УСТОД РОҲНАМОИ ЗИНДАГИСТ

Ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён” дар ташкилоти ибтидоии “Ваҳдат” конфронси илмӣ-фарҳангии кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи омӯзгор доир гардид.

 Дар Конфронс Муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур- Нурляминзода Саида, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур- Абдураҳимова Дилбар, муовини сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе- Худоёров Фарҳод ва мудири маорифи ноҳияи Шоҳмансур, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён”- Каримзода Матлуба иштирок намуданд.

Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён”- Каримзода Матлуба ҳамаи меҳмонон, омӯзгорон ва иштирокчиёнро ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбиашон-омузгор табрику таҳният намуд.

Баъд аз садо додани Суруди миллӣ Каримзода Матлуба оид ба илм, маориф, таълиму тарбияи насли наврас, омухтани техника ва техналогияи муосир, сайқал додани дониш ҷавонон ва омодагӣ ба зимистони солҳои 2021-2022 суханрони намуданд. Ҳамзамон, меҳмонон роҷеъ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, меҳанпарстии ҷавонон, заҳматҳои Президенти кишвар дар сангари ватансозӣ ибрози ақида намуданд.

 Дар фарҷом як гурӯҳ фаъолону омӯзгорони аъзоёни ҳизб ба муносибати Рӯзи омӯзгор бо ифтихорнома,  сипоснома ва туҳфаҳои ҲХДТ қадрдонӣ гардиданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028