Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз пас аз ба анҷом расидани ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат вазъияти имрӯзаро дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ карда, атрофи рушди вазъият дар Афғонистон мубодилаи афкор анҷом доданд.

Вобаста ба масъалаҳои мазкур ҷонибҳо ҷиҳати идомаи тамосҳо дар сатҳои мухталиф ба мувофиқа расида, зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориро дар соҳаи амният таъкид карданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Январь 2022
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12
    3456789
    10111213141516
    17181920212223
    24252627282930
    31  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028