АНДЕША: Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр, Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад!

Тоҷикистон дар масири нигоҳдориву таъмини Истиқололият қимати азимеро додаст.

Ба қавле арзон бе миннат намешавад. Соҳибихтиёрии табиие, ки бо пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ баробари 15 ҷумҳурии шуравӣ ба мо низ расид, бо худ хоинӣ ва ҳаваси муфт ба даст овардани Тоҷикистонро ба душманони дар каминистода муяссар гардонид. Ҳарчанд, ки озодиву истиқлол баъди ин душманогарӣ бо хуни ҳазорон тоҷик, валангории ватани азизамон ба даст омада бошад ҳам, бо ақлу идроку шуҷоату ватандӯстии фарзанди фарзонаи миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ин бадбахтӣ гирифта шуду, имрӯз Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун мамлакати ташаббусу ибтикорот ва созандагиву сулҳофарӣ муаррифӣ ва машҳур гардидааст.

Душманону нотавонбинону кӯтоҳандешагоне, ки имрӯз дар камини ватани хеш хоинвор сангар гирифтаанд, аъмову ҳақиреро мемонанд, ки аз ҳасад ғайр аз «думи сагат каҷ аст» гуфтан, сабаберо пеш оварда наметавонанд. Дар таҷрибаи сиёсати ҷаҳонӣ мухолифини давлат агар қувваи солим бошанд, ҳама кӯшишу ҷидду ҷаҳди хешро ба сӯи ободии ватани хеш равона карда, агарчи мақсад тасарруфи давлат бошад ҳам, дар ободии ватан ва сарзамини хеш ҳастанд. Аммо нафароне, ки хориҷ аз Тоҷикистон худро мухолифу хайрхоҳи мардуми тоҷик метарошанд, маҳз дар вазъиятҳои мутташаниҷи минтақа ва ҳолатҳои ногувору фоҷиабор ба мисли пандемияи умумиҷаҳонӣ – СОVID-19 ва айни замон хуруҷу тасарруфу бедодгариҳои ҳаракати террористии Толибон сар боло карда, кӯшиши ба шӯр овардани мардум мекунанд.

Бадтарин душман онест, ки дар вақти чунин ҳолатҳои ногувор орзӯи вайронии ватанро дорад.

Аз таърихи сиёсии башарият ба ҳамагон маълум аст, ки ягон инқилобу ошуб ба шакли орому осуда нагузаштааст ва нахоҳад гузашт. Ва ин гуна сифлагоне, ки дар орзӯи валангориву харобии ватан ва гиряи зори модарон ҳастанд, бадтарин махлуқ ва беномустарин фарзанди модари бадбахти бечора мебошанд.

Ин ободиҳое, ки дар тӯли 30 соли Истиқлолият Тоҷикистон бо кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳайё шудааст, ба ҳамаи миллати тоҷику тоҷикистонӣ тааллуқ дошта, зиндагонии ҳар як фарди тоҷик аз он баҳравар ва обод гашта истодааст.

Оё мухолифине, ки аз ҷаҳолати бефаҳмӣ, дур аз номус аз паи хоҷагони хориҷиашон ҷавонони тоҷикро ба шуру исён бардоштанӣ ҳастанд, фикр аз ҷони ин ҷавонон, оҳу нолаи модарон, вайронагии ватан барои ояндагон намекунанд? Оё зери мустамликаи қувваи бегона зиндагӣ кардан ба онҳо нафрат надорад?

Имрӯз, мо мебинем, ки дар Афғнистони фурухташуда ҳар як тоҷику узбеку ҳазораву туркман аз ҷавру бедодгариҳои толибон рӯ ба гурез ниҳоданд ва як бинои ободи тирнохӯрда дар ин давдат боқӣ намондааст. Ҳарчанд, ки аз таърих Афғонистон Сиистони сарзамини авлодони тоҷикон – тахориҳову ғуриҳову тоҳириёну ва пеш аз он бохтариҳои машҳур буд, ҳоло ба бошишгоҳи паштуну покистонӣ табдил гаштааст. Мардум ба чунон ваҳшонияту бефарқӣ дучор омадаанд, ки кӯдаке нест садои туфангу тирро нашунида бошад!

Оё мухолифони рӯи миллати худ сангаргирифта барои ватани хеш – Тоҷикистон ҳамин гуна саҳнаҳоро орзӯ дораду интизоранд?!

Ҳангоми оғози сафари кории Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, ин ҳақирони беномус хоставу талаб кардаанд, ки бар зидди омадани Сарвари кишвар ҳамоиши эътирозӣ барпо намоянд, аммо роҳбарияти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо ба ин монеа гаштанд. Ин худ нишонаи равшане буд барои хоинони миллат, ки обруву манзалат ва мавқеъ ҳамчун ҳаракати сиёсӣ дар сатҳи давлатдорӣ надоранд. Танҳо қаториҳои сари тири аввалин дар бозиҳои бузурги сиёсии мустамликавӣ қарор доранд, ки ҳаёту мамоташон аз он хоҷаҳои хориҷиашон вобастагӣ дорад. Бадтарину бадбахттарин инсон онест, ки бар зидди миллати худ меистад!

Лайлӣ Аҳмадова – сармуҳаррири ҳафтаномаи “Мароми пойтахт”









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028