«МЕХОҲАМ МАВҚЕИ УСТУВОРИ ШУМОРО ЗИКР НАМОЯМ …». Эммануэл Макрон аз муносиботи котеъонаи Президенти Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва ҳифзи ҳуқуқи занон истиқбол кард

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон бар ин бовар аст, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки муколама оид ба амнияти минтақавӣ ва ба эътидол овардани вазъ дар минтақа тақвият ёбад. Дар ин бора рӯзи чоршанбе, 13 октябр, Президенти Фаронса пеш аз оғози музокирот бо Президенти Тоҷикистон дар Қасри Елисей изҳори назар намуд.

«Сафари расмии Шумо имкон медиҳад, ки муколама оид ба масоили амнияти минтақавӣ тақвият ёбад, — гуфт Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон. — Мо кумакеро, ки Фаронса метавонад ба Тоҷикистон дар эътидол овардани вазъ расонад, инчунин мусоидатамонро ба тамоми минтақа баррасӣ хоҳем кард».

«Мехоҳам мавқеи устувори Шуморо дар таҳкими суботи минтақавӣ ва муносибати қотеъонаи Шуморо дар мубориза бар зидди терроризм ва ҳифзи ҳуқуқи занон зикр намоям», — таъкид кард Эммануэл Макрон ҳангоми истиқболи меҳмони олиқадр.

Ӯ ёдовар шуд, ки «Тоҷикистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дорад ва якҷо бо Фаронса аз вазъи минтақа нигарон аст».

Ба гуфтаи Президенти Фаронса, дар мулоқот сарони давлатҳо табодули афкорро оид ба масоили амнияти минтақавӣ, ки чанд ҳафта пеш зимни суҳбати телефонӣ оғоз карда буданд, идома хоҳанд дод.

                                        АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028