МАРОМИ ПОЙТАХТ

Навидҳо

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИИ НОҲИЯИ СИНО

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Файзуллозода З.Ф., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Қурбонмамадова Қ,Н., аъзои маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия доир гардид.

Нахуст, гузориши Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода Заррина Файзуллозода “Оид ба фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии ноҳия дар соли 2018 ва вазифаҳои минбаъда барои соли 2019” шунида шуд.

Сипас, ҳисоботи раисони Комиссияҳои доимоамалкунандаи назди Кумитаи иҷроия “Оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия” ва “Оид ба масъалаҳои молиявӣ ва рушди соҳибкорӣ” шунида шуд.

Инчунин, масъалаҳои “Омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи роҳандозӣ намудани омӯзиши Одобномаи корманди ҳизбӣ” баррасї шуда, бозхонд ва интихоби аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроия, тасдиқи қарорҳои маҷлиси муассисони ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба таъсис ва қабул ба сафи ҳизб тасдиқ гардиданд.

Дар фарҷом ба чанд нафар аъзои фаъоли ҳизб ва ҳунармандону санъаткорон барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино супорида шуд.

 


Вакти нашр: 2019-01-02 14:11:13    Хонданд: 187    Муфассал...

Маҷлиси солонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ рўзи 29 –уми декабри соли 2018 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир гардид.

Дар маҷлис Расулзода Насимҷон-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Сайдалӣ Шамсов-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия иштирок намуданд.

Нахуст Расулзода Насимҷон сухани ифтитоҳӣ намуда, меҳмонон ва аъзои Кумитаи иҷроияро ба фарорасии Соли нави мелодӣ табрику шодбош намуд.

Сипас, натиҷаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Расулзода Насимҷон ироа гардид.

Ҳамзамон, масъалаҳои фаъолияти солонаи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳия, дар амал татбиқ намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузориши Раиси Комиссияи вакилии вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шунида шуд.

Дар фарҷом фаъолони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти ҳизб, ҳамкориҳои судманд, ҳамзамон дуруст ба роҳ мондани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, иштирок дар чорабиниҳои сиёсӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.


Вакти нашр: 2019-01-02 14:22:42    Хонданд: 189    Муфассал...

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

29-уми декабри соли равон Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки Азизов А.О.- Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Зуҳурова Зарина-мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб доир гардид.

Нахуст Азизов Азизхўҷа Орипович сухани ифтитоҳӣ намуда, ҳозиринро ба Соли нави мелодӣ табрику шодбош намуд. Сипас, масъалаҳои баррасишаванда дар маҷлиси Кумитаи иҷроия мавриди муҳокима қарор дода шудаанд.

 


Вакти нашр: 2019-01-02 14:30:32    Хонданд: 201    Муфассал...

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР

29- уми декабри соли 2018 бо иштироки Гулаҳмадзода З.А.-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Муродов Ҷ.Қ.-роҳбари Дастгоҳи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, аъзои Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур доир гардид. .
Дар маҷлис масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд. Омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018, Омӯзиши “Одобномаи корманди ҳизбӣ” дар ташкилотҳои ибтидоии ноҳияи Шоҳмансур, Гузориши Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода З.А. “Дар бораи натиҷаи фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ дар соли 2018 ва вазифаҳои минбаъда дар соли 2019”, Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур аз ҳавзаи интихоботии №21 Саидова Ҳафизамо Озодовна “Дар бораи дар амал татбиқ намудани барномаи пешазинтихоботӣ, омӯхтан ва ба мақомотҳои дахлдор пешниҳод намудани таклифу дархостҳои интихобкунандагон”, Дар бораи тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули аъзо ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Дар бораи тасдиқи қарори муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ оид ба таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ.
Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Ҳамзамон, дар маҷлиси васеъи Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия собиқадорон ва фаолони ҳизб бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.

 


Вакти нашр: 2019-01-02 14:44:56    Хонданд: 210    Муфассал...

Чу узве ба дард оварад рӯзгор

Дар ҷаҳони муосир, раванду ҷараёнҳое арзи ҳастӣ намудаанд, ки башариятро таҳти таҳлукаву тарс қарор додаанд. Бидуни оне, ки теъдоди офатҳои табиии вобаста ба тағйирёбии иқлим меафзояд ва ҷони чандин инсонҳоро ҳар рӯз аз миён мебарад, боз омили номатлуби аср-терроризму экстремизм ба ҷони одамон хатар эҷод мекунад.

Ба сари мардум тоҷик амали даҳшатбори ин омили номатлуб ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта омада буд. Ин рӯзҳоро мардуми тоҷик ҳаргиз аз ёд намебарад. Зеро ҷону моли онҳо дар ин ҷанги таҳмилӣ талаф ёфта буду асари талху шӯри он то имрӯз бисёр оилаҳоро азият медиҳад. Бар асари ин ҷанги хонумонсӯз беш аз 100 ҳазор кушта, зиёда аз 60 ҳазор гуреза ба кишвари ҳамсояи Афғонистон ва 195 ҳазор ба кишварҳои ба мо дӯсти Ӯзбекистону Русия фирор намуданд. 35 723 хона вайрону валангор, 25 ҳазор зан бева, 53 ҳазор кӯдак ятим гаридид. 61 муассисаи тиббӣ аз фаъолият боз монда, дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон бисёр мактабҳо мавриди роҳзаниву ғорат қарор гирифтанд. Аз соли 1992 то 1993 маблағи умумии зарари моддӣ беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Иқтисоди Тоҷикистон касод ва муфлис гардида, Тоҷикистон ба қатори яке аз давлатҳои қашшоқ ворид шуд. 800 гурезаи тоҷик, ки ба кишварҳои Афғонистону Покистон ва дигар ҷумҳуриҳои ҳамсоя фирор намуда буданд, ба Ватан боз гардонда шуд. Сарвари давлат ҷон ба кафи даст ба ҷумҳурии Афғонистон рафта, бародарвору падарвор гурезаҳои тоҷикро ба Ватан овард. Мардум ба ин ҷавонмарди асил ба суханҳои пурмеҳру самимонаи пешвои бовар намуда, ба хоки Тоҷикистон боз гаштанд ва зиндагиро аз сари нав оғоз намуданд.

Мардуми тоҷик таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалї Раҳмон ва ғайрату шуҷоати беназири ин абармади сиёсат вайронаҳоро обод, даштҳоро хуррам ва бисёр иқдомҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоиро анҷом дод, вале зарари маънавию равонии аз ин ҷанг расидаро ҷуброн кардан метавон? Худоё он рӯзҳоро душмани кас набинад. Вале чи мегӯед, ки сенарияи ин ҷанг дар бисёр мамолики Шарқи Наздик ва Афғонистон амалӣ гардида ва то имрӯз идома дорад. Вазъи сиёсии Украина низ мисоли ин гуфтаҳо мебошад. Башарият дар назди мушкилоти эҷодкардаи худ дар андеша аст. Зеро чуноне Саъдии бузургвор фармудааст:

Чу узве ба дард овард рӯзгор

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Яъне аз амалҳои террористӣ ягон давлат эмин буда наметавонад. Тоҷикистон дар самти мубориза бо ин омили даҳшатбору ваҳшатбор якумин шуда дар ҷаҳон, иқдоми ҷиддиро пеш гирифт. Имсол конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”-ро дар Душанбе баргузор шуд, ки намояндаи беш аз 500 давлати дунё дар он ширкат намуд. Ҳамзамон, имсол Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд.

Тоҷикистон яке аз пешоҳангони мубориза бо омили манфури аср терроризму экстремизм дар ҷаҳон шинохта шуд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҳангоми суханрониҳояш аз минбарҳои баланди ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ оид ба мубориза бо ин падида номатлуб ҳарф зада, аз дини поки ислом ҳимоят мекунанд. Махсусан, ҷиҳати бас кардани муноқишаҳо дар давлати Афғонистон ва дастгирии мардуми ин кишвар ҳарф мезананду ҷонибдорӣ менамоянд. Воқеан, ин амалҳои созандаву хайрхоҳонаи Пешвои миллат боиси ифтихору сарфарозист.

 

Шоҳрух Карим


Вакти нашр: 2019-01-03 13:34:06    Хонданд: 184    Муфассал...

Ба ҳар сурат, ки ҳастӣ акси худро ончунон бинӣ

Бо расонаӣ гардидани иттилоъ бобати он ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузорӣ муқаррарот бобати маҳдудият дар робита ба занони сатрпӯш ҷорӣ мешавад, сӯзиши шадиди “пӯшт”-и Муҳаммадиқболи Садриддин шадидтар гардид. Ин бахтбаргашта масъаларо ончунон “ливо” кардан дорад, ки як идда ашхоси ноогоҳ ӯро шояд ҳомиии зану модари тоҷик пиндоранд. Ба ҳеҷ ваҷҳ чунун набуд нест.

Муҳаммадиқбол (минбаъд Иқболи «беиқбол») ба сатр “майл”-е, ки аз хурофот маншаъ гирифтааст, дорад. Ин аст, ки тамоми хонумоҳои худ, ҳатто яке аз занҳояш Ш-и аврупоипӯш ва бо мардони зиёд равобитдоштаро сатрпӯш кард. Доир ба ин масъала – ахлоқи Иқболи беиқбол зиёд метавон гуфт ва дар ин ҷода ба ҳеҷ ваҷҳ ба камбуди далел мувоҷеҳ нахоҳем шуд. Вале мо инро камоли мардонагӣ намедонем, дар ҳоле ки “чену бар” кардани олоти таносули дигарон аз аъмоли дӯстдоштаи мухотаби мо аст.

Иқболи беиқбол бояд беҳтар аз дигарон донад, ки кулли ибтикори дар робита ба либоспӯшии занони тоҷик аз ҷониби сохторҳои дахлдор амалигардида ҷанбаи ахлоқӣ дошта, рабте ба исломбадбинӣ надорад. Далели бебас аст, ки болоравии ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон, ки меҳвари он хурофот аст, метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Бо дарки масъулият метавону гуфт, ки дар баробари омилҳои дигар, аз қабили тақлид ба тарзи либоспӯшии ба анъанаҳои мо носозгор, таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ва ғайра рӯ ба чунин тарзи либоспӯшӣ овардани як идда бонувони тоҷик аз заифиродагӣ ва хурофотпарастии мардоне чун Икболи беиқбол сарчашма гирифтааст.

Шахси мавриди назари мо чаро аз он ёдовар намешавад, ки ба шарофати чунин хурофотпарастӣ аз як миллиарду чорсад миллион мусулмони олам 800 миллион нафарашон бесаводанд. Иқболи беиқбол бо ибрози сафсатаҳояш бори дигар собит намуд, ки таърих ва моҳияти чунин тарзи либоспӯширо намедонад. Агар ин раванд пешгирӣ намешуд, як гурӯҳи занону духтарон диндориро на дар ботин, балки дар зоҳир тасаввур карда, бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик арзишҳои фарҳанги миллии моро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира сохтанӣ буданд.

Аслан, ҳаргиз нияти вокуниш зоҳир намудан ба андешаҳои сафсатаомез ва аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дури номбурдаро надоштам. Зеро, тавваҷҷуҳ ба ин гуна сафсатаҳо сарфи беҳудаи вақт ва харҷи барабаси неруи зеҳнӣ аст, на чизи дигар. Вале ҷилваҳои ин бахтбаргашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сафсатапароканиаш, ки марзи касбияту одамиятро даѓалона убур менамояд. водор намуд, ки чанд андешаро, ки дар муқоиса бо суханони пойдарҳавои мавсуф асоси воқеӣ дорад, пешниҳоди хонандагони закӣ намоям.

Ҳар инсони солимфикр ҳанӯз аз лаҳзаҳои дарк менамояд, ки суханони Иқболи «беиқбол» дар ягон қолаб ва меъёрҳои инсонӣ намеѓунҷад.

Ногуфта пайдост, ки пешравиҳои кишвари азизи мо барои чунин нафарон мисли кордест, ки ба гушту нохунашон расидааст, хорест, ки муназзам ба дидагонашон мехалад ва устухонеро шабеҳ аст, ки дар гулуяшон дармонда. Табиист, ки бо ҳар роҳу васила мехоҳанд аз ин раванд интиқод кунад.

Дар маҷмӯъ, амалҳои ин қабил «душманӣ бо офтоб аз аблаҳист»-ро мемонад. Итминонам комил аст, ки агар дар садри давлати Тоҷикистон аз арши аъло фаришта қарор дошта бошад, ҳам барояшон ба ҳеҷ ваҷҳ мақбул нахоҳад буд. Ҳазёнгӯиҳои Иқболи «беиқбол» бароямон падидаи нав нест. Дар заминаи ироаву ибрози «назар» и хеш, ки асалан барои ин нафар падидаи маъмулӣ ва амри муқаррарист, мехоҳад мунтазам худро ҳамчун чеҳраи хабарсоз расонаӣ кунад. Муътақидам, ки ҳадаф аз ин иқдом низ танҳо бори дигар аз худ «дарак» додан ва ба маҳзари ом гузоштани хеш ҳамчун «ситораи тобнок», аз хеш ҷабрдида «тарошидан» аст, на чизи дигар… Ба ибораи дигар, «муқтазои табиаташ ин аст» ва «дарди кампир ѓӯза». Бидуни шубҳа мегӯям, ки барои Иқболи беиқбол омилҳои зикршуда, аз ҷумла эътироз ба ин ё он масъала танҳо василае барои худнамоӣ ва мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифтан асту халос. Он рӯз дур нест, ки Иқболи «беиқбол» дар идомаи он ибтикоре, ки ба бардошта шудани парда аз симои манфури масъулин ва аъзои ТТЭ ҲНИ рабт дорад, аз мавқеъгириҳои қаблиаш пушаймон шавад. Ба касе пӯшида нест, ки ин содаро наҳзатиҳо хеле моҳирона «гул» заданд. Ин «беиқбол» то ҳанӯз дарк накардааст, ки наҳзатиҳо нафароне нестанд, ки «бо онҳо ба разведка рафтан шояд». Вале ба ҳар сурат, «сари кафида зери тоқӣ» ва «туф кунам ба болои худам меафтад» гуфтагӣ барин, хомӯширо ихтиёр карда, “фаъолият” дорад. Дер ё зуд номбурда дарк хоҳад кард, ки дини ислом барои роҳбарон ва аъзои ТТЭ ҲНИ василаи расидан ба мансаб ва амалӣ намудани мақсадҳои нопок маҳсуб ёфта, дар ин ҷода арзишҳои инсонӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои дигарон «як пули пучак» арзиш надоштанду надоранд. Муҳимтар аз ҳама, ҳамагуна кӯшиш ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи мардум, тавассути аз худ ҳамчун бечора дарак додан дигар умуман натиҷа намедиҳад. Ин ҳақиқатест, ки Иқболи беиқбол ва ба ӯ монандҳо дарк намуданашон зарур ва ногузир аст. Ба қавли шоире:

 

Ҷаҳон дори мукофот асту дорад табъи оина,

Ба ҳар сурат ки ҳастӣ акси худро ончунон бинӣ.

 

Сорбони Комрон

 


Вакти нашр: 2019-01-03 13:51:34    Хонданд: 151    Муфассал...

ПАЁМ ДУРНАМОИ РУШДИ МАМЛАКАТИ МО

Дар асоси барқияи телефонии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва мактуби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Меҳмонхонаи фарҳанг” соати сиёсӣ доир намуданд.

Убайдулло Қурбонов - муовини раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ роҷеъ ба дастовардҳои назаррасу таърихии кишвар дар соли сипаригардида изҳори андеша намуда, таъкид намуд, ки Паёми имсола чун Паёмҳои пешин барномаи мукаммалу пурмуҳтаво ҷиҳати рушди самтҳои муҳиму афзалиятнок маҳсуб меёбад. Мавсуф изҳор дошт, ки бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори самти сайёҳӣ, деҳот дар Паём пешниҳод гардид, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд. Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаи маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

 


Вакти нашр: 2019-01-04 13:25:12    Хонданд: 150    Муфассал...

ВАТАН МАЪВОИ МЕҲР ВА САРЗАМИНИ АҶДОДӢ

Ватанам, як нафас аз ёди ту фориғ нашавам,

Фориғи дар раҳи ту меҳри туро бохтан аст.

Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,

Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст.

Ватан, меҳан-сарзаминест, ки инсон дар он таваллуд шудаву ба камол мерасад. Мафҳуми ватандорӣ, ватанхоҳӣ ва ватандӯстӣ дар ниҳоди ҳар як нафар бояд вуҷуд дошта бошад. Миллати тоҷик, яке аз миллатҳои қадимаи олам ба шумор мераванд, ки ҳазорон нобиғаҳои оламшумулро дар оғӯши Ватан ба камол расонда, ки онҳо дар рушди калидии илми ҷаҳон нақш гузоштаанд. Имрӯз ва боз садсолаҳои дигар миллати тоҷик бо онҳо ифтихор хоҳад кард. Ба қадри табиати нотакрор ва обу ҳавои Ватан касе бештар мерасад, ки боре аз Ватан дур афтодаасту шаҳди ғарибиро чашидааст. Дар осори гузаштагони мо ибораҳои ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ зиёд вомехӯранд, ки сартопо талқинкунандаи ватандӯстӣ мебошанд. Барҳақ устод Мирзо Турсунзода фармудаанд:

Чун нињодам пойи худро бар сари хоки Ватан,

Борњо бўсидам аз рухсораи поки Ватан.

Дар бораи осор ва хизматҳои устод Мирзо Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд: «Муњаббати поки устод Мирзо Турсунзода ба сарзамини аљдодї, обу хоки Ватан, бешубња барои наслњои зиёди миллат њамчун намунаи олии ибрат хизмат хоњад кард. Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеъре барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ў тимсоли хизмати содиқонаи як фарди зиёї ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад. Устод Мирзо Турсунзода воқеан Қањрамони Тољикистон аст. Мењри ў дар ошёни баландтарин – дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди мањбуби хешро то абад њифз хоњад кард». Дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддуну фарҳангҳо ватандӯстӣ фишанги асосии ҳаракатдиҳандаи ҷамъият ва пешгирии ифротгароиву хурофотпарастӣ ба ҳисоб меравад. Мушоҳидаҳои ҳамарӯза нишон медиҳад, ки дарки моҳияти ватандӯстии насли нави кишвар ба маротиб боло рафтааст. Ҳар куҷо бо ин насли созанда суҳбат ороста шавад аз давлатдории навини худ ба ифтихор ҳарф мезананд, онро азизу гиромӣ, ҳар зарра хокашро аз ганҷ қиммат, обу хокашро муқаддас, ҳифзашро қарзи фарзандӣ ва саҳм гузоштан дар ободониашро масъулияти шаҳрвандӣ медонанд.

 

Ватан бар ман азизи ҳамчуноне бар танам ҷонам,

Ба ҷуз нафъи Ватан чизи дигарро ман намедонам.

Ба номат эй диёри бахт ин аст аҳду паймонам,

Тамоми ҳастиям пайваста бо ту эй Ватан ҷонам.

Ба қадри Ватан расидан аз он ифтихор кардан ва дар баробари он дар рушди он саҳм гузоштан вазифаи ҳар шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад. Ба ибораи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Таъкид бояд кард, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат натанҳо қарзи хизматчиёни ҳарбӣ, балки вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст”. Дар олам халқиятҳое вуҷуд доранд, ки дар орзуи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ҳастанд вале ин неъмат ба онҳо муяссар нагаштааст. Онҳо дар ин ё он кишвар умр ба сар мебаранду мутеи ин ё он миллат ҳастанд.

Миллати тоҷик аз азал миллати тамаддунофар буда дар тӯли таърих шаҳрҳову кишварҳои зиёде бунёд намудааст яъне ҳамеша сарбаланду ватанхоҳу ватандор буд. Ҳарчанд нотавонбинони ин миллат мехостанд миллати тоҷикро пароканда кунанд, борҳо ба сари ин миллат лашкар кашиданд хушбахтона ин миллат ҳастияшро, фарҳанги бою ғанӣ ва забони ширину гуворояшро ҳифз кард. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар ягон давру замон ба сари ягон миллате лашкар накашидааст ҳамеша таҳаммулгаро ва сулҳхоҳу озодихоҳ буд. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ миллати тоҷик аз давлатдории навини худ ифтихор мекунанд ва кӯшиш мекунанд, ки дар арсаи байналмилалӣ номи миллат ва ватани азизашон-Тоҷикистони озоду соҳибистқлолро баланд бардоранд.

Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Ҷиҳати ҳифзи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, таҳкими минбаъдаи истиқлолияту озодӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмин намудани пешрафту ободии Ватани азизамон дарки дурусти манфиатҳои милливу давлатӣ, шаъну шараф ва ғурури ватандорӣ бисёр муҳим мебошад, яъне ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз шаҳрванди Тоҷикистон будан ба ҳайси омили меҳварии муттаҳидсози ҷомеа дар зеҳну шуури ҳар як шахс бояд нақши муассир дошта бошад”.

Дар марҳилаи кунунии зиндагӣ, ки баъзе аз гуруҳҳои нотавонбин бо дастгирии хоҷагонашон мехоҳанд амнияти кишвари моро халадор кунанд. Онҳо гумроҳоне беш нестанд зеро фаромӯш кардаанд, ки ин миллат дасисаву ҳадафҳои нопоки онҳоро медонад ба ҳеҷ ваҷҳ онҳо ба боварӣ нашоянд. Бо обу нону намаки Ватан ба воя расиданд ва имрӯз аз хориҷи кишвар ба сари миллати тоҷик санг мепартоянд, ки ин нишонаи ҷавонмардӣ набуда як амали зишти ғайри инсонӣ мебошад. Ҳеҷ гоҳ ин миллат ин Ватан онҳоро намебахшад ва дар урфияти гуфтаанд, ки “Бори каҷ ба манзил намерасад”. Онҳо низ ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ нахоҳанд расид зеро “Аз дасти талбанда дасти диҳанда беҳтар аст”.

Чӣ тавре, ки дар рубои боло зикр шуд онҳо дар ҳамин Ватан беватан буданд яъне “ Дар Ватан будаи бе ёди Ватан беватан аст”.

Тоҷикистони ободу озоду соҳибистиқлол дорои табиати биҳиштосо, руду дарёҳои мусаффо ва мардуми меҳмонавозу поксириштро дорост. Ин Ватан боиси дуст доштан аст, чун ҷон ҳифзаш бояд кард нагузорем, ки ҳеҷ як нотавонбин қадами нопоки худро ба ин сарзамини аҷдодӣ гузорад.

Торе, ки туро Ватан нахоҳад, назанам

Он дил, ки ғами Ватан надорад, шиканам

Шамъе, ки барои Ватан насӯзад, бикӯшам

Чашме, ки туро Ватан набинад, биканам

Дар ҳифзи марзу буми кишвар ҷавонон бояд ҳамеша омода бошанд ва ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар рафта дар назди Модар-Ватан қарзи фарзандии худро адо намоянд. Имсол аз таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-сол пур мешавад. Албатта дар назди таърих 25-сол на он қадар соли тӯлони аст вале набояд фаромӯш кард, ки баъди пошхӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба кишвари мо ягон меросӣ ҳарбӣ боқӣ намонда буд. Бо талошҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар заминаи хушк яъне аз сифр бунёд гардид ва дар муддати 25-сол ба як артиши пуриқтидор табдил ёфтааст. Таҷлили ҷашни 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар ниҳоди насли ҷавони кишвар ҳисси худшиносӣ ва омода будан дар ҳифзи Ватанро бедор намояд.

Таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон бисёр муҳим ва ба маврид аст, ки гуфтаанд: “Ҷавонони мо, ки ояндаи миллати сарбаландамон мебошанд, бояд донанд, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз аст”. Бо мақсади дар ниҳоди насли наврас бедор намудани ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ дастаҷаъмона таваҷҷуҳ зоҳир бояд кард. Ҳисси ватандустиро нахуст дар оила ба фарзандон бояд омӯхт баъдан дар мактаб ва дар муҳити атроф ҳисси ватандӯстӣ ташаккул ёфта фарзанд барои ҳимояи Ватан омода мегардад.

Набояд фаромӯш кард, ки Модар-Ватан бо ҳазорон орзуҳои нек моро ба воя мерасонад то ин ки ҳамавақт баҳри ҳифзаш омода бошем. Тоҷикистони азизи мо ва мардуми шарифи кишвар бо роҳбарии Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои устувор гузоштаистодаанд. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат кишварамон симои худро ба кулли тағйир дода рушди он бо маром идома дорад. Тоҷикистон имрӯз ба яке кишварҳои амнтарини сайёра ба ҳисоб меравад ва дар замони истиқлолияти давлатӣ кишвари соҳибистиқлолӣ мо дар ҳамаи ҷанбаҳо рушд кардаву миллати тоҷик дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурдаистодаанд.

Хулоса, миллати тоҷик миллати ватандӯсту хештаншинос аст ва сидқан якҷо мегӯем, ки:

... Ту модарӣ, ягонаӣ,

Бақои ту бувад бақои хонадони мо,

Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо.

Зи ту саодати абад насиби мост,

Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон, ҳабиби мост, ҳабиби мост,

Зинда бош эй Ватан,

Тоҷикистони озоди ман.

Изатуллои Ҳабибзод-муовини раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур

 


Вакти нашр: 2019-01-04 14:22:25    Хонданд: 184    Муфассал...

Ҳидоятгар ба зиндагии шоиста

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне ироа гардид, ки мардуми шарифи кишварамон ба соли 2018 хайр гуфта, дар арафаи истиқболи соли нави мелодӣ қарор доштанд. Соли сипаришуда барои тамоми тоҷикистониён муҳим ва таърихӣ буда, барои мардуми шарифамон хотирмон боқӣ хоҳад монд.

Ба он хотир таърихиест, ки дар моҳи марти соли 2018 бо иштирок ва ташаббуси Пешвои миллати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» оғоз гардид, ки амали воқеан сутуданӣ ва таърихӣ мебошад. Маҳз ба ин васила, метавон ба яке аз мушкилиҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ расидагӣ намуд.

Масъалаи дигаре, ки таърихӣ будани Паёми имсоларо исбот месозад, ин ба кор даровардани агрегати якуми НБО-и «Роғун» буда, ормони чандинсолаи мардуми Тоҷикистон аст, ки дар моҳи ноябри соли 2018 амалӣ гардид. Маҳз талошҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ буданд, ки моро ба ин орзуи афсонавӣ расониданд. Чанд сол пеш, замоне тариқи оинаи нилгун Пешвои миллат ба мардуми Тоҷикистон бо муроҷиатнома даъват ба амал оварда буданд, ки «мо дар наздиктарин фурсат НБО «Роғун»-ро фатҳ мекунем», ҳамагон дар ҳайрат буданд, ки чӣ гуна метавон ин иншооти бузургро танҳо, бе ёрии сармоягузорон анҷом дод. Аммо соли 2015, вақте дар ҳайати як гурўҳ ҳамкорон аз ин иншооти бузурги аср дидан намудам ва бо фаъолияту кори сохтмончиён шинос шудам, бори дигар ба дурандешиву хирадмандӣ ва бузургиву кордонии Ҷаноби Олӣ таҳсин хондам. Расидан ба ин ҳадаф, дар дили тамоми мардум рўҳияи нав бахшида, шуълаи умеду ормонро барояшон ба бор овард. Васфи ин дастовардро метавон дар ҳаҷми даҳҳо китоб иншо намуд, зеро ба ин васила мо метавонем ба ҳадафҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бирасем.

Масъалаи сеюми таърихӣ ин дар самти барқарор гаштани муносибатҳои дўстона бо ҷумҳурии ҳамсояи мо Ўзбекис­тон мебошад, ки барои тамоми аҳолии ҳар ду кишвар судманд ва хотирмон аст. Бо эҳё гаштани муносибатҳои дўстона, пеш аз ҳама, дар сатҳи ду кишвар муносибатҳои сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор шуд. Инчунин, барои мардум дарҳои байни сарҳаде, ки ҳазорсолаҳо кушода буда, бо як дину оин, фарҳангу суннатҳои дерин солҳои зиёд ба ҳам зиста буданд, кушода шуд ва «рафтуомади озодонаи мардум таъмин гардида, дар зарфи нуҳ моҳ беш аз дуюним миллион нафар шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба дидори хешу табори худ муяссар шуданд ва ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ бамаротиб таҳким ёфтанд»,- қайд гардид дар Паём.

Дар Паёми Пешвои миллат тамоми паҳлўҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ба тафсил матраҳ гардида, вазифаҳои яксолаи Давлату Ҳукумат дар назди вакилон гузошта шуд.

Дар натиҷаи амалӣ гардидани вазифаҳои дар Паём ирсолшуда сатҳи зиндагии мардум боз ҳам болотар гашта, мо ба ҳадафҳои гузоштаи Пешвои муаззами миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам наздиктар мегардем.

Ин ҳадафҳо пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахшҳои истеҳсолӣ, ташкил шудани ҷойҳои кории нав, афзудани даромади пулии аҳолӣ, рушди соҳаҳои фарҳангу варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустӣ, низоми бонкӣ ва дигар нақшаҳоро боз ҳам пурсамартар намуда, қадамҳои устувори моро барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва ниҳоят, моро барои расидан ба зиндагии шоиста ҳидоят менамоянд.

Шукрулло ХАЙРЗОДА,

ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон


Вакти нашр: 2019-01-04 14:28:04    Хонданд: 183    Муфассал...

Ҳадафҳои олӣ ва роҳи созанда дар Паём

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар замоне ироа гардид, ки Тоҷикистон ба марҳилаҳои нави рушд ворид гардида, мардуми кишвар ба сӯи ояндаи дурахшон дилпурона қадам мегузорад. Хушбахтона, айни замон дар кишвар сулҳу суботи комил ва истиқлолияти энергетикӣ дар равнақу рушд қарор доранд ва ин дастовардҳои беназир боиси ба ояндаи нек назари боэътимод доштани ҳар як сокини кишварро боз як бори дигар таъкид месозанд. Ин масъаларо ба назар гирифта, дар Паёми навбатиашон Сарвари давлат чунин ибрози ақида намуданд: «Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ амалӣ гардонида истодаем». Маҳз ҳамин нуктаҳо, ки дар Паём садо доданд, моро низ водор кунонданд, ки ҳама дар якҷоягӣ метавонем мушкилиҳоро паси сар карда, Ватанамонро ободтар созем. Дар баробари ин, Пешвои муаззами миллат аз ҳадафи чоруми миллӣ, ки саноатикунонии босуръати кишвар мебошад, хабар доданд. Воқеан, ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бо нангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин мамлакат аст.

Паёми Президент, дар ҳақиқат, вусъатнок ва илман асоснок буда, аз шукуфоии ватан ва ояндаи дурахшони кишвару халқамон дарак медиҳад. Аз ин рӯ, Паём барномаи амали ҳар як фарди масъулиятшиноси мамлакат бояд бошад, то ки дар асоси он барои рӯзгори осудаи худу фарзандон, шукуфоии диёр аз сидқи дил меҳнат кунанд. Танҳо дар ҳамин сурат орзуҳои наҷиби ҳар як шаҳрванд метавонад ҷомаи амал пӯшад.

Ин Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳимме, ки самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро муайян месозад, бояд мавриди омӯзиш, тарғиб ва баҳрабардории ҷомеа қарор гирад. Он ҳамчун дастури муҳим натанҳо барои ҳар як аъзои Парламент, балки барои ҳамаи шахсоне, ки вазифаҳои масъули давлатиро бар дӯш доранд, дар таъмини амнияти сиёсиву иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ саҳмгузор бошад.

Нурализода А.Н.-аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Сино

 


Вакти нашр: 2019-01-04 14:36:11    Хонданд: 196    Муфассал...

ОЛИМОН-БИОЛОГҲО ЗИДДИ ЗУҲУРОТИ ТЕРОРИЗМ

Илм яке аз омилҳои калидӣ дар инкишофу пешрафти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии сокинони сайёра ба шумор меравад. Аммо рушту нумуи бемайлони илм пеш аз ҳама ба сулҳу салоҳ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии сокинони ин ё он давалат зич алоқамандӣ аст. Аз ин лиҳоз олимону мутахассисони Институти ботаники, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ ба масъалаи минбаъд ҳам тақвият бахшидан ба сулҳу салоҳ дар мамлакат, боз ҳам устувор гардонидани ваҳдати миллӣ баҳри тинҷиву оромии ҷомеа кушиш ба харҷ медиҳанд.

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст, ки «авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст, кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд. Ин вазъият самаранокии мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосирро, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро тақозо менамояд, коҳиш дода, баръакс, боиси пуштибонӣ ёфтани гурӯҳҳои террористиву ифротгаро аз ҷониби баъзе доираҳо ва истифодаи ин нерӯҳои даҳшатнок ба муқобили минтақаву давлатҳои алоҳида мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он Стратегияи ҷаҳонии созмонро оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шӯрои амният ва Маҷмаи умумиро асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ дониста, омодагии худро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин арса изҳор менамояд. Ба ин хотир, Тоҷикистон талошҳои худро вусъат бахшида, дар самти муборизаи самарабахш бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир, чун пештара, шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ хоҳад буд».

Олимони Институт ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ сулҳу ваҳдат, осоиш ва амнияти кишваро, ки аз сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки мақсади асосии он ба гул-гулшукуфои Тоҷикистони азиз, ваҳдатофаришӣ, сулҳ ва инсондустию инсонпарварӣ равона карда шудааст, ҳаматарафа дастгирӣ ва ҷонибдорӣ намуда, кирдорҳои гурўҳҳои ҷиноятпеша, терористӣ ва роҳбарони авбоши онҳоро дар ҳаёти инсонӣ сахт маҳкум менамоянд. Олимон – биологҳои Тоҷикистон шукри онро менамоянд, ки сиёсати дурандешонаи интихобкардаи Сарварии давлат, ки моҳияти он сулҳу ваҳдатофарӣ мебошад, ҳар як сокини соҳибфарҳанги кишварро, пеш аз ҳама мо олимонро водор месозад, пеши роҳи тероризм ва эксремизмро гирфта бошем ва кушиш ба харҷ диҳем, ки ҷавонон фирефтаи ҳар гуна фитнаҳои онҳо нагарданд.

Мо, олимон ва кормандони соҳаи илм бояд сулҳу осоиштагии Ватанро мисли гавҳараки чашм доимо эҳтиёт намуда, бо дастовардҳои минбаъдаи илмиамон бояд рушду нумуи кишварамонро тақвият бахшем, то ин ки он дар ҷараёни ҳаёти мураккаби олами имрўза ва дар назди ҳар гуна нохалафону бадбинон қаввӣ ва устувор бошад. Дар ин ҷо як нуқтаи басо муҳимро бояд қайд намуд, ки тарбияи насли наврас дар рўҳияи ватандўстӣ, ки ин падидаи нави иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ башумор рафта, барои танзими ҳаёти солими инсонҳо ва пешрафти ҷомеъа омили асосӣ баҳисоб меравад. Соли сипарӣ гашта (соли 2018) халқи тоҷик 21-умин солгарди Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваҳдат дар байни халқи тоҷик мартабаю мақом ва аҳамияти бештар пайдо кард.

Таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замон содиршавии терроризм ва экстремизм вуҷуд дошт ва дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар мушкилотҳои башарӣ, терроризм ва экстремизм ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт. Зарур аст, ки омӯзиши ин самт дар корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ карда шудааст ва проблемаи мазкур онро тақозо мекунад, ки ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи терроризм ва экстремизм муайян карда шаванд. Назари таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон дар ин хусус нишон медиҳад, ки созмонҳо ва давлатҳои алоҳида террористон ва экстремистонро тайёр намуда, онҳоро ба ин ё он давлат мефиристанд. Дар асрҳо ХХ-ХХ1 олами башари ба чунин вабоҳои аср, аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, хариду фурӯши силоҳ, савдои одамон ва нашъамандӣ дучор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон чандин маротиба аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм чун як иштирокчии фаъол мешиносанд ва арзёбӣ мекунанд. Тамоми қишрҳои ҷомеа ва хосатан олимону мутахассисони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ Паёми имсолаи Пешвои миллатро, ки тамоми самтҳои рушди мамлакатро дар бар мегирад, баҳри иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифаҳои дар Пайём гузошташуда малака ва донишу таҷрибаи хешро сафарбар менамоянд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Мо ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем.

Ба мо олимон, чун ҳамаи сокинони кишвар зарур аст, ки ин Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромиро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, баҳри гул-гулшукуфии Ватанамон ҳамеша дар талошу ҳиссагузор бошем, ба гурўҳҳои экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки гурўҳҳои нохалаф фазои ороми Тоҷикистони азизамонро дар оянда халалдор созанд.

Акобир Мирзораҳимов, Қурбоналӣ Партоев-аъзои фаъоли ҲХДТ

 


Вакти нашр: 2019-01-04 15:13:25    Хонданд: 148    Муфассал...

ПАЁМ ИФОДАГАРИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ мутобиқи барқияи телефонии Дастгоҳи КИМ ва мактуби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Ронанда” соати сиёсӣ доир намуданд.

Убайдулло Қурбонов - муовини раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ дар мавриди дастовардњои соли сипаригардида, ки дар ҳаёти мамлакат барҷаставу таърихӣ ва хотирмон буд ҳарф зада, таъкид намуд, ки иҷрои вазифаву иқдомҳои наву муҳим дар пешанд. Ҳамзамон, таъкид намуд, ки имсол ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии мамлакат дар Паём эълон гардид, ки барои ҷумҳурии мо хеле муҳиму аҳамиятнок аст.


Вакти нашр: 2019-01-04 15:18:04    Хонданд: 170    Муфассал...

ПАЁМ-БАРНОМАИ АМАЛ

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ мутобиқи барқияи телефонии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, мактуби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша –чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Манзил №6” соати сиёсӣ доир намуданд.

Убайдулло Қурбонов-муовини раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ дар мавриди нуктаҳои асосии Паёми навбати ҳарф зада, таъкид намуд, ки он чун Паёмҳои пешин пурмуҳтавову судманд барои ҳайёти мамлакат буд. Эълон гардидани солњои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои сокинони кишвар басо арзишманду муҳим аст. Ин се самти муҳим ва ба ҳам тавъам буда, шаҳрвандонро барои иқдомҳои бузургу созанда раҳнамун месозад. Чуноне, ки соли сипаригардида аҳли мардуми деҳот рӯ ба эҳёи ҳунарҳои миллӣ, рушди онҳо оварданд, имсол низ ин иқдомҳои созандаву наҷиб идома хоҳад ёфт.

 


Вакти нашр: 2019-01-07 11:11:19    Хонданд: 158    Муфассал...

Паём меҳвари асосии некуаҳволии мардум

Масъулини Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ба қисме аз шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия ба сафари корӣ баромаданд.

Дар ҳайати гурӯҳи корӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ –Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Файзуллозода Заррина Файзулло –Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Сино ва Мирзоев Алиахмад мудири шуъбаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб низ шомил мебошанд. Нахуст гурўҳи корӣ бо Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Краснодар Нағзибеков Нағзибек ва Раиси ташкилоти ҷамъияти дастгирии барқарорсозии маданияти халқхои Осиёи маркази «Мадад» Нодиршоев Руслан вохўрии расмӣ анҷом доданд. Нимаи аввали 6 январи соли равон бо донишҷўёну соҳибкорон ва сохтмончиёну ҳамватанонамон ва фаъолони муқимии шаҳри Краснодар фаъолияти пурсамар ва таҳсил мекунанд, вохӯриҳо доир гардид.

Зимни мулокоту вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ зикр гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла рушди иқтисодии кишвар дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Зеро самти мазкур яке аз масъалаҳои калидии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 мебошад. Тавре Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ зикр намуданд: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст». Инчунин қайд карда шуд, ки пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус, бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид. Даромади пулии аҳолӣ 11 фоиз зиёд шуда, ҳаҷми пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар нисбат ба соли гузашта 9 фоиз афзуд ва сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз коҳиш ёфт.

Дар фарҷом ҳамватанони бурунмарзиамон, ки дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ба соҳибкорӣ машғуланд, изҳор намуданд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ кардани пешниҳодҳои ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушду нумӯи Ватани худ нақши муносиби худро мегузоранд.

Чунин вохўрию мулоқотҳои гурўҳи корӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия низ идома дорад.

 


Вакти нашр: 2019-01-07 11:28:31    Хонданд: 167    Муфассал...

“Сирк” кўдаконро ба ҳам овард

5 –уми январи соли равон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар давраи таътили зимистона бо иштироки фарзандони кормандони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар барномаи нави Сирки давлатии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Қабл аз намоиш ба кӯдакон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид. Намоиши сиркӣ, ки аз оғоз то анҷом ҷолибу диданӣ буд, бахусус бозии масхарабозон, торбозон, акробатҳо, ҳайвоноти ромшуда, саг, маймун, хирс хотири кӯдаконро дар рӯзҳои таътили зимистона болида сохт.


Вакти нашр: 2019-01-07 11:44:53    Хонданд: 168    Муфассал...

ШУМОРАИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИ РӮЗ АЗ РӮЗ АФЗУН МЕЁБАД

Бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино дар минтақаи 116 маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ доир гардид.

Наботов Шукрулло-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино доир ба мақсад ва ҳадафи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ сухан кард

Сипас, ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, номи ташкилот “Минтақаи 116 ” номгузорӣ карда шуд. Бо ҷонибдории ҳамаи аъзои ҳизб Раҳмонов Қурбонмаҳмад - раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва Пиров Ҷонибек –котиби ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуданд.
Ҳамчунин, ба 5-нафар кормандон, ки дар асоси аризаи шахсиашон иродаи сиёсиашонро муайян намуда, ба сафи ҲХДТ пайваста буданд дар вазияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.


Вакти нашр: 2019-01-07 15:18:39    Хонданд: 185    Муфассал...

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад...

Фарде, ки пироҳани илму дониш ба бар кардааст, онро чун сипару ҷавшан аз кулли офатҳо ва сангпартоии рақибонаш эмин нигоҳ медорад, зеро одами бо ақлу идрок дар ҳама гуна носозгориҳо ва пасту баландиҳои рўзгор чӣ кор кардан ва чӣ тавр рафтор карданашро аз рўи ақли солим анҷом мебахшад. Аҳли башар ҳарчанд, ки аз ҷиҳатҳои гуногун соҳиби ақлу идрок мебошад, вале бозҳам омўзиши бархе аз омилҳои муосир барояшон ҳанўз нокифояаст. Муҳим он аст, ки ҳар як фард дар ҷомеа чӣ тавр пиндор, гуфтор ва рафтори ҳамида дорад. Назари онҳо ба худ, ба дигарон, ба аҳли ҷомеа чӣ гуна аст.
Таърих гувоҳ аст, ки бар асари воқеаю ҳодисаҳои нангину хунини солҳои 90-уми асри гузашта бо васвасаи душманони миллат, аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом ва ҳоҷагони хориҷи баъзе ашхос ва гурўҳҳои ифротию ифродгаро, фосидони фитнаангез сар бардошта, фаъолияти ҷудоиандозиро касб карда, дар пойи халқи хеш бе андеша теша зада, бегонапарастӣ карда, арзишҳои муқаддаси миллию диниро таҳриф карданд. Худ ва даҳҳо нафар ҷавононро ба гирдоби раҳгуми андохтаанд. Ҳатто дар марҳалаи нави рушди Ватани азизамон низ мушоҳида мешавад, ки он бадтинатони гурўҳҳои ифротию ифротгаро ва тундрав аз амалиёти ғайриқонунию зишти худ даст кашиданӣ нестанд.
Дар яке аз мулоқотњои худ бо зиёиёни мамлакат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиромуни ифроту ифротгароӣ сухан ронда, бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бахусус Ироқу Сурия таваҷҷуҳи равшанфикрони кишварро ба афзоиши хатари тероризму ифротгароӣ ҷалб намуда буданд. Ифротгароӣ аз решаи арабии «фарт» ба маъниҳои пешдастӣ ва аз ҳад зиёд даргузаштан, хира шудан, таҷовуз аз ҳадду андоза, зиёдаравӣ кардан ва умуман зиёдаравӣ омадааст. Ифротгароӣ ва террори дини-мазҳабӣ, ки ағлаб дар кишварҳои Ховари Миёнаю Наздик ва Осиёи ҷануб тарҳрезӣ мешуд, имрўз ҳудуди хешро тавсия бахшида, ба Аврупо «кўч» баста аст.
Тайи чанд сол аст, ки яке аз масъалаҳои мубрами рўз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ аз қабили ДИИШ, ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ гардидааст. Кас дар ҳайрат мемонад, ки оё ҷавононе, ки ба гумроҳӣ мераванд, аз асли мақсади таблиғгарон хабар доранд? Пўшида нест, ки иттилоот дар бораи ин падидаи номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ - терроризм дар шабакаҳои интернетӣ зиёд аст. Аксар ҷавонони беандеша ба терроризм тавассути сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ мегараванд, яъне ин ҷавонон аз оқибати бефарҷоми амалҳои номатлубашон огоҳанд. Террористон бо амалҳои номатлуби худ масъалаи имондории худро зери шубҳа мегузоранд, зеро бандаи мўъмин наметавонад бар ивази куштори дигарон барои хеш савоб гирад ё шаҳид шуда, ба биҳишт равад. Ҷалб кардани диққати дигарон бо баҳои ҷони инсонҳои бегуноҳ беинсофию ҷаҳолат аст. Мутаасифона, баъзе ҷавонҳои бетаҷриба дар ин равияҳои даҳшатбор фаъоланд. Одатан, ба ин ҷараёнҳо ҷавононе ҷалб мешаванд, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд. Дар зеҳни онҳо, ки ҳоло тозаю покизааст, ифроту хурофот пур карда мешавад ва аз баски ҷавонон сахт ҳассосанд бегумон шефтаи ақидаи бебунёд мешаванд. Онҳо гумон доранд, ки дар пешгоҳи Худованд иззат доранд, аз ин рў ҳар кореро, ки ба онҳо мефармоянд, қатъиян иҷро мекунанд, то ба «биҳишти ваъдагӣ» расанд.
Мувофиқи таҳлилҳо омилҳои ба ин ҷараёнҳо шомил шудани ҷавонон зиёданд: надоштани сатҳи саводи зарурӣ, бесаводию тангназарӣ, фаҳмиши нодурусти озодӣ, фориғболии падару модар. Ғайр аз ин, яке аз сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба равия ва ташкилотҳои экстремистӣ ин таълими ғайрирасмии динии онҳо дар марказҳои исломии давлатҳои хориҷ, ба хусус кишварҳои араб мебошад.
 

Г.Умарзода-аъзои фаъоли ҲХДТ

 


Вакти нашр: 2019-01-07 15:28:26    Хонданд: 157    Муфассал...

Паёми Пешвои миллат – роҳнамои мардум

Дар Паёми имсоли Роҳбари давлат дар самти субъектони фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷуҳи хосса дода шудааст, ки «Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорон, расонидани кумак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус, ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, чораҳои зарурӣ андешад». Илова ба ин, барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, таъмин намудани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки соли 2019 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ”-ро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Инчунин, бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон пешниҳод гардид, ки дар кишварамон “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ карда шавад».

Қобили зикр аст, ки бо мақсади раванди саноатикунонӣ, рушди истеҳсолот ва механизми дастгирии давлатӣ ва имтиёзҳо барои сармоягузорон ва истеҳсолкунандагони молу маҳсулоти ватанӣ вобаста ба андозу гумрук як қатор пешниҳодҳои нав аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ пешниҳод гардиданд. Қайд карда шуд, ки дар 11 моҳи соли 2018 аз ҷониби низоми бонкӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ ба маблағи 7 миллиарду 250 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 201 миллион сомонӣ ё 3 фоиз зиёд мебошад. Вобаста ба ин, ба Бонки миллии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми қарз ба бахши хусусӣ ва махсусан, ба соҳаҳои истеҳсолӣ, нигоҳ доштани суботи низоми бонкӣ, беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасониҳо, омода кардани мутахассисони соҳаи бонкдорӣ ва баланд бардоштани савияи касбии онҳо чораҳои қатъӣ андешад.

Бояд қайд намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, мо мардуми шарафманду бонангу номуси кишварро мебояд баҳри расидан ба ҳадафҳои дар Паёми Президенти кишвар зикршуда тамоми кӯшишу ғайрат ва нерую тавонмандиро сарф намоем ва ба ин васила, тавониста бошем то дар пешрафту шукуфоии ватани азизу маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузорем.

Куҳзод Шодиев-аъзои фаъоли ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-01-07 15:36:48    Хонданд: 172    Муфассал...

ИДОМАИ МУЛОҚОТУ ВОХЎРИҲО БО СОҲИБКОРОНИ ФАЪОЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Дирўз вохўрии гурӯҳи корӣ зери роҳбарии Раҳмонзода Зоир Файзалӣ –Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳайати Файзуллозода Заррина Файзулло –Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Сино ва Мирзоев Алиахмад корманди Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар яке аз бозорҳои шаҳри Краснодар «Сенной рынок» бо ҳамватанонамон, ки дар Федератсияи Россия бо соҳибкорӣ машғуланд баргузор гардид.

Дар аснои вохўри бо соҳибкорону ҳамватанони бурунмарзиамон зикр гардид, ки яке аз самтҳои Паёми навбатии Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудани 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мебошад. Ин матлабро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни манзури Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.

Дар робита ба ин Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки барои бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ, таъмин намудани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ соли 2019 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»-ро таҳия ва пешниҳод намоянд. Инчунин супориш дода шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, тадбирҳои зарурӣ андешад.

Дар охир миёни ҳозирин ва баромадкунандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Чунин вохўрию мулоқотҳои гурўҳи корӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия идома дорад


Вакти нашр: 2019-01-08 10:30:18    Хонданд: 193    Муфассал...

ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ШАҲРАКИ 62

Тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ аз 7 то 16 январи соли ҷорӣ гурӯҳи таблиғотӣ аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ дар ноҳияи зикршуда оғоз гардид.

Вохӯрии нахустин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 бо интихобкунандагон доир гардид, ки дар он Насриддинзода Эмомалӣ-раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар Маҷлиси намояндагон, Шарифӣ Фирӯза-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Азизхӯҷа Азизов-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Назокат Маҳмадова-муовини раиси ноҳияи Фирдавсӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.

Э. Насриддинзода изҳор дошт, ки Паём хусусияти таҳлилӣ ва дурбинона дошта, тамоми паҳлӯҳои ҳайёти мардумро дар бар гирифтааст. Аз Паём то Паём дастуру ҳидоят ва вазифаҳои гузошташуда дар назди мақомотҳои дахлдор амалӣ гардида, дар болоравии сатҳи зиндагии мардум, рушди самтҳои муҳиму афзалиятнок, бахусус расидан ба ҳадафҳои стратегиро наздик месозад ва мардумиро комёб менамояд. Ҳамзамон мавсуф дар мавриди фаъолияти қонунгузории парлумон, моҳияту аҳамияти он барои мардуми кишвар ибрози назар намуда, гуфт, ки таҳия ва қабули қонунҳо ба мақсади сабукӣ ва беҳсозии ҳайёти сокинони мамлакат равона гардидааст.

Фирўза Шарифӣ изҳор дошт, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун Паёмҳои қаблӣ ҷолиб ва пурмуҳтавову арзишманд буд. Махсусан эълон гардидани солҳои 2019 то соли 2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” басо саривақтӣ ва зарур аст, зеро дар самти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тӯли як сол иқдомҳои бузургу барҷаста сурат гирифтанд, ки кишвари моро аз нигоҳи ҳунарҳои волои мардумӣ ва мавзеҳои зебову дилрабои сайёҳӣ хеле муаррифӣ намуд. Рушди деҳот низ хеле иқдоми арзишманду волост. Зеро наздики 80 дарсад мардуми мамлакат дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва ба таваҷҷуҳ ниёз доранд. Гарчанде имрӯз деҳоти мо ба пояи ноҳияҳо расидааст, вале Пешвои миллат мехоҳанд боз бештар ҳайёти деҳотро рушду равнақ диҳанд.

 

 


Вакти нашр: 2019-01-08 15:58:25    Хонданд: 174    Муфассал...

ПАЁМ- БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Дирӯз вохўрии гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Раҳмонзода Зоир Файзалӣ –Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳайати Файзуллозода Заррина Файзулло –Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Сино ва Мирзоев Алиахмад корманди Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази қабул ва таъминоти маводҳои хўрока ва меваҳои тару тоза «Овошной база Хутора Ленина»-и Федератсияи Россия доир гардид.

Паёми имсола ба парлумони касбии мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт муракаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархўрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин боз ҳам печидаву муташшаниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани бўҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам пешниҳод мегардад. Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву иттилоотӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омўзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад қайд гардид дар вохўрии имрўза бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Федератсияи Россия кору фаъолият доранд.

Дар охир миёни ҳозирин ва баромадкунандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Чунин вохўрию мулоқотҳои гурўҳи корӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия идома дорад

 


Вакти нашр: 2019-01-09 08:37:53    Хонданд: 174    Муфассал...

Вохўрии вакил бо интихобкунандагон

Саидзода Ҷ.Ҳ.-вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон ва истиқоматкунандагони шаҳраки 102 ноҳияи Сино оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрӣ доир намуд.

Саидзода Ҷ.Ҳ. зимни баромад оид ба таъкиди се рўйдоди муҳими таърихӣ-«Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба кор даромадани чархаи аввали Неругоҳи барқии обии «Роғун» ва дар сатҳи баланди сиёсию давлатӣ барқарор гардидани муносиботи мутақобилаи ҳасана бо Ҷумҳурии Ўзбекистон сухан кард.


Вакти нашр: 2019-01-09 08:49:18    Хонданд: 159    Муфассал...

Вохўрӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Канзи шифо”

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Канзи шифо”-и Беморхонаи шаҳрии №3 вохӯрии вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи тиб ва фаъолон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Гулаҳмадзода Зулфиқор-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бобати нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ суханронӣ намуда, қайд кард, ки Паём бахше аз барономаи қавлу амал ва расидан ба зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Бахши иҷтимоии Паёми Сардори давлатро ба Парлумони кишвар шарҳу тавзеҳ дода, зимнан ёдовар шуданд, ки Пешвои миллат дар паёми худ аз ҷавонони кишвар ҷиҳати дастгириашон дар таҳкими давлатдорӣ ва иштироки фаъолона дар татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукумат миннатдории самимӣ баён намуданд, ки арзишмандтарин эҳтироми Пешвои миллат ба насли ҷавону ояндасоз ва меҳанпарасти кишвар мебошад.
Инчунин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуалимов Баҳром вобаста ба татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар суханронӣ намуданд. Мавсуф зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳадафҳои сатратегии Ҳукумати кишвар ба тадриҷ татбиқ гардида, имсол низ бо иштироки Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати аввали НБО “Роғун” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин як қадами устуворе дар татбиқи расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар мебошад. Вобаста ба ҳадафи чоруми давлату Ҳукумати Тоҷикистон, раванди саноатикунонии мамлакт ва гузариш аз кишвари аграрӣ ба саноатӣ-аграрӣ, яъне индустриякунонии мамлакат ибрози андеша намуд.
Раҷабова Лутфия- вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлисии Олии кишвар перомуни бахши иҷтимоии Паём ибрози назар карда, афзуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ва дастгирии доимиашон дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар муассисаҳои наву замонавӣ мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Инчунин, ҷиҳати баланд бардоштни савияи дониши хонандагону донишҷӯён, тарбияи кардҳои баландихтисос ва рақобатпазир дар бозори меҳнат сухан карданд.

Чунин мулоқоту вохӯриҳо бо фаъолону сокинон дар маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур идома дода мешавад.

 


Вакти нашр: 2019-01-09 16:01:57    Хонданд: 141    Муфассал...

Раҳи растагорӣ бибояд ҷуст

Раванди ҷаҳонишавӣ ба амнияти фарҳангу тамаддун, забону анъана, урфу одат ва дину мазҳаб хатар эҷод намуда ва ин омил имкон дорад, ки барои аз байн рафтани як давлат ва ё миллат боис гардад. Инчунин, ҷаҳонишавӣ метавонад сабабгори заиф шудани ҳамкориву ҳамзистӣ шуда, таҳаммулпазириро аз байн бубарад ва ва равшан аст, ки дар ин ҳолат низоъу хушунат ҷомеаро фаро мегирад.
Экстремизм чун зуҳуроти номатлуб маҳз дар замони вусъатёбии глобализатсия ё худ ҷаҳонишавӣ доман паҳн кард. Коршиносон бар он назаранд, ки пайдоиши экстремизм таърихи қадима дорад.
Истилоҳи «ЭКСТРЕМИЗМ» фаронсавӣ буда, ифодакунандаи мафҳумҳои ифротгароӣ, тундравӣ, аз ҳад гузаштан ва амалҳои тундравонаро ифода мекунад. Шахсоне, ки ин ҷараёни тундравона ё зуҳуроти номатлубро пайравӣ менамоянд, нақшаи худро тавассути дину фарҳанг, сиёсату илм ва иддиологияву варзиш амалӣ мекунанд.
Экстремизм бо терроризм ду мафҳуми ба ҳам пайваст аст ва афроди шомили ҳарду ҷараён ҷиҳати аз байн бурдани саодати насли башар беш ва пеш аз ваҳшоният ва зўроварӣ истифода мебаранд.
Дар гузашта ихтилоф ва нафрат байни ду мазҳаб суннӣ ва шия густариш ёфта буд. Дар аксар маврид чунин ихтилофот боиси харобии марзу бум ва марги одамон мегардид ва албатта чунин тафриқаандозӣ дар ҳамон замон ҳам бо дастури исломситезон тавассути намояндагони дини ислом сурат мегирифт. Мутаассифона экстремизм ва терроризм бештар дар соҳаи дин дучор меояд ва ҳамин раванд сабабгори ихтилоф байни намояндагони ин ё он дин мегардад. Аслан он шахсоне шомили ин ҷараёнҳо мешаванд, ки моҳияти динро ба таври бояду шояд дарк намекунанд ва онҳо хурофотпарастиро асолати дин медонанд. Донишманди маъруф Ҳерберт Испенсер овардааст, ки: «… Дониш бо хурофот сари адоват ва ситез дорад, вале бо дин душманӣ ва ситез надорад.» Аз ин гуфта бармеояд, ки хурофот чун раванди аҳреманӣ ҳуввият ва асолатро маҳв менамояд. Ҳамасола, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ба МО ҶТ вобаста ба оқибатҳои фоҷеаи ҷаҳонишавӣ ва рушди ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро нуктаи назари худро иброз дошта, вобаста ба пешгирии ин омилҳо дар кишвар маслиҳатҳои сўдманд медиҳанд. Маҳз Пешвои миллат буданд, ки ҳангоми суханронии худ дар минбарҳои созмонҳои бонуфўзи олам таъкид намуданд, ки: «Дини мубини ислом тавҳиду якдилиро тарғиб менамояд. Зуҳуроти номатлуби экстремизм ва терроризм ба дини мубини ислом ҳеҷ рабт надорад.»
Чунин таъкиди хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат гувоҳи он аст, ки ислом дини раиятпарвар аст ва дар ин дин ихтилофангезиву низоъ ҷоиз нест. Фирдавсии бузург мефармояд:

Туро донишу дин раҳонад дуруст,

Раҳи растагорӣ бибояд ҷуст.
 

Имрўз кишварҳои абарқудрат барои ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ аз тамоми роҳу усул истифода мебаранд. Дар асоси лоиҳаи ҳамин абарқудратҳо баъзе аз кишварҳои мусулмоннишин дар ҳалқаи низоъу ҷанг печидаанд ва муҳаррики ин ҷангу низоъ бардоштҳои нодуруст аз дин ва мазҳаб мебошад.
Исломситезии Ғарб ба осиёби давати мусулмонон об рехт. Сўзонидани китоби Қуръон, таҳқири пайғамбари ислом, нашри адабиёти тахрибкорона вокуниши аксар кишварҳои мусулмонӣ ва ҷаҳони мутамаддинро ба вуҷуд овард. Ҳамин амлҳои зишт сабабгори он гардид, ки ашхоси ноогоҳ худро чун ҳомии дину Офаридгор пиндошта, шомили ин ё он гурўҳи экстремистӣ ва террористӣ гардиданд. Боиси таассуф аст, ки аксар вақт насли ҷавон қурбони чунин дасисаҳо мешаван. Ин ҷавонони ноогоҳ гўё муҳаббати нисбат ба дини ислом доштаашонро тавассути ҳамин амалашон собит намудан мехоҳанд. Вале, онҳо бехабар аз онанд, ки Холиқи якто ниёз ба пуштибониву ҳимояти махлуқ надорад.
Яке аз роҳҳои ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву терористӣ ин шабакаҳои интернетӣ мебошанд. Маҳз маърифати комил надоштан аз моҳияти дину ойин ва фарҳанг сабабгори гумроҳӣ мегардад. Бояд дар ин самт назоратро беш аз пеш тақвият бахшид ва мо кормандони ҳизб ҳам масъул ҳастем, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот корҳои фаҳмонидадиҳиро аз оқибати фоҷиабори шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву терористӣ тақвият бубахшем.
Тибқи омори расмӣ дар ду соли охир раванди шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву терористӣ коҳиш ёфтааст, ки албатта ин арзандаи истиқбол аст. Дар ин самт нақши кормандони Васоити ахбори омма хеле бузург аст. Иктифо намудан бо он ҳама дастовард чандон паёмади хуб надорад ва ин мавзуъ бояд мунтазам мавриди баррасӣ қарор гирад. Месазад, ки дар дарсҳои тарбиявии толибилмони дабистонҳо омўзгорон ин масъаларо сарфи назар нанамоянд.
Баргузории семинар ва нашри дастурҳои таълимӣ вобаста ба оқибатҳои фоҷиабори шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву терористӣ барои донишҷуёни макотиби олӣ ҳам ба манфиати кор аст.
Инчунин, ба роҳ мондани чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ дар байни сокинони кишвар ва дар ин замина тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум саҳм мегузорад. Мо дар кишваре ба сар мебарем, ки дар фазои он кабутари Ваҳдат пару бол меафшонад. Пас, ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз фазои озод ва ваҳдати Тоҷикистони азиз барои боз ҳам ободу шукуфо гардидани ин марзу бум саъю талош биварзад.

Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Шоҳмансур Бозорова Гулбону

 


Вакти нашр: 2019-01-09 16:24:18    Хонданд: 143    Муфассал...

НАТИҶАГИРИ АЗ БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХЎРИҲО

Нимаи аввали имрўз бо мақсади натиҷагирӣ аз барузории мулоқоту вохўриҳои гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Раҳмонзода Зоир Файзалӣ –Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳайати Файзуллозода Заррина Файзулло –Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Сино ва Мирзоев Алиахмад корманди Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо тоҷикони муқимӣ, донишҷўёну соҳибкорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Краснодари Федератсияи Россия дар назди Консули фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Краснодари Федератсияи Россия вохўрӣ доир гардид.

Гуфта шуд, ки баргузории чунин мулоқоту вохўриҳо барои боло бурдани маърифати ҳукуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷалби соҳибкорони фаъол ба ободониву созандагии ватанамон мусоидат менамояд.

Ҳамин тавр, гурўхӣ таблиғотӣ ҷиҳати баргузор намудани мулоқоту вохўриҳо оид ба расонидани муҳтавои бандҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия сафар намуданд.


Вакти нашр: 2019-01-09 16:30:10    Хонданд: 157    Муфассал...

ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ ИДОМА ДОРАД

Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар минтақаи 112 доир гардид.

Наботов Шукрулло-мудири шуъбаи таблиѓот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино аз ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ҳарф зада, зикр кард, ки бо роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина барномаҳои мушаххас барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ роҳандозӣ шуда истодааст.

Сипас, бо пешниҳод ва дастгирии аъзоёни тозаинтихоби ҳизб ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, “Минтақа 112” номгузорӣ карда шуд. Бегматов Абдисалом- раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Исломова Гулистон - котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шуданд.

Дар фарҷом ба 5 нафар, ки дар асоси ариза ба сафи ҲХДТ пайваста буданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.


Вакти нашр: 2019-01-10 09:18:31    Хонданд: 149    Муфассал...

ВОХӮРИИ Э. НАСРИДДИНЗОДА БО СОКИНОНИ ШАҲРАКИ 46-И НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

9 январи соли равон тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Эмомалӣ Насриддинзода бо интихобкунандагон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар Гимназияи 74-и ноҳияи Фирдавсӣ доир гардид.
Э. Насриддинзода, оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар мариди эълон гардидани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат, забономӯзӣ, эҳтироми забони давлатӣ, таълиму тарбияи фарзанд, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллии наврасон ҷавонон, пешгирии омилҳои номатлубе чун терроризму экстремизм, бемориҳои сироятӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ҳифзи муҳити зист, адолати судӣ ва дигар масоили мубрам таҳлилу андешаҳои ҷолибу судманд баён намуд. Ҳамзамон таъкид намуд, ки нуктаву масоили дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат ва ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ироагардида тӯли чандин солҳо дар зеҳну андешаи Сарвари давлат гардиш ва такмил ёфтаву баъд он ба мардум ироа гардида ва пасон мавриди амалу татбиқ қарор мегирад, ки ин ҳама ба манфиати давлату миллат нигаронида шудааст. Мавсуф таъкид намуд, ки андешаи нек, амали нек, нияти нек, дӯстии халқу миллатҳо боиси рушду пешрафти бештар мегардад. Дар ин зимн аз муносибатҳои ҳамкориву дипломатии Тоҷикистону Ӯзбекистон мисол овард.

Азизхӯҷа Азизов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ барои баромади пурмазмуну ҷолиб ба Э. Насриддинзода ва таваҷҷуҳи сокинону устодон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, таъкид намуд, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият хеш қарор медиҳем, зеро ин ҳидоятҳо созандаву судманду наҷибанд.

 


Вакти нашр: 2019-01-10 10:36:57    Хонданд: 150    Муфассал...

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР БОЗОРИ “СУЛТОНИ КАБИР”

9 январи соли равон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар асоси мактуби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КИИ ”Султони Кабир” ҷамъомад доир намуданд.

Дар он зикр гардид, ки дар Паём рушди тамоми самтҳои муҳиму афзалиятнок, ҳадафҳои миллӣ марҳила ба марҳила пешбиниву ояндабинӣ гардида, дар рушду пешрафти мамлакат нақши хосаву ҳалкунанда мегузорад. Дар мавриди эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат, истифодаи ашёи хом дар дохили кишвар, аз кишвар аграрӣ ба аграрӣ саноати табдил додани мамлакат, баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа, пешгирии омилҳои номатлуқб ва ғайра сухан рафт.

 


Вакти нашр: 2019-01-10 13:32:29    Хонданд: 138    Муфассал...

Ҷавонон мояи ифтихори кишваранд!

Мо ҷавонони бонангу номуси имрӯзаи Тоҷикистон ояндаи имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як давлати ободу пешрафта ва озоду демократӣ мебинем, ки мояи ифтихори ҳар як фарди ҷомеа мебошад. 
Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаивасеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад. Махсусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қисми зиёди аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд, Ҳукумати мамлакат ба ин қисми аҳолӣ диққати махсус зоҳир менамояд. Бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре, ки Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд». Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд. Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо ҷавонони мо бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд. Ҷавонони созандаи мо аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзанд. Мо ҷавононро мебояд, ки бо як ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ва иродаи қавии тоҷиконаи хеш, баҳри рушду нумӯи минбаъдаи Тоҷикистони азизу офтобиямон, даст ба даст ҳам дода, дар атрофи ин фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Перезиденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони табиӣ сайёҳӣ бо чашми нек назар афканем.
Мутахассиси маркази таҳлилӣ ва омодасозии мутахассисони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Салимов Умед


Вакти нашр: 2019-01-11 11:23:29    Хонданд: 115    Муфассал...

ИДОМАИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ

Рӯзи 10 –уми январи соли равон гурӯҳи таблиғотӣ таҳти роҳбарии Раҳмонзода Зоир Файзалӣ –Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳайати Файзуллозода Заррина Файзулло – Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Сино ва Мирзоев Алиахмад - корманди Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо мақсади расонидани муҳтавои бандҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии худро бо муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Сочии Федератсияи Россия кору фаъолият намуда истодаанд доир намуданд.

Раҳмонзода Зоир Файзалӣ –Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе оид ба омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, зикр дошт, ки ба таъкиди Пешвои миллат «Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ - индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ амалӣ гардонида истодаем.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт. Дар робита ба ин ва бо дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад. Вобаста ба ин, зарур аст, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад»

 

 


Вакти нашр: 2019-01-11 12:03:33    Хонданд: 131    Муфассал...

ПАЁМ – РОҲНАМОИ МО

Субҳи 11 - уми январи соли равон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Сочии Федератсияи Россия кору фаъолият намуда истодаанд вохӯри доир гардид.

Дар вохӯрӣ Раҳмонзода Зоир Файзалӣ – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Файзуллозода Заррина Файзулло – Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Сино ва Мирзоев Алиахмад - корманди Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ доир ба ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории Тоҷикистон, дастовардҳои кишвар дар даврони Истиқлолият, ҷанбаҳои омӯзандаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ сурат гирифт.

Бояд зикр дошт, ки яке аз соҳибкорони фаъоли ҳамватани бурунмарзиамон Ширкати сохтмонӣ кушодааст, ки ҳамасола дар фасли тобистон наздик ба 150 нафар ва айни ҳол ҳудуди 50 нафар шаҳрвандонамонро бо ҷой кори доимӣ, се вақт хӯроки гарм, маоши баланд ва тамоми шароитҳои муоссир таъмин намуда истодааст


Вакти нашр: 2019-01-11 15:25:48    Хонданд: 148    Муфассал...

МАСЪУЛИНИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО ҲАМВАТАНОНАМОН ДАР ШАҲРУ ВИЛОЯТҲОИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО ДОИР НАМУДА ИСТОДААНД

Гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ барои шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 давоми ҳафтаи ҷорӣ гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Раҳмонзода Зоир Файзалӣ – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳайати Файзуллозода Заррина Файзулло – Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Сино ва Мирзоев Алиахмад- корманди Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯёну соҳибкорон ва сохтмончиёну ҳамватанонамон ва фаъолони муқимии шаҳрҳои Краснодар ва Сочии Федератсияи Россия фаъолияти пурсамар ва таҳсил мекунанд мулоқоту вохӯриҳо доир намуда истодаанд.

Баромадкунандагон зимни мулокоту вохӯриҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзиамон доир ба ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории Тоҷикистон, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон хотирнишон сохтанд, аз ҷумла доир ба ҳифз ва таҳким бахшидан ба давлатдории миллӣ, ҳадафҳои стратегии мамлакат, тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ дар байни наврасону ҷавонон, густариши фарҳанги сулҳ, ҳалли масоили ҷавонон, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва эҳтиром ба забони давлатӣ суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом ҳамватанони бурунмарзиамон, ки дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ба соҳибкорӣ машғуланд, изҳор намуданд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани пешниҳодҳои ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушду нумӯи Ватани худ нақши муносиби худро мегузоранд.

Чунин вохӯрию мулоқотҳои гурӯҳи корӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия низ идома дорад.


Вакти нашр: 2019-01-11 16:25:41    Хонданд: 144    Муфассал...

ВОХЎРИҲОИ САМАРАБАХШ

Нимаи дуюми рўзи 12 –уми январи соли 2019 бо мақсади натиҷагирӣ аз барузории мулоқоту вохўриҳои гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Раҳмонзода Зоир Файзалӣ –Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳайати Файзуллозода Заррина Файзулло –Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Сино ва Мирзоев Алиахмад корманди Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо тоҷикони муқимӣ, донишҷўёну соҳибкорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия бо роҳбари филиали ташкилоти ҷамъиятии дастгирии барқарорсозии маданияти халқҳои Осиёи марказӣ «Мадад» дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия вохўрӣ доир гардид.

Дар аснои мулоқот тазарккур дода шуд, ки баргузории чунин мулоқоту вохўриҳои судманд ҷиҳати огоҳи ёфтани муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар ва ба ин васила барои боло бурдани маърифати ҳукуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷалби соҳибкорони фаъол ба ободониву созандагии ватанамон мусоидат менамояд.


Вакти нашр: 2019-01-13 15:32:37    Хонданд: 129    Муфассал...

МАРОМИ МО - ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА!

       

12-уми январи соли равон гурўҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раҳмонзода Зоир Файзалӣ – Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар ҳайати Файзуллозода Заррина Файзулло – Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Сино ва Мирзоев Алиахмад- корманди Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 вохўрии навбатии худро дар Каҳвахонаи ноҳияи Адлер бо роҳбарони бригадирҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар ширкатҳои гуногун кору фаъолият мекунанд, донишҷўёни Коллеҷи политехникӣ ва як чанд сокинони фаъоли муқимии шаҳри Сочии Федератсияи Россия доир намуданд.

Раҳмонзода Зоир Файзалӣӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда қайд кард, ки тавре ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон зикр доштанд « Дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии кишвар дар ҳаҷми 1520 мегаватт зиёд карда шуд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта, ба истифода дода шуданд. Аз оғози бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 24 миллиард сомонӣ, танҳо соли 2018 3,9 миллиард сомонӣ азхуд карда шудааст ва соли 2019 ба ин мақсад қариб 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, агрегати дуюми он ба кор дароварда мешавад Ҳоло Тоҷикистон, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ доир ба истеҳсоли нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёду таҷдид карда шуданд. Танҳо соли 2018 сохтмону таҷдиди қариб 200 километр роҳи дохиливу байналмилалӣ ва 45 пул ба анҷом расонида шуд. Ҳоло дар соҳаи нақлиёт ба маблағи умумии 7,5 миллиард сомонӣ 14 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст»

Мавриди зикр аст, ки ин Қаҳвахонаро яке аз ҳамватани фаъолу муваффақ мавриди истифода қарор додааст, ки зиёда аз 15 сол инҷониб кору фаъолият дорад, ки дар муаррифӣ фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳори мардумӣ нақши намоён дорад.

 


Вакти нашр: 2019-01-13 15:39:09    Хонданд: 141    Муфассал...

ИДОМАИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲО БО МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТИ ДАР ШАҲРИ РОСТОВ!

Нимаи дуюми 13-уми январи соли равон гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раҳмонзода Зоир Файзалӣ – Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 вохӯрии навбатии худро дар шаҳри Ростови лаби Дон бо муҳоҷирони меҳнатӣ- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷӯёну ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷирони бозори либосаи шаҳри Ростов ва сокинони муқимии шаҳри мазкур ташкил намуданд

Зикр шуд, ки муттаҳидию сарҷамъии халқи Тоҷикистон, наслҳои имрӯзу ояндаи он атрофи арзишҳои бунёдии давлатдории миллӣ ва ғояҳои созандаи давлат на танҳо халқи моро аз таъсири манфии офатҳо ва иллатҳои маънавию сиёсии замона барои садсолаҳо ҳифз менамояд, балки тоҷиконро ба ҷаҳониён ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз муаррифӣ мекунад.

Дар маҷмӯъ вохӯрии ҷамъбастии гурӯҳи корӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда аз ҳисоби ҳайати корӣ ба иштирокчиёни вохӯрӣ хӯроки нисфирӯзи дода шуд, ки чунин корҳои хайрхона барои бозҳам муттаҳид намудани онҳо мусоидат менамояд.

 


Вакти нашр: 2019-01-14 11:51:57    Хонданд: 136    Муфассал...

ОМЎЗИШИ ПАЁМ МИЁНИ ҶАВОНОН

Имрӯз дар асоси нақша - чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансур бо омӯзгорони ҷавон ва хонандаҳои синфҳои болоӣ вохўрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур Сайдалӣ Шамсов - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд, ҳамзамон бо ҷавонон оид ба яке аз мушкилиҳои ташвишовари рӯз, гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҳамсуҳбат шуда оид ба мақсадҳои ғаразноки онҳо бо далелҳои мушаххас ба ҷавонон фаҳмондадиҳӣ намуданд.


Вакти нашр: 2019-01-14 15:39:28    Хонданд: 119    Муфассал...

ПАЁМ АМАЛИШАВИИ ОРЗУҲО

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ мутобиқи барқияи телефонии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, мактуби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14.01.2019 дар ташкилоти ибтидоии “Ирфон” вохўрӣ доир намуданд.
Назаров Сиёмиддин- мудири бахши омор ва бақайдгирии аъзои ҳизби Кумитаи иҷроияи њизбии ноҳияи Фирдавсӣ дар мавриди нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат ҳарф зада, таъкид намуд, ки барои пешрафт ва тараққӣ додани корхонаҳои саноатӣ Сарвари давлат зарур шумориданд, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ манъ карда шавад.
Инчунин дар мавриди расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла ҳадафи баромадан аз бумбасти комуникатсионӣ ибрози назар намуд. Чуноне маълум аст, ки тайи солҳои охир шоҳроҳҳои мошингарди байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон бунёд гардида, дар баробари ин 16 гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистон бо Ўзбекистон кушода шуд афзуд С. Назаров.


Вакти нашр: 2019-01-15 16:02:46    Хонданд: 132    Муфассал...

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Ҷ.Ҳ., оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони минтақаҳои 10 ва 12-и ноҳияи Сино дар асоси ҷадвали баргузории вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Мирзоев Н.М., - муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ва муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Саймуддинзода А., иштирок намуданд.


Вакти нашр: 2019-01-15 16:07:33    Хонданд: 141    Муфассал...

ТАРБИЯИ ВАТАНДЎСТӢ ДАР МАКТАБИ СУЛҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Имрӯз дар асоси нақша - чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Шоҳмансур бо хонандаҳои синфҳои болоӣ вохўрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур Сайдалӣ Шамсов - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, Бурҳонзода Муслиҳиддин – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Ҳасанов Насим - мудири бахши кор бо ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуданд. Сайдали Шамсов дар суханронии худ оид ба омўзиши нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуда ба ҷавонон таъкид намудан, ки мо бояд ба эътимоду бовари ва ғамхории Пешвои миллат, ки ба хусус баҳри ояндаи дурахшони насли ҷавону наврас пайваста зоҳир менамоянд, қадр карда ҷавобан ба ин ғамхориҳо вазифаҳои дар бардуш доштаи худро содиқона ва софдилона иҷро намоем. Ҳамчунин оид ба гаравиши ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ ва коста гардидани одоби насли ҷавон, махсусан эҳтироми калонсолон, лафзи покиза ва рӯ овардан ба омӯзиши касбу ҳунар суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, Ҳасанов Насим - мудири бахши кор бо ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур маърўза намуда, оид ба таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва ҷиҳати баланд бардоштани донишу малакаи хонандагон, содир шудани ҷиноятҳо аз ҷониби хонандагони мактаб ва дигар мавзуоти мубрами рӯз суханронӣ кард.

 

 

 


Вакти нашр: 2019-01-16 15:57:00    Хонданд: 121    Муфассал...

ҲАДАФИ ПАЁМ РУШДУ ОБОДӢ ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

        16 - уми январи соли равон тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода бо интихобкунандагон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 бо сокинони маҳаллаи Борбади ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  доир гардид. 
Э. Насриддинзода, оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон роҷеъ ба паҳлӯҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат ҳарф зада, таъкид намуд, ки он ҳуҷҷатест, ки марҳила ба марҳила рушду пешрафти кишварро дар пай дорад. Дар мвриди ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат таъкид намуд, ки ҳоло фурсати муносиб ҷиҳати рушди ин самт фаро расидааст. Зеро то ин муддат иқтидори энергетикии мамлакат чандон барои рушди ин самт мувофиқат намекард. Ҳамзамон имрӯз баъди бунёди боғҳои бешумор ва дарахтони сояафкану ороишӣ, ки дар ҳифзи экология аҳамияти муҳим доранд, саноатикунонии кишвар айни муддаост. 
Мавсуф дар мавриди пешгирии омилҳои номатлуб-терроризму экстремизм, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия намудани наврасон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, маърифати оиладорӣ, ҳуқуқӣ, адолати судӣ, ҳифзи амнияти кишвар таҳлилу назари судманд иброз намуд.      

 


Вакти нашр: 2019-01-17 10:47:02    Хонданд: 119    Муфассал...

ВОХӮРИИ Э. НАСРИДДИНЗОДА БО СОКИНОНИ ШАҲРАКИ 61-и НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Тибқи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат Эмомалӣ Насриддинзода бо интихобкунандагон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24- бо сокинони шаҳраки 61 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе доир гардид.

Э. Насриддинзода роҷеъ ба бандҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат ҳарф зада, изҳор дошт, ки ҳар сол тавассути ин ҳуҷҷат ва ё барномаи мукаммалу судманд ҷумҳурӣ дар тамоми самтҳо зина ба зина ба пеш ҷаҳиши бузурге намуда, то кунун мамлакатро ба марҳилаҳои нави рушд ворид сохт. Он дастуру супоришҳои қатъии Сарвари давлат, таҳлилҳои коршиносонаи тамоми самтҳо аз ҷониби Пешвои миллат боис гардиданд, ки ҷумҳурӣ дар як муддати кӯтоҳ ба дастовардҳои бесобиқа дар таърих ноил гардад.

Ҳамзамон, дар мавриди пешгирии омилҳои номатлуби замони терроризму экстремизм, коррупсия, бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ, оиладорӣ, сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас ибрози назар намуд.


Вакти нашр: 2019-01-17 11:16:17    Хонданд: 85    Муфассал...

Паём ва баёни воқеиятҳои замон

Сухани ифтитоҳии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолааш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид ба се рўйдоди муҳими таърихӣ – «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба кор даромадани чархаи аввали Неругоҳи барқии обии «Роғуня» ва дар сатҳи баланди сиёсию давлатӣ барқарор гардидани муносиботи мутақобилаи ҳасана бо Ҷумҳурии Ўзбекистон сурат гирифт. Воқеан, ин се рўйдоди таърихӣ таҳаввулоти ҷиддиро дар самти сиёсати давлатӣ ба вуҷуд оварданд ва таъкиди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ба ин се ҳодиса бесабаб набуд. Зимнан, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ зиёда аз ду соат идома ёфта, тайи ин муддат тамоми паҳлуҳои сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаришуда мавриди таҳлил қарор гирифт. Албатта, дар маҳдудаи зиёдтар аз ду соат ба риштаи таҳлил кашидани фаъолияти солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон мунсифона расидагӣ намудани мушкилоти ҷойдошта дар самти сиёсати иҷтимоии давлат маҳорати таҳлилии хосро тақозо мекунад ва Сарвари давлат, бо такя ба собиқаи мудирияти давлатӣ тавонистанд, ки дар ин муҳлат на танҳо аз муваффақиятҳо сухан дар миён биоваранд, балки камбуду мушкилоти мавҷударо дар сохторҳои гуногуни давлатӣ ва ниҳодҳои иҷтимоӣ бозгў кунанд ва ҷиҳати ҳалли мушкилот пешниҳодоти муассир манзур созанд.

Баъдан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаи калидии барномаи сиёсӣ ва стратегияи давлатӣ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва созмон додани зиндагии шоиста барои табақаҳои гуногуни аҳолӣ ҷалб намуда, бар асоси он фаъолияти солонаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро ба таври фарогир мавриди таҳлил қарор доданд. Бадин минвол, Сарвари давлат дар формати Паём сари масъалаҳои муҳим: марҳила ба марҳила афзудани буҷаи давлатӣ(дар соли 2019 ба 24 миллиард сомонӣ расидани буҷаи давлатӣ ва нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои фарҳангу варзиш 17,3, илму маориф 14, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 9,5 ва тандурустӣ 7,2 дар сад зиёд маблағ равона карда мешавад); рушди маҷмўи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 дар сад; се баробар коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ; то ба 75 сол боло рафтани сатҳи дарозумрии аҳолӣ; таъсис ёфтани зиёда аз 150 ҳазор ҷойи кории нав ва муттасил ҷараён гирифтани ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ; татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ (муддати даҳ соли ахир ба самти иқтисоди миллӣ зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ихтисос ёфтааст); зиёд шудани майдони боғу токпарварӣ; сохтмони иншоотҳои муҳим; сохтан ва ба истифода додани бинои замонавии таълимӣ (танҳо соли 2018 дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо зиёда аз 73 ҳазор ҷойи нишаст сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд); ба таври тадриҷӣ афзоиш додани нишондодҳои микро ва макроиқтисодӣ; истихроҷи ангишт ва истеҳсоли дигар намудҳои сўзишворӣ; бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва кишоварзӣ; танзими нархҳо дар бозори истеъмолии дохилӣ; нигоҳ доштани ҳадди пойини таварруми асъори миллӣ; пойин бурдани шиддати буҳрони иқтисодию молиявӣ; рақобатпазирии иқтисодӣ дар замони буҳрони ҷаҳонии молиявӣ; таъмиру тармими муассисоти давлатӣ ва роҳҳои нақлиётӣ; татбиқи сиёсати технологияҳои инноватсионӣ; беҳбуд бахшидани вазъи сиҳатии омма ва бартараф кардани мушкилу нуқсоноти соҳа; рушди инфрасохтори деҳот, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; мушкилоти воридоти дорувории хориҷӣ; тараққии сайёҳӣ ва меҳмондорӣ; ба шароити муосир ҷавобгў сохтани илму маорифи ватанӣ; тарбияи насли наврас ва ҷавон дар рўҳияи меҳанпарастӣ, донишдўстӣ, инсонпарварӣ ва гуманизм; мубориза бо терроризм, эктстремизм, қочоқи маводи мухаддир, коррупсия ва ришвахорӣ ба таври густарда суҳбат намуда, фаъолияти солонаи Ҳукуматро дар робита бо соҳаю бахшҳои гуногун мавриди таҳлили ҳирфаӣ қарор доданд.

Тавре тазаккур додем, Сарвари давлат ҳадафи стратегии давлатро дар Паёми имсола мисли солҳои қаблӣ дар таъмин намудани шароити арзандаи зиндагӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Барои ба вуҷуд овардани шароити арзандаи зиндагӣ, пеш аз ҳама, боло бурдани масъулияти хизматчиёни давлатӣ зарур аст ва ин нуктаро Сарвари давлат на як бору ду бор, балки дар ҳар як Паём сареҳан таъкид мекунанд ва дар ин Паём ҳам, масъалаҳои масъулиятписандӣ, кордонӣ, ташкилотчигӣ, муоширати хуби корӣ, одоби сазовори хизматчии давлатӣ, расидагӣ ба мушкилоти мардумӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва мардумӣ, самаранокии мудирияти давлатӣ ва амсоли инҳо матраҳ гардид. Ногуфта намонад, ки тақвияти сармояи инсонӣ, даст ёфтан ба нишондодҳои зарурии макро ва микроиқтисодӣ, таъмини амнияти давлатӣ ва миллӣ, рушди бемайлони илму маорифи бумӣ, пайвастан ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ, дарёфти истеъдодҳои нодири миллӣ дар бахшҳои гуногуни илму маориф, бавижа, дар илмҳои табиӣ-риёзӣ ва амсоли инҳо самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Гузашта аз ин, Сарвари давлат ҳанўз аз оғози фаъолият дар тамоми баромаду суханрониҳояшон, ки ба ин ё он муносибат ироа мегардиданд, ба нуктаи калидӣ - илм ва маорифи ватанӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, ҷойгоҳи асосӣ доштани ин ду соҳаи ба ҳам тавъамро дар сиёсати давлатӣ муҳим дониста, имрўз ҳам сиёсати давлатиро ба ҳамин самт дунбол менамояд. Ҳангоми ироаи Паём Президенти мамлакат илмро самти калидии сиёсати давлатӣ унвон карда, дастоварду бозёфтҳои илмиро дар соли ҳисоботӣ нокифоя ҳисобиданд. Ба таҳсил фаро гирифтан ва дар рўҳияи патриотизм ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон, ба шуғлу касбомўзӣ ҷалб намудани насли калонсоли ҷомеаи тоҷик(бахусус, маъюбону дардмандон ва нафақахўрон) аз авлавиятҳои сиёсати давлатӣ дар замони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба масъалаи муҳими давлатӣ - ба дараҷаи кишвари саноатӣ-индустриалӣ расонидани Тоҷикистон таъкид намуданд. Қаблан, Сарвари давлат ба ин масъалаи асосӣ дар Паёми соли 2016 ишораи ҷиддӣ карда буданд. Ин ҳадаф ба сифати ҳадафи стратегӣ дар низоми сиёсии давлати Тоҷикистон авлавият пайдо мекунад. Вобаста ба ин, масъалаи то соли 2030 ба 22 дар сад расонидани ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмўи маҳсулоти дохилӣ авлавият касб мекунад. Ба кишвари саноатӣ ё ба истилоҳ, индустриалӣ табдил додани мамлакат аз кормандони сохторҳои давлатӣ, махсусан блоки иқтисодии ҳукумат масъулият, касбият, фаросат, фазилат, донишу маърифат ва ҳимматро тақозо мекунад. Дар зимн, силсилаи тадбирҳое, ки тайи чанд соли ахир дар самти сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар гўшаву канори ҷумҳурӣ сурат мегиранд, ҳадафи стратегии давлатро, ки дар Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 инъикос ёфтааст, таҳаққуқ мебахшад. Маълум аст, ки рушди миллӣ, қабл аз ҳама, ба раванди саноатикунонӣ вобаста буда, ба вуҷуд омадани ҷомеаи саноатӣ-индустриалӣ ва минбаъд посиндустриалӣ ба кайфият ва чигунагии истеҳсолоти ватанӣ иртибот дорад.

Самти рушди соҳибкории ватанӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои соҳибкорони ҷумҳурӣ дар Паём минҳайси масъалаи асосӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Сарвари давлат бо мақсади тақвият бахшидани раванди соҳибкории ватанӣ пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда шаванд. Дар ин замина, татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук амри зарурӣ шуморида шуд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «300 рўзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ»-ро ба сифати тадбири рўзмарраи давлатӣ манзур сохт.

Дар мавриди НБО-и «Роғун», ки иншооти аср маҳсуб меёбад, ёдовар шуда, Сарвари давлат ишора намуданд, ки соли 2019 бо мақсади ба кор андохтани чархаи дуюми неругоҳ 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» имкон медиҳад, ки умри НБО-и Норак садсолаҳо дароз гардад ва НБО-ҳои дигар, назири «Сарбанд» ва «Қайроқум» бар мабнои боло рафтани иқтидори энергетики кишвар таҷдиду навсозӣ шаванд. Ҳамчунин ҷиҳати устувор кардани низоми энергетикии кишвар лоиҳаи КАСА-1000 мавриди иҷро қарор гирифтааст, ки маблағи умумии он 11 миллиард сомонӣ (бахши Тоҷикистон 3,4 миллиард сомонӣ)-ро ташкил дода, соли 2021 ба анҷом мерасад.

Дар робита бо фаъолияти мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҳукуматӣ ҷиҳати бомуваффақият анҷом гирифтани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Президенти мамлакат аз «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» сухан ба миён оварда, бо назардошти зарурати инфрасохтори деҳот, солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуд. Дар ин замина, тазаккур ёфт, ки рушди инфрасохтори деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо ин мақсад ҷалб намудани сармояи ватанию хориҷӣ ва аз ин тариқ бо ҷойи кор таъмин намудану соҳиби касбу ҳунар гардонидани мардум аз вазифаҳои аввалиндараҷаи раҳбарони мақомоти давлатӣ ба шумор меравад. Рушди ҳамаҷонибаи деҳот ба шуури миллӣ ва тафаккури давлатии ҷомеа, ки аксаран дар музофот ба сар мебаранд, таъсири мусбат мерасонад. Ин аст, ки ҷиҳати таҷдиди инфрасохтори деҳот ва ҳалли мушкилоти марбута дар амал татбиқ намудани барномаҳои кўтоҳмуддати давлатӣ иқдоми саривақтист.

Илм ва маорифи ватанӣ дар саргаҳи сиёсати давлатӣ қарор гирифтааст. Сарвари давлат ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа додани мақомоти давлатиро тақозо намуда, таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, пайвастани илм бо истеҳсолотро ба унвони роҳи асосии раҳоӣ аз бунбастҳои имрўзӣ муаррифӣ намуд. Ислоҳоти тадриҷӣ ва давра ба давраи маорифи миллӣ ва тамоми зинаҳои таҳсилот ҷараёни маърифатнокии аҳолиро дар чанд соли минбаъда таҳкиму тақвият мебахшад. Зиёд шудани шумораи муассисаҳои томактабӣ дар солҳои баъдӣ имкони мусоиди тарбияи атфоли мамлакатро фароҳам меоварад. Шароити муосири мушкилоти фикрӣ ва ахлоқӣ, ки ҷомеаи моро аз ҳар ҷиҳат таҳдид мекунад, навсозии зеҳнӣ ва тафаккуриро тақозо менамояд. Тавсеаи ҷаҳонбинии кўдакон тариқи боғча ва муассисоти томактабӣ муяссар мегардад. Ин аст, ки то соли 2021 ба 30 фоиз расонидани фарогирии кўдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ зарурати маърифатӣ ва воқеӣ аст. Роҳбари давлат ду мушкили асосиро дар соҳаи маориф гўшзад кард: яке, нарасидани кадрҳои омўзгорӣ ва дигаре, сатҳу сифати то андозае пойини таълим. Сатҳи пойини савод ва заъфи маърифатии муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ буҳронҳои фикрӣ ва илмию маданиро дар сатҳҳои иҷтимоӣ сабаб гардида, оқибат фақри маънавиро ба бор меоварад.

Омўзиши забонҳои хориҷӣ дар мадди назари раҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Дар ин масъала ҳанўз соли 2003 Барномаи давлатии омўзиш ва таҳкиму такмили забонҳои русӣ ва англисӣ ба тасвиб расида буд ва, мутаассифона, сатҳи иҷрои он ба талаботи рўз ҷавобгў нест. Аз ин лиҳоз, Президенти кишвар ба мақомоти марбута супориш доданд, ки Барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030-ро таҳия ва манзур намоянд.

Ҷудо кардани ҷойҳои корӣ аз нукоти муҳимтарини Паём маҳсуб ёфта, Президенти кишвар ҳангоми баррасии ин ё он соҳа ба таври бевосита ва бавосита ба он таваҷҷуҳ менамоянд. Зимни баррасии матлаб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти давлатӣ дастур доданд, ки ҳамасола на камтар аз 100 ҳазор ҷойи корӣ барои шаҳрвандон тахсис диҳанд, то мушкилоти бекорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ роҳи ҳалли худро пайдо намоянд. Ҳалли масоили бекорӣ тавассути ҷудо намудани ҷойҳои нави корӣ, ба касбомўзӣ фаро гирифтани насли ҷавон ва миёнсоли ҷумҳурӣ, ба танзим даровардани фаъолияти бахшҳои шуғли аҳолӣ, кам кардани андоз барои истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони ватанӣ, осону сода намудани ҳуҷҷатгузорӣ дар заминаи андозситонӣ, барҳам додани бюрократизм ё расмиятчигии идорӣ, роҳ надодан ба санҷишу аудитҳои молиявии нолозим ва камаҳамияти корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ, ки аз ҷониби мақомотҳои зиддахл сурат мегиранд, муқовимати давлатӣ ва иҷтимоӣ бо хатарҳои глобалии терроризму экстремизм, муборизаи саросарӣ алайҳи ришвахорӣ ва ришваситонӣ вазифаи масъулини давлатӣ ва ҳукуматӣ мебошад. Президент, барҳақ, ҳалли мушкилоти мавҷуда ва расидан ба ҳадафи ниҳойӣ – сохтмони кишвари саноатӣ-кишоварзии муваффақро ба заҳмати софдилона ва хизмати бовиҷдононаю содиқонаи масъулини давлатӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ вобаста донист.

Сарвари давлат ба занону бонувон ва насли ҷавони ҷомеа ҳамчун неруи созандаи миллӣ ва давлатӣ баҳои баланд дода, аз кўшишу талошҳои онҳо дар роҳи илму дониш ва шинохти арзишҳои миллию давлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҷавононро ояндаи дурахшони Тоҷикистони навин хонд. Эмомалӣ Раҳмон боифтихор аз эътимодаш ба ин насли ояндадор ёдовар шуда, аз насли ҷавон даъват ба амал оварданд, ки дониш андўзанд, ба забон ва фарҳанги миллӣ эҳтиром қоил шаванд, бо забонҳои хориҷӣ мусаллат ва ба илмҳои табиӣ-риёзӣ мутамоил шаванд, ба ватан ва арзишҳои инсонӣ арҷ гузоранд, дар ҳифзи Ватан ва давлати миллӣ устуворона гом бардоранд.

Мушкилоти соҳаи тандурустӣ, махсусан муоширати табибон бо беморону корафтодагон, дар Паёмҳои Президенти кишвар аз ҷумлаи гуфтугўҳои муҳим мебошанд. Раҳбари давлат дар асоси арзу шикоятҳои сокинони ҷумҳурӣ арз доштанд, ки табибон кумакҳои аввалияи тиббиро ба мизоҷон ва беморон намерасонанд ва аз ҳама муҳим, дар муомилаи рўзмарра аз одитарин талаботи инсонӣ дур мераванд. Тартибу одоби табиб ба нисфи амрози бемор даво мебахшад, дар ҳоле ки муоширати нобаҷойи табибон на танҳо дарди беморро шифо намебахшад, балки бемориро музминтар месозад. Ворид намудани дорувории бесифат ва ё пастсифат, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва муоширати табибон боиси норозигӣ ва эътирозоти ҷомеа гардидааст. Аз ин рў, ба мақомоти дахлдор дастур дода шуд, ки сари ин масъала ҷиддӣ таваҷҷуҳ намоянд ва ҷиҳати мушкилоти ҷойдошта чораҳои судманд андешанд.

Таҳлил ва бозшиносии равандҳои муосири сиёсӣ имкон фароҳам меоварад, ки ҷомеа ва давлат аз хатарҳои минтақавӣ ва глобалӣ эмин бошанд. Аммо мушкил ин ҷост, ки падидаҳои номатлуб ва ғайриинсоние монанди бунёдгаройӣ (фундаменталитзм), ифротгаройӣ (экстремизм), тундгаройӣ (радикализм) ва натиҷатан, даҳшатафканӣ (терроризм)-и динӣ-мазҳабӣ фазои фарҳангӣ ва маънавии мамолики Шарқи мусулмониро фаро гирифта, роҳи бурунрафтро аз ҳар тараф бастаанд. Падидаҳои мазкур, ки зоидаи «табъу истеъдод»-и ҷаҳолатмаобони давранд, ҳамеша аз ҷониби қудратҳои бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ шуда, вазъи куллиро дар манотиқи гуногуни шарқӣ, бавижа, шарқи мусулмонӣ ноҷур месозанд. Сухан сари ин аст, ки фарҳангҳои миллию бумӣ дар ҷараёни ташаннуҷи ифротгаройӣ ва тундгаройии динӣ таҳти хатари азим гирифтор шуда, дар садади нобудӣ қарор мегиранд. Ин аст, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паём масъалаи манофеи миллиро ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рўзҳои нахустини давлатдории тоҷикӣ ҳадафи меҳварӣ маҳсуб меёфт, ба самъи ҳозирин расонида, дар ин замина, таъкид дошт, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми саъю талошро баҳри ба сатҳи кишварҳои мутамаддини ҷаҳонӣ расонидани ҷумҳурӣ анҷом медиҳад ва дар ин кор саҳми мардуми шарифи Тоҷикистон бисёр бузург хоҳад буд. Ишораи муҳими Сарвари давлат, мабнӣ бар ин ки тамоми аъзои Ҳукумат ва роҳбарияти муассисаҳои давлатӣ хидматкори халқанд, миёни вакилони халқ, ҳозирини маҷлис ҳамовозӣ ва ҳамсадоӣ пайдо кард.

Нозим НУРОВ,

устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

«Мароми пойтахт», №1-2, (2. 01. 2018, 16. 01. 2018)


Вакти нашр: 2019-01-17 14:55:35    Хонданд: 132    Муфассал...

БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИВУ МУЛОҚОТҲО ОИДИ ОМӮЗИШИ ПАЁМ

Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Мухторова Г., директори МТМУ № 38 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе – Усмонова И., ва ҷавондухтарони ноҳияи Сино оиди омӯзиш Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 ва инчунин оид ба татбиқи қонунҳои миллӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохўрӣ доир карда шуд.

 


Вакти нашр: 2019-01-17 15:35:32    Хонданд: 117    Муфассал...

Паём моро ба ҳадафҳои олиямон мерасонад

Дар давлатдории навини тоҷикон дар замон соҳибистиқлолӣ чанд унсури ва ё падидаи муҳими сиёсӣ дар сулҳу суботи сиёсӣ, ваҳдату якдилӣ ва рушди самтҳои иқтисодиву иҷтимої ва маънавӣ нақши басо муҳим бозиданд. Яке аз ин падидаи муҳим дар баробари сафарҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми манотиқи мамлакат, вохӯрии Сарвари давлат бо зиёиён, ҷавонон соҳибкорон, занону бонувон, Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, ки бурду бохтҳои соли сипаригардидаро ҷамъбаст намуда, ҷиҳати самтҳои муҳими сиёсию дохилӣ ва рушду таҳкими самтҳои муҳиму афзалиятнок дастуру супоришҳои судманду саривақтӣ дода, дурнамои онҳоро пешбинӣ менамояд. Хуллас ҷиҳати рушди ҳарчи бештари сиёсати дохиливу хориҷӣ, иқтисоду иҷтимоиёт, фарҳангу маънавиёт дар ин ҳуҷҷат ваё барнома тамоми тадбирҳои муҳим дида мешаванд. Имсол Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми хешро ба Маҷлиси Олӣ аз рӯйдодҳои муҳиму таърихӣ, қабули ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар масоили об, ба истифода додани чархаи якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва баъди беш аз ду даҳсола барқарор гардидани муносибатҳои дӯстиву ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва то ҳадди шарикии стратегӣ расидани ин муносибатҳо оғоз намуданд. Дар Паёми имсола ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат эълон гардид, ки ин ҳадафи басо бузургу наҷибест. Зеро бо амалӣ гардидани ин ҳадаф корхонаҳои нав бунёд гардида, корхонаҳои қаблии саноатӣ чуноне Пешвои миллат супориш додан таҷдиду азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор гирифта, технологияҳои нав ворид ва ҷойҳои нави корӣ пайдо мегарданд. Ҳамзамон ин ҳадаф имкон медиҳад, ки нархи маҳсулот дар бозор арзон ва ашёи хом, тавре Сарвари кишвар дастур доданд дар худи ҷумҳурӣ мавриди коркард қарор дод мешавад. Паёме хуше, ки ин навбат эълон гардид ин солњои 2019 - 2021 Солњои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидан мебошад. Деҳоти Тоҷикистон гарчанде аз солҳои қаблӣ хеле рушду нумуъ карда бошад ҳам, вале нисбат 73 фоизи аҳолие, ки дар деҳот зиндагӣ мекунанд, минбаъд таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Зеро деҳот мояи тавлиди ашёи хом, маҳсулоти кишоварзӣ маҳсуб ёфта, аҳолии он низ ба ғамхориву таваҷҷуҳ ниёз доранд, ки Сарвари давлат ин ҳадафро пайваста пайгирӣ менамоянд ва имсол махсус чунин иқдом гирифта шуд. Аҳолии деҳот низ баъди татбиқи чунин иқдоми наҷиб минбаъд аз шароитҳои хоси шаҳрбуда баҳрабардорӣ мекунад. Умуман имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, аҳолии деҳот майли дар шаҳр зиндагӣ кардан дорад. Чунин иқдом ба он мусоидат менамояд, ки деҳотиён рӯзгори хешро ободу рушд намоянд. Замоне, ки дар деҳот корхонаҳо бунёд мегарданд, кӯдакистону хонаҳои фарҳанг ва бунгоҳҳои тиббӣ фаъолтар мегарданд, аҳолии деҳот кору пайкор ва зиндагии хешро дар зодгоҳи хеш бо майли тамом идома медиҳад.

Наталя Пайрузова, аъзои ҲХДТ


Вакти нашр: 2019-01-18 15:09:38    Хонданд: 91    Муфассал...

ФИРОРИЁНИ НАҲЗАТӢ ҚУРБОНИ ТИҶОРАТИ РОҲБАРАШОН МЕШАВАНД

Хиёнат ба меҳану миллат аз қабили рафтору кирдорҳои бадтарин ва пасттарини одамон буда, дар таърихи башар ҳеҷ ҷойи бахшиданӣ ва гузашт карданӣ надорад. Аз замони пайдоиши нахустин давлатҳо ва ташаккул ёфтани миллатҳо хиёнаткорону хоинони давлату миллатро ҳеҷ гоҳ намебахшиданд. Чунки онҳо дидаю дониста бар муқобили манфиатҳо ва арзишҳои миллию меҳании хеш баромада, ба хотири манфиатҳои кӯчаки шахсию гурӯҳӣ манофеи умумимиллию давлатиро осон мефурӯшанд. Бо вуҷуди ин, чунин одамон ба хотири пиёда намудан ва роҳандозӣ кардани нақшаю ҳадафҳои хоҷагонашон, ки онҳо ҳам душманону бадхоҳони миллату меҳани ин худбохтагону нохудогоҳон мебошанд, аз тамоми роҳу воситаҳои истифода менамоянд. Дар ҳолати ошкор ва фош гардидани хиёнат ва амали душманонаашон, боз роҳу усули дигар ҷуста, онҳоро ба дӯши дигарон бор карда, худро дар назди ҷомеа мӯсичаи бегуноҳ ва фаришта намоиш медиҳанд. Ҳамчунин, ин гурӯҳи одамон дар ҷомеаҳои суннатӣ ва қолабӣ аз бовару эътиқоди омма сӯистифода намуда, мардумро ба гумроҳа мебаранд. Ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки бо суханони сохтаю бофта мардумро мунтазам дар ҳолати тарсу ваҳм нигоҳ доданд ва одамонро дар муқобили ҳам мешӯронанд.
Ин усули корӣ ва тарзи амалкард дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ ва дар тамоми давлатҳо хоси афроди хиёнаткору хиёнатпеша буда, чун тарки одат балои ҷон эшонро раҳо наменамояд. Аз ҷониби дигар онҳо маҳз бо истифодаи ин усулу воситаҳо, ки соҳиби молу мулк гардидаанд, мехоҳанд дар ҷамъият ҷойгоҳ ва мақоми хоси худро дошта бошанд. Бо ин ҳам иктифо накарда, бо амалҳои даҳшатбору ваҳшатагезашон низ ашхоси муътабару маъруфро қатлу ғорат карда, ҷомеаро ба ҳолати хаос меоранд. Ва дар ҳамин марҳила тамоми кӯшишу ғайрати худро бо роҳи зӯрӣ ва ғайриқонунӣ баҳри ғасби ҳокимият равона менамоянд.

Вале дар ҳеҷ ҷомеаву давлате чунин хиёнаткорону хоинонро пас аз ба таври пурра ошкору фош гардидани ваҳшонияту даҳшатбориҳояшон ва бардошта шудани парда аз рӯйи асрори амалҳои ғайриахлоқию ғайриинсониашон набахшидаанд ва ҳеҷ гоҳ нахоҳанд бахшид. Вале, дар фазои пасазистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз бомдоди субҳи озодию истиқлол роҳбарону намояндагони наҳзат тамоми амалҳои ваҳшатангезу даҳшатбор ва кирдори пасту зиштро роҳандозӣ намуданд. Ҳанӯз дар интиҳои солҳои 80-уми асри ХХ, замоне, ки собиқ ИҶШС побарҷо буд, роҳбарону намояндагони наҳзат ба таври пинҳонию ошкоро даст ба ҷиноятҳои мухталиф зада, мардумро ба майдоннишинию сангарнишинӣ даъват намуданд. Барои дар зери парда пинҳон кардани ин ҷиноятҳояшон муллоҳо ва рӯҳониёни вақтро ба пеш андохта, худ дар паси онҳо пинҳон шуданд. Бо ҳамин роҳ корро то ба ҷанги бародаркӯш расонида, дар раванди ҷанг басо мардуми кишварро талаву тороҷ карданд. Мардумро ба ҷанг кашида, худашон дар зери паноҳандагӣ ва пуштибонии хоҷагонии хориҷиашон дар хориҷ аз кишвар айшу нӯш карда гаштанд. Ҳарчанд ин нақшаҳояшон дер напоида, хиради азалии мардуми тоҷикистонӣ боло гирифт ва бо роҳбарии фарзонафарзандони миллат оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба хомӯшӣ расонида шуд, аммо ин буғсу нафрат ва кинаву адоватро роҳбарону намояндагони наҳзат аз қалбҳои нопоки хеш берун карда натавонистанд. Дилсиёҳӣ, тангназарӣ, кӯрдилӣ, хиёнаткорӣ, душмансозӣ ва дигар амалҳое, ки хоси онон асту нафрати инсони бохираду солимақлро меорад, ҷӯш зада, боз наҳзатиҳои террористро боз ба роҳи терроризму экстремизм андохт.
Пас аз хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири орому осуда зиндагӣ кардан ва дар фазои сулҳу дӯстӣ умр ба сар бурдани мардуми кишвар ба тамоми хиёнаткорӣ ва амалҳои ваҳшатангезу даҳшатбори террористони наҳзатӣ чашм пӯшида, кулли роҳбарону намояндагони наҳзатро, ки саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ ва дигар норомиҳо дар фазои ҷумҳурӣ буданд, бахшид. Ва ҳатто ба хотире, ки онҳо ҳам шаҳрвандони ин кишваранд ташкилоти террористонаашонро ба сифати ҳизби сиёсӣ шинохт ва дар парлумон барои ин ҳизб ҷой муайян кард. Аммо ҳаводису воқеоти баъдӣ такрор ба такрор собит сохтанд, ки ин морсиратону каждумпешагон аз амалҳои разилонаю аблаҳона ва пастфитратона ҳеҷ даст накшидаанд ва нахоҳанд кашид.

Имрӯз, ки аксари амалҳову кирдорҳои пасту зишт ва бехирадонаю разилонаи онҳо, ки ба таври пурра ошкор шудаасту хиёнаткорӣ ва душманиашон ба миллату меҳан ба маротиб собит гардидааст, эшон худро ба оғӯши кишварҳои демократию дунявӣ партофтанд. Ин дар ҳолест, ки замони дар Тоҷикистон буданашон онҳо ҳамагӣ душманони ашадии демократия ва дунявият буданд ва ҳатто, ҳар нафар аз ин ду мафҳум истифода мекард, зери танқиди шадид қарор медоданд. Ин террористону экстремистон, ки худро мусалмони ноб меноманд, чаро ба кишварҳои мусалмоннишин нарафтанд? Чунки онҳо на мусалмон, на яҳудӣ ва на масеҳӣ ҳастанд, балки эшон афроди чандчеҳра, чандрӯй ва осонфурӯшонеанд, ки дар ҳолати зарурӣ на танҳо дину мазҳаб ва эътиқодашонро иваз мекунанд, қадру қимат, шаъну шараф ва нангу номуси инсониашонро ҳам мефурӯшанд. Аз ин рӯ, аз шаклу шамоили ин қабил одамонсуратони каждумсират на танҳо мусалмонҳо, балки тамоми башарият безор аст ва тоқати дидани ононро надорад. Вале, кишварҳои аврупоӣ, ки худро ҷаҳонӣ аввал меҳисобанду гӯиё дар ин қитъаи олам демократия, дунявият ва плюрализм ба дараҷаи олӣ расидааст, ночор ба роҳбарону намояндагони фирории наҳзат ҷой доданд. Дар асл, онҳоро на танҳо қабул, ҳатто дидан намехоҳанд, зеро хуб медонанд, ки тамоми таркишҳо ва амалҳои террористонаи дар шаҳрҳои мухталифи Аврупо рӯйи коромадаро, маҳз намояндагони исломи сиёсие, чун наҳзат анҷом додаанд, на афроди дигар. Аммо дар тамоми гӯшаю канори олам, ки аз демократия, дунявият ва озодии дину мазҳаб ҷор мезананд, аз ночорӣ ба роҳбарону намояндагони фирории наҳзат ҷой додаанд.

Роҳбарону намояндагони фирории наҳзатӣ, ки бадкорӣ, бадниятӣ ва бадсириштӣ дар тамоми рагу пайвандашон реша давонида, ҳама организмашонро фаро гирифтааст, наметавонанд аз иҷрои амалҳои ваҳшатангез ва даҳшатбор даст бикашанд. Чун медонанд, ки тамоми сокинони сайёра аз террористӣ ва экстремистӣ будани наҳзат огоҳанд, худро айёр нишон дода, барои дар пинҳонӣ мондани ҷиноятҳояшон гурӯҳҳои дигар террористонаро бо номҳои Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказиро таъсис доданд, ки ҳеҷ кадом онҳо ба номаш мувофиқ нест. Яъне, ба истилоҳи дигар ном барои амалҳои аблаҳонаю аҳмақона ва заҳҳоконаю аҳриманонаи эшонро намебардорад.
Чи гуна кас будан, дар ҷамъият чи гуна нақш доштан, ба кадом амалҳо машғул будан ва бо дастуру супориши кадом гурӯҳу давлатҳо фаъолият кардани ҳам роҳбарон собиқ ва ҳам роҳбарону намояндагони имрӯзаи наҳзат барои ҳар як фарди тоҷикистонӣ, аз кӯдаки гаҳвора ва то пири ҷойгаҳӣ ошност. Зеро кулли тоҷикистониён хуб медонанд, ки ин афрод на дар гузашта, на имрӯз ва на дар оянда озодандеш набуданд, нестанд ва нахоҳанд буд. Онҳо, ки на танҳо фаъолияти хиёнатию ҷиноятӣ, балки зиндагию ҳаёти шахсиашонро бо дастур ва супориши хоҷагонашон пеш мабаранд, чи гуна озодандеш буда метавонанд, чи расад ба таъсиси чунин анҷуман. Ҳамчунин, ин тоифа аз душманони сарсахти рушду инкишоф ва пешрафту тараққиёти Тоҷикистон буда, ҳеҷ гоҳ шукофоӣ ва пешрафти ин кишварро дидан намехостанд. Имрӯз, ки дар ин сарзамин берун шудаанд, худро ислоҳотгар ва рушддиҳанд ном мебаранд, ки ин чунин номгузорашон мақолаи халқии «хара хандаю буза бозӣ»-ро ба ёд меоварад.
Мафҳумҳои тангназарӣ, кӯрдилӣ, ноогоҳӣ ва ноқисулақлиро назар ба роҳбарони наҳзат дида, дар нисбати намояндагону пайравони ин созмони террористӣ-экстремистӣ истифода намудан дурусттар аст. Зеро ҳамагон хуб медонанд, ки роҳбари фирории наҳзат як тоҷири айёри динфурӯш, мазҳабфурӯш ва ҳатто, одамфурӯш буда, аз замони роҳбари ин такшилот шуданаш ҳамеша тиҷорати хешро пеш мебурд. Ва барои пешбурди тиҷорату пиёда сохтани нақшаю ҳадафҳои шахсиаш омода буд, дилхоҳ аъзои ҳизбро осон ба фурӯш барорад. Вале намояндагони наҳзат чунон тангназар, кӯрдил ва ноогоҳанд, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо амалҳо ва фаъолияти на танҳо меҳану миллат, балки ба ҳизбу аъзои он хиёнаткоронаашонро дида наметавонанд. Имрӯз ҳам ин тоҷири дину мазҳабфурӯш пайи пешбурди тиҷорати хеш асту он афроди ноогоҳу торикфикр қурбони амалҳои шаръии ӯ гардида истодаанд. Рӯзе мерасад, ки ин нафар ба хотири манфиатҳои шахсии хеш тамоми намояндагони фирории наҳзатро ҳам ба фурӯш мебарорад ва худ айшу ишраташро роҳаттар идома медиҳад. Чунки вай дар на танҳо фурӯхтани молу коло, балки дар тиҷорати дину мазҳаб ва инсон ҳам таҷрибаи кофӣ дорад.

Нодири ҚОДИР,
таҳлилгар

 


Вакти нашр: 2019-01-18 15:24:35    Хонданд: 77    Муфассал...

НАСЛИ СОЗАНДА

Дар асоси нақша - чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 дар Гимназияи хонандагони болаёқати №2 - и ноҳияи Шоҳмансур бо хонандаҳои синфҳои болоӣ вохўрӣ доир гардид.

Дар мулоқот Сайдалӣ Шамсов –мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар доираи нуктаҳои арзишманди Паём суханронӣ намуда, қайд кард, ки имрӯз насли ҷавон бояд пеш аз ҳама ҳисси миллӣ ва номуси ватандорӣ дошта, баҳри аз худ кардани илмҳои замони муосир ва аз худ кардани касб доимо талош варзад. Ҳамзамон қайд намуданд, ки имрӯз баҳри ҷавонон махсусан дар шаҳри Душанбе бо ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тамоми шароитҳои аз бар кардани илм, касбу ҳунар, ва ҳамчунин толорҳову майдончаҳои варзишӣ баҳри тамрин ҷавобгӯй бо талаботи замони муосир сохта ба истифода дода шудаанд, ки ин боиси шукргузорӣ ва қадр кардан мебошад.


Вакти нашр: 2019-01-18 15:55:04    Хонданд: 91    Муфассал...

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КИИ «ДОНИШ»

Дар асоси дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе имрўзҳо кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ноҳияи Шоҳмансур маҷлисҳои солонаи худро доир менамоянд.

Дар ин замина, Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” бо иштироки Раҳмонзода Зоир Файзалӣ-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ-Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур доир намуд.
Аз рӯйи масъалаи якум бобати омӯзиш ва тавзеҳи Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Ғафуров Абдухалил- директори Донишкадаи такмили ихтисоси назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баромад намуданд.

Сипас, аз рӯйи масъалаи дуюми рўзномаи маљлис оид ба омўзиши “Одобномаи корманди ҳизбӣ” Соибов Зайниддин- номзади илми ҳуқуқ баромад намуда, қайд кард, ки одобномаи мазкур меъёрҳои ахлоқии корманд ва аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар бахшҳои алоҳида ба танзим медарорад.

Инчунин аз рӯйи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ- Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” оид ба фаъолияти солонаи Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ҳисобот дода, қайд кард, ки дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” соли сипаригардида як зумра корҳо ба сомон расонида шуданд. Маъракаи умумии сиёсии Обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ, иштирок дар чорабиниҳои сиёсӣ ва конференсияҳо, тарғибу ташвиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи ҳадафмандонаи барномаҳои ҲХДТ, тарбияи ҷавонони ватандӯсту меҳанпараст ва содиқ ба Ватану миллат ба таври қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Дар идомаи маҷлис Қиёмова Зарафо Суфиҷоновна раиси Шӯрои кор бо занон ва Саидализода Шодмон раиси Шӯрои кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” интихоб карда шуданд.
Дар кори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” Раҳмонзода Зоир Файзалӣ-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе суханронӣ карда, оид ба рӯйдодҳои муҳими соли 2018, дастгирии ҳамаҷонибаи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омодагиҳо ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва масъалаҳои дохилиҳизбӣ муҳимтарин нуктаҳоро баён дошта, фаъолияти КИИ «Дониш»-ро дар соли 2018 қаноатбахш арзёбӣ намуд.

Сипас Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” бо Сипосномаи ҲХДТ ва як қатор аъзоёни фаъол бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.

Илова ба ин ба як қатор ҷавонони фаъол, ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, ба сафи ҲХДТ пайвастаанд шаҳодатномаҳои узви ҲХДТ супорида шуд.

 


Вакти нашр: 2019-01-21 10:22:43    Хонданд: 158    Муфассал...

КАБИРӢ КИСТ ВА ЧИ ҲУҚУҚИ БАҲС ГУФТАН БА МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН ДОРАД

Кабирӣ фардест, ки солҳои навад ба мардум, ба ватани худ хиёнат кард, Кабирӣ одамест, ки ба ҷони беш аз 150 ҳазор кушта даст дорад, кабирӣ фардест, ки рушанфикрони миллатро бо супориши хоҷагони хориҷиаш қурбон намудааст, кабирӣ касест, ки мазҳабашро фурӯхтааст, то Тоҷикистонро ба вайрона табдил диҳад. Имрӯз ин нафси саркашу бад кабирӣ боз боло гирифтаву ӯро ба изтиробу шӯр овардааст. Ӯ дубора мехоҳад Тоҷикистонро ба коми оташ кашонад. Зеро ҷони худи ӯ дар хатар аст. Маблағҳои калони хоҷагонаш саволу ҷавоб дорад. Оё ту беномус намеандеши ки ҷони шаҳидони миллат саволу ҷавоби аз ин бештар дорад? Миллат дар иттиҳоду ваҳдат аст ва бо ту нохалафе, ки чанд рӯву чанд мазҳабу чанд хоҷа дорӣ, ҳаргиз иттиҳод накунад. Дохилу берунро ба иттиҳод даъват мекуниву маблағи бештарро ба даст оварда дар кадом як гӯшаи дунё маишатро идома дода, боз дассисаву иғвоҳои навбатиро фикр карда мебарорӣ. Ҷонат аз афташ дар тангӣ афтодааст, вагарна чунин изҳороти тезу тунду гарму ҷӯшонро баён намедоштӣ. Мардуми Тоҷикистон магар симои воқеии туро намедонад? Кабирӣ имрӯз аз таги нохун зӯр зада, зӯр зада чирк мекобад, вале он нохун тоза аст. Дузд, хиёнаткор, вайронкор худи ту ҳастӣ ва дигаронро чун худ мебинӣ. Пешвои муаззами миллат дилу нияти пок, амалҳои савобу наҷиб, корнамоиҳои бузург доранд, ки Тоҷикистон ба ин рӯзҳои нек расида истодааст. Худо ба ӯ мадад кард. Ту дар мақомоти қонунгузор солҳо бо дилу нияти нопок кор кардиву ба ту бовар намуданд. Бехабар аз он ки гургзода оқибат гург шавад.

Ин нохалафи зиёикуш боз зиёиёнро ба ёриву имдод даъват кардааст. Ин берӯю беҳаёи Кабирӣ мафҳуми ҷавонмардонагиро ба забон беибо меорад. Ин мафҳумҳои баланд аз ту фарсахҳо дур аст. Ту ҳар қадам ватанфурӯшӣ ва миллатфурӯшӣ мекуниву борони таънаву бӯҳтон ба дигарон мезанӣ. Ин нокас худро ба паёмбарон, Мусову Исо , Пайёмбари ислому Мандела баробар карда мегӯяд “Тӯли таърих ҳамеша ба ислоҳотхоҳону муборизон туҳмат кардаанд. Ин бечора гӯё чун ин паёмбарони дар роҳи Худо зери туҳмат мондааст. Ин миллат бо ҳам аст, ғам махӯр. Агар чунин намебуд, ин рушду пешравӣ аз куҷо мешуд. Ғами шикаму рӯзгори худатро хӯр баднафси хоин, вале аз ҳисоби зарар ба Тоҷикистон не.. Он як нафаре, ки ба муқобилаш ҷанг эълон кардаи ҷони миллат, азизи миллат, ҳабиби миллат аст. Ин ҷонфидои миллат, Пешвои муаззами миллат, ки барои ободиву осудагии миллат заҳмати шабонарӯзӣ мекашад, миллат барояш омодааст ҷон диҳад. Ҳарзагӯи мекунӣ Кабирӣ. Ту худ то имрӯз чӣ кор кардӣ. Дар ниқоби дӯст кори душман кардаи. Солҳои дар Тоҷикистон ва дар мақомотҳои баландпоя кор карданат. Мардум кӯр нест, ки набинад. Шумо гирифтори бемории рӯҳӣ шудаед. Фарде, ки эҳсоси бадбинии зиёде ба касе дорад, ақли солим надорад ва дар илм равоншиносӣ онро шизофрения меноманд. Аз ҳад зиёд ба касе хӯрдагирӣ намудан яке аз нишонаҳои ин беморист. Ва мардум бояд аз қафои ту бе дину диёнат, қотилу хиёнаткору бемор равад? Як бор бо ин даъватҳо қариб Тоҷикистон аз даст мерафт. Бадии ту интиҳо надорад, зеро пушти ту қувваи бузургест, ки аз артистизму беномусиву беруии ту истифода кардан мехоҳад. Ту туъмаи бисёр муфиди барои онҳо ва маблағгузориат ҳанӯз идома дорад. Аз ин рӯ, забонат бисёр дароз шуда рафта истодааст. Қурбони нафси хеш як бор Тоҷикистонро кардӣ. Имрӯз Тоҷикистон дар ҳоли тараққиву рушди бештар аст. Мардуми Тоҷикистон он рӯзҳои даҳшатборро ҳанӯз дар ёд дорад. Вазъи ноороми сиёсӣ, аз ҳар сӯ парон парони тиру тӯб, норасоии маводи хӯрока, махсусан нон, тарсу ваҳми зиёд дар рӯзу шаб сокинонро фаро гирифта. Корхонаву мактабҳо аз фаъолият монда ва тақдири номаълуму торике Тоҷикистонро гирифтор. Садҳо гурезаҳову куштаҳо. Чун офтобе миёни абрҳои тираву дилгир офтобе болои сари тоҷикони азияткашида тулуъ намуд. Ҷавонмарде дорои тамоми фазилатҳои неки инсонӣ, асолати миллӣ, ҷасорату шуҷоати беназир ғайрату хирад Сарвари тоҷикон интихоб гардид. Замоне ки касе зимоми давлатдориро бар дӯш гирифтан намехост, Ӯ наҳаросид. Балки як қувваи илоҳие Ӯро пеш бурд баҳри наҷоти ин миллату ин Ватан. Ин абармарди хирад, Пешвои миллати ҳақиқӣ гардид. Гарчанде ин мақомро баъди даҳсолаҳо ба Ӯ доданд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фариштаи дар қолаби инсонӣ барои наҷот миллат омад. Магар он рӯзҳоро фаромӯш сохтӣ. Магар фаромӯш сохтӣ, ки дидаи модари тоҷик пурнаму, дили падари тоҷик дар тарсу ларза буд. Магар фаромӯш сохтӣ хонаи миллат сӯхта буду тоҷик гурезон аз Ватан. Магар фаромӯш сохтӣ, ки давлати абарқудрати шӯрави шикаста буду, Тоҷикистон як давлати танҳову ҷангзадаву мусибатзада буд. Ба ин ҷумҳурии тозаистиқлоли танҳо касе даст дароз намекард, то аз вартаи ҳалокат раҳонадаш, танҳо ин Марди Бузург, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин варта бо ҳамон ниятҳои наҷибу нек, раҳму шафқат, меҳру муҳаббати азалӣ Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат баровард. Ҷумҳурӣ ҳамон шабу рӯз танҳо бо ҳамин хонаи оташгирифта монда буд. Фаромӯш накун таърихро. Касе таърихро фаромӯш месозад, инсон нест, касе аз таҷрибаи талхи таърих таҷриба намегирад оянда надорад. Мо, тоҷикон аз Пешвои миллат танҳо меҳру муҳаббати падаронаву бародарона дидем, таваҷҷуҳу ғамхорӣ дидем, заҳматҳои шабонарӯзиву рӯзҳои бефароғати ӯро дидем баҳри ин миллату сарзамин.Ба гуфти шоир “Касе қадрат надонад, дӯзахӣ аст”

Дастархони холии мардуми мо пур аз неъмат шуд. Фазои Тоҷикистон дар ин ҷаҳони ноором орому осудааст. Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст. Маоши тоҷик аз 7 сомонӣ имрӯз то ба 1000 то 2500 ва бештар аз он расидааст. Хонаи сарду торики тоҷик имрӯз гарму рӯшан аст, аз ин беш магар дастовард дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ мешавад. Худо ин иттиҳоду, ин ободиву ин дастоварду ва ин Пешвои миллати тоҷикро дар паноҳи исматаш нигаҳ дорад.

Кӯру кар мебинаду эҳсос мекунад ин бохту бурдҳоро, вале ту Кабириро нияти нопоку сиёҳат дилу ақлатро кӯру кар намудааст.

Фариза Ҳотамова- омўзгор


Вакти нашр: 2019-01-21 10:31:07    Хонданд: 135    Муфассал...

ПАЁМ БАРНОМАИ РУШД

Чанде пеш дар ташкилоти ибтидоии “Бақои давлат”-и Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар асоси мактуби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша –чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомад доир гардид.

Маҳмадсаид Файзуллозода- сардори сарраёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ доир ба бандҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, таъкид намуд, ки дар он тамоми самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар дарҷ гардида, имрӯзу дурнамои он ба пешбинӣ гардидааст. Мавсуф дар мавриди дастовардҳои соли сипаригардида изҳори назар намуда, таъкид кард, ки дастоварду рӯйдодҳои соли сипаригардида таърихӣ буда, барои на танҳо мамлакати мо, балки барои минтақа ва аҳли сайёра арзишманду аҳамиятноканд. Яъне, қабули чоруми ташаббуси Тоҷикистон оид ба масоили об, ба истифодадиҳии чархаи якуми НБО Роғун ва барқарор гардидани муносибатҳои ҳамкорию дипломатии Тоҷикистону Ӯзбекистоназ зумраи ин рӯйдодҳои барҷастаи таърихист. Мавсуф изҳор дошт, ки таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбати деҳоти Тоҷикистон, маблағгузорӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, яке аз бандҳои асосии Паём буд.

Убайдулло Қурбонов- муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ дар мавриди дастовардҳои соли сипаригардида, ки дар ҳайёти мамлакат барҷаставу хотирмон маҳсуб меёфтанд, дар бораи солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидан, пешгирии бемориҳо сироятӣ, ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии мамлакат, истифодаи самараноки замину об ва ғайра ибрози назар намуд.


Вакти нашр: 2019-01-21 13:44:24    Хонданд: 128    Муфассал...

ИСТИҚЛОЛИЯТ – РАМЗИ САОДАТУ АСОЛАТИ МИЛЛАТ

Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик ба шумор рафта, дар сарнавишти халқи мо ҳамчун нодиртарин воқеаи таърихӣ нақши тақдирсоз дорад. Чунки ин рӯйдоди муҳим дар хонадони мо нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ ва ҳамфикрию ҳамзистиро пойдор намуд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад”.
Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ – Истиқлолияти давлатӣ, халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон, Суруд, Конститутсия ва пули миллӣ шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи башарӣ, ҳамчун давлати мустақилу комилҳуқуқ эътироф гардид.

Аз лаҳзаҳои аввали пойдор гардидани Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти бонизоми мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ таъмин шуд. Дар ин раванд, бори аввал тариқи райъпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки раванди демократикунонии ҷомеаро боз ҳам мустаҳкамтар намуд. Дар низоми идоракунии давлат аввалин шуда мақомоти қонунгузори кишвар иборат аз ду палата – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таъсис ёфта, бо қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти дигар мақомоти давлатӣ ба низом дароварда шуд.
Маҳз дар замони Истиқлолияти давлатӣ Артиши миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкил гардида, ҷиҳати таъмини сулҳу субот, ҳифзи марзу буми кишвар, дастовардҳои замони истиқлолият, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон камари ҳиммат бастанд.

Набояд фаромӯш кард, ки роҳи тайкардаи халқамон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳамвору осон набуд. Аз ин рӯ, бо назардошти мушкилоти мавҷуда аз ҷониби Пешвои миллат се ҳадафи стратегӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ пеш гузошта шуд. Зеро раванди бонизоми пешрафти иқтисодӣ ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, асосан, аз ҳамин се омил вобастагии зич дошт.

Бинобар ин, дар солҳои соҳибистиқлолӣ неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ, нақбҳо, шоҳроҳу пулҳои дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва даҳҳо иншооти азиму муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ сохта мавриди истифода қарор гирифтанд. Инчунин, дар ин давра, бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Аз ҷумла, як қатор корхонаҳои азими истеҳсолӣ эъмор гардида, майдони умумии боғу токзорҳои мамлакат ба 360 ҳазор гектар расонда шуд.
Маҳз бо кӯшишу чораҷӯиҳои амиқ сатҳи камбизоатӣ дар қаламрави кишвар паст гардида, аз 81 ба 28 дарсад коҳиш ёфт, ки аз болоравии сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар дарак медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дар баробари эътибор додан ба раванди бунёдкориҳо, диққату эътибори Пешвои миллат ба эҳёи арзишҳои миллӣ равона гашта, бо дастуру ҳидоятҳои созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат муҷассамаи Асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуд.
Ба ҷуз ин, бо иқдоми Пешвои миллат дар қаламрави ҷумҳурӣ миқдори муассисаҳои таълимии оливу миёна зиёд гашта, сатҳу сифати таълиму тарбия хеле баланд бардошта шуд. Аз ҷумла, қабули барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф, компютеркунонӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва таъсиси Маркази миллии тестӣ далели шоёни ин гуфтаҳоянд.

Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки самараву футӯҳи Истиқлолияти давлатӣ буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шуд ва муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо 156 давлати ҷаҳон барқарор ва кишвари мо аъзои беш аз 80 созмони байналмилаливу минтақавӣ гардид.

Сабоҳат РАҲИМОВА - АЪЗОИ ФАЪОЛИ ҲХДТ
 


Вакти нашр: 2019-01-21 16:55:29    Хонданд: 100    Муфассал...

ПАЁМИ ОЯНДААФРӮЗ

Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, дарвоқеъ, фарогири ҳамаҷонибаи масоили иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангиву маданӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва амниятии кишвар буда, бо зикри наҷибтарин дастовардҳои таърихии соли 2018, монанди оғози расмии татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки бевоситаи Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об, 22-юми марти соли 2018; мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввали иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон НБО «Роғун» ва ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон шурӯъ гардид.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ҳамчун ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ - аграрӣ амалӣ шуда истодааст. Дар ин росто болобурди сатҳи зиндагии мардум бо роҳи таъмини рушди устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳсозии фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат аз ҳадафҳои олии Ҳукумати ҷумҳурӣ дониста шуданд.

Соли 2018 дар соҳаҳои иҷтимоии кишвар тамоюлҳои мусбат идома ёфта, аз ҷумла нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расида, фавти модару кӯдак нисбат ба соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст гардидааст. Сарвари давлат аз дурнамои афзоиши аҳолӣ сухан ронда, зикр намуданд, ки шумораи аҳолӣ дар кишвар аз 5,4 миллион нафари соли 1990 дар соли 2018 ба 9,1 миллион нафар расида, дар назар аст, ки соли 2023 аҳолии кишвар ба 10 млн. нафар мерасад. Бо назардошти ин вазъият, Сарвари давлат бо таъкиди зарурати ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла беҳсозии сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат, саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Дар ин росто пешниҳод гардид, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишвар “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ карда шавад.
Оре, пешниҳоди Пешвои миллат ҷиҳати ҳадафи чоруми миллӣ қарор додани саноатикунонии босуръати кишвар идомаи мантиқии заминаҳои истиқлолияти энергетикӣ буда, ба беҳбудии ҳар чи зудтари дигар соҳаҳои хоҷагидории кишвар мусоидат мекунад.
Таъкид шуд, ки дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати истиқболи шоёни Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ илова ба сохтмон ва таъмиру тармими иншооти таъйиноти иҷтимоӣ, инчунин, мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ дар маҳалҳои аҳолинишин, махсусан дар деҳот, бояд ҳал карда шавад. Зикр гардид, ки дар ҳошияи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар соли 2018 шумораи сайёҳони ба Тоҷикистон ташрифоварда назар ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишудаи ин соҳа як сол басанда нест. Дар ин росто Роҳбари давлат ҳифзи муҳити зистро яке аз роҳҳои асосии ҷалби сайёҳон дониста, бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 - ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Воқеан, Тоҷикистон бо табиати рангину манзараҳои дилфиребаш барои роҳандозии намудҳои гуногуни сайёҳӣ, монанди сайёҳии экологӣ, табобатӣ, варзишию шикор ва кӯҳнавардӣ имкониятҳои васеъ дорад.
Пешвои фарҳангпарвари миллат ёдовар шуданд, ки Шашмақому Наврӯз ва либоси чакан ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид шуданд. Ҳамчунин, илова намуданд, ки имсол мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд. “Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад”, - таъкид карданд Сарвари давлат.
Баъди расидан ба Истиқлолияти давлатӣ ба таври ҳамешагӣ рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ дар маркази таваҷҷуҳ аст. Маърифати китобхонӣ ҳамчун анъанаи неки ниёгон ривоҷу равнақи тоза касб карда, як зумра корҳои намоён ба анҷом расиданд. Китобхонаи миллӣ ҳамчун маркази муҳими илмӣ-тадқиқотӣ ва фарҳангии кишвар дар рушди илму маориф, густариши анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси миллӣ саҳмгузор аст.
Барои расидан ба ин мақсадҳои олӣ ва иҷрои дастуру супоришҳо мо - кормандони Китобхонаи миллӣ бо ҳисси масъулиятшиносии баланд ва фаъолияти пурсамар, албатта, саҳми арзанда мегирем. Зеро меҳнати содиқонаву якдилонаи аҳли кишвар боиси шукуфоии бештари Ватани маҳбубамон ва сарафрозии миллати тоҷик дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва наслҳои оянда мегардад.
Абдусалом МИРАЛИЗОДА,
директори Китобхонаи миллии

Тоҷикистон, профессор

 

 

 

 

 

 


Вакти нашр: 2019-01-22 09:17:59    Хонданд: 109    Муфассал...

Ҳадафи Паём рушду пешрафти бештари мамлакат

22 январи соли равон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар асоси мактуби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша –чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “ Наркологӣ” соати сиёсӣ доир намуданд.

Дар он дар мавриди рӯйдоду дастовардҳои таърихии соли сипаригагдида, аз ҷумла қабул гардидани ташаббуси чоруми Тоҷикистон оид ба масоили об аз ҷониби СММ, ба истифода додани чархи аввали НБО “Роғун” ва барқарарор гардидани муносибатҳои ҳамкориву дипломатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ба ҳадди шарики стартегӣ расидани ин муносибатҳо буд.

Ҳамзамон роҷеъ ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии мамлакат, коркарди ашёи хом дар худи Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, самаранок истифодабарии замину об, баланд бардоштани нақши занону бонувон, нақши онҳо дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, забони давлатӣ ва ғайра сухан рафт.


Вакти нашр: 2019-01-23 14:42:37    Хонданд: 76    Муфассал...

Фирефтаи мафкураи ифротии динӣ гаштан - чашидани заҳрро монад

Мақоли маъруфест, шояд дар овардани шакли дурусташ иштибоҳ намоям, лекин аниқ ба ин маънист, ки «чашидани заҳр камоли аҳмақист». Миллати тоҷикро як бор дар ин роҳ бурданду заҳр чашониданд. Ончунон сахт омад, ки 150 ҳазор фарзандаш қурбонии ин «чошнӣ» гардид.

Ин заҳр дар симои наҳзатиҳои террорист ва мафкураи ифротию ҷоҳилонаи аз қаъри асрҳо барои Шарқ меросмонда зуҳур кард. Ақлҳоро ба ҳаде тира сохт, ки ҳатто бар ҷаҳонбинии дунявии баъзе равшанфикрон, зиёиён ва аҳли илму адаби тоҷик чира гашт. Онҳо низ бо камоли содалавҳӣ ва зиракии даме аз даст додаи худ, маззаи онро чашиданд. Роҳии майдонҳои эътироз гаштанд. Ва чун майдон саросар аз ришу ҷелак пур шуд, онҳоро боадабона аз минбар поин карданду шиорҳои «Нест бод коммунист», «Нону ҷанозаи муаллим ҳаром аст», «Давлати исломӣ месозем» ва монанди инҳо пардадари гӯшҳо ва вирди забони муллоҳои ба ваҷдомада гаштанд. Дар як они воҳид фаромӯш шуд, ки ҳамин зиёиёни чанде муқаддам дарминбарбуда ва бо муллоҳо аҳди бародарӣ баста низ, ҳама коммунисту муаллим буданд. Он қадар заҳр миллати ҷафокашидаро чашониданд, ки осораш бо гузашти солҳо, ҳанӯз дар хотираҳо боқист.

Пирону ҳамақидагони эшон таъсири ин заҳрро дар дигар қавму миллатҳо низ озмуданд. Дар натиҷа одамият асари мағзҳои ақлбохтаро дар Сурия ва Ироқ, Либия ва Яман, Афғонистону дигар нуқоти доғи сайёра диду мебинад. Доманаи ваҳшонияте, ки наҳзатиҳо солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон бар заданд, аз ҷониби дигар гурӯҳҳои террористӣ такрор ёфтаву пайваста «сайқал» дода мешавад. Бо бераҳмии махсус куштани гурӯҳ-гурӯҳ одами бегуноҳ, зинда ба зинда сӯзондан, бо завқ тамошо кардану аксбардорӣ ва наворбардории саҳнаи куштор, ба кӯдакону наврасон омӯхтани каллабурӣ, сохтани зиндонҳои гӯрмонанду бочказиндонҳо, ҷорӣ кардани ғуломдорию ғуломфурӯшӣ, қир кардани одамон ва ҳазорон ҷинояти дигаре, ки аз ҷониби террористони наҳзатӣ анҷом дода мешуданд, аз ҷониби шогирдони имрӯзаи онҳо – ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои тундрави ифротгаро борҳо такрор шуданд.

Истеҳсолкунандагони ин заҳр имрӯз дар дили Аврупо қарор доштаву насли нави ҷавони миллатро ба чашидани он даъват доранд, тавшиқ мекунанд, моил месозанд. Террористи дирӯза акнун либоси демократӣ ба бар карда, он қадар аврупоиҳои содалавҳро фирефтааст, ки ба ӯ минбар медиҳанд, ҷои хобу нону об медиҳанд. Ӯ намедонад, ки муллотеррорист Кабирӣ фарзанди миллати тоҷик аст. Вале ғарқи мафкураи ақидаҳои ифротии динӣ море гашт, ки дар остини миллат парварда шуда. Оқибат ба он хиёнат кард. Хиёнат куҷо, барои нестиаш даст бардошт.

Акнун дар остини аврупоиҳо ҷо гирифтааст. Онҳо дарк карда наметавонанд, ки Кабирӣ ҳамон террористест, ки дар кӯчаи Франкфурт ба шаҳрвандон бо корду табар ҳуҷум мекунад, метрои Лондонро метарконад ва дар Фаронса болои мардуми бегуноҳ мошини боркашро меронад. Шояд фардо фаҳманд, вале дерашон мешавад.

Хиёнат ба Ватан, миллат, давлати миллӣ нобахшиданист. Алҳазар аз хиёнату хиёнаткорон. Алҳазар аз зодаҳои терроризм. Алҳазар аз онҳое, ки ҷавонони бесаводро фиреб додаю ба чашидани заҳр таҳрик медиҳанд. Ва боз мақолеро медонам, ки: «Дин - заҳр аст, ҷавононро эҳтиёт кунед» (тарҷума аз забони русӣ: «Религия – яд, береги ребят»).

Ноёбшои Фахриддин- фаъоли ҳизб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

 


Вакти нашр: 2019-01-23 14:57:22    Хонданд: 82    Муфассал...

Вохӯрии озод ҷиҳати таблиғи дастовардҳои даврони Истиқлолият дар маҳалаи Сари Осиё

Тибқи дастуру супоришҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша-вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи даврони Истиқлолият ва бурдани корҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ вохӯрӣ бо иштироки Муҳриддин Ғафоров -муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Хайём Амонов -мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия, Ҷурахонзода Ҷумахон-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия, Рустам Шеров -ҷомеашинос дар саҳни масҷиди маҳалла баргузор гардид.

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ зимни вохўрї бо сокинон оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, ҳифз намудани арзишҳои миллӣ, ҳушёру зирак будан дар фазои пуртазоди муосир, ҳифзи идеологияи миллӣ аз ҷангҳои иттилотии ҷомеа ҷаҳон суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом миёни сокинони маҳалла мубодилаи афкор сурат гирифт. Ҳамчунин сокинон шукргузори аз фазои озод ва заҳматҳои шабонарузии Пешвои миллат ҷиҳати ғамхории ин қишри ҷомеа баён намуданд.

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Вакти нашр: 2019-01-23 15:12:02    Хонданд: 91    Муфассал...

ПАЁМ - ДАСТУРИ КОРУ АМАЛ

Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар фарҳанги давлатдории тоҷикон ба як ҷузъи таркибӣ ва басо муҳим табдил ёфтаанд ва дар иҷрои корҳои созанда, рушди соҳаҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ, илму маориф, тандурустиву муносибатҳои байналмилалӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.

Дар Паёми навбатии худ Сарвари давлат ба рушди соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд, ки бесабаб нест. Зеро дар замони муосир илм на танҳо ба қувваи асосии истеҳсолкунанда, балки ба омили муҳими рушд ва нишондиҳандаи асосии иқтидори кишварҳо табдил ёфтааст. Дар ин замина, мақом ва нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ маҳз аз сатҳи неруи зеҳнӣ, рушди илму навгониҳо ва дастовардҳо дар соҳаи техникаю технологияҳои муосир вобастагии амиқ дорад. Дастовардҳои соҳаи мазкур ҷиҳати амалӣ гардидани тағйирот дар ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимою фарҳангии кишварҳо мусоидат намуда, ҳамзамон, боиси тағйирёбии муносибати одамон ба арзишҳо, инчунин, сатҳ ва тарзи зиндагии онҳо мегардад. Устувории иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, тақвият додан ба пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба азхудкунии технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими соҳаҳои илму маориф мебошанд.

Дар Паёми навбатӣ Пешвои муаззами миллат зикр намуданд: “Аз ин рӯ, мо ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳем ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф мекунем”.

Таҳлилҳо ва арзёбиҳои хеле равшану амиқи масоили номбурда бори дигар аз таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад. Омӯзиш ва таҳлили Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳояшон дар ин самт, барои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи соҳаи илм хеле муфид буда, ҷиҳати пешрафти илми тоҷик мусоидат хоҳанд кард. Бо итминон метавон гуфт, ки таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми Сарвари давлат бармеоянд, барои оғози марҳилаи нави рушди илм ва ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии мамлакат заминаи боэътимод ва устувор хоҳанд гузошт.

Мо аз Паём то Паём шоҳиди навгониву пешрафтҳои азиме дар умури дохиливу байналмилалӣ мешавем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он бо назари нек менигарад. Сол ба сол даст ёфтан ба сатҳи беҳтари зиндагӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар ҳар гӯшаи диёр, рушди истеҳсолот ва афзудани ҳаҷми содироти молҳои ватанӣ, ки натиҷаи татбиқи нишондодҳои паёмҳои Сарвари давлатанд, Тоҷикистони азизро ба унвони як кишвари рӯ ба тараққӣ муаррифӣ намудааст.

Маҳз дар Паёми Президенти мамлакат эълон гардидани солњои 2019-2021 ҳамчун Солњои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳамагонро ба пешрафтҳои чашмгире дар ин се бахши ба ҳам алоқаманду муҳим хушбин намудааст ва он даъвати бузургест дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, иқдоми наве дар такмили худшиносии миллӣ ва саҳифаи нави муаррифии тамаддуну фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонист. Паём дастури кору амал ва ҳидоят ба корномаҳои наву созанда мебошад. Он дар низоми давлатдории мо як ҷузъи таркибӣ маҳсуб шуда, ба таҳияи барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат асос мегузорад, ҳамагонро дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарин баҳри пешрафту шукуфоии кишвар муттаҳид ва сафарбар месозад.

 

Раъно Имомалиева

аъзои фаъоли ҲХДТ дар

ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

 


Вакти нашр: 2019-01-24 16:21:35    Хонданд: 86    Муфассал...

ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ-ДУШМАНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Ҳоло яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ин ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар Ватани азизамон- Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар айни замон истиқлолияти давлатӣ ба мардуми Тоҷикистон имкон дод, ки мактаби давлатдории миллии худро рушд дода, модели муосирро озодона интихоб намояд. Маҳз дар ҳамин давра заминаҳои устувори сиёсӣ ва ҳуқуқии сохти нав, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд гузошта шуданд.

Аммо буданд гуруҳҳое, ки дар ҳамин замина истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои миллии моро намехостанд ва муқобили сиёсати пешгирифтаи ин ҳукумат буданд. Бояд дар ёд дошт, ки душманони миллат бо мақсади аз байн бурдани ҳуввият ва симои миллии мо, тавассути бегонапарастоне, чун аъзоёни ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва махсусан роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ мехоҳанд шаҳрвандони мо - махсусан ҷавононро ба гумроҳӣ мебаранд.
Ин ватанфурӯш ва мазҳабфурӯш М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш меъёрҳои дини мубини исломро мехоҳанд дар амалҳои номатлубу андешаҳои ифротии худашон истифода кунанд. Аксарияти онҳо барои бароварда сохтани ҳадафҳои муғризонаи худ аз ҳеҷ дурӯғу тавҳин, худсафедкуниву иғвоангезӣ ва хиёнаткорӣ, ки хоси мусулмон нест, ҳазар намекунанд. Бинобар ин ҳам, ҳанӯз аз оғози фаъолияти ТТЭ ҲНИ бараъло маълум буд, ки онҳо дини мубини Исломро танҳо барои анҷом додани ниятҳои нопокашон истифода мекунанд.

Роҳбарони созмонҳои ифротгаро шариат ва дини мубини исломро таҳрифкорӣ сохта, онҳоро ба андешаҳои шахсӣ ва ғаразноки худ олуда месозанд ва ақидаҳои хурофотпарастию разилонаи хешро дар зеҳни ҷавонони мо мехоҳанд ҷойгир кунанд. Аммо ҳамагон медонем, ки дини мубини ислом бо террорист, экстремист ва гурӯҳҳои ифротгаро иртиботе надорад. Роҳбарони ташкилоти террористии наҳзати исломӣ исломро як бозии асосӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ истифода мебаранд.

Агар ҳамаи талошу заҳматҳо ва дастовардҳои ин марҳалаи томи таърихиро ба таври воқеъбинона ҷамъбаст намоем, имрӯз метавон гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулият ва рисолати таърихии худро дар назди Ватан, миллат ва таърих иҷро карда, Тоҷикистони азизи моро ба як давлати мустақил, устувор ва рушдёфта табдил додааст. Мо тӯли ин бисту ҳафт сол давраи ҳассосу мураккабтарин, яъне марҳалаи эҳё, барқарорсозӣ ва ҳифзи давлатдории миллии тоҷиконро бо муваффақият пушти сар намудем, ки он дастоварди асосӣ ва меҳварии 27 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аз ин рӯ мо мардуми бонангу ори кишвар ҳаргиз намегузорем,ки як хоине ё нохалафе ин тинҷивуосудагии моро вайрон кунад ва ҳаргиз намегузорем, ки ин миллати баҳам омадаро парешон намоянд.

КИИ “молия ва иқтисод

ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Вакти нашр: 2019-01-24 16:29:08    Хонданд: 87    Муфассал...

АЗ ФАРҲАНГИ БЕГОНА ДУРӢ БОЯД ҶУСТ

Халқ офаранда, тарғибкунанда ва нигоҳдорандаи фарҳанги хеш буда, дар тӯли қарнҳо ин вазифаю масъулиятро иҷро карда, то замонҳои мо оварда расондааст. Албатта барои шинохти миллат на танҳо сиёсатмадорон, балки ҳар як фарди солимфикри ҷомеа вобаста ба касбу ҳунар, ихтисосҳо саҳмгузор мебошад. Барои он ки соҳаи фарҳанг рушди устувор дошта бошад, дар ҷомеа сиёсатеро дастгирӣ ва татбиқ кардан лозим аст, ки бештар паҳлуҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро фарогир ва ба маънавиёт нигаронда шуда бошад.

Илм, маориф ва фарҳанг яке аз муҳимтарин соҳаҳо ба шумор рафта, дар ташаккули маънавиёти ҷомеа нақши арзанда гузошта, болоравии ҷаҳонбинӣ, маданияти сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ, худшиносии миллии мо аз ин соҳаҳо сарчашма мегирад. Бинобар ин, ҳар як мушкилоти дар ҷомеа баамаломадаро лозим меояд, ки дар якҷоягӣ бо татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳалашро дарёбем, то омили якдигарнофаҳмӣ миёни омма нагардад. Такя кардан ба суннатҳои хоси либоспӯшии миллиамон моро ба самте равона месозад, ки таърихи тамаддунофари миллатамонро варақгардон намоем ва назари худро дар бобати либоси миллӣ баён созем.

Имрӯзҳо дар миёни мардум ақидаҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки ҷомеаро ба пайравӣ кардан ба фарҳанги бегона равона месозанд. Ба ҳамагон маълум аст, ҳар қонуне, ки қабулаш саривақтӣ дониста мешавад, сараввал мавриди баррасӣ ва муҳокимаи умум қарор мегирад. Пас аз он назари аҳли ҷомеа ба инобат гирифта шуда, баъдан қонун қабул мешавад ва аз рӯзи ба тасвиб расиданаш эътибор пайдо мекунад. Донишкадаю донишгоҳҳо аз зумраи муасиссаҳои таълимӣ ба шумор мераванд ва дар баробари таҳсили донишҷӯён кормандон низ фаъолият мекунанд. Пӯшидани либос дар ин муассисаҳо тибқи дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯён ва кормандон бо пешниҳоди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг роҳандозӣ шудааст, ки хос ба маданияти мо тоҷикон аст. Аз мушоҳидаҳо хулоса кардан мумкин аст, ки миёни кормандони вазорату идораҳо ва корхонаҳои хусусӣ шахсоне, ки либосҳои хусусияти мазҳабидошта ба бар мекунанд, нестанд. Ин тарзи либоспӯширо берун аз муассисаҳо ва коргоҳҳо миёни қишри дигари ҷомеа вохӯрдан мумкин аст. Набояд миллати бофарҳанги тоҷик пайравӣ аз ақидаи беасоси ашхосе кунад, ки манфиати худро аз манфиати аҳли ҷомеа боло гузошта бошанд.

 

БОБОҶОН РАҲИМОВ,

узви фаъоли ҲХДТ

ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

 


Вакти нашр: 2019-01-24 16:39:41    Хонданд: 87    Муфассал...

Ҳамоиши ҳизбиёни ҷавон баргузор гардид

Бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши дуюми ҳизбиёни ҷавон таҳти унвони “Пайравони Пешвои миллатем” дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиш роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Хонов Абдураҳмон, Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, дар кори ҳамоиш роҳбарони кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, аъзоёни фаъоли Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аъзоёни фаъоли Ташкилоти Ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.
Нахуст, меҳмонон аз намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои аъзоёни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дидан намуданд.
Раҳмонзода Зоир Файзалӣ зимни баромади худ қайд намуд, ки воқеияти таърхии марҳилаҳои на чандон дури замони соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи сарнавиштсоз ба кори худ шурўъ карда, аз рўзҳои аввали таъсисёбиаш барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кўшиш ба харҷ дода, ҳадафи аслиаш таъмини ояндаи нек ва рушди устувори соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ мебошад. Дар самти татбиқи сиёсати ҷавонон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун неруи тавонову созанда ва ташаббускор таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, ҷиҳати амалӣ намудани иқдомҳояшон тадбирҳои муҳиму муаянеро ба иҷро мерасонад. Аз ҷумла, бо дарназардошти омилҳои зикргардида Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 – ро ҳамчун Соли ҷавонон эълон намуда, зикр карданд, ки «Ҷавонони имрўзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешин бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқи ҳамида фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихору сарфарозии мо мебошад».

Дар охир аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиши дуюми ҳизбиёни ҷавон ба аъзои фахрии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муроҷиатнома қабул карда шуд. Дар кори ҳамоиш ба як қатор ҷавонони фаъол, ки дар давоми сол дар густариши ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, татбиқи босамари сиёсати давлатии кор бо ҷавонон нақши назаррас гузоштаанд бо ифтихорномаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд. Пас аз анҷоми кори ҳамоиш барномаи ҳунарӣ ба намоиш гузошта шуд.

 


Вакти нашр: 2019-01-25 10:40:06    Хонданд: 128    Муфассал...

Маҷлиси ҳисоботии солонаи КИИ «Хирадмандон»

Рўзи 25-уми январи соли ҷорӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботии солонаи Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» бо иштироки роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ-Абдураҳмон Хонов, роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе- Ҷурабек Муродов ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода доир гардид.

Абдусаттор Саидов аъзои вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сухани ифтитоҳӣ намуда, ҳозиринро ба масъалаҳои рўзнома шинос намуд.

Нахуст, аз рўйи масъалаи якуми рўзномаи маҷлис ҳисоботи муовини раиси КИИ «Хирадмандон» Ширин Қурбонова оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 шунида шуд.

Сипас, Роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонов баромад карда, фаъолияти КИИ «Хиратмандон»-ро қаноатбахш арзёбӣ намуд.

Академики Академияи илмҳои ҶТ Кароматулло Олимов оид ба масъалаи дуюми рўзнома сухан намуда, Паёмро санади муҳими пешрафти тамоми соҳаҳои кишвар хонда, тамоми ҷавонону аъзоёни ҳизбро ба амалӣ намудани вазифаҳои муайяншуда ва аз худ намудани тамоми нуктаҳои он даъват намуд.

Оид ба масъалаи сеюми рўзномаи маҷлис узви пайвастаи АИ ҶТ Абдураҳмон Маҳмад сухан ронда, “Одобномаи корманди ҳизбӣ”-ро санади муқаддас ва зарўрӣ дар замони ҷаҳонишавӣ хонд.

Дар охир ба Фарҳод Раҳимӣ-Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипосномаи КИМ ҲХДТ ва ба як қатор фаъолони ҳизб Ифтихорнома ва Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур супорида шуд.

 


Вакти нашр: 2019-01-25 16:49:29    Хонданд: 101    Муфассал...

ПАЁМ – ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН

       25 январи соли равон бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар ташкилоти ибтидоии “Саховат”   дар асоси барқияи телефонии Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, мактуби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, нақша –чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат соати сиёсӣ доир гардид.
    Убайдулло Қурбонов-муовини раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар мавриди дастовардҳои соли сипаригардида, ки дар ҳаёти мамлакат барҷаставу таърихӣ ва хотирмон буд, ҳарф зада, таъкид намуд, ки имсол ҳадафи чоруми стратегӣ саноатикунонии босуръати мамлакат дар Паём эълон гардид, ки барои ҷумҳурии мо хеле муҳиму аҳамиятнок аст. Яъне Ҳукумати мамлакат гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ индустриалӣ ба индустриалӣ аграрӣ амалӣ гардонида истодааст. Ин имкон фароҳам меорад, ки минбаъд ашёи хом дар ҳудуди кишвар коркард ва ба маҳсулот табдил дода шуда, мардуми кишвар бо кор таъмин карда шаванд.
      Инчунин, дар мавриди эълон гардидани Солҳои 2019-2021 ҳамчун “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ибрози назар намуда, қайд намуд, ки мақсад аз эълон намудани ин иқдом дар он аст, ки бояд сатҳи некуаҳволии деҳот баланд бардошта шуда, сохта ба иситифода додани як қатор марказҳои хизматрасонӣ ба монанди бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, боғчаҳои кӯдакона, сартарошхонаву марказҳои хизматрасонӣ ва дигар талаботҳои аҳолӣ мебошад. 

 


Вакти нашр: 2019-01-28 16:35:39    Хонданд: 104    Муфассал...

Паём: “Шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем”

Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар асоси мактуби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, ва нақша –чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Маркази солимӣ” мизи мудаввар доир намуданд.

Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия дар мавриди саноатикунонии мамлакат, ба кишвари саноатӣ аграрӣ табдил додани кишвар, афзоиши аҳолӣ, буҷаи давлатӣ, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ, афзудани даромади аҳолӣ, пешгирии омилҳои номатлубе чун терроризму экстремизм, коррупсия, интиқоли маводи мухаддир, ҳарф зада таъкид намуд, ки дар раванди ҷаҳонишавии бошиддат, бархӯрди тамаддунҳо, вазъи ноороми сиёсии ҷаҳон бояд бедории сиёсиву фарҳангиро аз даст надода, дар пайи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои бо заҳмати зиёд ноилгардидаи замони соҳибистиқлолӣ бошем.

Мухторова Парвина, раиси ташкилоти ибтидоии “Маркази солимӣ” роҷеъ ба Паёми навбатии Сарвари давлат андешаҳои хешро иброз намуда, нисбати соҳаи тандурустӣ таъкид кард, ки муомилаву муошират кормандони соҳаи тандурустӣ бояд дар сатҳи баланд бошад, сифати хизматрасонии тиббӣ низ ҷавобгӯи талабот, умуман корманди ин соҳа дар гуфтору рафтор, маданияти баланд намунаи дигарон бошанд.

 

 


Вакти нашр: 2019-01-28 17:18:48    Хонданд: 97    Муфассал...

Ҷавонон бояд бо донишҳо мусаллаҳ бошанд

Имрӯзҳо ҷавонони мо дар радифи босуръат рушд кардани интернет ва пайдо шудани шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз навтарин дастоварду имконоти он истифода мебаранд. Бешубҳа бархе аз падидаҳои номатлубе, ки дар ҷомеаи шаҳрвандии мо рӯйи кор омадаанд, аз таъсири бевоситаи шабакаи интернет ва филмҳои хориҷӣ маншаъ мегиранд. Тақлид ба либоспӯшии ғайр, олудасозии забони модарӣ бо забонҳои хориҷӣ, одобу ахлоқи ношоиста аз нишонаҳои таъсири интернет ва филмҳои хориҷӣ аст. Ин вазъият дар замони ҳассоси ҷаҳонишавӣ хеле нигаронкунанда маҳсуб меёбад.

Барои аз нигоҳи илмӣ ва равонӣ равшанӣ бахшидани мавзӯи мазкур, дар илми равоншиносӣ мафҳуми «Психологияи иҷтимоӣ» ҷой дорад, ки сарчашмаи он аз равандҳои таъсиркунандаи ҷомеа аст. Аксаран филмҳо ба рӯҳияи баъзе типҳои одамон чунон таъсир мекунанд, ки инсон қаҳрамони он филмро «эталон» - и худ мешуморад, ё бо ғаму шодии қаҳрамони филм ҳамроҳ мешавад, ё ба он тақлид мекунад ва ё аъмоли ӯро пайваста иҷро мекунад. Аз сабаби оне ки ҷавонон дар давраи гузариши синнусолӣ қарор доранд, ин гуна ҳолатҳо метавонанд, эшонро ба ҳодисаҳои равонӣ дучор созад. Бештар филмҳои дорои сужети ҳузнангез, ки аз нокомии ишқ, бохти зиндагӣ ва тақдиру қисмати шӯр қисса мекунанд, метавонанд ба равони духтарон таъсиргузор бошанд. Аммо аз бисёр ҷиҳат ин ба худи шахс ва устувории психологии ӯ вобастагӣ дорад. Баъзан шоҳиди он мегардем, ки мардум номи фарзанди хешро ба шарафи қаҳрамони филми хориҷии дӯстдоштааш мемонад, ки ин аз фарҳанги номгузорӣ фарсахҳо дур аст.

Аксари барномаҳои шабакаҳои телевизионии хориҷ аз арзишҳои миллӣ ва фарҳанги мо дуранд. Филмҳои синамогарони Ғарб, ки бештар саҳнаҳои мудҳиши ҷанг, фалокат, ҳаводиси ғайричашмдошту ғайримуқаррарӣ ва фантастикиро дар бар мегиранд, дар маркази таваҷҷуҳи ҷавонон қарор доранд. Ин гуна филмҳо дар кинотеатрҳо бо формати 3D намоиш дода мешаванд, ки таҳлукаовару даҳшатоваранд. Ҷавонони мо аз тамошои ин гуна филмҳо ҳаловат мебаранд ва ба истилоҳе «адреналин» - и худро зиёд мекунанд. Оморҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷавонони мо истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии Одноклассники, Вконтакте, Facebook мебошанд. Вақте мо дар мавриди таъсири интернет суҳбат мекунем, бояд дониста бошем, ки албатта, интернет метавонад ба мафкураи ҷавонон ба ду омил таъсир кунад, яке омили мусбат, дигаре манфӣ. Агар мо таваҷҷуҳ кунем, ҷавононе, ки мехоҳанд барои рушду такмил додани шахсияти худ кор бикунанд, аз сомонаҳое кор мебаранд, ки ба нафъи онҳо аст ва ба эшон таъсири мусбат мерасонанд. Баъзан ҷавонон интернетро бо мақсадҳои дигар истифода мекунанд, ки ин амал метавонад ба онҳо таъсири манфӣ бирасонад ва ба буҳрони маънавӣ гирифтор бисозад. Бубинед, имрӯз дар интернет китобхонаҳои электронӣ зиёданд, ки метавонанд, дар ташаккули дониши ҷавонон саҳм гузоранд. Аз ин рў, ҷавононро зарур аст, ки аз ин имкониятҳо истифода бурда, худро бо донишҳои муосир мусаллаҳ созанд.

Ҳамзамон, дар давраи мушкили ҷаҳонишавӣ ва бархўрди тамаддунҳо моро мебояд, аз арзишҳои миллӣ, фарҳангу илм ва гузаштаи пурифтихори худ ҳимоя кунем ва онро ҳифз намоем.

 

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур


Вакти нашр: 2019-01-29 09:22:21    Хонданд: 82    Муфассал...

ПАЁМ – АМАЛИШАВИИ ОРЗУҲОИ ДЕРИНТИЗОРИ МИЛЛАТ

29 январи соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Дастони гуё” дар асоси мактуби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша –чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соати сиёсӣ доир гардид.

Убайдулло Қурбонов-муовини раис-роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Фирдавсӣ роҷеъ ба дастовардҳои назаррасу таърихии соли сипаригардида ҳарф зада, заҳматҳои беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбати расидан ба ин ҳадафҳои олӣ ва таҳлилу баррасӣ намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки Паём тамоми самтҳои асосии кишварро дар бар гирифта, имрӯзи онҳоро таҳлил ва дурнаморо рушан месозанд. Ӯ зикр намуд, ки имсол ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардид, ки он барои мардуми кишвар ҳам ҷиҳати ташкили ҷойҳои корӣ ҳам дастрасӣ ба маводу маҳсулоти ватанӣ имкон фароҳам меорад.


Вакти нашр: 2019-01-29 15:03:42    Хонданд: 113    Муфассал...

Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан

Инак Муҳиддин Кабирӣ баъд аз хиёнат кардан ба Ватан ва паноҳ бурдан ба зери домони хоҷагони худ, дигарбора бидуни хиҷолат сар бадар оварда, мехоҳад чеҳранамоӣ кунад. Дар “Гуфтугўйи ба ном рӯ ба рӯйи М. Кабирӣ”, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ 18.01.2019 пахш гардид, ин фарди аз воқеияти рӯзгор фосила гирифта ва ба Тоҷикистон мутлақо бегона, бо худшефтагии ба ӯ хос, табли бечоранавозиро ба роҳ андохтааст. Хост худро тариқи “онлайн” ҳамчун роҳбари «Паймони зиддимиллӣ» муаррифӣ кунад.

Ӯ дар рӯ ба рӯи мардум тасвиреро аз худ мехоҳад ба намоиш гузорад, ки гӯё маъсуму бегуноҳ, поку беолоиш, фарзонаву хирадгаро ва миллатдӯсту ватанпараст аст. Ҳар касе, ки сабти видеоии суҳбати ин нафари риёкорро тамошо мекунад, ба осонӣ пай мебарад, ки ӯ аслан дар андешаи нақшбозӣ аст. Мехоҳад нақши як нафар сиёсатмадори босалобату соҳибтаҷриба ва мардумпарвару ояндабинро офаринад. Ҳамчун як нафар актёр баъд аз ин нақшофаринӣ интизори онро дорад, ки мардум баъд аз анҷоми ҳунарнамоияш кафкӯбиҳои бардавом кунанду ҳаводори ӯ бошанд ва муҳтавои суҳбати хурду бузург дар кӯчаҳову хиёбонҳо танҳо дар бораи вай бошад. Аммо бояд гуфт, ки ин фақат як хобу хаёлест, ки Кабирӣ дар зеҳни худ мепарварад ва як тасвирест, ки танҳо дар тасаввури ӯ ва коргардонҳои намоишномааш вуҷуд дорад. Дар асл Кабирӣ дар ин намоишнома ҳатто натавонист нақши сиёсатмадорро дуруст бозӣ кунад, чӣ расад ба ин ки сиёсатмадори воқеӣ бошад. Ҳар касе дар навор чеҳраи хунуки ӯро, ки мисли як муҷассамаи рангпаридаи зери барфу боронмонда аст, бубинад, ба ёдаш гурбаи дар об афтидае хоҳад расид, ки тоза соҳибаш онро аз ҷӯйбор берун кашидаву таконда дар офтоб гузоштааст. Албатта, гурбае, ки дар об афтидааст, наметавонад хотирпарешон набошад. Аз ин рӯ, Кабирӣ ҳам хотирпарешон буд. Бо вуҷуди он ки тӯли муддати дароз ҳамчун як ҳунарпеша пеш аз намоиш омодагӣ дидаву тамрин карда аст, аммо танини овозаш ҳамоно пур аз ларзиш ва умқи дилаш пур аз ҳаяҷону изтироб буд. Ҳини суханронӣ ӯ наметавонист парешонхотириву изтироби худро бо пӯшишҳое чун тамкини сохта ва таҳаммулгароии маснӯӣ аз назари мардум пинҳон кунад. Мардуми тоҷик, ки сириште латиф ва табъе зариф дорад, дар баёни воқеиятҳои зиндагӣ гоҳе аз таъбирҳои бисёр содаву зоҳиран омиёнае кор мегирад, ки он таъбирҳо беҳтар аз ҳар ташбеҳу истиораи адабӣ метавонанд воқеиятро дуруст ва зебо тасвир кунанд. Одатан ин гуна меҳмон аз хиҷолати рӯ дар рӯ бо соҳибхона ҳанӯз субҳ нодамида бидуни хайрухуш хонаро тарк мекунад. Кабирӣ ҳам мисли ҳамин гуна меҳмони камфаросат ва беадаб аст, ки дар Ватан бо вуҷуди он ҳама имконоте, ки ба ӯ дода шуда буд, ба ҷуз расвоӣ аз худ чизе боқӣ нагузошт ва чун паёмади расвокориҳои хешро медонист, аз ин рӯ дар торикии шаб фирор карданро хеле беҳтару муносибтар аз он донист, ки бо соҳибхона рӯ ба рӯ шавад.

Бо вуҷуди ин ҳама парешонӣ ва ноуҳдабароӣ дар нақшофаринӣ Кабирӣ тибқи сенарияи қаблан омодашуда мекӯшид, ки чеҳрасозӣ кунад. Талош мекард, ки бо лафзбозиҳову фазлфурӯшиҳои тӯлонӣ халои маънавӣ ва пӯч будани барномаҳои амали худ ва паймони ғайримиллии худро пур ҷилва диҳад. Аз ин рӯ, вай дар аксар маврид бо баҳонаҳои мухталиф аз посухи саҳеҳ додан ба суолҳои матраҳшуда иҷтиноб меҷуст ва бештар атрофи саргузаштҳои бемантиқи худ ҳарф мезад. Бо фурӯгузории асл ва тафсилоти беҳудаи ҷузъиёт вақтро зоеъ мекард. Аз маҷмӯи вақте, ки сарфи ин намоишномаи беҳунаронаи Кабирӣ шуд, беш аз нисфи он ёдоварии саргузаштҳову хотираҳо ва дар зимн таърифу тавсифи худи ӯ буд. Бинобар ин намоишномаи Кабирӣ хеле дилгиркунанда ва таҳаввуъовар буд. Амал ва андешаи М.Кабирӣ аз бунёд мантиқӣ нест. Аз ҷумла андешаҳое, ки вай дар мусоҳибаи охири худ баён кардааст, пур аз таноқуз аст.

Қаблан Кабирӣ бо танзу киноя роҳкори сиёсии давлати моро ба роҳкорҳои сиёсатмадори асримиёнагии итолиёӣ Макиавелли мушобеҳ дониста буд, ки ӯ корбурди дурӯғу фитнаву макрро ҳангоми мубориза бар алайҳи душманон муҷоз ва раво медонист. Аммо шеваи пур аз макру фиреби муборизаи сиёсии Кабирӣ ва мавқеъгириҳои муғризонаву айбҷӯёнаи мубтанӣ ба фитнаи ӯ далели он аст, ки аслан худи вай шогирди мактаби мазкур аст ва бо огоҳӣ аз роҳкорҳои чунин мактабҳои сиёсӣ ҳарчӣ бештар нисбат ба миллати тоҷику давлати Тоҷикистон дурӯғпароканиву фитнаангезӣ мекунад.

Илова ба ин, Кабирӣ дар ин суханронии худ низ боз ҳаракати босмачигариро, ки як падидаи вопасгарову ифротӣ ва зиддимиллӣ буд, ҳамчун ҳаракати милливу озодихоҳӣ маънидод кард. Ӯ бо сарфи назар кардан аз ҳақиқати таърихӣ ва бидуни хиҷолат ин дастаҳои роҳзану ғоратгарро, ки дар паи барқарор кардани Аморати Бухоро, яъне ҳукумати манғитиён буданд, муборизони роҳи Ватан ва ҳатто “қаҳрамонони миллат” унвон додан мехоҳад. Бубинед, ки ин фарди ба сурат инсон ва ба сират шайтон бо чунин афкори сиёҳу дидгоҳи ифротиву ҷангҷӯёна ва ғайримиллии худ боз мехоҳад, ки ҳизби вай дар мақоми ҳизби пешбар ва худи ӯ дар ҷойгоҳи раҳнамои миллати мо бошад. Ин гуна ашхоси вопасгаро, ки диди оянданигарона надоранд, аз лиҳози маънавӣ нобиноянд. Ҳамон Кӯри Шермати замони моянд. Пуштибонии Кабирӣ аз босмачиён бозтоби андеша ва аҳдофи сиёсии гумроҳкунандаи ӯст, ки метавонад фазои ақидатии ҷомеа ва ба вижа зеҳни насли ҷавони моро ба тадриҷ фосид кунад.

Феълан раиси Њизби мамнуъшудаи наҳзати исломи Тоҷикистон – М. Кабирӣ дар мусоҳибаи худ чун ҳамеша тибқи муқтазои табиати ақрабонаи хеш боз бо дурӯғпароканиву фитнаангезӣ иштиғол меварзад ва ба ин васила беҳуда барои тира кардани фазои идеологии ҷомеаи мо талош мекунад.

Ӯ бо ёдовар шудан аз инқилоби Арманистон ба таври ошкор миллати тоҷикро таҳқир кард ва ҳатто ғайримустақим ба он ишора кард, ки гӯё тоҷикон ҳанӯз ҳамчун миллат рушд накардаанд.

Дар воқеъ боиси тааҷҷуб аст, ки ин қабил афрод бо ин ҳама носипосиву риёкорӣ ва фитнаангезӣ ва иғвогарӣ ҳанӯз ҳам худро ҳомии миллат, дину мазҳаб ва одобу ахлоқи исломиву арзишҳои инсонӣ муаррифӣ кардан мехоҳанд.

Кабирӣ бо ин ақли кӯчак ва зарфияти маҳдуди зеҳнии худ бояд донад, ки тасмимгириҳои сиёсӣ дар ҷомеаи мо кори ҳар нохалафу нолоиқе нест, ба қавле “Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан”.

Хусрави Шерзод

 

 

 

 


Вакти нашр: 2019-01-29 15:10:19    Хонданд: 77    Муфассал...

Паём вазъи имрўз ва дурнамои ҷумҳурӣ

Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ифтихори миллат” мутобиқи мактуби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис доир гардид.

Нахуст, Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло – муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон маҷлисро ифтиттоҳ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муарррифӣ намуд. Сипас, масъулини ҳизбӣ дар доираи нуқтаҳои муҳимӣ нақшаи тарҳрезинамудаи стратегӣ-Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, Паёмро нақшаи дурнамои рушди соҳаҳо ва муносибатҳо арзёбӣ карданд. Ҳамчунин, руйдодҳои муҳимӣ таърихии дар Паём дарҷгардидаро аз қабили тадбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028, ба истифода додани агрегати якуми НБО “Роғун” ва ҳалли масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон оммафаҳм намуда, масъалаҳои умдаро ба монанди стратегияи милии рушд, ҷалби фазои сармоягузорӣ, гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ, саноатикунонӣ, коркарди ашёи хом, дастрасии ғизои хушсифат-ҳифзи он, саҳми соҳаи бонкдорӣ дар иқтисодиёт ва дигар масъалаҳоро ба ҳозирин возеҳу равшан намуд. Инчунин, ба шакли фишурда дар доираи таърихи ҲХДТ, моҳияти ҳизб дар ҳаёти сиёсӣ, мақсадҳои муфид ва ҳадафҳои назаррасӣ Оинномавӣ ва Барномавии ҲХДТ маълумот доданд. Бояд қайд намуд, ки дар маҷлис тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ҷиҳати иваз намудани Раиси ташкилоти ибтидоӣ бинобар сабаби ба кори дигар гузаштани собиқ Раис аз ҷониби аъзоён пешниҳод карда шуд, ки Абдуғафор Қурбонов-Сармуҳарири маҷаллаи “Бонкдорӣ тараққиёт ҷаҳонишавӣ” ба ҳайси Раиси ташкилоти ибтидоӣ пешниҳод карда шавад. Ҳамин тавр, Абдуғафор Қурбонов - раиси ташкилоти ибтидоӣ, Акрамҷон Давлатов –муовини раиси ташкилот ва Азиза Ашурова котиби ташкилоти ҳизбии “Ифтихори миллат” интихоб карда шуданд.

 

 


Вакти нашр: 2019-01-29 15:20:01    Хонданд: 101    Муфассал...

Бо ифротгароӣ муборизаи беамон бояд бурд

Вқеан, дар замони муосир, вақте ки «терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст», ҳар як шахси худогоҳ ва ватандўстро лозим аст, ки бо тамоми масъулият дастаҷамъона барои амнияти ватан бар зидди ин вабо мубориза барем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин «вабои аср» дар чанд вохўриҳояшон таъкид карда, аз масъулин ва аҳли ҷомеа талаб карданд, ки «Бетарафӣ накарда, муборизаро бар зидди зуҳуроти пурхатари ифротгароию терроризм ҷоннок намоед».

Ҳақиқатан, ҳодисаҳои охири баамаломадаи ҷаҳон, хосатан дар Шарқи Наздик, Африқои шимолӣ ва ҳатто Аврупо (Франсия, Белгия, Германия) вазъи бе ин ҳам печидаи муташанниҷи ҷаҳони имрўзро печидатар гардонидааст. Бо ҷангҳои динию мазҳабӣ, ки ҳамагӣ таҳмил аз тарафи кишварҳои абарқудрат мебошанд, иддае аз кишварҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Либия, Миср, Алҷазоир, Яман, Сурия, Ирқ, Афѓонистон ва ҳатто Туркияву давлатҳои Аврупоро низ ба гирдоби фалокатҳои тасаввурнопазир рў ба рў сохт. Табаддулоти кишварҳои арабӣ асосан посухгўйи талаботи манфиатҳои шаҳрвандон набуда, он бо дасти давлатҳои абарқудрат, гурўҳу созмонҳо ва аҳзоби дохилӣ иртибот дорад. Дар натиҷа балвою хунрезиҳои ба амаломада ба шикасту сарнагун шудани низомҳои мавҷуда, қурбонӣ ва саргардонии мардуми бегуноҳ оварда расонд. Он комёбиҳову пешравиҳое, ки дар бахши иқтисоду саноат ва маорифу тиб, хосатан сулҳу суббот ва амнияти кишвар доштанд, аз байн рафт. Ҳама имрўз шоҳидем, ки мардуми Сурия, Яман, Ирқ, Либия ва Афѓонистон дар чӣ ҳоланд. Гурезаҳои ин давлатҳо сарсону саргардон бо хорию зорӣ дур аз ватанашон мемиранд. Падару модар хонаву дару фарзандони худро партофта мегурезанд. Мардуми бечораи кишварҳои мазкур бо умеди «демократия» сарсону саргардонанд. Аз ВАО – и кишварҳои араб мушоҳида мешавад, ки мардум аз карда пушаймон ва дар ҳасрати тинҷиву оромии давраи ҳукмронии Садом Ҳусейн ва Муаммар Қаззофианд.

Дар пайи ин ҷангҳову набардҳои дохилии кишварҳои исломӣ омилҳои зиёди хатарзо барои амнияти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла барои кишвари азизамон – Тоҷикистон низ зуҳур карданд. Аз маълумот ва мушоҳидаҳо маълум мешавад, ки омили асосӣ ва пешбарандаю таҳриксози ҷангҳои дохилии фоҷиабори кишварҳои мазкур ҷавонон ба шумор мераванд. Яке аз ин хатарҳо афзоиши шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарову террористӣ аст.

Пешвои миллат аз фирефта шудани ҷавонони кишвар ва гаравидани онҳо ба ҳизбу созмонҳои ифротию террористӣ, зиёд шудани шумораи ҷавонони гумроҳшудаи тоҷик дар миёни ҷангиёни террорист дар Сурияву Ирқ борҳо изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар ҳақиқат, боиси нигаронӣ аст, ки дар кишвари мо низ ҳамарўза афзоиш ёфтани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу созмон ва ҳаракатҳои ифротӣ ба назар мерасад, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Мувофиқи сарчашмаҳои ниҳодҳои қудратии кишвар зиёда аз 1000 (ҳазор) нафар ҷавони тоҷик дар сафи созмони террористии бо ном ДИИШ меҷанганд.

Аз фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва экстремистии бо ном «исломӣ», маълум мешавад, ки ягон кору кирдор ва рафтори онҳо ба дини мубини ислом мувофиқ нест. Ҳарчанд ки созмону ҳаракат ва аҳзоби номбурда гўё тибқи дастуру ҳидоят ва пешниҳодоти аркони шариати ислом фаъолияти хешро ба роҳ мондаанд, тамоми амалиёти мусаллаҳонае, ки эшон дар қаламрави мамлакатҳои хеш анҷом медиҳанд, хилофи ислом ва шариат мебошанд. Ин ҷавонони гумроҳ ва ѓафлатзадаву нодон аз номи дини ислом баромад намудаву бо овози такбир (Оллоҳу акбар) ҳазорон мардуми бегуноҳи боз ҳам мусулмонро сар мебуранд, ки ба ягон қонуну қоидаҳои шариати исломӣ рост намеояд. Ин созмонҳо (қувваҳои ҷудоихоҳи дохилию хориҷӣ) дар лаҳзаҳои ҳалкунандаи ҳассос бо шиорҳои назарфиребона аз насли ҷавонон ба манфиати хеш истифода мебаранд ва аз бесуботию ноамнӣ ба таври худ, манофеи зишти саркардагону пешвоёни худро амалӣ карданӣ мешаванд.

Фикр мекунам, яке аз сабабҳои ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротиву террористӣ аз асли Қуръон дур будани ҷавонон ва ба воситаи шабакаҳои интернетӣ, махсусан шарҳу тафсири нодурусти оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои пайѓамбар мебошад. Айни ҳол дар шабакаҳои интернетӣ сомонаҳои зиёди ифротӣ фаъолият доранд, ки мақсадашон тафриқа ва ҷангу ҷидол байни мусулмонон аст. Ин сомонаҳо бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо забони тоҷикӣ низ дар натиҷаи ҳамлаҳои (ахбор) доимии иттилоотӣ (ҷанги иттилоотӣ) ба тафаккур ва ҷаҳонбинии ҷавонон таъсир мерасонанд. Аз ин рў, фаъолияти агентиҳои иттилоотии кишварамон бояд фаъол бошанд ва барои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористӣ мусоидат намоянд.

Гумрохӣ, ҷоҳилию бемаърифатӣ ва кўшишҳои барҳам задани ҳукуматҳои қонунӣ ва бар ивази он эҳё намудани давлатдории бепояи худ, ки ҳадафаш таҳкими сохтори сиёсии асрҳои замони феодалӣ мебошад, шиору мароми ин созмону аҳзоб ва гурўҳҳо ба шумор меравад.

Мо танҳо тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳамбастагӣ бо мактабу маориф, гузаронидани вохўрию мулоқотҳо, аз як гиребон сар баровардани тамоми қишру табақаҳои ҷомеа, ба хусус зиёиён ва рўҳониён садди роҳи ин вабои аср шуда метавонем.

 

Фикр мекунам, ки дар ин замони пуртазод ва муташанниҷи имрўза аз ҳар яки мо талаб карда мешавад, ки барои сулҳу субот ва амнияти кишвар «Даст агар аз тан биафтад, ҷанг бо дандон кунем» - ро шиори худ созем, зеро бузурге фармудааст:

Ватан андар бадан хунест ҷўшон,

Агар аз мо равад, бо ў равад ҷон!

Сафар Ҷовидон

 


Вакти нашр: 2019-01-30 15:32:38    Хонданд: 81    Муфассал...

ТОҶИКИСТОН: АЗ БӮҲРОНҲОИ АЗИМ ТО ДАСТОВАРДҲОИ АЗИМ

Дар ташкилоти ибтидоии “Корвон-плюс» мутобиқи мактуби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон суҳбату вохӯрӣ доир гардид.
Бойалӣ Ҳусейнов-аъзои Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, устоди ДДТТ дар бораи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва нақши беназири Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба ин дастоварду музаффариятҳо ҳарф зада, таъкид намуд, ки на ҳар давлату миллати ҷангзада ба зудӣ дар рушду пешрафти самтҳои муҳими хоҷагии халқ комёб мешавад. Мавсуф зикр намуд, ки тӯли як муддати кӯтоҳ ҳам оқибатҳои харобиовари ҷанги шаҳрвандӣ, бӯҳронҳои азими сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ бартараф гардида, буҷаи давлат аз сифр имрӯз ба 24 миллиард сомонӣ расид. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби низоми бонкӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ ба маблағи 7 миллиарду 250 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 201 миллион сомонӣ ё 3 фоиз зиёд мебошад.


Вакти нашр: 2019-01-30 16:17:29    Хонданд: 91    Муфассал...

ТОҶИКИСТОН: АЗ БӮҲРОНҲОИ АЗИМ ТО ДАСТОВАРДҲОИ АЗИМ

Бо итминони комил метавон гуфт, ки фарҳанг яке аз ҷузъҳои муҳимтарини давлатдорӣ барои тарғибу муаррифии таърихи ҳар як миллат ба шумор меравад. Дар кишвари азизу зебоманзари мо низ ин нукта ба хубӣ дарк гардида, ҳамасола талош карда мешавад, то дороиҳои фарҳангиамон ба ҷаҳониён муаррифӣ гарданд. Бояд тазаккур дод, ки масъалаи фарҳанг ҳамчун яке аз паҳлуҳои калидӣ дар сатҳи давлатӣ пайваста дастгирӣ меёбад ва ба аҳли зиё таваҷҷуҳ бештар аз пештар зоҳир шуда истодааст. Масалан, дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26-уми декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, дар баробари дигар соҳаҳои муҳим масъалаи фарҳанг низ баррасӣ гардид: «Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем. Қобили зикр аст, ки хусусан, солҳои охир таваҷҷуҳ ба ҳифзи забони давлатӣ, суннату арзишҳо ва либоси миллӣ зиёд шудааст».

Пешвои миллат дар Паём ба арзишҳои фарҳангии тоҷикон таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, зимнан таъкид намуданд, ки: «Дар даврони истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд. Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат қисме аз онҳо, аз ҷумла Шашмақом ва Наврӯз ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ва шаҳри қадимаи Саразм, Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда ворид гардиданд ва соли оянда мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд. Чанде пеш бо қарори Ассамблеяи генералии ЮНЕСКО боз яке аз намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии мо - чакан ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ шомил гардид. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди фарҳанги мардуми тоҷик басо суханҳои арзишманд ва таҳлилҳои амиқ пешкаш намуда, зикр карданд, ки «мо тасмим гирифтаем соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон - шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500-солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем». Воқеан, таваҷҷуҳ ба ёдгориҳои бостонӣ ва урфу одатҳои миллии мардумамон лоиқи дастгирист, чунки онҳо барои муаррифии тоҷикон ҳамчун як миллати тамаддунсоз ва фарҳангиву сулҳхоҳ хизмат мерасонанд. Ҳар яки мо бояд ба ин боигариҳои миллии худ садоқат нишон диҳем ва аз пешрафтҳои кишварамон ифтихор дошта бошем.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд, «моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад». Бале, ин қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо - мардуми сарбаланди Тоҷикистони биҳиштосо аст ва дар амалисозии он бояд саъю талоши ҳамешагӣ намоем.

Лоиқ НОСИРОВ,

узви фаъоли ҲХДТ

ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

 


Вакти нашр: 2019-01-30 16:25:27    Хонданд: 71    Муфассал...

Вохўрӣ бо соҳибкорони бозори «Сафариён»

Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино оид ба баргузории сӯҳбату вохӯриҳо ҷиҳати таблиғу ташвиқи дастовардҳои даврони Истиқлолият бо иштироки масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Наботов Ш.С., устоди Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба носи С. Улуғзода – Салимов А. ва директори “Корпоратсияи мусофирбар” Гулов М., бо соҳибкорони бозори “Сафариён” вохӯрӣ доир гардид.

Дар он дар масъулин дар мавриди дастовардҳои Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ дар самти коммуникатсия, энергетика, аз ҷумла ба истифода додани агрегати аввали НБО “Роғун” изҳори назар намуда, қайд намуданд, ки шаҳрвандони мо ба минтақаҳои дурдаст, аз қабили Бадахшону Зарафшон, ки солиёни зиёд рафтуомад карда наметавонистанд, имрӯз орзуи деринаи онҳо амалӣ гардид. Ҳамзамон, вобаста ба ҳадафи чоруми давлату Ҳукумати Тоҷикистон, раванди саноатикунонии мамлакт ва гузариш аз кишвари аграрӣ ба саноатӣ-аграрӣ, яъне индустриякунонии мамлакат ибрози андеша намуданд.
 


Вакти нашр: 2019-01-31 13:45:44    Хонданд: 72    Муфассал...

ПАЁМ - ПЕШНИҲОД ВА ДУРНАМО

30 январи соли равон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар асоси мактуби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Дурахшандагон” мизи мудаввар доир намуданд.

Дар он роҷеъ ба дастовардҳои соли сипаригардида, ки хотирмону таърихӣ буданд, дар мавриди ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат, афзоиши аҳолӣ, буҷети давлатӣ, самаранок истифодабарии замину об ва дигар таъкидҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ибрози назар шуд. Ҳамзамон роҷеъ ба нақшу мақоми занону ҷавонон дар ҷомеа, саҳми занону бонувон дар ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, забони давлатӣ анъанаҳои неку наҷиб, тарбияи насли солиму арзанда, худшиносу худогоҳ изҳори андеша шуд.

Абдуқодир Мусоев-раиси ташкилоти ибтидоии номбурда дар мавриди сатҳу сифати таълим, нақша чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу одоби хонандагон ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки аъзоёни ташкилот дар амалишавии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ пайваста ҷаҳду талош намуда, саҳми хешро дар тарбияи насли солиму созанда, худшиносу ватандӯст мегузоранд.

Фарида Алиева - мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия дар мавриди дастоварду пешрафтњои кишвар изҳори назар намуд.

 

 


Вакти нашр: 2019-01-31 13:53:34    Хонданд: 75    Муфассал...

АҲАМИЯТИ АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИК

Пайдоиши фарҳанг ба таърихи инсоният робитаи ногусастание дорад: он дар робита ба инсон ба вуҷуд омада, баробари инкишофи шууру маънавиёти у ташаккул меёбад. Дар ибтидои асри 20 танҳо 10 тафсири фарҳанг маълум буд, аммо баъдтар тафсири васеи он аз тарафи донишмандон афзуд. Дар забони муосири тоҷик муродифи вожаи фарҳанг ба мафҳуми маданият истифода мешавад, ки он аз забони араби иқтибос шудааст. Инчунин баъзан вожаи култура низ истифода мешавад. Ин калима аслан лотинӣ буда, маънои «коркард»-ро дорад. Баъдтар дар Рими қадим ин мафҳумро барои ифодаи «коркарди нафси инсон» тавассути таълиму тарбия тоза намудани феълу атвор ва фитратӣ инсон, мувофиқгардонии феълу рафтори инсон ба шароитҳои воқеии ҳаёт мавриди истифода қарор медоданд.

Маънои калимаи «маданият» бошад аз арабӣ гирифта шуда, шахр ё шахринишинро ифода мекунад ва ба урфу одатҳои шаҳриён наздик шуданро мефаҳмонад. Фарҳанг ин маҷмӯи тамоми фаъолиятҳои эчодкоронаю таҳаввулбахши инсон буда, таҷассуми худро дар доираи арзишҳои моддиву маънавӣ меёбад ва ҳадафи он аз як ҳолати содда ба зинаи оли бардоштани олами табиат аст. Масъалаи дигар ин дар таҳлили масъалаи фарҳанг унсурҳои пешбарандаи маданиятро бояд муайян кард. Ба сифати неруи пешбарандаи фарҳанг унсурҳои гуногун мавриди арзёбӣ қарор мегиранд. Ба сифати унсурҳои фарҳанг пеш аз ҳама забон, хат, алифбо, асотир, суннатҳо ва ғайра дониста мешаванд, ки онҳо барои камолоти шахс дар ҷомеа нақши босазо доранд. Агар бо таври дигар ифода намоем, унсурҳои фарҳанг дар ташаккулёбии фарҳанг чи арзише доранд. Дар маънои аз ҳама васеътарин арзиш ин падидаест, ки аҳамияти мусбат дорад ва ба падидаи аҳамияти манфидошта муқобил меистад. Хар як гурӯҳи иҷтимоӣ низоми муайяни арзишҳоро дорост, бинобар ин барои таъмини рафтору фаъолияти афроди ҷомеа заминаи мусоидро фароҳам меоварад. Аз ин ҷиҳат мафҳумхои «арзиши ахлоқӣ» (шавқат, муҳаббат), «арзишҳои эстетикӣ» (инсонпарварӣ, зебоӣ), «арзишҳои сиёсӣ» (демократия, озодӣ, ҳуқуқ) ва ғайраро истифода мебаранд. Ба андешаи ҷомеашиносон «Арзиш ин мафҳуми умумӣ ва устуворӣ аз таҷриба андухта оид ба он ки чи мақбултар аст, мебошад». Ҳар як ҷомеа дорои низоми муайяни арзишҳои асосие хаст, ки бо он аъзоёни ин ҷомеъаҳо розиянд, мувофиқанд.

Кенҷаева Зарина Хайруллоевна

узви фаъоли ҲХДТ

 


Вакти нашр: 2019-01-31 15:46:35    Хонданд: 123    Муфассал...

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “МАОРИФЧИЁН” БАРГУЗОР ШУД

Дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён” маҷлиси умумиҳизбӣ оид ба натиҷагирӣ фаъолияти солона дар соли 2018 доир гардид.

Нахуст, Гулаҳмадзода Зулфиқор-Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бобати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат сухан карда, оид ба проблемаҳои соҳаи маориф норасоии кадрҳои соҳибкасби омўзгорї ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар иброз кард. Мавсуф ќайд намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, оинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сўйи ояндаи дурахшон мебошад.

Сипас, Изатуллои Ҳабибзод муовини раис-роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Одобномаи корманди ҳизбиро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, афзуд, ки одобномаи мазкур меъёрҳои ахлоқии кормандони масъули ҳизбӣ ва аъзои онро танзим мекунад.

Дар ин росто Каримзода Матлуба Латиф- раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён” оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидої дар соли 2018 ҳисобот дод.

Дар музокира раисони ташкилотҳои ибтидоии “Истиқлолият” Абдулов Зиёдулло ва “Сомон” Шерова Ҷумагул суханронӣ карданд.

Дар фарҷом як қатор фаъолони ҳизб, ки дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳм гузоштаанд, бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.

 


Вакти нашр: 2019-01-31 15:59:31    Хонданд: 121    Муфассал...

Экстремизм,терроризм ва ифротгароӣ - падидаҳои номатлуби ҷомеа

Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гўшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст:

Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси одами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ). Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар асри (замони) хатару таваккал (риск) зиндагӣ дорем».

Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.

Сеюм, омиле, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст - ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ҳеч вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, кўҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, ҷаҳолатро зери интиқод қарор додааст.

Бояд қайд намуд, ки дар баробари равоиди мусбату мўътадил ва табиӣ ҳаёти динӣ – маънавӣ, инчунин зуҳуроти манфӣ ва номатлуби ғояҳои ифротгароӣ, ки асосан аз хориҷи кишвар ворид мешавад, дар фаъолияти баъзе созмону ниҳодҳо, ҳизбу гурўҳҳо таъсири муайян расонданд.

Иллати сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни мусалмонони кишвар дар солҳои охир, ин дар ҷомеаи мо пайдо шудани иғвоангезӣ, таҳрибкорӣ, ҳизбгароиву гурўҳбандӣ аз тарафи баъзе ходимони дин, имом - хатибон аз минбарҳои масоҷид, садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, суханони таҳқиркунанда, қабеҳу фаҳш ва беасосу бадномкунанда, таҷлили маросимҳои ба мазҳаби мо бегона, итоат накардан ба қонун ва дар ин замина ба вуҷуд овардани дуҳокимиятӣ дар фазои кишвар аст.

Мутаассифона, дар амри дифоъ ва пуштибонӣ аз нангу номус, ҳуввият ва арзишҳои миллӣ, манфиатҳои умумихалқиву умумидавлатӣ миёни баъзе уламои дин ва зиёиёни эҷодкори дин баҳс ба миён омада, аҳли ҷомеаро ба бетарафӣ намегузорад.

Зиёиёни эҷодкор бошанд, баъзе уламои динро ба бегонапарастӣ, арабгароӣ, бесаводӣ, чаласаводӣ, хурофоту таассуб, мавизаҳои бемантиқ, бе рабту низом, лаҳни тунду таҳқиромез ва зиддидавлатию зиддимиллӣ айбдор менамоянд. Дар айни замон баъзе уламои дин зиёиён, рўзноманигоронро ба динситезӣ гунаҳкор медонанд.

Дар ҳарду ҳолат ҳам уламои дин ва зиёиёни тоҷик бояд ҳамфикр бошанд, манфиатҳои умумимиллӣ, умумидавлатиро аз ғаразҳои ҳизбӣ, гурўҳӣ, мазҳабӣ, шахсӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ насозанд.

Сарвари давлат бо дарки низоми таҳаввулоти ҷаҳонӣ чунин андешаҳоро баён намуданд: “Муқовимат ба терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ вазифаи ҷонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Бо дарназардошти хатарҳои зикршуда ва аз қаламрави Афғонистон хориҷ гардидани неруҳои байналмилалии зиддитеррористӣ роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд”.

Ҳодисаҳои рӯйдодаистодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем. Маҳз ҳамин таъкиднамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз дар фазои кишвари мо сулҳу субот ҳукмрон аст.

Зокирова О

 


Вакти нашр: 2019-01-31 16:08:09    Хонданд: 105    Муфассал...



ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс