Барои ба миён гузоштани ҳалли қазияи Афғонистон ҷуръат мебояд, ки онро Сарвари мо дорад

Имрӯзҳо пиру барно тариқи оинаи нилгун ва дигар ВАО огаҳӣ доранд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар хориҷи кишвар қарор доранд. Қариб си сол мешавад, ки Пешвои миллати мо бо дили бузурги хеш дар ҳар як сафари кории худ ба дигар давлатҳо зимни мулоқот бо сарварони он мамоликҳо масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун баррасӣ менамоянд. Аз ҷумла, дар сафари навбатиашон ба Подшоҳии Белгия Сарвари давлатамон соҳаи саноат, истихроҷи маъдан, зерсохтор, гидроэнергетика, кишоварзӣ ва сайёҳиро баррасӣ карда, барои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи он табодули андеша намуданд.

 Боиси қайди махсус аст, ки ба имзо расонидани Созишномаи тавсеаёфтаи шарикию ҳамкорӣ миёни ин ду кишвар ба нафъи ҳарду ҷониб хоҳад буд.

Дар давоми мулоқоту вохӯриҳо, ҳамзамон ҷонибҳо атрофи масоили доғи минтақа, ки Афғонистон дар меҳвари он қарор дошт, таваҷҷуҳи хоса намуданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ медонад, ки Президенти мамлакати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна ғами мардуми Афғонистонро мехӯраду дар ҳар як сафари кориашон ба мамоликҳои ҷаҳон, масъалаи  беҳ гардидани вазъи ин минтақаро ба миён мегузоранд. Барои ин ҷуръату матонат мебояд, ки на танҳо мо-тоҷикон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ медонад, ки чунин ҷурату матонатро Пешвои сулҳофари мо доранд. Мо – тоҷикон, сокинони ин кишваре, ки бо чунин иқдомҳои Шумо ба сулҳу сало расидаем, бо Шумоем, Пешвои миллат!

Мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар шаҳи Душанбе-Давлатзода Ҳангома Рустам









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028