Ба истифода додани корхонаи парандапарварии ҶДММ «Оби Ховалинг»

3 октябр дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи парандапарварии Ҷаъмияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ховалинг»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.Корхонаи нав дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва истиқболи сазовор аз 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвариши мурғи марҷон пешбинӣ гардида, дар он 5 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад.Дар оянда корхонаи мазкур имконият дорад, ки вобаста ба истеҳсоли тухми навъи мурғи марҷон саршумори парандаро зиёд намуда, ҳамчун гӯшти серғизо ба фурӯш барорад.Тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа чунин навъи паранда, ки барои парваришу нигоҳубин интихоб гардидааст, сермаҳсул буда, барои дастрасии аҳолӣ ба гӯшти серғизою парҳезӣ мусоидат хоҳад кард.Корхонаи парандапарварӣ дар ноҳияи Ховалинг нахустин буда, оянда бо истифода аз имконоти мавҷуда дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар фермаҳои нави парандапарварӣ бунёд карда мешавад.Дар корхона технологияи муосири чинӣ насб гардида, таъмини хӯроки паранда, обу дон ва ҷамъоварии тухм низ ба таври автоматӣ сурат мегирад. Барои таъмини ҳарорати муътадили дохили фермаҳо дар асоси меъёрҳои зарурӣ дастгоҳҳои муосир насб гардидааст, ки ин барои беталаф нигоҳ доштани чунин навъи мурғ мусоидат хоҳад кард.Хӯроки паранда низ аз корхонаҳои ватанӣ дастрас мешавад, ки ин омил ба паст кардани арзиши аслии маҳсулот боис мегардад.Корхонаи парандапарварии мурғи марҷон аз ҷониби соҳибкори маҳалӣ Раҳимзода Фарҳод Рамазон бунёд ва он дар асоси технологияи муосир фаъолият хоҳад кард.Корхонаи мазкур дар масоҳати 4 гектар замин ҷойгир шуда, аз панҷ фермаи парвариши паранда иборат аст, ки қитъаи зери сохтмон 6 ҳазору 314 метри мураббаъро ташкил медиҳад.Инчунин барои чарогоҳи чунин навъи паранда ва ҷамъоварӣ намудани хошок ба монанди юнучқа, ҷуворимака ва дигар намуди ғалладонагиҳо 100 гектар замин дар ихтиёри корхонаи мазкур вогузор карда шудааст.Дар фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ховалинг» инчунин парвариши чӯҷаҳои зоти маҳаллӣ, ки танҳо барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мебошад, ба роҳ монда шудааст.Айни замон дар корхонаи нав 120 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, маҳсулоти ниҳоии он дар навбати аввал ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба харидорон пешниҳод карда мешавад.Дар фабрикаи мазкур биноҳои ёрирасон, аз қабили ошхона, хобгоҳ, ҳуҷраҳои иловагӣ ва дигар шароити зарурӣ барои кормандон муҳайё гардидааст.Ҷиҳати ободу зебо ва хуррам гардонидани саҳни корхонаи парандапарварӣ гулу буттаҳои ороишии мавсимӣ парвариш ёфта, ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда низ шинонида шудааст, ки барои тозагии муҳити атроф аз манфиат холӣ нест.Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои рушди фаъолияти корхона дастуру маслиҳатҳои муфид дода, иқдоми бунёдкоронаи соҳибкори маҳаллиро намунаи ибрат ва қобили дастгирӣ арзёбӣ карданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028