И.Сомонӣ

Расулзода Насимҷон — Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

24-уми марти соли 1977 дар ноҳияи Тоҷикобод дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1996 ба 2001 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2001 Донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси механик хатм намудааст. Айни замон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғоибона бо ихтисоси “Идораи давалтӣ ва ҳуқуқ” курси 3-юм мебошад.

Баъд аз хатми ин муассисаҳои олии таълимӣ мавсуф дар вазифаҳои зерин, солҳои 1994-1995 муаллими фанни риёзии мактаби миёнаи №1 ноҳияи Тоҷикобод, солҳои 1995-2001 донишҷўи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, солҳои 2001-2002 директори мактаби ғоибонаи назди шуъбаи маорифи ноҳияи Тоҷикобод, соли 2002 Котиби масъули комиссияи маъмурии назди Ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод, солҳои 2002-2004 мудири шуъбаи умумии Ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод, солҳои 2004-2006 мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод, солҳои 2006-2007 муовини роҳбари Дастгоњи раиси ноҳияи Тоҷикобод ва солҳои 2007-2017 мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Аз 9 феврали соли 2017 то инҷониб Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили сомонии шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст.

Барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар корҳои ободониву созандагӣ бо медали «Хизмати шоиста»,  аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Ноябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1234567
    891011121314
    15161718192021
    22232425262728
    2930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028