МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

Дар миёни садҳо ҳазорон калимаву вожаҳои  хазинаи забонӣ  ба  шевотарину пурмазмунтарин, муъҷазтарин ва зеботарину муқаддастарин  калимаҳо амсоли  “Ватан” ва “Модар” , ки аз лиҳози  маъно ва таркиб  фарқ мекунанд метавон рў ба рў шуд.Ин мафҳуми дугона ғайр аз арзиши  яксон инчунин робитаи маъноӣ ҳам доранд. Ватан-модари дуввуми мост.

Расидан ба ормонҳои миллӣ аз роҳбари давлат хиради воло, собитқадамӣ, мардонагӣ ва муҳимтар аз ҳама  эътимод ба ақлу заковати мардум, ки сириштаи сулҳпарвару таҳаммулпазиранд, тақозо менамуд. Халқи тоҷик ҳаргиз   набояд он рўзҳои сахту сангинро фаромўш созад. Ҳамчун як фарди ҷомеаи Тоҷикистон тарафдори иқдоми пешгирифтаи Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастам, ки  ҳамасола  то арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти миллӣ тариқи  оинаи нилгун аз ҳамаи шабакаҳои телевизионии кишвар рўзгори давлату миллати тоҷикро шурўъ аз  саршавии ҷанги шаҳрвандӣ  то замони имрўзи соҳибистиқлолӣ зина ба зина  ба таври филми мустанад  пахш мекунад. Бениҳоят иқдоми  наҷиб аст, ки  халқ аз рўзгори гузаштаи миллат огоҳ мешаванд ва аз он ибрат мегиранду ба қадри имрўзи ободу озод мерасанд. Ин филми мустанад дар замири ҳар фарди  хештаншиносу  худогоҳ  муҳаббати Модар-Ватани азизамонро  бедор мекунаду наслҳои ҷомеаро ба ватандўстиву меҳанпарастӣ ва миллатдўстӣ ҳидоят менамояд.

          Замона  бо шитоб ба пеш меравад ва баъзеҳо ҳатто он рўзҳои сарду тираву пурдаҳшатро кам-кам аз ёд бурдаанд, вале бояд китоби хотиротро варақгардон намуда, ибрат гирем ва ҳамаи суханони роҳбари давлатро дар мавриди ин, ки  “Сулҳу ваҳдати миллӣ дастоварди бебаҳоянд,бояд ба қадри онҳо бирасем ва чун гавҳараки чашм  ҳифзашон намоем” ҳамеша ба ёд дорем, зеро маҳз  ба василаи ин арзишҳои  волои миллӣ киштии  давлатдории  мо тоҷикон  дар баҳри  пуртуғёни дунё  дурусту саломат ба соҳили фардои  ҳадафҳои созгор  бирасад.

         Агар имрўзи Тоҷикистонро  бо гузаштаи он муқоиса намоем, шоҳиди он мешавем, ки  танҳо дар 10-15-соли соҳибистиқлолӣ нисбат  ба охирин солҳои  пойдории собиқ давлати шўравӣ ин диёри биҳиштосо ба чӣ қадар  тараққиёт ва пешравиҳо бо  шарофати сиёсати хирадмандонаи  Пешвои муаззами  миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ноил гаштааст. Имрўз Тоҷикистони  сарсабзу ободи мо барои таҷлили 30-солагии  Истиқлолияти давлатии хеш омодагӣ мебинад. Ин бешубҳа чорабинии  бузургу бошукуҳест, зеро ин солҳои давлатдории мо ба тамоми  олам исбот  намуданд, ки Тоҷикистон чун давлати  демократӣ арзи ҳастӣ карду  аз тарафи ҷаҳониён эътироф гардид.Конфронси байналмилалие, ки  бо ибтикори Ҳукумати  Тоҷикистон соли  2018 дар Душанбешаҳри азизамон бо иштироки  сарони давлатҳо ва намояндагони сершумори созмонҳои  ҷаҳонӣ баргузор  шуд аз нуфузи  зиёди давлатамон дар арсаи байналмилалӣ ва аз нақши намоёни  Пешвои миллатамон дар ҳалли мушкилоти  глобалӣ гувоҳӣ медиҳад. Имрўз  бо шарофати соҳибистиқлолӣ  кишварамон босуръат тараққӣ намуда истодаасту пешравиҳои соҳаҳои ҳаётан муҳим аз қабилӣ маориф, тиб, илм, саноат, техника, энергетика,иқтисодиёт ва ғайра хело назаррас буда, дар мамлакат корхонаҳои хурду бузурги давлатӣ ва инфиродӣ қомат афрохт истодаанд, ки аз фардои дурахшони Тоҷикистон дарак медиҳанд.

         Ҳамчун ҷавони саодатманди кишвар мегўям, ки имрўз ман ва ҳазорон ҷавонони дигар амсоли ман дар макотибҳои олии кишвар дар соҳаҳои  муҳими илм таҳсил намуда истодаему барои беҳтар гардидани сифати таҳсилот ва омода намудани кадрҳои варзидаи ҷавобгў ба талаботи ҷаҳонӣ  тамоми шароитҳо ба роҳ монда шудааст. Инчунин таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар ба ин қишри ҷомеа махсус ва ҷиддӣ мебошад, ки шаҳодат аз фардои  ҷовидонӣ медиҳад.

         Имрўз овозаи ободиву озодӣ ва сиёсати  давлатдории тоҷикон дар сар то сари кишварҳои ҷаҳон эътироф гардидаасту овозаи тамаддуну фарҳанг, таърих ва давлатдории тоҷикон марзҳоро убур намуда то ба фалакҳо расидааст.

                   Аё гулшаҳри сабзи Тоҷикистон,

                   Туро ман дўст дорам аз дилу ҷон.

                   Ту дар ҳусну латофат беназирӣ,

                   Чу лафзи  шоиронат дилпазирӣ.

                   Дамад завқи баҳор аз чеҳраи дўст,

                   Ҳаёт аз дўстӣ  ширину некўст.

                   Ба Варзобу Лучоб ояд ба хотир,

                   Нигоҳи гарму меҳрангези шоир.

                   Нигоҳи он суханпардози даврон,

                   Нигоҳи Мирзои Тоҷикистон.

                   Душанбе, шаҳри навбунёди маъмур,

                   Туро соҳибдилон карданд машҳур.

Агар солҳои аввали  соҳибистиқлолӣ орзуи ягонаи  мардумамон ҳарчӣ зудтар ба даст овардани  оромиву осоиштагӣ буд,пас  мо ҳамагон бояд шукр гўем, ки ба ҳамин рўзҳои нек расидем.Мо бояд шукри Истиқлолият, шукри Ваҳдати бебозгашт, шукри ватани ягонаамон-Тоҷикистони азиз намоем. Мо боварии комил дорем, ки  сокинони ин диёри фарҳангӣ, махсусан ҷавонони  баору бонанги тоҷик аз гузаштаи  пурифтихори миллати  ободгару созандаи худ сабақи мардонагӣ  мегиранду баҳри  фардои  ҷовидониву пойбарҷои Тоҷикистон якдилона талош хоҳанд кард.

         Имрўз тифли тоҷик аз хушҳолӣ меболад, зан-модари тоҷик хушбахту  боиқбол аст, ҷавонони кишвар чӣ духтар ва чӣ писар  саодатманду хуштолеъанд, ки  дар дилхоҳ соҳаи ҷомеа озодона фаъолият намуда истодаанд.

 

Аҳдия Умарова – узви фаъоли

ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Вакти нашр: 2019-07-02 16:15:16    Хонданд: 477    Муфассал...

ҶАВОНОН ВА ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

Тоҷикистон аз ҷиҳати истифодабарии сомонаҳои иҷтимоӣ дар саросари ҷаҳон яке аз кишварҳои ҷавон маҳсуб меёбад. Шабакаҳои иҷтимоӣ имрўз дар байни одамон ба таври васеъ паҳн шуда, истифодабарандагони он низ зина ба зина рушду такомул меёбад. Истифодабарандагони интернет бештар ҷавонон буда, иддае аз онҳо ҳанўз фарҳанги дуруст истифода намудани онро намедонанд.

Дар ҷаҳони муосир интернет ҳамчун системаи пурраи иҷтимоие, ки дар он фазои вертуалӣ ташаккул меёбад, ба воқеияти махсус, арзишию роҳҳои фикр ва забон табдил меёбад. Ҳамзамон, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба насли наврас хеле муҳим аст. Элементҳои муҳимтарини он ин муоширати иҷтимоӣ низ мебошад, ки моро бо ҷаҳониён мепайвандад.

 Аввалин шабакаи иҷтимоӣ соли 1995 пайдо шудааст. Дар он вақт истифодабарандагони худро бар таври ҳамешагӣ ва васеъ надошт. Бо вуруди ин дар охири асри ХХ инкишоф ва рушди шабакаҳои иҷтимоӣ ба авҷи тараққиёт расид. Ҳатто дар соли 2010 96% аҳолии ҳозираи сайёраи мо ба шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ доштанд. Дар айни замон бошад беш аз 90 фисати ҷавонони Тоҷикистон мунтазам бо шабакаҳои иҷтимоӣ сару кор доранд. Шумораи ҷавононе, ки интернетро ба роҳи дуруст истифода мебаранд, мутассифона хеле кам ба назар мерасад.

Шабакаҳои иҷтимоӣ бори нахуст барои бартарафт кардани сарҳадҳои байниҳамдигарӣ, дарёфти дўстону ҳамсинфон ва шиносҳо  пешбинӣ карда шуда буд. Дар марҳилаи кунунӣ бошад он ба марҳилае расид, ки ҷаҳонӣ гардид ва дар тамоми соҳаҳо ба таври васеъ истифода мекунанд. Мувофиқи натиҷаҳои овоздиҳии одамон маълум шуд, ки ҳамагӣ дар манотиқи ҷаҳон танҳо 2% -и шумораи аҳолии ҷаҳон ба интернет шомил нашудаанд ва дар бораи интернет маълумот надоранд. Аз натиҷаҳо бармеояд, ки 49% одамон аз 5 то 10 соат ва 23%-и онҳо  бошад аз 20 соат зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ вақти қиммати худро истифода мебаранд.

Тарзи нодуруст истифода бурдани шабакаҳои интернетӣ дар баробари ба корҳои эҷодии мо фоида расонидан боз сабаби бесаводӣ ва ба гуруҳхои гуногуни ифроти шомил шудани ҷавононро сабаб мебошад. Имрўз ҷавонони мо бояд вақти қиммати худро дар китобхонию китобхона гузаронанд, то аз гузаштаи ниёгони миллати худ бохабар шаванд. Дар шабакаҳои интернети МУД шудааст, ҷавонон аз он ҷумла наврасон муаррифии сарояндаҳои кўчагӣ ба қавле СИТОРАҲОРО тамошо карда истироҳат мекунанд. Пас инҷо волидайнро зарур мебояд то дар назорат аз болои фарзандони худ зиёдтар намоянд. Беназоратии волидайн аз болои фарзандон ба гумроҳии ҷавононоварда мерасонад.

Тасаввур кунед, ин моро куҷо мебарад. Ба андешаи мо истифодаи барзиёди интернет одамонро аз ҳаёти воқеӣ дур намуда, гирифтори бемориҳои гуногун кардааст. Роҳи чора чист? Чӣ бояд кард, то ҷавонон  интернетро самаранок истифода бурда, вақти гаронарзиши хешро сарфакорона истифода намоянд? Барои ин ҷомеаро зарур аст, то ба такрор ҷавононро аз зиёни шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ намояд. Барои ин ҳар як фарди солимфикри ҷомеа бояд саҳми арзишмандашро гузорад. Ба ҳамсолони худ даъват намуда гуфтани ҳастам, ки интернетро дуруст истифода бурда, айёми тиллои умри хешро сарфи андўхтани донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ намоянд.  

 

Дилнавоз Ҳакимова - узви фаъоли

ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

     

                            


Вакти нашр: 2019-07-03 10:38:05    Хонданд: 353    Муфассал...

ТАССАЛИЯТ

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бинобар сабаби реҳлати нобаҳангоми 
ҲАМСАРАШ
ҳамдардии амиқ баён намуда, аз даргоҳи Худованди муттаол ба пайвандону наздикони марҳума сабри ҷамил хоҳон аст.


Вакти нашр: 2019-07-03 15:07:02    Хонданд: 339    Муфассал...

ХУДШИНОСӢ ВА ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ

Истиқлолияти давлатӣ яке аз бузургтарин неъмат барои миллату халқиятҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Маҳз истиқлолият, суботу оромӣ, озодӣ, хушбахтӣ, саодати миллиро ба миён оварда, осудагии инсониятро таъмин месозад. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар роҳ мекушояд.

Мо тоҷикон баъди давлатдории Сомониён дубора дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта баъди суқути давлати Шӯравӣ соҳиби давлати миллӣ гаштем. Ин неъмати гаронарзиш бо ивази қурбониҳои зиёд, хисороти моливу ҷонӣ ба даст омад. Хушбахтона 28 сол аст, ки мо дар фазои истиқлолият кору зиндагӣ дорем. Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ, дору мадорҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ ва баланд бурдани худшиносии миллӣ қарзи имонӣ ва виҷдони ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Барои аҳли маърифат ва қишрҳои дигари ҷомеа ҳимоят аз истиқлол, худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ қарзи ҷонӣ аст. Барои муҳаққиқони соҳаи илмҳои ҷамъиятии мо зарур аст, ки раванди худшиносии миллӣ ва соҳибистиқлол шудани моро аз нигоҳи таърихӣ, фалсафӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба риштаи таҳқиқ кашанд. Муҳимият ва арзишмандии ин масъала ҷиҳат ва тарафҳои гуногун дорад.

Аввал ин, ки таърихи тӯлонии миллатро дар раванди воқеияти замон рушан мегардонад ва дар боло бурдани масъулияти ҳимоят, ҳифз ва муқаддас доштани истиқлолияти мо наслҳои ояндаро масъул менамояд.

Дуюмин, дастоварду музаффариятҳо, шикасту нобаробариҳои миллатро ҳамчун сабақи таърих, маҳаки андешаи миллӣ ва тафаккури созандагию бунёдкорӣ бароямон қарор медиҳад.

Ҷабҳаи сеюм бозтобии рушан ва мунсифона дар инъикоси воқеаву ҳодисаҳои раванди истиқлол барои худшиносӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносии насли ҷавон кумаки амалӣ месозад.

Раванди худшиносӣ, худсозӣ ё технологияи худӣ аз якчанд унсур ё хусусиятҳо иборат аст, ки дар ин раванд бо ҳам сахт бофтаанд. Аввалин унсуре, ки раванди ташаккулёбии шахсият, худогоҳии шахс, раванди сохтмони худӣ аз ин оғоз мешавад, мавзӯи бунёдии фалсафа аст. Ин ҷо инсон роҳҳои шинохти воқеияти худ, худии худ ва дунёро ҳамчун ғайри худ ёд мегирад ва ба гуфти баъзе аз мутафаккирон «ба бозии ҳақиқатҷӯйӣ ва адолатҷӯйӣ» дохил мешавад. Унсури дуюм озодӣ аст, ки бо дигар унсурҳо якҷоя рушд меёбад ва ин ҷо баъзе тарафҳои дигари сохтмони инсон, мисли ирода, ақл, ҳиссиёт ва хаёлот зери фишор, тағйирёбӣ ва тарбия қарор меёбанд. Унсур ё хусусияти сеюм ин аст, ки худӣ дар як раванди таҳаввулёбанда ва динамикӣ қарор дорад ва вобаста ба тағйирёбии таҷриба ва донишҳои шахс аз як зина ба зинаи дигар мегузарад. Хусусият ё унсури чоруми раванди ташаккули худӣ иртиботу муносибат бо дигарон аст. Хусусияти дигари ин раванд бо воқеияти худ рӯ ба рӯ шудан, мардонагии ақлӣ доштан ва тавонии дидану гуфтани ҳақиқат аст. Ин таҷриба ва дониш имрӯз ҳам сахт омӯзанда аст ва танҳо онҳое, ки аз ин раванд гузаштаанд, метавонанд ба истилоҳи мутафаккирони тоҷик «озодмард», «зиндадил», «марди тамом» бошанд.

Ғафорова Маҳбуба – узви фаъоли                                                                                   ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Вакти нашр: 2019-07-04 09:12:09    Хонданд: 547    Муфассал...

ГАЗВОДА: ТАШНАШИКАН Ё ЗАРАРОВАР?

Ба ҳисоби миёна беш аз 65% - бадани инсон аз об ташкил ёфтааст. Об ба таркиби бофтаҳо дохил мешавад ва бе он кори муътадили организм, амалигардонии кори мубодила, нигаҳдории мувозинати гармӣ, мубодилаи мод­даҳо дар организм ва ғайра имкон надоранд. Набудани об дар муддати як шабонарўз ба ҳолати ҷисмониву маънавии инсон таъсири манфӣ расонида, иқтидори муқовиматӣ ва иродаи ўро поин бурда, хасташавии зудро ба бор меорад. Вақте одамро ташнагӣ азият медиҳад, ў қудрати оқилона фикр карданро аз даст медиҳад.

Аз даст додани миқдори зи­ёди об дар организм барои зин­дагии инсон хатарнок аст. Дар навоҳии иқлимашон гарм бе об инсон баъди 5-7 рўз метавонад ҳалок шавад. Ҳатто дар мано­тиқи сардиқлим барои таъмини фаъолияти муътадил ба одам дар як шабонарўз қариб 1,5 - 2,5 литр об лозим аст.

Ҳангоме ки шахс 1-5% таш­на мемонад, дар организми ў суст гардидани ҳаракат, хоболу­дӣ, сурхшавии баъзе қисматҳои пўст, баланд гардидани ҳаро­рат, дилбеҳузурӣ, дарунравӣ, дар мавриди 6 - 10% нафастан­гӣ, дарди сар, сихзании пойҳо ва дастон, набудани оби даҳон, аз даст додани қобилияти ҳа­ракат ва халал дар мантиқи сухан гуфтан ва 11 - 20% бо­шад, ҳазён, варам кардани за­бон, кам шудани қувваи биноӣ ва шунавоӣ, хунук гардидани бадан ба мушоҳида мерасад. Баъди ташнагии тўлонӣ инсон набояд яку якбора обро нўшад, раванди вуруди об ба организ­ми инсон бояд давра ба давра сурат гирад. Зеро яку якбора нўшидани об низ ба организме, ки давраи зиёд бе об мондааст, зарар дорад.

Чун беобгардӣ мубодилаи гармии организмро халалдор мекунад, дар бештари маврид оқибати он дар инсон зарбати гарморо ба вуқўъ меорад. Дар баробари ин, ҳолати арақкунии шадид ба миён меояд, организм миқдори зиёди моеъро аз даст медиҳад, хун ғафс гардида, му­возинати намакҳо дар бадан ха­лалдор мегардад. Дар инсон но­расоии оксигенӣ дар бофтаҳо, аз ҷумла дар бофтаҳои мағзи сар ба назар мерасад.

«Агар зарбаи гармоӣ ба вуқўъ пайваст, пеш аз ҳама, бояд ором шуд ва дар ҷойи соя ё утоқи хубҳавододашуда дароз кашид ва гиребону миёнбанди либосро суст намуд. Ба сар, қисматҳои рагҳои бузург, зери бағал, гардан ва қисмати қад­кашак метавонед ях ё грелка бо оби хунук гузоред. Ҳар ашё, ки ҳарораташ аз ҳарорати бадани шумо поин бошад, ба дардатон мехўрад. Истеъмоли чойи гар­ми начандон талх мувозинати обӣ-намакии баданро барқарор месозад,- гуфт Манзура Исмои­лова-директори Маркази сало­матии шаҳрии №5.

Дар баъзе ҳолатҳо, вақте ки инсон зиёд бе об мемонад, ни­шонаҳои зарбаи гармоӣ ба мис­ли хастагӣ, ланҷӣ, сардардӣ, дилбеҳузурӣ ва сарчархзанӣ дар ў пайдо мешавад. Дар на­тиҷа, ҳарорати бадани инсон метавонад то 38-40 дараҷа боло равад, қайкунӣ пайдо ша­вад ва ҳолати беҳушӣ ба ў даст диҳад. Барои худ ва наздикона­тонро бехатар гардонидан шумо бояд ҳамеша мутобиқи обу ҳаво либос пўшида, дар ҳавои гарм аз истеъмоли нўшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед ва дар вақти зарурӣ шарбат истеъмол кунед. Дар ҳолати аз беобӣ ба зарбаи офтобӣ гирифтор гар­дидани наздикон аз тавсияҳои Манзура Исмоилова истифода намоед, ки чунин мегўяд: «Агар шумо мебинед, ки дар натиҷаи беобгардии бадан касе ба ҳола­ти беҳушӣ гирифтор шуд, бояд ҳатман мошини ёрии таъҷили­ро даъват карда, то омадани табибон, худ кўшиш кунед ба бемор ёрӣ расонед. Ёрӣ ба чу­нин беморон аз ин иборат аст: Беморро бояд тавре хобонед, ки сараш поин бошад, либосҳои тангро суст намуда, ҳавои то­заро таъмин кунед. Агар ҷабр­дида дар дохили бино қарор дорад, бояд фавран тирезаҳою дарҳоро кушод. Ба рўй ва қа­фаси сина бояд сачоқи дар оби хунук таркардашударо гузоред. Ба бинии ҷабрдида ҷавҳари навшодир наздик кардан низ аз аҳамият холӣ намебошад. Пойҳоро мебояд бо ягон чизи сахт молиш дод. Баъд аз он ки ҷабрдида ба худ омад, ба ў бояд ҳатман об дод».

Имрўзҳо ба ҳамагон маълум аст, ҳарорати ҳавои тобистони имсола нисбат ба солҳои ди­гар хеле гарм омада талаботи инсонҳо ба об бениҳоят афзуд. Дар ин мавридҳо мардум обҳои гуногун, ба монанди газнок, бе­газ ва бо дигар намуд иловаҳои ғизоиро истеъмол менамоянд . Яке аз маъмултарин навъи нушокӣ оби газнок бо истилоҳи русӣ «газвода с сиропом» мебо­шад, ки фурўши онҳо имрўзҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе хело зиёд ба чашм мерасад.

Қобили қайди махсус аст, ки обҳои газнок (ё ба истилоҳ газвода) дар баробари рафъи ташнагӣ ба организми инсон зарар низ дорад. Зеро дар тар­киби оби газнок оксиди гази кар­бон, ки тибқи меъёрҳои муқар­раргардида бояд аз 0,2 % -04 % зиёд набошад, илова карда мешавад. Ҳамзамон, бояд дар таркиби оби газнок иловаҳои ғи­зоии хушбўйкунанда ва ширин (сироп) тибқи шартҳои техникӣ ба миқдори муайян иҷозат дода шудааст. Пас ин ҷо суоле ба миён меояд, ки имрўз омма аз чӣ гуна обҳо нўшанду чӣ гуна обҳо барои саломатиашон ха­тарнок аст? Ба ин суол сарму­тахассиси шуъбаи гигиенаи ком­муналӣ ва гигиенаи кўдакону наврасони сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемио­логӣ Холмурод Алиҷонов чунин посух гуфт: «Боиси қайди мах­сус аст, ки имрўзҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо баланд шудани ҳарорати гармии ҳаво дуконҳои фурўши обҳои газнок ва дастгоҳҳои фурўши оби газ­нок дар роҳрав, бозор ва хиё­бонҳо зиёд гардидаанд. Қисми зиёди онҳо бе мувофиқа бо сохторҳои назоратии дахлдор, алалхусус марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемио­логии шаҳру ноҳияҳо, насб гар­дидаанд. Бояд қайд намуд, ки истеъмоли зиёди обҳои газнок ба одамоне, ки гирифтори бе­мориҳои шадиди рўдаю меъда ё ин ки бемории шакли музмини меъдаю рўдаро доранд, зараро­вар буда ва истеъмоли ин гуна обҳо ба онҳо тавсия дода наме­шавад. Инчунин, ба одамоне, ки мубталои бемориҳои рагу дил, бемории диабети қанд, панкре­атит ва дигар узвҳои ҳозима ме­бошанд, нўшидани обҳои газнок тавсия дода намешавад. Ба ин гуна шахсон нўшидани обҳои бегази шаффоф бе иловаҳои дар боло зикршуда тавсия дода мешавад. Қобили зикр аст, ки истеъмоли зиёди обҳои ширини газнок ба вайроншавӣ ва рехта­ни дандонҳо оварда мерасонад. Тавсия медиҳам, ки ба кўдакони синну солашон аз 3-сола хурд обҳои газнок дода нашавад».

Ба хотире, ки баъзан ҳаро­рат аз 450С боло меравад ва ҳарорати гармии ҳаво хеле ба­ланд аст, омма ба нўшидани об хеле зиёд эҳтиёҷ пайдо меку­над. Гармии зиёд инсонро беқа­рор менамояд ва дар он лаҳза шахс танҳо дар фикри шикастани ташнагии хеш мешаваду аз таъсири оби нўшидааш ба саломатии хеш андеша наме­кунад. Аз он обҳо ё ба истилоҳ «газводаҳо»-и сарироҳӣ фаро­вон истифода менамоянд, ки аз ин хавфи ба бемориҳои гуногун гирифтор шудан хело зиёд аст. Шахсони масъули соҳаҳои мар­бутаро мебояд дар ин самт чо­раандешӣ намоянд.

- Бояд тазаккур дод, ки аз тарафи сарраёсати назорати давлатии санитарию эпиде­миологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор таҳти №9 аз 10-уми майи соли 2018 «Дар бораи манъ намудани фурўши маҳсулотҳои хўроквории те­звайроншаванда, яхмос ва нў­шокиҳои ташнашикан дар ҷой­ҳои ғайримуқаррарӣ» ба тасвиб расида, барои иҷро ба ҳама марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ирсол гардид, вале як қатор соҳибко­рону фурўшандаҳои дукон ва дастгоҳҳои обҳои газнок бар хилофи талаботҳои санитарию гигиенӣ ва қарори номбурда рафтор намуда, обҳои газнокро бе риоя намудани талабот ва дар ҷойҳои номуқаррар ме­фурўшанд, - гуфт Холмурод Алиҷонов.

Бояд гуфт, ки дар баъзан ҳолатҳо соҳибкорон ё фурў­шандаҳои бархе аз дуконҳои обфурушӣ ва дастгоҳҳои обҳои газнок дар ҳудуди пойтахт одди­тарин талаботи санитарию гиге­ниро риоя намекунанд. Обҳое­ро, ки дар қуттиҳои полиэтиленӣ ҳастанду дар болояшон ҳам бо забони тоҷикӣ ва ҳам бо забони русӣ ва боз бо забонҳои дигар одӣ карда навишта шудааст: «хунук карда нўшед», бар хи­лофи он рафтор намуда, хело гарм ба муштариён пешниҳод менамоянд. Дар мавриди эъ­тирози харидор, ки об гарм аст, баъзан ҷавоби дағал ҳам медиҳанд.

- Аз тарафи мутахассисони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиолгии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба масъалаи мазкур санҷишҳо гузаронида шуда, камбудиҳои зиёд ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, қисми бештари ду­конҳо ва дастгоҳҳои оби газнок бе иҷозатнома фаъолият до­ранд, ҷараёни технологӣ риоя нагардидааст, яъне бе насби филтрҳои сеқабата мебошанд, обҳои газнок дар зарфҳои пластикӣ гирифта шуда ба мизоҷон пешкаш мешаванд. Инчунин, стаканҳои яккарата надоранд ва тартиби шустушў, безарар­гардонии онҳо мутобиқи та­лаботи санитарию гигиенӣ ба роҳ монда нашудааст. Вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт аз тарафи марказҳои назорати давлатии санитарию эпидимологии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нисбати соҳибкорон ва шахсони мутасаддӣ чораҳои маъмурӣ андешида шудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ин самт бояд на танҳо кор­мандони соҳаи санитарӣ, балки кормандони ҳифзи ҳуқуқ, алал­хусус нозирони минтақавӣ, саҳ­ми бевоситаи худро гузоранд, зеро ба фурўши обҳои газдор шахсони тасодуфӣ ва кўдакони ноболиғ ҷалб карда мешаванд, - иброз намуд дар охири суҳбат Х. Алиҷонов.

Дар охир бароятон якчанд тавсия барои рафъ намудани ташнагӣ пешниҳод менамоем. Дар ҳолате ки дастрасӣ ба об надоред ва то он роҳи дарозе дар пеш аст ва шуморо ташна­гӣ азият медиҳад, ба даҳонатон сангчаи хурд ё тугмаеро гузо­ред. Ғелонидани ашёи хурдакак дар дохили даҳон оби даҳонро меафзояд ва шуморо аз хуш­кии даҳон халос менамояд ва фикратонро низ банд мекунад. Чизи дигарро фаромўш набояд кард, ки кафили саломатии ҳар шахс худи ўст, ба ҳамин хотир доир ба мушкилиҳои гигенӣ ё санитарии ҷойдошта дар мағо­за, дўкон ва дигар ҷойҳои маҳ­сулоти ниёзи аввалия ҳатман ба мақомоти марбута муроҷиат намоед, зеро бетарафии шумо танҳо ба зиёни худи шумо ва наздиконатон аст.

Ҳангома ДАВЛАТОВА,

«Мароми пойтахт»


Вакти нашр: 2019-07-04 16:09:13    Хонданд: 404    Муфассал...

ҶАВОНОНИ ХУШТОЛЕЪ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Маҳз бо шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо тавонистем аз бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ раҳо додани кишвар заминаи устувор гузорем.

                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

         Мардуми боғуруру шарафманди тоҷик ҳамеша пайгири сулҳу ваҳдат ва истиқлолияту ҳуррият буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд. Аслан сарҷамъӣ, муттаҳидӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар сиришти тоҷикон аз қаъри асрҳост. Орзуи миллати тоҷик дар сарзамини худ ваҳдатистон сохтан буд, чунки Ваҳдат ба мо боварӣ ва ҳаракат намудан ба ояндаро тарбият менамояд.

Чӣ гунае, ки аз саҳифаҳои сангини таърих медонем Ваҳдат барои мардуми тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст. Ҳоло як қатор кишварҳои олам аз қабили Сурия, Афғонистон, Ироқ ва дигарон дар орзуи онанд, ки як рӯзи обод дошта бошанд ва чун мардуми соҳибистиқлоли мо зиндагии озодона ба сар баранд. Ваҳдати деринтизори тоҷик баъди заҳмату талошҳои фарзандони фарзонаи миллат ба даст омадааст. Зери вожаи ваҳдат хандаи кӯдакон, шукргузории модарон ва осударӯзгор будани халқ пеши назар ҳувайдо мешавад.

Тибқи маълумотҳои таърихӣ аз солҳои 1991-1992 авзои  сиёсии кишвар ноором гашта буд ва  аз ин фурсат душманони халқ истифода бурда, аҳолии мамлакатро аз рӯйи мансубияти миллӣ ва маҳал бар зидди ҳамдигар шӯронида, то андозае ба мақсадҳои нопоки худ расиданд. Дар Тоҷикистон ҷанги ба истилоҳ “бародаркӯш” ба вуқӯъ пайваст. Нооромӣ, гуруснагӣ, нолаю фиғон дар кишвар саморо ба худ печонида буд. Ин на танҳо мардумро балки мамлакатро ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавию сиёсӣ бисёр камзӯр ва заиф гардонид, зеро ҷанг рӯҳияи ҳамаро озурдаву шикаста месозаду дар вуҷуди кӯдакон ҳисси нобоварӣ ва бадхашмиро ба вуҷуд меорад.

Дар он солҳо дигар мардум баҳонае барои зистан надоштанд. Он ҷанги бемаънӣ рӯҳияи онҳоро шикаста буд, зеро тоҷик бо тоҷик яъне бародар бо бародар падар бо писар меҷангид. Хушбахтона, охирин ахтаре, ки дар қалби мардум ҷило дод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо хиради волои хеш муттаҳидӣ ва ваҳдатро барои мо фароҳам овард. Имрӯз мо - ҷавонони хуштолеъ дар фазое сукунат дорем, ки ҷавонони он давра дар ҳасрати он буданд. Аз ин рӯ, мо - ҷавонони бонангу номусро месазад, ки ба ин неъмати бемислу беназир бирасем ва бо амалу рафтори неку дониши хеш подоши онро диҳем. Ҳамеша кӯшиш намоем, ки чун Пешвои миллатамон ваҳдатофар бошему барои ояндагон зиндагии аз имрӯз беҳтарро бисозем. Ҳумоюну фархундаву хушқадам бод, ваҳдати миллати ваҳдатсарову ваҳдатистони тоҷик!

                                          

 Намоён Саломова – узви фаъоли

ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанббе


Вакти нашр: 2019-07-05 09:54:05    Хонданд: 393    Муфассал...

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-САРВАРИ СИЁСИИ ТОҶИКОН

Шуруъ аз соли 2016 ҳамасола 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад. Дар иртибот ба ин 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани тағиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд.


           Ҳамчун рӯзи ид муайян кардани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ ба шахсият вобаста нест. Он ҳамчун рӯзи такдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон, эҳёи давлатдории миллӣ, марҳилаи муҳими давлатии шурӯъ намудан ба иҷрои вазифаи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи навқабулгардида аст. Бояд тазаккур дод, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар Иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он замон раиси Шӯрои Олӣ сардори давлат ба ҳисоб мерафт ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. 16-уми ноябри соли 1992 дар саҳифаи таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд. Зеро ин рӯзи ба саҳнаи сиёсат ворид шудани бузургтарин сиёсатмадори халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин қонун бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат, амнияту якпорчагӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.


            Ҷашнгирии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мисоли ягона нест. Таҷрибаи сиёсати ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар як қатор давлатҳои пешрафта баҳри қадрдонии хизматҳои сарварони давлат Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад. Ба роҳ мондани чунин амал дар Тоҷикистон ҳеҷ амали ғайриоддӣ набуда, барқароршавии адолати таърихист. Ҷашнгирии Рӯзи Президент дар олам таърихи куҳан дорад. Асосгузорони ин ҷашн амрикоиҳо мебошанд, ки шуруъ аз соли 1782 ҳар душанбеи сеюми моҳи феврал дар ИМА Рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад ва он рӯзи истиироҳатӣ аст. Дар яке аз давлатҳои мутараққии олам-Британия Кабир ҳар сол 8-уми июн ҳамчун рӯзи таваллуди малика дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар Нидерландия, ки намунаи давлати демократию иҷтимоист, 29 ё 30-юми апрел зодрӯзи сардори давлат-малика ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил карда мешавад. Дар Исландия бошад, 14-уми май Рӯзи Президент эълон шудааст ва дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар Ҷумҳурии Қазоқистон бошад, ҳар сол 1-уми декабр ҳамчун Рӯзи аввалини Президенти Қазоқистон бо шукуҳу шаҳомати махсус ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин дар Ангола, Ҷазираҳои Маршал, Ботсвана ва дигар давлатҳо рӯзи президент ҷашн гирифта мешавад.


              Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки дар тақдири ҳар як миллат шахсоне ҳастанд, ки дар шаклгирии ин миллат ва давлат нақши ҳалкунанда мебозанд ва бо гузашти асрҳо онҳо дар хотири мардум мемонанд. Чунин шахсиятҳо барои ИМА Ҷорҷ Вашнгтон, Русия-Пётри 1, Хитой-Мао Дзедун, Фаронса-Шарл де Гол, Туркия-Мустафо Камол Отатурк ва дигарон мебошанд. Бо амри тақдир халқи бузурги тоҷик низ 16-уми ноябри соли 1992 соҳиби чунин сарвари сиёсӣ дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилае ба саҳнаи сиёсат ворид гардид, ки Тоҷикистонро парокандагии сиёсӣ фаро гирифта буд. Давлат ҳамчун институти сиёсӣ фаъолият намекард. Воҳидҳои маъмурии алоҳида ба марказ итоат намекарданд ва гуруҳҳои гуногуни ҷинояткор бо истифода аз чунин вазъ худро ҳокими маҳаллӣ эълон карда буданд. Ҳатто як қисмати алоҳидаи ҷумҳуриамонро душманони миллат мустақил эълон карда, бар зидди Тоҷикистон мубориза мебурданд. Оид ба вазъи иҷтимоии он давра, ки аксарият шоҳиди он буданд, ҳоҷати сухан гуфтан нест. Дар чунин ҳолати мураккаб вориди сиёсат шудан ва муваффақ шудан дар он шароит афсона менамуд.


            Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи иқтисоди миллӣ низ бениҳоят бузург аст. Дар солҳои аввали соҳибихтиёрӣ Тоҷикистон бо буҳрони амиқи молиявию иқтисодӣ рӯ ба рӯ гашт. Соли 1993 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 16% коҳиш ёфт. Соли 1994 ин нишондиҳанда ба 24%, соли 1995 ба 12%, соли 1996 ба 17% баробар шуд Соли 1995 ММД танҳо 41% соли 1991-ро ташкил дод. Зери роҳбарии оқилонаи Эмомалӣ Раҳмон иқтисоди миллӣ рӯ ба пешравӣ ниҳода, дар соли 2017 ММД аллакай 61,1 млрд. сомониро ташкил дод. Имрӯз дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиёт пешравиҳои назаррас дида мешаванд. Тоҷикистон бомаром ба сӯи се ҳадафи стратегии худ-расидан ба истиқлолияти энергентикӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ рафта истодааст.


              Тибқи моддаи 1-уми Конститутсия Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Зери роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистон дар самти иҷтимоиёт низ ба пешравиҳо ноил гардидааст. Дастгирии илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, нафақа, ҳифзи иҷтимоии гуруҳҳои осебпазир дар сиёсати Президенти кишвар мақоми авввалиндараҷаро ишғол кардааст. Қобили зикр аст, ки соли 2016 барои тараққиёти соҳаи маориф 3 миллиарду 150 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2015 - ум 10 фоиз ва дар муқоиса бо даҳ соли пеш 13 баробар зиёд мебошад. Барномаи компютеркунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010-2015 ба охир расида, дар миқёси мамлакат 106 фоиз иҷро шуд. Ҳукумат маблағгузории соҳаи тандурустиро сол аз сол зиёд карда, соли ҷорӣ ҳиссаҷудокуниро ба ин соҳа ба 1 миллиарду 300 миллион расонид, ки ин рақам нисбат ба соли 2005 14 баробар зиёд мебошад.


              Хулоса, нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташкили Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил бениҳоят бузург буда, ҳақиқати бебаҳс аст. Маҳз бо назардошти ҳамин ҳолат 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Воқеияти олами муосир нишон медиҳад, ки яке аз ҳолатҳои кафолатдиҳандаи сулҳу амният дар ҳар як кишвар муттаҳидӣ дар атрофи сарвари сиёсӣ аст. Воқеаҳои сиёсии солҳои охири дар олам рухдиҳанда нишон медиҳанд, ки муттаҳид набудан дар атрофи сарвар ба он оварда мерасонад, ки ҳатто давлатҳои бузург пароканда мешаванд. Мисоли давлатҳои Ироқ, Либия, Яман, Сурия гуфтаҳои болоро тақвият мебахшанд. Пас имрӯз вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки дар атрофи сарвари сиёсии худ-Президенти мамлакат муттаҳид бошанд ва дар пешравии Тоҷикистони азиз нақши худро гузоранд.


Сафарзода Фаридун – узви фаъоли

ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

 


Вакти нашр: 2019-07-08 14:13:20    Хонданд: 590    Муфассал...

МАКТАБИ ХОНИШИ СИЁСИИ “БОНУВОН ДАР СИЁСАТ” ДАР МИНТАҚАИ ИСТИРОҲАТИИ РОМИТ

Дарси  навбатии  мактаби  хониши сиёсии “Бонувон дар сиёсат” дар истироҳатгоҳи  КВД  “Роҳи оҳани Тоҷикистон”  дар  минтақаи истироҳатии  Ромит  баргузор гардид.

 Дар дарси баргузоргардида бе аз 60 нафар бонувони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино иштирок намуданд.

 Дарси  мактаби хониши сиёсии “Бонувон дар сиёсат”-ро  Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ифтитоҳ намуда, зикр доштанд, ки  тӯли як сол аст, ки дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур хониши сиёсӣ барои баланд бардоштани донишҳои сиёсии занон ташкил гардидааст. Ҳадафи он баланд бардоштани маҳорати суханварӣ, таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва идоракунии давлат барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳамзамон татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад.

Сипас  Казакова Умриниссо Санговна – Раиси Шӯрои собикадорони  ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  дар  мавзӯи “Ишгтироки  занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва идоракунии давлат” баромад намуданд.

Ҳамзамон дар бахши фарҳангию адабии хониши мактаби мазкур Шоираи халқии Тоҷикистон Зулфия  Атоӣ суханронӣ намуда, аз эҷодиёти хеш шеърҳо қироат намуд.

Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе -Заррина Зуҳурова низ  бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуданд. 

Дар идомаи хониши мазкур миёни иштирокчиён композитсияи адабӣ-бадеӣ баргузор гардид, ки иштирокчиён бо туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳияи Шоҳмансур ва китобҳои тозанашри шоира Зулфия Атоӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳамзамон барои иштирок ва суханронӣ дар мактаби зикргардида, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Шоҳмансур  ба меҳмонон туҳфаҳои хотирравӣ  тақдим намуд.

 


Вакти нашр: 2019-07-08 15:35:23    Хонданд: 333    Муфассал...

АКСИЯИ ХАЙРИЯВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ МАЪЮБОН”

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроия бахшида ба “Рӯзи маъюбон” аксияи хайриявӣ баргузор гардид.

Иқдоми мазкур дар пайравӣ аз сиёсати хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидааст.

Дар аксияи мазкур кормандони масъулини ҳизбӣ ба чанд нафар аз маъюбони ҳудуди ноҳия маводҳои ғизоии хӯрока тақдим намуданд.


Вакти нашр: 2019-07-09 10:28:09    Хонданд: 407    Муфассал...

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «СОМОН» ТАЪСИС ЁФТ

Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Гулов Х.Қ. - мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилоот  ва Гурезов У.Ҷ. – мутахассиси Кумита дар ҶДММ “Маркази пешгирии мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ” маҷлиси муассисон баргузор гардид.

Дар кори маҷлиси муассисон аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ ба 5-нафар кормандони Марказ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

   Маҷлиси муассисон аз рӯи 3 масъала қарорҳои дахлдорро қабул намуданд. Аз ҷумла аз рӯи масъалаи якум ташкилоти ибтидоӣ “Сомон” номгузорӣ карда шуд.


Вакти нашр: 2019-07-09 14:19:09    Хонданд: 362    Муфассал...

ОМИЛИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозад. Сулҳ маънои оромӣ, осоиштагӣ ва дӯстӣ дошта, Ваҳдат якдилӣ, ягонагӣ ва оштии миллӣ мебошад.

          Рӯзи 27-уми июн санаи муҳими таърихӣ ба ҳисоб рафта, аз соли 1997 инҷониб дар кишвари азизамон ҷашни Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Зеро маҳз яке аз сутунҳои устувори таъмини Истиқлолияти давлатӣ Ваҳдати миллӣ ба ҳисоб рафта, баъди расидан ба ин сулҳи деринтизор дар байни кишварҳои ҷаҳон ин сулҳи бадастомада барои чандин давлатҳо омӯзанда гардид.

           Тавассути Ваҳдати миллӣ кишвари мо дар шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст. Танҳо бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба дастовардҳои беназир расидаву давра ба давра ва қадам ба қадам ба ояндаи неку дурахшон расида истодаем. Худи ҳамин руҷӯъ, ки Пешвои миллат иброз намуданд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард…» нияти мардуми тоҷик буда, то ба охир шиори пиру ҷавон гардид ва моро аз хоҷагии нимвайрон ва кишвари ҷангзадаву пойбанди ҷудоихоҳиҳо ва буҳронӣ ба кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёбанда табдил дод. Дар ин давра, ҳамзамон бо пешравиҳои назарраси иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавқеи байналмилалии Тоҷикистон хеле мустаҳкам гардида, нуфуз ва ҷойгоҳу мақоми он дар равандҳои муосири ҷаҳонӣ баланд шуд, ки тамоми ин дастовардҳои даврони истиқлол аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишвар мебошанд.

              Хушбахтона, табиати сулҳҷӯёна ва характери миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои хаётӣ шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард. Ин як навъ дурандешӣ ва хирадмандиро ифода мекард. Сулҳи тоҷикон ба тамоми маънӣ ба фаъолияти сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич вобаста аст. Воқеан, Пешвои миллат халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст душманонро авф кард, зиёда аз як миллион нафар гурезаю муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонида, ба миллати мотамзада сулҳу ваҳдат ва суботу амният овард. Ӯ пояи давлатдориро аз сифр бунёд намуда, ҳуқуқро ба ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ кард, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонида, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии миллат муттаҳид кард:

Ин ҳама рӯзи накуву пурсафо аз Ваҳдат аст,

Ин ҳама айёми хубу ҷонфизо аз Ваҳдат аст

            Таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон, ки асосгузори он Эмомалӣ Раҳмон - Пешвои барҳаққи миллат мебошад, имрӯзҳо вирди забони ҷомеаи ҷаҳонӣ шуда, ба ҷаҳониён собит кард, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати душвор ва сарнавиштсози таърихӣ аз ин неъматҳои худододӣ истифода карда, худро наҷот медиҳад. Ба қавли собиқ Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Анан, тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд.

            Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба давлатҳои гуногуни ҷаҳон нишон дод, ки минбаъд тамоми мардуми кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллати тоҷикон эътироф ва эҳтиром намуда, сохти демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб ва қабул карданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ итминон пайдо кард, ки Тоҷикистон роҳи сулҳ, ободӣ ва бозсозии кишварро пеш гирифт, аз ин хотир, кишварҳои мухталиф омодагии худро барои сармоягузорӣ дар ватанамон нишон доданд.

             Таҳкими сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ ба таҳкими рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳидоят карда, заминаҳои муосири иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд меорад. Дар Паёмҳои ҳарсола ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии инсон, аз ҷумла гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, иштироки бевоситаи мардум дар корҳои идораи давлат барои дар амал татбиқ намдани ғояҳои ваҳдати миллӣ чун дурнамои ягонаи халқу давлат ба хотири ободии рӯзгори мардум таҷассум мегардад.

             Тамоми ҳадафҳои иқтисодии кишварамон дар заминаи Ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омада истодааст ва дар Паёми навбатӣ ҳадафи чорум ба вуҷуд омад, ки он марҳилаи навест, ки дархӯри се ҳадафи пешина мебошад. Имрӯз мо дар марҳилаи саноатикунонии кишвар қарор дорем ва тавре шоҳидем бе саноатикунонӣ дар замони муосир наметавон ба ҳадафҳои дар пешгузошта расид. Мо дорои заминаи устувори саноат буда, аллакай онро дар замони Шӯравӣ бунёд намуда будем ва бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ онро аз даст дода, бо кӯшишҳои пайваста метавонем дар наздиктарин фурсат ба он марҳила рафта расем ва ин кӯшишҳои мо мисли дигар ҳадафҳоямон ҷомаи амал пӯшид ва моро ба зиндагии шоиста расонд.

 

Бимонад ҷовидона номи Ваҳдат,

Шабеҳи рӯз бошад - шоми Ваҳдат.

Илоҳо кафтари амну амонӣ,

Нишинад то абад дар боми Ваҳдат.

 

Нурализода Амрулло Назрулло, - узви фаъоли

 ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

 


Вакти нашр: 2019-07-10 15:47:42    Хонданд: 387    Муфассал...

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ПОСДОРОНИ ТАБИАТ" ТАЪСИС ЁФТ

Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Наботов Ш.С. – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот  ва Гулов Х.Қ. – мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилоот дар Раёсти ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе маҷлиси муассисон баргузор гардид.

Дар кори маҷлиси муассисон аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ ба 9 нафар кормандони муассиса шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 Маҷлиси муассисон аз рӯи 3 масъала қарорҳои дахлдорро қабул намуданд. Аз ҷумла аз рӯи масъалаи якум ташкилоти ибтидоӣ “Посдорони табиат” номгузорӣ карда шуд.


Вакти нашр: 2019-07-10 15:41:42    Хонданд: 337    Муфассал...

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ГАЗПРОМНЕФТ” ТАЪСИС ЁФТ

Санаи 10-уми июли соли равон дар ҶДММ "Газпромнефт-Тоҷикистон" маҷлиси муассисони ташкилотии ибтидоии ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он Муҳриддин Ғаффоров - муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Фарҳод Ҳусенов - намояндаи ҶДММ "Газпромнефт-Тоҷикистон" иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис нахуст ба якқатор кормандони ҶДММ "Газпромнефт-Тоҷикистон", ки дар асоси аризаи шахсиашон ба сафи ҲХДТ пайваста буданд дар вазияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Сипас ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо пешниҳоди зиёди номгузориҳо таъсис дода шуда, номи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Газпромнефт” номгузорӣ карда шуд. Бо ҷонибдории ҳамаи аъзои ҳизби ташкилоти мазкур Пирова Мунира -Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Газпромнефт” интихоб карда шуд. Ҳамчунин барои пешбурди корҳои ташкилоти ибтидоӣ Шарипова Дилшода - котиби Раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардид.

Муҳриддин Ғаффоров - муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамаи ҳозиринро аз номи роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия барои аъзо ва пайрави аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона табрик намуд.

Мавсуф аз ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҲХДТ зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Маҳз истиқлолияти комили сиёсӣ ва Ваҳдати милии мамлакат буд, ки мардуми сарбаланди тоҷик бо иродаи матин ба дастовардҳои зиёде дар ҳамаи соҳаҳо комёб гардиданд. Ҳамчунин Муҳриддин Ғаффоров аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар арафаи 25-умин солгарди он қарор дорем ёдовар гардид ва барои тақвияти корҳои сиёсӣ-таблиғотӣ барору комёбиҳо таманно намуд.

Дар фарҷом мубодилаи афкор миёни аъзоён ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия сурат гирифт, ки саволҳо, мавзуъҳо ва пешниҳодҳои муфид ва саривақтӣ буд.

 


Вакти нашр: 2019-07-11 08:27:32    Хонданд: 411    Муфассал...

ВОХӮРИИ ВАКИЛ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

10 июли соли 2019 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ҷалби интихобкунандагони минтақаҳои 71 ва 72 ноҳияи Сино вохурӣ бо вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №53 - Исмоилов Н.Ҷ. баргузор гардид, ки дар кори он Файзуллозода З.Ф., - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, муовини якуми раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Нахуст дар баромади худ Файзуллозода З.Ф. - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир ба нақшу иштироки ҳар як интихобкунанда дар рӯзи баргузории интихобот таъкид намуда, иброз дошт, ки фаъолона иштирок намудан аз ҳар як интихобкунанда масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд, зеро ӯ бо райъи худ ба ҷонибдории номзади арзандааш иродаи сиёсии худро ҳамчун иштирокчии равандҳои сиёси ҷомеа нишон медиҳад ва иродаи сиёсии худро бо райъаш месупорад ва дар қабули санадҳои муҳиму созандагӣ саҳмгузор мегардонад.

Дар идомаи вохурӣ бо интихобкунандагон Исмоилов Н.Ҷ. - вакили Маҷиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №53 ва шахсони расмӣ суханронӣ намуда доир ба нақшаву самтҳои асосии фаъолияти хеш ҳозиринро огоҳ намуданд.

Дар фарҷом дар фазои гуногунандешии сиёсӣ аз ҷониби интихобкунандагон саволу ҷавоб ва баромадҳои судманд доир гардид.


Вакти нашр: 2019-07-11 14:40:35    Хонданд: 468    Муфассал...

КАВКАБОНИ НУРБОРИ МИЛЛАТ

Ҷавонӣ беҳтарин, ширинтарин, хотирмонтарин ва дўстдоштатарин айёми умри инсон аст. Арзиши ин даврони тиллоии умрро пиндоштан тавоноӣ ва хушбахтист. Дунёи даргузар сонияҳоро тай мекунад, пас моро мебояд ба қадри ҷавонии хеш бирасем.       

Устоди сухан, шоири зиндаёди тоҷик Лоиқ Шералӣ чунин мисраҳоро бовиқор ба қалам медиҳад: “Ало эй соҳибони вақт биштобед”. Оре, имрўз замони он аст, ки бояд биштобем ва ба сўйи ҳадафҳои созандаву ширини хеш қадамҳои устувор ниҳем. Вақте ки бо калонсолон бо мароқ сухан мекунӣ ба олами хаёлот ѓарқ шуда, аз ҷавонии хеш ҳарф мезанад, зеро ба қавли онҳо ҷавониро ёд кардан арзанда аст.

       Дар зиндагӣ лаҳзаҳои беҳтарин ва ҳасостарини инсон маҳз даврони ҷавонӣ аст, ки дар ин лаҳзаҳо шахсият ҳастии ояндаи худро барпо мекунад. Ин айёми беолоишу пурталотунро на ҳар кас ҷолибу хотирмон мегузаронад. Бархе аз ҷавонон пойдевори мустаҳками худро барпо мекунанд ва ба қадру қиммати ин даврон мерасанд, аммо на ҳама чун онҳоянд... Иддае аз ҷавонони мо ҳанўз дарк накардаанд, ки ҷавонӣ зудгузар асту чун дарё аз канорашон гузашта меравад.

         Ҳоло дар мамлакати мо ҳамаи боварии Ҳукумати кишвар маҳз ба ҷавонони ояндабину дурандеш нигаронида шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 13-уми марти соли 1992 Қонун “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати ҷавонон” қабул карда шуд. Ҳамасола дар саросари манотиқи сарзамини соҳибистиқлол 23-юми май ҳамчун “Рўзи ҷавонони Тоҷикистон” ҷашн гирифта мешавад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгир ва ҳидятгари мо – ҷавонон ҳастанд ва моро мебояд кўшиш намуда, дар оянда ҳамчун мутахасиси босавод саҳми хешро барои боз ҳам ободу зебо гардидани давлатамон бигузорем.

 

         Кавкаб - бале ситораест дар самои чашмрас дурахшону нурбор мисоли нодираи пурганҷ, ки ҳарлаҳза ҷило медиҳад. Ман ҷавониро ба кавкаб мисол кардам. Ҷавоне, ки дорои обруву нуфуз ва номбардори халқу миллати хеш аст пас ў ахтари тобондаи самост. Имрўз мо – ҷавонони зодаи истиқлол шуҷоатмандем пас роҳи ростро пеша кунем. Чунончӣ Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: “Ҷавонони мо неруи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрўзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд”.

         Ҷавониро қадр кардан ва аз ин давра хотироти пурсамарро боқӣ гузоштан кори тавонову бузургест. Аз ин рў, мо – ҷавонони саодатманди  Тоҷикистон бояд бо сари баланд ва ифтихори беҳамтои ватандорӣ роҳ сўйи амалӣ гардонидани орзуҳои хеш бошем ва кишвари ҳамешабаҳорамонро номдору обод созем. Он гоҳ ҳамчун як ҷавон саҳми хешро гузошта метавонем. Биштобем, ки фардо дер хоҳад шуд.

Шаҳзод Азимзод – узви фаъоли

ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбн


Вакти нашр: 2019-07-12 17:43:29    Хонданд: 441    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “АРМУҒОН”

Дар ташкилоти ибтидоии “Армуғон” соати сиёсӣ баргузор гардид. Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур нахуст аз ташкилоти ибтидоӣ боздид намуда, аз аҳволи кормандон-аъзоҳои ҳизб, корбарию коргузорӣ ва рӯзгори онҳо ошноӣ пайдо  карда, соати сиёсиро гузаронид.

Вобаста ба ҳадафҳои сиёсии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, пешниҳоди маҳсулоти миллии армуғонӣ, донистани фарҳанг ва таърихи пурғановати миллат ва тарғиби арзишҳои миллӣ баробари пешниҳоди маҳсулоти армуғонӣ ба меҳмонону сайёҳон, тарбия ва касбомузии ҷавонон, ихтисосмандӣ, забондонӣ ва ҳифзи идеологияи солими миллӣ дар ниҳоди насли ҷавон, пешгирии гароиш ба фарҳанги бегона ва идеологияи тахрибкорона, падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, ҳимояти манфиатҳои миллӣ, дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат, Истиқлолияти давлатӣ ва амнияту субботи сартосарӣ дар кишвар ва амсоли ин мазвӯҳои набзи ҷомеа нутқ кард.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур


Вакти нашр: 2019-07-17 09:54:54    Хонданд: 409    Муфассал...

ИҶЛОСИЯИ НАВБАТӢ, ДАЪВАТИ ПАНҶУМ

ИҶЛОСИЯИ НУЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ПАНҶУМ
Бо тартиб ба баргузории Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати панҷум доир гардид.

Дар кори иҷлосия Самӣ Шариф – Раиси маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - Раҳимзода Толиб Карим – муовини Раиси шаҳри Душанбе, муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Расулзода Насимҷон- вакили Маҷлиси вакилони ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳафзаи №19, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ раисони маҳаллаҳо, роҳбарони сохторҳо ва муассисаву корхонаҳои дастгоҳи Раиси ноҳия иштирок доштанд.

Дар иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати панҷум масъалаҳои зерин тасдиқ карда шуданд:
1. Ҳисоботи муовини якуми Раиси ноҳия Ҳаётзода Б.Ҷ. оид ба рафти иҷрои қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 9 июли соли 2018, №199 «Дар бораи ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
2. Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ «Оид ба буҷет, муқаррар намудани андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ, инкишофи иқтисодию иҷтимоӣ, идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналӣ»
3. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Кучарова Ҳ.А. аз ҳавзаи интихоботии №12
4. Тасдиқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои солҳои 2020-2022.
5. Тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор ба тасвиб расиданд.


Вакти нашр: 2019-07-18 09:23:35    Хонданд: 309    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ШАВКАТ”

Бо мақсади баланд бардоштани дониши сиёсии аъзои ҳизб ва огоҳ гардидани онҳо аз вазъияту воқеаҳои сиёсию фарҳангӣ, ободиву созандагӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солаги Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар бо иштироки Гулов Х.Қ., - мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва аъзоёни ҳизб аз ташкилоти ибтидоии "Шавкат" соати сиёсӣ баргузор гардид.

Дар фарҷоми соати сиёсӣ ба аъзоёни нави ҳизб шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.


Вакти нашр: 2019-07-19 13:06:24    Хонданд: 508    Муфассал...

НАМОИШИ ФИЛМИ ТАРБИЯВӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ЗАФАР

Ватанро дȳст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки туфайли тарбияи ҷавонон дар заминаи онҳо мо давлати воқеан муқтадиру тавоноро бунёд карда метавонем.
Дар асоси дастуру супориши протоколи назоратии маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия дар шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур бо сокинон мулоқоту вохȳриҳо баргузор гардида истодааст. Дар маҳаллаи Зафар бо иштироки аъзоёни ҳизб, сокинон ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия филми тарбиявии “Аз ман марав” ба намоиш гузошта шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия оид ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи маърифати шаҳрнишинӣ”, пешгирии зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, роҳ надодан ба хурофоту зиёдаравӣ, пешгирии гароиш ба фарҳанги бегона, пешгирии воридшавии идеологияи тахрибкорона ва дигар масъалаҳои мубрами рȳз суханронӣ карда шуд


Вакти нашр: 2019-07-19 08:27:25    Хонданд: 427    Муфассал...

Натиҷагирӣ аз корҳои ҳизбӣ ва тақвияти он

Ҷаласаи ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Суғурта" бо иштироки Раиси ташкилоти ибтидоӣ-Мухамедов Шавкат ва аъзоёни ҳизб санаи 18-уми июли соли равон доир гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҳизбӣ аз ҷумлаи корҳо дар самти таблиғоту ташвиқот, амалӣ намудани дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ натиҷагирӣ гардид.
          Дар идома нақшаҳо барои  шашмоҳи минбаъдаи соли ҷорӣ вазифагузорӣ карда шуда, аз масъулин иҷрои босифату натиҷабори онҳо талаб карда шуд.
Ҳамчунин дар дигар масъалаҳои ҷории пешбурди корҳо дар самтҳои гуногуни фаъолияти ҳизбӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд.

 КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Вакти нашр: 2019-07-19 13:19:01    Хонданд: 506    Муфассал...

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ҶИҲАТИ ВУСЪАТ БАХШИДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур  дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии “Бунёди оила” бо иштироки муовинон ва котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур  оид ба вусъат бахшидани фаъолияти сиёсии ҳизбӣ, корбариву коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, тақвият бахшидани корҳои таблиғотӣ, омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода ва тарғиби идеологияи солими миллӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур вобаста ба муҳтавои баргузории семинари мазкур нутқ карда, афзуд, ки дар раванди пурпечутоб гардидани авзоъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳон, таҳлили  воқеъбинона ва муносибати дурусту ояндабинона бо паёмадҳои ин раванди пуртазод масъулияти ҳизбии ҳар аъзои ҳизби моро беш аз пеш тақозо менамояд.  Инчунин, ҷиҳати тақвият бахшидани тарғибу ташвиқи фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилотҳо, густариш бахшидани  раванди ҳамгироӣ миёни ташкилотҳои ибтидоӣ ва табодули таҷриба чунин семинарҳои омӯзишӣ доир карда мешаванд.

Сипас оид ба  ҳуҷҷатнигорӣ, коргузорӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ, мураттаб сохтану пешниҳоди протоколҳои маҷлисҳои ҳизбӣ, ҳисоботи оморӣ, ахбороти сиёсӣ ва амсоли ин мутахассиси бахши омор ва бақайдгирии аъзои ҳизб Раҳимова Оишамоҳ баромад намуд.

Бозорова Гулбону-мудири бахши кор бо занон доир ба нақши бонувон дар фаъолияти ҳизбӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии гароиш ба фарҳанги бегона, пешгирии хурофотпарастӣ,  арзиши либоси миллӣ ва иффати зан-модар дар ҷомеа, маърифати зан омили пешравии ҷомеаи бофарҳанг ва амсоли ин суханронӣ намуданд.

Дар интиҳо Вализода Муҳаммад-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот оид ба роҳҳои муосири таблиғот, нақши таблиғот дар татбиқи барномаҳои ҲХДТ, таблиғи идеологияи солими миллӣ дар таҳкими давлатдорӣ ва татбиқи дар шароити мураккаб гаштани бархурди тамаддунҳо, масъулияти баланди ҳар узви ҳизб дар тарғибу ташвиқи идеологияи миллӣ, пешгирии воридшавӣ ва таблиғи идеологияи харобкорона дар ҷомеа, таъсири таблиғи солими сиёсӣ дар мафкураи ҷомеа, таблиғи дурусту саҳеҳ ва созандаву ояндабинона дар ҷомеаи муосири кишвар, истифодаи дурусти васоити таблиғотӣ, дар сомонаҳои иҷтимоӣ  таблиғи фарҳанги миллӣ ва идеологияи солимии миллӣ ва ба ин васила пешгирии таблиғи барномаҳои харобкорона ва таъсири онҳо ба мафкураи ҷоема ва амсоли ин паҳлуҳои гуногуни таблиғот, инчунин, тақвият бахшидани гуруҳҳои мобилию таблиғотӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ нутқ кард.


Вакти нашр: 2019-07-19 14:54:03    Хонданд: 316    Муфассал...

САҲМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЁТИ КИШВАР

Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии "Пайванд"-и ҶСК "Сементи тоҷик" ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрии озоди муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия - Муҳриддин Ғафоров таҳти унвони "таърих ва ҳаёти ҲХДТ" бо иштироки муовини Раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии "Пайванд" Носиров Файзиддин ва масъулини ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Муҳриддин Ғафоров ҳамчун вакили Анҷумани I-уми муассисони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир ба таърих, мақсад, саҳми ҲХДТ дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва сарҷамъ намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ зери ваҳдати сартосарӣ суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки 25 сол пеш аз ин дар ҷаласаи Анҷумани-I муассисони Ҳизби Халқии Тоҷикистон ҳамчун вакил иштирок дошт. Дар он ҷаласаи фаромӯшнашаванда, ки 10-уми декабри соли 1994 шуда гузашт, Оинномаи ҳизбро қабул карда, аввалин аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Роҳбарияти ҳизбро интихоб намуданд. Ҳизби Халқии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашт дар ҳамон вақт вазъияти сиёсӣ ноором буд. Ҳис карда мешуд, ки баъзе аз иштирокчиёни Анҷуман муносибати эҳтиёткорона доранд. Баъзеҳои дигар бошанд, ба хотири мабодо ҳатто аз қайд нагузаштанд. Дилпурӣ ва эътимод камтар ҳис мегардид.
Дар ҳамон давра, гарчанде мардум аз ҳизбҳо дилмонда, тарсхӯрда шуда бошанд ҳам, зиёиёни пешқадам он ҳақиқатро дарк мекарданд, ки дигар ба сохти пешина, пахш намудани озодандешӣ ва пюрализми (гуногунандешӣ) сиёсии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми сазовор нахоҳад ёфт. Роҳи ягонаи аз буҳрон баромадан ин демократикунонии ҷомеа, ба вуҷуд овардани системаи бисёрҳизбӣ, ривоҷи озодии сухан, матбуот ва роҳ гирифтан ба сӯи иқтисодиёти бозоргонӣ буд.
Даҳҳо фарзандони беҳтарини Тоҷикистон дар байни мардум ғояҳои ҳизбро тарғибу ташвиқ карда, рӯзномаи ҳизбиро паҳн намуданд ва рӯз ба рӯз ҷонибдорони ҳизбро зиёд карданд.

Дар Анҷумани III Ҳизби Халқии Тоҷикистон, ки 25-уми июни соли 1997 гузашт, бо таклифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизб номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро гирифт.

Дар Анҷумани IV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки 18-уми апрели соли 1998 шуда гузашт, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини дар фазои сиёсии ҷомеа зуҳур карданаш, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои халқро ҳадафи аслӣ ва асоси Барномаву Оинномаи хеш эълон дошт. Албатта комёб шудан ба ин мақсаду ниятҳо дар он айёми ҳасос ва марҳилаи сарнавиштсоз барои кишвари тозаистиқлоли мо осон набуд, ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Бо вуҷуди мураккабии авзои он солҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз лаҳзаҳои нахустини ба майдони сиёсат омадан баҳри татбиқи Барномаи хеш фаъолияти фарогиреро роҳандозӣ намуд. Дар оғоз аҳли ҷомеа ба ин ҳизби навтаъсис чун дигар ҳизбҳо таваҷҷӯҳ надоштанд.

Чунин ҳолат дар он рӯзҳо як падидаи муқаррарӣ буд. Мардум аз кашокашиҳои дохилӣ хаста шуда, интизори сулҳу оромӣ буданд. Ин даврае буд, ки одамон танҳо ба амалҳои воқеӣ бовар мекарданд.
Раванди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол собит намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби ифодагарӣ ормонҳои халқ аст. Мо шоҳиди онем, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони дар гирдоби кашокашиҳои дохилӣ қарордошта, ба соҳили мурод расид. Тай кардани ин марҳилаи сангин осон набуд ва паси сар кардани он маънии амалӣ гаштани нақшаҳои наздиктарини ҳизбро дошт.
Ин дастоварди бузург, дигаргунии куллиро дар шуури ҷомеа ба вуҷуд овард. Ба ҳамин маънӣ ҲХДТ тавонист мавқеъ ва обрӯи устуворро дар миёни халқ соҳиб шавад.

ҲХДТ дар муддати начандон тӯлонӣ тавонист, ки таҳкурсии кохи мавҷудияти хешро хеле мустаҳкам намояд. Ин бешак хушбахтии ҳамин ҳизб ва аъзои он аст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби сулҳу ваҳдат, ҳизби пешрафт ва шукуфоии ватани мо мебошад. Дастгирии ҳаматарафаи аъзоёни ҳизб, бо кор нишон додани хеш, ташаббускорӣ, ватандӯстӣ ва миллатпарварӣ, такя намудан ба шахсони боистеъдод ва бофарҳанг, тарбия кардани кадрҳои ҳозиразамони сиёсӣ, тақвияти ваҳдати миллӣ, мустаҳкам кардани ғояҳои давлат, эҳё намудани тамоми боигариҳои маънавии халқ, мусоидат кардан ба пешрафти Тоҷикистони азиз мақсади асосии Раиси ҳизб ва ҳамаи аъзоёнаш мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 7 феврали соли 2019 иброз доштанд: “Робитаи қавӣ доштан бо халқ ва ифодакунандаи ормонҳои бисёрсолаи он будан ҷавҳари асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил дода, садоқат ба он ва дар ин роҳ соҳибиродаву бомасъулият будан асоси муваффақиятҳо ва эътимоди мардум ба он мебошад.

Бо ибораи дигар, ҳизби мо мардумӣ ва зодаи даврони истиқлол буда, дар асоси ормонҳои халқи шарифи кишварамон таъсис ёфтааст”.
Таъкид карда шуд, ки дар муддати 16 соли кори ҳаррӯзаи ҳизбӣ боварӣ ҳосил кардам, ки аҳли ҷомеа ба ғояҳои халқпарваронаи ҲХДТ эътимоди қавӣ доранд. Мо дар такя бо халқ фаъолият мекунем ва эътимоди аҳли ҷомеа кафолати пирӯзиҳои мост.

Дар фарҷом доир ба ҳифз ва амалӣ намудани мақсадҳои ҲХДТ маслиҳатҳои муфид дода шуд

 


Вакти нашр: 2019-07-19 14:45:33    Хонданд: 268    Муфассал...

МАҶЛИCИ УМУМӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БЕХАТАРАИИ ОЗУҚАВОРӢ”

Дар ташкилоти ибтидоии “Бехатарии озуқаворӣ” маҷлиси умумӣ доир гардид.

Дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур-Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад суханронӣ намуда, аъзоҳои навро дар вазъияти тантанавӣ бо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ сарфароз гардонид.

 Ҳучунин бобати таҳкими давлатдории миллӣ, тарғиби идеологияи солими миллӣ, дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи ҲХДТ, ҳаракати аъзои ҳизб, таҳким бахшидани масъулияти ҳизбӣ, ҳамчун аъзои ҲХДТ намунаи ибрати дигарон будан дар ҷомеа, ҳифзи солимии ҷомеа ва генофонди миллӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ суханронӣ намуданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи шоҳмансур


Вакти нашр: 2019-07-22 09:30:20    Хонданд: 347    Муфассал...

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «САОДАТ» ТАЪСИС ЁФТ

Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Наботов Ш.С. - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот ва Гулов Х.Қ. – мутахассиси шубаи таблиғот ва иттилоот дар Маркази савдо ва тиҷоратии "Саодат" ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Саодат " таъсис ёфт.

Дар кори маҷлиси муассисон аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ ба 6-нафар кормандони муассисаи мазкур шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Маҷлиси муассисон аз рӯи 3 масъала қарорҳои дахлдорро қабул намуданд. Аз ҷумла аз рӯи масъалаи якум ташкилоти ибтидоӣ “Саодат” номгузорӣ карда шуд. Ҳамзамон дар кори маҷлис директори маркази савдо Ҳайдаров Муродалӣ Назарович ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Нуров Давлатмурод ба ҳайси котиби ташкилоти ибтидоии «Саодат» интихоб гардиданд.


Вакти нашр: 2019-07-22 10:50:40    Хонданд: 420    Муфассал...

ПАЙВАНДИИ НАҲЗАТИҲО БО ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

 

Давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суръати баланд рӯ ба тараққӣ овардааст. Мо мардуми шарифи Тоҷикистон шоҳиди он ҳастем, ки давлати дар байни оташи ҷангу харобгардониҳо қарор доштаро, ки умуман ба тинҷӣ ва осоиштагии он боварии касе намеомад, ин марди абарқудрат роҳбарии онро дар чунин вазъияти душвору вазнин ба уҳда гирифта, таъмини амният ва сулҳро ба тамоми мардуми Тоҷикистон ваъда карда, онро дар амал татбиқ гардонид.

Сулҳу осоиштагӣ ва пешравии давлати мо имрӯз аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва умуман тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ таъмин мебошад. Бояд дарк намуд, ки ин гуна пешравиҳо бо меҳнат ва заҳмати гарони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат таъмин шудаанд.

Бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстримизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳқиқи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон эътибори бештар бидиҳанд.

Мутаассифона, нафароне низ вуҷуд доранд, ки барои манфиати хеш шуда, мехоҳанд ватани худро бифурӯшанд, ки онҳо ҳамчун хоини миллат эътирофшуда мебошанд. Амали чунин нафарон метавонад сабаби харобӣ ва умуман боиси сар задани ҷангу хунрезиҳои зиёд шавад. Аксарияти ин нафарон дар зери ниқоби Ислом, бо гирифтани маблағу кӯмак аз хориҷи кишвар мехоҳанд дар давлати тинҷу осоиштаи мо ҷангу хунрезӣ эҷод намоянд.

Махсусан ташкилоти экстремитсию террористии ҳизби наҳзати исломӣ дар вақти дар Тоҷикистон фаъол буданаш бо тамоми гуруҳҳои мухолифин ва террористии олам пинҳонӣ робита доштааст, ки бо гузашти вақт ва пароканда шудани бархе аз аъзоёни ин ташкилоти террористӣ, робитаи онро бо дигар ташкилотҳои террористӣ ошкор шуд. Махсусан пайванди ТЭТ ҲНИ бо гурӯҳҳои террористии байналхалқии «Ихвон-ул-муслимин», «Ал-қоида», «Толибон», «Амороти Қафқоз», «Ҳизби исломии Афғонистон», «ҲАМОС», «Ҳизбҳои ифротии Туркия», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ансоруллоҳ», «ДОИШ» бисёр решадор аст.

Гарчи худи таъсиси ҳизби наҳзат ва тамоми фаъолияту амалиёти он аз тарафи доираҳои махсуси хориҷӣ тарҳрезӣ шуда буд, илова бар ин, дар давраи ҷанги шаҳрвнадӣ дар сафи ҷангиёни ҲНИ зархаридони хориҷӣ аз ташкилотҳои байналмилалии террористӣ хеле зиёд буданд. Ин зархаридҳо, ки аксари онҳо мактаби ҷанги Афғонистонро гузашта буданд, таҷрибаи калони қатлу куштору ғоратро доштанд, ки мутаассифона, бо мусоидати наҳзатиҳо, нисбат ба аҳолии Тоҷикистон низ амалӣ карда шуд. Аз ин рӯ, баъзе ҷиноятҳои даҳшатноке, ки ҷангиёни ҲНИ дар солҳои 1992-1997 дар ноҳияҳои водии Рашт анҷом додаанд, маҳз бо маслиҳати ин устодони хориҷии дар ин корҳо бисёр ботаҷрибаашон амалӣ намудаанд.

Ин аст, ки чанд ҳафта боз мубаллиғони наҳзатӣ талош доранд, ки бо ҳазорон далелу мантиқ робита надоштани наҳзат бо ташкилотҳои террористии байналхалқро исбот кунанд. Аммо чи тавон кард, ки ба ибораи халқ, офтобро бо доман пӯшонида намешавад. ТЭТ ҲНИ аз аввал бо ҳидояту таблиғоти гурӯҳҳои ифротгароии хориҷӣ ташкил шуд, дар тамоми давраи фаъолияташ ҷузъи таркибии шабакаи байналмилалии террористӣ буд, бо тамоми ташкилотҳи террористии ҷаҳонӣ робитаи бевосита дошт, аз онҳо кумак ва дастур мегирифт ва мегирад.

Ҳамин тавр, агар ба таърихи ин ташкилоти террористӣ назар афканем мебинем, ки ягон ташкилоти террористие боқӣ намондааст, ки ТЭТ ҲНИ бо он робита ва ҳамкорӣ надошта бошад. Бинобар ин, моҳияти террористӣ доштани Ҳизби наҳзати исломӣ, робитаи он бо ташкилотҳои террористии байналхалқӣ ва ҷузъи таркибии шабакаи террористии ҷаҳонӣ будани он ягон ҷои шубҳа надорад. Дар чунин ҳолат, талошҳои мубаллиғони наҳзатӣ барои пинҳон доштани ин ҳақиқат на танҳо шармовар, балки соддалавҳона мебошад.

Шарифов К.Х., - узви фаъоли

ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Вакти нашр: 2019-07-02 10:51:01    Хонданд: 344    Муфассал...

Омодагии ҷавондухтарон дар бахши хонаводагӣ

Чиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, ҳифз ва нигоҳдошти беҳтарин анъана ва сунатҳои миллӣ дар бахши хонаводагӣ ва кадбонугӣ дар маҳаллаи “Роҳи нав” байни духтарон барои омȳхтани касбу ҳунар пухтани намудҳои нони тоҷикӣ чорабинӣ ташкил карда шуд.

Занони солори маҳалла аз омода намудани хамир то зувола гирифтан ва тарзи пухтани кулча ва нонро ба духтарон нишон доданд.

Духтарони маҳалла бо завқу шавқи баланди кадбонугӣ дар пухтани нону кулча маҳорат нишон доданд.


Вакти нашр: 2019-07-23 08:30:38    Хонданд: 457    Муфассал...

Нимсолаи аввали фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҲХДТ ҷамъбаст гардид

 23-юми июли соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Душанбе плаза» маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти фаъолияти сохторҳои ҳизб дар нимсолаи якум ва вазифаҳои минбаъда барои нимаи дуюми соли 2019 баргузор гардид.

Дар он мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти дастгоҳи КИМ ҲХДТ Маҳмадулло Наимов, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, раиси Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Икромҷон Субҳонзода, аъзои Кумитаи шаҳрии ҳизб, раисону мудирони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳо, роҳбарони намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст аз рўйи масъалаи якуми рўзнома раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар давоми нимсолаи якум ва вазифаҳои минбаъда барои нимсолаи дуюми соли 2019 гузориш дод.

Мавсуф роҷеъ ба афзоиши сафи аъзои ҳизб, теъдоди ташкилотҳои ибтидоӣ, чопи хабару мақолаҳо дар нашрияи «Мароми пойтахт» -у сомонаҳои иҷтимоӣ, кумакҳои хайриявии кумитаҳои иҷроияи шаҳриву ноҳиявӣ, баргузории аксияву ҳамоишҳо бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дигар корҳои дар нимсолаи аввали соли 2019 анҷомёфта суханронӣ кард.

Зикр гардид, ки тибқи таҳлилҳои оморӣ, дар нимсолаи якуми соли 2019 дар шаҳри Душанбе 66558 нафар аъзои ҳизб ва 861 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият доранд. Ҳоло сафи аъзои ҳизб дар шаҳр тадриҷан зиёд гардида, аз ин шумора 31458 нафарро занон (47,26%) ва 27968 нафарро ҷавонон (42,02%) ташкил медиҳанд. Танҳо дар давраи ҳисоботӣ теъдоди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ 94 адад ва шумораи аъзо 3515 нафар зиёд гардидааст.

Сипас, мутобиқи масъалаи дуюми рўзномаи маҷлис раисони комиссияҳои доимоамалкунандаи назди Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, Кор бо шўроҳои шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе, муовини Раиси шаҳри Душанбе-Мавсума Муинӣ, Оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар назди Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб устоди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф -Мусо Асозода ҳисобот доданд.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КМ ҲХДТ Маҳмадулло Наимов оид ба масоили баррасишуда ибрози назар карда, ҷамъбасти нимсолаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро қаноатбахш ҳисобид.

Ҳамин тариқ, Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз рўйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Ҳангома ДАВЛАТОВА, «Мароми пойтахт»

 


Вакти нашр: 2019-07-23 17:18:54    Хонданд: 401    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “СОХТУМОНИ ИСТИҚЛОЛ”

24 июли соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Сохтумони истиқлол” бо иштироки кормандони масъули кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ дар мавзӯи фаъолияти пурсамари ҲХДТ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишварамон соати сиёсӣ баргузор гардид.

Бобоназар Пирхонов – мутахассиси шуъбаи таблиғот ва итилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ роҷеъ ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ҳарф зада, нақшу саҳми ҲХДТ-ро дар ин корҳои созандагиву бунёдкорӣ баён дошт. Мавсуф таъкид намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаву созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон на танҳо аз вартаи ҳалокат ва бӯҳронҳои азим баромад, балки ба дастовардҳои беназир ноил гардид.


Вакти нашр: 2019-07-24 10:34:29    Хонданд: 297    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ТИҶОРАТ”

24 - уми июли соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии “Тиҷорат” тибқи нақша чорабиниҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо аъзоёни ҳизб ва соҳибкорони ташкилоти зикргардида соати сиёсӣ доир гардид.
Убайдулло Қурбонов, муовини раис – роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ роҷеъ ба фаъолияти пурсамари ҲХДТ дар тули 25 соли таъсисёби ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ҳифзу таҳкими ин дастовардҳо, заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдату якдилӣ ва рушду пешрафти самтҳои афзалиятноки мамлакат изҳори назар намуд.


Вакти нашр: 2019-07-25 14:14:47    Хонданд: 452    Муфассал...

РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ, ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА ТАҲҚИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

 Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Ворисони Сино”-и Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ соати сиёсӣ доир гардид.

Вализода Муҳаммад-намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур перомуни мавзӯҳои набзи ҷомеа нутқ кард.

Аз ҷумла бобати таҳкими истиқлолияти давлатӣ, дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъмини тамомияти арзӣ дар замони афзоиши хатарҳои ҷаҳонӣ, шиддат ёфтани мубориза ва рақобати давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои геопалитикиашон, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти тассуб, радикализм, тероризм, маҳкум намудани ифротгароии хушунатомези диниву мазҳабӣ, тарбия ва ҳидояти  ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ, садоқат ба Ватан, мардуми кишвар ва давлату миллат, дар мадди аввал гузоштани манфиатҳои давлатӣ ва умумимиллӣ, ҳисси баланди масъулият, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ суханрони карда шуд.

Таъкид шуд, ки табибон чун зиёиён бояд дар сафи пеши татбиқкунандагони барномаҳои ҳизб ва тарғибкунандагони идеологияи солими миллӣ бошанд.

 


Вакти нашр: 2019-07-25 14:50:00    Хонданд: 507    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “НУРПЛАСТ”

Дар ташкилоти ибтидоии “Нурпласт” бо иштироки кормандони масъул ва Раиси Шурои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ соати сиёсӣ баргузор гардид.

Сафаров Зариф Шарифович – Раиси Шурои собиқадорони кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия роҷеъ ба фаъолияти ҲХДТ ибрози назар намуда қайд намуд, ки ҲХДТ ҳизби созанда ва бунёдкор буда, мақсади ягонааш пеш аз ҳама амали намудани мақсаду мароми халқ мебошад. Инчунин дар мавриди дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ибрози назар намуда, таъкид кард, ки ин дастовардҳо барои давлати тозабунёди соҳибистиқлол бесобиқаву беназир маҳсуб меёбад. Дар тӯли 27 сол бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳу ваҳдат, рушду пешрафти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ расидем. Шукри ин соҳибистиқлолӣ, соҳибватанӣ ва ободиву осудагиро мебояд кард, гуфт мавсуф.


Вакти нашр: 2019-07-26 10:49:59    Хонданд: 533    Муфассал...

Мусобиқаи варзишии обии “Шиновари беҳтарин”

Субҳи имрўз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳо ва Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии махсуси варзишӣ оид ба намудҳои варзиши обӣ, ҷиҳати тарбияи ахлоқӣ, ҷисмонии шаҳрвандон, махсусан наврасону ҷавонон ба воситаи варзиши шиноварӣ, ҷалби бештари онҳо ба шиноварии оммавӣ ва дар давраи таътили тобистона фаро гирифтани онҳо миёни наврасону ҷавонони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе мусобиқаи шиноварӣ таҳти  унвони «Шиновари беҳтарин» баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки дар мусобиқаи мазкур наварасону ҷавонон аз ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуда аз ин тасмими гирифтаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб хело шод буданд. Мавриди зикри хос аст, ки баргузории чунин мусобиқаҳо баҳри дарёфти чеҳраҳои нав дар ин риштаи  варзиш мусоидат фаъол хоҳад кард.

        Дар фарҷом ғолибони мусобиқаи мазкур бо Ифтихорномаю Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  сарфароз гардонида шуданд.


Вакти нашр: 2019-07-26 15:22:23    Хонданд: 570    Муфассал...

Натиҷагирӣ аз фаъолияти сохторҳои ноҳиявии ҳизб давоми нимсолаи якуми соли 2019

Субҳи имрўз бо иштироки Дилбар Абдураҳимова – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Расулзода Насимҷон – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҳаётзода Бозоралӣ – муовини аввали Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, раисону масъулони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва намояндаи нашрияи ҳизбии “Мароми пойтахт” дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир гардид.
Дар он тибқи рӯзномаи маҷлис гузориши Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Расулзода Н. “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои ноҳиявии ҳизб дар нимсолаи аввал ва вазифаҳои минбаъда барои нимсолаи дуюми соли 2019”, қарорҳои маҷлисҳои умумии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оиди қабул ба сафи ҳизб, тасдиқи қарорҳои маҷлисҳои муассисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва таъсиси ташкилотҳои ҳизбӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Мутобиқи масъалаи якуми рўзномаи маҷлис Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Расулзода Н. “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои ноҳиявии ҳизб дар нимсолаи аввал ва вазифаҳои минбаъда барои нимсолаи дуюми соли 2019” гузориш дода қайд кард, ки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ 465-вохӯриву чорабиниҳоро дар ҳудуди ноҳия баргузор намуданд, ки аз ин 167-чорабиниҳо бо ташабусси хосса ташкилотҳои ибтидоӣ мебошад. Аз инҳо 148-вохӯриҳои оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва 21- вохӯрӣ дар маҳҳалаҳо бо ҷалби гурўҳҳои таблиғотӣ, 67-кӯмакҳои амалӣ методӣ, 35-вохӯрии идона, 3 - мизи мудаввар, 7- аксия, 2 - конференсияи илмӣ-назариявӣ, 4 - мусобиқаи варзишӣ, 9-чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ, 20-вохӯриҳо доир ба таблиѓу ташвиқи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе, 6-чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ, 143-дарси сиёсиро ташкил медиҳанд. Ҳамзамон мавсуф қайд кард, ки дар қабулгоҳи ҷамъиятии Кумитаи иҷроия 81–нафар бо масъалаҳои гуногун муроҷиат кардаанд, ки 53–нафар ниёзманд ба кумакҳои молиявивую озуқаворӣ ва 27–нафар ба дигар масъалаҳои муроҷират карданд, ки ҷиҳати ҳалли саривақтии дархости онҳо аз ҷониби масъулини Кумита чораҳои зарурӣ андешида шуд. Ҳамчунин аз ҷониби Кумитаи иҷроия дар арафаи ҷашнҳои милливу давлатӣ ба 106–нафар туҳфаҳои идона ва кумакҳои молиявӣ ва аз тарафи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бошад ба 294–нафар эҳтиёҷмандон кумакҳои моддиву молиявӣ расонида шуд. 
Баъди анҷоми ҳисобот Мирализода Абдусалом – Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор”-и МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”, Амирзода Дилафруз - Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Баҳористон”-и МД телевизиони “Баҳористон” музокира намуданд.
Дар идома Дилбар Абдураҳимова – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ҳаётзода Бозоралӣ – муовини аввали Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ суханронӣ намуда бо назардошти фаъолияти пурсамар доштани Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия дар ҳама ҷабҳаҳо ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро қаноатбахш ҳисобиданд .
Дар фарҷом бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рўи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид.


Вакти нашр: 2019-07-26 08:51:01    Хонданд: 459    Муфассал...

АКСИЯ: “МАКТАБ - ДАРГОҲИ МАЪРИФАТ”

Саҳмгузорӣ дар таъмир ва рангуборкунии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ноҳияи Шоҳмансур     
         Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади иҷрои Қарори Кумитаи Иҷрои Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 2.07.2019 оид ба таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ ва омодагӣ ба соли нави таҳсил ва дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Мактаб-даргоҳи маърифат” ба корҳои созандагиву ободонӣ ва рангу бор намудани муассисаи таълимии №2-и ноҳияи Шоҳмансур баромада, синфхонаи фанни химияро пурра таъмир ва рангу бор намуда, барои дарсхонӣ омода намуданд. Инчунин, асбобу ашёҳои аёнӣ, лавозимоти ороишӣ, чароғон намудани синфи таълимӣ, фарши синфхона ва лавҳаҳои девории бозгӯкунандаи фаннни таълимиро дар синфхона насб карданд. Мақсад аз таъмиру рангубор намудани синфи химия иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷиҳати дар муасссаҳои таълимӣ равнақ додани фанҳои дақиқ мебошад.    
       Ҳамзамон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 корҳои кабудизоркунӣ, нармкунии бехи дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан ҷиҳати омодагиҳо ба соли нави таҳсили 2019-2020 гузаронида шуд.
Дар доираи аксияи “Мактаб-даргоҳи маърифат” деворҳои ҳудуди муассиса ва майдончаи варзишӣ рангубор карда шуд. 
       Ҳамзамон дар доираи омодагӣ ба ҷашни фархундаи 30 солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ва сазовор таҷлил намудани 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур беш аз 1130 адад гулҳои рангоранги ороишӣ шинонида дар бунёдкорӣ ва дилрабову назаррабо кардани пойтахтамон шаҳри Душанбе саҳми муносиб гузоштанд.   
      Баргузории корҳои таъмиру рангуборкунӣ дар доираи аксияи “Мактаб – даргоҳи маърифат” то Рӯзи дониш дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия гузаронида мешавад.


Вакти нашр: 2019-07-29 08:27:14    Хонданд: 349    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ВА КӮМАКИ АМАЛӢ МЕТОДИ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «МАНЗИЛ №7»

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар ташкилоти ибтидоии «Манзил №7»  соати сиёсӣ баргузор намуданд.

Бобоназар Пирхонов – мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия зимни баромади хеш қайд намуд, ки ҲХДТ ҳизби мардуми буда, баҳри мутаҳид намудани мардуми солимфикри кишвар таъсис дода шуда, дар тули фаъолияти хеш баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ва таҳкими Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ фаъолияти хешро ба роҳ мондааст. Инчунин ҷиҳати ба танзим даровардани  ҳуҷатгузорӣ дар асоси сандҳои меъёри ҳуқуқии ҲХДТ,   сарпарасти ташкилоти ибтидоии номбурда Таманно Раҳимова аз тарзи ҳуҷатгузории ташкилоти ибтидоии  дидан  намуда, ба масъулини он ҷиҳати бозҳам беҳтар намудани ҳуҷатгузории  маслиҳатҳои  судманд дода шуд.  


Вакти нашр: 2019-07-29 11:19:12    Хонданд: 445    Муфассал...

Муваффақият муборак!

Кумитаи Иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  сармуҳаррири нашрияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе “Мароми пойтахт”- Каримзода Ҳақназар Изатуллоро  ба муносибати шарафёб гардиданашон ба унвони илмии номзади илмҳои филологӣ ва тасдиқи он аз ҷониби Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия табрику таҳният гуфта, барояшон муваффақияти беназирро таманно менамояд.


Вакти нашр: 2019-07-29 16:14:21    Хонданд: 529    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТИ «ҶАМАСТ»

         Дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамаст” бо иштироки Расулов Исматулло - мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва Шерализода Раҳмоналӣ - мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ оид ба таърихи таъсисёбии ҲХДТ, санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҳизб, риояи қонунҳои амалкунада, Одобномаи корманди ҳизбӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ соати сиёсӣ баргузор гардид.

Ҳамазамон баъди баргузории соати сиёсӣ ба масъулини ташкилоти ибтидоии зикргардида оиди бозҳам тақвият бахшидани кори ҳуҷҷатнигори дар ташкилоти ибтидои кӯмаки амалӣ методӣ расонида шуд.


Вакти нашр: 2019-07-30 14:37:39    Хонданд: 278    Муфассал...

Терроризм ва оқибатҳои номатлуби он

       Дар олами муосир хатари терроризм ва гурўҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омўзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди  номатлуб ҷомеаи башарро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ ҳушдор гаштан, мавқеи худро муайян менамоянд.                                                                                                                                                            

      Ахиран ҳодисаҳои террористи дар шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳад, ки дасти терроризм бо ҳар роҳу восита аз лонаи хеш ба минтақаҳои дурдаст расида, мехоҳад амалҳои касифу нобахшиданӣ ва бераҳмонаву ҷоҳилонаро анҷом диҳад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоишта, амалу кирдори вахшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мешавад.

Сол то сол дигаргун шудани механизми содиршавии актҳои террористӣ, ҳарчи сангину бераҳм ва даҳшатноктар гардидани он шаҳодат медиҳад, ки ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористӣ ба амал баровардани қасди ҷиноят роҳҳои гуногунро  пайдо менамояд. Созмону ҳаракат ва гурӯҳҳои, аз қабили “Ал-Қоида”, “Ҷиҳоди силом”, “Ҳаракати толибон”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ҳизби наҳзати ислом”  ва амсоли онҳо, ки аз ҷониби як қатор давлатҳо ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, бо густурда намудани фаъолияти худ ва анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона мехоҳанд нуфузу эътибори худро боло баранд.

Қурбонии терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, афкори терроризмро биёмўзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти  кишвар ҳифз гардад. Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ ин истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ин усул бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба равони ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд намуда, ҳатто ба ҷиҳод ва ҷанг даъват менамоянд.

Яке аз хислатҳои ҷавонон ҳамчун субъекти муносибатҳои сиёсӣ ин хусусияти вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошад, ки аз ноустувории нисбӣ, тағирёбии мавқеи ҷавонон дар сохтори ҷамъиятӣ, мақоми иҷтимоии начандон баланди онҳо, маҳдудияти алоқаи иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иштироки сиёсӣ муайян карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки мафкураи ҷавонон хеле ба осонӣ зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ мегардад. Аз ин рӯ, сарнавишти ягона роҳи ҳалли ин масъала ҳамкори  ва мусоидат кардан ба мақомоти қудратӣ дар мубориза бо терроризм   ва экстремизм мебошад, то суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар Ватани хеш зиндагии осоишта ба сар барад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, мардумро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода барада ҷавононро ҳамчун қувваи сиёси қурбони мнфиатҳои хеш намоянд. Аз ин лиҳоз мо ҷавононро зарур аст, ки ҳамчун муҳҳарики пешбарандаи ҷомеа саҳмгузор дар рушди кишвар бошем, то равишҳои нодуруст вориди андешаи мо нагарданд.

Манижаи Валӣ – мутахассиси бахши омор ва бақайдгирии

аъзои ҳизб дар КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ                                                                          


Вакти нашр: 2019-07-31 14:26:05    Хонданд: 288    Муфассал...

ҲХДТ- ИФОДАГАРИ МАНФИАТҲОИ МАРДУМИ КИШВАР

31 июли соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Ташхис” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии зикргардида соати сиёсӣ баргузор гардид.

Убайдулло Қурбонов, муовини раис – роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ зимни баромади хеш дар мавриди нақшу саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, махсусан Раиси муаззами он, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар бадастории сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдату якдилӣ, рушду пешрафти тамоми самтҳои муҳиму афзалиятнок ибрози назар намуда, қайд кард, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани обуруву нуфузи ҲХДТ, бояд ҳар аъзои ҳизб саъйю кӯшиши бештар ба харҷ диҳад. Мавсуф роҷеъ ба маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода изҳор дошт, ки бояд ҳизб мавқеи нуфузи хешро дар ин маъракаҳо ҳифз намояд ва ҷиҳати шаффоф доир гардидани ин маъракаҳо саҳм гирад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизбест, ки тӯли 25 соли фаъолият чи дар дохил ва чи дар хориҷ аз манфиатҳои миллӣ ҳифз намудааст.


Вакти нашр: 2019-07-31 16:30:24    Хонданд: 276    Муфассал...

Мусобиқаи шаҳрии ҳизб таҳти унвони «Қаиқрони беҳтарин»

Имрӯз аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии махсуси варзишӣ оид ба намудҳои варзиши обӣ, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, тарбияи ахлоқӣ, ҷисмонии шаҳрвандон, махсусан наврасону ҷавонон ба воситаи варзиши қаиқронӣ, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш, мусобиқаи қаиқронӣ миёни наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Қаиқрони беҳтарин» баргузор гардид. Бояд қайд кард, ки дар мусобиқаи мазкур наварасону ҷавонон аз ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуда аз ин тасмими гирифтаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб изҳори миннатдорӣ намуданд ва ин иқдомро мусоидаткунанда дар рушди ин соҳаи варзиш ҳисобиданд. Мавриди зикри хос аст, ки баргузории чунин мусобиқаҳо баҳри дарёфти чеҳраҳои нав дар ин риштаи варзиш мусоидат хоҳад кард. Дар охир ғолибони мусобиқаро бо Ифтихорномаю Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ намуданд.


Вакти нашр: 2019-07-31 15:06:41    Хонданд: 329    Муфассал...

МАҶЛИСИ УМУМИҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БОБУНА”

          Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бобуна” маҷлиси умумиҳизбӣ доир гардида, Пирмаҳмадзода Бобоҷон Пирмаҳмад бо ҷонибдории ҳамаи аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ раиси ташкилот интихоб гардид. Инчунин, вобаста ба фаъолияти нимсолаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳисобот пешниҳод гардида, барои нимсолаи дуюми соли равон вазифаҳо ва дастуру ҳидоятҳо дода шуд.

Сипас Бозорова Гулбону-мудири шуъбаи кор бо занон баромад намуда, роҷеъ ба фаъолияти сиёсӣӣ ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омодагӣ ба озмуни беҳтарин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, ки дар арафаи таҷлили 25-солагии ҲХДТ гузаронида мешавад суханронӣ намуд, ба якчанд нафар аъзоёни нави ҲХДТ дар лаҳзаи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супурда шуд. Таъкид гардид, ки аъзои ҲХДТ бояд дар ҷомеа намунаи ибрати дигарон бошад.


Вакти нашр: 2019-07-31 15:59:15    Хонданд: 361    Муфассал...

Маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

19 - уми июли соли  ҷорӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб - Зоир Раҳмонзода маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар маҷлис аъзои раёсат даъват намудани маҷлиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанберо оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар нимсолаи аввал ва вазифаҳои минъбада барои нимсолаи дуюми соли 2019, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали вазифавии кормандони Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур - Зулфиқор Гулаҳмадзода оид ба рафти иҷрои Қарори Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар бораи «Омодагиҳо ба таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳокимаю баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Ҳамин тариқ, аъзои раёсат бо қарори худ маҷлиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанберо 23-юми июли соли 2019 даъват намуд, ки аз рафти он гузориши муфассал хоҳем дод.  


Вакти нашр: 2019-07-19 19:36:00    Хонданд: 69    Муфассал...



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс