Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest-2021) баргузор гардид

Санаҳои 25-26 сентябр дар Муассисаи давлатии Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest-2021) бо як шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

Дар маросими кушодашавии фестивали намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе суханрони намуда, иброз намуданд, ки фестивали мазкур соли сеюм аст бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Раиси муҳтарами шаҳр Рустами Эмомалӣ баргузор карда мешавад.

Дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии Наврӯзгоҳи намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуда, иштирокдорони фестивал, бахусус меҳмонони хориҷӣ аз маҳсулоти дастии ҳунармандони тоҷик харидорӣ намуда, баҳри боз ҳам шавқовар гардидани барнома, бозиҳои бурдҳои қимматнок ташкил карда шуда, ғолибон бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин дар фестивали мазкур парвоз дар кураҳои ҳавоӣ, бозиҳои рангоранг ва барномаҳои шавқовар барои хурдсолон пешкаш гардида, барои дӯстдорони шириниҳо беҳтарин анво пешниҳод гардида, ҳамчунин навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ ва нӯшобаҳо аз меваҳои шаҳдбори сарзамин манзур шуданд.

Дар рӯзи аввали фестивал, ситораҳои эстрадаи тоҷик, Иззат Шарифӣ, Мадина Акназарова, Нобовар Чаноров, Фарзонаи Хуршед, Баха 84, Шаҳбози Акобир, Барон ва сарояндаи машҳуру хушовози Эрон Арон Афшор, бо сурудаҳои ҷаззобу дилнишини хеш табъи мухлисон ва меҳмононро шод гардониданд.

Хотиррасон менамоем, ки дар рӯзи дуюми фестивал, сарояндаҳои саршиноси ватан Зикрулло Ҳакимов, Зулайхо Маҳмадшоева, Шабнами Сурайё, инчунин ду ситораи сатҳи ҷаҳонӣ Юлдуз Усмонова ва Ҳамид Ҳироод бо суруду таронаҳои дилнишин хотири сокинону меҳмонони пойтахтро шод намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали тобистонаи Душанбе-2021 (Dushanbe summer Fest — 2021)» бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҷалби сайёҳон ва муаррифии Душанбе ҳамчун шаҳри дорои имконоти сайёҳӣ, инчунин дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе «Пойтахти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ-2020-2021» ва «Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-2021» гузаронида шуд.

Возможно, это изображение (воздушный шарик и небо)









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028