МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ДОНИШВАР” ТАЪСИС ЁФТ

Бо иштироки масъулини Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Литсейи хусусии “Донишвар” маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.

Хайём Амонов-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҲХДТ зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Маҳз истиқлолияти комили сиёсӣ ва Ваҳдати милии мамлакат буд, ки мардуми сарбаланди тоҷик ба дастовардҳои зиёд дар ҳамаи соҳаҳо комёб гардида, тақвият ва идомаи устувор дорад.

Тибқи рӯзномаи маҷлис нахуст ба 7-нафар кормандони Литсейи хусусии “Донишвар”, ки дар асоси аризаи худашон ба сафи ҲХДТ пайваста буданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Сипас, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо пешниҳоди аъзоён таъсис дода шуда, номи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Донишвар” номгузорӣ карда шуд. Бо ҷонибдории ҳамаи аъзои ҳизб ташкилоти мазкур Насиба Гардакова -Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Донишвар” интихоб карда шуд.

Насиба Гардакова -раиси тозаинтихоби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Донишвар” ҳозиринро хайрамақдам намуда, оид ба вазъияти геополитикии дунёи муосир, таҳлил ва рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ дар ҷаҳон, муқоисаи таҳлили дар соҳаҳои гуногун, вазъи иҷтимоии давлатҳо ва шукргузорӣ аз давлату давлатдорӣ суханронӣ кард. Мавсуф махсусан қайд намуд, ки мо аз ин ҳам бештар баҳри ҳимояи Ваҳдати миллӣ, дастовардҳои Истиқлолият, ҳимояи ҳар порча хоки Ватан, муаррифии миллат ва тарбия намудани наврасону ҷавонон дар ҷодаи илмомӯзӣ талош хоҳем кард.


Вакти нашр: 2019-04-01 16:03:32    Хонданд: 62    Муфассал...

Аксия таҳти унвони “Тоҷикистон – сарчашмаи обҳои мусаффо”

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аксия таҳти унвони “Тоҷикистон – сарчашмаи обҳои мусаффо” бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” дар ҳудуди маҳаллаи Шафтолузор ва саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо иштироки аъзоёни фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир шуд.

Дар Аксия маводҳои таблиғотӣ, аксҳои манзараҳо, дарёҳо, кӯлҳо ва ҷойҳои таърихии ҷумҳурӣ, ки дар ҳамдастии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардид, тақсим карда шуд.


Вакти нашр: 2019-04-01 16:14:02    Хонданд: 56    Муфассал...

Ободонии пойтахт мароми мост

         Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Қарори Раиси шаҳри Душанбе, нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Рўзи пойтахт оид ба тарғибу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, ташвиқи арзишҳои асили миллӣ, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи С. Раҳимов   вохўрӣ доир гардид.
       Аслонов М.А. – раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе,   оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, се ҳадафи стратегии кишвар ва ҳадафи чоруми миллӣ саноаткунонии босуръати кишвар, ба истифода додани агрегати аввали НБО «Роғун», дўстии халқҳои Тоҷикистону Ўзбекистон сухан кард.
     Қурбонмамадова Қ.Н -мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе роҷеъ ба одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ, амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,   ибрози назар намуд.

 


Вакти нашр: 2019-04-04 19:13:40    Хонданд: 65    Муфассал...

Сокини пойтахт будан шараф аст

       Вобаста ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Қарори Раиси шаҳри Душанбе, нақша чорабиниҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Рўзи пойтахт оид ба тарғибу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, ташвиқи арзишҳои асили миллӣ, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абу-Ҳанифа    вохӯрӣ доир шуд. 
        Саидалӣ Шамсов-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  дар доираи нуктаҳои арзишманди Паём суханронӣ намуда, қайд кард, ки имрӯз насли ҷавон бояд пеш аз ҳама ҳисси миллӣ ва номуси ватандорӣ дошта, баҳри аз худ кардани илмҳои замони муосир ва аз худ кардани касб доимо талош варзад.  Мавсуф қайд намуд, ки имрӯз баҳри ҷавонон махсусан дар шаҳри Душанбе бо ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тамоми шароитҳои аз бар кардани илм, касбу ҳунар, ва ҳамчунин толорҳову майдончаҳои варзишӣ баҳри тамрин ҷавобгӯй бо талаботи замони муосир сохта ба истифода дода шудаанд, ки ин боиси шукргузорӣ ва қадр кардан мебошад.  Ҳамзамон, оид ба амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ дар байни наврасон, пўшидани сару либоси фарҳанги бегона ибрози назар намуд.
 
      Асомуддинзода Тоҷиддин - Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абу-Ҳанифа    доир ба дастовардҳои даврони истиқлолият, тарбият намудани ҷавонон, бетараф набудан дар ҷомеа   сухан кард.  

 


Вакти нашр: 2019-04-04 19:29:06    Хонданд: 68    Муфассал...

СОҲАИ ТАНДУРУСТИ САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ БАРНОМАИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД

Атрофи мавзӯи “Соҳаи тандурусти самти афзалятноки Барномаи ҲХДТ мебошад" дар Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим бо  иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур соати сиёсӣ доир карда шуд.

     Изатуллоҳи Ҳабибзод-муовини Раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур  зимни баромади хеш зикр кард, ки ҲХДТ бо мақсади дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонад.  Ҳамзамон, аз дастовардҳои даврони Истиқлоли кишвар баҳри пешрафту гулгулшукуфоии кишвар ёдрас шуда, бо шукргузорӣ аз оромиву суботи Ватан ҳамагонро баҳри ободии имрӯзу фардои ин сарзамин даъват намуд.  Дар баробари дастовардҳои назаррас аз мушкилиҳои асосии дар ҷомеа ҷойдошта, вайроншавии оилаи ҷавон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои тундгаро низ ибрози назар кард.

       Дар фарҷом кормандони Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим ба саволҳои сершумори худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.


Вакти нашр: 2019-04-05 17:42:11    Хонданд: 62    Муфассал...

Маҷлиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

          Рӯзи 5-уми апрели соли 2019 Маҷлиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияиҲХДТ дар шаҳри Душанбе  бо иштироки  Раҳмонзода Зоир Файзалӣ-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва аъзои Шӯрои собиқадорони шаҳрии ҳизб доир карда шуд.

         Дар он гузориши мухтасари Раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб дар назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Казакова У.С. «Дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Шӯрои собиқадорони шаҳрии ҳизб дар соли 2018 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2019»  шунида шуд. Ҳамзамон, нақша- чорабиниҳо оид ба фаъолияти Шӯрои собиқадорони ҳизб дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе барои соли 2019 тасдиқ карда шуд.  

      Дар ин миён оид ба масъалаҳои муҳокимашудаи рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.


Вакти нашр: 2019-04-05 17:44:21    Хонданд: 77    Муфассал...

Шиносоӣ аз осори гузаштагон

Бо мақсади огоҳии ҷавонон аз таъриху  маънавиёт баланд бардоштани завқи китобхонӣ  рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ,   шинохти осори арзишманди адибону  шоирон ва ба ин васила баланд бардоштани њиссї ватандўстиву ватанпарастӣ ва худшинонсиву худогоњии миллӣ субҳи имрӯз дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе,  Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар доираи  солҳои  2019-2021 њамчун  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»,ба муносибати Рӯзи пойтахт ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон сайри ҷавонон – аъзои фаъоли  ТҶҶ «Созандагони Ватан»-ро аз Осорхонаю  Китобхонаи  миллии Тоҷикистон доир намуд.

      Ҳангоми боздид ҷавонон аз осори ниёгон, бозёфтҳои куҳани ҳунарҳои  миллӣ, амсоли кулолгарӣ, заргарӣ, дуредгарӣ ва ғайраҳо шиносои пайдо карданд. Ҳамзамон, ҷавонон аз Китобхонаи электронӣ ва китобҳои  арзишманди Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ошноӣ пайдо намуданд.


Вакти нашр: 2019-04-05 17:47:12    Хонданд: 76    Муфассал...

СОЛИМИИ МИЛЛАТ - БОИГАРИИ ДАВЛАТ

Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамбастагӣ бо Маркази саломатии шаҳрии №13  дар доираи чорабиниҳои пешгирикунандаи паҳншавии   бемории ВНМО    иқдоми “Солимии миллат - боигарии давлат” ҷиҳати расонидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба наврасону ҷавонон дар Литсейи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ бо таълимгирандагони ин муассиса корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Дар ин  вохӯрӣ кайд карда шуд, ки солхои охир шумораи гирифторони ин беморӣ меафзояд ва ин ҷомеаро бе тараф гузошта наметавонад.

Масъулин сабаб ва пайдоиши Вируси норасоии масунияти одамро пурра ба таълигирандагон шарҳ доданд.


Вакти нашр: 2019-04-09 16:25:34    Хонданд: 60    Муфассал...

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ХИЗМАТРАСОН” ТАЪСИС ЁФТ

Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар муассисаи  ҶДММ “Олуча Авто” маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.

Убайдулло Қурбонов, муовини раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ роҷеъ ба фаъолияти ҲХДТ ибрози назар намуд ва таъкид кард, ки тӯли қариб 25 сол Ҳизби Халқии Демократии Тоҷкистон тавонист сиёсат ва барномаи созандаву бунёдкоронаи хешро татбиқ намуда, ҷумҳуриро аз тамоми лиҳоз, сиёсат, иқтисодӣ, иҷтимоӣ чанд зина баланд бардорад. Мавсуф таъкид намуд, ки аъзои ин ҳизби бонуфузу созандаи кишвар будан масъулияти бузург аст. Сипас, ба кормандоне, ки дар асоси аризаи шахсиашон иродаи сиёсиашонро муайян намуда, ба сафи ҲХДТ пайваста  буданд, дар вазияти тантанавї шаҳодатномаи ҳизбї супорида шуд.

Бо ҷонибдории ҳамаи аъзои  ҳизб номи ташкилот  “Хизматрасон” номгузорӣ гардида, раиси ташкилоти ибтидоӣ  Азимов Наҷиб ва муовини раис Қодиров Зафар интихоб гардиданд.


Вакти нашр: 2019-04-09 16:36:08    Хонданд: 59    Муфассал...

КӮМАКИ АМАЛӢ-МЕТОДӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Дар ташкилоти ибтидоии «Бунёдгарон» бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур вобаста ба фаъолияти ҳизбӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, корбарӣ, ҳаракати аъзои ҳизб, баргузории соатҳои сиёсӣ, ҳолати шаҳодномаҳои ҳизбӣ, дафтари қайди ҳуҷҷатҳои муросилотӣ  кӯмаки амалӣ-методӣ расонида шуд.

Ҳамзамон роҷеъ ба амалигардонии ҳадафмандонаи барномаҳои ҲХДТ, татбиқи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии ҲХДТ ва тарғиби идеологияи солими миллӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ суханронӣ шуд.


Вакти нашр: 2019-04-09 16:40:53    Хонданд: 69    Муфассал...

Конференсияи илмӣ-амалӣ «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ-муаррифгари тамаддуну фарҳанги миллат дар арсаи ҷаҳонӣ»

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва таҷлили Рўзи пойтахт  Кумите иҷроияи ҳизбии ноҳияи   Сино дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ- амалиро дар мавзўи «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ-муаррифгари тамаддуну фарҳанги миллат дар арсаи ҷаҳонӣ» доир намуд. 
        Дар кори он   Файзуллозода Зарина - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Абдураҳимова  Дилбар  Ҳабибуллоевна – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Сангинзода Э.Н-муовини аввали Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Амирбекзода Ҳабибулло-муовини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз-ноиби Президенти АИҶТ, узви вобастаи АИҶТ, Тойғуншоева Ҷаҳонгул - устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ноҳия иштирок намуданд.
          Нахуст,  Файзуллозода Зарина конференсияи илмӣ- амалиро оғоз бахшида, оид ба раванди кори он маълумот дод.
      Абдураҳимова Дилбар Ҳабибуллоевна  зимни баромади хеш, ёдовар шуд, ки тавре Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ зикр доштанд мақсади асосӣ аз эълони солҳои 2019 - 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ин амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишини кишвар мебошад. Бо мақсади эҳё ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар ҳамоҳангӣ бо ТҶҶ «Созандагони Ватан» то имрӯз дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе як қатор мулоқоту вохӯрӣ, аксияву ҳамоишҳои дастаҷамъӣ инчунин намоишҳои зиёди ҳунарҳои мардумиро бо муаррифии хӯрокҳои нодири миллӣ ташкил ва баргузор намуда истодааст.
     Яке аз масъалаҳои муҳими дигари соҳа, ки ҳамчун воситаи аёнии муаррификунандаи фарҳанг ва тамаддун арзёбӣ гардида, шавқу рағбат ва таваҷҷуҳи бевоситаи сайҳёҳонро ҷалб намудааст, ин молу маҳсулот ва маснуоти сайёҳӣ дар шакли савғотӣ, туҳфа, фитта ва ғайра мебошад, ки дар ин самт қисме аз ташкилоту кумитаҳои ҳизбии пойтахт низ саҳми намоён доранд. 
      Ҳамин тариқ, дар конференсияи мазкур баромадкунандагон дар мавзӯъҳои  «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ-муаррифгари тамаддуну фарҳанги миллат дар арсаи ҷаҳонӣ», «Ҳунарҳои мардумӣ-муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллӣ», “Ҳунарҳои мардумӣ ҳамчун объекти рағбатҳои сайёҳон” шунида шуд. 
        Дар музокира оид  ба  мавзуъҳои  баёншуда  мубодилаи афкор сурат гирифт. 

 


Вакти нашр: 2019-04-11 10:17:50    Хонданд: 73    Муфассал...

Театр пайвандгари маънавии наслҳо

  Бо мақсади баланд бардоштани маънавиёти насли ҷавон, тарбияи онҳо дар руҳияи меҳанпарастӣ, ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ мутобиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба муносибати таҷлили Рӯзи пойтахт ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон тамошои намоишномаи театрии ахлоқию фарҳангиро таҳти унвони «Театр пайвандгари маънавии наслҳо» бо иштироки аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» доир  намуд.
      Зимни иштироки ҷавонон дар театр   намоишномаи тарбиявию ахлоқӣ бо номи “Гумроҳон“ ба маърази тамошо гузошта шуд. 

 


Вакти нашр: 2019-04-15 10:34:42    Хонданд: 68    Муфассал...

Омилҳои мусбӣ ва манфии ҷаҳонишавӣ

16 - уми апрели соли равон дар асоси нақша - чорабиниҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур семинари илмӣ – таҳлилӣ - сиёсӣ дар мавзўи «Омилҳои мусбӣ ва манфии ҷаҳонишавӣ» дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ бо иштироки донишҷўёну фаъолҷавонон аз коллеҷу донишкада ва донишгоҳҳои ҳудуди ноҳия доир намуд.  
Дар он Роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе - Муродов Ҷурабек Қурбоналиевич, Виктория Леонидовна - президенти хазинаи фарҳанг ва илми ба номи Шодмон Пўлодӣ, Нусратулло Зокиров - котиби илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холаҳмад Самиев - декани факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва роҳбари гурўҳи ҷавонони «Авангард»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Мардихудо Давлатов иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Ҷ.Муродов - Роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе зимни суханронӣ ҳозиринро ба муносибати Рўзи пойтахт шодбош гуфта, дар идомаи суханаш оид ба ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани худшиносӣ ва ҳисси ватандӯстии ҷавонон ибрози назар намуд.. Ҳамзамон қайд кард, ки баргузории чунин семинарҳои илмӣ-таҳлилӣ метавонад дар рушду тафаккур ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ - сиёсии ҷавонон оид ба огоҳӣ ёфтани онҳо аз авзои ҷаҳони имрўза мусоидат намояд. Аз иштирокчиёни семинар  даъват карда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар саъю талош намуда, дар рушди Ватани азизамон Тоҷикистон саҳмгузор бошанд   
Дар идома  Виктория Леонидовна - президенти хазинаи фарҳанг ва илми ба номи Шодмон Пўлодӣ оид ба дастовардњои замони Истиқлолияти давлатӣ, заҳмату талошҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишварамон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти пурсамари Ҳизби Халқии Демокаратии Тоҷикистон сухан намуд.
 Дар маърўзаю баромадҳои худ иштирокдорон ҷавононро аз хатарҳои терроризму экстремизм ва ифроатгароии динию мазҳабӣ ва ҷанги иттилоотии имрўза огаҳ намуданд. Дар охири семинар коршиносон дар муқобили ин ҳама истодагарӣ намудан,  ҳифз кардани сулҳу субот ва якпорчагии кишвар изҳори андеша карда, нигаҳдории онро  вазифаи ҳар як ҷавони ватанпараст ва миллатдўст хонданд.  

 


Вакти нашр: 2019-04-16 21:47:11    Хонданд: 66    Муфассал...

Ҷавонон ояндасози миллатанд

Мутобиқи  нақшаи мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба Рўзи пойтахт ва Рўзи ҷавонони Тоҷикистон    дар Литсейи алоқаи шаҳри Душанбе бо  донишҷўён вохўрӣ доир намуд.
    Дар он   Шамсов Саидалӣ - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Казакова Умринисо - Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ғаффоров Муҳриддин - муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  Нарзуллоев Амрихудо - муовини директори Литсейи алоқаи шаҳри Душанбе   иштирок намуданд.  
      Казакова Умринисо   зимни баромади хеш  амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», одоби шањрнишинӣ, риояи фарҳанги миллӣ ибрози назар намуд.  Мавсуф қайд намуд, ки имруз моро зарур аст дар ҷаҳони нооромиҳои ҷангҳои иттилоотии абарқудрат фарзандони худро назорати доимӣ намоем то тавонем идеологияи ягонаи миллиро ташкил кунем.
       Шамсов Саидалӣ саҳми ҷавонони ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомониро дар рушду инкишофи кишвар баланд дониста, дастгирӣ ёфтани ҳунару истедодҳои ин қишри ҷомеаро аз ҷониби Ҳукумат иқдоми нек ва боиси сарфарозӣ номид. Ҳамзамон, оид ба пешгирии     ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ дар байни наврасон, нигоҳдории гулгашту майдончаҳои варзишӣ,  хизмат дар сафи қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан кард.
     Дар анҷоми вохурӣ миёни баромадкунандагон ва донишҷўён мубодилаи афкор сурат гирифт.

 


Вакти нашр: 2019-04-16 21:56:44    Хонданд: 61    Муфассал...

Сайёҳати таърихӣ – фарҳангии ҷавонон дар шаҳри Турсунзода

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур дар доираи солҳои 2019 - 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», бо мақсади баланд бардоштани ҳиссӣ ватандўстиву ватанпарастӣ ва худшинонсиву худогоҳии миллӣ, огоҳии ҷавонон аз таъриху фарҳанг ва ошнои пайдо намудани онҳо аз фаъолияти корхонаҳои саноатӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон сайёҳати таърихӣ – фарҳангии ҷавонон - аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан», кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт ва фаъолҳизбон аз кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тариқи қатора ба шаҳри Турсунзода ташкил намуд.

Меҳмононро роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода истиқбол намуданд.

Сипас, дар пояи муҷассамаи Мирзо Турсунзода ва шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчамбар гузошта шуд. Бояд қайд намуд, ки меҳмонон аз Осорхонаи марказии шаҳри Турсунзода, коргоҳ ва осорхонаи КВД «Ширкати Алюминийи тоҷик» дидан намуданд. Дар фарҷом дар Коҳи «Дўстӣ»-и шаҳри Турсунзода намоишномаи театрии «Фоҷеъа» барои ҷавонон бамаръази тамошо гузошта шуд.


Вакти нашр: 2019-04-18 12:59:40    Хонданд: 75    Муфассал...

Душанбе дар масири созандагиҳо

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рўзи пойтахт таҷлил карда мешавад, ки ин сана давоми соли равон ба 20-уми апрел рост меояд.

 

Таърих гувоҳ аст...

Раванди  марҳилаҳои гуногуни таърихӣ аз давраҳои гузаштаи дур собит намудааст, ки фарҳангу маърифати волои ҳар як қавму миллат аз сатҳу сифати шаҳрдориву пойтахти он баҳогузорӣ карда мешавад. Бозёфтҳои археологӣ ва маъхазҳои таърихӣ ҳокист, ки нахустин шаҳраки бостонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистони имрўза ҳанўз дар асрҳои 3 ва ё 4 то милод, замони аҳди Кўшониён, арзи ҳастӣ кардааст. Пойтахти кунунии Тоҷикистон аз рўйи маълумоти таърихӣ аз як деҳаи хурде шурўъ мешавад. Дар ин макон ҳар рўзи душанбе аз гирду атроф савдогарону тоҷирон ҷамъ омада, бозору нуқтаҳои маҳсулоти ниёзи мардумро ташкил мекарданд. Тавре аз баъзе маъхазҳо бармеояд, бори нахуст номи рустои Душанбе соли 1676 зикр шудааст. Ҳамин тариқ, бо такя ба асноду далелҳои мавҷуда, шаҳри Душанбе 16-уми октябри соли 1924 пойтахти Ҷумҳурии мухтори Шўравии сотсиалистии Тоҷикистон эълон гардид.

Бо тавзеҳи сухани муқаддимотӣ ёдовар шудан бамаврид аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои соҳибистиқлолии кишвар аз имтиҳони сангини таърихӣ, яъне ҷанги шаҳрвандӣ, сарбаландона гузашта, бо заҳматҳои содиқона сарзамини аҷдодии худро хеле ободу пешрафта гардониданд. Ҳарчанд афзалиятҳои иқтисодии кишвар дар даҳаи аввали соҳибистиқлолӣ хеле камтару маҳдудтар буд, вале раванди корҳои азнавсозию бун­ёдӣ тадриҷан шаклу равиши тоза гирифта, ин ҷараён ба эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, садоқат ба Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ табдил ёфт. Ҳамин масъулияту ифтихор ва нангу номуси миллии мардум буд, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – оинаи миллатнамои кишвар, умедгоҳи тоҷикону тоҷикистониён ва ниҳоят, пойтахти ҷаҳонии об, ҳамчун шаҳри дўстию бародаршаҳрии 18 шаҳри ҷаҳон шинохта шуд...

 

Душанбе - гаҳвораи тамаддуни миллат

“Агар шахс аз падару модар, бузургони гузаш­таи худ ифтихор дошта бошад, он гоҳ ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии комил дорад, ки бо номи Ватан ва пойтахти он - шаҳри Душанбе ифтихор кунад. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад”.

Ин дурдонагуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи олии баҳогузории шинохти арзишҳои баланди таърихи деринаи миллат буда, ҳар яки моро ба раванди афзун бахшидани тадбирҳои нав ба нави созандагиҳо ба шинохти умедсаройи тоҷикон – шаҳри Душанбе раҳнамуну ҳидоят месозад.

Боиси ифтихори бузург аст, ки шаҳри Душанбе дар як муҳлати хеле кўтоҳи таърихӣ симояшро комилан дигаргун намуда, ба сифати яке аз шаҳрҳои рў ба инкишоф мавқеъ ва нуфузашро на танҳо дар сатҳи минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ рўз аз рўз устувортару намоёнтар гардонида истодааст. Аз ҷумла, мавриди баҳрабарӣ қарор гирифтани иншооти таъйиноти гуногуни маишию хизматрасонӣ, варзишию фароғатӣ, боғҳои фарҳангию истироҳатӣ бо амфитеатру фаввораҳо, гулгашту майдончаҳои варзишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилишаҳрӣ, сохтмони чорсўҳои нақлиятӣ ва қомат афрохтан биноҳои боҳашамати истиқоматии замонавиро метавон далели возеҳи чунин шукуфоии пойтахти азизамон давоми ду соли охир маънидод кард.

Дар ин маврид якчанд санаҳои арзишмандеро ёдовар шудан бамаврид аст, ки танҳо давоми соли 2018 пойтахти кишварамон мизбони чор ҳамоиши байналмилалӣ, ду конфронси сатҳи баланд ва ду созмони бонуфуз буд.

 

Неруи тавоно ва фитрати устувори ҷавонӣ

Санаи 12-уми январи соли 2017 дар таърихи пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе рўйдоди муҳиму хотирмон ба вуқўъ пайваст, ки аз самараи он пойтахти кишвар ба дигаргуниҳои навину созандагиҳо рў ба рў гардид. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рустами Эмомалӣ ҳамчун роҳбари ҷавонтарин бори нахуст дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон ба сифати иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Баъд аз фаъолияти шаҳрдори ҷавон пойтахти  кишвар – шаҳри Душанбе  тавассути фаъолияти босамару заҳматҳои аҳлонаи сокинони сарбаландаш ба даст­овардҳои беназир ноил шуда, рушду пешрафти суръатноки он дар ҳамаи соҳаҳо таъмин гардид.

Ба фаъолият шурўъ намудани даҳҳо иншооти иҷтимоию маишӣ, аз қабили мактабу кўдакистон, муассисаҳои гуногуни тиббию тандурустӣ, толору майдончаҳои варзишӣ ва бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ нишони возеҳи рушд ва торафт беҳтар шудани шароити зиндагии сокинони пойтахти азизамон ба ҳисоб меравад. Аз иродаву матонат ва малакаву фит­рати устувори шаҳрдори ҷавон метавон хулоса баровард, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани нуфузу мартабаи пойтахти азизамон тавассути иқдомҳои созандааш тадбирҳои зарурӣ андешида, шароити мусоиди қиёснопазири зистро дар ояндаи начадон зиёди вақт барои шаҳрвандонаш фароҳам хоҳад овард...

 

Тарҳу навгониҳои аввал ва иҷрои ташаббусҳои созанда

Аввалин рўйдоди хотирмоне, ки дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии пойтахт дар соли 2017 ба амал омад, ин дар раддабандии (рейтинги) шаҳрҳои аз нигоҳи туризми ояндадор ҷойи аввалро соҳиб шудани шаҳри Душанбе буд. Ин назарсанҷиро маҷаллаи сайёҳии «34travel” бар асоси таҳқиқоти ширкати машҳури амрикоии «Mastercard» таҳия кардааст. Дар ин раддабандӣ шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми аввалро соҳиб гардид.

 Падидаи дигаре, ки боиси хушҳолии волидон гардид, ин таъмири пурраи макотиби миёнаи ҳамагонии пойтахт аз ҳисоби буҷети шаҳр ва ба ин васила аз миён бардоштани раванди ҷамъоварии маблағҳои сокинон буданд, ки ин иқдом дар як муддати кўтоҳи вакт миёни сокинони шаҳри Душанбе ҳамовозӣ ва истиқболи гарм пайдо намуд.

 Ба фаъолият шурўъ намудани мактаби байналмилалии Академияи Кембриҷ дар пойтахти мамлакат қадами нахустин дар самти ин зинаи таҳсилот буда, нуфузу мартабаи ҷаҳонии маорифи миллиро рангинтару устувортар намуд. Маркази нави муҳташами истироҳатии «Обшорон» - аквапарк ё худ парки обӣ, ки 19-уми июни соли 2017 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор дода шуд, аз калонтарин парки обии муосир дар ҳудуди ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

 Мушкили нақлиёт ва хизматрасонии сокинон яке аз дардҳои куҳнаи соҳа ба ҳисоб рафта, дар пайи иҷрои як қатор тадбирҳои иловагӣ ин монеаҳо ҳалли худро пайдо карданд. Аз ҷумла, ворид намудани автобусҳои хуштарҳу замонавии навъи “АКИА” ва ифтитоҳи корхонаи автобуссозиро метавон намунаи возеҳи таваҷҷуҳи роҳбарияти олии шаҳр нисбат ба ин соҳа номид.

 Дар ин замина, 21-уми июли соли 2017 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маросими рўнамоии лоиҳаи намунавии «Корти шаҳрӣ»-и пардохт ва назорати электронии роҳкиро дар нақлиёти мусофирбар доир гардид. Лоиҳаи низоми автоматии пардохт ва назорати роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари шаҳрро мутахассисони ширкати «IBA-Group» -и Ҷумҳурии Беларус тарҳрезӣ намуда, корҳои насбу танзими таҷҳизот ва таҳияи кортҳои электронӣ дар ҳамоҳангии шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ анҷом дода шуданд.

Гузаштан ба шакли электронии пардохт, пеш аз ҳама, барои мусофирон аз лиҳози сарфакорӣ муфид буда, ба баланд бардоштани сатҳ ва фарҳанги хизматрасонии мусофирон, ҷорӣ намудани хизмат­расониҳои иловагӣ ва ҳамгироӣ бо дигар намуди воситаҳои нақлиёт, васеъ кардани сатҳи пардохт тавассути маблағҳои ғайринақдӣ, афзоиши шумораи воситаҳои нақлиёт дар асоси омўзиши эҳтиёҷоти мусофирон ва кам кардани шумораи мусофирони бероҳкиро дар воситаҳои нақлиёт мусоидат мекунад.

Дар ин замина, рўзи 25-уми авгус­ти соли 2017 бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нахустин истгоҳи намунавӣ барои нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ рўнамоӣ гардид, ки он аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ободонӣ»-и шаҳри Душанбе дар асоси лоиҳаи Сарраё­сати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта шудааст.

Намунаи аввали истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, тибқи лоиҳа аз ҷойи нишаст, нуқтаи фурўши маҷаллаву рўзномаҳо ва кортҳои электронии пардохти роҳкиро, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумоти хатсайрҳо ва дорои ҷойгоҳи махсуси таблиғотӣ иборат мебошанд.

 Соли 2018 пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид, ки ин муждаи фараҳбахшро 19-уми апрели соли 2018 Агентии таҳлилии «ТурСтат»-и Россия дар асоси натиҷаҳои ҳамапурсӣ интишор кард.

 Ҳамзамон, бори нахуст бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии “Кўли ҷавонон” 6-уми сентябри соли 2018 навъи душвор ва экстремалии варзиш - Флайборд баргузор гардид, ки ин қадами нахустин буд. 

 Боиси зикр аст, ки дар Саммити Федератсияи ҷаҳонии туристӣ (WTCF), ки аз 7-ум то 9-уми сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, шаҳри Душанбе ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) пазируфта шуд. Табиист, ки чунин дастовардҳои арзишманд дар татбиқи босамари эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақши намоён гузошта, азамату эътибори фарҳанги шаҳрдории моро низ аз ин ҳам болотару зиёдтар нишон хоҳад дод.

 Болотар аз ҳама, пайвастани хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмуриву маишӣ ба шабакаҳои гармидиҳии пойтахт боиси сарфа гардидани неруи барқ шуд, ки ин иқдом дар даври беш аз бистсолаи мушкилоти бебарқӣ омили муҳими аз миён бардоштани маҳдудияти неруи барқ дар саросари кишвар гардид.

 

Меъморию шаҳрсозӣ - шинохти санъати асил

“Итминони комил дорам, ки ҳамаи мо, пеш аз ҳама, сокинони пойтахт дар ҳамбастагӣ қарзи фарзандиву шаҳрвандии худро бо дарки масъулияти баланд ба хотири ояндаи неки Ватан, таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои олии халқу давлатамон иҷро хоҳем кард”. Амалисозии ин нуктаи арзишманди Пешвои муаззами миллат ва масъулияти фарзандиву шаҳрвандии сокинони сарбаланди пойтахт, алалхусус Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аст, ки пойтахти Тоҷикистон имрўзҳо ба як шаҳри зебову дилоро табдил ёфтааст. Мутобиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе васеъшавии асосии маъмурию ҳудудии пойтахт ба ҷануб, қисман ба шимол, шарқ ва ғарб амалӣ шуда, зиёд гардидани ҳудуди сохтмонии шаҳр аз 12,7 ҳазор гектари мавҷуда то 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар дар соли 2040 ва то 30 ҳазор гектар баъди соли 2040 пешбинӣ гардидааст.

Давоми солҳои 2019 – 2021, ки ба истиқболи таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъйиноти гуногун, мисли биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ бунёд мегарданд.

Аз ҷумла, ба нақша гирифта шудааст, ки дар кўчаи Айнӣ давоми ду соли оянда, беш аз 50 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо фарогирии марказҳои савдою хизматрасонӣ барои беш аз 25 ҳазор нафар аҳолӣ ба истифода дода мешавад. Бояд гуфт, ки ин биноҳои муосири замонавӣ аз 12 ошёна боло буда, дар назди онҳо майдончаҳои варзишӣ, мактабу боғчаҳои бачагона, дармонгоҳҳо, таваққуфгоҳ ва шабакаи обу корез ба нақша гирифта шудааст. Дар маҳаллаи «Ҳаёти нав” бошад, биноҳои аз ҳама баландтарини пойтахт бунёд хоҳанд гашт. Иншооти зикршуда дар раванди татбиқи марҳилаи аввал (то соли 2025) ва оғози марҳилаи дуюми Нақшаи генералии шаҳри Душанбе (то соли 2040) сохта мешаванд.

Амалигардии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҳамчунин имкон медиҳад, ки дар пойтахт метро ва дигар воситаҳои муосири соҳа бунёд карда шавад. Бино ба маълумоти мавҷуда, шурўъ аз дарвозаи ҷанубии шаҳри Душанбе то хиёбони Н. Қарабоев сохтмони метрои сабуки ҳавоӣ дар назар дошта шуда, дар марҳилаи дигари татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе сохтмони метрои зеризаминӣ низ дар Душанбе пешбинӣ шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки дар асоси Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Боғи “Истиқлолият” бо майдони маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ” дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд. Лоиҳа бо рамзи “Тоҷ”, ки аз ҷониби гурўҳи эҷодии сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе Рустамӣ Эмомалӣ таҳия шуда буд, бо бартариҳои афзалиятдор - ифодакунандаи тамоми талаботи озмун ва рамзи давлатдорию таърих ва тамаддуни оламшумули миллати тоҷикон сазовори ҷойи якум гашт.

Бино ба маълумоти расонаишуда баландии умумии муҷассама 121 метр буда, қисми поёнии он 30 метр ва қисми болоии он 91 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии боғи “Истиқлолият” бо майдони маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлолият ва Озодӣ” дар шаҳри Душанбе 30 гектарро фаро гирифта, дар ҳудуди хиёбони Рўдакӣ, кўчаҳои Саид Носир, Ҳабиб Аҳрорӣ ва Ойгули пойтахт то Ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта мешавад.

 

Аз дастовардҳои мондагор то ояндабинии дигар

Бо таваҷҷуҳ аз истиқболи арзандаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи бомароми нақшаҳои мавҷуда ва бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва инфрасохтори муосири хизматрасонӣ боиси рушди суръатноки маҳсулоти сифатнок ва шинохти мақоми волои пойтахти азизамон гардида, рўз аз рўз ин маҷро раванди тозаро касб менамояд. Дар ин замина қайд кардан бамаврид аст, ки дар пойтахт ба истиқболи ин санаи арзишманди таърихӣ, дар майдони қариб 9 гектар корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе сохта мешавад. 

Мутобиқи маълумоти мавҷуда, дар ин минтақаи ширкатҳои бузурги ватанӣ ва соҳибкорони инфиродӣ асосан корхонаҳои коркарди маҳсулоти пахтагин, дўхти либосҳо ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, корхонаи маҳсулоти нонӣ, меваи хушку афшура, истеҳсоли профилҳо ва конструксияҳои металлӣ, коркарди сангҳои рангаю худҷило, истеҳсоли маснуоти ҳифзкунанда, васлкунандаҳои барқӣ, таҷҳизоти барқӣ, истеҳсоли чароғпояҳои светодиодӣ ва лампаҳоро бунёд менамоянд.

Бо таваҷҷуҳ ба нуктаву далелҳои мавҷуда ва татбиқи босамари нақшаҳои пешбинишуда, илова намудан бамаврид аст, ки имрўзҳо дар партави дастуру супоришҳои созандаи Пешвои муаззами миллатамон ва назари тозаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ маркази тамаддуни тоҷикон симояшро комилан дигаргун намуда, тамошогоҳ ва макони сайру саёҳати шумораи зиёди хориҷиён гардидааст.

Дар маҷмўъ, маҷмўи зиёди иншооту биноҳои бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир бунёдгардида, боғу гулгашт ва таҷдиду азнавсозии хиёбону кўчаҳои шаҳри Душанбе маҳсули тозакориҳои босамари шаҳрдори ҷавон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад.

Зоир РАҲМОНЗОДА,

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар шаҳри Душанбе

«Мароми пойтахт», №15(556), 17. 04. 2019


Вакти нашр: 2019-04-18 13:09:19    Хонданд: 67    Муфассал...

МАҲФИЛ-ОЗМУНИ “МЕВАҲОИ ИСТИҚЛОЛ” ДОИР ГАРДИД

 Мутобиқи  нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур маҳфил-озмуни “Меваҳои истиқлол” миёни донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар хобгоҳи №3    доир гардид.

Маҳфил аз рӯйи панҷ наминатсия доир гардида, иштирокчиён бо маҳорати баланд иштирок намуда, донишҷӯёни навқалам ва соҳибзавқ низ аз ашъори худ шеърҳо қироат намуданд.

Ҳадафи баргузории озмун  дар руҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ, бедор ва баланд бардоштани завқи эҷодкорӣ, китобдӯстию китобхонӣ,  ҳидояти онҳо дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ маҳсуб мегардад.

Дар интиҳо ба ҳамаи иштирокчиён китобҳои арзишманд аз осори  гузаштагони классик ҳадя карда шуд.


Вакти нашр: 2019-04-23 18:23:40    Хонданд: 51    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ДАР КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “МАОРИФЧИЁН”

Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён» доир ба амалишавии Қонуни Ҷумуҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” соати сиёсӣ доир гардид.

Камолов Т.Ш - мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зимни баромади хеш қайд кард, ки мақсад аз қабули қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон мебошад. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи иштирокдоронро вобаста ба вазифаҳои волидайн, омӯзгор, давлат ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд бо овардани мисолҳо аз адабиёти классику муосир ҷалб намуда, иброз дошт, ки қабули қонуни мазкур ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон, ба хусус дар шароити пуртазоди муосир масъулияти бештарро эҳсос намоем.


Вакти нашр: 2019-04-23 18:39:02    Хонданд: 53    Муфассал...

СОАТИ СИЁСӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “СУҒУРТА”

       Дар асоси дастуру супоришҳои протоколии Маҷлиси назоратии назди Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Сино бо мақсади баланд бардоштани дониши сиёсии аъзоёни ҳизб ва воқиф гардидани онҳо аз вазъияти воқеаҳои сиёсию фарҳангӣ, ободиву созандагии шаҳри Душанбе  дар ташкилоти ибтидоии “Суғурта” бахшида ба сазовор таҷлил намудани 30-солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати сиёсӣ доир гардид.

    Гулов Х.Қ.- мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино қайд намуд, ки имрӯз Истиқлолият-кохи бегазанди миллат аст ва ин калима ҳар як шаҳрванди кишварро водор аз он месозад, ки дар пешравию шукуфоӣ, созандагию бунёдкорӣ ва рушди бемайлонаи кишвари азизамон бетарафӣ ихтиёр накарда, баҳри саҳмгузорӣ дар он кушиш намоянд.


Вакти нашр: 2019-04-24 12:34:51    Хонданд: 57    Муфассал...

ТААССУБ - ДАРКИ НОДУРУСТИ ДИН


Ҳамеша масъалаи дарку фаҳмиши дурусти масоили мухталифи иҷтимоиву сиёсӣ аз ҷониби аҳли ҷомеа мавриди таҳлилу баррасии густурда қарор гирифта, донишмандону олимон сари мавзӯи таассуб зиёд гуфтаанд. Аммо, чун ҷомеа наметавонад, ки дорои як мафкураи амиқ бошад, аз ин рӯ, баҳодиҳӣ ба масоили гуногуни рӯз ҳар гуна аст. 
Метавон гуфт, ки дар айни ҳол яке аз масъалаҳои мубрами рӯзи ҷомеаи мо ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу суботи сартосарӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва торафт пурпечутобу мураккаб гардидани авзои ҷаҳони муосир нақш ва мақоми равшанфикрон ва донишмандони дин дар побарҷо нигоҳ доштани сулҳу субот ва ободии ҷомеа хеле калон мебошад. Бинобар ин, рӯшанфикрон ва воизонро мебояд, ки баҳри пешгирии ҷомеа аз ғарқи таассуб ва ифрот шудан, донишҳои динӣ ва дунявии худро бештар истифода намоянд. Мутаассифона, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро зуҳуроти номатлуб ба мисли терроризм, экстремизм ва ташкили гурӯҳҳои ифротӣ фаро гирифта истодааст ва аз ҳама таассуфовараш он аст, ки қисме аз ҷавонони ноогоҳ фирефтаи чунин гурӯҳҳо мегарданд. 
Яъне, гурӯҳе аз ҷавонон аз паст будани дониш ва кунд будани фаҳмиши динӣ гирифтори таассуб мегарданд, ки ин оҳиста-оҳиста ба ифрот ва терроризм мебарад. Ин гурӯҳҳои таассубомез ва ғарқи фанатизми динӣ ба ҷомеа ва миллату давлат хатарзо мебошанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро бетараф гузошта наметавонад. 
Гурӯҳҳои террористӣ тавассути тактикаи махсуси тарғиби ғояҳои ифротгароёнаи хеш ин ҷавонони таассубомезро ба худ шомил мекунанд. Мутахассисон шомилшавӣ ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро дар паст будани сатҳи донишу маърифатнокии динӣ ва дунявии баъзе ҷавонон арзёбӣ кардаанд. 
Яке аз омилҳое, ки имрӯз боиси нигаронӣ гардидааст, ин камдониш будани бархе ҷавонон ва надоштани касби муайян дар ҷомеа мебошад. Маҳз ҳамин гуна ҷавонон бештар ба доми афроди ифротгаро меафтанд. Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез низ бештар бо истифода аз ҳамин омил дар байни ҷавонони миллати миқдоран кам, вале таърихан бойи тоҷик ихтилофҳои мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила, низову нофаҳмиҳо ба вуҷуд меоранд ва мехоҳанд, ки ҳодисаҳои хунини солҳои 90-уми асри сипаришударо такрор намоянд. Ин тоифа афрод, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гурӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагӣ ва бекасбии ҷавонони мо истифода бурда, онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистию террористӣ мегардонанд. 
Гурӯҳҳои ифротӣ дар ҷомеаи имрӯза ҳамчун зуҳуроти номатлуб арзёбӣ мегарданд. Ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ масъалаи доғи рӯз мебошад. Бо мақсади пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна зуҳуроти номатлуб аз тарафи намояндагони ҳифзи ҳуқуқ дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои ҷумҳурӣ дар минтақаҳои гуногуни кишварамон ҷамъомадҳо гузаронида мешаванд. Зимни мулоқотҳо масъулин омили асосии шомилшавии ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ дар надоштани дониши кофии сиёсӣ, динӣ ва дунявӣ медонанд. Яке аз роҳҳои пешгирии ҷавонон аз ин тамоюли хатарнок фаҳмондани моҳияти аслии дини ислом ба онҳо мебошад. Зеро шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро аз надонистани аркону аҳкоми ислом низ маншаъ мегирад. 
Яке аз роҳҳои босамари пешгирӣ аз терроризм ва амалҳои террористӣ бедор намудани худшиносӣ, баланд бардоштани зиракӣ ва фарҳанги сиёсии аҳли ҷомеа ба шумор меравад. Танҳо бо ин роҳ метавон ҷомеаро аз ҳар гуна хатарҳо ва таҳдидҳои террористӣ эмин нигоҳ дошт, ки дар ин радиф, нақши ҷавонон ва равшанфикрони миллат ҳалкунанда аст. 
Метавон гуфт, ки ҷавонӣ давраи хеле ҳассоси умри инсон ба ҳисоб меравад ва дар ин айём онҳо метавонанд ба ҳар гуна роҳу равиш гаравиш пайдо намоянд. Мутаассифона, истифодабарӣ аз таҷрибаву дониши кам, вале қувваи тавонои онҳо барои ба дом андохтан мусоидат менамояд. 
Дар муассисаҳои таҳсилотӣ фаъолияти таълимию тарбиявӣ бояд сифатноку самаровар бошад, то ки таълим ва донишандӯзии муҳассилин шуурнок ба роҳ монда шавад. Кӯшиш бояд кард, ки дар шуури насли наврасу ҷавон, хусусан донишҷўён донишҳои ғайриилмӣ ворид нагардад. Ҳамзамон, онҳо бештар ба хондан ва машғулиятҳои таълимӣ ҷалб карда шаванд. Дар ин баробар, робитаи зичи оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа ҳамчун ниҳодҳои иҷтимоӣ хеле муҳим мебошад. 
Мусаллам аст, ки нақши тарбия дар ташаккули инсон басо калон аст. Аз ин рӯ, устодону муаллимони муассисаҳои таълимиро мебояд бо истифода аз донишу қобилият ва маҳорати баланди педагогӣ корҳои тарбиявиро дар дараҷаи зарурӣ ба роҳ монда, ба шуур, ба ҳис ва ба рафтори толибилмон таъсири мусбат расонанд. Ҳамчунин, дар ин самт миёни донишҷӯёну толибилмон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, дар раванди дарсҳо ва берун аз он перомуни таъсири бади зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм ва ба доми фиреб наафтидани ҷавонон суҳбатҳои муфиду судманд доир намоянд. 
Ба ҷавонон рӯ оварда, таъкид менамоем, ки бештар китоб хонанд, дониш ва касбу ҳунар омӯзанд. Зеро дониш инсонро ба дараҷаи баланди маърифат бурда, ҷаҳони маънавии ӯро ғанӣ мегардонад, ки рисолати одамӣ ҳам дар ҳамин таҷассум меёбад. 

Носиров Саъдулло  ва Раҳимзода Нуралӣ – узви        фаъоли ҲХДТ  


Вакти нашр: 2019-04-25 18:12:28    Хонданд: 58    Муфассал...

Вохўрӣ ва мулоқот бо сокинони пойтахт

      Вобаста ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба тарғибу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, ташвиқи арзишҳои асили миллӣ, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ бо омӯзгорон ва  хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и ноҳияи Сино вохўрӣ доир гардид.

    Дар он Қурбонмамадова Қ.Н.-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Олимова Х. – устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Наботов Ш-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино иштирок ва суханронӣ намуданд.

        Баромадкунандагон зимни баромади хеш   роҷеъ ба  дастовардҳои даврони истиқлолият,  фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ, амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, тарғибу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе ибрози назар намуданд.


Вакти нашр: 2019-04-26 13:20:20    Хонданд: 48    Муфассал...

Соати сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии “Бистаринамоии калонсолон”

         Мутобиқи дастуру супоришҳои Маҷлиси назоратии назди Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва   нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ   дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бистаринамоии калонсолон”-и Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Истиқлол” дар мавзўи “Тарғибу ташвийи дастовардҳои истийлолият” соати сиёсӣ доир гардид. 

       Сафарзода Зуҳра-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ  зимни баромади хеш   роҷеъ ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, рушди минбаъдаи самтҳои муҳим, аз ҷумла саноатикунонии мамлакат, нишондодҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, пешгирии терроризму экстремизм, бегонапарастӣ, вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон ибрози назар  намуд.


Вакти нашр: 2019-04-26 13:47:26    Хонданд: 44    Муфассал...

“ПАРЧАМБАРДОРОН” ТАЪСИС ЁФТ

        Дар муассисаи давлатии Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш оид ба намудҳои “Таэквандо” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ маҷлиси ҳизбӣ доир шуд.

        Убайдулло Қурбонов, муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ роҷеъ ба сиёсату барномаи ҲХДТ, 25 соли фаъолияти пурсамари он, заҳматҳои беназири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду пешрафти тамоми самтҳои муҳиму афзалиятнок ибрози назар намуд. Мавсуф  изҳор дошт, ки ҳамарӯза сафи аъзои ҲХДТ афзун гардида, ҷиҳати татбиқи барномаи ҳадафманду созандаи ҳизб саҳми хешро мегузоранд.

        Сипас, ба шахсони бо ихтиёри хеш ба сафи ҳизб пайваста шаҳодатномаи ҳизбиро супурда, онҳоро бо ин санаи хотирмон табрик гуфтанд. Бо тарафдории аъзои ҳизб ташкилоти ибтидоӣ “Парчамбардорон” номгузорӣ карда шуда,  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизб Набиев Ҳаким Холмуродович ва муовини раиси ташкилот Абдураҳмонов Комилҷон Шералиевич интихоб гардиданд.


Вакти нашр: 2019-04-26 14:49:17    Хонданд: 39    Муфассал...

ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ
ва ё андеша пиромуни ҳизби мардумие, ки зодаи тафаккури Пешвои миллат аст

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки онро бо истилоҳи дигар ба унвони ҲХДТ ном мебарем, бо ин ихтисор дар байни мардуми кишвар бештар маъруф аст. Вале ин ихтисор силсилаи ҳарфҳои холӣ набуда, дар муҳтавои он бозтоби арзишҳои як давраи таърихи миллат, идеология ва назару андешаи як қисмати бузурги ҷомеа маҳфуз аст. Имрўз ба ҳукми анъана даромадааст, ки теъдоде ҳизби моро ба унвони «ҳизби пешбарандаи ҷомеа», бахши дигаре «ҳизби аксарияти парлумонӣ» ва ҳатто баъзе «ҳизби ҳоким» меноманд.

Доир ба таърихи таъсисёбии Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон Пешвои миллат, Роҳбари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ ба таври мушаххас андешаҳои худро иброз намудаанд, ки зарурат ба шарҳ надорад: «Тавре дар хотир доред, ҳанўз дар айёми бисёр ҳассос - замоне, ки кишвари мо дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месўхт ва мардум интизори паёми сулҳ буданд, зарурати таъсис додани ҳизби сиёсие пеш омад, ки бояд фарогири назару андешаҳои гурўҳҳои мухталифи ҷомеа бошад.

Моро зарур буд, ки мардумро дар меҳвари як мафкураи созанда муттаҳид намуда, ба мухолифату даргириҳои фоҷиабори сиёсӣ хотима бахшем.

Баъди таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи сиёсии кишвар ва бо дарназардошти назару андешаҳои табақаҳои мухталифи ҷомеа ба хулосае омадем, ки тарҳи ҳизби нави сиёсиеро омода намоем, ки тавонад ҳизби ормонҳои мардумӣ бошад, дар меҳвари идеяи созандаи худ қишрҳои гуногуни ҷомеа – зиёиёну олимон, ҳунармандон, коргарону кишоварзон ва ҳатто рўҳониёнро муттаҳид созад.

Дар ин замина, тарҳи Ҳизби Халқии Тоҷикистонро, ки баъдтар вобаста ба таҳаввулоти сиёсии ҷомеа онро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номидем, омода сохтем ва фикр мекунам, ки иштибоҳ накардем.

Баъдтар раванди муборизаҳои сиёсӣ дар ҷомеа собит намуд, ки аҳзоби сиёсие, ки барномаи худро бар асоси ақидаи як гурўҳи маҳдуди сиёсӣ, мисли атеизм ё исломгароӣ роҳандозӣ намуданд, муваффақ нагардиданд ва қисми зиёди ҷонибдорони худро аз даст доданд».

Дар ҳамин давраи ҳассос, ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, пас аз интиҳои давлатдории Иттиҳоди Шўравӣ дар ҷомеа маҳфумҳои наве мисли «рўшанфикрон», «демократия», «ошкорбаёнӣ» арзи вуҷуд намуданд. Рўшанфикрон ва ё демократҳо дар зеҳни мардум ғолибан ба унвони намояндагони тафаккури нав, дигарандешон, ҷонибдорони навовариву ислоҳот пазируфта шуданд. Бахши бузурги ҷомеа аз онҳо хуб истиқбол намуд. Вале ба зудӣ аз ҷониби кишварҳое, ки дар Осиёи Марказӣ ҳадафҳои геополитикӣ доштанд, ин неруи навандеш таҳти контрол гирифта шуд. Илова бар ин, бахше аз рўҳониёни кишвар низ ба ин гурўҳ пайваста, дар муддати хеле кўтоҳ дар он нуфузи зиёд пайдо карданд.  Ин амал боис бар он гардид, ки ба ҷои зина ба зина ва бо равиши нарм ҷорӣ намудани ислоҳот, гурўҳҳои «рўшанфикрон» даст ба таҳаввулоти куллӣ заданд, ки ҳанўз ҷомеа барои пазируфтани он омода набуд. Ин амал сабабгори тезу тунд шудани вазъият дар ҷомеа ва алайҳи ҳам сангар гирифтани гурўҳҳои мухталиф гардид, ки оқибат дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро бо паёмадҳои хеле даҳшатбор эҷод кард.

Пас аз ин падидаҳои номатлуб дар зеҳни бахши азими ҷомеа маҳфумҳои «рўшанфикр», «демократ» ба наҳви дигар ҷилвагар шуданд ва ҳамоҳанг бо истилоҳи «ҷангҷўй», «вайронкор», «низоъбарангез» ва мисли ин садо медоданд. Яке аз сабабҳои дар ибтидо ҳамчун Ҳизби Халқии Тоҷикистон фаъолияти худро оғоз намудани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва баъдтар ба хотири пурра ифода намудани ғояҳояш тағйири ном кардани он низ ба воқеияти зикргардида, яъне маънии манфӣ гирифтани маҳфуми «демократия» дахл дошт. Гумон мекунам, таъсири ҷанги шаҳрвандӣ ва ба хотири пиёда сохтани ҳадафҳои муғризонаи худ ба ҳайси ниқоб истифода намудани гурўҳҳои маълум ин маҳфумҳои аслан арзишмандро дар зеҳни теъдоде аз мардум то ҳол «сафед» накардааст.

Мигел де Сервантеси хирадманд ба ин маънӣ фармудааст, ки таърих- хазинаи аъмоли мо, шоҳиди гузашта, намуна ва дарси ибрат барои имрўз ва ҳушдор барои фардост. Баъд аз гузашти солҳо, чун шоҳиди зиндаи воқеаҳои солҳои навадуми асри гузашта, ба хулосае меоям, ки дар вазъияти хеле ҳассос, ки як иқдоми нодуруст метавонист оташи нави ҷангу хушунатро дар ҷомеа афрўзад, Пешвои миллати тоҷик, Роҳбари муаззами ҳизби мо тавонистанд, ки бо дарназардошти афкору андешаи қишрҳои гуногуни ҷомеа роҳи дурусти рушди кишварро муайян ва интихоб намоянд.

Солҳои охири асри 20-ум тасмими нодуруст ва шитобкоронаи роҳбарияти вақти Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шўравӣ, ба вижа М.С. Горбачев боиси он гардид, ки яке аз абарқудраттарин давлати дунё дар ҳоли аз лиҳози иқтисодӣ  хеле заиф будан пош хўрад ва ба ҷумҳуриҳое, ки солҳои тўлонӣ як ҷузъи он буданд, ба ҷуз мушкилоти миёншикан чизе мерос нагузорад. Ин ҳолат таҳаввулоти баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳонро мемонд, ки давлатҳои абарқудрати дунё бо роҳнамоии СММ паиҳам аз сиёсати мустамликадорӣ даст кашиданд ва беш аз чиҳил давлати дунё озодии мутлақро соҳиб гардиданд, вале танҳо шахсиятҳое мисли Сарвазири Сингапур Ли Куан Ю ва Сарвазири Малайзия Моҳатҳир Муҳаммад ва чанде аз пайравони эшон дар кишварҳои Осиё ва Африқо тавонистанд, ки миллат ва давлати худро аз вартаи фақру хушунат наҷот диҳанд. Вале аксарияти кишварҳое, ки аз зери юғи мустамликавӣ наҷот ёфтанд, то ҳанўз иқтисодашон заиф буда, дар банди ҷангу низоъ ва фақру бе-навоӣ қарор доранд.

Мутаассифона, таҷрибаи Чин, ки бо сиёсати хирадмандонааш Ден Сяопин тавонист ин кишвари баъд аз таҷрибаҳои Мао Зедун, бахусус «инқилоби фарҳангӣ» муфлисшударо наҷот бахшад, ба роҳбарони Иттиҳоди Шўравӣ дарс нашуд. Ден Сяопин равиши хосеро дар ташаккул ва такмили сиёсат ва иқтисодиёти Чин интихоб кард, ки имрўз барои ба яке аз кишварҳои пешрафта ва мутараққии ҷаҳон табдил ёфтани он заминаи устувор гузошт. «Чи тафовут дорад, ки гурба кадом ранг аст, муҳим ин ки мушро шикор кунад», ин мақолаи дўстдоштаи «падари раванди ислоҳот» дар Чин буд. Ў дар ин замина тавонист, ки як мудели махсуси чиниро роҳандозӣ кунад, ки беҳтарин анъанаҳои миллӣ, динӣ, фарҳангӣ ва сохти иҷтимоию муносибатҳои бозориро ҳамоҳанг созад. Бо вуҷуди он, ки дар дохил ва хориҷ аз кишвар муқобилони зиёд дошт, ба ў муяссар гардид, ки «обу оташ», яъне сохти иҷтимоӣ ва сармоядориро бо ҳам оштӣ диҳад. Ў тарҳеро рўи кор овард, ки иқтисод ва тиҷорат озод буданд, вале тақсимоти одилонаро давлат ба зиммаи худ гирифта буд.

Дар Иттиҳоди Шўравӣ  баръакс, шитобкорона ва бидуни таҳлили амиқ сохтори таҷрибашударо мешикастанд ва ба ҷои он арзишҳои ғарбиро нусхабардорӣ мекарданд, ки ногузир ба иқтисодиёти давлат зарбаи муҳлик зад. Ин равиш ба роҳбарони вақти Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонд. Қисмате аз онҳо намехостанд, ки аз усули пешинаи роҳбарӣ, ки ба он хў гирифта буданд, даст кашанд, вале бахши дигаре дар пайравӣ ба «неодемократҳо»-и ғарбгарои рус ва созмону кишварҳои исломӣ, ислоҳоти фаврӣ ва бидуни таъхирро талаб мекарданд. Паёмади ин мухолифат ниҳоят Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид, ки даҳҳо ҳазор қурбониён ва садҳо ҳазор гурезагонро барҷо гузошт.

Сарвазири Малайзия Моҳатҳир Муҳаммад дар рўзҳои нахустини роҳбарии худ хитобан ба кишварҳои абарқудрати ҷаҳон гуфта буд: «Хоҳиш мекунам, ба мо имкон диҳед, ки афзалиятҳои миллӣ ва иҷтимоии хешро худ муайян намоем. Интизор набошед, ки ба хотири эҳтиром ба принсипҳои либерализми иқтисодӣ, мо манфиатҳои халқ ва кишвари худро пеши манофеи хориҷиён қурбон хоҳем кард».  Сарвар ва раҳнамои давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар рўзҳои аввали роҳбарии худ аз ҳамин принсип кор гирифт ва манфиати миллату кишвари худро фарози ҳама гуна манфиатҳо гузошт. 

Бархе то ҳол таассуф мехўранд, ки чаро ҳамон солҳои низоми сиёсии Иттиҳоди Шўравиро ҳифз накардем, чаро дар заминаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, танҳо бо тағйири ном, вале ҳамон шеваи сиёсӣ ҳизби дигареро таъсис надодем? Бале, Ҳукумати Шўравӣ дар як давраи муайяни таърихӣ барои бунёди давлати миллӣ ва рушди тамоми самтҳо: иқтисод, илм, маориф, тиб, фарҳанг ва мисли ин корҳои қобили таҳсинеро анҷом дод, ки воқеан фаромўшнокарданист.  Вале кам касе сари ин чиз андеша меронад, ки бо вуҷуди ҳамаи имтиёзҳое, ки сохти Шўравӣ дошт, Ҳизби Коммунист натавонист ормонҳои милливу динӣ, таърихиву фарҳангии халқҳои узви иттиҳодро дар худ таҷассум намояд. Иллати дар фурсати хеле кўтоҳ аз байн рафтани ин ҳизби пуриқтидор, ки беш аз шашяк ҳиссаи сайёраро таҳти нуфуз қарор дод, таълимоти таҳмилшудаи он буд, ки аз муросо ва ҳамоҳангӣ бо арзишҳои миллӣ парҳез мекард. Онро ба унвони як «клише»-и фарсудашуда ва ё устура аз эътибор соқит намуд. Баъдтар, тавре ки зикр намудем, дар мисоли Ҷумҳурии Мардумии Чин собит шуд, ки ҳароина бардоштани ин маҳдудиятҳо ва ҳамоҳанг сохтани идеологияи ҳизбӣ бо арзишҳои суннатии миллӣ танҳо гарави пешравӣ ва рушд хоҳад буд.

Вале солҳои навадуми асри гузашта вазъият дар Тоҷикистон ба наҳве дигар буд. Баъд аз истиқлолияти давлатӣ ҳизбу ҳаракатҳои зиёд бар асоси арзишҳои динӣ, мазҳабӣ ва маҳаллӣ пайдо шуданд, ки қабл аз ҳама ба ваҳдати миллии тоҷикон зарбаи ҷонкоҳ заданд. Мухолифати нисбатан шадидтар дар заминаи ду идеология: коммунистӣ ва исломгароӣ сурат гирифт, ки ҳар ду фирқа бо ҳам комилан оштинопазир буданд. Ҳизбҳои мазкур ва ҷонибдорони он мехостанд, ки дар кишвар ҳокимияти мутлақи сиёсиро дар заминаи арзишҳои ба миллати мо бегонаро таҳмил кунанд. 

Дар ин ҳол зарурати таъсиси ҳизби наве, ки бояд арзишҳои дунявӣ (секулярӣ) ва динию мазҳабиро бо ҳам оштӣ медоду, ҷавҳараш аз арзишҳои миллӣ ва башарӣ сарчашма мегирифт, ба миён омад.  Пешвои миллат ин заруратро сари вақт эҳсос намуданд ва барои бунёди як неруи тозаи сиёсии идеологӣ - Ҳизби Халқии Тоҷикистон (ҳоло ҲХДТ) замина гузоштанд. Ин ҳизб, ки воқеан ҳам ифодагари ормонҳои мардумӣ ва арзишҳои миллӣ буд, тавонист зина ба зина сомони сиёсатро ба даст бигирад, таҳти роҳбарии асосгузори худ, Президенти маҳбуби мо Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшад, муҳоҷирони иҷборӣ ва гурезагони сиё-сиро ба Ватан баргардонад.

Тасмимҳои созандаи Роҳбари давлати тоҷикон дар давраҳои хеле ҳассос, дар кишвари тоза ба файзи истиқлолият расидаи мо, ки ҳанўз дар ҷодаи сиёсати ҷаҳонӣ қадамҳои нахустин ва ноустувор мегузошт, боиси тағйироти хеле ҷиддӣ дар низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат гардиданд.

Таърихи давлатдории шахсиятҳои бузурге мисли президентони ИМА Авраам Линколн ва Франклин Рузвелт, сарвазири Британияи Кабир Уинстон Черчилл, Президенти Туркия Камол Отатурк, Президенти Фаронса Шарл де Голл, вазири молия ва баъдтар канслери Олмон  Рудолф Эрхард, Сарвазири Сингапур Ли Куан Ю, Раиси ҲКЧ Ден Сяопин ва ё ҳамзамонони мо, сарвазири Малайзия Моҳатҳир Муҳаммад, Президенти Уругвай Хосе Алберто Мухика Кордано собит намудаанд, ки ҳар яке аз ин наҷотбахшони миллат пайгирона дунболи ягон таълимот нарафтаанд ва ё тарҳи носанҷидаеро дар ҷомеа таҷриба накардаанд, балки вобаста ба вазъи сиёсиву иқтисодии кишварашон, амал намудаанд.

На идеологияи «капитализм», на «коммунизм» ва ё «либерализм», балки роҳандозии принсипҳои адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа, волоияти қонун ва кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар меҳвари фаъолияти ин шахсиятҳои бузург қарор дошт.

Имрўз дар улуми сиёсатшиносӣ усулҳои роҳбарии родмардонеро Пётри 1 ва Камол Отатурк, ки мардумони худро аз вартаи хурофоту ҷаҳолати асримиёнагӣ берун оварда, маҷбур мекарданд, ки ба илму маърифат рў оваранд, ба унвони «этатизм», шинохта шудаанд. Франклин Рузвелтро, ки дар давраи дар олами Ғарб хеле нуфуз доштани сиёсат ва иқтисоди либералӣ, бо усули «иқтисоди кейсианӣ»  (Keynesian economics), яъне дахолати бевоситаи давлат ба умури иқтисодӣ, мардуми ИМА-ро дар фурсати хеле кўтоҳ аз таназзули (депрессия) бузурги иқтисодӣ наҷот дод, ба «дастнишондаи Иттиҳоди Шўравӣ» айбдор мекарданд. Солҳои баъд коммунистони Чин баръакс, Ден Сяопинро ба «ғарбгароӣ» муҷрим медонистанд. Ин роҳбарони ба ақидаашон устувор новобаста аз он, ки бахше аз элитаи сиёсии «назарияпардоз» ба ислоҳоти пешгирифтаашон сарсахтона муқовимат менамуданд, тасмимашонро дигар накарданд. Онҳо мисли сарнишинони қаҳрамони ҳавопаймое буданд, ки дар ҳолати хатар аз мусофирон маслиҳат намепурсиданд, балки барои наҷоти ҷони онҳо тамоми неру ва таҷрибаи худро ба кор мегирифтанд. Роҳеро интихоб менамуданд, ки ба қолаби таълимотҳои сиёсӣ, ки ҳамеша бо «изм» анҷом меёфт, маҳдуд намешуд.  

Тасмимҳои Роҳбар ва роҳнамои давлати тоҷикон низ ибтидо аз таъсиси Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон як пайки тозае дар сиёсати кишвар буд. Таҷлили 1100-умин солгарди давлатдории Сомониён, Соли тамаддуни Ориёӣ, соли бузургдошти Имоми Аъзам, ба тасвиб расонидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бунёди роҳҳо, нақбҳо ва иншоотҳои бузурги аср, мисли НБО «Роғун» ва амсоли ин аз иқдомоти қобили таҳсине буданд, ки танҳо шахсияти бузурге мисли Пешвои миллат, Президенти маҳбуби мо Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода метавонист.

Дар хотир дорам, ҳамеша дар давраҳои интихобот рақибони сиёсӣ ва ҳатто баъзан ҳамсафони мо муваффақияту пирўзиҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба обрўву нуфузи Раиси он, Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд медонистанд. Сари ин баҳс мо бояд талош ҳам накунем. Чунки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи тафаккури Роҳбари он аст, ки ҷавҳараш аз арзишҳои таърихӣ, миллӣ, фарҳангӣ ва орзую ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик сиришта шудааст. Фаъолияти ҳизб бо сиёсати хирадмандонаи асосгузори он сахт алоқаманд аст, аз ин лиҳоз маҳбубияти он бо истеъдоди фитрии сарвараш иртиботи ногусастанӣ дорад.

Аз омилҳои дигари муваффақиятҳои ҳизби мо он аст, ки идеяҳои стандартии сиёсиеро, ки дар ҷаҳон борҳо таҷриба шудаанд, нусхабардорӣ накардааст. Дар меҳвари фаъолияти худ танҳо арзишҳои ҷаҳони сармоядорӣ (капиталистӣ), либералӣ, иҷтимоӣ (сотсиалистӣ) ва диниву мазҳабиро қарор дода, бо онҳо маҳдуд нашудааст, балки беҳтарин дастовардҳои башариро бо тафаккури миллӣ ҳамоҳанг сохтааст. 

     Мо масъулон ва узви фаъоли ҳизб, бояд пеш аз ҳама ин арзишҳоро ба мардум шарҳ диҳем. Барнома ва Оинномаи ҳизбро, ки дар он стратегияи фаъолияти ҳизб инъикос ёфтааст, ба таваҷҷуҳи оммаи васеъ расонем. Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат, Раиси муаззами ҳизби мо борҳо дар баромадҳои худ зикр намудаанд, ҳизб дар ташаккули маърифати сиёсии шахс таъсири амиқ гузошта метавонад. Мо бояд аз ин мавқеъ кор бигирем. Бояд амиқ дарк кунем, ки роҳбари ҳизбӣ будан вазифаи баланд не, балки масъулияти бузург аст ва ин масъулиятро, ки ҳадафаш созандагиву бунёдкорист, сарбаландона анҷом диҳем.

Фаттоҳзода Саидмурод Самад,

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон


Вакти нашр: 2019-04-26 15:04:54    Хонданд: 79    Муфассал...

МУТТАҲИДӢ ДАР АТРОФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МОРО БЕШТАР МУВАФФАҚ МЕСОЗАД

        Дар КИИ “Тоҷири Аҷам“ дар асоси супоришњои протоклии Маљлиси назоратии назди Раиси Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар шањри Душанбе,   барқияи телефонии   КИМ ЊХДТ, Ќарори Раиси шањри Душанбе ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ      вохӯрӣ  баргузор гардид.

        Дар вохӯрӣ Сайфулло Сафаров-профессор, сиёсатшинос, узви фаъоли ҲХДТ, Заррина Зуҳурова-мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Убайдулло Қурбонов, муовини раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноњияи Фирдавсї ширкат доштанд.  Сайфулло Сафаров дар мавриди ба даст овардани истиқлолият, рӯзҳои сангину душвори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, дастовардҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ, ҳифзи фарҳанги миллӣ, расму анъанаҳои неки миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ  ибрози назар намуд. Аз ҷумла роҷеъ ба ҳифзу тарғиби расми беҳтарину волотарини инсонӣ эҳтироми волидайн, устодону калонсолон даъват ба амал оварда, таъкид намуд, ки чунин муносибат, ба фарҳанги олии тоҷикона ба манфиати ҳама наслҳо, яъне имрӯзаву минбаъда аст.  


Вакти нашр: 2019-04-26 18:18:14    Хонданд: 53    Муфассал...

ТЕРРОРИЗМ - ТАҲДИД БА ОЛАМИ ҲАСТӢ

        Дар шароити ҷаҳоншавӣ яке аз хатарҳои муҳим барои инсоният ин ра икализми си­ёсӣ, ифротгароии динӣ ва терроризми бай­налмилалӣ мебошад, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

        Ҳаракатҳои ифротгаро ва экстремистиву террористӣ ба як пади­даи хатарзои замони муосир табдил ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудаанд. Яке аз ин гуна падидаҳои тундгароёна, ки дар равандҳои имрўза хеле фаъол аст, ифротгароии динӣ буда, он хусусияти та­шаккулёбӣ, заминаҳо ва шеваи фаъолияти худро дорад. Аз ин рў, ҷиҳати мубориза ва пешгирӣ аз он ба назар гирифтани ин омилҳо хеле муҳим мебошад. Ҳама гуна шаклҳои ифротгароӣ ва аз ҷумла ифротгароии динӣ ҳам, пеш аз ҳама, хатар ба асосҳои истиқлолияти давлатиро доранд. Фаромўш набояд кард, ки истиқлолияти давлатӣ аз дастовардҳои асосии миллати тоҷик дар тайи таърихи садаҳои охир ба шумор меравад. Нигоҳ доштан ва таҳким бахшидани асосҳои он аз вазифаҳои муқаддаси ҳар фарди боору номуси Ватан маҳ­суб меёбад. Аз зумраи ин вазифаҳои муқаддас ҳифзи марзу буми кишвар, нигоҳ доштани якпорчагӣ ва томияташ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва давлатӣ, баланд бардоштани обрў ва шарафи он ва ғайраҳо ба шумор мераванд. Вале баъзе падида ва зуҳуро­ти номатлубе дар ҷомеаи имрўза рўйи кор меоянд, ки шаҳрвандон ва махсусан ҷавононро аз иҷрои ин вазифаҳои пуршараф бар канор бурда, онҳоро бероҳа месозанд. Дар шумори чунин падидаҳои но­матлуб метавон паҳншавии ифротгароии диниро ном бурд. Аз ин рў, омўхтани сабабҳо, усули паҳншавӣ ва муайян намудани роҳу воситаҳои пешгирии ифротгароӣ барои ҷомеаи мо беш аз ҳарвақта аҳамияти муҳим пайдо кардааст.

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими иф­титоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзўи «Муқо­вимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» терроризм ва ифротгароиро яке аз масъалаҳои доғи рўз гуфта, барои муҳокамаи ҳамаҷонибаи масоили марбут ба мубориза алайҳи ин вабои аср ва таҳияву татбиқи иқдомоту тавсияҳои муштараки ҳамоҳангшуда дар ин самт мусоидат хоҳанд кард. Агар ба далоли мавҷуда назар андозем, дар бораи терроризм қариб ҳар рўз мешунавем ва ин як падидаи номатлуби воқеан глоба­лист, рўзе нест, ки сокинони ин ё он гўшаи олам қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд. Мувофиқи маълумоти шабакаи интернетии Esri (Environment Systems Research Institute – Институти тадқиқоти системаҳои муҳити зист), дар шаш моҳи соли 2018 583 ҳамлаи террористӣ вуҷуд дошт, ки дар он 3 054 нафар ҳалок шуданд. Аз рўйи ин маълумот, дар ҷойи аввал Афғонистон, баъдан Сурия, Ироқ, Сомали ва ғайра меистанд. Аз ин маълумот бармеояд, ки фаъолияти соз­монҳои террористӣ дар кишвари ҳамсоя – Афғонистон торафт васеъ шуда, вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонида истодаанд.

        Дар ин бора профессор Муҳаммад А. Н. чунин шарҳ медиҳад, ки «терроризм аз масъалаҳои ҷиддитарини инсоният дар асри ХХI ба ҳисоб меравад, ки бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ хатари байналмилалиро ба бор овардааст». Н. Зоҳидӣ менависад, табиист, ки чунин як фазои ғуборолуди саҳнаи байналмилалӣ ба имрўзу фардои кишварҳои минтақа, ба вижа Тоҷикистон, бетаъсир набуда, водор месозад, то тадбирҳои ам­ниятӣ пурзўр карда шавад.

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шари­фи Рамазон қайд карданд, ки: «вусъатёбии фаъолияти гурўҳҳои тер­рористиву тундгаро, аз қабили созмони ба ном «Давлати исломӣ», «Ал-Қоида», «Толибон» боиси нигаронии амиқи мо гардидааст. Да­лели ин гуфтаҳо он аст, ки агар солҳои қаблӣ дар Афғонистон дар қа­тори ҷангҷўёни ҳаракати «Толибон» намояндагони ҳамагӣ 15 кишвар мушоҳида мешуданд, ҳоло дар сафҳои созмони ба ном «Давлати ис­ломӣ» ва дигар гурўҳҳои террористӣ ҷангидани шаҳрвандони зиёда аз 100 давлат таъйид шудааст. Аз рўйи маълумоти дастрас, шумораи ҷангиёни гурўҳҳои террористие, ки дар Ироқу Сурия ҷойгир буданд, то 100 ҳазор нафар мерасид. Дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористӣ як қисми онҳо нобуд карда шуданд».

        Дарвоқеъ, терроризм таҳдиди бузург барои ҳастии инсоният ба шумор рафта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш гузоштааст. Олимон, муҳаққиқон ва аксарияти коршиносони илмҳои ҷомеашиносӣ имрўз дар баробари дигар хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ терроризмро бузургтарин зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Терроризм душмани инсоният ва мушкилоти ҷаҳон дар асри ХХI ба ҳисоб меравад.

Дороншоева Н. Ш.,

корманди Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ Ҷ


Вакти нашр: 2019-04-27 14:05:08    Хонданд: 59    Муфассал...

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ “ЗАБОН –ДОНӢ ҶАҲОН ДОНӢ”

         Мутобиқи Низомномаи тасдиқшудаи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври дуюми озмуни “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ”-ро миёни донишҷўёни донишгоҳҳои ҳудуди ноҳия доир намуд.

         Бояд қайд кард, ки пас аз ҷамъбасти озмун  донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Сафарова Меҳрангез сазовори ҷойи аввал, Ҳакимӣ Манижа донишҷўи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Латипов Довуд  донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  сазовори ҷои дуюм,  Саидова Нозигул донишҷӯи Коллеҷи кӯҳӣ ба номи С. Юсупова, Ҳамидова Фарзона  донишҷўи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Темурзода Шаҳноза донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд. Иштирокчиёни озмун дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро бо забонҳои русӣ, англисӣ, туркӣ, урду нақл карда, маҳорати забондониашонро  нишон доданд.

  


Вакти нашр: 2019-04-30 10:25:51    Хонданд: 34    Муфассал...

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ОБЁРӢ” ТАЪСИС ЁФТ

         Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Сино дар МД "Раёсати обёрии шаҳри Душанбе" маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.

           Мирзоев Н.М. – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино зимни баромади хеш оид ба ҳадафҳои Оиннома ва Барномаи Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон  андешаронӣ кард.  Аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ ва роҳбарияти МД "Раёсати обёрии шаҳри Душанбе" ба 36 нафар кормандон, ки дар асоси аризаи шахсиашон иродаи сиёсиашонро муайян намуда, ба узви ҲХДТ пайвастаанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Сипас, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи “Обёрӣ” таъсис дода шуда, Назаров Сино Акобирович раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Бобоева Матлуба муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуданд.


Вакти нашр: 2019-04-30 10:25:51    Хонданд: 38    Муфассал...

ҲАНГОМАҲОИ БЕАСОС ВА ИҚДОМҲОИ БЕБАРОР

      Мардуми шарифи кишвари мо хуб медонанд, ки ҷанги хунини бародаркушии солҳои 90-уми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки садҳо ҳазорон мардуми бегуноҳи тоҷик ҷони  худро аз даст диҳанд. Ин ҷанги  хонумонсӯз маҳз бо дасисаи собиқ Ҳизби Наҳзати Ислом  сар зад. Барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба охир расонидани куштору хунрезӣ соли 1997 Ҳукумати кишвар бо Ҳизби Наҳзати Ислом созишномаи сулҳ ба имзо расонид. Баъдан барои нигоҳ доштани сулҳи пойдор ба онҳо ҳатто мақомҳои баланди давлатӣ дода шуд. Вале наҳзатиён, ки дасту дили нопок надоштанд ба ҳамаи имкониятҳои мусоид қаноат накарда, моҳи сентябри соли 2015 бо роҳбарии муовини аввали Вазири мудофиаи Тоҷикистон маъруф бо исми Ҳоҷи Ҳалим ба кӯшиши табаддулоти низомӣ дар кишвари мо даст заданд ва хушбахтона ба мақсадҳои нопоки худашон нарасиданд ва натавонистанд, ки ҷомеаи моро ноором ва мардумро чун солҳои навадум саргардон намоянд. Мутаассифона то ҳол  ба ҳар роҳу восита мехоҳанд сокинони кишвари азизи мо Тоҷикистонро ноором намоянд.

      Тавре ҳамаи мо иттилоъ дорем собиқ Раиси Ҳизби Наҳзати Исломи  Муҳиддин Кабирӣ чанд маротиба аст, ки ба воситаи шабакаҳои интернетӣ гӯё  гуфтугӯи рӯ ба рӯ анҷом дода истодааст. М. Кабирӣ дар суханронии навбатиаш болоравии нархи интернетро баҳона карда, хост аҳолии кишвар, махсусан ҷавонони кишвари соҳибистиқлоли моро ба доми худ кашад. Ҳатто пардапӯшона мардумро  даъват намуд, ки алайҳи Ҳукумати кишвар гирдиҳамоиҳо ташкил кунанд. Умуман  суханрониҳои М. Кабирӣ баръало эҳсос мешавад, ки ҳадафи аслии ӯ ҷоҳталабӣ,  иғвогариву тафриқаандозӣ байни мардум  мебошад. Ӯ мехоҳад таҷрибаи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ роҳандозӣ кардаи Ҳизби Наҳзати Исломиро бори дигар идома дода, барои мардумро гумроҳ кардан саъю талош варзад.

      Шоми   (23.04.2019) аз телевизион эълон гардид, ки нархи интернет баланд нахоҳад шуд ва ҳамчунин зикр карда шуд, ки бо амри Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулоне, ки хостанд нархи интернетро баланд  бардоранд ва ҳангомаҷӯёне,  ки беасос байни мардум иғво андохтанд бояд нисбати онҳо чораҳои зарурӣ андешида шавад. Бинобар ин, ин бор ҳам ниятҳои нопоки иғвоангезон барҳадар рафт ва ба мақсадҳои палидашон нарасиданд. Умуман,  М. Кабирӣ ва шариконаш мутмаин бошанд, ки ҳеч гоҳ мардуми шарифи тоҷик, ба дасисаҳои онҳо бовар намекунанд. Зеро мардум хуб огоҳ ҳастанд, ки дар сар задани ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ, ки хисороти ҷониву молии зиёде ба бор овард, маҳз аъзои Ҳизби Наҳзати Исломи   даст доштанд.

      Тибқи иттилои коршиносон аъзои ташкилоти террористии мазкур 150-ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қатл расонида, сабаби тарк намудани як миллион нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардиданд.

      Ҳамчунин тарафдори созмони террористии наҳзат теъдоди зиёди ходимони давлатӣ ва олимонро қатл кардаанд. Сарчашмаҳои иттилоотӣ тасдиқ менамоянд, ки кишварҳои шиамазҳаб пурра аз ибтидои фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломи то имрӯз ба ин ташкилот маблағгузорӣ менамоянд. Илова бар ин, оҷизӣ ва найрангбозии Кабириро аз суханрониҳояш баръало эҳсос кардан мумкин аст. Зеро ӯ зимни суханронӣ гӯё рӯ ба рӯяш ба бисёр саволҳои мардум бо баҳонаи набудани вақт ҷавоб надод ва ҷавобҳояш ба бархе саволҳо низ комил набуд.

Чурғосиев Муллоаҳмадшоҳ,- узви фаъоли  ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-04-30 10:39:31    Хонданд: 34    Муфассал...

АЗ ИНТЕРНЕТ ВА ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ

Танҳо ба манфиати ҷомеа истифода бояд кард

         Дар замони муосир истифода аз техника ва технологияи нав, бахусус воситаҳои иртиботӣ – телефону компютер ва тавассути  онҳо барқарор кардани иртибот, алоқа бо паёмак – хаттӣ ва овозӣ, инчунин алоқаи он-лайнӣ таваҷљуҳи аҳли ҷомеаро бештар гардонда, дар мадди аввал мизоҷон аз он ба таври лаҳзавӣ ва доимӣ истифода мекунанд.

         Зиндагии имрӯзро бе истифодаи падидаи навтарин, аз ҷумла пайваст шудан ба шабакаи интернетӣ, ки аксари  шаҳрвандон ба гӯшиҳои мобилии худ васл кардаанд, тасаввур кардан номумкин аст. Гӯшиҳои  мобилӣ мулоқоти моро бо наздикон, дӯстону азизонамон дар андак  фурсат дастрас мегардонанд ва мо метавонем аз аҳволи якдигар, навигариҳои  баамаломада дар муҳити оила, атроф, кишвар ва берун аз он  (мулоқоти бурунмарзӣ) воқиф гардем. Агар бо тамоси  наздикон ва пайвандонамон мо аз иттилооти  аҳамияташ  ба як доираи  маҳдуд  огоҳ гардем, бо пайваст шудан ба шабакаи  ҷаҳонии интернет аз воқеаю ҳодисаҳо, навгониҳои  илмӣ- техникӣ, вазъи сиёсию иқтисодии кишвар ва ҷаҳон маълумоти муҳими дорои аҳамияти давлатию байналмилалидошта воқиф мешавем.

         Ҳамчунин, имрӯзҳо Интернет воситаи  дарёфти  маълумот барои кормандони соҳаи илм ва коршиносони соҳаҳои мухталифи  кишвар гардидааст. Яъне, замона тақозо мекунад, ки мо дар баробари давлатҳои мутараққии олам бархӯрдор  аз истифодаи  навгониҳо бошем. Ва аз ин воситаҳои иттилоотӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва илму фарҳанг бамаврид  истифода барем

         Биёед, аз интернет ва телефонҳои мобилӣ танҳо ба манфиати худ, дар маҷмӯъ ба манфиати ҷомеа самаранок истифода барем.  Зеро баъзе аз шахсон аз нофаҳмии мо истифода бурда тариқи интернет маблағ ба даст меоранд. Агар мо онро самаранок истифода барему кори худамонро хуб намоем ба буљаи киссаи худ зарар намерасонем.

Бобоҷон РАҲИМОВ, - узви фаъоли  ҲХДТ                                                                                 


Вакти нашр: 2019-04-30 10:46:03    Хонданд: 36    Муфассал...

ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ АРЗИШИ БЕБАҲОСТ

          Ин неъмат ба он хотир бебаҳост, ки барои ба даст оварданаш, тақдири хешро ба дасти худ гирифтанаш, худро ҳамчун миллати тамаддунофари созанда, ихтироъ ва эҷодкунанда ва барои дигарон роҳнамо буданашро нишон додан, худро аз зери гарони асорати бегонақавмон озод сохтан дар ин роҳ ҷони хешро нисор сохтан лозим меояд.

          Чун миллат роҳи дуру дарози ташаккулёбиро аз сар мегузаронад, дар ин роҳи пурпечутоби таърихӣ ҳамон халқиятҳое ба дараҷаи миллат мерасанд, ки новобаста ба фарозу нишебиҳои таърихӣ, ғолибияту мағлубият дар набардҳои хунин ин мушкилиҳоро паси сар намуда, афзалияти ҷисмонию зеҳнияшро нисбати ғосибонаш нишон дода озодӣ ба даст меорад.

           Сарчашмаҳои таърихӣ тоҷиконро ҳамчун халқи қадими Қараи Осиё бо вожаҳои гуногун ёдовар шудаанд.

 Дар ҳар ҷо ҳар ҷои Осиё ташкили давлатдории тоҷиконро бо номи сулолаҳо, мавзъеҳои ҷуғрофӣ сабт карда бошанд ҳам тӯли асрҳо вожаи Тоҷикистон яъне макони тоҷикон мушаххас набуд. Ин воқеа танҳо тавассути ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамроҳ шудани як қисми миллати тоҷик дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шуд.

            Бояд донист, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ ҳамон нафароне мерасанд, ки бо миллат ва давлати миллаташ зич алоқаманд буда махсусияти ҳолати ташаккули миллӣ ва равониашро фаҳмида ҳамзамон марому ҳадафҳои давлати миллиро дарк намуда, мушкилиҳои ҷойдоштаро рафъ сохтанро вазифаи ҷонии хеш медонад, хуб мефаҳмад, ки нишон додани садоқат ба миллату ватан талоши ҳамешагӣ баҳри боло бардоштани обрӯю эътибори Ватан аст. Бесабаб нест, ки баҳри ба даст овардани ин арзиши муқаддас аҷдодони гузаштаи мо яке дар набардҳои хунин баҳри дифои ватан, дигаре дар таҳхонаҳои ғосибон ҷон нисор карда сеюме тавассути ақлу хирад миллаташро то кунун ҳифз кардааст. Бубинед ҳаким Фирдавсӣ чӣ мегӯяд:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки мулк ба душман диҳем.

          Аз ин рӯ дифои марзу бум, якпорчагии миллӣ, ҷонисорӣ баҳри соҳибистиқлолӣ нишонаи мардию мардонагӣ, нишонаи заковати миллӣ маҳсуб мешавад. Ҳаёти ҷомеъиявии ҳар кадом миллат ҳамеша ба зиддиятҳое рӯ ба рӯ мегардад, ки нафароне, гурӯҳе, миллате ҳокимияти халқеро, шукуҳу шаҳоматашро барҳам додаю  худро аз дигарон бузургтар нишон додан мехоҳанд.

           Ҳамин шуури миллӣ, ки дар заминаи мероси маънавии пешгузаштагон ташаккул ёфта буд, миллатро барои ҳифзи асолати миллиаш, шаъну эътибори миллиаш даъват кардааст. Ҳамин буд, ки дар ибтидои асри X дар симои хонадони Сомониён давлате ба вуҷуд омад, ки тоҷикро ҳамчун миллати давлатсоз ба таърих ворид намуд. Ин хонадон ба хатари ташкили як давлати тоҷикӣ аз баҳри оини зардуштӣ гузашта исломро қабул намуда садоқаташонро ба хилофати араб нишон дода соҳиби ҳокимият гашта, оқибат мустақилият ба даст оварданд.

Зикр бояд кард, ки баъди мустаҳкамшавии давлати Сомониён, асоси сиёсати ин давлатро таҳаммулгароӣ ташкил медод.

Ҳокимияти Сомониён аз рӯи ҳамин таҳамулгароӣ, ҷудо карда натавонистани “худ”-ӣ ва “бегона”, оқибат ғуломони “содиқашон”-ро ба артишаш ворид намуда, маҳз намояндагони қавмҳои туркиро ба дараҷаи фармондеҳи артишаш бардошт, бехабар аз он ки такя кардан ба қудрат ва тавоноии миллати дигар, ҳатман маънии бовар накардан ба миллати худ ва худро аз дастгирии миллати хеш маҳрум кардан аст. Агар чунин намебуд, давлатдории Сомониён давраи Эҳёи илму маърифати миллати тоҷик дар саҳфаи таърих сабт гашта бошад ҳам, аммо аз ҷониби собиқ ғуломони ба ноз парваридааш барҳам намехӯрд. Пас барои ҳифзи истиқлолияти миллӣ, давлати миллӣ роҳбари асили миллӣ, роҳбаре, ки сазовори боварии миллати давлатсоз бошад, зарур будааст.

 Дуруст аст, ки доду гирифти байни давлатҳои миллӣ боиси таъмини босуботи сиёсию иҷтимоӣ шуданаш мумкин аст, аммо ин мувақатист. Муносибатҳо ҳамон вақт устувор буда метавонад, ки номгӯи маҳсулотҳои байни ҳамдигар ба бозор бароваранда аз рӯи миқдор баробар бошанд, ин аз як тараф, аз тарафи дигар давлати сустараққиёфта амалеро иҷро намояд, ки боиси аз таъсири  давлати пешрафта онро ҳамчун амали муқобили манфиати миллиаш баҳо медиҳад. Намунаи барҷастаи он вайроншавии муносибати байни Эрону Амрикою Аврупо, Туркияю Амрикою Олмон ва ғайра. Гузашта аз ин, давлатҳои нисбатан рушдёфта ба хотири дар ин ё он кишвари аз ҷиҳати иқтисодӣ қафомонда тарҳрезии ҳамагуна барномаҳо ба хотири нигоҳдории ҳузури худ дар ин мамлакатҳо ва то андозае назорат кардан аз болои фаъолияти ин давлатҳо амалӣ карда мешавад.

Аз ин рӯ ба хотири нигоҳдории соҳибихтиёрии бегазанди миллӣ ҳар кадом фарди миллат огоҳона ба барнома ва нақшаҳои аз хориҷ, аз кадом давлату ташкилоте набошанд баҳо дода, мақсади аслии онҳоро бо оқибатҳои ниҳони эҳтимолиаш баҳо дода тавонанд.

 Онро миллат дарк кунад, ки ҷомеаи имрӯзаи инсонӣ тавре ба ҳавзаю минтақа, ташкилотҳои гуногуни фаромиллӣ ҷудо карда шудааст, ки гӯё ҳамаашон оромию осоиштагии ҷомеаи инсонро хоҳонанд. Агар ба чашми тадқиқ нигарӣ айён мегардад, ки дар асл ин тавр нест. Аз нигоҳи миллӣ, баъди парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷаҳон ба арсаи ҷанге табдил ёфт, ки дар ин ҷанг ҳама ба муқобили ҳама ҷангида истодаанд. Натиҷаи ин ҷанг харобкорӣ дар Авғонистон, фоҷиаи инсонӣ дар Яман, аз байн рафтани Ливия ҳамчун давлати мутамарказ, харобу валангорсозии Ироқу Сурия ин ба хотири нигоҳ доштани ҳузури худи давлатҳои абадқудрат дар ин ҷой ҳаст.

 Агар миллатҳои гирифтори ҷанггашта мухолифати дохилиашонро барои ҳокимият аз нигоҳдории истиқлолияташон афзалтар намедонистанд ва ҳаргиз дар ватанашон чунин ҳодиса рух намедод.

Миллат ва қувваҳои сиёсии қудратхоҳ бояд байни худ на барои сари ҳокимият омадан, балки баҳри чӣ тавр ба таври ақлона мушкилиҳои дар дохили давлат вуҷуддоштаро дастаҷамъӣ ҳалу фасл намудан талош намоянд. Ҳар кадом қувваи сиёсӣ, агар сидқан миллӣ бошанд, бояд бифаҳманд, ки “грантҳо, конфронсҳо, семинарҳое, ки аз ҷониби давлатҳою ташкилотҳои байналмиллалӣ барои соҳаҳои гуногун ҷудо кардаю гузаронида мешаванд, беғараз нестанд. Бесабаб фаъолияти “Соросро дар тамоми дунё ҳамчун фаъолияти вайронкунанда баҳо намедиҳанд. Пас ягона воситаи кам намудани дахолати давлатҳои дигар ин ҳидояти ҳамешагии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муњтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки таъкид месозанд худшинос бошед, худогоҳ бошед, илму технологияи муосирро омӯзед ва аз ватану ватандорӣ ифтихор дошта бошед.

          Барои ҳамин ҳам қайд намудаанд: “Дар шароити нави таърихӣ муваффақият ба онҳое бештар муяссар мегардад, ки такя ба илму фарҳанг карда, арзишҳои маънавии худогоҳию ватанпарвариро тақвият медиҳанд, дар замири ҳар узви ҷомеа дарки зарурати пойдории амнияти миллӣ ва давлатиро ба вуқуд меорад.(Эмомалӣ Раҳмон “ Истиқлолият неъмати бебаҳост”. Душанбе 2001 саҳ. 8)

Рафти инкишофи ҳар кадом давлати миллӣ нишон медиҳад, ки устувории онҳо дар бисёр ҳолатҳо ба сифати роҳбарии сиёсӣ ва дараҷаи худогоҳии онҳо, дар кадом вақту замон чӣ гуна масъалаҳоро ба ҷои аввал баровардану диққати миллатро баҳри ҳалли онҳо ҷалб намудан зарур аст, вобаста будааст.

Ба бахти миллати тоҷик имрӯз Пешвои миллат аз равандҳои ҷаҳони имрӯза ва оқибатҳои фоҷиабораш хуб огоҳанд ва хуб донистанд, ки дар шароити пурихтилофи ҷомеаи ҷаҳонӣ, танҳо миллате дорои шуури қадрсозии шарафу эътибораш аст, ки такя ба ақлу фаросати миллӣ, истифодаи ҳамаҷонибаи моддию маънавии худ намуда худро аз ин хатарҳо дур карда истиқлолияташро ҳифзу мустаҳкам месозад.

          Бешак таҳия, қабул ва дар амал тадбиқнамоии нақшаи то соли 2030 ба давлати саноатӣ, аграрӣ табдил додани Тоҷикистон ба хотири он аст, ки миллатро аз муздурӣ раҳо бахшида ҳамчун давлати соҳибистиқлол битавонад ниёзҳои моддию маънавиро дар соҳаи иқтисодиёт, илму техника таъмин намояд.

Бояд донист, ки агар миллат худ ихтирокор, навовар, созанда набошад ақалан як қисми ниёзҳои барои нигоҳ доштани соҳибистиқлолияш худ истеҳсол нанамояд, он гоҳ соҳибистиқлолиашонро дифоъ карда тавонистан хеле мушкил аст. Онро низ бояд дарк кард, ки маҳсули заковати ақли гузаштагон барои ояндагон ҳамчун зербино хизмат менамояд, аммо рубинаро наслҳои имрӯза бунёд менамояд.

 Агар қадрдони гузаштагон будан хоҳӣ, он гоҳ аз ин зербинои маънавӣ тарзе бояд истифода бурд, ки саҳми гузаштааш барои баланд бардоштани қадру қиммати миллат ва мустаҳкамсозии соҳибистиқлолии миллӣ гардад. Қадр намудани истиқлолияти миллӣ ҳамчун арзиши муқаддас аз ҳар кадом аъзои ҷамъият на танҳо заҳмати ҳамешагӣ, балки ҳушёрии сиёсию маданияти баланди хештаншиносиро талаб менамояд. Қиммати ҳар кадом давлати соҳибистиқлол аз рӯи он муайян карда мешавад, ки ин миллат ба дигарон чӣ чизеро пешкаш намудааст, ки аз он дигарон истифода бурда фоида дида бошанд. Миллати танҳо истеъмолгари натиҷаи фаъолияти зеҳнии дигарон набуда худ низ чизе ба он баробар додааст.

 Агар чунин аст, месазад, ки масъалаи истиқлолияти зеҳнӣ дар шароити муайян дар сиёсати бунёдсозии ҷомеа авлавияте дошта бошад. Барои ин хонандагону донишҷӯёни аълохону қобилияти пажуҳишгарӣ, ихтироъкорию навоварӣ доранд дар ҳама сатҳ бояд дастгирии ҳокимияти сиёсиро эҳсос кунанд. Дониш, эҷодкорию ихтироъкорӣ, навоварӣ ба пояи баланди сиёсати давлатӣ бароварда шавад.

Ба ҳама маълум аст, ки танҳо тавассути ривоҷи ҳаматарафаи илм ва дар амалия татбиқ намудани он ҷамъият аз ҳама ҷиҳат пешрав мегардад. Беҳтарин муаррификунандаи миллат ин ба бозори ҷаҳонӣ баровардани маҳсулоте, ки дар он ақлу фаросат ва фасоҳати миллат таҷассум ёфта, имконияти ба ҳама хонадонҳо ворид шудан дорад, зеро он ҷо сабти макони бароришаш аст.

Маҳз ҳамин маҳсулоти истеҳсолшуда дар як вақт ҳамчун муаррифкунандаи соҳибистиқлолии миллию ҳам инъикоскунандаи ақлу заковати миллӣ баромад менамояд.

Дар замони ҳозира донистани забонҳои миллатҳои дигар, алалхусус давлатҳои аз ҷиҳати илмӣ- техникӣ барои мустаҳкамсозии соҳибистиқлолӣ ва арзишманд намудани он хеле муҳим аст. Донистани забони хориҷӣ ба ҳар як фарди миллат имкон медиҳад доираи муоширати зиндаро бо намояндагони халқу миллатҳои дигар васеъ намуда ба ҳайси тарғибгарони фарҳанги миллиашон баромад намоянд. Таъкидҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати азхуднамоии забонҳои хориҷӣ маҳз ба ҳамин нигаронида шуда, андешаи “забон донӣ ҷаҳон дони”-ро тасдиқ менамоянд.

Сангинова Дилором Наимовна – узви                                                                 фаъоли ҲХДТ  


Вакти нашр: 2019-04-30 10:49:31    Хонданд: 62    Муфассал...

На Шри-Ланке власти запретили носить бурку и хиджаб после серии терактов

       В Шри-Ланке запретили носить одежду и головные уборы, которые закрывают лицо и тем самым препятствуют установлению личности человека. Соответствующий указ подписал президент страны Майтрипала Сирисена спустя неделю после серии терактов, сообщает News First.

       Решение было вынесено на обсуждение Совета министров на прошлой неделе. Запрет на ношение бурки и хиджаба вступает в силу с сегодняшнего дня, 29 апреля.

      Напомним, 21 апреля в Шри-Ланке прогремело восемь взрывов. Жертвами атак стало 250–260 человек.


Вакти нашр: 2019-04-30 13:52:00    Хонданд: 40    Муфассал...



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс