29-уми сентябр- Рӯзи умумиҷаҳонии дил

Рӯзи умумиҷаҳонии қалб, ки ҳамасола 29-уми сентябр дар аксари кишварҳои дунё таҷлил мегардад, бори аввал соли 1999 бо ибтикори Федератсияи умумиҷаҳонии қалб пешниҳод гардида буд. Ин ташаббусро Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳон  дастгирӣ намуданд. Мақсад аз таҷлили ин рӯз бори дигар огоҳ намудани инсоният аз хатарҳоест, ки дар натиҷаи эпидемияи бемориҳои дил ва рагҳои хунгузар ба одамон таҳдид мекунад. Ҳамзамон таҷлили ин рӯз барои андешидани чораҳои фарогири профилактикӣ нисбат ба бемориҳои фишор дар байни аҳолӣ ва дарёфти роҳҳои самарабахши пешгирии он заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки дил  узви марказии гардиши хуни одам аст, ки ҳаракати хунро дар рагҳо таъмин менамояд. Дили инсон дар қафаси сина, байни ҳарду қисми шуш, дар болои диафрагма ҷой гирифтааст. Дили одами калонсол ба ҳисоби миёна 220-300 г ва дарозиаш 12-15 см мешавад. Дил узви мушакӣ буда, аз пешдил ва меъдачаи чапи дил иборат аст, ки хунро аз венаи гардиши хурди хун ба артерияи гардиши калони хун мегузаронад ва пешдилу меъдачаи рости дил хунро аз венаи гардиши калони хун ба артерияи гардиши хурди хун мегузаронад. Тарафҳои чап ва рости дил бо девораи яклухт аз ҳамдигар чудо шудаанд. Девораи дил се қабат дорад: қабати берунии серозӣ- эпикард; қабати мобайнии мушакӣ-миокард; қабати дарунӣ- эндокард.

Тибқи иттилои коршиносон, айни замон бемориҳои қалбу рагҳои хунгузар сабаби асосии гирифторӣ ба марг ва маъюбӣ дар ҷаҳон гардидаанд.  Сабаби афзоиши   бемориҳои дилу рагҳои хунгузар, пеш аз ҳама, баландшавии фишори хун, афзоиши сатҳи хлостерин ва қанд дар хун, сигоркашӣ, истеъмоли ками сабзавоту меваҷот, фарбеҳии зиёд ва беҳаракатӣ мебошанд. Мутахассисони ин соҳа бар онанд, ки метавон 80 фоизи марги пеш аз муҳлатро, ки аз сактаи дилу майнаи сар ба амал меояд, пешгирӣ кард, ба шарте, ки тарзи ҳаёти солимро  интихоб намоем.  Масалан агар аз истеъмоли тамоку худдорӣ кунем, ғизои муфид истеъмол  намуда,  фаъолияти ҷисмониямонро  бештар   гардонем. Бояд гуфт, ки тарзи носолими ҳаёт, ки ба бемориҳои қалб мувоҷеҳ мегардонад, аксар вақт дар синни кӯдакиву наврасӣ поя мегиранд, ки бо афзоиши он  таҳдидашон бештар мегардад. Аз ин рӯ,  пешгириро ҳанӯз аз овони хурдсолӣ  бояд ба роҳ монд.

Маълуми ҳамагон аст, ки дил узви асоси ва нозук мебошад. Аз ин рӯ, барои солимии он мо бояд ҳамеша кушиш намоем. Аз таҳлилҳои боло бар меояд, ки эмин нигоҳ доштани саломатии ҳар як инсон дар дасти худи уст. Аз ин лиҳоз, ҳамеша кушиш намоем, ки вориди тарзи ҳаёти солим бошем то ҳамеша солим бимонем.

Бояд гуфт, ки дар кишвари биҳиштосои мо бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солимии миллат бойгарии давлат дониста шуда, барои ҳифзи он тамоми шароитҳои сатҳи ҷаҳонь муҳайёст.

Мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Давлатзода Ҳангома Рустам









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028