Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Қазоқистон Нурлан Нигматуллин мулоқот намуданд

Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурлан Нигматуллин мулоқот намуданд.Дар оғози мулоқот робитаҳои байнипарламентӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои тоҷикистониву қазоқистонӣ арзёбӣ гардида, зикр карда шуд, ки он дар натиҷаи саъю талоши муштараки ҷонибҳо ба таври мунтазам рушду тавсеа меёбад.Зикр гардид, ки муколамаи мунтазаму самимии Сарони давлатҳо ба тақвияти рушди муносибатҳои ду кишвари дорои фарҳангу арзишҳои маънавии умумӣ ва анъанаҳои деринаи ҳамҷаворӣ ва афзудани эҳтироми байниҳамдигарӣ мусоидат намуд.Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷумҳурии Қазоқистонро яке аз шарикони калидии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон номида, иброз доштанд, ки Тоҷикистон ба таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкории шарикӣ бо Қазоқистон дар самтҳои гуногун таваҷҷуҳи калон дорад. Дар ин самт ба муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва иҷтимоиву башардӯстӣ аҳамияти хосса зоҳир карда шуд.Ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз вазъи мураккаби сиёсиву низомии Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, таъкид доштанд, ки ин ҳолати дар давлати ҳамсоя бавуҷудомада ба кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари воқеӣ дорад ва сафарбарии талошҳои муштаракро баҳри барқарор намудани сулҳи устувор дар сарзамини Афғонистон тақозо менамояд.Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти кунунии ҷаҳон ва рӯйдодҳои минтақавӣ зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар бахши мудофиа ва амният зикр гардида, ҳалли қазияи афғонӣ аз омилҳои асосии таъмини амнияти минтақавӣ ҳисобида шуд.

АКСҲО: АМИТ “Ховар”









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

  • Сентябрь 2021
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
     12345
    6789101112
    13141516171819
    20212223242526
    27282930  
  • Архиви Моҳона

  • Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028