокимияти давлатӣ, ки бо номи асосгузори давлати тоҷикон вобастагӣ дорад, дар чунин нуктаҳо нуҳуфтаанд:

- Пешвои миллат дар ҷойи холӣ ва низоми фалаҷёфтаи мақомоти давлатӣ мақомоти давлатиро таъсис дода, низоми идоракунии кишварро роҳандозӣ намуд;

- маҳз таҳти роҳбарии Пешвои миллат низоми идоракунии давлатӣ зина ба зина ба ислоҳот фаро гирифта шуда,  сохтори идораи давлатӣ комилан дигар шуд;

- низоми идоракунии давлатии муосир на танҳо аз замони шўравӣ, балки аз он рўзҳое, ки Пешвои миллат ба сари қудрат омад ва дар ибтидо он низомро ташкил кард, ба куллӣ фарқ мекунад. Ин гувоҳи он аст, ки бунёдгузори давлати миллӣ на танҳо бунёди давлатро гузошт, балки онро дар масири истиқлолият рушд дода, то сатҳи давлати муосири ҷаҳонӣ мерасонад;

- Пешвои миллат дар баробари низоми идоракунии давлатӣ, фаъолияти артиш, сарҳад ва низоми амниятро таъсис дод;

- мақомоти ҳифзи ҳуқуқро бунёд гузошта, ҳимояи ҳуқуқи инсон, мавҷудияти шаклҳои гуногуни моликиятро кафолат дод ва таъмин кард.

Маҳз  ба  шарофати  Пешвои миллат  халқи  Тоҷикистон  ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас  шумурда,  таъмини  соҳибихтиёрии  давлати худро  дарк  намуда, баробарҳуқуқӣ  ва  дўстии  тамоми  миллату  халқиятҳои сокини кишварро  эътироф  карда, Конститутсияи нави мамлакатро қабул намуд. Қабули Конститутсия, интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ дар асоси Конститутсияи нав ва таъйину тасдиқи ҳамаи сохторҳои давлатӣ ҷомеаро ба сўйи таҳкими ҳокимияти давлатӣ, сохтмони ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳидоят намуд. Конститутсияи  соли  1994  сохти  президентии  идораи  мамлакатро ба  ҳукми  қонун дароварда,  мақоми  парламентро  мушаххас  ва ҳамаҷониба муқаррар кард. Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон қадами устувор ҷониби инкишофу такомули парламентаризми тоҷик гардид. Бо  ифодаи  ҳамфикрию  пуштибонӣ  аз  сиёсати  пешгирифтаи  Сарвари миллат халқи покзамиру сулҳпарвари Тоҷикистон эътимоду боварии хешро рўзи қабули нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  тариқи  раъйпурсии  умумихалқӣ  6  ноябри  соли  1994  изҳор  дошта, Эмомалӣ Раҳмонро  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд.[3]

Парлумони нав – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун як мақоми қонунгузор, қонунҳоеро таҳия кард, ки иҷрои онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Парлумони Тоҷикистони соҳибихтиёр дар давраи фаъолияти худ то кунун зиёда аз 1000  қонунро баррасӣ ва қабул намуд, ки онҳо асоси ҳуқуқии таҳким ва рушди ҷомеа гардиданд ва заминаи ҳуқуқии таҷзияи ҳокимиятро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ омода намуда, низоми мувозинаи ҳокимияти давлатиро ба манфиати инсон роҳандозӣ кард. Имрўз, мувофиқи асли ( принсипи) таҷзияи ҳокимият, ду палатаи мустақили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият фаъолият мекунанд. Бояд қайд кард, ки парлумони нави касбӣ аз имтиҳони ҷиддӣ гузаштааст. Қабули як силсила қонунҳои муҳим ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби вакилон таҳия, баррасӣ ва қабул шудаанд, аз ин шаҳодат медиҳад. Парлумони кунунӣ намунаи воқеии демократия мебошад,  ки  дар он намояндагони ҳизбҳои сиёсии гуногун, фраксияҳо, кумитаҳо, комиссияҳо ва гурўҳи вакилон амал мекунанд. Фаъолияти Маҷлиси Олӣ исбот кард, ки чунин сохтори ҳокимияти қонунгузорӣ ҷавобгўи талаботи ҷомеаву кишвар аст ва заминаҳои густурдаи ҳуқуқиро барои қабули саривақтии қонунҳо ва ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда муҳайё созад. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақоми олии ҳокимияти намояндагиву қонунгузор тавонист такмили минбаъдаи асосҳои ҳуқуқии рушди ҷомеаро таъмин намояд. Қонунҳои қабулшуда муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеаро ба танзим медароранд ва барои пеш рафтану наздик шудан ба ҷомеаи муосири пешрафта мусоидат мекунанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори давлатии Тоҷикистонро ҳамчун давлати ягона муайян намуд. Дар он тартиби нави муносибатҳои дутарафа байни мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ ба назар гирифта шуд. Дар ҷойҳо мустақилияти маҳаллӣ ва роҳбарияти мутамарказ таъмин карда шуд. Бо дарназардошти воқеияти имрўза, масъулияти ҳокимияти маҳаллӣ дар назди ҳокимияти марказӣ ба назар гирифта шуд.  Инчунин, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул шуд, ки он асоси таҷдиди ташкили  сохтори ҳокимияти иҷроия гардид. Сохторҳои ҳукумативу давлатӣ,  низомҳои адлия ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амалан аз нав таъсис дода шуданд.

Бо мақсади кафолатҳо дар бобати истифодаи меъёрҳои  конститутсионӣ, Суди конститутсионӣ ташкил ёфт, ки мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқии Конститутсияро муайян мекунад ва дар фаъолияти худ мустақил мебошад.

Бо мақсади таҳкими мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти суд, прокуратура, милитсия, гумрук, андоз ва ғайра аз қаллобон, ришвахўрон ва дигар ашхосе, ки ҳокимиятро беобрў месозанд, тоза карда шуд ва як мақоми навини ваколатдор дар самти мубориза бар зидди фасод Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъсис дода шуд. Фаъолияти  вазоратҳои  умури  дохила,  амният,  мудофиа  ва  Прокуратураи генералӣ дар асоси талаботи конститутсия аз нав сохта шуда, ба ин соҳа кадрҳои баландихтисос сафарбар шуданд. Вазъияти ногувори дохилии  Афғонистон,  алалхусус  қочоқи  маводи  мухаддир ва силоҳ, ҳамчунин воқеаҳои дигар дар марзҳо бо ин кишвар,  водор  намуд,  ки соли 1997 Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад .

Дар паёми  худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон  изҳор  доштанд,  ки  неруҳои  сарҳадии  Тоҷикистон  чун  рамзи соҳибихтиёрии  давлат  давра  ба  давра  нигоҳбонии  марзҳои  кишварро дар ҳама қитъаҳо ба дасти худ хоҳанд гирифт. Дар тўли солҳои истиқлолияти давлатӣ мақомоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ташаккул ва такмил ёфта, дар ҷараёни барқарорсозии сулҳ, пойдор намудани сохти давлат ва таъмини амнияти миллӣ нақши муҳим бозиданд.

Дар  ин  давра  дар  сохтори  Вазорати  корҳои  дохилӣ  низ  як  қатор корҳои такмилу навсозӣ анҷом дода шуданд, ки ин ҳама барои пешгирӣ ва  коҳиш додани  сатҳи  ҷинояткорӣ,  ҳар  чи  бештар  ошкор  намудани ҷиноятҳои содиршуда заминаи мусоид фароҳам оварда, дар амалӣ гардидани ҷараёни халъи силоҳ ва ба эътидол омадани вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷумҳурӣ саҳми назаррас гузоштанд.

Бо  дарназардошти  хатари  ҷиддие,  ки  вобаста  ба гардиши ғайриқонунии  маводи мухаддир  аз  ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  бармеояд,  бо  Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2000-ум дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии назорати маводи нашъаовар таъсис дода шуд.

Яке аз дастовардҳои бузурги Пешвои миллат дар замони муосир таъмини фазои озоди демократӣ, мавҷудияти гуногунандешии сиёсӣ, заминаҳои ҳуқуқии рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ ва рў овардан ба сиёсати таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар кас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Фазои озоди демократӣ халқи тоҷикро ба ҷараёни анъанаи давлатдории пешқадами ҷаҳонӣ шомил намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд, ки миллати тоҷик қудрат дорад ва метавонад ҳастӣ ва рушди ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии худро мисли дигар кишварҳои пешрафта дар асоси дастовардҳои навин роҳандозӣ намояд. Дар ин замина Тоҷикистон тибқи Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ интихобот ва раъйпурсиҳои умумихалқиро дар солҳои 1994, 1999, 2003, 2016    баргузор намуда, дар майдони сиёсат ҳизбу ҳаракатҳои сиёсиро тибқи стандартҳои байналмилалӣ ворид сохта, плюрализми сиёсиро таъмин кард.  

Бо шарофати Пешвои муаззами миллат соли 2013 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки самти асосии фаъолияти он  барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ нигаронида шудааст. Донишкада маҳз ҳамон мактаби идоракунии Пешвои миллат аст, ки тамоми таҷрибаҳо ва натиҷаҳои дар тўли 25 соли истиқлолияти давлатӣ ба даст овардаи ин шахсияти бузурги таърихӣ бо тамоми бурду бохт ва дар асоси омўзиш ва таҳлилҳои назаррас барои донишҷўён, магистрон ва хизматчиёни давлатӣ омўзонида мешавад.

Тоҷикистон таҳти роҳбарии ин шахсияти бузурги таърихӣ  даҳҳо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷонибаю дуҷонибаро ба имзо расонида, ба узвияти чандин созмонҳои байналмилалию минтақавӣ шомил гардид. Маҳз бо ташаббус ва дар натиҷаи кўшишҳои  Пешвои миллат солҳои 2005-2015 дар арсаи байналмилалӣ «Дахсолаи амалиёти об барои ҳаёт» аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид эълон гардид, ки ин нишонаи ғамхорӣ ва савияи баланди инсондўстии ин шахсият мебошад. 21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумиии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи  A/RES/71/222-ро таҳти унвони  «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 » бо ҳаммуалифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд, ки ин ташаббус аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар ҷараёни Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея  ироа ва пешниҳод карда шуда буд, ки ин эътирофи миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ аст.

Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори моҳир, давлатмарди барҷаста ва шахсияти фавқулода аз рўзҳои аввали зимоми идораи давлатро ба даст гирифтан на танҳо мушкилиҳои давравӣ ва масоили ҳалталаби рўзмарра ва замонавии халқро сари вақт дарк карда, вобаста ба шароити таърихӣ ва имкониятҳои мавҷуда дар доираи манфиатҳои миллӣ, давлатӣ онҳоро ҳаллу фасл мекард, инчунин тавонист ба ҳайси як роҳбари стратег ва дурбин аз байни масъалаҳои ҳалталаб ва мушкилиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавӣ 3 масъалаи стратегӣ, тақдирсоз ва ҳаётии кишварро муайян намуда, сиёсат ва тамоми неруи ҷомеаро ҷиҳати ҳалли онҳо равона намуд, ки онҳо аз  иборатанд.

Таҷрибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ дарси ибрати давлатдорӣ барои тамоми сиёсатмадорон ва роҳбарони аҳзоби сиёсӣ, мактаби бузурги созандагӣ ва ватандўстӣ барои насли имрўз ва фардои Тоҷикистон мебошад. Барои  ташаккул ва инкишоф додани мафкураи миллии идоракунии ҷавонон бояд дар сатҳи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот  бахши кор бо ҷавононро  ташкил дода,  чорабиниҳои идеологӣ ва заминаҳои омўзиши мактаби идоракунии Пешвои миллат вусъат дода шавад, зеро  аксарияти аҳолиро  деҳотнишинон ташкил медиҳанд. Таҳлилхои оморӣ нишон медиҳанд, ки 80% -и аҳолии ҷумҳурӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва 70%-и аҳолии ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд. Пас аксарияти аҳолии деҳот, қариб 65%-ро  ҷавонон ташкил медиҳанд. Ташкил намудани ин гуна иқдомҳо амри зарурӣ ба ҳисоб меравад.  Итминон дорем, ки пешниҳоди мазкур мавриди дастгирӣ қарор гирифта, дар ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ватандўстӣ, муҳимтар аз ҳама, пайравӣ ба сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллатамон заминаи мусоидеро фароҳам хоҳад овард. Мавриди зикри хос аст, ки ҷавонони мо бояд ватандорӣ ва дўст доштани Ватанро аз Пешвои миллатамон омўзанд, зеро мактаби созандагӣ ва ватандории Эмомалӣ Раҳмон хазинаи бузурги маърифат ва фарҳанги волои худшиносист.

 

 

Неъматуллоев Муродбек Музаффарович – аъзои фаъоли ҳизб  

 


 

 

 


Вакти нашр: 2019-08-14 10:41:18    Хонданд: 77    Муфассал...

ВОХӮРИВУ МУЛОҚОТ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ

  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси нақшаи мулоқоту вохӯриҳои тасдиқнамудаи  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ аз 08.01.2019 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29.01.2019, №42  дар  маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №1 ба номи К.Ахмедов бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Наботов Ш.С., устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода - Олимова Х., Директори МД МСШ№1 ба номи К.Ахмедов – Рустамзода Х.  вохӯрӣ  доир намуд.

Дар вохӯрӣ  доир ба дастовардҳои кишвари маҳбубамон дар зарфи 28-соли соҳибистиқлолӣ,    амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, тарғибу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе  суханронї карда шуд.


Вакти нашр: 2019-08-15 10:00:16    Хонданд: 100    Муфассал...

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҲАДАФҲОИ ОН

Дар таърихи инсоният ҳамон миллат бурд кардааст, ки тақдир бар вай шахсиятҳои бузургро ҳадя намудааст, то чун оҳанрабо халқашро дар атрофи худ муттаҳид кунад ва дар сарзаминаш бо созандагӣ  машғул бошад,  сарҳадашро аз ҳуҷуми душман эмин дорад.

          Солҳои 90–уми асри ХХ сарзамини моро  нооромӣ, парокандагӣ ва ноумеди фаро  гирифта  буд.  Мардуми тоҷик  таҳти роҳбарии Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ–Пешвои миллат,  Президенти ҷумҳурӣ,  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  тавонист, бо азми устувори Ватанхоҳӣ аз вартаи хатари  нобудӣ  ва  парешони ба шоҳроҳи рушду тараққӣ  қадам  ниҳад.  Хушбахтона, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азми комилу хиради фарогир дар муддати начандон тӯлонӣ миллати парешоншударо сарҷамъ намуда, ваҳдати миллиро барқарор намуд.

          Имрӯз барои мо–ҷавонон мояи ифтихор аст, ки дар Ватанамон сулҳу ваҳдат ҳукмфармост ва мо аз ин фазо нафас мекашему озодона зиндагӣ мекунем. Бо қаноатмандиву ифтихор изҳор медорам, ки таваҷҷуҳ ва ғамхории  падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри ҷомеа, яъне ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равшан ба назар мерасид.

           Воқеан, масъалаи ҷавонон дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон яке аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ гардидааст. Чунки ояндаи ҳар як кишвар ба ҷавонони он вобастагӣ дорад. Чунон ки худи Президенти ҷумҳурӣ,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармояд: «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор дорем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлоли мо бо нангу номуси миллӣ ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди дарки ватандорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзанда мегузоранд ва ба модар Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».

         Аз ин рӯ, аз ҳар як падару модар, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа хоҳиш карда мешавад, ки ҷавононро дар рӯҳияи Ватандӯстӣ,  худшиносии миллӣ, нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ,  ки ба осонӣ ба даст наомадааст, тарбият намоянд.  Зеро дастоварди  бузурги  миллати  тоҷик  дар  зарфи 28 сол ин ба даст овардани  истиқлолият ва ваҳдати  миллӣ аст ва бояд мо ин арзиши миллиро ҳифз ва эҳтиром намоем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти хирадманди ҷумҳурии мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша чунин таъкид менамоянд: «Бақову пойдории Тоҷикистон ва истиқлолияти он бар пояи Ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмии сокинони ҷумҳурӣ устувор аст. Ин ду мафҳум – Истиқлолият ва Ваҳдат дар ягонагӣ буда, бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд».

            Воқеан ҳам, бе ваҳдат ҳаёт ва ҷомеаи солим вуҷуд дошта наметавонад ва он неруи бузургест, ки тавассути он шукуфоии ҳамаҷонибаи кишвари азизамон сурат мегирад. Шукргузории воқеии мо дар он зоҳир мегардад, ки ҳамин неъмати бузург - Ваҳдати миллиро, ки натиҷаи ҷоннисориҳои Сарвари давлат ва сабру таҳаммулу дурандешии мардум ва ҳамбастагии созмонҳои байналмилалӣ ба даст омадааст, ҳимоя намоем ва баҳри пойдорию таҳкими он бо ҳисси баланди ватандӯстӣ чораҳои зарурӣ андешем.


         Ҷавобан ба ғамхориҳои беназири Пешвои миллатамон ҳамагон пайрави чунин ҳидояти хирадмандонаашон бошем: «Дӯст бошед, иттифоқ бошед, шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед, шукронаи ҳамин давлат кунед, шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред!»


Дар ин бобат бузургвор Ҳусайн Воизи Кошифӣ низ ба таъкид фармудааст:


Ҳар кӣ кунад шукр, зиёдат барад,
Шукр сӯйи шаҳри саодат барад.

С.Собирҷонов. – узви фаъоли ҲХДТ                                                                                            

 

 


Вакти нашр: 2019-08-15 10:13:16    Хонданд: 103    Муфассал...

ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ҲАМЧУН КАФИЛИ РУШДУ СУБОТИ ДАВЛАТ

Терроризм  ва   экстремизм, аз ин ҷониб,   чун  вабои  аср  хатари глобалии  ҷиддӣ  буда,  аз  ҷониби  дигар,   аъмоли  он  гувоҳ  аст,  ки  Террорист  ватан,  миллат  ва  дину  мазҳаб   надорад,  балки  як  таҳдиде   ба  ҷомеаи  ҷаҳонӣ   ва  ҷони  ҳар  як  сокини  сайёра   аст.

                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон.

    Ҷаҳони имрўз пайваста барои таъмини суботу оромӣ  ҷустуҷўи роҳҳои муносибро  ба харҷ медиҳад. Дар ин раванд иқдомҳое, ки аз ҷониби давлати Тоҷикистон, ба хусус бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  амалӣ мегарданд, дар пеши назари оламиён ҷойгоҳи сазовор доранд, Зеро ин иқдомҳо барои аз байн бурдани падидаи ифротгароӣ саҳми арзанда доранд.

    Лозим ба таъкид аст, ки ифротгаройӣ  барои  ҷомеаи  инсонӣ  зуҳуроти  чандон  нав  нест.  Мақсад,  мазмун  ва  моҳияти  ин  амали  номатлуб   барои ҷомеа, дар  ҳама  давру  замон      ва  макон    хавфнок  буда, тарзу  усул,  восита  ва  амалигардонии  он   ба  навъи гуногун  сурат  мегирад.

    Мутассифона, имрўз бо чунин амалҳо бархе аз ҳамватанони мо низ тавассути гаравидан ба мафкураҳои  ифротӣ мехоҳанд ҳаёти ҷомеаро халалдор  созанд. Ҳарчанд  дар бисёр маврид онҳо барои фиреби мардум  аз шиорҳои динӣ истифода мебаранд, вале  чеҳраи аслияшонро аҳли ҷомеаи мо алаккай шинохтааст ва дар симои худи онҳо хатари бузургро  барои  ҳаёти дини мубини  ислом мебинанд. Худ қазоват кунед, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ бар асари  чунин  амалҳои нангини баъзе аз гурўҳи мусулмонон нафрату бадбиниро нисбати кулли ҳамдинони мо ривоҷ дода истодаанд. Ҳисси исломҳаросӣ ба дараҷае боло  рафта аст, ки ҳар як аврупойӣ имрўз дар симои мусулмонон чеҳраи ифротгарою  тундгароро мебинад. Хушбахтона, дар байни афроди ба ҷабҳаҳои  ифротгаройи   даҳшатафкани доираи байналмилалӣ пайвастшудаю даст ба аъмоли нопок зада шумораи ҳамватанони мо камтар ва ангуштшумор аст. Ин ҳам бошад  натиҷаи сиёсати дурусти роҳбари давлатамон ва фаъолияти пурмаҳсули сохторҳои  қудратии кишвар мебошад. Маҳз  тавассути чунин кўшишҳо саривақт пеши роҳи амалҳои нопоки ҷиноятпеша гирифта мешавад ва амнияти шаҳрвандон таъмин мегардад.

   Андешаи зикршударо наворе, ки рўзи  8-уми август тавассути телевизион пахш шуд, тақвият мебошад. Филми мазкур  ифодагари он  аст, ки маѓзҳои  махлутшудаю  иродаҳои ба қиммати ваъдаҳои хоҷагони берунӣ сустгашта ҳеҷ гоҳ шарафи ватандорию миллатдўстдориро қабул  надоранд. Мо бори дигар шоҳиди он гардидем, ки  ҲНИ  ва аз ҷумла пайрави  сарсупоридаи он генерали балвогар Назарзода, маъруф бо тахаллуси Ҳоҷи Ҳалим  ҳеҷ гоҳ ба тақдири мардуми ин сарзамин нигоҳи хайрхоҳона надоштаанд. Бо дастури чунин афрод ба қатл расидани шахсиятҳои маъруфи кишварамон ҳисси танаффурро ба ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар пайи кўшиши ноором сохтани ҳаёти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошанд, хоҳу нохоҳ боло мебарад. Илова бар ин,  моро зарур аст, зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи даъватҳои шиоромези мақсади сиёсӣ доштаи дўстони дар нохунак будаамон  нагардем. Дарки ин масъала ба мо имконият медиҳад, ки ба қадри сулҳу суботи кишварамон расем ва онро пуштибонӣ намоем.  

         

Зафари  Шариф -узви фаъоли  ҲХДТ

 


Вакти нашр: 2019-08-15 10:27:10    Хонданд: 81    Муфассал...

КУРСҲОИ КӮТОҲМУДДАТИ ОМӮЗИШӢ ОҒОЗ ГАРДИДАНД

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои ҷавондухтарони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Сино оғоз гардид.

Курсҳои омӯзишӣ дар се самт қаннодӣ, ороиши мӯй ва дӯзандагӣ равона  гардида,  таҳти   назорати  Юнусова Р.С. - мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Саидова У.Б. – мутахассиси шуъбаи кор бо занони Кумитаи иљроияи ҳизбии ноҳия  дар Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” бо ҷалби 35 нафар ҷавондухтарон оғоз гардида, тули се моҳ идома меёбад.


Вакти нашр: 2019-08-15 14:32:24    Хонданд: 112    Муфассал...

ҲАМОИШ ТАҲТИ УНВОНИ "ВОРИСОНИ АРЗАНДАИ АБӮАЛИ ИБНИ СИНО"

        Бахшида ба Рўзи касбии кормандони соҳаи тиб ва нақшаи- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи  Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур нимаи аввали имрўз ҳамоиш таҳти унвони “Ворисони  арзандаи Абӯали ибни Сино”  доир гардид. 

         Дар он Гулаҳмадзода З. А. - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур,   Шодихон Ҷамшед - муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амробекова Руқия-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

         Нахуст, Гулаҳмадзода З. А. зимни сухани ифтитоҳӣ ҳамаи иштирокдорони  ҳамоиши  мазкурро  бо иди касбиашон табрику шодбош намуд.

        Сипас,  Шодихон Ҷамшед   дар баромади худ оид ба дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соҳаи тиб  ибрози андеша кард. Ӯ   ёдовар шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустиро яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ намуд ва  қайд  кард, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар давоми се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд.
        Амробекова Руқия кормандони соҳаи тибро аз номи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб табрику муборакбод гуфта, ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур барои баргузории ҳамоиши мазкур миннатдорӣ баён намуд. 

       Дар фарҷом   аъзоёни фаъоли ҳизбро, ки дар муассисаҳои тандурустии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур фаъолият доранд, аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ  карда шуд.

 


Вакти нашр: 2019-08-16 14:02:19    Хонданд: 112    Муфассал...

ТАБИБОН - САФОБАХШИ ЗИНДАГӢ

  Ҳамасола дар кишвар кормандони соҳаи тиб ва аҳли ҷомеа ба хотири арҷгузорӣ ва гиромидошт аз хизматҳои арзишманди Шайхураис Абӯалӣ ибни Сино санаи 18-уми августро, ки ба зодрӯзи ин табиби ҳозиқ рост меояд, ҳамчун Иди касбии кормандони тиб таҷлил менамоянд. 

 Дар робита ба ин, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳо ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида ба Рўзи иди касбии кормандони тиб, аксияи умумишаҳриро таҳти унвони  Табибон - сафобахши зиндагӣ бо дастрасии маводи табрикотӣ доир намуданд, ки маҷмўи васеъи кормандони соҳаи тандурустиро фарогир буд. Албатта  иҷрои чунин иқдомҳои дастаҷамъӣ дар татбиқи яке аз самтҳои Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳадафи аслии он дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ, такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустӣ мебошад, мусоидати фаъол хоҳад намуд.


Вакти нашр: 2019-08-16 15:23:09    Хонданд: 94    Муфассал...

ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ АРЗИШИ БЕБАҲОСТ

Ин неъмат ба он хотир бебаҳост, ки барои ба даст овардани тақдири хеш худро ҳамчун миллати тамаддунофари созанда,   эҷодкунанда ва барои дигарон роҳнамо буданашро нишон додан  лозим меояд. Чун миллат роҳи дуру дарози ташаккулёбиро аз сар мегузаронад, дар ин роҳи пурпечутоби таърихӣ ҳамон халқиятҳое ба дараҷаи миллат мерасанд, ки новобаста ба фарозу нишебиҳои таърихӣ, ғолибияту мағлубият дар набардҳои хунин ин мушкилиҳоро паси сар намуда, афзалияти ҷисмонию зеҳнияшро нисбати ғосибонаш нишон дода, озодӣ ба даст меорад.

          Сарчашмаҳои таърихӣ тоҷиконро ҳамчун халқи қадими Қараи Осиё бо вожаҳои гуногун ёдовар шудаанд.

 Дар ҳар ҷо ҳар ҷои Осиё ташкили давлатдории тоҷиконро бо номи сулолаҳо, мавзъеҳои ҷуғрофӣ сабт карда бошанд ҳам, тӯли асрҳо вожаи Тоҷикистон –яъне макони тоҷикон мушаххас набуд. Ин воқеа танҳо тавассути ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамроҳ шудани як қисми миллати тоҷик дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шуд.

         Имрӯз, аз донишҷӯ то олими сиёсатшинос, дар парокандагии миллати тоҷик ҳокимияти Шӯравиро гунаҳкор медонад. Воқеан, агар дар арафаи сиёсати “табақатақсимкунӣ”-и беадолатона, тоҷикони аз ин давлати миллиашон бурунмонда вокунише нишон медоданд ва сиёсати Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемурро дастгирӣ менамуданд, чунин беадолатӣ рух намедод.

         Аммо он нафароне, ки комиссияи тоҷикро дар муайянсозии ҳудудҳои миллӣ сарварӣ менамуданд, чун Абдулло Раҳимбоев, Файзулло Хоҷаев, Фитрат, Беҳбудӣ, ки зодагони минтақаҳои нисбатан пешрафтаи Аморати Бухоро буданд, худро аз Бухорои Шарқӣ, ки он асосан қисмати қафомондаи ин давлатро ташкил менамуд, ҷудо намуданд.

Агар ин аъзоёни комиссия нангу номуси миллӣ медоштанд, худро намояндаи воқеии миллати тоҷик медонистанд, барои тантанаи адолат ҷонисорӣ менамуданд, аммо ин комиссия бар зидди миллати хеш баромад менамуданд. Чунин вазъиятро сиёсатшиноси маъруфи тоҷик Зокиров Г. Н. овардааст: “Зеркомиссияи тоҷикӣ дар мавқеи комиссияи ӯзбекӣ қарор гирифта буд. Тамоми фаъолияти комиссия зидди манфиатҳои мардуми тоҷик равона шуда буд ва дар бештари маврид хосияти душманона ва хоинонаро дошт. Фаъолияти он ҳатто комиссияи қазоқӣ ва қирғизҳоро ба тааҷҷуб оварда буд”.(Зокиров Г.Н. Донишномаи сиёсӣ, иборат аз 3 ҷилд. Душанбе ҷилди 1 с.2015, саҳ212). Аз ин бар меояд, ки айб на дар сохти шӯравӣ, балки айб дар намояндагони миллати тоҷик ва ҳамон маҳалгароию минтақапарастии азалии мо будааст.

         Шояд чунин рафтори аъзоёни комиссия ба он хотир бошад, ки қисмати тоҷикони дар шаҳру деҳотҳои нибатан зиндагии беҳтардоштаю ба маркази илму фарҳанг наздик буда бо тоҷикони қисмати Бухорои Шарқӣ, ки нисбатан қафомондатар буданд, ҳамроҳ шуданро нахоста ба ҳамин хотир худро дар канор гирифта бошанд ва бо ҳамин зиндагӣ бо бегонагонро афзалтар дониста бошанд.

         Яқин аст, ки барои ашхосе, ки нангу номуси миллӣ надорад, шарафу эътибори миллаташонро қадр наменамояд барояш “биҳишт он ҷост, ки озораш набошад”.

          Ин фикр ба он хотир таъкид мешавад, ки ҳоло дар хориҷи кишвар “ватанпарасту миллатдӯстон”-и наве бо маблағгузории хориҷӣ садо баланд карда истодаанд, ки ин истиқлолиятро боз аз нав халалдор сохтанию миллати ҷамъгаштаро пароканда карданианд.

          Бояд донист, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ ҳамон нафароне мерасанд, ки бо миллат ва давлати миллаташ зич алоқаманд буда, махсусияти ҳолати ташаккули миллӣ ва равониашро фаҳмида ҳамзамон марому ҳадафҳои давлати миллиро дарк намуда, мушкилиҳои ҷойдоштаро рафъ сохтанро вазифаи ҷонии хеш медонад, хуб мефаҳмад, ки нишон додани садоқат ба миллату ватан талоши ҳамешагӣ баҳри боло бардоштани обрӯю эътибори Ватан аст. Бесабаб нест, ки баҳри ба даст овардани ин арзиши муқаддас аҷдодони гузаштаи мо яке дар набардҳои хунин баҳри дифои ватан, дигаре дар таҳхонаҳои ғосибон ҷон нисор карда, сеюме тавассути ақлу хирад миллаташро то кунун ҳифз кардааст. Бубинед ҳаким Фирдавсӣ чӣ мегӯяд:

                Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

                Аз он беҳ, ки мулк ба душман диҳем.

 

         Аз ин рӯ, дифои марзу бум, якпорчагии миллӣ, ҷонисорӣ баҳри соҳибистиқлолӣ нишонаи мардию мардонагӣ, нишонаи заковати миллӣ маҳсуб мешавад.

         Ҳаёти ҷомеъаявии ҳар кадом миллат ҳамеша ба зиддиятҳое рӯ ба рӯ мегардад, ки нафароне, гурӯҳе, миллате ҳокимияти халқеро, шукуҳу шаҳоматашро барҳам додаю  худро аз дигарон бузургтар нишон додан мехоҳанд.

         Барои ба ин мақсад расидан миллати ғолиб истиқлолияти миллати дигарро барҳам доданӣ мехоҳад. Аммо намояндагони миллат ба таҷовуз гирифторгашта ва ё хавфи таҷовузро эҳсоскунанда нерӯи иқтисодӣ, сиёсӣ ва зеҳнияшро барои дифои миллаташ “нигоҳ доштани шаъну эътибораш, ба қиём бар мехезад. Чунин сатрҳои дар асри IX гуфтаи шоир Дақиқӣ:

 

Зи шири шутур хӯрдану сусмор,

Арабро ба ҷое расидаст кор.

Ки тахти Каёнро кунад орзу,

Тагу бар ту эй чархи гардун та

 Ҳамин шуури миллӣ, ки дар заминаи мероси маънавии пешгузаштагон ташаккул ёфта буд, миллатро барои ҳифзи асолати миллиаш, шаъну эътибори миллиаш даъват кардааст. Ҳамин буд, ки дар ибтидои асри X дар симои хонадони Сомониён давлате ба вуҷуд омад, ки тоҷикро ҳамчун миллати давлатсоз ба таърих ворид намуд. Ин хонадон ба хатари ташкили як давлати тоҷикӣ аз баҳри оини зардуштӣ гузашта исломро қабул намуда, садоқаташонро ба хилофати араб нишон дода, соҳиби ҳокимият гашта, оқибат мустақилият ба даст оварданд.

Зикр бояд кард, ки баъди мустаҳкамшавии давлати Сомониён, асоси сиёсати ин давлатро таҳаммулгароӣ ташкил медод.

Ҳокимияти Сомониён аз рӯи ҳамин таҳамулгароӣ, ҷудо карда натавонистани “худ”-ӣ ва “бегона”, оқибат ғуломони “содиқашон”-ро ба артишаш ворид намуда, маҳз намояндагони қавмҳои туркиро ба дараҷаи фармондеҳи артишаш бардошт, бехабар аз он ки такя кардан ба қудрат ва тавоноии миллати дигар, ҳатман маънии бовар накардан ба миллати худ ва худро аз дастгирии миллати хеш маҳрум кардан аст. Агар чунин намебуд, давлатдории Сомониён давраи Эҳёи илму маърифати миллати тоҷик дар саҳфаи таърих сабт гашта бошад ҳам, аммо аз ҷониби собиқ ғуломони ба ноз парваридааш барҳам намехӯрд. Пас барои ҳифзи истиқлолияти миллӣ, давлати миллӣ роҳбари асили миллӣ, роҳбаре, ки сазовори боварии миллати давлатсоз бошад, зарур будааст.

Таърихи башар садҳо мисолҳоеро медонад, ки миллат ва роҳбари миллат дар кадом шакл ва барои кадом зарурате эътимод ба давлат ва миллатҳои дигар бастааст ва ба хотири зиёд намудани “дӯстон” ба онҳо бо шартҳои ба назар барои миллат муфид, аҳд бастааст, оқибат пойбанди онҳо гаштааст. Ҳамин аст, ки нависанда, таърихшинос, олими ҳамзамони Сомониён, ки соли 1020 вафот кардааст Мискавейҳ навиштааст: “Бузург шуда наметавонӣ, агар ғизо аз зироати киштаи худ намехӯрӣ, либоси дӯхташударо намепӯшӣ, издивоҷ бо зани дар ватанат тарбиятёфта намекунӣ, аспи дар галаи ватанат калон шударо саворӣ намекунӣ” (“Антология педагогической мысли таджикского народа” Душанбе 2009 саҳ. 96 бо забони русӣ)

         Агар ба ин андешаи мутафаккири бузурги ватандӯсту миллатпарасти ба ору номус, ки 1000 сол пеш гузаштааст дақиқтар назар кунӣ дарк менамоӣ, ки соҳибистиқлолиро тавассути қувваи бегона, маҳсули меҳнати зеҳнии дигарон, андешаҳои маънавии миллатҳои дигар таъмин ва устувор кардан ғайриимкон аст.

         Дуруст аст, ки доду гирифти байни давлатҳои миллӣ боиси таъмини босуботи сиёсию иҷтимоӣ шуданаш мумкин аст, аммо ин мувақатист. Муносибатҳо ҳамон вақт устувор буда метавонад, ки номгӯи маҳсулотҳои байни ҳамдигар ба бозор бароваранда аз рӯи миқдор баробар бошанд, ин аз як тараф, аз тарафи дигар давлати сустараққиёфта амалеро иҷро намояд, ки боиси аз таъсири  давлати пешрафта онро ҳамчун амали муқобили манфиати миллиаш баҳо медиҳад. Намунаи барҷастаи он вайроншавии муносибати байни Эрону Амрикою Аврупо, Туркияю Амрикою Олмон ва ғ. Гузашта аз ин, давлатҳои нисбатан рушдёфта ба хотири дар ин ё он кишвари аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомонда тарҳрезии ҳамагуна барномаҳо ба хотири нигоҳдории ҳузури худ дар ин мамлакатҳо ва то андозае назорат кардан аз болои фаъолияти ин давлатҳо амалӣ карда мешавад.

Аз ин рӯ, ба хотири нигоҳдории соҳибихтиёрии бегазанди миллӣ ҳар кадом фарди миллат огоҳона ба барнома ва нақшаҳои аз хориҷ, аз кадом давлату ташкилоте набошанд баҳо дода, мақсади аслии онҳоро бо оқибатҳои ниҳони эҳтимолиаш баҳо дода тавонанд.

 Онро миллат дарк кунад, ки ҷомеаи имрӯзаи инсонӣ тавре ба ҳавзаю минтақа, ташкилотҳои гуногуни фаромиллӣ ҷудо карда шудааст, ки гӯё ҳамаашон оромию осоиштагии ҷомеаи инсонро хоҳонанд. Агар ба чашми тадқиқ нигарӣ айён мегардад, ки дар асл ин тавр нест. Аз нигоҳи миллӣ, баъди парокандашавии Итттоҳоди Шӯравӣ ҷаҳон ба арсаи ҷанге табдил ёфт, ки дар ин ҷанг ҳама ба муқобили ҳама ҷангида истодаанд. Натиҷаи ин ҷанг харобкорӣ дар Авғонистон, фоҷиаи инсонӣ дар Яман, аз байн рафтани Ливия ҳамчун давлати мутамарказ, харобу валангорсозии Ироқу Сурия ин ба хотири нигоҳ доштани ҳузури худи давлатҳои абадқудрат дар ин ҷой ҳаст.

  Агар миллатҳои гирифтори ҷанггашта мухолифати дохилиашонро барои ҳокимият аз нигоҳдории истиқлолияташон афзалтар намедонистанд, ҳаргиз дар ватанашон чунин ҳодиса рух намедод.

Миллат ва қувваҳои сиёсии қудратхоҳ бояд байни худ на барои сари ҳокимият омадан, балки баҳри чӣ тавр ба таври ақлона мушкилиҳои дар дохили давлат вуҷуддоштаро дастаҷамъӣ ҳаллу фасл намудан талош намоянд. Ҳар кадом қувваи сиёсӣ, агар сидқан миллӣ бошанд, бояд бифаҳманд, ки “грантҳо, конфронсҳо, семинарҳое, ки аз ҷониби давлатҳою ташкилотҳои байналмилалӣ барои соҳаҳои гуногун ҷудо кардаю гузаронида мешаванд, беғараз нестанд. Бесабаб фаъолияти “Соросро дар тамоми дунё ҳамчун фаъолияти вайронкунанда баҳо намедиҳанд. Пас ягона воситаи кам намудани дахолати давлатҳои дигар ин ҳидояти ҳамешагии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Эмомалӣ Раҳмон аст, ки таъкид месозанд худшинос бошед, худогоҳ бошед, илму технологияи муосирро омӯзед ва аз ватану ватандорӣ ифтихор дошта бошед.

         Барои ҳамин ҳам қайд намудаанд: “Дар шароити нави таърихӣ муваффақият ба онҳое бештар муяссар мегардад, ки такя ба илму фарҳанг карда, арзишҳои маънавии худогоҳию ватанпарвариро тақвият медиҳанд, дар замири ҳар узви ҷомеа дарки зарурати пойдории амнияти миллӣ ва давлатиро ба вуқуд меорад.(Эмомалӣ Раҳмон “ Истиқлолият неъмати бебаҳост”. Душанбе 2001 саҳ. 8)

Рафти инкишофи ҳар кадом давлати миллӣ нишон медиҳад, ки устувории онҳо дар бисёр ҳолатҳо ба сифати роҳбарии сиёсӣ ва дараҷаи худогоҳии онҳо, дар кадом вақту замон чӣ гуна масъалаҳоро ба ҷои аввал баровардану диққати миллатро баҳри ҳалли онҳо ҷалб намудан зарур аст, вобаста будааст.

Ба бахти миллати тоҷик имрӯз Пешвояш аз равандҳои ҷаҳони имрӯза ва оқибатҳои фоҷиабораш хуб огоҳанд ва хуб донистанд, ки дар шароити пурихтилофи ҷомеаи ҷаҳонӣ, танҳо миллате дорои шуури қадрсозии шарафу эътибораш аст, ки такя ба ақлу фаросати миллӣ, истифодаи ҳамаҷонибаи моддию маънавии худ намуда, худро аз ин хатарҳо дур карда, истиқлолияташро ҳифзу мустаҳкам месозад.

         Бешак таҳия, қабул ва дар амал тадбиқнамоии нақшаи то соли 2030 ба давлати саноатӣ, аграрӣ табдил додани Тоҷикистон ба хотири он аст, ки миллатро аз муздурӣ раҳо бахшида ҳамчун давлати соҳибистиқлол битавонад ниёзҳои моддию маънавиро дар соҳаи иқтисодиёт, илму техника таъмин намояд.

Бояд донист, ки агар миллат худ ихтирокор, навовар, созанда набошад ақалан як қисми ниёзҳои барои нигоҳ доштани соҳибистиқлолияш худ истеҳсол нанамояд, он гоҳ соҳибистиқлолиашонро дифоъ карда тавонистан хеле мушкил аст. Онро низ бояд дарк кард, ки маҳсули заковати ақли гузаштагон барои ояндагон ҳамчун зербино хизмат менамояд, аммо рубинаро наслҳои имрӯза бунёд менамояд.

 Агар қадрдони гузаштагон будан хоҳӣ, он гоҳ аз ин зербинои маънавӣ тарзе бояд истифода бурд, ки саҳми гузаштааш барои баланд бардоштани қадру қиммати миллат ва мустаҳкамсозии соҳибистиқлолии миллӣ гардад. Қадр намудани истиқлолияти миллӣ ҳамчун арзиши муқаддас аз ҳар кадом аъзои ҷамъият на танҳо заҳмати ҳамешагӣ, балки ҳушёрии сиёсию маданияти баланди хештаншиносиро талаб менамояд. Қиммати ҳар кадом давлати соҳибистиқлол аз рӯи он муайян карда мешавад, ки ин миллат ба дигарон чӣ чизеро пешкаш намудааст, ки аз он дигарон истифода бурда фоида дида бошанд. Миллат танҳо истеъмолгари натиҷаи фаъолияти зеҳнии дигарон набуда худ низ чизе ба он баробар додааст.

 Агар чунин аст, месазад, ки масъалаи истиқлолияти зеҳнӣ дар шароити муайян дар сиёсати бунёдсозии ҷомеа авзалияте дошта бошад.  Ба ҳама маълум аст, ки танҳо тавассути ривоҷи ҳаматарафаи илм ва дар амалия татбиқ намудани он ҷамъият аз ҳама ҷиҳат пешрав мегардад. Беҳтарин муаррификунандаи миллат ин ба бозори ҷаҳонӣ баровардани маҳсулоте, ки дар он ақлу фаросат ва фасоҳати миллат таҷассум ёфта, имконияти ба ҳама хонадонҳо ворид шудан дорад, зеро он ҷо сабти макони бароришаш аст.

Маҳз ҳамин маҳсулоти истеҳсолшуда дар як вақт ҳамчун муаррифкунандаи соҳибистиқлолии миллию ҳам инъикоскунандаи ақлу заковати миллӣ баромад менамояд.

Дар замони ҳозира донистани забонҳои миллатҳои дигар, алалхусус давлатҳои аз ҷиҳати илмӣ- техникӣ барои мустаҳкамсозии соҳибистиқлолӣ ва арзишманд намудани он хеле муҳим аст. Донистани забони хориҷӣ ба ҳар як фарди миллат имкон медиҳад, ки доираи муоширати зиндаро бо намояндагони халқу миллатҳои дигар васеъ намуда ба ҳайси тарғибгарони фарҳанги миллиашон баромад намоянд. Таъкидҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати азхуднамоии забонҳои хориҷӣ маҳз ба ҳамин нигаронида шуда, андешаи “забон донӣ ҷаҳон дони”-ро тасдиқ менамоянд.

      Сангинова Дилором Наимовна – узви фаъоли ҲХДТ                                                                 

 


Вакти нашр: 2019-08-19 10:15:49    Хонданд: 82    Муфассал...

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ ДАР БЕМОРХОНАИ РОҲИ ОҲАНИ ТОҶИКИСТОН

  Дар маҷлисгоҳи беморхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Шоҳмансур – Гулаҳмадзода З.А., муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Роҳи умед” – Латифзода А. ва сардухтури беморхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон – Рустамов С. бахшида ба Рўзи касбии табибон ҷамъомади тантанавӣ  доир гардид.

         Дар  он Гулаҳмадзода З.А. зимни баромади хеш оид ба сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти соҳаи тандурустӣ дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ва дар се соли оянда, нақши табибон дар рушди соҳаи тиб ва хизматрасони ба аҳолӣ ибрози андеша намуда, кормандони соҳаи тибро бо “Рӯзи табибон” табрику шодбош намуда, ба онҳо дар фаъолияти касбӣ ва ҷамъиятиашон бурдбориҳо таманно намуд.

         Дар фарҷом ба аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур супорида шуд.


Вакти нашр: 2019-08-19 14:44:49    Хонданд: 98    Муфассал...

ИФРОТГАРОӢ. ТО ҶАВОНОН БА ОН ҶАЛБ НАГАРДАНД...

    Тибқи таҳлилу таҳқиқ ва маълумоти дақиқи мавҷуда, аксари террористону ифротгароёнро дар дунё ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳарчанд тадбирҳои зарурӣ то ҷое андешидаву амалӣ мегарданд, шумораи онҳо аз ин қишри ҷомеа меафзояд. Чаро? Чӣ тадбирҳои наву иловагиро бар ин бояд афзуд, то дурри мақсуд ба даст ояд?

      Маҳмадулло Давлатов, равоншинос, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар ин хусус зимни суҳбат иброз дошт, ки синну соли аксари ин гурӯҳ 20-25-ро ташкил медиҳад. Ба андешаи ӯ, зарур аст, ки барои ин гуна ташкилоту гурӯҳҳо ва таълиму тарбияи дурусти онҳо, яъне ҷавонон, барномаҳои махсусро қабулу амалӣ бинамоем. Ба ин васила, бояд маърифати ҷавонон боло биравад ва фазои холигӣ ба вуҷуд наояд.

      Мусаллам аст, ки ин гурӯҳҳои даҳшатзо барои ҷалби ҷавонон исломро восита қарор медиҳанд. Дар асл ҳақиқати ислом ва таълимоти онро ба ин гурӯҳҳо намеомӯзонанд. Бо «мағзшӯӣ» ҷавононро аз номи ин дини мубину пок ба қатлу ғорат ва иҷрои мақсадҳои нопоки худ сафарбар менамоянд.
Дигар ин ҳақиқат рӯшан ва собит гардидааст, ки террорист ҳатто ба модару падар, бародару хоҳар низ раҳм надорад. Чеҳраи аслии онҳоро бо таҳлукаву даҳшатафканӣ мардум шинохтааст.
Ба андешаи Маҳмадулло Давлатов, дар охири асри рафта ва садаи нав бо истифодаи техникаву технологияи пешрафта шакли фаъолияти худро дигар кардаанд ва бо куштору даҳшатзоӣ собит намудаанд, ки бо онҳо ҳеҷ гоҳ муросо кардан нашояд. Масъалаи тарбия ва шахсиятсозӣ дар гурӯҳ дар маркази диққати сарварони он қарор дорад. Ин ҷавонон бо дараҷаи баланди агрессия, бадхашмӣ, бадбинӣ мавқеи сазоворро соҳиб мешаванд. Одамонро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд: муҷоҳид ва кофир. Барои ин меъёрҳои махсусро пазируфтаанд.
       То ки корҳои муфид ба ҳангоми тарбияи ҷавонон ба фарҷом бирасад, равоншиносон ба се ниҳод такя мекунанд: оила, мактаб ва ҷомеа. Инчунин, онҳо тавсия медиҳанд, ки дар иҷрои дурусту саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саҳми чашмрас бигиранд. Фарзандон, хоса дар синни наврасиву ҷавонӣ набояд дар муҳити зулм, беадолатӣ ба воя бирасанд. Ба шахсиятсозӣ ва иҷтимоишавии онҳо ҳамаи ниҳодҳои марбута бояд масъул бошанд.
Абдулҳай Маҳмадаминов, доктори илмҳои филология, профессор, баён дошт, ки тарбияи ҷавонон чи дар адабиёти классикӣ ва чи адабиёти муосир аз мавқеи хос бархӯрдор буд. Инчунин, муҳит барои тарбияи солими онҳо созгор ба шумор мерафт. Дар асри гузашта низ анъанаҳову суннатҳои нек устувору побарҷо буданд ва барои идомаи он, зиёиён масъулияти бузургу зиёд эҳсос менамуданд. Махсусан, дар рӯзномаву маҷаллаҳо ин матлаб аз мавзӯъҳои марказӣ ба шумор мерафт.
      Ба тарбияи ахлоқии наврасону ҷавонон бояд бештар диққати ҷиддӣ бидиҳем. Чанд соли охир мо таълимро муқаддам гузоштем ва дар ин самт, албатта, ба дастовардҳо ноил гардидем. Тарбия, хоса тарбияи ахлоқи миллӣ дар зинаи поёнтар қарор гирифт. Чунин муносибат, агарчи дар оғоз камтар эҳсос мешавад, баъдҳо таъсири манфии худро ба тамоми маънӣ ва паҳлуҳои худ мегузорад,- мегӯяд омӯзгору маорифпарвари собиқадор, барандаи Ҷоизаи президентӣ дар соҳаи маориф Ҳабибулло Искандаров.
Зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар, Пешвои миллат, Президенти мамлакат изҳор доштанд: «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем».
       Сарвари давлат як солро махсус ба ҷавонон ихтисос доданд, ки он дар пешрафт ва масъулиятшиносии ин қишри ҷомеа бисёр таъсири нек гузошт. Маҳмадулло Раҷабзода, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода, профессор, гуфт: - Дар ҳақиқат, ояндаи ҳар кишвар ба фаъолияти дурусту пурсамари омӯзгор ва рушди илму маорифи он вобаста аст. Вазъи имрӯзаи ҷаҳон, шомил гардидани ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротӣ ҳар кадоми моро бештар вазифадор месозад, ки дар таълиму тарбияи ҷавонон бо ҳисси масъулиятшиносӣ саҳми чашмрас бигирем, то истиқлолияти бадастомадаро ҳифз намоянду онро таҳким бахшанд.  Пешвои миллат барҳақ иброз доштанд: «Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд». Албатта, ин беҳтарин раҳнамоӣ ва дастур барои ҳар кадоми мост. Амалӣ шудани онҳо, бешак, ба ҳалли дурусти масъала ва пешгирии ҷавонон аз ҳамроҳшавӣ ба ташкилотҳову гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мусоидат мекунад.
Абдулқодири РАҲИМ

 


Вакти нашр: 2019-08-19 14:55:57    Хонданд: 81    Муфассал...

АЗ МУҲАББАТ ТО МАСЪУЛИЯТ

Сатҳи зиндагии мо вобаста ба андешаю рафтори худи мост. Табиист, ки саодати пайваста ва неъматҳои фаровон ҳамеша насиби кас намегарданд. Дар шебу фарози зиндагӣ ҳамеша дар шитобем. Шитобкорӣ сабаб мешавад, ки зиштиҳоро нек пиндорему хубиву накукориҳои ақлу хирадро нодида гузарем. Ифрот бо ҳама боду ҳавои назарфиребаш қалбу рӯҳ ва дидаи ақлу ҳуши моро кӯр мекунад.

       Китоби зиндагӣ аз таҷрибаю ҳикмат ва панду насиҳатҳои ибратомӯз холӣ набуда, дастраси ҳар хонанда ва дӯстдори асили фанни зиндагӣ мебошад. Ҳикматҳои беназири китоби зиндагӣ моро водор мекунанд, ки аз ҳар саҳифа ва ҳар сатри он самаранок баҳрабардорӣ намоем ва андешаю афкори худро бо усули нав, дар маҷрои наву созандагиҳои боз ҳам азимтаре равона созем. Зиндагии мо аз ранҷу ганҷ, муҳаббату рақобат ва садоқату хиёнат барин мафҳумҳои пуртазод холӣ нест. Чашидани лаззати ҳар кадоме аз ин мафҳумҳо ба сабки андешаронӣ ва рисолати мафкураамон вобастагии зиёд дорад. Агар қудрати андешаи мо маҳорати дидану шинохтани нури дар дуриҳои дур аён будаи иқболу саодат, файзу баракатро дошта бошад, он гоҳ метавон аз лаззати хони меҳнати мо баҳравар шуд.

      Хастагию парешонҳолӣ ва ғаму андуҳ дар ҳамон даргоҳ ҷойгузин мешавад, ки аҳли он сарзамин дарси ваҳдату қудрат, ибрату нусрат ва асолати рафоқатро наомӯхтаю таҷриба накарда бошанд. Қадри озодию неъмат, сулҳу ваҳдат ва файзи меҳнатро оне мешиносаду қадр мекунад, ки қудрати андешааш мизони ҳаққу ботилро бе хато муайян карда метавонад. Касе, ки талхии ғаму ғурбат, дарду ранҷ ва ҷабру ситамро эҳсос карда бошад, қимати озодию ободӣ, ишқу муҳаббат ва саодату садоқатро медонад. Миллати мо аз он миллатҳоест, ки чӣ будани дарду ғам, шикасту рехт ва ғурбату ранҷро медонад. Чӣ будани озодию адолатро хуб мешиносад. Аз он тоифае нестем, ки барои мо дигарон ҳамаи шароити зисту зиндагӣ ва неъмату сарватҳои дилхоҳро ҳадя карда бошанд.
Саҳнаи пурасрори таърих бо раванди бемайлону тавонои худ ҳамеша таъсиргузори ҷараёни ҳаёти одамон буда, имтиёз ва меҳру шафқати хоссаи худро ба ягон миллату давлат ва қавму қабилае чун мерос раво надоштааст. Бартарию имтиёз ва зиндагии шоиста зодаи ақлу хирад ва андешаи солими ҳар халқу миллат ва давлату ҳукумат хоҳад монд. Имрӯз ба симои оростаю дилкаши шаҳру рустои Ватани азизамон нигариста, созандагию ободкориҳои пайдарпайро шоҳид мегардем. Намои куллан тағйирёфтаи ҳар гӯшаи кишвар дар сифату сурати зебо нишон, самара ва дараҷаи андеша, тафаккур ва ҷаҳонбинию худшиносии мардуми мост. Андешаҳои наву созандаи мо чун насими тозаофарини фасли баҳорон дар ҳама самтҳои фаъолияти заҳматкашони кишварамон таваҷҷуҳпазир буда, дастовардҳои боз ҳам бештару хубтареро тавлид менамоянд. Як назари холисона ба пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе кофист.

        Мувофиқи маълумотҳои бисёре аз сарчашмаҳои таърихӣ, шаҳри Душанбе 27 - умин пойтахтест, ки аҷдоди мо бунёд кардаанд. Аз соли 1924 то имрӯз дигар на Марву Ҳирот, Афросиёбу Самарқанд, Ҳамадону Урганҷ ва Бухорову Кобул, балки Душанбе пойтахти нави давлати тоҷикон ва тоҷикистониён аст.
Имрӯз, ки андешаю тафаккур ва ҷаҳонбинии мардуми мо дар сатҳу сифати нисбатан фарқкунандае аз замони гузашта аст, бештару хубтар аз ҳама бояд ваҳдати андешаро дар заминаи устувору халалнопазир, нигоҳи дақиқу дурбинона ва обутоби холисан ватанпарваронаю башардӯстона такмил дода, корҳои созандагию ободкориҳои бештареро ҳам дар пойтахту ҳам дар вилояту ноҳияҳо вусъат диҳем. Андешаи нав, нигоҳи нав ва амалҳои нав дар партави андешаю дурбиниҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фосилаи солҳои 2019 - 2021, ки Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидаанд, саросари марзу буми Тоҷикистонро ба мисли пойтахташ назаррабою гулбасар хоҳанд намуд.
Имомалӣ ТАБАРӢ

 


Вакти нашр: 2019-08-19 15:03:09    Хонданд: 75    Муфассал...

ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ “ХОВАРОН”

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар асоси нақшаи мулоқоту вохӯриҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ аз 08.01.2019 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29.01.2019, №42 дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №71 бо сокинони маҳаллаи “Ховарон” вохўрї доир намуд.

       Дар он Амробекова Руқия-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Изатуллои Ҳабибзод - муовини раис, роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Сафаров С.С. - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе   ва Қурбонова Ш. - вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронї намуданд.   

          Баромадкунандагон зимни баромади хеш оид ба зарурияти таърихии бунёди ҷомеъаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи характери иҷтимоидошта, ташаккули системаи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол, раванди ба саҳнаи сиёсӣ воридгардидани ҳизбҳои сиёсӣ, гуногунандешии сиёсӣ, оппазитсияи конструктивӣ, дастовардҳои Тоҷикистон баъд аз ба имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушду тараққиётӣ ҷомеъа ибрози андеша намуданд. Инчунин, оид ба таълиму тарбияи фарзандон, насли наврас ташаккули афгори чамъиятии онҳо, оқибатҳои манфии зуҳуротҳои номатлуб баёни андеша намуда, сокинони маҳалларо ба муттаҳидӣ дар атрофи сиёсати давлату ҳукумат ва Пешвои миллат даъват намуданд.


Вакти нашр: 2019-08-19 15:11:00    Хонданд: 96    Муфассал...

ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР САМТИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ КИШВАР

Аз файзи нодиртарин дастоварди миллат, аз нури хуршеди истиқлолият, Нишони кишвари мо пурҷило ва Парчами давлати соҳибихтиёри мо сарбаланду парафшон гардида, аз шўълаи ҳаётбахши истиқлол рўзгори мардуми кишвар осоишу баракати тоза пайдо намудааст. Воқеан, истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандўсти мо, василаи асосии ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад.

Мардуми кишвар дар атрофи Пешвои муаззами худ ва Ҳукумати қонунӣ муттаҳид гардида, ягона роҳи дурусти таърихӣ, яъне эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявиро пеш гирифтанд. Самараи ин муттаҳидсозиҳову талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки пойдевори давлатдории миллии мо мустаҳкаму пурқувват гардида, сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои сахту сангин, мо тавонистем,  ботакя ба ақлу заковат ва дастгирии самимонаву заҳмати софдилонаи мардуми сарбаландамон,  дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ба сўи фардои осудаву обод устуворона қадам гузорем. Бо шарофати истиқлолият ва таҳти парчами Ватани азиз, имрўзҳо хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ, бо азму талоши ватандўстона заҳмат мекашанд ва дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои зиёди назаррас ноил гардидаанд.

Аз замони ба даст овардани истиқлолият, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кишвари мо ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ гардид. Ба ин омил, бо мақсади кафолатдодани таъмини сатҳу сифати зиндагонии хубу шоистаи аҳолӣ таваҷўҳи махсус зоҳир карда шуд. Ба манфиати  шахсони ғайри қобили меҳнат ва шахсони камбизоат тақсим намудани даромади миллӣ, принсипи мустаҳкамии иҷтимоӣ маҳсуб гардид. Дар ин раванд, суғуртаи иҷтимоӣ, ҳамчун қисмати муҳими сиёсати иҷтимоии давлат, характери иқтисодӣ ва сиёсӣ гирифт. Ҳаллу фасли тадриҷии масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ нисбат ба ятимон, маъюбон, нафақахўрон, пиронсолони барҷомонда ва дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эътироф гардид. Дар ин замина, то кунун давлат тамоми чораҳоро андешида истодааст, то ки ин гурўҳи осебпазири аҳолӣ худро бе пушту паноҳ ва беҳифзу ҳимоя эҳсос накунанд.

Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар раванди ислоҳот, ҳукумат ба таъсиси институтҳои ҷамъияти шурўъ намуд, ки дорои аҳаммияти махсус барои сохтани ҷамъияти шаҳрвандӣ мебошанд. Ин амал дар асоси таҷрибаи ҷамъшудаи ҷаҳонӣ, дар радифи кишварҳои абарқудрате, ки низоми суғуртаи иҷтимоии онҳо дар шароити буҳронҳои шадиди иқтисодӣ сохташуда буданд, ба вуқўъ пайваст. Дар ин раванд, диққати тамоми олимон ва сиёсатшиносони кишвар, ба пайдо намудани роҳҳои баробар байни паҳлўҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона гардид.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ вазифагузошт, ки низоми ҳифзи иҷтимоиеро бунёд созад, то ки тавонад, ба  зудӣ ва  ба таври сифатнок сатҳи зиндагии мардуми камбизоатро баланд бардорад, дар баробари ин, ба рушди иқтисодиёт монеаҳо эҷод нагарданд.

Воқеан ҳам, Истиқлолият ва муносибатҳои нави иқтисодӣ имкон доданд, ки рушди бо мароми иқтисодиёт, бахусус соҳаҳои иҷтимоӣ таъмин гардад ва барои боз ҳам ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ ва хусусан буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, тамоми захираҳо ҷалб гардида, истифодаи самараноки онҳо ба маблағгузории пурра ва саривақтии нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ равона карда шавад. Марҳилаи ислоҳот дар кишвари сохибистиқлоли мо, бо ивазшавии куллии сохтори иҷтимоии ҷамъият ба чашм мерасад. Дар баробари ин, новобаста аз он ки дар ибтидои ба даст омадани истиқлолият, маблағҳои буҷети давлатӣ хеле ночиз буданд, тақрибан нисфи маблағҳои буҷет барои амалӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ истифода мегардиданд. Чунин раванди тарҳрезии буҷет минбаъд низ идома ёфта, то кунун батаври қатъӣ риоя мегардад.

Маҳз натиҷаи дастовардҳои даврони истиқлолият дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат буд, ки аз соли 2001 то инҷониб музди меҳнат, нафақа, стипендия ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ зиёда аз 10 маротиба баланд бардошта шуд. Сатҳи камбизоатӣ бошад, аз 81 фоиз то 28 фоиз коҳиш ёфт ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2030 сатҳи камбизоатии аҳолии кишварро ба 15 фоиз расонад. Ҳоло бо ташаббусу талошҳои мунтазами Пешвои миллат ва бо шарофати хизмати аҳлонаи миллати шарафмандамон чор ҳадафи стратегии миллии мо–таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноаткунони кишвар ба марҳалаи ниҳоии худ наздик расидааст.

Хушҳоливу фараҳмандии дигари мардуми кишвар дар он ҳувайдо мегардад,  ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ, симои пойтахти давлати тоҷикон – шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, бо ибтикори раиси ҷавону пуртаҷриба ва дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандўстонаи сокинон ва соҳибкорону тоҷирони бонангу номуси он, амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд.

Таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, марказҳои варзишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва инфрасохтори хизматрасонӣ ҳоло боиси рушди босуръати пойтахти маҳбубамон гардида истодааст. Аёнаст, ки Истиқлолияти давлатӣ, ҳувияту худшиносии миллии мардуми тоҷикро дучанд намуда, барои васеъ намудани тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ, заминаҳои мусоид гузошт. Барои тақвияту густариш пайдокардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, рушду инкишоф, пешрафту гул гулшукуфӣ ва шинохти Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ заминаи пойдор фароҳам овард.

Истиқлолияти давлатӣ бо Пешвои миллат ду мафҳуми аз ҳам ҷудо нашавандае мебошанд, ки мавқеи Тоҷикистонро дар ҷаҳони муосир мустаҳкам намуда, Тоҷикистони кўчакеро ба як давлати абарқудрат табдил доданд. Номаи тақдири миллатро эҷод карда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати Тоҷикистонро ба арсаи баланд бардоштанд, ҳиммати баланди созандагиву фарҳангпарварӣ ва инсондустии халқи тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.

    Муҳаммадрофеъ Давлатзода -аъзои фаъоли ҳизб аз ТИ Сарват”  

 

 


Вакти нашр: 2019-08-20 14:32:47    Хонданд: 82    Муфассал...

ИСТИҚЛОЛИЯТ - ШУКРГУЗОРИ ИН НЕЪМАТИ БЕБАҲО БОШЕМ

Истиқлолият ҳамчун арзиши муқаддас ва муҳити озоди соҳибихтиёрӣ дар таърихи навини миллати тоҷик саҳифаи наверо варақгардон намуд, ки оғози дигаргуниҳои гардишсоз дар ҳама соҳаҳои ҳаёти давлату ҷомеа гардид. Миллати шарафманду соҳибтамаддун ва куҳанбунёди тоҷик аз азал ба истиқлолият эҳтироми шоиста дошт ва дар гузашта ормони истиқлолхоҳиро як ҷузъи асолати ватандорӣ ва ҳувияти миллии хеш медонист.

         Ин хусусияти барҷастаи ташаккули миллати тоҷикро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле ҳақиқатнигорона дарк намуда, таъкид доштанд: «Дар ниҳоди миллати мо омилҳои бунёдии эҳёи тадриҷии истиқлолият ҳамеша вуҷуд доштанд: асолат ва ҳувияти устувор ва амалан шикастнопазири таърихӣ, суннатҳои беш аз сеҳазорсолаи давлатдорӣ, арзишҳои бузург ва созандаи иҷтимоӣ, фарҳанг ва маданияти дурахшон, ки ҳамаи онҳо дар асл шаҳсутунҳои ҳаёти фаъол ва таърихии мо будаанд».  Аз ин нигоҳ, Истиқлолияти давлатии мо ҳарчанд пас аз гузашти садсолаҳо дар асри XX расмияти сиёсӣ ва шинохти ҷаҳонӣ пайдо намуда бошад ҳам, он заминаи мустаҳками таърихӣ ва асолати устувори қадима дорад.
Истиқлолияти давлатӣ дар баробари неъмати бебаҳо ва дастоварди нодир будан, падидаи ифтихорангез аст, ки масъулияти хос металабад. Дар ҳамин асос, Пешвои миллат доимо самимона аз ҳамватанони хеш даъват менамоянд, ки муқаддасу гаронарзиш будани истиқлолиятро дарк намуда, ба қадри он бирасанд. Зеро бақои истиқлолият аз ҳифзи он аз таҳдидҳо ва саҳмгузорӣ дар тақвияти пояҳояш вобастагӣ дорад. Шароити мураккабу печидаи ҷаҳони имрӯза, ки аз зиддияту ихтилофҳо холӣ нест, тақозо менамояд, ки ҳар фарди Ватани маҳбубамон дар амри дифоъ аз истиқлолият тавассути фикру амали созанда, ободгариву бунёдкорона, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, бо эҳтиром гузоштан ва гиромӣ доштани муқаддасоти ин сарзамини аҷдодӣ содиқу фидокор бошанд.
Тавре Пешвои миллат огоҳ месозанд: «Таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлолият кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои истиқлолият кори аз он ҳам душвортар аст».
      Метавон гуфт, ки танҳо сатҳи маърифату маънавиёт, доираи ҷаҳонбинӣ, фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳушёриву зиракӣ, огоҳии ҳуқуқӣ, эҳтиром гузоштан ба волоияти қонун, риояи қатъии тартиботи ҳуқуқӣ, ифтихори миллӣ, маданиятнокӣ, гиромидошти тамаддуни гузашта ва рӯҳияи ватанхоҳию ватанпарварӣ ҳамчун сифатҳои асосии шаҳрвандони фаъолу бо ташаббуси кишварамон дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пойдории он мусоидат намуда, дар оянда низ маром, ҳадаф ва манфиатҳои миллиамонро таъмин месозад, суботи кишвар ва оромии ҷомеаро ҳам имрӯзу ҳам барои фардо тақвият мебахшад.
      Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар барафрохтани кохи шукӯҳманди Истиқлолияти давлатӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадсолоронаи Пешвои миллат, баҳри татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ, ҳисси баланди сарҷамъиву муттаҳидӣ нишон дода, ба қадри истиқлолият бирасем ва шукргузори ин неъмати бебаҳо бошем.
Суҳроб РӮШАНЗОДА

 


Вакти нашр: 2019-08-22 10:30:12    Хонданд: 79    Муфассал...

ВАТАН ОБОДИЮ ХУШБАХТИИ МОСТ

Дар маҳаллаи Крупская 1-и ноҳияи Фирдавсӣ дар асоси нақшаи мулоқоту вохӯриҳои тасдиқнамудаи  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ аз 08.01.2019 ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29.01.2019, №42 ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни сокинони ноҳия дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ, махсусан шаҳраку маҳаллаҳо оид ба таблиғу ташвиқи дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, одоби шаҳрнишинӣ,  фарҳанги  миллӣ  ва пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона суҳбату вохӯрӣ доир гардид.

        Дар чорабинии мазкур Сайфулло Сафаров - ходими сиёсӣ, собиқадори фаъоли ҲХДТ,   ва Заррина Зуҳурова - мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.  

      Сайфулло Сафаров дар мавриди рушду пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳарф зада, таъкид намуд, ки аз рӯи бисёр нишондодҳои иқтисодӣ Тоҷикистон дар миёни давлатҳои ИДМ дар сафи пеш қарор дорад, ки бунёду ободии роҳҳои мамлакат аз ҷумлаи ин дастовардҳост. Бо вуҷуди вазъи ноороми сиёсӣ дар давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон тавонист самтҳои муҳиму афзалиятнокро рушд  диҳад ва ба ҳадафҳои стратегии хеш бирасад. Мавсуф дар мавриди ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ, забономӯзӣ, ҳунаромӯзии ҷавонон низ ибрози назар намуд.

      Дар фарҷом миёни сокинон ва баромадкунандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.   


Вакти нашр: 2019-08-22 16:00:14    Хонданд: 86    Муфассал...

ИҚДОМИ ХАЙРИЯВИИ ВАКИЛ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ ХОНИШ

Дар арафаи соли нави таҳсил бо пайгирӣ аз сиёсати эњсонкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи қарору супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Хуршед Файзуллозода дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ ба 11 нафар кӯдакони ятим, нимятим сару либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш  тақдим намуд.

         Мавриди зикр аст, ки номбурда дар арафаи ҳар иду айём иқдомҳои хайриявӣ анҷом дода, дар ҳалли мушкилоти сокинони шаҳраки 42 ва маҳаллаи «Равшангарон»-и ноҳияи Фирдавсӣ саҳм мегирад.


Вакти нашр: 2019-08-23 09:25:09    Хонданд: 85    Муфассал...

ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ АЗИЗИ МАН

Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб. Аз ин рӯ, меҳри беканори ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу ҷон аст. Сарзамини нотакрор, макони бузургони хирад, оқилу фарзонагон ва абармардон мебошад. Тоҷикистон бе ҳеҷ муболиға нуқтаи зарринест дар сайёраи сабзқабои Замин. Сарзамини мо ҳарчанд камзамин аст, аммо дар асл як ҷаҳонест бекарон, биҳиштест беназир ва остонест муқаддас ва марзест шариф. Марзи тоҷикон (ҳамчунин марзҳои таърихии тоҷикнишини Осиёи Марказӣ-Мовароуннаҳру Хуросони Кабир) гаҳвораи тамаддуни башарист, чунки қадимтарин қавмияти фарҳангофари башарӣ-ориёиҳо маҳз аждоди гузаштаи тоҷикон мебошанд, ки башарро ба гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек ҳидоят намудаанд. Тулӯи хуршеди маърифат дар олами башарӣ маҳз аз сарзамини тоҷикон-Суғду Бохтару Хуросон, Ҳироту Балх ва Марву Хоразм оғоз шудааст.

Тоҷикистон-ватани азизи мо дар зоти худ назир надораду мардумаш ба хазинаи фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, бузургтарин абармардони илму хирадро додааст. Мамлакати мо аз нигоҳи ҷуғрофӣ хурд аст, аммо қалби мардумонаш-тоҷикон дарёест бекарон, саршори хираду маърифат ва муҳаббату самимият. Равшан аст, ки Тоҷикистон кишвари пурганҷу пурэъҷоз ва пурсарвату бой аз захираҳои табиист. Қуллаҳои барфпӯшу яхини Тоҷикистони азиз захираи бебаҳои оби зулоланд. Агар ҷаҳони муосир ғарқи нафси сармоядорӣ асту бо нафти сиёҳ меболад мо аз он меболем, ки кишвари мо биҳиштест, ки захираи обҳои нӯшиданӣ инҷо воқеъ аст. Бе нафт метавон зист, аммо бе об наметавон зиндагӣ кард. Об ҳасту ҳаёт аст. Пас чаро ман аз чунин Модар-Ватан ва марзи биҳиштии он, ки макони ҳазорҳо намуд меваҷоту сабзавот, паррандагону чарандагон, гулзорону чаманзорон ва чашмасорони оби пок аст, наболам. Тоҷикистон бо манзараҳои дилфиреби куҳиаш ва дарёҳои оби зулоли пурхурӯшаш макони сайёҳону меҳмонон  аст. Аз оғози таърих маълум аст, ки мо тоҷикон бо фарҳанги беназири худ, ки он маҳсули тафаккури абармардони сиёсӣ ва бузургони адабиёту фарҳанг ва илму маърифати қадим ва классикиамон Ҷамшеди Пешдодӣ, Зардушт, Куруши Кабир, Дориюш, Спитамен, Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Ибни Сино, Ал-Хоразмӣ, Берунӣ, Форобӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлонои Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳои дигар мебошанд, ки хазинаи маънавии тамаддуни башариро ғанӣ гардонидаем.

Хушбахтона, имрӯз кишвари азизи мо дар қатори зиёда аз яксаду бист давлати дунё ҳамчун давлати озоду соҳибистиқлол, демокративу ҳуқуқбунёд ва ошёни сулҳ нашъунамо дораду офтоби амну амонӣ ва осоиштагӣ болои мардуми он партавафшон аст. Бигзор ин тулӯъ ва партавафшони ҷовидонӣ бод!

Оре, дар кадом ҳолат дар кадом сатҳу пояе, ки набошад, Тоҷикистон муқаддасоти арзандаи миллати тоҷик дониста мешавад. Худованд ба мо дар арсаи ҷаҳонишавӣ Пешвоеро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонидааст, ки имрӯзи кишварро бо фардои мунаввар мепайвандад. Хушбахтона 28 сол аст, ки бо ибтикор ва кӯшишҳои пайгиронаву роҳнамоиҳои хирадмандонаи ин фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони азизи соҳибистиқлоли мо ҳар рӯз навигониҳову пешравиҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию ахлоқӣ ба вуҷуд омадаву ҳам рӯзмарра ба вуқуъ пайваста истодаанд. Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистоне, ки дар замони Шӯравӣ як кишвари аграрии тобеи шӯравии дар ҳисоби кӯҳҳои сар ба фалак кашида, дар гӯшаи фаромӯшӣ қарор дошт, бо кӯшишу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати 28-сол ба як кишвари пешрафтаи саноатии мутамаддин ва ошёни сулҳу осоиштагии намунавии ҷаҳони муосир табдил ёфт. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз оварда расонид ва мо бояд ба қадри ин осоиштагиву оромӣ бирасем. Имрӯз наметавон сарзаминеро номбар кард, ки Тоҷикистонро чун кишвари соҳибистиқлол нашиносад.

Бе муболиға Тоҷикистони соҳибистиқлол дар муддати 28-соли даврони соҳибистиқлолии хеш, бо роҳбариву роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он пешравиҳои иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангие ноил гардид, ки баъзе қавму миллатҳо дар садсолаҳо ба он мушарраф гашта наметавонанд. Бисёре аз халқҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати шумораи аҳоли аз Тоҷикистони мо зиёданд, аммо соҳибистиқлолу соҳибватан ва комилҳуқуқ нестанд ва онҳо истиқлолиятро чун “моҳичаи тиллоӣ”-ву чун “тухми мурғи анқо” дар хоб мебинанд.

Маҳз бо ваҳдату ягонагии миллати тоҷик, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваст, Тоҷикистони азизи мо соҳиби беҳтарин неъмати Худододаву бузургтарин дастовард, яъне амнияту осоиштагӣ ва истиқлолияту якпорчагӣ ва пешравиҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ гардид. Мардуми соҳибхиради ин сарзамин аз хурд то бузург якдигарро эҳтирому эътироф мекунанд, чунки қавми як миллат ва як нажоданд. Имрӯз мамлакати азизи мо дар айни шукуфтанҳост ва рӯз то рӯз шуҳратманду шуҳратёр гашта истодааст.

Боиси хурсандист, ки имрӯзҳо Тоҷикистони моро тамаддунҳои муосири олами башарӣ ба ҳайси ҷумҳурии ҷавону соҳибистиқлол ва мутамаддини дорои неъмати бебаҳои сулҳу субот ва дорои пешравиҳои нав ба нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ мешиносанд. Тоҷикистони азизу дилоро бо тамоми бузургиву шаҳоматаш имрӯз моро Ватан аст. Ватане, ки бо тамоми ҳастӣ дӯсташ медорему эҳтиромаш мекунем.

Агар тамоми умри худро дар васфи Тоҷикистони азизам сарф кунам, ҳоло ҳам ин кам мебошад. Ман аз он мефахрам, ки тоҷикаму ватанам Тоҷикистон аст. Ҳар куҷое, ки бошам номи сарзаминам ҳамеша дар вирди забонам ҳаст ва фаромӯш нахоҳам кард.

Хулоса, ҳастиву пояндагии Тоҷикистони азиз чун ҳастии ҷону тан ва умеду армони Ватани азизу дилоро дар вуҷуд ва дасти дуо бар даргоҳи Офаридгори созанда мегузорем, то ҳамарӯза ватани умеду орзуҳо, шукуфтанҳову сарсабзиҳо гардад ва ҳар як ватандор ӯро дӯст дорад.

Туразода Муҳаммадёсин – узви фаъоли   ҲХДТ  


Вакти нашр: 2019-08-23 09:35:48    Хонданд: 102    Муфассал...

ЭЪТИРОФ. ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ПЕШОҲАНГ АСТ

       Дар пасманзари иқдомҳои ахири давлати соҳибистиқлоли мо вобаста ба тақвияти муборизаи муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи терроризму экстремизм мешавад ба ин натиҷа расид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як кишвари пешоҳанг дар ҳалли муҳимтарин масоили байналмилалист.

     Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки моҳи майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, далели ин гуфтаҳост. Ин ҳамоиши сатҳи баланд, ки беш аз 400 намоянда аз 48 кишвари ҷаҳон ва 31 созмони байналмилаливу минтақавиро гирди ҳам овард, муҳимтарин масъалаҳои вобаста ба таҳкими мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосирро мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мизбонии ин конфронси байналмилалӣ бори дигар аз худ ҳамчун мамлакати ҷонибдори сулҳу субот дар саросари олам мужда дод, ки ин амр эътирофи намояндагони воломақоми идораҳои сиёсати хориҷӣ ва дигар сохторҳои соҳавӣ баъд аз иштирокашон дар ин нишаст аст.
Воқеан зуҳури гурӯҳҳои террористиву ифротгаро дар чанд соли охир вазъи ҷаҳони муосирро печида намуда, ҳатто ба рӯи муносибати қудратҳои ҷаҳониву кишварҳои алоҳида соя афкандааст. Мо шоҳиди танишҳои бесобиқае дар Ховари Миёна ҳастем, ки бар асари тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ба зуҳур омада, рӯзгори мардуми замоне осоиштаро ба куллӣ хароб кардаанд.
      Мутаассифона, андешаҳои харобкоронаи ифротгароӣ дар пайи таблиғоти эмиссарҳои гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» дар баробари шаҳрвандони дигар кишварҳои олам, мағзи шаҳрвандони моро низ заҳролуд карда, ба доми худ кашид. Таҳлили сабабу омилҳои шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонони кишвар ба гурӯҳҳои террористӣ нишон медиҳанд, ки онҳо, асосан, аз роҳи мағзшӯӣ ба гумроҳи афтода, рӯзгори худу пайвандони хешро тираву тор сохтаанд. Ғолибан, ҳамонҳое, ки дур аз донишҳои дунявӣ ва ҷаҳоншиносӣ буданд, мавриди ҳадаф қарор гирифта, ба осонӣ фирефта мешуданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки шаҳрвандони гумроҳшудаи мо, асосан, зимни дар хориҷи кишвар қарор доштанашон ба доми ифротиҳо афтода, бо роҳҳои гуногун ба сафи ташкилотҳои террористӣ, аз ҷумла «Давлати исломӣ» пайвастанд.
Хушбахтона, тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумат дар самти пешгирии шомилшавӣ ба сафи гурӯҳҳои террористӣ – экстремистӣ натиҷаҳои мусбат ба бор оварда, дар пасманзари ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ сокинон ҳадафу барномаҳои тахрибкоронаи ифротгароёнро дуруст дарк намуданд. Ташкили мулоқоту вохӯриҳои судманди мақомоти марбутаи давлатӣ, аз ҷумла сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо сокинону аҳли ҷамоатчигии мамлакат натиҷабахш буд. Ин натиҷаро метавон дар омори шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ мушоҳида кард, ки воқеан кам гардида, ё қариб аз байн рафтааст. Вале бо ин наметавон қаноат кард ва зарур аст, ки барои тамоман решакан кардани зуҳуроти терроризму ифротгароӣ дар ҷомеаи тоҷик ба корҳои бештари идеологӣ рӯ овард.
      Дар ин самт беҳтарин нишондоду тавсияҳои муҳимро метавон аз паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфт ва онро сармашқи кор қарор дод. Тавре Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатиашон таъкид карданд: «Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90 - уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд». Дар ҳақиқат, мо дар оғози Истиқлолияти давлатӣ зарбаҳои фалокатбори терроризму ифротгароиро дар рӯзгори хеш таҷриба кардем, ки то ҳанӯз он рӯзҳои даҳшатбор дар хотираҳо боқӣ мондаанд.
Пешвои муаззами миллат дар Паём мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро бори дигар вазифадор намуданд, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо боз ҳам тақвият бахшанд. Дар зимн, таъкид шуд: «Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардондани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад».
Ин таъкиди Президенти маҳбуби кишвар бояд дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ уҳдадории ҳар фарди ҷомеа бошад. Зеро иқдомҳои мантиқии якҷоя дар самти мубориза ва пешгирии ифротгароӣ кафили минбаъдаи ҷомеаи осудаи кишвари мо хоҳад буд.
Сафархон ВАЛИЗОДА

 

 


Вакти нашр: 2019-08-23 15:00:09    Хонданд: 123    Муфассал...

Чорабинии фарҳангӣ-хайриявии “Роҳ ба сӯи мактаб”

Соли дуюм мешавад, ки дар арафаи соли нави хониш, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои пойтахт бо пайгирӣ аз сиёсати эҳсонкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи қарору супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷалби шахсони эҳсонкору саховатпеша чорабинии фарҳангӣ - хайриявии “Роҳ ба сӯи мактаб”-ро бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир менамояд.

 Ин навбат низ чунин як чорабинии хайрхоҳона имрӯз 23.08.2019 дар Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии   Хайём ,  бо тақдими сару либоси мактабӣ, лавозимоти хониш,  барномаи фарҳангӣ – фароғатӣ, хӯроки шомгоҳӣ    бо фарогирии беш аз 70 нафар ятими куллу нимятимон ва кӯдакону наврасон аз оилаҳои ниёзманди ноҳияҳои шаҳри Душанбе доир гардид.

Бояд зикр кард, ки чорабинии навбатии фарҳангӣ-фароғатиро Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино баргузор намуд.

Нахуст,  Файзуллозода Заррина-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино чорабинии мазкурро ифтитоҳ бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт. 

Сипас, намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба дастгириҳои ин қишри ниёзманди ҷомеа аз ҷониби  Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати  мамлакат ибрози андеша намуданд.

Гуфта шуд, ки бояд наврасону ҷавонон аз имкониятҳои мусоиди     давлат ва Ҳукумати кишвар самаранок истифода намуда, вақти қимати худро ба донишандӯзиву илмомӯзӣ сарф намоянд.

Дар ин асно, Раҳмонзода З.Ф.- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе зимни баромади худ, қайд намуд, ки масъалаи дастгирии наврасону ҷавонон чун ҳамешагӣ зери таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҲХДТ ҳамчуни ҳизби пешоҳанг  баҳри амалӣ намудани ин иқдоми нек саъю талош менамояд.

Зикр гардид, ки мақсад аз ташкили чунин чорабинӣ ин дастгирии наврасону ҷавонон дар самти илмомӯзиву касбомӯзӣ ва дар ниҳоди онҳо ҷой намудани ҳиссӣ корҳои эҳсонкориву хайрхоҳӣ, инчунин дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву  худшиносӣ  ва созандагию бунёдкорӣ  тарбия намудани онҳо мебошад.


Вакти нашр: 2019-08-24 10:21:42    Хонданд: 101    Муфассал...

АНДЕШАИ МИЛЛӢ ВА ТАФАККУРИ ДУНЯВӢ

Таҷрибаи башарӣ собит кардааст, ки мафкура ё идеологияи давлатӣ ҳамеша бар мабнои бовару ормонҳои миллӣ, ки маҷмӯаи зиндагии фикрӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии қавму миллатҳоро дар маҳдудаҳои замонию маконӣ таъин мекунанд, сохта мешавад. Дар ин росто, мардуми тоҷику форс ҳам дар имтидоди тӯлонии замонӣ аз решаву асолати худ – бовару асотири бостонӣ фарҳанг ва сиёсат дуруст карда, дар арсаи тамаддуни башарӣ қадамҳои устувор бардоштааст.

     Муҳимтар аз ҳама, тафаккури дунявӣ, ки ду асри ахир ба сифати ҷаҳонбинии фарогир дар ҷомеаи муосир овозадор шудааст, реша дар биниши миллии мардуми мо доштааст. Биниши миллӣ, ки бар мабнои бовару эътиқодоти гузаштагони мо созмон ёфтааст, барои ба вуҷуд омадани давлатҳои миллию дунявӣ мусоидат намудааст. Муҳаққиқон, бо назардошти шароит ва вазъи номусоиди глобалӣ, таҳкими фарҳанги бумиро бар пояи ҷаҳонбинӣ ва идеологияи воқеъбинонаи миллӣ, ки дар бовару асотири бостонӣ дарҷ гардидаанд, ҳукми зарурат донистаанд. Барои намуна, метавон аз устураи Ҷамшед ба масобаи мафкураи давлатдории миллӣ ёдовар шуд, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад. Хати марказии фарҳанг ва сиёсати миллӣ дар симои шаҳриёри нимаустуравӣ ва ниматаърихӣ Ҷамшед чарх мезанад ва асотири қадимаи бумӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ на фарри паёмбарӣ, балки фарри шаҳриёриро ихтиёр намуда, дар ин дунё лаззат бурдан ва онро ободу зебо сохтанро меъёр ва шеваи зиндагии худ талаққӣ карда, дар татбиқи он калидғоя кӯшидааст. Аз ин лиҳоз, фарҳанги ҷамшедӣ пуштувонаи асосии низоми давлатдории дунявӣ маҳсуб меёбад.
     Дар бовардоштҳои куҳани миллӣ ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ масъалаи давлатсозӣ (манзур давлатсозии миллию дунявӣ аст) ва ҳамиштирокии мардум дар рушди сиёсӣ, фикрӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва мадании кишвар матраҳ гардидааст. Мувофиқи бовардовариҳои гузаштаи миллӣ, низоми сиёсии ҷаҳони инсонӣ дар асоси мафҳум ва мақула - категорияҳои ахлоқии меҳр, хирад, ростӣ, дод ва озодӣ бунёд ёфтааст. Дар он ҳар дине, ҳар миллате, ҳар роҳбаре, ки ба мардуми ҷаҳон меҳр меварзад ва мардуми ҷаҳон ин меҳрварзиро бо таҷриботи мустақими худ дармеёбанд, ӯро бармегузинанд ва ҳар гоҳ, ки даст аз меҳр баркашад, тӯмори баргузидагиаш барчида мешавад.

       Дар замони давлатдории Куруши Кабир ормонҳои миллӣ воқеият касб менамоянд ва биниши дунявӣ дар низоми давлатдорӣ татбиқ мегардад. Аз ин ҷост, ки бар асоси ормонҳои миллӣ нахустин Маншури ҷаҳонии ҳуқуқи башар (Эъломияи ҳуқуқи башар) аз тарафи Куруши Кабир дар соли 538 пеш аз милод эълом ва ба иҷро мерасад. Соли 1969 милодӣ, пас аз гузашти 2507 сол баъд аз судури фармони мазкур намояндагони кишварҳои гуногун бо ҳузур ба оромгоҳи Куруш аз ӯ ба унвони нахустин поягузори ҳуқуқи башар ва озодии инсон таҷлил карданд.
Баъди суқути давлати Сосониён, ки меросбари аслии империяи Ҳахоманишӣ буд, тайи дусад сол сиёсат ва фарҳанги миллӣ «давраи сукут» - ро аз сар мегузаронд. Пас аз ҷаҳду талошҳо хонадонҳои миллӣ ба арсаи сиёсат ва давлатдорӣ ворид гардиданд ва давлатҳои миллии Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён рӯйи кор омаданд.       

       Махсусан, дар замони салтанати Сомониён, тадриҷан, сиёсати миллӣ бар пояи фарҳанги дунявӣ дар ҷомеа нуфуз пайдо кард. Дар ин давра забони миллӣ, ки пойдевори сиёсату фарҳанги бумӣ маҳсуб меёбад, таҳкиму густариш ёфта, амирони хирадпарвари Сомонӣ раванди таъсири саросарии забони порсии дарии тоҷикиро дар қаламрави давлат ҷиддӣ назорат мекарданд ва бад - ин тариқ биниши дунявӣ дар бастагӣ бо тафаккури миллӣ машруият касб кард. Афзун бар ин, дар қаламрави давлати Сомониён доираи нуфузи забони арабӣ, ки он замон забони дину сиёсат ва илму фарҳанг маҳсуб меёфт, маҳдуд гардида, забони порсӣ (дарии тоҷикӣ) ба забони илму маърифат бадал шуд, то ҷое ки бо амри Мансур ибни Нӯҳи Сомонӣ ( 961- 984) китоби машҳури «Тафсири кабири Табарӣ» ба забони миллӣ тарҷума гардид.
         Маҳз дар даврони Сомониён мардум дар фазои дунявият ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ зиндагӣ карданро таҷриба намуданд. Биниши миллӣ дар ҳамоҳангӣ бо тафаккуроти дунявӣ дар қолаби офаридаҳои адабӣ-бадеӣ, ҳунарӣ ва фалсафии адибону донишмандони замони Сомонӣ зуҳур кард ва мардум ба муҳит ва фазои солими озодиҳои динӣ - имонӣ одат намуд.
Тафаккури дунявӣ имрӯз дар шакли истилоҳи дунявият («секуляризм») фаҳмида мешавад. «Дунявият ё ба истилоҳ, «секуляризм» (аз калимаи лотинии saecularis ба маънои дунявӣ, инҷаҳонӣ) дар чанд маъно истифода мешавад: якум, ба маънои бадалшавии моликияти ибодатгоҳҳои динӣ ба дунявӣ; дуюм, мусодираи амволи муассисаҳои динӣ ва интиқоли онҳо ба ҳукумати дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ; севум, аз фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва зеҳнӣ озод намудани таъсири дин. Ба ин тариқ, секуляризм ё дунявият падида ва чизеро аз таъсири калисо баровардан ва ба муассисаҳои шаҳрвандӣ супурдан ва аз таъсири калисо раҳо карданро ифода мекунад.

      Ин ҷо бо истилоҳи «диният» (клерикализм) мувоҷеҳ мегардем. Диният ва ё клерикализм (аз вожаи лотинии klericalism ба маънои калисоӣ далолат карда, ҷараёни сиёсии иртиҷоиро ифода менамояд, ки ҳадафаш дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ афзудани таъсири дин мебошад), моҳиятан дар муқобили секуляризм қарор дорад. Аз ин ҷост, ки сохти сиёсии демократӣ ва дунявӣ динро ҳамчун унсури давлатсозӣ намепазирад ва сатҳи ҳузуру нуфузи онро дар умури сиёсӣ ва иҷтимоӣ зарур намедонад. Давлат ва ҳукумати дунявӣ аз таҷриба ва далоили таърихӣ медонад, ки дину мазҳаб дар қолаби калисо ва минбару маобид алайҳи рӯшангарону озодандешон шӯрида, мардумро таҳти тасаллути мазҳаб қарор дода, зулму истибдодро ба сифати меъёри сиёсати давлатӣ дунбол мекунад. Аксари мардуми кишварҳои Ғарбӣ аз низоми сиёсии дунявӣ пайравӣ карда, тайи солҳои тӯлонӣ дар ин сохтори сиёсӣ – дунявӣ умр ба сар мебаранд. Ҷомеаҳои аврупоӣ дунявиятро ба унвони беҳтарин сохт ва намунаи зиндагӣ пазируфтаанд.
Имрӯз ҷангу даргириҳое, ки дар Ховари Миёна ҷараён мегиранд, бозгӯкунандаи онанд, ки дунявият ва тафаккури дунявӣ дар миёни мардуми ин минтақаҳо ба таври зарурӣ ҷойгоҳ пайдо накардааст. Табиист, ки аз ин вазъият рӯҳониёни муҳофизакор васеъ истифода мебаранд ва мардумро ба вартаи гумроҳӣ мекашанд. Бинобар ин, давлати дунявӣ ва низоми демократӣ имкони пазириши мардумро новобаста ба дин, мазҳаб, нажод, миллат, ақида, мафкура, андеша ва тафаккур дорад ва муҳимтар аз ҳама, ба ҷомеа шароити интихоби озоди қабулу тарки андеша ва тавсифу интиқоди мунсифонаи ҳар гуна афкорро фароҳам меоварад.

      Хушбахтона, давлати миллии мо бо такя ба мероси сиёсию фарҳангии гузашта роҳи давлатдории дунявиро интихоб карда, дар ин масир қадам бармедорад. Муҳимтар аз ҳама, аз ин интихоби дурусту мантиқӣ мардуми тоҷик зараре надидааст, баръакс, тавассути ин низоми сиёсӣ ба масири тозаи зиндагӣ гом бардошта, ба сӯйи ояндаи неку дурахшон ҳаракат мекунад. Ба сухани дигар, тафаккури дунявӣ, ки дар низоми давлатдории дунявӣ рушд мекунад, тафаккури кушоду боз аст ва он ба ҳар навъ андеша ва мафкура эҳтиром мегузорад, вале таҳмили андеша ва фишори ақидатиро қабул надорад. Дар тасаввури инсони дунявӣ ин дунё арсаи зиндагӣ ва фаъолиятҳои инсон, новобаста аз тааллуқоти ақидатӣ, идеологӣ ва динӣ - мазҳабӣ мебошад. Низоми сиёсии давлати дунявӣ бар баробарӣ ва тавозуни инсонҳо дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ, моддию маънавӣ асос ёфтааст.
     Масъалаи муносибат ва робитаи ҳукумат бо виҷдони озод ба унвони стратегияи сиёсӣ дар низоми давлатдории дунявӣ хидмат мекунад. Дар давлати дунявӣ майдони густариши дониш ва хиради инсонӣ тавсеа меёбад, то афроди ҷомеа ба масоили фикрӣ, сиёсӣ, ақидатӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ мунсифона бархӯрд карда тавонанд. Ҳар қадар дар ҷомеа тафаккури дунявӣ реша давонад, ҳамон қадар раванди озодии виҷдону ақида таҳкиму тақвият меёбад.
Ато ҲАМДАМ, нависанда


 


Вакти нашр: 2019-08-26 16:54:26    Хонданд: 91    Муфассал...

Оғози нахустин семинари омўзишӣ ба ҳизбиёни пойтахт

Бо мақсади иҷрои дастури Раиси муаззами ҳизбамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси имсолаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе семинарҳои омўзиширо бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони  кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе роҳандозӣ менамояд.

Аз ҷумла, имрўз, 27-уми августи соли 2019 дарси аввали семинари мазкурро Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонӣ  доир намуд.

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов, раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода ва мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлили Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Маҳмадулло Наимов  иштирок намуданд.   

Зоир Раҳмонзода семинари нахустини омўзиширо  ифтитоҳ бахшида, сараввал ҳамаи иштирокчиёнро бо фарорасии Ҷашни 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош намуда, ба ширкаткунандагон дар раванди баргузории он муваффақиятҳо таманно намуд.

Бояд қайд кард, ки мақсад аз баргузории чунин семинарҳо, ин баланд бардоштани савияи донишу малака ва ташаккули ҷаҳонбинии сиёсии раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мебошад.

Дар ин миён, мутобиқи барномаи семинар устодону коршиносон оид ба мавзўъҳои  муҳими рўз маърўзаҳо намуданд.

Дар охири семинари омўзишӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.


Вакти нашр: 2019-08-27 17:56:57    Хонданд: 77    Муфассал...

КУРСИ ОМӮЗИШӢ ТАҲТИ УНВОНИ “САРВАРИРО МЕОМӮЗЕМ"

Дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон мутобиқи супоришҳои протоколии Маҷлиси назоратии назди Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо дарназардошти маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода Курси омӯзиширо таҳти унвони “Сарвариро меомӯзем” бо ҷалби бонувони соҳибтаҷриба, олимони барҷаста ва лаёқатмандони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия доир намуд. 
Дар он Расулзода Насимҷон - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Рудобаи Мукарам -муовини Раиси ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон-узви Раёсати Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Зарина Зуҳурова - мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд. 
Расулзода Насимҷон зимни сухани ифтиттоҳӣ меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Ҳамчунин, оид ба баргузории курси омӯзишӣ, пиёда намудани ҳадафҳои Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷалби ҳарчи бештари аҳолӣ ба барномаҳои омӯзишӣ, беҳтар намудани дастрасии духтарон ва занон ба таҳсилот, омода намудани захираҳои кадрии сохторҳои ҳизбӣ аз ҳисоби бонувони лаёқатманд ва ҳамзамон ташкил намудани гуруҳҳои таблиғотии занон барои таблиғу ташвиқи барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбӣ, омӯзондани маҳорати суханварӣ ва касбомӯзии занону бонувони хонашин ибрози андеша намуд. 
Дар ин миён Рудобаи Мукарам ва Заррина Зуҳурова зимни баромади хеш сари масъалаҳои мубрами руз, масъалаҳои пуртазоди ҷомеаи ҷаҳонӣ, зиракии ҳамешагӣ, фаъоливу дурандешӣ, меҳанпарастиву милатсолорӣ ва ҳифзи арзишҳои милливу идеологияи ягонаи миллӣ суханронӣ намуданд. Аз ҷониби бонувон қайд гардид, ки арзишу мақом ва эҳтирому ҷойгузинии зан-модари тоҷикро пос доштан аз нишонаҳои олии маданияту фарҳанги баланди давлатдорӣ дарак медиҳад.


Вакти нашр: 2019-08-28 11:29:29    Хонданд: 89    Муфассал...

ИСТИҚЛОЛИЯТ. ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН

         Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тамаддунофари тоҷик нодиртарин дастоварди сиёсиву сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳилаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ мебошад. Баъд аз садсолаҳо бори дигар миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳёи суннатҳои аҷдодии давлатдориро ба даст оварда, Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақилу соҳибихтиёр ва ташаббускори сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.

      Бояд гуфт, ки истиқлолият дар баробари дигар равандҳои ҷомеа, ҳамеша ниёз ба ваҳдати миллӣ ва амнияти дохилию хориҷӣ дорад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд: «Мову шумо дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳалаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла хатари нестшавии давлат ва пароканда гардидани миллатро бартараф кардем ва ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ шудем. Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Мову шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардондани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ накунем ва фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем».
      Дарвоқеъ, халқи тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии азалии худ тавонист оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурӯ нишонда, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ устувор гардонад. Дастовардҳои назарраси кишвар дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ шаҳодати равшани он аст, ки миллати тоҷик бо ҳиммати баланди созандагиву фарҳангпарварӣ ва инсондӯстиву таҳаммулгароӣ ҳама гуна мушкилотро паси сар намуда, ҳамеша ба сӯйи пешрафт ва ба хотири ободиву тараққиёт кӯшиш менамояд.
Тоҷикистон яке аз кишварҳои ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Моҳи марти соли гузашта татбиқи ташаббуси чоруми Тоҷикистон доир ба ҳалли яке аз мушкилоти ҷиддитарини башарият, яъне об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Яъне, ибтикори кишвари мо дар давоми даҳ соли минбаъда дар миқёси сайёра амалӣ мешавад.
        Аз ин лиҳоз, моро мебояд, ки бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, фазои озоду осоишта, шароитҳои мусоиди муҳайёкардаи Ҳукумати кишвар, ғамхориҳои хирадмандонаи Сарвари давлат дар пешрафту рушди ояндаи босаодати Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.

Азимҷон ҲАСАНЗОДА

 

 


Вакти нашр: 2019-08-29 08:01:32    Хонданд: 104    Муфассал...

МУКОФОТ МУБОРАК!

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе , раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода, аъзои фаъоли Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Асрорзода Убайдулло Саттор ва Шарифзода Хушвахт Салимро ҷиҳати сазовор гардидан ба мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» ва ордени «Шараф» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрику шодбош гуфта, барояшон дар иҷрои нақшаҳои навин барору комёбиҳоро хоҳон аст.

                 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе


Вакти нашр: 2019-08-29 18:15:16    Хонданд: 80    Муфассал...

Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзўи «Нақши ҲХДТ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ»

             Мутобиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи ҳизбии  ноҳияи Шоҳмансур   бахшида ба 28 - умин солгарди Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ - назариявӣ дар мавзўи «Нақши ҲХДТ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ»-ро доир намуд.

       Дар кори он Пайшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод – Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Наимов Маҳмадулло Раҳимович – мудири шуъбаи таблиғот ва таҳлилии  Дастгоҳи  Кумитаи  Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Сафарализода Хуҷамурод Қудусӣ – дотсенти кафедраи равандҳои сиёсии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. 

Нахуст, Гулаҳмадзода З.А.- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур чорабинии мазкурро ифтитоҳ бахшид.

Пайшанбезода Муҳиддин Шоҳинбод оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат, суханронӣ намуда,  ёдовар шуд, ки дар даврони 28 - соли соҳибистиқлолӣ раванди ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар густариш ёфта, рушди босуръати иқтисоди миллӣ ба амал омад ва сатҳи зиндагии мардум хеле беҳтар гардид, ки ин аз шарофати Истиқлолияти сартосарӣ ва оромии кишвари азизамон гувоҳӣ медиҳад.

 Дар ин асно,  Раҳмонзода З.Ф. дар мавзўи «Нақши ҲХДТ дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ» баромад намуда, қайд кард, ки бо таваҷҷуҳ ба эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, имрўз бо сароҳат метавон афзуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути ҳидоятҳои ибратомўзи Роҳбари соҳибфитрату накўсиришташ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун неруи тавонои пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои миллӣ нақши муассиру мондагор дорад.

Воқеан ҳам, тавассути Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби арзишҳои ноби миллӣ гардида, мутобиқи Конститутсия роҳи бунёди ҷомеаи демократиро интихоб намуд. ҲХДТ ҳамчун зодаи даврони истиқлолият дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таблиѓу ташвиқи дастовардҳои он нақши муассир дорад.

 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар заминаи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муттаҳидсозии ҳамдигар, тақвияти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқро ба инобат гирифта, вобаста ба талабу тақозои ҷаҳони муосир муҳимтарин нақшаву барнома ва стратегияҳои миллии ояндадорро рўйи даст гирифта аст.

Ҳамзамон мавсуф илова намуд, ки мо ҳизбиёни пойтахтро зарур аст, ки бо мақсади дар сатҳи зарурӣ доир гардидани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби васеи моҳияти ин санаи нодир ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, тадбирҳои зиёдеро ба иҷро расонида, раванди корҳои созандагиву бунёдкориро боз ҳам вусъати тоза бахшем.

Ҳамин тариқ, дар конференсия Наимов М.Р. ва Сафарализода Х.Қ. дар мавзӯъҳои “Истиқлолият – дастоварди беназири миллат”, “Истиқлолияти давлатӣ – бақои давлату миллат ва такягоҳи устувори ҷомеа” маърўза намуданд.

Дар  музокира ширкаткунандагон  фикру мулоҳизаҳои худро  баён доштанд.


Вакти нашр: 2019-08-30 16:34:01    Хонданд: 131    Муфассал...



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс