Суҳбату вохӯриҳои судманд бо донишҷӯёни ташкилоти ибтидоии “Алоқачӣ”

Имрӯз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар доираи нақшачорабиниҳои худ вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, пошхӯрии оилаҳо, терроризму экстремизм, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пос доштани марзу буми Ватан ва ҳидоят намудани ҷавонон ба корҳои ободониву созандагӣ дар толори ташкилоти ибтидоии “Алоқачӣ”-и Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе суҳбату вохӯрии судманд бо устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе – Ҳомидзода Насимҷон, муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Алоқачӣ” – Юнусов Ҷумабой ва роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ташкилоти ибтидоии “Олоқачӣ” – Раҷабов Носирҷон иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида маърӯза намуданд.

Қайд карда шуд, ки ҷомеаи имрӯза аз мо тақозо менамояд, то ҳушёру зирак бошем ва дар корҳои ободониву созандагӣ ҳимояи марзу буми кишвар саҳмгузор бошем.

Дар фарҷоми вохӯрӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028