МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

ТОҶИКИСТОНРО ДИГАР ҚИСМАТ МАКУН

Имрӯзҳо ба ҷаҳони ислом менигарему, шукрона мекунем, ки дар ватани азизи мо сулҳу салоҳ ҳукмфармо асту мардуми шарифи мо зиндагии орому осоишта дорад. Барои мардуми мо қимматтарин арзиш ин амнияти давлату миллат буду, ҳаст. Мардуми мо аслан табиатан ҷангҷӯю ҷангхоҳ нестанд, аммо дар ҳимояи Ватан лозим ояд бо сангу чуб душманро мағлуб месозанд. Мутаассифона разилони бадхоҳон, бадгӯён ва бадбахтоне пайдо гаштану зери шиори “Мо бояд давлати Исломи бошем” гӯён аз нодонӣ  ва ноогоҳии мардум аз  ислом  истифода намуда,  миллату давлатро ба хитобҳои “Вовчику Юрчик” ба ҳам ҷанг андохтанд. Шаҳрҳову деҳаҳоро ба харобазор табдил доданд. Ҳазорҳо нафарро бе хонумон карданд, аммо чашмашон хам нахӯрд.

       То ҳанӯз дар давлатҳои Аврупо худро қурбони сиёсати давлату ҳукумати Тоҷикистон гирифта дар роҳаткурсиҳояшон нишаста  ба давлату миллати мо бадгӯи мекунанд. То ҳанӯз ҲНИ  ва аъзоёнаш аз хоҷагони аҷнабияшон грандҳо гирифта, мехоҳанд идеяҳои разилонаашонро дар ватани азизамон пойдор  созанд. Аммо намедонанд, ки мардум талаби дидори ин гумонҳоро надоранд!

       Кабириву ёронаш, мехостанд бори дигар сару миллату давлат низоъ андозанд. Мехостанд  монанди солҳои пешин ҳазорҳо нафарро бехонаву дар созанд. Аммо ин бадбахтон ба ҳадафи худ нарасиданд. Ҳазорҳо нафарро ба ҳизби террористи шомил намуда, ба сари ҳар нафар аз хоҷагонашон маблағҳои ҳангуфт  мегирифтанду барои  оила ва фарзандони худ хонаҳои воҳима месохтанд. Ба қавли мардум “Сер парвои гурусна надорад”. Диданд ки ба ҳадаф нарасиданд, худро қурбонии сиёсӣ ном бароварданду ба оғӯши хоҷагонашон бар гаштанд. Ҳизби Шумо, ҳизби бадбахтон буд! Шумо наҳзатиҳо, дар ғами худу хоҷагонатон будеду дигаронро барои ҳадафҳои разилонаатон истифода намудед.

      Шумо Тоҷикистонро мехостед қисм-қисм созед. Аблаҳии шумо буд, ки мардумро ба Зарафшонию Бадахшони Кулобию Ҳисори ҷудо намудед. Бас аст! Аз оғӯши хоҷагонатон берун наоед. Мардуми Тоҷикистон сиёсати  Пешвои миллатро ҷонибдори мекунанд.

“Шумо чоҳканҳои зери чоҳ мондагонед”!

ТИ “Оламафрӯз”-и ҲХДТ дар ноҳияи  Сино  


Вакти нашр: 2019-06-06 12:09:36    Хонданд: 504    Муфассал...

Ваҳдати миллӣ-наҷоти миллат

Ваҳдат номаи тақдири мо, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрўзу ояндаи халқамон аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Имсол ба яке аз рӯйдодҳои бузургу хотирмони таърихии миллати мо, ба имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 22 сол пур мешавад. Нақши ин рӯйдоди таърихӣ дар ҳайёти тоҷикон хеле бузургу арзишманд аст. Баъди 22 сол аён аст, ки ин дастоварди таърихӣ чӣ гуна зиндагии мардумро ба кулли тағйир дода, боиси рушду пешравиҳо дар кишвар гардид, ки дар таърих бесобиқа арзёбӣ мегардад.

Ваҳдат буд, ки Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат раҳоӣ ёфт, ваҳдат буд, ки истиқлолияти тоҷикон мукаммалу устувор гардид, ваҳдат буд, ки Тоҷикистон аз бӯҳронҳои азими сиёсиву иқтисодӣ баромада, дар тамоми самтҳо, ба сатҳи баландтар расид ва сатҳи камбизоатӣ аз 85 то ба 29 фисад коҳиш ёфт; ваҳдат буд, ки таъриху тамаддуни тоҷикони кӯҳанбунёд дар сатҳи байналмилал шоиста муаррифӣ гардид ва обуруву нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалї афзуд. Имрӯз як қатор давлатҳои дунё аз надоштани ин неъмат-ваҳдати миллӣ харобу валангор, парешону қисм-қисм гардида, бенизомию бетартибӣ дар он минтақаҳо ҳукфармост ва аҳли сокинони он сарсону саргардон, ғарибу дарбадар гашта, аксарашон бар асари амалҳои террористӣ ба ҳалокат расидаву қисмати зиёдашон бар асари қатъ гардидани истеҳсолот ва нооромию бесуботӣ гуруснаву бараҳна, бехонаву бедар гардидаанд.

Дар cолҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки барои Тоҷикистон лаҳзаҳои ҳассосу ҳалкунандаи таърихӣ маҳсуб меёбанд, ба бахти мардуми тоҷик сари қудрат шахсияте омад, ки сарпо ҳастиву вуҷудаш аз тамаддуну фарҳанги миллӣ, асолату худшиносӣ сиришта шуда буд. Ва ин абармади бузург, шахсияти комил, раҳмдилу некнияту нексиришт тавонист аз уҳдаи ин вазифаи душвору сангин барояд. Ба ҳам овардани миллат, хомӯш намудани оташи ҷанг, ташкил намудани сохтори давлатдорӣ, ҳуқуқӣ, ба ҳадафҳои стратегӣ расидан аз вазифаҳои душвору заҳматталабе буданд, бе ҳалли онҳо истиқлолияти комил ғайриимкон буд. Аз ин хизматҳои содиқонаву шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон набояд фаромӯш кард.

Хизмати беназири Сарвари давлат дар назди таърих ва халқи Тоҷикистон беинтиҳост. Зеро ин ваҳдат ва сулҳу оштӣ дастоварди муҳиму арзишмандтаринро, ки истиқлолият ном дорад, ҳифз ва тавсеа намуд.

Тоҷик, ки миллати кӯҳанбунёду соҳибтамаддун аст, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ фарҳанги асили инсонии хешро зоҳир намуд.

Ҳамин тариқ аз 5 то 19 апрели соли 1994 дар шаҳри Москва даври аввали гуфтушуниди байни тоҷикон баргузор гардид. Масъалаҳои асосии музокирот оиди оташбас, гурезаҳо ва муҳочирон буданд. Мутаассифона, 8 даври гуфтушуниди ҳукумат бо мухолифин бенатиҷа анҷом ёфт. Ҷанги таҳмилӣ наметавонад аз фарҳанги баланд ва асолати воқеии тоҷик боло ояд ва ё симову сирати ўро ба куллӣ тағйир бидиҳад. Сулҳу оштӣ бозгўи ин тамаддуну фарҳанги бой буд. Ин мардум қадри ҳар нафасу озодию суботро медонад. Ҷанг то рўзи истиқрори сулҳу оштӣ хомўш буд. Танҳо иддаеро мебоист ба мусолиҳа овард, ки зери таъсир ва фармони хоҷагони зархарид буданду ин хомўшиву сулҳро мехостанд халалдор созанд. Баҳри аз байн бурдани ин омилҳои манфию хавфнок мебоист бо саркардагони ин гурўҳҳо созиш кард.

Танҳо 24-27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва даври хотимавии музокирот байни тоҷикон барпо гардид, ки он бо муваффақият анҷом пазируфт. Бо мақсади амалисозии санадҳои Созишномаи умумии сулҳ аз 4 июни соли 1997 то 1 апрели соли 2000 Комиссияи оштии миллӣ фаъолият намуд, ки 26 нафар аз ҷониби ҳукумат ва мухолифини тоҷик дар кори комиссия ширкат кард. То ин давра маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз қабили раъйпурсии умумихалқӣ ҷиҳати қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ва моҳи феврали соли 1995 интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ барпо гардид.

То ин санаи мубораку хотирмон Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бузургеро анҷом дод, ки иҷрои он ҳам ҷасорат, ҳам меҳру муҳаббат ба ин сарзамин, дасту дилу нияти пок ва тамоми сифатҳои ҷавонмардиро мехост, ки Сарвари маҳбуби тоҷикон дорои ҳамаи ин сифатҳо буд. Нахуст хомўш намудани оташи ҷанг, ба зиндагӣ дилгарм кардани мардум, баргардонидани гурезаҳо, боварии мардумро ба даст овардан, сохтори фалаҷшудаи давлатдориро устувор намудан, вазъи иқтисодиву иҷтимоиро тадриҷан ба ибро овардан аз корҳои заҳматталабу душворе буд, ки бо шарофати хираду маърифат, таҳаммулу асолати роҳбари ҷавон имкконпазир гардид.

Хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар ҷанги шахрвандӣ хисороти зиёди молию ҷонӣ дид. Беш аз 10 миллиард зарари иқтисодӣ дида, 150 ҳазор шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекўшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад». Воқеан, бо ҷидду ҷаҳди Ҳукумат ва Сарвари маҳбуб сулҳ ҳукумфармо, вайронаву харобиҳо бартарафу обод, вале ҷароҳати захмҳо то ҳанўз боқист.

Имрўз аҳли ҷомеаро мебояд дар тарбияи насли ватандўсту худшинос, ғурури баланди миллидошта саъйю кўшиш намоянд. Аз хурдӣ қимати ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаву қаҳрамони тоҷик дар зеҳну шуури онҳо ҷо карда шавад, то сулҳу ваҳдат, ки бо арзиши ҷону саъйю талошҳои зиёд ба даст омадааст, ҳифз ва сарзамини ниёгон ва миллати куҳанбунёду мутамаддин аз тамоми гирудорҳои сиёсӣ дар амн бошад.

Алишо Қурбониён,

муовини якуми раиси

Суди шаҳри Душанбе


Вакти нашр: 2019-06-06 13:02:55    Хонданд: 556    Муфассал...

А ХАТАРҲОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ ОГОҲ БОЯД БУД!

Дар солҳои охир инсоният ба хатари муосире рӯ ба рӯ омад, ки ба амнияти давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод кардааст ва ин хатар номи терроризм дорад. 
Ин хатар ба ҳамаи давлатҳо таҳдид менамояд, ҳам ба давлатҳои абарқудрату рушдёфтаву ҳам ба давлатҳои рӯ ба инкишоф ниҳода. Далели ин гуфтаҳоро амалҳои террористие, ки бо роҳи таркиш дар шаҳрҳои Нью-Йорк, Париж ва Брюссел доир гардида боиси ҳалокат ва захмбардории одамони зиёд гардиданд, исбот менамоянд. Ин хатар дар замони ҳозира ба вабои аср табдил гардидааст ва дар ҷомеаи башарият як нооромӣ, нобовариро ба фардои нек ба вуҷуд оварда, мавриди ташвиш ва ҷустуҷӯи чораҳои ҳалкунандаи ин проблемаи глобалӣ аз ҷониби сиёсатмадорон ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ гардидааст. 
Терроризм - ин амали зӯригарии ғайрилегалии муташаккил буда, бар зидди сохти сиёсӣ равона гардида, бо мақсади тарсонидан, ноумед кардани одамон ва ба худ муттаваҷҷеҳ гардонидани онҳо амалӣ карда мешавад. Терроризм яке аз шаклҳои иртиҷоии эътирози ғайриқонунӣ мебошад, ки шакли доиршавии амалҳои террористӣ ҳам хосияти дохилидавлатӣ ва ҳам хосияти байналмиллалӣ доранд. Гуруҳҳои муташаккили террористӣ ҳама вақт аз рӯи мақсади ғаразноки худ фаъолият мекунанд ва дар баробари ин манфиатҳои миллии давлатро як сӯ гузошта, ба манфиати хеш кор мекунанд, ки ин аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ поймолкунии ҳуқуқҳои ҷомеаи инсонӣ мебошад. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар канор наистода ба роҳҳои ҳалли ин проблемаи доғи рӯз аҳамият ва диққати љиддї медињад. Ин масъала доим дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон аст. Дар ҳамаи баромадҳову суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва ҳам дар конференсияҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм борҳо оиди хатари глобалии терроризм қайд карда шудааст. 
Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешоруи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Террорист ватан, давлат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд. 
Яке аз роҳҳои бартарафкунии ин амали ғайрилегалӣ мустаҳкамкунии заминаи қонунгузорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ оиди мубориза бар зидди терроризм қабул карда шудааст. Ҷанбаҳои гуногуни муносибат ва мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм дар санадҳои зерини меъёрӣ - ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудаанд: Қонуни Ҷумњурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (1999с), Қонуни Ҷумњурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ (экстремизм)» (2003с.), Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва ҷамъиятҳои динӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи «Консепсияи бехатарии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бо терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби фаъолияти мақомотҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, инчунин ҳуқуқҳо вазифаҳо ва уҳдадориҳои шаҳрвандонро вобаста ба амалӣ гардонидани мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ муайян месозад. 
Дар давраи муосир аз тарафи бисёр давлатҳо гуруҳҳои муташаккили террористӣ - ифротгароӣ, аз қабили «Ҳаракати Толибон», «Ал-Қоида», «Бародарони мусулмон», «Боко-Ҳарам», «Салафия», «ДИИШ», «Ҳизб-ут-таҳрир» ғайриқонунӣ ва ҷиноятӣ ҳисобида мешаванд. Дар мамлакати мо бошад, гуруҳҳо ва ҳаракатҳои террористӣ-ифротгароии «Ҳаракати Толибон», «Ал-Қоида», «Бародарони мусулмон», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Салафия», «Гуруҳи 24», «ДИИШ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизби наҳзати исломӣ» ғайриқонунӣ ва ҷиноятӣ хисобида мешаванд.
Терроризми муосир дорои қувваҳои омода гардонидашуда, хусусан аз ҳисоби ҷавонон ва бо техникаву технологияҳои муосир муҷаҳҳазшуда аст ва дорои сармояи зиёди молиявӣ ва технологӣ мебошад. Ин имкониятҳои сармоявӣ ва технологӣ барои террористон эҳтимолияти интихоби гуногуни доиргардонии амалҳои террористиро имконият медиҳад ва танҳо ягонагии сиёсати муборизаи ҳамаи давлатҳои ҷаҳон барои муваффақ шудан дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм мусоидат менамояд. 
Ҳамагон шоҳидем, ки ТЭТ ҲНИ солҳои навадуми қарни гузашта ба чи ҷиноятҳо даст зада буду кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Новобаста аз он ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар ҳудуди ҷумҳурӣ мамнуъ эълон гардид ва аксари ҷинояткорони ин ташкилоти террористӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, ҳанӯз ҳам боқимондаҳои онҳо, ки нафасҳои оҳирини худро дар озодӣ кашида истодаанд, бо ёрии баъзе кишварҳои барои мо ба ном дӯст фаъолити тахрибкоронаи худро идома дода истодаанд. Мо шаҳрвандони Тоҷикистон имрӯз шукргузорӣ аз фазои орому босубот мекунем ва ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии ба мисли паймони дар боло зикршуда ба фазои ороми кишвари мо дохил шаванд ва пайи манфиатҳои ғаразноки худу хоҷагони хориҷиашон шаванд.

Муқимов Қ.М., Узви фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-06-06 13:06:10    Хонданд: 746    Муфассал...

СУБОТИ ҲАЁТИ ҶАМЪИЯТИИ ТОҶИКИСТОНИ МУОСИР БЕГАЗАНД АСТ

Ҳаёти ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити муосир дигаргуниҳои густурдаеро дар соҳаҳои гуногун аз сар мегузаронад. Дар заминаи оромии ҳаёти ҷамъиятӣ таваҷҷӯҳу кушиши одамон низ бештар аз пештар ба баланд бардоштани сатҳи зиндагияшон равона гардида, уммеду эътимодашон ба фаъолияти сохторҳои қудратии мамлакат дар бобати таъмини ҳифзу якпорчагии диёрамон меафзояд. Маҳз дар ҳамин замина вазъу сифати муносибатҳои байниҳамдигарии табақаҳои гуногуни ҷомеа мустаҳкамтар мегардад. Дар заминаи чунин тамоюлот иқтидори посухгӯии муносиби сохторҳои давлатӣ ба талаботи имрӯзаи инкишофи ҷомеа ба даст меояд ва эҳсоси ҳамшарикии онҳо дар ташаккули робитаҳои бунёдии ҷамъиятӣ пурқувват мегардад.

       Бинобар ин таъсири нерӯҳои тахрибкори берунӣ ва ҷонибдорони дохилияшон барои ноором кардани вазъи ҳаёти имрӯзаи ҷамъиятии кишвари мо ҳеҷ гоҳ ба нишон намерасад ва хушбахтона саривақт пешгирию безарар гардонида мешавад. Ин ҳолатро мо моҳи сентябри соли 2015 дар пойтахти кишварамон шоҳид гаштем, ки дар як муддати кӯтоҳ табаддулоти давлатии аз ҷониби генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо номи Ҳоҷӣ Ҳалим роҳандозишударо бомуваффақият бартараф намуданд.

       Бо мурури ошкор шудани амалҳои пуштибонии ҲНИ  аз ин кӯшиши табаддулот Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми ташкилоти террористӣ будани онро ба тасвиб расонид, ки онро мебоист ҳар як фарди қонунписанди диёрамон мепазируфт ва мавқеи худро муайян мекард. Хушбахтона аксари мардуми Тоҷикистон аз худ чунин мавзеъгирии масъулиятшиносонаи шаҳрвандиро нишон доданд ва фирефтаи иғвоҳои ғаразноки гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохилию берунӣ нашуданд. Вале, афроди дар итоати мафкураи бегонапарастона ғутавар имрӯзҳо ҳам дар баъзе ҷойҳо камин гирифтаанду бехабар аз он ки барояшон ҳеҷ гох дигар имконияти халадор сохтани ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон муяссар намегардад. Мисоли барҷастаи ин қазоват наворҳое шуда метавонанд, ки рӯзи 8 август тавассути телевизион аз фаъолияти тахрибкоронаи дастаи мансуб ба генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф бо номи Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҲНИ  пахш гардид. Ҷеҳраи девсириштонаи ин тахрибкорон бо мурури пеши назар овардани нафарони аз дасти онҳо ба қатл расида барои ҳар фарди ватанхоҳ арзиши симои одамӣ доштани худро гум мекунанд. Зеро инҳо муҷиби марги онҳое гардидаанд, ки хизматашон дар пешрафти ҷомеаи мо хеле зиёд аст. Чунин амали нангинро бар ивази суди ночиз аз подоши хоҷагони саховатманди беруна танҳо нафаре иҷро мекунад, ки барояш ин ватану мардум арзише надоранд. Воқеан ҳам ин нафарони гумонбар ба иҷрои чунин амалҳо аз ҳамин тоифаанд.

       Бинобар ин, дар қиболи чунин афрод ҳамеша ба сифати як умумияти воҳид баромад кардани сокинони кишварамон, одамони касбу кори мухталиф, минтақаҳои гуногун сади рахнанопазирест барои амалӣ гаштани нақшаҳои бадхоҳони пойдории ин миллат ва рушди ин сарзамин. Ин воқеан ҳам масъалаест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмину таҳкими пояи давлатдории миллии худ ба он таваҷҷӯҳи бештар медиҳад. Ғояи ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносию ифтихори миллӣ ва дигар мафҳумҳо айни замон дар зершуури мардум ҷой гирифтаю дар ташаккули манзараи ҷаҳонбинияш нақш доранд ва ин гувоҳи тақвият пайдо кардани ҳисси ҳамбастагию ҳамгаройии тоҷикистониён мебошад. Ин омили муҳими таъмини ҳифзи якпорчагию ҳамбастагии мардуми диёри мо аст.

Усмонзода Хайриддин Усмон-узви фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-06-07 08:00:20    Хонданд: 618    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҶАСОРАТ”

Бо иштироки кормандони масъули КИ ҲХДТ дар нохияи Сино бо мақсади баланд бардоштани дониши сиёсии аъзои ҳизб ва огоҳ гардидани онҳо аз вазъияту воқеаҳои сиёсию фарҳангӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷасорат”  бо аъзоёни ҳизб   соати сиёсӣ  доир гардид.

      Дар он оид ба ободиву созандагӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон,  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯрї бо кормандони соҳаҳои молия, андоз ва гумруки кишвар баргузор гардида буд, сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солаги Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар  суханронї карда шуд.


Вакти нашр: 2019-06-10 08:38:46    Хонданд: 540    Муфассал...

Дар дили мо нест охир бар касе ҳаргиз бади

      Тоҷикистони тозаистиқлол ҳанӯз солҳои навадум баҳри сулҳу амнияти давлати хеш чоннисориву чонбозиҳои зиёде намудааст. Тоҷикистон дар ин солҳои тақдирсоз зарари зиёди моливу ҷонӣ дида, дар вартаи ҳалокату нестшавӣ қарор дошт. Қувваҳои зиёди ғайру бегона мехост, мақсадҳои нопоки хешро дар ин вазъияти ба амаловарда татбиқ намоянд. Аз вазъи рӯҳии мардуми гумроху дур аз сиёсатҳои нопоки ҷаҳони муосир истифода намуда, ин давлати тозабунёдро ба коми оташ кашида, ба ҳадафҳои нопок расад. Хушбахтона, ба ҳайси роҳбари давлат дар ин шабу рӯзи бенизомию бетартибӣ, чангу низоъ сари қудрат шахсияте омад, ки вуҷудаш саропо аз худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, садоқат ба миллату Ватан  сиришта шуда буд. Бо хиради азалӣ, фарҳанги волои инсонӣ, асолати миллӣ, шуҷоату ҷасорати беназир ин абармард, қахрамони миллат, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист аз низоъҳои бемаънӣ ва аз ин вартаи ҳалокат ҷумҳуриро барорад. Ин лаҳзаҳои ҳассосу ҳалкунандаи таърихӣ дар ёди ҳар насли то солҳои навадум хуб нақш бастааст. То имрӯз давлати Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат кору пайкор намуда, аз бӯҳронҳои азими сиёсиву иқтисодиву иҷтимоиро паси сар намуд ва ба марҳилаи нави рушд ворид гардид.  Мавриди зикр аст, ки соли 2018 бори нахуст дар арсаи байналмилал маҳз дар Тоҷикистон конференсияи сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» доир гардид. Зеро Тоҷикистон дар таҷрибаи талхи хеш оқибатҳои фоҷиабору ҳузнангези зуҳуроти ифротгароиро паси сар намуд. Боиси хушнудист, ки як иқдоми наҷиби амниятӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон рузҳои наздик бо Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифт. Ин ду миллати ҳамзабону ҳамфарҳанг дар масири сиёсатҳои нопоки ҷаҳони муосир бояд аз якдигар новобаста аз мазҳаб дастгириву пуштибонӣ намоянд, на теша ба решаи ҳам зананд.  4 июн “Ёддошти тафоҳум байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба усул ва чаҳорчӯби  ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният» ба тасвиб расид, ки ҳадафи он  пешгирии зуҳуроти номатлуби аср-терроризму экстремизм аст. Террорист миллату фарҳанг надорад. Тамоми миллату давлатҳоро мебояд ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурд. Зеро дар якҷояги инсоният бар шикаст ва аз миён бурдани ин вабои аср муваффақу сарфароз мегардад. Ҷавҳари конференсияи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, ҳамин буд. Кош ин созишнома ба ҳама нияту амалҳои бадкирдоронаи ифротиён зарбаи нишонрасе гардад!

Фариза Ҳотамова

 


Вакти нашр: 2019-06-10 08:44:04    Хонданд: 412    Муфассал...

КӮМАКИ АМАЛӢ МЕТОДӢ ДАР “ШАҲРАКИ РОҲИ ОҲАНЧИЁН”

       Дар ташкилоти ибтидоии  “Шаҳраки роҳи Оҳанчиён” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур     вобаста ба фаъолияти ҳизбӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, корбарӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, баргузории соатҳои сиёсӣ, ҳолати шаҳодномаҳои ҳизбӣ, дафтари қайди ҳуҷҷатҳои муросилотӣ  кӯмаки амалӣ-методӣ  расонида шуд.  

       Ҳамзамон роҷеъ ба амалигардонии ҳадафмандонаи барномаҳои  ҲХДТ, татбиқи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии ҲХДТ ва тарғиби идеологияи солими миллӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ   суханронӣ  шуд.

 


Вакти нашр: 2019-06-10 13:56:47    Хонданд: 608    Муфассал...

НАҚШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БАРҚАРОР КАРДАНИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

      Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдоби сиёсии ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Аз рӯи маълумоти мавҷуда, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ бештар аз 100 ҳазор нафар (1,5% аҳолӣ) ҷони худро аз даст доданд, 100 ҳазор кас бе ному нишон гум шуданд, беш аз 25 ҳазор зани тоҷик беваю 60 ҳазор тифл ятим монда, садҳо манзили истиқоматӣ вайрону валангор гаштанд. Теъдоди паноҳандагон дар кишвар ба 850 ҳазор нафар расида буд. Аз ин 600 ҳазор нафарашон дар ҳуди дохили ҷумҳурӣ  ҷои зисти хешро тағйир дода, 60 ҳазор нафар ба Афғонистон, 195 ҳазор нафар ба Русия, Украина, Белорусия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар мамлакатҳо муҳоҷир шуда, бори гарони ҷудоӣ аз хоки Ватанро кашиданд. Ба иқтисодиёти мамлакат зарбаи калон расид, ки он ба 10 миллиард доллари амрикоӣ (ба ҳисоби қурби онвақта) рост меомад.

      Дар ҳамин давраи фалокатбору ҳассос аз 16–уми ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии  XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он тақдири миллати тоҷик ҳал гардид. Вакилон якдилона ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб карданд.[5,51–52].Дар он лаҳзаҳои  хеле вазнин, ки яроқбадастон кишварро фаро гирифта, иқтисодиёт фалаҷу хазина холӣ гардида буд, на ҳар кас ҷуръат мекард, ки роҳбарии кишварро ба уҳда гирад. Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон бо азми комилу хиради фарогир дар муддати начандон тӯлонӣ миллати парешоншударо сарҷамъ  карда, ваҳдати миллиро барқарор намуд.

     Аз минбари баланди Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки «ман ба хонадони шумо сулҳ меорам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан барнагардад, осуда нахоҳам буд!» ва илова намуд, ки «ман барои амну амонии халқу Ватани азизам ҳозирам ҷони худро қурбон кунам!» Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва боварӣ баён намуд ва дар дили сардгардидаи мардум гармӣ бахшиду тухми умед кошт. Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо тариқи барномаи «Хоки Ватан», ки онро радиои Тоҷикистон махсус барои гурезагони дар хоки Афғонистон қарордошта таъсис дода буд, баромад намуда, ба ҳамватанони муҳоҷиргашта бо чунин суханҳо муроҷиат кард: «Ҳамватанони азиз, ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, як бурда ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем. Пушту паноҳи шумо Ватан аст. Шуморо хонаву даратон, фарзандонатон, хешу таборатон интизоранд… Ба Ватан баргардед, ҳамватанони гиромӣ!» .Баъди ин суханҳо дар дили  ҳар як муҳоҷир ҳисси баланд нисбат ба Сардори давлат ва ҳукумати  навтаъсис бедор шуд ва азми ба Ватан баргаштан карданд.

      11 - январи соли 1993 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани ҳамкории тарафайн бо Ҷумҳурии Қазоқистон бо нахустин сафари корӣ ба шаҳри Алмато сафар намуд. Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ҷумҳурии Қазоқистон  Нурсултон Назарбоев мулоқот намуда оиди як қатор масъалаҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, созишномаҳои дуҷонибаро ба имзо расониданд. 14 - январи соли 1993 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо сафари кори ба вилояти Ленинобод (феълан вилояти Суғд) рафт. Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чкаловск - и вилояти Ленинобод (феълан вилояти Суғд)  бо муҳандисону кормандони техникии иттиҳодияи истеҳсолии «Востокредмет» мулоқот анҷом дод. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин аз натиҷаи сафарҳои давлатии расмӣ, мазмуни шартномаю созишномаҳои имзошуда, ки ба мӯътадил гардидани вазъияти сиёсию иқтисодии Тоҷикистон равона гардидаанд, сухан ронд.

     31 январи соли 1993 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо сафари кори ба вилояти Хатлон рафт. Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кӯлоб оғоз ёфт. Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони шаҳри Кӯлоб ҳамсӯҳбат шуда, оид ба чораҳои қатъии андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри некӯаҳволии аҳолии ҷумҳурӣ сухан ронд

      Соли 1994 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гурезагони ноҳияи Шаҳритуз, ки аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргашта буданд, вохурд ва ҳамингуна вохуриҳоро бо дигар  гурезагони шаҳру ноҳияҳо доир намуд. Ва онҳоро барои дубора обод намудани манзилҳои истиқомати ва дар барпо намудани сулҳу Ваҳдати - миллӣ дар Тоҷикистон даъват кард.

Зубайдуллоев Саидҷон– узви фаъоли ҲХДТ

 

 

 

 


Вакти нашр: 2019-06-12 09:59:00    Хонданд: 496    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “САЛОМАТ"

        Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Саломат” соати сиёсӣ доир намуданд.

      Дар он  оид ба  баланд бардоштани дониши сиёсии аъзои ҳизб ва огоҳ гардидани онҳо аз вазъияту воқеаҳои сиёсию фарҳангӣ, ободиву созандагӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз ва гумруки кишвар баргузор гардида буд ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солаги Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар суханронӣ карда шуд.


Вакти нашр: 2019-06-12 10:13:04    Хонданд: 445    Муфассал...

ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ АЗИЗИ МАН

Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб. Аз ин рў, меҳри беканори ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу ҷон аст. Сарзамини нотакрор, макони бузургони хирад, оқилу фарзонагон ва абармардон мебошад. Тоҷикистон бе ҳеҷ муболиға нуқтаи зарринест дар сайёраи сабзқабои Замин. Сарзамини мо ҳарчанд камзамин аст, аммо дар асл як ҷаҳонест бекарон, биҳиштест беназир ва остонест муқаддас ва марзест шариф. Марзи тоҷикон (ҳамчунин марзҳои таърихии тоҷикнишини Осиёи Марказӣ-Мовароуннаҳру Хуросони Кабир) гаҳвораи тамаддуни башарист, чунки қадимтарин қавмияти фарҳангофари башарӣ-ориёиҳо маҳз аждоди гузаштаи тоҷикон мебошанд, ки башарро ба гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек ҳидоят намудаанд. Тулўи хуршеди маърифат дар олами башарӣ маҳз аз сарзамини тоҷикон-Суғду Бохтару Хуросон, Ҳироту Балх ва Марву Хоразм оғоз шудааст.

Тоҷикистон-ватани азизи мо дар зоти худ назир надораду мардумаш ба хазинаи фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, бузургтарин абармардони илму хирадро додааст. Мамлакати мо аз нигоҳи ҷуғрофӣ хурд аст, аммо қалби мардумонаш-тоҷикон дарёест бекарон, саршори хираду маърифат ва муҳаббату самимият. Равшан аст, ки Тоҷикистон кишвари пурганҷу пурэъҷоз ва пурсарвату бой аз захираҳои табиист. Қуллаҳои барфпўшу яхини Тоҷикистони азиз захираи бебаҳои оби зулоланд. Агар ҷаҳони муосир ғарқи нафси сармоядорӣ асту бо нафти сиёҳ меболад мо аз он меболем, ки кишвари мо биҳиштест, ки захираи обҳои нўшиданӣ инҷо воқеъ аст. Бе нафт метавон зист, аммо бе об наметавон зиндагӣ кард. Об ҳасту ҳаёт аст. Пас чаро ман аз чунин Модар-Ватан ва марзи биҳиштии он, ки макони ҳазорҳо намуд меваҷоту сабзавот, паррандагону чарандагон, гулзорону чаманзорон ва чашмасорони оби пок аст, наболам. Тоҷикистон бо манзараҳои дилфиреби куҳиаш ва дарёҳои оби зулоли пурхурўшаш макони сайёҳону меҳмонон  аст. Аз оғози таърих маълум аст, ки мо тоҷикон бо фарҳанги беназири худ, ки он маҳсули тафаккури абармардони сиёсӣ ва бузургони адабиёту фарҳанг ва илму маърифати қадим ва классикиамон Ҷамшеди Пешдодӣ, Зардушт, Куруши Кабир, Дориюш, Спитамен, Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам Абўҳанифа, Имом Бухорӣ, Ибни Сино, Ал-Хоразмӣ, Берунӣ, Форобӣ, Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлонои Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳои дигар мебошанд, ки хазинаи маънавии тамаддуни башариро ғанӣ гардонидаем.

Хушбахтона, имрўз кишвари азизи мо дар қатори зиёда аз яксаду бист давлати дунё ҳамчун давлати озоду соҳибистиқлол, демокративу ҳуқуқбунёд ва ошёни сулҳ нашъунамо дораду офтоби амну амонӣ ва осоиштагӣ болои мардуми он партавафшон аст. Бигзор ин тулўъ ва партавафшони ҷовидонӣ бод!

Оре, дар кадом ҳолат дар кадом сатҳу пояе, ки набошад, Тоҷикистон муқаддасоти арзандаи миллати тоҷик дониста мешавад. Худованд ба мо дар арсаи ҷаҳонишавӣ Пешвоеро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонидааст, ки имрўзи кишварро бо фардои мунаввар мепайвандад. Хушбахтона 27 сол аст, ки бо ибтикор ва кўшишҳои пайгиронаву роҳнамоиҳои хирадмандонаи ин фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони азизи соҳибистиқлоли мо ҳар рўз навигониҳову пешравиҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию ахлоқӣ ба вуҷуд омадаву ҳам рўзмарра ба вуқуъ пайваста истодаанд. Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистоне, ки дар замони Шўравӣ як кишвари аграрии тобеи шўравии дар ҳисоби кўҳҳои сар ба фалак кашида, дар гўшаи фаромўшӣ қарор дошт, бо кўшишу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати 27-сол ба як кишвари пешрафтаи саноатии мутамаддин ва ошёни сулҳу осоиштагии намунавии ҷаҳони муосир табдил ёфт. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз оварда расонид ва мо бояд ба қадри ин осоиштагиву оромӣ бирасем. Имрўз наметавон сарзаминеро номбар кард, ки Тоҷикистонро чун кишвари соҳибистиқлол нашиносад.

Бе муболиға Тоҷикистони соҳибистиқлол дар муддати 27-соли даврони соҳибистиқлолии хеш, бо роҳбариву роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он пешравиҳои иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангие ноил гардид, ки баъзе қавму миллатҳо дар садсолаҳо ба он мушарраф гашта наметавонанд. Бисёре аз халқҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати шумораи аҳоли аз Тоҷикистони мо зиёданд, аммо соҳибистиқлолу соҳибватан ва комилҳуқуқ нестанд ва онҳо истиқлолиятро чун “моҳичаи тиллоӣ”-ву чун “тухми мурғи анқо” дар хоб мебинанд.

Маҳз бо ваҳдату ягонагии миллати тоҷик, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваст, Тоҷикистони азизи мо соҳиби беҳтарин неъмати Худододаву бузургтарин дастовард, яъне амнияту осоиштагӣ ва истиқлолияту якпорчагӣ ва пешравиҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ гардид. Мардуми соҳибхиради ин сарзамин аз хурд то бузург якдигарро эҳтирому эътироф мекунанд, чунки қавми як миллат ва як нажоданд. Имрўз мамлакати азизи мо дар айни шукуфтанҳост ва рўз то рўз шуҳратманду шуҳратёр гашта истодааст.

Боиси хурсандист, ки имрўзҳо Тоҷикистони моро тамаддунҳои муосири олами башарӣ ба ҳайси ҷумҳурии ҷавону соҳибистиқлол ва мутамаддини дорои неъмати бебаҳои сулҳу субот ва дорои пешравиҳои нав ба нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ мешиносанд. Тоҷикистони азизу дилоро бо тамоми бузургиву шаҳоматаш имрўз моро Ватан аст. Ватане, ки бо тамоми ҳастӣ дўсташ медорему эҳтиромаш мекунем.

Агар тамоми умри худро дар васфи Тоҷикистони азизам сарф кунам, ҳоло ҳам ин кам мебошад. Ман аз он мефахрам, ки тоҷикаму ватанам Тоҷикистон аст. Ҳар куҷое, ки бошам номи сарзаминам ҳамеша дар вирди забонам ҳаст ва фаромўш нахоҳам кард.

Хулоса, ҳастиву пояндагии Тоҷикистони азиз чун ҳастии ҷону тан ва умеду армони Ватани азизу дилоро дар вуҷуд ва дасти дуо бар даргоҳи Офаридгори созанда мегузорем, то ҳамарўза ватани умеду орзуҳо, шукуфтанҳову сарсабзиҳо гардад ва ҳар як ватандор ўро дўст дорад.

Туразода Муҳаммадёсин – узви аъоли                                                              ҲХДТ  

 

 

 


Вакти нашр: 2019-06-12 14:50:07    Хонданд: 619    Муфассал...

Тасаллият

Кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳиявии пойтахт ба раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Зоир Раҳмонзода бинобар сабаби даргузашти

БАРОДАРАШ

ҳамдардии амиқ баён намуда, ба наздикону пайвандони марҳум аз даргоҳи Худованди муттаол сабри ҷамил хоҳонанд.


Вакти нашр: 2019-06-13 08:55:28    Хонданд: 534    Муфассал...

Ваҳдати миллӣ-маҳсули андешаи миллӣ

Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноњияи Исмоили Сомонӣ  дар ташкилоти ибтидоии   "Тоҷикистон" соати сиёсӣ баргузор гардид.

         Дар он қайд карда шуд, ки имрӯз дар остонаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканда аз дастовардҳо ва бурду муваффақиятҳои он ёдовард шудан зарур аст,  ки тамоми мардуми кишвар, махсусан насли ҷавони имрӯзу оянда аз ин ифтихор бояд намоянд, омӯзанд, сабақ гиранд, ва ба мероси бузурги маънавию фарҳангии ниёгон арҷгузорӣ карда, ин неъмати олӣ-иттиҳоду сарҷамъӣ ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд.

      Маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайвастаи ғояҳои миллӣ ва ваҳдатгироӣ буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кутоҳи таърихӣ эътибори тозаи навъи давлатдориро дар заминаи эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва  бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ба даст овард.

 


Вакти нашр: 2019-06-17 09:33:58    Хонданд: 457    Муфассал...

САРВАРИ СУЛҲОФАР ВА ШАХСИ ТАЪРИХӢ

Раванди расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон рўйдоди душвор вале муҳиму тақдирсозе буд, ки барои муттаҳид сохтани миллати тоҷик ва аз нобудшавӣ раҳо бахшидани давлату давлатдории он нақши бузурге бозид. Аз моҳи апрели соли 1994 то моҳи июни соли 1997 нуҳ маротиба музокироти расмӣ ва 18 вохўриҳои тарафҳо баргузор гаштанд. Санаи ниҳоӣ, яъне 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва дар вазъияти тантанавӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон баста шуд. Ниҳоят Ваҳдати миллӣ, ки роҳнамоӣ он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, дар ҷисми беҳоли Ватан руҳу равони тоза бахшида, давлату миллати тоҷик аз вартаи нобудшавӣ раҳо шуд.
Дар таърихи башар ангуштшуморанд, он сарварони давлате, ки мардумро дар атрофи худ ҷамъ оварда, дар таҳкими сулҳу субот ҷонбозиву талошҳо намуда, боз ҳам дар роҳи амну амнияти кишвар дар вазъи мураккаби хатарзо ҷони худро дар хатар гузошта бошанд.
Чӣ тавре, ки таърих гувоҳ аст, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва вазъияти басо хатарнок ба уҳда гирифта буданд, чунки ҳамон солҳои вазнин, вақте мардуми тоҷик паси сангарҳо қарор гирифта, муқобили ҳамдигар қиём менамуданд, касе роҳбарии кишвар ва бори сангини масъулияти ҳимояи миллати тоҷикро ба ҷуз ин марди таърихӣ ба зимма нагирифт. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои барои миллат мушкилу тақдирсоз ва барои таърих фаромўшнашаванда Сарвари давлат бе ягон тарсу ҳарос, балки бо шуҷоати том ва иродаи қавӣ ин бори сангинро ба дўш гирифта, дар баромади аввалини худ дар Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб аҳд карданд, ки ба халқи тоҷик сулҳ меоваранд ва мо шоди он гардидем, ки ба савганди худ вафо намуданд. Дар ин радиф Сарвари давлат чунин гуфтанд:
- Ман ба раҳми Парвардигор, ба хиради азаливу иродаи неки халқам боварӣ доштам ва ҳамеша ба неруҳои солим ва рўҳи сулҳхоҳонаи миллати тоҷик такя менамудам.
Имрўз ҳамвора дар андеша бояд буд. Андеша аз он кунем, ки рўйи замин зиёданд қавму миллатҳое, ки дину оину фарҳанги қадима доранд, аммо онҳо аз ин суннатҳо ҳимоя карда наметавонанд, зеро давлат надоранд, то манофеи миллиашон ҳифзу нигоҳдорӣ карда шавад. Масалан, халқиятҳое чун уйғурҳо, курдҳо шумораи зиёди аҳолӣ доранд, аммо соҳибдавлат нестанд.
Танҳо давлати миллӣ метавонад ҳамчун қудрати миллӣ шинохта шавад ва бар зидди ҳама зуҳуроти тафриқаандоз мубориза барад. Танҳо Ваҳдати миллӣ ғояи рушди устувори ҷомеа, таҳкими унсурҳои давлатдории миллат, зиндагии шоистаи мардуми сарзамини ганҷхезу гуҳаррез, дар арсаи ҷаҳон ҳамчун миллати соҳибфарҳанг шинохта шудан аст.
Ба бахти мардуми тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро сарвари тоҷикон пазируфтанд. Чун сифатҳои оддиву олии инсониро соҳиб аст, тавонист аз рўзҳои аввали сарвар интихобшуданаш дар байни мардум соҳибобрў гардад. Барои ба имзо расонидани Созишномаи истиқрори сулҳ чӣ қадар талошҳо намуд. Сулҳ барқарор гардид, мардум ба Ватан баргашт, иқтисодиёт пеш рафт.
Шодравон Расул Ғамзатов, шоири халқӣ, Қаҳрамони меҳнат аз боби сиёсати пешгирифтаи Эмомалӣ Раҳмон ва ободиву пешрафти кишвар бо ифтихор гуфта буд: “Фақат ҷанг набошад, шуд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон бениҳоят мамнунам. Инсони бозаковату хирадманд, Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркўширо ёбад”.
Раиси Созмони тоҷикони Британияи Кабир Саидҷалол Бадахшонӣ хуб қайд кардааст: “Шумо дар зиндагии рўзмарраи худ таҳти роҳбарии Раиси ҷумҳур ба як натиҷае расидед, ки дар дунё имрўз беназир аст. Шумо худро хурд мапиндоред ва Сарвари давлати худро шихсияти ҷаҳонӣ бидонед, чунки таҳти роҳбарии эшон ин матлаб дуруст шудааст”.
Дар ин радиф шодравон Ислом Каримов, собиқ Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон чунин зикр карда буд: “Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори шинохта, роҳи дуруст ёфт, одамони афкорашон мухталифро ба ҳам муросо дод. Ҳамчунин, сабру таҳаммул ва иродаи ў яке аз омилҳои муҳимест, оид ба таъмини сулҳу осоиш дар рўзгори халқи ҷафокашидаи тоҷик.”
Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Иттиҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ, кишвари мо низ мақоми худро муайян кард ва роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёди дунявиро пеш гирифт. 
Омўзиши таҷрибаи таърихи ҷаҳонӣ ва назарбиниҳои илмӣ гувоҳӣ медиҳад, ки доштани Пешвои миллат, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатдорӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ дар ҷаҳони муосир шарт ва зарур аст.
Маҳз барои миллати азиятдида ва ранҷкашида доштани Пешвои сиёсӣ эътирофи бунёдгузори давлати миллӣ ва муттаҳид намудани халқ, атрофи ғоя ва андешаҳои ў боз аҳамияти бештари таърихӣ, замонавӣ ва ояндабиниро касб менамояд. Ба мо имрўз вақт, замона ва манфиатҳои имрўзу фардои миллат дар ҳамбастагӣ ин фурсатро фароҳам оварданд. Далели бузурги раднопазири ин иқдом фаъолияти содиқона, созанда ва эътирофшудаю хизматҳои воқеӣ ва ҳақиқии Пешвои миллат барои бунёди давлату эҳёи миллат аст. 
Имрўз мардум медонанд, ки хонаи обод, фазои орому осудаи Ватани азиз аз файзу баракати Ваҳдат аст. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун барпокунандаи бедории миллӣ ва тақвиятбахшандаи он, кишварро бо азми устувор рў ба шоҳроҳи рушду тараққӣ ниҳод. Ҳоло зиндагии мардуми кишвар дар фазои беғубори сулҳу Ваҳдат таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон ба кулли дигар гаштаву сокинони Тоҷикистон ва ҳатто ҷаҳониён аз он ифтихор мекунанд.

Назир Азимзода ва Шаҳзода Авизова, узви фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-06-17 14:39:31    Хонданд: 472    Муфассал...

ВАҲДАТУ СУБОТИ СИЁСӢ МАҲАКИ АСОСИИ РУШДУ ПЕШРАФТ

       Дар  Коллеҷи технологии  шањри Душанбе  бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомад доир гардид. Дар он Убайдулло Қурбонов-муовини раис, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ иштирок ва суханронї намуд.  Мавсуф зимни баромади хеш дар мавриди душвориҳо ва лаҳзаҳои ҳассоси ба ваҳдати миллӣ расидан, давраҳои  ба  имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, расидан ба қадри сулҳу суботи сиёсӣ, вазъи ноороми сиёсии ҷаҳон, ҳифзи дастовардҳо фарҳангу забон ибрози назар намуд.

      Мавсуф таъкид намуд, ки бо тамоми хасти бояд аз
ин неъматњои бебањои аср сулњу суббот, вањдату якдили њифз кард.


Вакти нашр: 2019-06-24 16:12:17    Хонданд: 478    Муфассал...

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ МУТТАҲҲИДСОЗӢ МИЛЛАТ

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ташкилоти ибтидои ҳизбии “Меҳргон”-  бо иштироки Муҳриддин Ғафоров -муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия  Абдулло Дагиев – сардори Раёсати танзим ва рушди савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дӯстзода Афзалшоҳ – Роҳбари дастгоҳ-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо   соҳибкорон вохӯрӣ  доир намуд.

 Муҳриддин Ғафоров   меҳмононро бо Рўзи Ваҳдати миллӣ     табрику шодбош  намуд. Мавсуф қайд намуд, ки маҳз бо талошу заҳматҳои шабонарузии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи матини кулли мардуми тоҷик Ваҳдати сартосари дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо побарҷо гардид ва мо тавонистем, ки на танҳо давлатамонро аз парокандагӣ наҷот бахшем,балки дар таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар қадамҳои устувор гузорем. 

 Сипас, Дӯстзода Афзалшоҳ ва Дагиев Абдулло  оид ба риоя намудани Маромномаи сокини пойтахт, одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон сухаронӣ намуданд.  

Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни иштирокчиён ва  баромадкунандагон афкори умум сурат гирифт.


Вакти нашр: 2019-06-25 14:13:34    Хонданд: 653    Муфассал...

Семинари муфиди амалӣ дар Дастгоҳи КИМ ҲХДТ

Бо ташаббуси Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мавзўи «Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва усулҳои истифода аз он» барои кормандони ҳизбӣ семинари омўзишӣ доир гардид, ки дар кори он масъулиин кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва устодони варзидаи соҳавӣ иштирок ва маърўза намуданд.

Чорабиниро муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти он, нақш ва иштироки фаъолонаи узви ҳизб дар ҳифзи амнияти иттилоотии кишвар ибрози назар намуд.

Муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Давлатов дар мавзўи «Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ: таъсири онҳо ба тафаккури ҷавонон дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ» сухан карда, роҷеъ аб муҳимтарин масъалаҳои мавриди назар ибрози андеша кард.

Дар идомаи чорабинӣ номзади илмҳои филологӣ, медиатренер Илҳоми Ҷамолиён дар мавзўи «Ҷойгоҳи шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳаёти мо: таҳлили муқоисавӣ ва авлавиятҳо» дарси амалӣ гузашта, далелҳои мушаххасро оид ба таъсир, фоида ва зарари интернет ба таваҷҷуҳи ҳозирин ироа намуд.

Номзади илмҳои филологӣ, медиатренер Саидумрон Саидов оид ба «Технологияи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар маъракаҳои сиёсӣ» баромад намуда, баъзе машваратҳои мушаххасро барои тақвияти фаъолияти ҳизбӣ пешкаш намуд.

Иштирокчиёни семинар аз ташкил ва баргузории он қаноатманд шуда, ташкили мунтазами чунин чорабиниҳоро ба манфиати кор арзёбӣ намуданд.


Вакти нашр: 2019-06-24 13:46:05    Хонданд: 346    Муфассал...

ВАҲДАТУ СУБОТИ СИЁСӢ МАҲАКИ АСОСИИ РУШДУ ПЕШРАФТ

Дар  Коллеҷи технологии  шаҳри Душанбе  бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомад доир гардид. Дар он Убайдулло Қурбонов-муовини раис, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ иштирок ва суханронӣ намуд.  Мавсуф зимни баромади хеш дар мавриди душвориҳо ва лаҳзаҳои ҳассоси ба ваҳдати миллӣ расидан, давраҳои  ба  имзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, расидан ба қадри сулҳу суботи сиёсӣ, вазъи ноороми сиёсии ҷаҳон, ҳифзи дастовардҳо фарҳангу забон ибрози назар намуд.

      Мавсуф таъкид намуд, ки бо тамоми хасти бояд аз
ин неъматҳои бебаҳои аср сулҳу суббот, ваҳдату якдили ҳифз кард.


Вакти нашр: 2019-06-25 16:07:17    Хонданд: 548    Муфассал...

ПЕШВОИ АДАБИЁТДЎСТУ ФАРЊАНГПАРВАР

 

Китоб сарчашмаи илму дониш, саъйю кўшиш, маърифату маданият, меҳнату неъмат, арҷгузории ниёгон, иззати ҳамагон, ҳурмати падару модарон, эҳтироми дин, дўсти нахустин, ёри беғараз, саршор аз панду андарз ва раҳнамову роҳкушои инсон мебошад. Китоб моро ба дирўзу соли қабл, қарни гузашта ва садсолаҳои дигар пайванд месозад. Мо, инсонҳоро ба ҷаҳони маънӣ, тахайюлоте, ки танҳо ҳангоми чашм пўшидан онро тасаввур мекунем, олами рангин, зоҳиру ботин ва сайри таърихи бостониву ривоятҳои достонӣ мебарад.

         Ҳамон лаҳзае, ки дар оғўши ғаму кулфат, дуриву ғурбат, танҳоиву маъюсӣ қарор мегирем, пири мо, дастгири мо ба хотири мо – китоб наздамон меояд. Чунки дўсти ҷонӣ аст, беминнат аст, ҳамсуҳбат аст, бовафо аст, бебаҳо аст, мушфиқу ғамхор аст, нотакрор аст, меҳрубон аст, нигаҳбон аст, ҷовидон аст ва ҳамеша бо тифлону пирон ва мо - ҷавонон мебошад. Муносибат бо китоб рафиқист, ҳақиқист, мусиқист, ошиқист.  Китоб саршор аз меҳру муҳаббат аст, муҳаррам аст, муаззам аст, муқаддас аст ва мунису ёвари соҳибдилон аст. Китобдўстӣ фарҳанг аст, оҳанг аст – оҳанги зиндагию бандагӣ, оҳанги шўхи ҷавонӣ, оҳанги хуши зиндагонӣ, оҳанги нотакрори ҳаёти мост. Он ба мо кашидани ранҷ ва ба даст овардани ганҷро раҳнамоӣ мекунад. Китоб ҳама чиз аст ва бе китоб мо ҳеҷ ҳастем.

         Хушбахтона, имрўз Ҳукумати кишвар барои бо ин дўсти бовафоямон наздиктар шудан тамоми чораҳои амалиро меандешад. Таъсис ва ба истифода додани Китобхонаи миллии Тоҷикистон, мавҷудияти дигар китобхонаҳо дар шаҳру навоҳии кишвар, санаи чоруми сентябр ҷашн гирифтани “Рўзи китоб”, ташкили барномаҳои телевизиониву радиоӣ, намоишгоҳҳову аксияҳо оид ба китоб, баргузории озмунҳои мухталиф дар ин самт аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Ташкили озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ...” аз ҷониби Пешвои маҳбубу маорифпарвари миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон моро ба фатҳи қуллаҳои нав талқину ташвиқ менамояд. Имкони аз худ намудани пораҳои зиёди шеърӣ, мутолиаи шоҳасарҳои маъруфи адабиёти тоҷику ҷаҳониро фароҳам меорад. Имрўзҳо аллакай дар сартосари кишвар сухан дар бораи ҳамин озмун аст. Бо ҳар нафаре, ки вомехўрем, дар хусуси китоби айни замон хондаистодаамон ва тайёрӣ ба озмун ҳамсуҳбат мешавем. Дар роҳраву гулгаштҳои пойтахти гулпўшамон, нақлиёти ҷамъиятӣ, китобхона, боғҳои истироҳатӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ садои “аз ту чанд шеър шуд?”, “аллакай “Ҳамлет”-и Шекспирро хондам”, “Акнун ба эҷодиёти пурғановати шоирони классикамон аз наздик шинос шудам”, “Пушкини ошиқ дар дуэл барои ишқи покаш муборизу бурда, ба ҳалокат расида будааст” ва амсоли инҳо ба гўш мерасад, ки хеле фараҳафзост ва аз он ки чӣ қадар ҷавонони насли Истиқлол таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобхону адабиётдўст шудаанд, хеле шоду масрур мегардем. Ва хушбахт аз он ҳастем, ки дар замони соҳибистиқлолии Ватани азизу арҷманди мо ба ин самти фарҳанг диққати бештар аз пештар дода мешавад.

         Тибқи дастури ректори Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода  профессор Маҳмадулло Раҷабзода дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ...” озмуни донишкадавии “Фурўғи субҳи доноӣ...” ташкил карда шуд, ки мувофиқи нақша дар моҳи июн ба анҷом расида, ғолибон бо туҳфаҳои омоданамудаи раёсати донишкада сарфароз гардонида мешаванд. Аллакай Шўрои кураторон шартҳои иштирок дар озмуни мазкурро ба гурўҳҳои академӣ шарҳ доданд ва донишҷўён ба зиёд кардани теъдоди китобҳои мутолиакардаашон шурўъ намуданд.

         Зикр мебояд, ки аз қадамҳои аввалини худ дар ҷодаи ҳокимият Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва қайд мекунанд, ки маорифро дар сиёсати худ дар мадди аввал мегузоранд. Мо - ҷавонон ифтихор дорем, ки чунин Пешвои адабиётдўсту фарҳангпарвар дорем ва мефахрем, ки пайрави ў ҳастем. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда медиҳем, ки бо тамоми ҳастии худ кўшиш ва ҷидду ҷаҳд намуда, баҳри ободию гулгулшукуфоии Ватани азизу маҳбубамон саҳм мегузорем ва дар таълиму тарбия, баланд бардоштани ҳисси ватанпарастӣ, маърифатнокӣ, хештаншиносию худогоҳии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба созандагӣ, ободонӣ, фарҳангшиносӣ, инчунин китобдўстию китобхонӣ тамоми кўшишро ба харҷ медиҳем.

Масрур Зокирзода- узви фаъоли   ҲХДТ  

                                                 


Вакти нашр: 2019-06-18 09:25:26    Хонданд: 497    Муфассал...

Падидаи ифротгароӣ миёни ҷавонон: омилҳо ва сабабҳо

      Инсоният аз замони пайдоиш то ба имрӯз дар раванди моҳиятан пуртазоди пешрафти иҷтимоӣ ва талош барои расидан ба ҳадафҳои худ як навъ ба муҳити зист вобастагӣ дорад. Ин ҳам бошад, кӯшиши даст ёфтан ба сарватҳои табиӣ, маъданҳо, заминҳои ҳосилхез, ҷагалҳо, рӯдҳо ва ғайра сабабгори аслии ҷангҳо миёни қавмҳо, нажодҳо, давлатҳо ва империяҳо будааст. Паҳнои дунё то ба имрӯз зиёда аз садҳо ҳазор ҷангҳоро дидааст. Шурӯъ аз замони ҷангҳои Миср, ки нахустин ҷангҳои маъмул дар таърих гардидааст, ҳадафи меҳвари ин ҷангҳо низ баҳри ба даст овардани сарвати кишварҳои дигар будаст.

      Қарнҳои гузашта бо оғозу анҷоми ҷангҳо миёни қабилаҳо, падиду нопадид гардидани империяҳо, аз ҷумла империяи бузурги Шӯравӣ, зери мустамлика даромадани қисме аз кишварҳо ва мустақил шудани онҳо, оғозу анҷоми ҷанги якуму дуюми ҷаҳонӣ, ҷанги сард миёни ду абарқудрат, тағйироти куллӣ ба харитаи ҷуғрофияи сиёсии ҷаҳон ворид намуд. Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва поён ёфтани ҷанги сард, аҳолии сайёра умед ба хотимаи ҷангҳо ва пойдории сулҳ дар курраи заминро мекард, вале, мутаассифона, ҳодисаҳои қатлу ғорат ва манфиатҷӯйи инсоният дар шакли муосиру даҳшатбор ба мисоли ифротгароиву террористӣ рӯ ба афзунӣ ниҳод. Ҷаҳони имрӯза ба майдони тохтутозҳои падидаҳои номатлуби давр ба монанди ифротгароёну террористон мубаддал гардид.

      Аслан ифротгароӣ худ яке аз падидаҳои номатлуб аст, ки тамоми ҷаҳонро ба такон овардааст ва ин падидаи номатлуб на танҳо барои кишварҳо алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки барои тамоми сайёра ва ҷомеаи осоишта хатари бузург дорад. Дар ҷаҳони имрӯза якчанд созмону ҳаракатҳои характери ифротиву террористӣ дошта, фаъолият менамоянд, ки аз ҳама дахшатбортарини онҳо ин созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ», ҳаракати «Ҳизб-ут-Таҳрир» ҳаракати «Салафия» ва ТЭТ ҲНИ мебошад, ки хусусияти ифротии диниро ба худ касб намудаанд. Ифротгароӣ ба маънии дигар ғайриқонунӣ бесубот намудани ҷомеа ва сарнагун кардани давлат ба ҳисоб меравад. Заминаҳо ва омилҳои ба вуҷудоии ифротгароӣ гуногун буда, баъзан онҳо дар дохили як кишвари муайян зуҳур мекунанд ва гоҳе барои ривоҷи онҳо аз хориҷ дастгирии молиявӣ пайдо мекунанд. Ифротгароӣ вобаста аз хусусиёташ навъҳо ва шеваҳои гунонгунро доро буда, дар робита ба Шарқи Наздику Миёна ифротгароии динӣ ва маҳзабӣ бештар роиҷ ба назар мерасад.

     Мавриди ёдоварист, ки экстремизми динӣ дар доираи ислом низ мавҷуд буда, ҳар ҷое, ки он пайдо гардад, дар назди худ танҳо як мақсад мегузорад, бунёди давлати «Хилофат». Тибқи нақшаи пешакии таъсиси «Хилофат» аз ҷониби созмони даҳшатангези ба ном «Давлати исломӣ», аслан бар зидди кишварҳои низоми дунявӣ ва демократӣ равона гардидаву онҳоро бо роҳи зурӣ тобеи «Хилофат»-и худ намуданист. Ногуфта намонад, ки барои анҷом додани амалҳои носолими худ ба ин гурӯҳи даҳшатангез неруи ҷавон лозим меояд, маҳз ба ҳамин хотир онҳо ҷавононро бо ҳар роҳу восита ба доми худ меафкананд. Мутаассифона, имрӯзҳо низ бархе аз ҷавонони ноогоҳ ва гумроҳи мо ба якчанд амалҳои номатлуб, ба монанди ифротгароӣ ва хусумати мазҳабиро пайравӣ намуда, бо даъвати ашхоси иғвогару ҷиноятпеша барои иштирок дар муқовиматҳои мазҳабӣ мехоҳанд ширкат варзанд.

      Бояд тазаккур дод, ки ҳодисаи санаи 7-ум майи соли 2019 ба амал омада, яъне дар додгоҳи шаҳри Душанбе ба маҳкама кашидани як гурӯҳи дувоздаҳ нафараи муҳоҷирони кории тоҷик исбот намуд, ки то кунун чунин раванди муқобил ба амният ва манфиатҳои миллии Тоҷикистон миёни бархе аз ҷавонони гумроҳи мо бадбахтона ба назар мерасад. Аслан, омилҳо ва сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои ифротӣ, ин муҳоҷирати меҳнатӣ, омилҳои динӣ, коста гардидани вазъи иқтисодӣ, бекорӣ, муҳити носолими оилавӣ, пайдо накардани мавқеи худ дар ҷамъият, фирефтаи дастгоҳҳои таблиғи ифротӣ содир намудани ҷиноят ва фирор аз адои ҷазо мебошанд. Аз мушоҳидаҳо маълум аст, ки вақтҳои охир нисбат ба солҳои пеш пайвастшавии ҷавонон ба созмонҳои ифротиву террористӣ кам гардидааст. Қобили қайд аст, ки чунин кирдорҳои ҷиноятпеша зидди амният ва манфиатҳои миллии мо буда, ҳимоя ва ё пешгирии он имрӯзҳо хусусияти умумимиллӣ пайдо кардааст.

     Тавре қайд гардид, омилҳои асосии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бештар ба раванди танзимнашудаи муҳоҷирати меҳанатӣ ва фаҳмиши нодурусти моҳияти дин вобаста мебошад. Дар бештари маврид онҳоро аз рӯйи надоштани саводнокии динӣ фиреб мекунанд. Дар умум, сабабу омилҳои ҳамаи ин иллатҳо аз тарбияи нодуруст намудани ҷавон вобаста мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки навобаста аз тадбирҳои муассири дар самти мубориза бо ифротгароӣ андешидашуда, ҳоло низ бетарафӣ миёни сокинон ба мушоҳида мерасад ва норасоии мутахассисони соҳаи педагогика ва равоншиносӣ низ як навъ мушкилиро дар роҳи муборизаҳои ҳамешагӣ ва муттасил эҷод мекунад. Тибқи сарчашмаҳо, имрӯзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ чунин мушкилоти усулӣ дар мубориза алайҳи ифротгароӣ мавҷуданд, ки роҳи ҳалли худро тақозо доранд:

      Якум, норасоии мутахассисони соҳаи педагогика ва равоншиносӣ имрӯзҳо ба таври ҷиддӣ миёни шаҳрвандони кишвар ба назар мерасад, ки ҳалли ин масъала баҳри бароварда кардани эҳтиёҷи онҳо ниҳоят муҳим мебошад. Зеро яке аз роҳҳои дигари пешгирӣ ва паст намудани сатҳи ифротгароӣ ин таъсиси марказҳои машваратӣ барои шаҳрвандон дар кишвар буда, таҳлилҳо муайян намудааст, сокинон бештар ба хизматрасониҳои ҳуқуқиву равонӣ (психологӣ) ниёз доранд;

      Дуюм, таваҷҷуҳи махсус равона намудан ба тарбияи кӯдакону наврасон дар мактаб ва оила. Аксари мушкилоти имрӯзаи ҷомеа аз нокифоя будани тарбия сар мезанад. Асри иттилоот ва ҷаҳонишавӣ иқдомҳои комилан дигар ва муосирро дар тарбияи наврасон рӯйи даст гирифтанро талаб мекунад. Мутахассисони соҳаи педагогика ва равоншиносонро зарур аст, ки чунин усулро таҳия кунанд. Дар самти педагогика ва равоншиносӣ омухтани таҷрибаи кишварҳои пешрафта аз аҳамият холӣ нест;

      Сеюм, ҳангоми гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулин таваҷҷуҳи махсус ба худи ҳозирин равона карда шавад, то дар он шахсони «осебпазир» низ ҳузур дошта бошанд. Аксар ҳолат фаъолон ҷамъ мешаванд, ки барои онҳо ин масъала актуалӣ нест. Кушиш ба харҷ дода шавад, ки дохили толор «нав» карда шавад. Аз назари илми равоншиносӣ ба назар гирифтани вижагии иштирокчиён низ аз аҳамият холӣ нест, зеро кори маърифатӣ нишонрас мешавад;

      Чорум, идома додани иқдомҳо дар самти рушди ҳунарҳои миллӣ ва умуман ҳунармандӣ низ аз аҳамият холӣ нест, зеро ҷавононро бо шуғл таъмин намудан, мутамарказии зеҳниро ба вуҷуд меорад ва бештар амалгаро мекунад.

       Ҳунарманд нони худро меёбад. Ба ҳайси «неруи нарм»-и ватанӣ дар дарозмуддат метавонад баромад кунад. Дар ин самт рушди варзиши «шоҳмот» низ муҳим буда, зеҳнияти ҷавонону наврасонро қавӣ карда, барои ташаккули қишри зиёии техникӣ низ мусоидат мекунад ва аз ҳама муҳим барои ташаккули имиҷи мусбати Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон таъсири нек мерасонад.

      Панҷум, барои боло бурдани эътимоди шаҳрвандон нисбат ба мақомоти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳое, ки ТВ ё радиои маҳаллӣ доранд, мулоқоти мустақими раисони шаҳру ноҳияҳо гузаронида шавад. Ин имкон медиҳад, ки шаҳрвандон мушкилоти худро гӯянд ва роҳҳои ҳалли он чустуҷӯ шавад. Аз чунин маърака мешавад як қадами ҷиддии политтехнологӣ ба вуҷуд овард.

      Шашум, яке аз роҳҳои дигари пешгирии ифротгароӣ ва паст намудани сатҳи он таъсири ҷонибҳои манфиатдор ба афкори ҷамъиятӣ ниҳоят муҳим аст. Бинобар ин, лозим аст, ки иқдомҳои амалӣ барои таъмини адолати иҷтимоӣ дар кишвар роҳандозӣ карда шавад.

      Хулоса, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир баҳри ҳифзи манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ назди ҷавонон вазифаҳое истодаанд, ки иҷрои онҳо баҳри таҳкими истиқлолият ва бақои давлату миллат аҳмияти бузургеро доро мебошанд. Бахусус, аз даст надодани зиракии сиёсӣ зарур аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мегардад. Барои насли ҷавон ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, боло гузоштани арзишҳои миллӣ аз ҳама гуна манфиатҳои шахсӣ бояд нуктаи меҳварӣ бошад.

Мулломухтор Муллоев, узви фаъоли ҲХДТ

 

 

 


Вакти нашр: 2019-06-20 12:31:31    Хонданд: 435    Муфассал...

“Ганҷи дониш” таъсис ёфт

Дар Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳо”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ маҷлиси ҳизбї доир гардид.

Дар он Раҳмонов Ҷ.-мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Сафаров Рустам-директори Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳо ва кормандони муассисаи мазкур иштирок доштанд.

Нахуст, Сафаров Рустам-директори Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳо” маҷлисро ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Раҳмонов Ҷ ҳозиринро ба 22-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ табрик намуда, иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ барои кулли мардуми Тоҷикистон арзиши муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати миллат мебошад. Озодӣ, истиқлолият сулҳу суббот, оромию осоиштагӣ ва созандагию бунёдкорӣ аз шарофати ваҳдати миллӣ насиби мо мегардад. Инчунин, оид ба мақсад ва ҳадафи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ суханронӣ кард.

Ҳамин тавр, тибқи рӯзномаи маҷлис ба 7-нафар кормандони “Маркази рушди истеъдодҳо”-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки дар асоси арзизаи шахсӣ ба сафи ҳизб қабул гардиданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуда, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд. Номи ташкилоти ибтидоӣ бо пешниҳоди дастаҷамъонаи аъзоён “Ганҷи дониш” номгузорӣ гардид. Бо ҷонибдории ҳамаи аъзои ҳизби ташкилоти мазкур Сафаров Рустам -раиси ташкилоти ибтидої ва Тошбоева Зулфия–котиби ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуданд.


Вакти нашр: 2019-06-25 09:38:28    Хонданд: 543    Муфассал...

ТОҶИКИСТОН КОХИ ПУРҶАЛОЛИ МИЛЛАТ - ВАҲДАТАТ ПОЯНДА БОД

Бо иштироки масъулини Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур   бахшида ба 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ   дар ташкилоти ибтидоии  “Роҳсоз” соати сиёсӣ  дар мавзӯи “Тоҷикистон кохи пурҷалоли  миллат-ваҳдадат поянда бод”  доир гашт.   

        Масъули ҳизбӣ зимни баромади хеш қайд намуд, ки расо 22-сол муқаддам Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеа ба даст омад, ки баъди ба даст омадани ин санади воло дар кишварамон  гардиши куллӣ ба вуҷуд омад.  Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархурди абарқудратҳо масъалаи амният, сулу субот ва нигоҳ доштани оромӣ дар кишварҳо  яке аз муҳимтарин масъалаҳо ба шумор меравад. Инчунин, оид ба таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ, ҳифз ва тарғиби он дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон, нақши Ваҳдати миллӣ дар мутаҳидсозии миллат ва идоракунии давлат сухан карда шуд.

 


Вакти нашр: 2019-06-25 09:43:27    Хонданд: 482    Муфассал...

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ТОЛЕИ НАКӮИ МИЛЛАТ

        Дар ташкилоти ибтидоии “Мадади Сино” бо иштироки Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Шоҳмансур бахшида ба 22-юмин солгарди   Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҷлиси умумӣ баргузор гардид.

        Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад зимни  суханронии худ зикр кард, ки Ваҳдати миллӣ пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор меравад, ки ин санаи воло 27 июни соли 1997 бо талошҳои хастанопазири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Бо гузашти 22 сол аз ба даст омадани Созишномаи умумии Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеа ҷойгоҳи хосаеро соҳиб аст.

     Бояд хотирнишон сохт, ки дар замони ҷаҳонишавӣ, бархурди абарқудратҳо, манфиатҷӯйии доираҳои алоҳида ва торафт мураккаб гардидани вазъи ҷомеаи  ҷаҳон  моро лозим аст, ки беш аз ҳарвақти дигар ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти сартосарӣ бирасем.   Набояд фаромӯш кард, ки ба даст овардани Ваҳдати миллӣ барои тоҷикон саҳлу осон набуд. Кунун масъулияти қадр ва ҳимоя намудани ин дастоварди беназир ба души мост. Танҳо дар оинаи ваҳдат, сулҳу субот ояндаи дурахшонро дидан имкон дорад.
       Сипас,  миёни  Гулаҳмадзода  Зулфиқор  Аҳмад  ва  аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар  фарҷом   аз фаъолияти    ташкилоти ибтидоии  “Мадади Сино”   дидан  намуданд.


Вакти нашр: 2019-06-26 09:34:45    Хонданд: 425    Муфассал...

ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ “БОНУИ БОМАҲОРАТ”

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Обрасон” Фестивал-озмун таҳти унвони “Бонуи бомаҳорат”-ро доир намуд. Дар он бахшҳои намоиши хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои қадимаи гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, чакандӯзӣ, намоиши сайри чакан, рангорангии атлас, байтбарак ва қисмати фарҳангӣ иборат буд.

Бояд қайд намуд, ки барои иштироки фаъолона ва намоиши сатҳи баланд ҳамаи иштирокчиён аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.


Вакти нашр: 2019-06-26 14:28:25    Хонданд: 802    Муфассал...

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - МАҲСУЛИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ

              Ваҳдат-беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди босубот, нумўи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Ваҳдат дар фарҳанги мардуми форсу тоҷик маънои ягонагӣ, иттифоқ, дўстӣ ва сулҳу оромиро инъикос мекунад. Ҳар нафаре, ки аз ин маънои воло кор бигирад, сазовори эҳтироми халқ, ҷомеа ва давлат мегардад. Берун аз ҳудуди мафҳуми ваҳдат, дар инсонҳо худкомаву худхоҳӣ ба кор меояд.  Яъне, берун аз марзи Ваҳдат ҳар касе пой гузорад, дар баробари тинати бандагиву ғуломӣ рушд мекунад. Ба атрофиён бо назари шубҳа менигарад. Аммо Ваҳдат таҳкимгари муҳаббати байни инсонҳост. Ваҳдат аст, ки одамӣ дар пайи кору пайкору эҷод аст, дар пайи рушду такомул мебошад. Ваҳдат аз қалби инсонҳо кинаву адоват, тарсу ҳарос, беномусиву номардонагиро бадар месозад. Ваҳдат аст, ки инсоният ба таърихи дури хеш менигараду аз як батн пайдо шудани бани одамро эҳсос мекунад ва то андозае аз дигар рафторҳои ноҷавонмардӣ дурӣ меҷӯяд.

             Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи талошҳои беназир буд, ки баъди 7 музокирот бо мухолифин 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва вохурии 8-умини тоҷикон баргузор шуд.  Тарафҳои ба ҳам зид якдилона баҳри таъмини ояндаи дурахшони миллат ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзо гузоштанд.    

          Аз рўзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 22 сол сипарӣ гашт, ки ин санаи сарнавиштсоз бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои марказии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи матини мардуми Тоҷикистон рўйи кор омад.

         Ҷангу низоъҳои хунини шаҳрвандӣ боиси ҳисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, шуълаҳои охирини умед ба ояндаи нек дар дили одамон хомўш мегардид ва ба якпорчагию ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.

         Таҳти Сарварии сиёсатмадори варзида, сардори донову тавонои мардуми азиятдидаи тоҷик дар пайвастагӣ заминаи сулҳи миллиро матраҳ намуда, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароити мусоид муҳайё намуд. Гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба ватан баргардонид ва дар роҳи бунёди ҷомеаи навини демократӣ қадамҳои устувор ниҳод ва  бо камоли инсонӣ роҳ ба самти шинохти аслии хеш бикшод.

          Нияти неки Сарвари давлати тоҷикон дар марҳилаи душвору сарнавиштсоз, ки дар доираи риояи андешаҳои миллӣ, анъанаю суннатҳои мардумӣ ва дину эътиқоди халқ роҳандозӣ гардида буд, дар муддати кўтоҳтарин мардумро ба ҳам оварда  назди ҷаҳониён эътибор ва шаъну шаҳомати миллати тоҷдорро аз нав эҳё намуд.

     Бори нахуст рўзи 29 сентябри соли 1993 садои Тоҷикистон чун давлати мустақил ва як ҷузъи комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз минбари баланди Маҷмааи умумии СММ бо овози Садри муаззами давлат садо дод, ки бузургтарин ва нодиртарин дастоварди Пешвои миллат буд. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсози аҳамияти бағоят бузурги таърихӣ дошта, дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишварамон нақши муҳимро доро мебошад ва дар байни мардуми ҷумҳуриву арсаи байналмилалӣ баҳои баландро сазовор гашт. Роҳбарону сиёсатмадорони давлатҳои гуногуни ҷаҳон ба “Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон” баҳои баланд дода, онро ҳамчун як иқдоми ҷиддӣ дар роҳи ба даст овардани сулҳу оромӣ ва ваҳдат на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон арзёбӣ намуданд.  Мардуми кишвар ин санади таърихиро чун қадами нахустин ва калидӣ баҳри расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ меҳисобанд.

                           Пойдор гаштани сулҳу оромиро дар кишвар касе бовар надошт. Дар ин хусус собиқ котиби генералии СММ Кофи Анан чунин ибрози акида намудааст: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар роҳи эҷоди сулҳ мебошад».

                           Аз ин ки тоҷикон боз мисли қатраҳо ба ҳам омаданд, дар ин хусус кишваршиноси рус Н. Павлол чунин мегуяд: «Мо акнун шоҳиди эҳёи ин миллати ҷонсахт, боистеъдод, яъне тоҷик хастем…. Дар дунё кам миллате пайдо мешавад, ки чунин зарбаҳоро таҳаммул карда бошад.   Тоҷикон аз ҳама ақвоми дигар ҷонсахттаранд.  Қадре фурсат кофӣ буд, ки онҳо дубора ҷон бигиранд ва эҳё шаванд…»

           Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳозиразамони берунмарзӣ мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имруз иттифоқӣ ва ҳамдилии халки тоҷик мавриди омўзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гўё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат якдигарфаҳмӣ, истиқлолияти кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рузгори мардум рў ба беҳбудӣ меорад. 

           Ба ақидаи Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар кассе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

          Дар ҷои дигар Ҷаноби Олӣ ваҳдатро чунин шарҳ додаст: «Ба ибораи дигар, Ваҳдати миллӣ маҳсули андешаи миллии мост. Зеро маҳз андеша ва ҳуввияти миллӣ мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷикро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз намояд ва миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, барои рушди давлати соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварад».

          Маҳз бо кушишҳои пайгиронаи Президенти кишвар миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имруз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

          Муҳимтарин дастоварду комёбиҳои мамлакат натиҷаи талошҳои пайгирона, фидокорона ва қаҳрамононаи Президенти кишвар буд, ки дар интиҳои асри ХХ мардуми кишвар аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардида, ба ояндаи нек бо мардуми шарифи кишвар дар мамлакат марҳилаи бунёдкориро оғоз   намуд.

             Маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ба дастовардҳои назаррасе ноил гардид, ки ин дар ҳаёти ҷавонони кишварамон басо равшан аст.

            Аз ҷумла қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” 13 марти соли 1992, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 23 майи соли 1997 “Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон”  ва дар хамин замина таъсис дода шудани  Кумитаи кор бо чавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул гардидани Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 1999-2000», таъсис додани ҷоизаи  Исмоили  Сомонӣ,  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон “Дар бораи таъсиси стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ,  литсейҳо,  гимназияҳо,  омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ,  техникумҳо ва  коллеҷҳо”  баъди танафусси сесола аз нав эҳё  шудани рўзномаи  “Ҷавонони Тоҷикистон”, 23 май эълон гардидани Рўзи  ҷавонони Тоҷикистон доир гаштани фестивалҳои  ҳамасолаи  дўстии  ҷавонон, аз ҷумла соли 1997 дар вилояти Суғд,  соли 2000  дар Бадахшон,  соли 2001 дар шаҳри  Душанбе, соли 2002 дар вилояти Хатлон,  соли 2003  фестивали дўстии чавонони Тоҷикистону  Қирғизистон,  соли 2004  дар шаҳри Душанбе,  соли 2004 фестивали дуюми дустии ҷавонони Тоҷикистону  Қирѓизистон дар Ҷумҳурии Қиргизистон,  соли 2005  дар вилояти Бадахшон,  соли 2006 дар шаҳри Душанбе,  соли 2007 дар вилояти Суғд  шаҳодати  раднопазири дар солҳои истиқлолият  ба  амал омадани тағийроти  кулӣ  дар ҳаёти  ҷавонони  кишвар мебошанд.

         Президенти  кишвар  Эмомалӣ  Раҳмон  зимни  вохӯриҳои чандин каратаашон,  ки 2 феврали соли 1993,  4 сентябри соли 1993  ба муносибати дувумин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон, 17 марти соли 1994 дар нахустанҷумани  Иттифоқи  ҷавонони Тоҷикистон,  23 майи соли 1997,  16 майи соли 1998 зимни вохурӣ бо ҷавонони лаёқатманди  Ҷумҳурӣ,  21 майи соли 2005 вохӯрии навбати бо ҷавонони Ҷумҳурӣ, 30 августи соли 2005 ҳангоми вохурӣ  бо ҷавонони фаъол ва донишҷуёни мактабҳои олӣ  ва миёнаи махсуси вилояти  Суғд  дар варзишгоҳи  Хуррамшаҳри  шаҳри  Хуҷанд баргузор гардиданд,  муҳимтарин  муаммову проблемаҳои  ҳаёти  ҷавононро баррасӣ  намуданд. Ин вохӯриҳо рамзи ояндасозиву ояндабинӣ ва дарки рисолати баланди ҷомеашиносӣ, инсонгароӣ ва худшиносиву худогоҳии ҷавонони кишвар гардиданд. Муҳимтарин масъалае, ки дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, дарки моҳияти Истиқлолияти давлатию Ваҳдати миллӣ аз ҷониби ҷавонон, гиромидошт ва эҳтироми арзишҳои миллӣ аз қабили арзишҳои   давлатӣ, забони модарӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва огоҳ будани ҷавонон аз таъриху фарҳанги миллат мебошад.

           Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд, ки мақсад аз он татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

           Ҳоло ёфт мешаванд, баъзе  ҷавононе, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу салоҳро дар Ҷумҳурии азизи мо нодида гирифта, шомили ҳар гунна равияҳои ба мардуми мо бегона мегарданд. Сарвари хирадманди мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари вақт бобати ба Ватан баргардонидани ҷавонони гумроҳу ноогоҳ ва онҳое, ки дар мактабҳои олии давлатҳои исломӣ таълими динӣ мегиранд, иқдом намуданд. Барои ҳамин зарур аст, ки мо ҷавонон худшинос бошем, аз фарҳангу маърифати миллии худ кор гирем, дастуру маслиҳатҳои Сарвари оқилу   хирадманди кишварро сармашқи кори ҳаррўза қарор диҳем. Баҳри ҳимояи миллату фарҳанги миллӣ камари  ҳиммат  бандем.

             Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон таҳти унвони “Худшиносӣ омили ваҳдату якдилист” чунин иброз доштанд: “Яке аз ҳадафҳои ҳукумати Тоҷикистон аз он иборат аст, ки Ваҳдати воқеии миллиро ҳамчун ҷавҳар ва пойдевори устувори давлати миллӣ таъмин созад. Шукр, ки мо имруз соҳибватан ҳастем, давлати навро асос гузоштем ва масъулияти давлатдориро ба дасти худ гирифтем. Сулҳу субботе, ки бо мушкилоти зиёд ба даст омад, баёнгари фалсафаи сулҳофарии тоҷикон, субботу оромии сиёсӣ, яъне модели нави ҳалли низоъҳо-модели тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ нақши калон дорад, ки имрӯз ҷаҳониён аз ин модел истифода менамоянд. Раванди бунёди давлати миллӣ ва эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои мо маънои тозаро касб намуд”.

            Ваҳдати миллӣ ё ягонагии миллии худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, ҳифзи онро вазифаи шахсии худ ва тамоми ҷомеа донистан, дар роҳи татбиқи марому мақсадҳои миллат саъй кардан аст. Муссалам аст, ки чунин эҳсосот бояд дар замири ҳар як сокини мамлакатамон, сарфи назар аз мансубияти мазҳабӣ ҷой дошта бошад ва барои ташаккули ифтихори ватандории онҳо мусоидат намояд. Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаҳоро оид ба Рўзи байналмилалии Наврўз, Соли оби тоза, даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар давраи солҳои 2018-2028 қабул карда, пешниҳодҳои Сарвари муаззами кишвари моро ҷонибдорӣ намуд, ки ин барои дар арсаи байналмилалӣ баланд гардидани нуфузи давлати тоҷикон аҳамияти оламшумур дорад.

           Мо, миллати сарбаланди тоҷик таҳти роҳбариву роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди давлати соҳибистиқлолро аз ҳамин меҳвари  худшиносӣ, яъне Ваҳдат оғоз намудем ва бо ҳамин аҳду паймон ба сўи олами фардо бо иродаи қавӣ, зур дар каф, аҳд дар дил, ақл дар  сар  гом мебардорем ва бо ҳамин пиндори созандаву оҳанги Ваҳдати миллӣ барои насли  оянда  заминае фароҳам меорем, ки орӣ аз дурўғу кина, найрангу тазвир ва худнамоиву бегонапарастӣ  бошад.

 

 

Раҳмонов Ҷасур –мутахассиси  шуъбаи таблиғот

ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Исмоили Сомонӣ

 

 

      

 

      

 

 


Вакти нашр: 2019-06-26 15:33:11    Хонданд: 504    Муфассал...

Терроризм - падидаи манфӣ барои башарият

Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои оламу одам таҳдид мекунад. Албатта, онҳое, ки мегўянд ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тўли таърих ҳамроҳӣ намудаанд беасос нест. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад сар задааст. 
Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурўҳҳои муташаккили сиёсӣ-мазҳабие буданд, ки мехостанд ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд, ки зимни он одамони бегуноҳ қурбон мешуданд. Зуҳури ифрот-гароёнаи сиёсӣ-қавмӣ, мазҳабӣ ва ғайра падидаҳои бисёр ҷиддӣ ва дар айни ҳол, нигаронкунанда барои давлат ва тамоми ҷомеа мебошад. Дар охири асри гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид. 
Бо инкишофи техникӣ ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рўи иқтидори харобиоварашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Аз ин лиҳоз, мехостам, ки чунин як масъалаи муҳими имрўзаро мавриди таҳлил қарор диҳам . 
Ҳангоми барасии ин ё он падидаи иҷтимоӣ мо мехоҳем, ки ба моҳияти он сарфаҳм равем, нишонаҳои фарқкунандаи онро аз дигар падидаҳо мушаххас намоем. Пеш аз ҳама, кўшиш мекунем, ки мафҳуми он падидаро муайян бисозем. Ин ба падидаи терроризм низ дахл дорад. Аммо ин кор бисёр мушкил аст, зеро терроризм бисёр сохтори мураккаб буда, чандрўя аст, ҳар замон чеҳраи дигарашро нишон медиҳад, ки дар назари аввал бо ҳамдигар ҳеҷ монандӣ надоранд. Яъне, терроризм унсурҳои идеологӣ, сиёсӣ, қавмӣ, динӣ ва дигар унсурҳое дорад, ки посух ёфтан ба саволи «бо кадом навъи терроризм мо сару кор дорем?», - хеле мушкил аст. 
Ғайр аз ин, чунин таҳаввулотҳои ин падида дар солҳои охир хеле назаррас аст. Шаклҳои амалӣ намудани фаъолияти террористӣ тағйир ёфта, усулҳои амал, сохтори ташкилотҳои онҳо такмил меёбад. Инчунин, қобили ёдоварист, ки терроризм бо шаклҳои дигари эътирозӣ, иҷтимоӣ ва зўроварӣ: таҷовуз, муборизаи мусаллаҳона, низоъҳои мусаллаҳона, фаъолиятҳои партизанӣ, тахрибкориҳо ва ғайра умумиятҳо дорад.
Дар адабиёти имрўзаи Ғарб ҳудуди 100 таърифи терроризм мавҷуд аст. То ҳол ҷомеаи ҷаҳонӣ натавонистааст, ки таърифи ягонаи ҳуқуқии терроризмро қабул кунад. Бори аввал истилоҳи терроризм дар Конвенсия оид ба пешгирӣ ва ҷазо додани амалҳои терроризм соли 1937 аз тарафи Лигаи миллатҳо пешниҳод гардида буд. Дар ин ҳуҷҷат гуфта шудааст, ки: “Амалҳои террористӣ «аъмоли ҷинояткоронаест, ки ба муқобили давлати дигар ва ё аҳолии ин ё он давлат барои эҷоди тарсу даҳшат дар миёни шахсони алоҳида, гурўҳи шахсон ва ё аҳолӣ амалӣ мегарданд».
Аз он замон то имрўз беш аз 115 таърифи терроризм ба вуҷуд омадааст. Маълум аст, ки таърифи ин ё он падида бояд нишонаҳои асосии онро дар бар гирад . 
Нишонаҳои асосии терроризмро аз ду нуқтаи назар бояд баррасӣ кунем: аз нуқтаи назари этимологӣ ва аз нуқтаи назари таърихӣ.
Нуқтаи назари эътимологӣ. Дар сарчашмаҳои забоншиносӣ на ҳамеша ҷавоби мушаххасро дар шарҳи ин ё он мафҳум бо назардошти вижагиҳои он илм пайдо кардан мумкин аст, вале онҳо мазмуну муҳтавои онро муайян мекунанд, сиёсат ва тактикаи террорро (аз лот. terror-таре, ваҳшат) сиёсати тарсонидан, пахш намудани мухолифони сиёсӣ ба воситаҳои зўроварӣ шарҳ додааст.
Ҳамин тавр, аз нигоҳи этимологӣ ду нишонаи муҳим дида мешавад: 
а) зўроварӣ; 
б) ваҳшату тарс, ки дар таърифҳои зиёди терроризм ифода меёбанд.
Имрўз ҳама мақомот эьтироф мекунанд, ки мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм аз салоҳияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ берун аст. Яъне, бо ин падидаҳо наметавон фақат бо роҳи зўрӣ пирўзӣ ба даст овард. Мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм метавонад бо ташкили як системаи давлатии муқобила бо ин падидаҳо, ки бояд на танҳо ҷанбаи ҳифзи ҳуқуқро дар бар гирад, балки чораҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, таблиғотӣ ва ғайраро шомил созад, муваффақ шавад. Дар ин система бояд ҳам мақомоти қонунгузор, мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳам воситаҳои ахбори омма ҷой дошта бошанд.
Дар шароити ҳозира ҷавононро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, моҳияти зараровари падидаҳои манфию зарарноки терроризмро, ки дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон авзоъро ноором намуда, ба харобкориҳо даст задаанд, дарк карда, вобаста ба арзишҳои нави сиёсиву иҷтимоии давр дўстро аз душман ҷудо карда тавонанд ва маърифати сиёсии худро дар иртибот бо сиёсати созандагии Пешвои муазамми миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоранд.
Ҷавонон бояд дарк кунанд, ки ҳар гуна тамоюлу равишҳои тахрибкорӣ ва мардумбадбинӣ, ки аз тафаккури иртиҷоии асримиёнагӣ сарчашма мегирад, маҳкум ба марг аст. Танҳо мафкураи солим ва ғояҳои бунёдкоронаю навоварона боиси пешравии ҷамъият ва зиндагии худи ҷавонон шуда метавонанд.
Лоло Давлатбеков, узви фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-06-17 14:20:49    Хонданд: 412    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МИРОБ”

        Бо мақсади баланд бардоштани дониши сиёсии аъзои ҳизб ва огоҳ гардидани онҳо аз вазъияту воқеаҳои сиёсию фарҳангӣ, дар ташкилоти ибтидоии «Мироб” бо иштироки масъулини Кумитаи иљроияи њизбии ноњияи Сино соати сиёсӣ  доир гардид.

       Дар он доир ба  ободиву созандагӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон,   дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз ва гумруки кишвар баргузор гардида буд, сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солаги Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар ва таљлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ  суханронӣ карда шуд.

 


Вакти нашр: 2019-06-25 13:09:40    Хонданд: 397    Муфассал...



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс