МАРОМИ ПОЙТАХТ

Қонунҳо

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, № 22, мод. 300. Соли 2015,№7-9,мод.699)

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Ҳуқуқи шаҳрвандон барои муттаҳид шудан ба ҳизбҳои сиёсӣ

ҳуқуқи шаҳрвандон барои муттаҳид шудан ба ҳизбҳои сиёсӣ ба тариқи зайл ба амал бароварда мешавад:

- таъсис кардани ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи эътиқоди худ;

- ихтиёран дохил шудан ба ҳизбҳои сиёсӣ бо шарти эътироф намудани оинномаҳои онҳо аз ҷониби дохилшавандагон;

- иштирок кардан дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи мақсадҳои муайянкардаи барномаҳои онҳо ва тибқи шаклҳои муқарраркардаи оинномаҳои онҳо;

- озодона баромадан аз ҳизбҳои сиёсӣ.

 

Моддаи 2. Ҳизби сиёсӣ

Зери мафҳуми ҳизби сиёсӣ чунин идтиҳодяи ҷамъиятие фаҳмида мешавад, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад.

Мақсад ва вазифаҳои ҳизби сиёсӣ дар Оиннома ва Барномаи он, ки барои маълумоти умум интишор мешаванд, инъикос меёбанд.

 

БОБИ 2. ТАЪСИС ВА ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ

 

Моддаи 3. Таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳизбҳои сиёсии ҷумхуриявӣ таъсис дода шуда метавонанд.

ҳизбҳои сиёси аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона, бидуни ҳеч як иҷозат дар анҷумани (конференсия, маҷлис) муассисон таъсис дода шуда, дар он оиннома қабул мегардад ва мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб ташкил карда мешавад.

ҳизби сиёсӣ барои аз қайди давлатӣ гузаштан руйхати на камтар аз ҳазор нафар шаҳрвандони тарафдорашро, ки сокини аксарияти шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонанд, пешниҳод менамояд.

ҳизб аз рeзи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш шахси ҳуқуқӣ ҳисоб мешавад.

Баъди аз қайди давлатӣ гузаштан ҳизби сиёсӣ дар муддати 3 моҳ бояд дар аксарияти вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ташкилотҳои ибтидоӣ дошта бошад.

Дар бораи шаҳр, ноҳия ва санаи гузаронидани анҷумани (конференсияи, маҷлиси) муассисон, инчунин муқаррароти асосии Оинномаи ҳизб гуруҳи ташаббускор оид ба таъсиси ҳизби сиёсӣ дар воситаи ахбори омма на дертар аз як моҳ пеш аз даъват карда шудани анчумани (конференсияи, маҷлиси) муассисон хабар медиҳад. (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

Дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, аз он ҷумла сохторҳои он манъ аст.

 

Моддаи 4. Маҳдудиятҳои таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ

Таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ки мақсад ё амалашон ба фаъолияти экстремистию террористӣ, бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва ташкил намудани гурӯҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, маҳалгароӣ ва диниро тарғибу ташвиқ менамоянд, манъ аст. (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

ҳизбҳои сиёси ва аъзои он дар фаъолияти сиёсиашон ҳуқуқ надоранд, ки аз ташкилотҳои динӣ истифода намоянд. (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

Дар мақомоти амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ, прокуратура, гумрук ва мақомоти андоз, адлия, судҳо ва Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар кушунҳо ва воҳидҳои ҳарби, инчунин дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ таъсис додан ва фаъолият кардани ташкилоти ҳизбҳои сиёсӣ мумкин нест. (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

 

Моддаи 5. Узвият дар ҳизби сиёсӣ

Узвият дар ҳизби сиёсӣ танҳо дар асоси майли ихтиёрии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.

Судьяҳо, прокурор, хизматчиёни ҳарбӣ, коркунони мақомоти корҳои дохилӣ, амният, полиси андоз, гумрук ва адлия, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аъзои ҳизби сиёсӣ шуда наметавонанд. (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

ҳизбҳои сиёси фақат узвияти шахсии сабтшуда доранд. Узви ҳизб бояд шаҳодатномаи ҳизбӣ дошта бошад. Шаҳрвандони синнашон ба 18 расида аъзои ҳизб шуда метавонанд. (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

 

Моддаи 6. Оинномаи ҳизби сиёсӣ

Оинномаи ҳизб бояд қоидаҳои зеринро дар бар гирад:

- дар бораи ном, мақсад ва вазифаҳои ҳизби сиёсӣ;

- дар бораи сохтори ҳизби сиёсӣ ва мақомоти он;

- дар бораи шартҳо ва тартиби пайдо ва гум кардани узвияти ҳизб, дар бораи ҳуқуқ ва eҳдадориҳои аъзои ҳизби сиёсӣ;

- дар бораи баробарҳуқуқии аъзои ҳизби сиёсӣ;

- дар бораи мувофиқати фаъолият ва мақсади ҳизби сиёсӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар бораи тартиби интихоб ва салоҳиятҳои мақомоти роҳбарикунандаи ҳизби сиёсӣ, мeҳлати ваколати онҳо ва ҷоивоқеияти он;

- дар бораи ошкоро будани тамоми фаъолияти ҳизб ва мақомоти он;

- дар бораи тартиби қабул ва дохил намудани таuйирот ба Оинномаи ҳизб;

- дар бораи амвол ва воситаҳои моддии ҳизби сиёсӣ, сарчашмаҳои бо пул таъминкунӣ ва фаъолияти хоҷагии вай;

- дар бораи рамзи ҳизб (агар он бошад);

- дар бораи тартиби қатъи фаъолияти ҳизб, азнавташкилкунии фаъолияти ҳизб;

- дар бораи ҳаллу фасли баҳсҳои оид ба молу мулк, ки бо қатъ гардидани фаъолияти ҳизб алоқаманданд;

- дар бораи интихобӣ ва ҳисоботдиҳанда будани мақомоти ҳизби сиёсӣ.

Дар оиннома мумкин дигар қоидаҳое низ мавҷуд бошанд, ки ба фаъолияти ҳизби сиёсӣ дахл доранд.

(ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

Қабули оиннома, барномаи ҳизби сиёсӣ, пешбарии номзадҳо аз ҳамин ҳизби сиёсӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли дигар масъалаҳои баuоят муҳими ҳаёти ҳизби сиёсӣ аз рeи қарори анҷуман, конференсия ва пленум, маҷлис ва ё аз рeи натиҷаҳои раъйпурсии (пурсиши) аъзои ҳизб сурат мегирад.

 

Моддаи 7. Бақайдгирии давлатии ҳизби сиёсӣ

Бақайдгирии давлатии ҳизби сиёсиро Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад. Барои қайди давлатии ҳизби сиёсӣ ба мақоми бақайдгиранда дар муҳлати як моҳ ариза дода мешавад, ки онро бояд шахсе имзо кунад, ки ба e анҷумани (конференсияи, маҷлиси) муассисони ҳизби таъсис додашаванда бо нишон додани суроuаи ҳуқуқии мақоми роҳбарикунанда ваколат додааст. Ба ариза uайр аз оиннома иқтибос аз протоколи анҷумани (конференсияи, маҷлиси) муассисоне, ки оинномаро қабул кардааст, руйхати камаш даҳ нафар иштирокчиёни маҷлиси муассисон бо нишон додани маълумоти шиносномаҳо ва маҳалли зисташон бо замимаи як нусха нашрияи васоити ахбори омма, ки дар он дар бораи ҷой ва санаи гузаронидани анҷумани (конференсияи, маҷлиси) муассисон, инчунин дар бораи қоидаҳои асосии Оинномаи ҳизби сиёсӣ хабар чоп гардидааст, ҳуҷҷати бонкие, ки супоридани боҷи давлатиро оиди бақайдгирии хизб тасдиқ мекунад ва руйхати ҳазор нафар аъзоёни ҳизб мувофиқи банди 3 моддаи 3-юми ҳамин қонун низ ҳамроҳ, карда мешаванд. (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

Ба мақоми бақайдгиранда манъ карда мешавад, ки аз ҳизб пешниҳод кардани дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки дар қисми дуюми ҳамин банд зикр нашудааст, талаб намояд.

Мақоми бақайдгиранда ҳизби сиёсиро дар давоми як моҳи пешниҳод карда шудани ҳуҷҷатҳо ба қайди давлатӣ мегирад. Вайрон кардани мeҳлати нишон додашуда мумкин нест.

Таuйирот ва иловаҳое, ки дар Оинномаи ҳизби сиёсӣ дохил карда мешаванд, бояд аз тарафи худи ҳамон мақом ва дар худи ҳамон муҳлатҳои бақайдгирии давлатии худи ҳизб ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.

Барои ба қайдгирии давлатии ҳизби сиёсӣ, таuйирот ва иловаҳое,ки ба оинномаи вай дохил карда мешаванд, тибқи тартиб ва андозаҳое, ки аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд, боҷи бақайдгирӣ ситонда мешавад.

ҳуҷҷате, ки воқеияти бақайдгирии давлатии ҳизби сиёсӣ, инчунин ба феҳристи давлатии идтиҳодияҳои ҷамъиятӣ дохил намудани онро тасдиқ менамояд, шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии он мебошад.

Аз ҳизби сиёсӣ талаб кардани кадом як ҳуҷҷатҳои дигаре, ки воқеияти бақайдгирии давлатии онро тасдиқ менамоянд, манъ аст.

ҳизби сиёсӣ аз рeзи бақайдгирии давлатии он ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро пайдо мекунад.

 

Моддаи 8. Сохторҳои ҳизби сиёсӣ

Сохторҳои маҳаллии ҳизби сиёсӣ тибқи тартибе, ки Оинномаи ҳизби сиёсӣ муқаррар менамояд, таъсис дода мешаванд.

Мақоми роҳбарикунандаи ҳизби сиёсӣ баъди таъсиси сохтори ҳизб дар ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо мақомоти ҳокимияти маҳаллиро ба таври хаттӣ хабардор менамояд.

Сохторҳои маҳаллии ҳизби сиёсӣ дар ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо ҳар сол то 20 март ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба идомаи фаъолияти худ, суроға, роҳбари сохтор ва шумораи аъзои ҳизб дар маҳал маълумот пешниҳод менамоянд. (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

 

Моддаи 9. Асосҳо барои рад кардани бақайдгирии давлатии ҳизби сиёсӣ

Бақайдгирии давлатии ҳизби сиёсӣ дар асосҳои зайл мумкин рад карда шавад:

- агар муқаррароти оинномаи вай ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф бошад;

- агар оинномаи ҳизб ба талабҳои моддаи 6 ҳамин Қонун мувофиқат накунад;

- агар талабҳои қисми дуюми моддаи 3 ва қисми панҷуми моддаи 7 ҳамин Қонун иҷро карда нашуда бошанд;

- агар бо худи ҳамин унвон ва ё бо худи ҳамин рамз оинномаи ҳизби дигар пештар ба қайд гирифта шуда бошад;

- агар суроuаи ҳуқуқии мақоми роҳбарикунандаи ҳизб берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.

Раддияи асосноки бақайдгирии Оинномаи ҳизби сиёсӣ дар шакли хаттӣ дода мешавад ва аз он ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

БОБИ 3. ҲУҚУҚИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ВА ШАКЛҲОИ НАЗОРАТ БА ФАЪОЛИЯТИ ОНҲО

 

Моддаи 10. ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ҳизбҳои сиёсӣ

ҳар ҳизб бо тартиби пешбиникардаи қонун ҳуқуқ дорад: (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

- номзадҳоро ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мақомоти интихобии ҳокимияти давлатӣ пешбарӣ намояд;

- дар тайёрӣ ва гузаронидани раъйпурсиҳо ва интихоботи мақомоти ҳокимияти давлатӣ иштирок намояд;

- дар гуруҳҳои доими ё муваққатии вакилон муттаҳид шавад ва дар мақомоти намояндагӣ дигар идтиҳодияҳо барпо намояд:

- маълумотро дар бораи фаъолияти худ ба таври шифоҳи, хаттӣ ва дар шаклҳои дигар озодона интишор намояд, мақсад ва вазифаҳои худро тартибу ташвик кунад, ҳуҷҷатҳои барномавии худро дошта бошад;

- нашриётҳо ва васоити ахбори оммавии худро таъсис диҳад; (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

- аз васоити давлатии ахбори омма, аз он ҷумла матбуот, радио ва телевизион истифода намояд;

- маҷлисҳо, митингҳо, намоишҳо ва дигар чорабиниҳои оммавиро мувофиқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронад;

- бо ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои сиёсии хориҷӣ робита ва алоқаҳои байналхалқӣ муқаррар намояд ва онҳоро дастгирӣ кунад;

- ба иттифоқҳои байналхалқӣ ва ассосиатсияҳо дохил шавад;

- мувофиқи мақсад ва вазифаҳои оинномавии худ шуъбаҳо ва намояндагиҳо ташкил намояд;

- мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи худ фаъолияти хоҷагӣ, молиявӣ ва дигар фаъолиятро ба амал барорад;

- бо дигар хизбхои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттифоқ бандад, муносибатҳои шартномавӣ барқарор кунад;

- дар ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисобҳо кушояд;

Ҳизби сиёсӣ бо тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст:

- талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро риоя намояд;

- ҳар сол то 20 март ба мақоми бақайдгиранда оид ба фаъолияти худ аз рӯи шакл ва тартиби муқаррарнамудаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;

- ба мақомоти андоз бо тартиби муқарраргардида ҳисобот пешниҳод намояд. (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

 

Моддаи 11. Амволи ҳизби сиёсӣ

Амволи зерин моликияти ҳизби сиёсӣ шуда метавонанд: биноҳо ва иншоотҳо, фонди манзил, таҷҳизот ва асбобу анҷом, матбаа, маблаuҳо ва инчунин дигар амволе, ки барои таъмини фаъолияти вай зарур буда, онро оинномаҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд.

Амволи ҳизби сиёсӣ фақат барои ба амал баровардани мақсад ва вазифаҳои ҳизб истифода мешавад.

ҳизби сиёсӣ ҳар сол дар бораи вазъияти моддии ҳизб маълумот чоп мекунад.

 

Моддаи 12. Маблаuҳои ҳизби сиёсӣ

Маблаuҳои ҳизби сиёсӣ аз инҳо ба вуҷуд меоянд:

- ҳаққи дохилшавӣ ва ҳаққи узвият, агар онҳоро оинномаи ҳизб пешбинӣ карда бошад;

- хайрияҳои ихтиёрӣ;

- мадохил аз гузаронидани лексияҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо (мувофиқи оинномаҳо);

- даромад аз фаъолияти ноширӣ ва дигар фаъолияте, ки ба мақсад ва вазифаҳои оинномавӣ мувофиқ аст;

- дигар воридоте, ки қонунҳо манъ накардаанд.

 

Моддаи 13. Кумаки моддӣ барои эҳтиёҷоти ҳизби сиёсӣ

ҳизби сиёсӣ ҳуқуқ, дорад дар шакли амвол ва маблаu аз ашхоси воқеӣ, корхона ва ташкилотҳо, идтиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бунёдҳо ва дигар шахси ҳуқуқии uайридавлатӣ ёрии моддӣ қабул намояд, агар ин кумаки моддӣ бо ҳуҷҷат тасдиқ ва манбаи он нишон дода шуда бошад. (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

Кумаки моддӣ аз корхонаю ташкилотҳои зайл манъ аст:

- ташкилотҳои хайрия ва динӣ;

- корхонаю ташкилотҳои давлатӣ, инчунин корхонаю ташкилотҳое, ки дар онҳо давлат саҳм дорад;

- давлат, шаҳрвандон, корхонаҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ, инчунин корхонаҳое,ки дар онҳо кишварҳои хориҷӣ саҳм дорад;

- шахси беном;

- ташкилотҳои тиҷоратие, ки камтар аз як сол фаъолияти молиявӣ доранд;

- ҳизбҳои сиёсие, ки бо ҳизби кумаки молиявӣ расондашаванда муттаҳид нестанд. (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

 

Кумаки моддӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ дар шакли маблағ бо роҳи ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ гузаронидани он амалӣ карда мешавад. Дар сурати аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидани маблағи нақд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, он пас аз таҳияи ҳатмии ҳуҷҷатҳои расмӣ ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ гузаронида мешавад.

Дар ҳуҷҷати пардохт ё интиқоли маблағ маълумот дар бораи шахси ҳуқуқӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда, ном ва реквизитҳои бонкии шахси ҳуқуқӣ нишон дода мешаванд.

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад кумаки моддиро дар шакли маблағ аз ҳисоби маблағҳои худӣ ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ ё бевосита ба ҳисобдории мақомоти ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва марказии ҳизби сиёсӣ гузаронад. Ҳангоми гузаронидани маблағ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пардохти андозҳо дар се моҳи охир пешниҳод карда шуда, дар ҳуҷҷати пардохт ё интиқоли маблағ насаб, ном, номи падар ва рақами мушаххаси андозсупоранда нишон дода мешаванд.

Маблағи умумии кумаки моддии ҳарсолаи як шахси воқеӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ аз 300 (сесад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз як шахси ҳуқуқӣ аз 1500 (як ҳазору панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд буда наметавонад.

Кумаки моддие, ки аз ҷониби субъектҳои дар қисми дуюми ҳамин модда пешбинигардида ба ҳизби сиёсӣ расонида шудааст, ҳамчунин маблағи ҳарсолаи зиёда аз меъёри дар қисми шашуми ҳамин модда нишондодашуда ворид гардидааст, дар муҳлати як моҳ ба пардохткунандаи он баргардонида мешавад. Дар сурати ғайриимкон будани баргардонидани маблағи ба суратҳисоби ҳизби сиёсӣ воридшуда, он ба буҷети давлатӣ гузаронида (супорида) мешавад.

Истифодаи маблағе, ки бо Қонуни мазкур пешбинӣ нашудааст, инчунин интиқоли маблағҳо ба ҳизби сиёсӣ тавассути миёнаравҳо манъ аст.

Дар мавридҳое, ки кумаки моддӣ ё ҳадя дар шакли молу мулк расонида мешавад, ҳизби сиёсӣ онро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воҳиди пулӣ нарх гузошта, маълумоти дахлдорро дар ҳисоботи молиявии ҳизби сиёсӣ ворид месозад.

Қабули кумаки моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби мақомоти ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва марказии ҳизбҳои сиёсӣ сурат мегирад. (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

 

Моддаи 14. Фаъолияти хоҷагии ҳизби сиёсӣ

ҳизби сиёсӣ мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи худ дар қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои хоҷагӣ, музди меҳнати кормандони ҳизб, истифодаи захираҳои молиявӣ ва моддӣ мустақил мебошад.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити молиявӣ ва моддӣ барои ба амал баровардани мақсаду ҳуқуқҳои оинномавие, ки моддаи 10 ҳамин Қонун собит намудааст, ҳизби сиёсӣ ҳуқуқ дорад тибқи тартиби муқаррар кардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон корхона ва ташкилотҳо барпо намояд. (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

Ҳизби сиёсӣ ҳуқуқ дорад фаъолияти зерини соҳибкориро амалӣ кунад:

- фаъолияти иттилоотӣ, рекламавӣ ва нашриявӣ барои ташвиқи ақидаву ғояҳо, мақсадҳо, вазифаҳо ва интишори натиҷаҳои фаъолияти худ;

- тайёр кардан ва фурӯши маҳсулоти армуғонии дорои нишон ва (ё) номи ҳизби сиёсӣ;

- ба иҷора додани молу мулки манқул (ба истиснои пул ва коғазҳои қиматнок) ва ғайриманқули худ.

Ҳизби сиёсӣ ҳуқуқ надорад ба фаъолияти соҳибкорие, ки дар қисми сеюми моддаи мазкур нишон дода нашудааст, машғул шавад. (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

 

Моддаи 15. Дастгирии ҳизби сиёсӣ аз ҷониби давлат

Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби сиёсиеро, ки ба қайд гирифта шудааст, ба таври зерин дастгирӣ менамоянд:

- таъмини дастрасии баробар ба воситаҳои давлатии ахбори омма; (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

- таъмини имкониятҳои баробар барои гузаронидани маъракаҳои интихоботӣ.

Дар сурати боздоштани фаъолияти ҳизб дар асоси муқаррароти моддаи 21 ҳамин Қонун дастгирии давлат муваққатан қатъ карда мешавад.

Дар сурати манъ карда шудани фаъолияти ҳизби сиёсӣ дастгирии давлатӣ аз рeзи эътибор пайдо кардани қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъ карда шудани фаъолияти ҳизб қатъ мегардад.

 

Моддаи 16. Назорати фаъолияти молиявии ҳизби сиёсӣ

Мақоми роҳбарикунандаи ҳизб ӯҳдадор аст ҳисоботи молиявиро дар бораи манбаъҳо, андоза ва хароҷоти маблағҳое, ки ба хазинаи ҳизб дар давоми соли ҳисоботӣ ворид гардидаанд, инчунин дар бораи молу мулки ҳизб бо нишон додани арзиш ва маълумоти бақайдгирии давлатии он ва пардохти андозҳо дар воситаҳои ахбори омма интишор намояд.

Санҷиши ҳисоботи молиявии ҳизби сиёсӣ, маълумот дар бораи даромад ва хароҷоти воситаҳои ҳизбҳои сиёсӣ, риояи қоидаҳои қонунигардонии дороиҳои молумулкӣ аз ҷониби мақоми дахлдори давлатӣ амалӣ мегардад.

Маълумот дар бораи натиҷаҳои санҷиши ҳисоботи молиявии ҳизбҳои сиёсӣ ба иттилои ҳизбҳои сиёсии дахлдор расонида шуда, ҳар сол дар воситаҳои ахбори омма, инчунин ба таври илова як моҳ пеш аз маъракаи интихоботӣ чоп карда мешавад. (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

 

 

БОБИ 4. ИШТИРОКИ ҳИЗБИ СИЁСИ ДАР ИНТИХОБОТ

 

Моддаи 17. Шаклҳои иштироки ҳизб дар интихобот

ҳизб дар интихобот ба таври зайл иштирок менамояд:

- мустақил;

- бо дигар хизби сиёсӣ мувофиқатномаи пеш аз интихоботӣ мебандад;

- бо дигар ҳизбҳои сиёсӣ ба иттифоқҳои интихоботӣ дохил мегардад.

ҳизб тибқи қонунгузорӣ дар бораи интихобот ҳуқуқ дорад: (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

- мустақилона ва ё аз номи иттифоқҳои интихоботӣ номзадҳо пешбарӣ намояд;

- бо риояи шартҳои баробар ташвиқоти пеш аз интихоботӣ барад;

- ба рафти интихобот назорат кунад ва бо тартиби муқарраркардашуда натиҷаҳои онҳоро муайян намояд;

- дар комиссияҳои интихоботӣ метавонад намояндагӣ кунад;

- ба воситаҳои давлатии ахбори омма ва инчунин ба воситаҳои ахбори умум бо иштироки давлат баробар дастрас бошад. (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

 

Моддаи 18. Иштироки ҳизби сиёсӣ дар иттифоқҳои интихоботӣ

Баъди ба қайд гирифтани иттифоқҳои интихоботӣ аз тарафи комиссияҳои дахлдори интихоботӣ ҳизбе, ки номзадҳои худро тибқи руйхати иттифоқи интихоботӣ пешбарӣ мекунад, ҳуқуқ надорад номзадҳои худро мустақилона ва ё тибқи руйхати дигар иттифоқи интихоботӣ дар ҳамон сатҳ пешбарӣ намояд, агар дар шартнома шарти дигаре пешбинӣ карда нашуда бошад. (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

 

Моддаи 19. Гурeҳҳои ҳизби дар мақомоти намояндагӣ

Гурeҳҳои ҳизби дар мақомоти намояндагӣ мувофиқи асноди меъёрие, ки тартиби фаъолияти ин мақомотро муайян менамоянд, ташкил меёбанд ва амал мекунанд.

 

БОБИ 5. БОЗДОШТАН, ҚАТЪ КАРДАН ВА МАНЪ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ҳИЗБИ СИЁСӢ

 

Моддаи 20. Боздоштани фаъолияти ҳизби сиёсӣ

Дар сурати аз тарафи ҳизби сиёсӣ вайрон карда шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин гирифтани кумаки иқтисодию сиёсӣ аз кишварҳои хориҷӣ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳинома ва ё Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қатъ намудани фаъолияти uайриқонунӣ амрномаи хаттӣ мебарорад. Агар ҳизб дар муҳлати даҳ рeз талабҳоро дар бораи қатъ намудани фаъолияти uайриқонунӣ иҷро накунад, фаъолияти вай мумкин аст бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати то шаш моҳ боздошта шавад. (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

 

Моддаи 21. Окибатҳои боздошта шудани фаъолияти ҳизби сиёсӣ

Дар сурати боздошта шудани фаъолияти ҳизб ба муҳлати муқарраркардаи моддаи 20 ҳамин қонун ҳуқуқаш, ҳамчун муассиси васоити ахбори омма боздошташуда, ба вай манъ карда мешавад, ки аз мақоми (статуси) шахси ҳуқуқӣ истифода барад, митингу намоишҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ташкил намояд, дар интихобот иштирок кунад, аз маблаuҳои бонк истифода барад, ба истиснои ҳисобу китоб оид ба фаъолияти хоҷагӣ ва шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ, пардохти товони зарарҳое, ки аз амалиётҳои вай расидааст ва пардохти ҷаримаҳо. (ҚҶТ аз 08.08.2015 с №1209)

 

Моддаи 22. Қатъ кардани фаъолияти ҳизби сиёсӣ

Фаъолияти ҳизби сиёсӣ мумкин бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъи фаъолияти он, инчунин ба тариқи аз нав ташкил намудан ва ё барҳамдихӣ қатъ карда шавад.

 

Моддаи 23. Асосҳои манъ кардани фаъолияти ҳизби сиёсӣ

Асосҳои аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудани фаъолияти ҳизби сиёсӣ чунинанд:

- фаъолияти ҳизби сиёсӣ, ки қисми якуми моддаи 4 ҳамин қонун манъ кардааст;

- фаъолияти uайриқонунии ҳизби сиёсӣ баъди бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 20 ҳамин қонун манъ намудани фаъолияти он.

 

Моддаи 24. Қарор дар бораи манъ намудани фаъолияти ҳизби сиёсӣ

Дар бораи манъ намудани фаъолияти ҳизби сиёсӣ дар асоси қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танҳо дар заминаӣ пешбиникардаи моддаи 23 ҳамин Қонун қарор қабул кардан мумкин.

 

Моддаи 25. Қатъ намудани фаъолияти ҳизб ба тариқи аз нав ташкилкунӣ ва ё барҳамдиҳӣ

Фаъолияти ҳизби сиёсӣ мумкин бо роҳи аз нав ташкилкунӣ (якҷоякунӣ, ҳамроҳқунӣ, тақсимкунӣ) ва ё барҳамдиҳӣ қатъ карда шавад. Қарорро дар бораи аз нав ташкилкунии ҳизб мақоми олии роҳбарикунандаи ҳизб қабул менамояд.

Оинномаи ҳизби сиёсие, ки баъди аз нав ташкилкунӣ таъсис дода шудааст, бо тартиби муқараркардаи моддаи 7 ҳамин Қонун ба қайд гирифта мешавад.

ҳизби сиёсӣ мувофиқи оинномаи он бо роҳи худпарокандакунӣ барҳам дода мешавад.

Моддаи 26. Оқибатҳои қатъ карда шудани фаъолияти ҳизб

Амволи ҳизби сиёсие, ки фаъолияти худро қатъ кардааст, баъд аз қонеъ гардонда шудани даъвоҳои амволӣ ба мақсадҳои зерин равона карда мешавад:

- дар сурати барҳам дода шудан - ба мақсадҳои пешбини кардаи оинномаи ваӣ;

- дар сурати манъ карда шудан - аз рeи қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар сурати азнавташкилкунӣ - ба моликияти идтиҳодияи ҷамъиятие дода мешавад, ки вориси ҳуқуқи ҳизби сиёсие мебошад, ки фаъолияти худро қатъ кардааст.

Қатъ гардидани фаъолияти ҳизби сиёсӣ боиси аз феҳристи давлатии дахлдори идтиҳодияҳои ҷамъиятӣ хориҷ намудани ҳизб, бекор кардани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ҳизби сиёсӣ ва гум кардани ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ мегардад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе, 13 ноябри соли 1998,

№680

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистои

«Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998, № 22, мод. 301)

 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёси» пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

2. ҳизбҳои сиёсӣ амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди нашр шудани ҳамин қонун бе додани боҷ аз нав аз қайд мегузаранд.

3. ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» мутобиқ, гардонидани санадҳои қонунгузори ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.

 

Раиси Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. РАҶАБОВ

ш. Душанбе, 23 маӣи соли 1998,

№643




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс