Озмуни гулҳо — «Душанбе — шаҳри гулрез» доир мегардад

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарғиби зебоипарастӣ миёни сокинони пойтахт, ҷиҳати муайян намудани беҳтарин композитсия ва дизайни ҷолиби мавзеи гулзор, инчунин сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ озмуни шаҳрии гулҳо — «Душанбе — шаҳри гулрез» баргузор мегардад, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, озмуни мазкур дар ду давра баргузор гардида, даври ноҳиявии он то 15 майи соли 2022 баргузор гардида, даври шаҳрии он  то 30 майи соли 2022 бояд ҷамъбаст шавад.

Ғолиби ҷойи якуми озмун бо «Дипломи дараҷаи 1» ва мукофот ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, ғолиби ҷойи дуюми озмун бо «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблағи 7  ҳазор сомонӣ ва ғолиби ҷойи сеюми озмун бо «Дипломи дараҷаи 3» ва мукофот ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешавад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028