АНДЕША: Президенти мо — муаррифгари миллату тамаддун

12 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ташриф оварданд.

Фаронса яке аз давлатҳоест, ки ҳанӯз соли 1991 истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохтанд. Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар соҳаҳои иқтисодиёт, илму фарҳанг ва ҳарбӣ ба роҳ монда шудаанд.

Миёни Тоҷикистону Фаронса 22 санади ҳамкории дуҷониба имзо шудааст, ки заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои ду давлатро дар соҳаҳои робитаҳои хориҷӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва илму техника, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ, муосиргардонии инфрасохтори фурудгоҳи Душанбе, мудофиа, бехатарии дохилӣ ва ғайра ташкил медиҳад.

Воқеан ҳам сафарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хориҷи кишвар барои сулҳу субот ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум ва инчунин барои пешрафти дипломатияи тоҷик нақши бағоят бузург мебозад.

Сафари Пешвои миллат ба Фаронса нишонаи тақвияти обрӯ ва нуфузи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ буда, василаи беҳтарини муррифии дастовардҳои кишвар дар самти сиёсати хориҷӣ мањсуб меёбад. Ин бори дигар собит месозад, ки дар ҷаҳони бисёрқутба фақат дар заминаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварњои гуногуни ҷаҳон метавон мавқеи устувори худро дар низоми муосири ҷаҳонӣ нигоҳ  дошт.

Густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои Аврупо, аз он ҷумла Фаронса дар шароити муосири ҷаҳонӣ аҳамияти хосса доранд. Вобаста ба ин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки: “Тоҷикистон Фаронсаро шарики муҳим, боэътимод ва боварибахши худ дар Аврупо медонад. Дар сиёсати хориҷии давлати мо ҳамкории самарабахш бо он яке аз ҷойҳои афзалиятнокро ишғол менамояд. Омодаем, ки бо иқдомҳои муштараки минбаъда муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Тоҷикистону Фаронсаро таҳким бахшида, густариш диҳем. Мулоқоту музокироти имрӯза ба мо барои баррасии ҳамаҷонибаи самтҳои калидии рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии гуногунҷанбаамон имконоти хуб фароҳам меоранд”.

Хизмати таърихии Пешвои миллат дар он аст, ки зимни чунин сафарҳои расмии сатҳи баланд на танҳо ба масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаи байни давлатҳо, балки истифодаи муносибатҳои дўстона баҳри ҳалли мушкилиҳои минтақави, бахусус масъалаи Афғонистон низ талош менамояд.

Ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи расму оин ва анъанаҳои мили, аз он ҷумла фарҳанги миллӣ, баҳри мо ҷавонон василаи хуби худшиносӣ мебошад. Дар аснои сафари мазкур ташкили Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса ањамияти муњимми фарњангї дошта, дар доираи таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар бахши фарҳанг роҳандозӣ гардидааст.

Мо халқи тоҷик, фахр аз он мекунем, ки чунин Пешвои ҳалиму ғамхор дорем, чунки ҳар як сафаре, ки ба хориҷи кишвар мекунад ва ҳар як санаду созишномае, ки ба имзо мерасонад барои пешрафти давлати худ ва барои зиндагии осоиштаи халқи тоҷик таъсири бениҳоят бузург дорад.

Фазилатпочои Маҳмадюсуф — мутахасиси шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028