МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  ҳамоиши ҷавонони фаъоли ноҳия    маҳфили адабию маърифатӣ таҳти унвони  “Дило дар суҳбати аҳли сафо бош”  доир гардид.

Дар чорабини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва шоири муосири тоҷик Ворис Назарзода  иштирок карда, суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки  насли истиқлол ба вижа ҷавонони имрӯз, ки ҳамсоли Истиқлолияти давлатӣ мебошанд, нерӯи зеҳнӣ, ақлонӣ ва маърифати фардии худро бо илм, хирад, касб ва фазилатҳои наҷиби инсонӣ мусаллаҳ намуда, барои бунёди ҷомеаи муосири Тоҷикистон дар таҳаввулоти имрӯзи глобалӣ дар сафи пеши созандагони тақдири Ватан бошанд.

Шоири маъруф-Ворис бо ҷавонону иштирокчиёни маҳфил суҳбатороӣ намуда, перомуни омӯзиши илм, адаб, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, касбу ҳунар, маърифати баланди инсонӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ, ҳифзи арзишҳо ва фазилатҳои неки  инсонӣ, камолоти маънавии ҷавонмардӣ ва ҳимояи ҳар ваҷаб замини меҳани маҳбуб Тоҷикистон ҳарф заданд. Зикр гардид, ки Фирдавсии бузург “Шоҳнома”-и безаволро бо ҳама маонии баланд ва саропо ғурури миллӣ таҳия кард, ки саропо Ватан ва тарбияи худшиносиву меҳанпарастӣ, ҳифзи нангу номус ва марзу буми меҳан аст.  

 Бо қироати порчаҳои шеърӣ, ғазалҳои ноб ва сухани  волои маърифатафрӯзии адаб, ахлоқ ва меҳан маҳфил хотирмон гардид.

  


Вакти нашр: 2019-05-23 11:10:08    Хонданд: 999    Муфассал...

БА ТЕРРОРИЗМ, ИФРОТГАРОӢ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ХОТИМА БОЯД ДОД

 

Таърих гувоҳ аст, ки истиқлолияти халқи тоҷик бо машаққатҳои хеле зиёде ба даст оварда шудааст. Баҳри расидан ба истиқлолияти комили давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, пойдор намудани давлати ҳуқуқбунёди демократӣ, бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат корҳои назаррас ва чонисориҳои бебозгашт сарф гардидааст.

 

Дар тӯли солҳои истиқлолият ватани мо ба бисёр комёбиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид. Имрӯз зиндагии мардуми мо торафт ба беҳбудӣ, бо самти болоравӣ майл карда истодааст. Мутассифона камбудиҳо дар самтҳои гуногуни иҷтимоӣ низ мавҷуданд, ки онҳо таҳти сиёсати хирадмандонаи сарвари кишвар, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон бартараф карда шуда истодаанд. Ба ақидаи коршиносони хориҷӣ кишвари мо яке аз давлатҳои босубот баҳисоб меравад, зеро халқи мо дар зери осмони софу беғубор, дар тинҷиву амонӣ, бе ягон тарсу ваҳм нисбати ояндаи худу фарзандони хеш, умр ба сар бурда истодааст ва ояндаи ватани мо шукуфон аст.

 

Бояд қайд намоем, ки минтақа ва ҷаҳони имрӯзаро даҳшатҳои экстримизм, радикализм, терроризм ва аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи Интернет, телефони мобилӣ, бо мақсади пешбурди нақшаҳои ташфиқотии экстримистӣ ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аъзоҳои нав омода ва роҳбари намудан ба амалҳои зиддиинсонӣ фаро гирифтааст. Бо ин мақсад зарур аст, ки ин сомонаҳои шабакаҳои интернетӣ баста шаванд.

 

Омили дигари тероризм, экстримизм ва радикализми ҷаҳонӣ муосир гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст, ки он яке аз сарчашмаҳои асосии сармоягузории терроризму ифротгароӣ буда, мушкилоти умумии ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Барои пешгирии ин вабо ҳамаи давлатҳо аз ҷумла, ҳар як шаҳрванди ҷаҳон бояд мубориза барад.

 

Дар Тоҷикистон бо мақсади мубориза бо ин амалҳо дар амал татбиқ намудани «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикисон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстримизм барои солҳои 2016-2018» зарур аст. Чунки ин барои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу харакатҳои ғайриқонунии терористию ифротгароӣ яке аз самтҳои зарурӣ баҳисоб меравад ва имконияти аз байн бурдани ин масоил ҷойи асосиро ишѓол менамояд.

 

Вақте, ки сухан ҷиҳати шомилшавии бархе аз ҷавонони мо ба созмонҳои ифротгаро меравад, мо бояд ба баланд бардоштани саводи зарурии динии ҷавонон диққат диҳем ва онҳоро аз бартариятҳои ақидаҳои дунявӣ бархурдор намоем.

 

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паст будани савияи дониши қисме аз ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ, тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағҳои муфт, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.

 

Роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба ҳисоб меравад.

 

Терроризм масоили муҳими глобалии ҷаҳони муосир ба шумор меравад, ки инро ҳатман пешгирӣ бояд кард.
Муаммои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм имрӯз муҳимтарин арзёбӣ мешавад. Яке аз омилҳои муборизаи муваффақона бар зидди ин вабои аср ва боздоштани шомилшавии минбаъдаи ҷавонони Тоҷикистон ба ин гуруӯҳҳои ифротӣ метавонад тарбияи ҷавонони воқеан босавод ва бомаърифату ватандӯст бошад.

 

        ПМТ дар Тоҷикистон ҳамчун ҳизби ифротгароии экстремиству террористӣ аз ҳуқуқҳои сиёсӣ маҳрум карда шудааст, ҳамзамон роҳбарони он ҳамчун ҷинояткорони сиёсӣ бояд дастгир карда шуда, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

 

Аъзоёни Паймони миллии Тоҷикистон, ки худ собиқ аъзоёни Ҳизби наҳзати ислом буда, симои худро дар вохӯриҳо бо намояндагони кишварҳои Ғарб нишон дода, танҳо як мақсадро пеша кардаанд, ки ин ҳимояи манфиати хеш, амалӣ кардани ғояҳои ифротгароии худ, пароканда намудани миллат ва истиқлолияти тоҷик, барбод додани давлати дунявӣ мебошад.

 

Бо назардошти ин, фаъолияти онҳо дар хориҷа ғайриқонунӣ ва бар зидди босуботӣ ва амнияти давлати тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳама амалиётҳои онҳо дар ҳудуди мамлакат маҳкум карда мешавад.

 

Аз тарафи дигар барбод додани терроризм ва ифротгароӣ аз бунёди гаронбаҳои дӯстию рафоқат, хайрхоҳӣ, некию накӯкорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонии ҳар як шаҳрванди кишвари азизи мо, аз он ҷумла, ҷавонон мебошад.

 

Бояд қайд намоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони бонангу номуси моро қувваи пешбарандаи ҷомеа мешуморанд. Аз ин лиҳоз ҷавонони мо имрӯз бояд бо донишҳои диниву дунявӣ мусаллаҳ шуда, номбардор ва парчамбардори халқу миллати куҳанбунёди тоҷик бошанд.

 

Ҷавононро зарур аст, ки ба гуфтаҳои беасоси гурӯҳҳои террористию ифротӣ ва хоинони миллати тоҷик бовар накунанд. Тамоми кӯшишу ғайрати хеш ва донишу таҷрибаро барои рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созанд.

 

Аз тарафи дигар мо дар он ақидаем, ки терроризм масоили глобалии ҷаҳони имрӯза ё вобои аср мебошад ва ҳама вақт мо кӯшиш ба ҳарҷ диҳем, ки ҷавононро дар рӯҳия ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоем ва ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишҳои онҳо ҳамаи имкониятҳоро истифода намоем. Нақши ҷавононро дар амалӣ  намудани сиёсати хирандмандонаи Пешвои муаззами миллат дуруст баҳо дода, барои баланд бардоштани обрӯю эътибори ватани хеш сафарбар намоем.

 

Ба ақидаи мо, ҳар яки моро зарур аст, ки дар амин нигоњ доштани Тоҷикистони азиз ва ҷаҳони муосир аз терроризму ифротгароӣ ва эктремизм ҳиссагузор буда, барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ фаъолияти босалоҳияти хешро равона намоем.

 

 

Зуҳрои С.-узви фаъоли ҲХДТ

  


Вакти нашр: 2019-05-23 14:48:34    Хонданд: 385    Муфассал...

МОҲИЯТИ ЯГОНАГИИ ДАВЛАТ, ДАХЛНОПАЗИРИИ ОН ВА ТАРҒИБИ ИДЕОЛОГИЯИ СОЛИМИ МИЛЛӢ МИЁНИ ҶОМЕА

Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи Дилшоди Барно”  бо сокинони маҳалла суҳбату мулоқоти судманд доир гардид.         

 Вализода Муҳаммад – мудири шуъбаи таблиѓот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур  зимни баромади хеш  роҷеъ ба масъалаҳои набзи ҷомеа, таҳкими давлатдорӣ, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, марзу буми Ватан, худогоҳии миллӣ ва хештаншиносӣ, ба ин васила пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ: хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ, пешгирии фарҳанги бегона, пешгирии гароиш ба равияҳои ғайримазҳабӣ, ҷараёнҳои гуногуни тахрибкор, моҷароҷӯ ва иғвоангез, ки ба амнияти кишвар халал мерасонанд ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон, оид ба  ҳидояти ҷавонон дар масири худшиносии миллӣ, ватанпарастӣ, рушан баён намудани мақсад ва корбарии гуруҳҳои ифротӣ, ки ҷавононро бо роҳҳои гуногун мағзшӯйӣ намуда, ба доми худ меафтонанд, инчунин, вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ,  муътадил  нигоҳ  доштани  нарху наво дар моҳи шарифи  Рамазон,  расонидани  кӯмак ба ниёзмандон ва дастгирии маъюбону барҷомондагон ва  дастгирии ҳамешагии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зад.

  


Вакти нашр: 2019-05-23 10:33:49    Хонданд: 1178    Муфассал...

НАСЛИ ҶАВОН ВА ВОБАСТАГИИ ОН АЗ ИНТЕРНЕТ

 

’’Facebook’’, “Odnoklassniki’’, ’’VKontakte”, ’’Viber” ва ИМО, аз маъруфтарин шабакаҳои иҷтимоӣ маҳсуб мешаванд, ки ба қавле аз ҳафтсола то ҳафтодсоларо фаро гирифтаанд. Албатта, истифодаи дуруст ва мақсадноки ин шабакаҳо ба нафъи кор аст.  Кам андар кам љавонон ба хотири пайдо шудани маълумот, васеъ намудани донишу љањонбиниашон аз шабакањои иљтимоии интернетї истифода мебаранд. Қисми бештари ҷавонон дар посух ба ин суол мушкили мекашанд ва маълум мешавад, ки мақсади истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоии онро ба дурустӣ дарк намекунанд ва бар  замми ин ҳастанд, нафароне, ки мегӯянд ба хотири шиносоӣ ва пайдо намудани дӯстон,  қисми дигар иқрор мешаванд, ки ба хотири вақтгузаронӣ вориди ин шабакаҳо мегарданд.

 

Тадқиқотҳо собит намуданд, ки истифодаи аз меъёр зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ аз манфиат дида, зарар ва бештар паёмадҳои нохӯш ба бор меорад.  Мувофиқи тадқиқоти олимон рӯзона давоми як соат истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ то 14% хушҳолиро коҳиш медиҳад. Ҳол он ки 1 соат камтарин вақт буда, наврасону чавонон рӯзона шурӯъ аз 2 - 3 то 5 - 6 соати вақти худро дар ин шабакаҳо сарф мекунанд. Зимни таҳқиқоти олимон маълум гардид, ки 63 % - и амрикоиҳо ҳамарӯза як бор ва боқимонда 37 % - и дигар рӯзона чандин маротиба аз шабакаҳои ичтимоӣ истифода менамоянд. Доир ба ин мавзуъ дар Тоҷикистон ягон таҳқиқоти махсус гузаронида нашудааст ва вақти он ҳам расида, ки барои танзими истифодабарӣ аз шабакаҳои интернетӣ тадбире рӯи кор ояд.

 

        Равоншиносони маъруфтарини дунё бар он андешаанд, ки аз ҳад зиёд вақтгузаронӣ дар шабакаҳо агар, аз як тараф, ба равони (психикаи) наврасону ҷавонон таъсири манфӣ расонад, аз ҷониби дигар ба рушди ҷисмонии онҳо низ зарари ҷиддӣ дорад. Равоншинос Инобат Қосимова мегӯяд, шабакаҳои иҷтимоӣ наврасону ҷавононро ба бемории вобастагӣ, яъне «зависимость» гирифтор мекунад. Тибқи назарпурсӣ маълум гардидааст, ки 80 % - и истифодабарандагони шабакаҳо наметавонанд рӯзона ҳадди ақал як маротиба аз саҳифаи интернетии худ дидан нанамоянд. «Вақте наврасону ҷавонон ҳамарӯза чанд маротиба ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид мешаванду аз паёмак ва лентаи хабарҳо назар мекунанд, бо мурури замон қисми мағзи сар, ки ба одатҳои инсонӣ ҷавобгар аст, васеъ мешавад ва он ба одати ҳамарӯза табдил меёбад», - илова менамояд Инобат Қосимова.

 

      Равоншиносон таъсири бемории равонии вобастагии инсонро ба шабакаҳои иҷтимоӣ назар ба вобастагии шахси тамокукаш ба тамоку сахттар маънидод мекунанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ аз як тараф ҷавонону кӯдаконро аз омӯзиш низ дур мекунад ва дараҷаи дарку фаҳмиши онҳоро коста мегардонад. Дар шабакаҳои ичтимоӣ ифодаи фикр тариқи ҳар гуна рамзҳо сурат мегирад, имрӯз ҷавонон барои шифоҳӣ иброз намудани андешаи худ азоб мекашанд. Яъне костагӣ дар равонии нутқ ба миён меояд. Лозим ба ёдоварист, ки маҳз ҳамин нуқта аз ҷониби равоншиносон низ исбот гардидааст. Гузашта аз ин, таҷрибаҳо собит намудаанд, ки аз сабаби зимни муошират дар шабакаҳои ичтимоӣ риоя накардани қоидаҳои имло имрӯз косташавии саводи толибилмон эҳсос мегардад. Ғайр аз ин, раванди дур шудан аз китоб ва мутолиа низ дар авҷ аст.

 

Соҳибназарон мегӯянд, фароҳам омадани шароити қулай ва дастрасии фаровон ба маълумот дар интернет фаъолии насли наврасу ҷавонро дар таҳқиқу  ҷустуҷӯҳои илмӣ коста гардонидааст. Ҳеҷ ҷои бадӣ надорад, агар маълумот дар интернет дастрасу фаровон бошад, вале чунин имконият бештари насли ҷавонро танбал гардонидааст.

 

   Салимов Умед-узви фаъоли ҲХДТ   

  


Вакти нашр: 2019-05-14 04:02:25    Хонданд: 409    Муфассал...

НАСЛИ ҶАВОН ВА ВОБАСТАГИИ ОН АЗ ИНТЕРНЕТ

 

’’Facebook’’, “Odnoklassniki’’, ’’VKontakte”, ’’Viber” ва ИМО, аз маъруфтарин шабакаҳои иҷтимоӣ маҳсуб мешаванд, ки ба қавле аз ҳафтсола то ҳафтодсоларо фаро гирифтаанд. Албатта, истифодаи дуруст ва мақсадноки ин шабакаҳо ба нафъи кор аст.  Кам андар кам љавонон ба хотири пайдо шудани маълумот, васеъ намудани донишу љањонбиниашон аз шабакањои иљтимоии интернетї истифода мебаранд. Қисми бештари ҷавонон дар посух ба ин суол мушкили мекашанд ва маълум мешавад, ки мақсади истифодаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоии онро ба дурустӣ дарк намекунанд ва бар  замми ин ҳастанд, нафароне, ки мегӯянд ба хотири шиносоӣ ва пайдо намудани дӯстон,  қисми дигар иқрор мешаванд, ки ба хотири вақтгузаронӣ вориди ин шабакаҳо мегарданд.

 

Тадқиқотҳо собит намуданд, ки истифодаи аз меъёр зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ аз манфиат дида, зарар ва бештар паёмадҳои нохӯш ба бор меорад.  Мувофиқи тадқиқоти олимон рӯзона давоми як соат истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ то 14% хушҳолиро коҳиш медиҳад. Ҳол он ки 1 соат камтарин вақт буда, наврасону чавонон рӯзона шурӯъ аз 2 - 3 то 5 - 6 соати вақти худро дар ин шабакаҳо сарф мекунанд. Зимни таҳқиқоти олимон маълум гардид, ки 63 % - и амрикоиҳо ҳамарӯза як бор ва боқимонда 37 % - и дигар рӯзона чандин маротиба аз шабакаҳои ичтимоӣ истифода менамоянд. Доир ба ин мавзуъ дар Тоҷикистон ягон таҳқиқоти махсус гузаронида нашудааст ва вақти он ҳам расида, ки барои танзими истифодабарӣ аз шабакаҳои интернетӣ тадбире рӯи кор ояд.

 

        Равоншиносони маъруфтарини дунё бар он андешаанд, ки аз ҳад зиёд вақтгузаронӣ дар шабакаҳо агар, аз як тараф, ба равони (психикаи) наврасону ҷавонон таъсири манфӣ расонад, аз ҷониби дигар ба рушди ҷисмонии онҳо низ зарари ҷиддӣ дорад. Равоншинос Инобат Қосимова мегӯяд, шабакаҳои иҷтимоӣ наврасону ҷавононро ба бемории вобастагӣ, яъне «зависимость» гирифтор мекунад. Тибқи назарпурсӣ маълум гардидааст, ки 80 % - и истифодабарандагони шабакаҳо наметавонанд рӯзона ҳадди ақал як маротиба аз саҳифаи интернетии худ дидан нанамоянд. «Вақте наврасону ҷавонон ҳамарӯза чанд маротиба ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид мешаванду аз паёмак ва лентаи хабарҳо назар мекунанд, бо мурури замон қисми мағзи сар, ки ба одатҳои инсонӣ ҷавобгар аст, васеъ мешавад ва он ба одати ҳамарӯза табдил меёбад», - илова менамояд Инобат Қосимова.

 

      Равоншиносон таъсири бемории равонии вобастагии инсонро ба шабакаҳои иҷтимоӣ назар ба вобастагии шахси тамокукаш ба тамоку сахттар маънидод мекунанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ аз як тараф ҷавонону кӯдаконро аз омӯзиш низ дур мекунад ва дараҷаи дарку фаҳмиши онҳоро коста мегардонад. Дар шабакаҳои ичтимоӣ ифодаи фикр тариқи ҳар гуна рамзҳо сурат мегирад, имрӯз ҷавонон барои шифоҳӣ иброз намудани андешаи худ азоб мекашанд. Яъне костагӣ дар равонии нутқ ба миён меояд. Лозим ба ёдоварист, ки маҳз ҳамин нуқта аз ҷониби равоншиносон низ исбот гардидааст. Гузашта аз ин, таҷрибаҳо собит намудаанд, ки аз сабаби зимни муошират дар шабакаҳои ичтимоӣ риоя накардани қоидаҳои имло имрӯз косташавии саводи толибилмон эҳсос мегардад. Ғайр аз ин, раванди дур шудан аз китоб ва мутолиа низ дар авҷ аст.

 

Соҳибназарон мегӯянд, фароҳам омадани шароити қулай ва дастрасии фаровон ба маълумот дар интернет фаъолии насли наврасу ҷавонро дар таҳқиқу  ҷустуҷӯҳои илмӣ коста гардонидааст. Ҳеҷ ҷои бадӣ надорад, агар маълумот дар интернет дастрасу фаровон бошад, вале чунин имконият бештари насли ҷавонро танбал гардонидааст.

 

 

 

  Салимов Умед-узви фаъоли ҲХДТ   

  


Вакти нашр: 2019-05-23 18:29:02    Хонданд: 445    Муфассал...

Ҷавонон созандагони фардои Ватан

 

       Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ноҳияи Сино бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе миёни омӯзгорони ҷавон ва хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ доир гардид.

 

      Дар вохӯрии мазкур Шамсов С. мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Нуров М.А. мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Юнусова Р.С. мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия   иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

       Шамсов С. зимни суханронии хеш ҷавононро бо Рўзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрику шодбош намуда, ќайд кард, ки   ҷавонон  ворисони арзандаи халқу миллат ва созандагони  имрӯзу фардои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд. Тавре аён аст, тақдир ва рушди ҳар як давлат, аз ҷумла, Тоҷикистон аз мавқеи фаъоли ҷавонон вобастагии калон дорад.  Зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон нерӯи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа  эътироф шудаанд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам меоварад. Тавре худи Сарвари давлат гуфтаанд: «Мо бояд ташаббус ва нерӯи созандаи ҷавононро ба манфиати рушди давлат равона созем, кӯшиш намоем, ки ҷавонон дар ҷомеа мавқеи арзандаи худро соҳиб гарданд. Муҳити солими маънавиро дар байни ҷавонон фароҳам орем ва имкон диҳем, ки неруи эҷодӣ-илмии онҳо озодона густариш ёбад. Барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷавонон шароити мусоид фароҳам орем…».

  


Вакти нашр: 2019-05-23 15:25:41    Хонданд: 362    Муфассал...

Табрикоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон

 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо камоли эҳтирому самимият ба тамоми ҷавонону сокинони пойтахти азизамон сулҳу оромӣ, файзу баракати рӯзгор, бахту иқбол ва азму иродаи устувору қавии ватандориву бунёдкориро орзу менамояд.

Ҷавонон – ояндаи миллатанд! Бале,  аз ин ибора бармеояд, ки ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи  ҷомеа  ҳисобида шуда, дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, сиёсию ҷамъиятӣ, ҳимояи марзу буми ватани азизамон мусоидати бемайлон менамоянд. Ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ, ҷавонони хуштолеъ ва саодатманд мебошанд, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба қишри ҷавони ҷомеа таваҷҷуҳи хоса дошта, баҳри ояндасозии ҷавонон тамоми шароитҳоро фароҳам овардаанд. Ин аст, ки имрўзҳо ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни ҳаётан муҳими ҷомеа дар сатҳи байналмилалӣ обрў ва мақоми ватани азизамонро боло мебардоранд.

        Мо ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки ҷавонони саодатманди мо, ки меваи истиқлол арзёбӣ мегарданд, сазовори боварии боэътимоди  Сарвари давлат  гардидаанд. Ин нукта ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, руҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ ифтихори милии ҷавонони диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, то ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем.

       Бори дигар Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ҳамаи ҷавонони пойтахти азизамонро ба ифтихори ин рўзи фархунда табрику муборакбод намуда, барояшон комёбиҳои беназир, саодату хушбахтӣ, рўзгори  тинҷу обод ва тамоми хушиҳои ҳаётро таманно менамояд.

 

       

 

 

 


Вакти нашр: 2019-05-23 16:20:09    Хонданд: 485    Муфассал...

“МИНО-2010” ТАЪСИС ЁФТ

Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур  дар ҶДММ “Мино-2010” маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.

       Вализода Муҳаммад-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ др ноҳияи Шоҳмансур  зимни баромади хеш оид ба ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон  андешаронӣ кард.  Аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия   ба   кормандони ҶДММ “Мино-2010”, ки дар асоси аризаи шахсиашон иродаи сиёсиашонро муайян намуда, ба узви ҲХДТ пайвастаанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Сипас, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи “МИНО-2010 ” таъсис дода шуда,    Раҳмонов Ҷурабек Акбарович - раиси ташкилоти ибтидоӣ ва   Гулаҳмадов Ҷурабек Аҳмадович - муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуданд.


Вакти нашр: 2019-05-24 14:10:55    Хонданд: 503    Муфассал...

Интихоби касби муосир зарур аст

Дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил)

Дар олами муосир терроризм ба яке аз масоили муҳим ва мубрами доираҳои васеи илмӣ-тадқиқотӣ табдил ёфтааст. Зеро, терроризм натанҳо дар муносибатҳои ҷамъиятӣ, балкӣ дар ҳаёти одамони алоҳида низ мақоми махсуси таъсиррасониро касб намудааст. Ин раванд ҷомеаи башариро имрӯзҳо сахт нигарон кардааст, ки баҳри пешгирӣ ва фаҳмиши амиқи тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи ин падидаи манфур (терроризм) тамоми кӯшишҳоро равона карда истодааст. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби рӯз мебошад. Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа, ба таври муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ ҳамчун амал бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ба сифати ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри мубориза бар зидди ин амали номатлуб пайваста кушишу талошҳои худро намуда истодааст ва яке аз ташаббускорони ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар саҳнаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Ин аст, ки кишвари азизи мо имрӯзҳо бо иқдомҳои созандаи худ мизбони конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» мебошад. Маврид ба зикр аст, ки чорабинии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ, САҲА ва дигар шарикони байналмилалӣ доир гардид.

Дар ҷомеа марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотие мавҷуданд, ки масъулияти мураккаберо бар уҳда доранд. Барои онҳо дарки моҳияту хусусиятҳои ҳодиса кифоя набуда, балки зарурияти ошкор намудани масъалаҳои мухталифи тадқиқоти илмӣ пеш меояд. Яке аз вазифаи бевоситаи донишмандон ин, омӯхтани тамоми паҳлӯҳо ва оқибатҳои нохуши терроризм, тадқиқи роҳу воситаҳои самараноки мубориза алайҳи он буда, ҳангоми омӯзиши терроризм масъалаҳои зиёде пеш меоянд, ки на танҳо аҳамияти назариявию илмӣ, балки бештар аҳамияти амалӣ доранд. Махсусан, фаҳми амиқу дурусти мафҳуми “терроризм” сабабҳо, омилҳо ва воситаҳои дигаре, ки одамонро ба ҷараёни мазкур мепайванданд, таҳлили комили шаклпазирии терроризм, дарёфти роҳу воситаҳои самараноки мубориза бар зидди он, хулосагирӣ аз ҷараёни ҳодиса ва махсусан ташхиси чорабиниҳои пешгиринамоии ҳам амалҳои террористӣ ва ҳам худи терроризм арзиши бештаре пайдо менамоянд. Тамаддуни муосир ба раванди ҳодисаҳои зиёди иртиҷоӣ рӯ ба рӯ гашта истодааст. Гарчанде, ки ҳодисаҳо ва равандҳои иртиҷоӣ моҳияту хусусиятҳои асосии оламро мураттаб гардонида натавонанд ҳам, дар инкишофи таърихии халқҳо, кишварҳо ва минтақаҳои гуногун таъсири назаррас мебахшанд. Махсусан,  муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар даҳсолаи охир хеле зиддиятнок ва муқовиматомез гардида, ба худ хосияти бераҳмии нав гирифтааст. Ҷараёнҳо ва нерӯҳои сиёсии канора беш аз беш сифатҳои иртиҷоию ифротии хешро ошкор намуда истодааст. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва тероризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояҳои фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешаванд. Илова бар ин экстримизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ айён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир, зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Бино ба таҳқиқ ва баррасии ҷомеашиносон экстремизм зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои канориро ташкил менамояд.

Дар иртибот бо ин масъала, қайд намудан ба маврид аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш чунин таъкид карда буданд “Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони милали муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусалмонони сайёра зарар мебинанд.

Воқеан таъсир ва ташаккули равияи террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Хосатан ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон дода истодааст, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин, дар чунин вазъият моро қабл аз ҳама зарур аст, ки арзишҳои миллию фарҳангиамонро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа афзун созем. Имрӯз ҳамаи мо тариқи моҳвораву шабакаҳои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма огоҳ ҳастем ва дида истодаем, ки дар Ховари Миёна вазъият чӣ гуна ноорому мудҳиш аст. Таҳлили коршиносон нишон меди¬ҳад, ки расонаҳо ва технологияҳои иттилоотии муосир, ба вижа шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷӯ барои таблиғи ақидаҳои тундгароёнаи худ моҳирона истифода мешаванд.

Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳ-понздаҳ соли охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона, ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд. Дар шароити кунунӣ манфиатҳои сиёсии абарқудратҳо дар зери шиори ҳифзу эҳёи ислом тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъҳо дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла олами ислом гашта истодаанд. Мутаассифона, доираҳои муайяне дар минтақа низ дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд. Бояд қайд намуд, ки алайҳи ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ кишварҳо дар алоҳидагӣ ба ҳадафи хеш намерасанд. Ҳамонгунае, ки танҳо мақомоти қудратии як давлат наметавонад бар зиддӣ ин вабои аср дар дохили давлати хеш ба таври бояду шояд мубориза барад, барои ин зарур аст, ки тамоми қишри ҷомеа камар баста, даст ба дасти якдигар гузошта, аз як гиребон сар бароварда, мубориза баранд то натиҷаи дилхоҳе ба ком биёваранд. Дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бошад кишварҳоро мебояд, ки ҳамгироии худро чӣ дар равобити дуҷониба ва чӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ алайҳи ин падидаи даҳшатбор бозҳам таҳким ва густариш бахшанд. Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватанпарвар, миллатдӯст, алалхусус, ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанду чеҳраи зишти худро зери пардаи ислом пинҳон мекунанд худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба фикру ақидаҳои ғаразноки ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Шарифӣ А. - аъзои фаъоли ҲХДТ

 

 


Вакти нашр: 2019-05-24 20:14:54    Хонданд: 416    Муфассал...

Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм

Дар ҳошияи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил)

Дар олами муосир терроризм ба яке аз масоили муҳим ва мубрами доираҳои васеи илмӣ-тадқиқотӣ табдил ёфтааст. Зеро, терроризм натанҳо дар муносибатҳои ҷамъиятӣ, балкӣ дар ҳаёти одамони алоҳида низ мақоми махсуси таъсиррасониро касб намудааст. Ин раванд ҷомеаи башариро имрӯзҳо сахт нигарон кардааст, ки баҳри пешгирӣ ва фаҳмиши амиқи тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи ин падидаи манфур (терроризм) тамоми кӯшишҳоро равона карда истодааст. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби рӯз мебошад. Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа, ба таври муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ ҳамчун амал бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ба сифати ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри мубориза бар зидди ин амали номатлуб пайваста кушишу талошҳои худро намуда истодааст ва яке аз ташаббускорони ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар саҳнаи байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Ин аст, ки кишвари азизи мо имрӯзҳо бо иқдомҳои созандаи худ мизбони конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил» мебошад. Маврид ба зикр аст, ки чорабинии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ, САҲА ва дигар шарикони байналмилалӣ доир гардид.

Дар ҷомеа марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотие мавҷуданд, ки масъулияти мураккаберо бар уҳда доранд. Барои онҳо дарки моҳияту хусусиятҳои ҳодиса кифоя набуда, балки зарурияти ошкор намудани масъалаҳои мухталифи тадқиқоти илмӣ пеш меояд. Яке аз вазифаи бевоситаи донишмандон ин, омӯхтани тамоми паҳлӯҳо ва оқибатҳои нохуши терроризм, тадқиқи роҳу воситаҳои самараноки мубориза алайҳи он буда, ҳангоми омӯзиши терроризм масъалаҳои зиёде пеш меоянд, ки на танҳо аҳамияти назариявию илмӣ, балки бештар аҳамияти амалӣ доранд. Махсусан, фаҳми амиқу дурусти мафҳуми “терроризм” сабабҳо, омилҳо ва воситаҳои дигаре, ки одамонро ба ҷараёни мазкур мепайванданд, таҳлили комили шаклпазирии терроризм, дарёфти роҳу воситаҳои самараноки мубориза бар зидди он, хулосагирӣ аз ҷараёни ҳодиса ва махсусан ташхиси чорабиниҳои пешгиринамоии ҳам амалҳои террористӣ ва ҳам худи терроризм арзиши бештаре пайдо менамоянд. Тамаддуни муосир ба раванди ҳодисаҳои зиёди иртиҷоӣ рӯ ба рӯ гашта истодааст. Гарчанде, ки ҳодисаҳо ва равандҳои иртиҷоӣ моҳияту хусусиятҳои асосии оламро мураттаб гардонида натавонанд ҳам, дар инкишофи таърихии халқҳо, кишварҳо ва минтақаҳои гуногун таъсири назаррас мебахшанд. Махсусан,  муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар даҳсолаи охир хеле зиддиятнок ва муқовиматомез гардида, ба худ хосияти бераҳмии нав гирифтааст. Ҷараёнҳо ва нерӯҳои сиёсии канора беш аз беш сифатҳои иртиҷоию ифротии хешро ошкор намуда истодааст. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва тероризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояҳои фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешаванд. Илова бар ин экстримизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ айён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир, зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Бино ба таҳқиқ ва баррасии ҷомеашиносон экстремизм зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои канориро ташкил менамояд.

Дар иртибот бо ин масъала, қайд намудан ба маврид аст, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш чунин таъкид карда буданд “Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони милали муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусалмонони сайёра зарар мебинанд.

Воқеан таъсир ва ташаккули равияи террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Хосатан ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон дода истодааст, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин, дар чунин вазъият моро қабл аз ҳама зарур аст, ки арзишҳои миллию фарҳангиамонро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа афзун созем. Имрӯз ҳамаи мо тариқи моҳвораву шабакаҳои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма огоҳ ҳастем ва дида истодаем, ки дар Ховари Миёна вазъият чӣ гуна ноорому мудҳиш аст. Таҳлили коршиносон нишон меди¬ҳад, ки расонаҳо ва технологияҳои иттилоотии муосир, ба вижа шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷӯ барои таблиғи ақидаҳои тундгароёнаи худ моҳирона истифода мешаванд.

Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳ-понздаҳ соли охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона, ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд. Дар шароити кунунӣ манфиатҳои сиёсии абарқудратҳо дар зери шиори ҳифзу эҳёи ислом тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъҳо дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла олами ислом гашта истодаанд. Мутаассифона, доираҳои муайяне дар минтақа низ дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд. Бояд қайд намуд, ки алайҳи ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ кишварҳо дар алоҳидагӣ ба ҳадафи хеш намерасанд. Ҳамонгунае, ки танҳо мақомоти қудратии як давлат наметавонад бар зиддӣ ин вабои аср дар дохили давлати хеш ба таври бояду шояд мубориза барад, барои ин зарур аст, ки тамоми қишри ҷомеа камар баста, даст ба дасти якдигар гузошта, аз як гиребон сар бароварда, мубориза баранд то натиҷаи дилхоҳе ба ком биёваранд. Дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бошад кишварҳоро мебояд, ки ҳамгироии худро чӣ дар равобити дуҷониба ва чӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ алайҳи ин падидаи даҳшатбор бозҳам таҳким ва густариш бахшанд. Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватанпарвар, миллатдӯст, алалхусус, ҷавонон, ки ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанду чеҳраи зишти худро зери пардаи ислом пинҳон мекунанд худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба фикру ақидаҳои ғаразноки ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Шарифӣ А. - аъзои фаъоли ЊХДТ

 

 


Вакти нашр: 2019-05-24 15:19:59    Хонданд: 440    Муфассал...

ЯК МУШТИ ХОКЕМ, АММО ЧУ САНГЕМ!

Ҳифзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот вазифаи ҳар фарди ҷомеа, алалхусус ҷавонон ба ҳисоб меравад. Зеро бо ба даст овардани ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ,  мо тавонистем имрӯз як фазои озоду ободро ба миён оварем. Ҳеҷ як бегона дар фикри мо нест то агар фоидае набинад. Барои ҳамин ҳам танҳо худи мо метавонем аз паи ободии хеш кӯшему пайваста дар ин самт талош намоем. Дар ин бора масали арабие зебо гуфта шудааст, ки «фохтаи худ беҳ аз товуси дигарон».

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ аст. Аммо аз ин баъзе ҳизбу ҳаракатҳо истифода карда, хостанд низоми давлатдории моро дигар кунанд. Хушбахтона, онҳо ба мақсадҳои шуми худ нарасиданд, зеро исбот шудааст, ки бори каҷ ба манзил намерасад. Яке аз ҳизби ифротӣ ин ҲНИ - и мамнуъ дар Тоҷикистон буд, ки бо ошӯббардории моҳи сентябри соли 2015 кӣ будани худро ба ҳамагон нишон доданд. Ташкили чунин як ташкилот наметавонист дар алоҳидагӣ созмон дода шавад. Дар пушти ин гурӯҳ давлатҳое меистоданд, ки бо ба бозӣ даровардани лӯхтакҳои ҳизбӣ Тоҷикистони моро ба зери итоати худ дароваранд.

Баъд аз ошкорнамоии чеҳраи воқеии ин ҳизби мамнуъ ходимони ин гурӯҳ дар хориҷ аз кишвар худро сафед карда, гуноҳашонро ба гардан намегирифтанд. Бо пахши филми мустанад дар шоми 8 августи соли 2017 мардуми мо қотеона тасдиқ кард, ки душмани миллати тоҷик кӣ будааст. Дар ин филм зархаридони дохилие, ки бо як ду тангаи ночизи аз берун ба онҳо эҳдо шуда, Ватан – Модари худро фурӯхтаанд, нишон дода шуд. Ин хоинони нобахшидании миллат дар замони ҷанги бародаркуш дар Тоҷикистон бо сарварии роҳбарони ҳамонвақтаи ҳизби мамнуъ ба дигар кишварҳо рафта, таълими ҷанг гирифтаанд. Баъд аз таълимҳои низомӣ баргашта, озодандешону олимон ва мақомдорони давлатию афроди дар байни ҷомеа нуфуздоштаи тоҷикро бо шеваи номардӣ ба шаҳодат расондаанд, то хашми мардумро нисбати ҳукумат боло бубаранд.  Хушбахтона, ин афрод натавонистанд бо ҳеҷ ваҷҳе оромии моро барҳам зананд, зеро мо халқи Тоҷикистон сулҳ мехоҳем ва  «як мушти хокем, аммо чу сангем!».

Ҳангоми тамошои ин филм чанд ҳолат дарднок буд. Аввалтар аз ҳама ватанфурӯшии фарзандони ҳамин марзу бум. Баъдан ташкил намудани чунин нооромиҳо аз тарафи кишварҳое, ки Тоҷикистон бо онҳо дар баробари шартномаҳои дипломатӣ боз муносибатҳои фарҳангиву динӣ ва забонӣ дошт. Инро қотилон -  ватанфурӯшони замони ҷанг ва бадкирдорон дар ин филм шоҳидӣ доданд. Бале, дарднок аст вақте қиссаи сангпушту каждумро дар ҳаёти воқеӣ шоҳид мешавӣ. Ва андешае ҳам дуруст будааст, ки «бадӣ накардан ба касе хуб аст, аммо дигаронро чун худ пиндоштан бад».

         Хулоса, имрӯз ба ҳама он касоне, ки ба оромии мо халал ворид карданианд, гуфтанием, ки мо - халқи тоҷик якдилона ва сарҷамъ метавонем ба ҳар мақсаду маром бирасем. Барои мо бори дигар лозим нест хизмате, ки хизрона гуфта хирсона анҷом дода шавад.

Шавкат Латифзода-узви фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-05-24 16:06:10    Хонданд: 453    Муфассал...

ШАРОИТИ ҶАҲОНИШАВӢ БЕДОРИИ ФАРҲАНГӢ МЕХОҲАД

Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мадад”  дар мавзӯи пешгирии омилҳои номатлуб, аз қабили пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва омилҳои бегонапарастӣ соати сиёсӣ доир гардид.

       Дар он таъкид гардид, ки вазъи сиёсии ҷаҳон имрӯз бисёр пурмуаммову пурмоҷарову ҳассос аст. Ҳар соҳибватан бояд зиракиву бедории сиёсиро дар ҳамин гуна давраи ҳассоси таърихӣ аз даст надиҳад. Масъулияти ватандорӣ имрӯз бар дӯши ҳар як соҳибватан аст. Махсусан модарон бояд дар таълиму тарбияи фарзанд таваҷҷуҳи ҷиддиву хоса зоҳир намоянд. Зеро бархӯрди тамаддунҳо ва шароити ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки бояд эҳтиёткору бедор бошем. Имрӯз бар асари раванди ҷаҳонишавӣ ба фарҳангҳо забонҳо, анъанаву суннатҳои миллӣ таъсири манфӣ расида, хавфи аз миён рафтани ин гуна арзишҳои оливу муқаддас мегардад.


Вакти нашр: 2019-05-27 14:00:00    Хонданд: 469    Муфассал...

ФАРҲАНГИ АСИЛИ МИЛЛӢ САЗОВОРИ ЭҲТИРОМУ АРҶГУЗОРИСТ

Дар ташкилоти ибтидоии «Манзил №5»  дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия   оид ба амалишавии Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд“ ва пешгирии омилҳои номатлубе чун терроризму экстремизм бо кормандон соати сиёсӣ  доир  гардид.

      Дар он таъкид гардид, ки тарбияи фарзанд дар шароити ҷаҳонишавӣ хеле душвор буда, таваҷҷуҳу масъулияти азимро талаб менамояд. Оила дар назди ҷомеа масъул барои тарбияи фарзанд мебошад.  Инчунин, таъкид гардид, ки имрӯз ба раванди тарбияи наврасону ҷавонон сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ, филмҳои саропо аз ҷангу ҷанҷолу баҳсу хархаша, телефонҳои мобилӣ халалдор месозанд. Фарҳанги асили миллиро, ки аз покию некӣ, раҳму шафқат, шарму ҳаё иборат аст, набояд аз даст дод.


Вакти нашр: 2019-05-27 14:10:10    Хонданд: 547    Муфассал...

ЗАН ВА СИЁСАТ

Зан - модари тоҷик қариб дар тамоми саҳифаҳои таърихи ин миллат бо донишу хирад ва ақлу тамиз, ки аз ӯ Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Саъдӣ ва садҳо нафар бузургони дигари илму адаб, фарзандони бонангу номус, номдору фидокор ва номбардори миллат ба дунё омадаанд, тавонистааст мавқеи устувори худро дар ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳим муайян намояд. Ин аст, ки мақому манзалати зан – модар дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша боло асту ба ин фариштаи беболу пар ё ноогоҳ аз пари худ арҷ мегузоранд.

Дар қатори дигар масъалаҳои муҳими давлатдорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таваҷҷуҳи худро барои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа равона намудааст. Ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибдавлатӣ Президенти мамлакат, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон проблемаи беҳбуди шароити кору зиндагии занонро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор дода, бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузоштанд. Бино ба маълумотҳо, Тоҷикистон аз аввалин кишвари ИДМ ҳаст, ки ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати аввалиндараҷа дода, 27-уми декабри соли 1993 Конвенсияи байналмилалӣ “Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон” - ро қабул кардааст. Ҳамчунин, қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегиву барномаҳои давлатӣ дар мисоли Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” (аз 1 марти соли 2005), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза ба муқобили харидуфурӯши одамон” (аз 6 майи соли 2006), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақшаи амали “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” ва ғайра метавонанд баҳри амалӣ намудани нақшаву лоиҳаҳои Ҳукумати кишвар дар самти занон замина гузоранд.

Илова бар ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёми худ мавзӯи зан – модарро матраҳ мекунанд. Маҳз ҳамин гуна дастгириву пуштибониҳост, ки имрӯз қариб дар тамоми соҳаҳо занҳо кору фаъолият мекунанд. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1-уми январи соли 2018 теъдоди занҳо дар кишвар ба 4 миллиону 402,6 ҳазор нафар расида буд. Тибқи ҳамин омор, шумораи миёнаи солонаи занҳои коргар ва хизматчӣ ба 473,4 ҳазор нафар мерасад. Аз он ҷумла, дар соҳаи кишоварзӣ, шикор ва ҷангалпарварӣ 194,8 ҳазор нафар зан кор мекунад ва дар фаъолияти молиявӣ бошад, 5,6 ҳазор нафар, мақомоти давлатӣ ва суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ – 13,5 ҳ., маориф – 129,1 ҳ.н., тандурустӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ – 72,9 ҳазор ва дар меҳмонхонаву тарабхонаҳо – 2,3 ҳазор аз бонувон машғули кор ҳастанд. Илова бар ин, дар дигар соҳаҳое, ки барои занҳо хатарноктар аст, фаъолияти онҳо ба чашм мерасад. Тибқи рӯйхати Агентии омор, дар соҳаи саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди конҳо – 1,6 ҳ., неруи барқ, газ ва таъминоти об – 2,3 ҳазор ва сохтмон бошад, 3,4 ҳазор нафар зан кор мекунанд. Мутаассифона, дар байни бонувону занон афроди ҷинояткор низ ба қайд гирифта шудааст, ки дар идомаи рӯйхати болозикр теъдоди онҳоро ба 1708 нафар нишон додааст. Ҳамчунин, бо мақсади мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкории занон Қарори Ҳукумати мамлакат “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020” қабул шудааст ва тибқи ин қарор, ба баъзе аз занони соҳибкор ёрии молиявӣ пардохта мешавад. Ҳоло дар кишвар теъдоди занони соҳибкор ба беш аз 138 ҳазор нафар мерасад ва ин рақам дар ҳоли болоравист. Дар баробари ин, имрӯз дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ низ ин Гурдофаридони даврро дидан мумкин аст.

Бояд гуфт, ки аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои духтарону занони хонанишин дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои касбомӯзӣ ташкил шуда истодаанд. Илова бар ин, эълон намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардум ва солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз роҳҳое ҳастанд, ки мардуми деҳот, минҷумла занҳо метавонанд ҳунару маҳорати худро сайқал дода, бо касбу ҳунари худ бо роҳҳои осон соҳиби нон шуда, зиндагии худро беҳтар намоянд.

Дар ҳаёти сиёсии мамлакат ҳам занону бонувони кишвар фаъолият дошта, марому мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро софдилона ва бо як масъулияти баланд пеш бурда истодаанд. Ҳоло сафи занон - вакилони Маҷлиси миллӣ 6 нафар ва занон-вакилони Маҷлиси намояндагон 13 нафарро ташкил медиҳад, ки дар таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузошта истодаанд. Пас, бояд дарҷ кард, ки зан – модар олиҳаи ҳусну зебоӣ, офаридгори заминӣ ва нафасҳояш сарманшаи ҳаёти башар аст.

Бозорова Г.-узви фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-05-27 14:30:29    Хонданд: 474    Муфассал...

Бетарафии мову ту теша задан ба реша аст

Терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти аз ҳама хавфноктарин ва басо мушкили пешбинишавандаи ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, торафт шаклҳои гуногуни таҳдидомез ва хатари умумиҷаҳониро ба худ касб мекунад. Амалиётҳои террористӣ ва шомил шудан ба гурўҳҳои эктремистӣ боиси қурбониҳои зиёди инсонӣ мегарданд, ба оммаи васеи одамон фишори сахти рўҳӣ меоранд, арзишҳои моддиву маънавиро нобуд месозанд, дар байни давлатҳо тухми нифоқ мепошанд, байни гурўҳҳои иҷтимоиву миллӣ нобоварӣ ва адоватеро ба вуҷуд меоранд, ки баъзан дар муддати ҳаёти як насл онҳоро бартараф кардан аз имкон берун мегардад.
Чӣ тавре, ки таърих гувоҳ аст, худи ҳаракат ва саркардаҳои "босмачиҳо" манфиати сиёсӣ доштанд, ҳукуматхоҳ буда ҳато аз номусу виҷдону дин фарсахҳо дур буданд. Молу амволи халқро ғорат мекарданд, бар зидди шахсони босаводу озодихоҳ мубориза бурда, онҳоро ба қатл мерасониданд. Саркардагони "босмачиҳо" феодалҳои сарватманд буданд ва намехостанд, ки режими феодалӣ барҳам дода шуда, молу амволи онҳо ба халқи гуруснаю бараҳна тақсим карда шавад, истисмори занҳоро давом диҳанд (аз "ҳарамҳои" худ маҳрум шаванд). Ин феодалҳо танҳо барои зиндагии шоҳонаи худ мубориза мебурданд ва намехостанд, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон сохтори халқӣ ҷорӣ карда шавад. Онҳо намехостанд, ки аҳолӣ босавод, ҳуқуқи марду занҳо баробар шавад ва дар идоракунии Давлату Ҳукумат халқ иштирок кунад. Онҳо асосан мардуми бесаводро зери ниқоби дин аз пайи худ мебурданд. Сакардагони "босмачиҳо" хизматгорони зархариди хоҷаҳои хориҷӣ буданд. Аксари гумроҳон баъдан фаҳмида, ба тарафи шӯравӣ гузашта авф гардиданд. Имрўзҳо гурўҳҳои алоҳида, аз ҷумла “Гурўҳи 24”, “Ҳизби Наҳзати Исломӣ” ва дигар ҳизбу созмонҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшуда бо ҳар роҳу восита амалҳои Ҳукумати мамлакатро дар сомонаҳои интернет сиёҳ нишон медиҳанд. 
Онҳо аз диндории мардум, аз зудбоварию соддаандешӣ, паст будани маъри¬фа¬ти ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявии ҷавонон истифода менамоянд. Масалан, онҳо дар паҳнку¬нии сатри арабишуда ва либосҳои динии саропо сиёҳ сомонаҳои иҷтимоии шабакаи Интернет ва маҳвораро истифода карданд. Зимнан, занону духтарони сиёҳпўш ва ҷавонони ришдор ба ахлоқу эътиқод ҳеҷ вобас¬та¬гие надоранд ва рафтори онҳо ба ҷуз як навъ тақлидкорӣ ва бадном намудани дини мубини ислом чизи дигаре нест. Саркардагони ин гурўҳҳо хизматгорони зархариди хоҷаҳои хориҷӣ мебошанд, онҳо дар атрофи худ ба мисли худашон хоинони ватану миллатро ҷамъ оварда мехоҳанд зери ниқоби "босмачиҳо" корҳои ифротии худро зери фармонҳои хоҷаҳои хориҷӣ давом диҳанд. Аммо, онҳо ҳеҷ вақт ба мақсадҳои хоинонаи худ расида наметавонанд. Мақсади эшон бо шиорҳои дар роҳи дин, ҳимояи номус ва ғайраҳо ба миллату Ватан хизмат накарда, заҳмат накашида, бо роҳи осон аз пуштибонҳои худ маблағ ба даст овардан аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти муваззафи он мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳои он дар масоили мубориза бар зидди терроризм бо мамлакатҳои хориҷӣ ва мақомотҳои дахлдори онҳо, ба ғайр аз ин ташкилотҳои байналмилалие, ки бо терроризм мубориза мебаранд ва ба ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагони он мусоидат менамоянд, ҳамкорӣ мекунад. Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа институтҳои илмиву тадқиқотии Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмӣ ва кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. 
Имрўз ҳар як фарди худогоҳ вазифадор аст,ки барои ояндаи дурахшони кишвари азизамон бо душманони он муборизаи беамон бурда ҳеҷ гоҳ бетарафӣ зоҳир нанамояд!

С. А. Таибов-Узви фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-05-27 13:13:15    Хонданд: 420    Муфассал...

«ШУҒЛ» ТАЪСИС ДОДА ШУД

       Бо иштироки кормандони масъули ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия   маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.

       Нахуст, Изатуллои Ҳабибзод –муовини раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оид ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, хатари торафт доман паҳн кардани гурӯҳҳои даҳшатфикан, корҳои созандагиву бундёкорӣ ба истиқболи ҷашни умумимиллии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа ибрози андеша кард.

       Сипас,   ба якчанд нафар кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Шоҳмансур, ки дар асоси аризаи шахсиашон иродаи сиёсиашонро муайян намуда, ба сафи ҲХДТ пайвастанд, шаҳодатномаи  ҳизбӣ  супорида шуд.  Дар ин миён бо розигии кормандон дар шуъбаи   Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Шоҳмансур ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис дода шуда, номи ташкилоти ибтидоӣ “Шуғл” номгузорӣ карда шуд. Бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзоёни ҳизб Сафарзода Ҷаҳонгир - раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуд.   


Вакти нашр: 2019-05-28 06:11:00    Хонданд: 629    Муфассал...

Саҳми Тоҷикистон дар оромии минтақа ва мубориза бо тероризм ва экстремизм

Терроризм ва экстремизм, ки  зуҳуроти хавфноктарини ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад, торафт шаклҳои гуногуни таҳдидомез ва хатари умумиҷаҳониро ба худ касб мекунад. Амалиётҳои террористӣ ва шомил шудан ба гурўҳҳои экстремистӣ боиси қурбониҳои зиёди инсонӣ мегарданд, ба оммаи васеи одамон фишори сахти рўҳӣ меоранд, арзишҳои моддиву маънавиро нобуд месозанд, дар байни давлатҳо тухми нифоқ мепошанд, байни гурўҳҳои иҷтимоиву миллӣ нобоварӣ ва адоватеро ба бор меоранд, ки баъзан дар муддати ҳаёти як насл онҳоро бартараф кардан аз имкон берун мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд:“Террорист Ватан, миллат ва дин надорад”. Коршиносон дар заминаи таҳлилҳои худ ба хулоса омадаанд, ки қисми зиёди нооромиҳо, ҷангу низоъҳо дар кишварҳои мусулмонӣ сурат гирифтаанд, маҳз бо тафриқаандозиҳо миёни мусулмонон, истифодаи онҳо ҳамчун воситаи амалинамоии террор ва мухолифати мазҳабӣ  рабт доранд.Имрўз хатари терроризм ва ифротгароӣ ба масъалаи  глобалӣ табдил ёфта, қариб ба ҳама давлатҳо таҳдид мекунад.  Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда,  фаъолияти онҳо, аз ҷумла, дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккаб гардонда боиси саргардонӣ ва кашоқии ин мардум гаштааст. Ба маврид аст, ки барои мубориза алайҳи ин падидаҳои бениҳоят хатарнок саъю кўшиши ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст, ки дар сатҳи олии ҳамаи давлатҳо бояд ба танзим дароварда шавад. Барои амалӣ гардидани амалиёти самаранок оид ба мубориза бар зидди терроризм дар навбати аввал заминаи ҳуқуқии ин мубориза бояд гузошта шавад. Ин аст, ки давлатҳои мутамаддини ҷаҳон қонунҳои миллӣ дар бораи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро қабул мекунанд.Фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ)-ин фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ,  динӣ ё дигар ташкилотҳо, воситаҳои ахбори умум ё шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр ва амалӣ намудани кирдорҳое мебошад, ки барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва вайрон намудани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Ҳамчунин, фаъолияти экстремистӣ барои суст кардани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғасб ва аз худ намудани мансабҳои ҳокимиятӣ, ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ равона карда мешавад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999 мафҳуми терроризм чунин омадааст: Терроризм – яъне зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеӣ, маҷбур кардан, ҳамчунин нобуд сохтан (зарар расонидан) ё таҳдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) молу мулк ё дигар обектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарори барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии молу мулкӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти конститутсионӣ ё амнияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор ба намояндаи давлати хориҷӣ ё корманди ташкилоти байналмилалии таҳти ҳимояи байналмилалӣ қарордошта ё аъзои бо ў истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти шахсоне, ки таҳти ҳимояи баналмилалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналмиллалӣ содир шуда бошанд, эътироф мешавад.

Дар ҳуҷҷатҳои Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) ду намуди террор маънидод карда мешавад:

Якум, терроризм ба мақсадҳои сиёсӣ, яъне дигаргун сохтани сохти давлатдорӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, воҳима андохтан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, пайдо кардани нобоварии халқ нисбати ҳукумат, президент, фалаҷ гардонидани фаъолияти мақомоти сохторҳои давлатӣ.

Дуюм, терроризми ҷиноятӣ, яъне гуруҳҳои ҷинояткорӣ муташаккил ҷиҳати барои худ фароҳам овардани вазъияти мўътадил, ки ҳеҷ кас садди роҳи онҳо намешавад ва шароит муҳаё месозанд барои содир кардани ҷиноят, масалан ҷиноятҳои трансмиллии бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор алоқаманд буда ва дигарҳо. Дар соҳаи иқтисодиёт бо роҳи террористӣ онҳо рақибони худашонро метарсонанд ва мақомоте, ки ба ҷиноятҳои муташаккил сару кор доранд, ба дигар корҳо ҷалб менамоянд. Азбаски, ин ду намуди терроризм ба якдигар алоқа доранд, ташкилотҳои террористӣ ва гурўҳҳои ҷинояткорӣ муташаккил, ки дар соҳаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, хариду фурўши силоҳ,ҷиноятҳои трансмилӣ даст доранд, истифода мебаранд ва ҳатто бо пулу силоҳ ва моддаҳои нашъовар таъмин мекунанд, байни якдигар ҳамкорӣ доранд.

Фарқияти терроризми ҷиноятӣ аз терроризми сиёсӣ дар ҳамин аст, ки гурўҳҳои муташаккили ҷинояткор барои мутташанниҷ гардонидани вазъият ва содир кардани ҷиноятҳои дигар, масалан барои амалӣ сохтани акти террористӣ шароит муҳайё сохта, ба ин васила диққати мақомоти дахлдорро ҷалб мекунанд. Аммо, дар ҳар ду сурат мақсади онҳо, зарба задан ба сохти давлатдорӣ, паст намудани сатҳи бехатарии давлат ва шубҳа андохтан дар дили мардум мебошад ва дар ҳар ду ҳолат аҳолии бегуноҳ зарар дида, амнияти ҷамъиятӣ халалдор мегардад.

Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба мубориза бар зидди терроризм санадҳои ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии минтақавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба ташкил медиҳанд, ки онҳо барои таъмини сулҳ, амнияти инсоният, ривоҷу равнақ ёфтани муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус ҷинояти терроризм ва эктремизм мувофиқи Оиномаи Созмони Миллали Муттаҳид мусоидат мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти муваззафи он мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳои он дар масоили мубориза бар зидди терроризм бо мамлакатҳои хориҷӣ ва мақомотҳои дахлдори онҳо, ба ғайр аз ин ташкилотҳои байналмилалие, ки бо терроризм мубориза мебаранд ва ба ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагони он мусоидат менамоянд, ҳамкорӣ мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва бо мақсади ҳамкорӣ дар мубориза алайҳи терроризм шартномаҳо ва созишномаҳои дутарафа оид ба ҳамкориҳои ҳуқуқӣ дар масоили шаҳрвандӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, тиҷоратӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мубориза ба муқобили терроризм, экстремизми динӣ ва сиёсӣ, ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ ва дигар таҳдидҳои устуворӣ ва амнияти ҷонибҳо бо Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Федератсияи Русия, Ҳиндустон, Туркия, Хитой ва ғайра бастааст.

Эъломия дар бораи чораҳо оид ба барҳамдиҳии терроризми байналмилалӣ, ки онро Ассамблеяи СММ бо қарори № 49/60 аз 09.12.1994. с. қабул намудааст;

  • Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза ба муқобили терроризми бомбавӣ аз 12.01.1998. с;
  • Шартнома дар бораи ҳамкории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди терроризм аз 04.06.1999 с;
  • Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи мубориза бар зидди маблағгузории терроризм аз 09.12.1999 с;
  • Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм аз 15.06.2001 с;
  • Созишномаи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ доир ба мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ дар нақлиёт аз 15.09.2004 с;
  • Консепсияи ҳамкории давлатҳо- иштирокчиёни ИДМ дар мубориза бар зидди терроризм ва дигар амалҳои экстремистӣ аз 28.05.2005. с;
  • Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ, ки онро Ассамблеяи СММ бо қарори № 20/288 аз 20.09.2006 с. қабул намудааст;
  • Шартномаи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои ҷиноятӣ ва маблағгузории терроризм аз 05.10.2007 с;
  • Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай зидди терроризм аз 16.06.2009 с.

Дар асоси санадҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки ҳамкории мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мақомотҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро ба роҳ монад, оид ба сари вақт пешгирӣ кардани ҷиноятҳои вобаста ба терроризм ва эктремизм чораҳои фаврӣ-ҷўстуҷўӣ, таҳқиқӣ, тафтишотӣ гузаронад.

Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа институтҳои илмиву тадқиқотии Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази таҳқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмӣ ва кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи чораҳои таъсирбахш андешида шуда истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандустию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, нашр кардани китобҳои динӣ ба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар газетаю маҷаллаҳо. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.Мардуми шарифи мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода  дар фазои давлати соҳибистиқлол  демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона фаъолияти корӣ, хизматӣ, илмӣ, эҷодӣ, омўзгорӣ ва дигар фаъолиятҳои мухталифи ҷомеаро ба роҳ монда ҳамеша шукргузор бошад.

С. А. Таибов-Узви фаъоли ҲХДТ  

                                                       


Вакти нашр: 2019-05-28 09:10:10    Хонданд: 715    Муфассал...

Соати сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии

    Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Манзил" бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ соати сиёсӣ  доир гардид.

        Дар он қайд карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон заминаи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии қавӣ дорад. Дар давоми 25 сол ба як нерўи сиёсии мустаҳкаму фарогире табдил ёфт. Дар давоми ин солҳо ба ҳаёти сиёии ҷомеа таъсири қобили мулоҳизае гузошта, дар комёбиҳои солҳои истиқлолияти мамлакат саҳми арзанда гузошта истодааст. ҲХДТ аз рўзҳои таъсисёбиаш бо иқдомҳои шоиста ва барномаҳои созандааш дар миёни халқ беш аз пеш обрў ва нуфуз пайдо карда истодааст.  


Вакти нашр: 2019-05-28 13:00:00    Хонданд: 681    Муфассал...

Ташаккули ҳуввияти миллии ҷавонон-омили пешгирикунандаи ҷинояткорӣ

Ташаккули ҳуввияти миллӣ дар ҷавонон ва насли наврас яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи ҳозираи тоҷик ба ҳисоб меравад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ қайд намудаанд: “Вазифаи имониву виҷдонии ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ин аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, дар шароити пуртазоди сайёра ва торафт шиддат гирифтани рақобати байни қудратҳои ҷаҳони имрӯза барои тарбияи фарзандон дар руҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, илмомӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои пешрафта ба хотири пешрафти иқтисодиву иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли хеш мунтазам ҷаҳду талош намояд”.

       Дар ин замони пурҷӯшу хуруш, паҳншавиии идеологияҳои бегона ва гуногун, глобализатсия (ҷаҳонишавӣ), рушди экстремизму терроризм, паҳншавии бемориҳо ва вирусҳои гуногуни ба ҷони инсон хатарнок, ташаккули ҳуввияти миллӣ, худогоҳиву худшиносии мардум, ҷомеа ва ҷавонон, эҳё намудани анъанаҳои миллии тоҷикӣ, маданияту фарҳанги асили мардумӣ аз манфиат холӣ нест. Дар муддати тӯлонии ҳазорсолаҳо мардуми тоҷик, нигоҳ накарда ба кашмакашиҳои зиёди сиёсӣ, аз даст додани истиқлолияти худ, задухурдҳои зиёди асримиёнагӣ, аз байн бурдану нест намудани фарҳангу маданият, илму санъати тоҷик аз ҷониби аҷнабиён, паҳншавии мардуми тоҷик ба давлатҳои гуногуни дунё асолати миллӣ, худшиносӣ ва ҳуввияти худро, фарҳангу маданият, илму анъанаҳои миллии хоси худро аз даст надода, онро ривоҷу равнақ дода, ба мардумони дигари дунё онро муаррифӣ менамояд. Мисоли ин гуфтаҳо, хизматҳои шоёни мутафаккирони бузурги тоҷик ба монанди Абуалӣ Сино, Ҷалолиддини Румӣ, Берунӣ, Низомулмулк ва садҳо дигарон ба халқу миллатҳои гуногуни дунёи он вақта мебошанд.

     Баъд аз ба даст овардани истиқлолияти сиёсию фарҳангӣ, ки нишонаи таърихии муҳиму бузург барои халқи тоҷик мебошад, дарк намудани фарҳангу маданияти хеш, худшиносиву ҳуввияти миллӣ яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеа гаштааст. Дар ин ҷода қайд намудан зарур аст, ки аз ҷониби ҳукумати Тоқикистон, ҷомеаву зиёиён, олимону нависандагон ин масъала ҳаматарафа баррасӣ шуда, дар байни ҷомеа ва насли наврас паҳн шуда истодааст. Мисоли он, ба ёдгориҳои таърихӣ даровардани ҷашни Наврӯз, либоси мардумии “Чакан”, ҷашн гирифтани “Соли тамаддуни ориёӣ” ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ шуда метавонанд. Қабули забони давлатӣ, ба забони тоҷикӣ гардондани ному нишонаҳои шаҳру ноҳияҳо, кӯчаву хиёбонҳо, ворид намудани барномаҳои махсуси таълимию тарбиявӣ, бахшида ба маданияту фарҳанги тоҷикӣ, ба тавсиб расонидани ҳазорҳо рисолаву корҳои илмӣ, китобу дастурамалҳо, мақолаву навиштаҳо бахшида ба таърихи миллати тоҷик, фарҳангу маданият, анъанаҳои мардумии тоҷик ва дигар аз зумраи нишонаҳои эҳё намудани анъанаҳои мардумии тоҷик, тарбия ва ташаккул додани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳӣ дар ҷавонон ва насли наврас ба ҳисоб мераванд.

     Таълиму тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон ва насли наврас роҳҳои асосии расидан ба ташаккули ҳуввияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Миллати мо аз қадимулайём бо фарҳангу маданияти худ, бо илму санъат, бо меҳмоннавозию лутфу меҳрубонӣ шинохта шудааст. Дарк намудани ин, аз худ намудани таъриху маданият, фарҳангу санъат, ҳуввияту худшиносӣ яке аз вазифаҳои муҳиму маъсулиятноки ҷавонон ва насли наврас мебошад. Чунки, худогоҳиву ҳуввияти миллӣ ин донистану шинохти арзишҳои бебаҳои маънавию моддӣ, фарҳангиву таърихӣ, эҳтиром ба таъриху миллат, забону адабиёт, фарҳангу расму оин, дину ҷашнвораҳо, тамаддуну ҷаҳонбинӣ ба ҳисоб меравад. Дарк кардани ҳуввияту худшиносӣ ин ҳисси масъулият ба Ватану ватандорӣ, инсондӯстию рафоқат, арҷгузорӣ ба миллату макони худ, эҳтиром ва эҳёи шарафу номус мебошад.


     Барои худшиносию ҳуввияти миллиро пайдо намудан ҷавонон ва насли наврас бояд ба таърихи ниёгони худ назар афкананд, аз таҷрибаи бою ғании аҷдодони гузаштаи худ истифода баранд, ба қаҳрамониҳои мутафаккирону олимону шоирони худ, ба бузургону сиёсатмадорони гузаштаи худ такя кунанд ва ба онҳо тақлид кунанд. Доимо ҳушёру зирак бошанд, вақти худро беҳуда сарф накунанд, ба аз худ намудани ҳунару касбҳои замонавӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд, забонҳои гуногунро омӯзанд, барои таълиму тарбияи худ масъулиятнок бошанд, ба Ватану миллати худ хизмат намуданро аз хотир набароранд. Танҳо он вақт метавон гуфт, ки дар ҷавонон ва насли наврас, ки ояндаи миллати мо мебошанд, ҳисси ватандориву ватандӯстӣ, инсондӯстиву рафоқат, меҳру меҳрубонӣ, ҳуввияту худшиносӣ пайдо шудааст ва такомул ё фта истодааст.

Шарипов Абдулваҳҳоб - Узви фаъоли ҲХДТ

 


Вакти нашр: 2019-05-28 16:20:20    Хонданд: 552    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ”ТИББИ ИҶТИМОӢ”

Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино  дар ташкилоти ибтидоии “Тибби иҷтимоӣ” соати сиёсӣ  доир гардид.

       Дар он  оид ба баланд бардоштани дониши сиёсии аъзои ҳизб ва огоҳ гардидани онҳо аз вазъияту воқеаҳои сиёсию фарҳангӣ, ободиву созандагӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон,   дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯри бо кормандони соҳаҳои молия, андоз ва гумруки кишвар баргузор гардида буд, суханронї карда шуд.


Вакти нашр: 2019-05-28 15:13:14    Хонданд: 492    Муфассал...

Шаҳрдориву шаҳрнишинӣ одобу ахлоқи волои инсониро талаб мекунад

Бо иштироки  кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе мутобиқи дастуру супоришҳои протоколии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо сокинон ва омўзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 вохўрӣ доир гардид.  Дар он Сайдалӣ Шамсов-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Одилбекова Лола-мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҷурахонзода Ҷумъахон-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд.

       Сайдалӣ Шамсов зимни баромади хеш қайд намуд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ чун дигар давлатҳои пешрафта, бо азму талошҳои шабонарӯзии инсони некбахт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори хешро ба сӯи ояндаи неку дурахшон якҷо бо ҷавонони дорои истеъдодҳои нотакрор ва ояндасоз гузошта истодааст.  Ҳамзамон,  оид ба амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,  пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, тарғибу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати  ҳуқуқии  сокинони шаҳри Душанбе ибрози назар намуд.


Вакти нашр: 2019-05-28 17:41:00    Хонданд: 461    Муфассал...

ВОКУНИШҲОИ МО СУПОРИШӢ НЕСТАНД

Матлабҳои шумо супоришианд!

      Фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овардааст, ки ҳар фарди ҷомеа бевосита ба онҳо ворид шуда, матлаби дилхоҳашро дастрас, мутолиа ва ё навори онро тамошо карда, назари худро баён намояд. Ин аз чанд ҷиҳат манфиатбахш аст. Яъне, шахс озодии баёни худро дар чаҳорчӯбаи қонун амалӣ сохта, мавқеи худро нисбат ба ҳодиса ва ё воқеаи баамаломада муайян менамояд ё ин ки бетараф набуданашро нисбат ба ҳалли масъалаҳои мубрами дар ҷомеа рӯйдода, нишон медиҳад.

Имрӯз интернет ба ҳамагон дастрас буда, маҳдудият дар дидану хондани маводи нашрии он ба назар намерасад. Гуногунандешӣ дар матолиби нашршуда дида мешавад. Саҳифаҳои интернетӣ нисбат ба дигар ВАО - телевизион, радио ва матбуоти даврӣ бинанда ва хонандаи бештар доранд. Яъне, дар шароити кунунӣ аз маводи чопии рӯзнома ва ҳафтаномаҳо дида, мардум бештар ба ахбори тозанашри шабакаи интернетӣ рӯ меоранд. Дар ҳама ҳолат талабгорони иттилои тоза ниёз ба шабакаҳои иҷтимоӣ доранд ва аз рӯйдодҳои навини дохил ва хориҷи кишвар иттилоъ мегиранд. Аз ин рӯ, мушкил аст, пайдо намудани роҳе, ки ба баҳсҳо монеа эҷод мекарда бошад. Дар ин хусус наметавон сарфи назар аз дидгоҳи дигарон кард ва касеро дар баёни андешаи солиму носолим гунаҳкор донист.

Таҳқиқоти Радиои Озодӣ дар хусуси амал кардани «Фабрикаи ҷавобҳо» андешаҳои худро нисбат ба матолиби таҳлилие, ки дар саҳифаи интернетӣ ба нашр расондаанд, баён кардаанд. Хонанда дар ин саҳифа воқиф мегардад, ки муаллифон перомуни масъалаҳои баҳсталаб аз тарафи мақомоте, аз қабили вазоратҳо, идораҳо ва донишгоҳҳо муваззаф гардондани гурӯҳҳо барои нашри изҳорот, дахл кардаанд. Далелҳо низ овардаанд, ки ин ѓайриимкон аст.

Пеш аз ҳама, бояд андеша кард, ки дар ҷомеа оддитарин нафар метавонад назари хешро дар бораи ин ё он масъалае, ки ба ҳаёти аҳли ҷомеа равона шудаасту аз он таҳдиди хатар ба ҳаёти осоишта аст, ҳамчунин мавриди муҳокимаи умум қарор гирифтааст, баён намояд. Иқтибосеро аз таҳқиқоти Радиои Озодӣ меорем: «Дар он дастурҳо талаб карда мешавад, ки дар кӯтоҳтарин фурсат ё дар рӯзи муайяншуда дар шабаки иҷтимоӣ зидди фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ё мухолифони ҳукумат маъракаҳои шармсоркунанда роҳандозӣ намоянд» ё ин ки «ба бовари ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, барои як омӯзгору донишҷӯе, ки дар риштаи физика ё бонкдорӣ таҳсилу кор мекунад, навиштани мақолаҳои ҷавобӣ ё вокунишҳо кори саҳл нест».

Чаро чунин қазоват мекунед? Магар омӯзгору донишҷӯ ҳуқуқи навиштани вокунишро надоранд? Дар кадом асос мегӯед, ки барои як омӯзгору донишҷӯе, ки дар риштаи физика ё бонкдорӣ таҳсилу кор мекунад, навиштани мақолаҳои ҷавобӣ ё вокунишҳо кори саҳл нест? Шумо аз сафсатахонӣ худро лаҳзае канор гиреду мулоҳиза намоед: баёни андеша ба ҳар тариқе, ки бошад, бояд қабул гардад. Вокунишгар филолог, журналист ва ё донишманд буданаш шарт нест. Муҳим он аст, ки ӯ ба ин ё он матлаб чӣ гуна вокуниш нишон медиҳад.

Масалан, як шахс метавонад изҳороти худро бо паҳлуҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, ки онҳоро хуб омӯхтааст ва ё аз сиёсат бархӯрдор аст, таҳлил намояд. Шахси дуюм забоншинос нест, ки хатоҳои матни навиштаашро ислоҳ кунад, шахси сеюм бо сухани кӯтоҳ, ки шояд қабеҳ аст, таҳлил, пешниҳод ё рад кунад. Хусусияти шабакаи интернетӣ низ дар ҳамин аст, ки аксарияти маводи он чун аз тарафи ашхоси синну соли гуногун, вобаста ба кифоятии саводи онҳо, навишта мешаванд, бе таҳрир нашр мегарданд.

Ахиран таҳқиқоти Радиои Озодӣ таҳти унвони «Сайругаште дар «Фабрикаи ҷавобҳо» дар ин шабака ба нашр расидааст, ки дар он асосан вазорату идораҳо ва донишгоҳо айбдор шудаанд. Хуб,  бояд қазоват кард: аҳли зиё ба таҳлили маводе, ки ақидаи наврасону ҷавононро таѓйир медиҳад, ба оромии ҷомеа халал ворид месозад, чӣ гуна метавонад бетараф бошад? Аз ин рӯ, дар навбати аввал бояд назару таҳлили коршиносон ва донишмандон дар ҳар масъала равшан баён карда шавад. Донишҷӯён низ аз аҳли ҷомеа ҳастанд, онҳо низ назари худро доранд ва нисбат ба ҳодисаю воқеаи дар ҷомеа баамалоянда бетараф нестанд. Чун мо дар ҷумҳурии соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ба сар мебарем, бояд аз набзи ҷомеа ва ҷаҳон воқиф бошем ва дар дар ҳолатҳои зарурӣ ба ин ё он матлаби баҳсбарангез вокуниш нишон диҳем. Ин рисолати ҳар як фарди солимфикри ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд мебошад.

Бобоҷон РАҲИМОВ, Саидҷон ЗУБАЙДУЛЛОЕВ-Аъзоии фаъоли ҲХДТ 

 


Вакти нашр: 2019-05-29 15:11:14    Хонданд: 490    Муфассал...

Қушунҳои сарҳадӣ сипари боэътимоди Ватан

Бо  иштироки  Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба 25 солагии таъсисёбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳуриии Тоҷикистон бо сарбозон ва афсарони ин ниҳоди қудратӣ вохўрї доир гардид.

         Нахуст, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад зимни суханронии хеш  ҳамаи афсарону сарбозонро ба муносибати таҷлили 25 солагии таъсисёбии Қушунҳои сарҳадӣ самимона табрику шодбош намуд.  
        Сипас,  мавсуф доир ба саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу суботи ҷомеа, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ва Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд. Инчунин, ӯ оид ба вазифаи муқаддаси сарҳадбонон, ҷиҳати таъмини амнияти сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, фазои тинҷиву оромӣ ва суботи сиёсӣ андешаронӣ намуд.
 


Вакти нашр: 2019-05-29 13:41:35    Хонданд: 475    Муфассал...

Аз найрангҳои хоинон огоҳем!

Ба ҳамагон маълум аст, ки зиндагии шоистаи аҳолии ҳар як давлат ҳамеша бо субот дар ҷомеа вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳадафи асосии сиёсати худро ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум ва таъмину ҳифзи оромӣ ва суботи ҷомеаи кишвар равона намудааст, то ки дар раванди ҷаҳонишавӣ кишвари мо аз ҳар гуна хатарҳои барои пояи давлатдорӣ ва миллат осебовар ҳифз карда шавад.

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зимни муроҷиатҳои худ ба мардуми кишвар бо ифодаи таъкидӣ баён доштанд: «Вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем».  Ҳоло яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ин ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар Ватани азизамон- Тоҷикистон ба шумор меравад.

      Дар айни замон Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми Тоҷикистон имкон дод, ки мактаби давлатдории миллии худро рушд дода, модели муосирро озодона интихоб намояд. Маҳз дар ҳамин давра заминаҳои устувори сиёсӣ ва ҳуқуқии сохти нав, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд гузошта шуданд.  Аммо буданд ва ҳанӯз ҳастанд гурӯҳҳое, ки дар ҳамин замина истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои миллии моро намехостанд ва муқобили сиёсати пешгирифтаи ин ҳукумат буданд ва ҳастанд. Бояд дар ёд дошт, ки душманони миллат бо мақсади аз байн бурдани ҳуввият ва симои миллии мо, тавассути бегонапарастоне, чун аъзоёни ташкилотҳои террористиву экстримистӣ, ҳизбҳои ифротиву иғвоангез мисли ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ ва махсусан роҳбарони онҳо мехоҳанд шаҳрвандони мо - махсусан ҷавононро ба гумроҳӣ бубаранд.

     Ин ватанфурӯшон ва мазҳабфурӯшон меъёрҳои дини мубини исломро мехоҳанд дар амалҳои номатлубу андешаҳои ифротии худашон истифода кунанд. Аксарияти онҳо барои бароварда сохтани ҳадафҳои муғризонаи худ аз ҳеҷ дурӯғу тавҳин, худсафедкуниву иғвоангезӣ ва хиёнаткорӣ, ки хоси мусулмон нест, ҳазар намекунанд. Бинобар ин ҳам, ҳанӯз аз оғози фаъолияташон ҳадафи ин ташкилотҳои террористиву экстримистӣ, ҳизбҳои ифротиву иғвоангез бараъло маълум буд, ки онҳо дини мубини Исломро танҳо барои анҷом додани ниятҳои нопокашон истифода мекунанд.

       Роҳбарони созмонҳои ифротгаро шариат ва дини мубини исломро таҳрифкорӣ сохта, онҳоро ба андешаҳои шахсӣ ва ғаразноки худ олуда месозанд ва ақидаҳои хурофотпарастию разилонаи хешро дар зеҳни ҷавонони мо мехоҳанд ҷойгир кунанд. Аммо ҳамагон медонем, ки дини мубини ислом бо террорист, экстремист ва гурӯҳҳои ифротгаро иртиботе надорад. Роҳбарони ташкилоти террористӣ бо истифода аз ин гурўҳҳои иғвоангез исломро њамчун як бозии асосӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ истифода мебаранд.

     Имрӯз ҷангу муноқишаҳои давлатҳои исломӣ, ки ба майдонҳои он мардуми ноогоҳ, фирефташудаву фурӯхташуда бо баҳонаи ҷиҳод кашида шуданд, аслан ҷиҳод нест, балки манфиатхоҳӣ аст, ки бар асари ғаразҳои сиёсӣ ва тибқи нақшаи тарҳрезикардаи манфиатҷӯён барангехта шуданд. Чунин «ҷиҳод»-ро мусалмонони ҷаҳон напазируфтаанд, баръакс алайҳи он фатво доданд. Аз ҷумла дар кишвари мо низ фатво дода шуд, ки агар нафаре аз мусалмонон дар чунин муноқишаҳо иштирок намояд, аз ҷумлаи мусалмонони мо нест. Зеро ҷиҳод аслан амалест, ки ҳар ҳаракати он барои некӣ ва хушбахтии инсон бардошта мешавад.

      Аз ин рӯ мо мардуми бонангу ори кишвар амалҳои ин гуна афродро маҳкум намуда, ҳаргиз намегузорем, ки як хоине ё нохалафе ин тинҷиву осудагии моро вайрон кунад ва ҳаргиз намегузорем, ки ин миллати баҳам омадаро парешон намоянд.  Итминони комил дорем, ки сокинони заҳматкаш, меҳнатдӯст, ободгар ва шарифи кишварамон тамоми саъю кӯшиши худро ба иҷрои вазифаҳои муайяннамудаи Пешвои миллат, ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати мардум, таъмини амнияти миллию давлатӣ, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодиёт равона хоҳанд кард ва дар афзоиши нерӯ ва иқтидори Тоҷикистони азиз саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Фасеҳзода И.С.-узви фаъоли ҲХДТ 

 

 


Вакти нашр: 2019-05-29 14:24:23    Хонданд: 512    Муфассал...

АЛҲАЗАР АЗ ВАҲШОНИЯТ!

Дар таърихи инсоният ҳамон миллат бурд кардааст, ки тақдир бар вай шахсиятҳои бузургро ҳадя намудааст, то чун оҳанрабо халқашро дар атрофи худ муттаҳид кунад ва дар сарзаминаш бо созандагӣ машғул бошад, сарҳадашро аз ҳуҷуми душман эмин дорад. Солҳои 90 - уми асри ХХ кишвари моро нооромӣ, парокандагӣ ва ноумедӣ фаро гирифта буд. Мардуми тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, бо азми устувори ватанхоҳӣ аз вартаи нобудӣ ва парешонӣ баромада, ба шоҳроҳи рушду тараққӣ қадам ниҳад. Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон бо азми комилу хиради фарогир дар муддати начандон тӯлонӣ миллати парешоншударо сарҷамъ ва сулҳу ваҳдати миллиро барқарор намуд.

Маҳз, ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ халқи тоҷик имкон пайдо намуд, ки ба омӯзиши таъриху фарҳанг ва забону адабиёт таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар эҳёи расму оинҳои аҷдодии хеш, аз ҷумла муқаддасоти миллӣ саҳмгузор бошад. Гузашта аз ин, кишвари соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи махсуси худро ишғол намуда, диққати ҷаҳониёнро бо хираду фарҳанги азалӣ ва табиати биҳиштосою сарватҳои табиии нотакрораш тавонист ҷалб созад. Ин ҳама пешрафту муваффақиятҳо натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, иродаи қавӣ ва хислати ватандӯстии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд. Имрӯзҳо, тавре ба мушоҳида мерасад, бархе аз нохалафон ин ҳама пешравиҳоро нодида гирифта, дар ноором сохтани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар аз тамоми воситаҳо кор мегиранд. Мо инро дар мисоли бетартибии дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон баамаломада, дида метавонем.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 19-уми майи соли 2019, соати 21:30-дақиқа, дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия аз тарафи маҳбусоне, ки бо моддаи 401¹ Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда буданд, бо мақсади номураттаб сохтани низоми муассиса ва фирор аз он бетартибӣ ба амал омад. Ташкилкунандагони бетартибӣ аъзои созмони террористиву экстремистии дар Тоҷикистон «Давлати исломӣ» буда, роҳбарони бевоситаи он Беҳрӯзи Гулмурод – писари собиқ полковники хоин Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия кушта шудааст ва Гулов Фахриддин, Шарипов Маҳмадулло ва Ҳасанов Рӯҳулло буданд. Гурӯҳи номбаршуда аввал се корманди муассисаи ислоҳӣ – майор Муродов Бурҳониддин, майор Ҳалимов Абдуҷаббор ва лейтенанти калон Асоев Маҳмуд Ҳамидовро бо корд ваҳшиёна ба қатл расонида, аз тавқифгоҳи ҷаримавии муассиса 8 нафар маҳбусони дигарро, ки онҳо низ аъзои созмони террористиву экстремистии «Давлати исломӣ» буданд, озод карданд ва сипас 5 нафар маҳбусон, аз ҷумла Саид Қиёмиддин Ғозӣ, Каримов Саттор Самадович (Махсуми Саттор) ва Сатторов Саидаҳмад (Шайх Темур)-ро дар назди дигар маҳбусон бо мақсади тарсонидани онҳо бо корд ваҳшиёна ба қатл расониданд ва даҳҳо нафар маҳбусони дигарро лату кӯб ва захмӣ карданд. Сипас аъзои ин гурӯҳ қисми тиббии муассисаро оташ зада, якчанд нафар маҳбусонро гаравгон гирифтанд ва бо мақсади фирор аз муассиса ба кормандони он ҳуҷум карданд.

Бар пояи маълумоти сомонаи вазорат, дар натиҷаи амалиёти ҷавобӣ, ки тибқи талаботи қонун сурат гирифт, 24 нафар аъзои гурӯҳи зикршуда безарар гардонида, 35 нафар дастгир карда шуд. Шахсони ба гаравгон гирифташуда озод карда шуданд. Оид ба ҳодисаи ба амал омада аз тарафи Прокуратураи генералӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Ин ҳодисаи нангин, ки дар сархати расонҳои хабарӣ ҷой гирифтааст, боиси ташвишу изтироби аҳли ҷомеа гардидааст. Ин бетартибии аз ҷониби аъзои созмони террористиву экстремистии дар Тоҷикистон тибқи қонун манъшудаи «Давлати исломӣ» ҳар кадоми моро ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ даъват менамояд. Мо бояд дар хона, кӯча, бозор, муассисаҳои таълимӣ, хулоса дар фаъолияти ҳаррӯзаамон ба масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Бо ҳамин васила ин кишвари ободу шукуфоро аз ҳар гуна таҳдиду хатар эмин нигаҳ дорем.

С. ЗУБАЙДУЛЛОЕВ, Б.РАҲИМОВ-Аъзои фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-05-30 12:05:10    Хонданд: 506    Муфассал...

ЭҲТИРОМИ РАМЗҲОИ ДАВЛАТӢ ИН ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ!

Ҳар як миллате, ки соҳиби давлати соҳибихтиёри худ аст, алббата соҳиби рамзҳо ва муқаддасоти худ мегардад, ки ин рамзҳо таҷассумгари таъриху фарҳанг ва расму оини ин миллат мебошанд. Дар доираи ин мақолаи кӯтоҳ мехостам фикру мулоҳизаҳои худро атрофи беэҳтиромии намояндагони ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ нисбати яке аз рамзҳои давлатӣ-асъори миллӣ баён намоям. Мо тоҷикон шукрона аз он мекунем, ки ба шумули ин гуна миллатҳо дохилем ва имрӯз соҳиби муқаддасоти худ аз қабили парчам, нишони давлатӣ, суруди миллӣ, конститутсия ва асъори миллӣ ҳастем. Ҳамаи ин рамзҳо барои мо тоҷикон муқаддас ҳастанд. Чунки онҳо баёнгари истиқлолияти давлатии мо ба шумор мераванд ва мо шаҳрвандони ватандӯсту миллатдӯст ба ин муқаддасот эҳтироми хосса дорем. Ҳатто Пешвои муаззами миллат низ дар маросимҳои давлатӣ ва ҷашнвораҳои гуногун назди ин муқаддасот сари таъзим фурӯ меоранд. Моро низ месазад, ки ба мисли Пешвои хирадманди худ ба ҳамаи рамзҳои давлатдории худ эҳтиром дошта бошем ва нагузорем, ки касе ба онҳо беэҳтиромӣ кунад. Зеро эҳтиром накардани яке аз ин муқаддасот ин эҳтиром накардани миллат ва бузургони он мебошад.
Миёни рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ асъори миллӣ мақоми махсусро ишғол мекунад. Он натанҳо як воҳиди пулӣ буда, балки таҷассумгари таърихи қадимаи халқи тоҷик аст. Бо мақсади таҳкими сиёсати иқтисодӣ ва суръат бахшидан ба ислоҳотҳои иқтисодӣ бо ташаббуси шахсии Пешвои миллат соли 2000-ум дар Тоҷикистон асъори миллии тоҷикон - «Сомонӣ» ҷорӣ карда шуд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги бойи миллати тоҷикро инъикос менамояд. Дар пулҳои мо расми арбобони бузурги гузаштаю муосир ва қаҳрамонон ба монанди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ибни Сино, Рӯдакӣ, Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Мирзо Турсунзода, Садриддин Айнӣ ва тасвири ёдгориҳои меъмориву фарҳангӣ ҷой дода шудаанд. Асъори миллии мо рамзи барҷастаи Тоҷикистони соҳибихтиёр гашта, ба сифати воситаи боэътимоди танзими иқтисодиёти кишвари мо хизмат мекунад. Эҳтироми пули миллӣ ва арҷ гузоштан ба он қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост.
Ба муқаддасоти миллӣ ва махсусан асъори миллӣ шахсе эҳтиром қоил аст, ки ҳисси ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ дорад. Лекин дар баробари ашхоси бомасъулият ва бошараф ҳанӯз ҳам ҳастанд афроде, ки барояшон ягон рамз ва махсусан пули миллӣ ҳеҷ арзише надорад. Имрӯзҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ баъзе расмҳоеро во хӯрдан мумкин аст, ки дар онҳо нисбати пули миллӣ беэҳтиромӣ зоҳир шудааст ва дар он ҳар гуна навиштаҷотҳои сиёсӣ ва талабҳои бемантиқ навишта шудаанд. Ин ҳолатҳои нангин аслан аз ҷониби аъзоёни ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ташкил карда мешаванд, ки айни ҳол дар хориҷи кишвар фаъолияти тахрибкорона бурда истодаанд. Чунин ҳолат аз маърифати пасти ин одамон дарак медиҳад.

Барои ин гуна афрод, ки онҳоро ҳатто инсон номидан мушкил аст, эҳсосоти дигарон ва поймол шудани онҳо як кори оддӣ аст. Ҳар фарди солимфикри кишвар ҳангоми дидани ин ҳолат худро нороҳат ҳис мекунад ва шаъну шарафи худро поймолшуда меҳисобад. Зеро чунин беэҳтиромӣ нисбати пули миллӣ баробар аст ба сӯзонидан ё поймол кардани парчами миллӣ ва нишони давлатӣ. Рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти мо бояд ҳеҷ гоҳ аз тарафи хоинон ва душманону бадхоҳони миллат тавҳин нашаванд ва барои ҳадафҳои нопоки онҳо истифода нашаванд. Мо ин ҳолат, яъне паҳн кардани ҳар гуна расмҳои таҳқиркунандаи асъори миллии худро беэҳтиромӣ нисбати тамоми миллати тамаддунофари тоҷик меҳисобем ва ҳамаи ин иқдомҳои бемантиқу бемасъулиятро маҳкум мекунем. Зеро беэҳтиромӣ нисбати пули миллӣ беэҳтиромӣ нисбати тамоми миллат аст!


Маҳина Илчибекова - узви фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-05-30 13:32:16    Хонданд: 452    Муфассал...

Кўмак ба ниёзмандон дар арафаи иди Саиди Фитр

       Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва супоришҳои протоколии Маҷлиси назоратии назди Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар арафаи иди Саиди Фитр ба маъюбону ниёзмандони  маҳаллаҳои Шодӣ ва Гулобод кӯмаки озуқаворӣ расониданд.

      Дар навбати худ  маъюбон ва ниёзмандон ба Пешвои миллат, муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон ва   Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  ҷиҳати дастгириву  ғамхориҳо  нисбати  ятимону бепарасторон ва ободиву бунёдкориҳо изҳори хушнудӣ карда, миннатдорӣ намуданд.


Вакти нашр: 2019-05-30 14:06:24    Хонданд: 563    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ”МАЪРИФАТ”

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино бо мақсади баланд бардоштани дониши сиёсии аъзои ҳизб ва огоҳ гардидани онҳо аз вазъияту воқеаҳои сиёсию фарҳангӣ, ободиву созандагӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “МАЪРИФАТ” соати сиёсӣ  доир намуданд.

       Нахуст, Нуров М.А. - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино оид ба  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯри бо кормандони соҳаҳои молия, андоз ва гумруки кишвар,  сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар ибрози андеша намуд.  

     Сипас,   ба якчанд нафар кормандон,  ки дар асоси аризаи шахсиашон иродаи сиёсиашонро муайян намуда, ба сафи ҲХДТ пайвастанд, шаҳодатномаи  ҳизбї  супорида шуд.  


Вакти нашр: 2019-05-31 13:12:16    Хонданд: 523    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ”СОМОНИЁН”

Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино  дар ташкилоти ибтидоии “СОМОНИЁН” соати сиёсӣ  доир  гардид.

     Дар он оид ба вазъияту воқеаҳои сиёсию фарҳангӣ, ободиву созандагӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, оиди дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯри бо кормандони соҳаҳои молия, андоз ва гумруки кишвар баргузор гардида буд, суханронї карда шуд.


Вакти нашр: 2019-05-31 13:10:18    Хонданд: 478    Муфассал...

Хок агар имрӯз дар чарх аст, фардо зери пост

       Моҷарои гӯшношуниде, ки аз ҷониби Беҳруз Гулмурод  фарзанди хоини миллат Гулмурод Ҳалимов ва рафиқонаш дар маҳкамаи шаҳри Ваҳдат ба вуқӯъ пайваст ва боиси марги фоҷиавии нафарони зиёде гардид мардуми ватандӯсти тоҷикро ба тавшиш овард. Ин моҷаро мардуми тоҷикро бетараф гузошта наметавонад. Чунон ки дар мақоли халқӣ омадааст, «Гургзода оқибат гург шавад». Хушбахтона сохторҳои қудратӣ саривақт пеши ин ҳодисаро гирифтанд ва нагузоштанд, ки ин гурӯҳи терористӣ ба ҳадафи хеш бирасанд. Ин амали хоинони миллат аз ғаразҳои нопок ва барномаҳои пасипардагии собиқ ҲНИ  сарчашма мегирад.  ҲНИ дар симои роҳбарону намояндагони фаъоли худ ин аъмоли зиштро пай дар пай  идома медиҳад. Баррасиҳои ҷомеашиносон нишон медиҳанд, ки ҲНИ бо наздикшавии чорабиниҳои муҳими сиёсӣ пайи пиёда намудани ҳадафҳои гуногуни нопоки хеш бо ҳар васила талош меварзад, ки ҷомеаро ноором намояд. 

   Махсусан, роҳбарияти ҲНИ ба вижа М. Кабирӣ кӯшиши бештаре ба харҷ медиҳад, ки мақомоти давлатиро сиёҳ намояд. Аъзои ҲНИ хидмати холисонаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки пайваста дар роҳи таъмини шаҳрвандон бо ҷои кор, рушди бемайлони соҳаи маорифу тандурустӣ, риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, бахусус озодиҳои эътиқодии мардуми мусалмон, талош меварзад, нодида мегиранд. Аъмоли зиште ки аз ҷониби   ҲНИ Беҳруз Гулмурод,  Фахриддин Гулов, Маҳмадулло Шарипов ва Руҳулло Ҳасанов сурат гирифт ин идомаи мантиқии корҳои ифротгароёнаи аъзои собиқ ҲНИ мебошад. Хушбахтона бо шарофати истиқлолият ва сулҳу суботи комил таҳти сарварии  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар бахшҳо амнияти кишвар хеле қавӣ гардидааст ва ин  хоинонро кормандони қудратӣ зуд дастгир намуда, муҷозоташонро тибқи Қонун муайян намуданд. Аз воқеаҳои нангин бармеояд, ки ифротгароиву хурофотпарастӣ оқибати ногувор дорад. Аммо солҳои охир дар байни насли ҷавон ифротгароӣ ба як бемории сирояткунандае  табдил ёфтааст. Дар табобати ин беморӣ ба қавли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бояд  тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Зеро ба қавли мутафаккири бузурги форсу тоҷик Саъдии Шерозӣ:

 

Мунағғас бувад айши он тандуруст,

Ки бошад ба паҳлӯи бемори суст.

 

         Аз ишораи Саъдии Шерозӣ бармеояд, ки айши он инсони тандурусте, ки дар паҳлӯи ӯ бемори сусту заиф, нола мекунад, ҳамеша хираву ногувор аст. Ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ин худаш як бемориест, ки ба айши ҷавонони тандурусту лаёқатманди кишвари озоду ободамон халали ҷиддӣ ворид менамояд ва чунон ки дидем оқибатҳои ногуворро рӯйи кор меоварад. Дар ин сурат ҷомеаро лозим меояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, зеро ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи љаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

      Мо шаҳрвандони кишвари офтобиамонро зарур аст, ки ба ҷиноят ва хархашаҳое, ки аз ҷониби тангназарони миллати тоҷик содир мегардад бетарафӣ зоҳир нанамоем. Зеро андешамандони тоҷик сокинони кишварро хотирнишон месозанд, ки фирефтаи ҳаракатҳои иртиҷоӣ нашаванд,  чун ки намояндагони ин ҳаракатҳо мақсади ниҳоиашон ин аст, ки дар зери ниқоби дини мубини ислом ғаразҳои нопоки хешро амалӣ намуда вазъи ҷомеаро ноором намоянд. Таҳдидҳои навини ҷаҳонӣ таъсири манфии худро на ин ки ба як давлат ё минтақа, балки ба тамоми гӯшаву канори дунё мерасонанд. Мушкилоти асосии даҳсолаҳои охиринро ҳамин таҳдидҳои навини олам ташкил медиҳанд. Ба қатори чунин таҳдидҳо‚ пеш аз ҳама‚ терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, СПИД, қашшоқӣ, масоили экологӣ, фурӯши ғайриқонунии одамон ва дигар масъалаҳо дохил мешаванд. Ҳарчанд ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри аз байн бурдани ин хатарҳо кӯшишҳо намуда истодааст, вале пурра  нест кардани он  ғайриимкон аст. Ба замми ин‚ таҳдидҳо дар ҷаҳон сол то сол афзоиш ёфта, амнияту оромии ҷаҳонро халалдор месозанд.

     Бинобар ин,  сокинони кишварро  лозим аст, ки аз имконияту шароити фароҳами имрӯза пурра истифода бурда, саҳми арзандаи хешро дар ҷомеаи навини тоҷик гузоранд. Қабл аз ҳама зиракиву ҳушёрии сиёсиашонро аз даст надиҳанд ва пеш аз ҳар як корро пеша кардан бо тањаммул андеша намоянд, зеро таҷрибаи бойи ниёгони мо нишон додааст, ки инсонҳои тањаммулпазир ба ҳадафҳояшон мерасанд ва инсонҳои баде монанди Беҳруз Гулмурод,  Фахриддин Гулов, Маҳмадулло Шарипов ва Руҳулло Ҳасанов нокому номурод мешаванд, онҳо боиси марги чанд тан аз кормандони қудратӣ гардидиданд.

      Маҳз онҳо боис гардиданд, ки дар моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи хайру баракат ва анҷоми корҳои наку маҳсуб меёбанд фарзандони нафарони зиёд аз муҳаббати падаронашон маҳрум шаванд. Пас фикр кунед оё ҲНИ тарафдори исломи воқеӣ ҳаст ё талошаш барои соҳиби курсӣ шудан? Аз ин рӯ ба андешаи мо яке аз роҳҳои асосии миллату давлатро  аз аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ эмин нигоҳ доштан насли наврасро дар рӯҳияи худшиносӣ, худогохӣ ва њуввияти миллӣ тарбия намудану ба кору амалҳои нек ҷалб кардан аст.

Чурғосиев М, Носиров Л.,-аъзои фаъоли ҲХДТ   

 


Вакти нашр: 2019-05-31 15:22:18    Хонданд: 481    Муфассал...

ЁРИИ ИДОНА БА НИЁЗМАНДОН

Дар доираи дастуру супоришҳои протоколии Маҷлиси назоратии назди Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки Алӣ Шариф шахси боэътимоди Мирзо Хуршед Файзуллозода, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа  ба  35  нафар   ниёзмандон  ёрии озуқаворӣ иборат аз орд, равған, шакар, биринҷ, чой ва ғайраро расониданд.

      Мавриди зикр аст, ки вакили номбурда пайваста дар ҳар иду айём интихобкунандагони хешро дастгирӣ менамояд ва аз ҳолу аҳволашон бохабар аст. Ҳамзамон,  бо  онҳо  пайваста сӯҳбату вохӯриҳо доир намуда,  мушкилотҳояшонро сари вақт бартараф менамояд.


Вакти нашр: 2019-05-31 12:54:20    Хонданд: 429    Муфассал...

Маросими ҷоизасупории Фестивал – озмуни «Мутрибони созҳои миллӣ»

Субҳи имрўз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Шоҳмансур   маросими ҷоизасупории Фестивал – озмуни «Мутрибони созҳои миллӣ»  бо иштироки  Наимов Маҳмадулло-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Абдураҳимова Дилбар Ҳабибуллоевна – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Расулзода Насимҷон – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Азизов Азизхўҷа – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ,  Давлатзода Музаффар – Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонова Ҷамила – Муовини Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аъзои Кумитаи иҷроияи  ноҳиявии ҳизб, кормандони сохторҳои ҳизбии шаҳри Душанбе ва  аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”    доир  гардид.

         Нахуст, Гулаҳмадзода Зулфиқор сухани ифтитоҳӣ намуда, ҳозиринро барои иштирок кардан дар фестивал-озмун хайрамақдам   гуфт.

 Сипас,   Абдураҳимова Дилбар Ҳабибуллоевна  баромад карда, қайд кард, ки  бо дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол ҷалби чавонони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда  афзуда истодааст, ки ҳамаи ин иқдомот ҳамчун далели ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати  мамлакат арзёбӣ мегарданд. Зеро ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихор ва сарбаландии миллат буда, маҳз онҳо қудрат доранд, ки пешбарандаи илму фарҳанги миллати хеш бошанд ва ҳамчун посдорони мероси аҷдодӣ ба наслҳои оянда хизмат намоянд.

 Воқеан ҳам, мақсад аз баргузории чунин Фестивал – озмуни мазкур дар доираи  “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  ин муҳайё намудани шароити мусоид барои ривоҷу равнақи эҷодиёти бадеии насли наврас, санъати мусиқии касбии миллӣ, ғанӣ гардонидан ва фаъол намудани тафаккури бадеӣ, қавӣ сохтани меъёрҳои ахлоқӣ барои тарбия намудани насли наврас баҳри густариши маънавиёти ҷомеаи имрўзаю ояндаи Тоҷикистон  мебошад.

 Ёдовар шудан ба маврид аст, ки иштирокдорону ғолибон, ки дар Маҳфил-озмуни “Базми ғазал”, озмунҳои “Васфи Душанбе”,  “Мақолаи беҳтарин” ва  “Меваҳои истиқлол”  ширкат варзидаанд бо Диплом, Ифтихорнома, Сипоснома ва тўҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур  қадрдонӣ гардидаанд.

Дар фарҷом сурудхонии ҳунармандони шинохтаи кишвар,  иштирокдорону ғолибони Фестивал – озмуни «Мутрибони созҳои миллӣ»   анҷомбахши он гардид.

 


Вакти нашр: 2019-05-31 15:57:39    Хонданд: 503    Муфассал...

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

      Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки Абдураҳимова Дилбар Ҳабибуллоевна – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Азизов А.О.-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ,  аъзои  Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия  доир гардид.

      Азиов А.О.  оид ба фаъолияти семоҳаи аввали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 07.02.2019   гузориш дод.

     Абдураҳимова Д.Ҳ. гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияро  қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ибрози назар намуд. Мавсуф таъкид кард, ки дар пеш чорабиниҳои муҳими сиёсӣ моро интизор аст ва аз ин рӯ зиракии сиёсиро аз даст надода,  бояд  на  ба  шумора  балки ба сифати аъзои ҳизб  бештар таваҷҷуҳ намоем.

      Вобаста ба масъалаи  муҳокимагардида маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи    Фирдавсӣ  қарори дахлдор қабул намуд.


Вакти нашр: 2019-05-01 10:18:10    Хонданд: 83    Муфассал...

ДАР САМТИ МУБОРИЗА БО ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ ЯКДИЛЕМ!

Дар шароити имрӯза тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, он ба масъалаи доғи рӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Чунки фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Аз ин лиҳоз, имрӯз тадбирҳои муҳими ҳамаи давлатҳо барои мубориза бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва пешгирии густариши фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб равона гардидаанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ намуда, таъкид карданд, ки барои аз байн бурдани ин хатари умумӣ кишварҳои олам алайҳи он бояд дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ муборизаи беамон баранд. Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз падидаҳои экстремизм (ифротгароӣ), радикализм (тундгароӣ) ва терроризм таърифи дурусти илмӣ надорем. Таърифи илмӣ ё фаҳмиши ягона барои ин падидаҳои мураккаб мушкил аст. Ихтилофи манфиатҳои идеологӣ ва сиёсӣ иҷозат намедиҳад, ки дар сатҳи байналмилалӣ низ таърифҳои ягонаи падидаҳои ифротгароӣ ва терроризм ба даст оянд. Аз нигоҳи луғавӣ, «ифрот» калимаи арабӣ буда, решаи «фарт», яъне «авҷ» ё «ниҳоят» сохта шудааст. Истеъмоли умумӣ, «ифрот» ба маънои ҳадду андоза гузаштан, эътидол берун шудан ва зиёдаравӣ кардан мебошад. Ифротгаро касест, ки тарзи фаҳмиш ва ё тарзи амал дар ягон масъала аз меъёри қабулшуда ва аз ҳадди эътидол мегузарад. Дар мавриди ҳамаи ин ҳолатҳо калимаи «ифротӣ»-ро дар маънои луғавии он истифода намудан мумкин аст. Калимаи «ифротгароӣ» дар забони тоҷикӣ аз решаи “ифрот” буда, маънои майл доштан ба ифрот ё гароиш доштан ба зиёдравию оштинопазириро дорад. Феъли тоҷикии “гароидан” ба маънои майл кардан, пайравӣ кардан, гаравиш доштан ва тамоюл намудан буда, “гаро” шакли калимасозӣ он аст. Аммо ифротгароӣ ба маънои майл доштан ба зиёдаравӣ ё пайравӣ кардан аз ифрот ва оштинопазирӣ мебошад.

 Инчунин терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқ ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гуруҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифротгароӣ сабзида расад. Бинбаъд он назар ба авзои минтақа имрӯз моро зарур аст, ки ҳар сухани хешро санҷида гӯему ҳар қадамро дида гузорем. Шояд дар миёни дӯстону ҳамнишинони мо низ афроде ёфт мешаванд, ки носавобҷӯянду фурсати муносибе мепоянд, то шахсияти хешро ошкор созанд. Маҳз ба ин хотир, имрӯз барои мо зиракию ҳушёрии сиёсӣ беш аз ҳар вақт зарур аст. Ваъдаи биҳишту ҳароси дӯзах ҳамон луқмаест, ки қабл аз ҳама ба фиребхӯрдагон дода мешаваду эшон хурсанд мешаванд. Вале фаромӯш мекунанд, ки ба биҳишт некон мераванд, на харобкорону одамкушон.

Хушбахтона, давлату ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм ба муваффақиятҳои бузурге ноил гаштаанд. Яке аз чунин дастовардҳо манъ шудани ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, ки ин ташкилоти ифротӣ солҳои зиёде бо дастгирии моддиву маънавии хоҷагони хориҷиаш мехост фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми Тоҷикистон бор кунад. Лекин ҳушёриву зиракӣ ва кордонии мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон нагузоштанд, ки ин хоинон ба аҳдофи нопоки худ расанд. Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, ки дар баробари мақомотҳои давлатӣ саҳми худро дар решакан кардани ин зуҳуроти номатлуби аср гузоранд.

Дар ҷаҳони муосири пуртазод ва зудтағйирёбанда қишри солимфикру некбину ояндасози ҷомеа метавонад аз имконоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии худ истифода бурда, фарзандон ёрону дӯстонро дар рӯҳияи хештаншиносї, ватандӯстӣ, ҷавонмардӣ ва инсонгароӣ тарбия намуда, намунаи ибрат бошанд. Боиси кайд аст, ки гулистон бехор намешавад, вале ба андешаи мо агар гулҳо ба ҳам оянду базм ороянд, хор ҳам гул мекунад.

Сандалов Ҳ.А. – узви фаъоли  ҲХДТ                                                                                                


Вакти нашр: 2019-05-01 12:31:40    Хонданд: 84    Муфассал...

Терроризм хатари ҷомеа

Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар шароити кунунӣ терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифта, ба масъалаи доғи рӯзи замони муосир табдил ёфтааст. Омӯзиши ин масъала дар корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ шудааст ва масъалаи мазкур тақозо мекунад, ки ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шавад. Дар маҳфилҳои гуногуни сиёсӣ, конфронсу нишастҳои сатҳи баланд Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонро ба муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ даъват намуда, аз пайомадҳои фоҷеабори он ҳушдор медиҳад. Сарвари давлат замоне аз даҳшат ва таҳдиди терроризм ба ҳаёти аҳли башар ҳушдор дод, ки ҳаводиси 11 сентябри соли 2001 дар Амрико ҷаҳонро ба ларза наоварда, баъзе кишварҳои Ховари Миёна ба хоку хун оғӯшта нагашта, воқеаҳои хунини Париж рух надода буданд. Ин шахсияти саҳфаҳои таърихи навини башарият, борҳо ба хатари сӯиистифодаи дини мубини ислом аз ҷониби гурӯҳу ҷараёнҳои мухталиф ишора карда, таъкид дошт, ки таълимоти исломӣ аз барномаю ҷараёнҳои ифротӣ фарсахҳо дур аст.

Президенти кишвар дар яке аз мулоқотҳояш бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат чунин изҳор намуд: «Мо бояд дини мубини Исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем. Терроризм ва экстремизм ба ягон дин, алалхусус ба дини мубини Ислом ҳеҷ рабте надорад».

Бешак, дини мубини Ислом ҳар гуна хушунат ва ифротгароиро, сарфи назар аз он ки ифроти сӯиистифодашуда аз дин бошад ё ғайри динӣ, маҳкум менамояд. Бояд хуб дарк кунем, ки терроризм ба маънии ба даҳшат овардани аҳолии осоишта, афроди ғайринизомӣ, кӯдакон, занон, пиронсолон, ибодаткунандагон, новобаста аз он ки аз кадом тоифаанд, ягон вобастагие ба Ислом надорад.

Вале, ҷойи таъсуф дар он аст, ки тайи солҳои охир гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ҷомеаи тоҷикистониро низ хеле ба ташвиш овардаанд. Ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳи террористӣ аз надоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва динӣ, нодуруст истифода намудани шабакаҳои иттилоотӣ, бахусус интернет, нодида гирифтани самараи истиқлолият, сулҳу субот ва оромӣ дар мамлакат, бепарвоӣ ва бетарафии бархе аз аъзои ҷомеа, алалхусус ҷавонон истифода намуда, дар байни онҳо тарғиботу ташвиқот анҷом дода мехоҳанд, ки мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ созанд. Ба пешгирии чунин ниятҳои нопоки ифротгароён танҳо дар муттаҳидӣ, якдигарфаҳмӣ ва сулҳу салоҳ метавон комёб шуд.

Шавакт Л.-узви фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-05-01 12:36:27    Хонданд: 105    Муфассал...

Вохўрӣ бо истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Зарафшон ва Испечак-1

Вобаста ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Қарори Раиси шаҳри Душанбе ва нақша –чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Қурбонмамадова Қ.Н.-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Олимова Х. – устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Наботов Ш-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино бо омӯзгорон ва истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Зарафшон ва Испечак-1 вохўрӣ доир гардид.

Баромадкунандагон зимни баромади хеш роҷеъ ба дастовардҳои даврони истиқлолият, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ, амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, тарғибу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе ибрози назар намуданд.


Вакти нашр: 2019-05-02 10:43:16    Хонданд: 93    Муфассал...

Вохӯрӣ бо ҷавонон дар доираи ҳифзи арзишҳои миллӣ

Бо иштироки Сайдалӣ Шамсов-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Амонов Хайём-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 бо хонандагон вохӯрӣ доир гардид.

Баромадкунандагон дар масъалаҳои дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, даъват ба илмомӯзиву касбомӯзӣ, истифода аз шароити хуби таҳсил, рафтори бади наврасону ҷавонон дар хиёбонҳои шаҳр ҳангоми гашту гузор сухан карданд. Ҳамзамон қайд намуданд, ки чанд рӯз қабл суханронии ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи мазкур бори дигар моро водор месозад, ки истифода аз шароити мусоиди мактаб ва ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат бештар илмҳои замони муосирро аз худ намуда, дар пешравии кишвари азиз саҳмгузор бошем.


Вакти нашр: 2019-05-02 13:42:38    Хонданд: 47    Муфассал...

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ИНТЕРНЕТ ОМИЛИ БЕҲТАРШАВИИ ВАЗЪИ ЗИНДАГИИ ҶОМЕА

Аҳли сайёра дар асри ХХI ба пешравии бо суръат ба илму техника ва дастраси ба он ноил гардидааст. Яке аз ин пешравиҳо дар ин қарн ихтирои интернет ба ҳисоб меравад. Имрӯз мушоҳида кардан мумкин аст, ки аз интернет тамоми хурду бузурги дунё бо суръати хеле тез истифода бурда истодаанд. Айни ҳол дар рӯзгори мо яке аз сарчашмаҳои муҳими дастрасӣ ба иттилоъ интернет маҳсуб мешавад. Имрӯз мо аз интернету шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун дастовард истифода мекунем. Аммо қайд кардан ба маврид аст, ки интернет аз тарафи наврасону ҷавонон на ҳамавақт оқилона ва бо мақсад истифода бурда мешавад. Ҳар як волидайнро зарур мебояд, ки дар тарбия ва назорат аз болои фарзандон бояд ба хатогӣ роҳ надиҳанд. Шабакаҳои интернети метавонад ба наврасони мо хатари ҷидди расонад, чунки дар ҳолати истифодаи интернет, хондани китоб ва тайёр кардани вазифаҳои дар мактаб аз омӯзгори фанни гирифта шударо фаромуш мекунад. Ба воситаи интернет террористон метавонанд бо шабакаҳои иҷтимоии худ наврасони моро гумроҳ кунанд ва мову Шумо ин неъмати бебаҳои худ ҷигарбанди хешро аз даст медиҳем.

Дар марҳилаи навини таърихӣ рушд ёфтани фаъолияти ташкилоти хатарноки асри XXI–экстремисти ва террористи боиси таассуф ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Қатлу куштори ваҳшиёнае, ки имрӯз дар кишварҳои мусулмонӣ дида мешавад, ҳеҷ як фарди ҷомеаи ҷаҳониро бетараф гузошта наметавонад. Ва ҳамоно мубориза алайҳи он аз мавзӯъҳои пурбаҳс ва доманадор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Таассубовар аст, ки ин гурӯҳҳо аз номи дини мубини ислом баромад намуда, мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ менамоянд ва ҷавонони зиёди дунёро ба доми худ кашида ба ин восита ба номи ин дин доғи нангин мегузоранд. Мо имрӯзҳо шоҳиди он гардида истодаем, ки бархе аз чавонони гумроҳи мо низ, ки аз фарҳангу маданияти дини ислом хуб огоҳ нестанд ба воситаи шабакаҳои интернетӣ ва дигар расонаҳои итилоотию таблиғотӣ ба доми ин гурӯҳҳои экстремистӣ ва терорристӣ афтода, ба худ ва ҷомеа зарар меоваранд.

Масъалае, ки имрӯз тамоми чаҳонро ба ташвиш оварда истодааст ин шомилшавии ҷавонон тавасути шабакаҳои интернети ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мебошад. Боиси таассуф аст, ки алҳол дар давлатҳои чангзадаи Афғонистон, Ироқ ва Сурия дар қатори иғвогарони дигар бархе аз ҷавонони гумроҳи мо низ шарик ҳастанд ва мусаллам аст, ки тавасути шабакаҳои интернетӣ ҷавонони дигарро низ ба доми макри худашон мекашанд.

Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар як падару модар ва аҳли ҷомеа нисбати арзиш ва манофеи миллӣ бетарафӣ зоҳир накарда, қарзи шаҳрвандии худро дар назди Ватан иҷро кунанд. Дар самаранок ва оқилона истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ миёни наврасону ҷавонон ва аҳли ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, ҷавононро аз шомилшавӣ ба ҳаргуна гурӯҳои террористиву экстремистӣ пешгирӣ намоянд. Ба таъбири дигар оқилона ва бо маврид истифода бурдани шабакаҳои интернетӣ дар ғанӣ гардидани буҷети ҳар як хонадон ва боло рафтани иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъсири мусбат мерасонад.

 

Саидҷон ЗУБАЙДУЛЛОЕВ,-узви фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-05-02 15:08:07    Хонданд: 57    Муфассал...

НЕРУИ МУТТАҲИДСОЗАНДАИ МИЛЛАТ

(Дар ҳошияи мақолаи муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Фаттоҳзода Саидмурод Самад таҳти унвони «Ҳизби ормонҳои миллӣ...»)

Гузашти марҳилаҳои гуногуни таърихӣ дар шинохти саҳфаҳои давлатдориву давлатсозӣ собит намудааст, ки низом ё давраҳое дар фурсати хеле ками вақт бозтобӣ ва қобили эътибор мешаванд, ки ҳас­тию тамомияти рисолаташон баҳри хостаҳои миллату ҷомеа равона мегарданд. Мавзўъ ва масъалаҳои зикргардида дар замони мураккаби маҳвсозии ҷаҳони муосир ва хавфу хатарҳои мавҷуда қимати нигаҳдошту ҳифозати арзишҳои миллии моро дар заминаи давлатсозии навинамон ба маротиб афзуда, моҳияти азхуднамоии он оддитарин шаҳрванди бедордилу садоқатпешаро наметавонад бетафовут гузорад.

Дар муқаддимаи матлаби матраҳшаванда ба таври махсус метавон аз мақолаи муҳтарам Фаттоҳзода Саидмурод Самад, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳизби ормонҳои миллӣ...» ёдовар шуд, ки моҳияти таърихии ҳизбсозии миллиро муаллиф бо таваҷҷуҳ ба тафаккури созандаи асосгузораш дар заминаи имрўзу фардои кишвар бо далелу асноди таъйидшуда воқеъбинона таҳлилу натиҷагирӣ намудааст. Аз назари мо, моҳияти аслии мақолаи мазкур, қабл аз ҳама, рўнамоии як давраи таърихии навини миллат ва саҳмгирии намоён аз иҷрои ҳадафҳои барномавии нахустин ҳизби пешоҳанги давлатдории миллиамон - Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Нуктаи дигаре, ки муаллифи матлаб оид ба таърихи таъсисёбии ҳизби пешбарандаи ҷомеа, ки Роҳбари муаззами он дар яке аз суханрониҳои худ баён намудааст, қайд менамояд, ки: «Баъди таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи сиёсии кишвар ва бо дарназардошти назару андешаи табақаҳои мухталифи ҷомеа ба хулосае омадем, ки тарҳи нави ҳизби сиёсиеро омода намоем, ки тавонад ҳизби ормонҳои мардумӣ бошад, дар меҳвари идеяи созандаи худ қишрҳои гуногуни ҷомеа – зиёиёну олимон, ҳунармандон, коргарону кишоварзон ва ҳатто рўҳониёнро муттаҳид созад». Муаллиф дар пайвастагӣ бо давраҳои таърихии начандон дури он илова намудааст, ки «дар ҳамин давраи ҳассоси ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, пас аз интиҳои давлатдории Иттиҳоди Шўравӣ дар ҷомеа мафҳумҳои наве мисли «рўшанфик­рон», «демократия», «ошкорбаёнӣ» арзи вуҷуд кард. Иловатан ба ин, бахши бузурги ҷомеа аз онҳо хуб истиқбол намуд.

Пас аз ин, дар зеҳни бахши азими ҷомеа мафҳумҳои «рўшанфикр», «демократ» ба навъи дигар ҷилвагар шуданд ва ҳамоҳанг бо истилоҳи «ҷангҷўй», «вайронкор», «низоъбарангез» ва мисли ин садо медоданд. Яке аз сабабҳои дар ибтидо ҳамчун Ҳизби Халқии Тоҷикис­тон фаъолияти худро оғоз намудани Ҳизби Халқии Демок­ратии Тоҷикистон ва баъдтар ба хотири пурра ифода намудани ғоя­ҳояш тағйири ном кардани он низ ба воқеия­ти зикргардида, яъне маънии манфӣ гирифтани мафҳуми «демок­ратия» дахл дошт». Дар ҳақиқат, гузашти вақт дарси ибрат барои имрўз ва ҳушдор будан барои оянда аст, афзудааст, дар ин ҷо яке аз маъруфтарин донишмандони олам Мигел де Сервантес»...

Дақиқан, далели воқеияти баёни афкори муаллиф дар масири ҳизбсозии миллиамон, бори дигар итминону боварӣ ва ё интихоби роҳи дурусту хирадсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро собит намуда, иҷрои самарабахши барномаҳои созанда ва нуфузу эътиборашро дар миёни маъруфтарин ҳизбҳои сиёсии пешоҳанги кишвар афзунтару шуҳратёр намуд. Болотар аз ҳама, тафсили бомавриди таҷрибаи муваффақонаи чеҳраҳои наҷотбахшу шахсиятҳои номвари қисме аз миллатҳои гуногуни олам аз ваҷоҳати баёни беҳамтои дигари матлаби мазкур мебошад.

Хушбахтона, аз оғози таъсиcёбӣ то имрўз ҳизби мо дар меҳвари худ манфиат ва ормонҳои мар­думро қарор дода, ҳамеша талош намудааст, ки бо халқ равобити ногусатанӣ дош­та бошад.

Аз ин ҷост, ки муаллиф дар мақолаи худ кўшидааст, пайванди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бо мардум ба таври мушаххас бозгўӣ намояд. Таърих гувоҳ аст, ки ҳизби мо аз оғоз бо мардум буд ва ҳамеша аз манофеи миллию давлатӣ дифоъ кардааст. Яъне, мардумӣ будан мудом рисолати Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аъзову ҷонибдорони он мебошад. Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат дар Маҷлиси имсолаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронии худро бо ин нуктаи мондагор ва инсонмеҳварӣ шурўъ намуданд: «Робитаи қавӣ доштан бо халқ ва ифодакунандаи армонҳои бисёрсолаи мардум будан ҷавҳари асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикис­тонро ташкил дода, садоқат ба он ва дар ин роҳ соҳибиродаву бомасъулият будан асоси муваффақиятҳо ва эътимоди мардум ба он мебошад».

Ҷойи баҳс ва шакку шубҳа нест, ки баробари рўйи кор омадани ин неруи тозаи сиёсӣ, равиши кору низоми сиёсӣ дар Тоҷикистон дигар гардида, ҷанги шаҳрвандӣ ба анҷом расид ва тамоми ниҳоду сохторҳои давлатӣ тадриҷан азнавсозӣ шуда, арзишҳои волои миллии мо дубора эҳё гардиданд. Бо ҷонибдорӣ аз мавқеи муаллиф, дар самти ибтикороту ташаб­бусҳои ҳамешагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таъкиди яке аз паҳлуҳои арзишманди матлаби мазкурро хеле бамавриду муносиб медонем: «Таҷлили 1100-умин солгарди давлатдории Сомониён, Соли тамаддуни Ориёӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, ба тасвиб расонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бунёди роҳҳо, нақбҳо ва иншооти бузурги аср, мисли НБО «Роғун» аз шумори он тадбирҳои муваффақонае мебошанд, ки роҳандозии тарҳи чунин пружаҳои афзалиятнокро бо неруи тавонову заковати худододӣ, танҳо чун шахсияти бузурге мисли Пешвои маҳбуби миллатамон Эмомалӣ Раҳмон ба иҷро расонида метавонад».

Дар маҷмўъ, мавзўъ ва муҳтавои мақолаи муҳтарам Фаттоҳзода С. С. мо - аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизбро вазифадор мегардонад, ки расонидани мазмуну муҳтавои Барнома ва Оинномаи ҳизбро миёни оммаи васеи мардум рисолати дои­мии худ дониста, пешбурди амалисозии чунин масъулияту уҳдадоириҳои мавҷударо бояд аз ин дидгоҳ ба иҷро расонем.

Каримзода Ҳақназар

Изатулло,

сармуҳаррири нашрияи «Мароми пойтахт»


Вакти нашр: 2019-05-02 15:19:29    Хонданд: 68    Муфассал...

КОНФРОНСИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТ

2-юми майи соли 2019 дар доираи таҷлили ҳафтаи илм Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Конфронси илмию назариявии донишҷўёнро бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор намуд, ки дар он раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Раҳмонзода З. Ф., ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳ. Н., ва устодону донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ иштирок намуданд.

Тавре Фақеров Ҳ. дар ифтитоҳи конфронс қайд намуд, ки кори он аз рӯйи 15 бахш сурат гирифта, дар он магистрону донишҷӯён маърӯзаҳои илмӣ мекунанд.

Дар идома раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Раҳмонзода З. Ф. атрофи дастовардҳои илмии устодону донишҷӯёни ин боргоҳи илм ибрози назар карда, ба маърӯзачиён барору комёбиҳо таманно намуд.

Ҳамзамон, мавсуф оид ба ҳадафи чоруми миллӣ, саноатикунонии миллии кишвар баромад намуда, нақши онро дар пешбурди иқтисодиёти мамлакат бо асноду далелҳои мушаххас муфиду назаррас маънидод кард.

Бояд гуфт, ки мутобиқи талаботи Барномаи ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи донишу забондонии онҳо чорабиниву тадбирҳои зиёдеро низ ба иҷро расонидааст, ки дар шумори онҳо ин озмуни «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» мебошад, ки даври аввали он аллакай ҷамъбаст гардид, - илова намуд Раҳмонзода З. Ф.

Ҳамин тариқ, дар заминаи натиҷагирии даври аввали ин озмун, аз тарафи раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Раҳмонзода З. Ф. ва масъулини донишгоҳ ба ғолибони озмуни даври аввали «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» Ифтихорнома ва мукофотпулиҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ супорида шуд.

Илова бар ин, ба ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар татбиқи ғояҳои созанда ва Оинномаю Барномаи ҲХДТ Сипосномаи КИМ ХҲДТ тақдим гардид.


Вакти нашр: 2019-05-02 16:39:44    Хонданд: 106    Муфассал...

Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Ҳунар ва ҳунарварӣ дар мисоли Чакан»

Дар заминаи ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидани либоси чакани тоҷик, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ - назариявӣ таҳти унвони «Ҳунар ва ҳунарварӣ дар мисоли Чакан»-ро доир намуд.

Дар кори он Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода-Муовини Раиси ҲХДТ, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Гавҳар Шарофзода-Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Буттаева Зулфия-котиби масъули Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Давлатзода Зулфия - Муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаюмова Мукаррама - Роҳбари Ассотсиятсияи ҳунармандони Осиёи Миёна, Киромова Мавлуда- Муовини Сардори Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва техноголияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилшод Раҳимӣ - Муовини директори Пажуишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назарзода Ҷамолиддин - Муовини Директори муассисаи давлатии Маркази таълимӣ-методӣ ва маниторинги сифати таълими Вазорати меҳнат, муоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт иштирок намуданд.

Пеш аз оғози конференсия намоиши либоси чакани тоҷик ба маръази тамошобинон гузошта шуд.

Нахуст, Раҳмонзода З.Ф. иштирокчиёнро ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидани Чакан табрику шодбош намуд. Сипас, қайд кард, ки яке аз дастоварди хубе, ки дар соли 2018 насиби миллати тоҷик гашт, ин ҳам бошад, аз ҷониби Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддӣ шомил гардидани “Чакан” мебошад, ки барои тоҷикистониён як дастоварди муҳим ба шумор меравал.

Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода зимни баромади хеш қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд. Дар саҳифаҳои таърихи башар номи ҳар халқу миллат тавассути илму фарҳанг ва санъату ҳунари воломақомаш сароғоз мешавад. Дорои таъриху маданият, санъату адабиёт ва ҳунарҳои қадимаву созанда будани халқи точиқ ба оламиён маълум аст.

Ҳамин тариқ, дар конференсия маърўзаҳо дар мавзӯъҳои «Ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидани Чакан», «Имкониятҳо, мушкилотҳо дар рушду нумуи ҳунари гулдузӣ аз қабили Чакан», «Арзишҳои миллӣ ва рушду нумуи ҳунари гулдўзӣ дар мисоли либоси миллии Чакан», «Таъмин намудани косибон бо ашёи хом, дастгириҳо (дар ҷодаи ришта, рангҳо, матоъ…)», «Дифои анъана, маросим ва урфу одоби чакандўзӣ», «Ҳамкорӣ бо косибони касбӣ, касбомўзӣ, ба талабот ва стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгў будани касб» шунида шуд.

Дар музокира Гавҳар Шарофзода-Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Идиев Хайриддин -Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Одинаева Моҳтоб – Сармутахассиси Раёсати соҳаи иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд.

 


Вакти нашр: 2019-05-03 15:15:40    Хонданд: 118    Муфассал...

ҶАВОНОН ТАКЯГОҲИ МИЛЛАТ!

Ҳангоме, ки доир ба як қишри созанда яъне ҷавонон фикр мекунем, дар пеши назари мо пеш аз ҳама ояндаи дурахшони миллат, фардои дурахшони кишвари соҳибистиқлоламон, Тоҷикистони азиз ҷилва мезанад. Воқеан ҳам нақши ҷавонон дар рушди фаъолияти сохторҳои гуногуни давлат, соҳаи тиб, варзиш, иқтисоду иҷтимоиёт, фарҳангу маориф ва ғайраҳо хеле назаррас аст.

Вале мутаассифона бархе ҷавононе ҳастанд, ки ба қадри ин ҳама ғамхориҳову ҷоннисориҳо намерасанд. Чун дар кӯчаҳои шаҳр, дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ ва дигар ҷое ки набошад амали ноҷои баъзе ҷавонон ба назар мерасад, ки боиси таассуф аст. Пас саволе ба миён меояд, ки оё волидон ба тарбияи фарзанд машғул мешаванд ё не?

Маҳз ба хотири ҳамин 2-юми августи соли 2011, таҳти №762 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид ва мақсади Қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд буда, ба хотири он ҳадаф буд, ки минбаъд падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандонашон диққати ҷиддӣ медиҳанд ва бо ин роҳ ба бисёр пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва корҳои ношоиста хотима мегузоранд.

Аммо он нафароне, ки соли 2011 дувоздаҳ - сездаҳ сол доштанд, дар соли 2019 ба синни бистуяк - бистуду расидаанд. Мувофиқи маълумотҳои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ маълум гардид, ки бархе аз онҳо имрӯзҳо дар давлати Сурия ва дигар кишварҳо ҷиҳод намуда истода бо ин рафтору кирдорашон обрӯ ва нуфузи давлати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ паст мезананд. Ин ҳама аз кам будани сатҳи донишу малакаи онҳо сурат мегирад, ки гурӯҳҳои махсус онҳоро ба доми найрангу фиреби хеш гирифтаанд. Намешуд, ки мисли дигар ҷавони тоҷик, ки дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар мамлакатҳои Амрикову Аврупо ва Осиё, таҳсил намуда соҳиби касбу кор шаванд? Албатта мешавад! Дар ин самт ҳар оила вазифадор аст, ки фарзанди худро пеш аз ҳама тарбия дода, онро барои оянда тайёр кунад. Вале ҳангоме, ки банда шахсан муддате дар мамоликҳои хориҷа, аз ҷумла дар Афғонистон, Қирғизистон ва Ўзбекистон қарор доштам, бисёр мушоҳида намудам, ки то чи андоза қисми бештари наврасон ва ҷавонони ин кишварҳо соҳибмаърифату тарбиятдида ҳастанд. Тамоми вақти хешро ба омӯхтани илм мепардозанд. Агар дар кӯчаҳо сайру гашт кунӣ аз бомаданиятии онҳо ҳаловат мебарӣ. Чигуна шаҳрро тозаву озода нигоҳ медоранд. Аз ҳуқуқи шаҳрдорӣ ҳаматарафа воқиф ҳастанд. Чаро мо ин корро карда наметавонем? Аз дигар давлатҳо чи камӣ дорем? Барои посух ёфтан ба ин саволҳо пеш ҳама ҷавононро мебояд, ки ояндаи худро дарк намуда вақти хешро беҳуда сарф накунанд. Аз дигар мамлакатҳои пешрафта ибрат гиранд.

Хушбахтона, ҳастанд ҷавононе, ки бо ору номусанд, содиқдилу бомаърифатанд ва ба хизмати Ватан - Модар ҳамеша омода ҳастанд. Ин ҳам боз пеш аз ҳама аз тарбияи дурусти падару модар маншаъ мегирад. Агар волидон ҳадди ақал 1 ё 2 соати худро ба тарбияи фарзандаш сарф кунад, ин боиси фахри худаш мешавад. То ҷое ки дар бораи илму дониши ҷавонон ҳарф задем, боз як сухан, ки миёни бархе наврасон маъмул аст, ин «хонда дипломро таги сар кунем» мебошад, ки доимо дар фикрам чарх мезанад. Бояд ёдовар шкд, ки ҳеҷ донишманд новобаста аз миллаташ дар ватан хор намемонад. Имрӯз корхонаву ташкилотҳо талабгори кадрҳои баландихтисос ҳастанд. Пас чаро аксар ҷавонони дипломдор аз ин истифода намебаранд? Чунки аз бесаводиву камтаҷрибагӣ ба душвориҳои зиндагӣ тоб наоварда, роҳи осони дарёфти даромади бедарди миёнро меҷӯянд.

Маҳз бо шарофати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як сол «Соли ҷавонон» эълон гардида буд, ки ин иқдоми бузург барои мо – ҷавонон як рўзу як соли фаромушнашаванда маҳсуб меёфт, то бидонем, ки давлату ҳукумат ба неруву тавони мо боварӣ дорад ва аз ҳар яки мо умедҳои калонро интизор аст. Дар баробари ин ѓамхориҳо мо љавононро мебояд барои имрўзу ояндаи Ватани азизамон доимо талош варзем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда ба наслҳои оянда мерос гузорем.

Шавкат Л.-узви фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-05-03 16:54:15    Хонданд: 50    Муфассал...

ОЗМУН ТАҲТИ УНВОНИ “ЗАБОН ДОНӢ – ҶАҲОН ДОНӢ”

Мутобиқи Низомномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино даври дуюми озмуни “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”-ро барои дарёфти стипендияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе миёни донишҷўёни донишгоҳҳои ҳудуди ноҳияи Сино доир намуд.

Озмун дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ доир гардида, ғолибон бо донистани бештари забонҳои хориҷӣ муайян гардиданд.

Дар фарҷоми озмун аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ба ғолибони даври дуюми озмун Ифтихорнома ва тўҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.


Вакти нашр: 2019-05-06 09:38:48    Хонданд: 68    Муфассал...

ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МЕҲНАТ”

Дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино дар ташкилотии ибтидоии “Меҳнат” хониши сиёсӣ доир гардид. Дар он Сангинзода Э.Н. – Раиси ташкилоти ибтидоии “Меҳнат”, Камолов Т.Ш. – мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва аъзои ҳизб аз ташкилоти ибтидоӣ иштирок намуданд.

Дар соати сиёсӣ вобаста ба амалишавии қонунҳои Ҷумуҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ карда шуд.


Вакти нашр: 2019-05-06 14:17:19    Хонданд: 57    Муфассал...

ҲАМОИШИ ЗАНОНУ ДУХТАРОН ТАҲТИ УНВОНИ “ТАРҒИБИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ”

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ҳамоиши занону духтарон таҳти унвони «Тарғиби либоси миллӣ – омили рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир гардид.

Дар ҳамоиш Зуҳурова З.Ҳ. – мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Мирзоев Н.М., муовини Раис – роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва ҷавондухтарони донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷҳои ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.

Аз ҷониби ҷавондухтарони донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои ноҳия намоиши либосҳои миллӣ доир гардида, ҳунармандони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода барномаи фарҳангӣ-фароғатиро барои иштирокчиён пешниҳод намуданд.


Вакти нашр: 2019-05-06 14:37:21    Хонданд: 89    Муфассал...

БА КАДОМ МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТӢ ЭЪТИМОД БОЯД КАРД

Солҳои охир таҳлили коршиносон ва натиҷаҳои пурсишҳои афкори омма исбот намуданд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба мафкураи одамон таъсири манфии худро расонида истодааст, зеро дар пахши ақидаҳои ифротгароӣ нақши интернет хеле фаъол буда, назорат намудани муҳтавои маводи он душвор гаштааст. Аксарияти ҷавонони гумроҳгашта низ маҳз тавассути ин гуна сомонаҳо ба доми гурўҳҳои ифротӣ афтидаанд.

Роҳи чора чист?

Оё мешавад, ки аз сомонаҳои иҷтимоӣ худро барои ҳамеша дур гирифт?

Чунин суолҳоро пайваста ба худ дода, мегўям, ки роҳи чора ҳаст, аммо аз интернет дур шудан ғайриимкон аст. Бояд ҷавонон қабл аз ҳама ҳушёр бошанду зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ҳамчунин, бештар барои мутолиа намудани иттилооти рўзмарра аз сомонаҳои давлатӣ ба монанди АМИТ «Ховар» истифода намоянд, чунки истифодаи чунин сомонаҳо ба манфиат буда, онҳоро ба сўйи худшиносиву меҳанпарастӣ ҳидоят мекунад. Имрўзҳо мо шоҳиди он ҳастем, ки барои гирифтани маълумотҳои ғаразнок нақши воситаи иттилоотӣ ташвишовар гардидааст, чунки дар сомонаҳои интернетӣ на ҳамеша маълумоти холисона ва аз манбаву сарчашмаҳои муътамад пешниҳод мешавад. Аз ин ҷост, ки чанд соли охир таъсири расонаҳо ва технологияҳои иттилоотӣ ба мафкураи одамон хеле калон гардидааст. Ба андешаи ман баъзе аз сомонаҳои иҷтимоӣ ба монанди akhbor.com ҷуз «шустани мағзҳо» фоидаи дигаре ба ҷомеа дошта наметавонад, зеро маҳз ин гуна сомонаҳо дидгоҳи иддае аз ҷавононро тағйир медиҳад. Боиси таассуф аст, ки қисме аз ҷавонони мо фарҳанги истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоиро наомўхта, соатҳо дар интернет нишаста, маводҳоеро мутолиа мекунанд, ки ҷуз зиён фоидаи дигаре надорад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки ба қадри бузургии вақт расида, сомонаҳои расмиро, аз ҷумла, АМИТ «Ховар» истифода барем, то бароямон ғизои маънавӣ диҳанд.

Иттилоъ дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ба силоҳи муборизаҳо табдил ёфта, он бидуни мақсад пахш намегардад. Ҳоло тавассути технологияҳои иттилоотӣ дар камтарин фурсат дилхоҳ хабар дар олам паҳн мешавад. Мисол, тавассути шабакаи иҷтимоӣ гоҳо иттилоъ меёбем, ки роҳбарони ТТЭ ҲНИ худро сафед карда, гўё аз «адолату ҳақиқат» ҳарф мезананд. Аммо хуб медонем, ки ташкилоти террористии ҲНИ дигар бо номи “ислом” мардумро гумроҳ сохта наметавонанд. Мо навиштаҳои беасоси ин душманони миллатро қотеона маҳкум намуда, бовар дорем, ки дигар ҳеҷ гоҳ мардуми азиятдида, хусусан, ҷавонони меҳнатдўст фирефтаи найрангҳои пайравони ин ташкилоти террористӣ - экстремистӣ нашуда, барои ояндагон симои манфур, дилу нияти бадхоҳонаи онҳоро воқеъбинона, объективона нишон дода, баҳри якпорчагӣ ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистони ба ҷон баробар саъю кўшиш мекунем.

Ҷомеаи ҷаҳон бар он назар аст, ки вақтгузаронии аз ҳад зиёд дар шабакаҳои интернетӣ, бахусус сомонаҳои иҷтимоӣ ба рушди равонӣ ва ҷисмонии одамон зарари бузург расонида, онҳоро аз мутолиаи китоб, омўхтани забонҳои хориҷӣ ва даҳҳои корҳои дигар дур месозад. Тасаввур кунед, аксари ҷавонони мо ба ҷои рўй овардан ба китоб ба шабакаҳои иҷтимоӣ рў овардаанд. Ба андешаи ман шабакаҳои ба мисли Facebook, Instagram, Watchat, Viber, Odnoklassniki, VK аз фоидааш дида, зиёнаш зиёдтар аст. Баъзе равоншиносон ба ин ақидаанд, ки чунин шабакаҳои иҷтимоӣ ба як воситаи муошират табдил ёфта, одамҳоро аз ҳаёти воқеӣ дур кардааст. Мисол ҷавононе, ки дар як рўз тақрибан 15 соат вақти худро дар ин шабакаҳо мегузаронанд, ниҳоят хотира ва қобилияти эҷодиашонро аз даст медиҳанд. Бинобар ин, моро лозим аст, ки ҳамеша бо як реҷаи муайян чунин сомонаҳоро истифода кунем.

Сафарова Ф, Муҳаммадиев Ш,

Маҳмудзода М. аъзоёни фаъоли ҲХДТ

 


Вакти нашр: 2019-05-06 16:07:55    Хонданд: 61    Муфассал...

ИФРОТГАРОӢ-ОМИЛИ ТАШВИШОВАР ДАР ҶОМЕА

Раванди ҷаҳонишавӣ рӯз ба рӯз шиддат мегирад ва фазои ҷаҳони муосирро мураккаб мегардонад. Баҳсу талошҳои идеологӣ низ вусъат ёфта истода, бештар ҷанги иттилоотиро бар бор меоранд. Аз ин рӯ, ҳар як миллату давлат нисбати ҳифзи манфиатҳои миллии худ талош меварзад. Қарни XXI, ки асри пешрафти технология ба шумор меравад,ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар ба технологияи навин майл дорад. Махсусан, паҳншавии иттилоот тавассути шабакаҳои интернетӣ рӯз ба рӯз зиёд мегардад. Ба ибораи дигар мардум аз ин силоҳ (иттилоот), гоҳо бамулоҳиза ва гоҳо бемулоҳиза истифода мебаранд. Аз ин ҳарзагӯиҳо ҳар лаҳза метавонад низоъҳои шадид ба бор орад, ки натиҷааш ба нооромии на танҳо як ё ду кишвар, балки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ба вежа, кишварҳое ҳастанд, ки бо сиёсати духурагии худ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, ва дар ташкили гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ нақши асосӣ дорад. Тибқи манбаъҳо дар сар задни ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон низ кулли давлатњо даст доштаанд ва аъзои ҲНИ -ро маблағгузорӣ мекардаанд. Ин дар ҳолест, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳони кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки террористон ва экстремистонро саркӯб намояд.

Мусаллам аст, ки мавзӯи меҳвариии дини мубини ислом ахлоқи шоиста ва муносиботи хуби байни инсонҳо буда, онҳоро дар рӯҳияи ваҳдату сулҳу суботи комил тарбия менамояд. Мутаассифона, шахсони ноогоҳу бадхоҳ ва хурофотпарасти ҷомеа ин динро ҳамчун васила барои ба ғаразҳои нопоки худ расидан мавриди истифода қарор дода, ҳатто кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз Қуръону ҳадисҳои пайғамбар ва дигар китобҳои динӣ далелҳои иғвоангез оварда, афкори нолоиқу беарзиши худро ба субут расонанд. Таҳлилҳои ҷомеашиносон ва сиёсатшиносон нишон медиҳад, ки ақидаҳои фитнаангези ин тоифаи мутаассиб ба оромиву суботи комили ҷомеаи мо халали ҷиддӣ ворид карда, ҳамчунин ба тадриҷ мафкураи мардумро махлут месозад. Махсусан, аз рӯйи баррасиҳо ва таҳлилҳои равшанфикрони тоҷик дар саддаи охир бармеояд, ки ҳузури ҲНИ, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи Эрон дар арсаи сиёсат ворид гардид, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хавфнок буд ва паёмадҳои нохуб овард. Зеро ин ҳизб дар тӯли фаъолияташ ба сари сокинони кишвар бадбахтиҳо ва мушкилиҳои печ дар печи зиёде овард. Дар ин бора роҳбарони иттиҳодияҳои динии кишвар ва ҳатто имомхатибони масҷидҳои ҷамоаи панҷвақта низ ибрози ақида карда, аз дахолати ҲНИ ба ҳаргуна корҳои нолозим изҳори нигаронӣ кардаанд. Вақт нишон дод, ки фаъолияти ҳизби мазкур муқобили ќонуну қоидаҳои байналмилалӣ буда, бештар террористон ва экстремистонро тарбия менамояд. Барҳамхӯрии ин ҳизб дилбастагӣ ва умедвории мардуми тоҷикро ба зиндагӣ бештар гардонид. Дар воқеъ ифротгароёни динӣ - аслан аз бесаводию бемаърифатӣ ва нашинохтани асли худ ба ин гурӯҳҳо гаравида, барои маблағи ночиз хуни шахсони бегуноҳро мерезанд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, ин гурӯҳҳои даҳшатафкану ифротгаро дар бисёр кишварҳо даст ба амалҳои террористӣ ва қатлу ғорат зада, талош доранд, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ таблиғоти дурӯғину бепояи худро васеъ ба роҳ монда, ба ҳамин васила сафҳояшонро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳгашта афзун гардонанд. Мутаассифона кишварњои маблаѓгузор бо чунин нақшаҳои нопок мусоидат намуда, мехоҳанд ҳаёти орому осудаи ҷомеаро халалдор созад.

Худ қазоват кунед, ки имрӯз бар асари чунин амалҳои нангини гурӯҳои террористию ифротӣ дар бисёр кишварҳо нисбат ба ҷомеаи мусулмонӣ нафрату бадбинӣ пайдо шуда истодаасту ба мусулмонон бо назари шубҳа менигаранд. Дар симои онҳо ифротгарою тундгароро мебинанд. Хушбахтона, солҳои охир теъдоди ҳамватанони мо, ки ба ин гурӯҳҳо майли пайвастан доранд, коҳиш ёфта истодааст. Ин ҳам бошад, натиҷаи сиёсати дурусти пешгирифтаи роҳбариятии олии кишвар ва ба неруи созандаи ҷавонон такя намудани Ҳукумати мамлакат мебошад. Маҳз тавассути ин сиёсати хирадмандона пеши роҳи амалҳои нопоки гурӯҳҳои ҷиноятпеша гирифта мешавад ва амнияти шаҳрвандон таъмин мегардад.

Ба андешаи мо, барои гирифтани пеши роҳи гаравидани наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, пеш аз ҳама, бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ба ҳарзагӯиҳо бовар накунем. Ҷиҳати рафъи мушкилот аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем. Аз ҷумла, тавассути воситаҳои ахбори омма, бавижа барномаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои интернетӣ оид ба оқибатҳои ҳалокатбори пайвастшавӣ ба ин гурӯҳҳо, бо овардани далелҳои мушаххас, матолиби таҳлилӣ нашр ва пахш намоем.

 

Зафари ШАРИФ– узви фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-05-06 16:18:24    Хонданд: 72    Муфассал...

То наояд дигар аз ҳар луқмаи нон бўи хун

Ҷаҳони муосир дар гирдоби сиёсатҳои нопоку пурмоҷаро пурмуаммо ғута мезанад. Давлатҳои манфиатдор аз омилҳои номатлуб-чун терроризму экстремизм барои манфиатҳои хеш ба хубӣ истифода менамоянд. Ҳазорҳо ҷавонони мафкураашон хому ташаккулноёфта имрӯзҳо ба таъсири идеологияи бофтаву бемаънии онҳо дода шуда, ба ҷараёну гурӯҳҳои хафноку зиёновар ҳамроҳ мешаванд. Беш аз 3 ҳазор аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар ин гурӯҳҳо ширкат намуда, беш аз 700 нафарашон ба ҳалокат расиданд. Даҳҳои дигар сарсони мулки бегонаву валангор шудаанд. Чаро миллати мо ки тамаддуну фарҳанги кӯҳану бузург дорад, натавонист аз пайвастан ба омили хафноку даҳшатбор ҷавонони хешро пешгирӣ намояд. Магар тарбияи ҷавонон ҳоло чандон дуруст ба роҳ монда нашудааст. Ва ё магар онҳо пурра бо таълиму тарбия фаро гирифта намешаванд: Дар ин маврид мехоҳам шеъри шоири шодравон Ғоиб Сафарзодаро, ки “Нидои Модар“ ном дорад ва гӯё барои имрӯз эҷод гардидааст, мехоҳам ин ҷо ёдовар шавам.

“Чанде пеш модари америкоӣ фарзандашро, ки лётчик буду ба ҷанги Ветнам мерафт, пеш аз сафар бо дасти худ мекушад. Вақте аз ў сабаб мепурсанд, ҷавоб медиҳад, ман медонистам, ки фарзандам мерафту бар намегашт. бисёр бегуноҳонро мекушт ва худаш ҳам ҳалок мешуд. Акнун осудаам, ки ўро бо дасти худ ба хок месупорам”.

Пайкари болои хок афтодаи фарзандро

Мўканону рўканон,

Мекунад оғўш модар.

Мегузорад cap ба рўи сардгашта синааш,

Зор мегиряд вай аз банди ҷигар.

В-ин суханхҳо мекунад такрор бо чашмони тар:

 

«-Ё Худовандо, чӣ рўзи сахт омад бар сарам?

Қотили фарзанди худ гаштам,

Магар ман модарам?

Ин чӣ пастию чӣ бераҳмӣ, ки аз модар гузашт,

Тири ман фарзандро якбора аз пайкар гузашт?

Ин чӣ рўзи шум, ки модар бехабар афтодааст,

Ташнаи хуни писар афтодааст».

 

Баъд модар муштҳояшро гиреҳ андохта,

Бо рухи хуншору бо мўйи пареш,

Мекунад фарёди гардунрас зи қалби реш-реш;-

 

Оҳ, дунёи ситамгору ситамкаш,

Оҳ, дунёе, ки модар инчунинат кард саркаш,

Модаронро ин қадар аз баҳри чӣ ғам медиҳӣ?

Доғи як ғам тоза ногашта, ғами нав мениҳӣ?

Аз чӣ фарзандони онҳоро ба ҳам ангехта,

Хуни ноҳақ рехта,

Зиндагиро мекунӣ бо бўи хун омехта?

Ии ҷиноят нест оё?!

Ин разолат нест оё?!

Ин қабоҳат нест, эй дунёи дун?!

Баҳри мол андўхтан сармоядорон ин қадар,

Хуни кас аз нокасӣ резонда дар мулки дигар.

Рангу бўи зиндагиро аз диёраш мебаранд,

Бахти ўро ошкоро аз канораш мебаранд.

Дида ин рўзи сиёҳу ҷўйи хун,

Аз чӣ иарво нестат, дунёи дун?

Модарон, эй модарони дардманд,

Ин чӣ хомушӣ?

Кашед аз сина фарёде баланд!

Гар ки дунё нест бе мо,

Ин чӣ бедодист бар мо?

Гар тавоноем, баҳри чӣ тавоно нестем?

Ҷони дунёем, аз чӣ шоҳи дунё нестем?

То наояд дигар аз ҳар луқмаи нон бўи хун,

Нагзарад дигар зи рўи сабзаи тар ҷўйи хун,

Ханда бошад, ҳусн бошад, ишқ бошад дар ҷаҳон.

Зиндагию оламу одам бимонад дар амон,

Бас хамўшӣ, бас!

Кашед аз хашм фарёде баланд,

Модарон, эй модарон,

Эй модарони дардманд!

Ин нидои модари амрикоист. Воқеан модар намехоҳад фарзандаш сабабгори бадбахтии чандин оилаҳо ва ҷотили чандин нафарон бошад. Ҷавонмардии ин модар, қурбонии ӯ баҳри ҳифзи амнияти мардуми мулки дигар интиҳо надорад. Кош ҳама модарони дунё чунин нидо сар медоданд, то ҷаҳон осудаву ором ва хуни ноҳақрезӣ хотима меёфт. Имрӯз ҷаҳони муосир пеш аз ҳама аз волидайн ҳушёрии сиёсиро мехоҳад. Зеро фарзандони онҳо имрӯз бо ҷаҳон гуфтугӯ доранд. Фазои иттилооти пур аз хабару маълумотҳои даркору нодаркор аст. Ин фазоро худи мо бояд ба даст гирем фарзандонро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ тарбия намоем, то ки Ватани мо, мардуми мо, амнияти бисёр гаронбаҳои мо аз ҳама ин ҷараёну равандҳои зарарнонку хафнок эмин бимонад.

Фариза Ҳотамова-аъзои фаъоли ҲХДТ

 

 


Вакти нашр: 2019-05-07 15:07:48    Хонданд: 53    Муфассал...

Ҷамъбасти даври дуюми озмуни беҳтарин донандаи забонҳои хориҷӣ таҳти унвони “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ”

Мутобиқи Низомномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур даври дуюми озмуни “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”-ро барои дарёфти стипендияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе миёни донишҷўёни донишгоҳҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур доир намуд.

Дар ин миён аз 52 нафар ғолибони даври якум 6 – нафар беҳтарин донандагони забонҳои хориҷии англисӣ, арабӣ, чинӣ ва русӣ ғолиб дониста шуда, ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд.


Вакти нашр: 2019-05-07 15:52:33    Хонданд: 61    Муфассал...

ШУКР СӮЙИ ШАҲРИ САОДАТ БАРАД

Ба ҳамаи неъматҳои бузурги офаридаю бахшидаи Худованди бузург, ба ҳамаи муъҷизаҳои ҳаётбахши инсон, ба табиати зебою фараҳбахш, ба обҳои тозаю равону ширини ҳаловатбахш, ба диёри ҳамешасабзу хуррам ва илҳомбахши ба фарҳанги инсонгароию ваҳдатгароии аҳли ҷомеаи кишвар, ба Сарвару Пешвои созандаю бунёдкор ва ниҳоят ғамхор шукргузору сипосгузор будан яке аз рукнҳои муҳимтарини садоқати бепоёндоштан нисбат ба диёру Ватан аст.

Шукргузорӣ на он аст, ки шукр гуфта, бекору бетарафу беандешаю бепарво будан, балки шукргузорӣ он аст, ки баҳри боз ҳам бештару хубтар гардидани ҳамаи он неъматҳои бахшидашуда саҳмгузорӣ намудан аст. Аз ҷумла шукргузории мо – омӯзгорон бояд аз он иборат бошад, ки баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия саъйю кӯшишҳои зиёде намуда, дар омода намудани коршиносони баландихтиссос, созандаю бунёдкор, поквиҷдон, забондону бофарҳанг, адолатпешаю инсондӯст ва ба ҳар кас дилсӯзу ғамхор саҳмгузор бошем. Пешравию комёбӣ ва оромию хушҳолии кишвари азизамон ба таълиму тарбияи сидқию самимии мо вобаста аст. Таълиму тарбияи костаи мо метавонад сабабгори ба миён омадани ҷавонони ноустувор, беирода ва дар ин ҷаҳони пуртазод раҳгумзада гардад.


Аз ошӯби ҳарбии моҳи сентябри соли 2015 чунин бармеояд, ки ифротгароён исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, сафи муътақидони хешро аз ҳисоби ҷавонони раҳгумзада, ки аз ғояҳои аслии ислом ғофил буданд, афзуда, онҳоро ба амалҳои ифротӣ ҳидоят намудаанд. Ин гурӯҳ бесарусомониҳо ва қатлу ғоратро дар саросари кишвар ба вуҷуд оварданд. Ҷавонон бояд донанд, ки амалҳои хунхоронаи ифротгароён, ҷаҳолату бераҳмиҳои чунин ҳаракатҳо аз қабили «Ҳамос», «Ал-фаҷр», «Ҳаракат-ул-ансор», «Артиши имон», «Ҳизбуллоҳ», «Бародарони мусалмон», (Ихвон-ул- муслимин), «Ҷомеаи исломӣ», «Танзим давлат-ул-иршод», «Ал- қоида», «Толибон», «Ҳизбуттаҳрир», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон» ва «Давлати исломӣ», ки зери парчами ислом амал мекунанд, хиёнат бар ислом аст. Зеро ғояи пурқимати ислом чунин аст: «Ягон мусулмон ҳақ надорад, нисбати дигарон, зулму ситам намояд». Имрўз аз он ифтихорманду шукргузорем, ки давлати соҳибистиқлол дорем ва дорои Конститутсияи худ њастем, ки имрўз ҳуқуқу озодиҳои моро ҳимоя менамоянд. Дар ин раванд моро мебояд барои ободониву оромӣ ва гулгулшукуфоии ин сарзамин талошњои пайгирона намоем.

М.Раҳмонов – узви фаъоли ҲХДТ

 


Вакти нашр: 2019-05-07 16:19:28    Хонданд: 50    Муфассал...

Дастгирии иштирокчиёни ҶБВ

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино бахшида ба 74-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки Абдураҳимова Дилбар Ҳабибуллоевна - муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Файзуллозода Зарина-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ба иштирокчиёни ҶБВ кумакҳои моддию молиявӣ ва маводи озуқаворӣ расонида шуд.

Абдураҳимова Дилбар Ҳабибуллоевна иштирокчиён ва собиқадорони ҷанги меҳнатро бо иди Ғалаба табрику таҳният гуфта, ба онҳо сиҳатмандию рўзгори хуш таманно намуд. Дар ин миён иштирокчиён ҷиҳати дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ минатдорӣ намуданд.


Вакти нашр: 2019-05-07 16:29:25    Хонданд: 52    Муфассал...

Аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба 74-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки Раҳмонзода Зоир Файзалӣ-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Расулзода Насимҷон-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба иштирокчиёни ҶБВ кумакҳои моддию молиявӣ ва маводи озуқаворӣ расонида шуд.

Раҳмонзода Зоир Файзалӣ-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе иштирокчиён ва собиқадорони ҷанги меҳнатро бо иди Зафар табрику таҳният гуфта, ба онҳо сиҳатмандию рўзгори хуш таманно намуд.

Дар навбати худ иштирокчиёни ҶБВ ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дастгириву ғамхориҳо нисбат ба иштирокчиёни ҶБВ, ятимону бепарасторон ва ободиву бунёдкориҳо изҳори хушнудӣ карда, миннатдорӣ намуданд.


Вакти нашр: 2019-05-07 16:39:46    Хонданд: 87    Муфассал...

МАҲФИЛ-ОЗМУНИ “МЕВАҲОИ ИСТИҚЛОЛ” ДОИР ГАРДИД

Мутобиқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур маҳфил-озмуни “Меваҳои истиқлол” миёни донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар хобгоҳи №3 доир гардид.

Маҳфил аз рӯйи панҷ наминатсия доир гардида, иштирокчиён бо маҳорати баланд иштирок намуда, донишҷӯёни навқалам ва соҳибзавқ низ аз ашъори худ шеърҳо қироат намуданд.

Ҳадафи баргузории озмун дар руҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ, бедор ва баланд бардоштани завқи эҷодкорӣ, китобдӯстию китобхонӣ, ҳидояти онҳо дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ маҳсуб мегардад.

Дар интиҳо ба ҳамаи иштирокчиён китобҳои арзишманд аз осори гузаштагони классик ҳадя карда шуд.


Вакти нашр: 2019-05-08 14:21:52    Хонданд: 48    Муфассал...

МАНФИАТҲОИ ҲХДТ-МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Бо иштироки масъулини Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол” дар мавзӯи Одобномаи корманди ҳизбӣ соати сиёсӣ доир гардид.

Зулфия Алиева-муовини раиси КИИ “Истиқлол” дар мавриди нақшу саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, махсусан Раиси муаззами он, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба дастории сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдату якдилӣ, рушду пешрафти тамоми самтҳои муҳиму афзалиятнок ибрози назар намуда, қайд намуд, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани обруву нуфузи ҲХДТ, бояд ҳар аъзои ҳизб саъйю кӯшиши бештар ба харҷ диҳад.

Сафарзода Зуҳро-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ зимни баромади хеш қайд намуд, ки “Одобномаи корманди ҳизбӣ” ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва масъулияти узви ҳизб таҳия гардида, ҳар аъзои ҳизбро барои иҷрои муқаррароти он даъват мекунад. Аъзои ҳизб ҳам дар одобу рафтор, муносибату муошират, сатҳи касбият, эҳсоси баланди ватандӯстию худшиносии миллӣ бояд аз дигарон бартарӣ дошта, намунаи ибрати ҳамагон бошад.

 


Вакти нашр: 2019-05-08 14:39:14    Хонданд: 61    Муфассал...

Чорабинӣ бахшида ба Рўзи Ғалаба

Бахшида ба 74-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Хонаи меҳр" чорабинии идонаи фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар он Қурбонмамадова Қ.Н-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Давлатзода Зулфия-муовини Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зарипова М.М.-директори Муассисаи давлатии «Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахўрон ва маъюбони шаҳри Душанбе», Ҷурахонзода Ҷ.-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Низорамоҳ Зарипова - собиқадори меҳнат, намояндаи шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе, намояндаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳия, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, суханронӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар чорабинии мазкур донишҷўёни Донишгоҳи давлатии омўзгорӣ ба номи С. Айнӣ, хонандагони болаёқати лицейи №1-и шаҳри Душанбе дар васфи Ватан шеърҳоро қироат намуданд.

Ҳамин тавр, дар фарҷом ҳунармандони Театри давлатии академии опера-балети ба номи С. Айнӣ ва дастаи "Шараф"-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сурудҳои дилнишини худ ба чорабинӣ ҳусни идона зам намуданд.

 


Вакти нашр: 2019-05-08 14:50:10    Хонданд: 60    Муфассал...

КИТОБ ВА НАҚШИ ОН ДАР ИЛМОМӮЗИИ ҶАВОНОН

КИТОБ ҷавҳари илм, сипари матонати афкор ва сарчашмаи комёбиҳои маънавии башарият аст. Илмомӯзӣ аз мутолиаи китоб сарчашма гирифта, то ба ихтирооту кашфиёт меанҷомад. Китоб аз замони ба миён омаданаш ҳамчун манбаъ ва воситаи нигоҳдорандаи ғоя ва донишҳо мебошад. Дар раванди аз бар кардани илме шахс марому мақоми худро дар ҷомеа эҳсос намуда, роҳи амалӣ кардани ормонҳои созандаи худро метавонад пайдо намояд ва зиндагии шоистаро баҳри худ ва атрофиён муҳайё созад.

Давлати мо чун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва соҳибистиқлол аст, ба ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ ба таҳсил, омӯхтани илмҳои динию дунявӣ, технология ва ихтироотро кафолат додааст. Шароит барои илм омӯхтан дар ҷомеаи имрӯзае, ки умр ба сар мебарем хеле фароху амну амон аст. Бинобар ин, мо-ҷавонон аз дастовардҳое, ки Офаридгор бароямон арзонӣ доштааст, бояд самаранок истифода барем. Хусусан, шароити озодона дар ҳаёти фарҳангию ҷамъиятӣ, эҷодию бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзиданро нодида нагирему пайи омӯхтани илм қадамҳои устувор гузорем. Чуноне ки пайғамбар Муҳаммад (с) мефармоянд: «Ҳар ки ду қадам дар роҳи таҳсили илм бардорад ва ду соат дар ҳузури олим бинишинад ва ду калима аз ӯ бишнавад, Худояш ду биҳишт ато кунад ҳар як ду баробари дунё». Хуш ба ҳоли он бародароне, ки аз пайи омӯхтани илм ба мамолики гуногуни дунё сафар мекунанд. Хушбахтии мо ҷавонони саодатманди ин диёр дар самти илмомӯзӣ ин аст, ки бо шарофати истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистони азиз ва талошу заҳматҳои бепоёни сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду пешрафти соҳаи илм дар малакат имкониятҳо ба миён овардааст. Маҳз имконоти фароҳамкардаи Сарвари давлати тоҷикон аст, ки бисёре аз ҷавонони тоҷик дар мамлакатҳои хориҷа ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ва дигар иқдоми хеле наҷиби сарвари давлат, ин ба миён овардани системаи ягонаи дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо, яъне таъсиси Маркази миллии тестӣ мебошад. Ҳамчунин, Сарвари давлат дар ҳар як баромадҳояш, ҷавононро ба илмомӯзӣ даъват менамоянд. «Хонед, илм омӯзед, касбу ҳунарҳоро аз худ намоед ва забондон бошед, зеро ояндаи ин миллату давлат дар дасти шумо ҷавонон аст…»

Ҳамчунин, зикран ба маврид аст, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 пешниҳод намуданд: «Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад». Инчунин дар идомаи суханронии хеш иброз доштанд, ки наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Дар замони муосир тарақиёти илму техника бо суръат пеш меравад. Дар ин замина омӯхтани илм албатта, ки судманд аст. Ин нуктаро тамоми бузургони ҷаҳон таъкид доштаанд. Аз нигоҳи динию дунявӣ низ илмомӯзӣ барои инсонҳо зарурият дорад. Агар ба масъалаи илмомӯзӣ аз нигоҳи шаръӣ таваҷҷуҳ намоем, ислом илм омӯхтанро ҳам ба зан ва ҳам ба марди мусулмон фарз гардонидааст. Шахсе, ки дар зиндагӣ дорои тамоми имконият мебошад, аммо барои илм омӯхтан кӯшиш ба харҷ намедињад ба одами нобино шабоҳат дорад. Яъне шахс агар кӯшиш накунаду мустақилона аз пайи омӯхтани илм камари ҳиммат набандад, ин кохҳои илму маърифат китобу китобхонаҳо, мактабу донишгоҳҳо барояш нафъи маънавие намедиҳанд. Шахсе, ки талош баҳри зиндагии шоистаро дорад, бояд ҳатман рӯ орад ба китоб, илму адаб ва касбу ҳунар омӯзад. Имрӯзҳо мо бо чашми сар мебинем, ки шахси ҳунарманд ва ё донишманд ҳар ҷое, ки бошад хор намешавад ва дар байни ҳамагон эҳтироми хосае доранд. Ин аст, ки ҳунарманд ҳар куҷо бошад садр нишин аст.

Имрӯз шароит баҳри чавонон муҳаё аст ба мисли: бунёди таълимгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизотҳо, китобхонаҳои муосир, нашри китобҳо ва ғайра. Аммо кам аст сафи ҷавонони илмомӯз, чаро?... Сабаб шояд дар вазифадор накардани омӯзгор ва бе назоратии волидайн бошад ва ё ба миён омадани интернет – технология (телефонҳои мобилӣ, саҳифаҳои гуногуни иҷтимоӣ, бозиҳои гуногуни компютерӣ) ва ғайра. Аммо қайд кардан ба маврид аст, ки омили самаранокии омӯзиш мустақилона омӯхтан ва амал намудан мебошад, вале аксар вақт назорат низ дар раванди аз худ намудани донишҳо нақши муҳим мебозад.

Чуноне, ки аз таърих медонем гузаштагони мо дар чӣ вазъиятҳои душворе илм меомӯхтаанду касберо аз худ мекарданд ва ҳеҷгоҳ ба мисли мо чунин имконият ва аз ҳама асосаш дар баъзе аз давраҳои таърихӣ онҳо озодии суханро надоштанд. Дар чунин шароите, ки давлату ҳукумат барои мо ҷавонон муҳайё намудааст, наомӯзему илму пешаеро аз худ накунем, куфри неъматҳо мегардад.

Чуноне Иқболи Лоҳурӣ мефармоянд:

Шукри неъмат неъматат афзун кунад,

Куфри неъмат аз кафат берун кунад.

Замонае фаро расидааст, ки доир ба ҳар як риштаи илм китобхонаҳо дар алоҳидагӣ бунёд гардидаанд ва роҷеъ ба ҳар як масъала ва саволҳо китобҳо ба нашр мерасанду метавонем талаботи худро қонеъ гардонем. Бинобар ин, махсусан мо ҷавононро зарур аст бештар омӯзему амал намоем ва роҳи китобхона ва интихоби адабиётро дониста бошем. Чуноне, ки моро сӯйи андешаи неку олами руҳи ва ғоявию ахлоқӣ ҳидоят месозад ин мутолиаи китоб аст. Аз рӯйи натиҷаи татқиқоти сотсиологӣ дар байни хонандагон дар мавзӯъи «Мутолиа дар хона хуб аст ё дар китобхона», шумораи зиёди хонандагон иброз доштанд, ки макони самарбахшии мутолиа ин китобхона мебошад. Хонандаи азиз! илм босуръат пеш меравад ва вақт аз он ҳам зудтар, пас ту бояд бештар мутолиа намоӣ то соҳибкамолу соҳибкалом гардӣ.

Надиров Сайзароб, -узви фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-05-08 16:06:58    Хонданд: 88    Муфассал...

Кумак ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Шоҳмансур бахшида ба 74-умин солгарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо иштироки Раҳмонзода Зоир Файзалӣ-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе,  Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Шоҳмансур  ба иштирокчиёни ҶБВ  кумакҳои моддию молиявӣ  ва маводи озуқаворӣ расонида шуд.

      Раҳмонзода Зоир Файзалӣ-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе иштирокчиён ва собиқадорони ҷанги меҳнатро бо иди  Рўзи Ғалаба табрику  шодбош гуфта,  ба онҳо сиҳатмандию рўзгори хуш таманно намуд.

        Иштирокчиёни ҶБВ  дар навбати худ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати дастгириву ғамхориҳо нисбат ба иштирокчиёни ҶБВ, ятимону бепарасторон ва ободиву бунёдкориҳо изҳори хушнудӣ карда, миннатдорӣ намуданд.


Вакти нашр: 2019-05-08 17:45:48    Хонданд: 78    Муфассал...

Ислом барои террористӣ баҳона аст

Имрӯзҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ баъзан суханони нодурусти баъзе нафаронро мушоҳида намудан мумкин аст, ки бо суханони иғвоангез ва таҳқиркунанда мехоҳанд ба ҳар гуна восита ба вазъи муносибатҳои шаҳрвандӣ нисбати сиёсати давлат халал расонанд. 
Мутаассифона, нафароне низ вуҷуд доранд, ки барои манфиати хеш шуда, мехоҳанд Ватани худро бифурӯшанд, ки онҳо ҳамчун хоини миллат эътирофшуда мебошанд. Амали чунин нафарон метавонад бисёр харобӣ ва умуман боиси сар задани ҷангу хунрезиҳои зиёд шавад. 
Аксарияти ин нафарон дар зери ниқоби Ислом, бо гирифтани манфиатҳо аз хориҷи кишвар мехоҳанд, дар давлати  осоиштаи мо ҷангу хунрезӣ эҷод намоянд. Мисоли ин гуфтаҳо ТЭТ ҲНИ мебошад, ки солҳои зиёд фаъолияти зиддитоҷикӣ бурда мехост ба сари миллати тоҷик фарҳангу оини бегонаро бор кунад. 

 Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, терроризм ва экстремизм миллат, дин ва нажод надорад. Яъне, аз ин суханони Пешвои миллат ба хулосае омадан мумкин аст, ки нафароне, ки даст ба ин гуна ҷиноятҳо задаанд новобаста аз табақаи ҷамъиятиашон дар назди қонун ҷавобгар буда, ягон василаи дин мазҳаб ва нажод ба онҳо баҳона шуда наметавонад. Ҳар як фарди бо ору номус бояд дар рафъи омилҳои террористӣ ва экстремистӣ саҳми худро то андозае  гузорад.  Давлати азизи мо, ки бо як саодатмандӣ рӯ ба тараққӣ овардааст ва мо шаҳрвандони ин мамлакат бояд бо як самимияти хоса дар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ


Вакти нашр: 2019-05-10 14:01:47    Хонданд: 67    Муфассал...

ОҚИБАТИ БЕГОНАПАРАСТӢ НЕСТИСТ!

      Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозиву давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазњари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. 

 

       Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ғановати бузурги иҷтимоию сиёсиест, ки бо заҳмату талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ваҳдати миллӣ тавонист барои пешрафти ҷамъият ва давлати азизи мо шароити хуби мусоид фароҳам намуда, тамоми рукнҳои фаъолияти онҳоро рушд ва инкишоф диҳад. Дар ин замина давлати мо дар заминаҳои ҷаҳонишавӣ қарор дорад. 

 

     Дар раванди ҷаҳонишавии рушди фаъолияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои гуногун пеш меоянд, ки онҳо метавонанд ҷомеаи имрӯзаро ба ташвиш андозанд. Ба ин мушкилот дар аксарияти ҳол масъалаҳои ворид шудани баъзе фикру ақидаҳои сохтаи ифротангез


Вакти нашр: 2019-05-10 14:59:31    Хонданд: 54    Муфассал...

Оила асоси пойдории давлат ва ҷамъият аст

Вобаста ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Қарори Раиси шаҳри Душанбе ва нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Душанбе, Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Сино бахшида ба Рўзи оила бо  устодони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода   вохўрӣ доир намуд.

       Дар он Юнусова Р., - мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино   ва Олимова Х. – устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода  иштирок ва суханронӣ намуданд.

          Баромадкунандагон зимни баромади хеш   роҷеъ ба  дастовардҳои даврони истиқлолият,  фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ, амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, тарғибу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ, пошхурии оилаҳои ҷавон, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе ибрози назар намуданд.

      Дар фарҷом миёни баромадкунандагон ва устодон мубодилаи афкор сурат гирифт.

 


Вакти нашр: 2019-05-10 15:07:51    Хонданд: 63    Муфассал...

ДАР ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБ БЕТАРАФӢ НАШОЯД

 

    Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Коррезлоиҳа” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ дар мавзӯи «Терроризм ва экстремизм» соати сиёсӣ доир гардид.
     Дар он таъкид гардид, ки ин омилҳои номатлуби аср ҷомеаи ҷаҳониро ба изтироб оварда, ҳар рӯз ҷони чандин одамони бегуноҳ бар асари ин амалҳои ваҳшиёна аз миён меравад, чандин иншооту биноҳо хароб мегарданд.Чандин ҷавонони гумроҳ ба ин гуна гурӯҳҳо ҳамроҳ гардида, дар чунин амалҳои ваҳшиёна иштирок мекунанд. Зикр гардид, ки имрӯзҳо ҷавонони ноогоҳи тоҷик бештар ба љанги саркардаҳои ин гурӯҳҳо тариқи муҳоҷирати меҳнатӣ бо баҳонаи дарёфти кори сермузд афтода, сарнавишти талху фоҷиабореро аз сар гузаронданд. Роҷеъ ба вазъи ноороми ҷаҳон, сиёсатҳои нопоку ғаразнок, ҳифзи манфиатҳои миллӣ аз даст надодани бедорию зиракии сиёсӣ низ ибрози назар шуд
     Дар фар
ҷом ба 6 нафар ҷавони ба тозагӣ ба сафи ҳизб шомилгардида, шаҳодатномаи ҳизбӣ супурда шуд.  

  


Вакти нашр: 2019-05-10 15:27:25    Хонданд: 74    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ДАСТОНИ ГӮЁ”

Дар ташкилоти ибтидоии “Дастони гӯё” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ дар мавзӯи фаъолияти пурсамари ҲХДТ ва Одобномаи корманди ҳизбӣ соати сиёсӣ доир гардид.
Убайдулло Қурбонов, муовини раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ роҷеъ ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ҳарф зада, нақшу саҳми ҲХДТ-ро дар ин корҳои созандагиву бунёдкорӣ баён дошт. Мавсуф таъкид намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаву созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон на танҳо аз вартаи ҳалокат ва бӯҳронҳои азим баромад, балки ба дастовардҳои беназир ноил гардид.
Ҳамзамон зикр гардид, ки аъзои ин ҳизби бонуфуз будан ифтихору шараф ва масъулияти бузург аст. Аз ин рӯ, риояи одобномаи корманди ҳизбӣ, ки муносибату муоширати намунавӣ, сатҳи баланди касбият ва масъулиятро талаб мекунад, аз ҷониби ҳизбиён ҳатмӣ ва зарур аст.
Дар фарҷом ба шахсоне, ки барои шомил шудан ба сафи ҳизб ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супурда шуд.
 


Вакти нашр: 2019-05-10 15:32:59    Хонданд: 120    Муфассал...

ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "СУЛҲ”

 

Мутобиқи  дастуру супоришҳои протоколии Маҷлиси назоратии назди Раиси  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе   бо иштироки масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар ташкилоти ибтидоии "Сулҳ  хониши сиёсӣ  доир гардид.

 

      Дар  он   вобаста ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ободиву созандагии шаҳри Душанбе, амалишавии қонунҳои Ҷумуҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон , сазовор ҷашн гирифтани 30-солаги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ экстремистӣ  суханронӣ карда шуд.

  


Вакти нашр: 2019-05-10 15:38:34    Хонданд: 58    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "САФЕДОРАК”

 

Мутобиқи дастуру супоришҳои протоколии Маҷлиси назоратии назди Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Сино дар ташкилоти ибтидоии “Сафедораксоати сиёсӣ доир гардид.

 

          Дар он  вобаста ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ободиву созандагии шаҳри Душанбе, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовор ҷашн гирифтани 30-солаги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронї карда шуд.

  


Вакти нашр: 2019-05-13 13:08:36    Хонданд: 63    Муфассал...

ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ РИСОЛАТИ ҲАР СОҲИБВАТАН

 

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 17-и ноҳияи Фирдавсӣ тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сайфулло Сафаров, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, профессор, номзади илмҳои фалсафа ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо хонандагон вохўрӣ доир карда шуд.

 

       Сайфулло Сафаров  роҷеъ ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, ташвиқи арзишҳои аслии миллӣ, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ, таҳлили вазъи сиёсӣ, шароитҳои хуби таҳсил, мактабҳои замонавӣ, ободии роҳҳо ва ғайра ибрози назар намуда, таъкид кард, ки аз насли ҳозира танҳо омӯхтани илму дониш талаб карда мешавад. Зеро оянда Ватан бояд дар дасти ворисони сазовору арзанда ба мерос монад. Ғамхорию таваҷҷуҳи хосаи давлату Ҳукумати мамлакат ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба ин хотир ба насли наврасу ҷавон аст

  


Вакти нашр: 2019-05-13 13:13:50    Хонданд: 54    Муфассал...

Ҷавонон сипари боэътимоди Ватан

Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас мегузоранд. Дар баробари ин, ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои Тоҷикистон зарур мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд. 

Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ  мавқеи  ҷавонон  хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, неруи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ


Вакти нашр: 2019-05-13 14:10:20    Хонданд: 74    Муфассал...

АФЗОИШИ ШУМОРАИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

 

       Бо иштироки Убайдулло Қурбонов, муовини Раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар ҶДММ “Саразм-2015    маљлиси ҳизбӣ доир гардид.

 

       Убайдулло Қурбонов зимни баромади хеш таъкид кард, ки тӯли қариб  25 сол  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонист сиёсат ва барномаи созандаву бунёдкоронаи хешро татбиқ намояд. Аъзои ин ҳизби бонуфузу созандаи кишвар будан масъулияти бузург аст.   Ҳамзамон, дар бораи заҳмату ҷоннисориҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри осудагиву оромӣ, ваҳдату якдилӣ, рушду пешрафти мамлакат ибрози назар намуд

 

        Сипас, ба  кормандоне,  ки дар асоси аризаи шахсиашон иродаи сиёсиашонро муайян намуда, ба узви ҲХДТ пайвастаанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Номи ташкилоти ибтидоӣ бо тарафдории аъзоёни ҳизб  “Саразм”  номгузорӣ  гардида, раиси ташкилоти ибтидоӣ Қурбонов Музаффар ва муовини раис Раҷабов Диловар интихоб гардиданд.

  


Вакти нашр: 2019-05-13 16:28:21    Хонданд: 77    Муфассал...

Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ҷавонони соҳибкасб - сутуни давлат»

 

       Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  бахшида ба таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар толори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ - назариявӣ  таҳти унвони  «Ҷавонони соҳибкасб сутуни - давлат» доир гардид.

 

      Дар кори он Абдураҳимова Дилбар Ҳабибуллоевна-муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Расулзода Насимҷон-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Азизов Азизхўҷа-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Шамсов Сайдалӣ-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ҳамидов  Садриддин-муовини сардори Раёсати бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, сардори шуъбаи рушди захираҳои меҳнати   Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Султонзода Дилором-намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонов Ҷасур-мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, донишҷўёни донишгоҳу донишкадаҳо ва кормандони сохторҳои ҳизбӣ иштирок  намуданд.

 

       Нахуст, Шамсов Сайдалӣ ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, мақсаду мароми чорабинии мазкурро ба ҳозирин шарҳ дод.

 

       Сипас, Абдураҳимова Дилбар Ҳабибуллоевна  бо сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон табрику шодбош намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ қайд намуданд, ки ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад. Мо барои ҳар шахсе, ки мехоҳад касбу ҳунар, нияту нақша ва қобилияту истеъдоди худро амалӣ гардонад, яъне ҷиҳати худтатбиқкунии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам меорем.

 

 

 

         Ҳамин тариқ, дар конференсия маърўзаҳо дар мавзӯъҳои «Нақши марказҳои касбомўзӣ дар тарбияи мутахассисони ҷавон», «Дастовардҳои илмии ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон», «Интихоби касби муосир дар бозори меҳнат»    шунида шуд.

 

       Дар музокира Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Дўстзода Афзалшоҳ-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  ва дигарон фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд.

  


Вакти нашр: 2019-05-14 12:54:19    Хонданд: 98    Муфассал...

САЙРУГАШТЕ ДАР “ФАБРИКАИ ҶАВОБ”

Вокуниш: Вазъияти ҳузнангез ва ногуворе, ки ҳамчун ҷанги шаҳрвандӣ ба сари мардуми мо омад, тавонист ҳисороти зиёдеро оварда,  ҷони чандин ҳазор мардуми бегуноҳро барад.

Сабаби ин воқеаҳои нангин аз дасти шумо барин разилон ва хиёнаткорони миллати тоҷик, ки барои манфиати шахсии худ мехоҳед тамоми мардумро фурухтани мешавед, ба вуқъ омадаанд.

Умуман хушбахтии мардуми тоҷикони тамоми ҷаҳон дар он аст, ки Худованди карим барои мо чунин марди абарқудрат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро насиб кард.   Ин марди хирад давлати тоҷиконро аз нестшавӣ раҳо намуда онро то инҷониб ба самти


Вакти нашр: 2019-05-15 08:35:57    Хонданд: 104    Муфассал...

ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБИ БА ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТГАРОӢ ШОМИЛ ШУДАНИ ҶАВОНОН

Даҳсолаи охир тамоми ҷаҳонро ҳаракатҳои ифротгароӣ фаро гирифтааст ва хело ғамангез аст, ки онҳо дар зери парчами дини ислом амалҳои номатлуби худро пешандозӣ менамоянд. Асосан ба ин гурўҳҳо ҷавонон шомил мешаванд, ки сабабҳои ба ин ҳаракатҳои номатлуб ворид шудани онҳо ташвишовар мебошад.

Ҳар сол дар гӯшаву канори сайёра дар давлатҳои тамоми қитъаҳои олам гурўҳҳои хурду калони экстремистӣ амалиётҳои террористиро ба вуқуъ оварда, ҷони садҳо одамони бегуноҳро ба коми марг мебаранд.  Мо аз расонаҳои иттилоотӣ хабардор ҳастем, ки қатлу куштор як ҳодисаи оддӣ шудааст ва нисбати он мо бетараф шуда наметавонем, чунки мо низ узви ин ҷомеаи мутамаддин буда, дарди ҳамддигарро ҳис менамоем.

  Тавре Саъдии бузургвор фармудааст:

Бани одамӣ аъзои якдигаранд,

Ки ба офариниш зи як гавҳаранд,

Чу узве ба дард оварад рузгор

Дигар узвҳоро намонад қарор,

Дар баробари амалҳои ифротгароӣ, ҳатто бомбаи атомӣ оҷиз аст, чунки ин амалҳо ногаҳонӣ, бе пешгӯйи, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва марговар ба амал меоянд. Дигар вазъият ин аст, ки ба ин гурўҳҳо на танҳо ҷавонон ва ҷавонзанони гумроҳу бесавод, ҳатто ашхоси сарватманду босавод шомил мешаванд.   Баъзеи онҳо аз озодии сухан, интиқоли озод ба дигар давлатҳо, демократияи муосир истифода бурда, ба намакдони хеш туф мекунанду барои як мақсади бенатиҷа тарки Ватани азиз намуда, ба кишварҳои ҷангзада ворид шуда, ба ваҳшоният даст мезананд. Садҳо ба ном “ҷанговарон” ба Ватан баргардонида мешаванд, баъзеяш тавба мекунанд, лекин аллакай мафкураи онҳо захмину бебозгашт дигаргун мешавад.

Тоҷикистони озод, дар зери роҳбарии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати сулҳхоҳонаро пешбурда истодааст. Артиши бузурги омӯзгорони


Вакти нашр: 2019-05-15 13:30:41    Хонданд: 90    Муфассал...

ТАЪСИРИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ БА ҶОМЕА

              Танҳо миллати босаводу соҳибмаърифат ва кадрҳои донишманду баландихтисос метавонанд дар оянда давлати соҳибистиқлоли  тоҷиконро ба ҷомеаи башарӣ ба таври шоиста муаррифӣ кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Яке аз масъалаҳои рӯзе, ки ҷомеаи мутамаддинро ба ташвиш овардааст, ин даст задани бархе аз гурўҳҳои одамон ба амалҳои номатлуб ба мисли терроризм ва экстремизм мебошад. Бешубҳа, таъсирҳои манфӣ ва оқибатҳои он ба ҳолатҳое оварда мерасонанд, ки унсурҳои ҷомеа ба ҳам зада мешаванд, арзишҳои милливу ватандӯстӣ зарар мебинанд ва ҷомеаи муосир муқаддасоти миллӣ ва таърихии худро ба таври бояду шояд талқин ва тарғиб карда наметавонад.

Дар ин радиф қайд кардан бамаврид аст, ки дар ин гуна амалҳои террористӣ ва экстремистӣ, мутаассифона, бештар ҷавонони гумроҳ пешсафанд ва одатан тавассути зӯроварӣ барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешаванд.

Аслан, калимаи экстремизм аз забонҳои фаронсавӣ «ехtrеmismе» ва лотинӣ «eхtrеmus» гирифта шуда, маънояш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона мебошад, ки имрӯзҳо шумораи аниқи ин гуна ташкилотҳоро  муайян намудан имконнопазир аст.

Терроризм ва экстремизм, махсусан солҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти ҷониро ба бор оварда, садди роҳи ташаккули ҷомеаи ороми инсоният гардидаанд. Онҳо яке аз кирдорҳои ғаразонаи инсонӣ буда, паҳлӯҳои манфии ахлоқиро фаро гирифтаанд. Терроризм ба дину оин ва ба сирату ботини инсони ватандӯст ва комил робитае надорад. Он бештар шахсони камсавод ё бемаърифатро ба доми худ мекашад, ки аксарияти беихтиёр ҷалбшудагон ба ин падидаи номатлуб ба зудӣ пушаймон мешаванд, вале, чунон ки гуфтаанд, пушаймони баъдина суд надорад. Бо таасууфи зиёд метавон зикр намуд, ки то ба дараҷаи тавбаву пушаймонӣ расидани ҷавонони гумроҳ кор аз кор мегузараду барои ислоҳи роҳ ва кирдорҳои номатлуб баъзан солҳои тӯлонӣ ва ё ҳ


Вакти нашр: 2019-05-15 16:24:23    Хонданд: 68    Муфассал...

Мизи мудаввар дар мавзўи «Сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар ҷомеа»

Имрўз бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Рўзи оила дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзўи «Сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он дар ҷомеа» доир гардид.

       Дар кори он Раҳмонзода Зоир Файзалӣ - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Наимов Маҳмадулло - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Қурбонзода  Ҳилолбӣ Ҷумъахон-Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, Сироҷзода Саодатбибӣ - сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бақозода Сайрам -муовини Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азимова Маҳбуба Абдураҳмоновна – мудири шуъбаи ташкилии  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Малоҳат – судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур, Алиева Зулфия - муовини сардухтури Маҷмааи тандурустии Истиқлол, Раҷабзода Эраҷ - мудири бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе, намояндагони  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе, раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳрии ҳизб  ва дигар кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт иштирок намуданд.

      Нахуст, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ иштирокчиёнро бо Рўзи байналмилалии оила ва Рўзи ҷавонони Тоҷикистон табрику шодбош намуд. Сипас, қайд намуд, ки оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбият мегирад, донишу малакаи рўзгордориро аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомўзад, ҳамчунин фарзандон ҳамарўза аз ин дабистон таълим мегиранд. Зикр гардид, ки дар ҷомеаи мо оила ҳамчун асоси ҷомеа маҳсуб ёфта, аз тарафи давлат ҳимоя ва дастгирӣ меёбад. Таҳти ҳимояи давлат қарор доштани оила чунин маъно дорад, ки давлат ба масъалаҳои ҳуқуқиву иҷтимоии марбут ба солимӣ ва пойдории оила таваҷҷуҳ зоҳир карда, ғамхорӣ ба модару кӯдак, таъмини шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи фарзандон, кафолати иҷтимоӣ


Вакти нашр: 2019-05-15 17:19:04    Хонданд: 90    Муфассал...

Маросими ҷоизасупории Фестивал – озмуни эҷодиёти бадеии наврасону ҷавонон таҳти унвони «Маҳорат»

       Нимаи дуюми имрўз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» маросими ҷоизасупории Фестивал - озмуни эҷодиёти бадеии наврасону ҷавонон таҳти унвони «Маҳорат» бо иштироки Ҳомидиён Илҳомҷон Иномзода-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, соҳибистеъдодону эҷодкорони ҷавон, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва ғолибони озмуни беҳтарин донандаи забонҳои хоричӣ  доир  гардид.

Нахуст,  Раҳмонзода Зоир Файзалӣ иштирокчиёну ҷавононро ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният намуда, қайд кард, ки маҳз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ба ҷавонон аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ нақши ин қишри фаъоли ҷамъият зина ба зина боло рафта, аз оли 1998 инҷониб ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 23-уми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

 Зикр гардид, ки мақсад аз баргузории Фестивал-озмуни мазкур ин амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, Роҳбарияти Олии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳамзамон дар доираи иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ,  ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рўзи ҷавонон, аз ҷумла тарбия намудани онҳо дар рўхияи баланди ватандўстиву ватанпарастӣ, тарғиби омӯзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин дастгирӣ аз фаъолияти эҷодиву бадеӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба касбомўзиву аз бар намудани донишҳои муосир мебошад. 

  Дар доираи ин Фестивал Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар ҳамбастагӣ бо кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои пойтахт як қатор чорабинҳои сиёсиву фарҳангӣ ва аксияву озмунҳоро доир намуданд. Аз ҷумла, миёни донишҷўёни муассисаҳои таълимии пойтахт дар се давр озмуни беҳтарин донандаи забонҳои хориҷӣ, конференсияи илмӣ - назариявӣ дар мавзўи “Ҷавонони соҳибкасб - сутуни давлат”, маҳфили адабии эҷодкорони наврасону ҷавонон зери унвони “Меваҳои Истиқлол”, тамошои намоишномаҳои театрии ахлоқию фарҳангӣ, сайри ҷавонон аз Осорхонаю Китобхонаи миллии Тоҷикистон, сайёҳати таърихӣ - фарҳангии фаъолҷавонони ҳизбии пойтахт ба шаҳри Турсунзода, аксияҳои тарғиботию ташвиқотии аёдати собиқадорони ҳизбу меҳнат, дидорбинии ҷавонони имконияташон маҳдуд, барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва суҳбату мулоқотҳои судманд роҳандозӣ гардиданд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки иштирокдорону ғолибон, ки дар  Фестивал ва дигар чорабиниҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намуданд,бо шоҳҷоизаи Фестивал, Планшет, ифтихорномаю сипоснома, стипендияи ҳизбӣ ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон бо мақсади дастгирӣ ва амалӣ намудани ташаббуси навбатии роҳбарияти шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба низоми электронии пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофирбарӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ба 106 нафар хонандагону донишҷўён ва фаъолҷавонони ҳизбии шаҳри Душанбе,  ба муносибати Рўзи ҷавонон бо КОРТИ НАҚЛИЁТӢ тақдим карда шуд.

Дар фарҷом сурудхонии ҳунармандони шинохтаи кишвар анҷомбахши  Фестивал-озмуни мазкур гардид.  

 

 

 

 

 

 

  


Вакти нашр: 2019-05-21 10:15:12    Хонданд: 62    Муфассал...

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ “ЗАБОН ДОНӢ - ҶАҲОН ДОНӢ”

Дар асоси Низомномаи тасдиқгардида Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, имрўз дар Муассисаи давлатии “Душанбе - Плаза” даври сеюми озмуни шаҳрии беҳтарин донандаи забонҳои хориҷиро, таҳти унвони “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ” миёни донишҷўёни донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу литсейҳои ҳудуди шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб – Раҳмонзода З.Ф. ва ҳайати ҳакамони озмун ҷамъбаст намуданд. 
Нахуст Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ҳозиринро ба фарорасии Рўзи ҷавонони Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, ба иштирокчиёни озмун муваффақияту бурдбориҳо таманно намуд. 
Мақсад аз баргузории озмун, ин дарёфти чеҳраҳои забондон, тарғиби омўзиши забонҳои хориҷӣ, ҳавасмандгардонии донишҷўён барои рушду малакаи забондонӣ дар заминаи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, мебошад. 
Хотирасон менамоем, ки даври аввали озмун миёни донишҷўёни муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбӣ доир гардид. Ғолибони даври аввали озмун, ки ба даври дуюми озмуни ноҳиявӣ пешниҳод шуда буданд, аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои пойтахт ҷамъбаст гардид. Дар натиҷа ғолибони даври дуюми озмун барои иштирок кардан ба даври сеюми озмуни шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. 
Бояд қайд намуд, ки ғолибони даври сеюми озмуни шаҳрӣ аз моҳи сентябри соли ҷорӣ то шаш моҳ бо идрорпулии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардида, иштирокчиёни фаъоли озмун дар арафаи Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо Ифтихорномаю Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб сарфароз гардонида мешаванд.


Вакти нашр: 2019-05-18 14:02:22    Хонданд: 48    Муфассал...



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс