ФРАКСИЯИ ҲХДТ ДАР МНМОҶТ

Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон —  ҲХДТ аз бузургтарин фраксияҳои ҳизбҳ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 33 нафар аз вакилони мардумҳ узвияти ин фпаксияро доранд. Раиси фракцияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Обидов Фозил Саидович мебошанд.

 

ОБИДОВ ФОЗИЛ САИДОВИЧ — Раиси Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Соли таваллуд 31 январи соли 1961. Ҷои таваллуд ноҳияи Ховалинг.  Миллат тоҷик. Таҳсилот олӣ.
Соли 1987 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст, ихтисос: иқтисодчӣ.
Унвони илмӣ (дараҷаи илмӣ) доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, забонҳои русиро медонад ва англисиро бо луғат.
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудаастё не -не
Вазъи оилавӣ-оиладор, соҳиби шаш фарзанд.
Суроға шаҳри Душанбе.
Кор ва фаъолияти собиқа: 

Солҳои 1978-1979

Коргари анбори марказии совхози ноҳияи Ховалинг

 

Солҳои 1979-1981

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шўравӣ

 

Солҳои 1981-1987

Шунавандаи шуъбаи тайёрӣ, донишҷўи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба номиВ.И.Ленин

 

Солҳои 1987-1988

Оператор, муҳандиси  МА[-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин

 

Солҳои 1988-1990

Ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон

 

Солҳои 1990-1993

Аспиранти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон

 

Солҳои 1993-2002

Ассистент, мудири шўъба,  дотсент, и.в. мудири кафедраи фаъолияти бонкии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон

 

Солҳои 2002-2008

Мудири кафедраи фаъолияти бонкии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

Солҳои 2008-2019

Декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

Аз феврали соли

2019 то соли 2020.

Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

 

 


НАЗИРӢ ГУЛБАҲОР НАЗИР — муовини Раиси Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

  • Гулбаҳор Назирӣ 19 сентябри соли 1970 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.

Аз соли 1977 то соли 1987 дар мактаби миёнаи №5 ба номи РСС Тоҷикистон таҳсил намудааст. Соли 1987 ба факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дохил шуда, онро соли 1992 бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 1992 — 1997 дар факултети иқтисоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров таҳсил намуда, соҳиби ихтисоси иқтисодчӣ гардид.

Аз соли 1992 то соли 2007 дар ДДХ ба номи Б.Ғафуров ва аз соли 2007 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вазифаи омӯзгор, сармуаллима, дотсент ва декани факултет буд. Моҳи ноябри соли 2009 рисолаи номзадиашро дар Шӯрои диссертатсионии Институти тадқиқоти иқтисодии назди Вазорати савдо ва рушди иқтисод дифоъ намудааст. Докторанти Институти муаммоҳои бозории Академияи илмҳои Россия. Турсунова Гулбаҳор Назирҷоновна дар мавзӯи «Таърихи пайдоиш ва тараққиёти бозор ва муносибатҳои бозорӣ дар Осиёи Марказӣ» моҳи январи соли 2015 дар Шӯрои диссертатсионии назди ДДХБСТ рисолаи докториашро бо муваффақият дифоъ намуд.

Ду монография, китобҳои дарсӣ ва зиёда аз 50 мақолаҳои илмии ӯ дар маҷаллаҳои ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Россия, Эрон, Ҳиндустон нашр гардидааст. Турсунова Г.Н бо маърӯзаҳои илмӣ дар форумҳо ва конференсияҳои байналхалқӣ дар шаҳри Теҳрони давлати Исломии Эрон январи соли 2011, дар форуми якуми байналхалқӣ дар мавзӯи: «Региональные проблемы преобразования экономики: международное сотрудничество и межрегиональная интеграция», ки санаҳои 25 — 26 сентябри 2012 сол дар шаҳри Москва, дар Конвенти ҳафтуми байналхалқии Ассосиатсияи тадқиқотҳои байналхалқии Россия дар Институти давлатии муносибатҳои байналхалқӣ (VII Конвент РАМИ «Ресурсы модернизации: возможности и пределы международного контекста»: МГИМО), ки санаҳои 28 — 29 сентябри 2012 сол дар шаҳри Москва, дар форуми байналхалқӣ дар мавзӯи «Dynamics of Central Asia: Issues & Challenges (Осиёи Марказӣ: муаммоҳо ва имкониятҳо)», ки дар шаҳри Мумбайи мамлакати Ҳиндустон рӯзҳои 15 — 16 марти соли 2013, дар форуми чордаҳуми байналхалқӣ дар мавзӯи «Стратегическое планирование и развитие предприятий», ки дар шаҳри Москва рӯзҳои 9 — 10 апрели соли 2013, сентябри соли 2013 дар форуми дуюм ва моҳи октябри соли 2014 дар форуми сеюми байналхалқӣ дар Институти муаммоҳои бозорӣ АИ Россия шаҳри Москва ширкат варзид. Заҳматҳои Турсунова Г.Н. дар ҷодаи тарбияи мутахассисони лаёқатманд ва пешбурди корҳои илмӣ бо унвони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

1 – марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.


УСМОНЗОДА ХАЙРИДИН УСМОН — котиби Раиси Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

15 сентябри соли 1967 таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҳавоии собиқ Иттиҳоди Шўравӣ хизмати ҳарбӣ намудааст. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Латвияро бо ихтисоси тарҷумон-ҷомеашинос хатм намудааст. Пас аз анҷоми таҳсил ба фаъолияти омўзгорӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва пажуҳиши масъалаҳои иҷтимоӣ дар Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.  Ҳамзамон дар ин муддат дар аспирантураи Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил карда, соли 1997 рисолаи номзадиашро дар риштаи фалсафаи иҷтимоӣ дифоъ намудааст. Соли 2005 бо анҷоми таҳсили докторантура дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов рисолаи докторияшро дар мавзўи «Ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии равандҳои трансформатсионӣ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон» дифоъ кардааст. Соли 2005 аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии (КОА) Федератсияи Россия ба дарёфти унвони профессор аз рўи ихтисоси «фалсафаи иҷтимоӣ» сазовор дониста шуд. Соли 2017 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Усмонзода Хайридин Усмон дар вазифаҳои ассистент, омўзгори калон, дотсент, профессор, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ходими пешбари илмӣ, мудири шўъбаи фалсафа ииҷтимоӣ, муовини директории Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм (дар ду давра аз соли 2000 то 2002 ва 2005-2017) фаъолият намуда, дар тарбия,омода намудани мутахассисони соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ ва пешрафти таҳқиқоти амалию бунёдӣ дар самт сайъу талоши назаррас кардааст.
Усмонзода Хайридин Усмон соли 2017 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таъин гардида, дар ин вазифа то соли 2020 фаъолият намуд. Дар ин муддат бо иқдоми ў дар донишкада 2 факултети нав (саъати мусиқии мардумӣ, режиссура, кино ва телевизион) ва 3 кафедраи тахассусӣ таъсис дода шуд. Ихтисосҳои нави ҷоришуда дар самти низоми иттилоотӣ дар фарҳанг, драматургия, кинотелеоператор, телеоператор, менеҷменти муносибатҳои байналмилали фарҳангӣ, веб-журналистика, бойгонии аудион визуалӣ ва ғайра барои ба рушди имрўзаи ҷомеа мувофиқ сохтани соҳа нигаронида шудаанд.
Усмонзода Хайридин Усмонтайи таи  фаъолияти хеш дар тарбияи мутахассисони соҳаи ҷомеашиносӣ саҳм гузоштааст. Таҳти роҳбарии ў 14 нафар рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаҳои доктории худро дифоъ кардаанд. Ў муаллифи 6 монография, 7 китоби дарсӣ ва мақолаҳои зиёди дар нашрияҳои бонуфузи илмии ватанӣ ва хориҷӣ нашршуда мебошад.
Усмонзода Хайридин Усмон 1 марти соли 2020 аз ҳавзаи ҳудудии якмандатаи   интихоботии Рўдакӣ 9 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Усмонзода Хайридин Усмон оиладор. 
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.


​​ТАҒОЙЗОДА СУМАНГУЛ САИД — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 21 ноябри соли 2013 дар вазифаи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад.
Соли таваллуд 19 декабри соли 1966, ҷои таваллуд шаҳри Душанбе, миллат   тоҷик, маълумот   олӣ
Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст, ихтисос   ҳуқуқшинос
Кадом забонҳои хориҷиро медонад   русӣ
Вакили халқ ҳаст ё не   не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  Соли 2004 бо «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011 бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»           
Вазъи оилавӣ  оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1984-1991-

Донишҷўи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон

Солҳои 1986-1988-

Оператори Маркази ҷумҳуриявии ҳисоббаробаркунии Кумитаи давлатӣ оид ба таъминоти моддию техникии РСС Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1991-1999-

Мушовир, мушовири калон, мутахассиси пешбар, сармутахассис, сардори шуъбаи таъминоти ташкилии фаъолияти судҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1999-2005-

Сардори идораи бақайдгирии  иттиҳодияҳои  ҷамъиятӣ  ва  ҳизбҳои  сиёсии  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2005-2006-

Муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2006-2010-

Муовини аввали Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солхои 2010-2013-

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Аз ноябри соли 2013 то имрўз-

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 17 марти соли 2020 Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ интихоб шудааст.


ФАТТОҲЗОДА САИДМУРОД САМАД — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Соли таваллуд-15 ноябри соли 1958. Ҷои таваллуд  шаҳри Кўлоб. Миллат – тоҷик. Маълумот олӣ.
Соли 1981 Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идораи иҷтимоии Минскро хатм намудааст.
Ихтисос журналист – ходими адабӣ, сиёсатшинос.
Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ-номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, доктори илмҳои фалсафа. Забонои русӣ ва англисиро медонад.  
Бо ордени “Ситораи сурх”, Сарфарозномаи фахрии Президиуми Совети Олии СССР, медали “20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон”, медали “10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”сарфароз гардонида шудааст.
Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1975 – 1978 

Донишҷўи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1978 – 1981 

Донишҷўи Донишгоҳи давлатии ба номи М.В.Ломоносови ш.Москва

Солҳои 1981 – 1984

Мухбири рўзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони советӣ», шаҳри Душанбе

Солҳои 1984 – 1986 

Хизмат дар сафи Артиши Шўравӣ дар Афғонистон, тарҷумони қисми ҳарбии 44628

Солҳои 1987 – 1989 

Мухбири калони рўзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони советӣ», шаҳри Душанбе

Солҳои 1989 – 1991 

Шунавандаи Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идораи иҷтимоии назди Ҳизби коммунистии Беларус, ш.Минск

08-12 соли 1991

Машваратчии маркази матбуотии КМ Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1991 – 1993 

Ёрдамчии Ноиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

01 – 05 соли 1993

Ёрдамчии муовини Раиси Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои1993 – 1994

Ёрдамчии Сардори давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои1994 – 2007

Мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2007 – 2014

Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, шаҳри Душанбе

Солҳои 2014 – 2014

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, шаҳри Душанбе

Аз моҳи декабри соли 2014

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз 17 марти соли 2020 Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корои баӣналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот мебошад.


ХАЙРУЛЛО АМОНУЛЛО — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

​​​​​​1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 6 майи соли 2019дар мансаби муовини якуми раиси вилояти Хатлон кор кардааст.
Соли таваллуд 10 августи соли 1967. Ҷои таваллуд ноҳияи Фархор, Миллат тоҷик.   Таҳсилот олӣ
Соли 1992 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисос муҳандис-механик
Унвони илмӣ -номзади илмҳои техникӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад -русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кўлоб
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не-  медали «Ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 5 фарзанд
Кор вафаъолиятисобиқа:

Солҳои 1985-1992-

Донишҷўи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1986-1988-

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС

Солҳои 1992-1993-

Челонгари колхози ба номиЛенини ноҳияи Фархор

Солҳои 1993-1994

Муҳандиси шуъбаи энергетикӣ-механикии заводи арматурбарории ба номи Орҷоникидзе, шаҳри Душанбе

Солҳои 1994-1997-

Сармеханики заводи арматурбарории ба номи Орҷоникидзе, шаҳри Душанбе

Солҳои 1997-1998-

Муовини сармуҳандиси заводи арматурбарории ба номи Орҷоникидзе, шаҳри Душанбе

Солҳои 1998-2000-

Сармуҳандиси заводи арматурбарории ба номи Орҷоникидзе, шаҳри Душанбе

Солҳои 2000-2006-

Директори ҷамъияти саҳомии шакликушодаи «Заводиарматурбарории ба номи Орҷоникидзе»-и ш. Душанбе

Соли 2006 (03-09) —

Муовини сардори Департаменти саноати мошинсозӣ, электронӣ ва электротехникии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2006-2007-

Сардори Раёсати саноати мошинсозӣ ва кимиёи Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2007-2010-

Сардори Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва кимиёи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2010-2014-

Муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2014-2015-

Муовини раиси вилояти Суғд

Солҳои 2015-2019-

Раиси шаҳри Кўлоби вилояти Хатлон

Аз майи соли

2019.

Муовини якуми раиси вилояти Хатлон

Аз 17 марти соли 2020.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалахои энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия интихоб гардидааст.


 ҚОСИМЗОДА ИДИГУЛ ТАҒО — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 27 январи соли 2016 дар мансаби раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Қосимзода Идигул, 4 январи соли 1968 дар ноҳияи Вахш таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад.
Мавсуф, соли 1990 Донишкадаи омўзгории шаҳри Қўрғонтеппаро (ҳозира шаҳри Бохтарро) бо ихтисоси омўзгор хатм кардааст. Доктори илмҳои педагогӣ, профессор. Бо забонҳои русию англисӣ (бо луғат) суҳбат мекунад.
Заҳамоти Қосимзода Идигул дар роҳи тарбияи мутахассисони ҷавон ва татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи занон ва оила назаррас буда, бо нишонҳои Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали Хизмати шоиста сарфароз гардидааст.
Оиладор. 

Кор ва фаъолияти собиқа:                                        

Солҳои 1990-1992

Котиби масъули шуъбаи кор бо ноболиғони Ҳукумати ноҳияи Вахш

Солҳои 1992-2003

Омўзгори мактаби таҳсилоти умумии №51-и ноҳияи Вахш

Солҳои 2003-2006

Омўзгори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонба номи Сотим Улуғзода

Солҳои 2008-2015

 

Муовини ректор оид ба тарбияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

 Солҳои 2015-2017

Ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

2017 то 2020

 Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

ҲАКИМЗОДА ШАРИФ САИДОВИЧ — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 21 феврали  соли 2014 дар мансаби мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо кор кардааст. Соли таваллуд-23 феврали соли 1961.  Ҷои таваллуд-шаҳри Кўлоб. Миллат-тоҷик. Таҳсилот-олӣ. Соли 1982 Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакиро (рўзона) хатм кардааст. Ихтисос- филологияи тоҷик. Забони русиро медонад.

Оиладор.

Кор  ва фаъолияти собиқа:

Солҳои1978-1982-  

Таҳсил дар Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ.

Солҳои1982-1983-  

Муаллими мактаби миёнаи №6 ноҳияи Восеъ

Соли 1983 (02-08)- 

 

Муаллим ва китобхоначии мактаби миёнаи №22 ноҳияи Кўлоб

Солҳои 1983-1990-

Ҷонишини директори мактаби миёнаи №22 ноҳияи Кўлоб

Соли 1990 (04-08)-

Ходими маънавиёти рўзномаи вилоятии «Хатлон», шаҳри Кўлоб

Солҳои 1990-1993-

Мудири бахши протоколии Кумитаи иҷроияи Шўрои депутатҳои халқи вилояти Кўлоб

Соли 1993 (01-03)-

Мудири бахши протоколии Кумитаи иҷроияи Шўрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон

Солҳои 1993-1995-

Мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи Шўрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон

Солҳои 1995-2001-

Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қўрғонтеппа

Солҳои 2001-2004-

Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кўлоб

Солҳои 2004-2014-

Мутахассиси пешбари Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»,  шаҳри Душанбе

Аз  феврали соли 2014 то с.2020.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо


ЮСУФӢ МУҲАММАДРАҲИМ — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Сомонӣ , № 8 , узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияи ҷамъияти ва иттилоот.

Соли таваллуд:  10 сентябри соли 1960. Ҷои таваллуд: ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён. Миллат: тоҷик .

Маълумот:  Олӣ , Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон , соли 1982 Ихтисос: агроном хатм кардааст:

Унвони илмӣ:  надорад.

Кадом забонҳои хориҷиро медонад : русӣ.

Бо мукофотхои давлатӣ сарфароз гардидааст ё не: не соҳавӣ
-“Аълочии маъорифи Тоҷикистон” (№694 аз08.2005),
— “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” (№ 36 УК аз08.2006),
— медали “Милитсияи Тоҷикстон” (№722 аз11.2018)
Узвият ба ҳизб:  узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Вазъи оилавӣ: оиладор.

Суроға: 735100,    ноҳияи Рӯдакӣ,   шаҳраки Сомониён,  кӯчаи Сино хонаи №2,  ҳуҷраи №2
Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои1977-1982 Донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Солҳои 1982–1983 Агроном–тухмипарвар,хочагии таҷрибавии Ҳосилот ноҳияи Рӯдакӣ
Солҳои 1983 – 1984 Агроном, Стансияи озмоиши мошинҳо-и (МИС) ноҳияи Рӯдакӣ
Солҳои 1984 — 1984

Ходими хурди илмӣ, Институти зироатпарварии Тоҷикистон

Солҳои 1984 — 1987

Муовини мудири шуъба, Мудири шуъбаи ташкилии комитети комсомолии ноҳияи Рӯдакӣ (Ленин)

Солҳои 1987–1988    

Инструктори шуъбаи коргарҷавонони комитети марказии ЛКСМ Тоҷикистон

Солҳои 1988 — 1990 Котиби якуми комитети комсомолии ноҳияи Рӯдакӣ
Солҳои 1990 – 1991

Мудири шуъбаи иҷтимоӣ — иқтисодии комитети марказии ЛКСМ Тоҷикистон

Солҳои 1991 – 1992

Сардори раёсати тараққиёти ташаббус ва алоқа бо созмонҳои ҷавонони Комитети давлатии физкултура, спорт ва ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 1992 -1997

Соҳибкор, муовини Директори фирмаи “Ҷавонӣ”, Директори агрофирмаи  “Дружба”, Директори маркази техникии “Агросервис”

Солҳои 1997 – 2007 Раиси ҷамоати шахраки Сомониён (Ленин) ноҳияи Рӯдакӣ
Солҳои 2007 — 2012 Муовини якуми Раиси ноҳияи Рӯдакӣ
Солҳои 2012 – 2015 Директори муассисаи давлатии илмии «Боғи марказии ботаникии Тоҷикистон»
(Ирам), муассисаи давлатии «Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Солҳои  2015- 2018 Раиси ноҳияи Рӯдакӣ
Солҳои 2018 – 2020 Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Соли    2020

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Сомонӣ, № 8

30 декабри соли 2020

Раиси Комиссияи экологӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.


ЗИЁӢ БАҲРИДДИН САҲОБИДДИН — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 29 майи соли 2017 дар мансаби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар  ноҳияи Ашти вилояти Суғд кор кардааст. 

Соли таваллуд -20 октябри соли 1975.   Ҷойи таваллуд-ноҳияи Ашт, миллат-тоҷик, тахсилот-олӣ.

Соли 1997 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (рўзона) ва соли 2002 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро (ғоибона)  хатм намудааст.

Ихтисос-омўзгор, ҳуқуқшинос.

Забонҳои рус ива  ўзбекиро медонад.

Оиладор.

Кор вафаъолияти собиқа:

Солҳои 1997-1998-

Котиби комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати ноҳияи Аштивилояти Суғд

Солҳои 1998-2002-

Котиби комиссияи кор бо ноболиғони Ҳукумати ноҳияи Ашти вилояти Суғд

Солҳои 2002-2003-

Ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд

Солҳои 2003-2013-

Мудири шуъбаи ташкили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд

Солҳои 2003-2017-

Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд

Аз майи соли

2017 то соли 2020.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд фаъолият намудааст.


АЗИЗЗОДА ҒАЙРАТ МУЛЛОМАҲМАД — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз декабри  соли 2014 дар мансаби Раиси ноҳияи Мастчоҳ кор кардааст.
Соли таваллуд-17 октябри  соли 1973.   Ҷои –таваллуд ноҳияи Мастчоҳ. Миллат тоҷик.  Таҳсилот олӣ.

 Соли 1994 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуровро (рўзона) ва cоли 2014 Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст. Ихтисос-омўзгор, молия ва қарз. Забонҳои

Руси ва узбекиро медонад. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ буд. Бо медали Хизмати шоистасарфароз гардонида шудааст.

Оиладор.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1994-2001- 

Омўзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, ноҳияи Мастчоҳ

Солҳои 2002-2009-

Раиси кооперативи истеҳсолии «Сароб»-и ноҳияи Мастчоҳ

Солҳои 2009-2010-

Мутахассис дар намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон  дар Федератсияи  Россия

Солҳои 2010-2014-

Директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии  «Захираи моддии Суғд»-и Агентии захираҳои моддӣ, шаҳри Хуҷанд

Соли 2014 (10.02.)-

Муовини авали директории корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Захираи моддии Суғд»-и  Агентии захираҳои моддӣ,  шаҳри Хуҷанд

Аз  декабри cоли

2014 то с.2020.

Раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд


ШОДИЗОДА ПАРВИЗ ШОДИБОЙ — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

​​​​​​1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз  июли  соли 2014  дар  мансаби муовини раиси шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд  кор кардааст.

Соли таваллуд — 11 октябри соли 1973. Ҷои таваллуд — шаҳри Панҷакент. Миллат-  тоҷик. Таҳсилот  олӣ.Соли 1994 Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва соли 2019  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро хатм намудааст.

Ихтисос — молшиносии молҳои саноатӣ,  молия ва қарз.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент аз ҳавзаи интихоботии №29 буд.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1990-1994-

Донишҷӯи Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1994-1999-

Ассистенти кафедраи «Молшиносӣ ва тиҷорат»-и Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон,

  шаҳри Душанбе

Солҳои 1999-2002-

Корманди Ҷамъияти матлуботи шаҳри Панҷакент

Солҳои 2002-2006-

Муовини аввали (озоди) раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Солҳои 2006-2014-

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Аз июли соли

2014 то с.2020.

Муовини раиси шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд.

 


1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 19 ноябри соли 2013 дар вазифаи Раиси ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон  кор кардааст.

Соли таваллуд — 7 октябри соли 1969. Ҷои таваллуд- ноҳияи Шуғнон. Миллат- тоҷик. Маълумот-олӣ. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғ, соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст. Ихтисос   иқтисодчӣ-муҳосиб, менеҷер-идоракунӣ. Забони русиро медонад. 

Вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон буд.

 Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1997-2001

Назоратчӣ-тафтишотчии Раёсати назоратии тафтишотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ 

Солҳои 2001-2002

Сармуҳосиби Шўъбаи молияи шаҳри Хоруғ

Солҳои 2002-2003

Мутахассиси пешбар оид ба назорати дохилӣ ва аудитории Маркази хазинадории Идораи молияи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ

Солҳои 2003-2005

Сармутахассиси Идораи дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон будаи Кумитаи назорати давлатии моляивии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Солҳои 2005-2006

Сардори Департаменти молияи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ

Солҳои 2006-2013

Муовини раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ 

 соли

2013 то с.2020.

Раиси ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон


МАҲМУДОВ МУЗАФАРҶОН ҶУСУПОВИЧ — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 18 майи соли 2018 дар мансаби Сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Лахш кор кардааст.

Соли таваллуд 1 ноябри соли 1974. Ҷои таваллуд ноҳияи Лахш. Миллат қирғиз.  Таҳсилот олӣ.
Соли 1998 Донишгоҳи давлатии технологии Ҷумҳурии Қирғизистонро (рўзона) хатм намудааст.
Ихтисос муҳандиси энергетикӣ
Унвони илмӣ надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад-русӣ.
Вакили халқ ҳаст ё не –вакилиМаҷлиси вакилони халқи ноҳияиЛахш.
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не -не
Вазъи оилавӣ-оиладор, соҳиби 6 фарзанд
Суроға ноҳияи Лахш, Ҷамоати деҳоти Янгишаҳр.
Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1997-1999-

Омўзгори фанни физикаи мактаби миёнаи №10 ноҳияиЛахш

Солҳои 1999-2001

Ҷонишини директории мактаби миёнаи №10 -и н Лахш

Солҳои 2001-2002-

Нозири идораи шабакаҳои барқи ноҳияиЛахшоид ба бахши маишию коммуналӣ

Солҳои 2002-2007-

Нозири идораи фурўши барқи минтақаи Рашт оид ба бахши маишию коммуналӣ дар ноҳияи Лахш

03-12 соли 2007-

Нозири дараҷаи3-и идораи фурўши барқи минтақаи Рашт дар ноҳияи Лахш

Солҳои 2007-2012-

Нозири калони техники идораи шабакаҳои барқи ноҳияи Лахш оид ба  фурўши барқ

Солҳои 2012 -2013-

Муовини сардори идораи шабакаҳои барқи ноҳияи Лахш оид ба  фурўши барқ

Солҳои 2013-2014-

Сардори шуъбаи фурўши барқи ноҳияи Лахш

Солҳои2014-2018-

Муовини раиси ноҳияи Лахш

Аз майи соли

2018 то 2020.

Сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Лахш.


ФАЙЗУЛЛОЗОДА ЗАФАР ХАЙРУЛЛО — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Файзуллозода Зафар Хайрулло 9-майи соли 1965 дар деҳаи Чирик, ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1982 пас аз хатми мактаби миёнаи 31-и ноҳияи Қубодиён ба Донишгоҳи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дохил шуда, аз соли 1982 то соли 1987 дар факултети механикикунонии хоҷагии қишлоқи  донишгоҳи номбурда таҳсил намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ аз моҳи июли соли 1987 то моҳи феврали соли 1988 механики хоҷагии ба номи «50-солагии СССР»-и ноҳияи Қубодиён шуда кор кардааст.

Аз моҳи феврал то моҳи апрели соли 1988 инструктор ва аз моҳи апрели соли 1988 то моҳи августи соли 1989 мудири  шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои Кумитаи комсомоли ноҳияи Қубодиён кор кардаааст.

Аз моҳи августи  соли 1989 то моҳи феврали соли 1990 инструктор ва аз моҳи феврал то моҳи ноябри соли 1990 мудири  шуъбаи иҷтимоҷ-иқтисодҷ, проблемаҳо ва ташаббуси ҷавонони Кумитаи комсомоли вилояти Хатлон кор кардаааст.

Аз моҳи ноябри соли 1990 то моҳи феврали соли 1995 дар вазифаи мудири  шуъбаи ташкилҷ ва кор бо кадрҳои Кумитаи комсомоли вилоят   вилояти Хатлон кор кардааст.

Аз моҳи феврали соли 1995 то моҳи ноябри соли 2000 дар вазифаи Ҷонишини раиси Шўрои Иттифоқи ҷавонони вилояти Хатлон кор кардааст.

Аз моҳи ноябри соли 2000 то моҳи декабри соли 2001 дар вазифаи мудири шўъбаи иқтисод ва робитаҳои иқтисоди берунаи Ҳукумати ноҳияи Хуросон кор кардааст.

Аз моҳи декабри соли 2001 то моҳи марти соли 2004 дар вазифаи сармуҳандис — нозири назорати давлатии ҳолатҳои техникии идораи кишоварзии ноҳияи Хуросон кор кардааст.

Аз моҳи марти соли 2004 то моҳи марти соли 2005 дар вазифаи мутахассиси пешбар ва аз моҳи марти соли 2005 то моҳи апрели   2006 муовини сардори Идораи нақлиёт, алоқа ва хочагии роҳи Ҳокимияти иҷроияи вилоят ва аз моҳи апрели соли 2006 то моҳи октябри 2006 сармутахассиси шуъбаи нақлиёт, алоқа ва хочагии роҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кор кардааст.

Аз моҳи октябри соли 2006 то моҳи феврали соли 2007 дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон кор кардааст.

 Аз моҳи феврали соли 2007 то моҳи июни соли 2011 дар вазифаи мушовири раиси вилояти  Хатлон кор кардааст.

Аз моҳи июни соли 2011 то моҳи марти соли 2014 дар вазифаи муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилояти  Хатлон кор кардааст.

Аз моҳи марти соли 2014 то 9 декабри соли 2016 дар вазифаи мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилояти  Хатлон кор кардааст.

Аз 9 декабри соли 2016 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Қубодиён ва аз 3 марти соли 2017 то 13 январи соли 2020  вазифаи раиси ноҳияи Қубодиёнро ба уҳда дошт.

 Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Қубодиён  (даъвати панҷум) солҳои 2015-2020 мебошад.    

Аз моҳи апрели соли 2017 то моҳи марти соли 2020 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии вилояти Хатлон №3 интихоб гардида, ба ҳайси раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрҷ, шуғли аҳолҷ ва экологияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Қубодиён №31 интихоб гардида, ба ҳайси  узви   Кумита оид ба сохтори давлатҷ ва худидоракунии маҳаллҷ  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   фаъолият менамояд.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.


РАҲМОНЗОДА ЗОИР ФАЙЗАЛӢ — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

​​​​1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Раҳмонзода Зоир Файзалӣ 8-уми январи соли 1981 дар деҳаи Муҳоҷирободи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1987 ба синфи якуми мактаби миёнаи №29 ба номи М. Горкии деҳаи Муҳоҷирободи ноҳияи Фархор рафта, соли 1998 мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро хатм намудааст.

Пас аз хатми мактаби миёна соли 1998 ба Факултети соҳибкорӣ ва менеҷменти Донишкадаи сохибкорӣ ва хизмат (ДСХ) дохил шуда, соли 2003 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматро аз рӯи ихтисоси иқтисодчӣ-информатик хатм намудааст. Баъд аз бомуваффақият хатм намудани Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар вазифаҳои зерин адои вазифа намудааст.
Оид ба фаъолияти меҳнатӣ: 

Моҳ ва сол

Вазифа ва номи пурраи ҷои кор

Маҳали ҷайгиршавӣ

Дохилшудан

Хориҷ шудан

2003

2004

Устод – коромӯзи Кафедраи риёзиёти олӣ ва информатикаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат

 ш. Душанбе

2004

2005

Ассистенти Кафедраи риёзиёти олӣ ва информатикаи ДСХ

ш. Душанбе

2006

2007

Муҳандис – барномасози компютерҳои ДСХ

ш. Душанбе

2006

2011

Омӯзгори калони Кафедраи тарҳрезӣ ва технологияҳои иттилоотии ДСХ

ш. Душанбе

2008

2012

Директори Маркази иттлоотӣ – иртиботии ДСХ

ш. Душанбе

02.05.2012

15.10.2012

Декани Факултети соҳибкорӣ ва бизнеси ДСХ

ш. Душанбе

15.10.2012

02.07.2013

Мудир ва дотсенти Кафедраи низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДСХ

ш. Душанбе

03.07.2013

13.02.2017

Директори Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат

ш. Ваҳдат

01.03.2015

01.03.2020

Вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

ш. Душанбе

13.02.2017

07.04.2020

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

ш. Душанбе

01.03.2020

то ҳол

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ш. Душанбе

Оиладор буда, соҳиби 4 фарзанд мебошад.


ХОЛМАҲМАДЗОДА СОЛЕҲА​​​​​​​​​​​​​​ — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 17 июни соли 2015 дар вазифаи муовини раиси шаҳри Турсунзода кор кардааст., Соли таваллуд: 27 июли соли 1976. Ҷои таваллуд: шаҳри Душанбе. Миллат:  тоҷик.

Маълумот олӣ: соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисос- муҳандис-технолог-механик, ҳуқуқшинос.
Забонҳои ўзбекӣ, англисиро медонад.    
Кор ва фаъолияти собиқа:​​​​​​​

Солҳои 1997-2004

Раиси созмони ҷавонони Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2005-2006

Ёрдамчии адвокат ва таҷрибаомўз дар ҳайати мушовараи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон    

Солҳои 2006-2009

Аъзои ҳайати мушовараи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Солҳои 2009-2010

Мудири шуъбаи ташкилию ҳуқуқии Кумитаи кор бо занон во оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2010-2011

Адвокати Маркази «Буҳрони боварӣ ба фардо»-и Кумитаи кор бо занон во оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            

Солҳои 2011-2013

Сардори шуъбаи кадрҳои Филиали Донишгоҳи миллӣ-таҳқиқотии технологии «МИСиС» дар шаҳри Душанбе

Солҳои 2013-2015

Адвокати Маркази «Буҳрони боварӣ ба фардо»-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                           

Аз июни соли

2015 то 2020.

Муовини раиси шаҳри Турсунзода


ШАМСИДИНЗОДА МАВЗУНА ШАМСИДИН​​​​​​​​​​​​​​ — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Шарофидинова Мавзуна Шамсиддиновна 26 августи соли 1967 дар деҳаи  Кӯлканди ноҳияи Исфара дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.

Соли 1984 мактаби миёнаи рақами 34 — и деҳаи Кӯлкандро хатм намуда, сипас фаъолияти меҳнатиашро аз моҳи январи соли 1985 ҳамчун мудири шуъбаи баҳисобгирии кумитаи комсомолии собиқ хоҷагии ҷомеавии ба номи «Куйбышев» алҳол ба номи «Ҳамрохӯҷа Мукаррамов», соли 1989 котиби озоди кумитаи комсомолии хоҷагии мазкур, аз соли 1989 раиси кумитаи бонувони хоҷагӣ ва аз соли 1992 раиси созмони ҷавонон,  соли 1992 коргузори шуъбаи кадрҳои хоҷагӣ, аз соли 1994 сардори шуъбаи кадрҳо,  аз соли 1999 раиси иттифоқи касабаи хоҷагӣ  ва аз соли 2002 то феврали 2007  дар хоҷагии номбурда «Ҳамрохӯҷа Мукаррамов», ҳамчун раиси кумитаи бонувон адои фаъолият намудааст.

Аз моҳи феврали соли 2007 то соли 2014 дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти  Кӯлканд ва аз 19 сентябри соли 2014 ҳамчун муовини раиси шаҳри Исфара фаъолият намудааст.

Cоли 1990 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров — ро  бо ихтисоси муаллими фанни таърих ва ҷамъиятшиносӣ хатм намудааст. Соли 2010 филиали Хуҷанди Донишгоҳи Технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис — агротехник хатм намудааст. Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.

Моҳи феврали соли 2010 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд интихоб шудааст.

Соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардидааст.

1 – марти соли 2020 вакили Маҷлиси намонядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.


     ОДИНАЕВ ҲАЁТ АБДУЛҲАҚ — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.20 — уми августи соли 1966 дар деҳаи Толеи нави ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст.

Соли 1983 мактаби миёнаро бо медали тилло хатм намуда, ба факултети банақшагирӣ-иқтисодии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1990 онро бо дипломи аъло хатм намуд. Дар ҷараёни таҳсил тӯли солҳои 1984-1986 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати ҳарбиро ба ҷой овардааст.

Баъди хатми донишгоҳ бо қарори Шӯрои олимони факултет ба ҳайси ассистенти кафедраи иқтисод ва идораи комплекси агросаноатӣ ба кор қабул мешавад.

Соли 1993 ба аспирантураи факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дохил шуда, пеш аз муҳлат (майи соли 1995) рисолаи номзадӣ ҳимоя менамояд. Тӯли солҳои 1995 — 2001 дар вазифаҳои ҷонишини декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст.

Соли 1998 сазовори унвони илмии дотсенти кафедраи иқтисод ва идораи КАС дониста шуд.

Солҳои 2001 — 2004 дар докторантураи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов таҳсил намуда, моҳи майи соли 2005 рисолаи докторӣ ҳимоя кард. Моҳи октябри соли 2007 ба ҳайси профессори кафедраи иқтисод ва идоракунии комплекси агросаноатӣ пазируфта шуд.

Аз моҳи декабри соли 2005 то моҳи декабри соли 2008 дар вазифаи декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Тӯли ин муҳлат  дар факултети зикршуда якчанд навигариҳо ба вуҷуд овард.

Соли 2007 Озмоишгоҳи илмӣ — тадқиқотии «Рушди босубот» созмон ёфта, дар доираи он солҳои 2007 ва 2010 ду лоиҳаи илмӣ — тадқиқотӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода шуданд. Дар факултет ихтисоси нави «Кори иҷтимоӣ» таъсис ёфта, дар ин ҷода бо Донишгоҳи Стокголм (Шветсия) робитаҳои таълимӣ ва ҳамкориҳои илмӣ — тадқиқотӣ ба роҳ монда шуд. Аз соли 2008 то соли 2011 вазифаи сардори раёсати таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Соли 2011 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда,  соли 2012 ба вазифаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  таъин гардида буд.

1 – марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.


АБДУХОЛИҚЗОДА ЛУТФИЯ АБДУЛХОЛИҚ — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 22 январи соли 2019  дар вазифаи   сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Соли таваллуд-5 декабри соли 1971. Ҷои таваллуд- ноҳияи Данғара.  

Миллат- тоҷик. Маълумот-олӣ. Соли 1993 Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистонро  хатм кардааст. Ихтисос  муаллими забон ва адабиёти рус дар мактабҳои тоҷикӣ ва муаллими забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои русӣ. Номзади илмҳои педагогӣ мебошад. Забонҳои русӣ, ўзбекиро медонад.    

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1988-1993-

Донишҷўи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1993-2002-

Муаллими забони русӣ дар коллеҷи муҳандисӣ-омўзгории шаҳри Душанбе

Солҳои 2002-2009-

Муаллими калони кафедраи забонҳо ва раиси Шўрои кураторони Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон

Солҳои 2009-2010-

Муовин, мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон

Солҳои 2010-2012-

Муовини ректор оид ба тарбияи  Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2012-2015-

Муовини ректор оид ба тарбияи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон

Солҳои 2015-2019-

Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Аз январи соли

2019 то с. 2020.

Сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


ШОДИЁН МУҲАММАД СУЛТОНЗОДА — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 11 майи соли 2012  дар вазифаи  Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав  кор кардааст.

Соли таваллуд — 28 феврали соли 1965.   Ҷои таваллуд -ноҳияи Данғара.       Миллат  — тоҷик. Маълумот – олӣ.

Соли 1989  Донишгоҳи давлатии омўзгории  Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисос- омўзгор

Унвони илмӣ-   номзади илмҳои физика-математика, доктори илмҳои педагогӣ, праффесор

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  —  русӣ, англисӣ (бо луғат)

Оиладор.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1989-1994-

Омўзгори кафедраи алгебра ва геометрияи Донишгоҳи  давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав

09-11     соли 1994-

Коромўзи кафедраи таҳлили функсионалии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон

Солҳои 1995-1998-

Аспиранти Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷўраев, шаҳри Душанбе

Солҳои 1998-2006-

Саромўзгори кафедраи алгебра ва геометрияи Донишгоҳи  давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав 

Солҳои 2006-2008-

Декани факултаи математика ва технологияи соҳибкории Донишгоҳи  давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав

02-08     соли 2008 —

Директори Маркази имтиҳонгирии компютерии Донишгоҳи  давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав

Солҳои 2008-2009-

 

Ноиби ректор оид ба иқтисоди Донишгоҳи  давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав

Солҳои 2009-2012-

Директори Маркази таҳсилоти ғоибонаи Донишгоҳи  давлатии Қўрғонтеппа ба номи Носири Хусрав

Аз майи соли

2012 то с. 2020.

Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав.


ТАБАРӢ АБДУЛЛО ҲАБИБУЛЛО — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз соли 2012 дар вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ кор кардааст.
Соли таваллуд 11 феврали соли 1963. Ҷои таваллуд ноҳияи Ҳамадонӣ. Миллат тоҷик. Таҳсилот олӣ.
Соли 1985 Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакиро (рўзона) хатм кардааст.
Ихтисос математик-физик.
Унвони илмӣ –доктори илмҳои физика  ва математика, профессор.
Кадом забонҳои хориҷиро медонад -русӣ,англисӣ.
Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не. Бо ҷоизаи баноми Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон (соли 1998)
Вазъи оилавӣ-оиладор, соҳиби 4 фарзанд

Кор вафаъолиятисобиқа:

Солҳои1980 -1985-

Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ

Солҳои 1985-1987-

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шўравӣ, шаҳри Горький

Солҳои 1988-1989-

Коромўзи Институти математикаи Академияи илмҳои Молдова, шаҳри Кишинёв

Солҳои 1989-1992-

Аспиранти Институти математикаи Аакадемияи илмҳои Молдова, шаҳри Кишинёв

Солҳои 1993-1995-

Муаллими калони кафедраи алгебра ваназарияи ададҳои ДонишгоҳидавлатииКўлоб

Солҳои 1996-1999-

Докторанти кафедраи алгебра ваназарияи ададҳоиДонишгоҳи миллииТоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1999-2002-

Сардори Идораи ҷавонони эҷодкор, донишҷўён вахонандагони Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 2002-2006-

Мудири кафедраи математика ва информатикаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон,ш.Душанбе

Солҳои 2006-2010-

Дотсенти кафедраи математикаи олииДонишгоҳи миллииТоҷикистон, шаҳриДушанбе

Солҳои 2010-2011-

Мудири шуъбаи математикаи Институтиилмҳои таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 2011-2012-

Мудири кафедраи математикаи олии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Аз соли 2012

то 2020.

Ректори Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ


СОДИҚӢ НАСИБА НУРУЛЛОЗОДА — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Содиқӣ Насиба Нуруллозода 3 маи соли 1968 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1985 мактаби миёнаи № 12-и ш. Душанберо хатм намуда, ба факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда, онро соли 1990 хатм намуд. 

Аз соли 1990 то 17 марти соли 2017 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Дар ин муддат дар вазифаҳои лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, нозири кадрҳо, котиби илмӣ, ходими калони илмӣ, сарходими илмӣ ва муовини директор оид ба илм, муовини директор оид ба илм ва таълим кор карда аст. 1 марти соли 2015 то соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб гардидааст. Муовини Раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ.  Аз 1 марти соли 2020 такроран вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб гардидааст. Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг васи ёсати ҷавонон мебошад.

Дар давраи фаъолияти илмӣ 3 монография, зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ навишта аст. Таҳти роҳбарии илмии ў 9 нафар рисолаи илмӣ дифоъ намуданд ва 3 нафар рисолаи худро барои дифоъ омода намудаанд.

Соли 2000 рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Фалсафаи антропологии Мирзо Абдулқодири Бедил» ва соли 2007 рисолаи докториро аз рўи мавзўи «Фалсафаи Мирзо Абдулқодири Бедил» дифоъ намудааст.

Соли 2002 сазовори рутбаи илмии дотсент. Соли 2001 дорандаи ҷоизаи Академияи илмҳои ҶТ барои олимони ҷавон ва соли 2002  ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои дароз дар кафедраи фалсафаи Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аспирантон дарс мехонад. Ҳамзамон дар макотиби олии Ҷумҳурӣ барои донишҷўён дарси фалсафа, фарҳангшиносӣ мехонад.

Котиби масъули конференсияҳои байналмиллалӣ бахшида ба 960-солагии Умари Хаём, 2700-солагии «Авесто» ва 1025 солагии Ибни Сино таъин шудааст.

Аъзои Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон мебошад.

Борҳо бо Ифтихорномаҳои Раёсати Академияи илмҳо сазовор гаштааст. Ду маротиба бо соати дастии хотиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Нишони фахрии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ.       
Оиладор.


      •  
    МУРТАЗОЗОДА ҶАМШЕД САЙДАЛӢ — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз  марти соли 2015 ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон   фаъолият намудааст.

Соли таваллуд — 4 майи соли 1972. Ҷои таваллуд- шаҳри Ваҳдат.   Миллаташ — тоҷик. Маълумот — олӣ.

Соли 1995 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисос- ҳуқуқшинос

Кадом забонҳои хориҷиро медонад —  русӣ

Унвони илмӣ — доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор                                                             

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1989-1990-

Порагари дараҷаи 2-и филиали заводи мошинасозии шаҳри Иркутск дар ноҳияи Кофарниҳон

Солҳои 1990-1995-

 Донишҷўи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1995-1997-

Ассистенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон

Солҳои 1996-1999-

Аспиранти шуъбаи рўзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон

Аз 05 то 09.1998-

Ҳуқуқшиноси калони Биржаи пахтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2000-2002-

Ассистенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 2002-2011-

Дотсенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 2011-2014-

Докторанти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносӣ қабул шудааст ва ҷиҳати таҳсил дар докторантураи Академияи хизмати давлатии шаҳри Москва иҷозат дода шудааст

Солҳои 2012-2015-

Профессори кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Аз марти соли

2015 то 2020.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

17-марти соли 2020 Раиси комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.


БАРОТЗОДА ФАЙЗУЛЛО — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    •  

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 13 феврали соли 2015  дар мансаби  директори Маркази исломшиносӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Соли таваллуд 10 феврали соли 1962. Ҷои таваллуд ноҳияи Ҳисор. Миллат тоҷик. Таҳсилот  олӣ.                           
Соли 1985 Университети  давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ихтисос филолог, муаллими забони арабӣ ва забону адабиёти тоҷик.
Унвони илмӣ — номзади илмҳои филологӣ. Забонҳои русӣ, арабӣ ва англисиро медонад. Вазъи оилавӣ- оиладор.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1979-1985-

Донишҷўи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Солҳои 1985-1989-

Тарҷумони калони забони арабӣ дар Ҷумҳурии Сурия

Солҳои 1989-1993-

Лаборанти калон, ходими хурди илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 1993-2004-

Ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, сарходими илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ

Солҳои 2004-2007-

Котиби илмии шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Чумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2007-2009-

 

Докторанти Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2009-2011-

И. в. муовини директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

(02-05)   соли 2011-

И. в. директор, и. в. ҷонишини директори Институти забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2011-2015-

 

Ёвари Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз феврали соли

 2015 то соли 2020.

Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

17-марти соли 2020 Раиси комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.


ШАРОФЗОДА ГАВҲАР — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 6-ум  аз ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун №33
Соли таваллуд — 23 марти соли 1966.  Ҷои таваллуд-ноҳияи Панҷ. Миллат тоҷик.  Таҳсилот олӣ.
Соли 1990 Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ихтисос- омўзгори забон ва адабиёти тоҷик.
Унвони илмӣ- доктори илмҳои филологӣ, профессор.
Кадом забонҳои хориҷиро медонад- русӣ- узбекӣ, англисӣ (бо луѓат).
Аъзои кадом ҳизб-      ҲХДТ аз соли 1998.
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не?.  Соли 2008 «Ифтихорнома»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, медали ҷашнии «20 –солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017 бо Унвони фахрии «Корманди шоистаи  Тоҷикистон»,соли 2001 «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2011  «Аълочии матбуот»-и  Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2016   «Аълочии фарҳанг»-и  Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 1989-аъзои иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. 
Вазъи оилавӣ -оиладор, соҳиби 2-фарзанд.

Кор ва фаъолиятисобиқа:

Солҳои 1983-1984

Роҳбари кружоки ҳаваскорон, муаллимаи мактаби миёнаи №7 ноҳияи Панҷ

Солҳои 1985-1990

Донишҷўи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Солҳои 1984-1985 

Муаллимаи мактаби миёнаи №1 ноҳияи Панҷ

Соли 1990 (07-10)

 

Лаборанти калони кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон

Солҳои 1990-1993

Ассистенти кафедраи забони тоҷикии байни факултетҳои Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон

Солҳои 1993-2001

Мудири аспирантураи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон

Солҳои 2001-2002

 

Муовини мудири шўъбаи таълими Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон

Солҳои 2002-2005

Сарэксперти шўъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва литсензионии мактабҳои олӣ ва коллеҷҳои Идораи атттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2005-2006

Мудири шўъбаи забони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 2006 (02-05)

Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солхои 2006-2009

Муовини ректор оид ба корҳои ташкилию тарбиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 2009-2010

Мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз марти соли 2010 то соли 2013
Аз 6-декабри соли 2013 то 27.01 2020

Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 1 марти соли  2020

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 6-ум


МАТРОБИЁН САОДАТШО ҚОСИМЗОДА — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз 19 июни соли 2015 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

 

Сана ва ҷои таваллуд-15 октябри соли 1973. Ҷои таваллуд н.Ишкошим, миллат тоҷик. Таҳсилот олӣ
Соли 1999 Донишгоҳи давлатии Хоруғба номи М.Назаршоев,  соли 2005 шуъбаи аспирантураи факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги ФР-ро (рўзона) хатм намудааст
Ихтисос филолог, муаллими забон ва адабиёти тоҷик, шарқшинос-забоншинос
Унвони илмӣ номзади илмҳои филологӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад –русӣ, англисӣ, арабӣ (болуғат),донандаи забонҳои порсии қадим, авастоӣ вап орсии миёна
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не- не
Бо мукофотҳои давлатӣ сазовор гардонида шудааст ё не -не
Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 2 фарзанд

ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Матробиён Саодатшо Қосимзода
Номзади илмҳои филологӣ (2005), дотсент (2013)

Матробиён Саодатшо Қосимозода  15-уми октябри  соли 1973 дар  деҳаи Даршайи ноҳияи Ишкошим, ВМКБ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.
Ў соли 1991 мактаби миёнаи №16-и ноҳияи Ишкошимро хатм мекунад. Худи ҳамон сол ба факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил мешавад. Сипас, ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев интиқол гирифта, факултети таъриху филологияи донишгоҳи мазкурро дар риштаи филологияи тоҷик хатм мекунад.  Аз соли 1999 то 2000 коти би масъули рўзномаи «Зиндагӣ»-и ноҳия Ишкошим адои вазифа намуда, солҳои  2000-2001 ба ҳайси ҷонишини директории мактаби миёнаи №16-и ноҳияи Ишкошим фаъолият менамояд.   Солҳои 2001 – 2002 муҳассили курси интенсивии Барномаи англисии Хоруғи (KhorogEnglishProgram) назди Институти тадқиқотии Лондон  мегардад. Солҳои 2002 – 2005 дар шуъбаи рўзонаи аспирантураи факултетишарқ шиносии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия таҳсил менамояд. Соли 2005 рисолаи номзадиашро таҳти роҳбарии академики АИ Федератсияи Россия Иван Михайлович  Стеблин- Каменский дар донишгоҳи зикршуда ҳимоя мекунад. Аз соли 2006 то соли 2009 мудири кафедраи Лингвистика ва коммуникатсияи байнифарҳангии Донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон фаъолиятмекунад. Моҳи августи соли 2009 декани факултети муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи инноватсионӣ ва коммуникастияи Тоҷикистон таъин мегардад.  Аз моҳи январи соли 2011 дотсенти кафедраи забони тоҷикии  ДДЗТ ба номи С.Улуғзодава аз моҳи апрели ҳамон сол мудири кафедраи мазкур интихоб гардида, то моҳи апрели соли 2014 дар ҳамин вазифа фаъолият намуд. Аз моҳи апрели соли 2014 то сентябри соли 2014 ба вазифаи сардори раёсати илм, инноватсия, аспирантура ва докторантура фаъолият мекунад. Ба сабаби анҷом додани кори докторӣ аз вазифаи мазкур бо хоҳиши худ баромада, аз моҳи сентябри соли 2014 то 19 июни соли 2015 ба ҳайси дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик фаъолият намуд. 
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.06. 2015, №411 муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. 
Мазкур барои зиёда аз 15 нафар номзадони илм ба ҳайси муқарризи асосӣ баромад намудааст. Дар олами забоншиносии тоҷик ҳамчун чеҳраи шинохта бо назари интиқодии илмиаш муаррифӣ шудааст.  Барои  4 аспирант ва 5 унвонҷўй ба ҳайси роҳбари илмӣ таъин шуда,  чанд нафар  аз шогирдонаш дар арафаи ҳимоя қарор доранд.
Ба донишҷўён аз фанҳои таърихи забони тоҷикӣ, таърихи афкори забоншиносӣ, масъалаҳои мубрами забоншиносӣ, забоншиносии иҷтимоӣ (сотсиолингвистика), забоншиносии фарҳангӣ (этнолингвистика) ва забоншиносии равонӣ (психолингвистика) лексия мехонад.
Матробиён С. Қ. муаллифи 2 монография («Рўзгор ва осори Мубораки Вахонӣ»(2010) ва «Лексикаи бозиҳои миллии вахони забонон (очерки этнолингвистӣ)» (бозабони русӣ) (2012)), 4 китоби дарсӣ «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ)» (2009), «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои иқтисодӣ)» (2010), «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои иқтисодиин изоми таҳсилоти кредитӣ)» (2011) ва «Забони тоҷикӣ (барои ихтисосҳои тарҷумонӣ, забонҳои хориҷӣ ва рўзноманигорӣ)» (2013)), 5 барномаи таълимӣ ва мақолаҳои зиёди илмӣ буда, инчунин яке аз таҳиягарони “Фарҳангитафсирии забони тоҷикӣ” (2006, 2010), «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» (2017) «Фарҳанги ҷойномҳои миллӣ» (2018), «Фарҳанги номҳои миллии тоҷикӣ» (2018)   мебошад. Дар ҳоли ҳозир яке аз фарҳангҳои қадимиеро, таҳти унвони «Луғот-уш-шеър», инчунин, китобҳои дарсии «Муқаддимаи забоншиносӣ» ва «Таърихи забоншиносӣ»-ро  ба чоп тайёр намудааст


БОБОҶОНИЁН РАНОХОН МАҲМУДЗОДА — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

      •  
    17 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.Аз декабри   соли 2014 дар мансаби муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кор мекунад.

соли таваллуд:  18.02.1971,   ҷои таваллуд: шаҳри Хуҷанд. Миллат:    тоҷик. Маълумот: олӣ
Соли 1992  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ва соли 2000 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсатро хатм намудааст.
Ихтисос: журналист, ҳуқуқшинос, доктори илмҳои филологӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣц, форсӣ, англисӣ
Вакили халқ аст ё не   —         не
Бо мукофотҳои ҳукуматӣ сарфароз гардонида шудааст ё не —  не

Кор ва фаъолияти собиқа

Солҳои 1992-1993

Омўзгори забон ва адабиёти тоҷики Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Чкалов

Солҳои 1993-1996

Аспиранти ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров ДДХ ба номи академик  Б.Ғафуров, ш.Хуҷанд

Солҳои 1996-1997

Мухбири телевизиони« Ҷаҳоноро» ,ш. Хуҷанд

Солҳои 1997-1999

Муаллимаи кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултаи филологияи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров,  ш.Хуҷанд

02-11 соли 1999

Ҳуқуқшиноси ширкати ТВ-и «СМ-1» ш. Хуҷанд

Солҳои 1999-2003

Сармуаллимаи кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба  номи  академик Б.Ғафуров,  ш.Хуҷанд

Солҳои 2003-2006

Докторанти кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДДМТ,  ш.Душанбе

Солҳои 2007-2009

Дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров

Солҳои 2009-2010

Профессор, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаиДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров

Солҳои 2010-2011

Роҳбари Маркази иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд

Солҳои 2011-2013

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд

Солҳои 2013-2014

Муовини раиси вилояти Суғд

Аз декабри соли 2014 то 30 апрели соли 2020.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

 
 

АШУРЗОДА ГУЛБАҲОР САНГИЛЛО — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Ашурова Гулбаҳор Сангиллоевна 18 марти соли  1973 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣтаваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1996 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро бо ихтисоси табиби акушер – гинеколог хатм кардааст. Номзади илмҳои тиб мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1997 ба ҳайси табиби акушер — гинеколог дар беморхонаи клиники №6, шаҳри Душанбе оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои табиби акушер – гинеколог дар Маркази тиббӣ, мудири бахши модаршавии бехавф ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи январи соли 2014 дар вазифаи Директори Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.

1 – марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.


 

ШАРИФЗОДА ҒИЁСИДДИН АБДУВАҲҲОБ — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Ғиёсиддин Шарифзода аз 9 апрели соли 2009 дар вазифаи мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ фаъолият намудааст.
Мавсуф, 24 декабри соли 1961 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, миллаташ тоҷик ва маълумоташ олӣ мебошад. Ў соли 1984 Донишгоҳи Давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси омўзгори фани таърих хатм карда, соли 1999 ҳамин муассисаи олии кишварро бо тахассуси ҳуқуқшинос ба итмом расонидааст.
Ғиёсиддин Шарифзода аз ибтидои фаъолият дар соҳаҳои фарҳангу маънавиёти кишвар заҳмат кашида, меҳнатҳои мондагору софдилонаи ў дар соҳаҳои маориф ва фарҳанги кишвар бо нишонҳои Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медали хизмати шоиста қадршиносӣ шудаанд.
Донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ (бо луғат) буда,  оиладор — соҳиби ду фарзанд мебошад.                   

               КОР ВА ФАЪОЛИЯТИ  СОБИҚА:

Солҳои 1979 — 1984

Донишҷўи Донишгоҳи  давлатии миллии Тоҷикистон

Солҳои 1982 — 1984

Корманди Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ.

Солҳои  1984-1987

Муаллими  мактаби миёнаи  №19, деҳаи  Сангистони  ноҳияи  Айнӣ.

Солҳои 1987-1996

Ҷонишини  директор оид  ба  корҳои тарбиявии  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19, деҳаи  Сангистони ноҳияи Айнӣ.

Солҳои 1996-2009

Мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Айнӣ.  

Аз апрели соли

2009  то с 2020.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ. 

 


НАҶМИДДИНИЁН ФАЙЗУЛЛО РАҶАБ — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз апрели  соли 2015 дар мансаби Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод кор кардааст.

Соли таваллуд -5 феврали соли 1964.   Ҷои таваллуд –ноҳияи Файзобод. Миллат – тоҷик. Таҳсилот-олӣ.

Соли 1986 Донишкадаи давлатии забон ва адабиёти руси Тоҷикистонро (рўзона) хатм кардааст.

Ихтисос –муаллими забон ва адабиёти рус.

Кадом забонҳои хориҷиро медонад –русӣ.
Бо Медали  «Хизмати шоиста». Фармони ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон аз  7.08.2014, № 245. «Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори коллегияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24. 02.1995, № 2. «Аълочии матбуоти Тоҷикистон. Фармони ВазирифарҳангиҶумҳурииТоҷикистон» аз 22. 08. 2013,    № 30 У. «Медали ҷашнии 65- солагии Ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941- 1945» Фармони Президенти ҶумҳурииТоҷикистон аз 10.03.2010, №848. Сипосномаи ҲХДТ аз 28. 05. 2015, № 56 .
Вазъи оилавӣ-оиладор.

Кор вафаъолияти собиқа:

Солҳои 1986-1989

Муаллими фанни забон ва адабиёти руси мактаби миёнаи № 20, ноҳияи Файзобод

Солҳои 1989-1990

Муаллими фанни забон ва адабиёти руси мактаби миёнаи № 22, ноҳияи Файзобод

Солҳои 1990-1994

Муаллими фанни забон ва адабиёти руси мактабимиёнаи №47, ноҳияи Файзобод

Солҳои 1994-2001

Мушовири шўъбаи маорифи ноҳияи Файзобод

Солҳои 2001-2007

Мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва фарҳанги дастгоҳи раиси ноҳияи Файзобод

Солҳои 2007-2008

Мудири шуъбаи иҷтимоиёт, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Файзобод

Солҳои 2008-2011

Мудири бахши иҷтимоиёт, фарҳанг ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Файзобод

Солҳои 2011-2015

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Файзобод

 

 


МЕЛИКОВА ПАРВИНА ИНОЯТУЛЛОЕВНА — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз соли 2018 дар вазифаи директории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кор кардааст.
Соли таваллуд 30 декабри соли 1972. Ҷои таваллуд шаҳри Душанбе. Миллат тоҷик. Маълумот олӣ.
Соли 1996 Донишгоҳи давлатии омўзгори Тоҷикистонро хатм намудааст.
Ихтисос -забони англисӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад:    русӣ,  англисӣ, узбекӣ
Узвият аъзои ҲХДТ.
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не, (бо мукофоти соҳавии зерин мукофотонида шудааст“Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”).
Вазъи оилавӣ — оиладор
Суроға ш. Душанбе, ноҳияи И. Сомонӣ, кўчаи Карамова 17/1, хонаи 5   

КОР ВА ФАЪОЛИЯТИ СОБИҚА

Солҳои 1996-1998

Омўзгори фанни забони англиси дар муассисаи таҳсилоти миёнаиумумии №10ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

 

Солҳои 1998-2009

Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбия дар МТМУ № 10 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2009-2011

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2011-2014

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

 

Солҳои 2014-2016

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

 

Аз соли 2018

то 2020.

Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.

 


УРОҚОВА СУРАЙЁ ДӮСТМУРОДОВНА — аъзои Фракцияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон  дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Аз  соли 2005  дар вазифаи директори генералии Ҷамъияти Дорои масъулияташ маҳдуди “Гурӯҳи Самимӣ Констракшн” дар шаҳри Душанбекор кардааст.
Соли таваллуд 27 марти соли 1973. Ҷои таваллуд- шаҳри Душанбе. Миллат-тоҷик. Таҳсилот-олӣ.
Соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дониши аъло хатм намудааст. 
Ихтисос-ҳуқуқшинос.  Унвони илмӣ-унвонҷӯ. 
Забонҳои руси ва англисиро медонад. 
Аъзои ҲХДТ, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. 
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум буд. Бо медали “Хизмати шоиста”, соли 2016 сарфароз гардонида шудааст. 
Оиладор.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1990-1995-

Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Солҳои 1995-1997-

Ҳуқуқшиноси Ширкати бисёрсоҳаи “Хуросон”, шаҳри Душанбе

Солҳои 1997-2005-

Ҳуқуқшиноси  Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Аз соли 2005

то соли 2020.

Директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди   “Гурӯҳи Самимӣ Констракшн”дар шаҳри Душанбе.

 

 









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Ноябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1234567
    891011121314
    15161718192021
    22232425262728
    2930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028