Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа

Ҳамдиёрони азиз!

Мулоқоти мову шумо дар айёме баргузор мегардад, ки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамагӣ чанд рӯз пештар ҷашни бузурги миллиамон – сиюмин солгарди истиқлоли давлатиро таҷлил карданд.

Аз ин лиҳоз, бори дигар сокинони сарбаланду меҳмоннавози ноҳияи Роштқалъаро ба муносибати ин ҷашн, ки барои ҳар яки мо санаи воқеан сарнавиштсозу таърихӣ мебошад, самимона табрик мегӯям.

Ба шарофати истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам омад, ки мо бо истифода аз тамоми захираҳо барои таъмин намудани рушди ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон тадбирҳои мунтазам ва заруриро амалӣ созем.

Ҳамин тавр, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Роштқалъа бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат шумораи зиёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, иншооти хизматрасонӣ, биноҳои истиқомативу маъмурӣ, нерӯгоҳҳои барқи обӣ, хатҳои оби нӯшокӣ ва роҳу пулҳо бунёду азнавсозӣ карда шуданд.

Илова бар ин, мардуми заҳматдӯсти ноҳия дар қатори сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар барои таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон корҳои зиёди созандагиро ба роҳ монда, тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ 140 иншооту биноҳоро ба маблағи 35 миллион сомонӣ сохта, ба истифода додаанд, ки ин иқдом барои боз ҳам ободу зебо шудани ноҳия ва таъсиси ҷойҳои корӣ мусоидат намудааст.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи шахсоне, ки дар корҳои ободониву бунёдкорӣ саҳми ватандӯстона гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.

Итминон дорам, ки иқдомоти созанда дар ноҳия минбаъд низ идома ёфта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳар як фарди бонангу номус боз ҳам бештар ва софдилона заҳмат мекашад.

Зеро имкониятҳои ноҳия дар самти рушди соҳибкориву ҳунармандӣ, хизматрасониву сайёҳӣ, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум, масолеҳи сохтмон ва дигар навъҳои маҳсулот ҳанӯз хеде зиёд мебошанд.

Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки гарчанде дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолӣ ва соҳибкорон қариб 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, вале аз масъулин андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми қарзҳои нисбатан арзон барои соҳибкории истеҳсолӣ тақозо карда мешавад.

Соҳибкорони ноҳия дар самтҳои боғдорӣ ва истеҳсоли афшураи ангату мева, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди маҳсулоти чорво ва истеҳсоли доруворӣ машғул буда, ҳамзамон, чандин нафари онҳо барои ҷамъоварии тиллои пошхӯрда ва сангҳои қиматбаҳо соҳиби иҷозатнома гардидаанд.

Дар оянда зарур аст, ки дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти заргарӣ, зиёд намудани истеҳсоли маводи доруворӣ ва афшура аз мева барои бозори дохилӣ ва хориҷӣ чораҷӯӣ карда, дар ин самт коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд карда шаванд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2020 ба 2,8 миллион сомонӣ расонида шуда, дар ҳудуди ноҳия 3 корхонаи саноатӣ бо шумораи умумии 143 нафар корманд фаъолият кардааст, ки ин нишондиҳандаҳо бо дарназардошти имконоти мавҷуда ҳоло ҳам кофӣ нестанд.

Зеро такроран таъкид месозам, ки дар ноҳияи Роштқалъа имконияту зихираҳои зиёде мавҷуданд, ки истифодаи самараноки онҳо метавонад ба амалишавии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат намояд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани пешрафти устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 715 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Танҳо барои пӯшонидани хароҷоти буҷети маҳаллӣ ва маблағгузории соҳаҳои мухталиф ба ноҳия аз буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 372 миллион сомонӣ кумаки молиявӣ ҷудо гардидааст.

Дар ин давра дар ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 18 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 2 лоиҳа идома дорад.

Дар доираи лоиҳаҳои мазкур сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, сохтмони неругоҳи хурди барқи обӣ, дастрас намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ ба беморхонаи марказии ноҳия, таҷдиди роҳҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ гардидааст.

Бо мақсади идома додани ин раванд роҳбарияти ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ корро ҷиҳати ҷалби боз ҳам бештари сармоягузориҳо ва истифодаи васеъи имконоти мавҷуда тақвият бахшанд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Роштқалъа 16 иншооти соҳаи энергетика таҷдиду азнавсозӣ гардида, ба истифода супорида шуд, ки дар натиҷа ҳоло таъминоти ноҳия бо барқ хеле беҳтар гардидааст.

То замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 60 фоизи аҳолии минтақа дар фасли зимистон аз нерӯи барқ маҳрум гардида, майдони зиёди ҷангалзорҳо ба сифати сӯзишворӣ истифода бурда мешуд.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пурра бо нерӯи барқ таъмин намудани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Роштқалъа як қатор лоиҳаҳои муҳимро амалӣ карда истодааст.

Бо анҷом ёфтани онҳо солҳои наздиктарин илова ба ин, ки вилоят бо барқ таъмин мегардад, инчунин, содироти он ба роҳ монда мешавад.

Дар ноҳияи Роштқалъа, ки аз манотиқи дурдасти куҳистони Тоҷикистон ба шумор меравад, кишоварзӣ соҳаи асосии шуғли мардум ва манбаи аслии даромади онҳо мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ дар натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзони ноҳия дар ҳашт моҳи соли 2021 ба маблағи 21 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ мунтазам афзоиш ёфта, майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ нисбат ба соли 1991-ум 3,3 баробар, картошка 2,4 баробар ва ғалладона 25 фоиз зиёд гардидааст.

Дар ин давра соҳаи чорводорӣ низ тараққӣ карда, нисбат ба солҳои аввали истиқлол саршумори чорвои калон 46 фоиз, қутос 2 баробар ва паранда 2,5 баробар зиёд шудааст.

Аз натиҷаҳои бадастовардаи сокинони ноҳия бармеояд, ки 220 гектар заминҳои президентӣ ва 631 гектар заминҳои наздиҳавлигии ба онҳо тақсимкардашуда самараноку оқилона истифода шуда истодаанд.

Бовар дорам, ки кишоварзони ноҳия ин анъанаи хубро идома дода, ҳамчунин, дар доираи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда корро вусъат мебахшанд ва барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маводи ғизоӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саҳми сазовор мегузоранд.

Ҳозирини гиромӣ!

Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ яке аз ҳадафҳои стратегӣ ба шумор рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то имрӯз дар ин самт корҳои зиёд ба сомон расонида шудаанд.

Дар ин раванд, маблағгузории нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия аз ҳисоби буҷети давлатӣ танҳо дар даҳ соли охир 1,5 баробар зиёд гардида, муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия бо 14 техникаву механизмҳои роҳсозӣ таъмин карда шудааст.

Дар натиҷа дар даҳ соли охир ҳаҷми боркашонӣ тавассути роҳҳои ноҳия қариб 2 баробар ва мусофиркашонӣ 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.

Солҳои наздик сохтмони роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъа – Туқузбулоқ ба нақша гирифта шудааст, ки бо амалӣ гардидани он ҳамлу нақли бору мусофирон боз ҳам афзоиш ёфта, дастрасии сайёҳону меҳмонон ба мавзеъҳои зебои ноҳия хеле осон мегардад.

Бо мақсади муҳайё кардани шароити мусоиди замонавӣ барои хонандагони ноҳияи Роштқалъа тайи сӣ соли гузашта 12 муассисаи нави таълимӣ барои зиёда аз 2040 хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Илова бар ин, ҳоло аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгтоҳи иҷроияи Президент лоиҳакашии сохтмони муассисаи таълимӣ барои 640 ҷойи нишаст дар маркази ноҳияи Роштқалъа идома дорад.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои соҳаи тандурустии ноҳия низ як силсила корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

Имрӯз 34 муассисаи тиббии ноҳия бо 158 нафар табибону кормандони миёнаи тиббӣ бо мақсади ҳифзи солимии сокинон фаъолияти самаранокро ба роҳ мондааст.

Ҷиҳати дастгирии аҳолии ниёзманд дар ноҳия механизми таҷрибавии таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҷорӣ карда шуда, дар давоми 6 соли охир ба 7000 нафар сокинони ноҳия кумакҳои иҷтимоӣ пардохт гардидаанд.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.

Зеро ғамхорӣ нисбат ба оилаҳои камбизоат ва дигар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии мо мебошад.

Тавре ки дар боло зикр намудам, сокинони ноҳияи Роштқалъа дар замони соҳибистиқлолӣ ба хотири ободии диёри худ ва рушди бомароми ҳамаи соҳаҳои он содиқона заҳмат кашида, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Итминон дорам, ки онҳо дар оянда низ тамоми саъю талоши худро барои ҳифзи дастоварди бузургтарини истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷикон, рушди давлат ва ободии Ватани соҳибихтиёрамон равона месозанд.

Дар охир кулли сокинони ватандӯсти ноҳияи Роштқалъаро бори дигар ба ифтихори 30 – солагии истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо барои истиқболи самимонаатон изҳори сипос менамоям ва ба ҳар яки шумо тансиҳатӣ, хонаи обод ва файзу баракати рӯзгор орзу дорам.

Ҳамеша хушбахту сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028