АНДЕША: Фарҳанг ҳастии миллат

Зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса барои ҳамкориҳои судманди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар назар дошта мешавад.

Ҳамчунин дар доираи сафар Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии фарҳангии Намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ таҳти унвони “Тоҷикистон — кишвари рӯдҳои тиллоӣ” ва Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ менамоянд.

Зеро миллати тоҷик таърихи бою пурғановат дошта дорои минтақаҳои кӯҳан ва таърихи чандинасра доштаро доро мебошад. Аз ҳамин лиҳоз миллати тоҷикро аз қадим ҳамчун миллати тамаддунофар, бунёдкор ва созанда мешиносанд. Воқеан тоҷикон бо шоҳкориҳои худ миёни дигар қавму миллатҳо намунаи ибрат буда, маҳз бо ба мерос гузоштани анъанаҳои неки ниёгони худ расму оини хешро  аз насл ба насл идома дода истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи чунин шахсиятҳоест , ки тамоми  иду ҷашнҳои сирф миллӣ ва хосси мардуми тоҷикро, ки ба гӯшаи фаромӯшӣ  рафта буданд, дубора эҳё кард. Маҳз бо ташаббус ва хиради дурандешонаи  Пешвои миллат  соли 2009 иди Наврӯз аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Миллали  Муттаҳид расман ба феҳристи  ЮНЕСКО оид ба меъроси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид, ки боиси фахри ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. 

Яке аз намунаи дурдонаҳои тамаддуни халқи тоҷик Саразм ба шумор меравад. Аз ҳамин лиҳоз 21 сентябри 2001 Ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31 июли 2010 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории нодир аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид гардид. Халқи тамаддунофари тоҷик дурдонаҳои зиёде дорад, ки аз лиҳози таърихи пайдоиш асрҳоро фарогир мебошад.

 Бо вуҷуди ин ҳама кӯҳанбунёдӣ дар замони муосир нигоҳдошти арзишҳои миллӣ ба яке масъалаҳои мураккаб табдил ёфтааст. Зеро раванди Глобализатсионии сайёра метавонад ба ҷои арзишҳои миллӣ арзишҳои кадом халқҳои бегонаро паҳн намояд. Имрӯзҳо барои сохтани давалати миллӣ ва ҳимоят аз манфиатҳои миллӣ моро зарур аст, ки ба паёмакҳои раванди глобализатсионӣ ҷавоби муносиб гардонем. Аз ҳамин лиҳоз нигоҳдошти асолати миллӣ дар имрӯзҳо масоили меҳварии давлатдории муосир гардидааст.

Вобаста ба масъалаҳои дар боло зикр гардида, ҳар як фарди бо нангу номусро ҳушдор месозем, ки барои нигоҳдошти асолати миллӣ  ҳар яки мо саҳми бориз дошта бошем .

Зеро миллати тоҷикро имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари осоишта ва сулҳхоҳ, субъекти асосӣ нисбати амнияти сайёра ва минтақа хосатан Афғонистон, инчунин арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни кишварҳои ҷаҳон эътироф ва эҳтиром менамоянд.

Шарипова Л- Мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028