ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲХДТ”

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оммавигардонии варзиш ва самаранок истифода бурдани иншоотҳои варзишӣ, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулони соҳа, бахусус ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастури мушаххас дода буданд, Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурдро байни дастаҳои ғайрикасбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” роҳандозӣ намуд.Иттилоъ бояд дод, ки дар се марҳилаи интихобї, ки дар сатҳи деҳаҳо, маллаҳои аҳолиниш, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо баргузор гардид, аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа оммавияти футбол таъмин гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ 8 дастаи беҳтарин, ки ғолибони марҳилаи сеюми интихоби мебошанд, роҳ ёфтанд.Ёдовар мешавем, ки даври ҷумҳуриявии мусобиқа аз 2 то 4 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.Тибқи қуръапартоӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақим шуда, рақобат анҷом доданд. Ҳамин тариқ, барои ба даст овардани ҷойи сеюм дастаи футболи ВМКБ бо дастаи футболи вилояти Суғд дидор анҷом доданд, ки дар натиҷа дастаи вилояти Суғд бо њисоби 4:3 пирӯзиро ба даст овард.Барои ба даст овардани мақоми ифтихорӣ ва шарафёб гардидан ба “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” дастаи “Хатлон-1” (минтаќаи Бохтар) ва “Хатлон-2” (минтаќаи Кўлоб) бо ҳам дидор анҷом доданд, ки дастаи футболбозони “Хатлон-2” (минтаќаи Кўлоб) ҳарифи пурқуввати худро бо њисоби 4:3 мағлуб намуда, сазовори ҷойи якум гардид.Дар маросими ҷоизасупории мусобиқаи мусобиқа Азизӣ А.А. –Муовини якуми Раиси ҲХДТ, Раҳмонзода А.Қ. – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Латифзода А.Қ. – муовини Раиси ҲХДТ, Алишер Урунов-ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, собиқадорони варзиши мамлакат ва устодони варзиш ширкат намуданд.Дар суханронии худ Азизӣ А.А. – Муовини якуми Раиси ҲХДТ ҳозиринро ба муносибати 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Роҳбарияти ҲХДТ самимона табрику муборак гуфтанд.Дар идомаи суханронии худ мавсуф зикр дошт, ки рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо назардошти он, ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муассири тарбия ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуда, варзишгаронро, ки бо иштироки фаъолона соҳиби ҷоизаҳои олимпӣ ва байналмилаӣ мегарданд, дастгирӣ ва барои ҷалби сармоияи иловагӣ бо масади бунёди толору майдончаҳои варзишӣ талош мекунад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ, аз ҷумла, ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад ва ба ҷалби ҳарчи бештарин ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад ва тавассути воситаҳои ахбори омма тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солимро васеъ ба роҳ мемонад. — Боварии комил дорам, ки мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” саҳифаи наву хотирмонеро дар самти оммавигардонии варзиш, бахусус футбол боз хоҳад кард, — иброз дошт Абдуљаббор Азизӣ.Дар маросими ҷоизасупории мусобиқаи мазкур Раҳмонзода А.Қ.-раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иқдоми роҳандозинамудаи Дастгоҳи КИМ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар самти оммавигардонии варзиш, хоса футбол нек арзёбӣ намуд. Мавсуф қайд кард, ки иқдоми мазкур саҳифаи наву хотирмонеро дар рушди футболи миллӣ бунёд мегузорад ва он имкон медиҳад, ки насли ҷавони мамлакат ба навъҳои гуногуни варзиш майли бештар намоянд.Дар идомаи суханронии худ оид ба бунёди варзишгоҳҳо ва майдону толорҳои варзишӣ, ки бо таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада истодаанд, бо қанотмандӣ зикр карда шуд.Собиқадори варзиш, мураббии шоистаи собиқ Иттиҳои Шӯравӣ Шариф Назаров суханронӣ намуда, аз рушди оммавии варзиш, бахусус футбол дар мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ба ин навъи варзиш бештар майлу рағбат намоянд ва аз имконоти баҳрашон фароҳамовардашуда самаранок истифода намоянд.Сипас, собиқадорони варзиш Шариф Назаров-мураббии шоистаи варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Зебунисо Рустамова-ҷоизадори бозиҳои олимпӣ дар дастаи яккачини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Алиаҳмад Мирзоев-ноиби якуми Раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе, мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Карим Тошпўлодов — мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилшод Назаров – муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони бозиҳои олимпӣ, Мавзуна Чориева – Ҷоизадори бозиҳои олимпӣ ва Мирсаид Яҳёев – Раиси Федератсияи Таэвандо бо Сипосномаи ҲХДТ ва тӯҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.Ба дастаи “Хатлон-2” (минтаќаи Кўлоб) барои сазовор гардидан ба љойи якуми мусобиқа “Ҷоми ҲХДТ”, диплом, медал ва маблаѓи 10 000 сомонӣ, ба дастаи “Хатлон-1” (минтаќаи Бохтар) барои сазовор гардидан ба ҷойи дуюм Ҷом, диплом, медал ва маблаѓи 7 000 сомонӣ ва ба дастаи футболи вилояти Суғд барои ба даст овардани ҷойи сеюм Ҷом, медал, диплом ва маблаѓи 5 000 сомонӣ тақдим гардид.Илова бар, ба дастаҳои ВМКБ, “Душанбе-1”, “Душанбе-2”, Рашт ва Шаҳринав барои иштироки фаъолона диплом ва Ҷом тақдим карда шуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028