ДУШАНБЕРО БА «ШАҲРИ ГУЛРЕЗ» ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ! Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Ба тамоми сокинони шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, эҳтиромона даъват ба амал меорам, ки якдилонаю фаъолона дар  тадбирҳои ба  «Шаҳри гулрез» табдил додани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе саҳм гузошта, дар мавсими сабзу хуррамгардонӣ,  шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ дар назди манзили зист, боғҳо, хиёбонҳо ва канори роҳравҳои пойтахт гулҳои садбарги гуногунранг шинонида, парвариш намоянд. Бо ин иқдом мо на танҳо шаҳри худро гулрезу гулпӯш мегардонем, балки ба рушди эҳсоси зебоипарастии аҳли ҷомеа ва ободию шукуфоии сарзамини аҷдодии худ саҳм мегузорем, ба насли наврасу ҷавони мамлакат дӯст доштани табиати шаҳру деҳот, маҳалли зист ва сарзамини худро меомӯзонем. Чунин омадааст дар Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сокинони пойтахт.

Талошу тадбирҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргирифта аз ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сабзкорию ободгардонӣ, гулзору гулпӯшгардонии мамлакат мебошад, ки имрӯз ин иқдомро ҳама пиру ҷавони мамлакат вазифаи хеш дониста, пайи анҷом додани он мебошанд.

Бояд гуфт, ки ниҳолшинониву гулшинонӣ  аз қадимулайём барои тоҷикон рамзи зиндагии шоиста, хуррамӣ ва шодобӣ мебошад. Тавсифу тараннуми гулҳои атрогину сабзаҳои махмалин дар адабиёти ҳазорсолаи тоҷик мақоми арзанда дорад.

Ва, бешак, имрӯз пойтахти давлати мо-шаҳри Душанбе дар назари аввал ба бӯстони пургуле шабоҳат дорад, ки диққати ҳар бинандаро  ба худ ҷалб менамояд. Моро зарур аст, ки ба ин бӯстон гулу гулбутта ва ниҳолони нав афзуда, онро ба шаҳри зебоманзару сабзпӯш табдил диҳем.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028