ИСТИҚБОЛИ ПУРШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Тавре шоҳид гардидем, соли ҷорӣ тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо 30-солагии Истиқлоли давлатиро бо шукӯҳу шаҳомати воло ҷашн гирифтанд. Ҷомеаи тоҷикистонӣ ифтихор аз он доранд, ки 30 сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии хешро ниҳода, бо шарофати мустақилият ва соҳибихтиёрӣ соҳиби рамзҳои давлатии худ — Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардиданд.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии худ ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатӣ чунин таъкид намуда буданд: “Дар таърихи ҳар халқу миллат воқеаҳои бузургу муҳимме рух медиҳанд, ки сарнавишти минбаъда ва роҳи рушди онҳоро барои солиёни зиёд муайян менамоянд. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Аз ин лиҳоз, ин санаи сарнавиштсоз барои мо муқаддастарин ҷашн мебошад”.Воқеан дар фарози таърих хушнудтарин паём, волотарин дастовард ва бузургтарин комёбӣ барои миллати тоҷик ин даст ёфтан ба истиқлоли комил маҳсуб меёбад. Чун маҳз истиқлоли кишвар боис гардид, ки тамоми арзишҳои давлатдорӣ дар кишвар ба муқаррароти аслӣ пазируфта шаванд ва дар сиёсати дохилию хориҷӣ таҳаввулоти азим ба миён ояд. Ҳамагон нек медонем, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ давлатдории мо роҳеро тай намуд, ки тамоми гузаштагони мо онро орзу менамуданд. Яъне, гуфтан ҷоиз аст, ки маҳз истиқлол ва давлатдории озоду соҳибихтиёрӣ орзуҳои аҷдодони моро амалӣ намуд.Аз Истиқлоли давлатии мо 30 сол сипарӣ гардид. 30 сол дар кишвари озодаи мо офтоби истиқлол парафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ ниятҳои бунёдкорона, манзилу маъво ва имрӯзу фардоямонро мунаввар менамояд. Ин муддат дар чашми таърих ба мисли гардест ба чашм ноаён. Аммо дастовардҳоеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муддат ба даст овард, таърих ёд надорад. Дар ин муддат кишвари мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ба пешравии устувор ноил гардид. Мақоми ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, пояҳои давлатдорӣ тақвият ёфт. Дар ин давра бо шарофати Истиқлоли давлатӣ обрӯ ва нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ боло рафта, ташаббусҳои кишвари мо ба хотири саодати тамоми сокинони сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Ин роҳи 30-сола мактабҳо, дарсҳо ва сабақи бойи давлатдорию таърихиро дар худ дорост, ки андешаи он ба мо роҳи тайкардаи давлату давлатдорӣ ва бархӯрдҳои зиёди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро ба ёд меоварад. Имрӯз, ки зери парчами истиқлол ҳарф аз озодӣ ва сулҳу салоҳ мезанем, бояд донист, ки пойдевори он аз садоқати мардони шуҷои Ватан ва матонату ҷасорати онҳо сарчашма мегирад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бедалел истиқлолро самараи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси кишвар арзёбӣ накарданд: “Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад,” — таъкид намудаанд Пешвои миллат. Ҳарчанд истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он то умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасад ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб мегардад.Истиқлоли кишвар барои миллат тамоми дастовардҳоро муҳайё намуд, ки шуморашон бемаҳдуд аст. Аз ҷумла, дар даврони соҳибистиқлоӣ мо соҳиби Конститутсияи худ гардидем, ки соҳибихтиёрӣ, демократӣ ва ягонагию соҳибихтиёрии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ ба расмият даровард. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ забони таърихиамон, ки чун забони шевою шоирона ва ширину шаҳдбор машҳур мебошад, мақоми давлатиро касб намуд. Ҳамчунин, дар даврони соҳибистиқлолӣ созандагию бунёдкорӣ ба авҷи аълои худ расид, ки НБО-и “Роғун”, “Сангтуда-1”, “Сангтуда-2”, “Роҳи мошингарди Бадахшон”, нақбҳои “Истиклол”, “Хатлон” ва даҳҳо иншоотҳои дигарро метавон ном бурд. Ободию пешрафтро метавон дар тамоми манотиқи кишвар мушоҳида намуд. Имрӯзҳо мо шоҳиди гулгаштҳои зебову рангоранг, боғҳои истироҳатию фароғатӣ, театру осорхонаҳо, тарабхонаҳои барҳаво, озодона рафтуомад намудани автомашинаҳои сабукрав дар роҳҳои мумфаршшуда, иморатҳои баландошёна, марказҳои савдо дар дилхоҳ шаҳру навоҳии кишвар метавонем шуд, ки ин ҳама аз файзи истиқлол аст. Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ корхонаҳои зиёди атласу адрасбофӣ, сементбарорӣ, истеҳсоли ашёи хом ва ғайра ба фаъолият оғоз намуданд. Ҳамчунин, бо шарофати истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гардид.Дар замони пуртазод ва бархӯрди манфиатҳо миллате соҳиби обрӯ ва эҳтиром шуда метавонад, ки соҳиби истиқлоли комили худ бошад. Аз ҳамин нуқтаи назар истиқлол барои миллати тоҷик рамзи саодати миллат, давлатӣ соҳибихтиёри миллӣ ва нишонаи пойдориву бақои он аст. Бояд нек дарк намуд, ки истиқлол чун дастовардоҳи пурарзиш ва гаронбаҳо ба ҳар халқу миллат насиб намегардад. Аз ҳамин ҷо истиқлол шарафу номуси ватандорӣ, ҳисси миллии ватандӯстӣ ва қадр кардани арзишҳои воло буда, бузургтарин нишонаи барҷастагиву пойдории давлат, баҳои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, маҳзари идеалу армонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибор баҳри пайвастани кишвари Тоҷикистон ба ҷаҳони мутамаддин ба ҳисоб меравад.Роҳи расидан ба Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати сартосарӣ барои мардуми шарафманди мо ноҳамвор ва хеле пурхатар буд. Гумроҳию нодонӣ ва ҳирсу ҷаҳолатпарастии баъзеҳо ба сари миллат ҷанги хонмонсӯзро ба бор овард. Ин ҷаҳолат таъбири устод Айниро ба ёд меоварад, ки гуфта буд: “Мо, тоҷикон шамшери зангзадаи ҷаҳлу ҷаҳолати аз бобоён меросмондаро боз аз нодонӣ ба сари якдигар бардоштем”. Агар саҳфаҳои таърихро варақгардон намоем, мебинем, ки солҳои 90-уми асри гузашта миллати мо ба воқеоти талхе рӯ ба рӯ гардид. Дар он давраи мудҳиш миллати моро зулму ситам, ҷангу фитна, нофаҳмоиҳои байниҳамӣ фаро гирифта буд. Модарон дар фироқи фарзанд сӯхтаву қариб як миллион нафар сарзамини аҷдодии худро тарк намуда, гуреза шуданд. Хушбахтона, хиради тоҷикона болои нофаҳмиҳо ғалаба намуда, мардуми куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар карданд ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузоштанд.Маҳз бо шарофати истиқлол арзишҳои миллии мо эҳё ва равнақ ёфта, ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик ҷомаи амал пӯшид. Истиқлол чун рамзи озодию худшиносӣ, эҳёи давлату давлатдорӣ ва рушду тараққии ҷомеа, ҷашни шукуфоии кишвари азизамон ба шумор меравад. Ин дастоварди пурарзиш барои миллати мо озодӣ, шукуфоӣ, падидаҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ, оғози бунёдкориҳои тоза, нусратҳои ҷадидро эҳдо намуд. Аз ҳамин зовия бояд ҳар фарди ҷомеа амиқ дарк намояд, ки ҳосили заҳмат, кору пайкори ӯ сипари озодиву ояндаи неки Ватан ва рӯзгори хуши фарзандон мешавад. Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ “Тоҷикон дар оина таърих”, “Аз Ориён то Сомониён” дар бахши “Сабақҳои таърих ва озмоишҳои мактаби истиқлолият” фармуданд: “Истиқлолият ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост. Истиқлолият – ин хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоиштаи шахсӣ ва соҳибдавлату соҳибватан аст”.Воқеан, маҳз Истиқлоли давлатӣ чун саргаҳи номусу нанги миллати пуршарафи мо имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирему роҳ ҷониби зиндагии осуда, меъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ пеш гирем. Сиёсати дурбинона, ҳадафҳои нишонрас, афкори бунёдсоз, донишҳои амиқи муосир дар масири бунёди давлати ободу пешрафта ва интихоби роҳбари хирадманд ба мо даст дод, ки дар масири пешгирифтаи худ муваффақу дастболо гардем. Истиқлоли давлатӣ ба миллати заҳматкаши мо неру ва руҳи тоза бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро боло бурд. Ҳар фарди ватандӯсту худогоҳи миллат ин дастоварди бузурги таърихиро бояд ҳифз намояд ва дар заминаи он баҳри ободии диёр, шукуфоии Ватан, таҳкими оромию осудагии кишвар, баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи хешро гузорад. Маҷмӯан, маҳз ҳамдилию ҳамфикрӣ, даст ба дасти ҳам додан ба мо имкон дод, ки дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони азизро сарсабзу хуррам, ободу зебо, хуштарҳу намунавӣ ва дар радифи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ҷой диҳем.Истиқболи шоистаи аз истиқлол аз он ҷиҳат хушоянд ва заруру ҳатмист, ки дар заминаи ин дастоварди беназир мо тавонистем ҳадафҳои стратегии миллиамонро дар нақша гирем ва дар фазои озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар амалӣ намудани ин ҳадафҳо гомҳои мустаҳкам бардорем. Гузашти начандон вақти зиёд нишон дод, ки кишвари мо бо шарофати соҳибистиқлолӣ на танҳо ба ҳадафҳои стратегии худ расид, балки дар тамоми соҳаҳои муҳимми давлатдорӣ ва хоҷагии халқ ба комёбиҳои назаррас ноил гашт. Гузашта аз ин, тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ давлату Ҳукумати кишвар садҳо лоиҳаи ҳаётан муҳимми саноативу энергетикӣ ва иқтисодию иҷтимоиро татбиқ карда, ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ ва нақбу пулҳо бунёд намуданд. Натиҷаи ин ҳама талошу заҳматҳо ва самараи ин ҳама бунёдкорию созандагӣ он гардид, ки имрӯзҳо миллати тоҷик дар як давлату ободу пешрафта, дар иҳотаи дастовардҳои шоён умр ба сар бурда истодаанд.Дар ҳама давр истиқлолу озодӣ беҳтарин неъмат ва гаронмоятарин арзиш барои ҳар давлату миллат ба шумор меравад. Чун маҳз истиқлол ва ягонагӣ дар ҳама ҳолат омили аслии рушду тараққиёт ва пешрафти соҳоти мухталиф мегардад. Гузашта аз ин, соҳибистиқлолӣ чун шарти аввали давлатдорӣ заминасози ҳузури ҳар кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Бояд гуфт, истиқлол шарафу номуси ҳар як миллати озод ва соҳибхираду соҳибэҳтиром ба ҳисоб рафта, арзиши олии ватану ватандорӣ, давлатсозию давлатдорӣ ва кору пайкори пайгиронаи созандагию ободонӣ дар он таҷассум меёбад. Маҳз дар партави истиқлол ва ягонагӣ давлатҳо азму талоши худро баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ пиёда месозанд. Чун маҳ истиқлол меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандииро дар дилхоҳ кишвар таҳким бахшида, ҳаёти озодонаи ҳар як шахс ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин менамояд.Дар давраи кунунӣ, замони мубориза, ҷангу ҷидол, задухӯрд, ҳамлаву ҳуҷум; бархӯрди манфиатҳо, ҳуҷум ба фарҳанг ва расму оинҳо, хатари терроризму эекстремизм ва дигар зуҳуротҳо истиқбол аз Истиқлол чун ниёзи рӯзафзун барои пойдории ҷомеаи мо муҳим ва дорои аҳамияти бузург аст. Дар айни замон давлатҳои ҷаҳон дар рӯ ба рӯи хатарҳои бузург қарор доранд ва хавфи рахна гардидани сиёсати дохилӣ, коҳиши робитаҳои иҷтимоию фарҳангӣ, коста гардидани иқтисод ва ба буҳрон кашидани зиндагии аҳолӣ ҳар лаҳза онҳоро таҳдид мекунад. Истиқбол аз истиқлоли кишвар дар ин авзои сангин нишонаи пойдор нигоҳ доштани давлатдорӣ буда, маҳз дар ин айём мо худро мешиносем ва ҳувияти хешро мустаҳкаму шикастнопазир мегардонем.Воқеан, дар замони хатарҳои рӯзафзун вақте амиқ андеша ронем, дарк мекунем, ки айни ҳол ҳифзи истиқлоли миллӣ падидаи нодир ва дар саҳнаи бозиҳои сиёсӣ маҳорати баланди давлатдориро тақозо менамояд. Истиқбол аз Истиқлоли давлатӣ дар ҳоли ҳозир, дар давраи таҳмили андешаҳои ғайр шарти аввали шинохт, огоҳии миллӣ ва амри худсозӣ аст. Бешак, истиқлол неъмати бебаҳо ва ҳадяи гаронарзиши таърихӣ ба ҳисоб меравад. Вале дар замони зуҳури хатарҳо нигоҳ доштани истиқлолу озодӣ ва ваҳдати сартосарӣ амри ногузир барои ҳар фарди боҳувият мебошад. Дар робита ба ин мо бояд пеш аз ҳама жарф ва амиқ дар бораи мафҳуми истиқлол, озодӣ, давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва амсоли ин ки дар маҷмӯъ давлатдории моро пурра месозанд, огоҳии пура дошта бошем. Маҳз дар заминаи ҳамин огоҳӣ мо ба дарки аслии истиқлол сарфаҳм рафта, дар нигоҳдории он кӯшиши барзиёд менамоем.Дар фаровард ҳаминро бояд таъкид намуд, ки ҳар фарди ватандӯсти кишварро мебояд бо донишҳои баланди сиёсӣ ва дарки дурусти ноустувориҳои вазъи ҷаҳони муосир дар ҳифз ва нигоҳдошти Истиқлоли давлатӣ тамоми неру ва тавони худро равона созад ва бо омодагии ҳамаҷониба истиқбол аз Истиқлоли давлатӣ намояд. Чун маҳз самараи неки соҳибистиқлолист, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоху сулҳпарвар шинохта шудааст ва таҷрибаи сулҳи он манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гаштааст, ки ифтихори ҳар як тоҷику Тоҷикистонист. Минбаъд ҳам кӯшиш намоем, ки бо истиқбол аз истиқлоли Меҳан Ватани зебои худро боз ҳам ободтару зеботар намуда, даст ба дасти ҳам дода, паи шуҳратёр гаштанашаш кӯшиши бештар намоем.

Восиф САЛОҲИДДИНОВ — устоди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028