МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

Вожаи истиқлол ва натиҷаи истиқлолиятхоҳӣ!

Истиқлолият воқеан, як калимаи муқаддас ва бузург мебошад, ки миллатҳо солҳову асрҳо баҳри ба даст овардани он ҳар он чизе доранд, харҷ мекунанд, вале боз ноком мегарданд ва орзуҳои худро ба олами хомӯшӣ мебаранд. Истиқлолият калимаест, ки ба ҳеҷ иборае онро наметавон баён намуд, онро танҳо эҳсос менавон кард. Истиқлолият калимаест, ки миллатро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Истиқлолият мафҳумест, ки шаъну шараф ва ҳуқуқу озодиҳои миллатро таъмин менамояд. Истиқлолият калимаест, ки шахси баҳри ноил гаштан ба ӯ ҷонсупурдаро дар саҳифаҳои заррини таърих қаҳрамон ва шуҷоу далер сабт менамояд. Соҳиби давлати мустақил ва Конститутсия будан, барои ҳар инсони соҳибдил бахти бузург аст. Махсусан дар ин рӯзҳои воқеаҳои гушношунида ва чашмнодидаи ҷаҳони муосир.

Пас аз гузашти солҳо ва ба даст овардани комёбиҳои муҳимми сиёсӣ, давраи нави давлатсозию давлатдории мустақилона заруратро пеш овард, ки қонунеро ба ҷомеа пешкаш намоем, то ки мардумро аз буҳронҳои маънавию иқтисодӣ раҳоӣ бахшида, рӯ ба ташаккули иқтисодиёти миллӣ намояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда метавонист. Бале, қонуне буд, ки бо дархосту пешниҳодҳои якдилонаи мардум қабул гардид. Ҳадафҳои аввалини ин қонун танзими ҷашну маросимҳои беососу серхарҷ, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми шарифи Тоҷикистон буд. Бо гузашти беш аз 11 сол мушоҳида намудем, ки чӣ тавр ин қонун манфиатҳои иҷтимоии мардумро ҳифз намуда, барои паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ хидмати шоён намуда истодааст, маҳз ҳамин буд, ки ин қонун ба мақоми Қонуни миллӣ расид.

Дар ин радиф дастоварди дигари сиёсии миллати мо дар замони Истиқлолият метавон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”- ро номид, зеро ин қонун имкон дод, ки дар шароитҳои сахти иқтисодӣ падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда набояд нисбат ба таълиму тарбияи онҳо бетараф бошанд. Маҳз ҳамин буд, ки имрӯз дар кӯчаҳо ҳеҷ мактабхонеро мушоҳида намекунем, ки ба оворагардию беҳуда гузаронидани вақт машғул бошад ва ҳеҷ падареро намебинем, ки нисбати таълиму тарбияи фарзанди худ беэътиноӣ зоҳир намояд.

Бо шарофати Истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ комёб шуда бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза, ба иттиҳоду якдилӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву хештаногоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Сарвари давлат борҳо таъкид намуданд ки: “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд. Аз ин рӯ, мову шумо бояд тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешем. Мо сиёсати пойдории сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллиро, ки давлати тоҷиконро аз нобудшавию миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият мешуморем”.

Мо ҷавононро мебояд, ки ба хотири эътибори бештар пайдо намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ аз дастовардҳои муҳимтарини технологияи муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба хуби огоҳ ва бархурдор бошем. Маҳз мо ҷавонон бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ монеаҳои мавҷударо паси сар намуда, дар пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳем гузошт. Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашаванда мавҷуд аст, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҳисси ватандории ҷавонони тоҷик ба дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райхон хуштар медонад. Бигзор, Истиқлолият барои ҳар шаҳрванди соҳибдилу озодаи мамлакат саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбиҳо оварад! Поянда бод давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

Салимов Умед


Вакти нашр: 2019-03-01 09:48:46    Хонданд: 77    Муфассал...

ЗУҲУРОТИ ДАҲШАТНОКУ НАФРАТОВАРИ ТЕРРОРИЗМ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

Дар солҳои охир масъалаи мубориза бар зидди терроризм дар сиёсати ҷаҳонӣ рӯзмарра гаштааст. Терроризмро ҳамчун таҳдиди рӯирост ва хатарнок ба давлати муосир эътироф менамоянд. Дар ҳолати тадбирандешӣ накарданд, ҳеҷ кас ва ҳеҷ давлате худро аз таҳдиди терроризм эмин дошта наметавонад.

Мақсади ибтидоӣ ва ниҳоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон ва ба воҳимаву таҳлука овардани аҳолӣ маҳсуб ёфта, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро чун маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои кабули қарорҳои ғайриқонунӣ, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва нуфузи мақомоти давлатӣ аст. Чунин баррасӣ ва таҳлилҳо дар Паёми имсолаи Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардиданд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки “Мо даҳшатиҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва бо итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат, ки тоҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд. Аз ин рӯ, мо ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар саросари ҷаҳон ҳастем ва хоҳонем, ки тамоми мухолифату низоъҳо, дар кадом минтақа ё кишваре, ки набошанд, танҳо бо роҳҳои осоишта ва музокирот ҳаллу фасл карда шаванд”. Ҳамаи ин рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамояд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам таъсир расонида, амнияти давлатҳои хурд ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро бо хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ месозанд. Муборизаи терроризм бояд мушаххас ва мақсаднок сурат гирифта, манфиатҳои умумибашарӣ дар мадди аввал гузошта шаванд. Ин мубориза фақат бо нобуд сохтани ташкилоти террористӣ ба охир намерасад. Бояд ҳамаҷониба дарк карда шаванд ва роҳу воситаҳои беҳтари муборизаро дарёфт намоем. Дар баробари ин зарурати бартараф намудани сабабҳо ва омилҳои бавуҷудорандаи терроризмро, ки аз камбизоатӣ, аз адолати воқеӣ дур будани воқеияти низоми ҷаҳонӣ, сатҳи пасти маърифат, ҷудоиандозии миллӣ, ихтилофи фарҳангӣ ва амалҳои худгароёнаи баъзеи давлатҳо дар арсаи байналмилалӣ иборатанд, ногузир мешуморем. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолияти худро бар зидди терроризм идома дода истодааст. Дар ин ҷода ҳамгироии кишвари мо бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони конфронси исломӣ пеш рафта истодааст. Ҳолати мазкур бори дигар исбот менамояд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, вабои аср ва хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Дар ин радиф қайд бояд намуд, ки чунин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте бо дин, аз ҷумла бо дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳи ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба иброз намуда қайд карда буданд, ки номи поки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи бузург аст. Ҳамин тавр, таҳлилу таъкидҳои қайдгардида моро водор месозанд, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашадӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Вазифаву масъулияти мо дар ин ҷода аз он иборат аст, ки тавассути мубориза бо ин падидаи ғайриинсонӣ манфиатҳои миллиро ҳимоя намуда, дар таъмини амнияти давлатамон саҳмгузор бошем.

Буриева Р.А. - ассистенти кафедраи фалсафа ва таърихи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат


Вакти нашр: 2019-03-01 09:59:30    Хонданд: 88    Муфассал...

Ташкилоти нави ибтидоии ҳизбӣ ба қайд гирифта шуд

Дар Филиали ҶДММ “Суғуртаи аввалини миллӣ” дар шаҳри Душанбе бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҚХДТ дар ноқияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ маҷлиси муассисон баргузор гардид.

Ҷурахонзода Ҷумахон-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрқои Кумитаи иҷроияи ҚХДТ дар ноқияи Исмоили Сомонӣ дар аснои баромади хеш қайд намуд, ки бо шарофати заҳмату талош ва амалишавии сиёсати шикастнопазири Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамон-Тоҷикистон ба як давлати пешрафтаву обод дар сатҳи байналмилалӣ шинохта ва эътироф гарида истодааст. Ин бори дигар ҳамаи моро водор менамояд, ки беш аз ҳарвақта ҳушёру зирак ва ҳамеша дар роҳи мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ саҳми назараси худро гузорем.
Дар идомаи маҷлис ба 8-нафар кормандони Филиали мазкур, ки иродаи сиёсии худро муайян намуда, аъзои ҲХДТ гардиданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис ва “САМ” номгузорӣ шуда, бо ҷонибдории аксарияти аъзои ҳизб Мирсалимов Темур Пулатович-Раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Зияев Ҳусейн Ҳикматуллоевич–котиби ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд.
 


Вакти нашр: 2019-03-01 14:16:05    Хонданд: 82    Муфассал...

ҚАРЗ БОШАД ҲИФЗИ НАНГУ НОМИ ТУ

28- уми феврали соли равон мутобиқи мактуби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати таблиғу ташвиқи дастовардҳои даврони истиқлолият, омӯзиши афкори умум, таблиғи арзишҳои ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, вазъи фазои динӣ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди хурофотпарастию тақлидкорӣ, ташвиқи арзишҳои асили миллӣ, анъанаҳои неки мардумӣ, таҳлили вазъи сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии “Шифо”-и Маркази саломатии шаҳрии №11 ҷамъомад доир гардид.
Масъули Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ дар мавриди дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, рӯйдодҳои хотиромону таърихӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи неъматҳои табии, вазъи сиёсии ҷаҳон, оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, пешгирии бегонапарастӣ ва ҳифзи асолату фарҳанги миллӣ ва ғайра ибрози назар намуд.


Вакти нашр: 2019-03-01 14:33:09    Хонданд: 63    Муфассал...

ДАР ШАРОИТИ БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО ҲАР МИЛЛАТРО БЕДОРӢ ВА ҲАР ФАРҲАНГРО ҲИФЗ МЕБОЯД

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар асоси мактуби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди хурофотпарастию тақлидкорӣ, ташвиқи арзишҳои асили миллӣ, анъанаҳои неки мардумӣ, таҳлили вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ташкилоти ибтидоии “Эсхата” соати сиёсӣ доир намуданд.
Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия дар мавриди дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ҳадафи чоруми миллӣ саноаткунонии босуръати кишвар, ба кишвари аграрӣ саноатӣ табдил додани мамлакат, самаранок истифодабарии замину об, тағйирёбии иқлим ва ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба масоили об, ҳифзи фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, бегонапарастӣ, маърифати шаҳрнишинӣ ва ғайра изҳори ақида намуд.


Вакти нашр: 2019-03-01 14:40:16    Хонданд: 84    Муфассал...

Чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Модар-сароғози зиндагӣ»

Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ бахшида ба таҷлили ҷашни Рўзи модар чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Модар-сароғози зиндагӣ» доир гардид.

Дар он Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода-муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Руқия Қурбонова-раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ, шоира Меҳринисо Бобобекова, Рудобаи Мукаррам-муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, фаъолзанони ҳизбӣ, кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати Рўзи Модар самимона табрику шодбош намуд.

Сипас, Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода ҳозиринро табрик намуда, асосан атрофи нақш ва саҳми занону бонувон дар фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ободонию шукуфоии кишвар ва дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ибрози назар кард.

Меҳринисо Бобобекова дар васфу ситоиш ва қадру манзалати зан-модар шеърҳоро қироат намуд.

Ҳамин тариқ, суруду таронахонии ҳунармандони шинохтаи кишвар анҷомбахши чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ гардид.


Вакти нашр: 2019-03-05 17:09:07    Хонданд: 106    Муфассал...

Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

13-уми марти соли равон таҳти раёсати Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Зоир Раҳмонзода Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар маҷлис аъзои Раёсат, рўзнома ва лоиҳаи қарорҳои муҳокимашаванда дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанберо мавриди муҳокимаю баррасї қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Ҳамин тариқ, маҷлиси Раёсат бо қарори худ Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо рўзи 15-уми марти соли 2019 даъват намуд.


Вакти нашр: 2019-03-13 18:39:50    Хонданд: 73    Муфассал...

Аксияи хайриявии “Армуғони наврўзӣ”

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе тасмим гирифт, ки баҳри дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар арафаи ҷашни Наврўзи байналмиллалӣ аксияи хайриявии “Армуғони наврўзӣ”-ро дар хонаи пиронсолону кўдакон ва мактаб- интернатҳои чор ноҳияи пойтахт доир намояд.

Дар ин асно 14-уми марти соли равон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамбастагӣ бо шахсони саховатпеша аксияи хайриявиро бо дастрас намудани тўҳфаҳои наврўзӣ зери унвони “Армуғони наврўзӣ” дар Муассисаи давлатии “Хонаи кўдакони №1”-и шаҳри Душанбе доир намуд.

Дар ин чорабинӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд қайд кард, ки роҳбарияти Муассисаи давлатии “Хонаи кудакони №1”-и шаҳри Душанбе зимни баромади хеш аз ин иқдоми хайрхоҳонаи ҳизбиён изҳори хушнудӣ намуда, қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваста дар ин самт чораҳои заруриро ба иҷро расонида, тадриҷан ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ёрӣ мерасонад.

Чорабинии мазкур бо манзури барномаи идонаи фарҳангӣ ва хуроки нисфирўзӣ барои кўдакон ба анҷом расид.


Вакти нашр: 2019-03-15 08:56:15    Хонданд: 88    Муфассал...

Аксияи хайриявии “Армуғони наврӯзӣ”

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тасмим гирифт, ки баҳри дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ аксияи хайриявии “Армуғони наврӯзӣ”-ро дар хонаи пиронсолону кӯдакон ва мактаб- интернатҳои чор ноҳияи пойтахт доир намояд.

Ҳамин тавр, 15-уми марти соли равон бо иштироки Раҳмонзода Зоир Файзалӣ - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Файзуллозода Зарина-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар ҳамбастагӣ бо шахсони саховатпеша аксияи хайриявиро бо дастрас намудани тӯҳфаҳои наврӯзӣ зери унвони “Армуғони наврӯзӣ” дар Муассисаи давлатии “Хонаи кӯдакони №2”-и шаҳри Душанбе доир намуд.

Роҳбарияти Муассисаи давлатии “Хонаи кудакони №2”-и шаҳри Душанбе зимни баромади хеш аз ин иқдоми хайрхоҳонаи ҳизбиён изҳори хушнудӣ намуда, қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ягона ҳизби адолатпарвар ва ғамхорест, ки пайи дастгирии ниёзмандон чораҳо меандешад, намегузорад, ки табақаи осебпазири ҷомеа сарфи назар гардад.

Бо манзури барномаи идонаи фарҳангӣ ва хуроки нисфирӯзӣ барои кӯдакон чорабинии мазкур ба анҷом расид.


Вакти нашр: 2019-03-15 17:36:05    Хонданд: 91    Муфассал...

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рўзи 15.03.2019 Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар он тибқи рӯзномаи маҷлис Гузориши Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб – Раҳмонзода З.Ф.оид ба натиҷаҳои фаъолиятва вазифаҳои сохторҳои ҳизбии шаҳри Душанбе дар робита ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ аз 07 феврали соли 2019, Ҳисоботи комиссияҳои доимоамалкунандаи назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе: 1. Кор бо ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ 2. Оид ба масъалаҳои молиявӣ ва рушди соҳибкорӣ, Дар бораи ворид намудани тағйирот ба ҳайати КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Мутобиқи масъалаи якуми рўзнома Раҳмонзода Зоир Файзалӣ баромад намуда, қайд намуд, ки баъд аз Паёми солонаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 7-уми феврали соли 2019 таҳти Раёсати Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси васеъи КИМ ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он фаъолона иштирок карданд. Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зимни суханронӣ вобаста ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии ҳизб, таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат дар соли 2019 назди сохторҳои ҳизбӣ ва аъзои фаъоли он як қатор вазифаҳои муайяну мушаххас гузоштанд.

Зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рисолати хешро дар муддати начандон зиёди вақт дар сатҳи зарурӣ ба иҷро расонида, имрўзҳо ба як неруи тавонову созандаи ҷомеа табдил ёфтааст. Бояд қайд намуд, ки соли 2018 бо як қатор падидаҳои фараҳбахшу рўйдодҳои хотирмон барои кулли сокинони сарбаланди кишвари азизамон соли муваффақияту комёбиҳо дар ҳама самтҳо ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин сол бо ибтикори Пешвои муаззами миллат чархаи аввали НОБ-и “Роғун” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, беш аз сад нафар аъзои фаъоли ин Кохи нур, бо мукофоти давлатӣ ва ҷоизаҳои пулию молӣ қадрдонӣ гардиданд, ки албатта чунин дастоварду ҷонибдорӣ бояд масъулияти фаротари таблиғотии ҳар яки мову Шуморо дар роҳи расидан ба марҳилаҳои аввали истиқлолияти комили энергетикӣ бештару афзунтар намояд.

Дар ин миён, ҳисоботи комиссияҳои доимоамалкунандаи назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои молиявӣ ва рушди соҳибкорӣ, кор бо ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ Фақеров Ҳамидуллохон ва Салимзода Амонулло шунида шуд.

Сипас, вобаста ба омодагиҳо ба маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода ва баланд бардоштани масъулияти ҳизбӣ ба ҳайати Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Ҳамин тавр, Муҳаммадраҳим Юсуфӣ-иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва Билол Иброҳим-иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансур ба ҳайати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе интихоб карда шуданд.

Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода-муовини Раиси ҲХДТ зимни баромади хеш фаъолияти босамари Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанберо махсусан ёдовар шуда, қаноатбахш арзёбӣ кард.

Дар фарҷом ба фаъолони ҳизб барои фаъолияти пурмаҳсул ва саҳми арзанда гузоштан дар баланд бардоштани нуфузу эътибори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеъа бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.


Вакти нашр: 2019-03-15 17:41:54    Хонданд: 88    Муфассал...

Иқдоми хайриявии ҳизбиён

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тасмим гирифт, ки баҳри дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар арафаи ҷашни Наврўзи байналмиллалӣ аксияи хайриявии “Армуғони наврўзӣ”-ро дар хонаи пиронсолону кўдакон ва мактаб- интернатҳои чор ноҳияи пойтахт шаҳри Душанбе доир намояд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамбастагӣ бо шахсони саховатпеша 18-уми марти соли равон бо иштироки Раҳмонзода Зоир Файзалӣ - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Расулзода Насимҷон-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аксияи хайриявиро бо дастрас намудани тўҳфаҳои наврўзӣ зери унвони “Армуғони наврўзӣ” дар Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахўрон ва маъюбони шаҳри Душанбе доир намуд.

Роҳбарияти Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахўрон ва маъюбони шаҳри Душанбе зимни баромади хеш аз ин иқдоми хайрхоҳонаи ҳизбиён изҳори хушнудӣ намуд.

Чорабинии мазкур бо манзури барномаи идонаи фарҳангӣ ва хуроки нисфирўзӣ барои кўдакон ба анҷом расид.


Вакти нашр: 2019-03-18 14:23:02    Хонданд: 73    Муфассал...

НАВРӮЗ–ПАЙВАНДГАРИ ДИЛҲО

Бузургдошти Наврӯз бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки тӯли садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум кардааст. Боиси ифтихору фараҳмандист, ки маҳз дар даврони истиқлолияти давлатӣ Наврӯз бо тамоми ҳастию ғановати хеш эҳё шуд, ки дар ин самт саҳми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас аст. Пайвандии Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди мо қавӣ буда, расму оинҳои мо дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз ба рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва мардуми фарҳангиву таҳаммулгаро созгор ҳастанд.

Ин суханро муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раъно Бобоҷониён зимни баргузории чорабинии фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони “Наврӯз - пайвандгари дилҳо” дар доираи таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки 19-уми марти соли 2019 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва ноҳияҳои он доир гардид, иброз дошт.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва дигар ниҳоду идораҳои давлатӣ ҳузур доштанд.

Нахуст, меҳмонон аз намоиши молу маҳсулоту ҳунарҳои мардумӣ, хонҳои оростаи ҳафтсину ҳафтшин ва маҳсули дастранҷи Кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии пойтахт дидан намуда, таассуроти нек бардоштанд.

Дар ин миён, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии мардуми ориёӣ, оғози соли нави шамсӣ, пайвандгари инсону табиат, мавсими кишту кори баҳорӣ буда, аз қаъри асрҳои зиёд аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидааст.

Зикр шуд, ки мақоми байналмилалӣ касб намудани Ҷашни Наврӯз маҳз бо кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

- Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии мардуми ориёӣ, оғози соли нави шамсӣ, пайвандгари инсону табиат, мавсими кишту кори баҳорӣ буда, аз қаъри асрҳои зиёд аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидааст. Дар раванди таърих Наврӯз қадимтарин ва дақиқтарин ҷашни соли нав ё ба таъбири алломаи бузург Абӯрайҳони Берунӣ “пешонии соли нав” мебошад,-иброз доштанд баромадкунандагон.

Гуфта шуд, ки сол то сол бо кӯшишу заҳматҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикороти Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пойтахти азизамон ба наврӯзгоҳи ҳақиқӣ табдил ёфта, хонаи умеди тамоми тоҷикони дунё гаштааст.

Ҳамин тариқ, сурудхонии ҳунармандони шинохта Ҷамшед Исмоилов, Хурсандмурод Зарипов ва Шуҳрат Сайнаков анҷомбахши чорабинии фарҳангӣ гардид.

Ш. ОЛИМӢ


Вакти нашр: 2019-03-19 16:26:09    Хонданд: 116    Муфассал...

Наврўзи байналмилалӣ муборак!

Инак, ба диёри ҳамешасабзу нозанини мо боз баҳори оламафрўз фаро мерасад ва бо пайки худ ба чашмҳо нуру ба дидаҳо сурур мебахшад. Воқеан ҳам, ин ҷашни қадимаи миллии тоҷикон Наврўзи хуҷастапай таҷассумгари шодию нишот, некбахтию хуррамии миллати куҳанбунёди мо мебошад. Бо кўшишу заҳматҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикороту талошҳои доимии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти азизамон шаҳри Душанбе симои худро комилан дигаргун намудааст.

Дар пайвастагӣ бо омилҳои зикргардида, сокинони сарбаланди пойтахти азизамон бо кормандони сохторҳои ҳизбӣ тасмим доранд, ки дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкориро мутобиқи қарору дастурҳо вусъати тоза бахшида, дар ободу зебо гардонидани як гўшаи Ватани азизамон нақши муассир гузоранд.

Бо таваҷҷуҳ ба амалӣ намудани нақшаҳои созанда, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тамоми сокинони пойтахти азизамонро бо фарорасии Наврўзи хуҷастапай табрику муборакбод намуда, бароятон комёбиҳои беназир, саодату хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамояд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии

Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе


Вакти нашр: 2019-03-19 16:44:20    Хонданд: 71    Муфассал...

Аксияи хайриявӣ таҳти унвони “Армуғони наврўзӣ”

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тасмим гирифт, ки баҳри дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар арафаи ҷашни Наврўзи байналмиллалӣ аксияи хайриявии “Армуғони наврўзӣ”-ро дар хонаи пиронсолону кўдакон ва мактаб- интернатҳои чор ноҳияи пойтахт доир намояд.

Ҳамин тавр, 20-уми марти соли равон бо иштироки Абдураҳимова Дилбар Ҳабибуллоевна - муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Азизов Азизхуҷа- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо шахсони саховатпеша аксияи хайриявиро зери унвони “Армуғони наврўзӣ” дар Шифохонаи парастории ҳамшираҳои шафқати шаҳри Душанбе доир намуд.

Роҳбарияти Шифохонаи парастории ҳамшираҳои шафқати шаҳри Душанбе зимни баромади хеш аз ин иқдоми хайрхоҳонаи ҳизбиён изҳори хушнудӣ намуда, қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби адолатпарвар ва ғамхорест, ки пайваста дастгири ниёзмандон мебошад.

Бо манзури барномаи идонаи фарҳангӣ ва хуроки нисфирўзӣ чорабинии мазкур ба анҷом расид.

 


Вакти нашр: 2019-03-20 15:00:11    Хонданд: 81    Муфассал...

АЗ ФИТНААНГЕЗОНУ ТАҚАЛЛУБКОРОН ДУРӢ БОЯД ҶУСТ

Афзоиши хатарҳои терроризм ва экстремизм сабаби ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ки аз таҳдидҳои ин зуҳуроти номатлуби аср Тоҷикистон низ истисно нест. Ҷомеаи имрӯзаи моро равияҳои номатлубе фаро гирифтаанд, ки ба зеҳну андешаи ҷавонон бетаъсир буда наметавонад. Маълум аст яке аз хатарноктарин зуҳуроти ҷомеаи муосир ин терроризму экстремизм аст, ки онро вабои аср низ мехонанд. Мутаассифона, ин зуҳуроти номатлуб ба худ хислати фаромиллӣ ва глобалиро касб менамояд. Ҳамин аст, ки бо сабаби зуҳури ин таҳаввулоти номатлуби замони муосир давлатҳои алоҳида зери хатар қарор мегиранд ва ҳаёти осоиштаи мардуми сайёра ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мегардад, ки дар танҳоӣ онҳоро рафъ карда наметавонанд. Муборизаи беамон бо экстремизму терроризм, оштинопазирӣ бо ҳама гуна шакли зоҳиршавии он, хусусан дар шароити кунунӣ, ки ин навъи фаъолият тобиши сиёсӣ гирифтааст, ҳаётан муҳим ба назар мерасад. Имрӯз неруву ҳаракатҳои гуногун маҳз тавассути аъмоли ифротгароёна ниятҳои сиёсии худро пиёда кардан мехоҳанд. Таассуфовар ин аст, ки роҳбарону гумоштагони зархариди чунин ҳаракатҳо пеш аз ҳама ҷавононро гирифтори доми ақоиди ифротии худ мекунанд. Истифода аз роҳу равиши экстремистӣ баҳри расидан ба аҳдофи сиёсӣ дар кирдорҳои бади ҷинояткорона, аз қабили ташкилу иҷрокунии амалҳои террористӣ, исёну бетартибиҳои оммавӣ барои зӯран тағйир додани сохти конститутсионии кишвар ва як қатор аъмоли дигари ғайриқонунӣ зоҳир мешавад. Пӯшида нест, ки ин тоифа барои амалӣ намудани кирдору ниятҳои нопоки худ ниқоби дини мубини Исломро ба бар карда, мардумро гумроҳ мекунанд. Яке аз намояндагони ин тоифа гурўҳҳои сиёсӣ ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати ислому мебошад, ки бо фармони хоҷагони хориҷии худ берун аз Тоҷикистон истода, нисбати кишвари маҳбуби мо ҳар гуна суханҳои ноҷо ва иғвоангезона мегӯянд. Бо иғвою туҳмат давлатро сиёҳ карда, дастовардҳои истиқлолияти давлатиро нодида мегиранд, ки ин нотавонӣ ва ноҷавонмардонагии онҳоро нишон медиҳад. Бешубҳа, халқи тоҷик аз таърихи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оқибатҳои он сабақҳо бардошта, барои такрори он ҳеҷ гоҳ роҳ ва имконият ҳам намедиҳанд. Барои боз ҳам самаранок ба роҳ мондани муқовимат алайҳи экстремизми динӣ, ҷавононро дар рўҳияи хайрхоҳию ватандӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву осмони беғубори кишвари маҳбубамон тарбия кардан муҳим аст. Пайравӣ аз ақидаҳои бегона ва ифротӣ оқибатҳои хунбор дорад ва инро мо дар мисоли ҳодисаҳои даҳсолаи охир, ки дар кишварҳои Шарқи Наздик то имрӯз давом доранд, ба хубӣ мушоҳида карда истодаем. Ин рӯйдодҳо нишон медиҳанд, ки чӣ тавр мардуми осоиштаи минтақаро ба ваъдаҳои пучу холӣ дар хусуси сохтани давлати динии адолатпарвар, таъмини рӯзгори муносиб барои аҳолӣ, ғалабаи ҳақ бар ботил, сохтани биҳишт дар рӯи замин ва дигар суханони дурӯғинашон бовар карда, ба ошӯб хестанд ва акнун марзу бумашон вайрону валангор шудаасту аз осоиштагию сатҳи баланди зист, ки пешвоёни зархарид ваъда карда буданд, дараке нест. Ин як дарси ибрат ва ҳам муштест ба даҳони онҳое, ки ақидаҳои ифротии хешро бо шиору аҳкоми муқаддаси динӣ рӯйпӯш намуда, ҳаёти осудаи моро халалдор кардан мехоҳанд. Террористону экстремистон аксаран зери даъвату шиорҳои диниву мазҳабӣ паноҳ бурда, худро ҳомиёни дину шариат эълон намуда, исломро ҳамчун воситаи расидан ба ҳокимият медонанд. Ҳол ин ки дини мубини Ислом аз терроризму экстремизм фарсахҳо дур буда, ба он ҳеҷ иртиботе надошту надорад. Мебинем ва шоҳид ҳам мешавем, ки исломро ба таври сунъӣ сиёсӣ мекунонанд. Бо истифода аз дини поки ислом ғаразҳои сиёсиву нопоки худро амалӣ месозанд. Бо ваъдаҳову хабарҳои бардурӯғ майнаҳои ҷавонон ва вуҷудашонро заҳролуд месозанд. Ин гунна ҷавонони манқуртшуда фирефтаи ваъдаҳои онҳо гардида, ба Ватану модари худ хиёнат мекунанд ва даст ба куштору ғорат мезананд. Мусаллам аст, ки дар ягон давру замон одамони дорои фикри солим аз ҷангу моҷаро ҷонибдорӣ накардаанд. Ҳатто дар ҳамин рӯзҳо агар ду нафар бо ҳам муноқишае дошта бошанд, фикри кадоме аз онҳо солим бошад, мекӯшад, ки муноқишаро бас кунаду оштӣ намояд. Барои дорои фикри солиму созанда будан, бешак донишу ҷаҳонбинӣ ва андеша лозим аст. Аз ин рӯ, дар оилаву муассисаи таълимӣ ва дар ҷомеа талқини китобхониву забономӯзӣ ва кӯшиши мукаммалшавӣ ба ҳар як ҷавон метавонад натиҷаи мусбӣ ба бор оварад ва аз каҷрафторӣ ӯро боз дорад. Бузурге мефармояд:

Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,

Ба дониш тавон риштану бофтан

Хулоса, мубориза бо ин зуҳурот фақат кори мақомоти қудратӣ набуда, аз ҳар фарди худогоҳу хештаншинос масъулияти ҷиддӣ талаб мекунад. Яке аз роҳҳои асосии мубориза бо терроризм ва экстремизм баланд бардоштани маърифату дониши мардум, хусусан ҷавонон мебошад. Барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб аҳли зиё, махсусан мо омӯзгорон бояд фаъол бошем ва дар ҳар дарс аз пешгирии ин амали номатлуб ва ҳушёрию зиракии ҷавонон бо онҳо суҳбат кунем ва воқеиятро ба онҳо фаҳмонем, то рисолати шаҳрвандии худро иҷро карда бошем.

Ҷурахонзода Баҳодур-узви фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-03-27 13:36:08    Хонданд: 61    Муфассал...

НАВРӮЗ – ҶАШНИ КӮҲАН ВА МОНДАГОРИ ҚАВМҲОИ ОРИЁӢ

Ҷашнҳои арзишманди миллии тоҷикон баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллати мо ба шумор мераванд. Тоҷикон аз зумраи он миллатҳои кӯҳанбунёду тамаддунофаранд, ки тавонистанд ҷашнҳои муқаддаси миллиашон – Наврӯз, Меҳргон ва Садаро алорағми фишорҳои мафкураҳои ҳоким дар низомҳои гуногуни сиёсӣ беосеб то ба имрӯз бирасонанд ва тайи солиёни соњибисти бо қалбҳои саршор аз ифтихори ватандорӣ, бо шукӯҳмандии тоҷикона ва шаҳомати ориёна ҳарсола таҷлил намоянд. Аз ин ҷост, ки махсусан фарҳанги Наврӯз аз ҳуҷуму тохтутозҳои бешумори аҷнабиён, харобкориву яғмогариҳо, истилову салтанати тӯлонии онҳо, ки боиси аз байн рафтани ёдгориҳои зиёди илмиву адабӣ, ҳунариву фарҳангӣ, хатту забонҳо гардиданд, на танҳо осеб надид, балки истилогаронро ҳам тасхир намуда, мавриди ќабули онҳо карор гирифт. Наврӯзи оламафрӯз шояд аз зумраи муҳимтарин ҷашнҳое ба шумор равад, ки дар миёни халқияту миллатҳои олам маҳфуз монда, аз гузаштаҳои дур то имрӯз эътибору манзалати иҷтимоии худро гум накардааст. Ба василаи Наврӯз мардумони эронӣ суннатҳову унсурҳои фарҳанги бостонии худро идома додаанд. Аз ин рӯ Наврӯзро метавон маншаъи эҳёву фарогири фарҳанги бостон дар ҳар давру замон донист, ки волотарин унсурҳои фарҳангии мардумони эронитаборро ҷамъ овардааст. Ҳатто ин ҷашни оламафрӯз аз марзҳои ҷуғрофиёӣ ва фарҳангии мардуми форсизабон фаротар рафта, аз шимоли Чин то Аврупоро дар бар гирифтааст. Аз ин рӯ набояд Наврӯзро ҷашни қавмиву қабилавӣ ва миллӣ донист. Зеро ин ҷашнро илова бар ў туркман, ва озар то ворисони аслии ин ойини кӯҳан- тоҷикону эрониён ва афоғонҳо дигар миллатҳо низ хеле гарму самимона истиқбол менамоянд. Ҷашни Наврӯз ҳамроҳ бо худ покизагї гармию меҳрубониро меоварад ва аз хусусиятҳое бархурдор аст, ки сазовори таҳсини мардумони кураи арз гардидааст. Илова бар ин Наврӯз ҳамеша баёнгари наҷибтарин орзӯву омол, ормону умедҳои башар буда, некиву накӯкорӣ, покиву озодагӣ, тарабу шодӣ, осудагиву ободиро талқин менамояд, мардумро ба созандагиву бунёдкорӣ даъват мекунад, дили онҳоро ба хушиҳои табиату зиндагӣ гарм месозад. Дар ин ҷашн таҷаллии пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек, ки мароми ахлоқии мардумони эронӣ аст, ҳувайдост. Наврӯз ҳамчунин пайвандгари дӯстиву бародарӣ, нерӯбахши сулҳу оштист, зудояндаи занги кинаҳову озурдагиҳост.

Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав, ва тоза, нахустин, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст. Дар ин маврид Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст», ҳамчунин дар китобаш «Ал-тафҳим» менигорад ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст». Мавриди зикр аст. ки таърихи пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин ойини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, Таърихи Табарӣ, «Ал-тафҳим», «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳон Берунӣ ва «Наврӯзнома»-Умари Хайём, шоҳ Ҷамшед ё ин ки Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд. Тибқи абёти сурудаи Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон, дастур дод то дар онҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи заррин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ, ҷаҳон нуронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд.

Ба Ҷамшед бар гавҳар афроштанд,

Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд.

Бархе аз ривоёти дигари таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Тибқи ин ривоёт, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд. Ин ойинҳо дар замони подшоҳони дигари Ҳахоманишӣ низ баргузор мешудааст. Замони Дорои якум, маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мешуд. Албатта дар сангнабиштаҳои барҷомонда аз даврони Ҳахоманишиҳо, ба таври мустақим ишорае ба баргузории Наврӯз нашудааст, аммо баррасиҳо бар рӯйи ин сангҳо инъикосгардида нишон медиҳанд, ки мардум дар даврони онҳо бо ин ҷашн ошно будаанд ва Ҳахоманишиён Наврӯзро бо шукӯҳи бузурге ҷашн мегирифтаанд. Ҳамчунин асноди таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки Дорои I ба муносибати Наврӯз дар соли 414 қабл аз мелод сиккае аз ҷинси тилло зарб намуд, ки дар як сӯи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Илова бар ин баъзе ривоёт, Зардуштро ба ҳайси бунёдгузори Наврӯз ном мебаранд.

Дар замони Ашкониёну Сосониён низ Наврӯз ҷашн гирифта мешудааст.Зеро ҳикояту ривоёте, ки дар ин бора дар сарчашмаҳо оварда шудаанд, нишон медиҳанд, ки дар ин давра Наврӯз дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешудааст.Масалан Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия» овардааст, ки «Чун ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он нишаст шуд ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Ва ба як рӯз аз куҳи Дамованд ба Бобул омад. Мардум аз дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд”.

Муллоаҳмадшоҳ ЧУРҒОСИЕВ -узви фаъоли ҲХДТ

 


Вакти нашр: 2019-03-27 13:46:36    Хонданд: 78    Муфассал...

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “АДОЛАТ” ТАЪСИС ЁФТ

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ибтидоии нави ҳизбӣ таъсис ёфт. Нахуст масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия дар маҷлис ба 11 нафар аъзои нав дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбиро супориданд.

Убайдулло Қурбонов-муовини раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар хусуси ғоя ва сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, заҳмату талошҳои беназири Раиси муаззами он, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои бесобиқа дар тамоми самтҳои хоҷагии халқ дар давоми фаъолияти ин ҳизби бонуфузи кишвар ибрози назар намуд.
Сипас, тариқи овоздиҳӣ аъзоён номи ташкилоти ибтидоиро “Адолат” номгузорӣ карда, раиси ташкилот Даврон Назирмадзода ва муовини раиси ташикилоти ибтидоӣ Ромиш Ниёзов интихоб гардиданд.
Даврон Назирмадзода зимни баромади хеш изҳор дошт, ки сазовори ин боварӣ будан ҳам ифтихор ва ҳам масъулият аст. Иҷрои рисолати ҳизб ва саҳм гузоштан дар татбиқи сиёсату Барномаи ҲХДТ, ки баҳри манфиатҳои миллӣ нигаронида шудааст, худ шараф аст.


Вакти нашр: 2019-03-27 15:56:19    Хонданд: 67    Муфассал...

НАВРӮЗ РАМЗИ ШИНОХТИ ОРИЁИСТ

Боиси хушнудист, ки бо баракати даврони истиқлолият ва ба шарофати ваҳдати куллию суботи комил, бо азму талош ва тадбирҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, агар таъмини зиндагии арзанда ба ҳар фарде чун муҳимтарин ҳадаф дар маркази сиёсати иҷтимоии давлат қарор гирифта бошад, эҳё ва арҷгузорӣ ба арзишҳою суннатҳои муқаддаси аҷдодї чун ҷузъи умдатарини фарҳанги миллӣ дар маркази сиёсати фарҳангии давлати тозаистиқлоли тоҷикон пазируфта шуд. Ҷашни Наврӯз аз ибтидо ҷанбаи умумибашарӣ дошта, орзуву мароми инсон ва робитаи ӯро бо табиат бозтоб менамояд. Тавре ки Президенти мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, «Наврӯз падидаест, ки аз ҷониби худи табиат барои аҳли сайёраи Замин тақдим шудааст» Аз ин ҷост, ки Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони кишварҳои форсизабону кишварњои Шарқ барои ҷаҳонӣ шудани Наврӯз саъю кӯшиши зиёд ба харҷ доданд. Дар натиҷа 23-юми феврали соли 2010 дар 64 –умин Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Дар қатъномаи Маҷмаъи мазкур таъкид шудааст, ки «Наврӯз ба гуфтугӯйи миёни фарҳангҳо ва ҳамдигарфаҳмии мардумони сайёра мусоидат мекунад.» Аз ин рӯ аз кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯз даъват шудааст, ки таъриху суннатҳои таҷлили ин иди бостониро баррасии илмӣ намуда, натиҷаҳои онро дар миёни аҳли олам паҳн кунанд. Албатта ин амр аз мадди назари андешамандони тоҷик дур нест. Зеро ин миллати сарафроз дар партави сиёсати фарҳангпарвонаи њукумату давлати худ абадан ба он арзишҳою ҷашнҳои миллие эҳтиром мегузорад, ки аз қадимулайём дар замири худ ҷавҳари некӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ, покизагии рӯҳонию ҷисмонӣ ва рӯҳияи ҳидоят ба созандагию ободгарӣ доранд ва бе шак Наврӯзро метавон аз зумраи муҳимтарини ин қабил ҷашнҳо арзёбӣ намуд.

Олимон Наврӯзро ҷашни табиат ба қалам додаанд, ки воқеан қобили қабул аст. Зеро, ҷашни Наврӯз ба Рӯзи аввали моҳи Фарвардин рост меояд, ва чунон ки Алиакбари Деҳхудо дар луғатномааш навиштааст, «расидани офтоб ба нуқтаи аввали Ҳамал ба ибтидои баҳор аст». Наврӯз аз замони пайдоишаш василаи муҳими ваҳдату ҳамбастагии мардумони эронитабор буд. Қавмҳои гуногуни эронӣ дар сарзамини паҳноваре дар муҳити мухталиф зиндагӣ мекарданд, дорои урфу одот, забону ойин,

ҳатто дину мазҳабҳои гуногун буданд, вале Наврӯзро бо ҳам истиқбол мегирифтанд, ҷашни шодиву тараб меоростанд. Баъдтар забони форсии дарӣ низ ин нақши ваҳдатсозро ба ӯҳда гирифт ва ҳамроҳ бо фарҳанги наврӯзӣ мардумони эрониро аз маҳвшавӣ наҷот доданд. Истилогарони аҷнабиро ин ду падидаи волои фарҳангӣ мафтун ва тасхир намуданд. Пирӯзии ин ду падида ғалабаи маънавӣ бар аҷнабиён буд. Ин ду падидаи зебои табииву иҷтимоӣ бо ислом низ созгорӣ пайдо карда, барои ғановати тамаддуни исломӣ, густариши он миёни қавмҳои гуногун амсоли туркону ҳиндувон,чиниҳову балкониҳо мусоидат намуданд. Пайванди Наврӯз ва забони форсиро метавон як падидаи муҳими фарҳангие донист, ки дар ниҳояти созгориву зебоӣ сурат гирифтааст. Фарҳанги ғаниву волои Наврӯз саросар аз рамзҳо иборат аст. Ҳар унсуру падидаи он ишорае ба як ҷанбаи ҳаёти инсон буда, ӯро ба табиат наздиктар ва дилбастагиашро ба зиндагӣ бештар месозад. Аз ҷумла сафедӣ дар фарҳанги Наврӯз рамзи покиву озодагӣ ва сафову осудагист. Аз ин ҷост, ки духтарон либоси сафед ба бар мекунанд, кадбонуҳо хонаҳоро сафед менамоянд, мардон ба сафед кардани зарфҳои миссин мепардозанд, ҳар кас саъй менамояд, ки ҳангоми таҳвили сол ва фаро расидани Наврӯз шири сафед нӯшад, то ки дар соли нав солиму бардам ва роҳи зиндагиаш сафед бошад. Ҳар унсури ҳафтсину ҳафтшини дастархони наврӯзӣ дорои рамзҳост, аз ҷумла худи рақами ҳафт дар фарҳанги ориёӣ маъниҳои зиёд дорад, ки њафт додарон, Ҳафт авранг, ҳафт айвон, ҳафт аъзо, њафт гунбад, ҳафт иқлим, ҳафт кишвар, њафт фалак, ҳафт ранги камони Рустам, ҳафт хони Рустам ва ғайра далели онанд. Ҳамчунин маросими пухтани суманак, ки бо суруду таронаҳои сурурбахшу хотирмон сурат мегирад, рамзист. Суманакро, ки аз таомҳои хоси айёми наврӯзӣ аст, мардум рамзи эҳёи табиату нишоти зиндагӣ, меҳнату роҳат, фаровониву пурӣ, шодиву тараб, болидагии инсон ва таҷассумгари покиву некӣ медонанд. Аз омади Наврӯз на танҳо табиат пас аз хоби гарони зимистонӣ бедор мешаваду гулҳои бойчечаку сияҳгӯш, савсану суман, лолаву заргӯш ва дарахтон ки зеби баҳоранд, зинда мегарданд, балки ҷӯши чашмаҳову хурӯши наҳрҳо баландтар гашта, рӯҳияи мардум низ болидаву чеҳраҳо шукуфта ва дилҳо саршори фараҳу шодӣ мешаванд. Ҳамчунин Наврӯз шавқи зистану кор кардан ва умедвор буданро дар дилҳои мардум шӯълавар мегардонад.

Муллоаҳмадшоҳ ЧУРҒОСИЕВ -узви фаъоли ҲХДТ

 


Вакти нашр: 2019-03-28 14:38:24    Хонданд: 63    Муфассал...

Ватандӯстӣ аз Худшиносии миллӣ маншаъ мегирад

Таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба ҳисси миллии ватандӯстӣ кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагии мустақим дорад. Мо бояд фаромӯш насозем, ки мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро ба зиммаи мову шумо вогузор намудааст. Ҳарчанд худшиносии миллӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос монда бошад ҳам, баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносии миллӣ оғоз гардид. Дар ин давра дар Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дигар гардида, арзишҳои моддиву маънавӣ ҳам иваз шуданд.

Чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад». Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Худшиносии миллӣ ин решаи миллат аст, агар мактаби миллӣ заиф бошад, миллат пароканда ва нопадид мегардад. Бинобар ин, бояд баҳри мустаҳкам гардонидани мактаби миллӣ, ки ҷузъҳои асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносӣ мебошад, чораҳои зарурӣ андешид. Дар ҳақиқат, ҳар як инсони боимону оқил бояд ифтихор намояд, ки дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат чи қадар дигаргуниҳои куллӣ дар бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба амал омадааст. Ҳарчанд ки роҳи тайнамудаи Тоҷикистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сарҷамъии миллат, густариши фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом доданд ва итминони комил дорам, ки наслҳои оянда аз онҳо ҳамчун намунаи ватандориву ватандӯстӣ ёд хоҳанд кард. Ҳар як фарди бонангу номус ва худогоҳи ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошад ва вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири ҳифзу тақвияти ин муқаддасоти миллӣ пайгирона кӯшиш намоем. Бо мақсади таҳкими боз ҳам бештари ин дастовард зарур аст, ки мафҳумҳои истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллӣ ба ғояи ҳамешагии созанда ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи Тоҷикистони демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ табдил дода шаванд. Зеро ин мафҳумҳо дар қалбу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор сохтанд ва ба онҳо эътимод бахшиданд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояҳои наҷотбахш корҳои бузурги ободкориву созандагиро ба анҷом расонад ва барои наслҳои оянда як кишвари ободу зеборо ба мерос гузорад. Марҳалаи начандон тӯлонии таърих собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳпарвару таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи пешрафтаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд. Шукрона аз он бояд кард, ки имрӯз давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ бо фарҳангу тамаддуни бояш эътироф намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун мешиносанд. Яке аз рукнҳои худшиносии миллӣ ин донистани таърих, фарҳанг, забон, расму оин ва дарк намудани вазъи имрӯзаи миллат мебошад. Маҳз ҳамин худшиносии миллӣ ва устувории иқтисоди миллӣ буд, ки моро дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, даъвати Тоҷикистонро барои ворид шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) пазируфтанд. Ин манофеъ ба рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоии мамлакат мусоидат намуда, Тоҷикистонро боз ҳам дар арсаи байналмилалӣ машҳуру маъруф мекунад.

Тоҷикистон дар тули таърих ба дастовардҳои моддию маънавӣ, фитрати фарҳангофарин ва маърифатбунёди худ дар ҷаҳони муосир бо дарёфти мақому манзалат ифтихорангез ноил гардидаанд. Ифтихор аз таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукуҳмандӣ бидонӣ, зеро ки надонистани таърихи фарҳангу тамадун, забон, адаб, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ дар пешгаҳи қавми ноогоҳ ҳукми мурдаро дорад. Саҳифаи пурмуқтавою рангин ва рӯзгори равшани миллати мо дар тули таърих бо талошу муборизаҳои ҷавонмардони шуҷои миллат, сарлашкарон ва садҳо зиёиёну сиёсатмодарони шарафманди дигар табъам буд. Ҳар як шахрванди кишвар бояд ҳисси миллӣ дошта, аз зинаҳои ташаккулёбӣ ва нақши он дар ҷомеаи имрӯза огаҳ бошад, ки ин яке аз самти асосии тарбия намудани ҷавонон ба хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ, мебошад.

Хулоса, масоили дар боло зикргардида, ҳар як шахсро ҳушдор медиҳад, ки худшиносии миллӣ ва ватанпарастиро шиори доимии хеш қарор дода, баҳри ободию устувории давлати cоҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузорад. Нагузорад, ки ягон қувваи носолиму ғаразнок теша ба решаи пойдории ваҳдати миллию рушди иқтисодии давлати мо зананд.

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур


Вакти нашр: 2019-03-28 14:43:20    Хонданд: 75    Муфассал...

Сокини пойтахт будан ифтихор аст

Мутобиқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Қарори Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Рўзи пойтахт оид ба тарѓибу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, ташвиқи арзишҳои асили миллӣ, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ бо омўзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат вохўрӣ доир гардид.

Сайфулло Сафаров - собиқадори ҲХДТ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар мавриди дастовардҳо, заҳмату талошҳои кишвар барои расидан ба ҳадафҳои созандаву олӣ, обуруву нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилал, саъйу талош барои боз ҳам баланд гардидани сатҳи зиндагӣ ва ояндаи дурахшони миллат ибрози андеша намуда, ҷавононро ба идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ҳифзи арзишҳову фарҳанги миллӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ даъват намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки рисолати ҷавони имрӯза бо нангу ғурури миллӣ, эҳсоси баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бо касбияту маҳорати баланд идома додани иқдомҳои созандагиву ободкорӣ мебошад.

Азизхӯҷа Азизов-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар мавриди рӯзҳои душвори солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, заҳмату талошҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба сулҳу ваҳдат ва рушду пешрафти мамлакати азизамон изҳори назар намуд.

Заррина Зуҳурова-мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе роҷеъ ба ҳифзи арзишҳову фарҳанги миллӣ, одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони пойтахт ибрози назар намуд. Мавсуф дар мавриди таъсири манфии филмҳои хориҷӣ ба фарҳангу муоширату муносибати ҷавонону занон ибрози андеша намуд.


Вакти нашр: 2019-03-29 10:11:27    Хонданд: 60    Муфассал...

Пойтахт хонаи умеди тоҷикон

Дар шаҳраки Зарафшон бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои барқияи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Қарори Раиси шаҳри Душанбе, нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили Рўзи пойтахт оид ба тарғибу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди тақлидкорию хурофотпарастӣ, ташвиқи арзишҳои асили миллӣ, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ бо сокинони пойтахт вохўрӣ доир гардид.

Қурбонмамадова Қ.Н -мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе роҷеъ ба одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе, фарҳанги муосир ва анъанаҳои неки мардумӣ, амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ибрози назар намуд.


Вакти нашр: 2019-03-29 11:35:32    Хонданд: 62    Муфассал...

ЧЕҲРАИ ХОИНОНРО БОЯД ШИНОХТ!

Дар Тоҷикистони азизамон бо шарофати сулҳу ваҳдат ҳар рӯз як навигарии нек ба вуҷуд омада, ин Ватанро дар назари мо боз ҳам ширину гуворо менамояд. Ҳар шом ва субҳ мо наворҳои телевизиониро дида меболем, ки мо низ метавонем дар Ватани орому осуда зиндагии сазовору шоистаро паси сар намоем. Самараи истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ барои миллати мо тамоми фарҳанги гузаштаамонро аз нав эҳё намуда, дар ин давра мо тавонистем дар байни давлатҳои дунё тоҷик ва Тоҷикистонро чи гунае ки дар гузашта номдор буд, муаррифӣ намоем. Дар ҷаҳони муосир, ки пур аз ихтилоф ва моҷаро аст, нигоҳ доштани вазъи ором ва амнияти комил барои давлатҳои алоҳида хеле мушкил аст. Новобаста ба мушкилиҳои зиёди пасисаркарда миллати тоҷик тавонист, ки фарҳанги ваҳдатофаринии худро ба ҷаҳониён нишон дода, ҳатто сулҳи тоҷикон барои минтақаҳои ҷангзадаи олам намунаи ибрат гардидааст. Бо вуҷуди ҳамаи дастовардҳои нек ва оромбахш имрӯз як гурӯҳ ноаҳл ва мардуме, ки дар дил танҳо ҳубби ҷоҳ (ба даст овардани мансаб) мепарваранд моро ором намегузоранд ва дар кишварҳои бегона худро бо хориву залилӣ андохта, паногоҳ меҷӯянд ва аз тариқи ин кишварҳо ба сӯи Ватани хеш санг меандозанд. Чунин ашхоси пастфитрат як замоне дар байни мардум фитна ангехта, кишвари азизро ба хоку хун кашиданд ва имрӯз бори дигар мехоҳанд мардуми осударо ноором намуда, ба ин васила боз чанд рузаке айшу нуш кунанд. Бояд зикр намуд, ки ин пастфитратони одамсурат ба қавли Саъдии бузургвор:

На ҳарки чашму гушу даҳон дорад одам аст,

Бас девро ки сурати фарзанди одам аст.

Агар мо ба фаъолияти онҳо назар андозем, мебинем, ки намояндагони он танҳо ба хотири ба даст овардани пул ва сарват бо баъзе кишварҳо муносибат дошта, худро бо онҳо дӯст нишон медиҳанд. Намояндагони дар хориҷбудаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, махсусан ташкилоти экстремистию террористии наҳзати исломӣ бо ақидаҳои барои мардуми Тоҷикистон бегона то ҳанӯз дар атрофи онҳо чархида гаштаанд, ки пуштибоне дошта бошанд. Такмили сиёсати давлатии Ҷумҳурии Точикистон дар соҳаи дин яке аз самтхои афзалиятноки сиёсати дохилии кишвар буда, ҳалли масъалаҳои марбут ба танзими робитаи дину давлат ва муносибатҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисахои динӣ на танҳо масъалаи сирф динию фарҳангӣ, балки як мавзӯи муҳимми илмию пажӯҳиши ва сиёсиву чамъиятӣ мебошанд. Дар Моддаи 4 Конститусия банди 1 дар мавриди озодии виҷдон ва Иттиҳодияҳои динӣ омадааст: “Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, аз ҷумла ҳуқуқи ба танҳоӣ ва ё бо ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ба ҳар гуна дин ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб, паҳн намудан ва дигар кардани ҳама гуна эътиқоди динӣ ва эътиқодҳои дигар, инчунин мутобиқи онҳо амал кардан кафолат дода мешавад”. Равандҳои сиёсии солҳо охир дар дохили кишвар ва хориҷ аз он ба равшан нишон доданд, ки имрӯз масъалаҳои марбут ба дин ба таври бевосита ба масъалахои суботу амнияти ҷомеа ва манфиатхои милливу давлатии ҳар кишвар иртиботи мустақим пайдо намудаанд. Экстремизм тавре маълум аст дар шакли том ҳамчун пайрвӣ намудан ба ақидаҳо ва ҳаракатҳои канорагирӣ хислат дода мешавад, ки қатъиян қонун ва қоидаҳои дар ҷомеа бударо инкор менамояд. Экстремизме, ки дар фазои сиёсии ҷомеа амал мекунад, экстремизми сиёсӣ ном дорад ва экстремизме, ки дар фазои динӣ амал мекунад, экстремизми дини ном гирифтааст. Дар тамоми динҳо на фақат дар ислом иқтидоран зуҳуроти экстремизм вуҷуд дорад.

Омӯзиши терроризм ва таассуби мазҳабӣ оқибатҳои он аҳамияти барҷастаи илмию назариявӣ, маърифатӣ ва махсусан амалӣ дорад. Зеро дар олами муосир қариб кишваре ё минтақаеро дарёфт кардан ғайриимкон аст, ки аз амалҳои террористӣ, таассуби мазҳабӣ ва оқибатҳои ҳузновари он дар канор монда бошад. Солҳои охир, махсусан даҳсолаи охир терроризм чунон шакл гирифтааст, ки дар гӯшаву канорҳои гуногуни олам дар марказҳои бузурги тамаддуни муосир ва ҳатто дар ҳаёти одамони алоҳида изи онро дарёфт намудан кори муқаррарӣ гардидааст. Омилҳо ва заминаҳои рушди терроризм, навъҳо ва хусусиятҳои зуҳурёбии он ҳам сифатан ва ҳам ҳаҷман бузург гаштаанд. Падидаи терроризм дар ҷаҳон дар ҳоли густариш аст. Ин падида хусусан аз оғози чоряки охири асри XX – уми мелодӣ ба шиддат дар ҳоли фарогиршавӣ аст. Хулоса, ҷиҳати аз байн бурдани терроризм бояд тамоми роҳу равиши дар пешгирифтаи ҷараёнҳои ифротӣ омӯхта шуда, барномаҳои онҳо муайян карда шавад, то он ки мубориза дуруст роҳандозӣ гардад.

Бойназаров Ҳасан-узви фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-03-29 15:33:09    Хонданд: 62    Муфассал...

Озмуни “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ”

Озмуни “Забон донӣ - ҷаҳон донӣ” миёни донишҷӯёни донишгоҳу донишкада ва коллеҷу литсейҳои ҳудуди шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода озмуни беҳтарин забондони хориҷиро таҳти унвони «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» миёни донишҷўёни донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва коллеҷу литсейҳои ҳудуди шаҳри Душанбе доир менамояд.

Даври аввали озмун дар миёни донишҷўёни ин муассисаҳои зинаи таҳсилот аз 01 то 16 - уми апрел, даври дуюм аз 20 апрел то 6 май аз тарафи кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои пойтахт миёни ғолибони даври аввал доир мегардад. Даври сеюми он бошад аз 7 то 17 майи соли 2019 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе миёни ғолибони даври дуюм гузаронида мешавад.

Довталабони озмун бояд: таҳсилкунандаи бахшҳои 1, 2 ва 3 - и муассисаҳои таълимӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе бошанд, ба ғайр аз забони модарӣ (тоҷикӣ) на камтар аз як забони хориҷиро дар сатҳи баланд донанд (озодона суҳбат карда тавонанд), довталаби озмун бояд аз ҷониби муассисаи таълимӣ расмӣ пешниҳод гардад. Иштирокчиён аз рӯи ду шакл-шифоҳӣ ва хаттӣ санҷида мешаванд.

Мутобиқи Низомномаи озмун: Ғолиби ҷойи якум – як нафар, ҷойи дуюм- ду нафар ва ҷойи сеюм се нафар муайян карда мешавад.

Ба ғолибони ҷойи якум 250 (дусаду панҷоҳ сомонӣ) ҷойи дуюм 200 (дусад сомонӣ) ва ҷойи сеюм 150 (як саду панҷоҳ сомонӣ) бо идрорпулии (стипендияи) Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе то 6 моҳ (шурўъ аз моҳи сентябри соли 2019) дода мешавад. Инчунин ғолибони озмун дар арафаи Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо Ифтихорномаю Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб сарфароз гардонида мешаванд.

Мақсад аз баргузории озмуни мазкур ин дарёфти чеҳраҳои забондон, тарғиби омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҳавасмандгардонии донишҷӯён барои рушду малакаи забондонӣ дар заминаи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, мебошад

 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар шаҳри Душанбе


Вакти нашр: 2019-03-29 15:59:02    Хонданд: 171    Муфассал...

Конференсияи илмӣ-назариявӣ «Тоҷикистон – сарчашмаи обҳои мусаффо»

Нимаи дуюми имрӯз дар доираи татбиқи амали яксолагии «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» ва таҷлили Рӯзи пойтахт Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ - назариявиро дар мавзӯи «Тоҷикистон – сарчашмаи обҳои мусаффо» доир намуд.

Дар кори он Расулзода Насимҷон. - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода- Ректори ДДОТ ба номи С. Айнӣ, Шамсов Саидалӣ-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Кобулиев Зайналлобиддин Валиевич- Директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ, Шарипов Гул Ваҳобович- муовини сардори Раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асоев Ҳасан – коршиноси масоили экологӣ, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ноҳия иштирок намуданд.

Нахуст, Расулзода Насимҷон бо оғози сухани ифтитоҳӣ конференсияи илмӣ-назариявиро оғоз бахшид.

Ҳамин тариқ, дар конференсияи мазкур баромадкунандагон дар мавзӯъҳои «Истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикии дарёҳои сарҳадгузари Тоҷикистон», «Сиёсати обии Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи об” шунида шуд.

Шамсов Сайидалӣ роҷеъ ба дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа суханронӣ намуд.

Дар музокира миёни ҳозирин ва баромадкунандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.

 


Вакти нашр: 2019-03-29 16:40:10    Хонданд: 71    Муфассал...



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс