БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ҲАФТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ДАЪВАТИ ШАШУМ

Имрӯз дар пойтахти мамлакат иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, таҳти роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид. Дар кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 6 масъала, аз ҷумла, дар бораи иҷрои нақша — чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти ҷамъоварии андоз ва барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025, оиди ҳолати нигоҳдорӣ, истифодабарии роҳҳо ва амалисозии фаъолияти роҳдорӣ дар шаҳри Душанбе, дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №8 ва №58, оид ба таъин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии №8 ва №58, дар бораи таъсис додани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид карда шуд. Сипас вакилони халқ масъалаи иҷрои нақша — чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти ҷамъоварии андоз ва барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025-ро мавриди баррасӣ қарор дода, дар ин бора ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Гуреззода Умед шунида шуд. Раиси шаҳр супориш доданд, ки ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти маъмурикунонии андоз, татбиқи самараноки Барнома, ҷоригардонии иқтисоди рақамӣ ва аз байн бурдани таъсири инсонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ба андозсупорандагон, аз ҷониби мутахассисони баландихтисосу ботаҷрибаи соҳа расонидани ёрии амалӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуҳуқӣ роҳандозӣ карда шавад. Ҳамчунин ҷиҳати тақвияти фаъолияти мақомоти андоз, дарёфт намудани сарчашмаҳои нави андозбандӣ ва зиёд намудани воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ, таъмин намудани иҷрои саривақтии нақшаи андоз ва сифатнокии иҷроиши он, аз байн бурдани бақияпулиҳои андоз, баланд бардоштани дониши андозӣ ва фарҳангии андозсупорандагон, беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии пойтахт ва таъмини рушди босуботи соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирӣ аз омилҳои коррупсионӣ дар мақомоти андоз ва кам намудани санҷишҳои бемаврид чораҷӯӣ намоянд. Дар идома вакилони халқ масъалаи ҳолати нигоҳдорӣ, истифодабарии роҳҳо ва амалисозии фаъолияти роҳдорӣ дар шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор дода, аз рӯи он ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон шунида шуд. Раиси шаҳри Душанбе дастур доданд, ки ҷиҳати то мавсими сармо ва оғози фасли зимистон ба анҷом расонидани корҳои азнавсозӣ, бахусус хобонидани қабати мумфаршкунӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард, ки дар асоси лоиҳаҳои шаҳрӣ амалӣ мегарданд, барои ҳарчӣ зудтар ворид намудан ва ба кор андохтани корхонаи истеҳсоли асфалту бетон ва таъмини асфалти хушсифат, таъмини фаъолияти роҳдорӣ бо истифода аз технологияи муосир дар гузаронидани корҳои таъмири ҷорӣ, ободонии роҳҳо, таъмири пиёдагардҳо ва таъмини масолеҳи босифат бахусус асфалтубетонӣ бо гузаронидани онҳо аз озмоишгоҳҳои акредитатсиякардашуда тадбирҳо андешида шуда, ҳамчунин якҷо бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои ташкили идоракунии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои истифодашаванда ва таъмини бехатарию ҳаракати муназзами нақлиёт, пешгирии тамбашавии онҳо, таъмин ва ба кор андохтани тарозуҳои муосири ченкунии мошинҳои боркаш дар чор тарафи шаҳр, бо дурнамо омода намудани лоиҳаҳои иншоотҳои хизматрасонӣ дар роҳ ва пешбинӣ кардани нақбҳои хурди зарурӣ барои бе кандани роҳҳо гузаронидани хатҳои обу корезӣ ва коммуникатсия, истифодаи техникаҳои муосири замонавӣ, ба сангҳои ватанӣ иваз кардани сангканораҳо ва ба роҳ мондани иҷрои корҳои босифати таъмири ҷории роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, бахусус хиёбонҳои Рӯдакӣ, Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониш, барои дар мавсими боришот роҳ надодан ба ҷамъшавии об дар роҳҳо, махсусан дар роҳҳои дусатҳа, сесатҳа ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ чораҳои дахлдор андешанд. Муҳтарам Раис ҳамчунин дастур доданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, тӯлкашии муҳлати корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳо, таъмини иҷрои босифати корҳо, бунёди лабораторияи санҷиши маҳсулоти сохтмони роҳ ва бобати пурра омӯхтани сатҳи касбияти ширкатҳои ғолиби озмунҳои сохтмони роҳҳо чораҳои қатъӣ андешида, барои тоза нигоҳ доштани ҷӯйбору селпартоҳо ва таҷдиду азнавсозии системаи обпартоӣ ва пурра омода намудани онҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 масъулин бояд чораҳои амалӣ андешанд. Дар ин раванд муҳтарам Раиси шаҳр масъулинро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати омода намудани дегхонаҳои марказҳои барқу гармидиҳӣ ва шабакаҳои гармидиҳанда, омода намудани биною иншоотҳо барои қабули энергияи гармӣ ва додани шиносномаи қабули энергияи гармӣ, аз таъмир баровардани зеристгоҳҳои барқӣ ва иваз намудани таҷҳизоту хатҳои барқии фарсуда, захира намудани сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, маводҳои зиддилағжиш, омода намудани нақлиётҳои мусофирбари ҷамъиятӣ, техникаву механизмҳои коммуналӣ барои тоза кардани роҳҳо дар фасли сармо, ба миқдори зарурӣ захира намудани маҳсулоти ниёзи аввалия, бахусус орд, сабзӣ, картошка ва дигар маҳсулотҳо чораҳои зарурӣ андешанд. Дар идомаи маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ваколати вакилон аз ҳавзаи интихоботии рақами №8 Сафарзода Давлат Шариф бинобар муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳавзаи интихоботии рақами №58, Файзуллозода Хуршед Мирзоро бинобар муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданашон, пеш аз муҳлат қатъ кард. Бинобар ин, бар ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии рақами №8 ва №58 санаи 28 ноябри соли 2021 интихобот муқаррар гардида, комиссияи шаҳрии интихобот таъсис дода шуд. Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар робита ба масъалаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ кард.Бо ҳамин иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро анҷом дод.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028