МАРОМИ ПОЙТАХТ

КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Мирзозода Иброҳим Хормурод

Маълумоти пурра

22-уми июли соли 1983 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2000 ба Донишгохи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда, соли 2005 Донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси «Ҳуқуқшинос - равоншинос» хатм намудааст. Соли 2016 ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати тоҷикистон дохил шуда, соли 2019 Донишгоҳи мазкурро ғоибона бо ихтисоси “Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо” хатм намудааст. Айни замон унвонҷӯи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Баъд аз хатми ин муассисаи олии таълимӣ мавсуф дар вазифаҳои зерин, аз соли 2006  мутахассиси Идораи кор бо ҷавонони эҷодкор, донишҷӯён ва хонандагон, мутахассис пешбари Шуъбаи тарбияи ватанпарастӣ ва кор бо толибилмони Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2006-2007 мутахассис пешбари Бахши тарбияи ватанпарастӣ ва кор бо толибилмони Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007-2012 сармутахассиси Шуъбаи сиёсати иҷтимоии Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2012-2014 мудири Бахши тарбияи ватанпарастӣ ва кор бо толибилмони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2014-2017 муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2017-2020 сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.

Аз 7 апрели соли 2020 то инҷониб Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст.

Барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар корҳои ободониву созандагӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2018, №108 бо медали Хизмати шоиста ва бо қарори Раёсати Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2020, №0151 бо ифтихорномаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.


Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Исҳоқӣ Ҳусния Давлаталӣ

Маълумоти пурра

Исҳоқӣ Ҳусния Давлаталӣ 23-юми сентябри соли 1979 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1996 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2000 Донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси «Муҳандис – иқтисодчӣ» хатм намудааст. Ҳамзамон, соли 2017 магистратураи Донишгоҳи мазкурро рӯзона бо ихтисоси “Кори иҷтимоӣ” хатм намудааст.

Баъд аз хатми ин муассисаи олии таълимӣ мавсуф дар вазифаҳои зерин, аз соли 2000 то 2001 иқтисодчии Агроинвестбонки ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, солҳои 2001 то 2003 мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, солҳои 2003 то 2004 муовини директори Муассисаи истеҳсолии “Кишт”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, солҳои 2004 то 2005 мудири Шуъбаи меҳнати Ҳукумати ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, солҳои 2005 то 2006 мутахассиси дараҷаи аввали Идораи тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ ва фарҳангии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006 сармутахассиси Идораи робита бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, сармутахассиси Раёсати сиёсати иҷтимоӣ ва муносибатҳои байналмилалии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2006 то 2007 сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007 то 2010 мудири Шуъбаи умумӣ ва назорати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2010 - 2011 сардори Шуъбаи умумии Кумитаи давлатии сармоягузориӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2011 то 2013 роҳбари Маҳфили фарҳанг ва эҷодиёти ҷавонони Маркази миллии имконоти ҷавонон, Лоиҳаи GIZ, солҳои 2013-2014 самутахассиси Шуъбаи кадрҳои Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, солҳои 2014 то 2017 сардори Шуъбаи умумӣ ва назорати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2017 то 2020 мудири Бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Аз 16 ноябри соли 2020 то инҷониб муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст.

Барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар корҳои ободониву созандагӣ бо ифтихорномаву сипосномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёшии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишони ҷашнии 80-солагии Иттифоқи касабаи кормандони муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.


Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Муродов Ҷурабек Қурбоналиевич

Маълумоти пурра

 Муродов Ҷурабек Қурбоналиевич 16-уми октябри соли 1990 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2008 ба Факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2013 Донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси шарқшиносӣ ва соли 2017 шуъбаи аспирантура ва докторантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро рӯзона хатм намудааст.

Баъд аз хатми ин муассисаи олии таълимии кишвар мавсуф дар вазифаҳои зерин, аз соли 2013 то моҳи октябри соли 2015 мутахассиси раёсати ташкилию таҳлилии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ бо хориҷаи Сарраёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сабаби таҷдиди сохтор, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва умумии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2015 мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, аз январи соли 2016 то августи соли 2017 ба ҳайси мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва аз 10 августи соли 2017 то 4 январи соли 2021 роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.

Соли 2014 курси такмили ихтисоси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ҳамзамон иштирокчии “Ҷаласаи иттилооти оид ба самти пешгирии муҳоҷирати Федератсияи Россия мебошад.

Аз 04.01.2021 то инҷониб муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст.

Барои софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, гузоштани саҳми назаррас дар пешбурди фаъолияти корӣ бо Ифтихорномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.


 


Мудири шуъбаи молия-сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Маҷидзода Холмањмад Мањмадалї

Маълумоти пурра

29 январи соли 1969 дар ноҳияи Варзоб таваллуд шудааст. Соли 1993 Донишгоњи давлатии ба номи В.И.Ленинро (рўзона) бо ихтисоси математик, муаллими риёзӣ хатм кардааст.

Солҳои 1968 - 1993 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин, 1993-1994 иқтисодчии котегорият 1-уми Базаи автомобилии №1-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1994-1997 сариқтисодчии Агротехснаби ноҳияи Варзоб, 1997-2006 сармуҳосиби Базаи ҷумҳуриявии автомобилии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2006-2020 сармутахассиси шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосиботи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2020 то ҳол ба ҳайси мудири шуъбаи молия - сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе кор ва фаъолият дорад.

Барои софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, гузоштани саҳми назаррас дар пешбурди фаъолияти корӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2020, №1571 бо Медали хизмати шоиста сарфароз шудааст (шаҳодатнома №2321 ва медал №3783).

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.


Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Амробекова Руқия

Маълумоти пурра

Амробекова Руқия Ҷаборовна 26 ноябри соли 1964 дар шаҳри Ваҳдат, дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Соли 1972 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 – и (пештара №35) шаҳри Ваҳдат таҳсилро оғоз намудааст.

Соли 1982 баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (пештара Т.Г. Шевченко) ба факултаи забонҳои хориҷӣ, шуъбаи забони англисӣ дохил шуда, онро соли 1986 бомуваффақият ба анҷом расонид ва соҳиби тахассуси «Омўзгор» гардид.

Сипас, соли 1986 мавсуф бо роҳхати донишгоҳ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 – и шаҳри Ваҳдат барои кор фиристонида шуда, то соли 1996 дар муассисаи мазкур ба ҳайси омўзгори фанни забони англисӣ кору фаъолият намудааст.

Соли 1996 – 1999 бо сабаби ивази макони зист ба муассисаи таълимии №141- и шаҳри Ваҳдат, баъдан аз соли 1999 то 2006 дар мактаби миёнаи №3 – и шаҳр фаъолияти омўзгории худро давом додааст.

Амробекова Р. соли 2006 бо даъвати роҳбари муассисаи таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба кор даъват шуда, дар ин муддат то январи соли 2019 вазифаи муовини директор оид ба таълими муассисаи номбурдаро ба душ дошт.

Айни ҳол, аз моҳи июни соли 2019 инҷониб мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе кору фаъолият намуда истодааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.


 


Мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Раҷабзода Эраҷ Раҷабалӣ

Маълумоти пурра

 

14-уми апрели соли 1989 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2007 ба Донишгохи давлатии Урали ҷанубии Федератсияи Россия дохил шуда, соли 2012 Донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси «Омӯзгори технология ва соҳибкорӣ» хатм намудааст. Соли 2013 ба Донишгоҳи миллии тоҷикистон дохил шуда, соли 2016 Донишгоҳи мазкурро ғоибона бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Баъд аз хатми ин муассисаи олии таълимӣ мавсуф дар вазифаҳои зерин, аз соли 2012-2013 мутахассиси барномасози КВД КФ “Лоиҳакаш” дар ноҳияи Ёвон, соли 2013 ҳуқуқшиноси КВД КФ “Лоиҳакаш” дар ноҳияи Ёвон, солҳои 2013 - 2014 ёрдамчии адвокати ваколатдор №415 аз 24 ноябри соли 2010, солҳои 2014- 2015 адвокаи маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Ёвон, солҳои 2015 – 2018 мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ёвон, солҳои 2018 – 2020 мудири Бахши таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи май то ноябри соли 2020 дар вазифаи сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  адои вазифа намудааст.

Аз 9 ноябри соли 2020 то инҷониб мудири Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст.

Барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар корҳои ободониву созандагӣ тибқи фармоиши Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2020, №334 Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо раҳматномаи Ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.12.2019, №4,5, сипосномаҳои Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Хатлон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Ёвон ва раиси ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.


 

Мудири шуъбаи ҷавонон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Ҳомидзода Насимҷон Ҳомид

Маълумоти пурра

Ҳомидзода Насимҷон Ҳомид 20-уми июли  соли 1985 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2004 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2009 Донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси «Иқтисодчӣ» хатм намудааст. Баъд аз хатми ин муассисаи олии таълимӣ мавсуф дар вазифаҳои зерин, соли 2010-2011 муовини Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, соли 2011-2013 мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур, соли 2013-2015 мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур, соли 2015-2016 иҷрокунандаи вазифаи мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур, аз соли 2016 то соли 2020 мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳоҳияи Шоҳмансур адои вазифа намудааст.

Аз 12 майи соли 2020 то инҷониб мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст.

Барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар корҳои ободониву созандагӣ бо сипосномаҳову ифтихорномаҳои Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назоратии маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

 

 



 

 




Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028




ВИДЕОПОРТАЛ

Ҳамаи видео



ТАҚВИМ

ПнВтСрЧтПтСбВс