Андеша: Мухолифини ҳукумат ҳеҷ гоҳ ғами муҳоҷиронро намехӯранд

Имрӯзҳо хоинони миллат оид ба вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар сомонаҳои интернетӣ бисёр ҳарзагӯйи менамоянд. Ҳукумати кишвар  ҳеҷ гоҳ инкор накардааст, ки қисме аз мардум ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Ин танҳо мушкилии мо нест, мардуми тамоми ҷаҳон аз он ранҷ мебаранд. Ҳатто давлатҳои абарқудрати дунё имкони таъмини тамоми сокинони кишварашро бо ҷойи кории доимӣ надорад. Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президентӣ кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд, ки вазъи муҳоҷирати меҳнатиро коҳиш медиҳад. Мисоли одди соли сипаригардида, дар кишварамон 300 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 6500 ҷойи корӣ, 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор нафар хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва ба масоҳати беш аз 1,2 миллион метри мураббаъ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Мухолифини ҳукумат ҳеҷ гоҳ ғами муҳоҷиронро намехӯранд. Ҳадафи ин ҳарзагӯиҳояшон манфиатҳои шахсӣ ва пасипардагиашон асту халос, на чизи дигар.

Мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар шаҳи Душанбе-Давлатзода Ҳангома Рустам









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028