Имрӯз дар Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз гардид

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз гардид, ки он то охири моҳи ноябр идома меёбад, иттилоъ дод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат, полковник Фаридун Маҳмадализода.

Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи қонуни нав дар ду мавсим ҷараён мегирад. Яъне, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз 1 апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, то охири моҳи ноябр идома меёбад.

Хизмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи талаботи қонуни мазкур, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ аз бар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш шомил мешаванд ва дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.

Тибқи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  шаҳрвандоне, ки муассисаҳои олии касбиро бидуни омӯзиш дар кафедраҳои ҳарбӣ хатм кардаанд, онҳо низ ба муддати 12 моҳ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мегарданд, вале баъди анҷоми муҳлати хизмат ба онҳо рутбаи ҳарбии то сержант дода мешавад. Шаҳрвандоне, ки ҳангоми таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо аз ин муассисаи олии таълимӣ хориҷ мешаванд, ҳуқуқи ба таъхир андохтани хизмати ҳарбиро аз даст медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки 29 январи соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар заминаи меъёрҳои қонуни амалкунанда дар тарҳи нав қабул карда шуд, ки он аз 10 боб ва 62 модда иборат мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар асоси таҳлилу омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами кишварҳои дуру наздики хориҷ таҳия гардида, вобаста ба талабот ва шароити ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудааст. Илова бар ин, қонуни мазкур якчанд навовариҳоро вобаста ба тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти онҳо, тартиби адои хизмати ҳарбӣ, мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ намуда, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ равона шудааст.

«Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021 ва дар асоси моддаи 37-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»  андозаи маблағ барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шудааст, ки ба ҳисоби имсола 25 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад. Яъне, шаҳрвандони аз 18 то 27-солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи озод шудан ва ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ихтиёран ва бо пардохти маблағи муайяншуда, бо роҳи гузаштани ҷамъомади ҳарбии якмоҳа уҳдадории ҳарбии худро адо намуда,  бо гирифтани билети ҳарбӣ ва рутбаи сарбози қаторӣ ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид карда шаванд», -афзуд Ф. Маҳмадалиев.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор нафар ҷавонписарони синни даъватӣ, яъне аз 18 то 27-сола ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод фоизи хеле кам ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда мешаванд. Боқимодаи онҳо тайёрии ҳарбиро намегузаранд. Аз ин хотир, зарурат пеш омад, ки барои ҷалби шаҳрвандони боқимондаи синни даъватӣ, ки ҳуқуқи озод шудан ва ё ба таъхир гузоштани муҳлати даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ва бо роҳи гузаштани ҷамъомади ҳарбии якмоҳа онҳо низ омодагии дифоӣ гузаранд ва дар сурати таҳдиди хатар ба давлат тайёрии ҷангӣ дошта бошанд.

Зарангез ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Октябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     123
    45678910
    11121314151617
    18192021222324
    25262728293031
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028