Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Саидиброҳим Раисӣ, баргузор гардид.

Дар оғози  суҳбат роҳбарони ду давлат ҳамдигарро бо муносибати фарорасии Иди саиди Фитр самимона табрик гуфтанд.

Зимни табрикоти худ Пешвои миллат ба мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу субот, некӯаҳволӣ, файзу баракот ва дар роҳи пешрафту шукуфоӣ дастовардҳои рӯзафзун орзу намуданд.

Дар идомаи суҳбат президентҳо ҷанбаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба ва иқдомҳои муштараки минбаъдаи ҷонибҳоро ҷиҳати рушду таҳкими пайгиронаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар баррасӣ намуданд. Вобаста ба ин Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Саидиброҳим Раисӣ даъвати қаблан ирсолгардидаи худро аз Сарвари давлати мо ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Эрон муҷаддадан таъкид карданд.

Миёни ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи масъалаҳои алоҳидаи байналмилаливу минтақавии мавриди назари тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Май 2022
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     1
    2345678
    9101112131415
    16171819202122
    23242526272829
    3031  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028