Конференсияи XX ҳисоботӣ — интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид

11-уми августи соли 2022 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси банди 4.11. Оинномаи ҲХДТ Конференсияи XX ҳисоботӣ — интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар он муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Иброҳим Мирзозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, раиси Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шукрулло Хайрзода, вазири фарҳанги кишвар Зулфия Давлатзода ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо, кумита, муассисаҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар, ки ба ҳайси вакил аз ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди шаҳри Душанбе интихоб шудаанд, ширкат намуданд.

Ҳамзамон, дар конференсия раисони шӯроҳои собиқадорони шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявии ҳизб, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе, кормандони масъули сохторҳои ҳизбии пойтахт ва намояндагони ВАО ҳузур доштанд.

Конференсияи XX ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанберо раиси Кумита Иброҳим Мирзозода ифтитоҳ намуда, масъалаҳои ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, ҳисоботи Комиссияи тафтишотии ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ, ҳисоботи намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ, интихоби аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, аъзои Комиссияи тафтишотии ҳизб дар шаҳри Душанбе ва интихоб сармуҳаррири ҳафтаномаи “Мароми пойтахт”-и Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанберо, ки ба рӯзномаи маҷлис ворид гардидаанд, ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ, интихоби котибот ва ҳайати таҳририя конференсия ба кори худ шурӯъ намуд.

Нахуст, ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти ташкилотҳои ҳизб дар давраи ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.

Гуфта шуд, ки давраи ҳисоботӣ барои ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва аъзои он давраи ниҳоят пурмасъулияту хотирмон буд, зеро дар ин марҳила, мардуми шарифи кишвар, махсусан сокинони шаҳри Душанбе дар фазои суботи сартосарӣ, рӯҳияи созандагӣ, саҳмгузорӣ дар пойдории Истиқлоли давлатӣ чорабиниҳои муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҷаллии вакилони халқ ва Ҷашни 30–солагии Истиқлоли давлатиро бо фарҳанги баланди сиёсӣ ва мавқеи устувори шаҳрвандӣ таҷлил намуданд.

Тавре аз ҳисоботи Кумита бармеояд, дар доираи таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ нахустин бор Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо харҷи умумии 1 миллиону 70 ҳазор сомонӣ майдончаи варзишӣ, бозии кӯдакона ва истироҳати калонсолонро, воқеъ дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсӣ бо тарҳи муосир бунёд ва мавриди истифода қарор дод.

Инчунин, дар доираи Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри гулрез табдил додани шаҳри Душанбе, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ва кабудизоркуни пойтахт ҳар ҳафта аз ҷониби сохторҳои ҳизб дар Душанбе шанбегиву ҳашарҳои дастаҷамъӣ доир гардида, дар доираи онҳо 46 828 ниҳоли ороишиву сояафкан ва 71 246 гули ороишиву мавсимӣ шинонида шуд.

Раиси Кумита иброз дошт, ки тибқи маълумоти оморӣ, айни ҳол сафи аъзои ҳизб дар шаҳри Душанбе 77 612 нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи аъзои ҳизб 9 228 нафар афзоиш ёфтааст. Аз ин теъдод 37 037 нафар ё 47,72%-ро занон ва 30 284 нафар ё 39%-ро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар ин радиф, тибқи маълумоти оморӣ дар шаҳри Душанбе 927 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият дорад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи ҳисоботии қаблӣ 54 адад зиёд шудааст.

— Аз рӯзҳои нахустини бақайдгирии бемории сироятии COVID-19 дар кишвар, махсусан дар шаҳри Душанбе сохторҳои ҳизбии пойтахт дар ҳамбастагӣ бо ҷонибдорону фаъолони ҳизб, сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ ва шахсони саховатманду эҳсонкор 6 985 суҳбату вохӯрӣ, кори фаҳмондадиҳӣ, иттилоотӣ, таблиғотиву ташвиқотӣ ва хайриявиро бо фарогирии 378 916 нафар сокинону меҳмонони пойтахт доир намуда, 160 аксияву ҳамоиш ва як қатор тадбири муҳими дигарро ба анҷом расонданд.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии COVID-19 ба сокинону бошандагони пойтахт, марказҳои саломатӣ ва раёсати тандурустии шаҳри Душанбе аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он бо ҷалби вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, ташкилоту муассиса ва соҳибкорону шахсони саховатпеша 412 621 ниқоб, 729 533 варақаи иттилоотиву Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ва ҲХДТ, 60 476 маводи антисептикӣ, 23 690 либоси махсуси тиббӣ, 369 815 дастпӯш, миқдори зиёди бахилу айнак ва маводи ғизоӣ ба маблағи умумии 2 808 299 сомонӣ ба табибону беморон ва оилаҳои камбизоат расонида шуд,- гуфт дар идома И. Мирзозода.

Сипас, аз рӯйи масъалаи дуюми Конференсия раиси Комиссияи тафтишотии ташкилотҳои ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шукрулло Хайрзода оид ба фаъолияти комиссия ҳисобот дод.

Дар музокира муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Салимзода, вакил аз ноҳияи Шоҳмансур Икром Субҳонзода ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Насим Ҳомидзода фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.

Дар идома муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода атрофи фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар давраи ҳисоботӣ, корҳои дохилиҳизбӣ, риояи ҳатмии Оиннома ва татбиқи Барномаи ҳизб, супоридани саривақтии ҳаққи узвият, қабули шахсони арзанда ба сафи ҳизб, ҷоннок намудани корҳо дар сатҳи маҳаллаҳо бо қишрҳои осебпазири ҷомеа, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта, ҷалби аъзои нав ба сафи ҳизб, таъсиси ташкилотҳои нави ибтидоӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ суханронӣ намуда, дар маҷмӯъ, фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизбро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ кард.

Ҳамзамон, Асрор Латифзода аз масъулин ва ҳизбиёни пойтахт тақозо кард, ки ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро ҷоннок намуда, баҳри саҳм гузоштан дар ин ҷашни муборак тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ваиклони конференсия, инчунин аъзои нави Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро иборат аз 71 нафар ва аъзои Комиссияи тафтишотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо иборат аз 7 нафар интихоб карданд.

Дар ин миён, раиси Кумита Иброҳим Мирзозода дар мувофиқа бо Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ номзадии Олимов Шаҳриёрро ба вазифаи сармуҳаррири ҳафтаномаи “Мароми пойтахт”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе пешниҳод намуд, ки аз ҷониби вакилони конференсия ҷонибдорӣ ёфт.

Ҳамин тариқ, аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда дар Конференсияи XX ҳисоботӣ — интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Пас аз анҷоми конференсия Маҷлиси нахустини Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо иштироки аъзои нав баргузор гардид.

Дар маҷлис масъалаҳои интихоби аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тибқи масъалаи якуми рӯзнома аъзои нави Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе иборат аз 21 нафар интихоб гардиданд.

Сипас, муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода дар мувофиқа бо Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Иброҳим Мирзозодаро аз нав ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе пешбарӣ намуд, ки аз ҷониби аъзои Кумита ҷонибдорӣ ёфт.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028