Вохӯрии вакилон бо сокинони маҳаллаи саноат

Дар доираи нақшачорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Обидов Фозил – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Фраксияи ҲХДТ, Азизиён Самӣ Солӣ — вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №15 дар маҳаллаи “Саноат” — и ноҳияи Шоҳмансур вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ бо сокинону истиқоматкунандагони маҳаллаи зикршуда оид ба тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлолият, ҳифзи марзу буми кишвар ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва дигар арзишҳои миллӣ бояд дар ниҳоди наврасону ҷавонон тарғиб ва ҳифз карда шаванд.

Ҳифзи марзу буми ватан, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, фарҳанг ва генофонди миллӣ, инчунин тарғиби идеологияи солими миллӣ масъулияти ҳамаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба хусус ҳамсафони мост.

Дар суҳбат таъкид шуд, ки барои оромию осудагӣ ва суботи ҷомеа ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароии динию мазҳабӣ, пешгирии вуруди идеологияи харобкорона ва равияҳои ҷудоиандоз мубориза бурда шавад.

Дар охир сокинони маҳаллаи мазкур ба меҳмонон сипосгузорӣ намуда, ваъда доданд, ки барои ҳар як гушаи ватани азизамон Тоҷикистон саҳми назарраси худро мегузоранд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028