МАРОМИ ПОЙТАХТ

КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе


Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Абдураҳимова Дилбар Ҳабибуллоевна

Маълумоти пурра

 Абдураҳимова Дилбар Ҳабибуллоевна 15-уми марти соли 1976 дар Ҷумҳӯрии Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1995 ба Донишгохи аграрии Точикистон дохил шуда, соли 2000 Донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси «агроном – олим» хатм намудааст.

Баъд аз хатми ин муассисаи олии таълимии кишвар мавсуф дар вазифаҳои зерин, аз соли 1995 муаллимаи синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40 ноҳияи Варзоб, солҳои 1998 - 2000 агрономи Ассоциацияи хоҷагиҳои деҳкони фермерӣ, солҳои 2000 - 2001 мутахассиси шуъбаи молия ва бахисобгирии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2001- 2003 мутахассиси Комиссияи оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи майи соли 2003 то моҳи августи соли 2003 сармутахассиси шуъбаи умуми ва хизмати давлатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон, солҳои 2006 - 2007 сармутахассиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Ориёфар»-и ҲХДТ, аз соли 2007 то марти соли 2017 дар вазифаи муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Ориёфар»-и ҲХДТ дар ҶСК «Ориёнбонк» адои вазифа намудааст.

Аз 1.03.2017 то инҷониб муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст.

Барои саҳми арзанда дар пешрафти кори ташкилоти ҳизбӣ, муваффақиятҳои назаррас дар таблиғу ташвиқи ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ дар байни омма бо Сипоснома ва Ифтихорномаи КИМ Њизби Халќии Демократии Тољикистон сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.


Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Муродов Ҷурабек Қурбоналиевич

Маълумоти пурра

 Муродов Ҷурабек Қурбоналиевич 16-уми октябри соли 1990 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2008 ба Факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2013 Донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси шарқшиносӣ ва соли 2017 шуъбаи аспирантура ва докторантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро рӯзона хатм намудааст.

Баъд аз хатми ин муассисаи олии таълимии кишвар мавсуф дар вазифаҳои зерин, аз соли 2013 то моҳи октябри соли 2015 мутахассиси раёсати ташкилию таҳлилии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ бо хориҷаи Сарраёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сабаби таҷдиди сохтор, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва умумии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2015 мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, аз январи соли 2016 то августи соли 2017 ба ҳайси мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур адои вазифа намудааст.

Соли 2014 курси такмили ихтисоси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ҳамзамон иштирокчии “Ҷаласаи иттилооти оид ба самти пешгирии муҳоҷирати Федератсияи Россия мебошад.

Аз 10.08.2017 то инҷониб Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст.

Барои софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, гузоштани саҳми назаррас дар пешбурди фаъолияти корӣ бо Ифтихорномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.


Сармуҳарири нашрияи "Мароми пойтахт"-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Каримзода Ҳақназар

 

Каримзода Ҳақназар ИЗАТУЛЛО - номзади илмҳои филология

7-уми январи соли 1973 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Солҳои 1992-1997 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст. Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро солҳои 1997-1999 ҳамчун муҳаррири Телевизиони ҷамъиятии «Пойтахт» шурӯъ намуда, аз солҳои 1999 то соли 2009 дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррири варзидаи шуъбаҳои фарҳанг ва маънавиёт, сиёсӣ, барномаҳои иттилоотї, идораи барномаҳои сиёсӣ кор кардааст. Аз соли 2009 то соли 2014 бошад дар Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» ҳамчун муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои таҳлилӣ ва раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Телевизиони «Ҷаҳоннамо» ифои вазифа намудааст.

Номбурда барои хизматҳои шоён бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 10. 08. 2015 бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст. Ҳамзамон, бо Ифтихорномаву Сипосномаҳои Телевизини Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо», Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанг, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва ҳамчунин Кумитаи иҷроияи ҲХДТ шаҳриДушанбе сарфароз гардидааст.

Каримзода Ҳақназар ИЗАТУЛЛО аз моҳи июли соли 2015 то ҳол масъулияти сармуҳарририии нашрияи «Мароми пойтахт»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанберо бар дӯш дорад.

 


Сармуҳосиб Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Мирзоев Алиҳмад Иноятуллоевич

Маълумоти пурра

13 августи соли 1966 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1995 Донишгоҳи техники Тоҷикистон, бо ихтисоси инженер, сохтмончӣ хатм кардааст. Соли 2014 Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси «муҳосиб» хатм намуд.

Солҳои 1984-1986 хизмати ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, 1988-1989 ба ҳайси муҳосиби Муассисаи нақлиётии №5 трести “Данғараводстрой” дар шаҳри Кӯлоб, 1995-1998 муҳосиби дараҷаи 2-юми Идораи сохтмонии №2 трести “Кӯлобсоз”, 1998-2001 муҳосиби Идораи таъмирию васлкунии шаҳри Кӯлоби назди Вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2001-2005 сармуҳосиби Идораи сохтмонии №2 трести “Кӯлобсоз”, 2005-2007 сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2007 то ҳол ба ҳайси сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе кор ва фаъолият дорад. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.


Мудири шуъбаи ташкилӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Амробекова Руқия

Маълумоти пурра

Амробекова Руқия Ҷаборовна 26 ноябри соли 1964 дар шаҳри Ваҳдат, дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Соли 1972 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 – и (пештара №35) шаҳри Ваҳдат таҳсилро оғоз намудааст.

Соли 1982 баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (пештара Т.Г. Шевченко) ба факултаи забонҳои хориҷӣ, шуъбаи забони англисӣ дохил шуда, онро соли 1986 бомуваффақият ба анҷом расонид ва соҳиби тахассуси «Омўзгор» гардид.

Сипас, соли 1986 мавсуф бо роҳхати донишгоҳ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 – и шаҳри Ваҳдат барои кор фиристонида шуда, то соли 1996 дар муассисаи мазкур ба ҳайси омўзгори фанни забони англисӣ кору фаъолият намудааст.

Соли 1996 – 1999 бо сабаби ивази макони зист ба муассисаи таълимии №141- и шаҳри Ваҳдат, баъдан аз соли 1999 то 2006 дар мактаби миёнаи №3 – и шаҳр фаъолияти омўзгории худро давом додааст.

Амробекова Р. соли 2006 бо даъвати роҳбари муассисаи таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба кор даъват шуда, дар ин муддат то январи соли 2019 вазифаи муовини директор оид ба таълими муассисаи номбурдаро ба душ дошт.

Айни ҳол, аз моҳи июни соли 2019 инҷониб мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе кору фаъолият намуда истодааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.


Шуъбаи умумӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Зайдуллоева Умедахон Маҳмадалиевна

Маълумоти пурра

25 - уми феврали соли 1983 дар шаҳри Ваҳдат дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Солҳои 2001-2006 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи журналистика ва тарҷумониро бо ихтисоси журналистика хатм кардааст.

Солҳои 2011-2013 дар вазифаи нозири шуъбаи кадрҳои Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат, 2013-2014 ба ҳайси мутахассис- эдвайзери Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат, 2014-2019 сардори шуъбаи кадрҳои Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат фаъолият намудааст.

Аз 02-юми январи соли 2019 мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва корҳои махсуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе кор ва фаъолият дорад. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.


Мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Қурбонмамадова Қурбонгул Надаляновна

Маълумоти пурра

01 марти соли 1962 дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шудааст. Соли 1986 Институти педагогии ба номи Шевченко Т.Г. бо ихтисоси муаллимаи математика ва физика хатм кардааст.

Солҳои 1986-1991 муаллимаи фанни математика ва физика дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №42-и ноҳияи Фирдавсӣ, 1991-1996 ба ҳайси ҷонишини директор дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ноҳияи Фирдавсӣ, 1996-1998 мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ, 1998-2002 ҷонишини директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ноҳияи Фирдавсӣ, 2002-2010 директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №45-и ноҳияи Фирдавсӣ, 2010-2012 директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №58-и ноҳияи Фирдавсӣ, 2012-2013 ҷонишини Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён”-и ноҳияи Фирдавсӣ фаъолият намудааст.

Аз моҳи марти соли 2013 то ҳол ба ҳайси мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе кор ва фаъолият дорад. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.


Мудири шуъбаи занон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Зуҳурова Заррина Ҳабибуллоевна

Маълумоти пурра

9-уми ноябри соли 1975 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 1998 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо муваффақият хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиро соли 1998 ҳамчун ассистенти кафедраи радио ва телевизиони факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз намудааст. Солҳои 2000-2002 мудири шуъбаи умумии дастгоҳи Раиси ноҳияи Ҳамадонӣ, солҳои 2003 – 2005 таъминотчии ҶДММ «Кишт», солҳои 2005 – 2009 мутахассиси КВД «Маркази касбомӯзӣ ва соҳибкорӣ», солҳои 2009 – 2010 роҳбари Маркази намояндагии ташкилоти ҷамъиятии «Бахтовар» дар ноҳияи Ҳамадонӣ, солҳои 2010-2012 мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар ноҳияи Ҳамадонӣ, солҳои 2012 – 2013 мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Аз моҳи апрели соли 2013 то 2017 мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва аз мохи феврали аз соли 2017 бинобар сабаби таҷдиди сохтор вазифаи мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанберо ба уҳда дорад.

Унвонҷўи кафедраи матбуоти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Оиладор соҳиби 2 фарзанд.


Мудири шуъбаи ҷавонон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Маълумоти пурра


 

Маълумот вуҷуд надорад!



 

 




Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс