АНДЕША: оид ба сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои хориҷа

Имрӯзҳо яке аз масоили паҳнгаштарани тамоми давлатҳои ҷаҳон раҳоӣ аз буҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва таъмини амният ба шумор меравад. Бинобар ҳамин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл мулоқот карданд. Зимни баррасии масъалаҳои мазкур Пешвои миллат аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои ба Тоҷикистон расонидани кӯмак дар рафти оқибатҳои иқтисодиву иҷтимоии паҳншавии вируси COVID-19 ва тақвияти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 112 миллион евро изҳори миннатдории амиқ намуданд.

 Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои табии дар ҷаҳон мақоми муйаян дорад. Аз ҳамин лиҳоз, барои  коркарди захираҳо бо шарикони боэътимод ҳамкорӣ менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу муҳтавои ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи CASA-1000 ва ташаккули “иқтисоди сабз” изҳори қаноатмандӣ намуда, зарурати тавсеаи минбаъдаи онҳоро ба таври хосса қайд намуданд. Зимни суханрони Пешвои миллат бо Ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Ҷосеп Борел таъкид гардид, ки инкишофи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои иқтисодӣ яке аз ҷанбаҳои муҳимми муносибатҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро ташкил медиҳад.

 Лоиҳаи CASA-1000- ин бузургтарин лоиҳаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (Central Asia – South Asia (CASA)) мебошад. Лоиҳа сохтмони хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқро дар бар мегирад, ки дар натиҷаи ба итмом расидани сохтмони хати мазкур низоми энергетикии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонро пайваст менамояд.  Пурра амалӣ гардидани лоиҳа барои кишварҳо ҷиҳати ташкил намудани бозори ягона ва савдои солона имкон фароҳам менамояд.  Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд ба кишварҳои Осиёи Ҷануби нерӯи барқи барзиёд истеҳсолшавандаи худро дар ҳаҷми 1300 мегаватт содир намоянд. Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯшкардаистода ба якчанд кишварҳои ҳамсоя бо нерӯи барқ таъмин мекунад.

Васеъ намудани ҳамкориҳои дар соҳаи энергетика боиси рушди инфрастуктураҳои гуногун саноати кишвар мегардад. Аз ҳамин лиҳоз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ба ҳайси кишвари таъминкунанда нерӯи барқ субъекти муҳим ба шумор меравад.

Гадоев А- Сармутахассиси шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028