Рубрика: Слайдер

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани беҳтарин дастаҳои ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” мусобиқаи варзиширо аз рӯйи намуди футболи хурд байни […]

24-09-2021

Дар идомаи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳамроҳии Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев ва Ҳокими шаҳри Нур-Султон Алтай Кулгинов дар шаҳри Нур-Султон дар маросими ифтитоҳи нимпайкара ва кӯчаи ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ширкат намуданд.Иттилоъ дода шуд, ки ба хотири гиромидошти номи фарзанди барӯманди халқи тоҷик бо […]

РСубҳи 24 сентябр дар доираи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳамроҳии Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев дар шаҳри Нур-Султон дар маросими гузоштани санги асоси маҷмааи биноҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок ва суханронӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии […]

Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурлан Нигматуллин мулоқот намуданд.Дар оғози мулоқот робитаҳои байнипарламентӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои тоҷикистониву қазоқистонӣ арзёбӣ гардида, зикр карда шуд, ки он дар натиҷаи саъю талоши муштараки ҷонибҳо ба таври мунтазам рушду тавсеа меёбад.Зикр […]

«Мо ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунем. Вале бар ин боварем, ки барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя, бояд тавассути интихобот ва иродаи мардуми ин кишвар ҳукумати ҳамашумуле бо иштироки намояндагони ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои милливу қавмӣ ташкил карда шавад», — изҳор доштанд 23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш тариқи видеоконфронс дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян […]

Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон қатъиян маҳкум менамояд. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид тариқи видеоконфронс изҳор доштанд. Сарвари давлати Тоҷикистон аз он изҳори таассуф намуданд, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар нисбат ба поймол гардидани ҳуқуқи дигар қавму миллатҳои сокини Афғонистон ва озодиҳои шаҳрвандони он кишвар, бахусус занону кӯдакон хомӯширо ихтиёр […]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш тариқи видеоконфронс дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид вазъияти бавуҷудомадаи имрӯзаи вилояти Панҷшери Афғонистонро фоҷеаи гуманитарӣ арзёбӣ намуданд. «Имрӯзҳо мо дар ҳодисаҳои вилояти Панҷшери Афғонистон шоҳиди нақзи фоҷиабори ҳуқуқи байналмилалии башарӣ гардида истодаем, — тазаккур доданд Сарвари давлати Тоҷикистонва илова намуданд: — Вазъияти бавуҷудомада фоҷеаи гуманитарӣ ба ҳисоб меравад». Бояд […]

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Балҷувон тарабхонаи «Сайди Хосор»-ро ба истифода дода, бо имконоти муосири хизматрасонӣ дар он шинос шуданд.Иншооти муосири хизматрасонӣ дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашнӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», солҳои 2019-2021 бо истифода […]

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншоот бо сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ташриф оварданд.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи муваққатӣ роҳбарият ва фаъолони ноҳия самимона истиқбол гирифтанд.Нахуст дар ноҳияи Темурмалик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзодаро […]

23 сентябр дар ноҳияи Темурмалик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маркази ноҳия яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ — Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати умумии 10 ҳазору 257 метри мураббаъ бунёд гардида, қомат афрохтани Парчам ба симои ноҳия ҳусну таровати тоза зам менамояд.Баъди ба истифода додани […]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028