«МИЛЛАТИ ТОҶИКРО АСЛАН ЗАБОНАШ ЗИНДА ДОШТ». Ва ё ҳастию пешрафти миллат ба пойдорӣ ва солимияти забони модарияш вобаста аст

Барои мо, тоҷикон дар баробари рӯзҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар санаҳои  марбут ба муқаддасотамон   боз як рӯзи фараҳбахши дигар вуҷуд дорад, ки дар он  ду падидаи неку хуҷаста арзи вуҷуд кардаву ба идҳои миллии халқамон табдил ёфтаанд. Зеро дар ин рӯзи муборак мо зодрӯзи ду зуҳуроти тақдирсоз ва барои миллату кишварамон азизро ҷашн мегирем.

Яке аз ин падидаҳо зодрӯзи забони   давлатии мост, ки  воқеан наҷотбахши миллати мо буда, тӯли таърих нигаҳбон ва ҷавшани баэътимоди халқамон будааст. Падидаи дигари ин рӯз зодрӯзи Пешвои наҷотбахши  миллатамон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба як рӯз рост омадани ин ду санаи  муборак рамзи пайванди ногусастанӣ миёни онҳо мебошад, ки воқеан ҳарду армонҳои миллӣ ва ҳадафҳои баланду бузурги халқамонро пайгирӣ менамоянд.

Чунин изҳори назар намудааст дар робита ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ “Ховар” Камол НАСРУЛЛО. 

Банда дар шеъре навишта будам, ки ”Миллати тоҷикро аслан забонаш зинда дошт”. Аммо забон худ бар сари худ наметавонад вуҷуд дошта бошад, агар миллат ва ё халқе онро дар худ ҳифз накунад. Бинобар ҳамин дар мисраи дуюм меояд: “Чунки ӯ ҳам ин забонро ҳамчу ҷонаш зинда дошт”. Яъне халқ забонро зинда доштаву забон халқро.

Аз хуҷастагиҳои забони модарии мо, забони тоҷикӣ — форсӣ метавон зиёд ҳарф зад. Ин ки  забони модарӣ  барои миллати мо чун сипар дар рӯзгорони гарон ва муқовимат алайҳи таҷовузгарону ғосибон  хизмат кардааст; ин ки маҳз дар ҳамин забон тамоми хазинаҳои маънавии халқамон маҳфуз мондаву ба шарофати он то имрӯз расидааст; ин ки дар  тӯли ҳазор сол аз замони Одамушшуаро Рӯдакӣ то ба имрӯз халқи тамаддунпарвари мо  онро тозаву бегард ба мо расонидааст; ин ки онро забони мардуми аҳли биҳишт хондаанд; ин ки ин забони бузургону нобиғагони сатҳи ҷаҳонист (метавон ин фазилатҳоро хеле давом дод), мусаллам аст.

Гумон мекунам, дар мавриди қадру қимат ва манзалати забон беҳтарин суханҳоро дар намуди фишурдаву дурахшон ва хотирмону таъсиргузор маҳз Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд:

“Агар хоҳанд давлатеро аз байн бубаранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд”.


Метавон дар шарҳи ин суханони воқеан муҳаққиқона як рисола сухан гуфт, ки ҳоло ба ин ҳоҷат нест, чунки ин суханҳо аз он замоне, ки ба забон оварда шудаанд, ҳамеша вирди забону мавриди таҳқиқанд. Ва гуфтаҳои ҳикматомези Президенти моро борҳо таъриху сарнавишти ин ё он халқ собит намудааст. Аммо халқи соҳибтамаддуни тоҷик бо ҳама тохту тозу тороҷу хунрезиҳое, ки борҳову солҳо дар тӯли таърихи дарозу гарон бар сараш омад, зинда монд, зеро тавонист ин шаҳодатномаи ҳастии безаволи худ, забони муқаддаси модариро бар алайҳи ҳама кӯшишҳои душманони бераҳму беадолат маҳфуз дорад ва дар ин забону ба шарофати ин забон ҳама илму адаб, фарҳанги бузург, суннатҳои безаволаш зинда мондаву ӯро низ зинда доштанд. Тавоноии ин забон то ҷойе буд, ки ҳама абарнеруҳое, ки сарзамини ӯро ғасб кардаву  дар он ҳукм меронданд, худ мутеи ин забони безавол мегардиданд ва давлату давлатдорӣ дар ин сарзамин ҳамеша ба забони модарии ин халқи соҳибтамаддун-  забони порсӣ-тоҷикӣ сурат мегирифт. Ин худ гувоҳи пирӯзии ҳамешагии халқи соҳибзавқу соҳибхиради тоҷик дар тӯли таърих аст.

Беҳуда нест, ки аз рӯзҳои нахустини замони соҳибистиқлолии сарзамини тоҷикон аввалин ва баландтарин арҷгузорӣ маҳз ба забони модарӣ дода шуд ва он  забони давлатии ин халқи  соҳибтамаддун эълон гардид. Дар сиёсати давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Пешвои муаззами он Эмомалӣ Раҳмон ин муносибат возеҳу равшан таҷассум ёфт, ки метавон бо суханони Президент онро бори дигар тақвият дод:

“Забони миллӣ рукни муҳимтарини давлатдорӣ буда, ҳифз кардани он, риоя намудани меъёрҳо ва аз забони халқу осори гаронбаҳои  пешин бой  гардонидани захираи луғавии  ин забони нобу шоирона вазифаи ҳар соҳибватан мебошад”.

Дар ин суханони Пешвои миллат сиёсати ғамхоронаву дилсӯзона ва  масъулиятбахши Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба забони модарӣ-давлатӣ, ин ганҷинаи бебаҳои халқу миллатамон  баён ёфта, дар баробари ин дастури роҳнамоест барои имрӯзу ояндаи халқамон дар ҳифзи он.

Яъне ҳифзи забони давлатӣ, поку бегазанду поянда нигоҳ доштани он имрӯз ҳам ҳадафи волои давлатдории тоҷикон аст ва ҳам вазифаи ҳар яки мо. Мояи хушбахтӣ ва сарфарозии мост, ки мо дар замони эҳёи дубораи сарзамин ва забони  муқаддаси давлатиамон зиндагӣ мекунему метавонем саҳми боризи худро дар ин эҳё гузорем. Мо сарфарозем, ки дидани ин бахт – ба вуқуъ пайвастани армонҳои  ҳазоронсолаи миллатамон насиби мо шудааст. Ормонҳое, ки қарнҳои қарн халқи ҷабрдидаи мо, бузургони илму адаби мо дар орзуяш буданд.

Миллати куҳанбунёди  моро ҳамин фарҳанги бузург, хусусан забони  қавии оламшумулаш зинда доштааст. Забони тоҷикӣ ҷавшане будааст, ки дар тӯли таърихи гарону хунин миллати моро аз тамоми зарбаҳои замонаҳо, сангборонҳои пурдаҳшати таърих эмин доштааст; сипаре будааст, ки пеши роҳи ҳама тирборони душманро гирифта, ӯро аз дами теғу шамшери душманон  то ба имрӯз  расонидааст.  Маҳз ҳамин забони гаронбаҳои модарӣ  барои ҳимояи ҳувияти миллии халқи мо хизмат кардааст ва суннатҳои волои башардӯстонаи мардуми моро,  ки дар онҳо рӯҳи баланди миллат, маърифату одоби ибратомӯзи он  таҷассум ёфтаанд, то имрӯз маҳфуз доштаву дифоъ намудааст.

Маросими бузурги миллии мо, мисли Наврӯзи Аҷам,  ҷашни Садаву Меҳргон ва даҳҳо суннатҳои дигар таҷассуми волотарин намунаҳои  фарҳанги бостонӣ, ҳунару  завқи баланди халқи эҷодкори  мост, ки бо он ҳамеша ифтихор мекунем. Мо бо он ифтихор мекунем, ки ҳама ойину суннатҳои миллии мо инсонпарваронаву башардӯстона мебошанду бо худ фазилату маърифат, муҳаббат, паёми  сулҳу дӯстӣ мебаранд. Ана ба ҳамин шарофат, агарчи ҳама тоҷу тахту қасрҳои сарбафалак бар хок яксон шуданд,  ин кохи бузургу бегазанди фарҳанги миллати тоҷик пойдор монд ва  аз тирборону зарби теғу шамшери душман газанде наёфт.

Вақте ки мо ба забони тоҷикӣ арҷи баланд мегузорем, мегӯем, ки маҳз ҳамин забон, ҳамин фарҳанг моро зинда доштаасту наҷот додааст, ин мусаллам аст. Аммо бояд ин ҷиҳатро низ таъкид намуд, ки маҳз халқи тоҷик, халқи шариф, соҳибхирад ва фозилу шоиртабиат буд, ки  ин забон ва ин фарҳангро зинда дошт. Бинбар ин, вақте ки  мо саҷда ба пешгоҳи забони шарифи модарии тоҷикиамон мекунем, ин саҷда, пеш аз ҳама, ба пешгоҳи халқи тоҷик, миллати тоҷик аст. Ва мову шумо  борҳо шоҳид будаем, ки Сарвари давлатамон ба пеши халқи худ сари таъзим  фуруд  меоранд ва ҳама барору пирӯзиву комёбиҳои худ ва кишварашонро маҳз аз файзу баракати ин халқи заҳматдӯст, хайрхоҳу некманиш  медонанд.

Дар мавриди хуҷастагиҳои забони модарӣ-давлатии мо, ки як адабиёт ва илми оламшумулро бо исми даҳҳо нобиғагону донишмандони бузурги эътирофшуда дар олам ба таърихи башарият тақдим намудааст, метавон хеле сухан кард ва пажӯҳишҳову таҳқиқоти зиёд аз ҷониби бузургтарин қаламкашони таърих худ гувоҳи ин аст. Хушбахтии мост, ки ин забон имрӯз мақоми давлатӣ дорад ва аз забони Пешвои муаззами  миллати мо аз Минбарои Созмони Миллали Муттаҳид   ва дигар ташкилоту созмонҳои муътабари олам садо медиҳад. Миллати тоҷик бо забони муқаддаси худ имрӯз низ зиндагӣ ва эҷод мекунад ва бо падидаву пирӯзиҳои нави илмиву адабӣ пайваста рушду камол хоҳад ёфт.

Аммо мо, имрӯзиён бояд масъулияти худро дар ростои забони муқаддасамон лаҳзае аз ёд набарем. Мисли он ки шустани дасту рӯ,  хӯрдани ғизо ва ниёиш ба Худовандро аз ёд намебарорем. Мо на танҳо бояд мадюни халқи шарифе бошем, ки ин забонро аз байни шӯру шари асрҳо беосеб, поку муҷалло ба мо расонидааст, балки ин масъулиятро ҳам дорем, ки бояд онро худ низ пок дорем ва ҳамчунин поку мусаффо ба ояндагон бирасонем. Зеро гарави ҳастию пешрафти мо, ҳамчун миллат арзи вуҷуд доштани мо ба  пойдорӣ ва солимияти ин забон вобастагӣ дорад.

Мутаасифона, аз забони мардуми кӯчаву бозор ва ҳатто аз забони баъзе қаламкашону  журналистон, яъне матбуоти ҷории мо метавон мисолҳое овард, ки дар онҳо қоидаву қонунҳои забони адабии тоҷикӣ дағалона вайрон карда мешаванд ва чунин мисолҳо, бо таассуф бояд гуфт, ки хеле ва хеле зиёданд. Чунин муносибати мунсифона ва бемасъулият хусусан дар замоне, ки мо ба Истиқлолияти давлатии худ расидаем, Ҳукумат ва Пешвои миллатамон ин қадар ғамхорӣ дар муносибат ба забон  зоҳир мекунанд, шигифтангез аст. Дур нарафта, ду мисоли одӣ меорем. Борҳову борҳо солҳои охир аз ҷониби олимону адибон таъкид карда шуд, ки истифодаи  вожаҳои “хӯрока” ва “пӯшока” ба куллӣ хато буда, хусусияти  хоси забони тоҷикиро вайрон мекунад. Ба ҷойи он бояд тарзи дуруст: “хӯрокворӣ” ва ё “либосворӣ” гуфт. Аммо боз ҳам дар матбуот ва ҳам дар шабакаҳои телевизиониву радиои кишвар пайваста бо ин таҳрифи дағалонаи забон  рӯ ба рӯ меоем. Айни ҳамин эродро метавон дар хусуси истифодаи вожаи “шукрона” гуфт. Ин вожа зебо ва дуруст аст, агар дар ҷойи худ ояд, аммо вақте мегӯем  “шукрона мекунам” ба куллӣ хатост ва бояд  “шукр” мекунам гуфт. Зеро шукрона намекунанд, балки шукронаро мегӯянд. “Шукрона” сифат аст, на исм. Аммо вақте ки шумо эҳсоси қаноатмандӣ ва сипосгузории худро баён мекунед ва ё ба рӯйи коғаз меоред, он матнро метавон “шукрона” номид.

Мо бо ду мисоли хеле маъмул иктифо мекунем, зеро ин мавзӯи пажӯҳиш ва мақолаи хоссаест, ки олимони мо борҳо навиштаанду бояд нависанд, то даме ки гап ба гӯши мутасаддиён расаду натиҷаи дилхоҳ диҳад.

Аммо мавзӯи мо имрӯз мавзӯи бузургдошти забони далатии мост ва мо имрӯзиён ин забони наҷотбахши халқу Ватани худро чун виҷдон ва имони худ бояд покиза дорем ва нагузорем гарде бар рӯи он фитад ва агар фитод, фавран бояд покизааш кунем. Ин амр қарзи фарзандӣ ва масъулияти ватандории ҳар яки мост.

АКСҲО аз бойгонии АМИТ “Ховар”









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028