МАРОМИ ПОЙТАХТ

Роҳбарият

    ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст.

Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.

Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.

Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт.

Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.

Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб мешавад. Тирамоҳи соли 1992 Раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб интихоб гардид.

19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

6 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

6 ноябри соли 1999 Эмомалӣ Раҳмон дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

6 ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

6 ноябри соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пирӯз гардид.

Қаҳрамони Тоҷикистон (аз 11 декабри соли 1999) мебошад.

Оиладор ва падари нӯҳ фарзанд аст.

Замоне, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.

Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонд.

Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.

Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон ва ҳаммаслакони содиқаш мебошад.

Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷӯҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки мунтазам нисбат ба Сардори донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.

Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.

Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ сохта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабиву нажодӣ, муроот менамояд.

Ҳамзамон, дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтианд. Ӯ борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид баромад карда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва ғайраҳо ҷалб мекунад. Ниҳоят, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли қазияи Афғонистон, ки ба пойгоҳи терроризму экстремизм табдил ёфта буд, рӯ овард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини ояндаи инсоният низ муносибати дурбинона ва ҷиддӣ дорад. Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-юмро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-умро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон кард. Айни ҳол аксари чорабиниҳои ҷаҳонию минтақавии вобаста ба об дар чаҳорчӯби ҳамин даҳсола гузаронда мешаванд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ин иқдоми Сардори давлат аст.

Дар тӯли беш аз бист соли истиқлолият кишвари мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ - артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.

Ҳамин тавр, хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дод. Барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт. Ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид, Конститутсияи (Сарқонуни) нави Тоҷикистонро эҷод кард. Ҷиҳати 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохт, сулҳи тоҷиконро ба даст овард, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст. Заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохт, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшид, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ивази саҳми хеле арзишманди худ дар таъмини сулҳи Тоҷикистон ва таҳкими амнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандонааш дар вусъати муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни мардумон бо унвону нишонҳои олии давлатҳо ва созмонҳои гуногуни ҷаҳон сарфароз гардидааст.

Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ӯ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудааст. Ӯ дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки ин мукофоти олиро соҳиб гардидааст.

Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат боз як ҷоизаи олӣ-медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият насиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин касе мебошад, ки ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун ҳамчунин бо ордени алмосдори «Звезда мецената» (Ситораи сарпараст) – ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи «Меценаты столетия» (Сарпарастони аср), ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд», ҷоизаи Бунёди байналмилалии нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Туркия, ситораи ёқутии «Миротворец» (Сулҳовар), Медали тиллоии Маҷлиси халқи (Парлумони) Ҷумҳурии Мисри Араб, Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ордени Шӯрои олимпии Осиё, Медали тиллоии арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) –и ЮНЕСКО, Ордени тиллоии Эҳёи Роҳи Абрешим, Медали тиллоии ба номи Николай Блохин –мукофоти олии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия, Ордени «3 Ситора дараҷаи 1» бо занҷираи тиллоии Ҷумҳурии Латвия, ордени Княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1-и Украина, Нишони Покистон – олитарин мукофоти давлатии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонда шудааст.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

  


  АЗИЗӢ АБДУҶАББОР АБДУҚАҲҲОР – Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
azizi.jpg

23 апрели соли 1955 дар ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод) дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1976 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис, соли 2001 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2005 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷери идоракунии давлатӣ ба итмом расонидааст. Соли 2009 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Роли тарбия дар ташаккул ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос» ҳимоя намудааст.

 Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ҳамчун муҳандис дар иттиҳодияи ноҳиявии «Тоҷикселхозтехника» оғоз кардааст.
Аз соли 1979 то 1987 дар вазифаҳои гуногуни комсомолӣ (котиби озоди кумитаи комсомолии омӯзишгоҳи касбӣ — техникии №57, мудири шуъба, котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Данғара, инструктори Кумитаи Марказии комсомолии Тоҷикистон ва котиби Кумитаи комсомолии вилояти Кӯлоб) кор кардааст.
Солҳои 1987 — 1991 дар вазифаҳои масъули ҳизбӣ (инструктор, мудири хонаи маорифи сиёсии Кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб, мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Данғара) фаъолият намудааст.
Солҳои 1991 — 1994 директори Маркази шуғли аҳолии ноҳия, солҳои 1994 — 1995 муовини раиси ноҳияи Данғара ва аз соли 1995 то соли 2000 ба сифати Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ адои вазифа намудааст.
Соли 2000 вакили Маҷлиси намояндагон аз ҲХДТ интихоб гардида, вазифаи муовини раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Аз соли 2001 то 2014 дар вазифаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо фаъолият намудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 2014 бинобар таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо таъин гардид.
Ба унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонда шудааст.
Оиладор соҳиби се фарзанд мебошад.
1 — марти соли 2015 вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳрии Тоҷикистон мебошад.

Аз 13-уми декабри соли 2019 дар Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муовини Якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон интихоб гардидаст.

 Фаъолияти меҳнатиашро соли 1981 ба ҳайси мухбири рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони советӣ» оғоз кардааст. Аз соли 1984 то соли 1986 дар сафи Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон хизмати ҳарбӣ намудааст.
Солҳои 1987-1989 дар вазифаи мухбири калони рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони советӣ» кор кардааст.
Аз соли 1991 то 1993 дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ (машваратчии маркази матбуоти КМ ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ёрдамчии ноиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон) фаъолият намудааст.
Солҳои 1993-1994 дар вазифаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1994-2007 дар вазифаи мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Аз соли 2007 то 2014 дар вазифаи Мушовири Давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа фаъолият намудааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 22 январи соли 2014 бинобар таҷдид сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин гардид.

Бо ордени «Ситораи сурх», Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии СССР, унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» ва медали ҷашнии «10-солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», медали «Собиқадори амалиётҳои ҳарбӣ», медали «Ба размандаи интернатсионалист аз мардуми сипосгузори Афғонистон», медали «20-солагии баровардани қӯшунҳои Шӯравӣ аз Афғонистон» ва медали тиллоии «Ниҳоли дӯстӣ»-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор падари се фарзанд.

  


ХАЙРИНИСО ЮСУФӢ – Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

2020-.jpg

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ (аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон).
30 марти соли 1964 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи озоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ва Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Руссияро бо ихтисосҳои байтор, ҳуқуқшинос, филолог ва менеҷер хатм намудааст.

Дар вазифаҳои терапевти калони стансияи ветеринарии шаҳри Панҷакент, котиби якуми Кумитаи комсомолӣ — Раиси Созмони ҷавонони шаҳри Панҷакент, муовини раиси шаҳри Панҷакент, муовини раиси вилояти Суғд, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
2010-2015 Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, узви Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Узви фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон.
Дорандаи ордени «Шараф дараҷаи 1», Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали ҷашнии «20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.
1 – марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

13- уми декабри соли 2019 дар Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳайси Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб гардида, то инҷониб адои вазифа карда истодааст.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ (аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон).
30 марти соли 1964 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи озоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ва Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Руссияро бо ихтисосҳои байтор, ҳуқуқшинос, филолог ва менеҷер хатм намудааст.

Дар вазифаҳои терапевти калони стансияи ветеринарии шаҳри Панҷакент, котиби якуми Кумитаи комсомолӣ — Раиси Созмони ҷавонони шаҳри Панҷакент, муовини раиси шаҳри Панҷакент, муовини раиси вилояти Суғд, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
2010-2015 Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, узви Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Узви фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон.
Дорандаи ордени «Шараф дараҷаи 1», Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали ҷашнии «20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.
1 – марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

13- уми декабри соли 2019 дар Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳайси Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб гардида, то инҷониб адои вазифа карда истодааст.

ЛАТИФЗОДА АСРОР ҚУРБОН- Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

496c4c63-.jpeg10-уми марти соли 1962 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1984 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ-ташкилотчӣ ба итмом расонидааст.

Дар тули фаъолияти корияш дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла корманди хурди илмии Пажуҳишгоҳи иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ, мудири шӯъбаи ташкилӣ, котиби дуюм ва якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Синои (Фрунзе) шаҳри Душанбе, котиби якуми Кумитаи комсомолии шаҳри Душанбе, муовин-муовини аввали раиси Шӯрои Марказии иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи сиёсати кадрҳо, раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори КВД «Сайёҳ»-и Вазорати иқтисодиёт ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Шӯъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон содиқона кор ва фаъолият намудааст.

Мавсуф хатмкардаи Акадамияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия, бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ мебошад. 26-уми декабри соли 2009 дар Анҷумани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини Раиси Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон интихоб гардид.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2015 ба вазифаи муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида то моҳи декабри соли 2019 адои хизмат кардааст.

13-уми декабри соли 2019 дар Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷ

икистон, муовини Раиси Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон интихоб гардид. Дорандаи ордени «Шараф» дараҷаи 2 мебошад.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Рутбаи ҳарбияш Генерал - Майор мебошад.

 




Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс