Ба истифода додани бинои маъмурии Нозироти андоз дар ноҳияи Роштқалъа

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Роштқалъа ҳамчунин бинои нави Нозироти андозро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нави Нозироти андоз туҳфаи арзандаест ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба кормандони мақомоти андоз, соҳибкорон ва шаҳрвандони ноҳияи Роштқалъа. Иншооти мазкур аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳати умумии 692 метри мураббаъ сохта шуда, дар рафти корҳои бунёдӣ 35 нафар сохтмончии маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа» буда, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Орз-1» мебошад. Бинои нави Нозироти андоз аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар қабати якум шуъбаҳои хизматрасонӣ ба шаҳрвандони ҳуқуқию соҳибкорони инфиродӣ, терминал ва шуъбаи бақайдгирӣ ҷойгир аст. Ошёнаи дуюм бошад, дорои маҷлисгоҳ, утоқи роҳбарият ва дигар иншооти ёрирасон мебошад, ки ҳамагии онҳо бо таҷҳизоти насли нав муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.Дар бино ҳамчунин толори алоҳидаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон бунёд гардидааст, ки дар он соҳибкорон имкон доранд бо истифода аз шабакаи интернет аз хизматрасониҳои мақомоти андоз истифода баранд, аз ҷумла, эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд.Пешвои муаззами миллат аз фароҳам гардидани имкониятҳои муосир дар ноҳияҳои дурдаст изҳори қаноатмандӣ карда, масъулинро ба хизмати содиқонаю софдилона ҳидоят намуданд.Дар навбати худ кормандони мақомоти андоз аз дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, фароҳам овардани беҳтарин шароити корӣ дар бинои нави Нозироти андоз изҳори сипос карда, Президенти мамлакатро бовар кунониданд, ки дар ҷавоб ба ин дастгириҳо, хубтару беҳтар фаъолият мекунанд ва тамоми донишу таҷрибаи худро ба ҷамъоварии саривақтии андозҳо, дар сатҳи баланду муосир анҷом додани хизматрасонии андозӣ ба шаҳрвандону соҳибкорон равона менамоянд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028