Суҳбату вохӯриҳои судманд бо наврасону ҷавонон

Имрӯз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар доираи нақшачорабиниҳои худ вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, пошхӯрии оилаҳо, терроризму экстремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пос доштани марзу буми Ватан, ҳидоят намудани ҷавонон ба корҳои ободониву созандагӣ ва  самаранок ва мақсаднок истифода намудани майдончаҳои варзишӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе суҳбату вохӯрии судманд бо хонандагон ва омӯзгорон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе – Ҳомидзода Насимҷон, Директори муассиса – Нурализода Саодат, мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ – Ҳаётзода Алиакбар ва мутахассиси шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ – Маҳмадуллоева Наргис иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида маърӯза намуданд.

Қайд карда шуд, ки ҷомеаи имрӯза аз мо тақозо менамояд, то ҳушёру зирак бошем ва дар корҳои ободониву созандагӣ ҳимояи марзу буми кишвар саҳмгузор бошем.

Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028