МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

ҲХДТ –ҳизби созандаву бунёдкор

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи “Иқтисодчӣ” таъсис ёфт . Дар интихоби ном аъзои нави ташкилоти ибтидоии овоз дода, Назрулло Назруллоев ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Дилрабо Холова- муовини раиси ташкилот тариқи овоздиҳӣ интихоб гардиданд.

Назрулло Назруллоев зимни баромади хеш изҳор дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш дар пойдории сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ, рушду пешрафти самтҳои афзалиятнок, ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва дар баланд бардоштани обуруву нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилал саҳми арзанда гузоштааст. Мо ифтихор аз он дорем, ки дар муассиса ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис ёфт ва минбаъд ҳамчун аъзои ин ҳизби бонуфуз дар татбиқи сиёсати созанда ва ғояҳои олии он саҳми хешро мегузорем.


Вакти нашр: 2019-02-01 08:57:16    Хонданд: 66    Муфассал...

Конференсияи илмӣ-назариявӣ «Саноаткунонии кишвар - омили таъмини зиндагии шоиста»

Нимаи аввали имрўз бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ - назариявиро дар мавзўи «Саноаткунонии кишвар - омили таъмини зиндагии шоиста» доир намуд.

Дар кори он Раҳмонзода Зоир Файзалӣ - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Гулаҳмадзода З. А. - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Шарипов Бахтиёр Маҳмудович - муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одиназода Ҳайдар Одина - Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Восиев Фаридун Маҳмадович-декани факултаи иқтисодии филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии “МИСИС” дар шаҳри Душанбе, номзади илмҳои иқтисодӣ, кормандони сохтори ҳизбӣ ва раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.

Пеш аз оғози конференсия намоиши китоб, маҳсули корхонаҳои саноатии ҳудуди ноҳия ба марази иштирокчиён гузошта шуд.

Нахуст, Гулаҳмадзода З. А. бо оғози сухани ифтитоҳӣ конференсияи илмӣ-назариявиро оғоз бахшид.

Сипас, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ дар мавзўи «Саноаткунонии кишвар - омили таъмини зиндагии шоиста» баромад карда, афзуд, ки воқеан ҳам, татбиқи ҳадафи чорум - саноатикунонии мамлакат зиндагии осудаю шоистаи аҳолии кишварро таъмин намуда, сатҳу сифати мардумро аз ин ҳам беҳтару хубтар мегардонад. Бо назардошти аҳамияти бузурги ҳадафи мазкур дар мамлакат аз ҷониби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ дар заминаи технологияи муосиру инноватсионӣ даҳҳо коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд. Ҳамзамон, мавсуф қайд кард, ки вобаста ба дастури Пешвои миллат дар баробари дигар масъулин ӽамчунин мо, аъзои ӽизб, аз ҷумла соӽибкорону тоҷиронро зарур аст, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани вазифаҳои навбатӣ дар кори таъсиси корхонаӽои саноатӣ, таъсиси ҷойӽои нави ва ба кор андохтани дигар корхонаҳои истеҳсолӣ саӽмгузор бошем.

Ҳамин тариқ, дар конференсияи мазкур баромадкунандагон дар мавзӯъҳои “Саноатикунонии мамлакат яке аз ҳадафҳои ниҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи наздик”, “Омодасозии кадрҳо - омили асосии рушди саноат дар ҷумҳурӣ” шунида шуд.

Бо назардошти аҳамияти масоили зикргардида илова намуданд, ки яке аз паҳлуҳои дигари мусбати саноатикунонӣ дар ҳамаи манотиқи мамлакат, бешубҳа, истеҳсоли ҳарчи зиёди молҳои воридотивазкунанда мебошад. Талошҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он нигаронда шудаанд, ки кишвари мо ба як давлати содиротӣ – худкифо табдил ёфта, ба ин васила, сатҳу сифати зиндагии мардум низ боло равад.

Дар музокира Шералӣ Ганҷалзода-муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикисон, Икромҷон Субҳонзода-директори агентии авиатсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Орумбекзода Шамсиддин-Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода ва дигар шахсони расмӣ фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд.

Дар ин миён, навори видеоӣ аз ҷараёни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарики экрани махсус нишон дода шуда, сипас муроҷиатномаи иштирокчиёни Конференсияи илмӣ - назариявӣ қабул карда шуд.

Дар охир Раҳмонзода Зоир Файзалӣ - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз ҳозирин ва тамоми аъзои ҳизб дар пойтахт даъват ба амал овард, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати амалӣ гаштани ҳадафи чоруми миллӣ саҳми худро гузоранд.

 

 

 


Вакти нашр: 2019-02-01 17:17:21    Хонданд: 155    Муфассал...

Аксияи умумишаҳрии ниҳолшинонӣ таҳти унвони «Ободонии пойтахт мароми мост»

Субҳи имрўз мутобиқи нақша - чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Сино бо иштироки доираи васеъи аъзои ҳизб аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, масъулини сохторҳои ҳизбии пойтахт баҳри корҳои созандагию ободкорӣ бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   аксияи  умумишаҳрии  ниҳолшинониро  доир намуданд.

      Дар  аксияи мазкур кормандон беш аз 3500 дарахтро дар маҳаллаи «Лучоб»-и ноҳияи Сино баҳри беҳдошти фазои экологӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии шаҳри Душанбе шинониданд.  

      Ёдовар бояд шуд, ки Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар оянда низ баҳри корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободу зебо гардонидани кишвари маҳбубамон, хоса шаҳри Душанбе кўшиш ба харҷ дода, дар шукуфоии як гўшаи пойтахтамон саҳм мегузорад.


Вакти нашр: 2019-02-02 14:12:10    Хонданд: 57    Муфассал...

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "БОРБАД" ТАЪСИС ЁФТ

Дар МД “Оркестри давлатии синфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси муассисон оид ба таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид. Дар он Азизов Азизхуҷа Орипович-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, директори муассиса Солизода Олимҷон Алиҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Азизов А, зимни баромади хеш зикр намуд, ки ҲХДТ аз лаҳзаҳои аввали таъсисёбиаш аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ намуда дар амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳми боризи худро бо аъзоён ва ҷонибдоронаш гузоштааст. Мавсуф инчунин дар мавриди Оиннома ва Барномаи ҲХДТ суханронӣ намуда, дар амали намудани ҳадафҳои ҲХДТ ва сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Олии ҳизб иброз кард ва нафаронеро, ки тоза ба сафи ҳизб пайвастаанд табрику тањният намуд.
Сипас, бо ҷонибдорони аъзоёни ҳизб номи ташкилоти ибтидоӣ “Борбад” номгузорӣ шуда, раиси ташкилоти ибтидоӣ Солизода Олимҷон Алиҷон ва муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Зиё Олимӣ интихоб гардиданд.

 


Вакти нашр: 2019-02-04 16:52:00    Хонданд: 52    Муфассал...

Ҷавонон –муқобили ифротгароӣ

Имрӯзҳо хатари терроризм ва ифротгароӣ дар авҷи болоравист ва ин аҳли ҷомеаи солими тамоми сайёра, аз он ҷумла Тоҷикистону тоҷикистониёнро низ бартараф гузошта наметавонад. Боиси таассуф аст, ки ҷавонон имрӯзҳо аз сабаби дониши мукаммал ва саводи кофӣ надоштан худро ба коми терроризм ва ифротгароӣ андохта истодаанд. Ин амали онҳо сабабҳои зеринро дорост:

1.Надоштани маълумот оид ба ифротгароӣ ва терроризм;

2.Ҳисси молу сарват (пул);

3.Надоштани ҳисси ватандустӣ ва инсондӯстӣ дар ниҳоди худ;

4. Надоштани ҳисси эҳтиром ва дўстдорӣ нисбат ба оила ва наздикони худ;

Албатта, онҳое, ки мегӯянд, ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад сар задааст. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккилӣ сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофарини мехостанд, мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд, зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд. Зуҳури ифродгароии сиёсӣ, қавмӣ, мазҳабӣ ва ғайра падидаҳои бисёр ҷиддӣ ва дар айни замон нигароникунанда барои давлат ва тамоми ҷомеа мебошад.

Дар охири асри гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд,доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Имрӯзҳо ин масоили доғи рӯз миёни ҷавонону наврасони шаҳру ноҳияи мо мисли зарпечак байни шаҳрвандон реша давонда истодааст. Рӯз аз рӯз шумораи гумроҳшудагон ва даст ба ҳар гуна корҳои ношоям зада истодани ҷавонону наврасон аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Ҷавонон ҳоло меҳнат кардан намехоҳанд, роҳи осони пулёбиро ҷустуҷӯ мекунанд. Аз ин рӯ, онҳоро гумроҳ кардану ба гурӯҳҳои ифродгарою террористӣ шомил намудан осон аст.

Ҷавонон набояд фирефтаи суханҳои пучу бемағз ва пулу сарвати «Хӯҷаинҳои аҷнабӣ» гарданд. Албатта, суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгохи Тоҷикистон ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши калидӣ дорад. Хусусан, амнияти сарҳади давлатии мо дар самти ҷануб, ки бо минтақаҳои буҳронӣ ҳамсоя аст, барои таъмини суботу амнияти ҳаётӣ дорад. Аз мо ба самти шимол, яъне Тоҷикистон то Русияву Аврупо, минтақаи орому босуботи ҷаҳон, аз мо ба самти ҷануб, яъне аз Афғонистон то Ховари Миёна минтақаи ошуфтаву пурихтилофи олам аст.

Ин нақши минтақавии суботи Тоҷикистон ва ин аҳамияти ҷахонии марзи давлатии Тоҷикистонро аввал худи мо ва сипас тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон бояд дарк намоянд. Хусусан, кишварҳои Осиёи Марказӣ, қудратҳое чун Русия ва Чин, давлатҳои узви СҲШ, САҲА, кишварҳои ИДМ ва ғайра бояд ин марзи имрӯзаи Тоҷикистон ва ин нақши таъйинкунандаи муборизаи Тоҷикистон бо ифротгароию терроризмро дарёбанд. Албатта, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи сазовори марзҳои худ қодир аст, аммо кишварҳои мазкур низ пеш аз ҳама, барои ҳимояи манфиатҳои ҳаётии худ бояд аз муборизаи давлати Тоҷикистон ба ин падида дастгирӣ намоянд, барои ҳифзу суботи амнияти Тоҷикистон талош варзанд, дар мустаҳкам кардани сарҳади ҷанубии Тоҷикистон саҳми ҷиддӣ гузоранд. Зеро агар пеши роҳи ин сели оташ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон гирифта нашавад, ифротгароию терроризм, ихтилофҳои мазҳабӣ, бесуботию ноамнии буҳрон на танҳо дар саросари минтақаи Осиёи Марказӣ, балки минтақаҳои васеътар аз онро то доманаҳои Чину Русияву Аврупо фаро мегирад. Ин аст, ки имрӯз марзи давлатии Тоҷикистон марзи устуворӣ, марзи осудагӣ ва суботу амнияти ниме аз ҷаҳон мебошад. Метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси наҷотдиҳанда, таҳкимгар ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва инчунин ба сифати андешаи илмӣ татбиқи амалии онҳоро таъмин намуд, ки ҳамаи ин дастовардҳоро бояд ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳм гузорад.

Ибодов С.Т. - аъзои ташкилоти ибтидоии Ворисони Сино


Вакти нашр: 2019-02-04 17:02:19    Хонданд: 48    Муфассал...

ТЕРРОРИЗМ ДИНУ МАЗҲАБ НАДОРАД

Паёми имсолаи Пешвои миллат низ, чун солҳои пешин, хело пурмуҳтаво, саривақтӣ ва раҳнамунсозу мушкилкушои ҳамаи қишрҳои ҷомеа мебошад. Бештар аз ҳама барои ман ҳамин нуқтаҳои муҳиму огоҳкунанда мавриди истиқбол қарор гирифт, ки Роҳбари давлат аз ҳама бештар ба таълиму тарбияи ҷавонон, пешгирии онон аз гаравидан ба сиёсату ҳаракатҳои номатлуб ва носолим,таҳдиди “зуҳуроти харобиовари” терроризм, ки ба унвони даҳшатафканӣ ва ё ҳаросафканӣ аст ба ҳар гуна амал ё таҳдид барои тарсонидан, осеб расонидан ба шаҳрвандон, гурӯҳҳо ва шахсиятҳои сиёсӣ ёд мешавад. Имрӯз терроризм хусусияти глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст. “Терроризм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст”- таъкид карда буд Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар бештари таҳқиқот оид ба терроризм ҳамеша таъкид мешавад, ки ин падида табиати бисёрҷанба дорад ва ин коркарди таърифи мафҳуми ягонаи терроризмро дар сатҳи байналмилалӣ мушкил месозад. Яке онро ҷанги муқаддас, дигаре боло гузоштани ғурури халқу миллати хеш, сеюми, афзалтар донистани нажоди худ аз болои дигар нажодҳо иборат медонад. Аммо ҳақиқати ҳол тамоман дигар аст. Ба ин гурӯҳҳо бештар киҳо шомил мешаванд? Аввал, гурӯҳе, ки мақсадаш ба даст овардани сарват ва ҳокимият аст. Дуюм, гурӯҳи одамоне, ки дар зери парчами душмани ғоявӣ, мисли динӣ, мазҳабӣ гирд омадаанд. Ҳадафи гурӯҳи сеюм нажодпарастӣ мебошад. Гурӯҳи чорумро масоили сиёсӣ ба ҳам гирд овардааст”.

Воқеан, терроризм имрӯз яке аз таҳдидҳои асосӣ ба амнияти кишварҳо ва мардуми сайёра гаштааст. Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ Тоҷикистон низ аз таҳдиду хатари ин вабои аср истисно нест.

Ба андешаи коршиносон дар кишварҳои Ғарб ба масъалаи терроризм каме дигаргунтар баҳогузорӣ мешавад. Яъне, онҳо гӯё кишварҳои Осиёи Миёна афзоши сатҳи террористиро як навъ аз будаш зиёд нишон медиҳанд. Ба ақидаи онҳо, ба хотири мусбат нишон додани сиёсати ин кишварҳо, ки ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рақибони сиёсиашон ҳаргуна фишорҳоро раво мебинанд, масъаларо аз будаш зиёд ҷилва медиҳанд. Ин кишварҳо аз ин мавзуъ барои худ имиҷ месозанд, то дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ худро ҳимоятгари ҷомеаи демократӣ нишон бидиҳанд. Ба ақидаи онҳо, дар Осиёи Миёна таҳдиди террористӣ ба ҳадде нест, ки имрӯз давлатдорони ин кишварҳо нишон медиҳанд, онҷо фарқе миёни исломишавии ҷомеа ва террористӣ намегузоранд.

Тибқи маълумоти коршиносони муътамад дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд. ИМА ҳар сол барои мубориза бо терроризм аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф мекардааст. Ба гуфтаи таҳлилгарони амрикоӣ солҳои охир ҳамлаҳои даҳшатноки террористӣ дар Аврупо, Амрико, Ховари Миёна, Африқо, кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ бештар шудааст. Чунончи, Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва сулҳ (Institute for Economics & Peace, IEP) дар бораи хатари умумиҷаҳонии террористӣ ҳисобот ба табъ расонда, терроризмро “чун хатари истифодабарии амалии қувваи ҷисмонӣ ва яроқи сарди пинҳонӣ ба воситаи ашхоси ғайридавлатӣ, бобати муваффақ шудан ба мақсадҳои сиёсӣ, иқтисодию динӣ ва иҷтимоӣ”маънидод кардааст.

Таҳқиқоти IEP 99,6 фоизи аҳолии оламро дар 162 кишвар фаро гирифтааст. Он дар асоси таҳқиқи амалҳои террористӣ ва омилҳои иҷтимоӣ сурат гирифта, панҷ кишвари дунёро ном бурдааст, ки дар онҳо терроризм ва амалҳои террористӣ бештар будаанд. “Дар натиҷаҳои ҳамлаҳои террористии соли 2018 наздики ҳазорҳо нафар фавтидаанд, ки зиёди онҳо шаҳрвандони давлатҳои Ироқ, Афғонистон, Покистон, Нигерия ва Сурия мебошад – омадааст дар пажӯҳиши Институти иқтисодиёт ва сулҳ. Бештар ҳамлаҳои террористӣ , дар давлати Ироқ ба вуқуъ пайвастаанд.

Дар маҷмуъ, дар кишварҳои Ироқ, Афғонистон, Покистон, Нигерия ва Сурия наздики ҳазорҳо нафар одамон аз ҳамлаи террористӣ ҳалок шудаанд. Аксарияти ҳамлаҳои террористӣ аз тарафи чор гурӯҳи террористӣ: “Толибон”, “Боко ҳарам”, ДИИШ ва Алқоида сурат гирифтаанд. Онҳо бештари ҳамлаҳои террористии худро тариқи моддаҳои тарканда, аз қабили мина, граната ва ғаёра анҷом дода, риштаи умри инсонҳои зиёдеро бо шумули пиронсолон ва занону кӯдакон баркандаанд.

Дар назарсанҷӣ се омили асосии ҳуҷумҳои террористӣ ёдрас карда шудаанд: 1) Адовату бадбинии гурӯҳи этникӣ, динӣ ва забонии аҳолӣ нисбати ҳамдигар, ҳамкории мутақобилаи нокифояи ин гурӯҳҳо миёни ҳамдигар, шумораи зиёди задухурду муноқишаҳои байнигурӯҳӣ; 2) Аз ҷониби давлатҳое, ки онҳоро сармоягузорӣ мекунанд, зоҳир гардидани таҳдиду зуроварӣ, аз ҷумла ҷазоҳои бемурофиа, террорҳои сиёсӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиддӣ; 3) Сатҳи баланди истифода аз навъҳои дигари зуроварӣ, аз қабили марг дар натиҷаи бархурди муташаккилона; эҳтимоли тазоҳуротӣ ба зуроварӣ мусоидаткунанда; ҷиноят бо истифодаи зуроварӣ, ҳамчунин сатҳи баланди ҷинояткорӣ.

Ба ақидаи Бахтиёр Қудбиддинов, дотсенти кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз сабабҳои пайдоиш ва ташаккули терроризми байналхалқӣ таҷовузи қудратҳо ба давлатҳои мустақил мебошад. “Чунин таҷовузро бо он асоснок карданӣ мешаванд, ки гӯё дар кишвари мавриди таҷовуз тартиботи худкома ё томраво амал мекунад, ҳуқуқи инсон поймол карда мешавад, роҳбарони ин гуна кишварҳо аз маслиҳати абарқудратҳо саркашӣ мекунанд. Дуруст аст, ки дар ҷаҳон давлатҳои тартиботи худкома ва томраво хеле зиёданд, ҳуқуқи инсон дар ҳамаи онҳо кам ё зиёд вайрон карда мешаванд, вале, ҳатто давлатҳои мустақилияти том, ки хоси талаботи замони муосир нестанд, аммо чунин давлатҳо вуҷуд доранд, азбаски бо маслиҳати абарқудрати тавоно амал мекунанд, дар бораи вайрон кардани ҳукуқи инсон дар онҳо касе чизе намегӯяд. Лекин давлатҳои тартиботи худкомаи дигар, ки сиёсати мустақил гузарониданӣ мешаванд, маслиҳати абарқудратҳоро намегиранд, бо ҳар баҳона мавриди таҷовуз қарор мегиранд ва ба харобот табдил дода мешаванд. Ироқ, Либия ва ҳоло Сирия аз ҳамин қабил давлатҳо ба шумор мераванд, ки ба харобазор табдил ёфтаанд, мардумашон бехонумон, фирорӣ, тифлон, занону пиронсолон дар шароити тоқатфарсо умр ба сар мебаранд. Вайрон шудани Ироқу Либия ба он оварда расонидааст, ки аскарону афсарони тартиботи сиёсии пешинаи онҳо ба Давлати исломӣ пайваста, қувваи меҳварии ин созмони террористии байналмилалиро ташкил кардаанд”,- таъкид мекунад номбурда.

Гуфта мешавад, ки СММ ҷиҳати мубориза бо терроризм беш аз 10 Конвенсияи байналхалқӣ қабул кардааст, вале онҳо берангу камтаъсиранд. Иллати самаранок набудани муборизаҳо низ аз тафовут дар манфиатҳо иборат аст, вагарна на танҳо нест кардани терроризм, балки заминаи ба вуҷуд омадани он низ ба куллӣ нест шуданаш мумкин аст.

Бояд гуфт, ки ҳама гуна ҳаракат ва созмонҳои террористӣ ва махсусан, терроризми байналмилалӣ аз тазод ва набарди байниҳамдигарии иштирокчиёни абарқудрати муносибатҳои байналхалқӣ истифода мекунад ва бо аслиҳаи муосир муҷаҳаз мешаванд. Абарқудратҳо барои амалӣ намудани манфиатҳои худ аз ҳаракатҳову созмонҳои террористӣ истифода мебаранд. Онҳоро ба таври пинҳонӣ сарпарастӣ мекунанд, то тавонанд фишорро алайҳи рақибонашон пурзӯр кунанд ва дар чашми шаҳрвандони худашон тарсро ба вуҷуд биёранд. Чаро ки ҷомеаи пайваста дар ҳолати тарсу ваҳомат қарор доштаро осон идора кардан мумкин аст.

Агар он садҳо миллиард доллари амрикоӣ, ки барои ҷангидан дар Афғонистон, Ироқ, Сирия ва дигар манотиқи дигари олам сарф шудаву мешаванд, ба амали мубориза бар зидди терроризм сарф карда шаванд, дар рӯйи замин аз терроризм осоре ҳам намемонад. Вале ҳайҳот мубориза бо ин вабои аср аслан рӯякӣ ва начандон пурзӯр сурат мегирад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҷавонон ҳам ба шумули қурбониҳои аслии терроризм ворид шуда истодаанд. Онҳоро бо ҳар роҳу васила ба қаъри ин ботлоқ мекашанд. Аз нерӯяшон истифода мебаранд ва дар сурати ба дардашон нахурдан мисли чизи нолозиме мепартоянд. Яъне қатл мекунанд. Ҷавонҳо низ аксаран вақте ба дарки ин макру найранг мерасананд, ки аллакай кор аз кор гузаштааст.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, бо назардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масоили тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва хурофотпарастӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Дар сурати иҷрои ин ҳидояти Президенти мамлакат ва якдилу яктан будани сокинони мамлакат пеши роҳи ҳар гуна хатар гирифта мешавад ва Тоҷикистони ободу зебои мо шукуфотар мегардад.

Аз ин ҷониби дигар ҷавонон бояд бидонанд, ки дар ҷомеа ҳисса, манфиат ва хостаҳои онҳо ҳимоя карда мешавад. Ҳимояи манфиатҳои ҷавонон тӯли чанд сол аст, ки пайгирона аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафмандона татбиқ карда мешавад. Ба таъкиди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони мо бояд ҳамаҷониба дастгирӣ ёбанду барояшон шароитҳои бозҳам хубтар муҳайё сохт.

Ин ташаббусҳо гувоҳи он аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯи ободгар, фидокор ва ватандӯстонаи ҷавононро эътироф карда, барои онҳо шароиту фурсати муносиберо барои нишон додани қобилият ва тавонмандиҳояшон омода сохтааст. Бояд зикр намуд, ки шахсони “фиребхӯрда” ё “моҷароҷӯ” аслан ҳиссиёти ватандустиву ватанпарварӣ надоранд. Вале мо ҷавонони ватандӯсту худшиноси миллӣ огоҳона барои давлату миллат хизмат намоему зиракиву ҳушёриро ҳеҷгоҳ аз даст нахоҳем дод.

 

Зиёрат Киромзода,

корманди Донишкадаи

соҳибкорӣ ва хизмат

 


Вакти нашр: 2019-02-04 17:08:23    Хонданд: 62    Муфассал...

Ҳамоиши ҷавонону занони ҳунарманд зери шиори «Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз»

Нимаи аввали имрўз бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби аҳолӣ бахусус ҷавонону занон ба омўзиши касбу ҳунар ва таблиғу ташвиқи онҳо миёни аҳолӣ, Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар доираи эълон гардидани Солҳои 2019 - 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳамоиши ҷавонону занони ҳунармандро таҳти унвони «Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз» дар Муассисаи давлатии Душанбе-Плаза доир намуд.

Дар кори он Раҳмонзода Зоир Файзалӣ-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Расулзода Насимҷон-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Назарзода Р.Ш. – муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадова Тоҷиниссо-директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Салимзода Амонулло Файзулло-ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Абдуғафорзода Нуъмон Абдуғафор - Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони сохтори ҳизбии пойтахт иштирок намуданд.

Пеш аз оғози ҳамоиш, намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо дастовардҳои ҷавонону занони ҳунарманди ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба марази иштирокчиён гузошта шуд.

Нахуст, Расулзода Насимҷон ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида, мақсади баргузории ҳамоиши имрўзаро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Сипас, Раҳмонзода Зоир Файзалӣ зимни сухани ифтитоҳӣ қайд кард, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон оид ба омўзиши касбу ҳанаромўзӣ таъкид намуданд: “Ба раванди созандагии Ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад. Мо барои ҳар шахсе, ки мехоҳад касбу ҳунар, нияту нақша ва қобилияту истеъдоди худро амалӣ гардонад, яъне ҷиҳати худтатбиқкунии шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам меорем”.

Ҳар фарди ҷомеа, махсусан, занону ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба чунин ғамхориҳои бесобиқаи давлат ва Ҳукумати кишвар тамоми саъю талоши хешро ба интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

Воқеан ҳам, доир гардидани чунин ҳамоишу чорабинхои дастаҷамъӣ метавонад дар рушду инкишоф додани ҳунарҳои мардумӣ, фаро гирифтани аҳолӣ бахусус занону ҷавонон ба касбомўзиву ҳунаромўзӣ, муаррифии бештари таърихи пурғановати миллат, эҳёи суннатҳои асил, тарғиби либоси миллӣ миёни занон ва тараққӣ додани санъати ҳунарманд мусоидати фаъол менамояд.

Дар музокира олимон ва коршиносони соҳавӣ ва дигар шахсони расмӣ фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд.


Вакти нашр: 2019-02-05 13:54:13    Хонданд: 85    Муфассал...

Семинар машварат бо раисони ташкилотҳои ибтидоии шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди пойтахт дар мавзўи «Рушди маҳал-рушди кишвар»

Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон “Дар бораи эълон гардидани Солҳои 2019 - 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз 2.01.2019, №1170, саҳмгузорӣ дар ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбар намудани сокинони пойтахт бо корҳои ободониву хуррамгардонӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зисту майдончаҳои варзишӣ ва омодагиҳои ба маъракаҳои муҳими сиёсии дар пешистода Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо раисони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе семинар – машварат дар мавзўи “Рушди маҳал- рушди кишвар”-ро доир намуд.

Дар он Раҳмонзода Зоир Файзалӣ-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, намояндаи Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии пойтахт, кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт ва раисони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом миёни баромадкунандагон ва раисони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе мубодилаи афкор сурат гирифт.


Вакти нашр: 2019-02-06 09:03:52    Хонданд: 58    Муфассал...

Боздиди ҳизбиёни пойтахт аз Кохи «Наврўз»

Нимаи аввали имрўз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе саёҳати ҳизбиёни пойтахт бо аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар доираи эълон гардидани Солҳои 2019 - 2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба Маҷмааи меъмории миллӣ Коҳи «Наврўз» роҳандозӣ карда шуд.

Дар рафти чорабинӣ муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Абдураҳимова Д.Ҳ., раисон ва кормандони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳо аз ҳунари волои кандакории устоҳои маъруфи кишвар, ки бо санъати хеле баланд дар Кохи “Наврўз” нақшнигорӣ намуданд аз наздик ошно шуда, баҳои баланд доданд.


Вакти нашр: 2019-02-06 15:36:18    Хонданд: 61    Муфассал...

ИФРОТГАРОӢ ПАДИДАИ НОМАТЛУБ ВА ЗИДДИ ИНСОНӢ АСТ

Ба амнияти шаҳрвандон ва давлатҳо хатарҳое таҳдид намуда истодаанд, ки на танҳо таъсири моддӣ, балки мафкуравӣ ё худ идеологиро ба миён оварда, ба ҳастии миллату тамаддунҳо осебӣ ҷиддӣ мерасонанд. Ин хатарҳо хеле гуногун буда, яке аз онҳо ифротгароӣ ва терроризм мебошад, ки асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ доир ба масъалаи ифротгароӣ ва терроризм чунин изҳор доштанд: “Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардиданд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, ба оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст. Аз ин ҷост, ки ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад”.

Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъи нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Дар даҳсолаҳои охир чунин ҳодисаҳои ифротгароӣ то чанде васеътар доман паҳн мекунанд, ки ба тасаввуроти динӣ алоқаманд мебошанд. Ифротгароӣ дар асоси дин - ин пайравӣ дар ақида ва амалҳои гузарои динӣ мебошад. Он аз дигар намудҳои ифротгароӣ бо он фарқ мекунад, ки бо роҳи зурӣ тағйир додани сохти давлатӣ ва ғасби ҳокимият, вайрон кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат равона карда шуда, таълимот ва рамзҳои диниро ҳамчун омили ба тарафи худ ҷалб намудани одамон ва истифодаи онҳо дар муборизаи оштинопазир истифода мебарад. Мақсади экстремизми динӣ таъсиси давлате мебошад, ки ҳудуди байни кишварҳои мусулмониро эътироф намекунад. Фаъолияти онҳо ҳамаи ҷаҳони исломиро фаро гирифта, мақсадашон бошад, барпо намудани ҳокимият аз болои ҷаҳони ислом ва сипас дар тамоми ҷаҳон мебошад. Воқеаҳои ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳанд, ки бузургтарин таҳдид ин экстремизми динӣ мебошад. Оғози онро мо дар мисоли фаъолияти ба ном Давлати исломии Ироқу Шом, ки тамоми Ховари Миёнаро ба хусус: Ироқ Сурия Либия, Яманро фаро гирифтааст, мебинем. Мусаллам аст, ки таблиғгарони ин давлати ба ном исломӣ бо дини мубини ислом ягон иртиботе надоранд ва асоси мақсадашон соф сиёсӣ буда, ҳадафи эшон забти ҳокимият ва дар ниҳоят мақсади охиринашон –таъсис додани давлати Исломӣ мебошад.

Дар ҳамин самт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон мақсаднок қайд намуданд: “Терроризм ва экстремизм ба дини мубини ислом иртиботе надорад, чунки дини мубини ислом пок буда, танҳо ва танҳо покӣ, ростқавлӣ ва сулҳу суботро мепарастад”. Пушида нест, ки дар замони мо ашхос, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Роҳбарони гурӯҳҳои экстремистӣ бештар талош меварзанд, ки ҷавононро ба иттиҳодия ва созмонҳои гуногуни худ бо ваъдаҳои ҳалли осони проблемаҳои онҳо, аз ҷумла мушкилоти моддии онҳо ҷалб намоянд. Гурӯҳи алоҳидаи ҷавонон, аксаран ҳатто фикр ҳам намекунанд, ки бо иштироки худ дар чунин созмону иттиҳодияҳо на ин ки мушкилоти мавҷудаи худро ҳал менамоянд, балки мушкилоти зиёди наверо барои худ эҷод намуда, аслан ояндаи худро аз байн мебаранд. Аксарияти ҷавонони ба гурӯҳҳои ифротгаро шомилшуда аз зумраи ҷавононе ҳастанд, ки дар макотиби динии кишварҳои хориҷи ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ дур аз ватан қарор доштанд.

Насли ҷавонро ҳушдор додан лозим аст, ки мақсади гурӯҳҳои иртиҷоӣ инсонҳоро ба ҷангу терроризм ва радикализми динӣ сафарбар намудан ва аз аҷдодони аслиашон бегона сохтан, яъне буғӣ кардани эҳсоси худшиносии миллӣ маҳсуб мегардад. Инчуни қувваҳои манфиатҷуй дар оғози амлҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию - дини)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозан, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдидро афзуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Пайдоиш ва паҳн гардидани падидаҳои номатлуб аз сатҳи пасти маърифати сиёсӣ , ҳуқуқӣ, худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифоя дарак медиҳад.

Ҷавонони имрӯза бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри илму дониш, созандагию ободкорӣ равона созанд. Дар замони муосир, ки илму техника асоси пешрафти ҷомеаанд, ҷавононро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои хурофоти нашуда, кӯшиш намоянд, то ҳамқадами замон бошанд ва аз дастовардҳои илмию техникӣ ва технологияи муосир огоҳ гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд. Дар ин робита, вазифаи ҳар як падару модар, омӯзгор ва аҳли ҷомеа аз он иборат аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи баланди худшиносию худогоҳии миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва ифтихор аз давлатдории тоҷикон ва пойдории он тарбия намоянд.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки давлатҳои гуногун ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароиро дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи мубориза бо терроризм”, Қонун “ Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ” ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди ҳуқуқи байналмиллалӣ, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф карда шудаанд, ташкил медиҳанд. Соли 2003 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ” қабул шуд, ки мақсади он, пеш аз ҳама, риоя кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм бо давлатҳои хориҷӣ, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин бо ташкилотҳои байналмилалии бар зидди терроризм муборизабаранда, ҳамкорӣ менамояд. Бо мақсади пешгирии фаъолияти ифротгароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, бақайдгирӣ ва фаъолияти созмонҳои ифротгаро ё созмонҳое, ки ба ифротгароӣ мусоидат мекунанд, таблиғоти ифротгароиро пеш мебаранд, маводи ифротгароӣ паҳн менамоянд манъ карда шудааст. Манъ намудани таъсиси ҳизбҳое, ки хусусияти миллӣ ва динӣ доранд, асоси воқеӣ дорад, зеро мардуми тоҷик дар тӯли таърих ба ҳайси миллати тамаддунофару инсондӯст машҳур гардидааст ва бунёди ҳамагуна ҳизби хусусияти динӣ дошта ҳангоми ба таври расмӣ фаъолият намуданаш дар ҷумҳурии мо собит сохт, ки мавҷудияти чунин ҳизб боиси тафриқаю ҷудоиандозӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа мегардад.

Қиматов Р.С.,-директори Маркази омодагии каблӣ, номзади илмҳои химия, дотсент

 


Вакти нашр: 2019-02-08 15:04:07    Хонданд: 50    Муфассал...

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РАҲНАМО БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Тавре дар Паём Президенти мамлакат таъкид карданд, «мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ, истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани кишвар, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ- индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ амалӣ гардонда истодаем». Гуфта шуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар робита ба ин ва бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Вобаста ба ин, зарур дониста шуд, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонда шавад. -Барои расидан ба ин мақсад,- таъкид карданд Сарвари давлат,- бояд амалишавии барномаҳои соҳавии қабулгардида ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дода, самаранокӣ ва сифати онҳо таъмин гардад.

Чуноне ки Пешвои миллат таъкид намуданд, набудани баъзе намудҳои ашёи хом дар дохили кишвар барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ масъалаи ҳалталаб мебошад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда, ба истиснои ашёи хоми дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд ва сохторҳои марбутаро вазифадор намуданд, ки дар давоми як моҳ тартиби татбиқи имтиёзи мазкурро муайян намоянд. Ин сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат метавонад дар оянда ба рушди саноат дар ҷумҳурӣ мусоидат намояд.

Пешвои миллат дар Паёми пешини худ соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуда буданд, ки дар ин самт як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд. Вале, ба андешаи Сарвари давлат, барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест. Бинобар ин, Пешвои

миллат солҳои 2019 – 2021 - ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Бо итминон метавон гуфт, ки ин сиёсати Пешвои муаззами миллатро ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар, махсусан соҳибкорони ватандӯст ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар ободии шаҳру деҳот ва рушди сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Ҳамин тавр, Паёми имсолаи Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дурнамои рушди устувори кишварро дар ҳамаи самтҳо дарбар мегирад. Имрӯз ҳар яки моро мебояд, ки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, ҷавононро, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ тарбият намоем.

Саидҷон Зубайдуллоев-узви фаъоли ҲХДТ ноҳияи Сино


Вакти нашр: 2019-02-08 15:12:23    Хонданд: 48    Муфассал...

ТЕРРОРИЗМ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонида, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст. Дар ибтидои қарни XXI инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, онҳое ки мегӯянд терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда, омадааст беасос нест. Решаҳои терроризм хеле чуқур буда, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ - фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафганӣ мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ин давраҳо ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ мегардид. Дар охири қарни XIX ва ибтидои карни XX амалҳои террористӣ бештар характери сиёсӣ ба худ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Махсусан амалиёти террористӣ, ки 11 - сентябри соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом дода шуд, бо бераҳмӣ, густохӣ ва теъдоди зиёди одамони қурбоншуда бесобиқа мебошад. Ҳанӯз як сол нагузашта, террористон 23 - 26 октябри соли 2002 дар Маскав кӯшиши гузаронидани чунин амалиётро бо гаравгон гирифтани зиёда аз ҳазор тан аз мардуми бегуноҳ намуданд, ки дар натиҷаи амалиёти зидди террористӣ даҳҳо нафар аз шаҳрвандони бегуноҳро ба ҳалокат расиданд.

Терроризм дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Мо ба он нафарҳое, ки дар амалҳои ноҷавонмардона кӯшишҳои табаддулоти давлатӣ карданӣ мешаванд, лаънат мехонем. Дар мисоли раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ (Хизби мамнуъи террористӣ), ки ҳоло ҳамчун гуреза дар хориҷа умр ба сар бурда, худро раиси Паймони милли Тоҷикистон эълон намудааст. Қайд кардан ҷоиз аст, ки терроризм асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти миллии тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Имрӯз тамоми чомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки ба муқобили ин вабои аср мубориза баранд. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори сулҳ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳанг­шудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст.

Ба андешаи мо, барои гирифтани пеши роҳи гаравидани наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, пеш аз ҳама, бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҷиҳати рафъи мушкилот аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем. Ба китобдорон лозим аст, ки барои тарғиби зидди терроризм нақшаи корӣ тартиб диҳанд ва пас аз он дар байни хонандагону аҳолии мамлакат чорабиниҳо баргузор намоянд. Китобдорон бояд дар китобхона дар байни хонандагон бо тариқи гузаронидани суҳбат, конфронси хонандагон ва созмондиҳии намоиши китобӣ тарғибот баранд. Аз ин лиҳоз, мо чунин шаклҳои корҳои оммавиро пешкаш менамоем: Аз ҷумла, тавассути воситаҳои ахбори омма, бавижа барномаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои интернетӣ оид ба оқибатҳои ҳалокатбори пайвастшавӣ ба ин гурӯҳҳо, бо овардани далелҳои мушаххас, матолиби таҳлилӣ нашр ва пахш намоем.

Барои ҳалли ин масъала якҷо бо ниҳодҳои қудратӣ дар корхонаю муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии кмшвар мулоқоту вохӯриҳои судманд доир намуда, ба наврасону ҷавонон маслиҳатҳои муфид додан, ба мақсад мувофиқ аст. Фаромӯш набояд кард, ки мо - ҷавонон аз осмони софу беғубори ин Ватан нафас мегирему бароямон Ҳукумати мамлакат ва Пешвои муаззами он шароити мусоиди таҳсил ва фаъолиятро фароҳам овардааст. Пас месазад, ки ин Ватанро дӯст дорем, онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.Хушбахтона, имрӯз кам нестанд нафароне, ки барои ободию осудагии Ватан, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ҷони худро нисор намудаанд. Хушо бар ҳоли мардони далеру шуҷоъи ин миллати куҳанбунёд. Бешак, номи неки онҳо дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин дарҷ мегарданд.

Холов Бозорбой, Зафари Шариф-аъзоёни фаъоли ҲХДТ ноҳияи Сино

 


Вакти нашр: 2019-02-08 16:59:58    Хонданд: 62    Муфассал...

ПАЁМ: АЗ ИСТИҚЛОЛИЯТУ ОЗОДӢ ВА СОҲИБВАТАНИВУ СОҲИБДАВЛАТӢ ШУКРОНА КУНЕМ

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар асоси мактуби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша –чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Беҳдошт” мизи мудаввар доир гардид.

Дар он таъкид гардид, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсиву давлатдорӣ дар ҳайёти кишвар, рушду пешрафти самтҳои афзалиятнок, фарҳангу арзишҳои миллӣ нақши арзишманд мегузорад.

Ҳар сол аз Паём то Паём дар мамлакат дигаргуниҳои куллӣ, дастовардҳои азим ба вуқуъ мепайвандад, ки Тоҷикистонро қадам ба қадам, марҳила ба марҳила ба пеш, ба амалишавии ҳадафҳову ниятҳои оливу наҷиб мебарад. Имсол низ Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муждаву паёмҳои зиёди наҷибу созанда дошт. Аз ҷумла ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат эълон гардид. Ин ҳадафест, ки заминаҳои муайян ва бузургро мехоҳад, ки ба он Тоҷикистон муваффақ гардидааст. Яъне ҳадафҳои стратегӣ-ба истиқлолияти энергетикӣ расидан ва аз бумбасти коммуникатсионӣ баромадани мамлакат заминаҳои мусоидест барои саноатикунонии мамлакат.

Ҳамзамон, дар бораи коркарди ашёи хом дар ҳудуди кишвар, афзоиши аҳолӣ ва буҷет, нақши занону бонувон дар ҷомеа, алалхусус дар ҳифзи фарҳанг, анъанаҳои неки миллӣ, забони давлатӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватандӯстӣ ва дигар паҳлӯҳои Паём ибрози назар гардид.


Вакти нашр: 2019-02-11 14:09:42    Хонданд: 48    Муфассал...

САРДАФТАРИ ДАВРОНИ НАВ

Раванди инкишофи ҷамъият инсонро ҳамеша ба ҳаводису воқеаҳои мухталифе рў ба рў месозад, ки дар як марҳила рушди хеле босуръат дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳанги ин ва ё он кишвар ба назар расад. Дар марҳилаи дигар бошад, таназзулу нобаробарӣ ва нофаҳмию ихтилофоти зиёде фарогири фазои он мамолик мегардад. Яъне тазод ва муборизаҳои гуногун барои ба даст овардани манфиатҳои моддию маънавӣ ҳамеша дунболагири ҳаёти инсон буд, ҳаст ва мемонад. Бинобар ин, дар ҳама ҳолатҳои манфию мусбати ҳаёти инсон нақши шахсият баръало намоён мегардад. Ба сухани дигар, раванди таърихии инкишофи ҷамъият барои пешбурди худ шахсиятҳои маълуму машҳурро вориди саҳнаи таърихи инсоният мегардонад, ки онҳо бо ақлу заковат, донишу маърифат, муносибату муошират, ҷасорату матонат ва муборизаҳои ғаюронаи худ эҷодгар ва ё бунёдгари раванди нав дар ин ё он кишвари олам мегарданд. Таърихи инсоният аз дер боз чунин афроди бунёдгузору созандаро ёд дорад ва онҳо бо иқдомҳои накўи хеш зинатафзои давраҳои гуногуни таърихи мамолики худ гардидаанд.

Албатта, ин равиш раванди баръакси худро низ дорад. Яъне муносибату рафтори баъзе аз пазируфташудагони аҳли ҷомеа бо мурури замон коста мегардад, ки ин боиси хароб гардидани муносибатҳои ҷамъиятӣ, низоъҳои дохилӣ ва низоми сиёсии ҳамон кишвар мегардад. Дар сурати идора нашудани ин омилҳо низомии сиёсии кишвар ба буҳронҳои шадид рў ба рў мегардад ва дар натиҷа табаддулоти мухталиф ва парокандагӣ дар ҳамон низоми сиёсӣ сар мезанад, ки мисоли рўшани инро мо дар пош хўрдани давлати абарқудрати Шўравӣ дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта мушоҳида карда метавонем.

Пароканда гардидани чунин давлати неруманд ҳодисаи тад­риҷии таърихӣ буд, яъне он яку якбора аз байн нарафт, балки дар натиҷаи коста гардидани низоми сиёсӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, манфиатхоҳии бештари ҷумҳуриҳои сернуфузи таркиби он, ба ҷамоҳири ҳудуди ҷуғрофиашон маҳдудтар ва аҳолиашон камнуфустар таваҷҷуҳи камтар зоҳир кардан боиси аз харитаи ҷаҳон нест гардидани номи СССР гардид.

Баъд аз ин ҳодисаи таърихӣ низоми сиёсии ҷаҳон низ дигар гардид ва ҳамаи он кишварҳои манфиатҷў ба ҷумҳуриҳои аз Шўравӣ ҷудошуда рў оварданд ва барои ба даст овардани ғаразҳои сиёсии худ тамоми имкониятҳои худро роҳандозӣ карданд ва барои ба ҳадафҳои худ ноил гардидан, ҳатто, мардуми онро ба коми ҷанг кашиданд. Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон яке аз он кишварҳое буд, ки аз надоштани роҳбарони миллатдўсту ватанпарвар сарзамини биҳиштосои он макони нобараҳмон ҷониби манфиатхоҳон қарор гирифт. Миллате, ки дар масири таърих бар сари халқею кишваре ханҷар накашида буд, гирифтори дасисаю фиреби манфиатхоҳону ҷоҳталабон гардид ва ғарқи гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Кишваре, ки асрҳо боз бо абармардони илму адабаш инсониятро тарбия менамуд, дар назди ин ҳодисаи нангин нотавону бечора буд. Дар ин замон дигар касе монеи ихтилофоти дохилӣ шуда наметавонист. Роҳбарияти бозмондаи замони Шўравӣ сару калобаи худ­ро гум карда буд ва дар назди ин мушкилот нотавону бечора ба назар мерасид. Бо вуҷуди рўз аз рўз зиёд шудани оташи ҷанг ҷоҳталабию мансабталошиҳо боз ҳам бештар авҷ мегирифт ва кор то ба ҷое расид, ки яке аз минтақаҳои кишвар муддатҳо дар муҳосираи иқтисодӣ монд...

Вале ҳамоно тақсими вазифаю мансабҳо идома дошт. Гурўҳе аз “пешвоёни замон” барои ором кардани вазъи сиёсии кишвар яке аз роҳбарони собиқи Шўравиро дубора сари мансаб оварданд ва бовар доштанд, ки ў бо доштани таҷрибаи сиёсиаш вазъро ором месозад, аммо ин иқдом баръакс боиси авҷ гирифтани авзоъ ва муташанниҷ гардидани низоми сиёсии кишвар гардид. Эшон низ зери фишори силоҳбадастон аризаи истеъфояшро имзо карда, худро аз вазъият барканор кашид. Беҳокимиятии сартосарӣ кишварро фаро гирифт. Ҷанги хонумонсўз боз ҳам бештар аланга мегирифт, молу мулк, тамоми дороиҳои кишвар ва мардуми он ғорат мегардид. Саркардаҳои ҷанг дар минтақаҳои гуногуни кишвар худро ҳоким эълон карда, мардумро талаву тороҷ мекарданд. Ниҳоят, мардуми ҷафодида барои ҷони худ ва нангу номуси фарзандони худро нигаҳ доштан фирорӣ гардиданд ва ба кишвари ҳамсоя - Афғонистон, ки зиёда аз сӣ сол дар он ҷангу хунрезӣ идома дошт, панаҳ бурданд ва дар таърих бо номи “муҳоҷирони иҷборӣ” сабт гардиданд.

Вазъи даҳшатбори замон барои фурў нишонданаш интизори шахси ҷасуру далер ва сиришта аз меҳру сафо буд. Ва бо баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми тақдирсоз равзанаи умед ба фардои нек фаро расид, ки онро метавон равзанаи ормонҳои мардуми тоҷик дар саҳифаҳои таърихи навини замони истиқлолияти давлатӣ номид. Вакилони Шўрои Олӣ баъд аз суханронии яке аз ҷавонтарин намояндаи мардумӣ – Эмомалӣ Раҳмон ва таҳлили вазъи сиёсии кишвар аз ҷониби ў дарк карданд, ки танҳо ў метавонад бо ақлу заковат ва неруи тавонояш барои садди роҳи хунрезӣ шудан мусоидат намояд ва ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон истеҳком бахшад.

Даврони нави таърихи истиқлолияти Тоҷикистон сардафтар ва ҳомии худро дар шахси фарзанди ҷонфидояш, дар симои Эмомалӣ Раҳмон кашф кард, ки раванди минбаъдаи рушду инкишофи ин сарзамин бо номи ў сахт марбут гардид ва оянда низ идома хоҳад ёфт.

Барқарор кардани сулҳу ваҳдати миллӣ барои сарвари ҷавон бузургтарин ҳадафи сиёсӣ маҳсуб мешуд. Сарвари ҷавон хеле хуб дарк карда буд, ки яке аз омилҳои парокандагии миллати тоҷик ва низоъҳои сиёсӣ дар солҳои аввали истиқлолияти кишвар ин интихоботи президент ба шумор мерафт, ки чунин иқдом боиси пайдо гардидани як гурўҳи худхоҳу ҷоҳталаб дар дохили кишвар гардида буд. Дар ҳамин замина, бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон то оромтар гардидани вазъи сиёсӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо низоми парлумонии идораи давлат роҳандозӣ гардид.

Сарвари ҷавон баъд аз интихоб гардиданаш ба вазифаи Раиси Шўрои олӣ аз минбари баланди ин ниҳод дар назди намояндагони мардум суханронӣ карда, савганд ёд кард, ки тамоми ҳастиашро барои ором кардани вазъи сиёсии кишвар равона мекунад, кишварро аз парокандагӣ раҳо карда, сулҳу суботи сартосарӣ ва ваҳдату якпорчагиро дар ҳудуди мамлакат таъмин менамояд ва то баргардонидани охирин муҳоҷири иҷборӣ худро орому осуда ҳис намекунад.

Дар чунин даврон барои миллати тоҷик аз сулҳу субот ва ваҳдату баҳамоӣ муҳимтар чизи дигаре вуҷуд надошт. Мардуми саргардон аз ҳаводиси сиёсӣ омода буд, ки дар канори сарвари ҷавони хеш, ки ҷони худро барои амнияту суботи мардуми кишвар ва якпорчагии сарзамини аҷдодӣ дар кафи даст гирифтааст, тамоми мушкилотро, чун гуруснагиву маризӣ, дарду ғам, фироқи ҷигарбандону пайвандон, аз даст рафтани хонумон ва монанди инҳо таҳаммул кунад ва барои амалӣ гардидани иқдом ва ниятҳои неку инсонпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлуи ў бошанд. Маҳз бо чунин хислатҳои нек ва суханони хирадмандон Эмомалӣ Раҳмон дили мардумро тасхир карда, дар қалби ҳар як фарди равшанзамир, ватанхоҳу миллатпарвар ошёни меҳру муҳаббат бунёд намуданд. Ғояҳои инсонгароёна ва дар аҳду қавл устувору дар савганд пойдори Эмомалӣ Раҳмон дар тўли таърихи даврони навин боиси он гардид, ки мардуми тоҷик ўро ба ҳайси Пешвои миллат чун бунёдгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бипазиранд. Ин иқдом ифтихори бузурги миллати тоҷик дар роҳи арҷу эҳтиром гузоштан ба корнамоиҳои фарзандони барўмандаш дар тўли таърих мебошад.

Рушди минбаъдаи ҷомеа ва истеҳкоми тамоми ҷанбаҳои ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикис­тон дар замони нав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро дар шахси Эмомалӣ Раҳмон тавлид кард. Бо ҷаҳду талош ва ҷасорату ибтикороти неку инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат Тоҷикистон дар замони ниҳоят кўтоҳе ба диёри сулҳпарвар ва дорои суботи сиёсию амнияти сартосарӣ гардида, арзишҳои таърихию фарҳангии худро эҳё кард ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит сохт, ки миллати тоҷик дорои хиради азалии инсонпарваронаю ваҳдатгаро аст. Аҳли башар аз иқдомоти Президенти Тоҷикис­тон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳгардонии ҳаёти инсон дар ҷаҳон пазироӣ карда, раванди барқарорсозии сулҳу суботи ин сарзаминро мактаби бузурги омўзиш ва таҷрибаи сиёсӣ қарор дод.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат дар идомаи сиёсати созандаи худ истеҳком бахшидани вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварро яъне аз ҳадафҳои асосии фаъолияти хеш қарор дода, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёди НБО “Роғун” ва барқарор кардани муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ бо Ҷумҳурии Ўзбекистон ва монанди инҳоро аз муҳимтарин рукнҳои сиёсати Тоҷикистон эълон намуд. Тавре ки раванди пешравии ҷомеа нишон медиҳад, Сарвари меҳандўсту меҳанпарвари тоҷик тавонист, ки дар як муддати начандон зиё­ди таърихӣ ин аҳдофи хешро амалӣ намояд ва сазовори эҳтироми мардуми кишвар гардад.

Ба андешаи мо, дар баробари доштани фазилати устувори қавӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва хиради азалии халқи тоҷик, ҷасорат ва наҳаросидан аз ҳар гуна мушкилот, созандаю бунёдкор будан аз шумули хислатҳои накўи Пешвои муаззами миллат буда, сарзамини Тоҷикистон ва халқу миллати тоҷикро бо тамоми ҳастияш дўст медорад. Чунин хислатҳои накуи Сарвари мамлакат бояд дар сиришти ҳар як фарди бонангу номуси диёр ҷой гирад ва раҳнамои дарси зиндагии мо гардад.

Ҳақназар КАРИМЗОДА,

сармуҳаррири нашрияи

“Мароми пойтахт”

Муҳаммаддовуд САЛОМИЁН,

дотсенти ДМТ


Вакти нашр: 2019-02-11 15:22:30    Хонданд: 744    Муфассал...

Ба қадри ҳар қатра обу як каф хоки ин Ватан бояд расид

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти прогресси илмӣ-техникӣ, ки инсоният бо дастёбӣ аз дастовардҳои илмӣ ҳарф мезанад, мутаассифона пайдоиши ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва гурӯҳҳои манфиатхоҳу манфиатҷӯи ифротгаро боиси монеа эҷод шудан ба оромишу суботи ҷомеа ва пешрафти он мегарданд.

Дар пайи мубориза алайҳи ин раванди номатлуб аксари давлатҳои дунё ва созмонҳои ҷаҳонӣ ҳамаруза талош менамоянд. Вобаста ба ин, моро лозим меояд, ки баҳри нагаравидани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо ва муборизаи беамон зидди ин гурӯҳҳои ифротгаро аз донишу таҷрибаи андӯхта истифода намуда, зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем.

Бояд қайд кард, ки масоили экстремистӣ дар олам гуногуншакл амал менамояд. Ин ҷо метавон ҳаракати гурӯҳҳои ифротгароро чунин шарҳ дод. Ифротгароён ва ё масоили экстремистӣ ба шуур ва психологияи ҷамъиятӣ, ахлоқ ва идеологияи омма паҳн гардида, ба муносибати гурӯҳҳои ҷамъиятӣ (эктремизми иҷтимоӣ), миллат (экстремизми миллатгароӣ ё халқҳо), иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ – давлатӣ (экстремизми сиёсӣ) ва ё мазҳабҳои динӣ (экстремизми динӣ) таъсири манфӣ мерасонад. Мароми асосии онҳо: моддӣ, идеологӣ, хоҳиши дигаргунсозӣ ва қонеъ нагардидан аз вазъиятҳои воқеӣ, ҳокимиятдорӣ бар одамон, зуҳуроти шавқу ҳавас ба намудҳои нави фаъолият, худсобиткунӣ, хаёлпарастии ҷавонон, қаҳрамонӣ, бозӣ ва ҷаззобияти хатари марговар ва амсоли ин мебошанд.

Чӣ хеле, ки маълум аст, ҳаракатҳои экстремистӣ солҳои охир дар байни ҷомеа паҳн гардидааст, ки баъзе аз давлатҳои ҷаҳон дар ҷодаи бартараф сохтани ин ҳаракати бадхоҳона ба мушкилотҳо дучор шудаанд. Ҳарчанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба танзими ин раванд корҳои муайяне ба анљом расида бошад ҳам, аммо мутаассифона маърифати пасти бархе аз шаҳрвандон боиси сару садоҳо пайдо шудан оид ба ин мафҳум гардидааст. Барои бартараф сохтани ин раванди номатлуб пеш аз ҳама аз донишу малака ва таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон истифода бояд бурд.

Чуноне, дар моддаи 3 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» омадааст: «Экстремизм – ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаргунсозии сохтори конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ» мебошад.

Дар солҳои охир таҷрибаи сиёсии экстремистӣ нишон медиҳад, ки 3 шакли зуҳури он дар ҷаҳон амал менамояд:

  1. Шуришангезӣ;
  2. Исён;
  3. Терроризм.

Мафҳуми терроризм дар адабиётҳои гуногуни ҳуқуқии байналмилалӣ, ҳамчун дараҷаи охирини зуҳуроти экстремистӣ мебошад, ки чунин шарҳ дода мешавад:

Террроризм – ин зуҳуроти вазнини иҷтимоӣ – сиёсӣ ва ҷиноятиест, ки бо зиддиятҳои дохилӣ ва берунӣ дар рушди ҷамъиятии кишварҳои гуногун шарҳ дода мешавад.

Вобаста ба масоили терроризм мутахассисон намудҳои гуногуни онро пешниҳод намудаанд, ки дар маҷмӯъ ҳама хатарҳои ҷиддиеро дар худ ифода мекунанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъалаҳои экстремистию террористӣ таи солҳои охир хело нигаронкунанда ба чашм мерасанд. Чуноне, ки дар тули 4-5 соли охири зуҳуроти террористӣ маълум гардидааст, бештар гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мушоҳида мегардад, ки ин сатҳи пасти маърифати онҳоро дар шароити љаҳонишавӣ нишон медиҳад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуда буданд: «Шиддатёбии бархӯрди манфиатҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ, тамоюли дубора ба қутбҳои сиёсиву низомӣ ҷудо намудани олам, паҳншавии тафаккури харобиовари ифротгароӣ, қувватгирии фаъолияти ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва монанди инҳо суботу амнияти давлатҳои ҷаҳонро, дар маҷмӯъ ба таҳдиди ҷиддӣ рӯ ба рӯ намудааст. Бинобар ин, бо зикри дастовардҳои бунёдии даврони истиқлоият мехостам бори дигар ин нуқтаро таъкид намоям, ки ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама, ба арзишҳои усулӣ ва ҳаётӣ таҳдид менамоянд. Яъне онҳо аввалтар аз ҳама, ба истиқлолияти давлатӣ, ба мавҷудияти худи давлати мустақил, ба сохтори давлатиии демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба суботу амният ва ҳаёти осоишта, ба хонаву оилаи ободи ҳар як фард ва ба арзишҳои неки миллии мардуми тамаддунсози мо таҳдид мекунанд. Пас муборизаи мо бар зидди экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад».

Ин ҳама гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат бори дигар моро водор месозад, ки бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳисси ватандорию ватандустӣ алайҳи ин раванди номатлуб ҳамеша мубориза барем.

Хуллас, саҳм гузоштан дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарзи фарзандии ҳар фарди бонангу номуси кишвар ба шумор меравад. Қадри ҳар қатра обу як каф хоки ин ватанро бояд донист. Бояд нагузорем, ки тири душман бар дили миллату давлати тоҷик занад. Шукри истиқлолияти хеш, шукри ободию зебоии ин ватани аҷдодиамон кунем.

 

Шарипов Ҳ.А. – ассистенти

кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии ДСХ ,

Зокиров Бахтиёр – магистри

курси 2-юми ихтисоси идораи давлатии ДСХ


Вакти нашр: 2019-02-11 16:40:09    Хонданд: 53    Муфассал...

Тоҷикистон ватани азизи ман

Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб. Аз ин рў, меҳри беканори ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу ҷон аст. Сарзамини нотакрор, макони бузургони хирад, оқилу фарзонагон ва абармардон мебошад. Тоҷикистон бе ҳеҷ муболиға нуқтаи зарринест дар сайёраи сабзқабои Замин. Сарзамини мо ҳарчанд камзамин аст, аммо дар асл як ҷаҳонест бекарон, биҳиштест беназир ва остонест муқаддас ва марзест шариф. Марзи тоҷикон (ҳамчунин марзҳои таърихии тоҷикнишини Осиёи Марказӣ-Мовароуннаҳру Хуросони Кабир) гаҳвораи тамаддуни башарист, чунки қадимтарин қавмияти фарҳангофари башарӣ-ориёиҳо маҳз аждоди гузаштаи тоҷикон мебошанд, ки башарро ба гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек ҳидоят намудаанд. Тулўи хуршеди маърифат дар олами башарӣ маҳз аз сарзамини тоҷикон-Суғду Бохтару Хуросон, Ҳироту Балх ва Марву Хоразм оғоз шудааст.

Тоҷикистон-ватани азизи мо дар зоти худ назир надораду мардумаш ба хазинаи фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, бузургтарин абармардони илму хирадро додааст. Мамлакати мо аз нигоҳи ҷуғрофӣ хурд аст, аммо қалби мардумонаш-тоҷикон дарёест бекарон, саршори хираду маърифат ва муҳаббату самимият. Равшан аст, ки Тоҷикистон кишвари пурганҷу пурэъҷоз ва пурсарвату бой аз захираҳои табиист. Қуллаҳои барфпўшу яхини Тоҷикистони азиз захираи бебаҳои оби зулоланд. Агар ҷаҳони муосир ғарқи нафси сармоядорӣ асту бо нафти сиёҳ меболад мо аз он меболем, ки кишвари мо биҳиштест, ки захираи обҳои нўшиданӣ инҷо воқеъ аст. Бе нафт метавон зист, аммо бе об наметавон зиндагӣ кард. Об ҳасту ҳаёт аст. Пас чаро ман аз чунин Модар-Ватан ва марзи биҳиштии он, ки макони ҳазорҳо намуд меваҷоту сабзавот, паррандагону чарандагон, гулзорону чаманзорон ва чашмасорони оби пок аст, наболам. Тоҷикистон бо манзараҳои дилфиреби куҳиаш ва дарёҳои оби зулоли пурхурўшаш макони сайёҳону меҳмонон аст. Аз оғози таърих маълум аст, ки мо тоҷикон бо фарҳанги беназири худ, ки он маҳсули тафаккури абармардони сиёсӣ ва бузургони адабиёту фарҳанг ва илму маърифати қадим ва классикиамон Ҷамшеди Пешдодӣ, Зардушт, Куруши Кабир, Дориюш, Спитамен, Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам Абўҳанифа, Имом Бухорӣ, Ибни Сино, Ал-Хоразмӣ, Берунӣ, Форобӣ, Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлонои Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳои дигар мебошанд, ки хазинаи маънавии тамаддуни башариро ғанӣ гардонидаем.

Хушбахтона, имрўз кишвари азизи мо дар қатори зиёда аз яксаду бист давлати дунё ҳамчун давлати озоду соҳибистиқлол, демокративу ҳуқуқбунёд ва ошёни сулҳ нашъунамо дораду офтоби амну амонӣ ва осоиштагӣ болои мардуми он партавафшон аст. Бигзор ин тулўъ ва партавафшони ҷовидонӣ бод!

Оре, дар кадом ҳолат дар кадом сатҳу пояе, ки набошад, Тоҷикистон муқаддасоти арзандаи миллати тоҷик дониста мешавад. Худованд ба мо дар арсаи ҷаҳонишавӣ Пешвоеро дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонидааст, ки имрўзи кишварро бо фардои мунаввар мепайвандад. Хушбахтона 27 сол аст, ки бо ибтикор ва кўшишҳои пайгиронаву роҳнамоиҳои хирадмандонаи ин фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони азизи соҳибистиқлоли мо ҳар рўз навигониҳову пешравиҳои бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию ахлоқӣ ба вуҷуд омадаву ҳам рўзмарра ба вуқуъ пайваста истодаанд. Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистоне, ки дар замони Шўравӣ як кишвари аграрии тобеи шўравии дар ҳисоби кўҳҳои сар ба фалак кашида, дар гўшаи фаромўшӣ қарор дошт, бо кўшишу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати 27-сол ба як кишвари пешрафтаи саноатии мутамаддин ва ошёни сулҳу осоиштагии намунавии ҷаҳони муосир табдил ёфт. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз оварда расонид ва мо бояд ба қадри ин осоиштагиву оромӣ бирасем. Имрўз наметавон сарзаминеро номбар кард, ки Тоҷикистонро чун кишвари соҳибистиқлол нашиносад.

Бе муболиға Тоҷикистони соҳибистиқлол дар муддати 27-соли даврони соҳибистиқлолии хеш, бо роҳбариву роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он пешравиҳои иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангие ноил гардид, ки баъзе қавму миллатҳо дар садсолаҳо ба он мушарраф гашта наметавонанд. Бисёре аз халқҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати шумораи аҳоли аз Тоҷикистони мо зиёданд, аммо соҳибистиқлолу соҳибватан ва комилҳуқуқ нестанд ва онҳо истиқлолиятро чун “моҳичаи тиллоӣ”-ву чун “тухми мурғи анқо” дар хоб мебинанд.

Маҳз бо ваҳдату ягонагии миллати тоҷик, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваст, Тоҷикистони азизи мо соҳиби беҳтарин неъмати Худододаву бузургтарин дастовард, яъне амнияту осоиштагӣ ва истиқлолияту якпорчагӣ ва пешравиҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ гардид. Мардуми соҳибхиради ин сарзамин аз хурд то бузург якдигарро эҳтирому эътироф мекунанд, чунки қавми як миллат ва як нажоданд. Имрўз мамлакати азизи мо дар айни шукуфтанҳост ва рўз то рўз шуҳратманду шуҳратёр гашта истодааст.

Боиси хурсандист, ки имрўзҳо Тоҷикистони моро тамаддунҳои муосири олами башарӣ ба ҳайси ҷумҳурии ҷавону соҳибистиқлол ва мутамаддини дорои неъмати бебаҳои сулҳу субот ва дорои пешравиҳои нав ба нави сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ мешиносанд. Тоҷикистони азизу дилоро бо тамоми бузургиву шаҳоматаш имрўз моро Ватан аст. Ватане, ки бо тамоми ҳастӣ дўсташ медорему эҳтиромаш мекунем.

Агар тамоми умри худро дар васфи Тоҷикистони азизам сарф кунам, ҳоло ҳам ин кам мебошад. Ман аз он мефахрам, ки тоҷикаму ватанам Тоҷикистон аст. Ҳар куҷое, ки бошам номи сарзаминам ҳамеша дар вирди забонам ҳаст ва фаромўш нахоҳам кард.

Хулоса, ҳастиву пояндагии Тоҷикистони азиз чун ҳастии ҷону тан ва умеду армони Ватани азизу дилоро дар вуҷуд ва дасти дуо бар даргоҳи Офаридгори созанда мегузорем, то ҳамарўза ватани умеду орзуҳо, шукуфтанҳову сарсабзиҳо гардад ва ҳар як ватандор ўро дўст дорад.

 

Туразода Муҳаммадёсин,

аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”

дар ноҳияи Сино


Вакти нашр: 2019-02-11 16:59:42    Хонданд: 56    Муфассал...

Истиқлолият неъмати бебаҳост

12 феврали соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии “Саховат” тибқи мактуби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи дастовардҳои даврони истиқлолият бо соҳибкорон суҳбату вохӯрӣ доир гардид.
Бойалӣ Ҳусейнов, устоди ДДТТ, аъзои фаъоли Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ роҷеъ ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, нақшу саҳми беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу субот, ваҳдату якдилӣ, рушду пешрафти мамлакат дар тамоми соҳаҳо, баланд гардидани обруву нуфузи мамлакат дар сатҳи байналмилал, иқдомҳои барҷаставу судманди ҷаҳонии Пешвои миллат оид ба масоили об, пешгирии омилҳои номатлуби аср терроризм- экстремизм ибрози андеша намуд. Ҳамзамон роҷеъ ба маърифати шаҳрнишинӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, муоширату муносибати хуб бо мардум, алалхусус бо муштариён, ҳифзи арзишҳо, фарҳанги миллӣ, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ, омӯзиши донишу забонҳо изҳори назар намуда, таҳлилу мисолҳои судманд овард.
Заррина Зуҳурова-мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар мавриди ҳифзи либосу анъанаву одатҳои миллӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, пешгирии омилҳои бегонапарастӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва сабабҳои он ибрози ақида намуда, таъкид дошт, ки ҳар як шаҳрванд инъикосгару муаррифгари симову сирати миллат маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, расму одатҳои неки мардумиро бояд ҳифзу таҳким бахшид.

 


Вакти нашр: 2019-02-12 14:50:42    Хонданд: 53    Муфассал...

Ташкилоти ибтидоии «Коммерсбонк» таъсис ёфт

Бо иштироки масъулини Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” маљлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Масъулин зимни баромади хеш оид ба суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маљлиси КИМ ҲХДТ боло бурдани обруву нуфузи ҲХДТ вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳизб мебошад, иброз дошт. Қайд карда шуд, ки аз ҷумла ташкилотҳои ҳизбӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати ташаккули фарҳанги сиёсӣ, тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, дуст доштани Ватан – модар, ҳифзи марзу бум, таҳкими истиқлоли миллӣ ва ваҳдати миллӣ корҳои таблиғотиро бештар ба роҳ монанд.

Ба 16-нафар кормандони ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ки иродаи сиёсии худро муайян намуда, аъзои ҲХДТ гардиданд, дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис ва “Комерсбонк” номгузорӣ карда шуд. Бо ҷонибдории аксарияти аъзои ҳизб Суфишоев Ҳайдаршо-Раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Сироҷов Илҳом –котиби ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд.


Вакти нашр: 2019-02-12 15:01:56    Хонданд: 60    Муфассал...

Имунитети фарҳангӣ

Раванди муосири ҳаводиси сиёсӣ ва воқеиятҳои таърихӣ дар мамолики Ховари Миёна собит месозад, ки бидуни доштани иммунитети фарҳангӣ ва сиёсӣ дар шароити сиёсии глобалӣ зиндагӣ кардан ва муҳимтар аз ин, зинда мондан мушкил аст. Мушкил ин ҷост, ки падидаҳои номақбул, хашин, мазарратовар ва ғайриинсоние монанди бунёдгаройӣ (фундаменталитзм), ифротгаройӣ (экстремизм), тундгаройӣ (радикализм) ва натиҷатан, даҳшатафканӣ (терроризм)-и динӣ-мазҳабӣ фазои фарҳангӣ ва маънавии мамолики Ховари Миёнаро фаро гирифта, роҳи бурунрафтро аз ҳар тараф бастаанд. Падидаҳои мазкур, ки зоидаи табъу истеъдоди ҷаҳолатмаобони давранд, ҳамеша аз ҷониби қудратҳои бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ шуда, вазъи куллиро дар манотиқи гуногуни шарқӣ, ба вижа, шарқи мусулмонӣ ноҷур месозанд. Сухан сари ин аст, ки фарҳангҳои миллию бумӣ дар ҷараёни ташаннуҷи ифротгаройӣ ва тундгаройии динӣ таҳти хатари азим гирифтор шуда, дар садади нобудӣ қарор мегиранд.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳувияти динӣ-мазҳабӣ, дар ҳар шакли зуҳур баёнгари ҳувияти миллӣ нест, чаро ки побанди маҳдудиятҳои ақидатист. Тайи таърихи тӯлонӣ марзи андеша, фарҳанг ва дар маҷмӯъ, рӯҳи миллӣ дар инҳисороти идеологӣ қарор дошт ва ин раванд дар шароити имрӯза, ки бархӯрдҳои тамаддунии динмеҳвар рӯз ба рӯз ташаннуҷ мекунанд, таҳкиму тақвият ёфта истодааст. Дар ҳоле ки дар таърихи миллӣ нахустин маротиба Куруши Кабир ба тамаддун, эътиқод, афкор, мазҳаб ва сунани иҷтимоии миллатҳои мағлуб ба дидаи эҳтиром менигарист (Ризоӣ Абдулазим. Таърихи даҳҳазорсолаи Ирон. Ҷилди аввал. Теҳрон, 1368.–С.249), аксари наслҳои имрӯзии мо, ки бар асари фишору бориши мағзии ифротӣ ҳувияти бегонаро пазируфтаанд, дар масири бегонагӣ ҳаракат карданро авло медонанд. Фарҳанги ҳар ҷомеа (қавм, тоифа ё миллат) махлуқи фаъолиятҳои фикрӣ ва зеҳнии ҷомеа аст. Миллатҳо, ақвом ва тавоиф бо фарҳангашон аз якдигар мутамоиз мешаванд ва ҳувияташон дар фарҳанг нуҳуфтааст. Ин аст, ки доштани иммунитети фарҳангӣ яке аз василаҳои асосии мубориза ва муқовимат дар баробари воқеиятҳои талхи зиндагист. Иммунитет, яъне сироятнопазирии шахсият, қавмият, миллият ва ниҳоятан, халқият дар муҳит ва фазои мушаххас. Фарҳанги миллӣ, ки зоидаи табъи аҳли илму маърифати гузаштаю имрӯзии миллат аст, метавонад сипари фикрӣ, мафкуравӣ ва иҷтимоӣ бошад ва дар баробари мафкураи бегона истодагарӣ намояд ва ҷомеаро аз вартаи худбохтагӣ наҷот бахшад.

Дар воқеъ, осебпазирии иҷтимоъ бештар рӯйи ифротгаройии насли ҷавон тамаркуз мекунад ва эҳтимоли мувоҷеҳ шудани ҷомеаи тоҷик бо буҳронҳои фикрӣ ва ахлоқӣ вуҷуд дорад. Хатар, пеш аз ҳама, инҷост, ки пояҳои ниҳодҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ, маърифатӣ ва фарҳангии мо аз назари сатҳи огаҳӣ ва бинишмандӣ заиф ба назар мерасанд ва ин ақшор байни худ дар таноқузи огоҳона ва ноогоҳона қарор гирифта, ҳанӯз ба сатҳи зарурии иттиҳод ва тафоҳуми фарҳангӣ нарасидаанд. Дар шароити имрӯза, ки пешорӯйи мо хатароти ҷиддӣ -- ифротгаройӣ, тундгаройӣ ва тарсафкании динӣ-мазҳабӣ қарор доранд, фарҳанги миллӣ метавонад ба сифати абзори неруманди мафкуравӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ дар баробари хатароти фавқ истодагарӣ намояд ва тавозунро дар ҳар шакле ҳифз созад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ниҳодҳои маърифатӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фикрӣ ва фарҳангиро зарур аст, ки барои ҷилавгирӣ аз ташаннуҷи хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ (ки аз рӯйи таҷриботи таърихӣ, одатан дар шакли ифротию тафритӣ буруз мекунад) дар муҳитҳои иҷтимоӣ бо ҳам муттаҳид бошанд ва ба ин восита дар ҳамбастагии миллӣ ва таҳкиму тақвият бахшидани раванди миллатсозӣ ва давлатофаринӣ дар марҳилаи ҳассоси геополитикӣ саҳми асосӣ бигиранд.

Н. Нуров, узви фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Сино

 


Вакти нашр: 2019-02-12 15:12:02    Хонданд: 42    Муфассал...

ПАЁМ - РАҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ МИЛЛАТ

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо навиди нек ва боварибахш дар бораи идомаи қадамҳои пойдор ва рушди устувори кишвар дар шароити нави ҷаҳонӣ ироа гардид. Соли сипаригашта бо рӯйдодҳои муҳиму хотирмони худ барои мардуми тоҷик аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли таърихӣ маънидод шуд. Сарвари давлат дар Паёми худ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ёдовар шуда, зикр сохтанд, ки бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, Сарвари давлат ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ маънидод карданд. Зикр гардид, ки ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯйдоди сеюми таърихӣ дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии мардум дар соли 2018 мебошад. Ба ин дастовард мо баъди мулоқоту музокироти дуҷониба, сафарҳои давлатии роҳбарони ҳар ду давлат ва ба имзо расидани созишномаи шарикии стратегӣ байни кишварҳои бо ҳам дӯсту бародар муваффақ гардидем, ки дар натиҷа рафтуомади озодонаи мардум таъмин гардид. Дар зарфи нуҳ моҳ беш аз дуюним миллион нафар шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба дидори хешу табори худ муяссар шуданд ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ бамаротиб таҳким ёфтанд. Дар бораи дастгирии кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақа ибрози назар намуда, Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар асоси барномаҳои қабулгардида барои баланд бардоштани музди меҳнати ин қишри ҷомеа дар солҳои минбаъда низ заминаҳои зарурӣ гузошта мешаванд. Яъне, мо бо роҳи зиёд кардани қисми даромади буҷет солҳои минбаъда низ маошу нафақаро баланд мебардорем. Таъкид ба амал омад, ки қисми даромади буҷети давлатӣ аз 6,5 миллиард сомонии соли 2010 дар соли 2019 ба 24 миллиард сомонӣ расонда мешавад, ки афзоиши он қариб 4 баробар ва ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 43,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои фарҳангу варзиш 17,3 фоиз, илму маориф 14, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 9,5 ва тандурустӣ 7,2 фоиз зиёд маблағ равона карда мешавад.

Саидҷон Зубайдуллоев, узви фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Сино

 


Вакти нашр: 2019-02-13 11:32:21    Хонданд: 42    Муфассал...

ХУДШИНОСӢ. ХИШТИ АВВАЛРО РОСТ БИНИҲЕМ!

Ин тасаввуроти мукаммал на танҳо роҷеъ ба шуури инсон, балки умуман, барои инсон зарурат дорад. Зимнан, муаллим дар худинкишофёбии кӯдак ёрирасон мешавад ва ба ин, вазифаи ӯ, ҳама усулҳо ва кораш оид ба мушоҳидаи шогирд бо мақсади ошкорсозии сифатҳои фардӣ ва муайянкунии самти ҳаракати шахсиаш дар рафти таълим бояд мутобиқат кунад.
Маҳз чунин муносибатро педагогон асоси ташаккулёбии озодии ҳақиқӣ ва мустақилияти шогирд ва инсон меҳисобанд. Ҳама гуна каҷравӣ аз он ба каҷравӣ аз меъёр (дар тафаккур ва рафтор) меорад, ки онҳоро баъдан рафъ кардан зарур меояд. Бинобар ин, предмети пажӯҳиш дар педагогика ҳамчун илм бояд фаъолияти табии озодонаи кӯдак бошад, ки он аз ибтидо фаъолияти бозигарии ӯст ва дар он ба таври табииву тавозунӣ ҷанбаъҳои фаъолиятӣ, аломатӣ - зеҳнӣ ва шахсиятии инсонандозагӣ омезиш ёфтаанд. Ӯ дар ҳоли бозӣ кардан аст ва барояш танбеҳи сахт додан, носазо гуфтан, аз раванди бозӣ иҷборан ӯро ҷудо кардан, ба манфиати кор нест.
Педагоги маъруф К. Д. Ушинский аз ибтидо педагогикаро ҳамчун асли худи санъат бо илм муқобил мегузошт ва зидди тахассусияти маҳдуду танг дар таълим эътироз менамуд, ки ин маънои аз методологияи илмӣ ба идеалҳои ҷаҳонбинӣ, фарҳангӣ ва фалсафӣ марбут донистани педагогикаро дар назар дошт. Вазифаи маориф на маъмулан омода кардани мутахассис, балки ташаккули инсон дар мутобиқат бо идеалҳои қаблан муайяншуда бояд бошад, яъне хушбахт намудани инсон тавассути такмилдиҳии ӯ тибқи табиаташ сурат гирад. Вале, комёбиҳои соҳаҳои физиология ва мантиқро ёдовар шуда, К. Д. Ушинский бевосита камбудиҳои донишҳои психологии барои педагогика матлубро низ нишон додааст. Ноомодагии психологии омӯзгорон ба он оварда мерасонад, ки онҳо дар шогирдон, умуман, дар наврасон, танҳо норасоии таассуфангезеро мебинанд, ки барои рафъи он ҳама воситаҳо ба кор меоянд, аз ҷумла зӯроварӣ дар таълим.
Барои он ки маориф вазифаҳои аслии худро иҷро кунад, бояд вай ба вазифаҳои фарҳанг дар ҷомеа тобеъ гардонда шавад, ки онҳо чунинанд: 1) ташкил ва таъмини алоқаю иртибот дар ҷамоатҳо, пеш аз ҳама, байнинаслӣ; 2) ҳифз ва инкишофи ҷомеаи инсонӣ ва инсон, инчунин, тарзи ҳаёт ва технологияи фаъолият; 3) ташаккул додан ва мерос гирифтани низоми арзишҳои ҷомеаҳои гуногун; 4) таҳияи арзишҳо, меъёрҳо, намунаҳо барои таъмини ҳаёти инсон ва гуногуншаклии ҷомеаҳо. Педагогикае, ки дар пеши худ ин гуна ҳадафҳо мегузорад, аслан яке аз масъалаҳои муҳимтарини башарият - масъалаи худи инсон ва тарбияи наслҳои наврасро ҳал мекунад.
Лаёқати фаҳмидан, таҳлил кардан ва ҳал намудани ҳама гуна масъалаҳо бо ёрии дигаргунсозӣ, такмилдиҳӣ ва инкишофи шуури шогирд аз ҷиҳати равонӣ, зеҳнӣ ва ахлоқӣ, пайдо мешаванд. Чунин нигоҳ ба худогоҳӣ маҷбур мекунад. Аз ин зарурияти васеъкунии фанни тарбия, интихоби равияи махсус дар назария ва амалияи маориф, ки онро «педагогикаи худогоҳӣ» номидан мумкин аст, пайдо мегардад. Он бояд дар ташаккули «Ман - консепсия», ҳавасмандии худфаҳмӣ, худбаҳодиҳӣ, худшиносӣ, сохтани «чеҳра ё образи Ман» - и воқеӣ, лаёқати баҳодиҳии фаъолияти фикрронии худ, аз ҷумла мақсадгузорӣ, тарҳрезӣ, нақшакашӣ, рефлексия ба таъмини худинкишофдиҳии шогирд мадад расонад.


Назира АКРАМОВА-омӯзгор

 


Вакти нашр: 2019-02-13 15:18:39    Хонданд: 53    Муфассал...

ПУШТИ ҲАР ДАСТОВАРДҲО ЗАҲМАТУ РАНҶ, ТАЛОШУ БЕДОРХОБИҲОИ РОҲБАРИЯТИ МАМЛАКАТ АСТ

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ноҳияи Фирдавсӣ тибқи мактуби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия ҷиҳати таблиғу ташвиқи дастовардҳои даврони истиқлолият бо сокинон суҳбату вохӯрӣ доир гардид.

Сайфулло Сафаров-собиқадори ҲХДТ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе зимни баромади хеш таъкид кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки ҷангҳои иттилоотӣ хеле бошиддат ҷараён доранд, аз даст надодани бедорию ҳушёрии сиёсӣ хеле заруру муҳим аст. Тоҷикистон новобаста аз он ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ҳолати харобиовар ва бӯҳронҳои азими сиёсию иқтисодӣ, иҷтимою фарҳангӣ қарор дошт, тавонист миёни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дар бисёр нишондодҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар сафи пеш қарор гирад, алалхусус аз нигоҳи роҳҳу нақбҳо яке аз беҳтаринҳо эътироф гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти боғайрату шуҷоъ тавонист марҳилаҳои душвору бӯҳрониро паси сар намуда, ба марҳилаҳои нави рушд ворид гардад.


Вакти нашр: 2019-02-14 16:29:12    Хонданд: 39    Муфассал...

Терроризм ва экстремизм - барҳамзанандаи амну осоиш

Мусаллам аст, ки терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард. Ҷуғрофияи нооромиҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра торафт доман паҳн намуда, имрӯзҳо миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи хонумонсӯзи ҷангу низоъҳо гардидаанд. Зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст. Имрӯзҳо дар 40 нуқтаи олам нохушиҳои мусаллаҳона идома доранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки инсониятро танҳо манфиат дар гирдоби чунин фитнаву иғво афкандааст. Бояд гуфт, ки дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.

Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд, зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расондашуда ба садҳо миллиард доллар дакка мехӯрад. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ, балки сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери суол мебарад ва инчунин гаронии зиёдеро ба буҷаи кишвар ворид месозад.

Пурра собит шудааст, ки решаи аслии ҳодисаҳои фоҷеабори Афғонистону Ироқу Сурия ва як қатор кишварҳои аврупоӣ, пеш аз ҳама, даъватҳои зиддидавлатию зиддиинсонии ташкилотҳои террористию экстремистӣ об хӯрда, суботи сиёсӣ, ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва амнияту якпорчагии кишварҳоро зери хатар мегузоранд. Дар ин зимн метавон аз Сурия ёдовар шуд, ки бинобар ҷанги ҳафтсола ин кишвар ба хисороти ниҳоят зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ва талафоти ҷонӣ рӯ ба рӯ шудааст. Имрӯз дар ин кишвар зиёда аз 8 млн. нафар дар дохилу хориҷ паноҳанда шудаанд. Ҳамчунин, ин ҷанг сабаби кушта шудани 460 ҳазор нафар шудааст, ки 12 ҳазори онҳо кӯдакон мебошанд. Мавҷи ҳиҷрат теъдоди зиёдеро аз ин кишвар ба кишварҳои аврупоӣ бурд. Дар роҳи муҳоҷират дар баҳру уқёнусҳо ғарқ шудани гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро наметавон нодида гирифт. Ин амалҳои нангине, ки дар Ироқу Сурия сурат мегиранд, дигар кишварҳоро нигарон кардааст. Дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон беш аз 40 сол аст, ки ҷанг идома дорад, ки аз ҷониби баъзе мақомоту коршиносон таҳдиде ба амнияти Тоҷикистон дониста мешавад.

Мо ҳама хуб медонем, ки экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забонҳо шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон касоне мебошанд, ки манфиатҳои шахсии хешро аз манфиатҳои давлату ҷомеа боло гузошта, мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан ин ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Бояд гуфт, ки имрӯз барои муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза алайҳи терроризм ва Конвенсияҳои зиддитеррористии он аз ҷумлаи ин санадҳо мебошад. Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад. Ҳанӯз баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1999 як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуданд. Пешвои миллат 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” имзо гузоштанд ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба тасвиб расид. Ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст.

Инчунин соли 2016 бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» тасдиқ гардид. Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас намуда, яке аз қадамҳои устувори мамлакати мо дар самти пешгирии ин зуҳурот мебошад.

Месазад ёдовар шуд, ки 3-4 моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» бо ширкати беш аз 400 иштироккунанда аз 48 кишвари дунё ва 31 созмони байналмилалию минтақавӣ баргузор гардид ва роҳи ҳалли пешгириву мубориза бо ин омилҳоро баррасӣ намуданд, ки ин иқдом низ шаҳодат бар тадбирҳоипайвастаи андешидашудаи ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза алайҳи терроризму экстремизм мебошад.

Дар ин конфоронси сатҳи баланд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ оид ба вазъи имрӯзаи бархе аз мамлакатҳо, ки дар он ҷо терроризму экстремизм реша давондааст, бо изҳори нигаронӣ чунин гуфтанд: «Бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем».

Баъзеҳо пайдоиши мафкураҳои террористиро ба таъйиноти ақидаҳои динӣ марбут медонанд ва бад-ин васила ҳадафҳои нопоки худро пиёда месозанд. Ин, бешак хато аст, зеро тавре Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид медоранд: «Терроризм дин, миллат ва ватан надорад». Бо пуштибонӣ аз дини мубини ислом, ки он воқеан, зидди ин гуна зуҳурот мебошад, Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон баён карданд: «Ман ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз дошта будам ва имрӯз бори дигар изҳор менамоям, ки номи поки исломро ба зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст». Амалҳои ғаразноки онҳо, ки таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегиранд, аз ҷониби душманони ин дини мубин роҳандозӣ мешаванд. Сарвари давлат ҳамасола дар Паёми худ оид ба хатари терроризм ва экстремизм таъкидҳо намуда, аз ҷумла соли 2016 ҳушдор дода буданд, ки хатари терроризм ва экстремизм барои башарият на камтар аз силоҳи ҳастаӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму ойин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккураш ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад». Терроризм ва экстремизм душмани башарият ва таъриху миллат дар ҳама давру замон аст ва амалҳову ниятҳои нопоки харобкунандааш барои рушду пешрафти давлату ҳукумат монеа эҷод карда, ба оромии ҷомеа халал ворид месозад. Ҳодисаи террористие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида буд, ҳисси нафратро бар дили мардуми сайёра нисбат ба ашхоси ба гирдоби ин вабои аср афтода бедор кард: «Дар Сурия кӯдаки сесола дар зери моддаҳои тарканда монд. Ӯро дар ҳолати вазнин ба беморхона бурданд. Кӯдак дар дами марг аз пизишкон бо суханони наҷотталабона муроҷиат кард: «Маро аз марг наҷот диҳед, ман ҳам зиндагӣ кардан мехоҳам», чун илоҷи дардаш пайдо нашуд, кӯдак умедро канда гуфт:-Дар бораи амалҳои шумо ба Худованд, албатта, хабар хоҳам дод! Чунин амалҳои нангини террористӣ зиёданд, ки ҷомеаи ҷаҳониро бетараф намегузоранд.

Заминаи аслии террористиро дар нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокии баъзе аз ашхосе медонанд, ки ба доми тазвири душманони миллат меафтанд. Имрӯз яке аз мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ба гурӯҳҳои тундрав пайвастани ҷавонон мебошад. Бо таассуф метавон гуфт, ки бархе аз ҷавонони мо ба ҷойи омӯхтани илму дониш ба роҳҳои нодуруст рафта, теша ба решаи хеш мезананд.

Коршиносони масоили динӣ ҳадс мезананд, ки ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ пайвастани ҷавононро аз надоштани дониши мукаммали динӣ марбут медонанд, ҳамзамон, хуб набудани шароити иқтисодиро низ яке аз ин омилҳо медонанд. Баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба ҳисоб меравад. Албатта, кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд бо ин вабои аср мубориза баранд ва баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» дар шаҳри Душанбе фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро фароҳам овард ва аз тамоми кишварҳо тақозо карда шуд, ки дар ҷодаи мубориза ва решакан намудани терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ва таъмини суботу амнияти сартосарӣ тавассути андешидани иқдомҳои муштарак ҳамкориҳоро тақвият бубахшанд. Албатта, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб на бо роҳи низомӣ, балки фақат тариқи муколамаи сиёсӣ имконпазир аст. Инро таҷрибаи Тоҷикистон собит намудааст.

Бояд қайд намуд, ки 4 августи соли 2018 Президенти кишвар лоиҳаи тағйиру иловаҳоро ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷазоро барои бо истифода аз интернет ба амал овардани даъвати оммавӣ ҷиҳати содир намудани ҷиноятҳои террористӣ ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ пурзӯр мекунад, ба имзо расониданд. Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ворид карда шудаанд. Зери мафҳуми “сафедкунии фаъолияти террористӣ” дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти оммавӣ оид ба дастгирии амалҳои террористӣ ва дастгирии ин идеология фаҳмида мешавад. Баъди нашри Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав барои даъвати оммавӣ ба фаъолияти террористӣ ва (ё) сафедкунии оммавии фаъолияти террористӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 то 15 сол пешбинӣ шудааст.

Истиқлол ва ваҳдату сулҳ падидаҳоеанд, ки онҳоро ҳифз бояд кард. Таҷриба собит намудааст, ки нигоҳ доштану тақвият бахшидани истиқлолу ваҳдат чӣ қадар заҳматталабанд ва онҳо дар баробари рушди иқтисоду фарҳанг ва иҷтимоиёт то чӣ андоза дастоварди нодир маҳсуб меёбанд. Бояд зикр намуд, ки падидаҳои мазкур асоси ҳама гуна муносибатҳои мусбат дар ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар давлате, ки оромӣ, субот ва амният ҳукмрон аст, фаъолияти бисёр самараноки сиёсати байналмилалиро метавон ба роҳ монд. Чун раванди ҷаҳонишавӣ ҳам ҷиҳати манфӣ ва ҳам ҷиҳати мусбӣ дорад, мо бояд ҷиҳатҳои мусбии онро аз худ кунему муттаҳидтар бошем, то манфиатҳои миллии худро ҳифз намоем. Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошанд. Бояд Тоҷикистони азизро аз шарри падидаҳои номатлубу таҳдидҳои ҷиноятҳои муташаккил муҳофизат намоем.

Насим Олимзода-аъзои фаъоли ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

 


Вакти нашр: 2019-02-14 16:34:46    Хонданд: 52    Муфассал...

Хониши сиёсии “Бонувон дар сиёсат”

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 ҷиҳати касбомӯзӣ, аз худ намудани донишҳои сиёсӣ ва маҳорати суханварии занону бонувон Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дарси мактаби хониши сиёсии “Бонувон дар сиёсат”-ро бо иштироки фаъолзанони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур дар соли 2019 ба роҳ мондааст.

Гулаҳмадзода Зулфиқор – Раиси Кумитаи иҷоияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳузури шунавандагони дарси хониши сиёсӣ баромад карда зикр намуд, ки мақсад аз баргузории чунин дарсҳо баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ ва маҳорати суханварӣ, таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлат барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳамзамон татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» роҳандозӣ карда шудааст.

Хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Санъати суханварӣ” бо иштироки Шарофзода Гавҳар – Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология- профессор доир гардид. Мавсуф дар бораи таъсири сухани зан модар дар тарбияи насли наврас, дар корхонаву идора ва идоракунии давлатӣ баромади пурмуҳтаво кард. Қайд гардид, ки дар олам ду намуди сухан аст, яъне сухани созанда ва сухани сӯзанда. Шахсиятҳои бузурге, ки бо як сухан оламро гулистон ва бо як сухан дунёро ба нестӣ бурдаанд хеле зиёданд. Махсусан дар робита ба ин занону бонувонро месазад, ки чӣ дар оила чӣ дар ҷойи кор бояд бо суханони хубу боназокат гуфтору рафтор намоянд.

Дар идомаи хониши сиёсӣ бонувон оид ба мавзӯи мазкур фикру мулоҳиза ва саволу пешниҳодот намуданд.

Дар фарҷоми дарс аз ҷониби Роҳбарияти Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба Шарофзода Гавҳар ҳамчун нишони эҳтиром аз номи 100 нафар иштирокчиёни дарси мактаби хониши сиёсии “Бонувон дар сиёсат” китоб туҳфа карда шуд.

Дарси мактаби хониши сиёсии “Бонувон дар сиёсат” бо иштироки фаъолзанони кумитаву ташкилотҳои ноҳияи Шоҳмансур то охири соли 2019 идома ёфта, дар ҷамъбаст ба шунавандагон сертификат супорида мешавад.

 

 


Вакти нашр: 2019-02-15 15:00:27    Хонданд: 43    Муфассал...

ВОХӮРИИ ҲАЙАТИ ЭҶОДИИ “МП” БО РӮЗНОМАНИГОРОНИ ҶАВОН

15-уми феврали соли равон дар доираи нақша - чорабиниҳои факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳайати эҷодии нашрияи “Мароми пойтахт”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо донишҷӯёну устодони ин факултет вохӯрӣ доир намуданд.

Нахуст, декани факултети журналистикаи ДМТ Саъди Маҳдӣ ба ҳозирин гурӯҳи эҷодии нашрияи “Мароми пойтахт” – ро муаррифӣ карда, қайд намуд, ки саҳми ин нашрия дар беҳдошти фазои иттилоотии миллӣ ва тарғибу ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамзамон ободиву пешравиҳои пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе назаррас аст.

Баъдан, сармуҳаррири ин нашрия Ҳақназар Каримзода аз ҳадафу барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар ин замина аз фаъолияти пурсамари нашрияи “Мароми пойтахт”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба донишҷӯён маълумот дода, афзуд, ки нашрияи “Мароми пойтахт” давоми фаъолияти худ тавонист, ҳамчун нашрияи ҳизбӣ фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии пойтахт ва паҳлуҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро мавриди инъикосу баррасии бештар қарор диҳад.

- Боиси хушнудист, ки нашрияи “Мароми пойтахт” имрӯзҳо фазои иттилоотии пойтахт ва фаротар аз онро дарбар гирифта, таҳти сарварии раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Раҳмонзода Зоир Файзалӣ фаъолияташро рӯз аз рӯз хубтару босифаттар намудааст. Ин аст, ки аз ҷониби коршиносону роҳбарон фаъолияти нашрияи мо пайваста назаррас арзёбӣ мегардад, - илова намуд сармуҳаррири нашрияи “Мароми пойтахт” Ҳақназар Каримзода.

Дар охир миёни донишҷӯёну меҳмонон ва ҳозирин саволу ҷавоб доир гашта, барои ҳамкориҳои минбаъда таклифу пешниҳоди судманд манзур карда шуд.

 

Неъмат САЛИМЗОДА


Вакти нашр: 2019-02-15 15:46:32    Хонданд: 833    Муфассал...

ҲАР КӢ БО ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ ЧУ БАҲР….

Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохта шуд. Дастовардҳое, ки мо дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардем, дар рушди давлатдории миллӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат карданд.

Мутаассифона, бадхоҳони давлату миллати мо, онҳое, ки пешрафту шукуфоии кишварамонро дидан намехоҳанд, бо ҳар роҳу восита, бавижа тавассути шабакаҳои интернетӣ ҷавонони камхираду аз донишу фарҳанг дурмондаро ба доми фиреби худ афтонда, онҳоро ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгарою моҷароҷӯ шомил мегардонанд. Ба ин кирдорҳои зишт роҳбарони ТТЭ ҲНИ баъд аз ошкор гардидани амалҳои хоинонаашон тарки Ватан намуданд, имрӯзҳо низ даст зада истодаанд. Зеро ба ин гуна рафторҳои ношоистаю ғайриақлонӣ ва ғайриинсонӣ одат кардаанду наметавонанд, аз онҳо даст кашанд. Гузашта аз ин, онҳо маҳз бо ҳамин роҳ талош менамоянд, ки манфиатҳои ғаразноки худу хоҷагони дохилию хориҷиашонро бароварда созанд. Ин гурўҳи бадрафтор шарафу номус, дину мазҳаб ва дигар арзишҳои волои инсониро ба хотири дарёфти пулу мол ва сарват мефурӯшанд. Дар ин маврид бадхоҳон Сайидои Насафї фармудааст:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари худ чу гирдоб хурад.

Мусаллам аст, ки бо гузашти вақт дар атрофи саркардагони ин ташкилоти террористӣ экстремистӣ касе нахоҳад монд. Ҳатто волидайн ва фарзандонашон ҳам аз онҳо рӯ мегардонанд. Чунки хиёнат, махсусан хиёнат ба Ватан амали нобахшиданист. Мардум хуб дар хотир доранд, ки иддае аз ҷавонони моро маҳз ҳамин ҳизби мамнӯъ дар Тоҷикистон ҳангоми фаъолияти хеш ба гирдоби бало тела дода буд. Аз онҳо хоину террористу экстремист омода кард. Ҳолатҳоеро дар ёд дорем, ки баъзе фарзандон ба сари падару модари худ, барои ҷонибдорӣ накардани ақидаҳои ифротиашон, санги таънаву маломат мерехтанд. Пас, мебояд сари роҳи ин падидаҳои нангинро, бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, гирифт.

Таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба халқу миллат ва наврасону ҷавонон, муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагӣ барои онҳо мо - зиёиёни ҷавони кишварро водор менамояд, баҳри фардои дурахшони Ватани азизамон заҳмати шабонарӯзӣ кашем. Мо бо Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихори беандоза дорем ва дар атрофи ин шахсияти бузурги таърихӣ муттаҳид шуда, барои дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаю бунёдкоронаашон саъю талош хоҳем кард.

Зафари ШАРИФ, узви фаъоли ҲХДТ

 

 


Вакти нашр: 2019-02-15 16:57:44    Хонданд: 57    Муфассал...

Бо ифротгароӣ муборизаи беамон бояд бурд

Дар замони муосир, ки онро марҳилаи ҷаҳонишавӣ ном мебаранд, ҷомеаи ҷаҳонро зуҳуроти нав, яъне терроризм ва ифротгароӣ таҳдид мекунад. Ҳарчанд ин падида нав нест, вале дар шароити феълӣ реша давонидани он таҳдид ба ҷони ҳар як сокини сайёра мебошад.

Терроризм калимаи лотинӣ буда, маънояш дар луғатҳо тарс, даҳшат, сиёсати тарсонидан ва фурӯ нишондани душмани сиёсӣ бо роҳи зӯрӣ, террористӣ, ҳатто бо ҷазоҳои ҷисмонӣ, куштор ва ғайра шаҳр дода шудааст. Терроризм се хел мешавад: сиёсӣ, миллӣ ва динӣ. Терроризми динӣ аз ҳама фоҷианок ва муҳимтарин шакли зуҳури терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, мулоқот бо роҳбарони сарони давлатҳо, зиёиён, ҷавонону занон пайваста дар бораи торафт реша давонидани терроризм ва ифротгароӣ хушдор дода, онҳоро ҳамчун таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра маҳкум менамоянд. «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Бо мақсади пешгирои ин вабои аср аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом ёфтаву идома доранд. Аз ҷумла, бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар ҷаҳони Ислом соли бузургдошти 1310 – солагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа дар сатҳи баланд таҷлил гардид, ки баҳри шинохти асли мазҳаби худ ба мардуми кишвар мусоидати комил намуд. Бояд зикр намуд, ки ба хотири он ки бештари мардуми кишварамон пайрави мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа мебошанд, тадбири мазкур баҳри дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ тарбия намудани насли ҷавони кишвар, ки яке аз таълимоти асосии Имоми Аъзам ба шумор меравад, мусоидати фаъол намуд. Ҳамчунин бо иқдоми хайрхоҳонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби муқаддаси Қуръон бо забони тоҷикӣ ва ҳуруфоти кириллӣ ба чоп расид, ки беҳтарин иқдом баҳри шинохти ҷавҳари асоси дини мубини Ислом ба шумор меравад. Бо вуҷуди татбирҳои андешидашуда, баъзе аз ҷавонони донишҳои динӣ ва дунявӣ надошта, ба сафи гурӯҳҳои террористию ифротӣ пайвастаанд, ки бо ин амали ғайриинсонии худ ба номи миллат иснод меоранд.

Миллати тоҷик нафаронеро медонад, ки бо обу намаки ин Ватани биҳиштосо ба воя расидаанд ва ба воситаи хоҷагони хориҷиашон мехостанд дар кишвар табаддулоти давлатӣ анҷом диҳанд. Ин миллат дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ ба доми фиреби онҳо афтода, чӣ қадар хориро аз сар гузаронид. Оқибатҳои зарари ба сари миллат овардаи онҳо ҳанӯз бартараф нашудаанд (манзур зарарҳои иқтисодию иҷтимоӣ, рӯҳию ҷисмонӣ ва ҷонӣ). Албатта, зарарҳои иқтисодӣ бо андешидан ва роҳандозӣ намудани як қатор барномаҳо барқарор карда шуданд, вале захми дили модаронро чӣ гуна метавон малҳам шуд? Падидаи ҷаҳонишавӣ марҳилаест, ки зуҳуроти мусбату манфиро дар худ дорад. Яке аз онҳо раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба шумор меравад. Зеро муҳоҷират имрӯз равандест, ки дар баробари оқибатҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ доштанаш, яке аз роҳҳои ҷалби шаҳрвандон ба гурӯҳу равияҳои террористӣ мебошад. Мувофиқи маълумоти сохторҳои қудратӣ аксарияти он ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шудаанд, дар муҳоҷират қарор доштаанд.

Тибқи маълумот, аксари ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатибуда дониши касбию ҳуқукӣ ва таҷрибаи кофии рӯзгор надошта, донишҳои динӣ ва дунявиашон сатҳӣ ҳастанд. Табиист, ки чунин шахсон луқмаи осон ва муфти гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ мешаванд. Дар ибтидо таблиғгарони гурӯҳҳои мазкур бо ваъдаи маблағҳои зиёд ҷавононро ба доми худ меафтонанд ва ҳангоми ба мақсади нопоки худ расидан ваъдаҳои дар ибтидо додаашро ба ҳеҷ ваҷ иҷро намекунанд. Роҳи дигаре, ки гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавононро ҷалб мекунанд, ин сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошанд. Гурӯҳҳои мазкур дар сомонаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна маводи таблиғотӣ, наворҳои гуногун ва даъватҳои дарёфти маблағи муфтро ҷой мекунанд. Сипас баъди дарёфти ба истилоҳ луқма ӯро ба доми худ мекашанд. Дар ин ҷо таъкид бояд кард, ки ҷавононро лозим аст ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ҳушёр бошанд. Набояд фаромӯш кард, ки гузоштани мақбул- «лайк ё нравится» ва пайваст шудан- «поделиться» маънои ҷонибдорӣ аз маводи ба нашр расида мебошад.

Роҳи дигари ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ боистифода аз эътиқоди динӣ сурат мегирад. Терроризми динӣ аз ҳама фоҷианок ва муҳимтарин шакли зуҳури терроризм мебошад. Терроризм ва экстремизмро ба дини мубини Ислом рабт додан нодуруст аст, зеро Ислом ҳеҷ робитае ба қатлу куштор надорад. Паҳншавии терроризми динӣ дар байни ҷавонон дар кишвар яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯз гардидааст. Аз ин рӯ бо ин зуҳурот дастаҷамъона бояд мубориза бурд. Бояд зикр кард, ки гурӯҳҳои террористӣ аз нокифоягии саводи ҷавонон истифода бурда, бо дасти худи мусалмон бародари дигари мусалмонро ваҳшиёна дар назди омма ба қатл мерасонад. Усули рафтор ва кирдорҳои террористон шаҳодат аз он медиҳад, ки худи онҳо аз одитарин таълимоти дини мубини Ислом огоҳ нестанд ва ҷавононро бо ваъдаҳои дурӯғ ба сӯи биҳишт (шаҳид) тавассути қатл ва ҷиҳод даъват мекунанд. Ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар доираи барномаҳои тарҳрезӣ намудаи абарқудратҳо фаъолият намуда, самти фаъолияташон чунин аст: зӯран тағйир додани асосҳои сахти конститутсионӣ, суиқасди инфиродӣ ва оммавӣ, барангехтани адовати динӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, адовати иҷтимоӣ, таркиш, қатлу куштор, интиқолу инфиҷор дар марказҳои маъмурӣ, беморхонаҳо, раҳгузарҳои зеризаминӣ, фурудгоҳҳои байналмилалӣ, майдонҳои варзишӣ, марказҳои дилхушӣ, рабудани одамон ва ба гаравгон гирифтан, таҳдиди куштан ва нобуд кардан ва ғайраҳо.

Айни ҳол дар ҷаҳон ташкилотҳои террористию экстремистӣ, аз ҷумла, ҲНИТ, ДИИШ, Алқоида, Толибон, Ансоруллоҳ, Иттиҳодияи экстремистии салафия, Ҳизбу –т- таҳрир, Қаҳрамони муҷоҳиди Ироқу Шом ва даҳҳои дигар фаъолияти ғайриқонунӣ мебаранд, ки самти фаъолияташон қатлу куштор ва барҳам задани сохти конститутсионии ин ё он кишвар мебошад.

Набояд фаромӯш кард, ки кишвари азизи мо дар минтақаи носуботи ҳамсоя бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор дорад. Аз ҷониби дигар, ташкилоти террористии ДИИШ нуфуз ва ҷойгоҳи худро дар Ироқу Сурия аз даст дода, дастандаркорони ин гурӯҳ аллакай дар хоки Афғонистон ҷой намудани ташкилоташонро ба нақша гирифтаанд. Аз ин нуқтаи назар моро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба ҳеҷ ваҷҳ ба Ватан-Модар хиёнат накунем, онро азизу муқаддас ва марзу бумашро аз нотавонбинону хоинон ҳифз намоем. Ба таъкиди Асосугузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Бо назардошти вазъи минтақа ва муноқишаҳои атрофи он халқи тоҷик ва вакилони мардумӣ, алалхусус сиёсатмадорон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аҳли калам ва кормандони воситаҳои ахбор, инчунин ҷавононро лозим аст, ки фарҳанги воло, маърифати сиёсӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, гирифтори бегонапарастӣ, тарғиботи ифротгароёнаи динию ғояҳои экстремистӣ, терроризму зӯроварӣ ва идеологияи таҳмилёфтаи доираҳои ғаразноки кишварҳои дигар нашаванд».

Бо мақсади таъмини суботу оромӣ, мустаҳкам кардани пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, роҳ надодан ба хурофотпарастию зиёдаравӣ ва инкишофи озодона ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ бирасем ва нагузорем, ки ҳеҷ як нотавонбин амнияти комили моро халалдор кунад. Зеро дар шароити имрӯзаи зиндагӣ ҳар як лаҳза метавонад падидаеро рӯйи кор оварад. Дар ин росто мо бояд аз ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ бештар байни мардум таблиғи дуруст барем. Албатта, дуруст аст, ки «ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллату давлат ҳастанд», вале набояд фаромӯш кард, ки ҷавонони даврони сиҳибистиқлолӣ солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро надидаанд, ба онҳо фаҳмонидани он рӯзҳои сахту сангин, дар ниҳоди онҳо бедор намудани ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва таҳаммулгароӣ вазифаи волидайн, мактаб ва ҷомеа мебошад.

Тавре Президенти кишвар зикр кардаанд: «Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем. Танҳо дар ин сурат ҷомеа аз ифротгароӣ ва терроризм дар ҳама ҷанбаҳояш раҳоӣ хоҳад ёфт».

Хулоса, набояд фаромӯш кард, ки миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба сари касе ё миллате дар раванди пурпечутоби таърих лашкар накашидааст. Ин миллат ҳамеша таҳаммулпазир буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд. Кӯшиш кунем, ки ҳар фарди Тоҷикистон бо муҳаббат ба Ватан фаъолият намояд ва насли наврасу ҷавон бо муҳаббат ба Ватан ба воя расад.

Изатуллои ҲАБИБЗОД,

муовини раис, роҳбари Дастгоҳи

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Шоҳмансур


Вакти нашр: 2019-02-15 17:07:50    Хонданд: 71    Муфассал...

КОНФЕРЕНСИЯИ ХХVIII ҒАЙРИНАВБАТИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

Кори Конференсияи ғайринавбатии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансурро Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад –Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ифтитоҳ намуда, ҳайати меҳмононро ба вакилон муаррифӣ намуд.

Мавриди зикр аст, ки дар кори ғайринавбатии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Абдураҳимова Дилбар-муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Билол Иброҳим-иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансур, Фарҳод Раҳимӣ - Академик, аъзои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Обидов Фозил-ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ноҳия, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва намояндагони Васоити ахбори оммаи ҳизбӣ иштирок намуданд.

Абдураҳимова Д.Ҳ. оид ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ибрози андеша намуда, ҳамзамон дар бораи заҳмату меҳнатҳои шабонарузии Билол Иброҳим-иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансур ҳарф зада, аз раисони шаҳраку маҳалло барои дастгирии кардани интихоби номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур Билол Иброҳим сухан кард.

Фарҳод Раҳимӣ оид ба татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Аз ҷумла изҳор дошгт, ки Тоҷикистон дар бахшҳои гуногуни ҳаёти мамлакат дар доираи амалишавии Барномаҳои ҲХДТ ба таври бояд муваффақ гардидааст. Татбиқи сиёсати дарҳои боз бо ҳама кишварҳои олам ва ҷонибдории пешниҳодҳои мо дар сатҳи байналмилалӣ барои наҷоти сокинони сайёраи замин, рушди устувории соҳаҳои мамлакат, саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини амнияту осоиштагии мардуми Тоҷикистон мавзӯҳои зикргардидаанд.

Инчунин, оид ба масъалаҳои дигари матраҳшуда дар конференсияи мазкур қарорҳои дахлдор қабул гардид.

 


Вакти нашр: 2019-02-18 15:09:20    Хонданд: 52    Муфассал...

БАДХОҲОН БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

Ҳар фарди солимфикри кишвар бояд аз хатару кинадӯзиҳои гурӯҳҳои ҷиноятӣ, террористиву экстремистӣ огоҳии амиқ дошта бошад, зеро ин гурӯҳҳо дар пайи халалдор намудани зиндагии осоишта ва шоиставу боистаи инсоният ҳастанд. Ва ин амалкарди ҷинояткорон ва душманони сулҳу субот боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Бесабаб нест, ки имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон бар зидди гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, экстремистиву террористӣ муборизаи беамон давом дорад.

Дар ин миён Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳам дар мубориза бо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барномаҳои мушаххас рӯи даст гирифтааст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ нигаронии хешро дар ин маврид баён дошта, аз роҳбарони кишварҳои ҷаҳон даъват ба амал овардаанд, ки барои мубориза бо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар ҳамбастагӣ талош варзем ва пеши роҳи ин хатарҳоро бигирем.

Барои мо - шаҳрвандони Тоҷикистон рўшод гардидааст, ки гурӯҳҳои ҷиноятӣ дар зери ҳар гуна ниқоб, аз ҷумла дини мубини ислом байни мардум худро ҷилва медиҳанд ва бо ин роҳ мехоҳанд мақсадҳои нопоки хешро амалӣ гардонанд. Ба гунаи мисол, ТТЭ ҲНИ ки як гурӯҳи муташаккили ҷиноятие беш набуду нест, қасдаш оромиву суботи кишвари азизамонро дар ҳам задан буд. Ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар ҷомаи дин ворид гардида, амалҳои разилонаву бешарафонаи худро мехоҳад дар кишвар пиёда созад. Аммо, Суди олӣ бо далелҳои мушаххас саривақт аз кирдору рафторҳои нопоки ин гурӯҳи террористӣ воқиф гардида, пеши роҳашонро гирифт. Вале, ин гурӯҳи террористию экстремистӣ, ки ҳамакнун дар хориҷ панаҳ бурдааст, бо дастгирии хоҷагонаш боз мехоҳад суботи ҷомеаи моро халалдор созад. Аммо, тавре бузургонамон фармудаанд: «Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад».

Тавре ҳамагон огаҳӣ доранд, ин бадхоҳон талош доранд то дар як пораи Ватани маҳбуб - Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ҷузъи ҷудонопазири кишвар маҳсуб меёбад, тафриқа эҷод намоянд. Вале онҳо бояд дар хотир дошта бошанд, ки тоҷику тоҷикистониёни сулҳхоҳу тамаддунофар ҳаргиз фирефтаи суханҳои иғвобарангезонаи ин гурӯҳи ҷиноятпеша, ки ҳадафи асосиаш қатлу ғорату куштори мардуми бегуноҳ аст, нахоҳанд гардид. Сокинони бофарҳангу хирадпарвари

бадахшонзамин нек дарёфтаанд, ки Ҳукумати кишвар баҳри волоияти қонун ва зиндагии шоистатаре баҳри эшон заҳмату талошҳои зиёдро ба харҷ дода истодааст. Вобаста ба ин, аз кулли сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, алалхусус ҷавонони қавииродаю ватандуст даъват ба амал меорем, ки ба андешаву ақидаҳои палидонаву разилонаи ин гурӯҳи террористию экстремистӣ дода нашуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар мубориза бо ин неруҳои аҳриманӣ фаъолона ширкат варзанд.

Мо бояд Ватани азизи худро дӯст бидорем ва баҳри пешрафту шукуфоиаш беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намоем. Моро зарур аст, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ сулҳу амнияти кишварро натанҳо бо забон, балки бо меҳнати софдилона, донишу саводи комил ҳифз намоем. Ба ҳеҷ ваҷҳ бепарво ва фориғбол набошем, барои таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ҷалби онҳо ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва дар ниҳоят аз як гиребон сарбаровардану содиқона Ватан-Модари хешро дӯст доштан, саҳмгузор бошем.

Адиба АБДУЛЛОЕВА-узви фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-02-19 15:10:10    Хонданд: 29    Муфассал...

ВАТАН ВАСФИ ТУРО ҲАМВОРА ХОҲАМ

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо афсарону курсантони литсейи зикргардида чорабинии маърифатӣ-ватанпараварӣ доир гардид. Дар чорабини Гулаҳмадзода Зулфиқор-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Гулаҳмадзода Зулфиқор баромад намуда, афсарону курсантони литсейи ҳарбиро ба ифтихори таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ки ҳамасола дар Тоҷикистон чун анъана аз Рӯзи ҷасорат ва мардонагӣ ҷашн мегардад, табрику таҳният гуфт. Ҳамзамон, вобаста ба тарбияи мактаби обу тоби бадан, дарси шуҷоат ва матонат, хештаншиносӣ ва ҳифзи номусу нанг, дифои марзу буми кишвар нутқ кард.

Муҳаммад Ғоиб аз ашъори ватанпарваронаи хеш шеърҳо қироат намуда, ҷавонону курсантон ва афсарони шуҷои ватанро ба хештаншиносию ватанпарастӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан ҳидоят намуд. Дар интиҳо ба роҳбарияти Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа китоб ва Акси Пешвои миллат ҳадя карда шуд.


Вакти нашр: 2019-02-19 15:17:28    Хонданд: 44    Муфассал...

Кўр як бор асояшро гум мекунад….

Чандест шабакаҳои иҷтимоии ТЭТ ҲНИ гӯё ба саволҳои «мардуми кишвар» ҷавоб дода бошад, вале кадом мардум баъдтар маълум шуд. Аз лаҳзаи аввал баромади ӯ ба як саҳначаи воқеан намоишкорона монандӣ дошт. Онҳо кӯшиши зиёд намуда истодаанд, то ин ки худро мухолифи кишвари мо нишон диҳанд, вале кадом «мухолиф», чи гуна «мухолиф»? Дар ҳоле, ки бо тамоми қувваашон ҷор зада истодаанд, то ин ки амният, сулҳу ваҳдат ва якпорчагии кишвари азизамонро вайрон кунанд.

Ба ақидаи “олимон” мухолиф ин вайронкор, ғоратгар, иғвогар, фитнаандоз набуда, балки қувваҳои солими ҷомеаро чунин меноманд, ки дар рушди риштаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии ҷомеа ширкат меварзанд. Нуқсон ва камбудиҳои ҷойдоштаро дар лоиҳа ва барномаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ошкор карда, тарҳи худро дар роҳи бартараф кардани онҳо пешниҳод менамоянд.

Мутаассифона дар тӯли зиёда аз чанд соати баромад ва саволҳои пешакӣ омоданамудаи котиби «нави ТЭТ ҲНИ» Шерзамонов, ки ӯро чандин нафарҳо бо ин «мансаб шодбош» гуфтанд ғайр аз танқиду таҳқири ғаразноки бадбӯй ҳатто ягон лоиҳа ё барномаи дурӯғинро пешниҳод карда натавонист. Умуман, ин шеъру ғазали Кабириро садҳо ва ҳазорҳо бор шунидаем ва кӯшиши «эҳёкунӣ»-и навбатиашон сад дар сад барбод рафт.

Ногуфта намонад, ки сабаби асосии иваз намудани «пӯст»-и гурӯҳи ифротию террористӣ ин дарёфт намудани маблағ ва воситаҳои пулии хоҷагони ба ном «ҳомии демократия»-и онҳо мебошад, вале мардум аллакай на ба ном, яъне шакл, балки ба мазмун таваҷҷуҳ намуда истодаанд.

Воқеан, мувофиқ ба масали халқӣ «бубин чӣ мегӯяд, набин, ки мегӯяд» амал намуда, дӯстро аз душман хело хуб ҷудо карда метавонанд. Бинобар ин, новаста аз шахсияти алоҳидаи Шерзамонов ё Кабирӣ мақсад якто мебошад, тела додани кишвари ободу зебои мо ба оғӯши чунин кишварҳои ҷангзада, мисли Ироқ, Сурия, Яман ва ҳоказо мебошад.

Ба фикри банда, ҳар як баромад ва нуқсону камбудиҷӯйиҳои ин гурӯҳи ифротӣ боиси боз ҳам пасттар шудани «обрӯ ва иззату эҳтиром»-и бе ин ҳам вуҷуднадоштаи онҳо мегардад. Халқи кишвар дар фазои сулҳу амният, ваҳдату якпорчагӣ ҳаёти осоишта ва кору пайкори созандаашро давом дода, дигар ба доми фиреби ин «гургони» дар пусти «меш» буда намеафтанд, чунки ба истилоҳи тоҷикӣ «кӯр як бор асояшро гум мекунад».

Ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта, маҳз ҳамин гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ бо ниқоби исломи ноб, мардуми боваридори тоҷикро ба доми фиреб кашида, зомини хуни чандин ҳазор навҷавонони ғурамарг гаштанд ва бадбахтии онҳо дар он аст, ки чун Заҳҳоки морон то ҳанӯз аз хуни ноҳақ сер нашудаанд.

Боиси таассуфи мо мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки давлатҳои Аврупо ҳамчун ҳомии ба эътимоди худашон «ҳуқуқи башар» ва «демократия» чаро дарду алами миллати моро ба инобат намегиранд ва ба душманони онҳо на танҳо паногоҳ, балки маблағҳои ҳангуфтро барои анҷом додани амалҳои ноҷавонмардона, ҷудо менамоянд.

Халқи кишвари азизамон имрӯз бо Пешвои муаззами худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихори беандоза доранд ва атрофи ҳадафҳои созандаи ин шахсияти бузурги таърихӣ муттаҳид шуда, барои дар амал татбиқ намудани ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар - созмон додани шароити арзандаи зиндагии мардум қадамҳои устувор монда истодааст.

 

Қодирова Г.Т.муовини ректори

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

оид ба корҳои таълимӣ

 

 


Вакти нашр: 2019-02-19 15:27:58    Хонданд: 32    Муфассал...

Аксияи умумишаҳрии ҳизбиёни пойтахт таҳти унвони «Ободии пойтахт мароми мост»

Субҳи имрўз бо мақсади саҳмгузорӣ дар ободонии пойтахт ва натиҷаи пурсамар аз таҷлили солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе аксияи умумишаҳрӣ таҳти унвони «Ободии пойтахт мароми мост»-ро дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт доир намуданд.

Варақаҳои таблиғотии «Ободии пойтахт мароми мост» ба маҷмўи васеи сокинону меҳмонон дастрас карда шуд, ки бештари онҳо ҷавобан аз ин иқдом изҳори миннатдориву хушҳолӣ намуданд.


Вакти нашр: 2019-02-19 15:46:53    Хонданд: 47    Муфассал...

ТАБРИКОТ


Вакти нашр: 2019-02-21 11:35:36    Хонданд: 50    Муфассал...

Ҷавонон сипари боэътимоди Ватан

Мутобиқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори қисми ҳарбии 02615-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии варзишӣ ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва солимии ҷомеа бахшида ба 26-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон сипари боэътимоди Ватан» доир гардид.

Дар чорабинии мазкур Сайдалӣ Шамсов – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Сайвалиев Илҳомҷон Сангович - командири қисми ҳарбии 02615-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дустзода Афзалшо - роҳбари дастгоҳ – мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони ноҳияњои шаҳри Душанбе, ВАО, нашрияҳои ҳизбии "Минбари халқ" ва "Мароми пойтахт", фаъолҷавонони ТҶҶ “Созандагони Ватан” пойтахт иштирок намуданд.

Дар идома ҷои зист, толорҳои варзишӣ, ошхона, ҷойҳои маишӣ-истироҳатии афсарон ва баъдан аз ҷониби афсарон муҳорибаҳои тан ба тан, катҳои варзишӣ, ба қисматҳо ҷудо намудани яроқҳо, мусобиқаи дастхобонӣ, шашкаву шоҳмот ва дигар усулҳои варзишӣ ба ҳозирин ва ҷавонон нишон дода шуд.


Вакти нашр: 2019-02-21 16:28:52    Хонданд: 57    Муфассал...

Вохўри бо сокинони маҳаллаҳои «Чортут» ва «Хуҷандӣ»

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе кормандони масъули ҳизбӣ дар маҳаллаҳои Чортут ва Хуҷандии ноҳияи Сино бо истиқоматкунандагон вохӯрӣ доир гардид.

Аслонов М. - раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳияи Сино, доктори илмҳои фалсафа зимни баромади хеш оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе, ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, нигоҳдории гулгашту майдончаҳои варзишӣ, амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, дўстии халқҳои Тоҷикистону Ўзбекистон фикру андешаҳои худро иброз намуд.


Вакти нашр: 2019-02-21 16:36:44    Хонданд: 37    Муфассал...

Аксия таҳти унвони «Ҳунар омўз к-аз ҳунармандӣ… »

Имрўз бо мақсади натиҷаи пурсамар аз таҷлили солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе аксияи умумишаҳрӣ таҳти унвони «Ҳунар омўз к-аз ҳунармандӣ… »-ро дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт доир намуданд.

Варақаҳои таблиғотии «Ҳунар омўз к-аз ҳунармандӣ…» ба маҷмўи васеи сокинону меҳмонон дастрас карда шуд, ки бештари онҳо ҷавобан аз ин иқдом изҳори миннатдориву хушҳолӣ намуданд.


Вакти нашр: 2019-02-21 16:46:11    Хонданд: 40    Муфассал...

ВОХӮРӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Мутобиқи ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 вохӯрии номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳавзаи интихоботии №22 Юсуфӣ Муҳаммадраҳим бо интихобкунандагон доир гардид.

Зариф Сафаров-раиси Комиссияи интихоботии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ роҷеъ ба муҳимияти маъракаи сиёсии интихобот ҳарф зада, таъкид намуд, ки шаҳрвандон бояд аз ҳуқуқҳои конститутсионии хеш истифода намуда, дар ин маърака иштироки фаъолона намоянд. Зеро овози шумо барои номзади арзанда дар ободию рушди маҳал, ҳалли мушкилоти сокинон аҳамияти муҳим дорад.

Сироҷиддин Мирзомуддинов шахси боэътимоди номзад бо шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботии номзад ҳозиринро шинос намуд.

Сипас, Муҳаммадраҳим Юсуфӣ-иљрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсӣ роҷеъ ба хусусиятҳои хоси ноҳияи Фирдавсӣ, қонунҳои амалкунанда дар бораи пойтахт, ободиву хуррамгардонӣ, тозагии ҳифзи муҳит, бунёди нуктаҳои муосири хизматрасонӣ, истифодаи иқтидори зеҳнӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрнишинӣ, муоширату муносибат, риояи маромномаи сокини пойтахт, рушди ҳунарҳои мардумӣ, беҳтар намудани симои ноҳия ва ғайра ибрози андеша намуд. Мавсуф ҳамзамон оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат андешаҳояшро баён дошт.

Азизхӯҷа Азизов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар бораи фаъолияти и.в.раиси ноҳия таъкид намуд, ки тағйироту дигаргуниҳо аллакай дар симои ноҳия ба вуқуъ пайвастаанд, ки ин худ аз он шаҳодат медиҳад, ки номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия шахси меҳандӯст буда, ба мақоми вакили ноҳия арзандаву шоиста мебошанд. Номзади худпешбар Сафарова Зулхумор низ дар бораи шарҳи ҳол ва барномаи хеш ба ҳозирин иттилоъ дод. Дар фарҷом З. Сафаров изҳор дошт, ки интихобот ҷашну тантана ва як рукни соҳибистиқлолии Ватан буда, аз ҳар шаҳрванд тақозо менамояд, ки дар ин тантанаи соҳибватанӣ масъулият эҳсос намоянд ва фаъол бошанд.

 


Вакти нашр: 2019-02-21 16:55:16    Хонданд: 35    Муфассал...

«АГАР УМР ВАФО МЕКАРД....»

Дар доираи татбиқи Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ...” ва баланд барзоштани завқи китобхонӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон, инчунин, рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ, огаҳӣ пайдо намудан аз осори арзишманди шоирону нависандагони миллат дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Китобдор-библиограф” дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ёдбуд ва гиромидошти шоири тавоно ва муосири тоҷик Ғойиб Сафарзода маҳфили шеър ва тарона зери унвони “Агар умр вафо мекард...” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Гулаҳмадзода Зулфиқор-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, шоирону адибони иттифоқи нависандагон Абдулҳамид Самад, Раҷаб Мардон, ходими илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидхӯҷа Азиз, ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмон, Чилахон Холов ва намояндагони вазорати фарҳанг иштирок ва суханронӣ намуданд.


Вакти нашр: 2019-02-22 08:45:24    Хонданд: 43    Муфассал...

ҶАВОНОН ҲИМОЯТГАРИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ватанпарвар” дар клуби марказии ҷумҳуриявии варзишӣ-тирандозӣ ба муносибати 26-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҷавондухтарон ва ҷавонписарони донишкадаву коллеҷҳои ҳудуди ноҳияи Сино мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди “Тирандозӣ” аз камонҳои пневматикӣ барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир намуд.

Аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи мазкур ҷои аввалро дастаи варзишгарони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ҷои дуюм Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ва ҷои сеюмро дастаи варзишгарони Коллеҷи тиббии иҷтимоии шаҳри Душанбе ишғол намуданд.

Ғолибони мусобиқа бо Ҷом, медал ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино сарфароз гардиданд.


Вакти нашр: 2019-02-22 09:31:12    Хонданд: 46    Муфассал...

ТАБРИКОТИ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Мардуми шарафманду сарбаланди кишвар, 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу суботи сартосарӣ ва бо рўҳияи идона ҷашн мегиранд. Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неруҳои ҳифозатии мо феълан ба як артиши тавонову муқтадири замонавӣ табдил ёфтааст.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ буда, аз рўзҳои аввали таъсисёбии худ, ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳифзи амнияти давлату ҷомеаро яке аз вазифаҳои муҳиму муқаддаси худ медонанд.

Воқеан ҳам, ғайрату матонат, далериву шуҷоат ва ҳисси баланди миллии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан, имрўзҳо боиси ифтихору шарафмандии ҳар як сокини сарбаланди диёр мебошад.

Дар заминаи чунин эътимоду фараҳмандӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, кулли сокинони шарафманди пойтахти азизамон шаҳри Душанберо ба ифтихори 26-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон пеш аз ҳама осоиши рӯзгору фараҳмандӣ, сулҳу суботи устувор ва дар иҷрои вазифаҳои хидматиатон, муваффақияту комёбиҳои навинро орзў менамояд.

 

 

 


Вакти нашр: 2019-02-22 17:50:18    Хонданд: 40    Муфассал...

ҲАМОИШИ САРБОЗОН ТАҲТИ УНВОНИ “ҲОМИЁНИ ДАЛЕРУ ШУҶОИ ВАТАНЕМ”

Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, бобати сазовор таҷлили ҷашни 26-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сарбозон таҳти унвони “Ҳомиёни далеру шуҷои ватанем” доир гардид.

Дар ҳамоиши мазкур Раҳмонзода Зоир Файзалӣ-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Латифзода Асрор Қурбон – генерал- майор, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, ва Содиқзода Сулаймон Самад-Комиссари ҳарбии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамоишро Гулаҳмадзода З.А. ифтитоҳ намуда, ҳайъати шахсӣ ва меҳмонону ҳозиринро ба ифтихори ҷашни фархундаи ҳомиёни Ватан таҳният гуфт.

Сипас, Латифзода Асрор Қурбон афсарону сарбозонро муборакбод намуда, аз иқдомҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур изҳори хушнудӣ карда афзуд, ки ин иқдом ва чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ-маърифатии тайи як ҳафтаи охир дар тарбияи ватандӯстиву меҳанпарастии насли ҷавон саҳми бориз хоҳад гузошт.

Зикр гардид, ки нахустин ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон соли 1993 дар заминаи ҷабҳаи халқӣ созмон ёфт, ки дар мамлакат ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҷараён дошт. Бо гузашти солҳо имрӯз Артиши Миллии Тоҷикистон ба сипари боэътимоди муҳофизи Ватан табдил ёфтааст.

Ҳамин тариқ, барои саҳми назаррас гузоштан дар чорабиниҳои тарбиявӣ-ватандӯстӣ ба Гулаҳмадзода З.А. Ифтихорномаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаи тантанавӣ тақдим гардид.

Дар қисми дуюми ҳамоиш филми истеҳсоли ватанӣ “Аз ман маранҷ” ба намоиш гузошта шуд. Қисми фарҳангии ҳамоишро ҳунарнамоии ансамбли “Ориё”-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқул ва гурўҳи ҳаҷвнигорони “Шакарханд” хотирмону фараҳбахш намуданд.


Вакти нашр: 2019-02-22 17:59:39    Хонданд: 43    Муфассал...

Шанбегии дастаҷамъӣ

Субҳи  имрўз  мутобиқи  нақша - чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо  кумитаҳои  иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои пойтахт бо иштироки доираи васеъи аъзои ҳизб аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ,  масъулини сохторҳои ҳизбии пойтахт баҳри корҳои созандагию ободкорӣ бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шанбегии дастаҷамъона доир намуданд.

 Ёдовар бояд шуд, ки   Кумитаи иҷроияи  шаҳрии ҳизб дар оянда низ баҳри корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободу зебо гардонидани кишвари  маҳбубамон,  хоса   шаҳри  Душанбе   кўшиш  ба харҷ  дода, дар шукуфоии як гўшаи пойтахтамон саҳм мегузорад.


Вакти нашр: 2019-02-23 12:17:52    Хонданд: 37    Муфассал...

АЗ «МУБОРИЗОН» КАНОРА БОЯД ҶУСТ

Рушд кардани техникаю технология дар замони муосир ва дар баробари он фаъолият кардани шабакаҳои интернетию сомонавӣ имкони онро фароҳам месозад, ки аҳли ҷомеа аз тозатарин рўйдодҳои ҷаҳон ба зудӣ огаҳӣ пайдо намояд. Рӯз то рӯз сафи алоқамандони сомонаҳои интернетӣ меафзояд. Аслан қисми зиёди иттилооте, ки дар саҳифаҳои шабаки интернетӣ нашр мегарданд, асоси воқеӣ надоранд ва баъзан ҳолатҳо ақидаҳое низ ба нашр мерасанд, ки ҳадафашон бар хилофи идеологияи давлатдорӣ нигаронида шудааст.

Дар интишори мавод ва ақидаҳои ботили ашхосе, ки навиштаҳои худро дар ин саҳифаҳои иҷтимоӣ ба умум пешниҳод менамоянд, аҳамият надорад, ки матни онҳо то чӣ андоза лозим, дуруст ва ё нолозиму таҳрирталаб аст. Шабакаи интернетиро ба ҷиҳати мусбаташ истифода кардан ва аз он маънавиёти худро бой гардонидан, барқарор намудани иртиботи онлайнӣ ин бархӯрдор гардидан аз дастовардҳои илиме мебошад, ки мардуми тоҷик дар даврони истиқлолият ба даст овардааст. Мутаассифона, зумраеро вохӯрдан мумкин аст, ки пайравӣ ба ақидаҳои ашхоси алоҳида, гурӯҳои ифротӣ мекунанд ва ба таҳрифи арзишхои миллӣ, тарғиби ғоя, ақоид ва фарҳанги бегона мепардозанд. Зуҳур ёфтани чунин ақидаҳо дар замони мо нав нест ва дар чунин даврае, ки низоҳои иттилоотӣ ҳар рӯз метавонад ба мафкураи наврасону ҷавони мо таъсири барғалати худро гузорад ва онҳоро аз сӯи рӯшноӣ ба самти зулмот раҳнамоӣ кунад, ҷилавгирӣ бояд кард. Шахсони солимфикри ҷомеаро лозим меояд, то донанд, ки ин қабил одамон дар ҷомеа душмани бадкешу бадандешанд ва тайёранд хар лаҳза теша ба решаи фарҳангу маърифати миллат бизананд, роҳеро дарёбанд, ки арзишҳои волову муқаддаси миллиро қурбони ақидаҳои зулмотгароёнаи худ гардонанд. Ба ин восита худро ҷое пуштибон аз дин нишон дода, ҷое бо роҳи норизоӣ ва носипосӣ аз зиндагии имрӯз басардоштаи халқи тоҷик миёни омма фитнагароӣ мекунанд. Дар ин маврид аз ибораи «зиракии сиёсиро аз даст надиҳем», ки Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, истифода бояд кард. Таассуф аз он мехӯрем, ки баъзе ақидаҳои носолим дар ин шабакаҳо ҳамназарӣ пайдо карда, дастгирӣ меёбанд. Дар гуфтугӯи рӯбарӯи ба ном раиси Паймони миллии Тоҷикистон М. Кабирӣ, ки санаи 25.01.2019 ба «ҳаводоронаш» тавассути шабакаи интернетӣ пахш гардида буд, гуфта мешуд: «Ҳамаи муборизон алайҳи истисморгарон, ки аз онҳо чун босмачӣ ёд мешавад, бояд дар як додгоҳи миллие сафед ва қаҳрамон эълон карда шаванд». Ёддошти Дориюш Раҷабиён ва Абдуманон Шералиев, ки аз ин гуфтугӯи рӯбарӯ бархостааст, ҷонибдорӣ аз Кабирӣ ва норизоӣ аз даврони шӯравӣ кардаанд. Махсусан дар сомонаи Фейсбук маводе зери сархати «Ман босмачӣ ҳастам!» бознашр шудааст, ки бештар танқиди назариявии тамоми фанҳо ва тадрисро дар мактабҳои даврони шӯравӣ бо диди тангназаронаи муаллиф - А. Шералиевро дар бар гирифтааст. падару бобоён ва қисме аз хамсолони мо низ шаҳди ИҶШС (СССР)- ро чашидаанд. Заминаи донишандӯхтанро дар мактабҳои шӯравӣ таълим гирифта, то кунун аз сармои дониши худ дар бунёдкорию созандагии Ватан истифода мекунанд. Мардуми тоҷик мақоли хубе дорад, ки «аз дастархоне, ки нон хурдӣ, носипосӣ макун» ва ё «аз намакдоне, ки намак хӯрдӣ, туф макун», лекин муаллиф андешаи онро накардааст. А. Шералиев дар ёддошти худ беш аз худтаърифкунӣ, ки дар оилаи рӯҳонӣ ва рӯшанфикр таваллуд ва бузург шудааст, дигар чизеро дар хотираи «қавӣ»-и хеш ҷой надодааст, ки лоақал ӯро аз хурофот берун баркашад. Таълими «рӯшанфикрон ва диндорон», ки бобоёни муаллифанд, ҷое ҳам дар тарбияи ӯ аз ҳадисҳои исломӣ «Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имондорист» гӯшзад накардаанд. Худи муаллифи ёддошт низ аз навиштаҳои шоирон, ки:

Ҳар киро меҳри Ватан дар дил набошад кофар аст,

Маънии ҳубулватан фармудаи Пайғамбар аст.

Аз ёддошт хулоса баровардан мумкин аст, ки вафодорӣ, садоқат ба Ватан, ҳамдаму ғамшарик будан ба ғаму шодии миллат дар ботини А. Шералиев ҳеҷ гоҳ ҷой наёфтааст ва аз он ки ба ҳар шиор дар даврони шӯравӣ «Ура» гуфта, нидо баланд мекард, одат карда, ин навбат ба пуштибонӣ аз М. Кабирӣ бо нидои «ман босмачӣ ҳастам» худро ҳамсаф ва ҷонибдор нишон медиҳад ва оянда боз чӣ нақшаеро дар сар ҷой хоҳад дод Х- номаълум. Боварӣ дорем, ки А. Шералиев ва Д. Раҷабиён аз чӣ будани босмачӣ, ки шарҳаш босмачигарӣ - харакате буд, ки дар натиҷаи ба ҳам гаравидани собиқ сарватмандони гуногунмиллати Осиёи Марказӣ, авбошони касбӣ ва боқимондаҳои горди сафед ба вуҷуд омада, ҳадафи аслиашон мубориза алайҳи давлати шӯроҳо - коргару деҳқон, фақиру сағир, давлати бародарию баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ буд. Дараҷаи маълумотнокӣ, хирад ва ақлу заковати ин ду тан ҳамназарони М. Кабирӣ ва ё шояд пайравони дигари онҳо баёни «Ман босмачӣ ҳастам» на дар дохили нохунак, балкӣ берун аз он дуруст мефатад, ки дар ҳама ҳолат ба зиндагии ҷомеа халали ҷиддӣ ворид карданро доранд. Шояд афсӯс ҳам хӯранд, ки чаро пеш аз ҳокимияти шӯравӣ ба дунё наомадаанд, ки аз бесаводии омма истифода карда, бо иддаи кучаки бойҳо, муллою эшонҳои чалласаводи он замон ба манфиати худ истифода мебурданд.

Мутмаин ба онам, ки наврасону ҷавонони миллати бофарҳангу тамаддуни қадимидоштаи тоҷик гӯш ба афсонаи ин қабил ифратгароёни зери лиқоб, ки худро ҳомӣ аз дин нишон медиҳанд ва шояд вуҷудашон аз он холист, пайравӣ накарда, дар ҳама ҳолат пуштибонӣ аз миллату халқи Ватани азизамон Точикистон мекунанд. Донишҳои диниву дунявиро дар муассисаҳои давлатӣ ва аз таҷрибаи устодон аз худ карда, ҷаҳонбинии динӣ, фалсафӣ ва сиёсии худро васею мукаммал мегардонанд. Истифода аз донишҳои дунявӣ ва хиради азалӣ сутуни устувореро дар пайдории давлати соҳибистиқлоламон бунёд хоҳанд кард, ки заволашро касе дар асрею замоне нахоҳад дид.

Бобоҷон РАҲИМОВ-узви фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-02-25 11:37:04    Хонданд: 35    Муфассал...

Ифротгароӣ падидаи номатлуб

Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонида, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.

Дар ибтидои қарни XXI инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, онҳое ки мегӯянд терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда, омадааст беасос нест. Решаҳои терроризм хеле чуқур буда, ба базаи иҷтимоии он, ба асосҳо ва ё пояҳои идеологӣ, таърихӣ - фарҳангӣ ва ҷаҳонбинии он иртибот доранд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай ва дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафганӣ мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ин давраҳо ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамони бегуноҳ мегардид. Дар охири қарни XIX ва ибтидои карни XX амалҳои террористӣ бештар характери сиёсӣ ба худ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ гардид. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд меоянд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Махсусан амалиёти террористӣ, ки 11 - сентябри соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом дода шуд, бо бераҳмӣ, густохӣ ва теъдоди зиёди одамони қурбоншуда бесобиқа мебошад. Ҳанӯз як сол нагузашта, террористон 23 - 26 октябри соли 2002 дар Маскав кӯшиши гузаронидани чунин амалиётро бо гаравгон гирифтани зиёда аз ҳазор тан аз мардуми бегуноҳ намуданд, ки дар натиҷаи амалиёти зидди террористӣ даҳҳо нафар аз шаҳрвандони бегуноҳро ба ҳалокат расиданд.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки терроризм асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти миллии тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Имрӯз тамоми чомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки ба муқобили ин вабои аср мубориза баранд. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори сулҳ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳанг­шудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст.

Ба андешаи мо, барои гирифтани пеши роҳи гаравидани наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, пеш аз ҳама, бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҷиҳати рафъи мушкилот аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем. Ба китобдорон лозим аст, ки барои тарғиби зидди терроризм нақшаи корӣ тартиб диҳанд ва пас аз он дар байни хонандагону аҳолии мамлакат чорабиниҳо баргузор намоянд. Китобдорон бояд дар китобхона дар байни хонандагон бо тариқи гузаронидани суҳбат, конфронси хонандагон ва созмондиҳии намоиши китобӣ тарғибот баранд. Аз ин лиҳоз, мо чунин шаклҳои корҳои оммавиро пешкаш менамоем:

Аз ҷумла, тавассути воситаҳои ахбори омма, бавижа барномаҳои телевизионӣ ва шабакаҳои интернетӣ оид ба оқибатҳои ҳалокатбори пайвастшавӣ ба ин гурӯҳҳо, бо овардани далелҳои мушаххас, матолиби таҳлилӣ нашр ва пахш намоем. Барои ҳалли ин масъала якҷо бо ниҳодҳои қудратӣ дар корхонаю муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии кмшвар мулоқоту вохӯриҳои судманд доир намуда, ба наврасону ҷавонон маслиҳатҳои муфид додан, ба мақсад мувофиқ аст. Фаромӯш набояд кард, ки мо - ҷавонон аз осмони софу беғубори ин Ватан нафас мегирему бароямон Ҳукумати мамлакат ва Пешвои муаззами он шароити мусоиди таҳсил ва фаъолиятро фароҳам овардааст. Пас месазад, ки ин Ватанро дӯст дорем, онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Холов БОЗОРБОЙ , Зафари ШАРИФ-аъзои фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-02-25 11:55:32    Хонданд: 36    Муфассал...

ҚАСАМ, КИ МАРЗУ БУМАТ ДАР АМОН АСТ

Бо ибтикори масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба муносибати таҷлили Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар қисми низомии 06870-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доираи васеъи афсарону сарбозони соати сиёсӣ баргузор гардид.

Вализода Муҳаммад-мудири шуъбаи таблиѓот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур зимни баромади хеш афзуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар заминаи ҷабҳаи халқӣ соли 1993 созмон ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз сипари боэътимоди Ватан мебошад. Бобати тарбияи ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан, миллат, Президент, ҳимояи ҳар ваҷаб замини Тоҷикистон, баланд бардоштани эҳсоси ворисият аз марзу буми кишвар дар ниҳоди ҷавонон, худшиносию худогоҳии миллӣ, таҳким бахшидани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, инчунин ба ин васила пешгирии гароиш ба фарҳанги бегона, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, пешгирии таъсири таассуби динӣ дар ҷомеа, хурофотпарастию ифротгароӣ, ки давлатро ба қафо мебаранд суханронӣ кард.


Вакти нашр: 2019-02-25 12:03:11    Хонданд: 37    Муфассал...

ҲИФЗИ АМНИЯТУ ОСОИШТАГӢ ҲИФЗИ НАНГУ НОМУС

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ мутобиќи нақша–чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ дар қисми низомии 10040-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд. Дар он таъкид гардид, ки сарбозон дар ҳама вазъ ва ҳама шароит ҷавонмардиву садоқат ба Ватану миллат нишон дода, дар ҳифзи истиқлолият, дастовардҳо, сулҳу суботу амният нақши муассир мегузоранд. Азизхӯҷа Азизов-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба ғолибони озмуни мусобиқаи футбол, Ифтихорнома ва ба ҳайати бозингарон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Ҳамзамон дар ин рӯз 80 ҷавон аз муассисаҳои олӣ ва касбии ноҳияи мазкур баҳри шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои хизмати ҳарбӣ ба ин қисми низомӣ оварда шуданд.

Дар фарҷом барои афсарон баҳри болидахотирӣ чорабинии фарҳангӣ доир гардид.


Вакти нашр: 2019-02-25 15:17:14    Хонданд: 39    Муфассал...

МО НАГӮЕМ БАДУ МАЙЛ БА НОҲАҚ НАКУНЕМ

Аз гуфтугӯе, ки Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ТТЭ-и наҳзати исломӣ 18-уми январ ба воситаи шабакаҳои интернетӣ анҷом дод, маълум мегардад, ки ӯ мехоҳад бори дигар мардумро гумроҳ карда, вазъи орому осоиштаи кишварро халалдор созад. Ин бадхоҳи миллат бояд аз хотир набарорад, ки мардуми шарифи тоҷик ҳеч гоҳ ба дасисаҳои ӯву пайравонаш дода намешаванд. Зеро онҳо ба хубӣ огоҳ ҳастанд, ки дар сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки хисороти ҷониву молии зиёде ба бор овард, маҳз аъзоёни ТТЭ-и наҳзати исломӣ даст доштанд. Сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, ки аз неъматҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбанд, тавассути ҷоннисориҳои зиёди мардуми шарифи тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо насиб гардиданд. Дар воқеъ, дар замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мардум умедашро аз даст дода буд. Ҳатто шоирон, ки қишри ҳассостарини ҷомеа ба шумор мераванд, аз вазъияти ногувори он замон изҳори нигаронӣ карда, дар орзуи он буданд, ки рӯзе фаро расаду чеҳраҳои хурду бузург хандон шавад. Устод Ашӯр Сафар ҳанӯз соли 1992 навишта буд:

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,

Дар кишвари мо базму тараб мешуда бошад.

Пас аз ин қадар қатлу куштору ғорат ва ғарибию рӯҳафтодагиҳо, ки наҳзатиён ба сари мардуми осоишта оварданд, оё мумкин аст, ки мардум ба сафсатаҳои М. Кабирӣ бовар кунанд? Ҳеч гоҳ! Хушбахтона, дар Тоҷикистон теъдоди равшанфикроне, ки тавассути меҳнати софдилонаву содиқонаашон дар дохил ва хориҷ соҳиби иззату эътибори хосса ҳастанд, рӯз ба рӯз зиёд мешаванд. Маҳз андешаи солиму созандаи мардуми кишварамон барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони биҳиштосо мусоидат менамояд. Пешравии бесобиқаи Тоҷикистони соҳибистиқлол боиси ҳасади душманони ин миллати куҳанбунёд гардид ва ин бадхоҳон ба ҳар роҳу васила мехоҳанд ҳадафҳои нопоки хешро тавассути Кабирӣ барин ватанфурӯшон пиёда созанд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳояшон бо зиёиёни мамлакат ҳамеша таъкид менамоянд, ки мо ба неруи созандаи зиёиёни Ватан бовару эътимод дорем ва минбаъд низ пайваста ба ин неру такя карда, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ давлат ва ҷомеаро ба сӯйи пешрафту тараққиёт раҳнамоӣ хоҳем кард. Зиёиён барои ба насли оянда шинос кардани ғояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва арзишҳои фарҳанги миллӣ бояд бо мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон мунтазам вохӯриҳо гузаронда, аҳамияти онҳоро фаъолона тарғиб намоянд.

Ин бовару эътимоди Сарвари давлат масъулияти равшанфикронро беш аз ҳарвақта зиёд менамояд. Онҳо бо навиштани мақолаҳои таҳлилӣ ва тавассути вохӯрию мулоқотҳояшон бо ҷавонон бозиҳои пасипардагӣ, иғвоангезию тафриқаандозии душманони халќи тољикро фош сохта, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, худогоҳию худшиносӣ тарбия менамоянд. Аз таҷрибаи ғании ниёгонамон ба мо маълум аст, ки танҳо равшанфикрони ҳақиқӣ дарди миллатро бештар аз дигарон эҳсос намуда, баҳри пойдории манофеи миллӣ азму талош ва ҳатто ҷоннисорӣ кардаанд. Аз маълумоти сарчашмаҳо ва асарҳои тадқиқотӣ бармеояд, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ донишмандони бузург дар зери таъқиби ҳамешагии мансабдорон ва рӯҳониёни мутаассиби ифротӣ умр ба сар мебурданд. Зеро донишмандон пешрафти ҷомеаро дар асоси илм маънидод намуда, дар тарғибу ташвиқи илм саъю талош мекарданд. Ва ин «азми дурусту саъйи комил»- и онҳо ба ғояи рӯҳониёни мутаассиб зарбаи сахт мезад. Аз ҳамин сабаб рӯҳониён ба ҳар баҳона бо далелҳои бардурӯғ ва туҳмату буҳтон онҳоро кофир эълон мекарданд. Аз ҷумла Абуали ибни Сино ва ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ва теъдоди зиёди дигари равшанфикрони даврони гузаштаамон барои тарғибу ташвиқи илм ва ибрози сухани ҳақ дар таъқиби доимӣ умр ба сар бурдаанд. Мутаассифона, ин ҳаводиси ќарни гузашта бори дигар дар ибтидои солҳои 90-ум ба вуқӯъ пайвастанд ва чунон ки ба ҳамагон маълум аст, як теъдод олимони машҳури кишвар дар замони ин буҳрони ба сари мардум таҳмилшуда ба суиқасд гирифтор шуданд.

Бино бар ин, дар ин замони бисёр ҳассос, ки баҳсу талошҳои мафкуравӣ вусъат ёфта истодаанд, моро зарур аст, ки ба «чарбзабонї»-и М. Кабириву дигар наҳзатиҳо, ки зери ниқоби ислом баромад карда, баҳри амалӣ намудани ниятҳои нопоку ғаразноки худ мардумро гумроҳ кардан мехоҳанд, муборизаи беамон барем. Зеро пойдории сулҳу суботи комил ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол орзуи ҳамешагии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

Маҳмадлоиқ НОСИРОВ

 


Вакти нашр: 2019-02-25 15:24:20    Хонданд: 41    Муфассал...

АРТИШИ МИЛЛӢ –СИПАРИ МИЛЛАТ

Чорабинии сиёсӣ–фарҳангӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хонаи меҳр”-и Маркази хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Дар чорабинии идона Дилбар Абдураҳимова – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Муҳаббат Зарипова – Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хонаи меҳр”, Ҷурахонзода Ҷумахон – мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҳилол Музаянов – полковник-намояндаи Раёсати корҳои сиёсӣ тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Худойназар Назаров– лейтинанти дафтари Матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дилбар Абдураҳимова ҳамагонро бо Рӯзи пурифтихор ва шарафманди мардони шуҷоъ, сипарони оромии Ватан аз номи Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе табрик намуда, ба фаъолияти саодатмандонаи эшон барору комёбӣ, садоқати пойдор ва рузгори хушро таманно намуд. Инчунин аз ғамхории ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нисбати маъюбон, ятимон ва оилаҳои бесарубон сухан кард.

Ҳамчунин дар бахши фарҳангии чорабинӣ Ансамбли “Шараф”-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази фарҳангии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия, Маҳфили санъати Маркази хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе бо навозиш, суруди умумӣ, қироати шеър, рақсҳои дилангез хотири бошандагони Марказ ва ҳозиринро шод намуданд.

 

 


Вакти нашр: 2019-02-25 16:04:28    Хонданд: 49    Муфассал...

Даст агар аз тан биафтад, ҷанг бо дандон кунем!

Воқеан, дар замони муосир, вақте ки «терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст», ҳар як шахси худогоҳ ва ватандўстро лозим аст, ки бо тамоми масъулият дастаҷамъона барои амнияти ватан бар зидди ин вабо мубориза барад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин «вабои аср» дар чанд вохўриҳояшон таъкид карда аз масъулин ва аҳли ҷомеа талаб карданд, ки «Бетарафӣ накарда, муборизаро бар зидди зуҳуроти пурхатари ифротгароию терроризм ҷоннок намоед».

Ҳақиқатан, ҳодисаҳои охири баамаломадаи ҷаҳон, хосатан дар Шарқи Наздик, Африқои шимолӣ ва ҳатто Аврупо (Франсия, Белгия, Германия) вазъи бе ин ҳам печидаи ҷаҳони имрўзро печидатар гардонидааст. Бо ҷангҳои динию мазҳабӣ, ки ҳамагӣ таҳмил аз тарафи кишварҳои абарқудрат мебошанд, иддае аз кишварҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Либия, Миср, Алҷазоир, Яман, Сурия, Ироқ, Афѓонистон ва ҳатто Туркияву давлатҳои Аврупоро низ ба гирдоби фалокатҳои тасаввурнопазир рў ба рў сохт. Табаддулоти кишварҳои арабӣ асосан посухгўйи талаботи манфиатҳои шаҳрвандон набуда, он бо дасти давлатҳои абарқудрат, гурўҳу созмонҳо ва аҳзоби дохилӣ иртибот дорад. Дар натиҷа хунрезиҳои ба амаломада ба шикасту сарнагун шудани низомҳои мавҷуда, қурбонӣ ва саргардонии мардуми бегуноҳ оварда расонд. Он комёбиҳову пешравиҳое, ки дар бахши иқтисоду саноат ва маорифу тиб, хосатан сулҳу суббот ва амнияти кишвар доштанд, аз байн рафт. Ҳама имрўз шоҳидем, ки мардуми Сурия, Яман, Ироқ, Либия ва Афѓонистон дар чӣ ҳоланд. Гурезаҳои ин давлатҳо сарсону саргардон бо хорию зорӣ дур аз ватанашон мемиранд. Падару модар хонаву дару фарзандони худро партофта мегурезанд. Мардуми бечораи кишварҳои мазкур бо умеди «демократия» сарсону саргардонанд. Аз ВАО – и кишварҳои арабӣ мушоҳида мешавад, ки мардум аз карда пушаймон ва дар ҳасрати тинҷиву оромии давраи ҳукмронии Садом Ҳусейн ва Муаммар Қаззофианд.

Дар пайи ин ҷангҳову набардҳои дохилии кишварҳои исломӣ омилҳои зиёди хатарзо барои амнияти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла барои кишвари азизамон – Тоҷикистон низ зуҳур карданд. Аз маълумот ва мушоҳидаҳо маълум мешавад, ки омили асосӣ ва пешбарандаю таҳриксози ҷангҳои дохилии фоҷиабори кишварҳои мазкур ҷавонон ба шумор мераванд. Яке аз ин хатарҳо афзоиши шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарову террористӣ аст.

Пешвои миллат аз фирефта шудани ҷавонони кишвар ва гаравидани онҳо ба ҳизбу созмонҳои ифротию террористӣ, зиёд шудани шумораи ҷавонони гумроҳшудаи тоҷик дар миёни ҷангиёни террорист дар Сурияву Ироқ борҳо изҳори нигаронӣ кардаанд.

Аз фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва экстремистии бо ном «исломӣ», маълум мешавад, ки ягон кору кирдор ва рафтори онҳо ба дини мубини ислом мувофиқ нест. Ҳарчанд ки созмону ҳаракат ва аҳзоби номбурда гўё тибқи дастуру ҳидоят ва пешниҳодоти аркони шариати ислом фаъолияти хешро ба роҳ мондаанд, тамоми амалиёти мусаллаҳонае, ки эшон дар қаламрави мамлакатҳои хеш анҷом медиҳанд, хилофи ислом ва шариат мебошанд. Ин ҷавонони гумроҳ ва ѓафлатзадаву нодон аз номи дини ислом баромад намудаву бо овози такбир (Оллоҳу акбар) ҳазорон мардуми бегуноҳи боз ҳам мусулмонро сар мебуранд, ки ба ягон қонуну қоидаҳои шариати исломӣ рост намеояд. Ин созмонҳо (қувваҳои ҷудоихоҳи дохилию хориҷӣ) дар лаҳзаҳои ҳалкунандаи ҳассос бо шиорҳои назарфиребона аз насли ҷавонон ба манфиати хеш истифода мебаранд ва аз бесуботию ноамнӣ ба таври худ, манофеи зишти саркардагону пешвоёни худро амалӣ карданӣ мешаванд.

Фикр мекунам, яке аз сабабҳои ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротиву террористӣ аз асли Қуръон дур будани ҷавонон ва ба воситаи шабакаҳои интернетӣ, махсусан шарҳу тафсири нодурусти оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои пайѓамбар мебошад. Айни ҳол дар шабакаҳои интернетӣ сомонаҳои зиёди ифротӣ фаъолият доранд, ки мақсадашон тафриқа ва ҷангу ҷидол байни мусулмонон аст. Ин сомонаҳо бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо забони тоҷикӣ низ дар натиҷаи ҳамлаҳои (ахбор) доимии иттилоотӣ (ҷанги иттилоотӣ) ба тафаккур ва ҷаҳонбинии ҷавонон таъсир мерасонанд. Аз ин рў, фаъолияти агентиҳои иттилоотии кишварамон бояд фаъол бошанд ва барои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористӣ мусоидат намоянд.

Гумрохӣ, ҷоҳилию бемаърифатӣ ва кўшишҳои барҳам задани ҳукуматҳои қонунӣ ва бар ивази он эҳё намудани давлатдории бепояи худ, ки ҳадафаш таҳкими сохтори сиёсии асрҳои замони феодалӣ мебошад, шиору мароми ин созмону аҳзоб ва гурўҳҳо ба шумор меравад.

Мо танҳо тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳамбастагӣ бо мактабу маориф, гузаронидани вохўрию мулоқотҳо, аз як гиребон сар баровардани тамоми қишру табақаҳои ҷомеа, ба хусус зиёиён ва рўҳониён садди роҳи ин вабои аср шуда метавонем.

Ба назари банда, ҳолати омодабошии доимии ниҳодҳои қудратӣ ва интизомии кишварамон, аз даст надодани ҳушёрию зиракии сиёсӣ метавонад амнияти марзу буми моро аз фитнаҳои гурўҳу созмонҳои он сўйи дарё поку беолоиш ҳифз намояд. Дар ин ҷо ҳар яки мо вазифадорем, ки ҳамчун сарбози Ватан барои амният, субот ва тақвияти қудрати мудофиавии ватанамон қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии худро ҷавонмардона иҷро намоем.

Фикр мекунам, ки дар ин замони пуртазод ва муташанниҷи имрўза аз ҳар яки мо талаб карда мешавад, ки барои сулҳу субот ва амнияти кишвар «Даст агар аз тан биафтад, ҷанг бо дандон кунем» - ро шиори худ созем, зеро бузурге фармудааст:

Ватан андар бадан хунест ҷўшон,

Агар аз мо равад, бо ў равад ҷон!

 

Вализода М.


Вакти нашр: 2019-02-26 15:43:00    Хонданд: 34    Муфассал...

Ифротгароии ҷавонон омили хатарзост

Миёни мардум ҳикматест машҳур, ки «ҳақиқатро инкор кардан мушт бар санги хоро задан аст». Амиқтар дида андӯзем, бешак, ҳақиқат заволнопазир ва устувору тавоно бувад ва онро нодида гирифтану ба ин ҳикмати баҳснопазиру ҳазорҳо маротиба дар заминаи воқеаҳои таърихӣ собитшуда шубҳа кардан камоли аблаҳист. Тоҷикистони азизи мо, ки имрӯз рӯ ба тараққӣ овардаю марҳила ба марҳила, тадриҷан пеш мераваду пайваста ободу зебо, тинҷу осоишта мешавад ва дар кулли ҷодаҳои зиндагӣ ба муваффақиятҳои беназир мушарраф мегардад, ба ҳамагон аён аст ва ҳатто, шаҳрвандони бурунмарзӣ инро эътироф менамоянду ба миллати сарфарози мо таҳсин мегӯянд. Бунёдкориву созандагиҳоеро, ки абармардони халқи куҳанбунёди тоҷик, хосса Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дарозои 27 соли Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ намуданд, таърихи беш аз ҳазорсолаи ин миллати фархунда ёд надорад. Халқи сарбаланду соҳибтамаддуни тоҷик имрӯз дигар бедору ҳушёр аст ва парчами ваҳдату якдилӣ дар даст дораду бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои хирадманду матинирода ва накукори хеш-Эмомалӣ Раҳмон барои рушди боз ҳам бештари Ватани аҷдодӣ якдилу якҷон ва бо тасмиму қарорҳои наку аз пайи бунёдкориҳои азиму муҳташам аст. Боиси таассуф аст, ки барои онҳое, ки нотавонбинанду худкоманду тинати нопок доранд, ин ҳама дастовардҳову шарафмандиҳои кишвари хуршедии мо дардовару беқарорсозанд. Ва онҳо аз рӯи ғаразу хусусмат ва ҳасаду рашк ба ҳар васила талош меварзанд, то санги буҳтону иғво ба ин кохи пуршукӯҳу азими ваҳдат биафкананд ва дарди носури хешро таскин бубахшанд. Афсӯс, ки зумрае аз чунин бадтинатону ҳангомасозон ва манфиатҷӯёну ватанбезорони дилкӯр аз байни худи мо-тоҷикзодагон берун ҷастаанд ва чун фарзандони нохалаф хиёнат ба Модар-Ватан кардаанду мекунанд. Иддае аз онҳо бо созмонҳои террористию ифротгаро пайвастаанду қисме дигар, худ дар алоҳидагӣ ба аъмоли хиёнатгароёна ва ваҳшиёна пардохтаанд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ба ин зумра ашхос роҳбарият ва аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ шомил ҳастанд. Дар хусуси онҳо дар мақолаи дигар изҳори андеша хоҳем кард.

Терроризм ва эктремизм, ки хатари ҷиддӣ ба амнияту субот ва Истиқлолияти ҷумҳурии мо доранд, яке аз масоили муҳим ва мубрам дар замони имрӯз ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азиз ба шумор меравад. Дар ин замина зарур аст, ки аҳли ҷомеаро аз равандҳои муосири ҷаҳонишавӣ ва созмону гурӯҳҳои ба ном исломии ифротгаро огоҳ намоем, то ба доми амиқи ин қабил афроди тундраву беватан гирифтор нагарданд. Солҳои охир гаравиши ҷавонони сабукфикр ва каммаърифат ба ифротгароӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Таҳлил ва баррасии иттилооти ҳамарӯзаи моҳворавӣ ва баҳсу мунозираи иддае аз ҷавонони гумроҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди «Одноклассники», «Фейсбук», «Ютуб» ва дигар сафаҳоти шахсӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷавонони ифротманиш ва тундгаро ҳанӯз мекӯшанд, ки сафи ҳамақидаҳояшонро биафзоянд. Албатта, ин ҳолат боиси нигаронист. Барои ҷалавгирӣ аз бегонашавӣ ва дигар падидаҳои номатлуб моро мебояд, ки ҳисси худшиносӣ ва ифтихори миллии ҷомеаро баланд бардорем. Аз ин рӯ, лозим донистем, ки пиромуни ин мавзӯъ чанд нуктаро баён дорем, то заррае ҳам бошад, дар ин ҷода саҳмгузор гардем.

Бешубҳа, аз ифтихори миллӣ то хиёнат ба Ватан масофаи андаке дар миён аст. Чанд соли охир дар дунё созмонҳое арзи ҳастӣ кардаанд, ки аз вазъи осоиштаи мамолик истифода намуда, миёни аҳолии он ҷамоҳир ниҳодҳои динӣ таъсис додаанд, ки ҳадафашон ноором сохтани ҷомеа мебошад. Онҳо зумрае аз ҷавонони содда ва ноогоҳро ба осонӣ ба гурӯҳҳои хеш шомил месозанд ва дар зеҳнашон идеологияи ғайримақбулро ворид менамоянд. Надонистани таърих ва аркони саҳеҳи дини ислом, махсусун, фиқҳ ва ақидаи тавҳидӣ, надоштани масъулияти шаҳрвандӣ баъзе ҷавонони беиттилоъ аз Қуръону суннатро бегонапарасту тахрибкор ва хатарзо намудааст. Бисёр таассуфовар аст, ки ин қабил одамон, агар онҳоро «одам» гуфтан ҷоиз бошад, масъулияти инсонгарӣ ва худопарастии худро дар қатлу куштор, тундгӯию тундхӯӣ ва ба куфру бидъат ҳукм намудани дигар мусалмонон медонанд.

Иддае аз ҷавонони гумроҳу бехабар аз дини Исломи ноб аз Тоҷикистон ба гурӯҳҳои «Ҳизбу-т-Таҳрир», Салафия, «Ансоруллоҳ», «Байъат», «Ҳаракати Толибон», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Ихвон-ул-муслимин» ва «Ҳизб-ун-Нур»-и салафия, Рофизия ва ғайра дар мамолики исломӣ гаравидаанд. Онҳо барои дарёфти ормонҳои имонӣ ва исломӣ бехабар аз онанд, ки алакай қурбонии бозингарони мансабхоҳ ва душманони Ватани хеш гардидаанд. Душманони миллати тоҷик ва мазҳаби ҳанафӣ такфир, ифрот ва ситезаҷӯиро таблиғ менамоянд ва ҳаргиз таълимоти саҳеҳу дурусти дини мубини Исломро намеомӯзонанд. Онҳо бо шеваҳои гуногун ва методҳои санҷидашудаи террористон ва экстремистон неруҳои созандаи ҷавонони исломиро бо роҳи фиребу дасиса ба манфиати созмонҳои бадкирдору бадкеши худ истифода мебаранд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: «Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза низ талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан, меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонид». Бисёр шигифтовар аст, ки раҳбарони созмонҳои ифротгаро аҳком ва шариати дини мубини Исломро бо андешаҳои шахсии хеш олуда намуда, ақидаҳои разилонаашонро ба зеҳни ҷавонон ҷой мекунанд. Онҳо пайваста таблиғ менамоянд, ки дини Ислом халқиятро ба ҷиҳод даъват кардааст ва бо ин васила мусулмонро бар зидди мусулмон мешӯронанд.

Аз таҳлили ҳодисоти солҳои охири мамолики Ироқу Сурия бармеояд, ки дар он ҷо ягон навъи ҷиҳод нест. Тавре гуфтем, қотилон, хунхорон ва ҷоҳилону бехудоёни ҷараёнҳои тундгаро аъмоли разилонаю ғайриинсононаи хешро, ки ҳамагӣ куштори одамони бегуноҳ мебошад, бо ибораи «ҷиҳоди исломӣ» ҷомаи шаръӣ мепӯшонанд ва гӯё дини поки ислом онҳоро ба ин кор амр намуда бошад. Магар рехтани хуни муъмин, ки пайғамбари ростгӯи ислом Муҳаммад (с) мусулмонро бародари мусулмон гуфтааст, ҷиҳод аст?! Магар дар ягон ояи китоби муқаддаси дини ислом Қуръони карим омада, ки шахси соҳибимонро қатл кардан ҷиҳод аст?! Не, ҳаргиз не! Баръакс Худованди бузург фармуда, ки «Ва хештанро … ба (вартаи) ҳалокат наафканед ва некукорӣ кунед! Ҳамоно Худо некукоронро дӯст медорад» (сураи «Бақара», ояи 195). Ин аст амри Офаридгори бузургу ягона. Суханро дар ин бобат ба дарозо намекашем. Ба андешаи мо, агар дар вуҷуди ҷавонон ҳисси худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандориро бедор намоем, он гаҳ итминонамон комил мешавад, ки ҳеҷ гуна хавфу хатар моро таҳдид намекунад.

Суоле ба миён меояд, ки чӣ гуна ин сифотро дар ҷавонон талқин бидиҳем. Мебояд зикр кард, ки дар шароити имрӯз дар ин самт, яъне тарбияи ифтихори давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ бояд ҳамагон саҳмгузор бошанд. Мавриди тазаккур аст, ки бе омӯзиши илму дониш ба худогоҳии миллӣ муваффақ гардидан ғайриимкон аст. Дар натиҷаи дарки арзишҳои миллӣ хештаншиносӣ ба вуҷуд меояд. Дар даврони истиқлолият ифтихори ватандорӣ яке аз маҳакҳои асосии бақои давлат ва миллат маҳсуб меёбад. Тарбия ва мавҷудияти эҳсоси ватандӯстӣ аз падару модар вобастааст. Рафтори намунавии волидайн дар рӯҳияи хештаншиносӣ василаи беҳтарини тарбияи фарзанд мебошад.

Агар мо сатҳи худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории ҷавононро баланд набардорем, ҳаргиз бо итминон гуфта наметавонем, ки то чанд муддат Истиқлолияти давлатиро ҳифз менамоем. Ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ба ваҳдати миллӣ сахт алоқамандӣ дорад. Аҳамият ва зарурати ваҳдати миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ бештар эҳсос мегардад. Тавре мегӯянд, ноил шудан ба истиқлолияти давлатӣ корест сангину миёншикан, вале ҳифзи он амалест мушкилтар. Ба назари аввал шояд расидан ба истиқлолияту нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ осон намояд, вале зиндагӣ ҳар яки моро водор месозад, ки дар ин ҷода маърифатнокӣ ва фарҳанги сиёсиямонро тақвият бубахшем.

Попов Николай Анатольевич-дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ Иматшоев Зинатшо Хизматшоевич-номзади илмҳои иқтисодӣ, кафедраи фаъолияти гумрукї


Вакти нашр: 2019-02-26 15:56:47    Хонданд: 26    Муфассал...

РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ ВА МУАММОҲОИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ

Дигаргуниҳои куллӣ дар сохтори геополитикии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тағйироти системаи иҷтимоӣ - сиёсӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷаҳони муосир тадриҷан ба давраи сифатан нави тараққиёт ворид мегардад. Падидаи возеҳи муосири ҷаҳонишавӣ ба ақидаи баъзе олимон «натиҷаи револютсияи иттилоотӣ – телекоммуникатсионӣ», ба вуҷуд омадани «тамаддуни нави умумиҷаҳонӣ» ба ҷои «ҷаҳони аврупоитабор» маҳсуб меёбад. Зери мафҳуми глобализатсия васеъшавӣ ва ҷарфтаршавии муносибатҳои иҷтимоӣ ва ниҳодҳо, дар фазо ва вақт фаҳмида мешавад. ҷаҳонишавӣ тақозо менамояд, ки аксари муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва сиёсӣ характери умумиҷаҳонӣ касб намояд.
Ҷаҳонишавӣ дар худ имкониятҳои бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддиро ба ҳаёти башарият омезиш додааст. Љаҳонишавӣ - дар баробари манфиат ба воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистони муосир тадриҷан таъсири амиқи манфӣ мерасонад ва ба амнияти фазои иттилоотии кишвар таҳдид ба амал меоварад. Чунин таъсири манфӣ ва таҳдиди раванди ҷаҳонишавӣ ба шуур ва маънавиёти ҷомеа тавассути васоити ахбори оммавӣ, ки дорои нерўи бузурги таъсиррасонанда аст, эҳсос мегардад. Дар замони муосир барои ҳар як мамлакат таъмини бехатарии иттилоотӣ муаммои муҳиме гаштааст. Тоҷикистон, чун Русия ва мамолики дигар дар соҳаи амнияти иттилоотӣ сиёсати хешро дорад.
Дар ҳифзи рушди фазои ягонаи информатсионӣ ва фарҳангӣ, ки омили асосии амнияти иттилоотист, васоити ахбори умум нақши бузург мебозанд. Ин бешубҳа, омили мусбати суботи сиёсии Тоҷикистон низ мебошад. Зикр кардан бамаврид аст, ки солҳои охир зидди Тоҷикистон ҷанги информатсионӣ вусъат гирифтааст. Бархе аз расонаҳои хабарии баъзе давлатҳо ҷумҳурии моро ба таври сохта чун «минтақаи муташанниҷ» ва чун кишвари таъминкунандаи маводи мухаддир нишон медиҳанд. Бояд гуфт, ки нисбат ба амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди хафви дохилӣ низ имконияти пайдо шудан дорад. Нерўҳое, ки зидди сиёсати пешгирифтаи ҳукумати Тоҷикистон ҳастанд, дар кишвари мо мавҷуданд. Онҳо аз фазои холии иттилоотии мамлакат моҳирона истифода намуда, маълумоти харобсозу бардурўғро паҳн менамоянд. ВАО-и электронии ҳамсоядавлатҳо дар минтақа босуръат ва пурмаҳсул рушд менамояд ва фазои холии иттилоотии Тоҷикистонро фаро мегирад. Проблемаи экспансияи ВАО-и хориҷӣ, хусусан дар ноҳияҳои сарҳадии ҷумҳурӣ ба вуҷуд омадааст. Бархе аз олимон ақида доранд, ки вазъи ҳосилшуда ва афзоиши таъсири ВАО-и хориҷӣ ба афкори умум дар аксар маврид ба амнияти иттилоотии мамлакат метавонад таҳдид ба бор оварад. Тибқи мафҳуми амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ҳифзшавандагии манфиатҳои миллӣ дар соҳаи иттилоот бо назардошти манфиатҳои баробари шахс, ҷомеа ва давлат фаҳмида мешавад.
Раванди ҷаҳонишавӣ ба забони тоҷикӣ низ таъсир мерасонад. Бинобар ин поку беолоиш нигоҳ доштани забон ва шевоии онро ҳифз кардан, вазифаи аввалиндараҷаи ВАО маҳсуб меёбад. Бо назардошти раванди ҷаҳонишавии иттилоот бояд чораҳо андешид, ки рўзноманигории тоҷик бо забонҳои русӣ ва ҳам англисӣ низ вусъат ёбад ва рақобатпазир бошад.
Мутахассиси бахши таҳлилӣ ва омодасозии мутахассисон – Оишамоҳ Раҳимова


Вакти нашр: 2019-02-26 16:05:55    Хонданд: 42    Муфассал...

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАЛЛИ ҶАҲОНИИ МАСОИЛИ МАРБУТ БА ОБ

Ҳифзи захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити иқлими хушки Осиёи Миёна яке аз мушкилиҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Самаранок ва оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ, хусусан об дар айни ҳол яке аз мушкилиҳои имрӯза буда, аҳли сайёраро водор месозад, ки сари ин масъала фикр намуда, баҳри оқибатҳои номатлуби он чораҳо андешанд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили вобаста ба об ва ҳифзи захираҳои оби ошомиданӣ дар арсаи байналмилалӣ хеле калон аст. Сарвари давлат 1-уми октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54 - уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуда буданд, ки соли 2003 Соли оби тоза эълон гардад. Дар асоси ин ташаббус 20–уми сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. Дар доираи ин сол аз 29-уми август то 1-уми сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии оби тоза баргузор шуд, ки дар он аз 54 кишвари ҷаҳон ходимони давлатӣ, олимон ва дигар намояндагони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ширкат варзиданд.

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми декабри соли 2003 Маҷмаи умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатънома қабул карда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намуд. Ин пешниҳод аз ҷониби 148 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфт ва дар ин хусус Ассамблеяи генералии СММ қарори дахлдор қабул кард. Дар натиҷа мушкилоти захираҳои об ба қатори се мавзӯе ворид гардид, ки ҳамчун масъалаҳои асоси барои баррасӣ дар бахши якуми корҳои Комиссияи СММ оид ба рушди устувор дар солҳои 2004-2005-ум пазируфта шуд. Бо талошу дасгириҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ даҳҳо иншоот барои захираву софкории об ва хатҳои интиқоли оби ошомиданӣ дар шаҳру деҳоти кишвар сохтаву мавриди истифода қарор гирифтанд.

Тибқи маълумоти оморӣ имрӯз тақрибан 1,7 млрд.нафар, яъне сеяки сокинони сайёра ё бештар аз 80 кишвар аз норасоии об мушкилӣ мекашанд. Аз рўйи ҳисоби Созмони Милали Муттаҳид то соли 2025 аз се ду ҳиссаи аҳолии дунё аз норасоии об ранҷ хоҳад кашид. Ва ҳамасола аз нарасидани об 5 млн. нафар ҷони худро аз даст медиҳанд. Аз 8-ум то 10-уми июни соли 2010 дар пойтахти ҷумҳурӣ доир гардидани Конфронси байналмилалӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» доир гашт ва аз 192 давлати ҷаҳон, 60 созмони давлатӣ ва ғайридавлатии бонуфзи байналмилалӣ ва коршиносон иштирок доштанд, ки ин аз дастгирї ва ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии мамлакат шаҳодат медиҳад. Зимни суханрониҳои хеш Сарвари давлат борҳо ёдовар гардидаанд, ки қадру

қимати об аз қадру қимати нафт, газ, ангишт ва намудҳои дигари сӯзишвори ва манбаҳои энергетикӣ кам нест. Бинобар ин, ба ин мӯъҷизаи бебаҳои табиат эҳтиёткор буда, онро самаранок, сарфакорона ва бо мақсад истифода бояд бурд.

19 майи соли 2013 дар Тайланд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми дувуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мавзӯи «Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, масъалаи ноил гаштан ба ҳадафҳо дар соҳаи обро яке аз роҳҳои асосии расидан ба дигар ҳадафҳои рушд ниҳоят муҳим арзёбӣ карданд ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории созанда дар ин самт даъват намуданд. Бо гарм шудани иқлими сайёра солҳои охир суръати обшавии пиряхҳо рў ба афзоиш овардааст. Дар ин раванд пиряхҳои кишвари мо низ, ки аз онҳо шаст дарсади оби Осиёи Марказӣ ҳосил мешавад, бо сабаби тағйирёбии иқлим ва баланд шудани ҳарорат дар сӣ соли охир беш аз 1000 пирях аз байн рафтааст.

Саидҷон Зубайдуллоев-омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии

ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода

 


Вакти нашр: 2019-02-27 09:32:41    Хонданд: 30    Муфассал...

МУҲАББАТ БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА ЗАБОНИ ДАВЛАТИРО АЗ ОВОНИ ХУРДСОЛӢ БЕДОР МЕКУНАНД

26 феврали соли равон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар асоси мактуби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша –чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи њизбии ноҳияи ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, мубориза бар зидди хурофотпарастию тақлидкорӣ, ташвиқи арзишҳои асили миллӣ, анъанаҳои неки мардумӣ, таҳлили вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ташкилоти ибтидоии “Коррезлоиҳа” соати сиёсӣ доир намуданд.

Дар он зикр гардид, Паёми навбатии Президенти Љумњурии Тољикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз рӯйдоду дастовардҳои таърихии соли сипаригардида шуруъ гардид, ки ин комёбиҳо боиси ифтихори аҳли мардуми Тоҷикистон аст. Тамоми самтҳои дохиливу хориҷи мамлакат дар ин ҳуҷҷат таҳлилу баррасӣ ва дурнамои он пешбинӣ гардидааст. Дар баробари зикри дастовардҳо, заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат баҳри рушду пешрафти мамлакат таъкид гардид, ки ҳифзи фарҳангу анъанаҳои миллӣ, забони давлатӣ ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зикр гардид, ки дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ҳар миллатро бедорӣ ва ҳар фарҳангро ҳифзу таҳким мебояд.

 


Вакти нашр: 2019-02-27 09:39:48    Хонданд: 31    Муфассал...

Вохўрӣ бо сокинони шаҳраки 102

27-уми феврали соли ҷорӣ мутобиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Абдураҳимова Дилбар Ҳабибуллоевна-муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Файзуллозода Зарина-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Аслонов М. - раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳияи Сино, доктори илмҳои фалсафа ва кормандони масъули ҳизбӣ дар шаҳраки 102-и ноҳияи Сино бо сокинони пойтахт вохӯрӣ доир гардид.

Абдураҳимова Дилбар Ҳабибуллоевна зимни баромади хеш доир ба густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе, ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, нигоҳдории гулгашту майдончаҳои варзишӣ, амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарғиби одоби шаҳрнишинӣ ибрози андеша кард.

Аслонов М. оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, се ҳадафи стратегии кишвар ва ҳадафи чоруми миллӣ саноаткунонии босуръати кишвар, ба истифода додани агрегати аввали НБО «Роғун», дўстии халқҳои Тоҷикистону Ўзбекистон сухан кард.


Вакти нашр: 2019-02-27 17:34:26    Хонданд: 37    Муфассал...

ВАТАН МАЪВОИ МЕҲР ВА САРЗАМИНИ АҶДОДӢ

Ватанам, як нафас аз ёди ту фориғ нашавам,

Фориғи дар раҳи ту меҳри туро бохтан аст.

Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,

Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст.

Ватан, меҳан-сарзаминест, ки инсон дар он таваллуд шудаву ба камол мерасад. Мафҳуми ватандорӣ, ватанхоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ниҳоди ҳар як нафар бояд вуҷуд дошта бошад. Миллати тоҷик, яке аз миллатҳои қадимаи олам ба шумор мераванд, ки ҳазорон нобиғаҳои оламшумулро дар оғӯши Ватан ба камол расонда, ки онҳо дар рушди калидии илми ҷаҳон нақш гузоштаанд. Имрӯз ва боз садсолаҳои дигар миллати тоҷик бо онҳо ифтихор хоҳад кард. Ба қадри табиати нотакрор ва обу ҳавои Ватан касе бештар мерасад, ки боре аз Ватан дур афтодаасту шаҳди ғарибиро чашидааст.

Дар осори гузаштагони мо ибораҳои ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ зиёд вомехӯранд, ки сартопо талқинкунандаи ватандӯстӣ мебошанд.

Барҳақ устод Мирзо Турсунзода фармудаанд:

Чун ниҳодам пойи худро бар сари хоки Ватан,

Борҳо бўсидам аз рухсораи поки Ватан.

Дар бораи осор ва хизматҳои устод Мирзо Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд: «Муҳаббати поки устод Мирзо Турсунзода ба сарзамини аҷдодї, обу хоки Ватан, бешубҳа барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат хизмат хоҳад кард. Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеъре барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ў тимсоли хизмати содиқонаи як фарди зиёї ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад. Устод Мирзо Турсунзода воқеан Қаҳрамони Тоҷикистон аст. Меҳри ў дар ошёни баландтарин – дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард». Дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддуну фарҳангҳо ватандӯстӣ фишанги асосии ҳаракатдиҳандаи ҷамъият ва пешгирии ифротгароиву хурофотпарастӣ ба ҳисоб меравад. Мушоҳидаҳои ҳамарӯза нишон медиҳад, ки дарки моҳияти ватандӯстии насли нави кишвар ба маротиб боло рафтааст. Ҳар куҷо бо ин насли созанда суҳбат ороста шавад аз давлатдории навини худ ба ифтихор ҳарф мезананд, онро азизу гиромӣ, ҳар зарра хокашро аз ганҷ қиммат, обу хокашро муқаддас, ҳифзашро қарзи фарзандӣ ва саҳм гузоштан дар ободониашро масъулияти шаҳрвандӣ медонанд.

Ватан бар ман азизи ҳамчуноне бар танам ҷонам,

Ба ҷуз нафъи Ватан чизи дигарро ман намедонам.

Ба номат эй диёри бахт ин аст аҳду паймонам,

Тамоми ҳастиям пайваста бо ту эй Ватан ҷонам.

Ба қадри Ватан расидан аз он ифтихор кардан ва дар баробари он дар рушди он саҳм гузоштан вазифаи ҳар шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад. Ба ибораи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “таъкид бояд кард, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат натанҳо қарзи хизматчиёни ҳарбӣ, балки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст”. Дар олам халқиятҳое вуҷуд доранд, ки дар орзуи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ҳастанд, вале ин неъмат ба онҳо муйяссар нагаштааст. Онҳо дар ин ё он кишвар умр ба сар мебаранду мутеи ин ё он миллат ҳастанд. Миллати тоҷик аз азал миллати тамаддунофар буда, дар тӯли таърих шаҳрҳову кишварҳои зиёде бунёд намудааст, яъне ҳамеша сарбаланду ватанхоҳу ватандор буд. Ҳарчанд нотавонбинони ин миллат мехостанд миллати тоҷикро пароканда кунанд, борҳо ба сари ин миллат лашкар кашиданд хушбахтона ин миллат ҳастияшро, фарҳанги бою ғанӣ ва забони ширину гуворояшро ҳифз кард. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар ягон давру замон ба сари ягон миллате лашкар накашидааст ҳамеша таҳаммулгаро ва сулҳхоҳу озодихоҳ буд. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ миллати тоҷик аз давлатдории навини худ ифтихор мекунанд ва кӯшиш мекунанд, ки дар арсаи байналмилалӣ номи миллат ва ватани азизашон-Тоҷикистони озоду соҳибистқлолро баланд бардоранд.

Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Ҷиҳати ҳифзи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, таҳкими минбаъдаи истиқлолияту озодӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмин намудани пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти манфиатҳои милливу давлатӣ, шаъну шараф ва ғурури ватандорӣ бисёр муҳим мебошад, яъне ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз шаҳрванди Тоҷикистон будан ба ҳайси омили меҳварии муттаҳидсози ҷомеа дар зеҳну шуури ҳар як шахс бояд нақши муассир дошта бошад”. Дар марҳилаи кунунии зиндагӣ, баъзе аз гуруҳҳои нотавонбин бо дастгирии хоҷагонашон мехоҳанд амнияти кишвари моро халадор кунанд. Онҳо гумроҳоне беш нестанд зеро фаромӯш кардаанд, ки ин миллат дасисаву ҳадафҳои нопоки онҳоро медонад ва ба ҳеҷ ваҷҳ онҳо ба боварӣ нашоянд. Бо обу нону намаки Ватан ба воя расиданд ва имрӯз аз хориҷи кишвар ба сари миллати тоҷик санг мепартоянд, ки ин нишонаи ҷавонмардӣ набуда, як амали зишти ғайри инсонӣ мебошад. Ҳеҷ гоҳ ин миллат ин Ватан онҳоро намебахшад ва дар урфияти гуфтаанд, ки “бори каҷ ба манзил намерасад”. Онҳо низ ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ нахоҳанд расид зеро “Аз дасти талбанда дасти диҳанда беҳтар аст”. Чӣ тавре, ки дар рубои боло зикр шуд онҳо дар ҳамин Ватан беватан буданд яъне “Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст”. Тоҷикистони ободу озоду соҳибистиқлол дорои табиати биҳиштосо, руду дарёҳои мусаффо ва мардуми меҳмонавозу поксиришт аст. Ин Ватан боиси дуст доштан аст, чун ҷон ҳифзаш бояд кард нагузорем, ки ҳеҷ як нотавонбин қадами нопоки худро ба ин сарзамини аҷдодӣ гузорад.

Торе, ки туро Ватан нахоҳад, назанам

Он дил, ки ғами Ватан надорад, шиканам

Шамъе, ки барои Ватан насӯзад, бикӯшам

Чашме, ки туро Ватан набинад, биканам

Дар ҳифзи марзу буми кишвар ҷавонон бояд ҳамеша омода бошанд ва ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар рафта дар назди Модар-Ватан қарзи фарзандии худро адо намоянд. Имсол аз таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-сол пур мешавад. Албатта дар назди таърих 26-сол на он қадар соли тӯлони аст вале набояд фаромӯш кард, ки баъди пошхӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба кишвари мо ягон меросӣ ҳарбӣ боқӣ намонда буд. Бо талошҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар заминаи хушк, яъне аз сифр бунёд гардид ва дар муддати 26-сол ба як артиши пуриқтидор табдил ёфтааст. Таҷлили ҷашни 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар ниҳоди насли ҷавони кишвар ҳисси худшиносӣ ва омода будан дар ҳифзи Ватанро бедор намояд. Таъкиди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон бисёр муҳим ва ба маврид аст, ки гуфтаанд: “Ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз аст”.

Бо мақсади дар ниҳоди насли наврас бедор намудани ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ дастаҷаъмона таваҷҷуҳ зоҳир бояд кард. Ҳисси ватандустиро нахуст дар оила ба фарзандон бояд омӯхт баъдан дар мактаб ва дар муҳити атроф ҳисси ватандӯстӣ ташаккул ёфта, фарзанд барои ҳимояи Ватан омода мегардад. Набояд фаромӯш кард, ки Модар-Ватан бо ҳазорон орзуҳои нек моро ба воя мерасонад то ин ки ҳамавақт баҳри ҳифзаш омода бошем. Тоҷикистони азизи мо ва мардуми шарифи кишвар бо роҳбарии Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои устувор гузоштаистодаанд. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат кишварамон симои худро ба кулли тағйир дода рушди он бо маром идома дорад.

Тоҷикистон имрӯз ба яке кишварҳои амнтарини сайёра ба ҳисоб меравад ва дар замони истиқлолияти давлатӣ кишвари соҳибистиқлолӣ мо дар ҳамаи ҷанбаҳо рушд кардаву миллати тоҷик дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурдаистодаанд.

 

Изатуллои Ҳабибзод-муовини раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи

иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур


Вакти нашр: 2019-02-27 17:43:36    Хонданд: 35    Муфассал...

ТАРҒИБИ ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МОҲИЯТИ ДАВЛАТИ ИҶТИМОӢ

Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати баргузории суҳбату вохӯриҳо дар ҷойҳои серодам оид ба тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва татбиқи барномаҳои ҲХДТ дар назди терминали мусофирбарии “Шарқтранс” бо сокинону меҳмонони пойтахт вохӯрии рӯ ба рӯ баргузор гардид.
Латифов Анвар-аъзои раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Роҳи умед” зимни суханронии худ моҳияти иҷтимоии давлати Тоҷикистонро ба ҳозирин шарҳ дода, зикр кард, ки Тоҷикистон барои зиндагии шоиста ва инкишофи озодона ба ҳар шаҳрванд шароит фароҳам овардааст. Таъкид гардид, ки ҳар нафар бояд дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, дастгирии сиёсати давлат ва Ҳукумат, инчунин, ҳимояи манофеъи миллӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар содиқ бошад.


Вакти нашр: 2019-02-28 10:35:30    Хонданд: 30    Муфассал...

Касбияти намояндагони Васоити ахбори оммаи миллӣ такмил мехоҳад

(Дар ҳошияи мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ВАО-и давлатӣ)

Намояндагони Васоити ахбори омма бояд ба мардум, бинанда, шунаванда ва хонандаи худ мазмуну муҳтавои воқеии рўйдодҳоро расонанд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Мусаллам аст, ки имрўзҳо яке аз неруҳои пуриқтидори пешбарандаи ҷомеа воситаҳои ахбори омма ба ҳисоб мераванд, зеро воқеияти рўз собит намудааст, ки нақши ВАО дар мукаммалсозии фазои иттилоотӣ ва демок­ратикунонии ҷомеа бағоят муҳим аст. Шарои­ти ҷаҳони муосир ва раванди марҳилаҳои мураккаби замон аз ҳар нафар тақозои онро менамояд, ки агар аз навгониҳои рўзу дарки олами ҳастӣ ба таври доимӣ огоҳ набошад, ҳамқадами ҷомеа нахоҳад шуд. Болотар аз ин, асри равон, ки дар тамаддуни инсоният дигаргуниҳои зиёдеро ворид сохтаву месозад, мавқеи воситаҳои ахбори оммаро дар ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонӣ торафт фаъолтару муҳимтар мегардонад.

Дуруст аст, ки дастрасӣ ба иттилооти муҳиму зарурӣ имрўзҳо хеле осону содда шудааст, ки ин, албатта, агар аз як тараф кори рўзноманигорро осон кунад, аз ҷониби дигар мавқеъ, нақш ва масъулияти журналистро дучанду даҳчанд менамояд. Ин нуктаро рўзноманигор ва коршиноси маъруфи соҳа, Дебора Поттер чунин шарҳ медиҳад: “Дар ҷаҳони мураккаби мо, ки иттилоот дигар моли камёфт нест, нақши журналист беш аз ҳарвақта муҳим аст.” Маъмулан дар бештари кишварҳои пешрафтаи олам рўзномаҳои даврӣ дорои кормандони сершумор буда, дар муқоиса бо радиову телевизион доираи мавзўъҳои мавҷударо ба таври васеъ инъикосу пайгирӣ мекунанд. Ҷойи шакку шубҳаи дигаре нест, ки аксари хабарнигорону кормандони соҳа дар истифодаи шабакаи байналмилалии Интернет, ба вижа сомонаҳои иҷтимоӣ, дорои таҷрибаи камтару аз ин манбаъҳои хабарӣ ба таври номуайяну сарсарӣ истифода менамоянд.

Надоштани маърифати гиро ва заъфи тафаккур дар муддати чанд соли охир як теъдод ҷавонони ноогоҳи моро ба гирдоби шабакаҳои таблиғгари ифротгаро пайваст. Албатта, гурўҳҳои манфиатхоҳ аз чунин имконияту камзарфиятии ҷавонони ноогоҳу гумроҳи мо истифода карда, мақсадҳои нопокашонро фавран ба иҷро мерасонанд, ки натиҷаҳояш тавассути маълумоти омори расмӣ барои ҳар яки мову шумо маълум аст. Зикри чунин масоили умдаи ҷомеа, ки имрўзҳо боиси нигаронии зиёд гардида­асту дар баррасии мавзўоти ҷойдошта, шояд барои хонанда бегонатар намояд, аҷобате надорад, зеро агар амиқтар андеша намоем, таҳдоби яке бо дигаре иртиботи ногусастанӣ дорад. Дар ин ҷода табиати инсонӣ ба таври ғайриихтиёр водор ба он месозад, ки агар аз ҷое талаботаш қонеъ нагардад, ба сўи дигар рў меоварад. Албатта, ин ҷо манзур кору фаъолияти Васоити ахбори оммаи миллӣ аст, на чизи дигар...

Дар ин самт воқеияти дигар ин аст, ки ҷаҳони бо суръати кайҳонӣ тағйирёбанда ва муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ дар баробари дастовардҳои бесобиқа бисёр осебпазир гардида, зарари он ба ташаккули дунёи маънавии инсон рў ба афзоиш мебошад.

Дар заминаи ин ва чанд масоли умдаи ҷомеаи муосир 20-уми феврали соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи васеи намояндагони Васоити ахбори оммаи давлатӣ мулоқот карда, дар робита ба нақшу мавқеи онҳо, таъкид намуданд, ки “намояндагони Васоити ахбори оммаро зарур аст барои ба мардум ба таври фаврӣ расондани рўйдоду воқеаҳо фаъол бошанд. Бо истифода аз тамоми шароити моддию техникӣ ва неруи зеҳнӣ бо таҳияи барномаҳои ҳадафрас бинанда, хонанда ва шунавандаи худро аз вазъи ҷаҳон огоҳ созанд”.

Ногуфта намонад, ки рўзномаву маҷалла ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа, метавонанд дар ҳалли бештари мушкилоти ҷойдошта нақши муассир гузоранд. Дар замони муосир ҷиҳати сари вақт ба аҳолӣ расонидани иттилооти муҳиму фаврӣ дар баробари матбуоти чопӣ воситаҳои ахбори оммаи электронӣ низ саҳми намоён доранд. Вобаста ба натиҷаҳои мавҷуда, агар ба марҳилаҳои тайкардаи ин соҳаи муҳими кишвар назар афканем, бо чунин асноду далелҳои мушаххас рў ба рў хоҳем шуд.

Мутобиқи маълумоти Вазорати фарҳанги кишвар, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 ҳамагӣ 139 рўзномаву маҷалла вуҷуд дошт, ки аз ин шумора танҳо чор рўзномаи хусусӣ фаъолият мекард. Айни замон бошад, шумораи расонаҳои иттилоотӣ ба беш аз 630 номгў расидааст, ки аз ин миқдор 376 рўзнома - 112 давлатӣ, 264 ғайридавлатӣ, 245 маҷалла - 114 давлатӣ, 131 ғайридавлатӣ, 10 оҷонсии иттилоотӣ -1 давлатӣ, 9 ғайридавлатӣ дохил мешаванд, ки ҳар яки онҳо зздар инъикоси ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеа нақши муассир доранд.

Хушбахтона, дар ин самт бо ибтикори Пешвои муаззами миллатамон чанде аз қонуну қарор ва асноди зарурӣ ба тасвиб расида, рушду инкишофи ин соҳаи муҳими афзалиятнокро ба марҳилаҳои сифатан нав расонид. Дар заминаи дурнамои устувори кори соҳа, Сарвари мамлакат зимни таҳлилу баррасӣ аз сатҳи нокифояи касбияти баъзе аз кормандони шабакаҳои телевизион ва радиоии кишвар изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд, ки ҳангоми таҳияи барномаҳо бояд аҳли эҷод ба мазмуну муҳтаво, сатҳу сифати барнома ва интихоби мавзўъ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Дар робита ба мавзўоти мавҷуда илова гардид, ки манфиатҳои миллӣ тақозои онро дорад, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаҳои таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат карда, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа мусоидати фаъол намоянд. Ҳамзамон, муҳимтарин нуктаи дигари матраҳро Сарвари давлат дар сабқати устувори муборизаи ҷангҳои иттилоотӣ баҳри ҳифозати манофеи милливу давлатӣ унвон карда, афзуданд, ки ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар шароти мураккаби ҷаҳони муосир набояд сари шонаҳои як ё ду нафар маъмурияти ҳукумат бошад, балки бори мас­ъулияти чунин масъалаҳои авлавиятҳои миллӣ ба уҳдаи ҳар як шаҳрванди бедордил, ба вижа журналистони тавонову донишманд бошад.

Паҳлўи дигаре, ки Пешвои муаззами миллат дар самти ҳалли саривақтии онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд, ин набудани сеткаи доимии барномаҳои телевизион, шореҳони сиёсиву барномаҳои хуби таҳлилӣ ва натиҷаҳои нокифояи фаъолияти Академияи васоити ахбори оммаи кишвар буданд, ки зикри далелҳои воқеӣ, аз дастандаркорону намояндагони соҳа масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд.

Табиист, ки ҷаҳони маънавии инсонро аслан иттилооту фароғат дигаргун менамояд. Маъмулан чунин равандро бештари кишварҳои пешрафтаи олам, ҳамчун як воситаи муҳими таъсиррасонии сиёсату ғояҳои худ қабул намудаанд. Мо, албатта, имрўзҳо атрофи таъмини фазои иттилоотӣ сухани бештар мешунавему дастрасӣ ба онро аз шабакаҳои иҷтимоӣ як кори доимии рўзмарраи худ қабул намудаем.

Аз рўйи таҳлилҳо Сарвари давлат сатҳи фарогирии барномаҳои телевизион ва радиоии кишварро дар шароити феълӣ ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, иҷрои ноустувори барномаҳои гузашта ва қабули барномаҳои ҷадидро бо афзалиятҳои навин, муҳиму саривақтӣ унвон карданд. Набояд фаромўш созем, ки фазои иттилоотӣ ин доираи маҷмўи далелҳои воқеӣ буда, натиҷаҳои фаъолияти маънавии инсонро танзиму идора менамояд. Тибқи таҳлили олимону коршиносони соҳа, гузашти як даврони тайкардаи замон метавонад маҳсули эҷоди инсонро дар ҷомеа соҳиби мавқеъ ва нуфузи хосса гардонад. Бояд гуфт, ки солҳои охир дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ шабакаҳои иттилоотии мамлакат хеле рушд карда, имрўз инфрасох­тори соҳа ба шароит ва талаботи замони муосир ба сурати хеле камтар мутобиқ гардонида шудаанд. Дар идомаи мулоқот зикр гардид, ки назаре ба таърихи имрўзу дирўзи соҳа, моро ба он водор месозад, ки бо дарназардошти шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ шабакаҳои иттилоотии хабаррасонии телевизионӣ, самти фаъолияти худро бояд ба масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму ойинҳои мардумӣ, инчунин ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ бештар равона намоянд.

Ҳамин тариқ, дар заминаи бардошту таассуроти ин мулоқот баёни чанде аз назариёти худро ба сифати пешниҳод дар шароити феълӣ хело муҳиму саривақтӣ мешуморем. Пахши мустақими барномаву гузоришҳои иттилоотӣ, шарҳи муҳимтарин масоили умдаи сатҳи минтақаву ҷаҳон, роҳандозии барномаҳои фарҳангиву зеҳнии муосир бо ҷалби журналистону ровиёни ҳирфаӣ ва болотар аз ҳама, сари низоми фаврияту оҷилият ва сареҳият кор гирифтанамон шояд, моро каме ҳам бошад, дар пешбурди кори соҳа комгору муваффақ гардонад.

Воқеан ҳам, мулоқоти Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ, бори дигар ҳар яки мо - роҳбарони соҳаро водор ба он месозад, ки маҷмўи васеи суханронии Сарвари кишварро дар пешбурди иҷрои масъулиятҳои мавҷуда сармашқи кори худ намуда, баҳри амалисозии онҳо ҳамеша пешкору саҳим бошем.

Табиатан гумони ғолиб ин аст, ки шояд равиши гуфтору манзури назар, ба табъи нозуки бархе аз кормандону маъмурини соҳа каме нохушу боиси малол гардад, вале чӣ кунем, ки ҳама кору амалро ба эбаш мегўянду чун об ба ҳадди ниҳоияш расад, ғайричашмдошт сарозер хоҳад шуд.

 

Ҳақназар Каримзода Изатулло,

сармуҳаррири нашрияи “Мароми пойтахт”


Вакти нашр: 2019-02-28 14:49:05    Хонданд: 29    Муфассал...

АМНУ СУБОТИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОНРО ҲЕЧ ЯК ҚУВВАИ БЕРУНӢ ХАЛАДОР КАРДА НАМЕТАВОНАД

Бо ташаббус ва иродаи устувори халқи ватандӯсти тоҷик ва азму талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи ин шахсият дар кишвар сулҳу суботи комил ҳукмфармо аст. Ин амну субот аз ваҳдату ҳамбастагии мардум сарчашма мегирад, ки ҳамаи ин самараи Истиқлолияти давлатӣ аст.

Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистон яке аз кишварҳои амнтарин дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Бар пояи иттилои сомонаи АМИТ «Ховар», «Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои амнтарини сайёра шомил шуд. Раддабандиро маҷаллаи байналмилалии молиявии англисзабон «Global Finance» таҳия намудааст. Нишондиҳандаҳои асосӣ барои таҳияи раддабандӣ эҳтимоли пайдо шудани низоъҳои ҳарбӣ, сатҳи таҳдидҳо ба амнияти шаҳрвандон, сатҳи рушди иқтисодӣ, ҳамчунин эҳтимоли рух додани офатҳои табиӣ интихоб шудаанд». Дар воқеъ, сулҳу суботи кишвари мо ва дар рифоҳу осудагӣ умр ба сар бурдани сокинони ин мамлакати офтобӣ монанди рӯзи равшан аён аст. Тайи солиёни Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиндагии шоистаи сокинони кишвар, махсусан ҷавонон шароити мусоид фароҳам овардааст. Аммо, мутаассифона, бархе аз душманони миллат ба ҷомеаи навини мо, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои дар рӯҳияи сулҳу субот зистан рӯйи кор омадааст, назари нек надоранд.

Дар шабакаҳои интернетӣ хабаре паҳн шудааст, ки неруҳои исломӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон қарор доранд ва эҳтимол дорад, ки ин неруҳои ҷангҳоҳ марзро убур карда, ба Тоҷикистон ворид шаванд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар Афғонистон чандин сол аст, ки авзоъ ноором аст ва сокинони бегуноҳаш ба хоку хун оғуштаву дар орзуи сулҳу субот мебошанд. Аммо ин хабар дар мавриди Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоман иштибоҳ аст. Ҳамчунин, бадхоҳони кишвари мо навиштаанд, ки толибон нияти ба Тоҷикистон ҳуҷум карданро доранд. Ин матлаби ҳангомаҷӯ ва беасос танҳо барои оромию суботи ҷомеаро барҳам задан иншо шудааст. Зеро толибон ҳеч гоҳ нияти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷум карданро надоранд ва мақсади асосии онҳо аз Афғонистон берун кардани неруҳои хориҷӣ аст. Аз ҷониби дигар, мардуми шарифи Тоҷикистон, ки тамъи талхи ҷанги таҳмилии

шаҳрвандиро як бор чашиданду оворагиву сарсониро пушти сар намудаанд, ба ин иғвоҳои беасосу бардурӯғ ҳеч гоҳ бовар намекунанд ва ҳақ ҳам доранд. Мардуми тоҷик пуштибони сиёсати сулхоҳонаву бунёдкоронаи пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат мебошанд. Бинобар ин, ба ахбори бардурӯғи душманони миллат, махсусан ба бархе аз тақводорони сатҳӣ ва тарафдоронашон аз хориҷ ва дохил, ки зери ниқоби ислом баромад карда, баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ мафкураи бархе аз ҷавонони камсаводу гумроҳро заҳролуд менамоянд, бовар надоранд. Солҳои охир амалҳои таҳлукаангези террористӣ ва фаъолияти экстремистӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам боиси ба ҳам задани низомҳои сиёсӣ, амнияту суботи мардум, куштори аҳолии осоишта гардидааст. Аз ин истифода бурда, бархе аз хабарнигорони ҳангомаҷӯи хориҷӣ бо тарафдорӣ аз ин гурӯҳҳои ифротӣ мехоҳанд камбудиҳои ҷузъии ҷомеаро ошкор намуда, ба ҳамин васила вазъи ороми кишварро халалдор созанд.

Лозим ба таъкид аст, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои амнтарин маҳсуб меёбад. Сулҳу суботи комил дар кишвар боис шудааст, ки солҳои охир сафи сайёҳон ба маротиб афзун гардад. Бо итминон метавон гуфт, ки амну суботи ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистонро ҳеҷ як қувваи берунӣ халадор карда наметавонад.

Муллоаҳмадшоҳ ЧУРҒОСИЕВ- аъзои фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-02-28 14:55:51    Хонданд: 31    Муфассал...

Паём - роҳи рушди минбаъдаи кишварро муайян кард

Дар Паёми навбатии худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Зимни суханронии хеш Сарвари давлат таъкид доштанд, ки соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, соли воқеан таърихӣ буд. 22 - юми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об, татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Ба кор андохтани агрегати аввали неругоҳи барқии обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ - истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимии худро ба кулли ҷавонони Тоҷикистон баён намуда, таъкид намуданд, ки дар шароити проблемаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла таҳдиди хатарҳои терроризм ва экстремизм, ҷавононро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Аз ин хотир ҳамаи мо бояд бо ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлолро боз ҳам афзун намоем.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паём баррасӣ гардид, ин дастгирии соҳибкорон мебошад. Пешвои миллат эълон намуданд, ки минбаъд тамоми тафтишоти соҳибкорон қатъ карда шавад. Бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшид, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда, муаррифии пурраи имкониятҳои сайёҳии кишварамон, эҳё ба рушди ҳунарҳои мардумӣ як сол басанда нест. Аз ин рӯ зимни ироаи Паём, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 - 2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд.

Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, таъмин намудани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон, соли 2019 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» таҳия ва пешниҳод карда шавад.

Раҳимова Оишамоҳ – мутахассиси маркази таҳлилӣ ва омодасозии мутахассисони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур


Вакти нашр: 2019-02-28 15:06:39    Хонданд: 22    Муфассал...

МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ИФРОТГАРОӢ ЗАРУРАТИ ВОҶИБИ ТАЪРИХӢ

Муқовимат ба ифротгароии динӣ-сиёсӣ ва решакан кардани он дар Тоҷикистон, имрӯз ба зарурати воҷиби таърихӣ табдил ёфтааст ва ба назар чунин мерасад, ки Ҳукумати мо дар ин самт чораҳои хеле зарурӣ ва саривақтӣ андешида истодааст. Албатта, ин бесабаб нест, зеро ифротгароӣ ва ифротишавӣ зуҳуроти хеле хавф агарчӣ таблиғгарони он бо баҳонаи дини воқеӣ ва эътиқоди ҳақиқӣ аз номи ислом баромад мекунанд, ҳеҷ мансубияте ба ислом надоранд.

Ба таври дигар, ифротиён ин гурӯҳи тасодуфӣ ва гумроҳшудагоне мебошанд, ки дар аксар ҳолатҳо зери таассуб қарор гирифта, ақидаҳои худро тағйир додаанд ва дониставу нодониста, дар ниҳоят ба гурўҳҳои ифротӣ шомил шудаанд. Гурӯҳҳое, ки экстримистӣ ба ҳисоб рафта, бо шомил шудан ба он, шахси пайвастшуда, дигар имконияти баромадан аз онро гум мекунад ва дар гирдоби ақидаҳои ифротгароёна ғарқ гашта, нобуд мешавад. Гурӯҳе, ки танҳо як дари даромад дорад. Барои он, ки ҷомеа аз ҳадафҳои ашхоси ифротишуда ва гурӯҳҳои ифротии ба ҷомеаи инсонӣ хатарнок огоҳ шавад, бояд алайҳи онҳо на танҳо давлат, балки тамоми аҳолӣ мубориза барад. Муборизаи мазкур бояд дар якчанд самтҳо пеш бурда шавад:

- нахуст, ба таври назариявӣ фош кардани моҳияти ифротгароии динӣ-сиёсӣ ва таҳияи барномаи муборизаҳои идеологӣ алайҳи он;

- дуюм, ҷорӣ намудани маҷмӯи ислоҳоти қатъии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ, ки омилҳои иҷтимоии экстремизми динӣ-сиёсиро аз байн мебарад.

Ба назари мо, омӯзиши таърихи пайдоиши ифротгароӣ дар ҷаҳони ислом ва берун аз он, набояд ба мушкилоти «терроризми исломӣ», «таҳдидҳои исломӣ», «ноустувории бисёрҷабҳа» ва ғайра ҳаммаъно карда шавад. Мо бояд фаҳмем, ки фарқияти принсипиалии байни фалсафаҳои исломие чун порсоӣ, тақводорию парҳезгорӣ аз як тараф ва ифротгароиву терроризм аз тарафи дигар аз чӣ иборат аст.

Ҳамчунин ошкор намудани решаҳои таърихи ифротгароӣ дар ҷомеаи исломӣ, муайян намудани ҷойи тамоюли экстремизм дар низоми тамаддуни исломӣ ва ғариисломӣ пешниҳод мешавад. Набояд розӣ шуд, ки «ҳар як мусалмон – ифротист, агарчӣ на ҳар як ифротӣ мусалмон аст». Бояд иқрор кард, ки барои Тоҷикистони муосир мубориза бо ифротгароии динӣ-сиёсӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини барномаҳои наҷоти миллӣ ба шумор меравад. Зеро гурӯҳҳои ифротиву экстремистӣ на танҳо ба гурӯҳи кӯчаки аҳолӣ, балки ба пояи миллат ва давлат низ зарба хоҳад зад. Исботи инро ҷомеаи ҷаҳонӣ, аллакай дар муборизаҳои ифротгароёни исломӣ дар Сурияву Ироқ диданд ва аз зуҳуроти басо хавфнок будани он огаҳ шуданд.

Агар ба таърихи пайдоиши ифротгароӣ ва гурӯҳҳои ифротиву экстремистӣ нигарем, ифротгароӣ падидаи мураккаби иҷтимоие ба ҳисоб рафта, дар худ се навъи асосиро таҷассум мекунад:

- идеологияи ифротгароӣ, ки пойдевори экстремизм ба ҳисоб меравад;

- фаъолияти ифротгароӣ, ки татбиқкунандаи идеологияи ифротгароӣ дар ҳаёт номида мешавад;

- ташкилотҳои экстримистӣ, ки шакли ташкилоти иҷтимоии фаъолияти экстримистӣ дониста мешавад.

Аз ҷиҳати таркиб ифротгароӣ метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад. Аз ҷумлаи ифротгароии динӣ, сиёсӣ, этникӣ-динӣ, миллӣ, экологӣ, давлатӣ, иқтисодӣ, истеъмолӣ, ҷавонӣ, махфӣ, рост, чап, китобӣ, ифротгароӣ дар Интернет ва ғайра. Ҳамаи ин гуногуншаклӣ вобаста ба нишонаҳои гуногуни худ бештар аз ҳама дар фазои фаъолият ё аз рӯйи хусусияти таркиби идеологияи ифротгароӣ ва мақсадҳои он, зуҳур меёбад. Агар ба пайдоиши сарчашмаҳои он нигарем ва аз ҳадафҳои дар пеш гузоштаи гурӯҳҳои ифротгаро огоҳӣ пайдо намоем, он гоҳ муътақид мешавем, ки ташкили онҳо ҳамеша бар зарари ҷомеаи инсонӣ ва ҳатто бар зарари ислом аст.

Бояд зикр намуд, ки чунин омилҳои гуногун ифротгароиро ба вуҷуд меоранд:

  • шикастани сохтори иҷтимоии ташаккулёфта;

  • бесаводии насли љавон;

  • болоравии падидаҳои зиддииҷтимоӣ, завол ёфтани арзишҳои низоми пешин;

  • афзоиши эҳсосотии поймол шудани шарафи миллӣ ва ғайра.

    Ба омилҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки барои пайдоиши ифротгароӣ сабаб мешаванд, албатта якбора поён рафтани сатҳи зиндагии гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ, поён рафтани мақоми иҷтимоӣ ва ҳуқуқҳои ӯ ва озодии воқеӣ дар низоми иҷтимоии мазкур дохил мешаванд.

    Омили дуюми иҷтимоӣ-иқтисодие, ки ифротгароиро ба вуҷуд меорад, беоқибатии иҷтимоии гурӯҳи иҷтимоиест, ки дар набудани имкониятҳои воқеии иқтисодии гурӯҳи мазкур зуҳур ёфтааст.

    Омили сеюми иҷтимоӣ-иқтисодии ифротгароӣ тезутунд шудани низоъҳои иҷтимоӣ-гурӯҳӣ дар асоси тақсим намудани моликиятҳои ҷамъиятӣ ва даромадҳои ҷамъиятӣ пайдо шуда, бо ин сабаб кӯшиши якбора пурзӯр намудани дараҷаи истифодабарии як гурӯҳи ҷамъиятӣ аз тарафи гурӯҳи дигари ҷамъиятӣ ба вуҷуд меояд. Омилҳои иқтисодии ифротгароӣ дар натиҷаи гузариши низоми муайяни иҷтимоӣ ё тамаддуни муайян дар вазъияти бӯҳрони иҷтимоӣ-иқтисодӣ ҷамъ мешаванд. Саҳми аз ҳама асосиро дар шаклгирии ифротгароӣ омилҳои психологӣ мебозанд.

     

    Ҷамъаев Баҳовиддин Маҳмадназарович -

    н.и.и., мудири кафедраи иқтисодиёти љаҳон

    ва муносибатҳои байналмилалии ДСХ


Вакти нашр: 2019-02-28 15:14:16    Хонданд: 39    Муфассал...

Ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи давлату миллатанд

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ тибқи нақшаи мулоқоту вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба тарғиби дастовардҳои истиқлолият, одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе дар ҷойҳои серодам дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур бо ҷавонон вохўрї доир намуданд.

Дар вохӯрӣ Муҳриддин Ғафоров – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Дилшод Шарифӣ –Сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Самандаров Искандар-муовини Ректори ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Ҳукуматов Далер – намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Дустзода Афзалшо –Роҳбари дастгоҳ-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуданд.

Абдуев Хуршед - омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур дар доираи дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон ҳамчун пешбарандаи Истиқлолияти сиёсӣ, хизматҳои шоёни Пешвои миллат дар амали намудани се ҳадафи стратегӣ ва пешниҳоди њадафи чоруми миллї саноаткунонии босуръати кишвар, ташаккули рамзҳои миллӣ, саҳми Иҷлосияи ХVI-уми Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Дилшод Шарифӣ – Сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи самтҳои иқтисодии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ташабусси чоруми Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ 10-солаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028, факторҳои стратегияи рушди иқтисоди миллӣ, рушди соҳаи саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иброз намуд.

Дустзода Афзалшо – Роҳбари дастгоҳ-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат ва содиқонаву зиракона мубориза зидди неруҳои иттилоотии муғризонаи нотавонбинони миллат суханронӣ намуд.

Дар фарҷом миёни баромадкунандагон ва љавонон мубодилаи афкор сурат гирифт.


Вакти нашр: 2019-02-28 15:50:59    Хонданд: 53    Муфассал...



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс